Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
1
№26 (9348),
26 июни соли 2014
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ФАРҲАНГ
«Аҳорун» соҳиби бинои нав шуд
21 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз таъмир дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор ва ба ихтиёри Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё Театри «Аҳорун» дода шуд. Ба ин муносибат ҳунармандони театр порчаеро аз намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” пешкаш намуда, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд. Президенти кишвар аз он ки аксари коллективи 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд, басо хушҳол гардида, изҳори боварӣ намуд, дастовардҳои аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик бо таълиму тарбияи насли нави ояндасоз аз гузаштаю имрӯза дида намоёнтар мешавад.
ҲАМКОРӢ
Форуми ҷавонони давлатҳои узви СҲШ дар Қайроққум 21-22 июн дар шаҳри Қайроққум Форуми ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ, таҳти унвони «Ташаббусҳои ихтиёриён» доир гашт. Дар он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ М. Муинова дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод. Дар кори форум намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин ва Федератсияи Русия ширкат ва доир ба мушаххасоти ҳаракати волонтёрӣ суханронӣ карданд.
Ваҳдат - пойдевори ҳамаи комёбиҳо
ТАНДУРУСТӢ
Нахустин Анҷумани миллии табибон 25 июн дар шаҳри Душанбе Анҷумани нахустини миллии табибони мамлакат доир гардид. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Н. Салимзода гуфт, ки дастовардҳои соҳаи тандурустии кишвар дар 23 соли истиқлолияти кишвар хеле назаррасанд. Таҳлили фаъолияти соҳа вобаста ба татбиқи ислоҳоти соҳа, дастрас ва беҳтар кардани сатҳи хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла, барои вусъат додани татбиқи тибби оилавӣ, дастрасии усулҳои муосири ташхису табобат, рушди тибби хусусӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои охир корҳои зиёди натиҷабахш ба анҷом расидаанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ЧЕМПИНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ. БРАЗИЛ-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
2
ҲАМКОРӢ
ЭНЕРГЕТИКА
Истиқболи СММ аз ташхиси “Роғун” Дабири кулли СММ Пан Ги Мун бо истиқбол аз нашри натоиҷи муқаддамотии ташхиси тарҳи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гуфтааст, ин санади Бонки ҷаҳонӣ як роҳнамои муҳим барои кишварҳои минтақа дар роҳи музокироти масоили марбут ба истифодаи захираҳои обу энергетика хоҳад шуд.
Имзои шаш санади ҳамкорӣ бо Малайзия 22-25 июни соли ҷорӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари давлатӣ дар Малайзия қарор дошт. Дар оғози сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Разоқ мулоқот анҷом дода, як қатор масъалаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Малайзия Наҷиб Разоқ аҳамияти густариши умумии ҳамкориҳо миёни Малайзия ва Тоҷикистонро, ки ҷавобгӯи манфиатҳои воқеӣ ва интизории мардуми ҳар ду кишвар мебошанд, қайд намуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ давом диҳанд ва изҳори итминон карданд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи минбаъда заминаи устувор фароҳам меорад. Ҷонибҳо таъкид намуданд,
ки ҳамкориҳои минбаъда соҳаҳои маориф, фарҳанг, илму технология (фановарӣ), воситаҳои ахбори омма (матбуот), туризм, варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиро дар бар гирад. Дар идомаи сафар Президенти мамлакат бо Подшоҳи Малайзия волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам мулоқот намуд. Аз баргузории аввалин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия ва муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ миёни ду кишвар изҳори хушӣ карда шуд. Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот намуд. Дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории
кунунӣ ва ояндаи Тоҷикистон бо ин донишгоҳ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, ин донишгоҳ 8 ҳазор донишҷӯ дорад ва 80% он аз кишварҳои хориҷӣ аст. Аз Тоҷикистон танҳо дар ҳамин донишгоҳ 40 нафар таҳсил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар беш аз 200 нафар донишҷӯи тоҷик илм меомӯзанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия низ иштирок кард. Сарвари давлат имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба соҳибкорони Малайзия муаррифӣ намуд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардид, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар, ҳамчунин, аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд. Дар анҷуман, ҳамчунин, соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд. Дар ҷараёни сафар миёни кишварҳо шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш, туризм, дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва ғайра.
Пан Ги Мун аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, вориди баҳси созанда дар масоили захираҳои обии фаромарзӣ шуда, аз иқдомҳои якҷониба дар ин масоил худдорӣ кунанд. Ба эътиқоди раҳбари СММ, танҳо “бо роҳи музокирот метавон ба як роҳи ҳалли умумӣ ва мутавозине, ки манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро дар назар бигирад, даст ёфт.” Арзёбии байналмилалии таъсироти зистмуҳитӣ ва иҷтимоии Нерӯгоҳи “Роғун” низ, ки ҳафтаи гузашта нашр шуд, мегӯяд, ин тарҳ барои муҳити зист дар Тоҷикистон ва минтақа зиёновар нест ва камбудиҳои онро метавон ба осонӣ рафъ кард. Аммо дар маҷмӯъ бино бар ин арзёбӣ, ҳеҷ гуна паёмади эҳтимолии ҷиддии иҷтимоӣ ва экологие вуҷуд надорад, ки бо назардошти он аз бунёди Нерӯгоҳи Роғун даст кашида шавад. Тибқи санади дигар, яъне “Арзёбии фанниву иқтисодии Нерӯгоҳи Роғун”, ки ширкатҳои “Койне энд Беллер”, “Электроконсалт” ва “Energy+Water Economics” нашр кардаанд, ҳарчанд маҳалли нерӯгоҳ маҳалли печидаи сейсмологист, вале бо вуҷуди ин, барои сохтмони нерӯгоҳ мувофиқ аст. Дар ин арзёбӣ омадааст, беҳтарин гузинаи аз назари иқтисодӣ муфид, сохтмони садди баландтарин - 330-метрӣ аст, ки имкон медиҳад, то 3200 мегаватт-соат нерӯи барқ тавлид ва 115 сол ба Тоҷикистон хизмат кунад.
e-mail: javonontj@mail.ru
ТУРИЗМ
Муҳокимаи парлумонии барномаи рушди туризм 18 июн муҳокимаи парлумонӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014 сурат гирифт. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вобаста ба рафти иҷрои барнома, стратегия, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқ ва танзими сиёсати давлатӣ ва дастгирии туризм, дар маҷмуъ, аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи барнома дар давраи миёнамуҳлат маърӯза кард. Ба гуфтаи раиси кумита, имрӯз туризм яке аз соҳаҳои бонуфуз ва сердаромад дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини
шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кори иловагӣ нақши арзанда бозида, ба инкишофи соҳаҳои мухталиф, аз қабили нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигар бахшҳои иқтисод таъсири мусбат мерасонад. А. Абдуллозода, ҳамчунин, аз ширкати фаъоли Тоҷикистон дар бонуфузтарин намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз ҷумла, ITB Берлин, WTM Лондон-2012, боздиди коршиносони байналмилалӣ ва таассуроти онҳо дар робита ба соҳаи туризми киш-
вар, таҳияи матолиби таблиғӣ, аз қабили муаррифиномаи электронии сайёҳӣ, буклету харитаҳои туристӣ, руқъаҳо ва китобу дастурамалҳои роҳнамоҳои туристӣ бо забони англисӣ, заминаҳои меъёрию ҳуқуқии танзими фаъолияти соҳа сухан кард. А. Абдуллозода таъкид кард, ки тибқи маълумоти оморӣ ба ҷумҳурӣ ба ҳайси сайёҳ дар соли 2011 ба миқдори 183 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ворид шудаанд, ки он нисбат ба соли 2010 ба миқдори 23 ҳазор нафар (183000-160000) зиёд мебошад. Соли 2012 245 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ворид шудаанд, ки нисбат ба соли 2011 62000 нафар (245000-183000) зиёд мебошад. Инчунин, маълумоти оморӣ нишон доданд, ки соли 2013 207911 нафар ва дар семоҳаи аввали соли 2014 27207 нафар сайёҳ ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд. Миёни аҳли нишаст, вакилон ва гузоришгар пурсишу посух сурат гирифт. Намояндагони парлумони кишвар бобати рушди соҳа пешниҳодҳо ироа карданд.
Нашри фаронсавии китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар Парлумони Аврупо моҳи марти соли 2014, сипас, дар Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърих дар шаҳри Брюссел моҳи майи соли равон ба олимони пешсафи Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ гардид. Нашри фаронсавӣ идомаи тарҷумаҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, хитоӣ ва форсии китоби мазкур буда, барои ҷамъиятҳои фаронсавизабон, ба монанди Белгия, Фаронса, Люксембург, Канада ва дигар давлатҳои франкофонии ҷаҳон як навъ роҳнамое ба олами Тоҷикистон мебошад. Мусаввараҳои рангоранги ҳайкалҳо ва бозёфтҳои ҳафриётӣ матни китобро ғанӣ мегардонанд. Ширкати иттилоотию консалтингии “Биг Медиа Груп”, ки тарҳи китобро омода ва чопи онро таъмин намуд, як ҷилди хеле ҷолиб тавлид кард, ки хонандаро ба хониши басо ҳавасангез водор мекунад. Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” китоби ғайриоддиест дар бораи таърихи Осиёи Марказӣ. Он дар бобати таърих ва асл тавассути ҳиссиёт ва таассуроти тоҷики муосир, ки решаҳояш амиқ дар фарҳангу таърихи форсӣ ҷой доранд, назари хеле мушаххасро пешкаш менамояд. Ҳеҷ кас мушкилотеро, ки бо он давлати Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мувоҷеҳ мешуд, беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон намедонад ва намефаҳмад. Дар боби аввал ин давраи пуризтироб инъикос меёбад, ки ба ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистони ҳозира ва таҳкими асли тоҷикон овардааст. Дар баъзе мавридҳо дар тамоми китоб ҷойгоҳи Ҷумҳурии
Мушкилоти Тоҷикистонро беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ кас намедонад Андешаҳо атрофи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Эмомалӣ Раҳмон бо забони фаронсавӣ Тоҷикистон дар олами муосир дар партави таърихи навини он ифода ёфтааст ва Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои асосии демократия ва ваҳдати миллиро муҳокима намудааст. Китоб аз ду қисм иборат аст. Қисми якуми он асли фарҳангӣ ва асотирии олами тоҷикро зери қалам оварда, қисми дуюм таваҷҷуҳро ба ташаккули давлатдории форсӣ ва ҳиндуаврупоӣ ё ориёӣ тамаркуз менамояд. Биёед, нахуст қисми дуюми китобро шарҳ медиҳем. Боби якуми он ба Тоҷикистони ҳозира дар партави рӯйдодҳои асрҳои 20 ва 21, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудааст. Тавассути омезиши воқеаҳои таърихӣ бо таҷрибаи аввалия ва андешаву рӯйдодҳои шахсӣ, боби мазкур ба хонанда усули хеле инфиродӣ ва пуртаъсири Эмомалӣ Раҳмонро манзур менамояд. Ҳамзамон, хонанда бо дарки амиқи таърихи қадим, ки бо низоми маориф таъмин гардид ва ҳамчун варақаи доимии боздиди сиёсӣ ва фарҳангии давлати муосир эътироф ёфтааст, рӯбарӯ мешавад. Се боб, ки ба таърихи куҳан тааллуқ доранд, мутаносибан давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Селевкидҳо ва Турониёнро баррасӣ карда, ба низоми сиёсӣ ва маъмурии онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Қисми аввали китоб ба асли фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон бахшида шудааст. Он аз мунозираи кӯтоҳ дар бораи Роҳи бузурги абрешим оғоз меёбад, ки унвони он асосан аз давраи портҳо маъруф будааст, ҳол он ки тиҷорат дар ин масир хеле барвақттар оғоз ёфта буд. Аллакай дар ҳазораи сеюм Бадахшон Месопотамия ва Мисрро бо лоҷвард таъмин менамуд, ки дар навбати худ шаҳодати мавқеи марказии Тоҷикистон дар шабакаи роҳҳои тиҷоратӣ мебошад. Сохтмони идомаёбандаи
роҳҳои муосир, ки қаламрави Хитойро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна мепайвандад, мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун маркази бузурги нақлиётии шабакаи тиҷоратӣ дигаргун хоҳад сохт. Ба монанди Роҳи абрешим дарёи Вахш низ дорои аҳамияти махсус аст. Дар соҳилҳои дарёе, ки аз кӯҳҳо мешорад, иншооти бузур-
мебурд. Ҳамзамон, ба хонанда на танҳо факту рақамҳо пешкаш мегарданд, балки нақл карда мешавад, ки чӣ тавр Эмомалӣ Раҳмон бо ин маълумоти таърихӣ шинос шуд, чӣ тавр ӯ корҳои илмиро аз маҷаллаҳои ба колхоз дастрасшаванда, дарёфт менамуд ва то чӣ андоза ӯ аз хондани чунин матолиб ба ваҷд меомад.
ги эллинистӣ бо ибодатхонаҳо ва қалъаҳо сохта шудаанд. Хазинаи машҳури Амударё, ки ҳоло дар Осорхонаи Британия дар Лондон маҳфуз аст, яке аз ганҷҳое мебошад, ки дар бораи ҷамъияти рушдёфтаи ин қисмати Осиё шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, дар ин минтақаҳо асли Авасто ва рушди дини зардуштӣ таҳқиқ мешаванд. Ҳол он ки бисёре аз матнҳои муқаддас дар давраи Сосониён ё оғози таърихи Ислом сабт гардида буданд, онҳо расму оин ва динҳои хеле қадимтарро инъикос мекунанд. Зардушт, ки тибқи ақидаи баъзеҳо бисёре аз ин эътиқодҳоро муқаддас эълон кард, эҳтимолан дар асри 7 то милод умр ба сар
Аз хониш дар бораи дини зардуштӣ танҳо як қадами хурдест ба мутолиаи осори таърихшиносон, олимон ва шоирони исломӣ, ба монанди ал-Берунӣ ва ал-Масъудӣ. Яке аз асарҳои таъсирбахш, албатта, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ (940-1020) боқӣ мондааст, ки таърихи олами форсро аз ташаккулёбиаш то заволи Сосониён аз ҷониби арабҳо дар миёнаҳои асри 7 тасвир мекунад. Фирдавсӣ аз таърих илҳом гирифта, асарҳои қадимии таърихӣ, афсонаҳои асотирӣ, унсурҳои Авасто ва дигар матнҳои зардуштиро дар як достони эпикӣ ҷамъ овард, ки он наздик ба 60 000 байти дорои қофия иборат мебошад. Дар
баробари он ки ӯ давраҳои дертарро аз ҷиҳати таърихӣ дақиқ шарҳ медиҳад, андешаҳояш дар бораи сулолаҳои қадимтарини подшоҳӣ баҳснок ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон муаррихонеро ба монанди Ю. Ёқубов, ки ба моҳияти таърихии баъзе аз ин асотирҳо ва сулолаҳои қадимӣ бо асли пешини тоҷикон рабтдошта мӯътақиданд, дастгирӣ менамояд. “Шоҳнома” рамзи мероси умумии форсӣ буда, чун забон ва фарҳанги муштарак аст, он ҳиссиётеро ифода менамояд, ки Эмомалӣ Раҳмон онро ҳангоми ба сарзамини Эрон қадам ниҳодан ба тасвир меорад. Таърихи Тоҷикистон дар бештари маврид бо сулолаи Сомониён муайян карда мешавад, вале он қисмати фарҳанги васеътари форсӣ бо решаҳои хеле қадимтараш мебошад. Эмомалӣ Раҳмон ба хонанда дарки онро, ки чӣ тавр мардуми тоҷик ба гузаштаи худ ва асли худ менигарад, пешкаш мекунад ва унвони китоб “Дар оинаи таърих” аз ҳамин ҷост. Китоби номбурда матолиби хондании хеле ҷолиб барои онҳоест, ки мехоҳанд тарзи тафаккури тоҷикон ва андешаҳои онҳоро оид ба мафҳумҳои гуногун, ба монанди асли миллӣ ва рушди иқтисодӣ фаҳманд. Муаллиф ба хонанда нигоҳи махсусро ба олами дигар пешкаш менамояд. Китоби мазкур барои ҳар сиёсатмадор, соҳибкор, олим ва ё сайёҳи оддие, ки ба олами форсизабон ё Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ дорад, дастури хубест. Он нақш ва мавқеи анъана ва диди таърихиро дар ташаккули қисмати бештари таърихи ҳозираи Тоҷикистон маънидод мекунад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
3
МУАРРИФӢ
Бруно ОВЕРЛЕТ,
доктори Донишгоҳи Гент, корманди Осорхонаи шоҳаншоҳии санъат ва таърихи Шоҳигарии Белгия, профессор
Гӯшаи Ҷомӣ дар китобхонаи Файзобод
Китобхонаи маркази ноҳияи Файзобод ба ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ омодагӣ мегирад. Дар китобхона ду шӯъба фаъолият доранд, ки шӯъбаи китобҳои бачагона беҳтарин маҳсуб меёбад. Аз он на танҳо ҷавонону наврасон бархӯрдоранду китобҳои дилхоҳашонро мутолиа мекунанд, балки калонсолону фаъолзанон, собиқадорони ҷангу меҳнат бо фаъолони китобхона дар мавзӯъҳои гуногун вохӯриҳо доир мекунанду ҷавонону наврасонро баҳри ободию созандагӣ дониши хубу аъло, ҷаҳонбинӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ роҳнамоӣ. Дар китобхона гӯшаҳои 23-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 17-солагии Ваҳдати миллӣ, 20-умин солгарди қабули Конститутсияи мамлакат, сеҳазорсолагии Ҳисори бостонӣ ташкил шуда, ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, асарҳои гаронбаҳои ӯ «Ҳафт авранг», «Баҳористон», достони «Хирадномаи Искандарӣ»,
саду як ғазал гирд оварда шудаанд. Чанде пеш бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар китобхона ҳамоиши адабию-илмӣ баргузор гардид. Китобдор Гулрухсор Каримова роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маълумот дод. Бузургтарин намояндаи адабиёти асри 15, шоир ва донишманди маъруф, накӯкор, тарбиятгар Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад, ки таҳсили худро дар Ҳирот ба анҷом расонида, баъд ба фаъолияти илмӣ, ва адабӣ шурӯъ мекунад. Ӯ борҳо ба шаҳри бостонии Самарқанд сафар карда, дар рушду нумӯи фарҳанги тоҷик саҳм гузоштааст. Вай илми шеър, қофия, сарфу наҳв, мантиқ, ҳикмати шарқ, табииёт, риёзиёт ва илму ҳаётро омӯхта, баландтарин дараҷаи дониши замона ва
ҷаҳонбиниро аз худ кард. Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми таърихи адабиёт ва фарҳанги асри 15-и миллати тоҷик баландтарин ва сермаҳсултарини эҷодкор мебошад. Тавре дар бораи Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ Шеърхонӣ дар тазкираи «Миръот-ул-хаёл» чунин навиштааст: “Мавлоно Ҷомӣ наваду нуҳ китоб таълиф намуд, ки ҳамаи онҳо дар Эрон Турон ва Ҳиндустон назди аҳли дониш маъқул афтод ва ҳеҷ кас ангушти эътироз бар ину он натавонист ниҳад”. Пурарзиштарин асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Ҳафт авранг» мебошад, ки аз ҳафт достони бузург фароҳам омадааст. А. Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» дар пайравии Форобӣ ва Низомии Ганҷавӣ кишвари хаёлиро тасвир намудааст, ки сокинони он ҳама вақт хуб зиндагӣ мекунанд, дар байни онҳо аз дорову нодор ва аз золиму мазлум асаре дида намешавад. «Рисолаи арӯз», «Рисолаи қофия», «Рисолаи мусиқӣ», «Рисолаи кабир дар муаммо», «Фавоиди зиёия», «Шарҳи Ҷомӣ» ва чанде дигар аз намунаҳои асарҳои илмии ӯ мебошанд.
Ҳокими САФАР
e-mail: javonontj@mail.ru
БА ИФТИХОРИ 600-СОЛАГИИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
4
НАБЗИ ҶАҲОН
Ҷанги байни мусулмонҳо дар Ироқ
СЕМИНАР
Ё кӣ ҷанги мазҳабӣ андохтанист? Ҳодисаҳо дар Ховари Миёна рӯз ба рӯз ваҳимтар мешаванд. Ҷангу кашмакашиҳои мазҳабӣ дар Ироқ ба ҳадде расидааст, ки акнун аз ИМА даъват кардаанд, то барои ором кардани вазъият мудохила кунад. Бахусус, дар пайи пешрафтҳои ҳаракати ДИИШ (Давлати исломии ИроқШом) вазири умури хориҷии Ироқ ба ИМА муроҷиат карда, гуфтааст, ки барои маҳви ин ҳаракат ба минтақаҳои таҳти тасарруфи ДИИШ ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом бидиҳад. Зимнан, президенти ИМА Барак Обама изҳор доштааст, ки нияти ба Ироқ сарбоз даровардан надоранд. Вале ба хотири амнияти минтақа ба Халиҷи Форс се киштии ҷангӣ равон кардааст. Инчунин, ҳафтаи равон вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ба Ироқ омад, то ба Президенти Ироқ Нурӣ алМоликӣ маслиҳат диҳад, ки муқовимат бо ДИИШ-ро пурзӯр кунанд. Тавре дар шумораи гузаштаи рӯзнома зикр кардем, ДИИШ (Давлати исломии Ироқ-Шом) як ҳаракати мусаллаҳонест, ки дар Ироқ ва Шом фаъолиятҳои низомӣ мебарад. Аз рӯи идеологияи “Салафия” амал карда, дар минтақае, ки кишварҳои Ироқ, Сурия, Фаластин ва Урдун воқеанд, давлате бар асоси қавонини шариат сохтанист. Гуфта мешавад, вазири умури хориҷии Ироқ Ҳушёр Заборӣ, ки ИМАро ба кӯмак хостааст, мусулмони суннӣ ва Президенти Ироқ Моликӣ мусулмони шиа мебошад. Яъне, ҳоло дар Ироқ ду гурӯҳи мусулмонҳо барои он ки оташи низои байнашон ба вуҷуд омадаро хомӯш карда натавонистаанд, аз ИМА кӯмак пурсидаанд. Ин муқовимати гурӯҳҳои мазҳабӣ ба қалби ин кишвар - шаҳри Бағдод сироят кардан дорад. Нуқтаи дигари қобили зикр ҳам ин аст: ДИИШ дар Ироқ ҷиҳод эълон карда, ҳар нафари аз пешаш баромадаро, ки бо ақида ва стандартҳои вай хилоф бошад, бераҳмона мекушад. Дар пайи ин лидери шиаҳои Ироқ Оятуллоҳ Систонӣ низ дар шаҳрҳои барояшон муқаддаси кишвар чун Наҷаф ва Карбало, ки ба Бағдод наздиканд, ҷиҳод эълон кардааст. Мақсад аз ҷиҳоди Систонӣ ҳифзи ҷон ва ҳимояи маконҳои муқаддас унвон шудааст. Чунки ДИИШ-и салафӣ турбату мазор ва маконҳои муқаддасро ба ширк баробар дониста, агар чунин маконҳо аз пешашон баромад, тахрибу валангор мекунанд. Аз ин бархӯрди мазҳабии кунунии Ироқ ду чиз маълум мешавад: а) Мусулмонҳо дар ҳоли ихтилофанд ва
ин зиддияташонро бо роҳи дуруст, бо роҳи маълумкардаи динашон ҳал карда наметавонанд. Меҷанганд ва алайҳи якдигар “ҷиҳод” эълон мекунанд. Шарҳ ё шинохти онҳо аз ҷиҳод “Аз байн бардоштани монеаҳои байни инсону ислом” будааст. Яъне, гурӯҳҳои ҷангӣ-мазҳабӣ дар Ироқ якдигарро монеаи байни инсон ва ислом донистаанд, ки бояд сари вақт аз миён бардошта шавад; б) Ҳоло ҳукумати Ироқ барои маҳви гурӯҳе, ки худро мусулмон эълон кардааст, кишвареро ба кӯмак хостааст, ки соли 2003 таҷовузкорона ба хокаш даромада буд. Ҳоло гурӯҳҳои салафӣ ва шиа ва гурӯҳҳои дигари сиёсии ба ҳам мухолиф алайҳи якдигар меҷанганд ва ин ҷангашонро ҷиҳод ном додаанд, ки аз ҷиҳоди аслӣ комилан дар фарқу таззод аст. Инчунин, онҳоеро, ки дар натиҷаи “ҷиҳод” ҳалок мешаванд, шаҳид мехонанд. Ба ибораи дигар ислом дар дохили худаш дар набард аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки таҳлилгарон сабабгори ин ҳама нооромиҳо ва ҷангҳои мазҳабиро дар Ироқ ба роҳбари феълии он Нурӣ Моликӣ рабт медиҳанд. Номбурда бо сари қудрат омаданаш ба Ироқ, аслан шиаҳоро пештоз ва мавқеи мусулмонони суннимазҳабро танг кард. Албатта, аз ин амали роҳбари давлаташон сардорони қабилаҳои суннимазҳаб борҳо эътирозу шикоят карданд. Вале ҳарфи онҳо шунида, эътирозоташон ба инобат гирифта намешуд. Ниҳоят, ин амали Моликӣ, ки аз ибтидо дар батн тухми нифоқу адоватро мепарварид, боиси сар задани кина ва адовати мазҳабӣ гардид. Ҳаракати салафиравияи ДИИШ арзи ҳастӣ кард ва тамоми интиқомро аз мусулмонони шиамазҳаб гирифтан мехоҳад. Дар ин миён, бояд қайд, ки гурӯҳҳои дигари суннимазҳаби Ироқ ба амалкарди ДИИШ на шарик мешаванд, на муқовимат менамоянд. Сабабашро гуфтем, ки онҳоро танг оварда буданд ва мебоист нафаре омада ҳақталошӣ намояд. Бинобар ин, онҳо дар муқобили амалҳои даҳшатбори ДИИШ қарор истодаанд, балки танҳо марзу атрофи худро ҳимоя мекунанду халос. Хуллас, ҷанги мазҳабие, ки Ироқро печонидааст, кишварҳои оламро безобита кардааст. Ҳамин аст, ки намояндагони чанде аз давлатҳои ҷаҳон ба ин ё он шева изҳорот дода, нигарониашонро аз ДИИШ баён доштаанд. Чунончи, Оятуллоҳ Мукарим Шерозӣ, ки яке аз олимони бузурги олами шиа шинохта шудааст, ба шиамазҳабон фатво додааст, ки алайҳи ДИИШ ҷиҳод кунанд. Вай дар фатвояш, аз ҷумла гуфтааст: “Ҳимояи якпорчагии Ироқ, алалхусус, маконҳои муқаддас ба ҳар нафаре, ки пайрави аслом ва аҳли байт мебошад, воҷиб аст. Ҳар касе, ки дар ин роҳ мефавтад, ба шуҳадое мепайвандад, ки дар роҳи ҳазрати Ҳусейн дар Карбало шаҳид шудаанд”. Олими эронӣ гуфтааст, террористон
ва кишварҳои арабии ҳомии онҳо шикасти шармандавори ИМА ва Исроилро дар Сурия таҳаммул накарда, хостанд шармандагиашонро дар Ироқ ҷуброн кунанд. Владимир Путин, Президенти Русия дар гуфтугӯи телефоние ба Нурӣ Моликӣ изҳор доштааст, ки тамоми кӯшишҳои Ҳукумати Ироқро ҷиҳати тоза кардани қаламраваш аз терроризм дастгирӣ мекунад. Зимнан, бояд қайд кард, ки Русия ҳаводиси охири Ироқро ба таҷовузи ИМА ба ин кишвар дар соли 2003 иртибот медиҳад. Ҳамчунин, Маскав се соли охир барои муқовимат бо гурӯҳҳои мухолиф Ҳукумати Башор Асадро дар Сурия дастгирӣ мекунад. Собиқ вазири умури хориҷии ИМА Ҳиллари Клинтон гуфтааст, эҳтимоли он вуҷуд надорад, ки ДИИШ сарҳадҳоро тағйир бидиҳад. Вай зимни як баромади вижае дар Ню-Йорк чунин андеша рондааст: “Ҳар қадар ДИИШ дар Ироқ баъзе шаҳрҳоро тасарруф кунад ҳам, эҳтимоли онро намебинам, ки ин ҳаракат дар минтақа давлати исломӣ сохта, сарҳадҳоро иваз карда тавонад”. Таҳлилгарони зиёде низ дар арсаи байналхалқӣ амалҳои ДИИШ-ро тафсир намуда, оқибат ва дурнамои ҳодисаҳоро пешбинӣ кардаанд. Ба қавли онҳо, бо он ки ДИИШ оҳистаоҳиста ба мақсадҳои худ ноил мешавад, яъне, шаҳрҳоро ба тасарруф дароварда, пеш меравад, чеҳраи мазҳаби суннат барои ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун терроризм ва сиёҳ муаррифӣ гаштан дорад. Тавре ки “Алқоида” дар ҳодисаҳои соли 2001 номи ислом ва суннатро истифода бурда, тамоми мусулмоноро дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун террорист нишон дод. Вақте бо ин амалҳои мудҳиш аҳли суннат сиёҳ нишон дода мешаванд, (ки аслан терроризм на танҳо ба суннату шиа, балки ба ислом робитае надорад), мазҳаби шиа тадриҷан чеҳраи нарм ва қобили қабул мегардад. Яъне, аксари таҳлилгарон инро як бозии сохта ва тарҳрезишуда медонанд. Баъзеи дигар бар ин ақидаанд, ки имрӯз мазҳабҳо комилан як олоти сиёсат шудаанд ва нафарон ё гурӯҳҳои алоҳида барои татбиқи ҳадафҳо ва ноил шудан ба манфиатҳояшон онро ба кор мебаранд. Корро ба ҳадде овардаанд, ки намояндагони ин мазҳаб ақидаи мазҳаби дигарро тамоман таҳаммул надоранд, дигараш аз инашро. Воқеан, имрӯз дунёи ислом пора-пора шудан дорад. Ду унсуре, ки барои ин порашавӣ мусоидат карда истодаанд, яке мазҳаб асту дигаре этника. Поёни ин набардҳо ба куҷо мебарад, номаълум аст. Ҳаминаш маълум аст, ки дар пайи ин ҷангу кашмакашҳои бемаънӣ инсонҳо талаф меёбанд, шаҳрҳо ба хун ғарқа мегарданд ва ниҳоят, номи ислом тадриҷан тираву бад карда мешавад...
М. САИД, “ҶТ”
Зиндагӣ бе маводи мухаддир ширинтар аст Оғози ҳафтаи равон бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар қисми низомии 2712 бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар семинар-машварати илмӣамалӣ таҳти унвони «Зиндагӣ бе маводи мухаддир ҳам ширин аст» доир гардид. Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли ҷавон, ҷалби ҷавонон ба донишандӯзиву эҳтироми муқаддасоти Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои миллӣ арзёбӣ гардид. - Баргузор шудани ин чорабинӣ дар арафаи Рӯзи ваҳдат баҳри дар рӯҳияи инсондӯстӣ, якдилӣ, якмаромӣ, баробариву бародарӣ тарбия кардани ҷавонон мусоидат менамояд, - гуфт мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур С. Шаҳобов. - Вақте ҷавонон аз забони мутахассисон дар бораи оқибатҳои ногувори нашъамандию нашъаҷаллобӣ маълумот пайдо мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳи хато нарафта, тарзи солими ҳаётро ихтиёр менамоянд. Духтури дармонгоҳи «Ёрии таъҷилӣ»-и пойтахт А. Сафаров ба сарбозон оид ба зиёни нашъамандӣ ба саломатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни ҷавонон, аз қабили ВИЧ/СПИД иттилоъ дод. Подполковник М. Валиев аз номи роҳбарияти қисми низомии 2712 ба ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки чунин вохӯриҳо дар роҳи пешгирии ҷавонон аз корҳои ношоям нақши муҳим мебозанд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «ҶТ»
Зани тоҷик - нигини тоҷи миллат Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Академияи илмҳо бахшида ба 20-солагии Конститутсия конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илм” баргузор гардид.
мардон баҳри ободию пешрафти ҷумҳурӣ саҳм гузоранд”, - афзуд ӯ. Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ иброз намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин санади қонунгузорӣ аст, ки меъёру арзишҳои қабулшудаи умумимиллиро инъикос намуда, баробарҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро кафолат медиҳад. Ширкати баробари занон дар пешбурди
фессору дотсентҳо кору фаъолият мекунанд, - афзуд М. Ҷабборӣ. Зикр гардид, ки дар ҷомеи имрӯза занону духтарон дар зинаҳои гуногуни шохаи ҳокимият, яъне, мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин, дар тамоми сохторҳои давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ кору фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзанда мегузоранд.
молиявӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқӣ гулӯгир кардааст. Дар пояи таъсири ин зуҳурот, мутаассифона, дар ҷомеаи мо низ то андозае сирояти ҷаҳонбинию динӣ ва хурофот боло гирифта истодааст. Мушкилӣ дар он аст, ки бархе аз гурӯҳҳои риёкор ва бадандеш аз камсаводию бесаводии занон ва духтарон сӯистифода бурда, ба корҳои ношоиставу зишт ва паст задании шаъну шарафи зан ва модари тоҷик номардона даст
Дар он раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мағфират Хидирова иброз дошт, ки боиси сарфарозии ҳар яки мо - бонувон аст, ки Президенти мамлакат дар самти татбиқи сиёсати гендерӣ ба масъалаи дастгирии занон, боло бурдани мақому манзалати онҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. “Шоҳид ҳастем, ки баробари соҳибистиқлол гардидани кишвар, бо мақсади дастгирии занон чӣ қадар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гаштанд, ки пеш аз ҳама, ба тақвият бахшидану боло бурдани манзалати занон дар кишвар, мустаҳкам намудани мавқеи иҷтимоии онҳо дар мамлакат нақш бозиданд. Ин бесабаб нест, зеро имрӯз дар ҳақиқат ҳам зани тоҷик тавонистааст бо талош, кӯшиш, донишу малака, бо эҳсоси баланди ватандорию ватандӯстӣ собит созад, ки дар иҷрои ҳама гуна рисолати бар дӯш дошта баробари
корҳои илмию тадқиқотӣ гувоҳи баробарҳуқуқии мардону занони кишвар мебошад. - Мо ифтихор дорем, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои илмии Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ занони дорои дараҷаву унвонҳои илмии доктор, номзади илм, про-
Ҳоло дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дар мансабҳои гуногуни давлатӣ қариб се ҳазор нафар ва ба ҳайси роҳбар зиёда аз 500 нафар зан фаъолият доранд. Марҳабо Ҷабборӣ изҳори нигаронӣ намуд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бӯҳронҳои шадиду амиқ ва фарогири сиёсии
зада истодаанд. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила зиёда аз 10 ҳазор нафар омӯзгоре, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар фаъолият доранд, 3358 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. - Боиси ифтихор аст, ки имрӯз
дар тамоми соҳаҳои илм, масалан, дар соҳаи ҳалли масъалаҳои душвортарини математикӣ, физикӣ, кимиё, кишоварзӣ, тандурӯстӣ ва ғайра бонувони тоҷик фаъолона ва бештару пештар ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул ҳастанд ва боварии комил дорем, ки дар ояндаи наздик ин дастовардҳо боз зиёдтар мегарданд, - иброз дошт Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Зан-модари тоҷик аз кулли занону модарони дунё фарқ дорад. Чунки модари аврупоӣ кӯдакро то ҳаждаҳсолагӣ тарбия мекунаду ба зиндагии мустақилона
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
5
ЗАН ВА ҶОМЕА
гусел мекунад. Лекин барои модари тоҷик фарзанд то лаҳзае, ки ҳаст, модар боқӣ мемонад, хоҳ писар аст, хоҳ духтар. Дар 90-солагӣ ҳам духтари худро насиҳат мекунад, барои ӯ ҳар рӯз роҳи кор нишон медиҳад, ки ин танҳо хоси модари тоҷик аст.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ОЛИМОНИ ҶАВОН
Далер Алиев аз овони мактабхонӣ орзуи ҳуқуқшинос шуданро дошт. Бо ҳамин мақсад ҳуҷҷатҳояшро ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурда, онро соли 2011 хатм кард. Ин ҷавони фаъолу қобилиятнок аз ҳамон давра то ҳол ба ҳайси мутахассиси пешбар - котиби Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият менамояд. Далер тайи ин муддат мувофиқи панду насиҳати модар, омӯзгори собиқадор Файзигул Алиеваю устодони меҳрубонаш амал карда, худро чун мутахассиси масъулиятшинос ва хушодобу серғайрат нишон дод. Дар ҳар маҳфилу конфронси илмӣ ва мулоқоте, ки дар ноҳияву шаҳр баргузор мегарданд, фаъолона ширкат варзида, фикру ақидаи хешро доир ба масъалаҳои муҳим баён мекунад. Ӯ дар тамоми шӯрои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур нақша-чорабиниҳо тартиб дода, дар ҳамоҳангӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинон оид ба пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону наврасон ва ҷиҳати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” пайваста вохӯриҳо
Азми дурусту саъйи комили Далер
мегузаронад. Ҳафтаи аввали моҳи июни соли равон бо ташаббуси Далер Алиев бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои ҷумҳуриявӣ дар толори МИМҲД ноҳияи Шоҳмансур конфронси илмӣ дар мавзӯи «Ҷавобгарии ноболиғон, масоил ва роҳҳои ҳалли он» бо иштироки хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, волидайни хонандагон, омӯзгорон, директорон муассисаҳои таълимӣ, раисони Шӯрои шаҳраки маҳаллаҳо, имом-хатибо-
ни масҷидҳои ҷомеъ ва фаъолони ноҳия баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ВКД, Прокуратураи шаҳри Душанбе, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доир ба сабабу омилҳои ҷинояткории ноболиғон, нақши масъулияти волидайн дар пешгирии ҷиноятҳои ноболиғон ба ҳозирин маълумот доданд. Кош ин ташаббуси Далер Алиев дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастгирӣ ёбад. Зуд-зуд баргузории чунин чорабиниҳо дар пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Дар роҳи пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад Далер Алиев нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани мусобиқоти футбол ва шоҳмот миёни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияро тартиб дод. Моҳи апрели соли ҷорӣ Далер дар семинари ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Танзими ҳуҷҷатдории меъёрии ҳуқуқӣ - омили пешрафти таълиму тарбияи мактабиёни тарбияашон душвор, тибқи давраи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола” маърӯза намуд. Далер пайваста донишу малакаи хешро такмил медиҳад. Моҳи феврали соли 2013 ӯ
курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро дар мавзӯи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба итмом расонд. Алҳол унвонҷӯи кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар мавзӯи «сабабҳои қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва роҳҳои пешгирӣ намудани он» рисолаи илмӣ менависад. - Далер ҳамчун мутахассиси пешбар ба шаҳрвандоне, ки ба ӯ муроҷиат мекунанд, муомилаи хуб дорад, - мегӯяд роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур У. Қурбонов. – Аризаҳои воридшударо сари вақт санҷида, нисбат ба онҳо ҷавобҳои саҳеҳ медиҳад. Ҳамин муносибати хуб ва маданияти баланди ӯст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар байни коллективи кормандони МИМҲД ва шаҳрвандони ноҳия соҳибэҳтиром гардидааст. Ин ҷавони ҷӯянда қалами хуб дошта, бо рӯзномаҳои «Паёми Душанбе», «Омӯзгор», «Минбари халқ» ва «Садои мардум» мудом ҳамкорӣ мекунад. Далер Алиев барои ҳамкории фаъолонааш бо ифтихорномаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, МД телевизиони «Пойтахт» ва «Сипоснома»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ қадрдонӣ шудааст.
С. САЙФИДДИН «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд нақши ҳуқуқшиносон дар боло рафтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле бузург аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
6
АНДЕША
Замона ҳазли беҷое кард. Давлати абарқудрати шӯроҳо, ки хонаи умеди садҳо ранҷбари олам буд, аз харитаи олам нест шуд. Ҳоло ҳар хирасар, бесавод, навқалам ва беақл метавонад қалам ба даст гираду асосгузорони ин давлат В. И. Ленин, И. В. Сталинро чи қадар хоҳад сиёҳ мекунад. Дар ин қатор кам нестанд онҳое, ки бо давлати шӯравӣ аз рӯйи нақли модаркалонашон ошноянд…
калонсолони зодгоҳамон савод надоштанд, ҳол он ки имрӯз деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ба ҷумҳурӣ аз ҳама бештар кадр додааст. Дар ҳамин деҳа калонсолон гирди сандалӣ менишастанду нахустомӯзгори деҳаамон Қудрат Сафарзода барои онҳо «Чор дарвеш»-у «Ҳотами той», «Самаки айёр»-у «Ҳазору як шаб» мехонд. Пас, сар то сар ҳақиқат аст, ки то Инқилоби Октябр 90-95% аҳолии русто хату савод надошт. Каму беш босаводон мадрасаҳои Самарқанд, Тайлоқ ва Бухороро хатм карда бошанд ҳам, чашми хат надоштанд. Китобу китобхониро аз русҳо омӯхтем, гарчанде бузургтарин олимон зодагони Шарқ буданд.
Камина ҳаводор ва парвардаи замони шӯравиам. Кӣ медонад, агар замони шӯравӣ намешуд, мани ятими рӯйи падар надида имрӯз хизматгори ким-кадом аблаҳ мебудам. Замони шӯравӣ одамон бе ягон ғараз дасти ҳам мегирифтанд. Мансабу маснад, вазифаву амал аз рӯйи илму дониш дода мешуд, на туфайли амаку тағо ва доллари амрикоӣ. Ростӣ, маро ханда меояд, вақте дар матбуот босмачиву босмачигарӣ, яъне, гурӯҳи ғоратгаронро, ки ягон мақсаду маром надоштанд, қариб қаҳрамони миллӣ месозанд. Имрӯз баъзан аз ғоратгарони солҳои 90-уми асри гузашта низ ёд мекунанд, ҳарчанд аз онҳо ҳоло қаҳрамон насохтаанд. Ана, ҳамон босмачизодагон аз нооромии ҷумҳурӣ истифода бурда, тавонистанд Тоҷикистонро хунрез намоянд. Имрӯз дар матбуот аксаран дурӯғ мегӯянд. Даъвои онро доранд, ки пеш аз инқилоб мардум бесавод буд. Солҳои бачагии мо (60-70-и асри ХХ) аксар
Чанд сол боз шоҳидам, ки ба касбу ҳунар дар Литсейи касбии техникии рақами 36-и Панҷакент бештар ӯзбекзабонон ҳавас доранд. Пурсиш нишон дод, ки дар дигар донишгоҳу омӯзишгоҳҳои шаҳр низ аҳвол ҳамин аст. Пас, тоҷикон дар куҷо таҳсили илм доранд? Оё ин раванд боиси он намегардад, ки тоҷикон бозпас ба асри ХIХ бармегарданд? Ҳатто мушоҳидаҳо нишон дод, ки теъдоди хеле зиёди тоҷикон даст ба нашъамандӣ задаанд ва нашъапаҳнкунандагон ашхоси миллатҳои дигаранд. Ин ва далелҳои дигар моро бояд ба андеша водор намояд. Кӯшиш кунем, ки ҷавонони солим ва ҳунарманду тавоно тарбия намоем. Хайрандешони ҷавонон дар гузашта зиёд буданд. Ёд дорам, собиқ мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Комитети партиявии шаҳри Панҷакент Ҳабиб Гадоев (равонашон шод бод) мо кадрҳои наврустаро сахт-сахт насиҳат мекард, ки ба идораи рӯзномаи “Зараф-
шон” ҳамкорӣ ва маърӯза тайёр карда, ба воситаи ҷамъияти китобдӯстону «Дониш» миёни мардум баромад намоем. Мақолаю маърӯзаҳои моро ислоҳ мекарданд ва ба қавли худашон шиновариро ба мо ёд медоданд. Ҳоло калонсолон ҳавсалаи насиҳат надоранду ҷавонон гӯши насиҳатшунав. Ҳама дар баҳси сатру риш ҷӯлидаанду ҳамдигарро «мавлоно»-ву «ҳазрат» мехонанд. Чанд ояи раббонӣ аз худ карда, хешро бузургтарин олими олами ислом меҳисобанд. Ҷавононро илм, ҳунар, касб, дониш, маърифат мебояд. Хуб аст, ки дабистонҳои боҳашамати замонавӣ месозем. Дар онҳо сатҳи маърифатро боло бояд бардошт. Баҳоро бо ақлу до-
Аз баҳси сатру риш суде нест
ниш бояд гирифт.. Боре аз назди партовгоҳе мегузаштам. Чашмам ба тӯдаи китоб афтод. Дар миёнашон асарҳои В. И. Ленин низ буд. Кадом ноқисулақл китобҳоро ба партов афкандааст. Бо чунин рафтор ва муносибат ба ҷавонон чиро таълим медиҳем? Аъробию муғул омад, ғорат кард, кушт, сӯхт, аммо аз Ватани мо корвон-корвон китоб бурду омӯхт ва кашфиёти оламгир кард. Сабаби дар калонтарин китобхонаҳои олам пайдо шудани китобҳои илмии тоҷикон ҳамин ғоратгарии аҷнабиён буду мебошад. Ҳатто Искандари Мақдунӣ ҳангоми ҳуҷум ба Осиёи Миёна китоби бузурги тоҷикон «Авесто»-ро ба Рум бурд, бо забони юнонӣ тарҷума карду аслашро сӯзонд. Камина шукргузори истиқлоли кишварам. Аммо истиқлол ба даст овардан маънои онро надорад, ки мо ба гузаштаи худ хати батлон кашем. Заминро ба деҳқон дода, онро шӯразору беҳосил намоем. Бархе аз навтоҷикони худобехабар корхонаҳои давлатиро шахсӣ намуда, ҳавлӣ карда, фурӯхтанд. Ҳазорон нафар ҷавони тоҷик дар хориҷи кишвар оворагард ва ё ғуломона зиндагӣ доранд. Имрӯз бархе кӯшиши онро доранд, ки таълиму тарбияро дар дабистонҳову литсею коллеҷҳо ба роҳи сарбаста тела диҳанд. Донишмандтарин ҷавони камбизоат наметавонад ба мактаби олӣ дохил шавад. Мутахассиси маълумотнок ҷойи кор намеёбад. Рӯ ба маърифат овардан, ҷомеаро маърифатнок кардан, омӯхтани касбу ҳунарро талқин кардан вазифаи ҳар яки мо бояд бошад. Рӯй овардан ба ришу ҳиҷобу сатр, дар атрофи онҳо баҳс оростан ягон зарурат надорад. Нисбат ба ҷомеа хайрандеш бояд буд. Аз хоидани устухони Ленину Сталин, бардурӯғ ситоиш кардани тӯдаи дуздону ғоратгарон, ки эшонро босмачӣ меномиданд, моро суде нест. Чунки мо ваҳшонияти босмачизодагонро дар охири қарни ХХ бо чашми сар дидем.
Холмурод САФАРЗОДА, ҷонишини директори Литсейи касбии техникии №36-и шаҳри Панҷакент
ПАЙҒОМ
Дӯстони Тоҷикистон дар Покистон
e-mail: javonontj@mail.ru
Чанде пеш зимни ширкат дар конфронси байналмилалии иқтисодӣ, ки дар шаҳри Исломобод баргузор гардид, бо ду тоҷири покистонӣ вохӯрдам, ки забони тоҷикиро медонистанд. Онҳо дар бораи Тоҷикистон хеле самимона сухан карданд. АБДУЛМУБИН: - Ман зодаи шаҳри қадимаи Лоҳур мебошам. Лоҳур аз соли 1976 бо шаҳри Душанбе аҳди бародарӣ дорад. Чанд маротиба дар ин шаҳри зебову сарсабз будам. Мардуми Тоҷикистон хайрхоҳу меҳмоннавозанд. Чун фаҳмидам, ки дар конфронси Исломобод намояндагони Тоҷикистон ҳам меоянд, зиёда аз 200 километр роҳро паймуда, ин ҷо омадам, то бародарони тоҷикро бубинам. Иншоаллоҳ мақсад дорам, ки дар шаҳри Лоҳур як дӯкони махсус кушода, дар он сару либос, сӯзанӣ ва дигар намунаҳои ҳунармандии минтақаҳои Тоҷикистонро ба
ШОКИРУЛЛОҲ ШИНВОРӢ: - Ман аз шаҳри Пешовар ҳастам. Чанд муддат дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, ин марзу бум ва мардуми онро дӯст доштам. Бинобар кӯшиши роҳбарони ду кишвар солҳои охир робитаи тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Покистон хеле таҳким ёфт. Аз Покистон ба Тоҷикистон шакар, орд, мандарин, пиёз, картошка, семент ва дигар маҳсулот бо нархи нисбатан арзон ворид мешавад. Аз Тоҷикистон бештар нахи пахта ва хушкмева меояд. Рушди тиҷорат фурӯш гузорам. Яъне, ҳамчун ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар дӯсти Тоҷикистон мехоҳам онро аст. Овозаҳо дар хусуси ноором ба сайёҳоне, ки ба Покистон будани вазъи Покистон воҳимае беш нест. Ман аз Покистон чанмеоянд муаррифӣ кунам.
дин бор маҳсулоти гуногунро ба Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ (3-4 рӯз) интиқол додаам. Ҳол он ки аз Эрон ва ё Чин маҳсулот дар 7-10 рӯз ба Душанбе мерасад. Маҳсулоти Покистон бо вуҷуди сифати баланд доштанашон, арзонанд. Ман ҳайронам, ки чаро тоҷирони тоҷик ба Покистон кам меоянд. Ҳол он ки нархи меҳмонхонаҳо ва маҳсулоти ғизоӣ дар ин ҷо арзон буда, мушкилие дар гирифтани раводид ба назар намерасад. Ягона камбудӣ набудани хатсайри ҳавоӣ миёна Душанбе ва Исломобод аст. Дар ин ҷо касе аз мо дар бораи Тоҷикистон пурсад, ин кишвари дӯстро ситоиш мекунем. Зеро мо нону намаки тоҷиконро хӯрдаему
ба ин сарзамин муҳаббат дорем.
Мусоҳиб С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
дар шаҳри Қӯрғонтеппа М. Сайдалиева, М. Назаров ва Идораи нотариалӣ рад карда шуда, даъвои М. Назаров ва М. Сайдалиева қонеъ карда шуда, онҳо харидори бовиҷдон эътироф шуданд. Дар он муҳокимаи судӣ исбот шудааст, ки У. Хоҷақулова манзили истиқоматиашро бо маблағи дар боло нишондодашуда ва бонки номбурда ба гарав монда будааст. Аз баёноти худи ӯ ва шоҳидон тасдиқ шудааст, ки рӯзи гирифтани маблағи қарз фоизҳои 40-рӯзаи муайяншудаи бонкро бо квитансияи №42 7045 аз 9 марти соли 2001 худаш пардохт кардааст. Қарзи бонкии ӯ 5000 сомонӣ, фоизи бонкиаш 730 сомонӣ будааст. Ҷамъ ӯ аз бонк 5730 сомонӣ қарздор будааст, ки 200 сомонии фои-
мекунад, ки маблағи қарзи бонкиашро бо фоизаш ба бонк пардохт ва молу мулки хонаашро харидорӣ кунад, хонаро ба ӯ медиҳад. Бо мувофиқаи тарафҳо М. Назаров қарзи бонкии У. Хоҷақуловаро бо фоизаш пардохт намуда, як қисми молу мулки хонаро ба маблағи 760 сомонӣ харидорӣ кардааст ва қисми дигари молу мулки ӯро ба ноҳияи Вахш бурдааст. У. Хоҷақулова хонаро ихтиёрӣ холӣ карда, ба Назаров додааст. Давоми ду сол У. Хоҷақуловаро пайдо накарда, баъдан аз номи намояндаи бонк Р. Фархов ба номи ҳамсари худ М. Сайдалиева аз 1 октябри соли 2003 шартномаи хариду фурӯши хонаи баҳсӣ таҳти феҳрасти №1 д – 648 – ро расмӣ намудааст. Соли 2009 бошад, манзили ном-
зи 40-рӯзаашро пардохт намудааст. Маблағи қарзии ӯро дар ҳаҷми 5530 сомонӣ ҷавобгар М. Назаров ба бонк пардохт намуда, хилофи хоҳиши ӯ 1 октябри соли 2003 бо шартномаи хариду фурӯши қалбакӣ манзили истиқоматии ӯро азхуд кардааст. Баъдтар соли 2007 манзили баҳсии ӯро, ки гӯё 44 ҳазор нарх доштааст, ба маблағи қиматтар ба каси дигар фурӯхта, аз суд хоҳиш кардааст, ки 327284,35 сомонӣ маблағи боқимонда аз арзиши манзилро аз ҷавобгарон М. Назаров ва ҳамсари ӯ М. Сайдалиева рӯёнда ба ӯ диҳанд. Дар асл, вақте ки даъвогар қарзи гирифтаашро баргардонда наметавонад, барои таъмини баргардондани қарзи бонк, ба намояндаи бонки мазкур Р. Фархов барои хонаашро бо ҳуқуқи ба каси дигар фурӯхтан ихтиёран ваколатнома додааст. Хулоса, хонаро ба фурӯш гузошта, ба воситаи хешаш Собир бо М. Назаров шинос шуда, аз ӯ хоҳиш
бурдаро ба каси дигар бо нархи қимат фурӯхтааст. Дар натиҷаи ин ҳама амалиёт У. Хоҷақулова ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба хонаро аз даст додааст, чунки ба Фархов ихтиёрӣ ваколатномаи аз номи худ фурӯхтани манзилашро имзо намудааст. Тарафи ҷавобгар ҳам ҳамаи уҳдадориҳои ба зима гирифтаашро дар назди У. Хоҷақулова пурра иҷро намудааст ва дар бораи дар сурати бо нархи қимат фурӯхтани хона додани маблағи дигаре ба У. Хоҷақулова байни тарафҳо ҳуҷҷате тартиб дода нашудааст. Ҳамин тариқ, У. Хоҷақулова бар ивази 5530 сомонӣ аз хонаи истиқоматиаш маҳрум гардида, М. Назаров ва ҳамсари ӯ М. Сайдалиева бо ҳамин маблағ соҳиби хона шуда, баъдтар бо қимат фурӯхтани хона, соҳиби фоидаи бештаре шуданд.
Худкардаро даво нест… Айнан бо ҳамин мазмун дар маҷлиси ошкорои судӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа шикояти кассатсионии даъвогар Хоҷақулова Уғулой аз болои ҳалномаи Суди шаҳри Қӯрғонтеппа мавриди баргардондани маблағи пардохтнашудаи манзили истиқоматиаш муҳокима ва бинобар беасос буданаш аз тарафи Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Хатлон рад карда шуд. У. Хоҷақулова бо аризаи даъвогӣ нисбат ба М.С. Сайдалиева ва М.Қ. Назаров дар бораи баргардондани маблағи пардохтнашудаи манзили истиқоматӣ ба суди марҳилаи якум муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок кардааст, ки 9 марти соли 2001 дар асоси шартномаи қарзии таҳти №129 манзили дар кӯчаи 70-солагии Октябр, бинои 12-и шаҳри Қӯрғонтеппа доштаашро ба гарав монда, аз бахши №42 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба маблағи 5000 сомонӣ ба муҳлати як сол қарз гирифтааст. Корманди бонки мазкур М. Назаров бо роҳи фиреб, аз ҳолати бисёр вазнини ӯ истифода бурда, аҳди барои ӯ асоратоварро сохтакорона тартиб дода, манзили истиқоматии ӯро ба номи худаш расмӣ кардааст. 28 марти соли 2006 ӯ бо аризаи даъвогӣ оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ба Суди шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат карда, бо ҳалномаи суд аз 29 июни соли 2006 даъвои ӯ қонеъ гардидааст, аммо Коллегияи судӣ оид ба корҳои граждании Суди Олӣ бо таъиноти худ аз 4 майи соли 2007 ҳалномаи Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ва таъиноти Суди вилояти Хатлонро бекор кардааст. Баррасии парвандаи мазкур аз сари нав дар марҳилаи якум оғоз шуда, бо ҳалномаи Суди шаҳри Қӯрғонтеппа аз 16 декабри соли 2009 даъвои ӯ нисбат ба бахши №42 Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намоз АМОНОВ, судяи Суди вилояти Хатлон
Мошиндузд ба даст афтод Ашёи шахси дигарро дар ғайби ӯ бе иҷозат гирифтан дуздӣ аст. Ҳамаи моро аз хурдӣ таълим додаанд, ки бояд ба моли дигарон бе ризоияти онҳо даст нарасонем. Мутаассифона, баъзеҳо ин пандро фаромӯш сохта, мехоҳанд, ки моли дигаронро азхуд намоянд. Муҳассили яке аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии пойтахт Сунатулло Ятимов моҳи январи соли ҷорӣ зимни сайру гашт дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе чашмаш ба автомашинаи сабукрави тамғаи «ВАЗ-21011» афтод, ки дар кӯчаи Ҷ. Расулов, назди яке аз биноҳои истиқоматӣ гузошта шуда буд. Баъди чанд рӯз боз аз он кӯча гузашта, мошини мазкурро дар ҳамон ҷо дид. Хулоса кард, ки ин мошин беназорат гузошта шудааст. Аз ин рӯ, ба хонаашон рафта, ҳамсояҳояш Ойбеку Раҳимбойро гуфт, ки ҳамон мошини беназоратмондаро ҳамроҳи ӯ дуздида биёранд. Аммо онҳо ин пешниҳоди рафиқашонро рад карданд. Сунатулло пас аз чанд рӯз аз хона болғаву анбур гирифта, бо мақсади рабудани мошин ба пойтахт омад. Соати ҳафтуними шаб ба назди ҳамон автомашинаи зери чашмкардааш рафт. Гирду атрофро аз назар гузаронд. Азбаски он шаб барф меборид, касе дар наздиқиҳо наменамуд. Дари мошинро ба воситаи шишаи пеши мошин кушода, хост муҳаррикро ба кор дарорад. Аммо автомашина ба кор надаромад. Сунатулло дохили мошинро аз назар гузаронида, ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва ҳуҷҷатҳои автомашинаро ёфта, бо худ гирифт. Сипас, ба ҳамсояаш Акрам, ки ба мусофиркашонӣ машғул буд, занг зада гуфт: “Ман дар шаҳр бо нархи арзон як мошин харидам, вале муҳаррикаш кор намекунад. Биё онро кашида барем”. Пас аз чанде Акрам ҳамроҳи Мансур ном дӯсташ бо мошини сабукрави «Опел» омада, мошини тамғаи «ВАЗ21011»-ро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурданд. Онҳо хабар надоштанд, ки ин мошин дуздӣ аст. Сунатулло дар нимаи роҳ чашми ҳамсафаронашро хато карда, ҳуҷҷатҳои ронандагии соҳиби мошин Н. Авғоновро даронда, ба берун ҳаво дод. Ӯ мошинро на дар хонаи худашон, балки дар хонаи ҳамсояашон Хурсанд гузошт. Баъди як рӯз бародараш Наврӯз аз «мошингирӣ»-и Сунатулло хабардор шуда, пурсид: “Пулро аз куҷо ёфтӣ?” Сунатулло бародарашро фиреб дода гуфт: “Майда-майда кор карда, ба 400 доллар ин мошинро харидам”. Умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Ҳанӯз аз дуздии мошин се рӯз нагузашта, замоне ки Сунатулло бо дӯстонаш Ойбеку Раҳимбой ва Маъмуру Исмоил сайру гашт мекард, зимни ба нуқтаи сӯзишворӣ рафтан, марде аз автомашинаи тамғаи «Лиганзе» фуромада, назди онҳо омада гуфт: - Додарҷон, ин мошин аз кист? Сунатулло дасту по гум карда, гуфт: - Мошинро аз назди хонаамон ёфтам. Он мард, ки соҳиби мошини дуздидашуда буд, ба кормандони милиса занг зад. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кирдорҳои ноболиғ Сунатулло Ятимовро муҳокима намуда, ӯро бо моддаи 244 ва 339 Кодекси ҷиноӣ барои дуздӣ, нобуд ё вайрон кардани ҳуҷҷати расмӣ гунаҳкор донист. Суд муайян кард, ки зарари расонидашуда ба ҷабрдида Н. Авғонов барқарор шудааст. Бо ҳукми суд ноболиғ С. Ятимов 2400 сомонӣ ҷарима баста шуд. Дар асоси моддаи 71 КҶ ҶТ ҷазои таъиншудаи маҳрум сохтан аз озодӣ нисбат ба ноболиғ С. Ятимов шартан татбиқ нашуда, ба ӯ се сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар гардид. Сунатулло Ятимов вазифадор шуд, ки дар муҳлати санҷишӣ бидуни огоҳ кардани мақоми иҷрокунандаи ҳукм ҷои зисти доимиашро иваз накунад. Мақсад аз овардани мисоли боло дар он аст, ки ҷавонон айёми беҳтарини умри худро сарфи ҳунару илмомузӣ карда, танҳо бо меҳнати ҳалол рӯз гузарониданро одат намоянд.
Дилшод АМИНОВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар ҳаёт ҳама кор рух доданаш мумкин, ки боиси афсӯс хӯрдану пушаймонӣ мегардад. Аз ҳама бадтараш он аст, ки кас аз беандешагӣ сарпаноҳашро аз даст медиҳаду дар кӯча мемонад. Ҳар қадар пушти даст мегазад, дигар фоидааш намекунад, чунки оби рехтаро ҷамъ кардан имкон надорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
7
АЗ ТОЛОРИ СУД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
8
РУБРИКА
Дин ваҳдатро мустаҳкам мекунад
Пойдевори ҳамаи комёбиҳо
e-mail: javonontj@mail.ru
Ваҳдати миллӣ пойдевори ҳама комёбиҳост. Тамоми дастовардҳои миллати мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба Ваҳдати миллӣ зич алоқаманд мебошанд. 17 сол пеш, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари собиқ Иттиҳоди мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ воқеан дар саҳифаҳои сабақомузу дурахшони миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин навишта шуда, дорои тиннати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланд доштани мардуми бофарҳанги тоҷикро нишон дод. Агар таърихи навтарини Тоҷикистони азизро варақ гардонем, аён мегардад, ки пас аз парокандашавии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо ба чӣ мушкилию парокандагиҳое дучор шуд. Ба сари миллати мо чӣ бадбахтиҳое омад. Ҷанги шаҳрвандӣ кишварро хароб кард, ҷомеаро ноором сохта, бесарусомониҳоро пеш овард. Бештар аз сад ҳазор мардуми бегуноҳ нобуд шуд. Ҳазорон зану кӯдак бепарастор монданд. Шумораи фирориёни дур аз Ватан қариб ба миллион нафар мерасид. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият зарарҳои зиёди маънавию моддӣ ва хисороти гароне пеш омаданд. Тоҷикистон дар арафаи аз харитаи олам нобудшавию парокандашавӣ қарор дошт. Баҳудаю беҳуда замину об ва боигариҳои давлат харобу зеру забар мешуданд. Тоҷик ҳаммиллати худро чашми дидан надошт, чун гургу гусфанд буд. Авзои ҳама мардуми комилақл хира, чашми ҳамватани ғарибу дар ғурбат дурафтода тира
буд. Мардум хоҳ-нохоҳ ҳар рӯз ба оинаи нилгун менигарист ва гӯш ба радио буд. Чун барномаи «Хоки Ватан»-и радиои тоҷик садо медод, гиря соҳибватани меҳанпарастро гулӯгир мекард. Ҳар сухан, шеъру рубоии фирории дур аз Ватан дили касро ором намегузошт. Аз барномаи «Хоки Ватан» мисраю ибораҳои «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар», «Нонгадо бош, аммо ватангадо набош», «Мураму дар Ватан мурам» ва ғайра мудом ба гӯш мерасиданд. Шеъру рубоиҳои зиёде низ дилҳоро решреш мекарданд. Масалан, рубоии зерин аз «Хоки Ватан» то ҳоло аз ёд нарафтааст: Андар назарам Ватан шакар метова, Оби Ватанам қанду асал метова, Лаънат ба касе ёди ғарибӣ бикуна, Оби ғарибӣ лахти ҷигар мекова. Авзои замон аз ҳар ҷиҳат хираю тира буд. Мардум сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва дӯстию рафоқатро интизорӣ мекашид. Чун дар сессияи 16-уми Шӯрои Олӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гашт, офтоби бахти миллати тоҷик ба нурпошӣ шурӯъ намуд. «То ҳамаи фирориён ба Ватан бар нагарданд, худро ором намегузорам» гуфта, бо ибтикор ва кӯшишҳои пай дар пай тамоми фирориёнро ба хоки аҷдодии худ баргардонд. Сулҳу субот пойдор гашт. Ваҳдати миллӣ чун пойдевори ҳамаи комёбиҳо барқарор шуд. Тоҷикистон ба рушду нумӯъ оғоз кард. Имрӯз таҷрибаи сулҳофари тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои бартарафсозии муноқишаҳои дохилиашон аз он истифода менамоянд. Дар ин бобат собиқ муншии умумии СММ Кофи Аннан доир чунин гуфт буд: «Тоҷикистон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи бена-
Равандҳои дигаргуншавии ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки ваҳдати миллиро чун яке аз падидаҳое, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардидааст, қадр намуда, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, дарки худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру тоқат, омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунари муосир, меҳнатдӯстиро тарбия намоем. Ҷавонон дар оянда ҳамчун мутахассиси соҳаҳои гуногун кору фаъолияти насли имрӯзаро давом дода, Тоҷикистони азизро ба ҷаҳониён муарифӣ карда тавонанд.
зир дод. Фикр мекунам, ки саҳми Тоҷикистон дар таърих эҷоди сулҳ мебошад». Ин гуфтаҳо баҳои баланд ба мардуми фарҳангии тоҷик мебошад. Дар ҳама пешравию комёбиҳои бадастомада Ваҳдати миллӣ, ки чун обу ҳаво асоси ҳаёт аст, нақши бузург дорад. Дар давоми 17 соли пойдории сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар мардуми шарафманди тоҷик дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ бо меҳнати аҳлона ва корҳои созандагӣ ба манфиати халқу Ватан ва пешравиҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ ноил гардид. Бо шарофати сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат иншооти хурду бузурги аҳамияти ҷумҳуриявидошта, ба монанди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, шоҳроҳи мошингарди Душанбе-ҚӯрғонтеппаКӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-КулмаҚароқурум, майдони ҳавоии шаҳри Кӯлоб, нақбҳои “Истиқлол”, “Хатлон” ва “Шаҳристон”, пулҳо дар дарёи Панҷ мавриди истифода қарор ёфтанд. Бунёди нерӯгоҳҳои обии “Сангтуда-1”, “Сангтуда-2” ва бисёр иншооти дигар оғоз ёфтанду қисмашон ба анҷом расиданд. Пешравиҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба назар мерасанд. Дар ин муддат корҳое ба сомон расиданд, ки иҷрои онҳо орзуи деринаи мардуми тоҷик буданд. Тавассути Ваҳдати миллӣ дӯстии байни мардуми кишвар, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстии мардум мустаҳкам гардида, Тоҷикистон ҳамқадами давлатҳои пешқадами олам шуд. Акнун вақти он расидааст, ки мо ваҳдати миллиро ҳифз намоему баҳри пойдории он ҳатто ҷонамонро дареғ надорем. Дар ин кор ҷавонон бояд пешсаф бошанд.
Барои нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон бояд аз дину мазҳаби ислом бохабар бошанд. Чунки солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мегардем, ки наврасону ҷавонон аз бехабар будан аз дину мазҳаб ба дигар дину ҷараёнҳо гаравида, ба корҳои бад даст мезананд. Дар баробари ин, баъзе доираҳои байналмилалӣ аз ноогоҳиву бехабарии наврасону ҷавонон моҳирона истифода бурда, онҳоро ба амалҳои зишту хатарнок равона месозанд. Мушкили аслии бедавлат гаштани аксари миллатҳои дунё заиф гаштани ҳамдиливу ҳамбастагӣ дар байни ҷавонони онҳо мебошад. Қудрати ҳар миллату давлат дар нуфусаш нест, балки дар ваҳдату якдилии онҳост. Дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон баъди ба даст овардани истиқлолият муборизаҳои шадиди байниқавмӣ ё дохилиқавмӣ барои ба даст гирифтани ҳокимият ба вуқуъ мепайванданд. Мутаассифона, ҷумҳурии мо низ бо қурбониҳои зиёде аз ин роҳи пурмашақат гузашт. Ҳеҷ ягон давлатро бе ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ кафолати амнияти дохилии давлат мебошад. Тараққиёти соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демократии кишвар танҳо дар сурати мавҷуд будани ваҳдати миллӣ устувор мебошад. Мо - ҷавонон, ки ояндасози миллат мебошем, сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Роҳбари давлатро, ки бо ваҳдати миллӣ асос ёфтааст, бояд дастгирӣ карда, идома диҳем. Бо ин мақсад мо бояд барои ҷустуҷӯ кардани роҳҳои аз байн бурдани маҳалчигиро дарёфт намуда, тоҷикистониёни бисёртану якдил бимонем. Дар бисьёре аз давлатҳои пешрафта барои нигоҳ доштани вахдат ва якдилӣ қонунҳое қабул намудаанд, ки мусоидаткунандаи оромию пешрафт гардидаанд. Масалан, дар Русия, ки давлати сермиллат мебошад, Консепсияи сиёсати миллӣ амал мекунад. Дар он ҳама паҳлӯҳои муносибатҳои байни миллатҳо ба танзим дароварда шудааст.
Амир Сайиди МУНКӢ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Муродбек ДАВЛАТОВ, сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ноҳияи Қумсангир
- 27 июни соли равон ҳабдаҳумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Андешаи шумо оид ба ин ҷашни тақдирсози миллат? - Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро метавон омили бузурги пешрафти ҳама соҳаҳои кишвар номид ва созмондиҳандаи он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ин рӯйдоди аср бояд ҳар фарди тоҷик арҷ гузорад. Президенти кишвар дар Анҷумани сеюми Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон моҳи августи соли 2007 сухан намуда, соҳибихтиёрии ҳар кишварро дар се омили асосӣ: истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа маънидод намуд. Ин се арзиши бузургу муқаддас ва тақдирсоз зербинои асосии тараққиёти мамлакат мебошанд, ки хушбахтона, имрӯз мардуми тоҷик аз ин аризшҳои муқаддас бархӯрдоранд. Ваҳдати миллӣ аз баракати хира-
меовард. Халқи одӣ ба онҳо бовар мекарду дар гирумонҳояшон бесабаб азоб мекашид. Ҳама худро «дӯст», «ҳомӣ» ва «пуштибон»-и мардум эълон намуда, бесомониҳоро рӯйи кор меоварданд. Хушбахтона, дар ин давраи сарсонии миллати тоҷик Иҷлосияи таърихиву тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардиду хиради азалии миллати тоҷик боло гирифт ва фарзанди фарзонаи миллат, сарсупурдаи хоки Ватан, ғамхору муниси халқ Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Мардуми азияткашида пас аз хастагию парешонии чандинсола, пас аз чашиданҳои шарбати талхи ҷангу ғарибӣ бори аввал аз забони раиси тозаинтихоб ин нидоро шуниданд: «Ман кори худро аз сулҳу салоҳ ва пойдории он оғоз мекунам, то охирин гурезаи тоҷик дар мулки ғарибӣ аст, ман дар Ватан осуда наме-
дар шароити мусоиди тобистону тирамоҳ молу маҳсулоти зарурии ғизоию ба талаботи хоҷагидорӣ ҷавобгӯро ба вилоят кашонда, муддати ним сол (ноябр - май) бо марказ ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ роҳи автомобилгард тамоман баста мешуд. Дар замони истиқлолият вилоят аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфта, бо давлатҳои ҳамсоя роҳи рафтуомадро пайдо намуд. Имрӯз Бадахшон дар оғози Шоҳроҳи Абрешим, ки бо роҳнамоии Сарвари давлат сохта шуд, қарор дорад. Мамолики Осиёи Марказӣ бо уқёнуси ҷаҳонӣ пайваст шуд. Ин амали хайр, албатта, кори осон набуд. Вақте Президенти мамлакат дар яке аз маҷлисҳои васеъ иброз дошт, ки «Мо роҳи Кӯлоб-Дарвозро бо зоғнӯл ҳам бошад, месозем», ҳамагон дар ҳайрат монданд, ки ин ҳамон роҳест, ки дар замони гулгулшукуфии давлати тавонои шӯравӣ сохта натавонистанд, дар вазъи имрӯзаи иқтисодиёти хароб чӣ гуна онро хоҳанд сохт? Президент
Бадахшон – оғози Шоҳроҳи Абрешим
Мусоҳибаи хабрнигори рӯзнома Кӯйбек Шарифзода бо муовини раиси Шӯрои Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ Ҷонибек Қозибеков ди азалӣ ва азму иродаи матини миллати кӯҳанбунёду фарҳангпарвар ва тамаддунофарамон асос ёфта, мамлакатро аз харобӣ, миллатро аз парокандагӣ ва Ватани азизамонро аз нобасомониҳо наҷот дод. Солҳои истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ барои ҳар як сокини Тоҷикистон давраи имтиҳону озмоишҳои басо вазнини ҳаёт, давраи расидан ба ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат ва оштии миллӣ буд. Солҳо мегузаранду наслҳои нав зиндагии тозатару гуворотареро пеш мегиранд. Вале амнинам, ки ҳар фарди тоҷикистонӣ боре ба қафо менигараду вазъи солҳои 90-уми асри ХХ-ро дар тарозуи андеша бармекашад ва он гоҳ бори дигар ба фитрати азалии аҷдодон, ки Ваҳдатро эҷод карда буданду миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот доданд, аҳсан мехонанд. Аҳсан мехонанд ба онҳое, ки сулҳу суботро бо қимати хеле гарон бошад ҳам, харидорӣ карданду якпорчагии диёри худро таъмин. Он солҳо дар Бадахшон ҷанг набуд, вале вазъи носолими сиёсии он аз ҷанг камӣ надошт. Қувваҳои гуногуни мансабталош ва силоҳдор оромии мардумро комилан халалдор мекарданд. Яке мансаб меҷуст, дигаре сарвати безаҳмат гирд
тавонам зист». Мардум, ки чанд сол калимаи «сулҳ»-ро нашуниду ташнаи он буд, аз шунидани он нафаси тоза гирифт. Дар чунин лаҳзаи ҳассос Ваҳдат тавлид ёфту дар пайраҳаи пурпечутоб ва вазъи хеле сангин нахустин қадамҳои устувор гузошт. - Доир ба фаъолияти Шӯрои ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ВМКБ чӣ гуфтаниҳо доред? - Аз рӯзи таъсисёбии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қариб 17 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддати начандон зиёди таърихӣ корҳои бисёре ба сомон расид, ки иҷрояшон дар тӯли даҳсолаҳо номумкин буд. Дар миқёси ҷумҳурӣ садҳо километр роҳҳо, пулу нақбҳо ба чор тарафи дунё сохта шуданд. Танҳо дар 23 соли истиқлолият ба дарозии 30 километр нақбҳои обгузару нақлиётӣ канда шуд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин фосилаи вақт роҳеро паймуд, ки метавон онро бо садсолаҳо қиёс кард. Зеро вилоят дар замони шӯравӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ буд. Тамоми мушкилот дар бумбасти коммуникатсионӣ нигоҳ доштани вилоят ҳисоб меёфт. Аз ин ҷиҳат фақат
ба қавлаш устувор истода, роҳи КӯлобДарвоз дар муддати кӯтоҳ сохта шуду Девдара ба Гулдара табдил ёфту ба Шоҳроҳи Абрешим пайваст. Шоҳроҳи МурғобҚулма-Қароқурум дар сатҳи меъёри байналмилалӣ сохта шуд. Имрӯз тоҷирони тоҷику чинӣ тавассути он табодулоти мол доранд. Бо сохта шудани шаҳпулҳои замонавии мавзеъҳои Шуғнон, Дарвозу Ишкошим ва Хумроғии ноҳияи Ванҷ савдои муштараки наздисарҳадӣ равнақу ривоҷ ёфта, сатҳи зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст. Тамошои барномаҳои телевизиони тоҷик барои бадахшониҳо афсонаи бофтаи хаёлии «Оинаи ҷаҳоннамо» буд. Имрӯз барномаҳои шабакаи аввал, шабакаҳои «Сафина», «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» дар ҳама маҳаллаҳои аҳолинишини вилоят намоиш дода мешаванд. Зимни сафари охири Президенти мамлакат ба бунёди хонаҳои истиқоматии нуҳошёна, азнавсозии хати обу ташноби шаҳри Хоруғ ва дигар иншооти вилоят санги асос гузошта, ҳоло сохтмони аксарияти онҳо оғоз шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди
вилоят даҳҳо нерӯгоҳи барқи обӣ ва иншооти истеҳсолӣ сохта шуданд. Боиси ифтихор аст, ки бошандагони вилоят тамоми сол бо нерӯи барқ таъминанд. Маблағгузорӣ ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз бештар мегардад. Агар ба факту рақамҳо рӯ оварем, он гоҳ мебинем, ки дар тӯли солҳои 1992-2000-ум барои рушду тараққиёти вилоят ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас аз соли 2001 ба буҷаи вилоят 4 миллиарду 600 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки асосан ба соҳаи иҷтимоӣ, сохтмони иншоот, роҳҳо ва дастгирии буҷаи вилоят равона гардидаанд. - Дар самти тарбияи маънавии сокинони вилоят чӣ тадбирҳо андешида шудаанд? Масъалаи тарбияи маънавии меҳнаткашон дар фаъолияти Шӯрои вилоятии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мавқеи намоён дорад. Дар ин бобат ҳамкории шӯрои мазкур бо бахши Бадахшонии Иттифоқи нависандагон, журналистон, Раёсати маорифу фарҳанг ва ташкилотҳои ҷамъиятиву созмонҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ҷолиби таваҷҷуҳ мебошад. Бо дастгирии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ин давра зиёда аз 33 адад китоби шоирону нависандагон, олимону рӯзноманигорон ва шахсони алоҳида ба нашр расид. Ҳар сол ҳаракати «Корвони Ваҳдат» маҳз аз Бадахшон, аз ағбаи Қулма оғоз ёфта, дар шаҳрҳои Исфара, Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат ҷамъбаст мешавад. Қобили зикр аст, ки дар қаламрави вилоят чанд соли охир бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти шаҳру ноҳияҳо, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ як қатор мушкилоти маҳалро ҳаллу фасл намудаанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
9
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
24 июни соли равон дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳӯрӣ ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - пойдевори давлати соҳибистиқлол” сӯҳбати гирди миз доир гашт. Дар он намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, шӯрои занони шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони меҳнат, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои миёнаи умуми кишвар иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо за- шаҳрвандӣ одатан дуру дароз давом мекунанд. Ба он нон ва оила Махфират Хидирова иштирокчиёнро ба дараҷае мерасанд, ки хусусияти роҳҳои ҳалли низоъҳоро ҷашни ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки 27 дигар ҷонибҳо намеёбанд, чунки ҳар қадаре ки зуроваиюни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташак- рию хушунат зиёд шавад, ҳамон қадар роҳи ҳалли масъкулёбии давлатдории тоҷикон ворид гашт. “Ин иди фар- ала мушкилтар мешавад”. хунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш боиси эҳёи Сипас, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо ба- ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. рам, собиқадорони меҳнат Адолат Раҳмонова, Гулҷаҳон Имрӯз беҳуда нест, ки аз ҷониби ташкилотҳои бонуфузи Бобосодиқова, Адолат Ҷурабоевна ва дигарон суханронӣ байналмилалӣ, аз ҷумла, СММ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон намуда, доир ба ваҳдати миллӣ ва чӣ қадар азобу нодир эътироф гардидааст. Инчунин, институтҳои гуно- машақат кашидани мардум дар солҳои мудҳиши ҷанги гуни бунёди сулҳ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд. дохилӣ ёдовар шуданд. Ин падидаи муҳим аст, зеро мо медонем, ки ҷангҳои Қобили қайд аст, ки имзои созишномаи истиқрори
сулҳ 17 сол пеш ба ҷанги панҷсолаи харобиовари дохилӣ дар кишвар хотима дод, ки бино ба омори тахминӣ дар натиҷаи он беш аз 150 ҳазор нафар ҳалок ва ҳудуди 7 миллиард доллар хисорот ворид шудааст.
Ҳасан АЗИЗОВ «ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон нодир аст
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМ
Исломободро яке аз пойтахтҳои зебову сарсабзи қитъаи Осиё ном мебаранд. Ин шаҳри гулпӯш ним аср мешавад, ки маркази маъмуриву сиёсию иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба шумор меравад. Зимни таъсиси Покистон пойтахти он шаҳри бандарии Карочӣ буд. Соли 1959 ҳукумати ин мамлакат қарор дод, ки пойтахти наву замонавӣ бунёд намояд.
корхонаҳои калони саноатӣ нестанд. Танҳо як қатор корхонаҳои миёнаву хурди саноати сабуку хӯрокворӣ ва дӯконҳои ҳунармандӣ амал мекунанд. Дар Исломобод Китобхонаи миллӣ, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти ядроӣ ва технология, Пажӯҳишгоҳи миллии мероси мардумӣ, Боғи садбарг ва ёсуманҳо, Боғи «Маргалла Ҳиллс» (масоҳаташ 16 гектар), Донишгоҳи Қоиди Аъзам, Донишгоҳи Аллома Иқбол мавҷуд аст. Соли 2007 дар ин ҷо Рамзи покистон қомат афрохт, ки мисли ғунчаи гули навшукуфта 4 музофот ва се ҳудуди маъмурӣ (Гилгит-Балтистон, Озод Кашмир ва Минтақаи Қабилаҳо)-ро ифода мекунад. Яке аз калонтарин масҷидҳои Осиёи Ҷанубӣ масҷиди Шоҳ Файсал мебошад.
хуб ба роҳ монда шудааст. Меҳмонхонаҳои «Мариотт», “Исломобод-Серена” ва ғайра бо сифати баланди хизматрасониашон шуҳрат пайдо кардаанд. Нархи хизматрасонии аксар меҳмонхонаҳо арзону дастрас аст. Аз ин рӯ, дар қатори сайёҳони хориҷӣ сокинони минтақаҳои дурдасти Покистон низ дар ин меҳмонхонаҳо истироҳат мекунанд. Дар наздикии Исломобод минтақаи археологии Таксил (Такспа) мавҷуд аст, ки зери ҳимояи ЮНЕСКО қарор дорад. Муаррихон осори дар ин мавзеъ ёфтшударо ба солҳои 600-500-и то солшумории мелодӣ нисбат медиҳанд. Дар масоҳати 25 километри мураббаъ 4000 иншооти таърихӣ ёфт шудааст, ки нишонаи тамаддуни форсҳо, юнониҳо, скифҳо, кӯшониҳо ва
Бо дархости роҳбарияти Покистон меъмори юнонӣ Константинос Доксиадис дар шимоли шаҳри Равалпиндӣ тарҳи шаҳри навро тартиб дод, ки ба он Исломобод ном гузоштанд. Тайи қариб 7 сол шаҳри Равалпиндӣ пойтахти муваққатии Покистон буд. Соли 1967 тамоми вазорату кумитаҳои давлатӣ ба Исломобод кӯчиданд. Имрӯз ин ду шаҳрро «шаҳри дугоник» ном мебаранд. Дарвоқеъ, Исломобод хеле зебо тарҳрезӣ шудааст. Роҳҳои тахту ҳамвор, иморатҳои хушсохт, боғу гулгаштҳои назаррабо ва обу ҳавои муътадили он ба ҳар як сайёҳ писанд меояд. «Айвони Садр» (Қасри Президент) бинои Парламент, Радиои Покистон, идораҳои ҳукуматӣ, осорхонаву меҳмонхонаҳои сершумори он хеле зебо сохта шудаанд. Азбаски шаҳр дар ҷои холӣ бино ёфтааст, иморатҳо чандон ба ҳам зичу дилгиркунанда нестанд. Нуқтаи баландтарини шаҳр 1604 метр ва нуқтаи аз ҳама пасти он 457 метр мебошад. Соле дар ин ҷо ба ҳисоби миёна 1150 милиметр бориш мешавад. Обу ҳавои Исломобод ба Душанбе шабоҳат дорад. Зеро дар шимоли он баландтарин қаторкӯҳҳои ҷаҳон - Помир, Ҳиндукуш ва Қароқурум бо ҳам пайваст мешаванд. Аз наздикии он яке аз дарёҳои бузурги Осиё-Ҳинд мегузарад. Исломобод ҳамчун пойтахт маркази фарҳангии Покистон ба шумор меравад. Дар ин ҷо сатҳи саводнокии аҳолӣ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар аз ҳама баланд аст. Азбаски шаҳр танҳо бо мақсади пойтахт будан сохта шудааст, дар ин ҷо
Лоиҳакашӣ ва сохтмони он соли 1976 оғоз ёфта, соли 1986 пурра ба итмом расидааст. Масҷид бо васияти шоҳи Арабистони Саудӣ Малик Файсал ибни Абдулъазиз сохта шуда, масоҳаташ ба 18,97 гектар мерасад. Баландии чор манораи он 88-метрӣ мебошад. Балландии гумбази масҷид 40 метр аст. Дар як вақт дар ин масҷид аз 70 то 100 ҳазор нафар намоз хонда метавонанд. Яке аз мавзеъҳои дидании Покистон «Домани кӯҳ» ном дорад. Меҳмонону сокинони пойтахт ба ин мавзеи сарсабзу барҳавои Исломобод омада, аз домани кӯҳ шаҳрро тамошо мекунанд. Дар доманакӯҳи Маргалла бошад, осоишгоҳи «Пир Соҳава» ҷойгир аст, ки дар он низ майдонҳо барои тамошои шаҳр мавҷуданд. Масалан, сектори ҳукуматӣ, тиҷоратӣ, саноати сабуки Исломобод ба 8 гектар тақсим шудааст, ки ҳар кадом ба соҳае муайян кардааст. Дар ин шаҳр кӯлҳои сунъии Равал, Симлӣ ва Нилуфар мавҷуданд. Аҳолии Исломобод аз рӯи маълумоти омор ба 1 миллиону 151 868 нафар мерасад. Ҳайати этникии онро панҷобиҳо, паштунҳо, синдхҳо, балуҷҳо ва муҳоҷирон ташкил медиҳанд. Фурӯдгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳутто 10 километр дуртар аз шаҳр воқеъ буда, ба он ҳар рӯз аз шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Осиёиву Африқо ва Аврупо ҳазорон нафар сайёҳон меоянд. Ҳунармандон дар дӯконҳои худ маснуоти заргарӣ, фулузоти гуногун, чарм, чӯб тайёр кардаашонро ба фурӯш мегузоранд. Соҳаи хизматрасонӣ дар Исломобод хеле
ғайра мебошанд. Шоҳроҳи бузурги Исломобод номи Қоиди Аъзам (Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ)-ро дорад. Дар ин ҷо чорабиниҳои бузурги миллӣ, аз қабили паради низомӣ, ба муносибати Рӯзи Покистон (23 март) доир мегардад. Дар Исломобод маҳаллаҳое, ки дар он сокинонаш дар хонаҳои якошёна зиндагӣ кунанд, қариб ки нест. Шаҳрдорӣ барои тоза нигоҳ доштану баланд бардоштани статуси пойтахт кӯшиши зиёд мекунад ва муваффақ ҳам шудааст. Чунончи, Исломобод яке аз шаҳрҳои тозатарини Осиёи Ҷанубӣ маҳсуб меёбад. Яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардуми миёнаҳолу дорои Исломобод осоишгоҳи кӯҳии “Маррӣ” мебошад, ки аз шаҳр дар дурии 60 км. ҷой гирифтааст. Ҳамчунин, дар Исломобод мавзеи истироҳатии «Шакарпариён» воқеъ аст, ки пур аз гулҳои садбаргу ёсуман мебошад. Ҳангоми сайругашт дар пойтахти Покистон омехтагии санъати меъмории Аврупою Осиёро ба хубӣ эҳсос мекунед. Зимни лоиҳакашӣ ҷиҳатҳои ҳаворас будани биноҳо, доштани майдонҳои мошинмонӣ, сабзазоркунии гирду атрофи иморатҳо, ҷойҳои фароғату дамгирӣ ба нақша гирифта шудааст. Номгӯи дарахтон низ якхела нест. Дар ин ҷо аз арчаву сӯзанбарг сар карда, то нахл (палма) ва дарахтони баргпаҳнро дидан мумкин. Дар боғу гулгаштҳо пешакӣ пайроҳаҳо сохтаанд, ки поймолкунии гулу сабзазорро пешгирӣ мекунад. Таваҷҷуҳи мардум низ барои тоза
Чаро ба Исломобод хатсайр нест?
нигоҳ доштани кӯча ва гулгашту сабзазор зиёд аст. Масъулон дар ҷойҳои назаррас шиорҳои ба тозагӣ даъваткунандаро насб намудаанд. Чунончи, чунин таблиғномаҳоро дидем, ки дар яке аз онҳо чунин навишта шуда буд: «Сафаӣ нисфи имон ҳе. Анки мо ҳавл ку саф ракҳе!» (Тозагӣ нисфи имон аст. Гирду атрофи худро тоза нигоҳ доред!) Дар Исломобод шоҳиди он гаштем, ки мардум хеле зиёд оилавӣ ба сайру гашту истироҳат мебароянд. Масалан, бисёриҳо пеш аз шом ба масҷиди Шоҳ Файсал мераванд. Мардон сафҳоро гирифта амри маъруф гӯш мекунанд, занон низ ба ошёнаи дуюм баромада, дар ҷои махсуси барояшон муайяншуда намоз мехонанд. Кӯдакон берун аз масҷид то омадани волидайн дар ҷои муайяншуда ба шӯхию бозии худ машғул мешаванд. Баъди шом дастҷамъона ба тарабхонаю ошхонаҳои сершумори Исломобод барои ғизохӯрӣ мераванд. Ҳеҷ кас ба сару либоспӯшии касе кор надорад. Тӯйҳо дар пойтахти Исломобод хеле серхарҷ мегузаранд. Яке аз роҳбаладони мо бо номи Шоҳид изҳор намуд, ки аксари тӯйҳо дар тарабхонаҳо мегузаранд, аммо бе машруботи спиртӣ ва даъват кардани сарояндагон. Мо яке аз шомгоҳон дар меҳмонхонаи «Исломобод-Серена» шоҳиди баргузории тӯйи домодию арӯсие шудем. Ба тӯй қариб 500 нафар меҳмон даъват шуда буданд. Занон дар дохили тарабхона ва мардон дар саҳн (боғ)-и тарабхона менишастанд. Чор-панҷ намуд хӯрок, меваю шарбат ва шириниҳои гуногун рӯи мизҳо гузошта шуда буд. Илова ба харҷи зиёфат домодро лозим меояд, ки ба арӯсу наздиконаш тилловорию ҳадяҳо бихарад. Бинобар ин, дар Покистон аксари ҷавонон баъди соҳиби маълумоту ҷои кори доимӣ шудан фикри хонадоршавиро мекунанд. Ҳарчанд муддати парвозу ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Исломобод ҳамагӣ 1-1,5 соат бошад ҳам, то ҳол мо бо пойтахти Покистон хатсайри ҳавоӣ надорем. Соли гузашта ширкати ҳавопаймоии «Тоҷикэйр» 2-3 парвози санҷишӣ анҷом доду бо ҳамин хатсайри мазкур баста шуд. Сабабашро дар набудани мусофирон шарҳ доданд. Вале ин ҷо сабаб дар набудани таблиғот аст. Дар Исломобод ба мо гуфтанд, ки ҳатто нуқтаи фурӯши чиптаҳои хатсайри мазкур муайян набуд. Менеҷерони ширкатро лозим буд, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳӣ, сафорати Тоҷикистон дар Покистон, Сафорати Покистон дар Тоҷикистон, рӯзномаву сомонаҳои интернетӣ тарғиби хатсайри мазкурро ба роҳ монанд. Хатсайри Душанбе-Исломобод наздиктарин роҳи ҳавоӣ аз Осиёи Марказӣ ба Покистон аст. Агар хатсайри мазкур идома меёфт, соҳибкорону сайёҳони вилоятҳои ҷанубии Қирғизистону Ӯзбекистон низ бо ин роҳ ба Покистон мерафтанд. Дар конфронси САВОС, ки чанде пеш дар шаҳри Исломобод бо иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон доир гардид, намояндаи Қирғизистон эълон намуд, ки тобистони ҳамин сол хатсайри ҳавоии Бишкек-Лоҳур ифтитоҳ мешавад. Мо чаро мунтазир мешавем? Фирефтаи ахбори сомонаҳои русзабон шудан лозим нест. Исломобод ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ бо Покистон мусоидат хоҳад кард.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Тақвими моҳи шарифи рамазон
Ҳар ки дар Рамазон аз рӯи имону ихлос рӯза бигирад, ҳамаи гуноҳҳои дар собиқ кардааш бахшида мешавад. (Ҳадиси муттафақ) Тибқи қарори маҷлиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 10875 сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз он 272 сомонӣ закот дода мешавад. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ 4 сомонӣ, фидяи савм дар Рамазони имсол барои соҳибони узри шаръӣ ба миқдори 300 сомонӣ дар 30 рӯз муайян гардидааст.
РАМАЗОН 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30
РӮЗҲОИ ҲАФТА Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе Душанбе Сешанбе Чоршанбе Панҷшанбе Ҷумъа Шанбе Якшанбе
ИЮН-ИЮЛ 28 29 30 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27
Ислоҳшавиро аз рамазон оғоз кунем Моҳи Рамазон ба вақти неъмат омад, Аз назди Худо ба банда раҳмат омад. Ҳар кас ки кунад хизмати устод ба ҷон, Ҷояш ба яқин даруни ҷаннат омад. Мардуми мусулмон Рамазонро «Султони моҳҳо» номидаанд. Соли равон ин моҳи муборак 28 июн фаро мерасад. Ба гуфтаи ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам Рамазон моҳест, ки даҳрӯзаи аввалаш раҳмат, даҳрӯзаи миёнааш мағфират ва даҳрӯзаи сеюмаш халосӣ аз оташи дӯзах аст. Дар як ҳадиси Расули Акрам (с) таъкид шудааст: «Ба хок молида шавад бинии он шахсе, ки Рамазонро дарёфту мавриди омурзиш қарор нагирифт». Пас, бояд ҳар яки мо кӯшиш кунем, ки аз фазилатҳои ин моҳи бобаракат баҳравар шавем. Гирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон яке аз аркони панҷгонаи ислом аст. Ғайр аз тарки хӯрдану нӯшидан ва худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ дар давоми рӯз рӯзадорро лозим аст, ки дасту забону чашму гӯши худро аз ҳаром нигоҳ дорад. Шайх Аттор дар ин хусус мефармояд: Ҳар узвро бидон, ки ба таҳқиқ рӯзаест, То рӯзаи ту рӯза бувад назди Кирдугор. Аввал нигоҳ дор назар, то рухи чу гул, Дар чашми ту наяфканад аз ишқи хеш хор.
Рӯзадорро лозим аст, ки чашми худро аз нигаристан ба сӯи номаҳрамон, умуман, ҷойҳое, ки Худованд нигаристан ба онро ҳаром гуфтааст, нигоҳ дорад. Албатта, нигоҳи олуда ба шаҳват ба сӯи номаҳрам берун аз моҳи Рамазон ҳам ҳаром аст. Модоме ки рӯзадор нафси худро аз талаботи муҳимтарин хӯрдану нӯшидан бармедорад, кӯшиш намояд, ки аз нигоҳи ҳаром низ худро боздорад, то рӯзааш зоеъ нашавад. Ҷобир разияллоҳу анҳу мефармояд: «Агар рӯза гирифтӣ гӯш, чашм ва забонатро аз дурӯғу чизҳои ҳаром нигоҳ дор. Ҳамсояатро озор мадеҳ ва бар худ виқору тамкинро лозим шумор. Рӯзе, ки дар он рӯза мегирӣ, бо рӯзе, ки ифтор мекунӣ (рӯза намегирӣ) баробар макун!» Дигар, бибанд гӯш зи ҳар ношуниданӣ, К-аз гуфтугӯи ҳарза шавад ақл торумор. Яъне, рӯзадор бояд гӯши худро аз шунидани чизҳои ҳаром, ба монанди ғайбат, дурӯғ, суханони бемаънӣ, лаҳв (беҳудагӯӣ, фачсароӣ) нигоҳ дорад. Дигар забони хеш, ки ҷойи санои ӯст, Аз ғайбату дурӯғ фурӯ банд устувор. Анас ибни Молик (р) мефармояд: «Рӯза надорад касе, ки зери соя нишаста, гӯшти мардумро мехӯрад». Мурод аз «хӯрдани гӯшти мардум» ғайбат кардан аст. Дар як ҳадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки рӯзадор бояд аз ғайбату дурӯғ
СУБҲИ СОДИҚ 3:15 3:15 3:15 3:16 3:17 3:18 3:19 3:20 3:21 3:22 3:23 3:24 3:25 3:26 3:27 3:28 3:29 3:30 3:31 3:32 3:33 3:34 3:35 3:35 3:36 3:37 3:38 3:39 3:40 3:41
ШОМ 20:05 20:05 20:05 20:04 20:04 20:04 20:04 20:03 20:03 20:03 20:02 20:02 20:02 20:01 20:01 20:00 20:00 19:59 19:59 19:58 19:57 19:56 19:55 19:54 19:53 19:52 19:51 19:50 19:49 19:48
худдорӣ кунад, зеро инҳо зоеъкунандаи рӯза ҳастанд. Дигар ба вақти рӯза кушодан махӯр ҳаром, Зеро, ки хун хӯрӣ ту аз он беҳ ҳазор бор. Яъне, тамоми рӯз гушнаву ташна гашта, шомгоҳон ба моли ҳаром (аз пули дуздӣ, пора, судхӯрӣ, ғасби моли мардум) ифтор намудан савоби рӯзаро барбод медиҳад. Ниёгонамон дар маҷмуъ хӯрдани моли ҳаромро нописанд дониста, онро чунин маҳкум кардаанд: Серии рӯи замин аз нони гандум мешавад, Равғани аҳли ситам аз моли мардум мешавад. Рӯ ба Ҳақ меовару аз моли мардум тавба кун, Моли мардум бар тани ту мору каждум мешавад. Ҳар шахс бояд дар танҳоӣ ба худ чунин
НИЯТИ РӮЗА АРАБӢ. Ва лисавми ғаддин мин шаҳри рамазоналлазӣ фаризатан навайту. ТОҶИКӢ. Ният кардам рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб. ДУОИ ИФТОР АРАБӢ. Аллоҳумма лака сумту ва бика оманту ва алайка таваккалту ва ало ризқика афтарту. ТОҶИКӢ. Парвардигоро! Барои розигии Ту рӯза доштам ва ба Ту имон овардам ва ба Ту такя дорам ва ба ризқи додаи Ту ифтор кардам.
савол гузорад: “Оё ягон бор аз тарси Худо ашк резондаам?”, “Оё ба хотири Худо дасти муҳтоҷу нотавонеро гирифтаам?”, “Оё сари ятимеро аз рӯи шафқату меҳрубонӣ сила намудаам?”, “Барои наздикшавӣ ба даргоҳи илоҳӣ ва дарёфти ризои Ӯ чӣ кори неке анҷом додаам?” Вақте инсон дарк мекунад, ки Худованд аз ҳар қадаму нафас, яъне, гуфтору рафтораш огоҳ аст, ҳеҷ гоҳ ба бадӣ иқдом намекунад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунем, ки дар баробари поксозии ҷисм дар ин моҳи муборак рӯҳи худро низ пок созем. Тамоми ҳамватанони гиромиро ба фаро расидани моҳи шарифи Рамазон, моҳи бахшиши гуноҳону қабули тавба, наҷот аз оташи дӯзах ва моҳи хайру баракот табрик намуда, аз Худованд умед дорем, ки тоату ибодатҳоямонро қабул ва дилҳоямонро бо нури “Қуръон” мунаввар гардонад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
e-mail: javonontj@mail.ru
Эй муъминон! Бар шумо рӯза фарз гардонда шуд, ҳамон гуна, ки бар пешиниёни Шумо фарз шуда, ки Шумо парҳезгор шавед. (Сураи Бақара-183)
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
11
МАЪНАВИЁТ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
“Истиқлол” – ғолиби марҳилаи якум Марҳилаи аввали Чемпионати мамлакат оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфт. Тими “Истиқлол” бо 24 хол дар садри ҷадвал қарор гирифт. Дастаҳои “Хайр” ва “Парвоз” бо 16-холӣ мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Бозиҳои даври нуҳум 21 июн доир гаштанд. “Равшан” аз “Энергетик” бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Голҳоро Феликс Баффое дар дақиқаи 36 ва Шавкати Ҳотам дар дақиқаи 87 заданд. Тими “Парвоз” бар дастаи КМВА “Помир” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ба голи задаи легионери КМВА “Помир” Алиа Силла дар дақиқаи 53, ҳамлагари “Парвоз” Илҳом Баротов бо ду гол (дақиқаҳои 81, 87) ҷавоб гардонд. “Хуҷанд” дар меҳмонӣ аз дастаи “Хайр” шикаст хӯрд – 0:2. Баҳодур Шарифов дар дақиқаи 30 ҳисобро кушод. Ҳусейн Суҳробӣ дар дақиқаҳои иловагӣ голи дуюмро зад. “Истиқлол” дар меҳмонӣ ба дарвозаи дастаи “Вахш” 3 голи беҷавоб зад. Даврон Мирзоев дар дақиқаи 35 ҳисобро кушод, ҳамдастаҳояш Умедҷон Шари-
фов (дақиқаи 44) ва Комил Саидов (69) ҳисобро афзуданд. Ниҳоят, бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “ДалеронУротеппа” мусовӣ (2:2) анҷом ёфт. Ҳисоб аз ҷониби Абдурасул Раҳмонов, бозингари “Регар-ТадАЗ” кушода шуд.
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М Б
Т/Т
Х
1
«Истиқлол» (Душанбе)
9
8
1
0
35-4
25
2
«Хайр» (Ваҳдат)
9
5
1
3
14-11 16
3
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
9
5
1
3
15-16 16
4
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
9
4
3
2
11-12 15
5
«Энергетик» (Душанбе)
9
4
2
3
11-8
6
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
9
3
3
3
14-12 12
7 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 9
3
3
3
8-8
12
8
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
9
2
1
6
3-11
7
9
«Равшан» (Кӯлоб)
9
2
0
7
11-29
6
10
КМВА «Помир» (Душанбе)
9
1
1
7
5-16
4
“Хайр”-ро мураббии белорус машқ медиҳад Дорандаи медали биринҷии Чемпионати мамлакат дар соли гузашта, тими “Хайр”-и Ваҳдат соҳиби мураббии нав шуд. Пётр Качуро, мутахассиси 41-солаи белорус бо клуби футболи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат қарордод баста, то охири сол сармураббигии ин дастаро бар дӯш гирифт. Сармураббии собиқи даста Рустам Хоҷаев ба ҳайси ёрдамчии Качуро фаъолият мекунад. Пётр Петрович Качуро 2 августи соли 1972 дар шаҳри Оршаи Ҷумҳурии Белорус таваллуд шуда, дар мактаби варзишии зодгоҳаш ба машқи футбол машғул мешавад. Дар дастаҳои футболи Белорус, Англия, Чин ва Русия бозӣ кардааст. Аз соли 2006 ба кори мураббигӣ гузашт. Ба ҳайси сармураббӣ дар дастаҳои “Динамо” (Минск), Неман (Гродно) ва “Динамо-2” фаъолият кардааст.
ГӮШТИН
Мусобиқаи гӯштини юнонӣ-римӣ дар Хуҷанд Дар Қасри варзишии «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ барои дарёфти ҷоизаи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзомуҳиддин Қутфиддинов баргузор гардид. Дар мусобиқа 70 нафар варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Абдусамад Ҳоҷибоев аз зарбаи ёздаҳметра ҳисобро баробар кард. Фирӯз Раҳматов дар дақиқаи 54 ҳисобро ба нафъи “Регар-ТадАЗ” тағйир дод. Ба ин гол Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 81 ҷавоб гардонд.
МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚА
КАДР
e-mail: javonontj@mail.ru
ВАРЗИШИ САБУК
Дар фарҷом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба 32 нафар ғолиби мусобиқа туҳфаҳо тақдим гардид.
14
ФУТБОЛИ БОНУВОН
Бонувони футболбози кишвар бо Ӯзбекистон бозӣ мекунанд Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръапартоии даври интихобии Чемпионати Осиё-2015 миёни бонувони то 16-сола доир гашт. Дар он 21 даста – 12 даста дар минтақаи Ғарб ва 9 даста дар минтақаи Шарқ – ширкат мекунанд. Дастаи мунтахаби бонувони мамлакат (U-16) дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Узбекистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон бозӣ мекунад. Мусобиқа 4-13 октябр дар Шри-Ланка баргузор мешавад. Шогирдони Сулаймон Бобокалонов 4 октябр бо Фаластин, 6 октябр бо Баҳрайн, 8 октябр бо Ӯзбекистон, 11 октябр бо Шри-Ланка ва 13 октябр бо Қирғизистон бозӣ хоҳанд кард. Ба даври финалии Чемпионати Осиё ғолибони чор гурӯҳ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон, ҶХДК, Чин ва Тайланд, аллакай ба даври финалӣ роҳхат доранд.
Медали биринҷии Абдурауф аз Тайван Абдурауф Мӯсоев, донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук байни навҷавонон, ки дар Тайван доир гашт, медали биринҷӣ ба даст овард. Абдурауф, ягона намоян- қаҳрамонӣ даст ёфт. Мақоми даи кишвар дар ин мусобиқа дуюмро ҳамдиёри ӯ Аҳмад гурзро ба дарозии 68 метру 35 Амҷад бо натиҷаи 68 метру 90 сантиметр ҳаво дода, мақоми сантиметр соҳиб гашт. сеюмро соҳиб шуд. Ашраф Дар ин мусобиқа варзишАмҷад аз Қатар бо натиҷаи 79 гарони 29 кишвар ширкат дометру 71 сантиметр ба унвони штанд.
РУШДИ ВАРЗИШ
Бунёди 17-ум майдончаи варзишӣ дар Хуҷанд Бо ибтикори сокинони маҳаллаи Мевагул ва пуштибонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар маҳалла майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Тавре аз Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи ин майдончаи варзишӣ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, барои ин ташаббуси наҷиб ба бошандагони ин маҳал изҳори сипос намуд. Майдончаи варзишӣ барои бозии кӯдакон ва машғулияти эшон ба намудҳои варзиш, мисли баскетбол ва машқи бадан сохта шудааст. Барои бунёди майдончаи варзишӣ зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ сарф шуда, ҷиҳати босифат ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани он аз ҷониби сокинони маҳалла гурӯҳи ташаббускор созмон ёфтааст. Қобили тазаккур аст, ки то ин замон дар шаҳри Хуҷанд ҳафт майдончаи варзишӣ, асосан бо ташаббус ва иқдоми худи сокинони маҳаллаҳо ва дастгирии соҳибкорон бунёд ёфтаанд. Тибқи дастуру супоирши раиси шаҳр дар назар аст, ки бахшида ба 20-солагии қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ боз 13 майдончаи дигар дар маҳаллаҳои мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.
Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»
Имсол бо иқдоми Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дави олимпӣ, ки он 120 сол боз бо амри Кумитаи умумиҷаҳонии олимпӣ дар тамоми олам, дар сатҳи ниҳоят баланд таҷлил мешавад, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов баргузор мегардад. Зеро донишкада ҳамчун ягона пойгоҳи асосии омода кардани варзишгарони наврас ва олимпичиёни фаъол дер боз дар миқёси мамлакат шӯҳрат пайдо намудааст. Дар ҷаласаи машваратӣ, ки 23 июн ба ифтихори 120-умин солгарди ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ доир гашт, зикр гардид, ки 20 сол боз маъмурияти донишкада бо Кумитаи иҷроияи федератсияҳои варзишӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Бо ин мақсад дар донишкада аз ҳисоби коршиносон, муҳаққиқон, собиқадорон ва олимони ҷавони соҳаи варзиш як ҳайати босалоҳияти корӣ муваззаф гардидааст, ки тадбирҳои судмандеро дар сатҳи баланди касбӣ ва бо иштироки фаъолонаи устодон, донишҷӯён ва олимпичиёни ҷавону умедбахш роҳандозӣ намояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки 23 июни соли 1894 дар Кумитаи байналмилалии шаҳри Порис бо иштироки яке аз арбобони шоиста, сиёсатмадори хирадманд ва ходими ҷамъиятию давлатии Фаронса ҷаноби Пер Де Кубертен Кумитаи байналмилалӣ қароре содир намуд, ки бо назардошти он бозиҳои олимпӣ аз соли 1896 дигарбора эҳё гардаду нахуст олимпиадаи муосир дар ватани олимпиада - Юнон баргузор шавад. Бешубҳа, маҳалли бозиҳои олимпӣ маркази ахлоқию зеҳнии он шаҳри Афина интихоб гардид.
Аз ҳамон айём 120 сол сипарӣ гардид ва Бозиҳои олимпӣ новобаста ба мухолифату нигарониҳо дар сатҳи баланд ва бо иштироки фаъоли олимпичиён, дӯстдорони варзиш роҳандозӣ гардида, тамоми оламро фаро гирифтааст. Варзиш сарҳад надорад. Аз шарофати он садсолаҳо боз мардуми сайёра бо ҳам дӯсту тифоқ ва ҳамрози ҳамдигаранд. Кайҳо собит шудааст, ки варзиш дар баробари таблиғи тарзи ҳаёти солим, инчунин, яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо ва кишварҳои ҷаҳон аст. Ҳамзамон, варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои гуногуни сайёра мебошад.
моҳир Андрей Абдувалиев дар шаҳри Барселона соли 1992 бо ҳунари волои худ ҷаҳонро тасхир карда буданд. Баъдан нахустин бонуи тоҷик, камонвар Зебунисо Рустамова дар арсаи ҷаҳонӣ барандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои олимпӣ гардид. Ин корномаро ӯ соли 1976 дар шаҳри Монреал ба даст овард. Соли 1980 дар олимпиадаи шаҳри Москва дастпарвари донишкада бародари Михаил Юрий Лобанов, ки аз шогирдони бовафои устод И. Ҳасанов ба шумор мерафт, дар Бозиҳои олимпӣ ба пирӯзӣ ноил гашт. Баъдан ин силсилаи ғолибиятро беҳтарин чеҳраҳои шинохтаи Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев (дзюдо), барандаи ҷоизаи биринҷӣ, Юсуф Абдусаломов, барандаи ҷоизаи нуқра
Шодӣ САФАРОВ, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ варзишгарони кишвари мо низ, имкон пайдо кардаанд, ки пайваста дар сабқату чорабиниҳои олимпӣ, мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, Ҷоми ҷаҳон ва Бозиҳои Осиё шаъну шӯҳрат ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизро даҳчанд боло бардоранд. Боиси ифтихору шодмониҳост, ки бори нахуст соли 1960 Иброҳим Ҳасанов, варзишгари Тоҷикистон, қайиқрони машҳур дар Бозиҳои олимпии шаҳри Рим бомуваффақият баромад карда буд. Дар давоми ин солҳо варзишгарони Тоҷикистон низ тавонистаанд чор ҷоизаи тилло ва биринҷии Бозиҳои олимпиро соҳибӣ кунанд. Дар байни онҳо дастпарварони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дар симои қайиқрон Юрий Лобанов соли 1972 дар шаҳри Мюнхен, панҷҳарбачии муосир Анатолий Старостин дар шаҳри Москва соли 1980, ду маротиба ҳам дар вазни инфиродӣ ва ҳам дар ҳайати даставӣ ва гурзандози
ва донишҷӯи соли дуюми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Мавзуна Чориева идома бахшиданд. Ҳоло дар донишкада боз 5655 олимпичии умедбахш, варзишгарони оянда таҳсил намуда, беш аз 120 нафари онҳо аъзои пайваста ва комилҳуқуқи дастаҳои яккачини ҷумҳурӣ маҳсуб мегарданд. Маъмурияти донишкада ҳоло бо 50 варзишгари бомаҳорат, ки парчамбардорони асили майдони варзишӣ ва Бозиҳои олимпӣ маҳсуб меёбанд, ифтихор менамояд. Барои он, ки Рӯзи дави олимпӣ ва 120-умин солгарди Бозиҳои олимпӣ дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тавъам афтодааст, дар 12 толор ва майдонҳои варзишии донишкада беш аз 5000 нафар устодону шогирдон ва олимпичиёни наврас аз рӯи 11 намуди варзиш сабқат мекунанд. Дар назар аст, ки ғолибони чорабинӣ бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дигар дастан-
даркорони вазорату кумитаҳои марбута қадршиносӣ гарданд. Нуктаи пешрафти ҳаракати олимпӣ дар он ҳувайдо мегардад, ки тайи чанд соли охир федератсияҳои варзишӣ хеле фаъол гардида, дар камолоти варзишгарони наврас ва ҷавону умедбахш ҷаҳду талош мекунанд. Федеретсияҳои дзю-до, самбо, таэквон-до (ИТФ), футбол, варзиши сабук, каратэ-до ва волейбол пурмаҳсул меҳнат карда, як зумра истеъдодҳои навро ба майдон оварданд. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, тарбиятгирандагони Федератсияи гӯштини тарзи озод Фирӯз Яқубов, Инъом Инъомов ва Баҳодур Қодиров, аллакай соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии наврасон гардиданд. Мо итминони комил дорем, ки боз пайравони Иброҳим Ҳасанов, Афзалшо Олимов, Сайидмуъмин Раҳимов, Зебунисо Рустамова, Расул Боқиев, Мавзуна Чориева, Дилшод Назаров ба камол хоҳанд расид.
Рӯзи дави олимпӣ дар ДТҶТ таҷлил мегардад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
13
РУШДИ ВАРЗИШ
ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2014
Дар интизори Қаҳрамони нави ҷаҳон Бозии байни дастаҳои Бразил ва Камерун аз гурӯҳи “А” дар даври сеюм 4-1 ба фоидаи бразилиҳо хотима ёфт. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои Хорватиа ва Мексика бо ҳисоби 1-3 Мексикаро ғолиб гардронд. Акнун аз ин гурӯҳ Бразил ва Мексика бо 7-холӣ иштирокчии даври баъдӣ шуданд. Ҳарчанд бозии дастаҳои Ҳолланд ва Чилӣ аз гурӯҳи “В” дар даври сеюм бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи ҳолландиҳо тамом шуда бошад ҳам, ҳар ду дастаро ба даври дигар баровард. Ҳолланд бо 9 хол пешсаф аст, Чилӣ бо 6 хол дар ҷои дуюм. Дидори дастаҳои Испаниа ва Австралиа бо ҳисоби 3-0 ба нафъи испаниҳо анҷом шуд, аммо ҳар ду даста ҳам ба даври дигар роҳхат пайдо карда натавонистанд. Дар гурӯҳи “С” Колумбиа Ҷопонро бо
ҳисоби 4-1 мағлуб сохта, ҳамчун пештози даста ба даври навбатӣ роҳ ёфт. Юнон дар дақиқаҳои иловагии даври дуюми бозӣ дастаи Кот-д-Ивуарро шикаст дода, ҳамчун дастаи дуюм аз гурӯҳи “С” ба даври навбатӣ баромад. Бозии дастаҳои Уругвай ва Италиа аз гурӯҳи “D” ё ба қавле “гурӯҳи марг” бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи Уругвай хотима ёфт. Бозии Коста Рика ва Англиа аз ин гурӯҳ бегол анҷом ёфт. Дастаҳои Англиа ва Италиа аз ширкат дар даври оянда маҳрум шуданд. Акнун дар даври 1/8-финалӣ Бразил бо Чилӣ, Мексика бо Ҳолланд, Колумбиа бо Уругвай ва Юнон бо Коста Рика қувва меозмоянд. Чор ҷуфти дигар то фардо маълум мешаванд, ки дар шумораи оянда иттилоъ медиҳем.
e-mail: javonontj@mail.ru
Имрӯзҳо даври сеюми бозиҳои гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Бразил идома дорад. Пайдост, ки дар ин марҳила аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ роҳхат ба даври минбаъдаро ба даст оварда, дастаҳои мағлуб аз идомаи сабқат маҳрум мешаванд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
14
27 ИЮН - РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Нуруллоҳ ОРИФ
Шукӯҳи ваҳдат Мо, халқи ташнаҷони деринтизори ваҳдат, Имрӯз сарбаландем андар диёри ваҳдат.
Таронаи ваҳдат Шукри ҳақ, сармашқи маҳфилҳостем, Тоҷбарсар миллати яктостем. Дур з-оғӯши Ватан чун зарраем, Дар Ватан як узви ин дунёстем. Ваҳдат аст оину кори тоҷикон, Ваҳдат аст умре шиори тоҷикон. Зиндагӣ худ бӯйи ваҳдат мекунад, Бӯйи иқболу саодат мекунад. Бӯйи меҳру бӯйи сеҳру бӯйи шеър, Бӯйи оёти ҳақиқат мекунад.
Осон ба даст н-омад сулҳи ризояти мо, Сад пешпо бидидем аз гиру дори ваҳдат. Моро ҷаҳон шиносад бо номи Тоҷикистон, Чун халқи сулҳхоҳи овозадори ваҳдат.
Муборак,ҷашни истиқлоли тоҷик, Шукӯҳи ваҳдату иқболи тоҷик.
Болост парчами мо, чун офтоби рахшон, Зеро ки муттаҳидем бо шаҳриёри ваҳдат.
Худо тоҷи каёнӣ дод моро, Ки бишносем ёру ошноро. Ба рўйи сафҳаи таърихи миллат, Навишт ӯ номи мардони шуҷоро.
Армони мост ваҳдат, дармони мост ваҳдат, Дар қалби мост ҷорӣ хуни анори ваҳдат. Бунёд менамоем, обод менамоем Як давлати бузурги ояндадори ваҳдат. Бо таърихи бузургӣ ҳарчанд хурд ҳастем, Бисёр муқтадирем аз шоҳкори ваҳдат. Пояндаему барҷо, созандаю қавием, Ҳар ҷо ки пой монем, дар лаб шиори ваҳдат. Бе кинаем баски, ёрони мо зиёданд, Ҳамҷону ҳамтан астем бо созгори ваҳдат.
Ватан, Ватан, Ватан, Мадори ақли поку рӯҳи тан. Зи ваҳдат аст роҳи ту ба каҳкашон, Аз остони орён. Ту, эй Ватан, баробари бародарони номдор, Маро ба мақсадам расон.
e-mail: javonontj@mail.ru
Ватан, Ватан, Ватан, Мадори ақли поку рӯҳи тан. Бақои ту зи ростист, Сафои ту зи ростист. Ба гӯши ғайру ошно, Навои ту зи ваҳдат аст, Навои ту зи ростист.
Муборак,ҷашни истиқлоли тоҷик, Шукӯҳи ваҳдату иқболи тоҷик.
Аз остони дилҳо то осмони дилҳо, Парвоз менамоем як-як савори ваҳдат.
Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст, Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст. Меҳани ободу зебои маро, Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.
Ватан, Ватан, Саодату саховату сафоватат зи ваҳдат аст, Ба ҷони нобу чашму сар ва ақли пок, Итоатат, ибодатат зи ваҳдат аст.
Салом, эй миллати овозадорам, Салом, эй мардуми бонангу орам, Салом, эй зодагони насли Сомон, Салом, эй родмардони диёрам.
Номи баланд дорем аз исми Тоҷикистон, Мо хурд не, бузургем чун кӯҳсори ваҳдат.
Дасти ба даст гирем, занҷири даст созем, Бар равнақу ривоҷу ҳам иқтидори ваҳдат.
Ваҳдати Ватан
Ҷашни истиқлол
Ватан аз файзи ваҳдат дилситон шуд, Ба гардун парчамаш партавфишон шуд. Барои мардуми Сайёра имрўз, Диёрам чун биҳишти ормон шуд.
Ваҳдат аст оину кори тоҷикон, Ваҳдат аст умре шиори тоҷикон.
Ваҳдат аст оину кори тоҷикон, Ваҳдат аст умре шиори тоҷикон.
Озари ОРИФ
Ҷӯрабек МУЪМИН
Авҷу барори миллат аз рӯи ваҳдати мост, Даҳчанд мефизоем авҷу барори ваҳдат. Як мушти маҳкам астем бар рағми душмани худ, Дар дасти мост имрӯз чархи мадори ваҳдат. Ҳар кӣ ба хасми тоҷик тири ғараз кушояд, Сӯи ӯ мекушоем тири шикори ваҳдат. Тарсе ба дил надорем аз душманони лофӣ, Ҳастем ҷамъи миллат шабзиндадори ваҳдат.
Аниса ХАНҶАРОВА, донишҷӯи омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ
Ваҳдат - ифтихори мо Шодмонӣ дар ҷаҳон аз ваҳдат аст, Рӯйи сурхи одамон аз ваҳдат аст. Байни садҳо миллати рӯи замин, Ифтихори тоҷикон аз ваҳдат аст.
Ватан, Ватан, Ватан, Мадори ақли поку рӯҳи тан.
Зиндагро дида бас рангобаранг, Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.
Ҳамеша бош ёри ваҳдат, эй Ватан, Бишӯ тани сафеди худ. Дар обшори ваҳдат, эй Ватан. Бубар, бубар зи остон бар осмони гулфишон, Ба дӯш бори ваҳдат, эй Ватан, Ба дӯш бори ваҳдат, эй Ватан.
Бе ягон ҳарфи хато имрӯзҳо Тоҷикистон дар амон аз ваҳдат аст.
Ватан, Ватан, Ватан, Мадори ақли поку рӯҳи тан.
Ҷовидон дар осмони нилгун, Парчами мо парфишон аз ваҳдат аст.
Сарвари мо сулҳ оварду салоҳ, Халқи кишвар комрон аз ваҳдат аст.
Муборак,ҷашни истиқлоли тоҷик, Шукӯҳи ваҳдату иқболи тоҷик.
Лутфишоҳи ДОДО
Ваҳдат Заифе шери нар гардад зи ваҳдат, Ба дасташ хок зар гардад зи ваҳдат. Раҳи гумкардаро ёбӣ зи ваҳдат, Ва реги раҳ гуҳар гардад зи ваҳдат. Шаби сарду дарози дай ба гетӣ, Пур аз нури саҳар гардад зи ваҳдат. Ту пиндорӣ, ки бедорист аз бор, Чу себе босамар гардад зи ваҳдат. Ба танҳоӣ ҳуҷум гар кард хирсак, Бидон, зеру забар гардад зи ваҳдат. Хуронад гар зи заҳри мор хасмат Матарс, он беасар гардад зи ваҳдат. Гузар хоҳӣ зи тори ағбаи марг, Раҳи ту бехатар гардад зи ваҳдат. Чӣ метарсӣ ту аз боди хазонӣ, Ки боғат гулбасар гардад зи ваҳдат. Машав озурда аз дарди ҷудоӣ, Туро аз дил ба дар гардад зи ваҳдат. Тамоми ғуссаҳои талхи ҳастӣ, Ба як рӯзе шакар гардад зи ваҳдат.
Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов
Қабули довталабонро барои гирифтани маълумоти дуюми олӣ, идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳои соҳавӣ) аз тариқи буҷет ва шартнома барои соли таҳсили 2014-2015 дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон АУ №0001601 ба шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи ихтисосҳои зерин эълон менамояд. - омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ; - тарбияи ҷисмонӣ; - сайёҳии куҳӣ; - варзиш; - барои шаҳрвандони хориҷи дур ба факултети тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш.
ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ:
Ҳаҷми маблағи таҳсил барои таҳсилоти дуюм барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба факултаҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ (1030202) – дар баробари рутбаи ҳарбӣ 4,720 (чор ҳазору ҳафтсаду бист) сомонӣ, тарбияи ҷисмонӣ (1030201), ЭЗОҲ: Маълумотнома дар бораи хатми аз рӯйи ихтисосҳои фанни тарбияи ҷисмонӣ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи бо тахассусҳои волейбол, баскетбол, тӯби дастӣ, гимнастика, варзиши сабук, намудҳои касбӣ қабул карда намешаванд. Хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миё- бозиҳои миллӣ, аз қабили гӯштини миллӣ ва на ва олии касбӣ ба донишкада новобаста аз чавгонбозӣ - рӯзона 2833 (ду ҳазору ҳашт саду сию се) сомонӣ, варзиш (2-880231), аз собиқаи корӣ қабул карда мешаванд. Қабули ҳуҷҷатҳо аз 11 июл то 30 июли соли рӯйи ихтисосҳои муаллим-мураббӣ оид ба 2014 давом мекунад. Ба суҳбат довталабоне, тахассусҳои, шиноварӣ, дзю-до, самбо, тарзи ки ақаллан маблағи яксолаи таҳсилро нақд ва озод, юнонию румӣ, камарбандӣ, теннис, бокс, ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби донишкада ворид вазнбардорӣ, тирпаронӣ, камонварӣ, якҳарбаи шарқӣ, қайиқронӣ - 2833 (ду ҳазору ҳашт саду кардаанд, роҳ дода мешаванд. Натиҷагирии ҳайати босалоҳияти мандатӣ сию се) сомонӣ, фаъолияти варзишию сайёҳат 6 августи соли 2014 баргузор мешавад. (Сайёҳии куҳӣ - 2305010), аз рӯйи ихтисосҳои Ҳайати босалоҳияти мандатӣ барои гирифта- муаллим –мураббӣ, оид ба сайёҳӣ, шоҳмот, ни таҳсилоти дуюми олии касбӣ 6 августи соли воқеанигори варзиш – 2833 (ду ҳазору ҳашт 2014 ва барои идомаи таҳсил пас аз хатми муас- саду сию се) сомонӣ ва факултети ғойибона сисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба санаи мазкур пурра тариқи шартномавӣ – 3159 (се ҳазору яксаду панҷоҳу нуҳ) сомонӣ муқаррар шудааст. мувофиқ кунонида мешавад. Ҳаҷми маблағи таҳсил барои таҳсилоти дуюм Таҳсилоти дуюми олӣ тибқи модаи 20 Қонуни барои шаҳрвандони хориҷи наздик - рӯзона Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба тариқи шартномавӣ (ғайриройгон) амалӣ гар- 4550 (чор ҳазору панҷсаду панҷоҳ сомонӣ) ва хориҷи дур 5200 (панҷ ҳазору дусад сомонӣ) дар донда мешавад.
як сол аз рӯйи ихтисосҳои волейбол, баскетбол, гимнастика, варзиши сабук, намудҳои гӯштин, якҳарбаи шарқӣ, шиноварӣ ва шатранҷбозӣ муайян шудааст. Хатмкардагони коллеҷҳои ғайриихтисос ба курси якум тариқи шартномавӣ қабул карда мешаванд. Довталабоне, ки коллеҷҳо ва техникумҳои тарбияи ҷисмониро хатм кардаанд, баъди се соли собиқаи кории касбӣ қабул карда мешаванд. Шахсони дорои дипломи аъло ба курси дуюм тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Аъзои тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, дорои унвонҳои устодони варзиши дараҷаи байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолибони Бозиҳои олимпӣ, ҷаҳон, ҷоми ҷаҳон ва бозиҳои Осиё тариқи суҳбат ва бо тавсияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Нишонӣ: 734053, шаҳри Душанбе, маҳаллаи Лучоб-53. Хатсайри нақлиётӣ: маршрути рақамҳои 54, 10 ва аз истгоҳи «Боғи ҳайвонот» мошинҳои мусофирбар (таксӣ) хизмат мерасонанд. Ҳайати босалоҳияти қабул: телефон: 224-1416, 224-7377.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули довталабонро ба Муассисаи давлатии таълимии санъати сиркӣ ва эстрадаи шаҳри Маскав ба номи М. Румянсев аз рӯи ихтисоси санъати сиркӣ ва Донишгоҳи давлатии театрии шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия аз рӯи ихтисосҳои артсити театри лухтак, артисти театри драмавӣ ва режиссёри театр эълон менамояд. Ҳуҷҷатҳои доваталбон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34 то 1 июли соли 2014 қабул мешавад. Барои дарёфти маълумоти муфассал бо рақами 221 5590 (шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии вазорат) тамос гиред.
ҲАМДАРДӢ
Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба собиқ корманди рӯзнома Фирӯз Фаттоев нисбат ба даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
Ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиҳо ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Довталабон ба ҳайати босалоҳияти қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: * ариза ба номи ректори донишкада; * ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (намунаи асл); * маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-у); * 6 адад расм (андозаи 3х4 см); * шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд); * ҳуҷҷати ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда);
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
15
ЭЪЛОН
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №26 (9348), 26 ИЮНИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муаллими таърих мехоҳад донишҷӯеро, ки ба дарсҳояш намеомад ё зиёд “маҳмадоноӣ” мекард, аз имтиҳон афтонад. Баъди он ки донишҷӯ ба саволҳои билет ҷавоб дод, муаллим пурсид: - Ҷанги дуюми ҷаҳон кай тамом шуд? - Соли 1945. - Кӣ ғалаба кард? - СССР. - Дар ин ҷанг чанд нафар ҳалок шуд? - 20 миллион нафар. - Канӣ ҳамаи онҳоро номбар кун...
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Воҳид ҲАБИБОВ
***
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7928 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Торт Ба дӯкони нонпаз омадам, то нони гарм бигирам. Нонпази ҷавон маро, ки муштарии доимии дӯконаш мебошам, шинохта, баъди салому ҳолпурсӣ гуфт: - Каме интизор шавед, амак, ҳозир аз танӯр нони гарм меканам. - Хуб, - гуфтам ман ва дар назди тирезаи дӯкон мунтазир шудам. Ин ҳангом дидам, ки марде аз дари дӯкон ба дарун ворид шуд. Ӯ костюми фарсудаву рангпаридае ба тан дошт. Гиребонҳои либосаш зард шуда, зери гиребони чапи он медале ҷило медод. Вай як марди кушодачеҳраи хандон буд. Ба нонпаз салом дода, пурсид: - Нонҳои ман тайёранд, писарам? – ҷавоби ҷавонро интизор нашуда, илова кард, агар тайёр бошад, бигирам, ки дугоникҳоям гурусна шуданд.
АНДАРЗ
Ман дидам, ки ҷавони нонпаз чанд нонеро, ки ғолибан чандрӯзаву хушк буданд, берун бароварда, ба халтаи мард андохт. Бархе аз он нонҳо сӯхтаву сиёҳ ҳам менамуданд. Ҷавонро ҷеғ зада гуфтам: - Чаро ба мард нони гарм намедиҳӣ, нонат- ку ҳоло тайёр мешавад? Ҷавон гуфт:
- Вай як марди фақирест, иштирокчии ҷанг. Соли гузашта писару келинаш дар садамаи нақлиёт ҳалок шуданд. Аз онҳо дугоник мондааст. Онҳоро вай парасторӣ мекунад. Ин ҷо меояд ва бо нархи арзон нонҳои хушки дирӯзаро гирифта мебарад. Хеле мушавваш шуда, гуфтам: - Ту ба ин мард нони гарм бидеҳ, пардохташро ман мекунам. Ҷавон ҳам “хуб” гӯён чандто нони гарми аз танур берункардаашро ба даст гирифта, ба мард хитоб кард: - Амак, кушоед халтаатонро имрӯз ба шумо нони торт барин нарму мулоим медиҳам. Набераҳоятон ҳам лаззат бурда мехӯранд. Дидам, ки чеҳраи мард боз ҳам шукуфт ва ӯ хеле шод шуд. Ба ҷавон халтаашро кушода, гуфт: - Саломат бош, писарам. Сарат асло дардро набинад. Аз куҷо донистӣ, ки дугоникҳои ман имрӯз зодрӯз доранд?
Имтиҳон. Муаллим: - Дар синф чанд фурӯзонак аст? Донишҷӯ: - Панҷто. Профессор аз даруни сумкааш як фурӯзонакро бароварда, рӯи миз мегузорад ва мегӯяд: - Хато кардӣ, шашто аст. Аз имтиҳон нагузаштӣ. Дафъаи дигар биё! Дар имтиҳони такрорӣ. Профессор: - Канӣ, бигӯ дар синф чанд фурӯзонак ҳаст? Донишҷӯ: - Шашто. Профессор: - Боз хато кардӣ. Имрӯз ман фурӯзонак наовардаам! Донишҷӯ: - Ман овардам!
*** - Руят чаро варам кардааст? Занбӯр газид? - Натавонист. Нав газидан мехост, ки занам бо кафгир зада кушташ.
***
- Хез «будилник» занг мезанад! - Гу, ки дертар худам ба вай занг мезанам...
ШОДБОШӢ
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Ҳуқуқҳои шахсӣ Продюссер ба директори шабакаи телевизионӣ занг зада мегӯяд: - Аз “боло” занг заданд, ҷаноб! Моро огоҳ карда, гуфтанд, ки филме, ки ҳоло намоиш дода истодаем, комилан фаҳшу порнографӣ буда, хилофи ахлоқи инсонист. Шумо ягон гуфтание доред? Директор бо зарда ҷавоб медиҳад: - Э, ту “боло”-ро як сӯ гузору филмро тамошо кун, филмро! “Боло” ба ҳуқуқҳои шахсии мо кордор нашавад! Продюссер, ки тибқи амри директор филмро тамошо дошт, дар миёнаҳои филм бори дигар ба директор занг зад: - Ҷаноб, аз баъзе сохторҳо занг зада, гуфтанд, ки филме, ки нишон дода истодаем,
ахлоқи ҷавононро вайрон карда, онҳоро ба роҳи нодуруст равона мекунад. Оё Шумо ягон гуфтанӣ доред? Директор боз ҳам асабӣ шуда, мегӯяд: - Боз мегӯям, ки ба ҳуқуқҳои шахсиамон кордор нашаванд! Мо ҳам, албатта, фарзанд дорем, охир. Ҳатто духтарам айни ҳол бо ҷавони дӯстдораш ҳамроҳ тамошо доранд филмро. Дар охири филм продюссер бори дигар ба роҳбараш занг зада, мегӯяд: - Ҷаноб, аз милисахона занг заданд. Гуфтанд, ки духтари шумо аз сӯи ҷавони дӯстдораш мавриди таҷовуз қарор гирифтааст. Шумо ягон гуфтание доред?
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Устоди гиромиқадр Ҳабибулло Ёров! Зодрӯзатонро сидқан шодбош гуфта, бароятон аз Худованди меҳрубон тандурустӣ, офият ва умри дарози бобаракат хоҳонем. Таманнои онро дорем, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошед! Аҳли эҷоди «Ҷавонони Тоҷикистон»