Javononi Tojikiston, №29 (9351), 17.07.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

1

№29 (9351),

17 июли соли 2014

НАБЗИ ҶАҲОН

ҲАМКОРӢ

Саҳифаи

7

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷонатан Данн

15 июл Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор оид ба Тоҷикистон Ҷонатан Данн мулоқот кард. Таваҷҷуҳи зиёд ба коҳиш додани таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, ҳолатҳои буҳронӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки шарикони асосии иқтисодию тиҷоратии кишвари мо ба шумор мераванд, зоҳир гардид. Ҷонатан Данн изҳор дошт, ки Хазинаи байналмилалии асъор барои татбиқи бомаром ва босамари ислоҳоти иқтисодӣ кӯмакҳои техникии худро, аз ҷумла, дар самти таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти омилҳои ҷаҳониву минтақавӣ дареғ намедорад.

ИҚТИСОД

ММД дар ним сол аз 3,5 млрд. доллар зиёд шуд Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и мамлакат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 17 млрд. 880 млн. сомонӣ (зиёда аз 3,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 6,7% зиёд аст. Соли ҷорӣ ММД-и кишвар дар ҳаҷми беш аз 46 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст.

ҶАВОНОН

Дастоварди хонандагон дар Кейптаун

АФҒОНИСТОН:

Иродаи мардум кор медиҳад? 13

ОЛМОН - ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН-2014 e-mail: javonontj@mail.ru

Саҳифаи

Дар олимпиадаи байналмилалии математика, ки дар шаҳри Кейптауни Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд, кишвари моро шаш муҳассили гимназияи “Ҳотам ПВ” ва литсей-интернати муштаракаи тоҷикӣ-туркии (ЛИМТТ) ба номи Ҳоҷӣ Камол намояндагӣ карданд. Аз миёни онҳо Фаррух Каримов, хонандаи гимназияи “Ҳотам ПВ” ва Рустами Убайдулло, хонандаи ЛИМТТ ба номи Ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Дар сабқати Кейптаун 560 нафар хонанда аз 123 кишвари дунё ширкат доштанд. Фирдавс Саидмуродов, хонандаи дигари литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркии ба номи Ҳоҷӣ Камол дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки 5-15 июл дар Индонезия баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Дар он толибилмони беш аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

2

ҶАВОНОН, ВАРЗИШ, САЙЁҲӢ

КАДР

Ҳаводиси Хоруғ ба омадани туристон монеъ нашудааст “Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон фаъолияташро дар самти таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва заминаи методию иттилоотӣ, татбиқи барномаҳои соҳавӣ, дастгирии иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, оммавӣ, варзишӣ ва рушди соҳаи туризм ба роҳ монд”. Ин нукта 10 июли соли равон зимни нишасти матбуотии кумита иброз шуд.

Абдуллозода Аҳтам Рустам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аз ҷумла, ёдрас шуд, ки барои ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон 32 лоиҳа бо фарогирии 17090 нафар, рушди имконоти иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон 61 лоиҳа бо иштироки 26017 нафар ва рушди саломатии ҷавонон 8 лоиҳа бо иштироки 2180 нафар амалӣ шудааст. А. Абдуллозода афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади татбиқи самарноки сиёсати давлатии ҷавонон як қатор тадбирҳо

андешида шуданд. Чунончи, бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар мамлакат таҳти унвони “Тоҷикистон - кишвари ҷавонон” чорабиниҳои илмӣамалӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва оммавию варзишӣ доир гаштанд. Зимни гузориш аз фаъолияти кумита дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2014 дар ҷумҳурӣ 51 чорабинии варзишӣ, аз ҷумла, 37 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар онҳо 5140 варзишгар, ки 780 нафараш занон буданд,

ширкат варзиданд. “Бузургтарин чорабинии варзишӣ - Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки бо иштироки 1112 варзишгар аз рӯи даҳ намуд (баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до (ВТФ), гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнониву румӣ ва дзюдо) баргузор шуд”, - изҳор дошт А. Абдуллозода. Зикр гардид, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар самти фаъолият дар соҳаи туризм корҳои назаррасро анҷом додааст. Тавре раиси кумита А. Абдуллозода иттилоъ дод, “рӯйдоди муҳими давраи ҳисоботӣ маслиҳати “Globe Spots” барои сафари саргузаштӣ ба Тоҷикистон мебошад. Сомонаи интернетии мазкур, ки сайёҳони мустақилро муттаҳид мекунад, Тоҷикистонро дар сархати кишварҳои ҷолиб барои туристони саргузаштӣ дар соли 2014 қарор додааст”. Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 74 ҳазор турист ворид шудааст. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар посух ба суолҳои хабарнигорон дар мавриди таъсири ҳаводиси шаҳри Хоруғ ба вуруди туристон изҳор дошт, ба ҳадде таъсиргузор набуданд, ки барои омаду рафти туристон монеа шаванд.

Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 12 июли соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав дар Гвардияи миллӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар ва дар соҳаҳои саноат ва кор бо ҷавонон пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат Сарвари давлат онҳоро ба кору хизмати содиқонаю бенуқсон, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, ҳифзи шоистаи манфиатҳои давлату миллат ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор ҳидоят намуд. Ҳамин тариқ, Талбидагӣ Давлатов, Фозил Раҳимов ва Қиёмиддин Самарзода ба вазифаҳои муовинони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд. Се нафари дигар ба вазифаҳои гуногуни сохторҳои махсуси ҳамин мақомот таъин гардиданд. Муртазо Ҳайдарзода ба вазифаи сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид. Заробиддин Файзуллоев, муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав таъин гардида, роҳбарони се корхонаи калони саноатӣ – КВД “Коргоҳи машинасозӣ”, ҶСК “Трансформатор” ва КВД “Ҷамаст” иваз шуданд. Эмомиддин Аслов муовини вазири энергетика ва захираҳои об таъин гардид. Як қатор тағйироти кадрӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуд. Аз ҷумла, Мавсумахон Муинова муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қиёмиддин Миралиев муовини раиси ҳамин кумита таъин гардиданд. Ду нафар корманди кумита, аз ҷумла, муовини якуми раиси кумита Кабирҷон Ҷӯраев ва сардори раёсати кумита Носир Буриев ба вазифаҳои мушовирони бахшҳои ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. Ҳамчунин, аъзои нави Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки минбаъд ба таълиму тарбияи кадрҳои ҷавони болаёқат ва пешниҳоди онҳо ба вазифаҳои пурмасъулият бояд кӯшиш ба харҷ дод, то ки насли ояндаи соҳаҳои гуногуни идораи давлатӣ бо сифати баланд омода шавад.

ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН

Мавзӯи Рӯзи аҳолӣ - сармоягузорӣ ба ҷавонон

e-mail: javonontj@mail.ru

Соли равон мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ (РҶА), ки 11 июл дар тамоми ҷаҳон таҷлил шуд, “Сармоягузорӣ ба ҷавонон” буд. Дар ҷаҳон зиёда аз 1,8 миллиард шахсони 10-14-сола умр ба сар мебаранд, ки чоряки аҳолии дунёро ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурии мо шумораи нисбии ҷавонон боз ҳам баландтар аст: 70% аҳолиро шахсони синну солашон то 30сола ташкил медиҳанд. Гузариши батадриҷи бомуваффақият, бехатар ва солим аз синну соли наврасӣ ба ҳаёти калонсолӣ ҳуқуқи ҳар кас аст. Онро танҳо дар оила ва ҷомеае, ки ба ин равиш сармоягузорӣ мекунанд ва барои аз худ намудани дониш ва малакаҳои лозима дар ҳаёти оянда саҳм мегузоранд, метавон ноил шуд. Бабатунде Осотимеҳин, директори иҷроияи ЮНФПА дар муроҷиати худ бахшида ба РҶА чунин қайд намудааст: «Мо ме-

донем, ки ҷавонони солим, бомаърифат, бомуваффақият ва пайванд ба ҷомеа метавонанд дар қатъ гардонидани қашшоқӣ, ки аз насл ба насл мегузарад, саҳми арзанда гузоранд ва бо хатарҳое, ки ҷомеа ва шахсони алоҳида рӯ ба рӯ мешаванд, муқовимат кунанд. Дар ҳолати

ба шаҳрвандони ихтисоснок ва маълумотнок мубаддал гаштанашон, онҳо метавонанд саҳми арзандаро ба тараққиёти ҷомеа ва мамлакатҳои худ гузоранд. ЮНФПА кӯмаки ҳаматарафаро ба дастгирии ҷавонон равона мекунад, то ба орзуҳояшон бирасанд.

ЮНФПА бахшида ба РҶА чорабиниеро бо номи “Селфии норинҷӣ” дар сатҳи байналилалӣ оғоз намуд, ки мақсад паҳн намудани маълумот ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, шахсони пешсаф ва онҳое, ки ба масоили ҷавонон қарор қабул менамоянд ва ҷалб кар-

дани онҳо ба ҷараёни қабули қарор мебошад. Ҳар нафаре, ки ба масоили ҷавонон бетараф нест, метавонад аз тариқи иштирок дар ин чорабинӣ саҳм гузорад. Дар Тоҷикистон ба ин иқдом аъзои шабакаи миллии ҷавонон оид ба омӯзиши ҳамсолон (Y-PEER), намояндагони Федератсияи миллии таэквандо ва кикбоксинг, ҷавонони фаъол ва шахсони намоён ҳамроҳ шудаанд. Рӯзи ҷаҳонии аҳолӣ аз соли 1989 қайд мешавад. Ҳамон сол Шӯрои роҳбарони Барномаи рушди СММ пешниҳод намуд, то ин рӯзро, ки аҳолии замин ба панҷ миллиард баробар шуд, ҳар сол қайд намоянд. Мақсад он аст, ки дар ин рӯз диққати ҷамъият ба муҳимияти масъалаҳои аҳолӣ ва нуфус ҷалб шаванд.


3

ХИЗМАТРАСОНӢ

Танҳо 48 фоизи аҳолӣ ба оби тоза дастрасӣ дорад Алимурод Тағоймуродов, директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт, ки танҳо 48 дарсади аҳолии кишвар ба оби тоза дастрасӣ доранд. Вале таъкид дошт, 98 фоизи маблағе, ки онҳо аз фурӯши об ҷамъоварӣ мекунанд, аз пардохти аҳолӣ аст.

Захираи канданиҳои фоиданок зиёд мешавад Кормандони соҳаи геологияи мамлакат баҳри афзоиши захираи канданиҳои фоиданок ва ба ин васила ғанӣ гаштани буҷаи ояндаи давлат корҳои зиёдеро анҷом медиҳанд. Тавре сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ саридора аз ҳисоби буҷаи давлатӣ аз рӯи 31 лоиҳа ва корҳои шартномавиро аз рӯи 110 лоиҳа анҷом дод. Дар ин муддат теъдоди кормандони воқеии дастгоҳ ва сохторҳои зертобеи идора ба 880 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 нафар зиёд мебошад. Музди миёнаи меҳнат 746 сомониро ташкил дод. Ин дар муқоиса бо соли 2013 129 сомонӣ зиёд аст. Дар Саридораи геология барои бозомӯзии кормандони ҷавон таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад. Чунончи, чор нафар мутахассиси ҷавон барои так-

мили ихтисос ба Финландия рафтанд. Ҳафт нафар мутахассисони ҷавон барои омӯхтани таҷриба ба корхонаҳои ширкати «ZIjin»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуданд. Саридора ҳамкориашро бо кишварҳои хориҷӣ вусъат медиҳад. Тайи шаш моҳи сипаришуда ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати саноати маъдани Афғонистон доир ба ҳамкории илмӣтехникӣ, инчунин, бо Хадамоти давлатии геологӣ ва қаъри замини Украина таҳия гашта, алҳол дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

С. САЙФИДДИН, «ҶТ»

ТВ ВА РАДИО

Номбурда изҳори нигаронӣ кард, ки арзиши як кубометр оби ошомиданӣ 2 сомониву 20 дирам муқаррар шудааст, вале онҳо обро ба аҳолӣ 80-дирамӣ мефурӯшанд ва аз фурӯши об 1 сомониву 20 дирам зарари молӣ мебинанд. А. Тағоймуродов таъкид кард, зарари молие, ки онҳо аз фурӯши оби ошомиданӣ мебинанд, ба маоши кормандонашон таъсир кардааст. Ба қавли вай, алҳол дар корхонаҳои тобеи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 6167 нафар кормандони маъмурию идорӣ ва муҳандисию техникӣ кор мекунанд, ки музди миёнаи маоши онҳо 690 сомониро ташкил медиҳад. Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию

коммуналӣ” дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди дастрасӣ надоштани аҳолӣ дар шаҳрҳо ба оби ошомиданӣ чунин гуфт: “Онҳое, ки дастрасӣ ба об надоранд, бояд ба ҳукуматҳои маҳаллӣ муроҷиат

намоянд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ бояд тавассути мошинҳои обкашонӣ аҳолиро бо об таъмин кунанд, зеро онҳо ин имкониятро доранд”.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

ГЕОЛОГИЯ

Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

САВДО ВА САНОАТ

Бинои махсуси намоишгоҳ зарур аст Имрӯз дар ҷомеаи тиҷоратии ҷаҳон баргузории намоишгоҳҳо яке аз чорабиниҳои муҳим маҳсуб ёфта, самаранокии худро кайҳо собит намудаанд. Дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва аксар кишварҳои рӯ ба инкишоф иморатҳои танҳо барои гузаронидани намоишгоҳҳо муайяншуда мавҷуданд. Аз ин рӯ, дар чумҳурии мо низ зарурати сохтмони чунин як бинои махсуси намоишгоҳ пеш омадааст.

Фарогирии пахши рақамӣ зиёд мегардад

Нишондиҳандаи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ чунин аст: Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон 99,72 фоиз, ТВ “Сафина” - 84,7, ТВ “Баҳористон” - 86,4 ва ТВ “Ҷаҳоннамо” 75,71 фоиз. Нишондиҳандаи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ дар мавҷи FM бо барномаҳои шабакаҳои радиоӣ чунин аст: Радиои “Тоҷикистон” 85,27 фоиз, “Овози тоҷик” - 55,1, “Садои Душанбе” - 63,4 ва “Фарҳанг” 58,6 фоиз. Нишондиҳандаҳои фарогирии аҳолии кишвар бо пахши рақамии барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ба 47 фоиз баробар аст. Раҳмон Асадулло, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотие, ки 11 июн баргузор гардид, зикр кард, ки то охири соли равон боз 23 адад фиристандаи аналогӣ ва 4 адад фиристандаи рақамӣ харидорӣ ва насб мешавад, ки фоизи фарогирии шабакаҳои телевизионии пахши аналогӣ 5 фоиз ва пахши рақамӣ 9,14 фоиз зиёд мегардад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки намоишгоҳҳо яке аз фишангҳои асосии фаъолгардонии робитаҳои берунаи иқтисодӣ ба шумор рафта, ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагон, дарёфти шарикони хориҷӣ, ки ба истеҳсолкунандагон дар содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори беруна кӯмак мерасонанд, инчунин, ба истеҳсолоти технологияи баланд ва рушди инноватсионӣ мусоидат мекунанд. Тайи шаш моҳи соли равон бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ намоишгоҳи байналмилалии «Туҳфаҳо ва туризм» баргузор гардид, ки дар он 40 ширкат аз Фаронсаву Олмон, Туркияву Чин, Эрон ва Афғонистону Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар ин муддат намоишгоҳҳои байналмилалии «Тоҷэкспо Баҳор - 2014» бо иштироки 40 ширкати ватанию хориҷӣ, «Тандурустӣ-2014», «Ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон», «Намоишгоҳи 10-уми

байналмилалии маориф», Намоишгоҳ-ярмаркаи минтақавии «Суғд-2014», «Тоҷикистон-2014» дар Хуҷанд баргузор гардид. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ Шариф Саид бо як қатор сафирону намояндагони доираҳои тиҷоратии кишварҳои хориҷа мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, зимни мулоқот сафири Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак қайд кард, ки кишоварзони Қатар ҳамагӣ як дар сади талаботи аҳолиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуда, ниёз ба воридоти он доранд. Бо ин мақсад Ҳукумати Қатар омодааст, ки барномаҳои сармоягузории Тоҷикистонро барои истеҳсоли маҳсулоти бозоргир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ маблағгузорӣ намуда, содироти онро ба кишвараш ташкил намояд. Дар вохӯрӣ бо сафири Туркманистон Эшонқулӣ Амоналиев бошад, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тирамоҳи ҳамин сол дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти Туркманистон баргузор гардад.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

ҶСК “Телерадиоком” дар нимсолаи аввали соли 2014 фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015”, инчунин, барои пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо барномаҳои телевизион ва радио дар минтақаҳои аҳолинишин насби фиристандаҳоро идома дод.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

4

ТАНДУРУСТӢ

Камшавии шумораи модарони аз фарзанд дасткашида Сол то сол дар муассисаҳои тандурустии мамлакат вазъи таҷҳизонидан бо техникаи муосири ташхисию табобатӣ беҳтар мегардад. Имрӯз дар мамлакат бо назардошти рушди тибби хусусӣ 6 адад тамографияи компютерӣ, 8 адад тамографияи магнитию резонансӣ, 7 адад дастгоҳи эндовидеоҷарроҳӣ ва 2 адад дастгоҳи поксозии хун (диализ) фаъолият доранд. Аз тарафи ташкилоти Агентии ҳамкорӣ ва рушди Туркия дар Тоҷикистон (ТИКА) ба Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон як нақлиёти мусофиркаш, 30 кат, 2 ҳавополо (кондитсионер) ва ба маблағи 53000 сомонӣ бозичаҳо туҳфа шудааст. Нусратулло Салим, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли равон бо мақсади расонидани хизматрасонии тиббии махсусгардонидашуда ба 71 нафар кӯдаки гирифтори бемории нуқсони модарзодии коми боло, 113 нафар кӯдаки гирифтори бемории нуқсони модарзодии коми сахт ва мулоим ва ба 13 нафар кӯдаки гирифтори бемории ҷоғу рӯй ба таври ройгон амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шуданд. Дар 6 моҳи соли равон нишондоди фавти мода-

МАОРИФ

ДДТТ: 200 нафар ба имтиҳон роҳ наёфт Соли таҳсили 2013-2014 қариб панҷяки хатмкунандагони ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо сабаби қарзи академикӣ ва пардохт накардани маблағи таҳсил ба имтиҳони давлатӣ роҳ дода нашуданд. Ин рақам дар шуъбаи рӯзона 15 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне, аз 446 хатмкунандаи шуъбаи рӯзонаи донишгоҳ 67 нафар имтиҳони давлатиро насупурданд. Дар ин бора зимини нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мӯминҷон Шарифов ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дар ин нишаст, ки 11 июли соли равон доир гардид, ректори донишгоҳ таъкид кард, ки донишҷӯён бояд билети ҳарбӣ дошта бошанд. М. Шарифов гуфт, то омадани вай дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ амал мекард, вале бо қароре фаъолияти ин кафедраҳоро дар чанде аз муассисаҳои олии кишвар, аз ҷумла, ДДТТ бастанд. “Мо давоми нимсолаи оянда тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ба Вазорати маориф ва илм ва Вазорати мудофиа пешниҳод мекунем, то барои фаъолият ва барқарор кардани кафедраи ҳарбӣ иҷозат бигирем”, - иброз дошт ректори донишгоҳ. Дар мавриди шеваи дохилшавии имсола ба макотиби олии кишвар, яъне, аз тариқи Маркази миллии тестӣ дохил шудани довталабон ба донишгоҳҳо сухан ронда, М. Шарифов изҳор дошт, ки “агар ин раванд теъдоди донишҷӯёни дохилшавандаро ба ДДТТ коҳиш диҳад ҳам, мо нияти ихтисори кормандонамонро надорем”.

рон 36,3 нафар ба 100 000 зиндатаваллудро ташкил дод. Ин рақам соли гузашта 37,2 нафар буд. Ҳоло дар 4 осоишгоҳи мутааллиқ ба вазорат 753 нафар истироҳат мекунанд. Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ қариб дар 17 маркази минтақавӣ ба 1694 нафар пиронсолу маъюб хизматҳои иҷтимоӣ-маишӣ, тиббӣ, равонӣ, машваратӣ, табобатӣ, равонӣ ва ҳуқуқӣ расонида шуд. Инчунин, таъкид гардид, ки солҳои охир шумораи модароне, ки аз фарзанд даст мекашанд, кам шудааст. Чунончӣ, дар нимсолаи аввали соли равон 27 навзод ба хонаи кӯдакон супурда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 43 нафар кам мебошад. Сабаби асосии даст кашидани модарон аз фарзанди худ бешавҳарии бонувон арзёбӣ мегардад.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ” БЕХАТАРӢ

44 мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд Дар Хадамоти назорати давлатии бехатрии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 1 755 корхона ва 12 654 иншоот ба қайд гирифта шудааст.

Б. УСМОНОВ, “ҶТ” ВАО

Фаъолияти пурсамари эҷодии ТВ “Сафина”

e-mail: javonontj@mail.ru

Лутфулло Давлатов, директории Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 9 июли соли равон, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки ҳайати эҷодию техникии ТВ «Сафина» дар нимсолаи якуми соли 2014 бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, 17-солагии Ваҳдати миллӣ ва 20-солагии қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ намоишҳои телевизиониро дар жанрҳои гуногун бо диду назари нав ва ҷавобгӯ ба талаботи бинандаи имрӯз таҳияву пахш кард. Чордаҳ номгӯй лоиҳаи ҷадид, аз қабили «Ман ба шаҳр омадам», «Панҷаи шаб дар тори шеър», «Шаҳрофар», «Шитоб», «Асрори кино», «Нӯшу неш», «Андеша», «Ҳаёти донишҷӯ», «Шаббода», «Саманди роҳ», «Ҳоло ки ман ҷавонам», «Нахли умр», «Заковат» ва «Гол» дар ин шашмоҳа рӯйи кор омаданд, ки мавзӯъҳои барои ҷомеаи имрӯза муҳимро арзёбӣ мекунанд. “Гол” бо ҳадафи тарғиби тарзи ҳаёти солим ва саҳмгузор будан дар пиёдасозии иқдоми ҳукумат оид ба оммавигардонии футбол пахш мегардад. Барнома ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол бахшида шуд. Дар баробари ин, аз дастовардҳои олами футболи тоҷик низ нақл карда мешавад. «Дар давраи ҳисоботӣ 20 нашри барномаи «Рӯзномаи варзиш» таҳия гардид, ки дар он

оид ба дастовардҳои варзишгарони мамлакат, иштироки онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои варзишии дохи-

ли кишвар гузоришҳо омода шуданд», - афзуд Л. Давлатов.

Ба иттилои Сиҷоуддин Саломзода, сардори хадамот дар шаш моҳи соли равон корхонаҳо аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 34 назорати комплексӣ, 182 назорати мақсаднок, 239 назорати фаврӣ, дар маҷмӯъ, 455 назорати техникӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати риоя намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии бехатарии саноатӣ ба корхона ва ташкилотҳои бақайдгирифташуда нишондод бо назардошти камбудиҳо ҷойдошта пешниҳод шуд. - Барои надидани чораҳои лозимӣ оид ба пешгирӣ ва сар назадани ҳодисаҳои нохуш дар иншооти истеҳсолии хатарнок ба роҳбарияти корхонаҳои ҶДММ «Шоҳроҳ», ҶДММ «Амон», Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби ВМКБ, корхонаи фаръӣ ва ташноби шаҳри Хоруғ оид ба қатъ гардонидани фаъолият ҳуҷҷат пешкаш шуд. Дар рафти назорати техникӣ 44 нафар шахсони мансабдори корхонаҳои бақайдгирифташуда барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, шахсоне, ки ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ доданд, тибқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима баста шуданд. Маблағи умумии ҷарима 25600 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, аз тарафи корхонаву ташкилот ва иншооти бақайдгирифташуда 6 ҳодисаи нохуш сабт гардидааст, - изҳор намуд сардори хадамот.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»


Омилҳои норасоии омӯзгор аз нигоҳи вазир АИ парвариши морро ба роҳ мемонад Фарҳод Раҳимов, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 10 июл зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмӣ дар замони истиқлолият аз ҳисоби олимони Академияи илмҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфт. Дар нимсолаи аввали соли равон гурӯҳҳои мазкур ба шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав сафар намуда, бо аҳли ҷамоатчигӣ оид ба дастовардҳои кишвар дар даврони истиқлолият ва нақши илму маориф дар ҷомеа суҳбат намуданд. - Мо ҳамаи корхонаю муассиса ва хоҷагиҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуда, хоҳиш мекунем, ки аз имконоти зеҳнии Академияи илмҳо самаранок истифода баранд, - гуфт Фарҳод Раҳимов. - Олимони академия танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 599 кори илмӣ, аз ҷумла, 554 мақолаи илмӣ ба табъ расонида, 6 патенти ҷумҳуриро барои ихтироот ба даст оварданд. Директори Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди Академияи илмҳо Мамадшо Илолов иттилоъ дод, ки бо мақсади гирифтани сӯзишвории биологӣ (биоэтанол) аз растании топинамбур (ноки заминӣ) соли равон дар майдони 1,5 гектар кишти ин зироат ба роҳ монда шудааст. Растании мазкур, инчунин, барои соҳаҳои дорусозӣ, рангсозӣ ва чорводорӣ ашёи бебаҳост. Мутахассисони ин марказ нерӯгоҳи офтобии тавоноияш 100 ваттро сохта, аз озмоиш гузарониданд, ки барои истифода дар хонаҳои истиқоматӣ, бӯстонсаро ва коттеҷҳо ҳамчун манбаи эҳтиётии барқ истифода мешавад. Олимони пажӯҳишгоҳи зоология ва паразитологияи АИ мақсад доранд, ки баъди 20 сол парвариши морро бо мақсади гирифтани ашёи муҳиму қиматбаҳои дорусозӣ ба роҳ монанд. Директори пажӯҳишгоҳи мазкур Абдусаттор Саидов гуфт, ки алҳол серпентория (морхона)-и пажӯҳишгоҳ ба фаъолият омода аст. Бо мақсади гирифтани иҷозатнома ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба парвариши 50 сар мори намуди кобра ва 50 сар мори намуди гурза асноди зарурӣ пешниҳод шудааст. Соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷавонони лаёқатманд ба муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳо магистратура таъсис дода шуд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ” БОНК

Талабот ба кортҳои бонкӣ меафзояд «Амонатбонк» бо 2859 корхонаву ташкилоти буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор маротиба зиёд мебошад. Айни ҳол, филиалҳои «Амонатбонк» бо мақсади сари вақт ва бемамониат хизматрасонӣ намудан ба мизоҷон бо 126 банкомат ва 421 постерминал ҷиҳозонида шуда, дар оянда низ харидорӣ намудани таҷҳизоти зикршуда дар назар аст.

Норасоии муаллимон яке аз проблемаҳои доғи соҳаи маорифи кишвар боқӣ мемонад. Бахусус, нарасидани омӯзгори мард боиси ташвиши Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ шудааст. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми мамлакат зимни як нишастаи матбуотӣ бо нигаронӣ изҳор намуд, ки имрӯз теъдоди муаллимон дар қаламрави ҷумҳурӣ, ки дар штатҳои давлатӣ кор мекунанд, 130 ҳазор нафар мебошанд. Аз ин шумора 90 ҳазораш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият мекунанд. 68 фоиз, дар баъзе ноҳияҳо то 75 фисад омӯзгорон занонанд. Алалхусус, дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ ва Душанбе муаллимаҳо бештаранд. Нуриддин Саид мушкилоти мазкурро ба чанд омил рабт медиҳад. Аввал, ба рухсатии ҳомиладорӣ рафтани омӯзгорони зан. Тахминан 45-47 фоизи бонувони омӯзгор модарҳои ояндаанд. Ҳамаи онҳо ба рухсатии ҳомиладорӣ мебароянд. Яъне, ба муддати якуним сол, баъзеаш аз ин зиёдтар. Дар ин ҳолат ҷойи онҳо муваққатан холӣ мемонад. Омили дигар фавтнокӣ аст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ аз 6 то 7 фоиз фавтнокӣ дорем. Аз 90 ҳазор омӯзгор вобаста ба синну сол ва бемориҳо 5-6 нафар мефавтанд. Дар ин вақт чанд муддат ҷойи онҳо низ холӣ мемонад. Тағйир додани касб. Дар як соли хониш муаллимоне ҳастанд, ки тағйири касб мекунанд, аз як кор ба кори дигар мегузаранд ва ё касби омӯзгориро тарк мекунанд. Гузашта аз ин, муаллимони забони русӣ, англисӣ ва омӯзгороне ҳастанд, ки дар ҷомеа талабот ба онҳо ниҳоят зиёд аст. Вале бархе аз онҳо ба сафорату ширкатҳои байналмилалӣ ба сифати тарҷумон, ходим ба кор мераванд. Дар ин ҳолат норасоии омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ба чашм мерасад. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон шаҳрванд дар интихоби касб ва ҷойи кор озод аст. Масалан, донишҷӯёнеро, ки ба сифати омӯзгор донишгоҳу донишкадаҳоро хатм мекунанд, мо ҳуқуқи се сол нигоҳ карданро дорем, баъд аз се сол ҳуқуқ надорем онҳоро маҷбур манъ кунем. Зиёд шудани теъдоди мактабу хонандаҳо низ ба нарасидани муаллимон боис мегардад. Дар Аврупо кишварҳое ҳастанд, ки

8 миллион аҳолӣ доранд, лекин ба маротиб теъдоди хонандагонашон аз теъдоди хонандагони мо камтар аст. Бинобар ин, мактабҳои нав кушода истодаем. Дар кишвар айни ҳол 3 ҳазору 836 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунанд ва то соли нави таҳсил дар назар аст теъдоди муассисаҳоро боз зиёдтар кунем. Хонандагон бошанд 1 миллиону 717 ҳазорро ташкил медиҳанд. Нуриддин Саид то ҷое омилҳои норасоии муаллимонро дар соҳаи маориф номбар кард. Аммо нагуфт, ки яке аз омилҳои асосие, ки ба норасоии омӯзгорон расондааст, маоши паст мебошад. Агар ба омӯзгорон маоши хуб дода шавад, то ки онҳо ба он маблағ зиндагиашонро пеш бурда тавонанд, ҳеҷ гоҳ аз ин касби пурифтихор даст нахоҳанд кашид. Вазир таъкид кард, ки баъзе аз омӯзгорони забонҳои русӣ ва англисӣ ба ширкатҳои хориҷӣ ва сафоратҳо ба кор мераванд, аммо нагуфт, ки чаро. Ба ҳама маълум

аст, ки ширкатҳои хориҷӣ ва сафоратҳо маоши хуб медиҳанд. Агар маоши омӯзгоронро баланд кунем, дигар омилҳо худ аз худ ҳал мешаванд. Н. Саид дар бораи квота ва наёфтани навраси босаводе, ки лоиқи квота бошад, норозигӣ баён намуд. “Нафареро, ки ба донишгоҳҳо роҳхат гиранд, ёфта наметавонем. Сабабаш сатҳи пасти дониши баъзе аз наврасон мебошад. Дар ноҳияи Тоҷикобод байни хатмкунанда-

гони мактабҳои таҳсилоти миёна барои дарёфти шахси арзанда ба квота ва таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии кишвар чор маротиба имтиҳон гузарондем ва касеро то ҳол дарёфт накардаем”. Ин ҳолатро низ сабаб норасоии омӯзгорон мебошад. Дар ноҳияҳои дурдаст нарасидани муаллимони фанҳои дақиқ, аз ҷумла, химия биология, ма-

тематика, физика проблемаи аввалиндараҷа мебошад. Муаллимон бо 600-700 сомонӣ маош кор намекунанд ва муҳоҷирати меҳнатиро авлотар медонанд. Хулоса, норасоии омӯзгор мушкилоти ҷомеа аст. Агар дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгор набошад, хонандагони зиёд бесавод ё камсавод мемонанд. Бесаводии онҳо ба ҷомеа зарар дорад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

5

МАОРИФ

e-mail: javonontj@mail.ru

ИЛМ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

6

ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА

ШАҲРДОРӢ

Дар ҳавои гарм майли мо ба нӯшобаҳои «салқинкунанда» зиёд мешавад. Аммо бо нӯшидани онҳо пас аз чанде боз эҳсоси ташнагӣ мекунем. Яъне, ин нӯшобаҳои ширин, ки бо мақсади шикастани ташнагӣ истеъмол мекунем, баръакс майли моро ба нӯшидан боз ҳам бештар месозанд.

би «Кола» ро ба худ ҷазб мекунад. Фишори хун баландтар мешавад, зеро ҷигар қанди бештарро ба хун медиҳад. Хоб парида, гавҳараки чашм васеъ мешавад. Баъди 45 дақиқа истеҳсоли ҳормони «донамин», ки маркази кайфиятбарии майнаро бармеангезад, меафзояд. Ин гуна таъсирро баъзе аз маводи мухаддир, аз ҷумла, «ҳероин» ҳам доранд. Таърих гувоҳ аст, ки дар оғоз нӯшокии «Кока-кола» афшурдаи баргҳои «коки» ном рустаниро дошт. Аз «коки» кокаин ном маводи мухаддир тайёр мекарданд. Чун олимон муайян карданд, ки ин

хатари инкишофи бемориҳои музмин, аз қабили диабети қанд, бемориҳои дил ва саратонро зиёд менамоянд. Дар маҷмуъ, нӯшобаҳои ширини газдор ҳар сол сабаби марги 180000 нафар мегарданд. Нӯшобаҳои газдор, алалхусус, барои занони ҳомиладор зарар доранд. Бо сабаби дар таркиби нӯшобаҳои ширини газдор мавҷуд будани гази ангидриди карбон дар рӯдаҳо бод ҷамъ шуда, метеоризм (дамиши шикам) пайдо мешавад. Дар шикам дард ва майли қайкунӣ ба миён меояд. Чунин тағйирот дар тифли батнбуда низ

Як гурӯҳ олимони соҳаи тиб аз чанд кишвари Аврупо чандин сол хосияти нӯшобаҳои машҳури тамғаи «Кола» (пепси-кола, кокакола)-ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки бардавом нӯшидани ин обҳои ширин оқибати талх меорад. Масалан, дуру дароз истеъ-

рустанӣ хосияти дилбастагӣ пайдо карданро дорад, онро бо кофеин иваз намуданд. Баъди як соати истеъмоли «Кола» кислотаи фосфор мубодилаи моддаҳоро бо роҳи пайвастшавии калтсий, рӯҳ ва магний дар рӯда метезонад. Таъсири пешобро-

мол намудани ин нӯшобаҳо боиси суст шудани нерӯи ҷинсии мардҳо ва безурёт гаштани занҳо мешудааст. Гап дар сари «кола» ном чормағзаке меравад, ки зимни истеҳсоли нӯшобаҳо истифода мешавад. Ин чормағзакро дар замонҳои қадим ба ҷанговарони қабилаҳои ҳиндуи Амрико медоданд. Хоидани «кола» нерӯи ҷинсиро суст карда, ба ҷанговарон имкон намедод, ки дар бораи шаҳватронӣ фикр кунанд. Баъди нӯшидани «Кола» ширинии баробари 10 қошуқ шакар яку якбора ба ҷисми инсон зарба мезанад. Танҳо кислотаи фосфори таркиби нӯшоба дар чунин ҳол қайкуниро фурӯ менишонад. Вагарна дар ҳолати муқаррарӣ 10 қошуқ шакар метавонад боиси қайкунӣ гардад. Баъди 20 дақиқа миқдори инсулин дар хун боло меравад. Ҷигар қандро ба чарб табдил медиҳад. Пас аз 40 дақиқа организм кофеини тарки-

нии кофеин ба кор медарояд. Калтсий аз устухон шуста шуда, онро заиф намуда, якҷо бо пешоб хориҷ мешавад. Ҳамроҳи калтсий магний, рӯҳ ва натрий барин элементҳои зарурӣ хориҷ мегарданд. Баробари ба охир расидани таъсири «Кола» кас нороҳатӣ ҳис мекунад. Лекин ҳамаи ин мегузарад, ба шарте ки боз як истакони дигар нӯшед. Аммо раванди дар боло зикршуда дубора такрор меёбад. Бо ҳамин сабаб ҳангоми як пиёла нӯшидани «Кола» майли нӯшидани пиёлаҳои дигар бедор мешавад, ки маънии дилбастагӣ пайдо кардан дорад. Олимон муайян намуданд, ки истеъмоли мунтазами «Кола» ба пайдошавии диабети қанд, баландшавии фишори хун ва фарбеҳшавӣ мусоидат мекунад. Мутахассисони Маркази тиббии ҷамъиятии Ҳарварди Бостон (ИМА) ақида доранд, ки нӯшобаҳои ширини газдор («Кола», «Фанта»)

ба мушоҳида мерасад. Тавре гуфтем, истеъмоли нӯшобаҳои газдор боиси аз ҷисм берун шудани калтсий мегардад. Ҳол он ки дар ҷисми зани ҳомиладор талабот нисбат ба калтсий рӯз то рӯз зиёд мешавад. Чунки калтсий барои шаклгирии устухон ва системаи дилу рагҳои ҷанин минерали муҳим ба шумор меравад. Бо ин сабаб дар занҳои ҳомиладор зиёд сарф шудани калтсий ба инкишофи бемории остеопороз оварда мерасонад. Яъне, дар ҳомиладорон хосияти зудшикан шудани устухонҳо пайдо мешавад. Истеҳсолкунандагони нӯшоба аз «Сикламат» ном моддаи синтетикӣ истифода мебаранд, ки маҳсулоти нефтӣ буда, аз шакар дида, 200 маротиба ширинтар аст. Истеъмоли он боиси пайдошавии саратон мегардад. Моддаи мазкур соли 1969 дар ҳудуди ИМА ва Канада, соли 1975 дар Ҷопон, Сингапур ва Кореяи Ҷанубӣ манъ шудааст. Дигар ивазкунандагони шакар низ безарар нестанд. Масалан, сахарин ва атсесулфати калий боиси пайдоиши саратон мегарданд. Аспартам (свитли, сластилин, сукразид) сабабгори сар задани хастагӣ, дилзанак, афсурдаҳолӣ ва сардард мешавад. Ин ивазкунандаи сунъии қанд ташнагии бештарро ба вуҷуд оварда, боиси харобшавии асаб мегардад ва инкишофи ақлониро суст мекунад. Аз ин рӯ, зеҳни наврасону ҷавонони ба ин нӯшобаҳо майлдошта кунд мешавад. Ҳамчунин, дар таркиби «кола» моддаҳое мавҷуданд, ки фаъолнокии фериентҳои меъдаю рӯдаро суст мекунанд. Ин фериентҳо барои ҳал кардани равған (чарб)-у крахмалҳо, ки сабаби асосии фарбеҳшавианд, ниҳоят заруранд. Барои шикастани ташнагӣ беҳтараш аз компот, чолоб, шарбати зардолу, шафтолу, себ, олуболу, хулул (хуч) ва ғайра истифода бояд бурд. Ин шарбатҳо, ки дар корхонаҳои ҷумҳурии худамон истеҳсол мешаванд, кони витаминҳо буда, ташнагиро хубтар мешикананд.

Нӯшоба ё заҳроба?

С. АМИНИЁН, «ҶТ»

Нақшаи андоз дар Ваҳдат иҷро шуд Ҷамъбасти нишондиҳандаҳои асосии вазъи иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар нимсолаи аввали соли 2014 мусбат арзёбӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, корҳои пудратӣ, хизмати пулакӣ, нақлиёт, савдо, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва даромадҳои давлатӣ таъмин гардиданд. Ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ 53371 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 121 фоизи нақшаи шашмоҳа буда, нисбат ба соли гузашта 15350 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Амирзода Раҳмоналӣ, раиси шаҳри Ваҳдат зимни нишасти матбуотие, ки 15 июл баргузор шуд, иброз дошт: “Нақшаи андози иҷтимоӣ ба маблағи 19766 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 105 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 4450 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Аз ҷумла, ба ҳисоби ҳиссаҷудокунии андози даромад аз шахсони воқеӣ 92 ҳазор сомонӣ (30%) ва андоз аз арзиши иловашуда 5218 ҳазор сомонӣ (27%) маблағ ворид нагардид. Дар маҷмӯъ, ҷамъи даромадҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба ҷои 72539 ҳазор сомонии нақша, 77188 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба нақша 4649 ҳазор сомонӣ ва соли гузашта 17982 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми даромади буҷет бо назардошти маблағҳо аз бақияи озод ҷудошуда 77218 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 106 фоизи нақшаи шашмоҳа буда, нисбат ба соли гузашта 17998 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар баробари ин, бақияпулии қарзҳои корхонаю муассисаҳо дар ин давра рӯ ба афзоиш ниҳода, 6494 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 903 ҳазор сомонӣ зиёд аст”. Зикр гардид, ки фаъолияти ҷамоатҳои деҳот дар ҷаъмоварии андоз дар нимсолаи аввали сол хеле беҳтар шуда, иҷрои нақша ба андозаи 109 фоиз таъмин гардид. Аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ба маблағи 891 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, 362 ҳазор сомонӣ андози ягона ва 529 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ ҷамъоварӣ шуд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” ИДОРАИ ЗАМИН

3454 ҳолати қонунвайронкунии замин бартараф шуд Зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зикр шуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти идораи замин 6419 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 5270 ҳолат дастур, 4188 протокол ва қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардид. Гунаҳкорон ба маблағи 1 млн. 336 ҳазору 115 сомонӣ ҷарима баста шуданд, ки 927 ҳазору 940 сомонӣ ба суратҳисоби кумита ворид гардид. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 347 парванда ба прокуратура, 506 парванда барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол ва 3454 ҳолати қонунвайронкунии замин дар маҳалҳо бартараф шуд.


Расо Раҷабов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон варзишгарони вилоят дар 11 мусобиқаи вилоятӣ, 20 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 3 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 57 медал (20 тилло, 19 нуқра, 18 биринҷӣ) ба даст оварданд. Моҳи июн дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи волейбол ва самбо баргузор гардида, тими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳар ду намуд ғолиб шуд. Дар вилоят 21 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 164 нафар сайёҳ ворид гаштаанд.

Кӯйбек ШАРИФЗОДА, «ҶТ» СУҒУРТА

1 сомонӣ дода, 50 сомонӣ мегиред Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ оид ба ҳамаи намуди суғурта дар минтақаи Кӯлоб воридоти пардохтҳои суғуртавӣ 2404195 сомонӣ (112,6%)-ро ташкил дод. Аз пардохтҳои воридгардида 1277580 сомонӣ ба намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 1126615 сомонӣ ба суғуртаи ихтиёрӣ мансуб мебошад. Натиҷаи ҷамбасти шашмоҳа ни филиал ба шахси ихтиёнишон дод, ки суғуртачиёни ран суғурташуда ба як сомонӣ шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, панҷоҳ сомонӣ ҳаққи суғурта Ҳамадонӣ ва Ховалинг нақшаро медиҳад. Яъне, агар шахс ҳаёт барзиёд таъмин карданд. ва ё молу ашёи рӯзгору хона- Бештари мардуми минтақаи ашро бо 100 сомонӣ ихтиёран Кӯлоб, - гуфт сардори раёсат суғурта кунад, дар ҳолати сар Абдуғаффор Давлатов, - аз як задани фалокат ё нохӯшӣ идоиқдоми кормандони мо огаҳӣ раи суғурта бар ивази он панҷ надоранд. Яъне, дар ҳолати рух ҳазор сомонӣ пардохт менамододани садамаи нақлиётӣ ба яд. ҳамаи зарадидагон суғуртапулӣ Бо мақсади ҳиссагузорӣ ба дода мешавад. Агарчӣ ин паст намудани сатҳи камбизоатӣ маблағ ночиз ҳам бошад, ба ҳар аз тарафи кормандони филиал ҳол ёрию мададе ба шахси за- дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1080 рардида аст. сомонӣ кӯмаки молиявӣ расоБаъзан аз нофаҳмӣ мардум нида шуда, аз ҳисоби суғуртаи ба идораҳои суғурта кам эъти- ҳатмӣ ба буҷаи маҳалӣ 353323 бор медиҳанд, ҳол он ки дар сомонӣ пардохт гардид. сурати сар задани ҳодисаҳои нохуш аз тарафи кормандоРаҳими РАФЕЪЗОД, “ҶТ”

СТАНДАРТ

Камбудиҳо ошкор шуданд Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои минтақаи Кӯлоб дар 6 моҳи аввали соли равон фаъолияти 144 корхонаву ташкилот ва соҳибкоронро мавриди санҷиш қарор дод. Сардори раёсат Ҳикматулло Сафаров дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки натиҷаи 99 санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод, нисбат ба 23 номгӯи маҳсулоти ғайристандартӣ санад тартиб дода шуд. Тибқи санҷишҳо ба соҳибкорон Т. Мирзоҳусайнов, А. Муродов ва С. Ашӯров ба маблағи 840 сомонӣ ҷарима баста шуд. Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 41 амрияи ислоҳотӣ, 38 амрияи манъи фурӯш ва барои риоя накардани қоидаҳои савдо ба 64 соҳибкор дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 14 600 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд. Барои надоштани сертификати мутобиқат ба корхонаҳои ҶДММ “Ориён Рустам”, ҶДММ “Орзу”-и шаҳри Кӯлоб, ҶДММ “Диловар”, ҶДММ “Ҷомӣ-2”, ҶСП “Восеъ”-и ноҳияи Восеъ, ҶДММ “Шуҳрат”-и ноҳияи Ҳамадонӣ амрияи ислоҳи камбудӣ дода шуд. - Моро лозим аст, ки дар баробари ошкор намудани камбудиҳо сатҳи маърифатнокӣ ва ҳуқуқии истеъмолкунандагонро низ баланд бардорем, - гуфт Ҳикматулло Сафаров.

Раҳими РАФЕЪЗОД, “ҶТ”

Баъди даври дуюми интихоботи президентӣ дар Афғонистон яке аз муддаиёни асосии президентӣ, собиқ вазири хориҷаи ин кишвар доктор Абдулло Абдулло расман эълон дошт, ки дар рафти интихобот тақаллуби густарда сурат гирифтааст, сипас, намояндаҳояшро аз ҳавзаҳои интихоботӣ бозхонд. Абдулло Абдулло изҳор дошт, ки раиси Комиссияи интихобот ва намояндаҳои ин комиссия дар минтақаҳо бетараф нестанд, балки ба нафъи рақиби вай Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай кор мекунанд. Вай ин гуфтаашро бо он асоснок мекунад, ки намояндагонаш як сабти телефониеро ба даст оварданд, ки дар он раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон Зиёулҳақ Амирхел мегуфт: «Гӯсфандҳоро ба кӯҳ баред ва фарбеҳ карда биёред». Манзур ин будааст, ки қуттиҳои холиро аз баргаҳои интихоботӣ пур карда биёред.

алтернативӣ ҳам қудрати сиёсӣ дорад, ҳам низомӣ. Буҳрони феълии интихоботӣ, бояд гуфт, шиддати байниқавмиро дар Афғонистон бештар кард ва ин ҳол хавфи тақсим шудани Афғонистонро ба миён гузошт. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, Абдулло дар маъракаи таблиғотии худ талош кард, қавмҳо ва минтақаҳоро ба ҳам биёрад. Вале тоҷикон қавитарин ҷонибдори ӯ буда, паштунҳо қавитарин ҷонибдори Аҳмадзай мебошанд. Президенти ИМА, аз тарси он ки дар Афғонистон вазъияти даҳаи охири асри ХХ, яъне, пароканда шудани Ҳукумати марказӣ ва даврони қумондонсолорӣ такрор меша-

Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентии Афғонистон, ки 7 июл маълум шуд, собиқ вазири молияи ин кишвар Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро баранда эълон кард. Аҳмадзай бо касби 56 дарсади овозҳо пешсаф ва Абдулло бо соҳиб шудани 43 дарсад ноком эълон шуд. Ин натиҷаҳо эътирози Абдуллоро ба бор овард. Вай изҳор дошт, ки барандаи интихобот Аҳмадзай нест, тими ӯст, бинобар ин, натиҷаҳои интихоботро қабул надорад. Зимнан, тарафдоронаш бо нишони эътироз ба кӯчаҳои Кобул баромада, бо дилсардии тамом натиҷаҳои интихоботро «табаддулоти давлатӣ» номиданд. Онҳо бо таъкид гуфтанд, агар натиҷаҳои интихобот бознигарӣ нашавад, ҳукумати худро ташкил хоҳанд кард. Воқеан, Абдулло Абдулло аз дастгирии ҷамъияти нерӯманди «Ҷабҳаи шимоли Афғонистон» бархурдор аст, ки барои ташкили ҳукумати

вад, бо ҳар ду номзад тамоси телефонӣ гирифта, таъкид кардааст, агар касе аз номзадҳо барои ба даст овардани қудрат аз роҳи ғайриқонунӣ кор бигирад, кишвараш ҳама гуна кӯмакро ба Афғонисттон қатъ мекунад. Дар пайи ин гуфтугузорҳо 11 июли соли равон вазири хориҷаи ИМА Ҷон Керрӣ ба Афғонистон сафар кард, то вазъияти баамаломадаро муътадил гардонад. Ӯ гуфтааст, ки Вашингтон ба пойдор мондани принсипҳои волоияти қонун дар маъракаи интихоботии Афғонистон манфиатдор аст. Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллии Афғонистон гуфтугӯи Ҷон Керрӣ бо Абдулло ва Аҳмадзай ду рӯз идома ёфта, ахиран онҳо ба натиҷа расиданд, ки ҳамаи овозҳо аз сари нав шумурда шаванд. Таъмини бехатариро дар рафти шуморидани раъйҳо неруҳои байналмилалии эътилоф бар дӯш доранд. Акнун, ҳар натиҷае, ки баъди аз сари нав шуморидани ра-

ъйи мардум маълум мешавад, номзадҳо бо он розӣ хоҳанд шуд. Муҳаммади Муҳаққиқ, яке аз муовинони Абдуллоҳ Абдуллоҳ изҳор доштааст, ки ҳар ду номзади интихоботи перзидентӣ ба мувофиқа расиданд, ки номзади барандаи интихобот, раёсати шӯрои иҷроияро ба номзади ноком хоҳад дод. Ба қавли вай, бо гузашти замон мақоми иҷроия ба мақоми сарвазирӣ мубаддал мешавад ва таъину тасдиқаш бар зимаи парлумон хоҳад буд. Ӯ, аз ҷумла, чунин изҳор доштааст: «Ҳар тиме, ки баранда мешавад, раиси ҷумҳур ва ҳар тиме, ки дуюм мешавад, раиси шӯрои иҷроия. Инро баъзеҳо ҳукумати эътилофӣ ва баъзеҳо ҳукумати ваҳдати миллӣ

АФҒОНИСТОН:

Иродаи мардум кор медиҳад?

мегӯянд. Чун ҳама ҷиноҳҳои сиёсӣ инҷо шарик мешаванд». Ҳоло гумони ғолиб ин аст, ки Аҳмадзай дар ин давра ҳам, яъне, баъди бозшумории овозҳо низ «баранда» мешавад. Эҳтимоли ғалабаи Абдулло заиф аст. Чунки аз пуштибонии ИМА бархӯрдор нест. Исбот шудааст, ки дар Афғонистон нафари аз ҷонибдории амрикоиҳо бархӯрдор намояндаи паштунҳост. Паштунҳо шарики Покистонанд ва Покистон шарики боэътимоди ИМА дар минтақа. Бинобар ин, ҳар амале, ки дар ин ҷо сурат мегирад, ҳатман бо назардошти манфиати онҳо анҷом мешавад. Дар ин сурат ба ғалабаи Абдулло умед камтар боқӣ мемонад. Вале ба ҳар ҳол 24 июлро мунтазир мешавем, ҳамон рӯзеро, ки натиҷаи интихоботи президентии Афғонистон баъди бозшуморӣ эълон мешавад...

М. САИД, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

57 медали варзишгарони ВМКБ дар шаш моҳ

7

НАБЗИ ҶАҲОН

e-mail: javonontj@mail.ru

ВАРЗИШ ВА ТУРИЗМ


ҶАМЪБАСТИ НИМСОЛА

маблағгузории барнома дар нимсолаи аввали соли 2014 як миллиону 125 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, ки 87 дарсади он азхуд гардида, 13% боқимонда хусусияти мунтазамӣ доранд ва дар мавриди қабули дархостҳои алоқаманд татбиқ карда мешаванд. Дар доираи барнома тибқи тартиби муқарраргардида 170 лоиҳаи чорабиниҳо амалӣ гардонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 16% зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар самтҳои “Ташаккули маърифати маънавию сиёсӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон” 32 лоиҳа бо фарогирии 17090 нафар, “Рушди кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон” 61 лоиҳа бо

Бояд бо идеяҳои тоза сти бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳоро дар бобати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ таъкид намуд. - Бахшҳои ҷавонон танҳо дар мавсими даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ аз хоб бедор мешаванд, – гуфт А. Абдуллозода. – Ҳол он ки бояд дар ин самт тамоми сол бо ҷавонону волидони онҳо кор бурда шавад. Ҷавононро бо шароити хизмат ошно намудан лозим. Дар ин самт вазъият сол то сол беҳтар мегардад. Аҳтам Абдуллозода дар бо-

ҳадафмандона, бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ созем”, – гуфт Абдуллозода. Самти дигари фаъолияти кумита дар нимсолаи аввали соли равон таҳким бахшидани ҳаракати волонтёрӣ буд. Бо ин мақсад Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон бо фарогирии 110 ташкилоти кор бо ҷавонон ташкил ёфт. Ассотсиатсияи мазкур якҷо бо кумита як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, “Аксияи экологӣ”, “Амалиёт оид ба танзими оила тариқи саволу ҷавоб” ва амалиёти қабули қоғазпораро амалӣ намуданд. Раиси кумита аз зерсохторҳо даъват ба амал овард, ки дар бобати дастгирии ташаббусҳои кумита фаъолтар бошанд. Раиси кумита фаъолияти су-

раи вазъи соҳаи варзиши мамлакат сухан ронда, таъкид намуд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 51 чорабинии варзишӣ баргузор гардид, ки дар онҳо 5140 нафар варзишгар ширкат варзиданд. Аз 27 апрел то 6 июни соли равон дар мамлакат Бозиҳои варзишии ҷумҳурӣ аз рӯи 10 намуд баргузор гардид. Дар марҳилаи ниҳоии он 1032 нафар варзишгар, аз ҷумла, 219 нафар бону иштирок карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 200 нафар зиёд аст. Аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар 6 моҳ дар 44 чемпионатҳои ҷаҳон, Ҷоми Осиё, Гран-при ва ғайра ширкат варзида, сазовори 440 медал, аз

ҷумла, 148 медали тилло, 120 медали нуқра ва 172 медали биринҷӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 210 медал зиёд аст. Кумита баҳри рушди соҳаи

А. Абдуллозода фаъолияти бахшҳои шаҳру ноҳияҳоро дар бобати рушди туризм зери тозиёнаи танқид гарифта, дар хусуси нокифоя будани маҷмӯи иттилоот оид ба захираҳои ту-

РАҲМАТШО КАМОЛОВ

фарогирии 26017 нафар, “Рушди саломатии ҷавонон” 8 лоиҳа бо фарогирии 2180 нафар, “Мусоидат ба таълими муассир ва дастгирии эҷодиёти ҷавонон” 13 лоиҳа бо фарогирии 1946 нафар амалӣ гардиданд. Қобили қайд аст, ки дар татбиқи ин лоиҳаҳо 40-60% духтарон ширкат варзиданд. Аҳтам Абдуллозода афзуд, ки сардорони раёсату бахшҳоро зарур аст, то барои баланд бардоштани сатҳу сифати чорабиниҳо бештар кӯшиш намоянд. “Бояд аз шумора ба сифат гузашта, чорабиниҳоро

ФАРИЗА АБДУЛЛОЕВА

Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода дар бораи фаъолияти кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот дод. - Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумита татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад, – гуфт А. Абдуллозода. – Дар нимсолаи аввали соли равон кумита дар ин самт баҳри таҳким бахшидани заминаҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа ва қонунҳои ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳои заруриро таҳлил намуда, онро барои баррасӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Аҳтам Абдуллозода таъкид намуд, ки ҷанбаҳои амалии сиёсати давлатии ҷавононро дар мамлакат “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014” муайян мекунад. Дар сатҳи кумита

ИБРОҲИМ МИРЗОЕВ

15 июли соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2014 баргузор гардид.

ШОКИР САФАРОВ

e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

8

туризм дар мамлакат тайи 6 моҳи сипаришуда як қатор чорабиниҳои мақсаднок доир намуд. Баҳри муаррифии имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд. Аз ҷониби сомонаи интернетии “Глобус-спорт” Тоҷикистон чун кишвари ҷолиби таваҷҷуҳ оид ба туризм эътироф гардид. Роҳбарияти кумита ба ширкатҳои туристии мамлакат дар намоишгоҳи байналмилалии ITB – Берлин ширкат варзида, имкониятҳои туристии Тоҷикистонро ба кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кард. Баҳри баргузории аксияҳои ҷумҳуриявӣ зери унвони “Рушди туризми экологӣ” ҷавонон 9215 бех ниҳол шинонданд.

ристии маҳалҳо изҳори ташвиш кард. Раиси кумита ба мудирони бахшҳо баҳри пешгирии нашъамандию майпарастӣ, бекоргардии ҷавонон, майл кардани онҳо ба ҳаракату ҷараёнҳои номатлуб дастуру супоришҳои мушаххас дод. Сармутухассиси Раёсати кор бо ҷавонони кумита Иброҳим Мирзоев иброз дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон, танзими расму оинҳо ва банақшагирии оила, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили худкушӣ, хариду фурӯши одамон, тамоюли ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ тадбирҳои зиёде амалӣ шуданд.


ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш Раҳматшо Камолов гуфт, ки дар нимсолаи аввал бо вуҷуди комёбиҳо дар кори баъзе раёсатҳои вилоятҳо камбудиҳо низ ҷой доштанд. Масалан, варзишгарони вилояти Суғд дар 6 мусобиқа, Хатлон – 8, ВМКБ – 12 ва ноҳияҳои тобеи марказ дар 12 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат накарданд. Инчунин, доир ба самтҳои фаъолият дар нимсолаи аввал сардорони раёсатҳои ҷавонон,

шанд, дар самтҳои “Рушди саломатии ҷавонон” пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ ва нашъамандӣ миёни ҷавонон, пешгирии танфурӯшӣ, дастгирии иҷтимоии ҷавонон, бокор-

варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (Расо Раҷабов), вилоятҳои Хатлон (Фариза Абдуллоева), Суғд (Зариф Миргадоев), шаҳри Душанбе (Аббос Саймиддинов) ва

РАСО РАҶАБОВ

таъминкунии ҷавонон баргузор шудаанд. И. Мирзоев, ҳамчунин, фаъолияти Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, бахшҳои ноҳияҳои тобеи марказро низ таҳлил карда, дар бораи камбудиҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот дод. Иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати рушди туризми кумита Шокир Сафаров иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ 92830 нафар шаҳрванди хориҷӣ омадаанд, ки 74002 нафарашон турист мебошанд. Дар соҳаи туризм мушкилоти рақами як нарасидани кадр аст. Дар ин самт ҳамкориҳои макотиби олиро бо муассисаҳои туристӣ вусъат додан лозим. Сардори Раёсати тарбияи

АББОС САЙМИДДИНОВ

ЗАРИФ МИРГАДОЕВ

кор кунем

роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” (Илҳом Юнусов), “Биржаи меҳнатии ҷавонон” (Абдурозиқ Кабутов), “Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва тамоюли ҷавонон” (Зубайдулло Маҳмадуллоев), “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе” (Камолиддин Ганҷалов), “Клуби соҳибкорони ҷавон” (Алишери Муҳаммадӣ), “Меҳмонхонаи Варзиш” (Исломиддин Билолов) ва “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ” ҳисобот дода, баҳри бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Раиси кумита Аҳтам Абдуллозода фаъолияти кумитаро дар нимсолаи аввал қаноатбахш баҳогузорӣ карда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки бо идеяҳои нав фаъолияти худро пеш баранд, зеро дар як ҷо қадам задан ва бо усули кӯҳна кор бурдан қобили қабул нест. Дар охири ҷаласа оид ба масъалаҳои пешниҳодшуда қарорҳои мушаххас қабул гардиданд. Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Адҳам Маъмурзода иштирок дошт.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Шукри неъмат Бағдод. Пойтахти давлати Ироқ. Кишваре, ки ҳоло ба хоку хун оғӯшта аст. Кишваре, ки замоне бо арзишҳои баланди маънавию маконҳои муқаддасаш машҳур буд. Кишваре, ки имрӯз он ҷо инсонҳо бераҳмона ба қатл мерасанду шаҳрҳо ба вайрона табдил меёбанд, замоне қадамҷои аҳли маънӣ буд. Ҷои зиёрату макони таҳсили бузургону авлиёҳои зиёде... Яке аз марказҳои тамаддуни ислом. Дар Бағдод, замоне ки арзиши таърихиву маънавӣ дошт, дар асари қаҳтӣ ва гуруснагии шадид мардум сахт ранҷ мекашид. Ҳама ҷоро бенавоӣ печонда буд. Аз ҳама зиёд ҳаммолон аз гуруснагӣ ранҷ мебурданд. Яке аз ин ҳаммолон ба дари хонае наздик шуд, ки аз он бӯйи нони нав аз танӯр канда ба машом мерасид. Ҳаммоли ҷавон садо кард: - Аз барои ризои Худо як бурда нон диҳед, чанд рӯз мешавад, чизе нахӯрдаам! Зане, ки сари танӯр нишаста, аз он нони гарм меканд, як нонро ба духтараш дода гуфт, бурда ба марди ҷавон диҳад. Духтар ҳам нонро дуқат карда ба ҷавон дароз кард. Шодии ҳаммолро ҳадду канор набуд. Ҳангоме ки нон дар дасташ сӯи хонааш роҳ гирифт, мардеро дучор омад, ки аз вай пурсид: - Нонро аз кадом хона гирифтӣ? Ҷавон рӯяшро ба қафо гардонда, бо дасташ ба ҳамон хонае, ки нав нонаш дода буданд, ишора кард. Мард ҳам сарашро ҷунбонда гуфт: - Хато накардам. Дар ин замони қаҳтӣ дигар аз хонаи кӣ нон гирифтан мумкин аст? Мард бо ғазаб ба хона ворид шуда, пурсид: - Нонро ба ҳаммол кӣ дод? Зан аз тарс духтарашро нишон дод. Гӯё мард ба духтараш раҳм карда, ӯро чизе намегуфта бошад. Вай чӯберо аз замин бардошт ва ба дасти духтараш чунон бо ғазаб зад, ки садои шикастани устухони дасти духтарак шунида шуд. - Агар ман ба ҳар одами ростомада нон медодам, дар ин хона нон мемонд магар? – бо

ғазаб гуфт марди хонадон. Ҳол он ки парвардигор мефармояд: “Агар ба неъмати додаам шукр кунед, меафзоям. Вагарна аз дастатон гирифта, ба оне медиҳам, ки шукргузор аст ва шуморо ба азоб гирифтор мекунам”. Воқеан, поёни ношукрии ин мард ҳам чунин шуд. Баъди гузашти вақти начандон зиёд корҳояш бебарор шуданд. Ҳатто ба савдо гузоштани ягона дӯконаш, ки дар ҷои серодами шаҳр воқеъ буд, фоида накард. Ба дараҷае, ки дигар имкони барои хонааш нон харидан надошт. Як бегоҳ ба хона омада, ба духтараш, ки акнун дасташ каҷ буд, чунин гуфт: - Акнун умедатонро аз ман канед, чунки имрӯз ҳатто барои харидани нон ҳам пул кор карда натавонистам. Ба назди ҳамон дӯконамон рафта шин, ягон шиносро дидӣ пул бипурс, то нон бихарем!

кӯмак расонам. Зеро Худованд бароям имкон додааст, бояд шукрашро ба ҷо оварам, яъне хубӣ кунам. Набошад, неъмати додаашро аз дастам мегирад. Духтари бечора ин навбат ҳам ноилоҷ вазъияташро қисса кард: - Ман як бенаворо нон додам. Падарам ӯро дар роҳ дучор омада, аз куҷо нон гирифтанашро мепурсад, вай ҳам хонаи моро нишон додааст. Падарам баробари хона омадан ба ҳамон дасте, ки ҷавонро нон дода будам, бо чӯбе чунон зад, ки устухон шикаст ва дастам каҷ шуд. Дигар аз нишон доданаш ба одамон шарм медорам. Ҳатто бо сабаби каҷ будани дастам дар хона мондам. Касе хостгорам нашуд! Ҷавон нақли духтаракро шунида, фарёд зад. - Ҳамсояҳо! Зуд ин ҷо биёед, ман он духтари меҳрубонеро, ки дар хаёл доштам, пайдо кардам. Ана, вай дар ҳузурам

Духтари бечора ба назди дӯконе рафт, ки замоне аз падараш буд. Хиҷолатманду шармсор дар каноре мунтазири ягон шиносашон нишаст. Ҳамин вақт ҷавоне, ки аз дуртар духтаракро назора мекард, ба вай наздик шуд: - Ту шахси маъсуму бенавоеро мемонӣ, оё касеро интизорӣ дар ин ҷо? Духтар ҳам ноилоҷ вазъияти ба сараш омадаро нақл кард: - Дигар пуламон намонд. Ин ҷо барои он нишастам, ки ягон шиносро бубинам, то барои нон харидан кӯмак пурсам! Ҷавон дасташро ба ҷайбаш бурд ва ба духтар миқдоре пул дароз кард: - Бо ин пул нон бихар, то ман ҳам ба туфайли ту шукри неъматеро, ки Худованд бароям додааст, ба ҷо биёрам. Духтарак як дасташро ба пушташ пинҳон карда, ба дасти дигараш пулро гирифт. Ин ҳолат диққати ҷавонро ба худ кашид. Ӯ бо исрор гуфт: - Дастатро чаро пинҳон мекунӣ? Агар ягон ҷароҳат бошад, ман барои табобаташ

истодааст. Шумо ҳам шоҳид шавед, - мегуфт ҷавон ба ҳар як нафари аз наздаш баромада. Ӯ ба духтар рӯ оварда, илова кард: - Ҳамон ҷавони бенавое, ки нон хоста буд, манам. Яъне, ки ба каҷ шудани дастат ман боис шудам. Ҳам сабабгори ба ин аҳвол афтоданат шаваму ҳам туро ба ҳоли худ монам, Худо ба ин розӣ намешавад. Вақте туро ин ҷо нишаста дидам, дар дилам тӯғёне падид омад, гуфтам, бо ҳамон духтаре, ки ба ман нон дода буд, хеле монанд аст. Хато накардам. Падарат, ки ношукрӣ кард, Худованд дӯкони ӯро аз дасташ гирифту ба ман насиб гардонд. Акнун навбати имтиҳон ба ман расид. Ман ҳам ба он вартаи бахиливу ношукрӣ афтидан намехоҳам. Биё ақди никоҳ мебандем ва барои аз тангӣ раҳо шуданаш ба назди падари ношукр меравем! Сипас, ҳар ду дасти ба даст ҷониби падаре роҳ гирифтанд, ки барои нон доданаш дасти духтарро шикаста буд...

Б. УСМОН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Иброҳим Мирзоев дар бораи фаъолияти нокифояи бахшҳо дар ВМКБ сухан карда, таъқид намуд, ки аз 17 самти фаъолият 14 самти он дар вилоят иҷро нагардидааст. Зимни пешниҳоди ҳисобот фарогирии ҷавонон дар чорабиниҳо нишон дода нашудааст. Дар вилояти Суғд сатҳи фарогирии чорабиниҳо дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ҳамагӣ 12 дар садро ташкил медиҳад. Чорабиниҳо бо-

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

9

МАЪНАВИЁТ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

10

САҲИФАИ ДОНИШҶӮЁН

2160 сомонӣ ба хотири аз даст додани саломатӣ? Истеъмоли сигору нос миёни ҷавонон ба одати ноҷо табдил ёфтааст. Шояд бисёри онҳо дар бораи зарари тамоку ба саломатии инсон маълумот надошта бошанд. Парлумони мамлакат бо мақсади роҳандозии тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин, танзими муомилоти маҳсулоти тамоку Қонун ‘’Дар бораи маҳдуд намудани маҳсулоти тамоку’’-ро қабул кард. Пас аз ба имзо расидани ин қонун кашидани тамоку

ҷарима месупоранд, аз ҷумла, ҷарима барои шахсони воқеӣ аз 5 то 15 нишондод, барои шахсони ҳуқуқӣ аз 3 то 300 нишондод муайян гардидааст. Айни замон як нишондод ба 35 сомонӣ баробар аст. Истифодаи тамоку дар ҷаҳон ҳамчун масъалаи доғ боқӣ мемонад. Аз рақамҳои оморӣ бармеояд, ки афроди мубталои сигор дар ҷаҳон тахмин ба 1 миллиарду 200 миллион нафар мерасад. Дар давлатҳои ақибмондаву рӯ ба инкишоф шумораи шаҳрвандони сигоркаш ба 800 миллион нафар расидааст. Дар ҳоли ҳозир сигор ба унвони яке аз муҳимтарин омили марги инсонҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад. Шумораи фавтидагон аз ҳисоби истифодаи тамоку ҳар сол миллионҳо

дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълон шуд. Минбаъд фурӯши тамоку ва истифодаи он дар ҳудуди мактабҳо, беморхонаҳо, дар дохили бинои ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият, дар бинои фурӯдгоҳҳо, санаторяҳо, истгоҳу ҷойҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, дохили нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шуд. Онҳое, ки қонунро вайрон мекунанд,

нафарро ташкил медиҳад. Аммо тамокукашӣ чун бемориву марги ноаён ҷомеаро камтар ба ташвиш меорад. Мутаассифона, то имрӯз намешавад пеши роҳи ин дарди марговарро бигиранд. Мувофиқи малумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар кишварҳои ақибмонда ва ғайри қобили рушд рӯз то рӯз теъдоди ҷавонон ва занони гирифтори ин беморӣ зиёдтар мегардад.

Тибқи санҷишҳо дар таркиби сигор 4000 моддаи химявии хатарнок, чун амнёк ‘’ammanok’’ (газе аст беранг, ки бӯйи тунд ва ашковар дорад) ва сурб ошкор шудааст. Асоси таркиби сигорро бошад, никотин ташкил медиҳад, ки ба организми инсон зарари манфӣ мерасонад. Никотин дар мағзи устухони инсон ҷойгир шуда, ба карахт шудани майнаи сар оварда мерасонад. Истифодаи рӯзмарраи сигор, тибқи тадқиқоти олимони аврупоӣ исонро ба бемориҳои баланд шудани фишори хун, камшавии витамини «C” дар бадан, бронхит, омфезим, захми меъда, камшавии вазн, камшавии ҳиссиёти бӯй ва таъми хӯрок, бемориҳои гуногуни пӯст, безурётӣ дар мардон, заифшавии биноӣ, харобшавии дандон ва лассаи дандон, пукшавии устухонҳои ҷисм, резиши мӯй дучор месозад. Гузашта аз ин, барои сигор маблағи зиёд сарф мешавад. Масалан, шахси сигоркаш, агар дар як рӯз 40 дона сигор (2 қуттӣ бо нархи 3 сомонӣ барои як қуттӣ) кашад, ба ӯ лозим меояд, ки дар як моҳ 180 сомонӣ сарф намояд. Агар ин рақамро ба 12 моҳ зарб занем, ба 2160 сомонӣ баробар мешавад. Қимати аз ҳама бештари онро аз даст додани тани солим ташкил медиҳад. Зарур аст, ки ҷавонони кишвар дар давраи таътили дарозмудатти тобистона аз бекорӣ ҷисми худро ба ин намуди беморӣ гифтор насозанд. Имрӯз аксари ҷавонон мардиву шуҷоатмандиро дар кашидани носу сигор медонанд. Ҷавонони имрӯза бояд тарзи ҳаёти солимро пеша кунанд. Зеро солимии ҷомеа ба солимии ҳар фард вобаста аст.

Бахтовари МУҲАММАДАЛӢ

Фасли тобистон фурсати хеле мусоид барои татбиқи нақшаҳост. Бо фаро расидани ин мавсим яке ба сайри олам мебарояду дигаре ба аёдати наздикон меравад. Сеюмӣ ба омӯзишу чорумӣ пайи ҳалли мушкилиҳои рӯзгор ба коре машғул мешавад. Аҷаб фаслест. Гармиаш зиндагиро зебо ва инсонро барои талошҳои он дилгарм месозад. Аз чанд ҷавон пурсидем, ки дар тобистон чӣ кор мекунанд?

Фасли татбиқи нақшаҳо

Фараҳнози Усмон, донишҷӯи курси чоруми факултети забон ва адабиёти руси ДМТ мегӯяд, бо тавсияи устодон ният дорад таҳсилро дар магистратура давом диҳад. “Ҳоло дар маркази тарҷумонии “Баён” кор мекунам ва ба тарҷумаи ҳуҷҷатҳо машғулам. Умед дорам, то коре кунам, ки нафъаш барои Ватани азизамон - Тоҷикистон бирасад. Ҳамзамон, мехоҳам ба магистратура дохил шуда, маълумоти олии пурра бигирам”. - Тобистон фасли кор аст, фасли талошҳост. Мардуми деҳу рустоҳо ба корҳои хоҷагидорӣ машғул мешаванд. Шаҳриҳо мекӯшанд барои беҳтар шудани вазъи иҷтимоиашон бештар кор кунанд. Ҳоло ягона коре, ки мекунам, ба имтиҳон омода шудан аст. Мехоҳам бо сарбаландӣ ба мактаби олӣ дохил шавам, - мегӯяд Доробшоҳ Шукуров, довталаби Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Далер Файзиев, хонандаи синфи 10-и гимназияи 53-и шаҳри Душанбе мегӯяд: “Ман имсол ҳам ба деҳа меравам. Зиндагии деҳро дӯст медорам. Ҳамеша чунин фикр дорам, ки ҳаёти асосӣ, ҳаёте, ки ташвишу ғаму кашмакаши камтар дорад, ҳаёти деҳа аст. Дар он ҷо кор ҳаст, аммо кораш ҳаловатбахш буда, хастакунанда нест. Дар замин ё боғ кор кардан бароям хуш аст. Боз барои истироҳату тамошо ҳамроҳи рафиқонам ба кӯҳ мебароем ё ба соҳил меравем. Нони танӯрии бибиям, шакаробҳои омодакардаи вай маро сӯи деҳа мекашанд”. Ёсимин Сафарова айни замон дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба омӯзиши забони англисӣ машғул аст. Вай нақша дорад, ки дар тобистон забони англисиро хуб аз худ кунад. Боз мехоҳад баъди анҷоми курси омӯзиши забони хориҷӣ ба назди пайвандонаш равад. “Табиати биҳиштосо, рӯду дарёҳои мусаффо, қуллаҳои осмонбӯс, ҳавои ҷонбахшу руҳафзои Бадахшонро сахт пазмон шудаам. Тобистони Бадахшон махсусияте дорад, ки мехоҳам аз он бенасиб намонам”, - мегӯяд Ёсимин. Мафтуна Назирова шефтаи ашъори Фарзонаи хуҷандист. Мехоҳад, ки дар тобистон ба омӯзиши ашъори ин шоир машғул шавад. Вай мегӯяд, “рангу ҷилои зиндагиамро дар абёти қудсиёнаи ин фариштаи шеъри Аҷам дарёфт кардаам”. Воқеан, вақте мешунавӣ, ки ҷавонон дар дил орзуҳои нек мепарваранду нақшаҳои созанда доранд, ифтихор мекунӣ. Дар замири ҳар яки онҳо муҳаббати диёру ишқи поки Ватан ҳамвора дар хурӯш аст. Бигзор ҳар як ҷавони некандеш ва соҳиби орзуҳои наҷиб ба муроди дил бирасад.

Меҳрангез ҚОДИРОВА, коромӯзи “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Зани хубу фармонбари порсо… Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳанӯз ҳам ба шавҳар додани духтарони ноболиғ зиёд мушоҳида мегардад. Ҳатто монеи идомаи таҳсили онҳо мешаванд. Чунин волидон дар сар андеша надоранд, ки фарзандашон ба рӯзгори мустақилона оё омода ҳаст ё на? Ҳамшираи шафқат Гулрухсор Салоҳова доир ба ин масъала ва бармаҳал вайроншавии оилаҳои ҷавон чунин андеша дорад: “Агар падару модар саводнок бошанд, ҳеҷ гоҳ монеи идомаи таҳсили духтарони худ намегарданд. Бисёр волидон аз он тарс доранд, ки агар духтарашон таҳсилро идома диҳад, бе шавҳар монда, пирдухтар хоҳад шуд. Ин фикрҳо ғалат аст.

Имрӯзҳо вайроншавии оилаҳои ҷавон маҳз аз бесаводии ҷавонон сарчашма мегирад”. Имконияти камро барои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ бештар духтарони деҳот соҳибанд. Аксар падару модарон бар он ақидаанд, ки агар духтар барои таҳсил ба шаҳр равад, ба роҳҳои бад хоҳад рафт. Қисмати дигари волидон имконияти хонондани духтарро надоранд. Фаррух Мавлонов, сокини пойтахт нақл кард, ки дар оила 4 фарзанд буданд. 2 писар ва 2 духтар. “Он вақт дар деҳот зиндагӣ кардан мушкил буд. Модарамон зиди таҳсили хоҳарҳоям буд. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, падарам гуфтанд, ки то духтарҳоям босавод нашаванд, ба шавҳар нахоҳам дод”. Зан, пеш аз ҳама, модар аст ва дар тарбияи фарзанд бештар саҳмгузор аст. Агар модар босавод бошад, фарзанди ӯ низ саводноку некрафтор ба воя мерасад.

Масъалаи дигари муҳиме, ки ҳоло мушоҳида мегардад, рӯ гардондани писарон аз духтарони таҳсилкарда мебошад. Ба гуфти донишҷӯ Фирӯз Комилов ҷавонписарон бештар фикр мекунанд, ки духтар набояд хонад. Вазифаи зан танҳо тарбияи фарзанд, хӯрокпазӣ ва эҳтироми шавҳарро ба ҷо овардан аст. Вале набояд фаромӯш кард, ки зан-ҳамсари бемаълумот дар тарбияи фарзанд, рӯзгордорӣ нақши муассире бозида наметавонад. Пас, соҳибмаълумотии занон дар оиладорӣ низ ба манфиати кор аст. Зеро оқиле фармудааст: Зани хубу фармонбари порсо, Кунад марди дарвешро подшо.

Рамзия ШАРИФОВА, коромӯзи “ҶТ”


Мо аз яҳудиҳо чӣ тафовут дорем?

Дар дунё мусулмонон ба яке аз ҷамъиятҳои пурнуфуз шинохта шудаанд. Дини ислом бо консепсияи ягонаи характери тарбиявию ояндабинии хуб доштан аз дигар динҳои дунявӣ афзалият дорад. Аслан, ин ҷо ба чигунагии хусусиятҳои ислом кордор нестем, зеро дар он барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани Дар 105 соли охир аз халқи яҳуд (13 миллион нафар) 180 нафар соҳиби ҷоизаи Нобел гардидаанд. Дар ин муддат миёни мусулмонон, ки зиёда аз 1,4 миллиард нафаранд, танҳо се кас соҳиби ин ҷоиза шудааст. инсон, бе муболиға, нуқсе нест, балки таносуби рафтору Штраус, пӯлоди зонгногир. Чарлз Гинз- аз 100 китобхонаи бузург дар мамолики итман (Ghostbusters). бург, ихтироъкори видеомагнитофон. ҷаҳон тӯҳфа намудааст. Уилям Ҷеймс Сидисро инсони амали онҳоро, ки шомили ин Дар поён рӯйхати яҳудиҳое, ки фаъоБа номҳои зер низ таваҷҷуҳ кунед, ки оқилтарини ҷаҳон эътироф намудаанд, ҷамъиятанд, ба пешрафт ва лияти иқтисодиашон (ҳам давлативу ҳам ҳама яҳудианд: бо гузаронидани санҷишҳои тестӣ маъхусусӣ) дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор дорад, Алберт Эйнштейн (физиклум гардид ки IQ (intelligence quotient – суботу амнияти кишвар, ҳифзи оварда шуддааст: назариявичӣ), Зигмунд Фрейд (равон- коэфитсиенти инкишофи ақлонӣ )-и ӯ ба арзишҳои шахсӣ ва милливу Ралф Лорен (Polo), Левис Страус шинос), Бенҷамин Рубин (ихтироъкори 250-300 баробар аст. (Levis), Говард Шултс (Starbucks), Сер- сӯзандору барои эмгузаронӣ), Аарон Дар ҷаҳони ислом (57 кишвар, зидинӣ, шароити зиндагиву сатҳи гей Брин (Google), Майкл Делл (Dell Бек (муҳаққиқ дар соҳаи равоншиносии ёда аз 1,5 млрд. аҳолӣ) ҳамагӣ 500 маърифаташон пурсонем. Гӯш Computers), Лари Элисон (Oracle), Дон- когнитӣ, Андрей Шалли (тадқиқотчии донишгоҳ аст, ки ягонтои он ба қатори надодан ба талаботи аввалияи на Каран (DKNY), Ирв Роббинс (Baskins бузург дар самти тарзи кори майнаи ин- 500 донишгоҳи беҳтарини дунё шомил ислом, хусусан, дар самти баланд & Robbins), Билл Розенберг (Dunkin сон ва эндокринология), Барух Блумберг нест. Дар ИМА 5750 ва дар Ҳиндустон Donuts), Генри Киссинҷер (котиби ав- (кошифи ваксина барои гепотити «В»), 8407 донишгоҳ мавҷуд аст. бардоштани илму маърифат, вали ИМА), Аллан Гринспен (системаи Гертруда Элион (муаллифи дору бар Дар мамлакатҳое, ки насрониҳо федералии эҳтиётӣ), Р. Рейган, Ҷ. Буш, зидди хунсафедшавӣ), Грегори Пинкус зиндагӣ менамоянд, сатҳи миёнаи ахлоқ ва тарбияи насли наврас, Б. Клинтон ва Ҷ. Буши хурдӣ (президен- (кашшофи контратсепти даҳонӣ), Иля саводнокӣ 90% аст, ки ин нишондод дар имрӯзҳо дар ҷомеа чашмрас аст. Иштибоҳи худро вобаста ба паст будани сатҳи илму маърифат ва фаъолияти илмиамон бояд эътироф намоем. Паст будани сатҳи тарбия низ аз ҳамин ҷо, яъне, паст будани дараҷаи маърифатнокӣ маншаъ мегирад. Боз, на ҳама ширкатдорони соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва сиёсии кишвар оид ба устувории ин самтҳо меандешанд. Пешрафти соҳаҳои ҷамъиятро дар ҳар давру макон инсонҳои дорои маърифату заковат таъмин менамоянд. Пас, ноустувориву бенизомиҳо дар бештари мамолики шомили ин ҷамъият аз чӣ маншаъ мегирад? Албатта, дар таълимоти ислом ин хел нест, балки “аз гаҳвора то гӯр дониш биёмӯз” қайд шудааст. Муваффақият дар оянда бо баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муасисаҳои таълимӣ ва оила насибамон мегардад. Қазоват кунед! Дар ҷаҳон зиёда аз 13 миллион нафар яҳудӣ зиндагӣ мекунанд. Ба ин нигоҳ накарда, яҳудиҳо чанд маротиба аз тамоми мусулмонони ҷаҳон (ба таври умум, бо фаъолияти пурсамарашон дар соҳаҳои ҳаёт) бартарӣ доранд. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки барои чӣ чунин аст? Ба «Одами аср» ва «Олими муътабари ҳар замон»-и маҷаллаи «Time» Алберт Эйнштейн ва падари равоншиносӣ Зигмунд Фрейд дар аввал қайд шудаанд. Боз номи Карл Маркс, Пол Самуэлсон ва Милтон Фридман низ дарҷ шудааст. Дар поён номи бархе аз шахсиятҳои миллаташон яҳуд, ки сатҳи маънавиёти инсониятро баландтар намудаанд ва дар пешбурди илму техника таносуби калон доранд, оварда шудааст: Стенли Мезор, ихтироъкори микрочип. Лео Стсиллард, аввалин такмилдиҳандаи реактори ҳастаӣ (ядроӣ). Чарлз Адлер, ихтироъкори чароғи роҳнамо. Бено

тони ИМА), Ҷозеф Либерман, Мадлен Олбрайт (собиқ котибони аввали ИМА), Каспер Вайнбергер (собиқ вазири мудофиаи ИҶШС), Максим Литвинов (вазири корҳои хориҷаи собиқ ИҶШС), Девид Маршал (аввалин вазири Сингапур), Айзек Айзекс (собиқ генерал-губернатори Австралиа), Бенҷамин Дизраели (собиқ сарвазири Англиа), Евгений Примаков (собиқ сарвазири Федератсияи Русия); Барри Голдатер, Хорхе Сампайо (собиқ прездентони Португал), Пер Мандес (собиқ сарвазири Фаронса), Майкл Говард (вазири корҳои дохилии Британияи Кабир), Бруно Крайски (конслери Австриа), Роберт Рубин (собиқ вазири иқтисодии ИМА). Яҳудҳо молики машҳуртарин воситаҳои ахбор дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд: Волф Блиттсер (CNN), Барбара Уотерс (ABC News), Юҷин Мейер, Кетрин Грэхем (Вашингтон-пост), Генри Грюнвалд (сармуҳарири маҷаллаи “Time”), Ҷозеф Лелийелд (муҳарири масъули “Ню Йорк Таймс”). Киро машҳуртарин инсондӯст (соҳибэҳсон) дар таърихи башар номидан мумкин? Ин кас Ҷорҷ Сороси яҳуд аст! Ӯ 4 млрд. доллар пулашро барои олимон ва баланд бардоштани сифати макотиби олӣ ҳадя намудааст. Дар ҷои дуюм низ яҳуд Валтер Анненберг аст, ки 2 млрд. долларашро барои сохтани зиёда

НИЛ САЙМОН

Мечников (олим, тадқиқотчии комёб дар силсилаи иммунитет), Ҷонас Салк (вактсина бар зидди фалаҷро коркард намуд), Ҷорҷ Уолд (аввалин таҳқиқотчии биохимияи майнаи сар ва сохти чашми инсон), Пол Эрлих (муаллифи дору бар зидди бемории оташак (сифилис), Стенли Коэн (таҳқиқотчии бузурги эмбриология), Уилям Клоффкам (муҳаққиқи комёб дар самти кори гурда), Марк Шпиттс (қаҳрамони ҳафткаратаи Бозиҳои олимпӣ), Ленни Крайзенбург, Спиттс Крайзенбург, Боррис Буккер (ҳар кадом дорандаи 3 медали тилло). Дар кино низ, ҳунармандони миллаташон яҳуд зиёданд: Харрисон Форд, Ҷорҷ Бенс, Тони Кертис, Чарлз Бронсон, Сандра Баллок, Белли Кристалл, Вуди Аллен, Пол Нюмен, Питер Слерс, Дастин Хоффман, Майкл Дукгалс, Бен Кингсли, Кирк Дуглас, Голди Он, Кэри Грант, Уилям Шатнер, Ҷерри Луис ва Питер Фалк. Аслан, Ҳолливудро яҳудиён ташкил намудаанд ва дар байни филмсозон ва режиссёрони ин ташкилоти бомартаба яҳудиҳо бисёранд: Стивен Спилберг, Мел Брукс, Оливер Стоун, Аарон Спеллинг (Беверли Хиллз 90210), Нил Саймон (The Odd Couple), Эндрю Вайна (Rembo 1/2/3), Майкл Мен (Starsky and Hutch), Милош Форман (Oneт flue over the Cuckoo s Nest), Дуглас Фэрбанкс (The thief of Baghdad), Иван Ре-

ҶОРҶ СОРОС

мамлакатҳои аҳолиаш мусулмон 40% мебошад. Дар кишварҳое, ки қисми зиёди аҳолиаш насронист, қариб 98%-и аҳолиаш мактаби миёнаро хатм менамоянд. Барои мусулмонон бошад, ин нишондиҳанда 50% аст. Дар мамолике, қисми зиёди аҳолиаш мусулмон аст, ба сари ҳар миллион нафар 230 олими соҳаҳои гуногун рост меояд. Дар ИМА бошад, ба сари ҳар як миллион аҳолӣ 5000 олим рост меояд. Дар кишварҳое, ки фисади зиёди аҳолиаш насрониҳоанд, тақрибан 40%-и аҳолиаш донишгоҳро хатм ва ё дар донишгоҳҳо таҳсил намуда истодаанд, аммо ин нишондод дар мамлакатҳое, ки қисми зиёди аҳолиаш мусулмонанд, ҳамаги 2% асту халос. Ба ҳисоби миёна дар ҷаҳони ислом ҳамагӣ 0,2%-и ММД барои пешбурд ва корҳои тадқиқотии илмӣ ҷудо мешавад, дар ҷомеаи насрониҳо ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна 5% аст. Яъне, аз ҷиҳати иқтисодӣ насрониҳо 25 маротиба зиёд аз мусулмонон ба илм ғамхорӣ менамоянд. Боқӣ қазоват аз шумост, ки мо аз онҳо чӣ камӣ дорем? Оё мо низ метавонем ба онҳо баробар шудан? Талош кардан лозим!

Меҳрдод СУБҲОНӢ, донишҷӯи факултаи физикаи ДМТ

e-mail: javonontj@mail.ru

АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН

11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

НИГОҲИ ДИГАР


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

12

ТУРИЗМ

Тандурустӣ ва дарозумрии сокинони водии Хунза дер боз таваҷҷуҳи муҳаққиқони кишварҳои гуногунро ҷалб кардааст. Аксар сокинони ин водӣ аз 100 сол зиёд умр дида, қобилияти кории худро дар 80-100-солагӣ низ хуб ҳис мекунанд. Водии Хунза дар қисмати шимолу шарқии Чумҳурии Исломии Покистон воқеъ буда, аз ҷиҳати чеҳра ва сару либос ба тоҷикони Бадахшон шабоҳат доранд. Ин мардум пайрави дини мубини ислом буда, ҳазорсолаҳост, ки анъана ва забони худро нигоҳ доштаанд. Аввалин бор дар хусуси хунзагиҳо дар ибтидои асри ХХ духтури низомии шотландӣ Мак Кадрисон маълумот дод. Ӯ бо супориши Ҳукумати Британия дар қисмати шимолии Ҳиндустон беморонро табобат карда, дар як вақт расму одати онҳоро меомӯхт. Дар минтақаҳои гирду атроф, ки хизматрасонии тиббӣ мавҷуд набуд, теъдоди зиёди гирифторони бемориҳои домана, сил, тоун, диабет, сӯзок ба назар мерасид. Аммо дар водии Хунза ғайр аз чанд шахси латхӯрда ва устухоншикаста дигар беморро надида ҳайрон шуд. Кӯҳҳои сарбафалаккашида водии Хунзаро аз дигар минтақаҳои Ҳиндустон ҷудо мекард. Кадрисон дид, ки сокинони 80-100-солаи водӣ мисли ҷавонон дар саҳро кор мекунанд. Бонувони 40-сола мисли 20-солаҳо ба назар мерасанд ва дар 65-солагӣ низ фарзанд ба дунё меоранд. Он вақт дар ин водӣ ҳамагӣ 1500 нафар зиндагӣ ва бо забони қадимаи брушахсӣ гуфтугӯ мекарданд. Кадрисонро ботамкинӣ, чеҳракушодӣ, меҳмоннавозӣ ва бо вуҷуди қашшоқӣ аз зиндагӣ қаноатманд будани хунзагиҳо ба ҳайрат овард. Дар онҳо камақлии пиронсолӣ ва фартутӣ дида намешуд, ҷинояткорӣ ба назар намерасид. Табиби шотландӣ 14 сол миёни хунзагиҳо зиндагӣ карда, расму оин ва тарзи ғизохӯрии онҳоро омӯхт. Дар ин минтақаи баландкӯҳ ҳар ваҷаб замин ба тилло баробар аст. Сокинони водӣ заминҳоро дастӣ коркард намуда, ғалладонагӣ, сабзавот ва полезӣ (каду) кишт мекунанд. Аз мевагиҳо дар ин ҷо зардолу, тут, себ, нок, чормағзу бодом мерӯянд. Бо сабаби камзаминӣ дар ин ҷо чарогоҳ нест. Бинобар ин, чорворо дар хона парвариш мекунанд. Гови ҷушоӣ доштан барои сокинони водӣ бахти бузург аст. Хунзагиҳо танҳо се-чор моҳи тирамоҳу зимистон дар хонаҳои сангинашон мехобанд. Дигар моҳҳо дар берун хоб мераванд. Баҳорон бо сабаби поён расидани захираи

160-сола аст. Ҳамсафари ӯ бо табассум ба сарҳадчиёни англис фаҳмонд, ки Абдулмаъбуд калонсолтарин ва муътабартарин шахси Хунза буда, ӯро дар водӣ ҳама мешиносанд. Пири барнодил воқеаҳои аз соли 1850 ин тарафро ҳам хуб дар ёд дошт. Дар бораи асрори умри дарозаш чунин гуфт: “Меҳнати ҳалол, тарки танпарварию танбалӣ, дилкушоду бекина будан ва ғизои табобатӣ хӯрдан асрори дарозумрист».

Асрори дарозумрии сокинони Хунза озуқаворӣ 2 моҳ рӯзаи нафл медоранд. Бо пӯхтани ҷав, нимпаз шудани лӯбиё ва зардолу зиндагии хунзагиҳо ранги дигар мегирад. Барои паси сар кардани зимистони қаҳратун тутмавиз, зардолуқоқ, равғани бодому зардолу ба онҳо мадад мерасонад. Ҳар ҷавонмарди хунзагӣ тавассути пайроҳаҳои борики куҳӣ дар як шабонарӯз қариб 100 километрро тай намуда, ба бозор меравад. Бинобар пуртоқатиашон сокинони Хунза беҳтарин ҳаммол (борбар-

дор) ва роҳбаладони қаторкӯҳи Ҳимолой маҳсуб меёбанд. Маркази водии Хунза шаҳраки Каримобод аст. Моҳи августи соли 1977 дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳқиқи саратон, ки дар Париж доир гардид, чунин эъломия қабул шуд: «Мувофиқи маълумоти геокансерология (илм дар бораи омӯзиши бемориҳои саратонӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё) дар ҷаҳон танҳо миёни мардуми Хунза бемории саратон вуҷуд надорад». Хунзагиҳо ягона

мардумеанд, ки танҳо ба хешовандон (писархола, писарамак, писартағо, писарамма) хонадор мешаванд. Соли 1984 яке аз рӯзномаҳои Ҳонконг чунин навишт: «Яке аз сокинони водии Хунзаи Покистон Саид Абдулмаъбуд ҳангоми ба фурӯдгоҳи Хатрови Лондон омадан кормандони мақомоти мухаддиротро дар ҳайрат гузошт. Дар шиносномаи ӯ соли таваллудаш 1823 навишта шуда буд. Сарҳадчиён ҳеҷ бовар намекарданд, ки ин мӯйсафеди чаққону бардам

Муҳаққиқи ғарбӣ Р. Бирхер дар китоби «Хунзагиҳо: мардуме, ки бемориро намедонанд» чунин навиштааст: «Асрори дарозумрию тандуруст будани мардуми Хунза дар тарзи ғизохӯрии онҳост. Пеш аз ҳама, хунзагиҳо вегетариан (гӯштнахӯранда) мебошанд. Асоси ғизои онҳоро лӯбиёгиҳо ва меваю сабзавот ташкил медиҳад. Ин мардум, асосан, маҳсулоти дар водии Хунза рӯидаро истеъмол мекунанд. Зимни парвариши меваю сабзавот аз химикатҳо, умуман, истифода намебаранд. Алкогол наменӯшанд. Хеле кам намак истеъмол мекунанд. (Асосан, барои нонпазӣ). Тез-тез рӯза мегиранд». Муҳаққиқи шотландӣ Мак Кадрисон низ асоси тандурустии хунзагиҳоро дар ғизои табобатии онҳо медонист. Зеро қабилаҳои атрофи Хунза низ дар мавзеъҳои обаш зулолу ҳавояш тоза мезистанд, аммо гӯштхур, ки буданд, мисли хунзагиҳо умри дароз намедиданд. Экспедитсияҳои табибони кардиологи Амрико ва Корвони тиббии Фаронса низ ба хулосае омаданд, ки парҳез аз гӯшт асоси солимии сокинони Хунза аст. Ин мардум соле ҳамагӣ як бор дар Иди Қурбон ба хотири воҷиб будан гӯшти қурбонӣ мехӯранд. Ҳам гови аз «истеҳсол» (ширдиҳӣ) монда ва ё барзагови пирро забҳ мекунанд. Аз ин рӯ, дар таркиби хуни онҳо холестерини зарарнок мавҷуд нест. Тарзи ғизохӯрии хунзагиҳо бори дигар собит мекунад, ки дарозумрӣ ва бардамию солимӣ ба гӯшт хӯрдан ҳеҷ робита надорад. Балки дар бобати солимӣ бартарӣ ба ҷониби касонест, ки гӯшт намехӯранд.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”


13

ФУТБОЛИ ҶАҲОН

Дар Ваҳдат варзишгоҳ бунёд мешавад Варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар мусобиқоти шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби 55 медали тилло, 28 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 21 медали тилло, 17 нуқра ва 23 медали биринҷӣ ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 3 медали тилло ва 3 медали нуқра гардиданд, - иттилоъ дод Амирзода Раҳмоналӣ, раиси шаҳри Ваҳдат зимни нишасти хабарӣ. Зикр гардид, ки дастаи футболи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми “Баҳористон” сазовори ҷойи дуюм шуд. Инчунин, ба хотири дастовардҳои бештар мураббии варзида Петр Качурои белорус даъват гардида, сармураббии дастаи “Хайр” таъин шуд. Барои рушду нумӯи футбол аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба миқдори 150 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. - Дар майдони 30 гектар бунёди варзишгоҳи ҳозиразамон, ки ҳамтояш дар Тоҷикистон нест, барои 25 ҳазор ҷойи нишастро дар нақша дорем. Розигии Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро гирифтем, - афзуд Р. Амирзода. Вазнбардорони шаҳри Ваҳдат дар чемпионати ҷумҳуриявӣ миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи аввал гаштанд.

Олмон – Қаҳрамони ҷаҳон - 2014 Дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар шаҳри Рио де Жанейрои Бразил тими миллии Олмон дастаи мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, унвони Қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард. Чемпионати оянда 4 сол пас – соли 2018 дар Федератсияи Русия доир мегардад. зингари ҷавони тими Колумбиа Ҷамес Родригес ба даст овард. Ӯ дар 5 бозии мусобиқа аз ҳама бештар 6 гол задааст. Беҳтарин бозигари ҷавони ин мусобиқа Пол Погбаи 21-сола аз тими Фаронса шинохта шуд. Тими Олмон бештар аз ҳама – 18 гол зада, аз дарвозааш танҳо 4 тӯб сар додааст. Бразил, ки дар ду бозии охираш бо Олмон ва барои ҷои сеюм бо Ҳолланд 10 гол

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ШИНОВАРӢ

«Душанбе-1» – ғолиби мусобиқаи шиноварӣ Дар Маҷмааи ҳавзи шиноварии Комплекси иншооти варзишии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба намуди шиноварӣ доир гашт. Дар мусобиқа седастаӣ аз вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ду даста аз вилояти Хатлон, дар маҷмӯъ 65 нафар маҳорати шиноварии хешро нишон доданд. Дар натиҷа, варзишгарони дастаи

«Душанбе-1» ба гирифтани ҷои якум сазовор шуданд. Ҷои дуюмро дастаи «Суғд-1» соҳиб шуд. Варзишгарони дастаи «Хатлон-1» ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф шуданд.

Қаҳрамони бозӣ Марио Гётсе шуд. Ӯ дар вақти изофӣ – дақиқаи 113 тӯбро вориди дарвозаи Аргентина кард. Ин чорумин пирӯзии Олмон дар Чемпионати ҷаҳон аст. Солҳои 1954, 1974 ва 1990 ин унвонро ба даст оварда буд. Бисёриҳо бар ин назар буданд, ки ҳодисаи таърихии соли 1986 такрор мешавад. Он замон низ дар финали Чемпионати ҷаҳон Аргентинаву Олмон вохӯрда, дастаи Амрикои Ҷанубӣ бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Дар ҳайати тими Аргентина бозингари номдор Марадона бозӣ мекард. Ин давра беҳтарин бозингари ҷаҳон Мессӣ Аргентинаро пеш мебурд, аммо бахти Олмон омад кард. Олмон то ин вақт дастаи Португалро (4:0) шикаст дода, бозиро бо дастаи Гана (2:2) мусовӣ кард. Сипас, бар

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

РУШДИ ВАРЗИШ

тими ИМА (1:0) пирӯз шуд. Алҷазоирро низ мағлуб (2:1) карду Фаронсаро низ (1:0). Тими мизбон - Бразилро бошад, бо ҳисоби 1:7 шикаст дод. Дар бозӣ барои ҷои сеюм тими Ҳолланд ба дарвозаи Бразил 3 голи беҷавоб зад. Капитани ҳолландиҳо Робен ван Персӣ дар дақиқаи 3 аз зарбаи ёздаҳметра ҳисобро кушод. Блинд дар дақиқаи 17 ва Виҷналдум дар дақиқаҳои иловагӣ ду голи дигар заданд. Аввалин бор дар таъри футболи ҷаҳонӣ унвони қаҳрамониро дар қитъаи Амрико тими Аврупо соҳиб шуд. Ҳамлагари Аргентина Лионел Мессӣ беҳтарин бозингар эътироф шуда, соҳиби тӯби тиллоӣ гашт. Дастпӯши тиллоӣ насиби дарвозабони тими Олмон Мануэл Нойер шуд. Бутсии тиллоиро бо-

Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ҷои 62 Рейтинги нави дастаҳои миллии пурқуввати ҷаҳон оид ба футзал нашр шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин раддабандӣ мисли як моҳи пеш бо 900 хол ҷои 62-ро муаррифӣ мекунад. Миёни давлатҳои Осиё дастаи мунтахаби кишвари мо дар мақоми 13 аст. Дар ин қора Эрон пешсаф мебошад. Дар ҷои дуюм Ҷопон ва дар зинаи сеюм Тайланд қарор доранд. Дар садри рейтинг Бразил нишастааст. Испаниа ва Италиа ҷойҳои дуюму сеюмро муаррифӣ мекунанд.

сар дод, дар маҷмӯъ, ба дарвозааш 14 тӯб сар додаву аз нигоҳи хатти заифи дифоаш “пешсаф”-и чемпионат шудааст. Қавитарин хатти дифоӣ аз Коста Рика буд, ки бо шарофати бозии хуби дарвозабонаш Навас ҳамагӣ ду тӯб сар додааст. Заифтарин хатти ҳуҷум аз Камеруну Эрон дониста шуд, ки ҳамагӣ якголӣ задаанд. Дар маҷмӯъ, мухлисон шоҳиди 171 гол шуданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

РЕЙТИНГ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

14

ОЛИМОНИ ҶАВОН

Волидон ҳини тавлиди ӯ шод буданд, бо ниятҳои нек номи ӯро Шукрулло гузоштанд. Соли 1998 мактаби миёнаро бомуваффақият хатм намуда, барои идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисодиёти Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи шаҳри Душанбе супорида, сарбаландона донишҷӯ шуд.

рад. Аз ин лиҳоз, дастовардҳои олими ҷавон Шукрулло Шамсуллозода маҳз ба ҳамин самт равона гардида, ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисод ва молия, яъне, суғурта нигаронида шудааст. Ӯ дар раванди таҳқиқоти худ пешниҳод менамояд, ки Хадамоти давлатии назорати суғуртаи назди Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи бозори суғурта, баҳри пайдо намудани обрӯ ва нуфузи соҳа, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, назорат намудани тарифҳои суғуртавӣ ва хизматрасониҳои суғуртавӣ, инчунин, дар амал ҷорӣ кардани рақобати солим дар бозори суғурта мусо-

АЗ ТОЛОРИ СУД таҳқиқотчии бозори суғурта Шукрулло Шамсуллозода баъди гузаронидани таҳқиқотҳои илмии соҳаи суғуртаи ҷумҳурӣ таклифу пешниҳодҳои моҳияти илмию амалидошта, ки ба маврид буд, татбиқи худро дар бозори суғуртаи мамлакат ёфтааст. Аз ҷумла, як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи суғурта, ки дар давоми чор соли охир ба имзо расидааст, пешниҳодҳои ин олими ҷавон буда, барои инкишофу тараққиёт ва пешрафти кори суғурта мусоидат менамояд. Доираи фаъолияти илмӣтаҳқиқотии Шукрулло Шамсуллозода хеле васеъ мебошад. Дар давраи кӯтоҳ зиёда

Муборизи талаби илм Аз рӯзҳои аввали донишҷӯӣ дар чорабиниҳою озмунҳои факултаву донишкада фаъолона ширкат меварзид ва дар бисёр барномаҳои илмию амалии конфронсҳо саҳм мегузошт. Аз ин хотир байни шарикдарсон обрӯю эътибори хоса пайдо карда, нисбат ба илму дониш таваҷҷуҳ дошт. Солҳои донишҷӯӣ бо ҳама таровату рангорангиаш, дар саҳифаи зиндагии Шукрулло хотираҳои басо аҷибу фаромушношуданӣ боқӣ гузошт, ки асоси фаъолияти ҷустуҷӯи навгониҳои илмии ӯ гардидаанд. Баъди хатми донишкада ҳар кадоме аз шарикдарсон пайи касбу кор ба вазифаҳои гуногун роҳхат гирифтанду Шукруллоро ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодиёти донишкада ба кор гирифтанд. Ӯ хурсанд буд. Акнун метавонист, ки мақсадҳои дар пеш гузоштаашро амалӣ намояд. Замоне, ки Шукрулло ба кор пардохт, монанди ӯ мутахассисони ҷавон хеле зарур буданду таъинот, интихоби кадр ва санҷиши мутахассис дар ҷои аввал меистод. Шахсе, ки нияти нек, мақсад ва кӯшишу ғайрат дорад, албатта, комёбу муваффақ мегардад. Ӯ низ орзу дошт, ки унвонҷӯ бошад ва мақсадаш амалӣ гардад. Ба аспирантура дохил шуда, дар мавзӯи “Рушди бозори суғурта дар системаи бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳи апрели соли 2009 рисолаи номзадиашро дифоъ намуд ва номзади илмҳои иқтисодӣ гардид. Пешрафти ҷомеа бевосита ба ташаккулёбии муносибатҳои иқтисодию молиявӣ вобастагии зич дорад. Ҳамин аст, ки ба амал омадани аломатҳои буҳронӣ дар ин самт солҳои охир ба дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа бетаъсир намондааст ва барои бартараф кардани ҳолатҳои манфии он чорабиниҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мавқеи ҳалкунандаро бояд ги-

Ақди никоҳ беэътибор дониста шуд Мувофиқи талаботи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст. Чанде пеш прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбат ба Расулова Наботой оид ба беэътибор донистани ақди никоҳ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард. Ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Т. Расулов дар суд иброз намуд, ки шаҳрванд Саидов Имомалӣ 24 июли соли 1972 бо шаҳрванд Саидова (Ҷалилова) Фотима дар деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб, таҳти №72 ақди никоҳи расмӣ баста, бе бекор кардани он бо Навотой Расулова дар шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрванӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 13 декабри соли 2003 таҳти №353 ақди никоҳ баст. Намояндаи САҲШ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Раъно Авезова дар рафти мурофиаи судӣ аризаи даъвогии прокурори ноҳияи Шоҳмансурро пурра эътироф намуда, баён кард, ки ақди никоҳи байни марҳум И. Саидов ва Н. Расулова аз ҷониби собиқ мудири шуъбаи онҳо ба расмият дароварда шудааст. Ақди никоҳи мазкур то ҳол бекор ва ё беэътибор дониста нашудааст. Дар рафти мурофиаи судӣ аз баёноти даъвогар, ҷавобгар ва парвандаи оилавӣ ба ӯ маълум гаштааст, ки марҳум И. Саидов пеш аз бастани ақди никоҳи нав бо Н. Расулова бо дигар зан Саидова (Ҷалилова) Фотима дар ақди никоҳи расмӣ будааст, ки дар САҲШ ноҳияи Варзоб ба расмият дароварда то ҳол бекор нашудааст. Суди ноҳияи Шоҳмансур далелҳои парвандаи оилавиро омӯхта, ба хулоса омад, ки Имомалӣ Саидов ва Фотима Ҷалилова мувофиқи асноди САҲШ ноҳияи Ленин (ҳоло Варзоб) аз 24 июли соли 1972 зану шавҳар будаанд. Аз нусхаи қайди мазкур дида мешавад, ки баъди бастани ақди никоҳи расмӣ Фотима Ҷалилова насаби ҳамсараш «Саидов»-ро қабул кардааст. Мувофиқи талаботи сархати якуми моддаи 14 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳи дигари бақайдгирифташуда қарор дошта бошад, манъ аст. Аз ин рӯ, суд бо дастрасии моддаҳои 198-202 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҳал кард: «Ақди никоҳи байни Имомалӣ Саидов ва Наватой Расулова, ки дар САҲШ-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 13 декабри соли 2003 таҳти №353 ба қайд гирифта шудааст, беэътибор дониста шавад».

У. САИДОВ, шаҳри Душанбе ШОДБОШӢ идат намояд. Чи тавре ки аз таҳлилҳои олими ҷавон бармеояд, танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои суғуртаи ҳатмиро ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ иҷро менамоянд, ки ба коҳиш ёфтани суғурташавандагон ва сатҳи пасти хизматрасонии суғуртавӣ оварда мерасонад. Дар Тоҷикистон тарифҳои суғуртавӣ баланд буда, ҷуброни суғуртавӣ хеле паст мебошад. Ин ҳолат ба нобоварии суғурташавандагон нисбат ба ташкилотҳои суғуртавӣ мегардад. Инчунин, дар айни замон дар мамлакат Ассотсиатсияи суғуртачиён вуҷуд надорад. Аз ҳамин лиҳоз, ин яке аз омилҳои рушд накардани тиҷорати суғурта ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, нарасидани мутахассисони соҳаи суғурта дар дохили мамлакат ва дар донишгоҳу донишкадаҳои равияи иқтисодидоштаи ҷумҳурӣ ба таври кофӣ тайёр накардани ихтисосҳои фаъолияти суғурта, хусусан, миёнарав (брокер)-ҳои суғурта ва мутахассисони ҳисоби актуарӣ ба чашм мерасанд. Аз ҷониби олими ҷавон,

аз 14 номгӯи асару мақолаҳои илмӣ ва рисола, тавсияҳои дорои аҳмияти давлатидошта дастраси умум гардонида шудааст. Ҳамчунин, корҳои илмию таълимӣ ва методию тавсиявӣ доир ба барномаҳои таълимии фанҳои назарияи иқтисод барои донишҷӯёни тахассуси фаъолияти бонкӣ, фаъолияти суғуртавӣ барои донишҷӯёни ихтисоси андоз ва андозбандӣ, микроиқтисодиёт барои донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои факултаи иқтисодӣ. Шукрулло дар ҷои кор бо ҳамкорон муносибати хуби корӣ дошта, шахси кордон, меҳнатдӯст ва масъулиятшинос мебошад. Аз ин рӯ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АИ ҶТ дар ҷаласаи Шӯрои олимон бо як овоз номзадии ин олими ҷавонро барои дарёфти ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пешбарӣ намудааст.

Мирзо НАВРӮЗ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Зодрӯз муборак! Муҳтарам Толибшоҳи Саидзод! 50-умин солгарди зодрӯзатро табрику таҳният гуфта, хушиҳои рӯзгорро бароятон таманно дорем. Чанд муддат чун рӯзноманигор фаъолият намудед. Ҳоло ба таълиму тарбияи насли наврас, ки асосан пешаи шумост, машғул ҳастед. Умед аст, дар ин ҷода низ муваффақиятҳоро ноил хоҳед гашт. Бигузор доимо сарбаланду комёб бошед! Мехоҳем аз Худованд, Умре ҷавон бимонӣ. Дар ёди дидаҳо чун, Рангинкамон бимонӣ. Аҳли эҷоди “ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН”


Ра- Њабсхона, зинфиќ дон

Номи собиќи Душанбе

Љое, ки лола бисёр аст

Аз уќёнус хурд

Гиёњ - ранги ќоши занњо

Луч, барањна

Материки яхбаста

Љавоби тасдиќї

Амир, султон "ЧаЗебу роѓ"-и зинат бебарќї

Унвони каси аз Маккаю Мадина баргашта

Љои нигањдории ѓалладона

Яке аз рамзњои давлат

Моњишўрбои русї Хўрљину ќанор чиянд?

Шинос

… Баччан, ситораи кинои Кўњна не Ќариб њиндї

Бале, ња

Ќалб

Сурат, тасвир

Силвестр ..., актёр

Модар (лањља)

Моњи сол

1000 кг

Њисси бадбинї

«Танцор …» - филми машњур бо Љими

Љои автобусњои байнишањрї (русї)

Тоза ... Дизел, актёр

Дастаи футболи Русия

Бародари калонї

Чењра, симо

Шикоят, баён

Фањмиш, идрок

Њарфи «л» дар алифбои арабї

Давлат дар Африќо

Дўстон …, љонї ё забонї мешаванд

Љонвари дар олам калонтарин

Кўтоњ не

Нўшокии ширин

Падар (лањља)

Лойпораи хушкшуда

Бозии варзишї бо тўб

ИМА ба русї

Асъори Арманистон

... Амонќулова, сарояндаи «Дар лаби об…»

Яроќи ќадима барои зарбазанї

«Лаббай»-и телефонї

Дучарха

Хеши падарї

Нињон, пинњон (лањљ.)

на

Автомобили «Тико»монанди русњо

Бесамар, бенатиља

Ноњия дар минтаќаи Кўлоб

Шањр дар Муѓамбир, Эрон, зодгоњи коргурез Фирдавсї

Дарун не

Сулолаи императорњои рус

Мухолифат, душманї

Киштии ѓарќшудаи филм бо Л. Ди Каприо

Чангу ѓубор

Муќобили динагї Њабсхо-

Вай намебинад

Пойафзоли соќдор

Ќањрамони эпоси «Гурўѓлї»

Модар (лањљ.)

Каси гирён мерезад

Чини рўй, нишонаи пиршавї

Муќобили лалмї

Суњроби …, сароянда

Љаноби љопонї

Нависанда Садриддин …ї

Муаллифи «Гулистон» ва «Бўстон»

45 даќиќаи мактаб

Бемории гулў

Паёмбари «Инљил»дор

Давлат дар Амрико

Зиндагї

Унсури кимиёвї, I

Њалли ѓизо дар меъда

Гектар (кўтоњ)

"... -Ќонун", асари Сино

Кирми …

Љазира дар шарќи Африко ва мултфилми машњур

Мошини зирењпўши њарбї

… Шокиров овозхон

e-mail: javonontj@mail.ru

... Њакимов, овозхон

Компютери хурди њамроњ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №29 (9351), 17 ИЮЛИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Афандии сармаст таксиеро дошта мепурсад: - Ду нафарро то Садбарг бо чанд сомонӣ мебарӣ? Ронанда: - Ту худат танҳоӣ-ку? Афандӣ: - Чӣ ту бо ман намеравӣ?

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Умаралии САФАРАЛӢ

Муаллим аз писари Афандӣ мепурсад: - Агар дар дунё нон тамом шавад, чӣ мехурӣ? Ҷавоб медиҳад: - Фатир.

(котиби масъул),

Воҳид ҲАБИБОВ

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

Духтаре ба Афандӣ мегӯяд: - Чаро ин қадар безебӣ? Афандӣ дар ҷавоб: - Хушрӯй будам, дар таваллудхона ивазам кардаанд.

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

***

Ашрафи АФЗАЛ

Судя аз Афандӣ мепурсад: - Ҳар бегоҳ ба хона баргашта, даруни ҷевон як марди бегонаро медидӣ? Афандӣ: - Бале! Судя: - Ҳамин ҳолат сабаби нофаҳмии ту бо занат гардид? Афандӣ: - Бале! Охир, наметавонистам либосамро овезон кунам.

(муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7042 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Танҳоӣ Вай ягона фарзанди хонадон буд. Баробари яксола шудан ҳам роҳгардиро ёд гирифту ҳам гап заданро. Аввалин калимае, ки ба забон овард, “модар” буд. Ҳамоне, ки аз ҳама зиёд дӯсташ медошт. Тифлак дарк намекард, ки ӯ ҳам порае аз вуҷуди ин зани барояш меҳрубоон аст, вале медонист, ки ӯро хеле дӯст медорад ва набуданашро таҳаммул карда наметавонад. Бахусус, лаҳзаҳои аз пистони вай шири гарм хӯрдан ё рӯи дастони нармаш роҳат хоб рафтану ҳангоми бедор шудан боз ҳам ӯро болои сар дидан барояш хеле гуворо буд. Вай аз ин лаҳзаҳо сер намешуд. Аммо хурсандии тифл дер напоид. Модараш масрафи рӯзгорро баҳона пеш оварда, дар як бонке, ки падари тифлак сардор буд, ба кор даромад. Акнун тифли бечора ҳар саҳар баробари бедор шудан дигар худро дар оғӯши гарму атрогини модар ва ғарқи бӯсаҳои вай намедид. Ба ҷои модар ҳар саҳар зани сабзинаи лоғарандомеро дучор меомад, ки бо фарқ аз модараш на бӯйи гул, балки бӯйи пластика ё резина мекард, зеро пайваста сақич мехоид. Вай ин тифли танҳоро парасторӣ мекард. Яъне, доя буд. Дар танҳоӣ аз дасти тифлак ягона коре, ки меомад, бо садои баланд гиристан буд. Дар назари кӯдак ин зан аз доя дида, албастиеро мемонд. Чунки меҳрубонӣ надошт ва ҳар боре садои кӯдак баланд мешуд вай бо ангуштони хароби дарозаш кӯдакро “хомӯш” мекард. Гоҳо ин амали вай ба ҳадде дардовар мешуд, ки бечора тифлакро аз омаданаш ба

АНДАРЗ

ин дунё сад бор пушаймон мекард. Тифлак мисли кӯдакони дигар ба тарбияи доя одат кард ва то соати расидани модараш ба тамошои телевизор машғул мешуд. Бо сабаби он ки падари тифлак афзоиши аҳолиро “барои ояндаи мамлакат таҳлукаи ҷиддӣ” мепиндошт, бо вай сард муомила дошту чандон меҳрубонӣ намекард. Танҳо гоҳ-гоҳе аз дур ба кӯдак ягон гап мепартофту бас. Бинобар ин, тифлаки бечора аз кор баргаштани модарашро бесаброна интизор мешуд ва барои ҳарчи зудтар худро ба оғӯши гарму навозишҳои вай ҳаво додан ҳамеша дар назди дар бозӣ мекард. Вале дигар модараш ҳам он атру хушбӯии пешинаро надошт, чунки сигор мекашид ва баданашро тамоман бӯйи сигор печонда буд. Ҳамин ки ба хона меомад, зуд ба кори хона мепардохт ва баъди тифлакро бо саросемагӣ сер кардан аз ҳуҷраи худ бароварда ба кати махсус мебурд, ки дар ҳуҷраи дигар барои вай гузошта буданд. Дигар тифлак ҳам аз он аллаҳои ширину сурудҳои фо-

раме, ки модараш шабҳо барои ӯ мехонд, маҳрум шуда, ба ҷои модараш худаш суруди алларо бо лаҳни тифлӣ замзама мекард ва хобаш мебурд. Рӯзҳои тифлак ба ҳамин шакл мегузашт. Вақте дусола шуд, модараш барои ӯ як парандаи зебоеро бо қафасаш ҳадя намуд. Акнун вай бо сурати дағалу чеҳраи гирифтаи доя камтар рӯ ба рӯ мешуд ва ҷои ин бо паранда суҳбат мекард. - Очам ба бонк рафт! – пайваста шикоят мекард тифлак ба паранда. Падару модараш ба вай ба ҷои як додари дӯстрӯ паранда ҳадя карданд. Худашон рӯзҳои таътил ҳам кор мекарданд, то қарзеро, ки барои автомашинаи нав харидаашон гирифта буданд, пардозанд. Паранда ҳам ба хотири расидан ба висоли пайвандонаш рӯзе ба ҳаво парид. Дастони тифлак, ки барои доштани “дӯсташ” равон шуданд, дар ҳаво холӣ монд. Акнун баъди гузашти чанд вақт бори аввал чашмони кӯдак нам гирифанд. Ӯ аз тирезае, ки ҷонварак парида рафт, ба берун нигариста, бо ҳасрат мегуфт: - Паранда ҳам ба бонк рафт!

Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

*** Дар ҳушёрхонаи тиббӣ. Афандиро мепурсанд: - Насабат чӣ аст? - Чӣ? Боз мепурсанд: Номат чист? - Чӣ? Духтар: - Фаҳмо, Чӣ Чӣ, яъне, хитоӣ ҳастӣ...

*** Писари Афандӣ аз падараш мепурсад: - Бо чанд пул мешавад зан гирифт? Афандӣ: - Намедонам, то ҳол қарз меканам...

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Номаи камоли гумшудаи АБ №233022, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Қубодиён соли 2002 ба Содиқова Умеда додааст, эътибор надорад.

Қатъи фаъолият

Соҳибкори инфиродӣ Муминова Фирӯзамо Азимовна, ки соли 2010 дар Раёсати андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Нарзуллоев Фирӯз Раҳимович (РЯМ 0430173801, РМА 045473715), ки аз 2 июли соли 2014 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.