Javononi Tojikiston. №25 (9347), 19.06.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

1

№25 (9347),

19 июни соли 2014

ҲАМКОРӢ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

ҚАРОРИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз 12 июни соли 2014, №403 шаҳри Душанбе Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Неъматов М. М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ РАҲМОН

ҚАРОРИ

Сафари расмии Сарвазири Покистон ба Тоҷикистон 17 июни соли равон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон бо як сафари расмӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард. Зимни мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд. Гуфтугӯи судманд доир ба бунёди хатти барқии CASA-1000 ва татбиқи босамари бисёр лоиҳаҳои дигари дорои аҳамияти минтақавӣ низ сурат гирифт. Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот миёни ду кишвар 5 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб аз намоишгоҳи меваю сабзавот, хушкмева, асал ва дигар неъматҳои табиати биҳиштосои кишвар дидан карданд. Чунонки зикр гардид, Тоҷикистону Покистон бо умумиятҳои зиёди фарҳангию мардумии худ метавонанд, дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳамкории пурсамар дошта бошанд. Дар ин замина ба таъсиси корхонаю муассисаҳои муштараки истеҳсолию тиҷоратӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН аз 12 июни соли 2014, №404 шаҳри Душанбе Дар бораи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдуллозода А. Р. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Абдуллозода Аҳтам Рустам раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ РАҲМОН

БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

«Хуршеди Ваҳдат» дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ

Дар он ҳозирин аз суханронии Шодӣ Сафаров, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мавсумахон Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси

Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Наҳтулло Назаров, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино роҷеъ ба ҷанбаҳои ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи қонунҳои миллӣ маълумоти мукаммал гирифтанд.

Аз ҷумла, зикр шуд, ки ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ барои таъмини рушди босуботи ҷомеа, таҳкими раванди худшиносии миллӣ ва дар ин замина тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рўҳияи меҳанпарастӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Дар хотима, як гуруҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар васфи ваҳдату якпорчагӣ шеъру суруд қироат намуданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

16 июни соли равон дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов бо ҳузури намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино, муҳассиллини муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Хуршеди Ваҳдат» баргузор гардид.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

2

МАҶЛИСИ ҲУКУМАТ

16 июни соли равон таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014 ва вазифаҳо барои оянда баргузор гардид. Доир ба мавзӯи асосии маҷлис ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои иқтисодӣ ва истеҳсолӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, моҳҳои январ-майи соли 2014 нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 13,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 6,5 фоизро ташкил дод. Президенти кишвар таъкид дошт, ки тибқи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат барои соли 2014 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоиз пешбинӣ гардидааст ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ дар ҳамин асос ташаккул ёфтааст. Аз ин хотир дастур шуд, ки Ҳукумати мамлакат якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва таъмини нишондиҳандаҳои барномавии иқтисоди миллӣ чораҳои таъхирнопазир амалӣ намоянд. - Иҷрои Буҷети давлатӣ ба андозаи 102,4 фоиз таъмин гардида, аз рӯи даромади умумӣ ба он 4 миллиарду 900 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 611 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - афзуд Сарвари давлат.

Бино ба таҳлили Президенти мамлакат, сарфи назар аз иҷрои Буҷети давлатӣ, нақшаи 3 намуди андоз ва боҷи гумрукӣ иҷро нашуда, дар натиҷа, ба буҷети мамлакат беш аз 118 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст. Дар ин давра, ҳамчунин, 15 шаҳру ноҳия иҷрои нақшаи андозҳоро бо назардошти андози иҷтимоӣ таъмин карда натавонистанд. Дар натиҷа, ба буҷет 71 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. Маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пардохтҳо то 1 июни соли равон беш аз 650 миллион сомониро ташкил медиҳад. Тавре Сарвари давлат таъкид дошт, барои бештар намудани даромадҳои андоз имкониятҳои

истифоданашуда, аз ҷумла, дар андозбандии соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва захираҳои табиӣ ҳанӯз зиёданд. Аз ин рӯ, дастур шуд, ки бо мақсади дуруст ба роҳ мондани андозбандии истифодаи захираҳои табиӣ, бақайдгирии пурраи андозсупорандагон ва ба андозбандӣ пурра фаро гирифтани истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ва захираҳои табиӣ Кумитаи андоз якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор чораҳои зарурӣ андешида, нисбат ба андозсупорандагоне, ки дар ин самт ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд, тадбирҳои иловагии пешбининамудаи қонунгузориро татбиқ намоянд. Бо назардошти тамоюли манфии як қатор нишондиҳандаҳои рушди

ММД дар 5 моҳ ба 13,5 млрд баробар шуд иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар панҷ моҳи соли 2014, аз ҷумла, суст гардидани суръати рушди истеҳсоли саноатӣ, коҳиши гардиши савдои ҳориҷӣ, аз ҷумла, содирот, ба Ҳукумати мамлакат, хусусан, ниҳодҳои иқтисодӣ супориш шуд, ки барои бартараф намудани ин ҳолатҳо чораҳои муассир андешанд. Дар баробари ин, таъкид гардид, ки сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва соҳибкорону дигар шаҳрвандон бояд сармоягузорӣ ба соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, аз ҷумла, бунёди қасру хонаҳои боҳашаматро қатъ намуда, бештар барои ташаккули сармояи истеҳсолӣ, воридоти технологияи навтарин ва дар

дор дастур шуд, ки “барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ногувори вобастагии кишвар аз молҳои воридотӣ тавассути афзунсозии рушди истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда чораҷӯӣ намояд”. Сарвари давлат фаъолияти босамари корхонаҳои нави сементро мисол оварда, изҳор дошт, ки “танҳо дар панҷ моҳи соли равон истеҳсоли семент дар ҳаҷми қариб 400 ҳазор тонна таъмин гардида, воридоти он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 241 ҳазор тонна кам шудааст”. Сарвари давлат аз 24 корхонаи ресандагии кишвар бо иқтидори умумии

ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намоянд. Президенти кишвар таъкид дошт, ки “суръати имрӯзаи рушди иқтисодиёти мамлакат моро қонеъ карда наметавонад, аз ин рӯ, мо бояд ба ташкили заминаҳои инкишофи босуботу дарозмуддат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем”. Зикр шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 8,6 фоиз афзоиш ёфта, таносуби манфии гардиши савдои хориҷӣ торафт зиёд мешавад. Содирот нисбат ба воридот 4,6 баробар кам мебошад. Аз ин лиҳоз, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахл-

коркарди қариб 80 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ёдовар шуда, бо таассуф изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ танҳо 10 фоизи ин иқтидорҳо мавриди истифода қарор дорад ва аз миқдори умумии нахи пахтаи ватанӣ танҳо 8 фоизи он дар дохили мамлакат коркард мешавад. Вобаста ба ин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода, барои бо иқтидори пурра ба кор андохтани корхонаҳои саноати сабук, махсусан, корхонаҳои коркарди нахи пахта чораҳои муассир андешад. Рушди мунтазами соҳаи кишоварзӣ

ва вусъат додани корҳои мавсимии аҳли заҳмати деҳот низ аз мавзӯъҳои асосии маҷлис буд. Тавре зикр гардид, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар мамлакат ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,2 фоиз зиёд мебошад. Бо вуҷуди ин, нишондиҳандаҳои истеҳсоли як қатор намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ аз сатҳи ҳамин давраи соли гузашта паст мебошад. Махсусан, истеҳсоли ғаллаву картошка, полезиҳо ва меваҷот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле кам таъмин шудааст. Бинобар ин, Вазорати кишоварзӣ ва сохторҳои он ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва самаранок истифода бурдани мавсими ҳосилғундорӣ, сари вақт ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда чораҳои таъхирнопазир андешанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди маълумоти нодурусти оморӣ изҳори нигаронӣ карда, аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ иҷрои супориш дар бораи гузарондани ченаки кишти зироатҳои кишоварзиро талаб намуд. Президенти кишвар аз истифодаи аз ҳад зиёди заминҳои обӣ барои кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо, ки майдони умумии он дар соли 2013 195000 гектарро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ кард. Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар аксар маврид баъди ҷамъоварии ғалладонагиҳо дар ҷойи он кишти такрорӣ ба роҳ монда намешавад ва ин ба ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Дар охир Сарвари давлат ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ таваҷҷуҳ намуда, барои бо сифати баланд анҷом додани сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Данғара-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Восеъ-Ховалинг ва Нимич-Қарамиқ супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, доир ба таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ барои навсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб-Шӯрообод, Восеъ-Темурмалик, Фархор-Панҷ ва Дарвоз-Ванҷ супоришҳо дод.


11-14 июни соли равон дар урдугоҳи «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум Анҷумани VII ташкилотҳои ҷавонони кишвар доир шуд.

Насли ҷавон ба ояндаи дурахшони кишвар мутмаин аст рузи сеюми баргузории анҷуман гӯяндагон дар сессияҳои мавзӯӣ атрофи мушкилоти хос ба насли ҷавон ва роҳҳои ҳал, таҳсилоти духтарон ва дигар масоили иҷтимоӣ, устувории ташкилотҳои ҷавонон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, иштироки ҷавонон дар раванди ҷомеа, самтҳои фаъолият, аҳдоф ва вазоифи Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, дирӯз, имрӯз ва фардои ҳаракати волонтёрӣ дар Тоҷикистон ва дигар масоили марбут ба самти фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар умури ҷавонон сӯҳбату гуфтугӯҳои

интерактивӣ анҷом доданд. Ҳамчунин рӯзи сеюм роҳбарони як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ташкилотҳои ҷамъиятии “Шото”, “Ташаббусҳои ҷавонони Тоҷикистон”, “Сайёр, “Ваҳдати ҷавонон” ва “Занони Шарқ” роҷеъ ба дастовардҳо ва натиҷаи татбиқи лоиҳаҳое, ки дар доираи Барномаи милии рушди ҷавонони Тоҷикистон дастгирӣ ёфтаанд, баромад карданд. Ҳамчунин, лоиҳаи Низомномаи ИТҶТ бо тағйиру иловаҳо, фаъолияти Шӯрои миллӣ ва котиботи ИТҶТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аъзои шӯро ва

котибот интихоб гардиданд. Дар доираи анҷуман, ҳамчунин, дастовардҳои ташкилотҳои кор бо ҷавонон намоиш дода шуд. Баррасии фаъолиятҳои анҷомдодаи ИТҶТ дар ростои иҷрои барнома ва аҳдофу вазоиф ва арзёбии иқдомоти анҷомшуда ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо дар масъалаҳои марбут ба самти ҷавонон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории анҷуман буд. Мубоҳиса ва хулосаҳои иштирокдорони анҷуман собит намуд, ки новобаста аз дастовардҳои чашмрас боз ҳам мушкилоти ҷавонон

ва пайомадҳои онро бояд ҷиддӣ гирифт, то аз вуқӯи буҳронҳои ҷиддитаре пешгирӣ карда шавад. Дар фуровард намояндагони ташкилотҳои ҷавонони иштирокчӣ бобати дастгирӣ ва ҳамроҳӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ изҳори сипос карда, таъкид намуданд, ки барои ҳамкорӣ бо ин сохтор ҳамеша ҳавасманданд ва бобати хамкориҳои судманди тарафайн ҳамвора талош хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, аз натиҷаи фаъолият, ки дар гузоришоту

мубоҳисаву муҳокимаҳо миёни иштирокдорон ва гӯяндагони чорабинӣ сурат гирифт, метавон хулоса кард, ки қишри ҷавони ҷомеаи тоҷик аксар дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фаъоланд ва ҳузури онҳо дар ин маросим аз он гувоҳӣ медод, ки табақаи наврас ва ҷавони кишвар ба ояндаи неку дурахшони ҷумҳурии соҳибистиқлол мутмаин аст ва бо руҳияи баланди созандагӣ ва бунёдкорӣ дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ гомҳои сазовор мебардорад. Дар ин бора аз Бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ) доир гардид, зиёда аз 150 нафар фаъолҷавонон аз ҳисоби роҳбарони ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва аъзои ИТҶТ, волонтёрони АМВТ, намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ниҳодҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон, шарикони иҷтимоӣ, расонаҳои хабарӣ ширкат доштанд. Субҳи 11 июн иширокчиёни анҷуман тавассути хатсайри Душанбе-Айнӣ-Қайроққум ба роҳ баромаданд. Нимарӯз гурӯҳи иштирокчиёнро дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарии муовини раиси ноҳия ва маасъулини Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва фарҳанги ноҳия бо самимияти хоса пешвоз гирифтанд. Баъд аз тановули наҳор ва тамошои барномаи ҳунарӣ иштирокдорон роҳро идома дода, шом ба макони баргузории чорабинӣ расиданд. Нимаи аввали рӯзи 12 июн маросими ифтитоҳи анҷуман дар осоишгоҳи «Баҳористон» сурат гирифт. Қиёмиддин Миралиев, раиси Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Мавсума Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, А. Маъмурзода, намояндаи Дастгохи иҷроияи Президенти мамлакат, Н. Оқилзода, намояндаи парлумони кишвар, Лайло Моширӣ, сарвари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон суханронӣ карданд. Сипас, Зарнигор Раҷабова, котиби Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон роҷеъ ба дастовард, мушкилот ва дурнамои иттиҳод, Н. Мирзораҳимов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» оид ба иштироки ҷавонон дар ҷараёни қабули қарорҳо: ақидаи ҷавонон ва таҳлили қонунгузории алоқаманд, намояндаи Барномаи таҳсилоти ХК СММ вобаста ба таҳсилоти духтарон - муҳимият ва дурнамо, Қиёмиддин Миралиев дар робита ба натиҷаи муроҷиатномаи Анҷумани VI-уми ташкилотҳои ҷавонон, ҳаракати волонтёрӣ: қадамҳои нахустин ва дурнамои ин ҳаракат дар Тоҷикистон маърӯза карда, мавзӯъҳои мазкур миёни иштирокчиёни чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Нимаи дуюми рӯзи дуюм ва

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

3

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

4

МАОРИФ

17 июни соли равон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ширкати муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид ҷаласаи васеи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ доир ба хатми бомуваффақияти хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар баргузор гардид.

Донишҷӯёни фаъол дипломи аъло гирифтанд Дар ифтитоҳ ректори ДМТ Маҳмадюсуф Имомов гирандагони дипломи аълоро таҳният гуфта, иброз дошт, «акнун вақти он расидааст, ки ҳар яки шумо донишҳои андӯхтаатонро барои рушду пешрафти Ватани азиз истифода баред. Дар ин сурат шумо қарзи шаҳрвандиву фарзандиатонро адо хоҳед кард». Сипас, муовини Сарвазири киш-

кишварамон сол аз сол меафзояд. Дар пешрафти ин кори наҷиб ва пурифтихор ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар меҳнати фидокорона менамоянд. Натиҷаи чунин заҳматҳои ҳамешагии устодон аст, ки ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зиёда аз 30 ҳазор донишҷӯ хатм намуда, баҳри пешбурд ва рушду нумӯи соҳаҳои

ҷаҳонию ватанӣ тайёр намудани мутахассисон монеаҳо пеш меорад, ки бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда боиси беҳбудии кор дар ин самт мегардад. Марҳабо Ҷабборӣ изҳори нигаронӣ намуд, ки вобаста ба талаботи шаҳру ноҳияҳои кишвар мутахассисон аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ са-

вар Марҳабо Ҷабборӣ нисбат ба баланд бардоштани маърифат ва тарбияи донишҷӯён ибрози андеша кард: “Хатми мактаби олӣ барои ҳар нафар мояи ифтихор аст ва инсонро ҳамчун фарди комил ба ҷомеа муаррифӣ мекунад. Воқеан, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар тайёр намудани мутахассисони баркамол, баҳри рушду нумӯи ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда доранд. Табиист, ки чунин саҳмгузорӣ бо назардошти вазъи воқеии

гуногуни кишвар сафарбар мешаванд”. Муовини Сарвазир қайд кард, ки ҷумҳурии мо ба мутахассисони баркамолу дорои маърифати баланд эҳтиёҷ дорад, зеро маҳз онҳо метавонанд дар саргаҳи инкишофу равнақи соҳаҳои гуногун ҷомеа қарор дошта бошанд. Воқеан, бо вуҷуди кӯшишу заҳматҳои аҳли илму маорифи кишвар ҳоло ҳам дар ҷумҳурӣ баъзе комбудиҳои ҷузъӣ ба назар мерасанд, ки барои дар сатҳи байналмилалӣ ба талаботи бозори

фарбар шуда, баъди хатми муассиса ба ҷойи кор ҳозир намешаванд. Чунончи, солҳои 2002-2013 тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ 4078 мутахассиси ҷавони ба кор фиристода, 3042 нафар, яъне, 76,4 фоиз ба ҷойи кор ҳозир шуда, 1034 нафар ё ин ки 25,4 фоизи онҳо ба ҷои кор ҳозир нашудаанд. Омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор нарафтанд, ки дар натиҷа муассисаҳои таълимии мо беомӯзгор монданд. 74 нафари онҳо ё

ТУРИЗМ

Ҷаласаи вазирони туризм дар Сочӣ 16-17 июни соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷаласаи вазирони туризми ҷаҳон вобаста ба рушди минбаъдаи туризм ва ҳамкориҳо доир гардид. Дар он Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди туризм дар Тоҷикистон ва муаррифии он тавассути ролики махсус барои ҳамкорӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар баромад ва бо котиби генералии Созмони ҷаҳонии туристӣ Толиб Рифоӣ, роҳбари Кумитаи туризми Русия О. Сафонов ва намояндагони баландпояи туризми Тунис, Аргентина, Малайзия, Кореа, Монако, Испаниа, Камбоҷа ва дигарон оид ба ҳамкориҳо дар рушди туризми кишвар мулоқот доир кард.

1,9 фоиз маблағҳои буҷетиро баргардониданд, албатта, илоҷи кор нест. Мутахассисони ҷавон, омӯзгорони ҷавон бояд рисолати худро ба ҷо оранд, яъне, баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳо ҳатман ба ноҳияҳо рафта, насли наврасро таълиму тарбия диҳанд. Аз ин лиҳоз, муассисаҳои таҳсилоти олиро зарур аст, ки фаъолиятро дар самти пурра ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ва тандурустӣ ҷоннок намоянд. Аз соли 1997 зиёда аз 8 ҳазор писару духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро, бо Квотаи президентӣ хатм намуданд. На ҳамаи онҳо ба шаҳру ноҳияҳои худ баргашта, кор мекунанд. Масалан, солҳои 2002-2013 донишгоҳу донишкадаҳоро тибқи Квотаи президентӣ 4051 нафар хатм карданд, ки 950 нафар ё 24 фоизашон бо сабабҳои гуногун кору фаъолият намекунанд. Бинобар ин, муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо мақсади баргашта ба шаҳру ноҳияҳои худ ҳамчун мутахассиси барҷаста фаъолият кардан, раванди ба расмиятдарории қарордоди сеҷонибаро ба мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳия ва донишҷӯ ҷоннок намуда, иҷрои онро пайваста зери назорат қарор диҳанд. Ҳамчунин, ҳама корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ва хусусии ҷумҳуриро, ки дар ташаккули мутахассисони ояндаи кишвар вобаста ба талаботи стандартҳои давлатӣ ба ҳайси корфармо ҳисоб мекунад, зарур аст, ки дар интихоб ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисон фаъолона ширкат варзанд. М. Ҷабборӣ дар рафти ҷаласа афзуд, ки пайванди назария ба амалия яке аз таъкидҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як вохӯрию сӯҳбатҳояшон мебошад. Имрӯз дар самти бастани шартнома, ҷиҳати гузаштан аз таҷрибаомӯзиҳо дар корхонаю ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ норасоиҳо дида мешавад. Аксарияти корхонаву ташкилотҳои иқтисодӣ аз бастани шартнома барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён худдорӣ мекунанд, ки ба раванди татбиқи пайванди назария ва амалия халал ворид месозанд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки масъалаи мазкурро зери назорати ҷиддӣ қарор дода, аз натиҷаи иҷрои он сохторҳои дахлдорро огоҳ намоянд. Фикр мекунам, дониши замонавиро гирифтан мумкин, лекин агар таҷрибаомӯзӣ дуруст ба роҳ монда нашавад, сифати омодагии мутахассисон коҳиш меёбад. Дар охири ҳамоиш аз ҷониби муовини Сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ ва вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо баҳои аъло макотиби олиро хатм кардаанд, дипломҳои сурх ва нишони сарисинагӣ супорида шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”


Бо ҳамин ният солҳои 19241926 дар саҳифаҳои матбуот доир ба таъриху тамаддун ва забону адабиёти тоҷик мақолаҳои зиёд нашр гардиданд, ки ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти таърихи мардуми тоҷик ва ҷоннисориҳои равшанфикронро баҳри ҳифзи манфиҳатҳои миллӣ инъикос мекарданд. Дар ин вазъияти ҳассос устод Айнӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» ва мақолаҳои илмӣ бар зидди идеологияи пантуркизм дар роҳи бедориву худшиносии миллати тоҷик хизматҳои беназир кардааст. Ӯ

таърихи ватандорию давлатдории мо оқибатҳои номатлуби манфии зиёдеро ба бор овардааст. Дар шароити имрӯза ҷомеаи мо ба як идеяи муттаҳидкунанда ниёз дорад, ки тамоми мардуми сарзаминро ҷамъ оварда тавонад. Масъалаи идеяи миллӣ солҳост, ки мутахассисону равшанфикрон ва аҳли зиёро машғул медорад. Дар ин давраи гузариш баъзан олимону назарияпардозоне низ ёфт мешаванд, ки идеяи миллиро «хаёли хом» ва маҳсули шуури бардурӯғ ҳисобида, камбудиву норасоиҳои ҷомеаро ба он

Гар шиносем хешро, эҳё шавем Идеяи миллӣ пояи давлатро мустаҳкам мекунад Қарнҳои гуногун дар арсаи тохтутози аҷнабиён мардуми тоҷик борҳо аз дами теғи душман гузашта, шаҳрҳои ободи онҳо хароб шуданд, ки ба нигориши муаррихон «дар он шаҳрҳо ғайр аз гурбаву саг чизе ба чашм намерасид». Махсусан, дар аҳди истилои араб Бухоро ба чунин аҳвол гирифтор шуд. Албатта, талх аст ба ёд овардани шикасту таназзули давлату миллат. Ин воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар ҳаёти халқи тоҷик то дараҷае натиҷаи худогоҳӣ ва худшиносии миллии рушанфикрони онвақтаи тоҷик ҳам буд, вале раванди ҳодисоти таърихӣ собит сохт, ки на ҳама равшанфикрони он солҳо фаҳмиши хуби сиёсӣ ва миллӣ доштанд. Бар асари кундфаҳмӣ ва лағжишҳои зиёди сиёсӣ, гаравидан ба ину он ҳаракату тӯдаҳо як ҳиссаи зиёиён ба миллати худ «хизмати хирсона» мекарданд. Ҳатто баъзе шахсиятҳои намоёни онвақтаи тоҷик дастёри бадхоҳону душманони халқи тоҷик гардиданд. Барои бори дигар соҳиби давлат шудани тоҷикон Инқилоби Октябр замина шуд ва аз зери фишори бадхоҳонаш озод гашт. Дар тақсимоти милливу ҳудудӣ тоҷиконро ҳамчун халқи аҷнабӣ кучманчӣ хонданд. Хушбахтона, бо талоши фарзандони фарзонаи тоҷик, ба мисли Садриддин Айнӣ исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи кӯҳан дорад.

таъкид менамояд: “Дар Осиёи Миёна, хусусан, дар хоки Бухоро ба будани як қавми бузурге бо номи тоҷик бояд касе инкор надошта бошад. Соҳиби маданияти кӯҳан ва адабиёти кӯҳансол будани ин қавм низ ҷои инкор нест”. Таърих собит кард, ки парокандагӣ дар ҳолатҳои ҳассос - соҳиб гаштани Тоҷикистон ба мустақилияти нисбӣ дар соли 1924 ва мустақилияти пурра 9 сентябри соли 1991 таъсири манфӣ расонидааст. Агар ҳангоми тақсимоти миллӣ-ҳудудии халқҳои Осиёи Миёна соли 1924 тоҷикон аз ҳудудҳои зиёди сарзамини таърихии худ маҳрум гардида бошанд, пас, ҳангоми ба даст овардани истиқлолият соли 1991 ба вартаи ҷанги ҳамватание гирифтор гардиданд, ки агар пеши роҳи он сари вақт гирифта намешуд, боиси умуман нест гардидани ному давлати тоҷикон мегардид. Ҳақиқати талхи вазъи имрӯзаи Тоҷикистон мавҷудияти маҳалгароӣ дар мафкураи мардуми он мебошад. Дар саҳти ҷумҳурӣ тақсим шудани тоҷикон бо кӯлобию ғармӣ, хуҷандию бадахшонию ҳисорӣ дар сатҳи ин маҳалҳо боз тақсим шудани мардум ба ноҳияҳо ва дар ноҳияҳо ба қишлоқу маҳаллаҳои хурдтар ва амсоли ин зуҳуротест, ки мардумро аз ҳисси ягонагии миллӣ ва ваҳдати воҳид дар рафтору пиндор дур месозад. Ин зуҳурот дар

вобаста медонанд. Аммо ҳақиқат ин тавр нест. Чунки идеяи миллӣ тагягоҳи устувори ҷомеа ба шумор меравад. Ин аст, ки Президенти кишвар 26 апрели соли ҷорӣ дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ идеяи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо»-ро пешниҳод намуданд. Дар ин идея ба ҳам овардани тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ ҳамчун вазифаи меҳварӣ муайян шудааст. Хулоса, идеяи миллӣ хусусияти муттаҳидкунанда дорад. Давлате, ки идеяи миллӣ надорад, бебунёд буда, мустаҳкам шуда наметавонад. Устувории давлату миллат, бешубҳа, аз идеяи миллӣ мебошад. Чи хеле ки гиёҳ ба оксиген ниёз дорад, давлат ҳамон қадар ба идеяи миллӣ эҳтиёҷ дорад. Бояд ҳар шаҳрванди ба ору номуси кишвар дар гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз саҳм гузорад. Хусусан, дар ташаккул ёфтани идеяи миллӣ бояд хизматҳои худро дареғ надорем. Чи хеле ки шоири бузург Муҳаммад Иқбол мефармояд: Миллат аз нурӣ хирад бино шавад, Гар шиносад хешро эҳё шавад.

С. САФАРОВ, донишҷӯи факултаи фалсафаи ДМТ

Бетолеӣ баъди ғорати “Толеи ту” Тасарруфи молу мулки ғайр, фиребу найранг бақо надорад. Оқибати ин гуна амалҳои ношоям хиҷолату шармсорист Шаҳрванд Ҷ. Шарбатов ба бозиҳои букмерӣ шавқи зиёд дошта, доим бо маблағҳои пулии гуногун бозӣ мекард. 21 сентябри соли гузашта боз хумори бозиаш гирифту ба нуқтаи бозиҳои букмерии ҶДММ «Азбет» рафт. Азбаски бо худ маблағи зарурӣ надошт, аз хазиначии нуқтаи мазкур Е. Бутакова хоҳиш кард, ки фавран 2000 сомонӣ қарз диҳад, то ӯ барои бозии волейбол пешпардохт намояд. Ваъда дод, ки ҳоло ба хонааш занг мезанаду аз он ҷо барояш маблағ меоранд. Елена, ки қаблан Ҷ. Шарбатовро зиёд дида буд, ба ӯ бовар карда, 2000 сомонӣ қарз дод. Аммо Шарбатов бозиро бой дод. Боз бо хоҳишу илтимоси зиёд аз Е. Бутакова 4000 сомонии дигар қарз гирифта, онро низ бой дод. Ҷамшед ба Е. Бутакова гуфт, ки шавҳарашро даъват намояд, то ҳамроҳи ӯ барои баргардонидани пул ба хонааш раванд. Чун шавҳари Елена бо Ҷамшед ҳамроҳ рафт, Ҷамшед дар назди биноҳои истиқоматии қарибии ШВКД-и ноҳияи Синои пойтахт истода, аз ӯ хоҳиш намуд, ки каме интизор шавад. Сипас, Ҷамшед ба даромадгоҳи бинои истиқоматӣ ворид шуда, аз дари дигар берун рафт. Елена баъди ин чанд маротиба тавассути телефон аз Ҷамшед хоҳиш кард, ки маблағро баргардонад. Боре дар маҳаллаи 102-и пойтахт бо Ҷамшед вохӯрда, тақозои баргардонидани маблағро намуд. Ин бор ҳам ӯ ваъда дод, ки ҳатман бармегардонад. «Дили одаткарда балои ҷон» мегӯянд. Ҷамшед мехост боз дар бозиҳои букмерӣ ширкат варзида, осон соҳиби маблағи зиёд шавад. Аммо барои бозӣ пул надошт. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки аз нуқтаи бозии букмерии кӯчаи Нусратулло Махсум, бинои 11/2 дуздӣ кунад. Бо ин мақсад ба бозори «Султони Кабир»-и пойтахт рафта, ба маблағи 140 сомонӣ як қайчии калони оҳанбурӣ ва як мехкашак харида, 28 октябри соли гузашта, тахминан соати 2-и шаб ба назди нуқтаи букмерии ҶДММ «Формула успеха» рафта, бо латтае камераи мушоҳидавиро пӯшонида, атрофи биноро як давр зад. Чун ҳама ҷоро сокит дид, панҷараи тирезаи нуқтаи мазкурро бо қайчии калон бурида, тирезаро кушод. Сипас, тавассути тиреза вориди нуқтаи букмерӣ шуда, сандуқчаи оҳанин (сейф)ро бо худ бурд. Бо қайчии оҳанин онро кушоду аз дохили он 3000 сомониро берун овард.

Аммо пули бо роҳи дуздӣ бадастомада насиб накард. Рӯзи дигар маблағашро дар бозии букмерии «Балбет» (маҳаллаи 112) гузошта, бой дод. Ҷамшед 30 октябр шабонгоҳ ба назди нуқтаи букмерии ҶДММ «Толеи ту» рафта, аз рӯи нақшаи дафъаи гузашта вориди дӯкон шуда, сандуқчаи оҳанинро рабуд. «Ғанимат»-и худро дар роҳи наздикии мактаби №88-и пойтахт кушода, аз дохили он 7231 сомонӣ дарёфт. Боз пули ҳаром насибаш накарду рӯзи дигар онро дар нуқаи «Формула успеха» бой дод. Пас аз ин кормандони милитсия Ҷамшедро дастгир карданд ва ӯ оид ба ҳолати пурраи кор нишондод дод, қайчиашро аз ҷойи пинҳоннамудааш ба кормандони милитсия дод. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо татбиқи моддаи 67 қисмҳои 2,3 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шарбатов Ҷамшед бо роҳи пурра зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳоии ду солу шаш моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низоми умумӣ ва ҷарима ба андозаи 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 36480 сомонӣ) ба фоидаи давлат, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян таъин намуд.

А. МУЛЛОЕВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

Худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти ҳар инсон ба шумор рафта, барои тарбияи шаҳрванд дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ заминаи босазо мегузорад. Пайдоиш ва ҳувияти ҳар халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро бо ҳама хорию зориашон дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо гирифтани ибрат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем.

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

e-mail: javonontj@mail.ru

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

6

НАЗАРИ ХОС

Сатҳи ҷинояткорӣ солҳои охир байни ҷавонон боло рафтааст. Мутахассисон ва коршиносон аслан ба ин ақидаанд, ки ҷиноят содир намудан аслан аз паст будани фарҳанг, надонистани донишҳои ҳуқуқӣ ва аз сатҳи пасти иҷтимоиёт маншаъ мегирад. Лекин баъзан шахсони бофарҳанг ва донишҳои ҳуқуқидошта, ки сатҳи иҷтимоиашон хуб аст низ, ҷиноят содир менамоянд. Ҷиноят содир намудан аз муҳити носолим ба воя расидани шахс ва аз тарбияву ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дур мондани онҳо аст. Ду кӯдаки навзодро якеро дар торикӣ танҳо бо ғизои моддӣ таъмин намуда, аз ғизои маънавӣ маҳрум месозем. Дигареро дар равшанӣ ҳам бо ғизои маънавӣ ва ҳам бо ғизои моддӣ таъмин намуда, ба ӯ манфиати пул, пиёла ва сангро меомӯзонем. Дар 7-солагӣ дар назди ҳар дуи онҳо пул, пиёла ва сангро мегузорем. Кӯдаки дар торикӣ тарбияёфта пулро медаронад ва сангро гирифта, пиёларо мешиканад. Яъне, ӯ ду кори носавоб мекунад. Бо сабабе ки мо манфиати пул, пиёла ва сангро ба ӯ наомӯзонда будем. Агар ӯ медонист, ки бо пул аз мағоза ширинӣ харида, комро ширин мекунанд ва бо пиёла чой менӯшанд, ҳеҷ гоҳ пулро намедаронд ва бо санг пиёларо намешикаст. Бо ҳамин сабаб бузургони мо тарибияи хубро барои фарзанд дастур медиҳанд. Ҳамзамон, тарбияи хубу солим ва ростгӯиву ростқавлиро пешгирӣ ва рафъи ҳама намуди ҷиноят гуфтаанд. Агар мо дар оила фарзандонамонро ба ростгӯӣ талқин намоем, онҳо дар оянда ба ин хислати ҷавонмардонаашон на танҳо худ, балки дигаронро ба роҳи рост ҳидоят намуда, хушбахт месозанд. Ба маврид аст, ки ҳикояеро аз рӯзгори яке аз орифони машҳури ҷаҳон Абдулқодири Гелонӣ (машҳур ба номи ҳазрати Ғафсуалазам ) биёрем. Дар замони

Дурӯғгӯӣ оғози ҷиноятҳост хурдсолӣ Абдулқодири Гелониро модараш таъкид намуд, ки ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯяд. Рӯзе модараш бо як гӯрӯҳ толибилмон дар синни даҳдаҳсолагӣ Адулқодири Гелониро барои таҳсили илм ба Бағдод фиристод. Дар роҳ чил нафар роҳзан онҳоро барои ғорат намудан мавриди пурсиш қарор дода, молҳояшонро ба яғмо бурданд. Нафаре аз роҳзанон Адулқодири Гулониро пурсид, ки “дар ҷайбат чӣ қадар маблағ дорӣ?”. Ӯ дарҳол ҷавоб дод, ки чил танга дорам. Роҳзан аз хурдсол буданаш ба ин посух бовар накарда, аз наздаш гузашта рафт. Дигаре аз онҳо Адулқодири Гелониро мавриди пурсиш қарор дода, гуфт “дар ҷайбат чӣ дорӣ?”. Ҷавоб дод, чил танга. Дузд ҷайбашро кофта, чил тангаро берун овард ва дарҳол Абдулқодири хурдсолро ба назди роҳбарашон бурд. Роҳбарашон, ки хеле роҳзани бадсиришт буд, аз Абдулқодри Гелонӣ пурсид, “барои чӣ ҷавоби дуруст додӣ, мо тангаҳоятро акнун ба яғмо мебарем”. Абулқодир ҷавоб дод, аз хурдсолӣ модарам таълим додааст, ки дурӯғ нагӯям. Бо ҳамин сабаб ман ҳеҷ гоҳ дурӯғ намегӯям ва ба Худову модарам хиёнат намекунам. Пас аз шунидани ин суханон вуҷуди роҳзанро ларза фаро гирифт ва фарёди баланде заду пироҳани худро дар тан пора кард. Пас, дасти Адулқодири хурдсолро гирифту ба Худованд муноҷот намуду гуфт: “Ман яқин медонам, ин кӯдаки хурдсол дӯстӣ туст. Модоме ки ин барои ризогии ту ба савганди модараш содиқ аст, пас, чаро ман ба ин дороиям савганди туро шикаста, ба ту хиёнат мекунам? Ман ин кӯдаки ростгӯй ва дӯсти туро васила намуда, дар назди ту савганд ёд мекунам, ки ман дигар ғайр аз ризогии ту кореро анҷом намедиҳам”. Он лаҳза молҳои ғоратнамудаашро ба соҳибонашон баргардонд. Ин манзараро дида, чил нафар роҳзани дигар низ аз корҳои носавобу зишт тавба намуда, ислоҳ шуданд. Як сухани рост тавонист чил нафарро ба роҳи рост ҳидоят намуда, мавриди ислоҳи ҷиноят шавад. Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон

назар намоем, пас маълум мегардад, ки дар ҳар давру замон барои косташавии ахлоқ ва зиёд содир шудани ҷиноят, пеш аз ҳама, ҳукумат бонги изтироб зада, ҷомеаро дар ин масъала ёвару ёрирасони худ мегирифт. Шоиру нависандагон барои ба эътидол овардани вазъ асарҳои пурғановати насиҳативу ахлоқӣ, ба монанди «Шоҳнома», «Маснавии маънавӣ», «Гулистон”, “Бӯстон», эҷод намудаанд. Онҳо дар ин асарҳои абадзиндаи худ олимона тарбияи фарзандро ба мо тавсия додаанд, лекин аз чи бошад, ки мо фарзандонамонро аз рӯи гуфтаи бузургонамон таълим намедиҳем. Бузургони мо дурӯғ гуфтанро зинаи аввали ҷиноят ба қалам дода, баён намудаанд, ки ҳамаи ҷиноятҳо аз дурӯғ гуфтан оғоз мегарданд. Мутаассифона, имрӯз дурӯғ гуфтан дар ҳар хонадони мо анъана гардидааст. Падару модар, ки ду мураббии бузурги хонадонанд, аввал дурӯғ гуфтанро ба фарзанди хурдсоли худ меомӯзонанд. Сипас, барои тарбияи онҳо ва аз роҳҳои зишт баргардониданашон заҳматҳои зиёд мекашанд, ки суде намебах-

шад. Маъмулист, ки онҳо ба дурӯғ гуфтан одат, дар ҷомеа аз рӯи ин хислати касифашон хоҳу нохоҳ қонуншиканӣ ва ҷиноят содир менамоянд ва ҳукумат ва ҷомеаро дар ташвиш мегузоранд. Барои пешгирии ҷинояткорӣ сохторҳои дахлдор чорабиниҳои зиёди таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро бо сарфи маблағҳои зиёд дар ҳама маҳалҳо ба роҳ монда, дар сатҳи баланд доир менамоянд. Вале аз чӣ бошад, ки боз сатҳи ҷинояткорӣ, махсусан, дар байни ноболиғон ва наврасону ҷавонон боло меравад. Роҳи наҷот аз ин зуҳуроти номатлуб паҳлӯи дигар дорад. Агар мо аз хурдсолӣ тарбияро хуб ба роҳ монем, ростгӯиву ростқавлӣ ва тарс аз худову аз қонунро дар ниҳоди фарзанд хуб ҷой кунем, пас, метавонем пеши роҳи ҷинояткориро гирем. Ҳикояи дигар аз Саъдии бузургвор оид ба мавзӯӣ тарс аз Худо доштанро аз рӯзгори ҳазрати Юсуф мисол меорем. Зулайхо ҳазрати Юсуфро рӯзе дар хилват ёфт ва маҷбур намуд, ки ба зино даст зада, муҷиби гуноҳ шавад. Зулайхо пеш аз ин амалро оғоз намудан дар руйи буте, ки аз санг сохта шуда буд ва ӯ гӯё Худо буд, латапораеро партофт. Юсуф иҷрои ин амалро аз Зулайхо пурсон шуд. Ӯ дар посух ҷавоб дод, ҳангоми айшу ишратамон аз ин бут шарм медорам. Баробари шунидани сухани Зулайхо аз чашмони Юсуф аз тарси Худо ашк ҷорӣ шуд. Дар ҷавоб ба Зулайхо гуфт. Ту аз сангпорае имрӯз шарм медорӣ, маро шарм бод аз он офаридагоре, ки маро бо чунин сурати зебо офаридааст. Танҳо тарси офаридагор буд, ки Юсуф ин амали зиштро иҷро накард. Агар дар ҳоли Юсуф ҷавони имрӯза қарор дошта бошад, намедонам чӣ ҳодиса рӯй медод?

Ҷалолиддин НУРОВ, мудири Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

ҒАМХОРӢ

e-mail: javonontj@mail.ru

Хонаи бачаҳои Роғун ба кӯмак ниёз дорад Ташаббуси дастгирию ёрмандии табақаи ниёзманду камбизоат ва муассисаҳои парастории кӯҳансолону ятимхонаҳо, ки аз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон сар зад, ба ҳукми анъана даромадааст. Сардори давлат дар суханрониҳояш, хусусан, пеш аз идҳо даъват мекунад, ки шахсони доро дасту домани сахо кушода, ба дуои неки бечорагон сазовор гарданд. Директори хонаи бачаҳои шаҳри Роғун Сироҷиддин Аминов ҷавони ботамкин ва ғамхору хайрхоҳ аз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори ризоят намуд, ки дар яке аз сафарҳояш ба шаҳри Роғун масъалаи мунтазам кӯмак расонидан

ба парваришгоҳи онҳоро таъкид кардааст. Баъди таъкиди ӯ дасти саховати роҳбарони шаҳри Роғун ва навоҳии гирду атроф фарохтар гардид. Хонаи бачаҳо аз хоҷагии деҳқонии “Қосим”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод, қисми ҳарбии артиши дар Норакбудаи Русия, НБО-и “Норак”, маъмурияти “Роғун”, идораи махсуси сохтмонии НБО-и “Роғун”, корхонаи воҳиди давлатии ба номи Абдувоҳид Назирови ноҳияи Файзобод пайваста кӯмаку ғамхорӣ мебинад. Ташкилоту муассисаҳои номбурда ба парваришгоҳ анвои ғизоӣ, меваю сабзавот, сару либос оварда, ҳамчунин, ба суратҳисоби ин муассиса маблағ мегузаронанд. Соли гузашта маъмурияти НБО-и “Роғун” ба ғайр аз тӯҳфаҳои идона 500 кило картошка, орду равған ва дигар анвои хӯрокӣ фиристод. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бошад, тӯйи арӯсии хатмкардаи ҳамин парваришгоҳ Мухлиса Акбароваро ба уҳда гирифт.

Бо шафқату меҳрубонии собиқ роҳбари парваришгоҳ Мирзомиддин Аминов Мухлиса баъди хатми синфи 10 бо кор таъмин гардид. Ҷавоне ба ӯ дил дод ва ҳар ду бо меҳр хонавода бунёд карданд. Сарвари парваришгоҳ бо қаноатмандӣ изҳор кард, ки аз шаҳри Роғун ва ноҳияи ба он ҳамсояи Файзобод хайрхоҳоне ҳастанд, ки беғаразона кӯмак мерасонанд. Нуралӣ Одинаев, Иброҳим Камолов, Исмат Паҳлавонов, Маннон Шарифов, ки ҳар кадом аз 100 то 4,5 ҳазор сомонӣ садақа карданд, аз ҳамин ҷумлаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинобод ба хонаи бачаҳо як гектар замини обӣ ҷудо намуд, ки мушкилоти ғизоии парваришгоҳро то андозае осон мегардонад. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба мо гуфтанд, ки барои таъминоти ғизоии хонаи бачаҳо аз буҷаи маҳаллӣ ҳар сол 35-40 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Ин миқдор

маблағ, албатта, басанда нест, зеро дар ин муассисаи таълимӣ, асосан, бачаҳои ятим тарбия мегиранд, баъзеашон на падар доранд, на модар. Табиист, ки ғайр аз ғизо ба онҳо сару либоси мактабию варзишӣ, лавозимоти хониш зарур аст. Роҳбарияти хонаи бачаҳо барои таълимгирандагон аз фанҳои дақиқ машғулиятҳои иловагӣ таъин карда, муаллимони соҳибтаҷрибаи шаҳрро ҷалб намудаанд, дар асоси шартнома ба онҳо маблағи муайян дода мешавад. Барои ҳамин маблағгузориҳои ҳозира басанда нест. Хонаи бачаҳои шаҳри Роғунро падари директори имрӯзаи парваришгоҳ Мирзомиддин Аминов соли 1997 ташкил карда, дар ибтидо фарзандони қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳои бебисотро фаро гирифт. Мирзомиддин Аминов, омӯзгори варзида, барвақт ятим монда, дар хонаи бачаҳо тарбия дида, ба камол расидааст. Ҳамин аст, ки барои камолоту соҳибмаълумот шудани

хатмкунандагони парваришгоҳ падарона кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дараҷае, ки ба ҳузури роҳбарони аввали донишгоҳу донишкадаҳо даромада, шогирдонашро дохил мекунад. - Аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз, - нақл мекунад М. Аминов, зиёда аз 200 нафар тарбиятгирандаи хонаи бачаҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳои пойтахти кишвар дохил шуда, қисме дар омӯзишгоҳҳои ҳунарии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун соҳиби касбҳои дилхоҳ гардиданд. Ҳоло 52 нафар наврас дар оғӯши хонаи бачаҳо аз мураббиҳои ғамхор тарбият мебинанд. Онҳо аз гӯшаю канори кишвар, аз Панҷакенту Кӯлоб, Ваҳдату Ҳисор, Файзободу Роғун буда, ҳини сӯҳбат дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо самимияту дӯстдорӣ ҳарф мезананд.

Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор


1994 ба чунин санад табдил ёфт. Аҳамияти бузурги конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати тозаистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат ба таври барҷаста аён мегардад. Дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тоҷикистон баъди Русия дуюмин шуда, соҳиби конститутсия гардид. Ба таҳлили коршиносони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви САҲА эътироф шудааст. Воқеан, ҷавобгӯи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, конститутсия бояд ба рушди мунтазаму устувори институтҳои базавии демократӣ мусоидат кунад, ки интихобот аз ҷумлаи онҳост. Ғайр аз ин, ҳуқуқҳои асосӣ, мувозинати манфиатҳо, ҳисоботдиҳӣ, намояндагӣ, консенсус, идоракунии пурсамар, баровардани қарорҳои босалоҳият, шаф-

ститутсия метавон хулоса кард, ки маҳз ҷиҳати такмили қонунияти конститутсионӣ пояҳои демократияи давлати Тоҷикистон мустаҳакам гардиданд. «Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» - чунин нуқтаи назари Президенти кишвар аз мақоми баланди ҳуқуқӣ доштани конститутсия шаҳодат медиҳад. Ҳеҷ як санади ҳуқуқии дигар наметавонад, ки ягон меъёри хилофи конститутсия дошта бошад ва агар дошта бошад, эътибори ҳуқуқӣ дошта наметавонад. Баҳри ҳифзи конститутсия мақоми махсуси ҳокимияти судӣ оид ба дифои конститутсия - Суди конститутсионӣ ташкил шудааст, ки вазифаи он муайян кардани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бо меъёрҳои конститутсия мебошад. Оид ба масъалаи қонуният ва тартиби амалигардонии муқаррароти конститутсия сухан ронда, иқрор шудан лозим аст, ки бидуни интихоби шакли мувофиқи

Пас аз чор соли қабули конститутсия ва дарёфти сулҳи сартосарӣ 5 ноябри соли 1998 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи ҷомеаи дар ҳақиқат демократӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пурра ҷавобгӯ аст». Конститутсия бо ихтиёру иродаи халқ ба таври райъпурсии умумӣ ва бо ҷонибдории аксари мардуми кишвар қабул гардид. Ҳамин тариқ, конститутсияи соли 1978 бо ҳама тағйиру иловаҳои баъдӣ, ки вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва дигаргуниҳои ҷомеаи сифатан навро инъикос карда наметавонист, бекор карда шуд. Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути конститутсияи нав аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Дигаргуниҳое, ки тӯли 20 соли охир дар мамлакат сурат гирифтанд, бидуни конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайриимкон буд. Аз рӯи анъана, конститутсияҳо дар давраҳое қабул мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ё форматсияи ҷамъиятӣ ба сатҳи дигари инкишоф мегузарад. Табиист, ки чунин гузариш бе дарду нуқсон буда наметавонад. Нороҳатӣ ва норозигии гурӯҳеро нисбат ба гурӯҳи дигар ба вуҷуд меорад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст. Пешгирии чунин ҳолат ба равиши омодагӣ ва қабули конститутсия вобастагии калон дорад. Он метавонад ба як санади ризоият ва ваҳдати умум табдил ёбад. Маҳз конститутсияи соли

фофият ва ошкорбаёнӣ омилҳое мебошанд, ки аз рӯи сабт ва кафолати таъмини онҳо дар қонунҳои асосӣ инкишофи демократӣ бебозгашт хоҳад шуд. Ҳатто аз рӯи ин назария метавон бо гузашти 20 сол ба Конститутсияи Тоҷикистон баҳои мусбат дод. Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули конститутсия, институтҳои базавии демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо кардаанд. Тавре интихобот сари вақт ва бо иштироки шоҳидони дохиливу хориҷӣ мегузарад. Озодии афкор тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид тибқи моддаи 30-и конститутсия манъ аст. Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи баланди шуури иҷтимоӣ худ аз худ конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ аз худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993-1997 аз байн рафт. Муҳимтарин заминаи ҳуқуқӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, ислоҳи вазъи иқтисодӣ, рӯ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ овардани Тоҷикистон қабули конститутсия дар марҳилаи душвору пурихтилоф ба ҳисоб меравад. Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки ба ягон мафкураи ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст. Баъди бист соли амали кон-

идоракунии давлатӣ, яъне, ҷумҳурии президентӣ, ба ташаккули конститутсионализм – назария ва амалияи ташкили ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мувофиқи конститутсия муваффақ шудан ғайриимкон буд. Ғайр аз ин, конститутсионализми ҳозиразамон эътирофи бечуну чаро ва дар амал бе монеа татбиқшавии номгӯи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва афзалияти ҳуқуқи инсонро нисбат ба манфиатҳои давлат пешбинӣ мекунад. Марҳилаи ҳозираи рушди қонуният аз воқеӣ будани ин амал низ баръало гувоҳӣ дода метавонад. Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи конститутсия қабул гардида, меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд. Вазифаи муҳимтарин, ба андешаи мо, дар заминаи конститутсия коркарду таҳияи қонунҳоест, ки ба танзими оқилонаи муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар ин марҳила вобаста бошанд. Барои иҷрои ин амал аз дастури Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон истифода бояд кард: «Мо бояд эҳтироми ин санади танзимгари ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор, ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардад».

Конститутсия ҳуҷҷати муқаддас

Намоз АМОНОВ, судяи Суди вилояти Хатлон

Рисолати падар Падар бо тақозои кор чандин сол дур аз оилааш умр ба сар мебурд. Вақте корро тамом карда, ба хона баргашт, духтари ягонааш, аллакай калон шуда буду падарро гарм истиқбол накард. Чунки гармиву самимияти ӯро дар чанд соли дурӣ надида ва ҳис накарда буд. Падар хост девори рахнашудаи байни ӯву духтарашро таъмир кунад. Бо ҳамин мақсад як велосипед харид, то духтар ҳар саҳар бо он ба дарс биравад. Вале духтар ҳар дафъа як баҳонае пеш меоварду ба велосипед савор намешуд. Гоҳе ранги кабуд доштани дучархаро баҳона мекард, гоҳи дигар онро, ки падар барояш моли арзон харидааст... Бо вуҷуди ин, падар аз азмаш намегашт, озурда намешуд, талош мекард, то дили духтаракро ба дучархасаворӣ гарм кунад. Ниҳоят, рӯзе баъди сахтгириҳои зиёди падар духтараш шикоят кард: - Охир, чаро ин қадар талош дорӣ, ки бо велосипед ба мактаб биравам? - Барои он ки роҳат андаке дур аст, мегӯям, азоб накашӣ. - Агар ин қадар дилат месӯхт, дар вақташ дар паҳлӯям мебудӣ ва ба ман велосипедсавориро меомухтӣ. Чунки ман дучарха ронда наметонам! Аз ин гуфтаҳои духтар падар ба фикр фурӯ рафт ва дарк кард, ки вазифаи кориашро дуруст ба ҷо овардааст, вале дар тарбияи духтараш бисёр чиро сарфи назар кардааст. Падар, ки дар чанд соли дурӣ касалманд шуда буд, дилаш ба дард омад. Худро базӯр ба даст гирифта, гуфт: - Парво накун, духтарам, ин хаторо ислоҳ мекунам. Дучархарониро ёдат медиҳам. Сипас, ҳар ду ба майдоне рафтанд, то духтарак дучархарониро ёд гирад... Ин манзара аз филми нави («3 рӯз то мурдан») коргардони амрикоӣ Макҷӣ аст. Ӯ рисолат ё вазифаи як падарро дар ин филм нишон дода, фаҳмондан мехоҳад, ки ин вазифа бояд саҳл гирифта нашавад, чунки оқибатҳои ҷуброннопазире ба миён меорад. Воқеан, яке аз узвҳои асосӣ ва муҳими оила ё ба қавле, «сутуни хонадон» падар аст. Дар гузашта падар барои фарзанд ба ҷуз падар будан рафиқи наздик ҳам буд. Вале имрӯз чунин менамояд, ки падарон танҳо таъмингари рӯзгоранд. Яъне, тамоми саъю кӯшиши онҳо барои анҷоми танҳо яке аз вазифаҳояшон равона шудааст. Дар ин сурат, бегуфтугӯ, холигоҳе дар ҳаёти фарзандон падид меояд. Онҳо нақши дигари падар – дӯсти фарзандон будани ӯро, қариб ки эҳсос намекунанд... Бо вуҷуди гаронии бори рӯзгор, ки онро падарон мекашанд, мушоҳида мешавад, ки рафтору муносибати бархе модарон ба ҳамсаронашон чандон қобили тавсиф нест. Ин, албатта, ба фарзандон таъсири манфӣ гузошта, боиси он мегардад, ки қадру манзалати падарро фарзандон дуруст намешиносанд. Барои он ки чунин беэҳтиромӣ ба падар сурат нагирад, равоншиносон мегӯянд, бояд падарҳо дар оила қудрат дошта бошанд. Яъне, соҳиби эътибору манзалат бошанд. Ба қавли онҳо, ин қудрат ба ду чиз такя мекунад: аввал, падар бояд ба фарзандонаш бо меҳру муҳаббат муомила кунад. Дуюм, боварӣ ва эътимод ба фарзандон ва ҳар узви дигари оила. Эҳтироми падар дар гузашта, хусусан, барои бузургони маънавиёт ба ҳадде буд, ки агар нафаре аз онҳо ҳангоми бо падар роҳ рафтан эҳтиёт мекард, то сояашро зер накунад, дигаре кӯшиш мекард, ки ҳангоми бо падараш сӯҳбат кардан хеле кӯтоҳ гап зада, фикрашро бо чанд ҷумла баён кунад...

P.S:

Якшанбеи сеюми моҳи июн дар тақвими байналхалқӣ ҳамчун Рӯзи падар эълон шудааст. Бо таманнои саломатии бардавом ва сарбаландии кулли падарон...

Б. УСМОНОВ, «ҶТ»

7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

Бист сол муқаддам, 20 июли соли 1994, Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар Иҷлосияи ХIХ Шӯрои Олӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки лоиҳаи конститутсияи навро мардум ҳуҷҷати тақдирсоз номидааст, ки асоси воқеӣ дорад. Конститутсияи нави кишвар ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, ки минбаъд бояд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддас аст.

ҶОМЕА

e-mail: javonontj@mail.ru

БА ИФТИХОРИ 20-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

8

МУҲОВАРА

Қрим қисми ҷудонашавандаи Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Украина моҳи гузашта интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир гардид. Пётр Порошенко, аллакай дар даври аввал нисбат ба ҳарифони хеш зиёда аз нисфи овозҳоро ба даст овард. Ҳамин тавр, ба доир шудани даври дуюми интихобот ҳоҷат намонд. Интихобот замоне сурат гирифт, ки муносибатҳои Украина бо ҳамсояи бузурги худ – Русия чандон хуб нест. Русия вилояти худмухтори Қрими ин кишварро метавон гуфт, ки зӯран тасарруф кард. Дар вилоятҳои шарқии Украина, ки аксар мардум русзабон зиндагӣ мекунанд, қасду талошҳои ҷудошавӣ ва ба Русия пайвастан доранд. Дар ин замина таҳдиди хатари ҷиддӣ ба якпорчагии Украина ба вуҷуд омадааст. Вобаста ба ин ва масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина суҳбате доштем бо сафир Виктор Никитюк. – Муҳтарам сафир, русҳо ва украинҳоро ҳамнажоду ҳамзабон, яъне, славянҳо меҳисобанд. Чӣ боис гашт, ки байни ду кишвари бародар сардӣ

ба миён ояд ва имрӯз украинҳо аз русҳо дурӣ ҷуянду майл ба Аврупо намоянд? – Биёед, аввал суханро аз худи славянҳо оғоз намоем. Бисёр мехостам, одаме ёфт шаваду ба ман шарҳ диҳад, ки мафҳуми славянҳо чиро мефаҳмонад? Кистанд онҳо? Умумияти забон, фарҳанг ё дин? Агар забонро гирем, забони украинӣ бо забонҳои лаҳистонӣ, чехӣ, булғорӣ, словакӣ ва ғайра умумият дорад. Агар динро гирем, масалан, булғорҳо православӣ, лаҳистонию чехҳо ва словакҳо католик ҳисоб меёбанд. Ҳамин тавр, дар бораи чӣ сухан меравад? Дар бораи иттиҳоди васеи славянӣ? Ба ин суол посух ёфтан маҳол аст. Агар дар бораи иттиҳод сухан равад, пас, чаро Русия ба нақши асосӣ даъво мекунад? Дар кадом асос? Ба пиндори ман, масъалаи славянҳоро беҳтараш як тараф гузорем. Ба ин суол бигузор муаррихон, забоншиносону фарҳангшиносон посух гӯянд. Дақиқ созанд, ки ин чист? Барои кӣ он муҳим аст? Барои муаррихон, забоншиносону фарҳангшиносон ё худи мардум? Агар аҳамияте дошта бошад, пас он чӣ гуна аст? Гуфтан ҷоиз аст, ки мафҳуми славянизм чандон саҳеҳ нест. Он ба шарҳу баён, мубоҳиса ниёз дорад. Акнун бармегардем сари масъалае, ки ба пиндори шумо Украина аз Русия дурӣ меҷӯяд. Замоне Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт. Имрӯз он нест. Чун дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ Украина низ мустақил аст ва аз Русия ҳам дурӣ намеҷӯяд. Агар дар бораи ҷанбаи таърихӣ ҳарф занем, пас Киеви рус давлати қадима, фарҳанги қадима маҳсуб меёбад.

Он замон давлати рус вуҷуд надошт. Аз ин хотир, аз нуқтаи назари таърихӣ мо гуфта наметавонем, ки Украина аз Русия ҷудо мешавад. Агар дар мавриди марҳилаи имрӯза сухан гӯем, чанде пеш интихоботи президентӣ доир гардид. Ин маъракаи муҳим исбот намуд, ки халқ метавонад тақдири худро ба таври дилхоҳ ҳал созад. Оянда, самти пешрафташро муайян намояд. Новобаста ба масоиле, ки мо имрӯз бо он рӯ ба рӯ шудаем. - Масъалаи Қрим аз ҷумлаи масоилест, ки муносибатҳои ду кишварро хеле сард, ҳатто метавон гуфт басо муташанниҷ намудааст. - Аз ҷониби Русия нисбат ба Украина мудохилаи ҳарбӣ сурат гирифт. Дар натиҷа, Вилояти Худмухтори Қрим ғайриқонунӣ тасарруф гардид. Мувофиқи қонунҳои Украина вилояти Қрим мақоми муваққатан забтшударо дорад. Қрим қисми ҷудонашавандаи кишвари соҳибихтиёри Украина буд ва мемонад. Ҳоло давлати мо дар самте кор мебарад, ки Қрим ба доираи ҳуқуқии Украина дубора ворид ва ба ғасбкориҳо хотима бахшида шавад. Ба он бовар дорем, ки бозгашти Қрим ба ҳайати Украина дер ё зуд, албатта, рух хоҳад дод. Ин ғасбкориро Украина ҳаргиз эътироф нахоҳад кард. Метавон гуфт, ки баргардонидани Қрим заминаи мусоид барои муносибатҳои минбаъдаи нек байни кишвари мо ва Русия шуда метавонад. Он гуфторҳое, ки гӯё раъйпурсии умумӣ ва майлу хоҳиши мардуми вилояти худмухтор боиси ғасб шуда бошад, асосе надорад. Раъйпурсӣ набуд, танҳо масхарабозие буду халос. Масхарабозие, ки зери мили автоматҳои Русия

сурат гирифт. Қисмати бағоят ками аҳолии вилоят дар он ширкат варзид. Арқому асноде, ки Кремл бобати раъйпурсӣ дарҷ намудааст, бо воқеият ҳеҷ умумияте надоранд. Хеле таассуфовар аст, ки дар доираҳои муайяни Кремл дурӯғ ба василаи пешбурди сиёсат табдил ёфтааст. - Мардуми тоҷик нисбат ба воқеоти рухдода байни Русия ва Украина бештар фарогири ахбори яктарафа аст. Агар қувваҳои мақомоти дахлдори Украина баҳри

якпорчагии кишвари худ саъй намоянд, васоити ахбори оммаи рус онҳоро фашист ном мебаранд. Аҷаб номгузорӣ ва баробаркунӣ. Ҳар сол садҳо тобути мардикорони тоҷик аз Русия ба кишвари мо оварда мешавад. Зиёданд байнашон нафароне, ки аз дасти гурӯҳҳои фашистони навбаромади рус ваҳшиёна ба қатл расидаанд. Пас ин тоифаи одамкушҳоро чӣ

e-mail: javonontj@mail.ru

НАБЗИ ҶАҲОН

Тавре хонандагон огоҳанд, дар шумораҳои гузашта таҳти рубрикаи “Сиёсати ҷаҳон” вазъияти кунунии ҷаҳон, бахусус, Сурияро тафсир намуда, дар бораи ҳаракатҳои террористӣ дар қаламрави давлатҳои Шому Ироқ маълумоти муфассале дарҷ кардем. Он замон аз фаъолияти ДИИШ (Давлати исломии Ироқ-Шом) ном созмони террористие ёдрас шуда, гуфтем, ки дар пайи сохтани як хилофати саднописанд дар қисмати шимолии Сурия ва ҳудуди Ироқ аст ва ҷангиёнаш аз кишварҳои Босня, Чеченистон, Туркияву Тунис ва як қатор давлатҳои исломӣ ҳастанд. Ҳанӯз чор моҳ қабл ДИИШ қасабаи Чобанбэйлии таҳти назорати диаспораи туркманҳоро дар Сурия ба тасарруф дароварда, иброз дошт, ки пайи забти маконҳои дигар аст...

ДИИШ фаъолтар

Ё ташкили давлатҳои нав дар Ховари Миёна Ҳоло ин ҳаракат тадриҷан шаҳру минтақаҳои бузурги нафтхезро дар қаламрави Ироқу Шом ба даст дароварда, дуюмин шаҳри бузурги Ироқ – Мусулро таҳти контрол гирифтааст. Инчунин, шаҳри Каркуки Ироқ, воқеъ дар 236-километрии шимоли Бағдодро тасарруф кардааст. ДИИШ манзараҳои даҳшатбору хунинеро ба намоиш гузошта, наворҳоеро пахш мекунад, ки дар онҳо одамон бо даҳшатноктарин усулҳо ба қатл расонда мешаванд. Гуфтааст, нияти ба даст гирифтани минтақаҳои шианишини Бағдод, аз ҷумла, Самарра, Наҷаф ва Карбалоро дорад. Хулас, ин ҳаракат корҳоеро ба роҳ мондааст, ки ҳам Сурияро пора-пора мекунад, ҳам Ироқро. Ҳоло аз ин ҳодисаҳо ИМА, ки 8 сол муқаддам Ироқро ба хоку хун кашида, сарвари он Саддом Ҳусейнро ба таври даҳшатбор ба қатл расонда буд, ба таҳлука афтода, азми онро дорад, ки ба ин кишвар аз сари нав лашкар дарорад. Эрон низ ин

корро сахт хоҳон аст. Баъди истилои Мусули Ироқ аз ҷониби ин ҳаракат Ҳасан Руҳонӣ бори аввал изҳорот дода, омода буданашро барои кӯмак ба Ироқ баён доштааст. Руҳонӣ гуфтааст, дар мавриди муқовимат бо терроризм бо ИМА ҳамкорӣ хоҳад кард. ДИИШ иддао дорад, ки режими Моликиро дар Ироқ ва режими Асадро дар Сурия аз байн мебарад. Дар ибтидо Ҳукумати Туркия, ки бо Сурия ҳамсарҳад аст ва ҷонибдори аз байн рафтани режими Асад мебошад, барои ин азмаш пинҳонӣ ДИИШ-ро дастгирӣ мекард, вале яку якбора ба гаравгон гирифтани дипломатҳои Туркия аз ҷониби ин созмон Туркияро дар ҳолати ногувор ва тардид қарор додааст. Хабаргузории “Алҷазира” дар даҳ савол таърихи пайдоиш, идеология ва фаъолияти ин ҳаракатро рӯшан кардааст. Аз ҷумла, менависад: ДИИШ чӣ мехоҳад? ДИИШ (Давлати исломии Ироқ-Шом)

як ҳаракати мусаллаҳонест, ки дар Ироқ ва Шом фаъолиятҳои низомӣ мебарад. Аз рӯи идеологияи “Салафия” амал мекунад. Дар минтақае, ки кишварҳои Ироқ, Сурия, Фаластин ва Урдун воқеанд, давлате бар асоси қавонини шариат сохтанист. ДИИШ ва роҳбари он Абу Боқири Бағдодиро кишварҳои ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва Туркия ҳамчун ҳаракати террористӣ шинохта, ба рӯйхати сиёҳ ворид кардаанд. Кай бунёд ёфт? Ин ҳаракат соли 2004 бо номи “Тавҳид ва ҷиҳод” аз ҷониби Абу Мӯсо Зарқовӣ дар Ироқ таъсис ёфт. Баъдан ба “Алқоида”-и Бини Лодан пайваст. Баъди пайвастан ба “Алқоида” номашро ба “Алқоида дар Байнаннаҳрайн” тағйир дод. Аввалин пешвоёнаш киҳо буданд? Аввалин роҳбари ин ҳаракат Абу Мӯсо Зарқовӣ 7 июни соли 2006 дар пайи як амалиёти нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ кушта шуд. Ба ҷои вай Абу Ҳамза Алмуҳоҷир омад.


Украина буд ва мемонад бояд номид? Аламовар аст, ки кишваре замони ҷанги дуюми чаҳонӣ аз дасти фашистони Олмон мардуми бешумораш талаф ёфт, ҳоло ин гуна одамкушҳоро дастгирӣ мекунад. - Шумо қисмати аввали суолро нарм карда, «ахбори яктарафа» номидед. Ман бошам онро ахбор, тарғибу ташвиқоти бардурӯғ меномам, ки мутаассифона, аз ҷониби Кремл паҳн мегардад. Ба ин васила сиёсати нодуруст ва ҷинояткорона байни мардуми рус, мардуми дигар кишварҳо «ҳақ» нишон дода мешавад. Суҳбати мо рӯзе идома дорад, ки дар Украина Рӯзи матбуот маҳсуб меёбад. Мо бо рӯзноманигорон бо як ҳисси эҳтиром муносибат намуда, сухани эшонро хеле қадр мекунем. Ба шарте ки сухани онҳо баёнгари воқеият, ҳақиқат бошад. Дар кишвари шумо ҳини вохурӣ бо рӯзноманигорон хеле шод мешавам. Баёни воқеъбинона ва беғаразонаи рӯзноманигорони тоҷик вобаста ба масоили Украина ба кас фараҳ мебахшад. Нисбат ба рӯзноманигорони рус бошад, байнашон нафарони ба касби хеш содиқ хеле зиёд аст. Воқеоти рӯйдодаро мунсифона баҳогузорӣ мекунанд. Мутаассифона, рӯзноманигорони зиёд низ побанди мошинаи ташвиқу тарғиботи бардурӯғи Кремл шудаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти бехатарии Украина як қатор матлаби васоити ахбори оммаи русро таҳқиқ карданд. Маълум гардид, ки дар баъзеи онҳо «таъсири кадри биступанҷум» истифода мегардад. Матлабҳои телевизионӣ ва киножурналҳои санҷидашуда ошкор намуд, ки дар

ҳар кадри биступанҷум сигналҳои муайян истифода шудааст. Масалан, «Гвардияи миллии Украина даст ба куштор мезанад». Ба ин васила ба майнаи одамӣ таъсири муайян расонда мешавад. Чунин амал ғайриқонунист ва ҷиноят маҳсуб меёбад. Дар боло бобати баёни воқеъбинонаи рӯзноманигорони тоҷик ёдовар шудам. Дар сомонаи «Озодагон» оид ба пахши ахбори бардурӯғ аз ҷониби васоити ахбори оммаи рус матлабе ба табъ расид. Гуё соҳилҳои баҳри Сиёҳ чун солҳои пеш пур аз одам аст. Дар асл ин тавр нест. Ҳеҷ кас ба ҳудуди забтшуда барои истироҳат намеравад. Васоити ахбори оммаи рус чӣ кор мекунад? Суратҳои истироҳаткунандагоне дар матлаб мавриди истифода қарор ёфтаанд, ки солҳои пеш аксбардорӣ шудаанд. Нисбат ба вазъи муҳоҷирони тоҷик ҳаминро метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо Русия шарики стратегист. Пойгоҳҳои низомии Русия дар кишвари шумо ҷойгир аст. Муҳоҷирон баҳри пешбурди рӯзгори хеш ба ғурбат мераванд. Дар ғарибӣ душвор аст. Вале тавассути заҳмати муҳоҷирон кишвари қабулкунандаи эшон шукуфон мегардад. Ҳамчунин, вазъи иқтисодии кишвари интиқолдиҳандаи қувваи корӣ тавассути маблағҳои фиристодаи эшон муътадил, қурби асъори миллӣ дар зинаи дилхоҳ нигоҳ дошта мешавад. Кирдорҳои гурӯҳҳои навбаромади рус, ки онҳоро ҳаққонӣ фашист номидед, амали зишт, нангин ва шоистаи нафрин аст. Ҳукумати шуморо лозим аст, нисбат ба тақдири ҳамватанони худ – муҳоҷирони кории тоҷик ҳаргиз бепарвоӣ зоҳир накунад.

Бо ҳар роҳу восита, дар ҳама гуна маврид ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя намояд. - Бармегардем ба муносибатҳои имрӯзаи Тоҷикистон ва Украина. Онро чӣ гуна метавон арзёбӣ кард? - Украина ва Тоҷикистон шарикони боэътимод ва бо мурури замон санҷидашудаанд. Муносибатҳои мо пайваста густариш меёбанд. Лек айни замон вазъи руҳдода моро чандон қаноатманд намесозад. Масалан, соли 2012 гардиши мол байни кишварҳои мо хеле боло рафт. Ҳоло дар ин хусус чизе наметавон гуфт. Чунки сол анҷом наёфтааст. Аммо як қатор омилҳо ба густариши ҳамкориҳо таъсири манфӣ расонда метавонад. Аз ҷумла, воқеот ва нооромиҳои вақтҳои охир. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, байни Украина ва Тоҷикистон комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ фаъолият дорад. Дар ҳар ду кишвар сафорат мавҷуд аст. Ҳамин тавр, заминаи воқеӣ баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи нек фароҳам омадааст. Баъд аз интихобот Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда, ба унвони президенти тозаинтихоби кишвари Украин Пётр Порошенко барқияи шодбош бо суханхои самимӣ фиристод. Барқияи мазкур ифодагари муносибатҳои дуҷонибаи неки ду кишвари бо ҳам дӯст маҳсуб ёфта, баҳри вусъати ҳамкориҳои минбаъда такони хубе хоҳад шуд. - Чанд муддат, аст ки дар Тоҷикистон ифои вазифа доред, ин кишвар ва мардуми онро чӣ гуна дарёфтед?

- Аз сентябри соли 2012 ҳамроҳи аҳли байтам дар диёри офтобрӯяи шумо чун сафир пайи иҷрои вазифаам. Тоҷикистон кишварест дорои тамаддун ва фарҳанги тамоман дигар, яъне, шарқӣ. Он хеле ғанӣ ва кӯҳан аст. Тоҷикистон ва мардуми онро хеле одию самимӣ ва кушодарӯй ёфтам. Мардумаш заҳматкаш аст. Тоҷикон чун мардуми украин сулҳпарваранд. Бо боварии том метавонам изҳор намоям, касе аз таърих мисол оварда наметавонад, ки тоҷикон ё украинҳо ба хоки кишварҳои ҳамсоя лашкар кашида бошанд. Ин ду миллат решаҳои чуқури таърихӣ доранд. Табиати кишвари шумо басо зебою дилангез аст. Ба ман имкон даст дод, дар кишвари шумо каме сайругашт намоям. Ин ҷо имконот ва заминаи бузург баҳри рушди сайру сайёҳӣ вуҷуд дорад. Канданиҳои бешумори фоиданоки ҳанӯз таҳқиқнашуда зери хоки ди-

ёри шумо нуҳуфтааст. Басо муҳим аст, ки роҳбарияти Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро пеш гирифтааст. Ин имкон медиҳад, дар самтҳои гуногун ҳамкориҳои нек ба роҳ монда шавад. Аз ин хотир, умед дорам, Тоҷикистонро ояндаи дурахшони ривоҷи иқтисодиёт нигарон аст. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ як қатор чорабиниҳои муҳимро, аз ҷумла, дар ҷодаи истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои обӣ, роҳандози кард. Ин ба обрӯ ва нуфузи кишвари шумо, бешубҳа мусоидат менамояд. Муносибатҳои хуб ва ҳамсоягии нек имкон медиҳад, диёри тоҷикон, чун давлати соҳибихтиёру мустақил батадриҷ рушд ёбад. Аз ин хотир, пирӯзӣ ва комёбиҳоро ба мардуми сарбаланди тоҷик таманно дорам.

Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

9

МУҲОВАРА

Муаррифӣ Виктор Олегович НИКИТЮК, сафири Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон. Аз рӯйи маълумот ҳуқуқшинос. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Фаъолияти меҳнатиашро дар мақомоти прокуратура оғоз намудааст. Дар сохтори Вазорати корҳои хориҷаи кишвари Украина аз соли 1994 фаъолият дорад. Аввал ба сафари хизматии хориҷа дар ҳайати намояндагии Украина дар паймони НАТО (шаҳри Брюссели кишвари Белгия), пасон сафири Украина дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фиристода мешавад. Сафари сеюми хизматии ӯ ба кишвари мо, ба ҳайси сафир рост омад.

НАБЗИ ҶАҲОН

Интиҳои соли 2006 Абу Умари Бағдодӣ шахси наздик ба “Алқоида” изҳор дошт, ки “Давлати исломии Ироқ”-ро ташкил дода, худаш роҳбари он мебошад. Лидери феълии ДИИШ кист? Бар асари як амалиёти муштараки нерӯҳои ИМА ва Ироқ дар соли 2010 ба хонае, ки дар он Абу Умари Бағдодӣ ва Абу Ҳамза Алмуҳоҷир зиндагӣ мекарданд, ҳар ду кушта гардиданд. Роҳбарии Ҳаракат ба Абу Боқири Бағдодӣ гузашт. Иртиботаш бо Ҳаракати “Аннусра”... Бояд гуфт, ки ҳаракати “Нусра” соли 2011 бо роҳбарии Муҳаммад Ҷоланӣ ҳамчун шохаи суриягии “Алқоида” ташкил шуд. Соли гузашта, тибқи як изҳороти савтии Абу Боқири Бағдодӣ, ҳаракати “Нусра” бо ҳаракати “Давлати исломии Ироқ” ҳамроҳ шуда, номи “Давлати исломии Ироқ-Шом”ро мегирад. Кай аз “Нусра” ҷудо шуд? Аз ҳамроҳшавии ин ҳаракатҳо дере нагузашта боз як изҳороти савтии марбут ба Ҷоланӣ садо дод, ки мегуфт: “Мо ҳамкориро бо “Нусра” хуш қабул дорем, аммо ҳар ду

ҳаракатро таҳти як ном нигоҳ дошта наметавонем”. Инчунин, дар ин изҳорот Ҷоланӣ ба Айман Завоҳирӣ, пешвои “Алқоида” тобеъ буданашро изҳор дошт. Оё ДИИШ шохаи “Алқоида” аст? Соли гузашта “Алқоида” изҳор дошт, ки ДИИШ-ро намешиносад ва талаб кард, ки он хоки Сурияро тарк кунад. Изҳор дошт, ки “намояндаи мо дар Сурия ҷабҳаи “Нусра” мебошад”. Байни “Нусра” ва ДИИШ моҷароҳои зиёде рух доданд. Аз ҳама охир баҳси онҳо сари минтақаи Дайруззори мансуб ба “Нусра” буд, ки ахиран зери контроли ДИИШ гузашт. Ин ҳаракат дар Сурия ва Ироқ чиро назорат мекунад? ДИИШ минтақаҳои Мумбук ва шаҳри аз захираҳои нафт бойи Раккаи Сурия ва Дайруззори наздик ба сарҳади Ироқро дар даст дорад. Дар минтақаҳои Анбар, Фаллуҷа ва Рамодии Ироқ низ таъсиргузор аст. Аз ҳама охир шаҳри Мусули ин кишварро низ ба даст гирифт. Иқтидори низомиаш чӣ қадар аст? Иқтидори низомии ДИИШ дар Сурия 6,7

ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Аксарияти ҷангиёнаш хориҷиёнанд. Теъдоди низомиёнаш дар Ироқ беш аз 10 ҳазор арзёбӣ мешавад. Бо режими Сурия ҳамкорӣ дорад? Маъмурияти Сурия барои шикаст додани мухолифонаш ДИИШ-ро истифода бурда, кӯмакҳо кардааст. Режими Сурия минтақаҳоеро, ки дар тасарруфи мухолифонаш ҳаст, борҳо бомбаборон кард, вале ба минтақаҳои таҳти контроли ДИИШ боре ҳам ҳамла накардааст. Инчунин, ДИИШ нафтеро, ки дар шаҳри Ракка истеҳсол мешавад, ба Режими Сурия мефурӯшад... Бояд таъкид дошт, ки ҳанӯз моҳи февра-

ли соли равон Ҷосим Алаввод, яке аз мухолифони ҳукумати Сурия гуфт, ки дар пушти ҳаракати ДИИШ Эрон ва режими Сурия меистад. «Эрон ва режим дар садади онанд, ки аз ҳисоби террористоне, ки дар шаҳри Ракка мустақилона тайёр шуда истодаанд, як давлати Алқоида бисозанд», - бо таъкид изҳор дошта буд Ҷосим Алаввод. Ҳоло эҳтимол меравад, дар ҳудуди Ироқ, Сурия ва Туркия давлатҳои нав пайдо мешаванд. Инҳо давлати шиа-нусайрӣ, суннӣсалафии ДИИШ ва давлати Курдҳо (Курдистон) хоҳанд буд.

М. САИД, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

мешавад


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

10

ТУРИЗМ

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо кишвари Малайзиа аввали моҳи июни соли ҷорӣ сафаре доштем ба ин кишвари воқеан ҳам пешрафтаю соҳибтамаддун. Ҳангоме ки ба қаламрави ин кишвар дохил шудем, воқеан ҳам табиати сарсабзу хурам таваҷҷуҳи моро ҷалб намуд.

Таҷрибаи туризми Малайзиа омӯхтанист

Ҳифзи муҳити зист барои мардуми Малайзиа авалиндараҷа буда, нисбат ба ин самт таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Биноҳои баланду замонавӣ ва фарҳангу тамаддуни мардуми ин диёр боиси он гардидааст, ки сайёҳони зиёде ба Малайзиа сафар намоянд. Инчунин, дар соҳаи хизматрасонии ошхонаҳо метавон мисол овард, ки вақте вориди як тарабхона мешавед, метавонед, ки аз хӯрокҳои миллатҳои гуногун, аз ҷумла, чинӣ, аврупоӣ, арабӣ, кореагӣ, малайиро дар як тарабхона пайдо намоед. Теъдоди туристони хориҷӣ, ки ба Малайзиа ҳар сол сафар менамоянд, сол то сол афзоиш меёбад. Соли 2013 тибқи маълумоти Вазорати туризм ва фарҳанги Малайзиа теъдоди туристони хориҷӣ, ки ба ин кишвар ташриф овардаанд, зиёда аз 24 миллионро дар бар мегирад. Ин таваҷҷуҳ

вар вохӯриҳо доир намуда, дар мавриди муносибатҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар суҳбат намуданд. Бештар таваҷҷуҳи моро сохтори туризми Малайзиа ҷалб намуд, ки воқеан ҳам, омухтанист. Имрӯз дар Малайзиа танҳо 40 ширкати туристӣ амал менамояд ва ин ширкатҳо дар зери

имконоти зиёде муҳайё намудааст. Пас аз пешниҳоди шиноснома ва муҳри даромад ба шумо рақами мушаххас медиҳанд, ки ба сайёҳ ҳангоми аз фурушгоҳҳои Малайзиа харидорӣ намудан 5 фоиз тахфиф пешниҳод мешавад. Ин гуна имкониятҳо дар соҳаи туризм метавонад буҷаи дав-

боиси он гардид, ки Ҳукумати Малайзиа соли 2014-ро соли туристии Малайзиа эълон намояд ва онҳо дар назар доранд, ки дар ин сол беш аз 28 миллион туристро ба кишвари худ ҷалб намоянд. Ҳадафҳо ва яке аз самтҳои муҳими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии дарҳои кушод буда, ҳамкориҳои худро бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик хуб ба роҳ мондааст. Малайзиа дар самтҳои туризм, маориф, дорусозӣ ва дигарҳо таҷрибаи бой дорад. Ин таҷрибаи пешрафтаи кишвари Малайзиаро дар самтҳои гуногун метавон дар кишварамон амалӣ намуд. Ҳайати гурӯҳи кории мо дар шаҳри Куала-Лумпур бо як қатор ширкатҳо ва намояндагони воломақоми ин киш-

назари давлати Малайзиа қарор дошта, фаъолияташон хеле шаффоф ва равшан мебошад. Барои аз қайди давлатӣ гузаштани ширкатҳои туристӣ соҳибкор бояд на камтар аз якуним миллион доллар дошта бошад. Ин ба он маъност, ки дар сурати пеш омадани ягон мушкил ба сайёҳе, ки аз он ширкат истифода менамояд, тавонад ҷуброни молии вайро пардохт намояд. Бояд қайд намуд, ки дар ин кишвари сайёҳӣ, инчунин, полиси туристӣ дар алоҳидагӣ фаъолият менамояд, ки дар ҳолати пайдо гардидани ягон мушкилот ба сайёҳ ӯ метавонад ба ин мақомот муроҷиат намояд. Дар баробари ин, давлати Малайзиа ба хотири ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ барои онҳо

латро аз ҳисоби гардишгарон бою ғанӣ гардонад. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистону Малайзиа дар самти маориф хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар гувоҳи ин мебошад. Донишҷӯёне, ки орзуи таҳсил дар кишварҳои Аврупою Амрикоро доранд, вале барои сафар ва таҳсил дар он кишварҳо маблағи кофӣ надоранд, акнун метавонанд бо харҷи камтаре дар Малайзиа ҳамчун намунае аз Аврупою Амрико таҳсил ва кору фаъолият намоянд. Солҳои охир шумораи донишҷӯёни тоҷик дар кишвари Малайзиа ба маротиб афзоиш меёбад. Донишгоҳҳои ин кишвар сифати баланди таълимро бо нархҳои нисбатан арзон барои донишҷӯён пеш-

каш менамояд. Донишгоҳҳои Малайзиа ба донишҷӯён имтиёзҳои фаровон, аз ҷумла, стипендия низ пешниҳод мекунанд. Зимни вохӯриҳо гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Малайзиа ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, инчунин, масоили ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои тиҷоратии сохторҳои ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Маҳмуд АМИРОВ, мудири Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Аскари Ватан

Мардуми деҳа расму одати хуб доранд, дар ғаму шодии якдигарӣ шариканд. Агар хоре пойи тифлеро озор диҳад, ҳама безобита мешаванд. Меҳмоне вориди деҳа шавад, ҳама ӯро меҳмони худ мешуморанду ҳамеша як пиёла чойу нонро бо ҳам мебинанд. Ин дафъа низ онҳо муждаи некро интизорӣ доштанд. Ин дам директори мактаб Назриддин Давлатов марди кушодачеҳраву хуштабассум назди мӯйсафедон омад. - Ҳа Назриддин, чӣ гап дорӣ, ки ҷавонону пиронро ҷамъ овардӣ? - шӯхиомез пурсиданд мӯйсафедон. - Аз номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳматнома омадааст. - Ба кӣ? – боз пурсиданд пирон. - Ба номи ман, ки чунин ҷавонони арзандаро барои хизмати Ватан омода менамоям. - Ҳамаашро ба худат ҳисоб накун, мо ҳам ҳисса дорем, канӣ номашро гӯй, - кунҷковӣ карданд пирон. - Бегоҳ дар хонаи Назришо. - Ҳа фаҳмо, Назриддин назди баландгӯяк омад: “Ҳамдиёрони азиз, имрӯз рӯзи сарбаландии аҳли деҳ аст, зеро аз номи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони волидайн ва омӯзгорон раҳматнома ворид гардид. Як сол қабл Шоҳрух ихтиёрӣ ба хизмати Ватан рафт. Хизмати содиқона ба Ватан, ҷасорату мардонагии фарзанди кӯҳистон роҳбарияти қисми ҳарбиро шод мекард. Онҳо дар симои Шоҳрухи Назришо фарзанди асили Ватанро медиданд, ки ӯ бо ихлоси тамом хизмати Ватанро мояи сарбаландӣ ва ифтихор медонист. Ин раҳматномаи воли-

дайн ва аҳли деҳ аст. Бояд ҷавононро чунон тарбия намуд, ки монанди Шоҳрух ифтихори ҳамагон гарданд. Оре, Шоҳрух дар давоми хизмат ба Ватан мушкилоти зиёдеро пушти сар кард ва дар кураи ин мушкилот обутоб ёфту худро баҳри дифои Ватани муқаддаси хеш омода намуд. Ӯ дар хизмат низ шуғли писандидааш омӯзиши гӯштини миллиро идома дод. Заҳмат, бурдборӣ, сахтгирии афсарон ӯро ҷисману рӯҳан обутоб дода, ба камол расонд. Моҳи ноябри соли 2011 дар рӯзи Парчами миллӣ дар мусобиқаи гӯштини миллӣ байни варзишгарони 25 қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар вазни

бит намудааст. Моҳи марти соли 2013 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи Шоҳрух Қувватовро ба назар гирифта, ӯро бо унвони Аълочии Қӯшунҳои сарҳадӣ дараҷаи 1 мушарраф гардонд. Шоҳрух баъди сарбаландона ба ҷо овардани хизмати Ватан ба зодгоҳ баргашт. Либоси шинами аскарӣ ва синаи пур аз мукофот ҳаваси ҷавононро меовард. Падару модар ва аҳли деҳ меболиданд, ки фарзанди онҳо акнун бо қаду қомати мардона бо ифтихор аз хизмати Ватан баргашт. Рафтори Шоҳрух дар деҳа низ намуна буд, ҷавононро ҳамеша ба хизма-

Сайёд ЗИЁЕВ:

«Мехоҳам дар олами шоҳмот маро чун ахтар шиносанд»

11

Ҳар кас аз хурдӣ орзуи ширине дорад ва мехоҳад, ки ба қуллаи он расида, ормони дил шиканад. Шоҳмотбози ҷавон Сайёд низ аз зумраи онҳоест, ки дар роҳи орзу имрӯз дилпурона қадам мезанад. Медонад, ки орзу қуллаи дастнорас нест. Ҳар касе, ки дили пурҷӯшу беқарор дорад, албатта, ба ниятҳои некаш мерасад. Чанде пеш мо бо хонандаи фаъоли синфи Х-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ноҳияи Восеъ Сайёд Зиёев ҳамсуҳбат гардидем.

76 кило ҷойи аввалро соҳиб шуда, сазовори медали тилло гардид. Моҳи сентябри соли 2012 дар рӯзи 20-солагии ҷашни Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм сазовори медали тилло гашт. Шоҳрух дар давоми хизмат боз соҳиби ду медали нуқра ва як медали биринҷӣ шуд. Даҳ карат бо «Ифтихорнома»-и фахрии фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ мукофотонида шуд. Барои хизматҳои шоиста ду ифтихорнома ба унвони раиси ноҳияи Ванҷ ва 7 ифтихорнома ба унвони волидайну мактаб фиристода шуд. Шоҳрух ҳамчун сардори гурӯҳи зудамал борҳо дар амалиёти вазнин ширкат намуда, хизмати содиқонаи худро ба Ватан со-

ти Ватан ҳидоят мекард. Дар вохӯриҳо байни ҷавонони ноҳия ҳамеша бо сари синаи пур аз медал ҳозир мешуд. Сурату симои ӯ дарси ибрати ҷавонон буд. Шоҳрух дар ҷодаи ватану ватандорӣ дар деҳа низ корҳои зиёде анҷом дод. Ӯ дар тарбияи ҷавонони деҳ, ҳидояти онҳо ба хизмати Ватан фазои мусоид фароҳам овард. Ҳоло Шоҳрух донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аст. Падару модар, омӯзгорон ва аҳли деҳ ифтихорманд аз онанд, ки дар тарбияи чунин фарзанди сазовори халқу Ватан саҳм доранд.

- Бозии шоҳмот хеле мураккаб, вале шавқовар аст. Меҳри он дар дили шумо чӣ гуна роҳ ёфт? - Аз рӯзе, ки худро мешиносам, рӯ ба бозии шоҳмот овардам. Зеро хонадони мо ҳама шоҳмотбозанд. Падарам Муҳаммадшариф Зиёев, бародаронам Абдуҷаббор, Ориф, Диловар ва Лоиқ низ ба ин бозӣ меҳри беандоза доранд. Меҳри ин бозиро дар дили пурҷӯши мо падарам бедор намудааст. Дар хонадон мисли ӯ касе шоҳмотбоз нест. Бародаронам бозиро бо қиблагоҳ аксар вақт мусовӣ анҷом медиҳанд. Аммо миёни онҳо танҳо ман қолабро шикастам ва дастболо шудам. Рости гап, он рӯз аз ғояти шодӣ қад-қад паридам. Бародарон маро табрик мекарданд. Падарам гуфт: «Ба ту дар олами шоҳмот бахту саодати баланди варзишӣ мехоҳам...» - Хуб мешуд, ки аз дастовардҳои имсола каме ҳарф мезадед. Дастовардҳо шуморо қаноатманд мекунанд ё не? - Имсол ба ман бахти варзишӣ нисбат ба солҳои пеш зиёдтар даст дод. Дар мусобиқаи ноҳиявӣ миёни наврасони то 18-сола ғолиб баромадам. Дар мусобиқаи минтақавӣ низ, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гашт, пирӯзӣ ба даст оварда, сазовори ҷойи аввал гардидам. Дар Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба шоҳмот, ки моҳи апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, миёни 150 нафар наврас соҳиби ҷойи дуюм гардидам. Хулоса, ман аз дастовардҳои хеш розӣ ҳастам ва мехоҳам, ки дар ин ҷода боз ҳам устувортар қадам гузорам. - Бозии кадом чеҳраҳои шоҳмотро меписандед? - Рости гап, дар олами шоҳмот чеҳраҳо хеле зиёданд. Миёни онҳо айни замон шоҳмотбози машҳур, қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсени норвегиягӣ хеле фарқ мекунад. Ин шоҳмотбози ҷавон соҳиби истеъдоди баланд буда, дар байни шоҳмотбозони дунё рейтинги хеле баланд дорад. Ман бозии ин шоҳмотбози машҳурро меписандам ва эътироф мекунам. - Барои шоҳмотбози машҳур шудан чӣ бояд кард? - Бозии шоҳмот варзиши ақл аст. Ҳар касе, ки ин бозии шавқовару мураккабро дуруст аз бар мекунад, дар иҷрои дигар корҳои муҳим пешрав аст. Дар душвортарин лаҳзаҳо худро ба даст гирифта метавонад. Барои машҳур шудан шоҳмотбоз бояд аз омӯзиш дур набошад. Аз китоб, маҷалла ва рӯзномаҳое, ки оид ба шоҳмот ба табъ мерасанд, пайваста бояд омӯзад. Ақли зеҳнии хешро инкишоф диҳад. - Ба дӯстдорони шоҳмот чӣ гуфтанӣ доред? - Ҳар касе, ки дилдодаи шоҳмот аст, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки дар роҳи орзу иродаи қавиро аз даст надода, дар олами зебои шоҳмот номбардори миллат гарданд.

Пайшанбе ШОҲЗОДА

Раҳим РАФЕЪЗОД, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Он рӯз хурсандии аҳли деҳаи Ғуҷовасти ҷамоати деҳоти Ровандро охир набуд. Дар саҳни мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и деҳа бо иштироки аҳли деҳ, омӯзгорону хонандагон ҷамъомади калоне баргузор гардид. Мӯйсафедон яке аз дигаре сабаби ҷамъомадро ҷӯё мешуд.

ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

АЗ ҲАЁТИ ҶАВОНОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

12

ВАРЗИШИ САБУК

Роҳхати Меҳрангез ба Олимпиадаи наврасон-2014 Меҳрангез Назарова соҳиби роҳхат ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин гардид.

Медалҳои тилло ва нуқраи Дилшод Назаров дар мусобиқаҳои байналмилалӣ Дилшод Назаров, варзишгари машҳури кишвар, дар мусобиқаи «Ostrava Golden Spike», ки дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех баргузор шуд, гурзро ба дурии 80 метру 62 сантиметр ҳаво дода, мақоми дуюмро ишғол кард. Кристиан Парс, аз Маҷористон, бо натиҷаи 81 метру 57 сантиметр ғолиби ин сабқат шуд. Павел Файдек, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2013 аз Лаҳистон, бо натиҷаи 79 метру 65 сантиметр ҷойи сеюмро сазовор гашт. Чанд рӯз пеш Дилшод дар мусобиқаи байналмилалии варзиши сабук “Даъвати Маскав” дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 79 метру 20 сантиметр ғолиб шуда буд. Моҳи май низ дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гурзандозӣ дар Олмон бо натиҷаи 79 метру 58 сантиметр бо медали нуқра сарфароз шуда буд.

ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД

Медали биринҷии Зелимхон аз Доғистон Зелимхон Юсуфов, намояндаи кишвар, дар мусобиқаи байналмилалии гӯштини тарзи озод, ки ба хотираи Алӣ Алиев, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон дар Доғистон доир гашт, медали биринҷӣ ба даст овард. Дар ин мусобиқа 200 варзишгар аз 15 кишвар ширкат доштанд. Зелимхон Юсуфов дар вазни то 66 кило мақоми сеюмро ишғол кард. Дар ин вазн Элдар Наҷмиддинов (Русия), ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Магомедгаджӣ Абакаров (Доғистон) ғолиб омад, ҷойи аввалро гирифт. Ғолибон ба ҷуз ҷому медалу ифтихорнома, барои ҷойи аввал бо 5 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм бо 3 ҳазор доллар ва барои ҷойи сеюм бо ҳазор доллар мукофотонида шуданд.

САМБО

e-mail: javonontj@mail.ru

ОЛИМПИАДА-2014

Се медали тилло аз Швейтсария

4-5 июни соли равон дар шаҳри Женеваи Швейтсария мусобиқаи кушоди Аврупо оид ба самбои муҳорибавӣ, ҷию-ҷитсу ва греплинг доир гардид. Дар қаттори кишварҳои Швейтсария, Фаронса, Русия, Олмон Тоҷикистонро 3 варзишгар бо роҳбарии Аҳтам Хокиров намояндагӣ намуданд. Дар вазни 74 кило Абдулло Асланов, дар вазни 90 кило Солеҳ Ҳасанов ва дар вазни +100 кило Худойдод Раҳмонов соҳиби медали тило ва роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон, ки аввали моҳи август дар Бразилия баргузор мешавад, гардиданд.

Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии мамлакат ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, «Кумитаи миллии олимпӣ якҷо бо Федератсияи варзиши сабуки кишвар 26 май ба унвони Федератсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) нома ирсол карда, хоҳиш намуданд, ки ба таври расмӣ соҳиби роҳхати олимпӣ шудани варзишгар Меҳрангез Назароваро тасдиқ намояд. Мо ба номаи худ 13 июн посух гирифтем. Дар он гуфта мешавад, ки 34 варзишгар аз 13 кишвар, ки авохири моҳи май дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкоки Тайланд натиҷаҳои баланд нишон доданд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин гардиданд. Дар байни онҳо намояндаи Тоҷикистон Меҳрангез Назарова низ ҳаст. Вай дар давидан ба масофаи 3 000 метр, бо натиҷаи 10:31:65 бо медали биринҷӣ сарфароз гаш-

тааст». Меҳрангез Назарова дар мусобиқаи литсензионии осиёӣ оид ба варзиши сабук дар Бангкок барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон ду медал ба даст оварда буд. Ба ҷуз медали биринҷӣ дар давидан ба масофаи 3 000 метр, дар давидан ба масофаи 2000 метр бо монеаҳо бо натиҷаи 7:17:76 медали дуюми биринҷӣ ба даст овардааст. То ҳоло 4 варзишгари кишвар - Фирӯз Ёқубов дар намуди гӯштини тарзи озод (вазни беш аз 100 кг), Тоҳирҷон Охунов (85 кг), Равзатулло Исоев (42 кг) дар намуди гӯштини юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр расман соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии наврасон шудаанд. Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпии наврасон 16-28 август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.

ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ

Аввалин ғалабаи КМВА “Помир” Баъди ду ҳафтаи танаффус, бо сабаби иштироки тими миллии кишвар дар бозии рафиқона бо дастаи мунтахаби Эстония дар Таллин, даври ҳаштуми Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ доир шуданд. Комрони Мирзохон (60) ва Илҳом Баротов (67) бо се гол ҷавоб гардонданд. Вале дар дақиқаи 80 бозингари “Хуҷанд” Манучеҳр Аҳмадов голи дуюмашро зада, ҳисобро баробар кард. Дар бозии охирони давр, ки 16 июн баргузор шуд, тими “Равшан” дар меҳмонӣ аз КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрд. Шамсиддин Қосимов, футболбози КМВА “Помир” дар дақиқаи 29 ҳисобро кушод. Фари13 июн ду бозӣ доир бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. дун Рустамов, бозингари гашт. Тими “Энергетик” дар Голҳои “Истиқлол”-ро Дил- “Равшан” дар дақиқаи 40 варзишгоҳи “Спитамен” да- шод Восиев (ду гол), Хуршед ҳисобро баробар кард. Голи стаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсун- Маҳмудов, Комил Саидов ва ҳалкунандаро дар дақиқаи 86 зодаро бо ҳисоби 3:0 шикаст Умедҷон Шарифов заданд. Субҳон Хоҷамов зад. Воқеан, дод. Ҳисобро дар дақиқаи Як голи “Хайр”-ро Ҳусейн ин ғалабаи аввалини дастаи КМВА “Помир” дар мавсими 14 Шодибек Ғаффоров ку- Суҳробӣ ба ҳадаф расонд. шод. Баъди панҷ дақиқа Бозии миёни ду дастаи имсола буд. 17 июн бозии ҳимоятгари “Регар-ТадАЗ” вилояти Суғд – “Хуҷанд” бо Далер Шомуродов ба дарво- “Парвоз” мусовӣ (3:3) анҷом мавқуфмондаи даври ҳафтум заи худашон гол зад. Голи се- ёфт. Чарлз Теко, бозинга- миёни дастаҳои “Вахш” ва юмро дар дақиқаи 64 Бахтиёр ри “Хуҷанд” дар дақиқаи 3 “Регар-ТадАЗ” доир гардида, Чориев зад. ҳисобро кушод. Ҳамдастааш мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба “Далерон-Уротеппа” таҳти Манучеҳр Аҳмадов дар голи бозингари «Вахш» Каророҳбарии сармураббии нав дақиқаи 12 ҳисобро тағйир матулло Саидов, дар дақиқаи Асатулло Нуруллоев дар дод. Ба ин ду голи хуҷандиҳо 16, футболбози «Регар-Тамайдони худ бо тими “Вахш” футболбозони “Парвоз” дАЗ» Фирӯз Раҳматов дар вохӯрд. Қисми аввали бозӣ Юсуф Рабиев (дақиқаи 44), дақиқаи 77 ҷавоб гардонд. бенатиҷа анҷом ёфт. Аммо дар МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА қисми дуюм мухлисон шоҳиди ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т Х ду гол шуданд. Дар дақиқаи 1 «Истиқлол» (Душанбе) 8 7 1 0 32-4 22 64 легонери ганагии “Далерон” Соломон Течӣ ҳисобро 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 4 3 1 11-10 15 кушод. Дар дақиқаҳои охи3 «Хайр» (Ваҳдат) 8 4 1 3 12-11 13 ри бозӣ Нуъмонҷон Ҳакимов 4 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 8 4 1 3 13-15 13 голи дуюми “Далерон”-ро 5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 8 3 2 3 12-10 11 зада, ғалабаи дастаашро таъ6 «Энергетик» (Душанбе) 8 3 2 3 9-8 11 мин кард. 7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 8 3 2 3 6-6 11 Ду бозии дигари даври 8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 8 2 1 5 3-8 7 ҳаштум 14 июн доир шуд. Дар 9 «Равшан» (Кӯлоб) 8 2 0 6 11-27 6 бозии марказии давр тими “Истиқлол” дастаи “Хайр”-ро 10 КМВА «Помир» (Душанбе) 8 1 1 6 4-14 4


Бозиҳои гурӯҳи “В” 14 июн доир шуданд. Ғайричашмдошт Қаҳрамони феълии ҷаҳон ва Аврупо тими Испаниа аз дастаи Ҳолланд бо ҳисоби 1:5 шикаст хӯрд. Голҳои Ҳолландро Руббин, Персӣ (дуголӣ) ва де Вриҷ заданд. Голи Испаниаро Алонсо аз зарбаи ёздаҳметра ба самар расонд. Бозии дигари гурӯҳи “В” миёни дастаҳои Чилӣ ва Авсралиа доир гашт, ки бо ғалабаи Чилӣ (3:1) анҷом ёфт. Голҳо: Алексис, 12 (1:0), Вилдивиа, 14 (2:0), Саҳил, 35 (2:1), Беаусеҷоур, 90+ (3:1). Дар гурӯҳи “С” тими Колумбиа ба дарвозаи дастаи мунтахаби Юнон се голи беҷавоб зад. Ҳисобро дар дақиқаи 5 Армеро кушод. Дар дақиқаи 58 Тео голи дуюм ва дар дақиқаҳои иловагӣ Ҷамес голи сеюмро заданд. Кот-д Ивуар бар тими Ҷопон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ба голи ҳамалагари Ҷопон Ҳонда дар дақиқаи 16, бозингарони Кот-д Ивуар Вилфред (дақиқаи 64) ва Гервино (66) ду голи ҷавобӣ заданд. Уругвай аз Коста Рика (гурӯҳи “D”) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голҳо: Севанӣ, 24 (1:0), Сампбел, 54 (1:1), Дуарте, 57 (1:2), Урена, 84 (1:3). Дар бозии дигари гурӯҳ Италиа бар Англиа бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳисобро дар дақиқаи 35 бозингари Италиа Марчисио кушод. Баъди ду дақиқа футболбози Англиа Стуриҷе ҳисобро баробар кард. Балотеллӣ дар дақиқаи 50 голи дуюми Италиаро ба ҳадаф расонд. Дар гурӯҳи “Е” Швейтсариа бар Эквадор бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ба голи ҳамлагари Эквадор Валенсиа дар дақиқаи 22, бозингарони Швейтсариа Меҳмедӣ (дақиқаи 48) ва Сеферович (90+) ду голи ҷавобӣ заданд. Дар бозии дигари гурӯҳ Фаронса ба дарвозаи Ҳондурас се голи беҷавоб зад. Ду тӯбро ҳамлагар Бензема, як тӯбро Валладарес вориди дарвозаи рақиб карданд. Дар гурӯҳи “F” Аргентина Босниа ва Ҳерзеговинаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бозии Эрон бо Нигериа мусовӣ (0:0)

Шикасти Қаҳрамони ҷаҳон аз Ҳолланд

13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Бразил 13 июн соати 1:00 бо вақти Душанбе бо бозӣ миёни дастаҳои миллии Баразил ва Хорватиа (гурӯҳи “А”) оғоз ёфт. Дар ин бозӣ бразилиҳо 4 гол - 3 гол ба дарвозаи ҳариф ва 1 гол ба дарвозаи худ заданд. Голи аввалро ҳимоятгари Бразил Марсело ба дарвозаи дастааш зад. Баъдан ҳамлагари тими Бразил Неймар дар дақиқаҳои 29, 71 ду тӯб вориди дарвозаи Хорватиа кард. Голи сеюмро Оскар дар дақиқаҳои иловагӣ ба ҳадаф расонд. Дар бозии дигари гурӯҳи “А” Мексика Камерунро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ягона голро дар дақиқаи 61 ҳамлагар Пералта зад.

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2014 ОИД БА ФУТБОЛ

Аз 13 июн то вақти чопи рӯзнома даври аввали бозиҳои гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол анҷом ёфт анҷом ёфт. Ду голи Аргентинаро Колашинас ва Мессӣ ва голи Босниа ва Ҳерзеговинаро Ибишевич заданд. Олмон ба дарвозаи Португал (гурӯҳи “G”) 4 голи беҷавоб зад. Томас Муллер аввалин “хеттрик”-и чемпионатро иҷро кард. Як голи дигарро Ҳуммелс зад. ИМА Ганаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозингари ИМА Гемпсей дар дақиқаи аввал ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 82 футболбози Гана Айев ҳисобро баробар кард. Бозингари ИМА Брукс дар дақиқаи 86 гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин намуд. Дар гурӯҳи “Н” Белгиа Алҷазоирро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Дар дақиқаи 25 довар ба дарвозаи Белгиа зарбаи ёздаҳметра таъин кард. Ҳамлагари Алҷазоир Феғоулӣ онро хуб истифода бурд. Белгиа дар қисми дуюм ба ин гол бо ду гол ҷавоб гардонд. Феллаинӣ ва Мертенс ин амалро анҷом доданд. Бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Русиа ва Кореаи Ҷанубӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи бозингари Кореаи Ҷанубӣ Кеунҳо Лӣ дар дақиқаи 68, ҳамлагари русҳо Кержаков дар дақиқаи 74 ҷавоб гардонд. Ҳамин тариқ, даври аввали бозиҳои гурӯҳӣ анҷом ёфтанд. 18 июн як бозии даври дуюм аз гурӯҳи “А” миёни дастаҳои Бразил ва Мексика доир гашт, ки бидуни гол хотима ёфт.

e-mail: javonontj@mail.ru

ФУТБОЛИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

14

ФАРҲАНГ

Ҳафтаи сипаришуда ба зодрӯзи «Булбули шӯридаи Шарқ», сарояндаи маъруфи форсизабонон, шодравон Аҳмад Зоҳир 68 сол пур шуд. Ба ин муносибат бо ташаббуси Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии «ТоҷикистонАфғонистон» ва Ташкилоти ҷамиятии «Рӯзгор» дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ доир гардид. Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур муаррифии китоби рӯзноманигори шинохта ва муҳаққиқи варзида Султон Ҳамад бо номи «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» баргузор шуд.

Зоҳир дар Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон зиёд бошад. - Аҳмад Зоҳир танҳо як муқаллиди мусиқии Ғарб нест, балки ӯ бо омӯзишу ошноии дақиқ бо мусиқии Ғарб тавонист мусиқии Шарқро руҳу равони дигар бубахшад, - гуфт сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафури Орзу. - Аҳмад Зоҳир бинобар дорои садои марғуб ва истеъдоди бузург як чеҳраи мондгор аст. Ӯ овозхонест, ки овозаш ҳадди ақал то кунун монанд надорад. Дилҳо ошёнаи муҳаббати ӯст. Номзади илмҳои филологӣ Раҷабалӣ Худоёрзода иброз дошт, ки ҳунари волои овозхонӣ, дарки нафосати мусиқӣ, истеъ-

Дилҳо ошёнаи муҳаббати ӯст

e-mail: javonontj@mail.ru

СУЛТОНИ ҲАМАД

Раиси Анҷумани дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии «Тоҷикис тон-Афғонис тон» Қосимшо Искандаров зимни ифтитоҳи маҳфил таъкид намуд, ки шахсиятҳои бузург халқҳоро бо ҳам наздик мекунанд. Баъзан фикр мекунам, ки шояд имрӯз теъдоди мухлисони Аҳмад

АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ

доди модарзодӣ ва маърифати баланди шеърфаҳмӣ доштани Аҳмад Зоҳир ӯро дар олами савту тарона машҳур гардонидааст. Ин сарояндаи моҳир на танҳо маҳбуби форсзабонон гардид, балки майл ва таваҷҷуҳи миллатҳои дигарро низ ба ҳунари волои худ ҷалб намуд.

- Ду тан аз муҳаққиқони ҳунари Аҳмад Зоҳир рӯзноманигор Султон Ҳамад ва шоири боистеъдод Исфандиёр тавассути китобҳои ба нашррасонидаашон ба бисёр паҳлӯҳои зиндагиву эҷоди ин хунёгари машҳур равшанӣ андохтанд, – гуфт Раҷабалӣ Худоёрзода. - Султон Ҳамад дар китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ба мавзӯе даст задааст, ки барои алоқамандон ва аҳли ҳунар сухани нав мебошад. Муаллиф сабаби ба ин мавзӯъ рӯ оварданашро дар он медонад, ки баъзе ҷавонони соҳибистеъдоди кишвар ба ҷои ба мусиқии асил пайравию майл намудан, баръакс аз мусиқии асил дур гашта истодаанд. Султон Ҳамад дар китоби мазкур дар бораи машҳуртарин сарояндагони Ғарб, ки Аҳмад Зоҳир сурудҳои онро хондааст, таърихи суруду таронаҳои аз тарафи Аҳмад Зоҳир хондаи онҳо маълумоти ҷолибу дилпи-

санд додааст. Хонанда аз китоб дар бораи мутрибони Аҳмад Зоҳир, оҳангсозони ӯ маълумоти тоза гирифта метавонад. Дар қисмати замимаи китоб матни суруду таронаҳои сароянда ба нишон додани номи муаллифони шеър ва оҳангсозони онҳо оварда шудааст. Олими шинохта ва ҳунарманди варзида Ҷӯрабек Назрӣ дар хусуси дӯстиаш бо Аҳмад зоҳир чунин гуфт: - Ман бо Аҳмад Зоҳир моҳи феврали соли 1975 дар як маҳфили фарҳангӣ ошно шудам. Ҳар ду бо навбат суруд хондем. Он ҷо дар бораи шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ баҳс мерафт. Ман гуфтам, ки Рӯдакӣ ба Бодғис ном мавзеи Ҳирот рафта буд. Дар хусуси гармои Шаҳритус низ маълумот додам, ки дар наздикии дарёи Омӯ ҷой гирифтааст. Чун бегоҳ ба хона омадам, ду нафар муҳофизон хабар доданд, ки Аҳмад Зоҳир наздатон омадааст. Рӯзи дигар

боз субҳгоҳӣ наздам омад. Ӯро ба хонаи ҳамдиёрамон шоира Меҳринисо (шавҳараш олими маъруф, устод Шаҳбоз Кабиров. С. А.) ба меҳмонӣ бурдам. Дар ин хонадон ба шарофати ҳунари пазандагии Меҳринисо беҳтарин нақлу наво омода шуд. Баъди зиёфат овозаи ба хонаи Шаҳбоз Кабиров ташриф овардани Аҳмад Зоҳирро шунида, тарҷумону мушовирони гуногунмиллат ҷамъ шуданд. Зеро суруди Аҳмад Зоҳир тамоми сарҳадҳоро рахна карда буд. Ӯ пурсид, ки инҳо чаро ҷамъ омадаанд? Ман гуфтам, мехоҳанд, ки Шумо суруд бихонеду онҳо гӯш кунанд. Аз куҷое як рубоби афғонӣ оварданд. Аҳмад Зоҳир бо худ асбоби мусиқӣ наоварда буд. Ман рубоб навохтам. Чун маҳфил хеле гарм шуд, Аҳмад Зоҳир гуфт, ки «меравем, созҳои мусиқии худро меорем. Синтезатор оварданд ва Аҳмад Зоҳир бо ҳунари худ ҳамаро мафтун намуд. Ин маҳфил аз соати даҳуними рӯз то соати яки шаб давом кард. Суҳбатҳои Аҳмад Зоҳир ҳама орифона буд. Бо вуҷуди писари вазир будану шуҳрати зиёд доштанаш хоксору дасткушод буд. Боре ба ӯ гуфтам: “Бародари азиз. Ман шӯравияму ту афғон беҳтар аст, ки рафтуомадҳо камтар шавад. Зеро баъзе гапҳо ҳам пайдо шудаанд”. Аҳмад Зоҳир дар ҷавоб гуфт: “Ин гапҳоро канор гузор, хуни мо як асту мо бародарем”. Аз ҳунармандони мо огоҳӣ дошт. Сабтҳои Акашариф Ҷӯраев, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ва дигаронро бурда будам. Ӯ бисёр мехост, ки ба Тоҷикистон биёяд, вале афсӯс, ки умр вафо накард. Шоира Меҳринисо, ки ифтихори чанд маротиба меҳмондорӣ кардани Аҳмад Зоҳир насибаш гаштааст, чунин гуфт: “Онҳое, ки мухлиси Аҳмад Зоҳир ҳастанд, ҳар рӯз бо садои марғуби ин ҳунарманди маҳбуб кору истироҳат мекунанд. Дар лаҳзаҳои шодию ғам низ таронаҳои Аҳмад Зоҳир мӯниси ишон аст. Аз он ғизои маънавие, ки ман аз меҳмоншавии Аҳмад Зоҳир баҳравар будам, фавран ба волидонам навиштам. Ӯ як симои ошное буд, ки гӯё ҳазор сол боз мешинохтам. Аҳмад Зоҳир боре гуфт, ки мехоҳад ӯро дар Тоҷикистон ҳамзабонон низ бишносанд. Ман ҳамроҳи устод Ҷӯрабек Назрӣ ба Аҳмад Зоҳир шӯхиомез гуфтаам, ки «Шуморо дар Тоҷикистон низ мешиносанд. Барои муаррифии бештари Шумо мо низ саҳм мегузорем». Дар хотима, сарояндагони хушовоз Исматуллоҳ Шарифов, Алишери Сайфиддин ва дастаи ҳунарии Ҳотами Равшан бо хондани чанд намуна аз сурудҳои Аҳмад Зоҳир табъи ҳозиринро шод гардониданд.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”


Чењракушода

Юсуф …, нависанда

… Собчак, барандаи ТВ-и рус

Баба … аз афсонањои рус

… Рейган

… Деол, ситораи кинои њиндї

Номи шоир Навої

Авлодї, меросї

Воњиди шиддати барќ, В

Мудом, њамеша

Шарм, њаё Аломати охири љумла

... -и Бадахшон, санги ороишї Дарахти чўбаш ќимматбањо

Ошпази киштї

Давлати Амрико (мухтасар)

Гиёњи шифобахши кўњї

Асбоби скрипкамонанд

Мурод, армон

Вањшї

Зудї, шитоб

Сабзавоте, ки мегирёнад

Сурат, тасвир

Њодисаи пуризтироб

Дар бањр ё дарё сокин

Компютери дастї

Спорт (тољ.)

Майн ..., адиб, муаллифи «Савораи бесар»

Фан, дониш

Дарзмол Нок… њолат дар бокс

Њамнишинї

Ба њам задани ду чиз

Пешравї, тараќќиёт (лот.)

Сарпараст, маблаѓдињанда

Жак ... Кусто, олими фаронсавї

…мат Яроќи оташфишон

Асбоб барои мўйхушккунї

Асад

Азоб, шиканља Бозии элитаи Ѓарб

Мактуб бо телефони мобилї

Давлат дар Осиё

Зарфи дору ё атр

Бале

Дарё дар Хорватия

Номи имрўзаи ноњ. Роњи оњани ш.Душанбе Пойтахти яке аз давлатњои Ќафќоз

Ню-…, шањр дар Амрико

… ибни Лодан

Чорпоя барои нишаст Картошкабирёни тарабхона

Устоди Искандари Макдунї

Фармон

Тўри моњигирии киштињо

... ва Маљнун

Гиёњи абрўкашї

Ба чашм намудор

Тухми моњї Филми Д. Худоназар

Муќобили «сулњ»

Калиди автоматикии барќ

Душманї, адоват

Паррандаи зебодум

Дарёи … + дарёи Фурот (Евфрат)= дарёи Шат-ал-Араб

Сарояндаи гурљитабори Русия

Симо

Мушак (русї)

Дугоникњои ба њам часпида Бахшидани гуноњ

Момоњаввои русї

Дўстї, ошної

... Ѓафурї, овозхон

Коргардони машњури кинои шўравї

Тарњ, аломати камкунї

Машќњои љисмонї ва рўњии њиндуњо

Сифат барои чизи истифоданашуда

Касофатовар, бадтолеъ

Номи Аллегрова ва Роднина Донандаи илми нуљум

Нидои мухлисони футбол

Яке аз наздикони Расули Акрам

Шањри ќадимаи арманї

Тамѓаи радиоэлектроникаи љопонї

Тамѓаи ќанди Русия

Метал

Халќият дар Осиё Ба ду тараф ёзондани пойњо дар гимнастика

Шутурмурѓи амрикої

Модар (лањља)

Санги ќиматбањо

Сангрезаи хокамонанд

Њиссачаи инкорї

Гўшти беустухон

Садаќа

Азм, ирода

Асбоби мусиќии тории ќадима

Роман ..., соњиби тими «Челси»

... Дизел, актёр

Талу теппа

…-Клаус Бобои Барфии америкої

... де Балзак, нависандаи фаронсавї

Офарин, ањсан

Пойтахти Озарбойљон

Нўшокии русї аз нон

Овозхони эронї

e-mail: javonontj@mail.ru

... Шодиев, њофиз

Шери толеънома

... де Мопассан, нависанда

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №25 (9347), 19 ИЮНИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзноманигоре аз марде, ки дар лоторея мошин бурд кардааст, мепурсад: - Чӣ хел шуд, ки бурд кардӣ? Мард: - Дар хобам рақами шашро ҳафт дидам ва қарор додам, ки адади чилунуҳро интихоб намоям! Ҳамин хел бурд кардам. Рӯзноманигор: - Шаш карат ҳафт чилу ду мешавад, чилу нуҳ не. Мард: - Агар мисли ту доно мебудам, як умр пойи пиёда мегаштам.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Воҳид ҲАБИБОВ

***

(муовини котиби масъул),

Дар меҳмонхона. Зани ҷавону зебое аз меҳмон мепурсад: - Шуморо субҳ соати чанд аз хоб бедор кардан лозим? Мард: - Соати 6. Аммо барои он ки аз хоби гарон зуд бедор шавам, сахт бӯса кардан даркор. Зан: - Хуб шудааст. Пагоҳ навбати бобои Карим аст. Ба вай хоҳиши шуморо мерсонам.

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

ФАРОҒАТ

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7506 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

АНДАРЗ

Носталгияи ҳазору як шаб Ҳунарманди машҳуре дунёро падрӯд гуфт. Ӯро бо як маросими пуршукӯҳ дафн карданд. Малоикаҳо пеш аз намозу ниёз ӯро аз филмҳои бардоштааш суол карданд. Чун дубли дасти ҳунармандро диданд, ӯро панҷоҳ сол маҳкум ба ҷазо карданд. Ҳунарманд ҳам чӣ кор кунад? Азбаски гуноҳашро медонист, сарашро хам карда, шаҳди ҷазоро чашидан гирифт. Чун панҷоҳ соли ҷазо поён ёфт, вай “акнун нафас рост кунам” гуфта буд, ки малоикаҳо боз расиданд. Гуфтанд: - Боз панҷоҳ соли дигар ба ҷазо маҳкум шудӣ! Мард аввал эътирозашро бо овози паст такрор карда, сипас пурсид:

- Эй фариштаҳои муборак, ман дар ҳаёт ҳамагӣ як филм офаридаам. Азбаски дар он филм нақши шахсеро бозидам, ки миллатро ба муфлисӣ мебарад, панҷоҳ сол ҷазо гирифтам. Инро фаҳмидам, вале ҷазои бори дуюм барои чист? Яке аз малоикаҳо: - Дар ин ҷо мо айбе надорем. Гап дар ин, ки шаби гузашта ба хотири “Ҳафтаи носталгия” ҳамон филми туро бори дигар нишон доданд...

Қарз Мӯйсафеди хамидақомате зери дарахти пир, рӯи замин нишаста, гиря мекард. Ҷавоне, ки каме пештар ба наздаш омада буд, аз вай пули шароб пурсида, мӯйсафедро чанде шаллоқ зада рафт. Чун одамони атроф барои кӯмак ба мӯйсафед наздик шуда, ӯро аз замин бардошта, либосҳояшро аз хоку чанг тоза карданд, бо овози гирифта миннатдорӣ карду гуфт: - Дер боз аз ин ҷавон қарздор будам. Омаду қарзашро пурсид... Ҷавоне аз дасти мӯйсафед дошта, гуфт: - Азият кашидед, амак, биёед зери дарахт каме дам гиред. Мӯйсафедро дар чеҳрааш осори андӯҳ соя гузошт. - Не, писарам, барои ман зери ин дарахт дам гирифтан мумкин нест. Шояд ҳеҷ гоҳ мумкин нашавад. Ҷавон аз ин гуфтаи ӯ чизеро нафаҳмид ва бо дидаҳои

саволомез ба мӯйсафед, ки акнун мегирист, нигоҳ кард. Мӯйсафед бо дидаҳои нам ва овози гирифтаи ғамдор идома дод: - Панҷоҳ сол пеш буд. Аз падарам барои сигарет харидан пул пурсидам. Чун пул надошт, ӯро зери ҳамин дарахт озор додам. Дар ҳамин ҷое, ки каме пештар писарам маро лату кӯб кард.

Ҷавон дигар чизе нагуфт. Ҳоло мехост ба хотири кӯмак ба ин мӯйсафед ӯро бо мошин то хонааш бубарад. Вай, ки акнун бо қадамҳои ларзон ба роҳ даромада буд, даъвати ҷавонро рад карда афзуд: Воқеан, хонаи истиқоматиам аз ин ҷо дуртар аст. Вале ман ҳоло ба хона намеравам. Ба қабристон меравам, то бо фотиҳае аз падарам бахшиш бипурсам...

Таҳияи Б. УСМОН, «ҶТ»

***

Ҷавон ба дӯстдухтараш: - Як ҳафта шуд, мехоҳам аз ту як чизро пурсам, аммо ҷуръат намекунам... Духтар: - Бемалол пурсидан гир. Ман як моҳ пеш ҷавоби суолатро тайёр кадагӣ.

***

Марде назди дандонпизишк меравад. Духтур: - Даҳонатро кушо. Мард даҳонашро аз ҳад калон мекушояд. Духтур: - Чаро даҳонатро ин қадар калон кушодӣ? Мард: - Охир гуфтед анбурро медарорам-ку. Духтур: - Бале, гуфтам анбур медарорам, нагуфтам, ки худам медароям.

***

Марде миёни дарё бо садои баланд доду фарёд дорад. Роҳгузаре мепурсад: - Чаро ин қадар доду вой дорӣ? Мард: - Оббозӣ карда наметавонам. Роҳгузар: - Ман ҳам наметавонам, аммо ин қадар доду фарёд намекунам.

*** Дар таваллудхона. Ҳамшира кӯдакро ба мард дароз мекунад. Мард кӯдакро рӯи даст гирифта: - Худоро шукр, писарча будааст. Ҳамшира: - Писар нест, шумо ангушти маро қапидед.

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Билети донишҷӯии гумшудаи №Д05194, ки Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли 2005 ба Саидов Сарбоз Ятимович додааст, эътибор надорад. Дафтарчаи имтиҳонии гумшудаи №12/649, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов соли 2012 ба Почоев Алимардон Дадаҷонович додааст, эътибор надорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.