Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
1
№27 (9349),
3 июли соли 2014
МАҶЛИСИ ҲУКУМАТ
ҒАМХОРӢ
Иштироки Президент дар тӯйи арӯсии дастаҷамъонаи ҷавонон
26 июн ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯйи арӯсии 90 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 360 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сарвари давлат наздикони 360 писарчаи хатнашавандаро, ки қисмате ятиму бепарастор ва боқӣ аз оилаҳои ниёзманди ҳар чор ноҳияи пойтахт мебошанд, табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо бозича ва туҳфаҳои дигари хотиравӣ тақдим намуд. Президенти кишвар ҷавонони навхонадор ва наздикону пайвандони онҳоро низ бо ин рӯзи пурфараҳ шодбош гуфта, ба барпо намудани оилаҳои солим, эҳтироми ҳамдигарӣ, муҳаббату самимият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои хонаводагӣ ҳидоят намуд.
ДУНЁИ ҶАВОНӢ
Ҳамоиши донишҷӯён дар Чита
Баррасии Барномаи рушди футбол
2-7 июли соли равон дар шаҳри Читаи сарзамини Забайкали Русия Фестивали “Баҳори донишҷӯёни кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай” доир мегардад. Аз Тоҷикистон бо даъвати Иттифоқи ҷавонони Русия 47 нафар донишомӯзи Консерваторияи миллӣ, Донишкадаи санъат, Донишгоҳи миллӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Сирки давлатӣ ва васоити ахбори омма ширкат хоҳанд кард.
ЭНЕРГЕТИКА
Нархи барқ 15% қимат шуд Нархи як киловатт/соат нерӯи барқ дар кишвар аз 1 июли соли равон 12,6 дирам муқаррар шуд. То ин вақт шаҳрвандон барои як киловатт 11 дирам пардохт мекарданд. Аз ин ба баъд нархи барқ барои корхонаҳо барои ҳар киловатт/соат 30,6 дирам таъин шудааст. Танҳо корхонаи «ТАЛКО» имтиёз хоҳад дошт ва то 30 сентябр барои ҳар як киловатт/соат нерӯи барқ 7,2 дирам ва аз он ба баъд 11,8 дирам пардохт хоҳад кард.
e-mail: javonontj@mail.ru
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
2
ШОДБОШӢ
Рӯза мактаби сабру таҳаммул аст Паёми табрикии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон Ҳамватанони гиромӣ! Барои кулли мусулмонони ҷаҳон моҳи шарифи Рамазон фаро расид. Дар ин моҳ Худои мутаол барои муъминон “Қуръон”-и азимушшаънро ҳамчун ҳодии роҳи рост ва баёноти воқеии ҳар лаҳзаи моҳи мубораки Рамазон фурӯ фиристод, ки он навозишгари дилу рӯҳи поки мусулмонон мебошад. Ба муносибати оғози моҳи мубораки Рамазон – моҳи меҳрубониву инояти илоҳӣ, нузули раҳмату мағфират, баракату иҷобати дуоҳо ҳамаи ҳамватанони азизро табрик намуда, аз Худованди таоло ба сокинони кишвар нури имону маърифат, хайру баракат ва тамоми хушиҳои зиндагиро талабгор ҳастам. Моҳи мағфирати Рамазон дар баробари рӯзадорӣ, ҳамчунин, озодагии рӯҳ, изҳори имондориву тақво, ҳамгироиву ҳамбастагӣ бо аҳли имонро дарбар гирифта, вуҷуди инсонро ба макони ҳусни адаб мубаддал месозад. Барои ҳар як фард қалби худро ба макони меҳру адаб табдил додан, бо вуҷуди қудрату тавоноӣ фурӯтану шикастанафс будан, таҳаммул ҳангоми ғазаб ва хайру саховатмандиро нигоҳ доштану афзудани ин хислатҳо махсусан дар моҳи Рамазон савоби азим мебошад. Ҳар як мусулмон эҳтироми моҳи Рамазонро ба ҷо оварда, тавассути некиву эҳсонкорӣ ба ниёзмандону дармондагон мададу ёрмандиҳо расонида, аз бадиву гуноҳҳо худдорӣ кунад, дигаронро ба роҳи ростиву накӯкорӣ ҳидоят намояд. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯзаи моҳи Рамазон бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна ки бар миллатҳои пеш аз шумо фарз гардида буд, бошад, ки парҳезгор шавед». Рамазон моҳи сабру таҳаммул, моҳи боз гаштани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад ва дар замираш парҳезгориро тақвият мебахшад. Дар ин маврид дар ояи 185-уми сураи «Бақара» омадааст: «Рамазон моҳест, ки дар он “Қуръон” нозил шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ва ҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ҳарки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рӯза дорад ва ҳарки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи имкон надошт, аз рӯзҳои ди-
гар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад». Моҳи Рамазон ҳам дар каломи раббонӣ ва ҳам дар ҳадисҳои Паёмбари Худо (с) борҳо ҳамчун моҳи файзу баракат, хайру саховат, раҳмату мағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо таъкид шудааст. Чунончи дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Худо (с) рӯзе дар арафаи моҳи Рамазон фармуд: «Ин моҳи баракат бар шумо фаро расид, моҳе, ки Худованд шуморо дар он дар зери пӯшиши навозишҳои худ қарор медиҳад: раҳматашро бар шумо фуруд меоварад, гуноҳҳоятонро фурӯ мерезад ва дуоятонро иҷобат менамояд. Ба аъмоли нек ва рақобати хайри шумо дар ин моҳ назар меафканад ва бо шумо дар миёни фариштагонаш ифтихор менамояд. Пас, аз худ хайру некиро ба Худованд нишон диҳед». Парҳезкориву лутфу эҳсон ба атрофиён, дасти фитодаеро гирифтан, аз рӯи тавону имконият ба мискинону бенавоён кӯмак кардан, худдорӣ аз ҳама гуна амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи нек ва тақвияти он ба воситаи амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон зарур дониста шудааст. Анҷом додани амалҳои неку писандида, боз намудани дари саховату ҳимат на ба хотири дарёфти мартаба ва обрӯю эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки барои ба даст овардани ризои Худованд, худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ, оростани маъракаҳои серхарҷу зиёдатӣ волотарин амалҳо дар дини мубини ислом ба шумор мераванд. Мо ҳеҷ гоҳ фармудаи Худои таолоро набояд фаромӯш кунем, ки дар сураи “Исро” гуфтааст: “Ва ҳеҷ исроф макун! Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд ва шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст”. Хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он зикр шудааст, садақа ба наздикон, ятимону маъюбон, оилаҳои бесарпарасту камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Дар таълимоти дини мубини ислом додани фитри рӯза низ ба онҳо борҳо таъкид шудааст. Паёмбари гиромӣ нисбат ба афроде, ки ятимонро ба
сарпарастӣ мегиранд, фармудаанд: «Ман ва сарпарасти ятим дар ҷаннат паҳлӯи якдигар қарор дорем». Мувофиқи фармудаи шариат ҳар инсон бояд аз роҳи ҳалол ризқу рӯзӣ ҷустуҷӯ намояд, зеро луқмаи ҳалол сабаби нозил гаштани баракати Худованд дар рӯзгор ва хонадони ӯ мегардад. Бахусус, сарватмандону тоҷирон агар дар роҳи савоб кӯшиш намуда, дари хайру саховатро боз кунанд ва молу маҳсулоти худро ба бародарони муъмин арзонӣ фармоянд, ба ивази он сазовори аҷри азим аз тарафи Худованд хоҳанд шуд. Аз ҷониби дигар, маҳз дар адлу инсоф ва сидқу вафои тоҷир устувории имон ва эътиқоди ӯ ба арзишҳои исломӣ равшан мегардад. Дар ин робита расули акрам фармудаанд: «Тоҷири ростгӯи амонатнигоҳдор рӯзи қиёмат ҳамроҳи паёмбарон, сиддиқон ва шаҳидон мебошад». Аз тарафи дигар, ба хотири фоидаи бештар гирифтан арзиши молро баланд бардоштан, хусусан, дар моҳи шарифи Рамазон гуноҳест, ки дар дини мубини ислом маҳкум карда мешавад. Дар ин маврид паёмбари ислом фармудаанд: «Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолат намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи ҷаҳаннам қарор хоҳад дод». Бинобар ин, инсон бояд зимоми нафсашро дар ихтиёр гирифта, ҳирсро ба қаноат табдил диҳад. Рӯза дорои фоидаҳои маънавӣ, ҷисмӣ ва иҷтимоӣ буда, инсонро дар мактаби сабру таҳаммул тарбият менамояд, хештандорӣ ва равиши худидоракуниро ба инсон омӯзиш медиҳад, назму ҳамоҳангиро дар миёни мардуми мусулмон густариш медиҳад, дилбастагӣ ба адолат ва баробариро дар вуҷуди инсон таҳким мебахшад, меҳрубониву дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулиятро дар ботини одам бедор месозад, шарру фасод ва разоили ахлоқиро дар миёни мардум коҳиш медиҳад. Хислати аз ҳама муҳимтар парҳезгорӣ ва поку нек зистанро дар инсон тақвият мебахшад, ки волотарин ҳадафи ибодатҳои илоҳӣ низ ҳамин мебошад. Анъана ва суннати неки дигар, ки дар моҳи Рамазон анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан аст. Ҳадяи бузурги инсон дар ҳар ду дунё аз ҳиммати
ӯ вобаста мебошад, зеро ҳиммати баланд доштану ба ниёзмандон дасти сахо дароз намудан, албатта мавриди эҳсони Худованди меҳрубон қарор мегирад. Аз ин рӯ, яке аз фоидаҳои иҷтимоии рӯза таваҷҷуҳ ба ҳоли бечорагону камбизоатон мебошад ва ҳар вақте ки сарватмандон ба фақирон меҳру муҳаббат ва бахшиш дошта бошанд, дар амри хайри тарбияи ятимон саҳми инсондӯстона гузоранд, дар байни табақоти ҷомеа муҳити сафову самимият ба вуҷуд меояд. Дар “Қуръон”-и карим инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад. Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад ва ҳатто бештар аз онро ҳам ба садақадиҳандаҳо метавонад бибахшад. Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад». Аз ин рӯ, дар ин моҳи муборак ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону дармондагон ва оилаҳои камбизоат дасти ёрӣ дароз кардан, дар ободии кишвар саҳмгузор будан, дар баровардани ниёзҳои мардум мусоидат намудан ҳам фарз асту ҳам суннат. Дар фарҷом фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди таоло барои ҳамаатон хонаи обод, чеҳраи ҳамеша хандону шод, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ, имони комил ва саодати рӯзгорро орзу дорам. Бигзор моҳи мубораки Рамазон ҳамроҳ бо тоату ибодат, мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, бо худ ба диёри мо боз ҳам сулҳу субот, оромиву осоиш ва файзу баракат дар хонадони ҳар як сокини кишварро таъмин намояд! Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТ
Баррасии Барномаи рушди футбол
e-mail: javonontj@mail.ru
30 июни соли равон таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғоз нақшаи кори Ҳукумати мамлакат барои нимсолаи дуюми соли 2014 тасдиқ, дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 2015-2017 маъқул дониста шуд. Тибқи ин санад, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 52,8 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,2% пешбинӣ гардидааст. Дар солҳои 2016 ва 2017 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба андозаи 60 миллиард ва 68,4 миллиард сомонӣ ва 7,2% ва 7,4% дар назар аст. Барои муқоиса зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли равон ба андозаи 46,3 миллиард сомонӣ бо суръати афзоиши 7,1% пешбинӣ шудааст. Сатҳи та-
варрум барои соли 2015 7,5% ва қурби миёнасолии асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қурби асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба андозаи 5,05 ва 5,10 сомонӣ дар назар аст. Сипас, ҳисоботи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2016 шунида шуд. Тавре зикр гардид, барномаи мазкур дар асоси супориши Президенти ҷумҳурӣ зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 баргузор шуда буд, таҳия, қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифт. Дар давраи
татбиқи барнома дар ҷумҳурӣ 19 варзишгоҳ ва 100 майдони гуногуни футбол бунёд ёфта, таваҷҷуҳ ба ин бахши муҳими варзиш афзун гардид. Дар 103 мактаби варзишии кишвар 603 гурӯҳи футбол ташкил шудааст, ки ба онҳо 5756 футболбоз ва 261 мураббӣ шомил мебошанд. Фаъолияти 5 мактаби махсуси футбол ва Академияи футбол низ назаррас номида шуд. Ҳоло Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии ФИФА миёни 208 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 113 қарор дорад, ки нисбат ба соли 2011 41 зина боло мебошад. Дар миёни кишварҳои Осиё бошад, Тоҷикистон дар ҷойи 19 қарор дорад. Сарвари давлат таъкид дошт,
ки барои таъмини оммавияти ҳамаи бахшҳои варзишу тарбияи ҷисмонӣ, хусусан рушди футбол дар ҷумҳурӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда васеъ истифода бояд кард. Зимни муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатии такмили омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, доир ба таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ин фанҳо, ҳамчунин, баланд бардоштани сифати таълим ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Дастур дода шуд, ки лоиҳаи як бинои иловагии таълимӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳия ва ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод шавад. Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои
солҳои 2014-2017, Қоидаҳои гузарондани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рӯйи шароити меҳнат ва Қоидаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти назораткунандаи гузаргоҳҳои автомобилӣ тариқи сарҳади гумрукӣ аз рӯйи принсипи “Истгоҳи ягона” тасдиқ шуд. Тағйиру иловаҳо ба як қатор қонуну кодексҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Дар анҷом Сарвари давлат аз болобарии сунъии нархи маводи ғизоӣ, хусусан гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, барои муайян намудани сабабҳои асосии ин раванд ва бартарафсозии ин ҳолати номатлуб ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки дар моҳи шарифи Рамазон, мувофиқи расму оин ва суннатҳои мусулмонӣ, нархҳо бояд арзон карда шаванд на баръакс.
3
ФОРУМ
Нақши ваҳдати миллӣ дар ҳаёти ҷавонон 25 июни соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт дар ҳамбастагӣ бо комиҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ семинар-машварати илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷавонон” доир гардид. Саидаҳмад Нарзуллоев, муовини сардори Академияи ВКД оид ба кор бо ҳайати шахсӣ иброз дошт: “Бо шарофати ба имзо расидани созишномаи сулҳ мо тавонистем ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи нави кишвар – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди онҳо оғоз намоем. Шароит фароҳам омад, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳурӣ таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё гардад”. Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қайд кард, ки тамоми дастовардҳои имрӯз аз баракати сулҳу амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. «Истиқлолияти сиёсии ҳар мамлакат ба он вобаста аст, ки дар он ҷумҳурӣ то кадом андоза ваҳдати миллӣ, ризоияти умум, сулҳу субот ва амният ҳукмфармо бошад. Муҳимтарин омил ва таҳкими давлатдории мо ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин, мо ба қадри ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти кишвар бирасем ва онҳоро ҳамеша пос дорем”. Инчунин, Носирҷон Буриев, сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳӣ, Зулфиқор Гулаҳмадов, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур доир ба ин ҷашни таърихӣ ва мақому манзалати он дар пешрафти кишвар андешаҳо баён доштанд. Муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии академия Б. Самиев, курсантҳои курси 1-ум Ш. Хуҷамуродов, Ш. Ашӯрова, дар мавзӯъҳои “Нақши комиссияи оштии миллӣ дар татбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар ҶТ”, “Нақши ҷавонон, дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” ва “Эмомалӣ Раҳмон, бунёдгузори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ” маърӯза карданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Шиносоии намояндагони ҷавонони кишварҳои СҲШ бо тамаддуни тоҷикон 20-25 июни соли равон дар шаҳри Қайроққум Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Ташаббусҳои волонтёрӣ» ва ҷаласаи VII-уми Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. М. Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокчиён ва меҳмонони хориҷиро бо мазмун ва муҳтавои сиёсати давлатии ҷавонон шинос намуда, доир ба дастовардҳои ҷавонони Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумоти зарурӣ пешниҳод кард. Ҳамзамон, дар асоси барномаи Форуми ҷавонон Қ. Миралиев, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Н. Мирзораҳимов, котиби Иттиҳоди ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон, Т. Юнусов, мушовири Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷавонони асри 21”, Р. Ҷумаева, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Томирис” оид ба ҳаракати волонтёрӣ дар ҷаҳон, самтҳои фаъолият, ҳадаф ва вазифаҳои Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, дирӯз, имрӯз ва фардои ҳаракати волонтёрӣ дар Тоҷикистон, моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” ва қонунгузории алоқаманд баромад намуданд. Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни чорабинӣ фаъолнокӣ нишон дода, доир ба таҷрибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар самти рушди ҳаракати волонтёрӣ, мушкило-
ти хос ба насли ҷавон ва роҳҳои ҳалли он, инчунин, дигар масоили марбут ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон сӯҳбату муҳокимаҳои судманд ва табодули таҷриба намуда, баҳри бартараф кардани онҳо таклифҳои судманд пешниҳод карданд. Дар доираи форум нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқ ва мубодилаи ташаббусҳои ҳаракати волонтёрӣ дар кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ шуд. 24 июни соли 2014 бошад, ҷаласаи VII-уми Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он 5 масъалаи муҳим, аз ҷумла, натиҷагирӣ аз Форуми ҷавонон дар мавзӯи «Ташаббусҳои волонтёрӣ», фаъолияти Шӯрои ҷавонон дар солҳои 2013-2014, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон, нақшаи кори Шӯрои ҷавонон барои солҳои 2014-2015, шомилшавии ҷониби Ҷумҳурии Белорус ба ҳайси ташкилоти ҳамкор ба Шӯрои ҷавонон баррасӣ гардиданд. Дар ҷараёни кори Шӯрои ҷавонон намояндагони Тоҷикистон (М. Муинова, Қ. Миралиев), Қазоқистон (Н. Сидиқов), Қирғизистон (Ж. Усенов, Е. Солошенко), Русия (Д.
Епов) ва Ҷумҳурии Мардумии Чин (Т. Бо) аз натиҷаи фаъолияти худ дар давраи солҳои 2013-2014 гузоришҳо пешниҳод намуда, баҳри ҳадафмандона ва таъсирбахш ба роҳ мондани фаъолияти Шӯрои ҷавонон дар самтҳои афзалиятнок таклифҳои мушаххас пешниҳод карданд. Дар поёни ҷаласаи VII-уми Шӯрои ҷавонон раисии Шӯрои ҷавонон барои давраи солҳои 2014-2015 дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба Федератсияи Русия супорида шуд. Бо истифода аз фурсати муносиб, намояндагони кумита меҳмонони хориҷиро бо ҷойҳои зебоманзари фарҳангӣ ва таърихии вилояти Суғд шинос намуда, ба онҳо доир ба таъриху фарҳанг ва маънавиёти бойи миллати тоҷик маълумот доданд. Намояндагони масъули мақомоти кор бо ҷавонон аз давлатҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани чорабиниҳо дар ҳошияи раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ иброз намуда, омодагии доимиашонро аз таҳкими ҳамкориҳо бо кишвари мо изҳор намуданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
МАШВАРАТ
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ… Дар Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар бахшида ба 600-солагии зодрӯзи шоир ва мутафаккири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ маҳфил доир гардид. Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушд ва бою ғанӣ гардидани адабиёти классикӣ нақши муҳим бозидааст. Осори гаронбаҳои ӯ на танҳо диққати муҳаққиқони кишвар, ҳамчунин, бисёр олимони кишварҳои оламро ҷалб намудаю то ҳол пайи омӯзиши осори гаронбаҳояш заҳмат мекашанд. Дар маҳфил як гурӯҳ хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, таҳти роҳбарии омӯзгор Чинигул Каримова, ҳамчунин, рӯзноманигорону адабиётшиносон ширкат варзиданд. Хонандагон аз осори рангини ин шоири ширинбаён порчаҳои шеърӣ қироат намуда, аз рӯйи қиссаҳои насрии асари пурмазмуни
«Баҳористон» ва рӯзгори худи мутафаккир саҳначаҳои хурд намоиш доданд. Ҳамчунин, чанд сурудро, ки бастакорон аз рӯйи ашъори Мавлоно Ҷомӣ оҳанг бастаанд, бо тарзи ба худ хос иҷро намуданд. Қироати шеър кори саҳл нест. Аз ҳар нафар маҳорату тайёрии ҷиддиро талаб менамояд. Ҳамчунин, кас бояд ба мазмуни шеър сарфаҳм равад, то ки ҳангоми қироат ба хатоҳо роҳ надиҳад. Хушбахтона, шеърхонии хонандагон гувоҳ аз он буд, ки эшон ба маҳфил бо тайёрӣ омадаанд. - Мактаб дар ташаккул ва камолёбии насли наврас саҳми беандоза дорад, - гуфт пас аз анҷоми маҳфил муҳаққиқ, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода. – Ҳарчи бештар ҷалб намудани онҳо ба чу-
нин маҳфилҳо, бешубҳа, баҳри васеъ гардидани ҷаҳонбинии бачаҳо, меҳр ба осор ва омӯзиши ганҷинаи нақди адабии гузаштагон мусоидат менамояд. Осори гузаштагонамон саропо панду ҳикмат аст. Моро лозим аст, онро ба насли наврас ба таври бояду шояд омӯзонем. То оянда бачаҳо шахси комилан фарҳангӣ ба воя расанд. Шоир Ҷӯра Ҳошимӣ ҳам, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, андешоти худро чунин баён кард: “Ростӣ, аз ин маҳфил як олам таассуроти нек бардоштам. Пеш аз ҳама, ба муаллима Чинигул Каримова бояд изҳори ташаккур баён кард. Маҳз ӯ шогирдонро омода ва ба доир шудани чорабинӣ сабаб шуд. Бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ дар вуҷуди насли наврас яке аз вазифаҳои асосии ҷомеа, аз ҷумла, омӯзгорон аст. Қироат, аз ёд намудан ва дарки мазмуни шеър ҳам, ба ин сабаб шуда метавонад. Дар ин ҷода комёбӣ ба омӯзгор Чинигул Каримова насиб гардидааст».
Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
МАҲФИЛ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
4
ҒАМХОРӢ
Дар оғӯши модаронаи «Чайка» Инак, ба хушбахтии бачаҳо дар якҷоягӣ бо фасли баҳори зебоманзар, давраи таҳсили мактаббачагон ҳам ба охиру таътилашон фаро расид. Аллакай, шумораи зиёди кӯдакону наврасон дар лагерҳои истироҳатии бачагона ба истироҳати бофароғат фаро гирифта шудаанд, ки дар баробари истироҳат, ба машғулиятҳои гуногуну муфиди фарҳангию варзишӣ, фароғатӣ вақти худро самаранок мегузаронанд. Аз ҷумла, ҳамасола бо саъю талоши роҳбарияти Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми ҷумҳурӣ шумораи муайяни бачаҳо дар лагери «Чайка»,
ки дар мавзеи хушбоду ҳаво ва афсонавии дараи Варзоб воқеъ аст, истироҳати бофароғат менамоянд. Соли ҷорӣ ҳам масъулони кумита ҳамаи кӯшишро ба харҷ доданд, ки аз ин маъаракаи муҳим қафо намонда, истироҳатгоҳро ба қабули бачаҳо пурра таъмин намоянд. Тасмим гирифта шуд, ки дар чор давр 320-нафарӣ кӯдакону наврасон, ки 1260 нафарро ташкил менамоянд, ба истироҳати бофароғат ҷалб гарданд. Имсол бори аввал гурӯҳи 20-нафара аз ҳисоби дастпарварони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони сустшунаво ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ, 15 нафар аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ройгон ва дар навбати аввал ба рӯйхат ворид карда шуданд. Ниҳоят, 13 июн дарҳои истироҳатгоҳ ба рӯи истироҳаткунандагон ба таври расмӣ кушода эълон гардид. Қобили қайд аст, ки маро-
сими ботантана кушодашавии истироҳатгоҳ ба як анъанаи нек табдил ёфта, рисолати тарбиявӣ гирифтааст. Ҳатто ба он давоми як-ду рӯз бачаҳо тайёрӣ мебинанд. Онҳо бо роҳбарии мураббиҳо ба гурӯҳҳо тақсим гардида, ҳар як гурӯҳ номгузорӣ мешавад. Ба ҳар гурӯҳ аз ҳисоби худи бачаҳо сардор таъин мегардад. М. Қурбонов, ҷонишини раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм чорабиниро кушода, аз ғамхории Ҳукумати мамлакат мавриди истироҳати мадании онҳо, ба хотири солиму бардам, обутобёфта ба камол расиданашон ва бо кӯшишу ғайрати дучанд таҳсилро идома бахшидан сухан гуфта, фароғати хушу хотирмонеро барои онҳо орзу намуд. Муродалӣ Солеҳ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ низ бо шукргузорӣ аз файзу баракати осоиштагӣ ва соҳибистиқлолии мамлакат, ба бачаҳои хушбахти замон сазовори боварии падару модарон, устодон, бо интизоми намунавӣ истироҳат карданро хоста, изҳори боварӣ намуд, ки ҷавобан ба ин ғамхории роҳбарияти ҳукумату давлат, иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ, бачаҳо таҳсили минбаъдаи худро баъди истироҳати бофароғат дар лагерҳо, ба таври хубу аъло ба роҳ монда, оянда аз пешбарандагони лоиқи ҷомеа мегарданд. Дар охир ба хотири болидагии кӯдакону наврасон барномаи ҳунарӣ пешкаш гардид.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ» РУШДИ ТУРИЗМ
Озмун ҷамъбаст гардид
e-mail: javonontj@mail.ru
Озмуни “Барномаи беҳтарини телевизионӣ ва радиоӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон – кишвари туризм” ҷамъбаст гардид. Озмун аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар доираи Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 -2014, ба ифтихори 17-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардида буд. Мақсад аз баргузории он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, азму иродаи мардум дар ҳифзи марзу буми кишвар, сулҳу амният, ваҳдату дӯстӣ, инкишофи туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва табиии ҷумҳурӣ буд. Бо бартарияти мазмуну муҳтаво, масъалагузорӣ ба соҳа ва ба талаботи озмун ҷавобгӯ будан барномаҳои зерин ғолиби озмун дониста шуданд: - «Тоҷикистон - диёри туризм» (муаллиф Наҷибулло Ҷобиров) – ҷои аввал; - «Сайру сафар» (муаллиф Абдувалӣ Нодиров) – ҷои дуюм; «Роҳбалад» (муаллиф Сайёд Муҳаммадов) – ҷои сеюм. Зимни як ҷамъомад Руслан Шодиков, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ғолибонро шодбош гуфта, ба онҳо мукофот супорид.
МАСЛИҲАТ
Масъулияти роҳбарӣ Бисёриҳо мехоҳанд роҳбар, сардор ё лидеру пешво бошанд. Барои ноил шудан ба ин хостаи худ баъзан фидокориҳои бузурге ҳам мекунанд. Иддае ҳатто аз ягон фароғату маишат рӯ наметобанд. Чаро чунин аст? Яъне, чаро ҳар кас мехоҳад, ки роҳбар бошад? Шояд аз он бошад, ки имконияту салоҳияти роҳбар бештар аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки дар баробари имконият доштан, аз масъулияту ҷавобгарӣ низ орӣ нест. Ба ибораи дигар даромад дошта бошад, баромад низ дорад. Аммо баъзеҳо, вақте ин мавзӯъ дар миён меафтад, мегӯянд, «Ту чӣ кор дорӣ ба баромадаш? Даромадашро нигар!» Воқеан, кадоманд масъулият ё ҷавобгарии сарвар будан? Чист пешомадаш, агар ин масъулият ба ҷо оварда нашавад? Мегӯянд, инсонҳо пеш аз ҳисобу китоб шудан дар маҳшар ҷамъ оварда мешаванд. Ҳама дар ин ҷамъомад озод асту роҳат. Аммо гурӯҳе ҳастанд, ки дастонашон ба сарашон баста аст. Инҳо роҳбарон будаанд. Дастонашон то он даме баста мемондааст, ки ҳисобу китоби аъмолро насупоранд. Муҳим нест, ки эшон болои чанд нафаре сарварӣ доштанд… Бале, дастонашон вақте во мешавад ва аз ҳолати асирӣ он гоҳ берун мешудаанд, ки ҳисобу китобашонро месупоранд. Сипас, ба қатори онҳое медароянд, ки замоне роҳбарашон буданд. Рафту ин гурӯҳ ҳисоби онҳоеро, ки замоне сарварашон буданд, дода натавонанд ва дар ҳаққи эшон ноадолатона рафтор карда бошанд-чӣ? Пас, бо дастҳои баста гардонда мешаванд, то ҷазои зердастонашонро бикашанд. Ҳамин аст, ки мегӯянд, Халифа Мансур дар аснои тавофи Каъба валии бузург Абдуллоҳ ибни Муборакро вомехӯрад. Ибни Муборак ба Халифа чунин мегӯяд: - Эй, амири муъминон, оё мебинӣ ин ҳоҷиёнеро, ки оби чашм мерезанд? - Мебинам. - Ҳамаи инҳо барои он оби чашм мерезанд, ки аз ҳисобу китоби танҳо нафси худашон ба ин ҳад метарсанд. Аммо ту ба ғайр аз нафси худат ба ҳисобу китоби ҳамаи зердастонат масъулу ҷавобгарӣ. Ҳоло бигӯ, ки ту бояд чӣ қадар ашк бирезӣ? Баъди ин ҳушдори Ибни Муборак навбати гиристан ба Халифа Мансур мерасад... Аз ин рӯ, инсонҳо, вақте мехоҳанд ба ягон мақому мансаб бирасанд, набояд ба масъала якчашма ё тавре мегӯянд, сатҳӣ нигаранд. Балки бо ҳар ду чашм нигоҳ кунанд. Яъне, бо чашме имконоти моддӣ ва манфиатҳоеро бинанд, ки мақому мансаб дар худ ниҳон доштааст, бо чашми дигар масъулияту ҷавобгарии онро. Бузургон мегӯянд, «кас бояд кӯшиш кунад, ҳамон мақомеро, ки роҳбар аст, боадолат идора кунад». Ҳамин бояд ҳадафаш бошад. Зеро онҳое, ки дар дунё ба зердастонашон мисли ғулом муомила мекунанд, дар уқбо худ муомилаи ғуломро сазовор шуда, ду даст ба сар баста мемонанд...
Исқоти ҷанин гуноҳи кабира аст Солҳои охир падару модарони фарзандбезор, махсусан, духтарбезор дар ҷомеа зиёд шуда истодааст. Падароне ҳастанд, ки вақте ҳамсарашон духтар ба дунё меорад, ё дар батнаш духтар бошад, онҳоро зери лату кӯб ва таҳдиди ҷудошавӣ карда, ба исқоти ҳамл маҷбур менамоянд. Андеша намекунанд, ки дар натиҷаи исқоти ҳамл ҷанин аз ковокии бачадон бо истифода аз асбобҳои махсус хориҷ мешавад ва ба ин восита ҳамл қатъ мегардад. Исқоти ҳамл, хусусан, дар давраи ҳамли аввалин барои саломатӣ хавфи ҷиддӣ дорад. Новобаста ба он ки исқоти сунъии ҳамл дар шароити мусоид ва мувофиқ гузаронида мешавад, тағйироте ба вуҷуд омаданаш мумкин, ки муоина ва табобати махсусро талаб менамоянд. Дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба нохуни пойи фарзанд зоранд, онҳо аз маҷбурӣ аз хонаи кӯдакон ва мактабинтернатҳо ятимонро ба фарзандхонӣ мегиранд. Бархе дар ҳасрати фарзанд чашм аз ин олами пур аз дарду ғам пӯшидаанд. Бино ба маълумоти Маркази миллии солимии репродуктивии ҷумҳурӣ шумораи исқоти ҳамл дар соли 2013 миёни наврасони 15-17-сола 10 нафар, 18-19-сола 1380 нафар ва занони 20-34-сола 10857 нафар, ҳамагӣ 15984 нафарро ташкил медиҳад. Гулнора Ашӯрова, роҳбари маркази мазкур зикр кард, ки қатъ намудани ҳомиладорӣ аз рӯи нишондодҳои иҷтимоӣ - камбизоатӣ, вайроншавии оилаҳо, ҳомиладорӣ дар натиҷаи таҷовуз - дар ҳолати мавҷуд будани хавфи ҷиддӣ ба саломатӣ барои наҷоти ҳаёти зан, инкишоф наёфтани ҷанин, нуқсонҳои модарзодӣ бо хоҳиши зани ҳомиладор аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо Вазорати адлияи ҷумҳурӣ муайян мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ҳар зане, ки мехоҳад исқоти ҳамл намояд, бояд аз маслиҳати маҳрамонаву некхоҳонаи мутахассис, ки вазъи саломативу зиндагиро ба назар мегирад, бархӯрдор шавад. Исқоти ҳамл проблемаи иҷтимоӣ буда, имрӯзҳо дар дунё миллионҳо зан баҳри рафъи ҳомиладории номатлуб ба он даст мезананд, миллионҳо нафари дигар дар фикри онанд, ки аз он истифода кунанд ё ин амалро такрор намоянд. Беҳрӯз Сатторов, имомхатиби масҷиди марказии шаҳри Душанбе мегӯяд, исқоти ҷанин аз нигоҳи ислом кори зишт ва қабеҳ ва ҷинояти бузург мебошад: «То ҷое ки уламои дин фармудаанд, ҳар зане қасдан дорӯе хӯрад ё илоҷе намояд, то ҷанини худро мурда таваллуд кунад, бар ӯ додани хунбаҳои як шахси комил воҷиб мешавад. Зеро замоне, ки ҷанин чормоҳа (121 рӯз) мешавад, аллакай, ба ҳамл рӯҳу ҷон бахшида мешавад ва қатл кардани он, ки ба сурати як шахси зинда дармеояд, ҷиноят ва гуноҳи кабира ба ҳисоб меравад. Занону духтароне, ки
шавҳар накарда, ҳомила мешаванд, ва минбаъд исқоти ҳамл мекунанд ба ду ҷиноят рӯ ба рӯ мешаванд. Яке ҷинояти зино, дигар ҷинояти исқоти ҷанин, ки ҳарду аз нигоҳи шариат гуноҳи кабира аст». Ба гуфтаи Б. Сатторов ин масъала баъзе ҳолатҳои истисноӣ ҳам дорад. Хусусан, агар бақои ҷанин боиси марги модар шавад. Дар ин ҳолат ҷанинро гирифтан дуруст аст, чунки аз дидгоҳи ислом, вақте инсон бо ду зарар рӯ ба рӯ мешавад, зарур аст, ки зарари сабуктарро интихоб намояд. Дар ин ҳолат ҳаёти модар бар ҳаёти фарзанд тарҷеҳ дода мешавад. - Исқоти ҳамлро метавон пешгирӣ кард. Яъне, бояд нагузошт, то зан ҳомила шавад. Ин аз дидгоҳи дини ислом ҳеҷ боке надорад. Чунончи, баъзе аз занҳо доруи махсус истеъмол мекунанд ё аз дигар роҳҳои тиббӣ истифода мекунанд. Фақат шарт ин аст, ки зан иҷозаи шавҳарро гирифта бошад, - афзуд Б. Сатторов. Яке аз сабабҳои зиёд шудани исқоти ҳамл муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бештари духтарони ҷавон зимни сӯҳбат қайд карданд, ки дар набудани шавҳар таълиму тарбияи фарзандро наметавонанд бар дӯш гиранд. Барои ҳамин, бархе аз онҳо саломатии худро ба назар нагирифта, ба исқоти ҳамли номатлуб даст мезанад. Мунира Шамсиева, мудири шуъбаи ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо нигаронӣ оид ба мушкилоти мазкур сухан карда, чунин арз намуд: “Масоили тандурустии занону кӯдакон яке аз масоили мубрами рӯз мебошад. Зеро ин масъалаест, ки аз он имрӯзу фардои миллат маншаъ мегирад. Ҳифзи тандурустии занону духтарон ва пешгирӣ кардани онҳо аз ҳар гуна корҳои номатлуб ва шармовар ҳадафи асосии фаъолияти Кумитаи кор бо занҳо
ва оила ба шумор меравад. Бо ин мақсад, кумита ва шуъбаву бахшҳои кор бо занони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои иттилоотӣ, тарбиявию маърифатӣ ва семинарҳои омӯзишӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо, литсею мактабҳои миёна ва марказҳои солимӣ ва муассисаҳои саноатии шаҳру наҳияҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Турсунзода, Файзобод, Ҳисор, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод ва Варзоб байни наврасону ҷавондухтарон ва занон дар мавзӯъҳои «Тарзи ҳаёти солим», «Риояи танзими оила», «Таваллуди хонагии занон» ва махсусан «Исқоти ҳамл ва зарари он» баргузор намудем. Дар натиҷа, маълум гардид, ки дар баробари дастовардҳо мушкилот дар самти саломатӣ ва исқоти ҳамли номатлуби занону духтарон вуҷуд дорад”. М. Шамсиева андеша дорад, ки ин тарзи муомилаи занону духтарон сабабҳои зиёд дорад. Масалан, аз донишҳои тиббии аввалия бехабар будани аксари аҳолӣ, хоса модарони ҷавон мебошад. Азбаски тарбияи насли ҷавон, аз ҷумла, духтарон дар марҳилаи имрӯзаи ҷомеа талаботи тоза пеш меорад, ки дар айни замон насли калонсол на ҳамеша онро дуруст дарк менамояд. Дар натиҷа, ҷавондухтарон ҳангоми ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ қадам ниҳодан ба мушкилоти зиёд дучор мешаванд. Дар ҳақиқат, исқоти ҳамл сафи занону духтарони беморро зиёд мекунад, ҳатто ба безурётӣ мерасонад. Агар ин мушкилотро аз байн набарем ё кам накунем ба ҷомеа зарари бештар хоҳад овард. Мо дар якҷоягӣ сари роҳи инро бояд бигирем. Чунки саломатии миллат аз саломатии занмодар сарчашма мегирад.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Модар, ҳаётамро аз ман нагир!
КОМЁБӢ
Медали нуқраи муҳассилини тоҷик дар Сербия Ҳафтаи гузашта дар пойтахти Сербия - шаҳри Белград Олимпиадаи 8-уми мактабиён аз фанни информатика баргузор шуд. Дар ин озмуни байналмилалӣ аз 8 мамлакат 38 нафар хонанда ширкат варзиданд. Бо иҷозати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз Тоҷикистон дастаи муҳассилини литсей-интернатҳои муштараки тоҷикӣ-туркии Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе иборат аз панҷ нафар дар олимпиадаи мазкур иштирок намуданд. Олимпиада аз ду даври корҳои амалӣ иборат буд. Муҳассилини тоҷик дар ин
озмун донишу маҳорати баланд нишон доданд. Солеҳҷон Рӯзибоев ва Нодир Даминов сазовори баҳои баланди ҳакамони озмун гашта, ба гирифтани медали нуқра ноил шуданд. Ин нахустин медалҳои хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи наврасони Балкан аз фанни информатика мебошад.
Шогирдони дигари литсейи мазкур Шуҳрат Ҳусейнов, Манучеҳр Турсунов ва Азизуллоҳи Қудратуллоҳ сазовори диплом гаштанд. Ҷои аввалро муҳассилини макотиби Руминия ва Булғористон ба даст оварданд.
С. АМИНИЁН, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Дилбар (номи шартӣ) момодоя аст. Ғайр аз ин, ба исқоти ҳамл (аборт) низ машғул мешавад. Боре дар беморхона навбатдор буд, ки ба утоқи кориаш зан ва марди миёнасол даромаданд. Барои исқоти ҳамл. Зан 5-моҳа ҳомила буд. Дилбар дар аввал розӣ нашуд. Фаҳмонд, ки тиб баъди 3-моҳагии кӯдак ба исқоти ҳамл иҷозат намедиҳанд. Хост онҳоро аз нияташон гардонад. Вале шавҳари зан ин суханонро ҳатто шунидан намехост. Онҳо 4 духтар доштаанд, вақте зан бори 5-ум ҳомиладор шуд, се маротиба аз ташхиси ултрасадо гузаштанд. Дастгоҳ ҳар се дафъа ҳам духтар будани тифлро нишон дод. Одатан, ҷинси тифл баъди семоҳагӣ муайян мешавад. Ҳангоме ки онҳо аз як ташхис ба ташхиси дигар гузашта, вақти зиёд гузарониданд, ҷанин аллакай панҷмоҳа шуд. Шавҳар барои исқоти ҷанин ба Дилбар пули зиёд ваъда кард, чунки намехост ӯро падари 5 духтар гуфта, таъна кунанд. Дилбар барои ҳамли номатлуб розӣ шуда, таъкид кард, ки ин сирро ба касе фош накунанд. Тифл, аллакай, калон шуда буд ва Дилбар қарор кард, ки ӯро ба порчаҳо тақсим карда барорад. Ҳамли номатлуб хеле вазнин мегузашт, зан азоб мекашид. Дар рафти ҷарроҳӣ ҳодисаи ғайричашмдоште рух дод. Вақте қисми аз миён поёни тифл пурра берун бароварда шуд, маълум шуд, ки кӯдак писар аст. Дилбар аз ҳайрат забон гум карда, қисми тифлро ба падару модараш нишон дод. Зан аз ҳуш рафт. Шавҳараш намедонист худро ба куҷо занад… Акнун Дилбар ба хулосае омад, ки ҷинси тифлро ягон таҷҳизоти замонавӣ наметавонад аниқ муайян кунад. Ин кор танҳо ва танҳо дар дасти Худованди бузург ва ҳаким аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
5
ТАНДУРУСТӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
6
СУҲБАТИ ГИРДИ МИЗ
ТААССУРОТ
Дил обод, хона обод, Меҳан обод Тобистони соли гузашта дар доираи ҳафтаи «Шоҳроҳи Ваҳдат» як гуруҳ фаъолони ноҳияи Фархор ба диёри зебоманзари Ховалинг рафтем, то аз кору зиндагӣ, маишати мардум, пешрафту ободонии ин ноҳияи кӯҳистон воқиф шавем.
Бемаърифатии хонандагон ва дастнорасӣ ба матбуот Ҳафтаи сипаригардида, дар шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳҳои ҷалби хонандагон ба матбуоти даврӣ» суҳбати гирди миз доир гашт. Дар он намояндагони Китобхонаи миллӣ, рӯзноманигорони ботаҷриба, мутахассисони соҳа ва хонандагони фаъоли китобхона ширкат доштанд. Зикр шуд, ки мақсад аз ҳамоиш ҷалби хонандагон ба шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли камбуду мушкилоти ҷойдошта ва сатҳи хизматрасонии кормандони шуъба ба хонандагон мебошад. Муҳаммадиқбол Атоев, мудири шуъбаи матбуоти даврӣ зикр кард, ки ҳамеша дар хизмати хонандагон ва мардуми шарифи Тоҷикистонанд. -Дар нимсолаи аввали соли равон зиёда аз 4 ҳазор хонанда ба шуъбаи матбуоти даврӣ муроҷиат намуда, ба ҳамаи онҳо хизмат расонда шуд. Зиёда аз 90 фоизи дархости хонандагон қонеъ гардид. Чаро 100 фоиз не? Кишвари мо ҷанги мудҳишеро аз сар гузаронд ва дар ин давраи бесарусомонӣ рӯзномаю маҷаллаҳои китобхона низ осеб диданд. Нафароне кӯтоҳандашӣ намуда, хабару мақола, саҳифа ва ҳатто як шумораи рӯзномаро даронда ё бо худ бурданд, ки аз ин хонандагони имрӯза танқисӣ мекашанд. Мо бисёр дархости хонандагоне, ки рӯзномаю маҷаллаҳои солҳои пешро талаб мекунанд, иҷро карда наметавонем, чунки дар китобхона рӯзномаю маҷаллаи дархостнамудаи онҳо
вуҷуд надорад, бошад ҳам, саҳифаҳои лозимаашон даронда шудааст, - афзуд М. Атоев. - Чунин мушкилотро ба инобат гирифта, ба мутахассисони соҳа, собиқадорон, аҳли зиё ва сармуҳаррирони рӯзномаҳову маҷаллаҳо, ки бойгонӣ доранд ва тӯли ҳаёти худ рӯзномаву маҷаллаҳоро дар хонаю корхонаҳои худ ҷамъоварӣ кардаанд, муроҷиат намуда, ҳамкории судманро ба роҳ мондем. Ин кор натиҷаи хуб ҳам дод. Масалан, аз бойгонии Раҳим Мусулмониён рӯзномаю маҷаллаҳои солҳои пешро ба китобхона ворид намудем. Инчунин, Ҳуринисо Ализода маҷаллаҳои «Бонувони Тоҷикистон» ва Сайёфи Мизроб бастаи панҷсола шумораҳои ҳафтаномаи “СССР”-ро тӯҳфа намуданд ва мо онҳоро дар хазинаи шуъбаи матбуоти даврӣ ҷой додем, ки садсолаҳо ба хонандагон ва дӯстдорони матбуот хизмат хоҳанд кард. Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР» қайд кард, ки имрӯз камбудӣ ё мушкилот дар шуъба ва ё Китобхонаи миллӣ нест, балки айб дар худи мардум аст. Бадбахтона, халқи мо хеле кам матбуот мехонад. Ҷамъияти моро бемории на-
хондан фаро гирифтааст. Халқ чашми худро барои мутолиаи рӯзнома азоб намедиҳад, барои он ки интернет айни замон дар ҳоли рушд аст. «Ман матбуоти аксари кишварҳои Аврупо ва баъзе мамлакатҳои Осиёро таҳқиқ ва назорат кардам. Ин бесарусомонӣ - матбуотгурезӣ, танбалии хонандагоне, ки дар ҷамъияти имрӯзаи мо ҳаст, дар ягон ҷамъияти дигар дучор наомадам, ҳатто дар Ҳиндустон, ки то ҷое ман иттилоъ дорам, ҳудуди 70 фоизаш савод надоранду хеле камбизоатанд, 20-30 дарсади донишмандаш, ки соҳибу хату савод ҳастанд ва аксарашро ҷавонон ташкил медиҳанд, зиёд рӯзнома мутолиа мекунанд. Дар ҳоле ки дар ин кишвар интернет хеле тараққӣ кардааст. Дар ҷумҳурии мо бошад, баръакси ҳол аст. Ҳамаи мо, ки имрӯз дастрасӣ ба интернет дорему пайваста дар интернет машғул ҳастем мутолиаи матбуотро аз хотир баровардаем”. Дар охир барои бартараф кардани камбудиҳо фикру андешаҳои судманд баён шуданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
ОЗМУН
e-mail: javonontj@mail.ru
Дастгирии эҷодкорони ҷавон Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ифтихори 20-солагии қабули Конститутсияи мамлакат чорабиниҳо доир хоҳанд шуд. Аз ҷумла, бо мақсади тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷавонон, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, озмуни ҷумҳуриявии мақола ва шеъри беҳтаринро ба муносибати 20-солагии Конститутсия эълон мекунад. Мақола ва шеъри пешниҳодгардида бояд мавзӯи Ватанро чун бузургтарин муқаддасот ифода намоянд, таъсирбахш буда, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона гардида бошанд, таърихи қабули Сарқонун, мазмуну муҳтаво ва мақсади асосии онро таҷассум намоянд. Матлабҳо то 20 августи соли равон бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6 (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд. Маълумоти муфассалро тариқи рақамҳои телефонии 92 789 6677 ва 91 562 0888 метаовнед дарёфт намоед.
Албатта, ин сафари аввалини камина ба ноҳияи мазкур набуда, хусусан, солҳои шӯравӣ бо сафарҳои хизматӣ борҳо аз ин мавзеъ дидан карда будам. Он айём ноҳия бо Комплекси агросаноатии чорводориаш таҳти роҳбарии Петров ном мутахассиси кордон аз Москва шуҳрат дошт. Мутаассифона, бо пошхӯрии давлати абарқудрат комплекси мазкур ҳам бо ҳама пешрафту дастовардҳояш аз байн рафт. Бо вуҷуд, он солҳо маркази маъмурии ноҳия чандон тараққӣ наёфта буд. Меҳмононро асосан табиати нотакрору зебоманзари ин мавзеи дилрабо ва зиёратгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ба ин ҷо мевард. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳам ҳолати меъморию сохтмонии ноҳия қариб, ки аз даврони пешин фарқе намекард. Хушбахтона, аз сафари навбатӣ бо таассуроти хуб баргаштем. Симои ноҳия хеле тағйир ёфтааст. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ, кӯчаву гулгаштҳои назаррабо симои ноҳияро ба таври шинохтанашаванда дигар ва бинанда ба ҳайрат меафтад, ки чӣ гуна дар як муддати кӯтоҳ ба ин ҳама муваффақ гардидан мумкин бошад? Бо дидани ин пешравиҳо боварӣ ҳосил намудем, ки дар сурати доштани майли ободкорӣ, роҳбарии дуруст ва сарҷамъӣ мушкиле нест, ки осон нашавад ва барои гӯшаеро обод кардан, пеш аз ҳама, дили ободгар бояд дошт. Ободкорӣ бошад, як гӯшаи имон аст. Аз суҳбат бо пирони кору зиндагӣ, мардуми ноҳия маълумамон гардид, ки кулли ин навгониҳо ва дастовардҳо маҳз ба давраи роҳбарии Қодир Валиев рост меояд. Ободкории роҳбари ноҳия дили сокинонро ба зиндагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ гармтар намуда, ҳар яке дар доираи тавону имкон кӯшиш мекард, ки дар чеҳра дигар кардани ноҳия саҳм гузорад. Соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ ҳам бо пайравӣ аз ин иқдомоти неки ҳукумати маҳал дар бунёди биноҳои замонавӣ, таъмиру сохтмони роҳҳо, кӯдакистонҳо саҳм мегирифтагӣ шуданд. Дар натиҷаи меҳнати аҳлонаю сарҷамъона ба хотири ободии як гӯшаи дурдасти кӯҳистон корҳои муҳлаташон дароз, дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ гардиданд. Имрӯз ҳар як сокини ноҳия бо ифтихор аз ободу зебогии ноҳияи худ сухан меронад. Мусаллам аст, ки сухани ҳақ баҳои сазоворро ба ҳар шахс, аз ҷумла, роҳбарон худи халқ медиҳад. Дар ин ҷо мақоли «ҳар чӣ кошта бошӣ, ҳамонро медаравӣ» ниҳоят мувофиқ меояд. Бо гузашти қариб як аср солорон аз ин ё он роҳбари кордону ободкор дар замони сотсиалистӣ то ба ҳол бо некӣ ёдовар мешаванд. Дар халқ ин гуна касонро инсонҳои бо пайи қадам, бафайзу баракат ном мегиранд. Дар баробари ба тартиб даровардани низоми меъморию шаҳрсозии ноҳия, ба соҳаи кишоварзӣ ҳам рушд бахшида шуд. Мардуми ин гӯшаи диёр асосан ба боғдорию ғаллакорӣ машғул мебошад. Бояд гуфт, ки иқлими ин ҷо аз бисёр минтақаҳои дигари мамлакат бо салқинӣ фарқ мекунад. Яъне, дар ин ҷо зироат дертар мепазад ва дар кори беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зироатҳо фурсат низ кам мемонад. Умуман, нисбат ба водиҳо кор дар ин ҷойҳо мушкилтар мебошад. Бо вуҷуд, солҳои охир нишондиҳандаҳои меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳия гувоҳи он аст, ки барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ, кафолати беҳтар гардидани сатҳи маишату зиндагии сокинон, чизе баҳона шуда наметавонад. Фақат майлу хоҳиш, кордонию роҳбарии дуруст, меҳнати ҳалол лозим. Бунёди чанд корхонаи хурду миёнаи саноатӣ дар ниҳоят далели он буданд, ки дар замони муосир фақат бо як соҳа қаноатманд будан, аз дурандешӣ нест. Дар шароити танқисии ҷойҳои корӣ аз ҷузъитарин захираю имконоти дохилӣ истифода бурдан, маънои ҳақиқии хоҷагидориро дорад. Аз деҳот то шаҳрҳо, агар воридотро коҳиш додаву содиротро тараққӣ бахшем, аз бисёр лиҳоз бурд хоҳем кард. Вақте аз раиси ноҳияи Ҳамадонӣ таъин гардидани Қодир Валиев воқиф гардидам, албатта, бо он таасуроти гирифтаам хурсанд ва ҳамчунин, каме зиқ шудам. Зиқӣ аз он ки мабодо бо рафтани ӯ аз ноҳияи Ховалинг суръати корҳои созандагӣ коҳиш ёбад. Хурсандиам аз он буд, ки ноҳияи замоне хеле ободи Ҳамадонӣ ҳам дер боз ба роҳбаре чун Қодир Валиев ниёз пайдо дошт. Боварӣ ҳаст, ки Қодир Валиев минбаъд ҳам кору фаъолияти созандаашро идома медиҳад. Муҳим, ягон гӯшаи Тоҷикистони азиз нообод намонда, гул-гулшукуфон шавад ва агар ҷои ифтихор кардан бошад, на танҳо дар алоҳидагӣ бо деҳу ноҳия ва шаҳри худ, балки тамоми Тоҷикистон – хонаи умумиамон дар ифтихор бошем.
Ҳасан БОБОЕВ, мудири шуъбаи муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Фархор
- Сабаби ба хатоӣ роҳ додани Юнан Чжанро дар чӣ мебинед? - Дар суҳбати пешина дар бораи саққоиҳо сухан гуфтем. Дар атрофи эшон баҳсҳо ҳанӯз зиёд аст. Ин мардум зодаи Сиистон аст, лекин дар тамоми манотиқи Хуросон сукунат доштанд. Аз ҷумла, дар Хоразм, ки ҳоло ба ҳайати Узбекистон ворид аст. Ин ба даврони ҳукмронии сулолаи Аҳмадиҳо дар мулки Эрон, ба асрҳои 5-6 то солшумории исавӣ рост меояд. Дар асри 6-и солшумории мо сайёҳи Чин Юнан Чжан ба водии Фарғона, аз ҷумла, ба Ош, Ҷалолобод ва Ботканди Қирғизистони имрӯза, Хуҷанди Тоҷикистон, Намангон, Фарғона, Андиҷони Узбекистон меояд. Мебинад, ки ин ҷо низ сокинонаш мардуми форсзабон аст. Он замон ин минтақа ба ҳудуди давлати Эфталитҳо ворид буд. Халқҳои эфталиту тахор мардуми форсзабон маҳсуб меёфтанд. Имрӯз ба минтақаи Тахори Афғонистон маъруф аст. Ҳамин тавр, эфталитҳо як империяи бузургро ташкил дода тавонистанд. Муносибати эфталитҳо бо чиниҳо хеле хуб буд. Чунин муносибати дуҷонибаи нек имкон дод, рафтуо пайваста сурат гирад. Тоҷирон ба тиҷорат машғул шуда, ҳайатҳои гуногун ба кишварҳои якдигар
ташриф меоварданд. Аз вазъи давлатдорӣ, фарҳанг, тарзи рӯзгордорӣ, шуғл, расму русуми мардум ва масоили дигар бохабар мегардиданд. Аз чунин фурсати қулай истифода бурда, сайёҳ Юнан Чжан ба минтақа сафар намуд. Вай мехост бо ҳаёти мардуми ин ҷо аз наздик шинос шавад. Тарзи зиндагии эшонро бо чашми сар бинад. Азбаски забони мардуми таҳҷо, махсусан, гӯйиши онҳо, яъне суғдиёни тоҷикро чандон
сайёҳу муррихи чинӣ гардид? - Бале, ҳамин тавр аст. Акнун аз он замон то кунун беш аз ҳазор сол сипарӣ гардид. Аммо имрӯз ҳам кас агар аз илми забоншиносӣ огаҳ бошаду ба атрофи Чоч ё Тошканди ҳозира сафар карда, ба гӯйиши мардуми он ҷо диққат диҳад, як чизи муҳимро ошкор месозад. Ҳис мекунад, дар гуфтори эшон суханҳое истифода мегардад, ки ҳазор сол пеш дар истеъмол буд. Нуктаи дигари муҳим он аст, ки номҳои ҷуғрофии тоҷикӣ дар ин маҳал хеле зиёд вомехӯранд. Масалан, аз Тошканди имрӯза каме дур рафтед, ба мавзеи Чимгон ворид мегардед, ки маънои баландиро дошта, вожаи соф форсии тоҷикист. Бурчимулло, Пускон, Боғистон, Нанай ба ин монанд чандин номҳои ҷуғрофии маҳалро бо номҳои тоҷикӣ вохӯрдан мумкин ва худи сокинони ин мавзеот ҳама тоҷиконанд. Назди шаҳри Тошканд, инчунин, шаҳрҳои дигар бо номҳои Ангрен, Оҳангарон ва дигар маҳалҳои тоҷикнишин мавҷуд аст. Дар асл Ангрен шакли вайроншудаи Оҳангарон аст. Ҳангоми сайру саёҳат ва ҷаҳонгардиҳо ба ман бисёр суол
кор гардад. Чунки сайёҳи Чин гӯйиши суғдиҳоро аз саққоиҳо фарқ карда натавонист. Аз ин хотир, мардуми ин минтақаро, асосан, саққоҳои номид. Имрӯз дар гуфтори тоҷикони атрофи Тошканд вожаҳои туркӣ фаровон истифода мегардад. Масалан, ба ин ҷумла диққат диҳед: “Ба гапамон қулоқ андозед”, яъне “Ба гапамон гӯш андозед.” Чунин ҳолат аз он сабаб рух додааст, ки қабилаҳои туркзабони қароқирғизӣ дар ин ҷо бо мардуми бумӣ - тоҷикони суғдӣ муддати тӯлонӣ як ҷо зист доштанд. Чунин ҳамзистӣ бешубҳа, ба рӯзгордорӣ, маишат, фарҳанг, расму русум таъсири ҷиддӣ расондааст. Аз ҷумла, ба забони гуфтугӯи мардум. Ҳамчунин, дар ин ҷо вожаю ибораҳоеро вохӯрдан мумкин, ки беш аз ҳазор сол ин мардум истифода мекард ва то ҳол истеъмол мегардад. Барои тоҷикони дигар маҳалҳо ин гуфторҳо нофаҳмост. Масалан, ибораҳои “Са омадӣ?”, “Са мекунӣ?”, “Са кардӣ?”, ки маънои “Аз куҷо омадӣ?”, “Чӣ ҳол дорӣ?”, ”Чӣ кор мекунӣ?”- ро дорад. Чуноне ки гӯйиши тоҷикони имрӯзаи водии Яғноби Фалғар,
академики қалбакие, ки шумо номбар кардед. Чунин даъвоҳо, албатта ҳадаф доранд. Бо ҳар роҳ инкори таърих, фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик. Аз таърих аён аст, ки ба сари мардуми заҳматпешаю сулҳпарвари тоҷик чӣ қадар санҷишҳои ҷиддӣ омадааст. Фарҳангашро бурданд, дар манзилаш ҷо гирифтанд. Лекин миллат ҳамоно побарҷост. Ба таърихи начандон дур назар андозем, мебинем, ки чӣ қадар беадолатиҳо нисбат ба тоҷикон роҳ дода шудааст. Пас аз инқилоби Октябр давлати тоҷикон аввал чун кишвари мухтор дар ҳайати Узбекистон таъсис ёфт. Сипас, аз шаҳрҳои асосиаш ҷудо, дар қисмати шарқии Бухоро давлати тоҷикон барпо ёфт. Ҳарчанд ки ҳазор сол пеш маҳз дар Бухоро давлати тоҷикони Сомонӣ вуҷуд дошт. Ин давлат пасон барҳам хӯрд, лек муддати қариб ҳазор сол забони давлатдорӣ забони тоҷикӣ буд. Асосгузори давлати узбекҳо Шайбонихон дар асри 15 нузул кардааст. Вале ӯ мақсади турккунонии мардуми минтақаро надошт. На чун роҳбарони давлати шӯравии Уз-
дуруст намедонист, ҳини омӯзиш ба хатоиҳои ҷиддӣ роҳ дод. Аввалин хатои ин сайёҳ аз он иборат буд, ки дар ёддоштҳои худ мардуми таҳҷо, форсзабонҳои ин водиро саққоиҳо ном мебарад. Тавре дар боло гуфтем, саққоиҳо дар ин минтақа низ ҳузур доштанд, аммо хеле кам.
медоданд, ки чаро дар бораи Осиёи Марказӣ кам ҳарф мезанам. Дар посух мегуфтам, ки аксар олимони Аврупо ва дигар кишварҳо, аз ҷумла, Чин дар бораи таърихи ин минтақа маълумоти нодуруст ба табъ расондаанд. Ман бошам, он қадар маълумоти кофӣ нағундоштаам.
ки ҳоло ноҳияи Айнӣ ном дорад, барои тоҷикони дигар маҳал қариб ноошност. Лек ин ҳам як ҷузъи забони тоҷикист, ки аз миёни қарнҳо бароямон меросу ёдгор мондааст. - Рух додани чунин хатоҳо шояд боис шуда, ки бархе ба ном олимон,
бекистон, ки тоҷиконро маҷбур дар шиносномаҳо узбек номнавис мекарданд. Шайбонихон мехост хонҳои алоҳидаро муттаҳид намуда, империяи бузург таъсис диҳад. Ба ин муваффақ ҳам шуд. Аммо қаноат накард. Ҳирсаш афзуду ҷониби Эрон лашкар кашид. Дар он ҷо ши-
На он тавре ки тоҷикони суғдӣ сершумор буданд. Сабаби дигари ба чунин хато роҳ додани сайёҳ он нуктаи дигар маҳсуб меёбад, ки ба муҳити ин ҷо ба таври бояду шояд шинос набуд. Аз ин хотир, сарфаҳм нарафт, ки форсзабонони Чоч ва атрофи он бештар суғдиҳо, яъне, тоҷикон мебошанд. Мардуми туркзабон ба минтақа акнун ворид мегашт. - Ҳамин тавр, надонистани забон, ноошноӣ ба муҳити минтақа боиси хатоҳои
Бояд минтақаро амиқ омӯхт. Вақте таҳкурсии боэътимод пайдо шавад, пас баҳс кардан мумкин. Омӯзиши водии Фарғона, бахусус, Чоч ё Тошканди имрӯза имкон дод, асноди хеле саҳеҳ ба даст ояд. Бо боварии том метавон гуфт, ки ин мавзеот макони зисти тоҷикон буд ва ҳоло ҳам эшон ин ҷо сукунат доранд ва ақидаи барғалати сайёҳи чинӣ Юнан Чжан дар бораи мардуми ин мавзеот ош-
аснодро нодуруст шарҳ дода, ба таҳрифкорӣ роҳ медиҳанд. Таърихи мардуми куҳантарини Осиёи Марказӣ - тоҷиконро инкор мекунанд. Албатта, ҳамаи ин ҳадаф дорад. Ба ин даъвои порсолаи академики сохтаи узбек Рустам Абдуллоев мисол шуда метавонад. - Дар ин хусус бо шумо ҳамақидаам. Маҳз дуруст, дақиқ наомӯхтани таърих бисёриҳоро ба гумроҳӣ мебарад. Аз ҷумла,
каст хӯрда, қафо баргашт. Ин ҳолат ба парокандашвии империяи ӯ оварда расонд. Вақт ноаён гузар дорад. Маҳз омӯзиши дуруст ва пажӯҳиши саҳеҳ имкон медиҳад, паҳлӯҳои норавшани таърихи миллатамонро ошкор созем. Исбот намоем, ки дар ин ҷода кӣ муваффақ шуда, кӣ ба хатоҳо роҳ додааст?
Хатои сайёҳ, таҳрифи таърих ва ҳадафҳои ғаразнок
Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ,“ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Саидаҳмади Давлаҳмад, сайёҳи ҷаҳонгард пайваста ба идораи ҳафтанома ташриф оварда, аз натиҷаи сафарҳояш барои хонандагон қисса мекунад. Дар суҳбати пешина бо ӯ дар хусуси пайдоиш, макони зисти саққоиҳо, ки бадахшониҳои имрӯза маҳсуб меёбанд, суҳбат доштем. Ин дафъа ҷаҳонгард дар бораи сафарҳои ба Осиёи Марказӣ намудаи сайёҳ ва муаррихи Чин Юнан Чжан суҳбат орост. Тавре Саидаҳмади Давлаҳмад изҳор дошт, сайёҳи Чин аз натиҷаи сафарҳояш ба ин минтақа китоб навишта, ба хатоиҳои ҷиддӣ роҳ додааст. Чунин хатоҳо имрӯз бархе олимонро ба кӯйи гумроҳӣ бурдааст. Ҳақиқати таърихро таҳриф, ба манфиати дигарон истифода менамоянд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
7
ДАР МЕҲМОНИИ РӮЗНОМА: САЙЁҲ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
8
БА ИФТИХОРИ 600-СОЛАГИИ МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Бошад каломи дӯст мубарро (Шарҳи ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ) Дӯст дар андешаи аҳли ирфон аз қабл он ҳабиби ягонатарин – Офаридгори бузург аст, ки дар ҳама ҳолати гармиву сардии рӯзгор инсон нахуст руҷӯъ ба ӯ мекунад. Ҳар дӯстие, ки миёни инсонҳо дар ҳастии он садоқат ва самимият таҷассум дорад, он ҳам аз фаязони лутфи Кирдугор сарчашма мегирад. Ба ин хотир, дар вуҷуди «дӯсти ҷонӣ», ки волотарин навъи дӯстӣ дар таснифи Шайх Саъдӣ муқаррар шудааст, пеш аз ҳама, мушоҳидаи алтофи илоҳӣ аз ҷониби нафари ӯро ба ин мақом баргузида таҷаллӣ дорад. Вақте инсон он ҳама муҳассанотро, ки аз файзи алтофи Кирдугор дар вуҷуди дӯст ба мушоҳида мегирад, нафари мубарҳан аз он фазилатро барояш чун дӯсти ҷонӣ мепазирад ва дар фаслҳои сарду гарми рӯзгор ва фурсатҳои ниёзмандиаш ба тасаллӣ ва шарокат ба қисмати шодиҳо ба партави муҳаббат ва садоқати дӯст паноҳ мебарад. Ин дӯст дар пиндори Мавлоно Ҷомӣ ҳам ҳамонест, ки Шайх Камол гуфта: Нест маро дӯсттар аз дӯст дӯст, Ӯст маро дӯст, маро ӯст дӯст. Ва онест, ки вуҷудаш аз лутфу инояти холиқи якто файз гирифтаасту он фаязон дар дидагони дӯстпазир муҷассам мешавад. Ба ин хотир аст, ки дар байти аввали ин ғазал Ҷомӣ мегӯяд: Ё аз забони дӯст шунав достони дӯст, Ё аз забони он, ки шунид аз забони дӯст. Андешаи Ҷомӣ ин ҷо, пеш аз ҳама, ба сӯи шунидани достони дӯст аз забони худи дӯст меравад. Яъне, қиссаи ишқи маъбуди якторо бояд аз забонаш бишнавид. Аммо ин забон на забонест, ки каломро ба бурунсӯ метаровад, балки ин забони хомӯшист, ки зимни фурӯ рафтан дар худ ва тааммул дӯстпазир каломи дӯстро ба гӯши ҷонаш мешунавад. Ин ҳамон ҳиссест, ки вақте инсони ориф ба гӯшаи худии худ менишинад ва аз ҳама садо мебурад, то танҳо садои дӯстро тавассути гӯши ҷонаш бишнавад, дар вуҷуди ӯ пайдо мешавад ва тамоми ҷаҳони дарунии вайро лабрез аз каломи дӯст мекунад. Ба ин хотир, дар мисраи аввали байт Ҷомӣ инсонро ба ҳамин ҳолат ва ҳамин ҷаҳони худии орӣ аз ҳама калому паёми ғайр даъват мекунад, то достони дӯстро аз забони хомӯшӣ ба гӯши ҷонаш бишнавад. Вақте фаротар аз ин меравад, ҳатто инсонро ба узлаткадаи дигаре мехонад, ки агар аз забони худи дӯст натавони достони дӯстро бишнавӣ, беҳтар он аст, ки аз забони оне шунавӣ, ки он аз забони дӯст шунидааст. Манзури шоир ин ҷо инсони комил аст, ки дар мақоми маънавӣ бар ҷое расида, ки ба гӯши
ҷонаш садои дӯстро шунидаву метавонад ва ҳақ ҳам дорад, то ин башоратро ба дигарон расонад. Дар зимни ин байт Ҷомӣ дар ҷаҳони омадшуд ҳам инсонро ба шинохти дӯсти воқеӣ ва қаробати самимонаву содиқона ба вай мехонад ва мехоҳад, ки ҳарчи агар аз дӯст мехоҳӣ бишнавӣ, беҳтараш аз забони худи вай бишнав ё ҳадди ақал аз каломи он ки достони дӯстро аз забонаш шунидааст. Ҳикмати ин амалкарди инсонӣ аз назари Ҷомӣ сарчашма дар як андарзи мардумӣ ҷой дорад, ки омада: «Агар хоҳӣ, ки дӯстатро бишносӣ, бубин, ки дӯсти дӯстат кист». Фузун бар таҷассуми ҳикмати орифонаи шинохти дӯст дар заминаи ин байт Ҷомӣ мехоҳад андешаеро низ таблиғ кунад, ки дар маърифати мақоми дӯст бояд, пеш аз ҳама, мустақим бо худи ӯ роҳ кушоӣ, на аз тариқи ононе, ки ин ҷойгоҳи дӯстро нашнохтаанд. Дар рӯзгори иҷтимоии мо ҳам ҳолоте иттифоқ меафтанд, ки дар бораи фазилат ва муҳассанот ё ҳатто амалкардҳои як нафар инсон фарди дигар аз рӯи пиндор ва дараҷаи маърифати худи ӯ мутталеъ мешавад ва ин иттилоъ метавонад нуқтаи назари нафари огоҳшударо дар бораи шахси мавриди назар на чунонки бояд ба вуҷуд оварад. Ё маърифати вайро аз ҳадде қарор диҳад, ки чунин нест ва ё боиси эҷоди афкори мағшуш нисбат ба он нафар гардад. Аз ин рӯ, вақте аз назари аҳамияти ахлоқӣ ва иҷтимоии ба кашфи маънии байт иқдом мекунем, равшан мегардад. Ҷомӣ ҷомеаро ҳам барои шинохти ҳақиқии дӯст даъват мекунад ва ин маърифат танҳо аз забони худи дӯст, яъне, қурбату наздикӣ ба худи ӯ ва ё нафароне, ки ӯро аз наздик мешиносанду солҳо ҳамнишину ҳамсухан ва ҳамақида будаанд, муяссар хоҳад гардид. Бошад каломи дӯст мубарро зи ҳар луғат, Ҳаст ин луғоти мухталиф аз тарҷумони дӯст. Калом ва паёми самимонаи дӯст дар ҳеҷ луғате ҷой надорад ва танҳо хоси ӯст. Ҷомӣ дар мисраи дуюми байт ҳузури ин каломи дӯстро ба тарҷумони дӯст марбут медонад. Тарҷумони дӯст – манзур ҳамон инсони комил аст, ки аз хилваткадаи дӯст барои нафарони роҳрав ба сӯи Ӯ паём мерасонад ва ин роҳи рӯшану пайдоро барои соликон нишон медиҳад. Аз назари воқеӣ ҳам мубарроии каломи дӯст аз ҳар луғат ба хулуси дӯсти ҳақиқӣ марбут аст, ки онро бояд ба ҳамон ҳис ва самимияти инсонӣ бар дигарон бирасонад, то вуҷуди дигарон ҳам лабрези иштиёқи чунин будан ва ҳатто расидан ба сӯҳбати чунин афроди муҷассами маънии ҳақиқии «Дӯст» гардонад. Зимнан, бо назардошти корбурди во-
жаи тарҷумон метавон мӯътақид шуд, ки вожаи луғат дар мисраи аввал ба маънии забон низ ба кор рафта, чун ин калима дар забони арабӣ ифодагари ҳамин матлаб аст ва шоир нозукона тавассути корбурди санъати таҷнис такрори зебоеро бо корбурди ин вожа эҷод намудааст. Берун бувад зи ҷумла нишонҳо к-аз ӯ диҳанд, Ин аст пеши дӯстшиносон нишони дӯст. Нишони дӯсти ягонаву бемисл пеши инсони ориф бенишонист ва аз ҳамаи ҷумлаи нишонҳои мансуб ба Ӯ берун аст. Дӯсти ягонатарин барои инсони ориф бенишон аст ва ҳамин саргаштагиву садоқат ба пиндори расидан ва пайдоии он нишон сӯфиро ҳамеша ба сӯи камолот мебараду мебарад. Аз ин рӯ, дар мисраи дуюм Ҷомӣ ҳамин бенишониро барои дӯстшиносон нишони дӯст мешуморад ва дӯстшиносон дар назари аввал ҳамон орифони роҳи ҳақиқатанд, ки барои шарафёбӣ ба бисоти қурби дӯст дар ҷустуҷӯи нишони дӯст ҳастанд. Аз диди ахлоқӣ, вақте ки дӯсти ҳақиқӣ аз фазоили илоҳӣ бархӯрдор мешавад, ӯ ҳам ба зоти худ пеши дигарон
ОЛИМОНИ ҶАВОН
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз Донишгоҳи Боулдер чор нафар Бо шарофати истиқлолият ҷавонони тоҷик имкон пайдо карданд, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи дунё роҳ ёбанд. Яке аз онҳо Инъом Мирзоев мебошад, ки алҳол дар Донишгоҳи Боулдери иёлоти Колорадои ИМА таҳсил мекунад. - Инъомҷон, ба қавли мардуми мо кадом «шамол» Шуморо ба Колорадо бурд? - То ба ин ҷо омаданам Донишгоҳи МЕТU-и шаҳри Анқара (Туркия)-ро хатм намудам. Донишгоҳи мазкур
байналмилалӣ буда, аз ҷониби Амрико таъсис ёфтааст. Соли охири таҳсил имтиҳонҳои GRE, TOEFL-ро бо баҳои аъло супурда, ба Донишгоҳи Боулдер роҳхат гирифтам. Таҳсил дар ин донишгоҳи бонуфуз орзуи деринаи ман буд. - Шумо дар кадом бахш таҳсил мекунед? - Ман дар факултаи «Риёзии амалӣ» (Applied Math) унвонҷӯ мебошам. Донишгоҳи Боулдер бо корҳои илмиаш дар ҷаҳон машҳур аст. Тайи чанд соли охир чор нафар омӯзгори донишгоҳ сазовори Ҷоизаи Нобел гардидаанд. Ин дар ҳолест ки бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳатто як нафар ҷоизадори Нобел надоранд. - Чаро маҳз тахассуси риёзиётро интихоб кардед? Омӯхтани риёзиёт бо забони модарӣ мушкилфаҳм аст. Ҳол он ки Шумо онро ба забони ғайр (англисӣ) меомӯзед?
- Замони таҳсил дар Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии иқтисодии Ҳоҷи Камол шаҳри Душанбе ман ба фанни риёзиёт шавқ доштам. Хушбахтона, дар литсей тамоми фанҳои табиӣ-риёзӣ ба забони англисӣ таълим дода мешуд. Устодони мушфиқ ба мо бо усули «аз сода ба мураккаб» таълим медоданд. Шомгоҳон дарсҳои иловагӣ мегирифтем. Бинобар ин, бо аксари ҳамсабақонам мушкилтарин формулаҳоро ҳал карда, роҳи ҳалли онҳоро ба забони англисӣ мефаҳмонидем. Бо ҳидояту роҳнамоии устодон 5 маротиба аз фанни математика дар олимпиадаҳои байналмилалӣ дар мамолики Осиё ва Аврупо ширкат варзида, сазовори 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардидам. Ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ касро рӯҳбаланд месозад. Бинобар ин, ман дар ҷараёни таҳсил мушкилиҳоро бо осонӣ паси сар кардам.
- Каме дар бораи шаҳри Боулдер ва донишгоҳ маълумот медодед. - Мувофиқи баҳодиҳии ширкати таҳқиқотии «Gаllup» ва ширкати тандурустии «Healthways» Боулдер миёни 162 шаҳри ИМА «хушбахттарин шаҳр» эътироф шудааст. Сокинони ин шаҳр ба оянда некбин (оптимист) буда, тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд ва аз лиҳози молиявӣ ҳифзшуда ба шумор мераванд. Боулдерро «Швейтсарияи Амрико» мегӯянд. Он аз маркази иёлоти Колорадо - шаҳри Денвер 40 километр дур аст. Аҳолиаш ба 100 ҳазор нафар мерасад, ки 25 ҳазор нафари онро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Агар ба ҳисоби миёна дар ИМА 84,5 дарсади аҳолӣ маълумоти миёна дошта бошанд, дар Боулдер ин рақам ба 95 дарсад мерасад. Қариб 68,9 дарсади сокинони Боулдер дараҷаи бакалавр доранд (дар ИМА 30%). Аксари аҳолии шаҳрро
зи ҳар луғат бемисл мешавад, яъне, аз диди иҷтимоӣ ин бенишонӣ ҳамон бемислист, ки инсон наметавонад дар нафари дигар онро кашф кунад. Барои ҳамин, қабл аз интихоби дӯст ба дигарон Ҷомӣ тавсия мекунад, ки дӯсти ҳақиқӣ ҳамонест, ки ба касони дигар монанд нест ва ҳисси самимияту садоқаташ хоси худи ӯст ва ин эҳсос маншаъ дар фазоили илоҳӣ дорад. Беҳ з-остони дӯст сари мо надида ҷой, То сар ба ҷо бувад сари мо в-остони дӯст. Беҳтарин саҷдагоҳ барои мо остони дӯст аст ва аз ин рӯ, Ҷомӣ талқин дорад, ки то замоне ҳастем, сари мову саҷдаи остони дӯст аст. Ибораи «сар ба ҷо будан» ба маънии то умр будан ва то дар ҳаёт буданро дорад ва шоир бо тазаккури ин таркиб тамоми умр сар дар остонаи дӯст ниҳодан ва ба ёди ҳамешагии Ӯ буданро талаққӣ мекунад. Ибораи «сару остони дӯст» ҳам сарчашма дар таъбири зебои мардумӣ дорад, ки дар бештари гӯйишҳои забони тоҷикӣ ба шакли «сари ману қадамҳои Шумо» истифода мешавад ва ин ибораи муҳаббатборро танҳо нисбат ба инсонҳои азиз баён мекунанд. Аз ин рӯ, барои дӯсти ҳақиқӣ низ ҷонсупор буданро Ҷомӣ тавассути тазаккури ин ибора изҳор медорад, чун ҳамеша хулуси беҳудуд ба иродату садоқати дӯст дорад ва ин сидқ зиндагонии вайро бо ҳузури дӯсти соҳиби он маънӣ мебахшад. Дастони шавқи ӯ зада мурғони боғи ишқ, Ҳар ҷо шукуфта ғунчае аз бӯстони дӯст. Дастони шавқи ӯ задан ин ҷо ба маънии ба сӯи он парвоз кардан, сӯи ӯ рафтанро дорад, чун дар ибораи баъдӣ «Мурғони боғи ишқ», ки манзур аҳли ишқу орифон аст, бо корбурди вожаи мурғ ин маънӣ равшан мешавад. Зеро дасти мурғ ҳамон боли ӯ ва ибораи дастак задан ба маънии парвоз кардани паранда ҳам дар фарҳанги мардумӣ роиҷ аст. Аз ин рӯ, шоир мӯътақид аст, ки тамоми мурғони боғи ишқ - яъне ошиқону орифон дар худ шавқи парвоз ба сӯи Ӯро бедор диданд, вақте дар ҳар гӯшае аз ин боғ нусхаи ғунчаи шукуфтаи бӯстони дӯстро мушоҳида намуданд. Ин ҷо Ҷомӣ дар зимни таркибҳои шоиронаи офарида мехоҳад ҳамон андешаи орифонаро тафсир кунад, ки ҳар ҷо ки нишоне аз партави лутфи илоҳиро равандагони роҳи ҳақиқат ба мушоҳида гирифтанд, шавқи дидори дӯст ҳамоно эшонро фаротар ба сӯи Ӯ бурд ва аз ҳар нишону асари муҳаббаташ файз гирифтанд. Аз мо гумони ҳусни вафо буд дӯстро, Шукри Худо, ки рост шуд охир гумони дӯст. Дӯст аз мо ҳамеша гумони вафодорӣ дорад ва ин ҷо ҳадафи Ҷомӣ тазаккури он аст, ки инсон дар олам ба ҳадафи маърифати Офаридгори хеш офарида шуда ва ишоратест ба ҳадиси қудсии Расули Акрам (с): «Ман
ганҷе будам, пинҳон, хостам шинохта шавам, биофаридам офаридагонро то офарида шавам». Аз ин лиҳоз, таъкиди шоир ҳам ба ҳамон мақомест, ки ӯ то он ҷо расида ва дар маърифати маҳбуби ҳақиқӣ тавфиқ касб намуда. Ҷомӣ ҳосилаи маънии ин байтро дар он таҷассум мекунад, ки дӯст аз мо гумони вафодорӣ мекард ва мо ҳам Худоро шукр, ки бар ин бовар сазовор шудему гумони дӯст ба ҳақиқат бадал шуд. Ин ҷо, аслан, қасди дигари Ҷомӣ таъкиди садоқатварзӣ ва аз имтиҳони сидқу бовар ва вафодорӣ дар роҳи дӯст маҳсуб мешавад, ки аз он изҳори хушҳолӣ мекунад. Ибораи «рост шудани гумон» ҳам дар фарҳанги мардум бо ҳамин маънӣ мустаъмал аст ва ба назар мерасад, ки Ҷомӣ дар корбурди вожаву таобири ноби луғатномаи тафаккури халқ дасти тамом дорад. Ҷомӣ маҷӯй кашфи ҳақиқат зи шайхи шаҳр, Бегона нест маҳрами сирри ниҳони дӯст. Дар байти мақтаи ғазал, ки ҳақиқати маънии ирфонии он бештар таҷассум мекунад, Ҷомӣ бар худ таъкид мекунад, ки кафши ҳақиқатро аз шайхи шаҳр маҷӯ. Шайхи шаҳр, зоҳид ва амсоли ин дар шеъри ирфонии форсу тоҷик ба иллати андешаи мушарраф шудан ба дидори Худованд дар биҳишт ва риёкорӣ мавриди накӯҳиш қарор доранд. Аз ин рӯ, ба таъкиди Ҷомӣ ҳам шайхи шаҳр ба кашфи ҳақиқати муяссар намешавад, чун барои дӯст бегона аст. Дар мисраи дуюм манзур аз бегонаи маҳрами асрори ниҳони дӯст ҳамон шайхи шаҳр аст ва ҳамеша ошиқону орифон ба кашфи ин асрор бирасанд, на зоҳидону сӯфиёни риёкор. Аз муҳимтарин мухтассоти сабки ғазали мазкур такрори зебои вожаҳо дар ҳар байт аст, ки дар баробари ба ҷо афтодан бо маъони мухталиф ба кор рафта, назокати шеваи иншои онро таъмин кардаанд. Аз ҷумла, дар байти аввал вожаҳои “дӯст” ва “забон” се маротиба такрор шуда, эҳсос мешавад, ки танаввуи маъноии калимот барҷаста муҷассам аст. “Забон”-и аввал марбут ба худи дӯст аст ва “забон”-и дуюм пайванд ба онест, ки матлаберо аз забони дӯст шунидааст. Зимнан вожаи “дӯст” ҳам дар ҳамин сурат маъонии мухталиф касб карда. Дар байти дуюм вожаи “луғот” бо маонии фарҳанг ва ҳам забон, дар байти сеюм калимаи нишон бо маънии асару нишона ва ваҷҳи шабоҳат, дар байти чорум вожаи «остон» ба маънии даромадгоҳи хона ва нишонаи қурбат ба дӯст, дар байти баъдӣ вожаи «гумон» ба маъонии пиндор ё андеша ва ҳамзамон, дар таркиби «рост шудани гумон» ба воқеият табдил ёфтани пиндор ба кор рафтааст.
Нуралӣ НУРОВ, номзади илмҳои филологӣ
Соҳибкорони қазоқ Тоҷикистон меоянд Имрӯз (3 июл) дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ»-и пойтахт мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон доир мегардад. Дар ин мулоқот намояндагони зиёда аз 20 корхонаю муассисаҳои мошинсозӣ, химиявӣ, сохтмонӣ, фармасевтӣ ва саноати хӯроквории Қазоқистон ширкат мекунанд.
9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
ҲАМКОРӢ
Миссияи тиҷоратии истеҳсолкунандагони қазоқистонӣ бо ташаббуси Агентии миллии содирот ва сармоягузории «Kaznex Invest»-и Қазоқистон сурат мегирад. Зимни мулоқот маросими имзои шартнома миёни Корхонаи трансформаторбарории “Кентав” ва Ширкати «Барқи тоҷик» дар назар аст. Дар ин чорабинӣ муассисаҳои Қазоқистон иқтидори муассисаҳо ва дурнамои ҳамкориҳояшонро бо соҳибкорони тоҷик баррасӣ хоҳанд кард. Қазоқистон яке аз шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2013 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар ба 564,7 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли 2012 5,2% зиёд аст. Аз соли 2009 Агентии миллии «Kaznex Invest» ба 14 кишвар (Ҳиндустон, Чин, Эрон, Руминия, Полша, Белорус) миссияҳои тиҷоратӣ ташкил намуда, ба маблағи 270 миллион доллар шартномаи содирот имзо кардааст. Умед аст, ки ташрифи соҳибкорони қазоқ боиси афзоиши ҳаҷми робитаҳои иқтисодии ду кишвари дӯст хоҳад гардид.
С. САЙФИДДИН, «ҶТ»
ОЛИМОНИ ҶАВОН
(88%) сафедпӯстон ташкил медиҳанд. Иқлими Боулдер муътадил буда, зимистон аз -5-7 дараҷа хунук намешавад. Тобистон ҳавои он +27+30 дараҷа аст. Сокинони Боулдер вақти зиёди худро дар ҳавои тоза гузаронида, ба велосипедронӣ, пиёдагардӣ, сайри ҷангалзори атрофи шаҳр сарф мекунанд. Сатҳи ҷинояткорӣ дар ин шаҳр хеле кам аст. Агар дар дигар шаҳрҳои ИМА барои то ҷои кору таҳсил рафтан як соат сарф шавад, дар Боулдер ин рақам 20 дақиқаро ташкил медиҳад. 12 нафар сокини Боулдер ҷоизадори Нобел мебошанд. Миёни шаҳрҳои ИМА Боулдер аз ҷиҳати теъдоди номзадони илм ба ҳар сари аҳолӣ ҷои аввалро мегирад. Донишгоҳи Боулдер калонтарин мактаби олии иёлоти Колорадо буда, соли 1876 таъсис ёфтааст. Он дорои осорхонаи қадимӣ мебошад. Дар ин осорхона қариб 4 миллион экспонат нигоҳ дошта мешавад.
Шаҳри Боулдер бародаршаҳри Душанбе аст. 8 майи соли 1987 миёни Душанбе ва Боулдер Созишномаи бародаршаҳрӣ имзо шудааст. - Ғайр аз Шумо дар ин донишгоҳ боз дигар ҷавонони тоҷик ҳам таҳсил мекунанд? - Бале, 3 ҷавони тоҷик дар бахшҳои гуногун ҳастанд. Аммо танҳо ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам. - Тасаввуроти амрикоиҳо оид ба Тоҷикистон чӣ гуна аст? - Ман мушоҳида кардам, ки аксари амрикоиҳо дар бораи география тасаввуроти кам доранд. Ба он чизе ки барояшон фоидаовар набошад, таваҷҷуҳ намекунанд. Ба бисёрии ҳамсуҳбатонам, вақте ки дар бораи Тоҷикистон нақл мекунам, мегӯянд, ки «бори аввал мешунавем». Ҳарчанд пойтахти кишварамон бо Боулдер бародаршаҳр бошад ҳам дар бораи шаҳри Душанбе акса-
рияташон маълумот надоранд. - Сари чанд вақт ба Тоҷикистон меоед? - Ҳар тобистон ҳангоми таътил ба аёдати хешовандон омада, дар кӯчаҳои Душанбе сайругашт мекунам. Аз оби зулоли Варзобу насими форами он баҳра бурда, боз озими Амрико мешавам. - Оянда чӣ нақша доред? - Мехоҳам ҳарчи зудтар кори илмиамро ҳимоя карда, ба ватани азизам баргардам ва дар риштаи риёзиёт пажӯҳишро идома диҳам. Охир мутафаккирон беҳуда математикаро “шоҳи фанҳо” ва “варзиши ақл” нагуфтаанд. Ҳар ҷо технологияи навин ихтироъ шавад, он ҷо саҳми илми риёзиёт ҳаст. Орзуи ман ин аст, ки Тоҷикистон бо ихтирои олимонаш ва ҷорӣ намудани технологияи ҷадид машҳури дунё шавад.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
ҷоизаи Нобел гирифтаанд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
10
МУЛОҲИЗА
Динро бидуни суннат тасаввур кардан маҳол аст, зеро суннат низ монанди дин василаест, ки тавассути он одоб, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонҳо танзим мешавад. Фаҳмиши суннат аз нигоҳи ислом барои мусалмонони имрӯз хеле муҳим мебошад. Барои баррасӣ намудани тамоми ҷанбаҳои суннат то ҳол ҷустуҷӯ ва тадқиқоти амиқи илмӣ идома доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки дар такя ба “Қуръон”, ҳадис, фиқҳи исломӣ ва адабиёти дигари илмӣ перомуни масъалаи фавқ ибрози назар намоем.
дониш ва зиндагӣ мешавад. Суннатгароӣ таассуб ва хурофотро поягузорӣ мекунад. Таассуб ё хурофот, дар навбати худ, дар роҳи илму хирад ва ҳақиқат монеа эҷод мекунанд, ё гузашта аз ин, илму хирадро инкор месозанд. Таассубро як тарзи тафаккуре маънидод мекунанд, ки аз поя ва асли ақлӣ маҳрум аст. Чаро таассуб зуҳур мекунад? Таассубро дини қалбакӣ (псевдорелигия) унвон кардаанд. Байни таассуб ва суннати динӣ фарқияти бузург аст. Сабабҳои пайдоиши таассуб ё хурофот гуногунанд: - ҷаҳолат; - тафсир ё бардошти нодуруст аз суннатҳои динӣ; - фосила гузоштан байни дин ва хираду илм; - роҳбарӣ намудани дин аз тарафи ашхоси ноогоҳ ва ғайра; Дар тӯли таърих таассуб бадбахтиҳои зиёдеро ба сари инсоният овардааст. Таассуб мавриде сар боло мекунад, ки илм ва хирад чун чароғи роҳнамо торикии ҷаҳолатро маҳв карданӣ мешаванд. Зишт-
Дини ислом зотан ҳар гуна таассуб ва хурофотро рад мекунад. Мисоли равшани ин дар сураи «Нос» баён шудааст: «Бигӯ: паноҳ металабам ба Парвардигор... аз шарри Деви ханносе, ки васваса меандозад, дар дилҳои мардум». Пайғамбари Акрам (с) қатъиян хурофотро маҳкум карда, онро баробар бо ширк ва мухолиф бо «ийёка наъбуду ва ийёка настаъин» (Туро мепарастем ва аз ту ёрӣ меҷӯем) медонист. То зуҳури ислом миёни арабҳо моҳи сафар моҳи наҳс маҳсуб мешуд ва дар давоми ин моҳ мардум аз анҷом додани баъзе корҳо даст мекашиданд. Пайғамбар (а) ин ақидаро ботил сохт ва фармуд: «Ҳамаи моҳҳо, аз ҷумла, моҳи сафар хубанд». Дар ин боб ҳадисе низ ҳаст: «Миёни мо набояд ҷое ба хурофоти марбут ба беморон, бумҳо ва моҳи сафар мавҷуд бошад». Пайғамбар (с) чун яке аз саҳобаҳояш бо номи Ҷаъфар даргузашт, амр дод, ки то се рӯз дар хонаи ӯ таом пӯхта нашавад ва хароҷоти мотам ва ғизоро ҳамсояҳо бар уҳда бигиранд. Ҳазрати Алӣ (к) дар «Наҳҷ-
Хурофот дин нест
e-mail: javonontj@mail.ru
«Дар дин ҳеҷ иҷборе нест, ҳамоно роҳи рост аз гумроҳӣ нишон дода шудааст». (сураи Бақара, ояи 256). Суннат бо тақозои замон дучори тағйирот мешавад ва ин як чизи табиӣ аст. Аз давраи Одам то ин дам чандин суннатҳо дучори тағйир шудаанд, зеро суннат як чизи собит нест. Суннат комил мешавад, шакли худро беҳтар мекунад, аммо асли он тағйир намеёбад. Суннат, ки калимаи арабӣ буда, маънояш - намуна, тариқ, рафтор ва гуфтори Пайғамбар мебошад, маҷмӯи анъанаҳоест, ки дар ҷаҳони имрӯз барои ҷавобгӯӣ ба ниёзҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа, инчунин, дар роҳи ҳифзи ҳувияти фардӣ ва ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Асоси суннат фармудаҳо ва аъмоли арбобони бузург аст, ки бо дарк аз ҳақиқати мутлақ барои пайравони хеш низоми дурусти зиндагии фардӣ ва иҷтимоиро тавсия намудаанд. Пайравӣ аз суннат дар роҳи ризои Худо маҷбурӣ нест, балки зарурат аст. Ҳар фарде бояд аз роҳи ихлосу яқин барои пайвастан ба ҳақ ва ҳақиқат суннатро ба ҷо оварад. Худи суннат маҷмӯи одобу ахлоқ ва эътиқод аст, ки аз насл ба насл мегузарад ва ҳамчун масолеҳи иморати дин ақидаи диниро зинда нигоҳ медорад. Суннат пайвандгари дирӯз бо имрӯз ва фардо буда, ба василаи он пайравони ин ё он дин муаррифӣ мешаванд. Суннати динӣ дар ҷойи холӣ пайдо намешавад, балки вобаста ба бинишу бовариҳои ибтидоии дар байни пайравонаш вуҷуддошта шакл мегирад. Масалан, суннатҳои рӯза ва ҳаҷ қабл аз ислом низ дар миёни арабҳо мавҷуд буданд, вале ҳадафашон дигар буд. Пайғамбари Акрам (с) ба ин суннатҳо маъно ва ҳадафи нав бахшид. Суннати динӣ дар ҷараёни таърих шакли худро тағйир медиҳад, вале асли худро, яъне, ҷавҳари худро нигоҳ медорад. Агар суннат мутобиқи шароиту замон шакли худро тағйир надиҳад, фосид мегардад. Ба назар нагирифтани ин ҷиҳат боиси зуҳури суннатгароӣ мешавад. Суннат аз суннатгароӣ тафовут дорад. Агар суннат ба суннатгароӣ табдил ёбад, динро аз пешравӣ бозмедорад, садди илму
тарин ҷиноятҳои содиркардаи инсонҳо, ки дар саҳифаи таърих сабт шудаанд, бо номи таассуб алоқаманданд. Бо шеваи ваҳшиёна - буридани дасту по, ба дор кашидан ва сипас сӯзондани орифи шӯридадил Мансури Ҳаллоҷ, ба дор кашида шудани донишманд Ҷордано Бруно, Шайхи Ишроқ Сӯҳравардӣ, фатвои куштори фарзонагоне назири Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсии Тӯсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва ғайра. Ваҳшату даҳшат, хатару зарари таассубро имрӯз дар симои толибони афғон ва даҳшатафканӣ (терроризм), ки ба номи поки ислом иснод меоваранд, баръало мушоҳида мекунем. Замони ҳукуматдории «Толибон» дар Афғонистон мактабҳои духтарона, ҳаммомҳои занона баста шуданд, созу мусиқӣ, намоишҳои телевизионӣ ва синамо мамнӯъ эълон гардид, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва фарҳангӣ нобуд шуданд. Чӣ оқибате кишвари ҳамзабони ҳамсояи моро интизор буд, агар ҳукмронии «Толибон» идома меёфт?! Феълан, қариб ҳар рӯз дар ин ё он минтақаи дунё амалҳои террористӣ руй медиҳанд, ки бар асари онҳо даҳҳо нафар бегуноҳ ҷони худро аз даст медиҳанд. Усулан ҳар як дини тавҳидӣ таассуб ва хурофотро рад мекунад. Масалан, дини масеҳӣ хурофотро баробар ба гуноҳ медонад, чунки он боварӣ ба қудрати мутлақи Худоро аз байн мебарад. Дар «Инҷил» омадааст: «Хурофот дурравӣ аз эҳсосоти динӣ ва таҷрибаҳое аст, ки ин ҳиссиётро воҷиб медонад». (22:16-22).
ул-балоға» фармудааст: «Касе, ки кӯркӯрона, бидуни ақл дар умури дин даст мезанад, ба гови ҷувозӣ монанд аст, ки дар як ҷо давр мезанаду ба ҷое намерасад». Расму ойини рӯзи се, чил ва оши сари сол, ки имрӯз бо хароҷоти ҳангуфт миёни мардум роиҷ шудаанд, дар оғози ислом набуда, баъдан пайдо шудаанд. Аз солҳои ҳафтодуми асри гузашта то соли 2007 исрофкориҳо дар маъракаю маросимҳои мотам ба як мусобиқаи худнамоишдиҳӣ табдил ёфтанд. Дар “Қуръон”-и маҷид, сураи «Бани Исроил», ояи 27 омадааст: «Исрофкорон бо шаётин баробаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш носипос буд». Дар «Доират-ул-маорифи фиқҳи исломӣ» бо иснод ба яке аз ровиёни муътамадтарини ҳадис Абуҳурайра (р) нақл мешавад, ки дар ибтидои ислом занони араб дар маросими мотам тибқи урфу одатҳои қабл аз исломӣ бо овози баланд навҳа мекарданд, сару рӯйи худро ханҷол мезаданд, мӯйҳои худро меканданд, пироҳанашонро чок-чок мекарданд. Пайғамбар (с) ин одатро сахт маҳкум намуд ва амр кард, ки ба ҷои ин одати ҷоҳилия ҳамчун нишони мотам ва изҳори андӯҳу ғам, мусибат, таассуф ва изҳори тобеият ба амру хости Худо ва василаи илтиҷои омурзиши шахси аз байнрафта як рӯз рӯза бигиранд. Ислом дини сулҳ, ақл ва таҳаммулпазирист. Ин нукта дар ояҳои “Қуръон” рушану возеҳ таъкид шудаанд. Мутаассифона, исломро, ки бар ин аслҳои устувор бунёд ёфтааст, дар Ғарб воруна
маънидод мекунанд, мисли дини ҷаҳолату даҳшатафканӣ, дини хушунат ва ғайра. Ба осиёби ақидаю назари ботилу ғалати ғарбиён, пеш аз ҳама, бунёдгароён, ифротгароён ва мутаассибони мазҳабӣ об мерезанд. Ин иштибоҳи азим аст, зеро дини поки ислом ба андозаи пари коҳе иртибот бо ҷаҳолату хушунат ва даҳшатафканӣ (терроризм) надорад. Онҳое, ки аз номи ислом даст ба терроризм ва дигар аъмоли ғайриинсонӣ мезананд, огоҳие аз асли ислом надоранд ва ғайримусалмонон набояд исломи нобро бо мушоҳидаи ин гуфтору рафтори ақаллияти камшумор, балки тавассути сарчашмаҳои аслии исломӣ ва уламои ростбин, ки ҳикмату азамати исломро тӯли таърих барои ҷаҳониён ба намоиш гузоштаанд, арзёбӣ намоянд. Ислом ҳамчун ойини осмонӣ комилан бар таҳаммул, сулҳ ва гузашту авф асос ёфтааст ва дар он ҷое барои адоват ва хусумат вуҷуд надорад. Он чӣ бар шаъну манзалати динҳои тавҳидӣ соя андохтанӣ мешавад, таассубу ифротгароӣ аст ва бадбахтӣ он аст, ки иддае аз рӯҳониён низ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ва ҳар як сухану аъмоли онҳо боиси вокуниши сахте мешавад. Чунончи, роҳибони як калисои кӯчаке дар иёлоти Флоридаи Амрико бо исми Терри Ҷонсу ва Уэйн Сапп дар вокуниш ба ҳамлаҳои терорристӣ ба манораҳои маркази тиҷоратии Ню-Йорк бо нишони эътироз нусхаҳои “Қуръон”-и каримро оташ зада буданд. Ин роҳибони ноогоҳ ҳанӯз соли 2009 дар ҳавлии калисоашон лавҳаи бузургеро низ бо навиштаҷоти «Ислом моли иблис аст» насб карда буданд ва футболкаҳоеро низ бо чунин навиштаҷот ба фурӯш гузошта, бо ин амали нопокашон дини масеҳиятро гаравгони дағдағаҳои шахсиашон карданд, ҳамон гуна, ки АлҚоида исломро чунин гаравгони худ намудааст. Албатта, ин амали ифротгароёнаи як роҳиби насронӣ ва дигар амалиёти ноогоҳонаи аҳли насоро ва яҳудия, назири мусаввири даниягӣ ё нависандаи яҳудӣ Салмон Рушдӣ, ё низомиёни амрикоии маҳбасхонаи Гуантанамо, ки “Қуръон”-и карим ва ҳазрати Муҳаммад (с)-ро мавриди таҳқир қарор дода буданд, таълимоти масеҳият ва яҳудиятро мунъакис намекунанд. Бидуни шак, амали ифротгароёни масеҳӣ ва яҳудӣ, ки шояд ба чандин даҳсолаи баъдӣ низ дар сайтҳои интернетӣ давр мезананд, хушунат ва вокуниши шадиди мусалмононро таҳрик дод. Дар баробари намоишу эътирозҳои мусалмонон, ки дар кишварҳои гуногуни дунё ҷараён гирифт, ифротгароёни мусалмон низ даст ба таҳқири “Таврот”-у “Инҷил” заданд. Яъне, як амали ифротӣ амали шадидтари дигари ифротиро бармеангезад. Иддае аз рӯҳониёни ислом низ бо мавъиза ва хитобаҳояшон, ки маҳсули ҷаҳонбинии танг ва ҷаҳолаташон аст, ба воситаи наворҳои видеоӣ ақидаҳои таассубомезу ифротгароёнаашонро таблиғ мекунанд. Дар ислом бошад, ҷое барои адоват ва хусумат вуҷуд надорад. Дар ояи 134-уми сураи «Оли Имрон» мехонем: «Он касоне, ки дар тавонгарию тангдастӣ инфоқ мекунанд ва хашми хеш фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд ва Худо накӯкоронро дӯст дорад». Рафтори онҳое, ки бо нафрат ва душманӣ бо мусалмонон, яҳудиён ва масеҳиён бархӯрд мекунанд ва онҳоро кофир мегӯянд, ҳеҷ иртиботе бо ягон дини тавҳидӣ надорад. Бахусус, дини ислом, ки дини сулҳ, мадоро, ақл ва таҳаммулпазирӣ аст.
Шафақ ҚИМАТШОЕВ, аспиранти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон
Варзишгари универсалӣ Хонандагони рӯзнома бо номи ҷавони боистеъдод Изатулло Мирзоев шиносанд. Мо бо ин паҳлавони забардаст, ки 10 мошинро бо дандонаш мекашаду 500 килоро дар рӯи шикамаш мебардорад, дар шумораи №9316 (14.11.2013) мусоҳиб шуда будем. Чанде пеш бо мусоидати овозхони ҷавон Фарҳоди Кӯҳкан диски намоиши истеъдоди И. Мирзоев ба дасти мухлисонаш расид. Дар ин диск бинандагон бо ҳунари паҳлавонии Иззатулло, аз қабили мошинкашӣ, вазнбардорӣ, шишахӯрӣ ва ғайра ошно мешаванд. То ин дам аксари мухлисон ҳунарнамоии Иззатуллоро аз сомонаи “Youtube» медиданд, ки сифаташ чандон хуб набуд. Иззатулло Мирзоев, ки чеҳраи хуби телевизионӣ дорад, дар филмҳои “Нигоҳи вопасин”, “Самаки айёр”, “Хоҷаи Сартез” ва ғайра ҳамчун каскадёр ва ҳунарпеша нақш бозидааст. - Баъзеҳо овозаи бардурӯғ паҳн кардаанд, ки гӯё ман мурда бошам, - мегӯяд
бо табассум Иззатулло. - Аммо ман ба чунин овозаҳо одат кардаам. Пештар иддае маро “ҷодугар” мегуфтанд. Ҳол он ки нишон додани нерӯи ҷисмонӣ дигар асту амали шаръан ҳароми ҷодугарӣ чизи дигар. Мутаассифона, дар ҷомеа ашхоси беҳунару дилсиёҳе ҳастанд, ки истеъдоди дигаронро эътироф кардан намехоҳанд. Воқеан, Иззатулло варзишгари универсалист. Ӯ дар гӯштини самбо, муҳорибаи омехта, вазнбардорӣ забардаст мебошад. Соли 2007 дар мусобиқаи варзишӣ дар ноҳияи Восеъ найзаро ба дурии 45 метр ҳаво дода буд. Вай дар ядропартоӣ низ маҳорат дошта, ядроро то ба дурии 12 метр мепартояд. Мухлисонаш борҳо аз Иззатулло хоҳиш карданд, ки ҳавопаймоеро бо банд бикашад. Ӯ ба ин кор омода аст, танҳо иҷозати фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавонавардӣ зарур аст. - Дар фурудгоҳи Кӯлоб ба ман пешниҳод карданд, ки агар аз дастам ояд, ҳавопайморо бикашам. Ман омодаам, вале дар шабакаҳои телевизионӣ аз ман барои наворбардорӣ ва намоиш маблағ талаб менамоянд. Кас ба як чиз ҳайрон меша-
вад. Шабакаҳои телевизионии кишвар бисёр вақт дар бораи варзишгару ҳунармандони хориҷӣ барномаҳои тайёрро намоиш медиҳанд. Пас, чаро як ҷавони соҳибистеъдоди тоҷикро дастгирӣ намекунанд? Иззатулло орзу дорад, ки донишҷӯи факултаи актёрии Донишкадаи санъат ё Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шавад. Орзуи дигараш нақш бозидан дар филмҳои ҳиндист. Ӯ кӯшиш дорад, забони англисиро омӯхта, ба Ҳиндустон равад. Иззатуллоро барои нақшофарӣ дар як филми тоҷикӣ даъват кардаанд. Мо таманнои онро дорем, ки ин ҷавони соҳибистеъдод ба орзуҳои хеш бирасаду ҳунарашро чун фарзанди Тоҷикистон пешкаши ҷаҳониён намояд.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
P.S.
Касоне, ки мехоҳанд ин варзишгари соҳибистеъдодро сарпарастӣ намоянд, метавонанд тавассути рақамҳои зерин бо ӯ тамос бигиранд: 98 722 06 09.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
11
ИСТЕЪДОД
ВАРЗИШ
Ду медали нуқраи бародарон аз Маскав Ҷавоне, ки дар борааш нақл мекунем, Набот Зиёвиддинов ном дошта, дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ ба дунё омадааст. Ҳангоме, ки дар мактаби деҳа мехонд, ба варзиш машғул шуда, дар ҷодаи гӯштини миллӣ, самбо ва дзюдо малакаҳои аввалинро аз муаллими тарбияи ҷисмониаш азбар мекунад. дод. Бародараш Шамшод низ, ки дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ менамуд, бо роҳбаладони дигар кишварҳо гӯштин гирифта, дар вазни 86 кило бародарам низ ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуд ва сарбаландона ба Ватан баргаштанд. Набот Зиёвиддинов имрӯзҳо ба шогирдон акнун на дар регзорони соҳилҳои рӯди Ванҷоб, балки дар толори варзишии мактаби рустои Гармчашма машқи гӯштин медиҳад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР
Ғолибияти Бобоев дар Русия 9-12 июни соли равон дар шаҳри Чебоксари Ҷумҳурии Чувашистони Федератсияи Русия Чемпионати Русия оид ба варзиши сабук байни собиқадорон доир гардид, ки дар он варзишгари собиқадори тоҷик Маҳмадулло Бобоев миёни намояндагони 4 давлат мақоми якумро соҳиб шуд. Маҳмадулло Бобоев дар давидан ба масофаи 400 метр байни мардон, ки дар он 106 нафар иштирок доштанд, байни ширкаткунандагон аз кишварҳои хориҷӣ сазовори мақоми аввал гардид. Дар чемпионати мазкур 80 дастаи 20-нафарӣ аз минтақаҳои гуногуни Русия ва намояндагони 4 кишвари хориҷӣ: Белорус, Словения, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чемпионати мазкур дар баробари Маҳмадулло Бобоев, инчунин, Улмас Олимов ва Галина Карамишова намояндагӣ карданд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Соли 1986 Набот Зиёвиддинов нахустин маротиба баҳри нишон додани маҳорати гӯштингирии худ аз зодгоҳаш берун рафта, дар Спартакиадаи мактаббачагони ҷумҳурӣ иштирок намуда аз рӯи намуди гӯштини тарзи самбо дар вазни худ сазовори ҷои дуюм гардид. Ҳамон сол даъватнома гирифта, аз рӯи оини меҳанпарастӣ барои хизмат ба сафи артиш рафт, вале, мутаассифона, дар натиҷаи як ҳодисаи нохуш, ки ҳангоми машқҳои низомӣ рӯй дод, чашмонаш зарар дида, нобино гашт. Дар госпитал ва беморхонаҳо табобати бисёр гирифт, вале бенатиҷа. Набот Зиёвиддинов ба маъюбии худ нигоҳ накарда, дар зодгоҳаш пайваста машқи гӯштин мекунад ва баъди чанде бачаҳои деҳаҳои Гармчашма, Рованд, Мурғудга ва Ғӯмастро низ дар регзорони канори Ванҷоб дарси майдондорӣ медиҳад ва ин фаъолияти худро то ҳоло идома дода истодааст. Соли гузашта, барои Набот Зиёвиддинов соли бобарор гардид. Вай дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе аз рӯи гӯштини тарзи самбо иштирок намуда, байни маъюбони ҳамвазн сазовори ҷои аввал шуд. Ҳамин тариқ, Набот барои ширкат дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия роҳхат гирифт. Бо кӯмак ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия ва соҳибкорон тавонист дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок карда, мақоми дуюмро миёни маъюбон соҳиб шавад. Ҳамчунин, Набот Зиёвиддиновро хурсандӣ ва шодмонии дигаре низ дар шаҳри Москва даст
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
12
ҶАШН
ФУТБОЛИ ҶАВОНОН
Таҷлили се ҷашн дар як рӯз Ҳафтаи гузашта бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии мамлакат дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, маъмурияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоили варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон бахшида ба се ҷашн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи байналмилалии олимпӣ ва Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони риштаи варзиш чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирокдоронро ба ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, иброз дошт, ки 27 июн барои мардуми тоҷик рӯзи тақдирсоз аст. “Ваҳдати миллӣ миёни дигар идҳо фарқ мекунад. Дар он нишот ва ғаму ғусса аст. Садҳо ҳазор ҷавонмарду падару модарони мо дар натиҷаи ҷангӣ шаҳрвандӣ ҷони худро аз даст доданд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз як оила бародар бародарро мекушт, модари тоҷик шабу рӯз ашк дар чашм буд, садҳо ҳазор ҳамватани мо аз ватани худ фирор карда, ба Ҷумҳурии Афғонистон паноҳ бурда буданд, дар кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз тарс одамон намегаштанд, ҳама ҷо холӣ буд, аз ҷумла, пойтахти мамлакат. Шодиву нишот аз он ки миллати тоҷик тавонист зери роҳбари бохирад
Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҷанги мудҳиш ва бародаркуш дар муддати кӯтоҳ раҳо ёфта, бори дигар фарҳанг ва таърихи волои худро дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳад ва тасдиқ намояд, ки халқи тоҷик метавонад бо шуури баланди инсонӣ соҳиби давлат бошад. Абдуллозода Аҳтам варзишгарон ва хабарнигорони соҳаи варзиширо ба иди касбиашон табрик намуда, зикр кард, ки дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолият ва барқарор шудани сулҳу ваҳдат Кумитаи миллии олимпӣ таъсис ва дар давраи фаъолият зина ба зина ташаккул ёфт. Мо тавонистем миллати худро дар соҳаҳои гуногуни варзиши олимпӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намоем. Имрӯз шавқу ҳаваси ҷавонон ба варзиш афзуда истодааст, ки маҳсули натиҷаи меҳнати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои муайяни давлатӣ ва ғайридавлатии
соҳаи варзиш мебошад. Зикр гардид, ки ҳангоми пирӯзии варзишгарон инъикосу муаррифӣ намудани онҳо дар ҷомеа ва дар арсаи байналмилалӣ вазифаи муқаддаси хабарнигорони соҳаи варзиш аст. Кори хабарнигорӣ фавриятро талаб мекунад ва нақши онҳо дар муаррифӣ намудани миллат аз нигоҳи дастовардҳои соҳаи варзиш бениҳоят калон аст. Сипас, Дабири кулли Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки Рӯзи олимпӣ дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҷлил мегардад. Он барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Қобили қайд аст, ки дар чорабинии мазкур аз 14 намуди соҳаи варзиш, аз ҷумла дави оммавӣ ба масофаҳои гуногун, армспорт (дастхобонӣ), баскетбол, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи варзишӣ, гӯштини миллӣ, дзю-до, тенниси рӯи миз, тӯби дастӣ (гандбол), футболи хурд, чавгонбозӣ ва ғайра дар майдони бузурги Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон мусобиқа доир гашт. Дар анҷом ба беҳтаринҳои мусобиқот сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Тими ҷавонони кишвар сазовори ҷои сеюм Тими ҷавонони мамлакат оид ба футбол (U-16) таҳти роҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров медалҳои биринҷии мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Қазоқистон-2014-ро ба даст оварданд. Дар мусобиқа 6 даста дар ду гурӯҳ бо ҳам рақобат карданд. Футболбозони ҷавони кишвар дар гурӯҳи “А” бар дастаи Озарбойҷон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, аз тими Испаниа бо ҳисоби 0:7 шикаст хӯрданд. Дар даври баъдӣ тими ҷавонони кишвар бо ҳамсолони қазоқашон барои ҷои сеюм қувва озмуданд. Замони асосии бозӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Баъди зарбаҳои ёздаҳметра бахт ба рӯи футболбозони ҷавони мо хандида, бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд. Барои ҷойҳои 5-6 дастаҳои Озарбойҷон ва Қирғизистон қувва озмуданд. Дар ин дидор футболбозони ҷавони Озарбойҷон ба дарвозаи Қирғизистон 5 голи беҷавоб заданд. Дар бозии финалӣ ғолибони гурӯҳҳо – Испаниа ва Гурҷистон вохӯрданд. Бозӣ бо ҳисоби 6:1 ба фоидаи испаниҳо анҷом ёфт. Дар анҷом беҳтаринҳои мусобиқа низ муайян шуданд. Ҷоизаи «Беҳтарин дарвозабон» насиби дарвозабони тими ҷавонони кишвар Беҳрӯз Хайриев гардид.
ТАЭКВАНДО
Донишҷӯён ба 600 варзишгар хизмат мерасонанд
e-mail: javonontj@mail.ru
28 июни соли равон оид ба рафти омодагӣ ба баргузории Чемпионати ҷаҳон байни наврасон оид ба таэквандо (ITF), ки 2-11 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Ба саволҳои рӯзноманигорон Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинги ҷумҳурӣ, Наргис Набиева, ноиби раиси Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинг ва Фурқат Урунов, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони мамла-
кат оид ба таэквандо (ITF) посух доданд. Гуфта шуд, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ бо супориши Президенти мамлакат зиёда аз 600 000 (шашсад ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Аз тарафи гурӯҳи корӣ намунаи медалҳо, ҷомҳо, дипломҳо, даъватнома, барнома, буклет, бейҷик, брошюра ва дигар лавозимо-
ти зарурии чемпионат таҳия гардида, бо Федератсияи байналмилалии таэквандо ва аъзои Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мувофиқа шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ ва дархостҳои пешниҳодгардида дар чемпионат иштироки зиёда аз 600 варзишгар аз 50 кишвар дар назар аст. То имрӯз аз 38 кишвар дар-
хости расмӣ ворид гардид. Барои таъмин ва хизматрасонӣ ба ҳайати иштирокчиён ва меҳмонони чемпионат бо роҳбарии ноиби раиси федератсия гурӯҳи махсуси ихтиёриён аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки забони хориҷӣ медонанд, таъсис ёфт. Зикр шуд, ки бо назардошти таҷрибаи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгӯ будани иншоот барои баргузории Чемпионати ҷаҳон Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Барои дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дастаи мунтахаби кишвар иборат аз 43 нафар, аз ҷумла, 23 писар ва 20 духтар интихоб гардиданд. Онҳо як моҳ (моҳи июл) дар яке аз минтақаҳои табобатию истироҳатӣ тамрин хоҳанд кард.
Натиҷаи бозиҳои даври ҳаштякфиналии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2014 Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар варзишгоҳҳои Бразил бо шӯру шавқ идома доранд. Баъзе дастаҳои муддаии қаҳрамонӣ, ба мисли Англиа, Португал, Испаниа, Италиа дар гурӯҳи худ монда, идомаи чемпионатро шояд дар хонаҳояшон тамошо мекунанд. Ғайриинтизори ин муддаиён дастаҳои барои онҳо назарногир, монанди Мексика, Алҷазоир, Нигериа, Колумбиа ба даври ҳаштякфиналӣ роҳ ёфтанд. Даври ҳаштякфиналӣ бо бозӣ миёни ду дастаи Амрикои Ҷанубӣ - Бразил ва Чилӣ оғоз шуд. Замони асосӣ ва изофӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Ба голи задаи Давид Луиз, бозингари Бразил дар дақиқаи 18, футболбози Чилӣ Алексис дар дақиқаи 38 ҷавоб гардонд. Танҳо баъди задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра (3:2) Бразил ба даври чорякфинал роҳ ёфт. Дар бозии дигар Колумбиа дастаи Уругвайро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳар ду голро бозингари 22-сола Ҷамес Родригес зад. Набудани Луис Суарес барои дастаи Уругвай эҳсос мешуд. Суаресро, ки ҳангоми бозӣ як бозингари Италиаро газид, ФИФА чор моҳ аз ҳаққи бозӣ маҳрум кард. Ба ҷои ӯ бозингари бомаҳорати дигари Уруг-
вай Форлани 35-сола ба майдо даромад, аммо дастаашро пеш бурда натавонист. Акнун Бразил бо Колумбиа дар даври чорякниҳоӣ бо ҳам вомехӯранд. Ҷуфти дигари даври чорякниҳоӣ баъди бозии Ҳолланд - Мексика ва Костарика – Юнон маълум шуд. Дар бозии аввал Мексика ва дар бозии дигар Юнон аз идомаи бозиҳо маҳрум шуданд. Ҳолланд бар Мексика бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Ҳисобро бозингари Мексика Дос Сантос дар дақиқаи 48 кушод. Ба ин гол бозингарони ҳолландӣ Снайдер (дақиқаи 88) ва Ҳунтелаар дар дақиқаҳои иловагӣ ҷавоб гардонданд. Бозии Костарика бо Юнон замони асосӣ ва изофӣ мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Бозингари Костарика Руиз дар дақиқаи 52 ва бозингари Юнон Сократис дар дақиқаҳои иловагӣ гол заданд. Ғолиб баъди задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра маълум шуд. Костарика бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд. Дар бозии дигар Фаронса ба дарвозаи Нигериа ду голи беҷавоб зад. Дар ин бозӣ 23 зарбаи кунҷӣ зада шуд. 14-то аз ҷониби фаронсавиҳо, 9-то аз ҷониби нигерҳо. Голҳо низ дар ҳамин ҳолат зада шуданд. Як голро бозингари Фаронса Погба дар дақиқаи 79 зад. Тӯби дигарро бозингари Нигериа Ёбо дар дақиқаҳои иловагӣ вориди дарвозаи худашон кард. Олмон бар Алҷазоир бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ин ғалаба барои олмониҳо осон даст надод. Замони асосӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар дақиқаи дуюми замони изофӣ бозингари олмонӣ Счурле ҳисобро кушод. Ҳамдастааш Озил дар дақиқаи 120 ҳисобро афзуд. Ба ин ду гол алҷазоириҳо дар вақти иловагии замони изофӣ бо як гол ҷавоб доданд. Ин амалро Ҷабоу иҷро кард. Акнун дар даври баъдӣ Олмону Фаронса рақобат мекунанд. Аргентина низ бар ҳарифаш тими Швейтсариа ба осонӣ ғолиб наомад. Замони асосии бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Ҳуҷумҳои пайдарҳами аргентиниҳо бенатиҷа буданд. Танҳо дар дақиқаи 118 бозингари бомаҳорат Де Мариа баъди партофти Мессӣ тӯбро вориди дарвозаи рақиб кард. Дар бозии охирони даври ҳаштякфиналӣ Белгиа дастаи ШМА-ро шикаст дод. Ба ду голи задаи бозингарони Белгиа (Де Бруйне, 93 ва Лукаку, 105) бозингари амрикоиҳо Грин дар дақиқаи 107 бо як гол ҷавоб гардонд. Дар даври дигар Аргентина бо Белгиа вомехурад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
Як қадам то қаҳрамонӣ
13
e-mail: javonontj@mail.ru
ФУТБОЛИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
14
ИСТЕЪДОД
Кароматуллоҳи ИМОМАЛӢ хонандаи синфи 10-и МТМУ №49-и шаҳри Ваҳдат
Модар
Тоҷикистон
То ҳанузам тифл ҳастам назди ту, эй модарам, Додаӣ дар осмони зиндагӣ болу парам.
Тоҷикистон-зодгоҳи тоҷикон, Сарвари он хайрхоҳи тоҷикон. Сарзаминаш маскани уммедҳо, Мардумонаш сарбаланду бовафо.
Боғи умрам аз ту дорад меваҳои шаҳдбор, Нур пошад дасти ту чун офтобе бар сарам. Модарам, равшан намудӣ қалби мо бо меҳри худ, Қувва бахшидӣ барои қалбу ҷону пайкарам. Менамоӣ меҳрубонӣ бар ман, эй модар басе, Гаштаӣ дар зиндагонӣ раҳнамою раҳбарам. Сарпаноҳам, такягоҳам модари ҷонам туӣ, Гар шавам шоҳи ҷаҳон, бар сар ту бошӣ афсарам. Мекунам ман эҳтирому ҳурмати ту доимо, Ҳурмататро гар надорам, хеш одам нашмарам.
Оббозӣ Ба фасли гарми тобистони зебо, Шавад оғоз вақти шодии мо. Ба садҳо шавқ оббозӣ намоем, Ҷаҳони кӯдакӣ аз нав кушоем. Ба ҷони худ мадори нав бубахшем, Ба дунёи пур аз шодӣ дароем. Даруни об ғамро ғарқ созем, Ба сад шодӣ бихандему бибозем. Ба рӯи реги тафсон ғел хурда, Шумурда хешро хушҳол, нозем.
Пайванди ҷовидон Тоҷикистон, сарзамини мардуми оритабор, Реша дорад меҳри ӯ дар қалби ҳар кас устувор. Ҳаст пайванди дилу ҷон иттиҳодаш аз нахуст, Асрҳо монад чунин пайванд сахту пойдор. Қаҳрамонони ватан дар сангари номусу нанг, Ҷоннисорӣ мекунанд арзандаи сад ифтихор. Миллатам дар тӯли таърихи дарозаш ҳеҷ гоҳ, Марзи халқеро набигрифтаст зери ихтиёр. Солҳо тоҷикро ин гуфта бошад чун қасам; «То ба тарсу ларз гаштан беҳ бувад рафтан ба дор». Ранги сурхи парчамаш аз ҷоннисориҳо нишон, Ранги шеду рӯи модар, лолазор андар баҳор. Ранги испед аст роҳи бахту иқболи баланд, Ранги сабзаш рамзи сарсабзию шаъну эътибор. Сарвари миллат бувад фарзонаи даврони мо, Монад аз вай корҳои бас бузурге ёдгор.
e-mail: javonontj@mail.ru
Муаллим Муаллим дарс омӯзад ба моён, Кунад дунёи донишро намоён. Баробар донад ӯ моро ба ҷонаш, Кунад ҳар кор баҳри муридонаш. Зи дарсаш баҳрае бар худ бигирем, Насиҳатҳои ӯ бар ҷон пазирем. Хушиқболӣ диҳад бар мо муаллим, Диҳад дониш, кунад доно муаллим. Кас аз зулмоти нодонӣ раҳонад, Чу фарзандаш ба худ моро бихонад. Диҳад қувват ба мо панди муаллим, Шуда як умр побанди муаллим. Хушиқболӣ диҳад бар мо муаллим. Диҳад дониш, кунад доно муаллим.
Тоҷики ман миллати бообрӯ, Шод гардам, сӯи ӯ оварда рӯ. Бо ҳамин халқи ҳалиму покдил, Кишвари озод бошад дар нумӯ. Халқи мо пурзӯр шуд аз дигарон, Бо саховатмандии мо дар ҷаҳон. Миллати тоҷик дар садсолаҳо, Соҳибистиқлол шуд дар асри мо. Гашт зебо кишвари тоҷик боз, Фатҳу нусрат кард халқам сарфароз. Пас биё, донем қадри ин ватан, То бувад ҷони азиз андар бадан.
«Баҳористон» «Баҳористон»-и мо бошад баҳори бехазониҳо, «Баҳористон»-и мо бошад фурӯғи навҷавониҳо. Барои кӯдакон нав-нав ҷаҳони дигаре орад, Ҷаҳони пур зи шодиҳо, ки аз ҳуснаш фараҳ борад. Ғаму доғу кудуратро барорад аз дили инсон, Ба дилҳо шодӣ меорад тамошои «Баҳористон». «Баҳористон»-и мо бошад оғози шукуфтанҳо, «Баҳористон»-и мо бошад пур аз гуфту шунуфтанҳо. Биё, худро бисанҷ ин ҷо, ту дар «Овози тилоӣ», Бихон бо лаҳни тилоӣ, бикун парвози тилоӣ. Тамошо соз «Як соат», ки ҳаст барномаи ҷолиб, Бисозӣ сайри кишварҳо, ба нодонӣ шавӣ ғолиб. Маҳоратро, ҷасоратро бубин дар «Ҳафтаи варзиш», Тамошо кун «Чарогӯяк», биандӯзӣ аз он дониш. Хулоса, ту намеёбӣ ба монанди “Баҳористон”, Ки мебахшад ба инсон рӯҳи шоду чеҳраи хандон.
Дубайтиҳо Маро ҳар чӣ бувад аз зиндагонист, Ҳама саҳву хато аз нотавонист. Касе к-ӯ дар ҳаёташ босахо буд, Шараф ҳамроҳи ӯ то ҷовидонист.
*** Падар, модар бувад ҳамроҳи фарзанд, Зиёбахшандаи даргоҳи фарзанд. Агар бидҳад падар, модар дуое, Шавад равшан ҳамеша роҳи фарзанд.
***
Ба ғайри Ҳақ набошад ёри ғамхор, Набошад ҷуз Худо умре вафодор. Ки дар пастию сахтиҳои рӯзгор, Бигирад дасти ҳар як фарди нодор.
***
Барои ман падар, модар муқаддас, Забону миллату кишвар муқаддас. Агар аз илм ёбам баҳрае ман, Бароям илм ҳамчун зар муқаддас.
Диққат, амалиёт! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар якҷоягӣ бо Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон (АМВТ), Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон (ИТҶТ) ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (ИҶТ) Амалиёти ҷумҳуриявиро оид ба ҷавмъоварии коғазпораҳо доир менамояд. «ДАРАХТОНРО ҲИФЗ МЕНАМОЕМ» Ҳамарӯза аз манзилҳои истиқоматӣ ва коргоҳҳо дар тамоми манотиқи кишвар коғазҳопораҳои зиёде мепартоянд. Дар ҳоли ҷамъоварии коғазҳо аз тарафи ҳар яки мо онҳоро метавон дубора истифода ва ҳазорҳо дарахтро ҳифз намуд. Зеро коркарди як тонна коғази кӯҳна 10 дарахтро ҳифз, 20000 литр об, 1000 кВт қувваи барқро сарфа ва партови 1700 кило карбонро дар атмосфера пешгирӣ мекунад. Иштироки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин иқдом муҳим аст, чунки мушкилоти партовҳо ва истифодаи бесамари захираҳои сайёра ба ояндаи мо таъсири манфӣ мерасонад. МАҚСАДИ АМАЛИЁТ * Сарфаи захираҳои табиӣ (дарахтон, обҳо, қувваи барқ) аз ҳисоби коркарди дубораи коғазпораҳо. * Рушди маданияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба ҷамъоварии партовҳо ба таври алоҳида. КОҒАЗРО ТАКРОРАН МЕТАВОН КОРКАРД КАРД Даромадҳои бадастоварда танҳо барои бартараф сохтани эҳтиёҷоти волонтёрони Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла, нигоҳ доштани мавзеъҳои ҷамъиятию фароғатӣ истифода мешаванд. ШУМО МЕТАВОНЕД САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕД ВА ИШТИРОКЧИИ АМАЛИЁТИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ГАРДЕД!!! Аз хона, корхона ва аз ҳамсояҳои худ коғазпораҳоро ҷамъ оварда, ба мо занг занед. Мо омада онҳоро мегирем. Мо беандоза миннатдор мешавем, агар коғазпораҳоро (бевосита) ба суроғаи дар поён овардашуда расонед ва ё барои гирифтани онҳо муроҷиат намоед: Шаҳри Душанбе (Штаби ҷумҳуриявӣ), хиёбони Рӯдакӣ-112 (бинои собиқ кинотеатри 8-март), шахсони масъул: Шералӣ Ҷалолов, тел: 98 739 9652, 501 88 5840, e-mail: sherali19952014@mail.ru. Наимҷон Мирзораҳимов, тел: 92 707 7572, 93 707 7572, e-mail: naimjonm@gmail.com. Фатҳуддин Солеҳов, тел: 918 51 8362, e-mail: nyrc@youth.tj. Қӯрғонтеппа, кӯчаи Борбад-13, шахсони масъул: Беҳрӯз Бобоев, тел: 900 19 9039, e-mail: behruz_724@mail.ru, Раъно Ҷумаева, тел: 98 816 0444, e-mail: rano.dgumaeva@mail.ru. Ёвон, шахсони масъул: Хусрав Бобобеков, тел: 93 424 3232, e-mail: hoosrav2009@gmail.com, Ҷамшед Тағоев, тел: 93 416 8116, e-mail: tagaev78@mail.ru. Панҷ, шахси масъул: Холмурод Камолов, тел: 907 71 0812, 93 503 1362. Рӯдакӣ, шахси масъул: Рухшона Шобудинова, тел: 907844394, e-mail: ruhshona.rudaki@mail.ru. Ваҳдат, шахсони масъул: Сафарбег Саидов, тел: 919 70 8084, e-mail: vahdat_youth@inbox.ru; Гавҳар Хоҷаева, тел: 907570920, e-mail: gavhar_75@mail.ru. Бобоҷон Ғафуров, шахси масъул: Мансур Маҳмудов, тел: 92 792 5600, e-mail: saidvill@rambler.ru. Исфара, шахсони масъул: Зайнура Ҳасанова, тел: 92 846 4633, Сулаймонхон Султонов, тел: 92 749 8598, e-mail: skif_ sulton@mail.ru. Хоруғ, кӯчаи Ленин-109, Маркази ҷавонон, шахси масъул: Сураҷ Чоршанбиев, тел: 93 535 3278, e-mail: surajjon@mail.ru. Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров, Маркази ҷавонон (собиқ кинотеатри “Гулистон”), шахси масъул: Мадиброҳим Шарифов, тел: 918 41 4868, e-mail: po.imron@gmail.com. Хуҷанд, кӯчаи К. Хуҷандӣ-81, (Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд), шахси масъул: Аҳрорхон Хоҷаев, тел: 92 789 9070, e-mail: ahrorkhon_a@mail.ru. Ҳамчунин, метавонед ба сохторҳои маҳалии ҷавонон, варзиш ва сайёҳи шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед. Суроғаҳо барои мубодилаи маълумот: volunteertajikistan@ gmail.com, omot@youth.tj. www.volunteer.tj, www.facebook.com: Волонтёрони Тоҷикистон.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
ВАРЗИШИ АҚЛ
15
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №27 (9349), 3 ИЮЛИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз пурхӯре пурсиданд: - Ба кадом шоир меҳр дорӣ? Гуфт: - Ба Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ. - Ба хотири чӣ? - Ба хотири як байташ: Кӯҳ бувад наволаам, баҳр бувад пиёлаам, Ҳар ду ҷаҳон чу луқмаест дар васати даҳони ман.
Ба ту ҷавоб!
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ
Зиёфат
АНДАРЗ
(хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7042 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Пиразан ба меҳмонҳояш шир муроот карда, мегуфт: - Агар шумо наоед, касе маро суроғ намекунад. Аз омаданатон хеле шод мешавам… Вай пиразанест, ки дар як кулбаи мисли худаш пиру ноустувор зиндагӣ мекунад. Баъди фавти шавҳараш комилан танҳо монд. Рӯзашро бо нафақа мегузаронад. Худо баракаташ дода, ки он пул барояш кифоя аст. Ягон масрафи зиёдатӣ надорад. Аммо бори танҳоӣ барояш аз пирӣ ҳам гаронтар афтодааст. Аз дӯкони рӯ ба рӯ ҷавони фурӯшандае зуд-зуд тирезаи пиразанро тақ-тақ карда, чи эҳтиёҷ доштанашро пурсон
мешавад. Вале азбаски зан аз хӯҷаини ҷавон - соҳиби дӯкон метарсад, бо ӯ гап намезанад. Дар чунин лаҳзаҳои ғамангезу танҳоӣ ба омадани меҳмонҳои бовафояш интизор мешавад. Ҳоло он меҳмонҳо омадаанд ва дар ҳузури кампир қарор доранд. Пиразан ҳам онҳоро бо шир зиёфат мекунад. Меҳмонҳо шир менӯшанду пиразан ба сурати ғуборгирифтаи бари девор ишора карда мефаҳмонад: - Вай марде, ки мебинед, хӯҷаинам аст. Раҳматӣ инсони паҳлавон буд. Ду метр қад дошт. Дар паҳлӯяш писарам истодааст. Вақте ин аксро ги-
Ҳадя-2 Кӯдак дар кӯчаи барфпӯш ба чапу рост медавид ва ҳар касеро, ки рост меомад, чизи дар дасташ бударо нишон медод: - Бинед, он апа чӣ дод ба ман! Ман ин манзараро аз ибтидо мушоҳида мекардам. Каме пештар аз дарвозаи мактаб яке аз духтарони мактабхон берун шуда, ба рухсораи сурхи кӯдак бӯсае гузошту ба кафи дастони кӯчакаш чизе монд. Ин кӯдаки ҳанӯз чор ё панҷсола баъди рафтани духтараки мактабхон дуру дароз аз пушташ нигоҳ карда, сипас, аз ҷой ҷаҳид. Мисли ин ки парвоз мекарда бошад, бо шӯру ҳаяҷон ба ҳар каси аз пешаш мебаромада ҳадяашро нишон медод. Чун навбати нишон додани ҳадя ба ман расид, ҳамон гапашро такрор кард: - Бинед, вай апа ба ман чӣ дод! Вақте ба ин «хазинаи нодири» кӯдак бо мароқ нигоҳ кардам, чи гуфтанамро надонистам. Дар кафи дастони аз хунукӣ ях карда истодааш як тӯби барфӣ дошт. Шояд бори аввал ҳадя гирифта буд.
рифтем, писарам ҳамин қадар кӯчак буд. Касе бовар намекард, ки рӯзе хонда духтур мешаваду моро тарк мекунад… Меҳмонҳо, ки ба ин гапҳои такрории пиразан одат карда буданд, ба гуфтаҳояш чандон эътибор намедоданд. Вале пиразан нақлашро идома медод: - Он кӯдаки дасти ман духтарам аст. Вай ҳам баъди издивоҷ карданаш бо марди сарватманде модарашро фаромӯш кард… Зан чашмони акнун нам гирифтаашро аз расми бари девор наканда, тӯлонӣ ба он нигоҳ мекард. Меҳмонҳо кайҳо шири ба онҳо зиёфташударо хӯрда, акнун аз сурохии девори ошхона ба берун баромада, аз чашм нопадид шуданд. Ин гурбачаҳо пагоҳ низ ба хӯрдани зиёфати пиразан меоянд...
Ӯ бо нияти ба дигарон ҳам нишон додани тӯби барфӣ аз барам тозон дур шуд. Чун кӣ будани ин кӯдакро пурсидам, гуфтанд, ӯро «ятими маҳалла» меноманд. Падару модараш чанд вақт пеш дар садамаи нақлиёт ҳалок шудаанд ва ӯро бобояш парасторӣ мекунад.
Таҳияи Б. УСМОН, «ҶТ»
Зан ба мағоза даромада, аз фурушанда мепурсад: - Мурғ доред? Фурӯшанда аз яхдон ягона мурғи мондагиро бароварда ба тарозу мемонад: - Як кило. Зан: - Калонтарашро надоред? Фурӯшанда мурғро ба яхдон мемонаду боз бароварда, ба тaрозу мегузорад ва бо ангушташ каме паллаи тарозуро зер мекунад - Якуним кило. Зан: - Бисёр хуб. Ҳар дуяшро печонед.
***
- Руят чаро варам кардааст? Занбӯр газид? - Натавонист. Нав газидан мехост, ки занам бо кафгир зада кушташ.
***
Духтар: - Ҷавониамро барои ту ҳайф кардам! Агар ту намебудӣ, мумкин ки барои худам шавҳари беҳтаринро меёфтам, хушбахт мешудам! Модар: - Духтарам, бас будагист бо диплом гап задан?
***
Зан: - Ин чӣ хел зиндагӣ? Ман як умр дар хона. Ту маро ҳеҷ куҷо намебарӣ! Шавҳар: Чӣ хел? Соли гузашта, вақте поят шикаст, кӣ туро беморхона бурд?!
***
Бобо ба набера: - Вақти сулфидан ҳама вақт бо даст даҳонатро пӯш. Набера: - Натарсед, бобоҷон! Дандонҳои ман мисли дандонҳои шумо аз даҳонам намепаранд.
ЭЪЛОН
Барҳам мехӯрад
ҶДММ “Салмони форс-2013” (РЯМ 0110017445, РМА 010092073) барҳам мехӯрад.
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшудаи А-ТШТУ №0583607, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияи Қубодиён соли 2012 ба Қаландаров Раҷабалӣ додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи А №234938, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияи Қубодиён соли 1995 ба Джомиев Парвизшо додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи Т-ТШТУ №0357585, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-и ноҳияи Қубодиён соли 2010 ба Шарипов Алиф додааст, эътибор надорад.