Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
1
№28 (9350),
10 июли соли 2014
ФЕСТИВАЛ
ҲАМКОРӢ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Эвелин Видмер-Шлюмпф
8 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Департаменти федералии молияи Швейтсария хонум Эвелин Видмер-Шлюмпф мулоқот кард. Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявию сармоягузорӣ равона гардид. Тавре зикр шуд, бо дастгирии молиявии Швейтсария тайи солҳои зиёд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумор амалӣ шудаанд, ки ба гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, бахши хусусӣ ва макроиқтисодиёт, инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, таъминоти об, муҳоҷирати корӣ ва паст кардани хатари офатҳои табиӣ равона гардидаанд. Ҳоло 10 лоиҳаи дигар ба маблағи 67 миллион доллари амрикоӣ татбиқ мегардад.
МУЛОҚОТ
Баррасии вазъи муҳоҷирони Иркутск 2 июл Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбари Маркази русӣ-тоҷикии рушди сиёсати ҷавонон ва муносибатҳои байналмилалии «Ватан»-и шаҳри Иркутски Федератсияи Русия Мир Саидов мулоқот кард. Ҷонибҳо аз шароити зист ва кору фаъолияти ҷавонони тоҷики муқими ин минтақа суҳбат карданд. Масоили рушду густариши муносиботи дуҷониба ва масоили вобаста ба ҷавонони минтақаи Иркутски Федерасияи Русия низ матраҳ шуд. А. Абдуллозода барои ташкил ва густариши ҳамкориҳои судбахши ҳар ду ҷониб даъват намуд.
КИШОВАРЗӢ
Ҷамъоварии 360 ҳазор тонна ғалла
БЕХАТАРӢ
“Баҳори донишҷӯён” дар тобистон 8-9 Саҳифаҳои
Дар ноҳияҳои кишвар размоиши ҳарбӣ баргузор мешаванд
e-mail: javonontj@mail.ru
То имрӯз дар кишвар зиёда аз 360 ҳазор тонна ҳосили зироати ғалладона ҷамъоварӣ шуд. Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ имсол дар кишвар дар майдони 292 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шудааст. То имрӯз ҳосили зироати ғалладона дар майдони беш аз 128 ҳазор гектар даравида шуда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 31 сентнериро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Вазорати мудофиа размоиши 500 нафар ҳарбиёни захиравии ноҳияи Рӯдакӣ зери унвони «Омодагӣ ба ҳамлаи хориҷӣ» бомуваффақият хотима ёфт. Бори аввал дар чунин машқҳо занон низ ширкат карданд. Моҳи гузашта дар чунин размоиш дар вилояти Хатлон 5 ҳазор нафар ширкат карданд ва ҳар ду моҳ дар навоҳию вилоятҳои кишвар машқи ҳарбии шаҳрвандон ҷараён мегирад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
2
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА
Истироҳати мактаббачагони ВМКБ дар Варзоб
Сафи роҳбарони ҷавон меафзояд
3 июли соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Варзоб аз аҳвол ва шароити будубоши мактаббачагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки барои истироҳати тобистона омадаанд, ошно шуд.
Гурез Қосимзода, муовини якуми сардори Агентии хизмати давлатии назди Президенти мамлакат 8 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар ҷумҳурӣ 18 ҳазору 728 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият дошта, аз ин 4393 нафар ё 23,4 фоизро занон ва 7832 нафар ё 41,8 фоизро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ, нисбат ба соли гузашта, теъдоди занон 119 нафар ва ҷавонон 220 нафар зиёд гардидааст.
Насли ҷавони кишвар қисми зиёди аҳолиро ташкил медиҳад ва теъдоди зиёди онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Маҳз ҳамин қишр дар марҳилаи гузариш аз айёми наврасӣ ба ҷавонӣ ва аз лиҳози ҷинсӣ дар марҳилаи ба балоғатрасӣ қарор дорад, ки барои онҳо ҳарчи бештар ташкил намудани чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ мувофиқи мақсад
мебошад. Дар ҳамин радиф, барои болидахотирӣ ва бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон дар айёми таътили тобистона ҳар сол барои онҳо лагерҳои таълимию фароғатӣ ташкил мешавад. Бино ба иттилои Раҷабалӣ Турсунов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб, тибқи дастуру супоришҳои Прези-
ДИН ВА МАРОСИМИ МИЛЛӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
денти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон теъдоди зиёди мактаббачагон аз ВМКБ барои истироҳат ва фароғат ба лагерҳои тобистонаи ноҳияи Варзоб оварда шуданд. Айни замон дар лагерҳои фароғатии «Чайка» 30 нафар, «Обшорон» - 29 ва «Орбита» 11 нафар истироҳат доранд. Бо дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва нақша-чорабиниҳои Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб дар лагерҳои тобистона чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва солимгардонӣ баҳри болидахотирӣ ва фараҳмандии истироҳаткунандагон доир шуда истодааст. Аз ҷумла, тибқи супориши раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 6 июли соли равон 60 нафар истироҳаткунандаи лагерҳои «Чайка» ва «Обшорон» бо мақсади ошноӣ пайдо намудан аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сайри Боғи устод Рўдакӣ, Китобхонаи миллӣ, мавзеи Нишони миллӣ ва Боғи Парчами давлатӣ карданд.
Ҳамзамон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 66 хизматчии давлатӣ бо сабаби ба синни ниҳоӣ расидан аз мансаб озод шуда, тибқи қонунгузорӣ ба онҳо кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми се музди меҳнати моҳона дода шуд. Тибқи қонун муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 37 нафар хизматчии давлатӣ дар ин давра тамдид шуд. Бино ба қавли Г. Қосимзода барои 1480 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон ва бо иштироки 1476 довталаб гузаронида шуд, ки 904 нафар ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия гирифта, 572 нафар довталаб бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ» МАОРИФ
Дар якуним маърака як чорво забҳ мешавад
ДМТ бо донишгоҳҳои хориҷӣ ҳамкории судманд дорад
Тайи 6 моҳи сипаришудаи соли равон ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳрӣ 98 ҳуҷҷат барои таъсиси иттиҳодияҳои динӣ ворид гардид. Баъди баррасии ҳуҷҷатҳо 21 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуд.
8 июли соли равон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Иттиҳодияҳои динии мамлакат дар ин муддат ба хона-интернатҳо, бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон, собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои камбизоат ва дорои зиёда аз ду нафар маъюб дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз кӯмак расонданд. Тавассути хайру эҳсони иттиҳодияҳои динӣ 10 тӯйи арӯсиву домодӣ ва 1276 хатнасури писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат баргузор гардид. Муовини аввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Ҷумъахон Ғиёсов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки кумита дар нимсолаи аввали соли равон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ходимони динӣ дар Маркази исломии ҷумҳурӣ бо ҷалби 836 нафар имоми масҷидҳои панҷвақтаву ҷомеи шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Чкалов, Роғун, Ваҳдат, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд оид ба масъалаҳои ақида, фиқҳ, ҳадис, усули мавъиза, қироату таҷвиди “Қуръон”, тоҷикон дар масири таърих курсҳои бозомӯзӣ доир намуд. - Аз 2929 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои
таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамуданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то имрӯз 2751 нафарашон ба Ватан баргаштанд, - гуфт Ҷумъахон Ғиёсов. – Алҳол 49 нафари онҳо дар мактабҳои миёна, 8 нафар дар муассисаҳои таълимии динӣ, яъне, мадрасаҳои мутавассита ва омӯзишгоҳҳои касбӣ, 185 нафарашон дар макотиби олӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумлаи баргаштагон 23 нафарашон дубора ба ҷойи таҳсили пешинаашон рафтанд. Солҳои охир дар маъракаҳо забҳи чорвои калон нисбат ба солҳои пеш кам шудааст. Чунончи, ба ҳисоби миёна дар 1,5 маърака як чорво забҳ мешавад. Бисёр маъракадорон гӯштро аз бозор мехаранд. Дар натиҷаи ба танзим омадани маъракаҳо бо ҳисоби камтарин дар маъракаҳои ҳамватанон то ин дам 330 миллиону 996 ҳазор сомонӣ сарфа шудааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки амалишавии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.
С. СУННАТӢ, «ҶТ»
Абдусалом Миралиев, муовини аввали ректор оид ба таълим зикр кард, ки донишгоҳ густариши ҳамкориҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва фарҳангиро бо давлатҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ мешуморад. «Айни ҳол донишгоҳ бо 105 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии 18 кишвари хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ дорад. Аз ин шумора шаш қарордоди ҳамкорӣ дар давраи ҳисоботӣ баста шуд. Ҷуғрофияи ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ гуногунҷабҳа буда, ҳамкориҳои судманд бо макотиби олии давлатҳои Русия, Украина, Белорус, Озарбойҷон, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, ИМА, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои дигар ба роҳ монда шуданд», - иброз дошт А. Миралиев. Зикр гардид, ки дар нимсолаи дуюми соли хониши 2013-2014 дар зинаҳои гуногуни таҳсилот 134 шаҳрванди хориҷӣ муҳассили донишгоҳ буданд. Аз ҷумла, дар аспирантура - 53, 6 нафар унвонҷӯ, 17 нафар магистратура, 53 нафар донишҷӯ ва 5 нафар дар Маркази омӯзиши забонҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Номбурда қайд намуд, ки самти муҳими робитаҳои бурунмарзии донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ мубодилаи донишҷӯён мебошад. Яке аз шаклҳои муосири ин робита аъзо будан дар донишгоҳҳои шабакавӣ мебошад. Имсол дар доираи Донишгоҳи шабакавии ИДМ 14 нафар магистратураро хатм намуда, соҳиби ду диплом гардиданд - яке аз ДМТ дигар аз Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ё Донишгоҳи давлатии Ново-
сибирск. Тибқи муқаррарот 4 нафар устод аз донишгоҳҳои зикргардида ба комиссияи давлатии аттестатсионӣ даъват шуданд. Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади тарғиби фарҳангу забони тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ДМТ дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ ташкил намудааст. Дар ин давра илова бар донишҷӯён, бештар аз 70 нафар ихлосмандон дар ин марказ забони тоҷикӣ меомӯзанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
МАОРИФ
90 ҷойи ифтихории хонандагон дар олимпиадаҳо Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ 7 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар нимсолаи авали соли равон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, гимназия ва литсейҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар давлатҳои Русия, Қазоқистон, ИМА, Туркия, Руминиа, Булғористон иштирок карда, сазовори 90 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 27 адад зиёд аст.
Таҳдидҳои дохилию хориҷӣ ба амнияти миллӣ Нимсолаи аввали соли равон Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат (МТС) барои рушд ва инкишофи ҷомеа диққати бештар дода, оид ба масъалаҳои сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ ва ояндабинии равандҳои асосии ҷомеа ва ғайра таҳқиқотҳои илмию амалӣ гузаронд. Дар ин бора Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори МТС зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, зикр кард, ки таҳдид ба амнияти миллӣ масъалаи хеле муҳим дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Таҳдид барои халалдор кардани амнияти кишвар гуногун аст. Масалан, таҳдидҳо аз берун ва дохили мамлакат. Ба таҳдидҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, бекорӣ, аз Русия баргаштани муҳоҷирон ва ғайра дохил мешаванд, ки метавонанд дигар нуқтаҳои доғу таҳдидҳои сиёсиро фаъол гардонанд. Аз ҳама хатарнок вайроншавии тафаккури ҷавонон ва ба гурӯҳҳои экстремистӣ гаравидани онҳост. Аз Тоҷикистон садҳо ҷавон дар ҷангҳои Сурия, Покистон ва Афғонистон ба таври ихтиёрӣ иштирок доранд. Онҳоро касе маҷбур накардааст.
- Чизи муҳим он аст, ки ин гуна ҳаракатҳо ба худи ҷавонони мо хатари ҷиддӣ доранд. Яъне, хатар ба ҷони онҳо. Маълум аст, ки қисми ҷавонон ва духтарон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он аз мактабу маориф берун мондаанд. Баъзеи дигар бо сабаби мушкилиҳои иқтисодӣ, набудани яке аз волидон фарогири таълим нашуданд. Барои ҳамин, аксари онҳо бесавод мондаанд ва ҷалби онҳо осонтару қулайтар мебошад. Барои рафъи ин проблема тамоми ҷомеа бояд машғул бошад. Ҳам падару модар, ҳам мактабу маориф, ҳам сохторҳои давлатӣ, афзуд С. Сафаров.
Аз ҷумла, 11-18 январ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олмпиадаи байналмилалии Жуатиков аз фанҳои физика, математика ва технологияи информатсионӣ баргузор гардид, ки дар он 32 нафар хонандаи ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори 19 медал - як тилло, 5 нуқра ва 13 биринҷӣ гардиданд. Инчунин, 14 хонанда дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок варзида, 4 лоиҳаи иштирокдорони тоҷик сазовори ҷойи дуюм ва 3 лоиҳаи дигар сазовори ҷойи сеюм гардида, 14 нафар сазовори медалҳои нуқра ва биринҷӣ шуданд. 5 нафар дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни забони русӣ дар шаҳри Москва ишти-
рок намуда, як нафар ғолиби мутлақ, як нафар сазовори ҷойи аввал, 2 нафар сазовори ҷойи дуюм ва як нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Инчунин, 15 хонанда аз гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ”, литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ, литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе ва мактаби президентии шаҳри Чкалов дар олимпидаи байналхалқии “Роҳи абрешим” аз фанни математика дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд, ки сазовори як медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
СИЁСАТ
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” ХИЗМАТРАСОНӢ
Трапҳои телескопӣ насб мешаванд Дар терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб намудани трапҳои телескопӣ идома дорад. Телетрапҳо истеҳсоли Фаронса буда, дар яке аз корхонаҳои васлкунии шаҳри Москва ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
МУҲИТИ ЗИСТ
Тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 10 апрел то 25 июни соли равон дар обанборҳои вилоят сайди моҳӣ манъ шуд. Дар ҳайати 14 нафар бо роҳбарии сардори раёсат ситод таъсис ёфта, барои амалӣ гаштани нақша-чорабиниҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар обанборҳои вилояти Суғд дар муҳлати давраи тухмгузории моҳиҳо корҳои муайян ба анҷом расид. Ба гурӯҳҳои фаврии ситод намояндагони шуъбачаи милитсияи экологӣ, ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилоят шомил буданд. Гурӯҳҳои фаврӣ ҳудуди обанборҳои ҳавзаи Сирдарё аз қисми болооби обанбори Қайроққум то НБО “Фарҳод”, пойгоҳҳои автомобилгарду роҳи оҳан, бозорҳо, нуқтаҳои пӯхту пази маҳсулоти моҳии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Ашт, Конибодом, Б. Ғафуров, Ҷ. Расулов, Спитамен, Исфараро зери назорат гирифтанд. 126 маротиба рейд гузаронида, 126 санад ва 64 протокол нисбат ба шаҳрвандоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, тартиб дода шуд. Аз шаҳрвандоне, ки тартиби муайяншудаи қоидаҳои моҳидориро вайрон намуданд, 3800 сомонӣ ситонида шуд. Гурӯҳҳои фаврӣ аз қӯруқшикан 6 адад заврақ, 140 адад тӯри ҳархела бо дарозии умумии 12600 метр ва 12 адад аслиҳаи моҳидорӣ мусодира намуданд. Дар инбора аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе М. Шодиев, бинобар доштани ҳаҷми бузург телетрапҳо аз Москва ба Душанбе бо автомобил оварда шуданд. Мутахассисони фаронсавӣ якҷоя бо коргарони маҳаллӣ ба насб намудани телетрапҳо машғуланд. Фурудгоҳҳои замонавиро бе доштани телетрап тасавур кардан имкон надорад. Телетрап бори аввал соли 1954 дар терминали дуюми Фурудгоҳи Сан-Франсиско истифода шуд ва бартарии худро нишон дод. Бинобар ин, истифода намудани телетрапҳо дар нақлиёти ҳавоӣ ва баҳрӣ рушд кард. Имрӯз фурудгоҳҳои пешрафта дорои телетрапҳои замонавӣ мебошанд. Телетрап имкон медиҳад, ки раванди фаромадан ва саворшавӣ ба ҳавопаймо тезонида шавад, мусофирон дар самтҳои алоҳида ҳаракат намуда, вобаста ба доштани нишебии хос бе истифода аз зина ё лифт вориди ҳавопаймо шаванд ё берун оянд. Кори кормандони перрон осон мегардад, фаъолият ё вазифаи автобусҳои перрониро низ ба худ мегирад.
Аз рӯи лоиҳа терминали нави сохташавандаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дорои ду телетрап буда, дар як вақт метавонад ба 4 ҳавопаймо хизмат расонад. Долонҳои телетрап барои ҳаракат ҷониби ҳавопаймо ва баръакс аз ҳавопаймо ҷониби терминал аз ҳам ҷудо буда, дар алоҳидагӣ фаъолият менамоянд. Мавриди зикр аст, ки намои ҳар ду ҷониби бинои терминал пардоз шуд, пардозгарии даруни бинои терминал 70 дарсад, васл намудани таҷҳизоти фурудгоҳӣ 50 дар сад, васл намудани лифтҳо 70 дар сад, эскалаторҳо 50 дар сад, шабакаҳои муҳандисӣ 80 дар сад, насб намудани таблоҳои роҳнамо 50 дар сад иҷро гардида, 18 адад нуқтаҳои сабти ном пурра насб ва ҳуҷраҳои гузаргоҳии сарҳадӣ, минтақаи гумрук барои фаъолият омода шудаанд. Терминали нави Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо Ширкати сохтмонии фаронсавии «Винчӣ» бо сохтмончиёни кишварҳои Фаронса, Италиа, Португал, Туркиа ва Тоҷикистон месозанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
Пешгирии шикори ғайриқонунии моҳӣ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
4
ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА
Гӯштро арзон мекунем Ҳафтаи сипаришуда Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз афзоиши сунъии нархи гӯшт дар арафаи моҳи шарифи Рамазон изҳори нигаронӣ карда, масъулинро дастур дод, то ба арзоншавии нархҳо мусоидат намоянд. Ин бори аввал нест, ки нархи гӯшт дар моҳи шарифи Рамазон боло меравад. Пеш аз ин моҳи муборак нархи як кило гӯшт 33-34 сомонӣ буд. Бо фарорасии моҳи рӯзадорӣ он ба 38-39 сомонӣ расид. Қассобон баҳона пеш меоранд, ки нархи чорво дар бозор қимат аст. Чорводорон дар навбати худ қиматшавии чорворо ба гарон будани нархи сабӯсу кунҷора нисбат медиҳанд. Сабаби дигари қиматшавии гӯшт даст ба дасти
ҷаллобон гаштани чорво аст. Дар ҳама бозорҳои фурӯши чорво фурӯшандагони доимӣ ҳастанд, ки чорворо аз соҳиби аслӣ (дасти якум) харида, сипас, ба болояш нарх мемонанд. Қассобон дар навбати худ аз ҷаллобон чорворо гирифта ҳаққи заҳмати худро мемонанд. Дар натиҷа, нархи гӯшт зина ба зина боло меравад. Солҳои навадуми асри гузашта дар ноҳияи Ҳисор одати хубе роиҷ буд. Дар ҳар маҳаллаву деҳа шахсе, ки нияти забҳи чорво дошт, ба бозор набурда эълон мекард, ки фалон рӯзи истироҳатӣ чорво забҳ мекунад. Ҳаммаҳаллаҳо дар рӯзи муайяншуда ба хонаи ӯ рафта, гӯшти дилхоҳашонро бо нархи аз бозор арзон (аз дасти якум) мехариданд. Зеро нархи нақлиёти ба бозор бурдани чорво, ҳаққи иҷораи бозору даллол ва қассоб сарфа мешуд. Агар имрӯз ҳам 40-50 нафар бо маслиҳат чорвоеро харида, гӯшти онро тақсим кунанд, аз нархи бозор хеле арзон меафтад. РОҲИ ОСОНИ АРЗОН КАРДАНИ ГӮШТ Шайх Аттори Нишопурӣ дар «Тазкират-ул-авлиё» меорад, ки рӯзе ба Султон Иброҳими Адҳам (р) гуфтанд: -
Гӯшт гарон (қимат) шудааст. Ӯ посух дод: - Мо арзон мекунем. Пурсиданд: - Чӣ хел? Султон Иброҳими Адҳам гуфт: - Намехарем ва намехӯрем. Ҷавоби ин авлиё бисёр бамаврид ва дурусту бомантиқ аст ҳар маҳсулоте, ки ба он талабот зиёд шуду истеҳсолаш кам, нархаш боло меравад. Масалан, моҳи апрел нархи як кило картошка 5 сомонӣ буд. Имрӯз, ки деҳқонони кишвар ҳосили киштзорашонро ҷамъоварӣ намуданд, ин рақам ба 2-2,5 сомонӣ фуромад. Чаро дар Ҳиндустоне, ки аҳолиаш аз як миллиарду 100 миллион нафар гузаштааст, саршумори чорвои калон дар ҷаҳон аз ҳама зиёд аст? Ҳиндустон аз ҷиҳати истеҳсоли шир ва равғани маска дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол мекунад. Зеро ҳиндуҳо забҳ кардани говро гуноҳ медонанду тамоман гӯшт намехӯранд. ГӮШТ ЗАРАР ДОРАД? Доктор Ирвинг Фишер, устоди Донишгоҳи Уэлс миёни як гурӯҳ ашхо-
си гӯштхӯр ва аз гӯшт парҳезкунанда таҷриба гузаронд. Таҳқиқот нишон дод, ки парҳезкунандагон нисбат ба гӯштхӯрҳо ду маротиба ба сахтиҳо тобовар будаанд. Олимон исбот кардаанд, ки парҳезкунандагони гӯшт (вегетарианҳо) нерӯи худро нисбат ба гӯштхӯрҳо 5 маротиба зудтар барқарор мекунанд. Юнониҳои қадим маҳсулоти набототиро ғизои асосии инсон меҳисобиданд. Файласуфҳои машҳури дунё, ба монади Пифагор, Суқрот ва Афлотун гӯшт намехӯрданд. Ғизои асосии вазнбардорони Юнони қадим аз нон, чормағз, панир ва ғуҷуммеваҳо иборат буд. Спартаниҳои диловар низ аз гӯшт парҳез мекарданд. Гладиаторҳои римӣ бошанд, асосан, нони ҷавин ва равғани зайтун мехӯрданд. Нисфи вазнбардорони дастаи яккачини Ҳиндустон гӯшт намехӯранд. Ин ва боз ҳазорҳо мисоли дигар гувоҳи онанд, ки ақидаи «бе гӯшт қувват намегирӣ» ботил аст. Олимони соҳаи тиб исбот кардаанд, ки дандон ва меъдаю рӯдаи инсон, асосан барои ҷабидану ҳазми ғизоҳои набототӣ мусоид аст. Аз ин рӯ, зимни шомгоҳон хӯрдани ғизои сергӯшт ва ҳасиб кас субҳ ланҷу вазнин аз хоб бармехезад. Зеро ҳазми ғизоҳои гӯштдор ба ҷисми инсон
вазнинӣ мекунад. Муҳаққиқони Маркази таҳқиқоти мушкилоти саратон ва ғизои Аврупо алоқамандӣ миёни сар задани саратони рӯдаи ғафс ва истеъмоли маҳсулоти консервашудаи гӯштиро муайян карданд. Олимон, ҳамчунин, вобастагии истеъмоли гӯшт ва авҷгирии бемориҳои дилро исбот намудаанд. Вегетерианҳо нисбат ба гӯштхӯрон хеле кам гирифтори бемориҳои дилу раг мешудаанд. Биологҳо зарарнокии гӯштро ба он асоснок мекунанд, ки узвҳои ҳозимаи инсон барои ҳазми гӯшт мутобиқ нест. Ҳайвоноти гӯштхӯр рӯдаи нисбатан кӯтоҳ доранд, то ки заҳрҳои гӯштро зуд хориҷ кунанд. Рӯдаи инсон (мисли ҳайвоноти алафхӯр) нисбат ба ҳайвоноти дарранда дарозтар аст. Зеро ғизои набототӣ дертар ҳазм мешавад. Азбаски гӯшт бо тезӣ дар узвҳои ҳозима «мепӯсад» заҳри аз он ҷудошуда як муддат дар организм истода, нисбатан дер ихроҷ мешавад. Инро «интоксикатсия» (заҳролудшавӣ)-и ҷисм мегӯянд. Ана, ҳамин заҳр (токсин)-ҳои
¶
Миёни лӯбиёгиҳо соя (лӯбиёи чинӣ) аз гӯшт дида, 40% зиёдтар сафеда дорад. Илова бар ин, 90 дарсади сафедаи он ба ҷисм ҷаббида мешавад. Лӯбиёи сурх ва сафед низ аз ҷиҳати таркиби аминокислотаҳо, моддаҳои минералӣ ва витаминҳо аз гӯшти чорво камӣ надоранд. Агар дар хӯрок биринҷу лӯбиёгиҳо бошанд, талаботи ба сафедадоштаи инсон пурра ва босифати баланд қонеъ мешавад.
ҷудошуда боиси сар задани бемориҳои ҷигар, ниқрис (подагра), дарди буғумҳо, ревматизм ва саратон мегардад. Дар таркиби гӯшт ғоз (клетчатка) нест. Аз ин рӯ, гӯшт ғизои душворҳазм буда, организм нерӯи зиёди худро баҳри ҳазми он сарф мекунад. Сабаби баъди хӯрдани гӯшт худро вазнин ҳис карданамон низ дар ҳамин аст. Арабҳо мақоле доранд: «Касе гӯштбирён хӯрд, ба балоҳои
он низ бояд сабр кунад”. Духтурон беҳуда беморони диабети қанд, гастрит, захми меъда, рӯда, санги гурда ва ғайраро аз истеъмоли гӯшти бирёншуда манъ намекунанд. Аз рақамҳои омор бармеояд, ки истеъмоли гӯшт баъди тамокукашӣ ва нӯшокиҳои масткунанда оид ба сабаби марги одамон дар ҷои сеюм меистад. ЧОРМАҒЗУ ЛӮБИЁ ҶОИ ГӮШТРО МЕГИРАНД Яке аз олимони Ғарб В. Зеланд шӯхиомез чунин гуфтааст: «Агар хоҳед, ки шумо ҳам ба бемориҳое, ки гузаштагонатон гирифтор буданд, гирифтор шавед, гӯшт хӯрдан гиред». Натиҷаи гӯштхӯрӣ пиршавии пеш аз мӯҳлат, гирифторӣ ба бемориҳои гуногун ва заифӣ мебошад. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки гӯшт манбаи асосии сафеда аст. Ҳол он ки дар чормағз ва баъзе сабзавот сафеда нисбат ба гӯшт се маротиба бештар аст. Илова бар ин, сафедаи набототӣ нисбат ба сафедаи гӯшт беҳтар ба ҷисм ҷазб мешавад. Аз гӯштҳо муфидтаринаш гӯшти моҳӣ аст, ки онро ҳам ҳафтае як бор истеъмол бояд кард. Дар таркиби гӯшти мурғ бошад, витаминҳои гурӯҳи “В1”, “А” ва “Е” мавҷуд буда, хеле кам чарб дорад. Аз ин рӯ, табибон ҳангоми шамолхӯрӣ, буғумдард, ниқрис, фишори хуни баланд, пешгирии атеросклероз, баъди ҷарроҳӣ истеъмоли гӯшти мурғро тавсия медиҳанд. Миёни лӯбиёгиҳо соя (лӯбиёи чинӣ) аз гӯшт дида, 40% зиёдтар сафеда дорад. Илова бар ин, 90 дарсади сафедаи он ба ҷисм ҷаббида мешавад. Лӯбиёи сурх ва сафед низ аз ҷиҳати таркиби аминокислотаҳо, моддаҳои минералӣ ва витаминҳо аз гӯшти чорво камӣ надоранд. Агар дар хӯрок биринҷу лӯбиёгиҳо бошанд, талаботи ба сафедадоштаи инсон пурра ва бо сифати баланд қонеъ мешавад. Илова бар ин, лӯбиё хосияти пасткунии қанди хунро дорад. Бо ин сабаб, лӯбиё барои беморони диабети қанд беҳтарин ғизост. Марҷумак («гречка») аз ҷиҳати миқдори сафеда баъди лӯбиёгиҳо ҷои дуюмро мегирад. Дар таркиби марҷумак оҳан, микроэлемент ва витаминҳои гуногун мавҷуданд. Бинобар ин, истеъмоли он барои рафъи камхунию камқувватӣ хеле муфид аст. Сулӣ (овёс) бошад аз чарбҳои гуногун бой буда, холестерини зарарнокро аз ҷисм берун ва фишори хунро муътадил мекунад. Имрӯз дар кишварҳои пешрафта лӯбиёгиҳоро «ғизои асри ХХI» меноманд. Афсӯс, ки имрӯз ҷои лӯбиёгиҳоро дар ғизои аксари ҳамватанон «хотдог» «биляши», картошкабирён, макаронпалов, «Ролтон» ва дигар маҳсулоти камвитамин гирифтааст. Имрӯз дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи як кило лӯбиё 5-8 сомонӣ, нахӯд 5-11 сомонӣ, наск 5-8 сомонӣ, мош 5-7 сомонӣ, марҷумак 4-8 сомонӣ мебошад. Бо пули 1 кило гӯшт метавонед аз ҳамаи маҳсулоти номбурда як-якунимкилоӣ бихаред. Оилаи иборат аз 4 нафар бо як кило гӯшт 3 маротиба таом мепазанд. Аммо бо яккилоӣ лӯбиёву наску нахӯд як моҳ таомҳои гуногун пухтан мумкин аст. Яъне, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози тандурустӣ истеъмоли лӯбиёгиҳо аз истеъмоли гӯшт беҳтар мебошад. Интихоб кунед, нози қассобонро мебардоред ё ғизои солими сабзавотӣ хӯрда, ҷавониатонро нигоҳ медоред?
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «ҶТ»
Аз ҳама даҳшатовар бетарафии аҳли ҷомеа нисбат ба чунин воқеоти нангин аст, ки чун ба як ҳодисаи муқаррарӣ муносибат менамоянд ва на вокунишеро мешунавию мехонӣ, на таклифу пешниҳодеро. Айнан, чун мақоли «туро газад, маро чӣ ғам?” Ҳол он ки ҳар сол фавҷфавҷи ҳисоботи масъулини сохтор, комиссияву ташкилотҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ мавриди ҳифзу ҳимояи кӯдакон хондаю баррасӣ мегарданд, ки бо хулосабарорӣ аз натиҷаҳои онҳо метавон гуфт, ки кайҳо коммунизмеро, ки орзуяш мекардем, барпо намудаем. Аз тариқи интернет аз чанд ҳодисаи қатли кӯдакони бегуноҳ аз дасти модаронашон дар Русия огоҳӣ ёфтаму дунё ба назарам тира гардид. Яке аз онҳо Наталя Баландина ном зани рус аст, ки баъди борҳо ба шавҳар баромадану ҷудо шуданҳояш, аз нобарорӣ рӯ ба майзадагӣ оварда, ниҳояти кор, духтарчаи кенҷагии ҳаштсолааш Настяро гирифта, ба Туннис, барои истироҳат меравад, бо вуҷуди, ба қавле, аз сагу пишак қарздор буданаш. Хулоса, духтарчаро дар зарфи оббозигоҳи утоқи истироҳатии меҳмонхона ходими меҳмонхона дар ҳолати мурда дармеёбад, дар ҳоле ки модари духтарчаро дар лаби баҳр бепарвоёна дар ҳолати худро офтоб додан, дастгир мекунанд. Ташхис дар зери нохунҳои духтарча, ки аз афташ ҷонаш ширинӣ карда, барои ҳаёт мубориза бурданӣ шудааст, миқдоре пӯсти бадан ва мӯйҳои сари модарашро муайян намуданд. Вақте хондам,
ки дар Туннис ҳодисаҳои қатли одамон аҳён-аҳён рух медодаанд, аҳсант ба ақлу фаросат ва имондории он мардум гуфтаву ҳавасам омад, ки кош, дар Тоҷикистони мо ҳам чунин фазои солим фароҳам меомад. Охир, занҳои мусалмон арақ истеъмол накунанд, ки дар ҳолати мастӣ ба чунин бешарафӣ даст зананд? Бо алам ва ифтихори баланди миллӣ қаҳрамонии модари 30-сола Лола Орзуеваро аз деҳаи Одинабойии Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, ки дар офати 12-13 апрели соли ҷорӣ даруни лойқа тифли ширхорашро бо мақсади наҷот болои дастон боло бардошта, худро қурбон намудааст, ёд овардам. Вале ҳамин ки аз ду ҳодисаи қатли ду ноболиғ аз дасти зан-модари мусалмон дар Душанбе воқиф шудам, гӯё ба
пойтахт, ки моҳи шарифи Рамазон бо дасти худ сари духтарчаи зебояку ширинак Мадинаи 6-соларо бо корд аз тан ҷудо кардааст. Мадинаеро, ки дар Хонаи кӯдакони №2-и шаҳри Душанбе бо ҳамсолон зиндагии хушҳолона дошт. Бо ҳар хабаргирии модар аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид. Бо ифтихор ба дугонаҳояш аз модар қиссаҳо мекард ва бо умеди дар рӯзи Иди Рамазон ҳамроҳи очаҷонаш идгардак кардан мезисту ҳамон рӯзи шум бо шодию хурсандии бемисл ба истиқболи марги худ, аниқтараш, ба оғӯши қотили худ дартоз буд. Кошкӣ, қабл аз он ҷо гирифтани ӯ, модари бадбахту золимаш зери чархи мошине мемонду то ба хонаи кӯдакон қадами наҳсаш намерасид. Тааҷҷубовараш он аст, ки чӣ дар ҳолати Наталя, чӣ
монандӣ доранд. Мавриди ин ду зан-модар гуфтаниам, ки дар бадбахтии оилавии онҳо ҷуз худашон касе гунаҳкор нест, бахусус, духтарчаҳояшон. Баъди кор аз кор гузаштан, акнун Зиёда фаҳмидааст, ки духтарчаро бо таъна мардум ҳаромӣ ном мебурдаанд ва рӯзе кӣ будани падарашро пурсон мешудааст. Дарвоқеъ, мавриди «ҳаромӣ» ё ба ибораи дигар «валадуззино» ном бурдани чунин кӯдакони бечораю бегуноҳ аз тарафи аксари мардум як навъ беинсофию бедиёнатист, балки ҳаромӣ, лаънатзада ҳамонҳоеанд, ки ба хотири лаҳзае айшу ишрат онҳоро ба дунё овардаанд. Агар ҷои сангсор кардан бошад, на тифлакон, балки зинокоронро сангсор кардан аз рӯи адолат мебуд. Оре! Ин қотилон гуноҳе кар-
медкунанда худро халос мекунанд. Модарону хоҳарони бечора медонанду мушкилиҳояшону кунҷи хона. Ҳол он ки онҳо ҳам мавҷуди зиндаанд, орзуву умед аз зиндагӣ, ниёзҳои ҷисмонию маънавӣ доранд. Дар кунҷи хона муҷаррад ба пирӣ мерасанд. Аз хона берун пой ниҳанд, ба бадномӣ гирифтор мешаванд. Ба доми мардони айёш меафтанду бархе худро дигар идора карда натавониста, ба фоҳишагӣ машғул мешаванд. Наздиктарин шахсонашон бо баҳонаи онҳоро шарманда карданашон, аз онҳо рӯ мегардонанд, оқашон мекунанд, ба ҷои он ки бо панду насиҳат, мулоиматӣ пеши ҷинояту бадбахтии духтарону хоҳаронашонро гиранд, ба роҳи ислоҳашон дароранд. Аз ин кор дида магар амали савобтаре ҳаст? Гӯё ки худи онҳо дар ум-
ҳамтоёни тоҷики ӯ эҳсоси ширинии ҷонҳои худашон мушоҳида мешавад? Намедонам, бо кадом умед дигар зистан мехоста бошанд? Чӣ хел шабҳо осуда хоб мекарда бошанд? Мисле ки дар роҳи аз хона то коргоҳи Наталя Баландинаи дар кошонаи ҳусн кор мекардагӣ овезае бо сурати духтарчаи зебо ва модараш бо навиштаҷоти «Очаҷон, ман туро бениҳоят дӯст медорам!» ба чашм бармехӯрад. Аз ин миён нокомии оилавии Наталя ва Зиёда хеле ба ҳам
даанд нобахшиданию азобашонро дар ину он дунё ҳатман хоҳанд кашид. Мақсад, аз ин навиштаҳо танҳо маҳкум кардани чунинҳо набуда, ҷустуҷӯи сабаб, омил, умуман, заминаи ҷиноят мебошад. Оё дар ин ҷиноят танҳо худи қотилон гунаҳкоранд? Магар чунин духтарону писарони ҷавон, занону мардон, кӯдакон, оилаҳои бадбахту муҳтоҷи маслиҳату кӯмаки моддию маънавии аҳли ҷомеа, ташкилоту идораҳои дахлдор дар мо каманд? Кӣ кафолат дода метавонад, ки фардо боз чунин ҳодисаҳои нангин ба вуқуъ намепайванданд? Дар ҳама ҷо, бахусус, ноҳияву деҳоти дурдаст мардум, қариб ки ба ҳоли худу дарду ташвиши худ вогузор аст. Масъулони кумитаву ташкилотҳои дахлдорро, умуман, парвои онҳо нест. Бо ном фаъолият менамоянду бас. Ҳарки дар фикри беҳбудии рӯзгор, фарзандони худ, ҷамъ кардани молу пуланд. Касе худро ғам додан намехоҳад ва мунтазиранд, ки аз куҷое ягон каси дигар омада, ба ҷои онҳое, ки вазифаҳои давлатиро банд карда нишастаанд, миёни мардум кор мебарад, корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ месозад, дарду ғами мардумро гӯш мекунаду аз роҳи бад бармегардонад? Бо ин ҳама, боз шикоят мекунем, ки ҷавонони моро гурӯҳу доираҳои иртиҷоӣ ба торҳои анкабути худ мекашанду гумроҳ месозанд. Мо, ки кор накардем, онҳо кор мекунанд. Ба ҷавонписарону мардон осонтар аст. Роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранду ба ин васила аз азобу андешаҳои мағшушу ноу-
рашон ба иштибоҳу хатое роҳ надодаанду аз сӯфию бибиҳои пок бошанд. Мисле ки ҳангоми ба чунин пастӣ задани ин ё он нафаре, аксари мардум ақли худро кор нафармудаву даҳони худро пӯшида натавониста, ин гумроҳону бадбахтонро дар сари ҳар қадам зери борони таҳқиру маломат мегиранд, бехабар аз оқибатҳои бади амалҳояшон. Вагарна, магар Зиёда падару модар, бародару хоҳар, хешу табор, ҳаққу ҳамсоя ва Мадинаи шӯрбахт бобою бибӣ, тағою аммае надошт? Ё ҳамон марди номаълуми ҳамхобаи Зиёда, яъне, падари Мадина, ки ба хотири лаҳзае нафси худро қонеъ сохтан, боиси ба дунё омадани тифли бечора гардидаву дигар суроғаш ҳам накардааст, гумон мекунад, ки осуда дар ҳалқаи фарзандони гӯё шариатию ҳалоли худ зиндагӣ хоҳад кард? Ё кӣ медонад, шояд чандин чунин мадинаҳоро боис ба дунё гаштан шуда бошад. Оё аз фарзандонаш намебинад? Мутмаинам, ки дар сар задани ҳодисаҳои зайл ҳамаи гунаҳкорони бавоситаю бевосита фардо ҷавобгӯй мебошанд. Оҳу убол, арвоҳи духтарчаҳои ғуррамарг умре думболагири онҳо хоҳад буду оромашон намегузорад. Сахт аст замину дили нарме дорад, Барф аст хунуку дили гарме дорад. Ҳайвон зи мо гаҳе баинсофтар аст, Раҳме ба дилу ҳаёву шарме дорад.
Рӯҳи тифлакони бегуноҳ думболагир хоҳад буд
сарам як сатил оби хунук рехта бошанд, якбора карахт шудам. Ба даҳшат афтодам, ки ба одамон чӣ балое ёр шуда бошад? Наход қувваҳои ноаёне бошанд, ки онҳоро ба чунин ваҳшоният тела диҳанд? Яке Марҷонаи Файзалӣ, ки Аминҷон Назирови 4-солаи ҳамсояро дар шаҳри Турсунзода 13 корд зада, куштасту дигаре Зиёдагул Шарифоваи 29-солаи сокини деҳаи Шарораи ноҳияи Ҳисор, иҷоранишин дар маҳаллаи Маяковскийи
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳама гуна ҳодисаи қатли инсон, ҳатто ваҳшигарии гӯшношунид нисбат ба ҳайвоноту парандагон аз тарафи инсоне, ки Худованд бо бартарӣ аз дигар махлуқот ақлу ҳушро дареғ надоштааст, синасӯзу ҷонгудоз аст. Чунин як амали номатлубро нисбат ба калонсолон, ҳарчанд низ бахшиданӣ нест, гоҳо бо айби ин ё он ё ҳар ду ҷониб маънидод менамоянд. Вале ваҳшиёна ба қатл расондани тифлакони бегуноҳро бо усулҳои асримиёнагӣ дар асри мутараққии 21 чӣ тавр шарҳ додан мумкин бошад, ҳеҷ ақли инсон намегирад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
5
ТАВБА
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
6
АЗ ТОЛОРИ СУД
ДАСТОВАРД
Зӯроварӣ ҷавобгарӣ дорад Ҳар як шахс дар ташкили оила мустақил аст. Дар навбати худ давлат ва аҳли ҷомеа низ нисбат ба ин масъала бетараф набуда, ба хушбахтиву пойдории оилаҳо манфиатдоранд. Чунончи, дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад». Солҳои охир матбуот дар хусуси авҷ гирифтани хушунати хонаводагӣ ва ҷудошавии оилаҳо зиёд менависад. Омӯзиши сабабҳои вайроншавии оилаҳо нишон медиҳад, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ дуруст омода нестанд. Дар китоби равоншиноси маъруф Маҳмадулло Давлатов «Оила ва рушди шахсияти фарзандон» омодааст: «Дар сурате, ки низои оилавӣ ҳалли худро пайдо накард ва ба ҳолати буҳронӣ мубаддал гашт, роҳи тозаи ҳалро бояд ҷустуҷӯ намуд, ки он таъсиси «додгоҳи хонаводагӣ» мебошад. Як довари хайрхоҳ, хирадманд ва ислоҳталаб аз ҷониби мард ва як довари дигар аз ҷониби хонаводаи зан бояд шомили он додгоҳ шаванд. «Маълум аст, ки ҳадафи асосии ин додгоҳи хонаводагӣ бартараф намудани низоъҳои оилавӣ ва пешгирии хушунати хонаводагӣ аст». Агар сокини пойтахт Илҳом Халилов тибқи ин суннати ниёгон амал мекард, шояд имрӯз бо собиқ ҳамсараш Азиза Фақерова хушу хуррам зиндагӣ дошт. Мутаассифона, ӯ ба ҷои муросо намудан нафрату бадбиниро ба кор бурда, бо ҳар баҳона Азизаро лату кӯб менамуд. Баъди аз ҳам ҷудо шудан низ Илҳом ҳамеша бо Азиза муноқиша намуда, бо алфози қабеҳ таҳқир ва таҳдиди куштан мекард. Чунончи, 16 феврали соли 2013, тахминан соати 10-и рӯз дар дохили мошини сабукраваш аз мӯи сари А. Фақерова кашида, номбурдаро аз дохили мошин зада фуровард ва бо мошинаш пойи чапи Азизаро зер намуд. Дар натиҷа, Азиза ба замин афтида, мувофиқи хулосаи ташхиси тиббӣ ҷарроҳати ҷисмонӣ бардошт. Инчунин, Илҳом 28 июл ва 4 октябри соли 2013 низ Ази-
заро лату кӯб намуд. Ӯ бо ин ҳаракатҳои барқасдонаи худ ҷинояти дар моддаи 117, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои азобу уқубати ҷисмонӣ ё руҳӣ бо роҳи лату кӯб мунтазам ё бо усули дигари зӯроварӣ, агар боиси оқибатҳои дар моддаҳои 110 ва 111 ҳамин кодекс зикршуда нагардида бошад, пешбинӣ намудааст, содир кард. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мувофиқи талаботи моддаи 61-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳое, ки ҷазои судшаванда Илҳом Халиловро сабук мекунанд - бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш иқрор будан, сидқан пушаймон шуданаш ва аз ҷои истиқоматаш хислатномаи мусбат доштанашро ба назар гирифт. Дар асоси талаботи моддаи 71 КҶ ҶТ ҷазои нисбат ба И. Халилов таъиншуда (маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол) шартан татбиқ карда нашуд ва ба ӯ як сол муҳлати санҷишӣ муқаррар гардид. Ӯ вазифадор карда шуд, ки бе огоҳ намудани мақоми иҷрокунандаи ҳукм ҷои зисташро иваз накунад. Оре, зӯроварӣ ҷавобгарӣ дорад. Ҳар гуна мушкилотро бо муколама ва бидуни зӯроварӣ метавон ҳал кард. Беҳуда нагуфтаанд: Чу коре барояд ба лутфу хушӣ, Чӣ ҳоҷат ба тундию гарданкашӣ.
А. МУЛЛОЕВ, судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Чор медали нуқра аз Ню-Йорк Муҳассилини тоҷик дар Олимпиадаи лоиҳавии байналмилалӣ-илмӣ бахшида ба проблемаҳои муҳити зист ва энергетика (GENIUS) дар иёлати Ню-Йорки ИМА соҳиби медали нуқра шуданд. Олимпиадаи мазкур аз ду даври фаҳмондадиҳии лоиҳаҳои тарҳрезишуда иборат буд ва дар он муҳассилини Литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ ба номи Ҳоҷӣ Камоли пойтахт ва Мактаби байналмилалии Душанбе иштирок карданд. Ҳар чор нафар муҳассили тоҷик Сӯҳроби Саидзода, Нодир Азизов (ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камол), Парвиз Зарифзода ва Суҳайлӣ Исмоилов (Мактаби байналмилалӣ) соҳиби медали нуқра шуданд. Ба шарафи ғолибияти онҳо Парчами Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Дар ин олимпиада аз 53 кишва-
ри дунё зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод гардид. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони тоҷик донишу маҳорати баланд нишон дода, аз намояндагони кишварҳои пешрафта холҳои баландтар гирифтанд. Тӯли фаъолияти ЛИМТТ дастпарварони ин муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои байналмилалӣ бомуваффақият ширкат варзида, то ин дам соҳиби 551 медал, аз ҷумла, 102 медали тилло, 147 медали нуқра ва 302 медали биринҷӣ гаштаанд.
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ
Духтаре дар ҳукми гул ва муносибати сарди хушдоман Хушунати хонаводагӣ зуҳуроти номатлубест, ки саодати оиларо халалдор ва байни ҳамсарон сардӣ ба миён меорад. Ин амалро метавон яке аз омилҳои ҷудошавии оилаҳо дар ҷомеаи тоҷик номбар кард. Мутаассифона, дар бештари оилаҳо духтарро дар рӯҳияи тарс аз хушдоман ва шавҳар тарбия мекунанд. Занҳои калони хона ба духтараки дар ҳукми гул гӯшрас мекунанд, ки бозию шӯхиро як тараф гузошта, аз пайи ёд гирифтани корҳои рӯзгор шавад, то фардо назди хушдоман забонкӯтоҳ нагардад. Асари ин корҳои “фаҳмондадиҳӣ” то дараҷае мерасад, ки дар назари духтар хушдоман тимсоли манфиро мегирад. Духтарак ба тан либоси арӯсии сап-сафед, вале бо дили пуралам вориди хонаи шавҳар мешавад. Хушбахтона, кам нестанд, занҳое, ки сунҳорро (келин)
чун духтари худ қабул намуда, дар пешбурди корҳои рӯзгор мадад мерасонанд. Аммо боз ҳастанд модароне, ки бо қадам мондани сунҳор ба остонаи дар худро «душмандор» меҳисобанд. Сарчашмаи ба хушунати равонӣ гирифтор гаштани занҳои ҷавон дар оила маҳз аз ин ҷо оғоз меёбад. Дар баъзе оилаҳои тоҷик ба сунҳор чун каниз муносибат мекунанд ва ин гуна мардум як шиор доранд: сунҳор бояд хизматашро назди хусуру хушдоман ба ҷо биёрад! Ин, албатта, хуб аст ва як рукни бисёр ҳам муҳими мустаҳкамии оилаҳои ҷавон низ хизматгор будани сунҳори хонадон аст. Аммо ба бераҳмӣ роҳ додани хушдоман ва ба ҳар кори наварӯсон эрод гирифтан, аллакай, аз ҷо доштани хушунати равонӣ дар оила хабар медиҳад. Бо чанд тан аз занҳои ҷавон ҳамсуҳбат шудем, ки аз вазъи хушунатбори оилаваиашон шиква карданд. Яке аз онҳо сокини пойтахт Дилбар аст. Ба қавли ӯ, шавҳараш майзада буда, баъд аз кор ба хона маст меомадааст. “Ҳар гоҳе ки нӯшида меомад, маро дар назди фарзандонам лату кӯб мекард, суханҳои қабеҳ мегуфт. Рӯзҳое мешуд, ки аз хона пеш мекард. Хушдома-
нам ин рафтори шавҳарамро дида, ба ҷойи дахолат кардан мегуфт, худат айбдорӣ, нахоҳӣ, баромада рав. Як рӯз назди фарзандонам бо лагад чунон зад, ки ду рӯз аз ҷоям хеста натавонистам. Чанд бор хостам худкушӣ кунам, аммо ояндаи фарзандонро андешида, ба ҳамаи ин азобу кулфат тоб меовардам. Вале ҳама чиз ҳад дорад. Косаи сабри ман ҳам лабрез шуд. Бо кӯмаки падарам ҷудо шуда, бо ду фарзанди кӯчак ба хонаи падар рафтам”, - бо алам қисса кард Дилбар. Ҳамсуҳбати дигари мо сокини шаҳри Ваҳдат Ҳадиса изҳор намуд, ки шавҳараш ҳар чизро баҳона карда, зуд-зуд назди волидон ӯро мазаммат мекунад. Сабаби ин ҳолатро дар он мебинад, ки интихоби арӯс бо хости модаршӯ сурат гирифтааст, на бо интихоби худи шавҳар. Ҳамин тавр, чунин омилҳои номатлуб боис мегарданд, оилаҳои ҷавон, ки ҳанӯз аз барпо шудани онҳо чандон вақте нагузаштааст, вайрон гарданд ва тифлони хурдсол зиндаятим монанд.
Маҳина ЯЪҚУБОВА,
магистранти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия
Харитаи Ховари Миёна тағйир меёбад? Вазъияти Ховари Миёна бо суръат дигаргун шуда, рӯз ба рӯз муташанниҷ мегардад. Ин ҳолат бештари таҳлилгарону коршиносони сиёсиро дар ҳайрат мондааст. Онҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, яке ҳолати минтақа, бахусус, давлатҳои Ироқу Шомро пешгӯинашаванда меноманд. Гурӯҳи дигар таъкид мекунад, ки аввалин “самараи” ончи дар Ироқу Шом ва умуман, саросари Ховари Миёна ҷараён гирифта истодааст, ин аст, ки давлатҳои бузург ба чанд давлати кӯчак табдил меёбанд. Чунончи, ин ақидаро намояндаи гурӯҳи дуюми таҳлилгарон Робин Райт воқеанигор ва таҳлилгари ҳафтаномаи маъруфи “The New York Times” пеш гузоштааст. Хонум Райт иброз медорад, эҳтимоли хеле қавӣ вуҷуд дорад, ки дар Ховари Миёна аз 5 давлати бузург 14 давлати кӯчак ба миён ояд. СУРИЯ Кашмкашу рақобатҳои шадиди этникӣ ин давалатро ба се пора тақсим мекунад: Якум. Давлати Алавиҳо. Инҳо ақаллиятеанд, ки солҳои зиёде Сурияро ба ҳайси ғолиби як роҳрав ё корридори соҳилӣ идора мекунанд. Дуюм. Интизор меравад, ки Курдистони Сурия барҳам хӯрда, он бо курдҳои Ироқ ҳамроҳ шавад ва як давлати комили Курдистонро тавлид созад. Сеюм. Суниҳои Сурия низ дар натиҷаи ҳамроҳшавӣ бо сунниҳои Ироқ давлати Суннистонро ба миён меоранд.
Ҳоло яке аз аввалин нафроне, ки аз ташкилшавии давлатҳои нав дар Ховари Миёна, хусусан, аз пайдошавии давлати Курдистон истиқбол кардааст, Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мебошад. Нетаняҳу чанде пеш дар Донишгоҳи Телавив иброз дошт, ки ҷонибдори якпорчагии Ироқ аст. Ироқе, ки акнун дар натиҷаи ҷангҳои мазҳабӣ наметавон аз тамомияту якпорчагиаш ҳарф зад. Сарвазири Исроил, аз ҷумла, чунин гуфт: “Аз ишғолу таҷовузи ДИИШ, ки минтақаро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст, ягона чизе, ки мояи хушнудист, истиқлолияти курдҳост. Мо инро дастгирӣ мекунем. Курдҳо ҳақ доштанд, ки давлати миллии
АРАБИСТОНИ САУДӢ Муддати дарозест, ки Арабистони Саудӣ бо ихтилофоти дохилии худ мувоҷеҳ аст, ки метавонад барои насли ояндаи шоҳзодагони арабӣ ҳамчун майдони баландшавӣ дар қудрат хизмат кунад. Хавфи ваҳдати шоҳӣ дар ин кишваар бештар аз фарқият ё гуногунақидагии қабилаҳо, тақсимоти шиаву суннӣ ва мушкилиҳои иқтисодист. Ҳоло ин кишвар метавонад ба панҷ минтақа ё қисмати алоҳида ҷудо шавад. худро дошта бошанд”. Нетаняҳу, инчунин, аз пешрафтҳои бемайлони ДИИШ дар қаламрави давлатҳои Ироқу Сурия нигаронӣ карда, бархе аз давлатҳо, аз ҷумла, Урдунро ҳушдор додааст, ки омодагии ҷиддӣ дошта бошад. Ин истиқболу нигаронии Сарвазири Исроил дар ҳолест, ки солҳо боз бо ҳамсояаш Фаластин душманӣ дошта, ба мустақилияташ халал эҷод мекунад. Балки зӯран заминҳояшро ғасб кардааст. Ҳамзамон, ёвари Нетаняҳу гуфтааст, ки аз пешрафту ишғолкориҳои ДИИШ дар Ироқу Шом танҳо Эрон баҳра мебарад ва ҷониби Исроил аз Президен-
ЯМАН Ин кишвари қашшоқи арабӣ баъд аз баргузории як референдуми билоқувва барои истиқлолият дар Ямани Ҷанубӣ метавонад ду пора шавад. Шояд бо баргузории тақсимоти ҷиддитаре Ямани Ҷанубӣ ба қисмате аз Арабистони Саудӣ табдил ёбад. ти ИМА Барак Обама дар суҳбати телефоние хостааст, ҷилави манфиатхоҳии Эронро бигирад. “Вақте ду душмани Шумо ба ҳам меҷангад, яке аз онҳоро қувват набахшед, балки ҳар дуро заиф созед. Ба назари ман, дар ин амр хатои азиме, ки содир мешавад, он аст, ки шумо барномаи ҳастаии Эронро дастгирӣ мекунед. Ин як хатои фоҷиавие мешавад, ки ҳатман ба саратон меояд”, - гуфтааст Нетаняҳу. Ӯ афзудааст, ДИИШ зоҳиран алайҳи шиаҳои Ироқу Сурия меҷангад ва шиаҳо зери сарпарастии Эронанд. “Ҳоло ИМА ва муттафиқонаш коре карда истодаанд, ки расман ба нафъи Эрон аст”.
Бояд ёдовар шуд, ки ДИИШ (Давлати исломии Ироқ-Шом) ҳаракати мусаллаҳонае дар қаламрави Ироқу Сурия мебошад, ки чанде аз шаҳрҳои ин ду кишварро зери тасарруф даровардааст. Асосан, аз рӯи равия ё идеологияи салафия амал мекунад. Дар минтақае, ки Ироқ, Сурия, Урдун ва Фаластин воқеанд, давлате бар пояи қонунҳои шариат сохтанист. Роҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ буда, чанде пеш худро комилан давлати исломӣ эълон карда, калимаҳои Ироқ ва Шомро аз номаш бардошт.
М. САИД, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
ЛИБИЁ Дар натиҷаи бархӯрдҳои қабилавӣ ва рақобатҳои сахти минтақавӣ эҳтимол Либиё ба ду қисмати таърихии худ – Триполитаниа ва Киренайка тақсим шавад. Пораи сеюме, ки дар ин давлат эҳтимоли ба вуҷуд омадан дорад, вилояти Фаззон дар қисмати ҷанубу ғарбии Либиёст.
ИРОҚ Ба гумони ғолиб курдҳои шимоли Ироқ бо курдҳои Сурия муттаҳид мешаванд. Қисме аз манотиқи марказии таҳти идораи сунниҳо дар ин кишвар ба сунниҳои Сурия ҳамроҳ мешаванд. Ҷануби Ироқ ба кишвари Шиатистон табдил меёбад. Инҳо эҳтимолияти заиф нестанд.
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
СИЁСАТИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
8
ФЕСТИВАЛ
2-7 июли соли равон дар шаҳри Чита - маркази яке аз калонтарин вилоятҳо дар қисмати шарқии Федератсияи Русия - Забайкале нахустин Фестивали байналмилалии “Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай” доир гардид, ки аз 7 бахш: фарҳанг, маориф, варзиш, васоити ахбори омма, ҷавонони сиёсатмадор, бозиҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва “Маликаи баҳор-2014” иборат буд. Дар кори он ҳудуди чор ҳазор нафар ҷавону донишҷӯ аз кишварҳои Федератсияи Русия, Афғонистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркия, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эрон, Ҳиндустон ва ШриЛанка фаъолона ширкат варзиданд. Мақсад аз баргузор намудани ҳамоишро дастандаркорон - Иттифоқи ҷавонони Русия ва Ҳукумати вилояти Забайкале мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ миёни кишварҳои азъои СҲШ, табодули фарҳанг, муаррифии истеъдодҳои ҷавон, дастгирии ҷавонону донишҷӯён ва дар оянда боз ҳам наздиктар намудани муносибот дар ҳама ҷодаҳо миёни кишварҳо арзёбӣ намуданд. Кишвари офтобрӯяи моро дар чорабинии зикршуда иддае аз ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуну як гурӯҳ донишҷӯён дар ҳайати 46 нафар бо роҳбарии Маҳмуд Амиров, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ муаррифӣ карданд. Маросими ифтитоҳи “Баҳори донишҷӯён...” бо ҳузури беш аз 12 ҳазор нафар 2 июл дар варзишгоҳи марказии “Локомотив”-и шаҳри Чита доир шуд. Он бо гузашти намояндагони кишварҳои иштирокчӣ оғоз ёфт. Яке аз аввалинҳо шуда намояндагони кишвари мо бо эҳсоси баланди миллию худшиносӣ ва ифтихор аз вата-
“Баҳори донишҷӯён” ну ватандорӣ парчамҳои хурду бузурги миллӣ дар даст аз назди тамошобинон гузаштанд. Сипас, Николай Рогожкин, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Федератсияи Русия дар ҳавзаи Сибир ба самъи иштирокдорон Пайёми табрикии Дмитрий Медведев, Сарвазир ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русияро расонд. Пасон, Губернатори сарзамини Забайкале Константин Илковский дар баромади хеш шаҳри Читаро ба пойтахти байналхалқии донишҷӯён ташбеҳ дода, таъкид дошт, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ-ро зиёдтар ба ҳам муттаҳид месозад. Константин Илковский афзуд, ки фестивал ба минтақаҳои гуногун имконияти иловагӣ медиҳад, то бо якдигар пайваста дар робитаи мустақим бошанд. Ӯ, ҳамчунин, изҳори умед ва таманно кард, ки байни иштирокдорону намояндагони манотиқи гуногуни Русия ва давлатҳои аъзои СҲШ эътимоду боварӣ ва дӯстӣ пойдор бошад. Дар навбати худ раиси Иттифоқи ҷавонони Русия Павел Краснорутский таъкид дошт, ки “Баҳори донишҷӯён...” на танҳо дар мустаҳкам намудани фарҳангҳо ва таҳкими ҳамкориҳои амиқи миёни кишварҳои аъзои СҲШ ёрӣ мерасонад, балки барои ҳамкориҳои минбаъда имконияти хубе мешавад. Баромадкунандагон, инчунин, аз он изҳори хушнудӣ карданд, ки дар фестивал намояндагони кишварҳои даъватгардида фаъолона ширкат намуда, бо эҳсоси баланди худшиносӣ дар табодули фарҳангҳо нақши хоса мегузоранд. Онҳо таъкид доштанд, ки минбаъд низ
“Баҳори донишҷӯён...” дар сатҳи байналмилалӣ дар дигар минтақаҳои Русия ва давлатҳои аъзои СҲШ баргузор хоҳад гашт. Қисмати фарҳангии маросими кушодашавии фестивал аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки ҳунармандону сиркбозони машҳури Русия ҳафт бахши асосии ҳамоишро, ки дар боло зикрашон рафт, тавассути суруду мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба намош гузоштанд. Рӯзи дуюм намояндагони бахши фарҳанги кишвари мо дар Қасри фарҳанги роҳиоҳанчиёни шаҳри Чита барномаи ҳунарӣ намоиш доданд. ки аз ҳар ҷиҳат барои ҳозирин хотирмон буд. Бахусус, ҳунарнамоии санъаткорони ҷавону шинохтаи тоҷик Меҳрнигори Рустам, Фотима Машрабова, Султон Амиров, Фарзона Савдаршоева, Шавкат Қодиров (аз Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов), Шоҳин Абдуллоев (Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода), Фотима ва Зуҳро Худойбердиеваҳо (аз Донишгоҳи миллӣ) тамошобинонро ба ваҷд оварданд. Инро аз қарсакзаниҳои пурмавҷу бардавоми иштирокдорон пай бурдан душвор набуд. Дар барнома ҳолати дигари диққатҷалбкунанда ҳунарнамоии сиркбозони тоҷик ба ҳисоб мерафт. Сиркбозони ҷавон Мадина Назарова, Гулшан Орзуева ва Анушаи Худойқул бо роҳбарии Бахтиёр Иззатуллоев маҳорати баланди касбӣ нишон дода, собит карданд, ки дар Тоҷикистон низ санъати сиркбозӣ рушд ёфтааст. Шоёни зикр аст, ки ҳунармандони ҷавони тоҷик, асосан, бо забони давлатӣ баромад карда, аснои ҳар як баромад либосҳои миллиро ба бар
САБРИНА ТАВАКАЛОВА
шаваии фестивал губернатори сарзамини Забайкале Константин Илковский ва раиси Иттифоқи ҷавонони Русия Павел Краснорутский роҷеъ ба баргузории фестивали байналмилалӣ бо рӯзноманигорон гуфтугӯ анҷом дода, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ин чорабинӣ дар сатҳи олӣ доир хоҳад гашт. Раиси Иттифоқи ҷавонони Русия ҳангоми посух ба суолҳои хабарнигорон изҳор дошт, ки соли 2017 онҳо тасмим гирифтаанд Фестивали байналхалқии ҷавонон ва донишҷӯёнро дар Русия баргузор намоянд. Дар ин бахш низ рӯзноманигорони тоҷик фаъолона ширкат намуда, бо рӯзноманигорони кишварҳои гуногун табодули андеша карданд. Онҳо аз таҷрибаи якдигар баҳравар гардида, миёни ҳам
дӯстӣ ва ҳамкорӣ ба роҳ монданианд. Рӯзи охири фестивал дар Қасри фарҳанги роҳиоҳанчиёни шаҳри Чита ҷамъбасти озмуни “Маликаи баҳор-2014” доир гардид, ки дар он 14 нафар бону иштирок намуданд. Тоҷикистонро Сабрина Тавакалова намояндагӣ кард. Сабрина дар баробари дигар иштирокдорон бо маҳорати хоса ва фавқулоддаи худ унвони “Маликаи ҷаззобият”-ро соҳиб гардид. 6 июл дар майдони ба номи Ленини Чита маросими пӯшидашавии “Баҳори донишҷӯён...” дар фазои тантанавӣ бо садои мусиқӣ ва баромад намудани сарояндагони ҷавон сурат гирифт. Намояндаи Тоҷикистон, ҳунарманди ҷавону шинохта Меҳринигори
СУЛТОН АМИРОВ МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ
намуданд, ки дар муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ метавонад нақши калон дошта бошад. Ҳамин тавр, ҳунармандони кишвари мо рӯзи баъдӣ дар Филармонияи шаҳри Чита, ки намояндагони минтақаҳои гуногуни Русия барномаи фарҳангии худро ба намоиш гузоштанд, баромад карданд. Султон Амиров бо маҳорати баланд ғижак навохта, зери навои он Фотима ва Зуҳро Худойбердиеваҳо дар тан куртаи чакан рақсиданд. Фарзона Савдаршоева низ фортопиано навохт, ки аз ҷониби ҳозирин хуш қабул шуд. Дар бахши лидерони ҷавон низ ҷавонони тоҷик бо омодагии ҷиддӣ ширкат карданд. Умедҷон Раҳимов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод дар ин бахш лоиҳа ва барномаҳои ҷолибро ба иштирокдорон пешниҳод кард. Иштирокдорон таклифу пешниҳоди гурӯҳи ҷавонони тоҷикро мавриди баррасӣ қарор дода, чанде аз онҳоро қабул намуданд. Иштирокдорони бахши варзиш низ маҳорати баланд нишон дода, ба гирифтани панҷ медал (2 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) мушарраф гардиданд. Дар ин бахш, асосан, донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов Меҳроҷ Шарифов, Шаҳбоз Раҳматов, Саидшои Сайфиддин, Олга Филина, Оиша Хуросониева бо роҳбарии Дилшод Абдураҳимов, муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок карда, парчами кишварро баланд бардоштанд. Варзишгарони тоҷик, бахусус, дар намудҳои футболи хурд, баскетбол (байни бонувон), эстафетаи варзишӣ бо ишитрокдорони дигар давлатҳои аъзои СҲШ рақобат намуданд. Яке аз бахшҳои дигари фестивал медиафорум ба ҳисоб мерафт. Дар он кормандони васоити ахбори омма табодули назар намуданд. Собиқадорон ва рӯзноманигорони маъруфи Русия, аз қабили Иля Лазарев, директори мактаби телевизионии “Академияи ТВ”, Олег Фочкин, муовини сармуҳаррири “Вечерняя Москва”, Макс Орлов, ровии “Русское радио” ва дигарон бо рӯзноманигорон суҳбату мулоқот намуда, нозукиҳои касби рӯзноманигориро ба онҳо омӯзонданд. Ҳамчунин, онҳо ба иштирокдорон маърӯза хонда, вобаста ба масъалаҳои мубрами касби рӯзноманигорӣ байни ҳам баҳсу мунозира намуданд. Қабл аз маросими пушида-
Рустам бо суруди итолиёӣ дар жанри опера ҳунарнамоӣ карда, иштирокдоронро ба ҳайрат овард. Ин буд, ки ҳангоми сурудхонӣ тамошобинон бо як шӯру шавқ истеъдоди волои ҷавондухтари тоҷикро бо қарсакзаниҳои пурмавҷу бардавом дастгирӣ менамуданд. Хуллас, намояндагони кишвари мо дар бахши фарҳанг мукофоти асосиро ба даст оварданд. Он аз ҷониби созмондиҳандагони фе-
стивал ба роҳбари гурӯҳ Маҳмуд Амиров тақдим шуд. Зикр гардид, ки фестивали навбатии “Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои СҲШ” соли 2015 дар Ҷумҳурии Белорус баргузор мегардад.
Самариддин АСОЗОДА, Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”, Душанбе-МоскваКрасноярск-Чита-Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
дар тобистон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
9
ФЕСТИВАЛ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМ
Туризми байналмилалӣ дар нимаи дуюми асри ХХ ва нимаи аввали асри ХХI ба яке аз самтҳои афзалиятноки иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии аксарияти кишварҳо ва минтақаҳои олам табдил ёфт. Индустрияи туристӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи таркиби истеъмолӣ ва фаъолияти иҷтимоии бештари аҳолии олам гардид. Гарчанде захираҳои туристӣ дар ҳудудҳое ҷойгиранд, ки аз лиҳози саноатӣ ва кишоварзӣ ғайри қобили истифодаанд, вале маҳз ҳамин ҳол туристонро ба худ ҷалб менамуд. Туризми байналмилалӣ ба зерсохтори асосии таркиби хоҷагии миллии мамлакатҳо табдил ёфт. Афзуншавии талаботи аҳолии олам ба туризм боис гашт, ки ин соҳа ба яке аз соҳаҳои сердаромад ва рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёбад. Гузашта аз ин, рушди туризм боис мегардад, ки мавзеъҳои ташкилкунандаи фаъолияти туристӣ вобаста ба афзоиши муштариён бештар инкишоф ёфта, ҳолати табиӣ хубтар нигоҳ дошта шавад. Агар дар соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ сарватҳои табиӣ ба нобудшавӣ расанд, дар туризм ин ҳолат баръакс аст. Дар натиҷа, самаранокии иқтисоди миллии мамлакатҳо афзун мегардад. Тибқи таҳлилҳо соли 2020 14 фоизи аҳолии қитъаи Аврупо ба фаъолияти туристӣ машғул мешаванд. Ин нишондод дар қитъаи Осиё – Уқёнуси Ором 10 дар сад, Амрико – 8, Шарқи Наздик – 6, Африқо – 5, Осиёи Ҷанубӣ як дар садро ташкил медиҳад. Аз нишондиҳандаи боло аён мегардад, ки қобилияти харидории аҳолии кишварҳои Аврупо хеле баланд буда, баръакс қобилияти харидории аҳолии кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ хеле паст аст. Ҳиссаи аҳолии кишварҳои Аврупо дар вуруду хуруҷи туристон нисбат ба кишварҳои дигар минтақаҳо хеле баланд аст. Ҳоло суръати афзоиши солонаи туризми байналмилалӣ дар ҷаҳон 4,4%-ро ташкил дода, тибқи дурнамо соли 2020 ба 4,3% баробар мешавад. Ҷамъан, дар соли 2020 теъдоди сафаркунандагони байналмилалӣ ба 1,6 млрд. нафар мерасад, ки аз нишондиҳандаи соли 1995 се маротиба зиёд аст. Харҷи якрӯзаи туристон ғайр аз воситаҳои интиқоли ҳавоӣ то 5 млрд. доллар дар як рӯз афзун мегардад. Тибқи дурнамои Ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ (ТУТ) рушди босуръа-
ти туризми содиротӣ дар назар аст. Кишварҳои Олмон, Ҷопон, ИМА, Чин, Британияи Кабир, Русия, ки қобилияти баланди харидорӣ доранд, ба бузургтарин кишварҳои содиркунандаи туристон табдил меёбанд ва дар соли 2020 ба бозори байналмилалӣ то 30 млн. нафар туристро равона мегардонанд. Мувофиқи дурнамои ТУТ дар соли 2015 шумораи сафарҳои туристон ба хориҷа зиёда аз 1,5 млрд. нафарро ташкил медиҳад, аммо ин нишондиҳанда бо суръати суст ҷараён мегирад. Мутобиқи дурнамои ТУТ дар соли 2020 Чин ба пешоҳанги самти туризми ҷаҳонӣ табдил ёфта, аз 5 кишвари пешво - Фаронса, ИМА, Испания, Италия, Британияи Кабир пеш мегуза-
76% коҳиш меёбад. Вобаста ба нархгузории муайян дар бозори хизматрасонии туристии ҷаҳон, ширкатҳои алоҳидаи кишварҳо даромади муайян ба даст меоранд. Аслан, дар нархгузорӣ ва забти бозори туристӣ, бахусус, дар кишварҳои пешрафтаи туристӣ рақобати мукаммал вуҷуд дорад. Рақобати номукамммал бошад, асосан, дар кишварҳое ривоҷ ёфтааст, ки ширкатҳои маҳаллӣ дар бозори туристӣ мавқеи худро гум кардаанд ва ба бозорҳои онҳо ширкатҳои бузурги давлатҳои пешрафта ворид шудаанд ва ё дар бозори туристии дохилии кишвар танҳо як ширкати бузурги туристӣ фаъолият менамояд ва роҳбарии ин ширкатро ягон пайвандо-
туристӣ ривоҷ мебахшад. Боиси тазаккур аст, ки бозори хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати нарху нархгузорӣ беҳбудиро тақозо менамояд. Ҳанӯз дар ҷумҳурӣ сатҳи нархгузорӣ ба хизматрасонии туристӣ ба қобилияти харидории аҳолӣ мувофиқ набуда, дараҷаи хизматрасонӣ низ мутобиқи нархи ҷорӣ набуда, ба меъёрҳои зарурӣ ҷавобгӯ нест. Гузашта аз ин, муассисаҳои қабулкунандаи туристон дигаркунии куллиро дар сохтор ва сатҳи хизматрасонӣ тақозо менамоянд. Уммуман, ба бозори туристӣ омилҳои зерин таъсир мерасонанд. Тақозо ва туризм чун дигар молҳо ва хизматрасонӣ ба қобилияти истеъмолкунандагон,
ҳар як ширкат писанди харидорони маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ мегардад. Захираҳои ширкатҳои туристӣ низ беҳудуд нестанд, яъне, ҳар як турист хоҳишу салиқаи ба худ хос дорад ва ширкати туристӣ наметавонад ҳамаи хоҳишу талаби туристонро пурра иҷро намояд. Ҳар як ширкати туристӣ вобаста ба имконот ва майлу хоҳиши туристон, се усули пешниҳоди маҳсулоти туристиро амалӣ мегардонад: - Маркетинги оммавӣ – истеҳсолоти оммавӣ, тақсимот, танзими фурӯши ягон намуди мол барои ҳамаи харидорон. Мақсади асосии фоидаи маркетинги оммавӣ дар ҳаддалимкон паст будани хароҷот, нарх ва ташаккули бозори аслӣ зоҳир
Нақши туризм дар рушди иқтисодиёти ҷаҳон
рад. Ҳоло Чин дар мақоми 6-ум қарор дорад (22 млн. нафар дар як сол ташриф меоранд). Дар назар аст, ки ҳангоми расидани афзоиши солона ба 8%, шумораи боздиди туристон аз Чин дар соли 2020 ба 137, 1 млн. нафар мерасад. Тибқи дурнамо то соли 2020 сафарҳои туристии байниминтақавӣ нисбат ба дохилиминтақавӣ 1,5 маротиба афзоиш меёбад. Табодули туристон миёни минтақаи Аврупо ва Амрико васеъ мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ дар бозори туристӣ дигар минтақаҳо, махсусан, Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ ҷалб мешаванд. Дар натиҷа, ҳиссаи сафарҳои туристии байниминтақавӣ соли 2020 то 24% афзоиш ва ҳиссаи сафарҳои дохилиминтақавӣ то
ни роҳбари ҳамон давлат идора менамояд. Ин ҳолат бештар дар кишварҳои ҷаҳони сеюм ба чашм мерасад. Имрӯз гарчанде аз рӯи қабули шумораи воқеии туристон Туркия пешрафта бошад ҳам, вале вобаста ба сатҳи нарх ва дараҷаи хизматрасонӣ ширкатҳои туристии Испания фоидаи бештар ба даст меоранд. Маълум мегардад, ки нарх ва нархгузорӣ дар хадамоти туристӣ ва ташаккули бозори туристӣ яке аз фишангҳои асосии ташкилдиҳанда ба шумор меравад. Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои нархгузорӣ ба хизматрасонии туристӣ ва ҳамзамон, пойдории рақобати мукаммал дараҷаи даромаднокии ширкатҳои туристиро таъмин намуда, ба бозори хадамоти
яъне, мавҷудияти воситаҳои пулии аҳолӣ ва хоҳиши онҳо ҷиҳати харҷи он барои саёҳат вобастааст. Туризм ҳамчун бахши иқтисодӣ метавонад зимни мавҷудияти вақти фориғии шаҳрвандон ва воситаҳои моддии кофӣ вуҷуд дошта бошад. Тамоюл ба афзуншавии вақти фориғӣ омили объективии бавуҷудоӣ ва рушди тақозо ба туризм мебошад. Омилҳои асосие, ки ба рушди бозори туристӣ таъсир мерасонанд, инҳоянд: сохтори аҳолӣ, синну сол, сатҳи даромаднокӣ, маълумотнокӣ, шакли шуғл, мутааллиқ ба нажоди муайян, ҷинс, тарзи ҳаёт ва ғайра. Бозори туристӣ вобаста ба пешниҳоди хизматрасонӣ, қобилияти харидорӣ, салиқа ва одат тақсимбандӣ мешаванд. На
мегардад. - Маркетинги гуногунмолӣ – истеҳсоли ду ва ё зиёда намуди маҳсулот бо хосиятҳо ва сифатҳои гуногун, аммо бо мақсади умумӣ, яъне, ташкили гуногунрангӣ барои харидорон. - Маркетинги мақсаднок – гузаронидани ҳудудбандӣ миёни ҷузъҳои бозор, интихоби як ва якчанд намуди маҳсулоти туристӣ, коркарди мол ва маҷмуаи маркетингӣ барои ҳар як ҷузъ. Ҳамин тариқ, туризм шакли фаъолиятест, ки рушди он аз дороии молиявӣ ва захираҳои муваққатии истеъмолкунандагони хадамоти туристӣ вобаста аст. Зикр кардан ҷоиз аст, ки иллати асосии сайри одамон фориғ будан аз мушкилот ва проблемаи рӯзмарраи ҳаёт мебошад. Яке аз омилҳои муҳимтарин дар иқтисоди туризм далелест, ки як қисми даромад аз туристон дар марказҳои туристӣ сарф гардида, қисми дигар ҳангоми сайр намудан харҷ мегардад ва шароитҳои мусоидро ҷиҳати тақсимоти даромад миёни кишварҳою минтақаҳо ба амал меорад. Бо равнақи туризм дар ҷаҳони муосир, бахусус, дар сатҳи байналмилалӣ ва бо ташаккулёбии ташкилотҳои байналмилалии туристӣ, зарурати ягонагии ифодаи қабулгардидаи мафҳуми туризм ба миён омадааст. Хулоса, имрӯз 40%-и даромади иқтисодиёти бозори байналмилалӣ ба соҳаи туризм (сайёҳӣ) рост меояд.
Шаҳривар ҚУРБОНОВ, Фурқат ЛАТИФОВ, омӯзгорони фанни географияи МТМУ №13-и ноҳияи Айнӣ
Чаро ҷавонон бемории қанд мешаванд? Бемории диабети қанд солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳода, дар қатори бемориҳои саратонӣ ва касалиҳои дилу рагҳо аз ҷумлаи паҳншудатарин амроз маҳсуб меёбад. Ба ин беморӣ дар баробари калонсолон ҷавонону кӯдакон низ гирифтор мешаванд. Мусоҳибаи мо бо табиби Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ Шукрона Давлатова дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт. - Шукрона Ҳаётовна, мехостем, ки дар оғоз оид ба пайдоиши бемории диабети қанд каме маълумот медодед? - Бемории диабети қанд бинобар норасоии инсулин пайдо шуда, ба вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо, сафедаҳо, чарбҳо, витаминҳо ва моддаҳои минералӣ меорад. Вазифаи инсулин дар ҷисм ба танзим даровардани мубодилаи дурусти моддаҳост. Ин беморӣ ду намуд мешавад: диабети шакл (тип)-и якум ва диабети шакли дуюм. Ҳангоми гирифторӣ ба диабети шакли аввал ғадуди зери меъда тамоман инсулин хориҷ намекунад ё хеле кам хориҷ мекунад. Ба ин гуна беморон барои муолиҷа инсулини сунъӣ тавсия дода мешавад. Зимни гирифторӣ ба диабети қанди
шакли дуюм ҳуҷайраҳои бадан инсулини худиро қабул намекунанд ва ё ин ки таъсири он хеле кам мегардад. Ҳангоми ба муолиҷа фаро гирифтани ин гурӯҳи беморон доруҳои пасткунандаи қанд истифода бурда мешавад. Диабети шакли дуюм бештар миёни афроди аз 40-сола боло, ки вазни зиёдатӣ доранд, дучор мешавад. Асабоният, тарс, омили ирсӣ, фарбеҳшавӣ, камҳаракатӣ ва дигар омилҳо низ метавонанд сабаби пайдошавии бемории диабет гарданд. - Нишонаҳои ин беморӣ чигунаанд? - Яке аз аломатҳои сар задани бемории диабети қанд хушкшавии даҳон, зудзуд ба обнӯшӣ эҳтиёҷ пайдо кардан, зиёдшавии ҳолати пешобкунӣ, лоғаршавӣ мебошад. Вақте ки дар таркиби хун миқдори қанд аз меъёр зиёд шавад, хун
ғафс шуда, лахт намебандад. Бо ҳамин сабаб захмҳое, ки дар ҷисми беморон пайдо мешаванд, ба тезӣ шифо наёфта, об мекушоянд. Ин ҳолати беморро вазнин мегардонад. Дар беморони диабети қанди шакли 2 хориши пӯст, сустии мушакҳои бадан, заифшавии нури чашм, хушкшавии пӯст, заифшавии нерӯи ҷинсии мардон мушоҳида мешавад. - Шумо дар боло аз омили ирсӣ ёдовар шудед. Оё бемории қанд аз волидайн ба фарзанд мегузарад? - Тибқи мушоҳидаҳо фарзандони волидайни гирифтори бемории диабети қанд эҳтимол оянда дучори ин беморӣ шаванд. Бо ҳамин сабаб, дар кишварҳои мутараққӣ хонадоршавандагон пеш аз издивоҷ аз муоинаи духтури эндокринолог мегузаранд. Яъне, агар падару модар гирифтори бемории диабет бошанд, хатари гузаштан ба насл бештар мешавад. - Гирифторони бемории диабет кадом ғизоҳоро хӯранд ва аз чӣ бояд парҳез намоянд? - Барои пешгирии афзоиши ин беморӣ риояи парҳез хеле муҳим аст. Пеш аз ҳама, тарзи ҳаёти солимро интихоб бояд кард. Бемор бояд аз сатҳи глюкозаи хунаш бохабар шуда истад. Ҳатман аз истеъмоли шириниҳо, ғизоҳои хамирӣ, меваҳои қанди таркибашон баланд, мисли харбуза, анҷир, ангур (мавиз), ноки ширин парҳез намояд. Ҳамчунин асал, шарбат ва нӯшокиҳои ширин, ба монанди «Кола», «Пепси», «Фанта» қанду набот, торт, яхмос, кулчақанду печени, конфету шоколад ва нони сафед қанди худро дар муддати кӯтоҳ баланд месозанд. Аз ин рӯ, беморони диабети қандро зарур аст, ки аз истеъмоли маҳсулоти номбурда худдорӣ кунанд. Хӯрдани
ғизоҳои серравғану бирён ҳам зарар доранд. Нӯшидани машруботи спиртӣ ҳалокатовар аст. Истеъмоли себ, меваҳои ситрусӣ (лимӯ, афлесун), анор, олуболу, қот (смородина), қулфинай, зирк, ангат (облепиха) муфид аст. Аз сабзавот истеъмоли карам, сабзӣ, шалғам, помидор, шалғамча (редис), бодиринг, каду, пиёзи сабз, торон, чукрӣ, шибиту кашниз тавсия карда мешавад. Ҷурғот ва твороги беравған низ барои беморони диабет фоидабахшанд. Алҳол «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017» мавриди амал қарор дорад. Ҳадаф аз қабули ин барнома беҳтар сохтани кӯмаки тиббӣ ба беморони диабети қанд, татбиқ кардани чораҳои пешгирӣ, беҳтар кардани сифати тешхиси беморӣ ва муолиҷа, тарғиби роҳҳои пешгирии беморӣ дар ҷомеа ва ғайра мебошад. Баъзеҳо аз бемор будани худ огоҳӣ надоранд. Танҳо зимни ба духтури чашму дандон муроҷиат намудан ва ё бемории ғадуди зери меъда, духтурон огоҳ мекунанд, ки барои санҷиши сатҳи глюкозаи хун ташхис супоранд. Мувофиқи пешгӯии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, агар чораҳои пешгирикунанда амалӣ нашаванд, то соли 2050 ҳар дуюмин сокини сайёра гирифтори бемории диабети қанд хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба тарзи солими ҳаёт ва ғизои солим рӯ оварда, худро аз эҳтимоли гирифторшавӣ ба ин беморӣ нигоҳ доред. Ниёгонамон беҳуда нагуфтаанд, ки «шакарро камаш хуб».
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
11
ТАНДУРУСТӢ
Мусоҳиб С. САЙФИДДИН, «ҶТ»
МАОРИФ
Ҷалби кӯдакону наврасон ба мактабу маориф ба яке аз масоили меҳварии сиёсати давлат дар соҳаи маориф ба шумор меравад. Ҳарчанд то солҳои 2000 мавзӯи мазкур ба яке аз мушкили ҷомеа табдил ёфт ва бар асари шароити бади иқтисодиву иҷтимоии аҳолӣ бештари толибилмон ба корҳои иқтисодӣ ва таъмини рӯзгор машғул гардида, аз таҳсил дур мемоданд, аммо бо фароҳам омадани шароити нисбатан беҳтар дар амри ҷилавгирӣ аз ин рафтор ва амалҳо тадбирҳои зарурӣ дар сатҳи сиёсати давлатӣ андешида шуданд.
Вазъият ба эътидол омада, хеле аз хонандагон ба мактаб баргаштанд. Аз сӯи дигар, Давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои мутобиқати мактабҳо ба талаботи ҷаҳони муосир аз тамоми имконоти пешомада истифода мекунад. Гуфтан мумкин аст, ки яке аз омилҳои асосии қабули Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» маҳз ба ҳамин мавзӯъ марбут аст, зеро тарбияи насли ояндасоз дар навбати аввал ба мактаб ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва тарбияи насли солиму созанда барои фардо мебошад. Мутаассифона, ҳанӯзам, новобаста аз назорати қатъии низоми маориф дар сатҳҳои гуногун, аз ҷумла, мактабҳо камбудиҳо ба назар мерасанд. Ҳастанд хонандагоне, ки бештари вақти худро дар корҳои аробакашӣ, ба унвони кассир ё пулчин дар микроавтобусҳо ва дигар корҳои вазнини ҷисмонӣ масраф мекунанд. Омили аслии ин ҷараён ба вазъи иҷтимоӣ
ва шароити зисту зиндагии кӯдакон ва наврасон марбут аст. Аммо барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо бояд ҳамкории оила ва мактаб дар сатҳи аввал ба роҳ монда шуда, тақвият дода шавад. Бояд волидайн дар иҷрои Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», барои ширкати фарзанди худ дар дарсҳо масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, ҳаёти ӯро, чӣ дар хона ва чӣ дар мактаб таҳти назорат гиранд. Аз
назари равоншиносӣ маълум аст, ки вақте кӯдак ба роҳҳои дарёфти пул ҷалб мешавад, аз мактаб берун мемонад ва вақти худро ба корҳои ғайритаълимӣ сарф менамояд. Ба назар мерасад, ки ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави технологӣ, аз ҷумла, пайдоиши марказҳои бозиҳои компютерӣ кӯдакон ва наврасонро ҷалб мекунанд. Барои пешгирии ин ҳолат низ, бисёр хуб мешавад, ки ҳамкории мак-
таб ва хонавода равнақ дода шавад. Шоистаи истиқбол аст, ки имрӯз дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии вилояти Суғд барои огоҳии саривақтии волидайн аз фаъолият ва одоби фарзанд хизматрасонии паёмакҳои кӯтоҳи телефонӣ ҷорӣ шудааст. Яъне, ҳамарӯза дар бораи пешрафт, баҳо ва одоби мактаббача ба падару модари ӯ хабар дода мешавад. Ин роҳи бисёр муфид дар пешгирии берун мондани хонандагон аз таҳсил ва беҷогардӣ мебошад. Бо вуҷуд, дар фаъолияти мактабҳо ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд ва бояд низоми ягонаи тартибу интизом ҷорӣ карда шавад, то мактаббачагон тамоми фурсати заруриро дар ин ҷо масраф намуда, аз роҳҳои бад ва берун мондан аз таҳсил дурӣ ҷӯянд.
Ҷамолбой ХОЛМУРОДОВ, донишҷӯи соли дуюми ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
e-mail: javonontj@mail.ru
Хонандагон набояд аз таҳсил дур монанд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
12
КАРАТЭ
САМБО
Муин ба Тоҷикистон медали тилло овард Варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавии касбӣ, ки ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурии Қрим доир гашт, як медали тилло ва як нуқра ба даст оварданд. Ҷумҳурии моро 4 варзишгар намояндагӣ карданд.
Даҳ медали варзишгарони Варзоб аз Чемпионати Осиё 16-23 июни соли 2014 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Чепионати Осиё оид ба шотокан скиф-каратэдо доир гашт. Дар он 600 варзишгар аз 5 давлати минтақа ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро 8 варзишгари ноҳияи Варзоб муаррифӣ карда, сазовори 9 медали тилло ва 1 нуқра гардиданд. Муҳаммад Маҳмудов, Бузургмеҳр Мирзозода, Фозил Фозилов ва Азим Усмонов миёни варзишгарони 14-15-сола дар намудҳои ката ва кумете дутоӣ медали тилло ба даст оварданд. Суҳроб Исматов миёни варзишгарони 16-17-сола сазовори медали тилло шуд. Медали нуқраро миёни калонсолон Суҳроб Раҳмонзода соҳиб гашт.
ФУТБОЛИ НАВРАСОН
Душанбе – мизбони мусобиқа барои дарёфти Ҷоми СҲШ Моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии футбол миёни наврасони соли таваллудашон 1997-1998 барои дарёфти Ҷоми Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) доир мегардад. Ба иттилои Анваршо Мирзоев, мудири шуъбаи футболи кӯдакону наврасони ФФТ мусобиқа бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Федератсияи футболи мамлакат 18-22 август
дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Дар он, ба ғайр аз Тоҷикистон, дастаҳои футболи наврасони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Чин даъват шудаанд.
Муин Ғафуров (дар вазни 62 кило) дар даври аввал рақиби украинияш Ли Дмитрийро дар вақти асосӣ ба накаут фиристод. Дар даври дуюм варзишгари Чеченистон, Чемпиони ҷаҳон оид ба самбои муҳорибавӣ, барандаи Ҷоми ҷаҳон Бек-Хан Мусаевро бо ҳисоби се накдаун шикаст дод. Дар даври ниҳоӣ Муин бо Қурбон Ҳоҷиев, зодаи Қавқози Русия вохӯрд. Рақиби Муин чоркарат Чемпиони ҷаҳон ва чанд унвони дигар низ дошт. Даври аввал бо ҳуҷумҳои пай дар пай шурӯъ гардид.
РЕЙТИНГ
Футболбозони беҳтарини моҳи июн Федератсияи футболи мамлакат (ФФТ) беҳтарин бозингар, беҳтарин мураббӣ ва беҳтарин доварро дар моҳи июн муайян кард. Ба иттилои “www.fft. tj” Кароматулло Саидов, нимҳимоятари дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва мунтахаби наврасони кишвар беҳтарин бозингар, Мубин Эргашев, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин мураббӣ ва ёвари довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз шаҳри Душанбе беҳтарин довар дар моҳи июн эълон шуданд. Ба онҳо ҷоизапулӣ ба ҳар кадом ба маблағи 500 сомонӣ супурда мешавад.
Талошҳои Муин хеле аъло ҳис мешуд. Даври дуюм пурра пешсафиро ба Муин насиб гардонд. Муин қаҳрамони чоркаратаро мағлуб карду барандаи Ҷоми ҷаҳон гашт. Намояндаи дигари кишвар Беҳрӯз Зуҳуров бо рақиби қирғизаш дар вазни 68 кило дастболо гардида, зинаи сеюмро ишғол кард. Маҳмадуллои Искандар дар вазни 74 кило ва Файзиддини Раҷабалӣ дар дидори аввал мағлуб гардида, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.
ФУТБОЛ. ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
«Эсхата” ба даври ҳаштякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2014 роҳ ёфт Дастаи футболи «Эсхата”-и шаҳри Хуҷанд, пешсафи мусобиқаи лигаи аввал дар минтақаи Суғд, ба даври 8/1-финалии Ҷоми Тоҷикистон-2014 роҳ ёфт. Ин даста дар бозии ҷавобии давраи пешакии Ҷоми Тоҷикистон дар минтақаи Суғд бар тими “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби 2-1 ғолиб шуд. Бозии аввал низ бо ғалабаи “Эсхата” бо ҳисоби 6-2 хотима ёфта буд. Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Эсхата” ба даври ҳаштякфинал баромад. Боз ду роҳхати дигар ба даври 8/1-финали Ҷоми мамлакат дар даври дуюми марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Суғд дар бозӣ байни дастаҳои «Ваҳдат»-и Ашт - «Шаҳристон»-и Шаҳристон ва «Сайҳун»-и Бобоҷон Ғафуров - «Исфара»-и Исфара маълум хоҳад шуд. Бозиҳо аввали моҳи август доир мегарданд.
ТАСМИМ
Бозии рафиқона миёни дастаҳои Тоҷикистону Малайзиа e-mail: javonontj@mail.ru
РУШДИ ВАРЗИШ
Мусобиқоти фардо
Федератсияи футболи мамлакат ва Ассотсиатсияи футболи Малайзиа барои баргузории бозии рафиқона ба мувофиқа расиданд.
8-12 июли соли равон дар шаҳри Хоруғ - маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусобиқаи ҷумҳурӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони соли таваллудашон 1995-1996 доир мегардад. Дар чорабинӣ ду дастаӣ аз Хатлону Душанбе, дастаҳои ШНТМ, ВМКБ, Суғд ва минтақаи Рашт ширкат хоҳанд кард. 13-20 июл тими мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба бокс дар ҳайати Виглина Светлана, Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов ва сармураббӣ Мирзо Шамсиев барои иштирок дар Чемпионати кушодаи Чин ба шаҳри Гуиян сафар мекунанд.
Бозӣ 8 августи соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир мегардад. Ин ду тими миллӣ аз ин пеш ягон маротиба
вонахӯрдаанд. Дар рейтинги ФИФА Малайзиа бо 149 хол дар ҷои 153-юм қарор дорад. Тоҷикистон бо 229 хол дар мақоми 126 аст. Вохӯрии рафиқона бо тими миллии Малайзиа барои дастаи мунтахаби кишвари мо дар мавсим сеюмин вохӯрӣ аст. Аз ин пеш шогирдони Муҳсин Муҳаммадиев 4 май бо тими миллии Афғонистон дар Душанбе (1:0) ва Эстониа 7 июн дар Таллин (1:2) вохӯрда буданд. 4 сентябри ҳамин сол дидори тими миллии кишвар бо дастаи Белорус дар назар аст. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи клуби БАТЭ “Борисов-Арена”, ки 3 майи соли равон ба истифода дода шудааст, доир мегардад.
То даври финали Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол як қадами дигар монд. Даври чорякфинал иштирокчиёни даври нимфиналро муайян кард. Бозиҳои даври чорякфинал бо шӯру шавқ доир гардиданд. Аз асабоният футболбозон рақибонашонро ҳар лаҳза аз по меафтонданд. Хусусан, футболбозони асосии тимҳоро бозӣ кардан намемонданд. Ҳамин буд, ки бозингари тими Бразил Неймар сахт лат хӯрда, бо эҳтимоли зиёд дар даври нимфинал ба майдон намебарояд. Бозингари машҳури тими Аргентина Мессиро низ намонданд дуруст бозӣ кунад. Ҳамдастааш Де Мариаро бошад, ҳар лаҳза аз по меафтонданд. Вале агарчи онҳо натавонистанд гол зананд, бозингарони дигар ба ҷои онҳо ин корро анҷом доданд. Бразил бо Колумбиа вохӯрд. Ин ду дастаи Африқои Ҷанубӣ қариб ҳамвазн буданд. Неймар ва Родригес дар чемпионати имсола бозии фавқулодда ҷолиб нишон доданд. Бразил бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голи аввалро капитани дастаи Бразил Силва зад. Тӯбро ба ӯ аз кунҷи майдон ҳаво доданд. Бозингарони Колумбиа ба Неймару Ҳалку Давид Луиз часпиданд, аммо Силва, ки холӣ буд, ҳисобро кушод. Колумбиа низ ҳуҷум мекард, аммо бенатиҷа. Дар дақиқаи 69 Давид Луиз зарбаи ҷаримавиро аз масофаи қариб 35 метр ба ҳадаф расонд. Колумбиа дигар шонс надошт. Танҳо дар дақиқаи 80 довар ба дарвозаи Бразил зарбаи ёздаҳметра таъин кард ва ин амалро Ҷамес Родригес ба нафъи дастааш иҷро карду тамом. Ҳамин тариқ, Бразил ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Рақиби Бразил баъди бозии Олмон-Фаронса муайян мегардид. Фаронса дар ин чемпионат бо ҳайати пурқувват ба майдон баромад. Дар гурӯҳаш
ҷои аввалро гирифт ва дар даври ҳаштякфинал Нигериаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Аммо дар ин бозӣ бахташ омад накард. Машинаи олмонӣ бо ҳисоби минималии 1:0 ғалаба кард. Қаҳрамони ин дидор Ҳуммелс шуд. Ӯ дар дақиқаи 13 ба дарвозаи Фаронса гол зада, дастаашро ба нимфинал бурд. Ҷуфти дигари давраи нимфинал баъди бозии Аргентина – Белгиа, Ҳолланд – Коста Рика маълум шуд. Аргентина чун бозиҳои пешинааш Белгиаро бо ҳисоби минималии 1:0 шикаст дод. Тавре гуфтем, бозингарони асосии тими Аргентинаро намегузоштанд, ки фаъолона бозӣ кунанд. Голро дар дақиқаи ҳаштум Ҳигуаин зад. Бозии миёни дастаҳои Ҳолланд – Коста Рика мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Ҳам дар вақти асосӣ, ҳам изофӣ дастаҳо натавонистанд гол зананд. Ғолиб баъди зарбаҳои ёздаҳметра маълум шуд. Сармураббии Ҳолланд то як дақиқаи хатми бозӣ дарвозабонашро иваз кард, ки кор дод. Ду зарбаи бозингарони Коста Рикаро баргардонд. Ҳолланд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуда, акнун дар даври нимфинал бо Аргентина ба майдон мебарояд. Дар бозии якуми даври нимфинал Бразил аз Олмон бо ҳисоби 1:7 шикаст хӯрд. Ширкат накардани ду бозингари моҳири Бразил - ҳамлагар Неймар ва ҳимоятгар Силва баръало маълум шуд. Шюрле ва Кроос дуголӣ, Мюллер, Клозе ва Хедира якголӣ заданд. Голи Бразилро Оскар ба ҳадаф расонд. Воқеан, Мирослав Клозе баъди ин гол рекорд гузошт. Шумораи голҳояш дар Чемпионати ҷаҳон ба 16 расид. То ин вақт Роналдо аз тими Бразил бо 15 гол пешсаф буд. Бозии дигари давр миёни дастаҳои Аргентина - Ҳолланд шаби имрӯз доир гардид. 13 июн Бразил бо дастаи мағлуби ҷуфти Аргентина - Ҳолланд ба майдон мебароянд. Ғолиби ин ҷуфт 14 июн соати 00:00 бо Олмон барои унвони қаҳрамонӣ талош мекунанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
Нимфинали ЧҶ-2014: Амрикои Ҷанубӣ – Аврупо
13
e-mail: javonontj@mail.ru
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ФУТБОЛ - 2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
14
ҚИСМАТИ ИНСОНҲО
Ҳаёте фидои хушбахтии дигарон ё чаро Надежда Крупская ва Владимир Ленин фарзанддор нашуданд? БОЙДУХТАРИ КАМБАҒАЛ
Дар таърихнигории советӣ Надежда Константиновна Крупская мутлақо дар мақоми «ҳамсар ва ҳамсаф»-и Ленин ёд мешавад, он чӣ дар замони пасошӯравӣ боиси гапу калочаҳо, таҳқиру маззамати ин зани бечора аз тарафи бархе ёвагӯёну ғайбатчиён гардидааст. Маълум, ки барои ин тоифа одамони бадгуҳар ҳаёти шахсии ин зани оддии ҳаёташ фоҷиабор заррае аҳамият надошт. Надя 26 феврали соли 1869 дар СанктПетербург, дар оилаи ашрофи муфлисшуда таваллуд шудааст. Бо вуҷуд, синфи педагогии гимназияро бо медали тилло хатм карда, ба курси олии занона дохил шуд, вале ҳамагӣ як сол таҳсил намуд, чунки дигар шароити идомаи таҳсил надошт. Падари Надя ба иштирокчиёни Ҳаракати ҳамраъйии халқӣ наздиктар буд ва аз эҳтимол дур нест, ки духтараш ҳам дар ҷавонӣ аз ғояҳои чап сироят гардида, барвақт ба рӯйхати «одамони на чандон дилпур» афтод. Ин мусибат паси сар нашуда, падараш аз дунё гузашт ва ҳоли бе ин ҳам начандон хуби Надя ва модарашро табоҳтар кард. Надя ночор барои дарёфти қути лоямут ба додани дарсҳои хусусӣ дар мактаби шабонаи барои калонсолони воқеъ дар дидбонгоҳи Нева машғул гардид. Саломатиашро солҳои ба ҳузури талабагон давиданаш дар кӯчаҳои намноку сарди Петербург бой дод. Оқибат ин ҳама ба қисмати духтар бетаъсир намонданд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ЗЕБОСАНАМИ ПАРТИЯ
Аз соли 1890 Надежда узви маҳфили марксистӣ буд. Соли 1894 дар ҳамин ҷо «Пиракӣ»-и худ, сотсиалисти фаъол Владимир Уляновро вохӯрд. Ба ақли расо, зарофату зиндадилии баланд, ҳунари волои наттоқии Улянов бисёре аз хонумҳои тамоюли инқилобидошта шайдо буданд. Баъдтар, дар ин хусус менависанд, ки доҳии пролетариатро на ҳусну ҷамоли набудаи Крупская, балки наздикии ғоявӣ васл кард. Сафсата! Бешак, омили асосии муттаҳидкунандаи ин ду шахсияти таърихӣ муборизаи сиёсӣ ба шумор меравад, вале ҳусни занонаи Надя ҳам Ленинро бетараф нагузошт. Надежда дар ҷавонӣ ниҳоят дилрабо буд, вале ин малоҳату ҳуснро аз ӯ бемории бар асари дуруст кор накардани ғадуди гулӯ, ки ҳашт карат зиёдтар аз мардон занон мубтало мешаванд ва дар тиб бо номи омехташавии заҳрҳои ғадудӣ – ҷоғар маъруф аст, аз ӯ рабуда буд. Аз нишонаҳои барҷастаи ин беморӣ, варам ё худ халта задани таги чашмҳо мебошад. Ба зани бечора ин беморӣ меросӣ буда, дар ҷавонӣ аз худ дарак медодагӣ шуд. Шамолхӯриҳои беохир дар кӯчаҳои Петербург, баъдан маҳбусию бадарғаҳо, шароити буду боши дар ҳабсхонаҳо ба тезутундшавии беморӣ мусоидат карданд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 ҳанӯз роҳҳои мубориза бо ин беморӣ мавҷуд набуданд. Надежда Крупскаяро бошад, беморӣ тамоми умр гиребонгир ва беҳол кард.
НАДЕЖДА МОДАР ГАРДИДУ КОР КӮДАКОНАШ Соли 1896 Надежда ҳамчун узви фаъоли «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар»-и ташкилкардаи Ленин ба ҳабс гирифта шуд. Роҳбари иттифоқ Ленин бошад, кайҳо дар маҳбас қарор дошт ва аз ҳамон ҷо ризоияти Надеждаро барои бо ҳам хонадор шудан хоста буд. Надя розигӣ дода бошад ҳам, тӯйро маҳбусӣ ба таъхир гузошт. Андаке дертар, соли 1898 онҳо дар
деҳаи Шушенскийи Сибир издивоҷ намуданд. Давоми зиндагӣ фарзанддор нашуданд ва ин боз боиси гапу чақи зиёдатӣ гардид, ки гӯё бинобар безеб будани Надежда Владимир ба ӯ ҳавасмандӣ зоҳир намекард. Ғайбатчиҳо номаъқул кардаанд. Солҳои аввали хонадоршавӣ муносибати онҳо чун зану шавҳар олидараҷа буд ва дар бораи фарзанддор шудан орзуву фикр ҳам мекарданд. Мутаассифона, бемории фаъолгардида Надеждаро аз бахти модарӣ маҳрум кард. Дигар ин ки онҳо ҳаёти худро пурра ба кори сиёсию давлатӣ бахшиданд. Дарди ҷонсӯзро Надежда дар қаъри дилаш абадан гӯр намуда, ҳама ҳушу ёди худро ба фаъолияти сиёсӣ равона намуда, ёрдамчии боэътимодтарини шавҳар гашт. Аз фарзанд ёфтан ноумед гардида бошад ҳам, аз зиндагӣ ноумед нагашт. Худро оташ назад, ба об напартофт, наовехт, балки роҳеро пеш гирифта, умрашро беҳуда нагузаронд. Ҳаёти худро барои бунёди давлати синфи коргару деҳқон бахшид, то дигарон тавонанд озодона, одамвор, бидуни зулму истисмор зиндагӣ кунанд. Ҳаёти серу пури кӯдакона дошта бошанд, таҳсил кунанд, касб омӯзанд, дӯст доранд, оила барпо кунанду хушбахт бошанд. Бахусус, роҳбарони мактабу кӯдакистонҳои имрӯза, ки бархеи онҳо хуши гапзанӣ бо одамонро надоранд, бояд хизмати бузурги Крупскаяро дар ташкилу роҳандозии чунин муассисаҳо пос доранд. Ҳамзамонон қобилияти фавқулодда ҳайратангези ин зани соҳиби азму ирода ва дили бузургро гуфта гузаштаанд. Солҳои паҳлӯи доҳӣ будан, Крупская ғарами бениҳоят бузурги мактубу мухбирномаҳоро бо мазмуну рисолати гуногун хонда, кор карда, хулоса мебароварду ҷавоб менавишт. Барои ӯ масъала, мавзӯи нофаҳмо вуҷуд надошт. Илова бар ин, вақт ёфта, мақолаҳои арзишманди илмӣ менавишт. Крупская дар ҳама ҷо - бадарға, ҳабс, муҳоҷират ҳамроҳи Ленин буд ва дар лаҳзаҳои душвортарин дастгириаш мекард, руҳафтода шудан намемонд, ҳарчанд бемории куҳнашуда мағз андар мағзи ҷисму ҷони худи ӯро ранҷ медоду зоҳири ӯро батамом бенамуд карда буд. Аз бефарзандӣ Надежда Крупская ботинан чӣ азоб мекашид, худаш медонисту Худо. Дар ин миён зани дигаре – Инесса Арманд дар ҳаёти Ленин пайдо шуд, ки низ
аз ҳаммаслакони ӯ буд. Муносибати онҳо баъди пешвои СССР шудани Владимир Илич Ленин низ давом дошт. Овозаи он ки гӯё Крупская бохчони худ ва фарзандони ӯро чашми дидан надошт, бофтае беш нест. Ин ду зан ақидаи сиёсию мақсади ягонаро аз хушбахтию рашку бахилии занона муҳимтар медонистанд. Надеждаи ба тақдир тандода ҳама чизро мефаҳмид ва борҳо шавҳарашро гуфт, ки зане гирад, ки барояш шояд фарзанде ба дунё орад. Ҳатто ин навбат ҳам Крупскаяи худро ҳамеша қурбонкунанда дудилагии Ленинро дида, тайёр буд, ки баромада равад. Аммо Владимир Илич қарори на оддии сиёсӣ, балки ҳаётӣ намуда, Надеждаро интихоб кард. Ибтидо Ленин ба хотири озурда накардани Надежда муносибаташро бо Инесса Арманд пинҳон доштанӣ мешуд, вале оё аз зан мардум ягон чизеро пинҳон кардан мумкин аст? Надежда аллакай ҳамаашро ба хубӣ медонист ва бо фаросати баланди худ сурати калони бохчонашро оварда, дар хонаи худаш овехт, ки ризоияти худро нишон диҳад. Инесса аз шавҳари аввалааш духтар ва писаре дошт, ки дуюмиаш аз беморӣ фавтида буд. Мегӯянд, ки гӯё Инесса аз Ленин ҳам писаре зоида бошад. Аммо то куҷо ҳақиқат дорад, номаълум мондааст. Н. Крупская то вопасин лаҳзаҳои умр духтари ятиммондаи Инессаро модарвор ғамхорӣ мекард ва баъдан набераи Инессаро ҳам момовор лутфу навозишҳо менамуд, ки аз дили бузургу бекинаи ин зани хайрхоҳ дарак медиҳад. Инесса Арманд аз касалии вабо соли 1920 фавтид. Марги ӯ барои Ленин зарбаи сахте буд, ки танҳо бо шарофати паҳлӯяш будани Надежда онро бардошт карда тавонист. Соли 1921 бемории вазнин худи Ленинро ёр шуд. Шавҳари тамоман фалаҷшудаашро Надежда бо истифода аз истеъдоди фитрии педагогӣ ба ҳаёт баргардонд. Ленинро аз сари нав гуфтану навиштану хондан омӯхт. Ба ин зани бузург қариб муяссар шуд, ки кори номумкинро мумкин намуда, Ленинро ба ҳаёт баргардонад. Мутаассифона, соли 1921 бемории нави вазнин – сактаи мағзи сар ин ҳама заҳмату натиҷаҳои Крупскаяро ба сифр баробар ва ҳоли Ленинро ноумедкунанда намуд. Соли 1924 Ленин аз олам чашм пӯшид ва Надежда танҳо монд. Надежда Константиновна мисли ҳамаи
ходимони калони сиёсию давлатӣ, як шахсияти таззод ва гуногунмаъно буд. Бадии кор дар он аст, ки ин инсони саропо истеъдод, заковатмандро дар СССР, асосан ҳамчун «зани Ленин» мешинохтанд. Гӯё обрӯю шуҳрати доштаи ӯ фақат аз ҳамин лиҳоз бошад. Ин мартаба аз як тараф, агар Крупскаяро соҳибэтиром мегардонд, аз тарафи дигар шахсияти бузурги сиёсию давлатӣ будани ӯ, хизматҳои бесобиқаашро паси парда мемонд. Баъди вафоти Ленин боз ҳам пурратар ҳаёти худро ба кори сиёсию давлатӣ бахшид. Ҳама дарду аламашро аз кор мегирифт. Барои мактабу маориф, журналистика, адабиёт асарҳо менавишт. Китоби хотираҳоро дар бораи Ленин таълиф менамуд. Махсусан, ба тарбияи насли наврас ғамхории ҷиддӣ зоҳир карда, афсонаҳои зарарноки Чуковский ва сиёсати нодурусти маорифи Антон Макаренкро дар тарбияи кӯдакон зери танқид мегирифт. Дар масъалаи зиддияти гӯё байни Сталин ва Крупская ҳамин қадар гуфтан лозим аст, ки Крупская чандон фишанги таъсиррасониро дар ихтиёр надошт, ки барои Сталин хатаре эҷод карда метавонист. Ин ақида асоси воқеӣ надорад. Шояд баъзе баҳсу нофаҳмиҳои ҷузъӣ байни онҳо мешуд, ки ин табиист. Чунончӣ, мегӯянд, ки Сталин замони бехатарию вазъи кору эҷоди Ленини серкорро ба уҳда доштан, ҳатто ба Крупская ҳам ҳар вақт, ки хоҳад иҷозати ба утоқи Ленин даромадан намедодааст ва вақте бо эътироз фаҳмонданӣ мешудааст, ки «ин манам – зани Ленин!», Сталин ҷавоб медодааст, ки «медонам, бисёр нағз, лекин мумкин нест!» Ленин бошад, аз ин қатъияти Сталин завқ мебурдааст ва аз Крупская хоҳиш мекардааст, ки ба дил нагирад, ин гурҷӣ ҳамин хел сахтгиру серталаб аст, ки гоҳо худи маро ҳам ба дамгирӣ маҷбур мекунад. Соли 1939 Крупская бо ҳузури болшевикони кӯҳан ҷашни 70-солагиашро гузаронд. Сталин чун туҳфа бо дасти одами боваринокаш торти калони ширинеро фармоиш ва ба Крупская фиристод. Ҳама хуб медонистанд, ки Крупская шириниро беҳад дӯст медошт. Баъдтар, аз ҳамин торт ҳам гап карданд, ки гӯё ягон балое доштаасту Сталин махсус Крупскаяро куштааст, ҳол он ки аз торт қариб ҳамаи иштирокдорон чашида буданд ва касе намурд. Гап дар он ки баъди чанд соати ҷашн баногоҳ Крупскаяро дарди сахти кӯррӯда хурӯҷ мекунад. Дарди қотил ба зудӣ ба касалии варам кардани пӯсти болои шикам табдил меёбад. Крупскаяро фавран ба беморхона мебаранд, вале наҷот дода наметавонанд. Дар ин кор, Сталин айбе надошт, балки «меҳмон»-и нохондае бо номи аҷал ба ҷашн “ташриф” оварда буд, ки касе пайхасаш карда наметавонист. Турбати Крупская дар яке аз тоқҳои девори Кремл маҳфуз аст. Аз ҳамсари роҳбари аввали давлат будан ба ин зани бетақдиру ҷафокашида дар зиндагӣ ҳабсу бадарғаҳо, бемориҳо, ранҷу азоб, заҳматҳои шабонарӯзӣ, бемордорӣ насиб гардида будаасту халос. Чун ҳамсарони роҳбарони давлатҳои муосир карру фар, нозу нуз, зару зевар, сайру сайёҳат дар чаҳорсӯи олам надошт. Аз сарвату бойигарӣ, шуҳрату унвонҳои баланд ҳам парвое намекард. Бе ягон тамаъ барои халқ хизмат намуд. Бо ҷасорат матонат, сабру таҳаммул, муҳаббату садоқат. Ҳамчун зан худро кайҳо фаромуш карда буду ҳамчун инсон фароғату истироҳатро. Кор барои ӯ истироҳату ягона ҳамдаму ҳамроз ҳисоб меёфт. Ахлоқу фаросат, вафодорию меҳнатдӯстиаш намунаи ибрат мебошад, хоса дар замони мо. Ленин ва Крупская барин инсонҳо қаҳрамонҳои беунвонанд. Онҳо дар баҳои ҳаёти худ тавонистанд, ки ба мазлумон озодию хушбахтӣ, ваҳдати халқҳоро ба вуҷуд биоранд.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
Номус, нанг
Аз он шамъ месохтанд
... Баччан, актёри њиндї
ли динагї
Шикастани ин шиша хосияти бад дорад
... Никулин, њунарпеша
Њоло, акнун
Иисус ба тољикї
Давлати Гитлеру Меркел
Тарс, бим
Марказ, миёна
Маълумот дар ТВ дар бораи мол
Намуди љумла
Љумъа …, адиб
Узви дохилии љуфти бадан
Ранљида
Дилбастагии марду зан
Асбоб барои давракашї
Хайвони саворї
ИМА ба русї
Ноњия дар Бадахшон, марказаш Ќалъаихум
Донандаи "Ќуръон" Моњи сол
Мухтасари номи кишвари араб
Шакли танњои «умур»
Чуѓз
Шоњи олами њайвонот
Шинос
Адади калонтарин дар санги нардбозї
Мошини …каш
Пирамида (тољ.)
Одаме, ки намешунавад
Дар он хун љорї аст
… Спирс, сарояндаи машњури амрикої
Гўшвор
Паррандаи обї
Кумитаи амнияти СССР (ихтисораи русї)
... Њакимов, овозхон
Миллат дар Осиё ва Африќо
Поён, зер
Зуд, шитобон
Либосдўз
Ансамбли секаса
Пешоянд
Гўр, ќабр
Љойи аз офтоб паноњ
Хеши падарї
Муќобили «наздик»
На- Мизон, асбоби сињат фурўшанда
Њунари Малика Ќаландарова
Сигнали «Ёри дињед» аз киштї
Капитан, полковник ё генерал
Одамчаи афсонањои аврупої
Њуљраи кор Ќарори ќатъї
Нурии табиї
Пиёла, коса ё сатил
Зиёдшавї
Эътиќод ба дин
… Пател, ситораи кинои њиндї
Асбоби дењќон
Шикоят, баён
Нобино
Онро аз орд мепазанд
Момоњаввои насронї
Маъшуќа ё дўст
«... маѓзи ибодат»
Садои барќ
Зављаи бародар
Дарё дар Сибир
Гектар (кўтоњ)
Њайвони азими ќадима
Шакли кўтоњи номи Юрий
Нафар, одам
Илми шеър
Тарозу чиро нишон медињад?
Муаллифи "Шоњнома"
… Рай, ситораи кинои њиндї
... Шарифова, сароянда
Гулоб, одеколон
Моњишўрбои русї
Ба зудї, бошитоб Муќоби-
… Деви, ситораи кинои њиндї
Шакли њокимияти сиёсии Бухоро
Паноњ, наљот
Пешоянд
Полковник, … , маршал
Бале, ња Сарвар, сардор
Њайкале, ки онро мепарастанд
Келин
Каломи ѓайриманзум
Њаёт, зиндагї
Сўрохии даруни кўњ
Шарм
… Рао, ситораи кинои њиндї
e-mail: javonontj@mail.ru
Макони некон баъди марг
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №28 (9350), 10 ИЮЛИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Падар вақти мактабравии писараш пурсид: - Писарам ба ту пули коғазӣ диҳам ё танга? - Дадаҷон, тангаро ба коғазӣ печонда диҳед, гум намешавад.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Мӯйсафед аз зани дар бараш нишаста мепурсад: - Ҳамин мошинчае, ки мо саворем, чӣ ном дошта бошад? - “Тангем” ном дорад, бобо! Номаш ба худаш мувофиқ будааст. Чил сол мешавад, ки бо зани худам ин қадар ҷафс нанишаста будам.
Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Воҳид ҲАБИБОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7100 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Сюрприз Садои тақ-тақи дарро шунида, пиразан бо пойҳои бемадораш базӯр ба даҳлез баромад. Пушти дар дӯстони писараш қарор доштанд, онҳое, ки ҳамроҳ бо писари пиразан дар аскарӣ хизмат карда буданд. Аскарҳо бо кампир салому ҳолпурсӣ карданд ва яке аз онҳо, ки ҷавони қоматбаланди хушандом буд, гуфт: - Вақти зиёд надорем, очаҷон. Танҳо ним соат иҷозат пурсидем, то омада, дуоятонро
АНДАРЗ
бигирему боз баргардем. Пиразан бошад, исрор кард: - Не писаронам, то шуморо чизе зиёфат накунам, намеравед. Нахӯрда рафтанатон намемонам. Пиразан аз рӯи одати деринааш ин гапро гуфт. Одати рӯзҳое, ки шавҳар ва писараш дар қайди ҳаёт буданд. Онҳоро ҳамеша хӯрок дода, сипас, гуселашон мекард. Вале алҳол намедонист, ки поёни ин исрори вай ба қуҷо мебарад. Аскари дигар ба соаташ нигариста, сипас гуфт: - Майлаш очаҷон, гурусна нестем, аммо дутоӣ тухм бипазӣ мехӯрем. Аслан, ҷавон барои пиразанро заҳмат надодан чунин гуфта буд. Зеро дар ҳавлӣ мурғҳоро
Шаҳид Ду аскар, ки ҳамдеҳа буданд, болои теппаи баланде нишаста, суҳбат мекарданд. Яке аз онҳо, ки бо дурбини дасташ паноҳгоҳи душманро назорат мекард, гуфт: - Канӣ ҳамон хобатро бори дигар нақл кун. Шаби гузашта хобам бурд, хуб шунида натавонистам. Аскари рафиқаш хобашро ҳадди ақал даҳ маротиба нақл карда бошад ҳам, эътироз накарда, ин бор ҳам ба нақл сар кард. - Хоб дидам, ки шаҳид шудаам ва Худованд маро ба ҷаннат гузошта, панҷ ҳури биҳиштӣ низ додааст. - Дӯстам, фикру хаёлат ба ҳурон банд аст? Боз якто ҳам не, панҷто... – луқма партофт рафиқи ҳамхизматаш. Вале аскаре, ки хобро нақл карда истодааст, ба шӯхиву истеҳзои рафиқаш эътибор надода, нақлашро идома дод. Вай аз оби чашмаҳои му-
дида буд. Бечора аз куҷо медонист, ки мурғҳои рӯи ҳавлӣ дар як рӯз танҳо дуто тухм мекунанду дар хонаи пиразан чизе дигар барои хӯрдан нест? Пиразан ба ошхона ворид шуда, ҳушу ёдаш тамоман ба писари шаҳидаш, ки ҳамроҳ бо ин аскарҳои меҳмон хизмат мекард, банд буд. Вай ҳам тухмбирёнро дӯст медошт. Пиразан тухмҳоро ба дастони ларзонаш гирифта, хиҷолат мекашид. Чӣ кор кунад, то нодориашро ҷавонон пай набаранд? Вай дар пайи пайдо кардани чорае буд. Дар хона ҳамагӣ ду тухм буд, аммо ҷавонон дутоӣ тухм фармуданд. Пиразан дигар чизеро фикр накард ва ба оҷизиву нодориаш таваккал карда, тухмҳоро шикаст. Ин ҳангом дар чеҳраи нурониаш донаҳои ашки шодӣ падид омаданд. Зеро дар ҳар тухм дутоӣ зардӣ буд...
саффои ҷаннат, аз паёмбарони дар ҳоли суҳбат нишастаи канори он чашмаҳо, аз аҳволи он ҳамхизматонеаш, ки пештар шаҳид шудаанд ва аз ҷузъиёти дигаре, ки дар хобаш дида буд, нақл кард. Рафиқаш нақли ӯро то охир шунида, сипас, пешниҳод кард: - Биё, ту ҳамин хобатро ба ман бифурӯш. - Хобро ҳам фурӯхта мешудааст? – бо табассум гуфт рафиқаш ва илова кард: - Ба фикрам, ҳурони биҳиштӣ ақлатро бурданд-а? Аскари дигар гӯё шӯхии рафиқашро нашунида бошад, боз пешниҳод кард: - Бар ивази хобат ҳарчи хоҳӣ медиҳам. Ҳатто ҳамин мӯзаҳоямро. Медонам, ки азони ту ба поят танг аст аз ман бошад, мувофиқи поят. Ҳамхизматон ба мувофиқа мерасанд. Хоб ҳам соҳиби нав меёбаду мӯза ҳам. Рӯзи дигар ба волидони аскаре, ки хобро “харида” буд, хабар мерасад, ки фарзандашон дар муқовимат бо душман шаҳид шудааст. Мушаки душман дар назди ҳар ду рафиқ таркида, якеро тамоман осеб намерасад, дигаре ба макони орзуҳояш мепайвандад. Вақте ӯро меёбанд, дасташ ишораи рақами панҷро доштааст...
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
Ду девона аз беморхонаи руҳӣ мегурезанд. Нигаҳбонон ба ҷустуҷӯ меафтанд. Замоне баъд ҳар дуро пайдо мекунанд. Якеаш аз тарс болои дарахт мебарояд. Нигаҳбон тапончаашро сӯяш нишон дода, мегӯяд: - Агар нафароӣ, мепаронам. Девона намефарояд. Девонаи рафиқаш дасташро тапонча карда, ҷонибаш медорад ва мегӯяд, фаро. Ӯ дарҳол аз дарахт мефарояд. Нигаҳбонон ҳайрон мешаванд. Мепурсанд чаро аз тапончаи аслии мо натарсидӣ, аз дасти ин девона тарсидӣ? Мегӯяд: - Ӯ девона аст, яке напаронад.
*** Дар ошхона духтари зебо нишастааст. Ҷавоне ӯро дида, худро зуд ба наздаш мерасонаду бо меҳрубонӣ мегӯяд: - Духтари зебо, мумкин аст ба ҷои шумо ман пардохт кунам? Духтар ҳайратомез аз сумкачааш квитансияҳои об, газ, барқро бароварда мегӯяд: - Марҳамат, ман зид не.
*** Зану мард хоб карданӣ мешаванд, ки занги дар садо медиҳад. Зан: - Шавҳарам омад! Мард саросема худро аз тиреза ҳаво медиҳаду фикр мекунад: «Чӣ хел шавҳар? Набошад ман киям?!»
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшудаи №А147314, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ноҳияи Балҷувон соли 1993 ба Раҳимова Нигина додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №164823, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 1986 ба Рақибов Файзулло додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №948083, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и ноҳияи Қубодиён соли 1982 ба Қобилова Нодира додааст, эътибор надорад.