Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
№2 (9324),
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
1
9 январи соли 2014
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
ФАРҲАНГ
Омодагӣ ба ҷашни 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ
Муовини Сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборова оид ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 100умин солгарди оҳангсози маъруф, Ҳунарпешаи мардумии ҷумҳурӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёдулло Шаҳидӣ машварати корӣ доир намуда, ба Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизиону радио, Китобхонаи миллӣ, Иттиҳоди оҳангсозони ҷумҳурӣ ва Фонди байнулмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ ҷиҳати баргузор намудани як силсила чорабиниҳо дастуру супориш дод.
ЭНЕРГЕТИКА
Истихроҷи 517 ҳазор тонна ангишт дар соли 2013
Соли 2013: Дастовардҳои ҷавонон назаррасанд Саҳ. 8-9 Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буда, аз 10 соҳаи афзалиятнок иборат мебошад. Айни ҳол ҷиҳати хизматрасонии маҷмӯӣ ба ҷавонон дар кишвар 63 маркази ҷавонон, 72 маҳфили гирандагони стипендияҳо ва 50 маҳфили ихтиёриёни ҷавон бо фарогирии беш аз 3000 ҷавон фаъолият доранд, ки иштироки ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмин менамоянд. Фаъолияти ин марокиз, асосан, ба таҳкими меъёрҳои ҳуқуқӣ ва назариявию амалӣ дар самти хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон нигаронида шудаанд.
Истихроҷи ангишт дар кишвар ба 517738 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 ҳазор тонна зиёд ё ба 223,2 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад. Фурӯши ангишт соли 2013 482074 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 57248 тонна зиёд мебошад. Айни замон дар анборҳои корхонаҳои соҳаи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 77,2 ҳазор тонна ангишт захира шудааст.
ГУМРУК
Гардиши молу коло тавассути Қулма афзоиш меёбад Тавассути гузаргоҳи Қулма, миёни сарҳадҳои Тоҷикистону Чин дар соли 2013 бештар аз 43 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба буҷаи давлат ворид гардиданд. Ба гуфтаи сардори Раёсати минтақавии гумруки ВМКБ Ёрмамад Фақиров, нақшаи даромади пардохтҳои гумрукӣ 156 фоиз иҷро шуда, дар ин давра, ҳамчунин, ҳаҷми воридоти бор тавассути ин гузаргоҳ афзоиш ёфтааст.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
2
КАДР
ПАРЛУМОН
Дилшод Назаров – муовини раиси Кумитаи ҷавонон... Бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 6 январи соли равон Дилшод Назаров муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад. Оиладор,
соҳиби ду фарзанд. Намуди варзиш: варзиши сабук, гурзандозӣ. Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003). Ҷойи дуюм дар Бозиҳои
Африқоиву Осиё (Ҳиндустон, 2003). Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005). Ҷойи дуюм дар чемпионатҳои Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007). Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009, Ҳиндустон, 2013). Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010). Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008), Лондон (2012). Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013). Рекорди инфиродӣ: 80 метру 31 сантиметр (2013). Ба ҳайси раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон низ кор мекунад.
ИҶТИМОИЁТ
Сарвазир гуфт, сохтмони манзилҳоро тезонанд Охири ҳафтаи гузашта Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз шаҳри Ваҳдат боздид намуда, бо ҷараёни сохтмони манзилҳо барои сокинони осебдида аз заминларза ва барқарор кардани иншооти харобшудаи бахши маориф ва тандурустӣ дар ин шаҳр аз наздик ошно гардид. Тавре ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ медиҳад, танҳо ҳукумати шаҳр бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 10 манзили зистро ба уҳда дорад. Ғайр аз ин, ҷиҳати сохтмони манзил барои осебдидагон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар манотиқи кишвар низ кӯмак мекунанд. Қоҳир Расулзода ба сохторҳои дахлдори ҳукумат дастуру супориш дод, ки ба корҳои сохтмони манзилҳо ва барқарор кардани иншооти таъиноти иҷтимоӣ ҳарчи бештар суръат бахшида шавад. Ёдрас мешавем, ки бар асари заминларзаи 5-баллаи 10 ноябри соли 2013 дар Ваҳдат 118 манзил пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, 12 нафар
ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Зимни сафар ба шаҳри Ваҳдат Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, бо рафти сохтмони роҳи оҳани ДушанбеҚӯрғонтеппа дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки дар қитъаи Ваҳдат аз соли 2009 8 километр роҳи оҳан бунёд гардидааст. Мутобиқи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳа, сохтмони роҳи оҳан аз Душанбе то Қӯрғонтеппа ба маблағи 130 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад. Дарозии роҳи оҳани қитъаи Ваҳдат-Ёвон бояд беш аз 40 километрро ташкил диҳад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур сохтмони 18 пули хурду бузург ва як нақби дарозиаш 2 ҳазору 340 метр пешбинӣ шудааст.
ИҚТИСОД
Моҳи феврал маҷлиси саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» доир мегардад e-mail: javonontj@mail.ru
Баргузории маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳҳомони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» (ҶCК «НБО Роғун») 8 феврали соли равон дар назар аст. Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ маҷлис дар бинои Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ таҳти раёсати Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода доир мегардад. «Саҳҳомон бояд ҳайати нави Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомиро интихоб кунанд, зеро аксари аъзои Шӯрои нозирони ҷамъият, аз қабили собиқ Сарвазир Оқил Оқилов, собиқ вазири энергетика ва саноат Гул
Шералӣ, собиқ вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири адлия Бахтиёр Худоёров, собиқ вазири рушди иқтисод Фаррух Ҳамралиев, собиқ раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва чанде дигарон, ки мансабҳои давлатиро тарк ё ба кори дигар гузаштанд, фурсате фаро расидааст, ки аъзои нави Шӯрои нозирони ҷамъият интихоб шавад», - гуфтаанд дар Ку-
митаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2010 дар кишвар маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид.
Гарави интихоботӣ кам мешавад? 6 январи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов пешниҳод шудааст. Дар лоиҳаи қонун омадааст, ки ташкили участкаҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар мушаххас шуда, роҳбарии он ба зимаи намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа гузошта мешавад. Андозаи гарави интихоботӣ низ кам гардида, баробари 100 нишондиҳанда пешниҳод шудааст. Инчунин, бо назардошти таҷрибаи татбиқи қонуни мазкур зиёд намудани шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, то 45 фоизи миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Тибқи лоиҳаи нави қонун номзад ҳуқуқ дорад дар муҳлати ҳафт шабонарӯз то интихобот номзадиашро пас гирад.
САНОАТ
«Зарафшон» 2,5 тонна тилло истеҳсол карданист Соли 2014 корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз, ки ба истифода доданаш июли соли равон дар назар аст, ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба 2,5 тонна расониданист. Соли 2013 дар корхона 1 ҳазору 714 кило тилло истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори беш аз 200 кило зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва технологияҳои нав дар 10 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2 ҳазору 120 кило тилло истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 220 кило бештар мебошад. Истеҳсоли нуқра ба 1 ҳазору 417 кило расида, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 17 кило зиёдтар аст. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон»
буда, 25%-и саҳмияҳои корхона ба Ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи ҳаҷми истихроҷ КМ «Зарафшон» корхонаи бузургтарини кишвар мебошад. Он соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати тиллову маъдани Тоҷикистон таъсис ёфт. То соли 2007 бастаи саҳмияҳои назоратии корхона ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт. Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас мешаванд.
3
НАТИҶАГИРӢ
Таваҷҷуҳи дастаҳои футболи Қазоқистон ба футболбозони тоҷик Нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар Фатҳулло Фатҳуллоев мавриди таваҷҷуҳи ғолиби лигаи аввали Қазоқистон-2013 – дастаи “Қайсар”-и Қизилордин қарор гирифт.
ТАСМИМ
12 довари тоҷик дар рӯйхати FIFA Федаратсияи байналмилалии футбол (FIFA) рӯйхати доваронро барои соли 2014 эълон кард, ки доварони тоҷик низ шомиланд. Аз ҷумҳурии мо дар рӯйхат 4 довари майдон, 6 ёрдамчии довар ва 2 довари футболи хурд шомил шудаанд. 4 довари майдон – Равшан Эшматов (Қӯрғонтеппа), Хуршед Дадабоев (Хуҷанд), Насрулло Кабиров (Норак) ва Парвиз Муртазоев (Душанбе). 6 ёрдамчии довар – Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа), Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе), Ҳайбулло Нарзуллоев, Дилшод Назифов (Ҳисор), Ҳасан Каримов (Норак) ва Акмал Бӯриев (Турсунзода). Доварони футболи хурд - Комил Қурбонов (Турсунзода) ва Рустам Нуров (Душанбе).
ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД - 2014
Даври дуюми омодагиҳо шуруъ шуд 6 январ дар Душанбе давраи дуюми машғулиятҳои тамринии тими ҷавонони мамлакат оид ба футбол (U-21), ки ба Ҷоми иттиҳод-2014 омодагӣ мебинанд, оғоз шуд. Дар ин давра сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев 26 бозингар даъват кардааст. Дар муқоиса бо даври аввал, ки 12-28 декабри соли сипаришуда доир гашт, дар ҳайати тими ҷавонон тағйирот ба амал омад. Аз ҷумла, сармураббӣ дар ин давр Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (аз “Хуҷанд), Фирдавс Гадоев, Толибҷон Султонов (“Истиқлол”), Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”) ва Муҳаммадҷони Ҳасан (“Равшан”)-ро даъват накардааст. Ба ҷои онҳо ҳимоятгари тими “Парвоз” Фаррух Фузайлов, нимҳимоятгари “Саройка-
мар” Иброҳим Муҳтоҷзода ва ҳамлагари дастаи ДСТР Комрон Турсунов даъват шудаанд. Дар давраи дуюм, ки то 19 январ идома меёбад, ду бозии назоратӣ дар назар аст. 12 ва 18 январ футболбозони ҷавон бо дастаи мунтахаби клубҳои кишвар ва Қаҳрамони дукаратаи мамлакат, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бозӣ хоҳанд кард. Дар ниҳоят, ба Ҷоми иттиҳод-2014, ки тими ҷавонони кишвар дар гурӯҳи “А” бо Эстония (24 январ), Қирғизистон (25 январ) ва Украина (27 январ) рақобат мекунад, 20 бозингар даъват мешаванд.
Беҳтарин футболбозони Душанбе эълон шуданд Федератсияи футболи шаҳри Душанбе соли 2013-ро ҷамъбаст карда, беҳтаринҳоро қадрдонӣ намуд. Дар маросими қадрдонӣ роҳбари Федаратсияи футболи Душанбе Дилшод Ҷӯраев аз фаъолияти федератсия дар соли 2013 гузориш дода, нақшаҳои соли навро ёдовар шуд. Ӯ қайд кард, ки дар мавсими гузашта таваҷҷуҳи бештар ба рушди футболи кӯдакон, футболи хурд ва футболи донишҷӯён дода шуд. Баъдан маросими ҷоизасупорӣ доир гашт. Беҳтарин футболбози соли 2013 бозингари дастаи “Султони Кабир” Далер Наимов дониста шуд, ки ҳамроҳи ҳамдастаҳояш медалҳои тиллои Чемпионати Душанберо соҳиб, ҳамчунин, бо 11 гол беҳтарин нишонзан эътироф гардид. Сармураббии “Султони Кабир” Давлат Саидов беҳтарин мураббӣ, Ҳикмат Фузайлов аз Академияи “Истиқлол” беҳтарин мураббии кӯдакона дониста шуданд. Шогирдони Фузайлов соли 2013 қаҳрамони пойтахт ва ғолиби лигаи авва-
ли мамлакат миёни футболбозони соли таваллудашон 2000-2001 гардиданд. Мураббии дастаи “Энергетик” ҷоизаи “Барои рушди футболи кӯдакон”-ро ба даст овард. Беҳтарин бозингар миёни ҷавонони соли таваллудашон 1996-1997 бозингари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) Ҳакимҷон Ҳасанов эълон гардид. Дар дигар дараҷаҳои синнусолӣ Искандар Солиев (“Истиқлол”, 1998-1999) ва Беҳзод Шодиев (“Солор”, 2000-2001) соҳиби ҷоиза шуданд. Нидоёр Забиров аз МҶМОВ “Бозингари ояндадори пойтахт” эълон гардид. Беҳтарин бозингари футболи хурд дар соли 2013 Шерзод Ҷумъаев аз дастаи Бонки миллӣ дониста шуд. Холмурод Зардов, собиқ ҳамлагари тими миллии кишвар беҳтарин довар эълон гардид.
ҚАЙИҚРОНӢ
Муъминобод: Чор духтар медал доранд Хонаи фермер Насим Раҳматов дар назди обанбори Муъминобод ҷойгир аст. Матлуба, духтари сеюми хонадон, ки дар синфи 9-и мактаби №12-и деҳаи Душанбеи ноҳияи Муъминобод мехонад, ҳар рӯз медид, ки гуруҳи наврасон ба тарафи обанбор мераванд. Ҳисси кунҷкобиаш боло гирифту ӯ ҳам боре аз қафои онҳо ба он ҷо рафт. Дид, ки духтарону писарон зери роҳбарии мураббӣ Раҷабалӣ Маҳсиддинов бо заврақҳои яккасаву дукаса машқ доранд. Ӯ низ назди устод рафт ва арз кард, ки ӯро ҳам ба шогирдӣ бипазирад. Ин чанд моҳ пеш буд. Аллакай, Матлуба дар ду мусобиқаи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби диплому ду медал гардид. Ба наздикӣ дар чунин мусобиқа Матлуба Раҳматова дар масофаи 200 метр медали тилло ва дар 500 метр медали нуқраро соҳиб шуд. Ногуфта намонад, ки хоҳари Матлуба Ороста дар синфи 7 мехонад ва ӯ низ узви дастаи яккачини заврақронҳои ноҳия аст. Ороста дар мусобиқаи ҷумҳуриявии
заврақронон дар масофаи 500 метр соҳиби медали биринҷӣ гардид. Бояд изҳор намуд, ки чор нафар заврақрондухтари ноҳия медалдоранд. Акнун Матлубаю Ороста, Салима ва Зарина тамринро
идома дода, ба мусобиқаҳои оянда, махсусан, Чемпионати ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд.
Ҳ. НУРУЛЛО, ноҳияи Муъминобод
e-mail: javonontj@mail.ru
Клуби Қазоқистон футболбози тоҷикро дар машғулиятҳои тамринӣ, ки дар Туркия ҷараён мегирад, месанҷад. Фатҳулло Фатҳуллоев 24 марти соли 1990 таваллуд шуда, қадаш 178 см., вазнаш 66 кило мебошад. Аз соли 2009 дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ мекунад. Бозингари дигари “Истиқлол”, ҳимоятгари 21-сола Аҳтам Назаров низ барои азназаргузаронӣ ба ҳайати қаҳрамони панҷкаратаи Қазоқистон – тими “Иртиш”-и Павлодар пайваст. Ин даста низ барои машғулиятҳои тамринӣ дар Туркия қарор дорад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
КАДР
он
р
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
НАБЗИ ҶАҲОН
Ҳафтаи охир ду мақолаи рӯзномаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ номи Эдвард Сноуденро дубора дар сархати расонаҳо қарор доданд. Рӯзномаи “Гордиан”-и Бритониё ва “Ню-Йорк Таймз”-и Амрико дар мақолаҳои алоҳида аз мақомоти амрикоӣ хостори он шуданд, ки Сноуден афв шавад. Ба навиштаи ин рӯзномаҳо Эдвард Сноуден барои ифшогариҳояш набояд мавриди муҷозот қарор гирад. Дар матлабҳои батабърасида омадааст, ки мақомоти Амрико барои баргардондани Сноуден аз роҳҳои қобили қабул кор бигиранд ва ба ҳамин востита демократӣ будани худро нишон диҳанд. Аммо оё Амрико Сноуденро афв мекунад? Эдвард Сноуден, ҷавони 30-сола, собиқ корманди Хадамоти амнияти миллии Амрико пас аз ифшогариҳояш тарки кишвар намуд. Ӯ замоне, ки дар Ҳонконг қарор дошт, маълумоти маҳрамонаеро мунташир намуд. Маълумоти нашргардида ҳокӣ аз он буданд, ки дар Амрико мақомот муколамаи телефонии шаҳрвандонро гӯш мекунанд. Дар матолиби мунташиршуда гуфта мешуд, ки дар баробари шаҳрвандони кишвар, ҳамчунин, гуфтугӯи телефонии мақомҳои болоии Аврупо шунида мешавад. Ифшои ин сирри маҳрамона дар як муддати кӯтоҳ дар сархати расонаҳои ҷаҳон қарор гирифт. Амали ҷавони 30сола мақомоти Амрико, хусусан, Хадамоти амнияти миллии ин кишварро сахт ба ташвиш овард. Ба ин хотир, онҳо кӯшиш мекарданд, ҳар чи зудтар Сноуден ба Амрико баргардонда ва ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Аммо Сноуден борҳо дар суҳбатҳои худ бо расонаҳо иброз дошт, ки кори ғайриқонуние накардааст ва аз ифшои маълумоти маҳрамона пушаймон нест. Зеро, ба андешаи ӯ, ин ҳаққи қонунии шаҳрвандони Амрико аст, ки суҳбатҳояшон аз ҷониби мақомоте шунида нашавад. Дар ҳамин маврид, мақомоти кишвари Амрико кори Сноуденро ғайри қобили қабул унвон кар-
Сноуден афв мешавад? Ё ифшогариҳои ҷавони 30-сола, ки қудратҳои ҷаҳониро ба ташвиш овардааст
да, ӯро ба ҷосусӣ ва дуздии ҳуҷҷатҳои маҳрамона айбдор мекунанд. Ба дасти омма расидани маълумоти маҳрамонаи мақомоти Амрико ҳукумати кишварро сахт ба ташвиш овард. Зеро он ҷо гап дар бораи муносибати Амрико бо кишварҳои Аврупо мерафт. Давлати Амрико пас аз нашри иттилооти махфии аз ҷониби Сноуден ифшогардида амали худро барои амнияти кишвар маънидод кард. Онҳо муътақиданд, ки кори ғайриқонунӣ накардаанд ва гӯш кардани мукотиботи телефонии шаҳрвадон барои амнияти давлат ва худи сокинон равона гардидааст. Ҳатто аз мавридҳои пешгирии амалҳои терористӣ мисол оварданд. Аммо кишварҳои Аврупо инро қабул накарданд. Чӣ гуна ҳам қабул мекарданд? Дар ҳоле ки тибқи иттилои расонаҳо телефони Конслери Олмон Ангела Меркел шунида мешудааст. Эдвард Сноуден пас аз амали анҷомдодаи худ ба ҳеҷ ваҷҳ хосто-
ри дубора баргаштан ба Амрикоро надошт. Зеро яқин медонист, ки дар Амрико тақдири ояндаи ӯ норӯшан аст. Аз ин рӯ, аз Ҳонконг якбора ба Русия парвоз намуд ва аз кишварҳои гуногуни олам дархости паноҳандагӣ кард. Баъзе кишварҳо хостори қабули ӯ буданд ва ҳатто омодагии хешро баён доштанд. Аз ҷумла, давлати Венесуела иброз намуд, ки омода аст то Сноуденро қабул намояд. Аммо аз аввал ба назар мерасид, ки Сноуден дар Русия боқӣ мемонад. Пас аз интизории начандон зиёд Русия ба ӯ паноҳандагии муваққатӣ дод. Акнун Эдвард Сноуден то тобистони соли равон дар Русия боқӣ мемонад. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, дар сурате ба Сноуден паноҳандагӣ медиҳанд, ки аз идомаи ифшокориҳояш дар қиболи Амрико худдорӣ намояд. Ин дар ҳолест ки, ба навиштаи расонаҳо, дар дасти Сноуден як миллиону ҳафтсад ҳазор санади махфӣ маҷуд аст, ки дар ҳолатҳои
гуногун метавонад онро ошкор намояд. Ҳамакнун, бо шарт ҳам бошад, Сноудени 30-солаи амрикоӣ паноҳандагии муваққатиро дар Русия пайдо намуд. Гарчанде Амрико борҳо аз Русия хост то Сноуден истирдод шавад, вале он беҷавоб монд. Барак Обама, Президенти Амрико ҳатто таъкид дошт, ки ба хотири ҳифзи муносиботи ду кишвар дар оянда Сноуден набояд дар Русия боқӣ монад. Ба боварии Обама Сноуден ҷиноят содир кардааст ва бояд ба Амрико истирдод шавад. Дар навбати худ Президенти Русия Владимир Путин низ дар чанд мусоҳибаи худ бо расонаҳо иброз дошт, ки муносиботи ду кишвар болотар аз Сноуден меистад. Ӯ ҳатто дар нишасти матбуотие, ки моҳи декабри соли гузашта бо иштироки васеи рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ баргузор намуд, дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон посух дод, ки шахсан бо Сноуден вохӯрӣ накардааст. Аммо ҳаводиси охир аз он далолат мекунанд, ки Сноуден дар Русия боқӣ мемонад. Ба назар чунин мерасад, ки як ҷавони 30-сола қудратҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Зеро бепарда набошад ҳам, ҳар ду кишвар - Русия ва Амрико хостори онанд, ки ин ҷавон дар кишвари онҳо боқӣ монад. Зуд-зуд расонаӣ шудани номи Сноуден ин гуфтаҳо ва “нафари даркорӣ” будани ӯро собит месозад. Ҳамакунун ду нашрияи бонуфузи ҷаҳон аз ҳукумати Обама хостори афви Сноуден шуданд. Ин ду нашрияе мебошанд, ки дар гузашта аввалин шуда маълумоти маҳрамонаро аз забони Сноуден мунташир карданд. Дар даст доштани як миллиону ҳафтсад ҳазор санади махфӣ эҳтимоли афв кардани Сноуденро зиёд мекунад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё Русия ба ин имконият медиҳад?
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
ҲАМКОРӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
д.
4
Солҳои охир табодули мол бо Ҷумҳурии Исломии Покистон вусъат меёбад. Ба гуфтаи сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Амҷад Ҳусайн тайи 10 моҳи соли 2013 ҳаҷми робитаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар ба 84 миллиону 108 ҳазор доллар расид. Ин рақам дар 10 моҳи соли 2012 ба 61,4 миллион доллар баробар буд. Яъне, дар 10 моҳи соли 2013 нисбат ба 10 моҳи соли 2012 ҳаҷми додугирифт 23 миллион доллар афзудааст. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон 2 дарсади ҳаҷми робитаҳои берунии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ин рақам дар соли 2006 ҳамагӣ 0,06 дарсадро ташкил медод. Соли 2006 робитаҳои ду кишвари дӯст ҳамагӣ ба 402 ҳазор доллар расид. Тавре мебинем, ҳаҷми робитаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон нисбат ба ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар аст. Аз 84 миллион доллар 19,8 миллион долларро со-
Ҳаҷми тиҷорат бо Покистон афзуд дирот ва 64,2 миллион долларашро воридот ташкил медиҳад. Тоҷикистон ба Покистон, асосан, нахи пахта, хушкмева, ангиштсанг содир мекунад. Тоҷирон аз Покистон орд, шакар, мандарин, гӯшти мурғ, нуриҳои минералӣ, семент, ранг, доруворӣ ва ғайра ворид намудаанд. Маҳсулоти Покистон, асосан, тавассути Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Тоҷикистон ворид мешавад. Тоҷирони покистонӣ соли гузашта зимни як нишаст изҳор доштанд, ки маҳсулоташонро ҳангоми ба марзи Афғонистон ворид намудан, ба мошинҳои ронандагони афғон бор мекунанд. Ин вақту хароҷоти зиёд талаб менамояд. Шояд баъди имзои Созишномаи сеҷониба миёни Тоҷикистону Афғонистону Покистон ин мушкилӣ аз байн рафта, ҳаҷми додугирифти Тоҷикистону Покистон боз ҳам афзоиш ёбад. Он гоҳ бо сабаби пастравии хароҷот ва сарфшавии вақт нархи маҳсулоти Покистон дар бозорҳои кишвар боз ҳам арзонтар мешавад.
- Покистон Тоҷикистонро «Дарвозаи Осиёи Марказӣ» меҳисобад, - гуфт ҷаноби Амҷад Ҳусайн. – Мо ҷонибдори густариши робитаҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, коркарди матоъҳои пахтагин, тандурустӣ, дорусозӣ ва туризм мебошем. Яке аз мушкилоте, ки садди роҳи боз ҳам бештар шудани робитаҳои ду кишвари ҳамфарҳанг гаштааст, набудани роҳи ҳавоӣ мебошад. Чанд соли охир ширкати ҳавонавардии «Тоҷикэйр» тасмим гирифтааст, ки хатсайри «Душанбе-Исломобод»-ро ба роҳ монад. Мутаассифона, бо сабаби ноогоҳии мардум ва кам будани мусофирон парвоз ба хатсайри мазкур зараровар мешавад. Ҳол он ки парвоз аз Душанбе то Исломобод ҳамагӣ як соат аст. Умед мекунем, ки соли ҷорӣ ин мушкилиҳо ҳалли худро меёбанду робитаҳо бо ин кишвари муқтадири Осиёи Ҷанубӣ вусъат меёбад.
С. САЙФИДДИН, «ҶТ»
Худованд ҷаҳонро гуногунранг офаридааст, чаро ки худ музайян асту зебоиро дӯст медорад. Масалан, агар булбул гулистонро писандад, барои зоғ бештар фасли зимистони сарду сербарф маъқул аст. Ё бумро рӯшноӣ ва чуғзро ободӣ ҳеҷ маъқул буда наметавонад. Маълум мешавад, ки дар зоти одам ҳам ҳамингунаҳо ёфт мешудаанд ва тоқати дидани хурсандию осудаҳолии мардум, пешрафту ободии сарзаминро надоранд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд халал ворид созанд. Зуд-зуд бо андешаҳову пешниҳодҳои гӯё ғами миллатро мехӯрдагиашон сари мардумро гиҷ карда, аз худ донишманду фозил ва ватандӯст тарошиданӣ мешаванд. Бо «шарофат»-и ин қабил «ғамхорон» миллати тоҷик аз пешрафту дастовардҳои бузург, аз сарзамини паҳновари худ монд ва имрӯз фарзандонаш дастнигару ғариб дар сарзаминҳои ғайр сарсону саргардон асту ба таҳкирҳои гӯшношунид гирифтор. Дар замоне ки фикру зикри аксар миллатҳои ҷаҳон ба сӯи пешравиҳо равона аст, дар мо ҳанӯз ҳам аз баҳси саллаю риш, қисматкуниҳо ба бегонаву худиҳо ҳеҷ не ки хаста шаванд. Мавриди фарҳангҳои бегона, агар онҳо бар зиёни миллати мо бошанд, ҷои баҳс буда наметавонад, вале то ба ноҳияву хурдтарин деҳаҳо ба бегонаву худӣ, ба шиаву суннӣ ва салафию дигар тақсим кардани намояндагони як миллат чӣ маъние дошта бошад? Кай дар ҷомеаи мо таклифу пешниҳодҳои ба манфиати миллату Ватан мешуда бошад? Побанди хурофоту таассуб то кай, Бар даст каланду белу ҷорӯб то кай? «Олам ҳама дӯзахию кофири том, Мо аҳли биҳишту одами хуб», то кай? Дар замонаш шоири ҷасур Умари Хайём бо хитоб ба аҳли таассубу хурофот, ки аслан фақат дар ғами ҷону манфиати худанд ва ҳаргиз парвои миллату Ватан надоранд, гуфта буд: Зоҳид ба карам туро чу мо нашносад, Бегона туро чун ошно нашносад. Гуфтӣ, ки гунаҳ кунӣ, ба дӯзах барамат, Инро ба касе гӯй, ки туро нашносад. Ба ҳамин монанд, дар арафаи Соли нав боз сару садоҳо мавриди барҳам задану ҷашн нагирифтани иди Соли нав баланд шуд. Гӯё дигар кор надошта бошем.
Хандаовараш он аст, ки касони бинобар бегона будани ҷашни Соли нав даст кашидан аз онро пешниҳодгар, бемалол аз ихтироъ ва дастовардҳои бегонаҳо, сар карда аз чароғҳои барқӣ то телефону телевизиору радио, мошину тайёраву ди-
ҳатман ғалаба ба даст хоҳад овард, зеро ҳушу ёди форсҳо фақат ба мурдан асту бас. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҷашнгирии Соли нави мелодӣ барои миллати мо ва на танҳо мо бо шомил шуданамон ба ИҶШС ба ҳукми одат
ҳама давру замон халқҳои рӯи ҷаҳон аз ҳам ҷудонопазир буданду хоҳанд монд. Бе ҳамдигарӣ онҳо зиста, пеш рафта наметавонанд. Ҳатто ҳамин Русияи бузург ҳам аз бисёр лиҳоз аз Тоҷикистони мо вобастагӣ дорад. Тафриқандозиҳое, ки
Чашм бикшой, агар чашми ту соҳибназар аст… Ё рӯзу моҳу солу рангу рақаму ҷашнҳоро гуноҳе нест, ҳар он чи ҷурмест, аз худи мост гару дигар истифода бурда, бобати моли бегонаҳо будани онҳо ҳарфе намегӯянд. Ба эҳсосоту ҳаяҷон дода шуда, борҳо ҳангоми гуфтор даст ба тунгичаи галстуки гарданашон, ки онро мутаассибоне чун худашон «тавқи лаънат» ном бурданд, мебаранду намеандешанд, ки он ҳам хоси фарҳанги либоспӯшии миллии мо нест. Ёфтем бузургони гузаштаамонро ва ифтихор болои ифтихор бо онҳо карданро. Касе таърифи дурӯғинамон кард, дӯсти мост, касе ҳақиқатро ба рӯямон гуфт, душманаш мехонем, дар ҳоле душмани доноро беҳ аз дӯсти нодон гуфтаанд. Ҳеҷ тобу тавони шунидани сухани ҳақ надорем. Агар ҳамин тамоюли ҷудокуниро идома диҳем, пас, дар мо чизе боқӣ нахоҳад монд, ки сирф моли мо бошад. Дар миллатҳои дигар ҳам ҳамин тавр аст. Давлату миллатҳои замоне қафомонда ва имрӯз пешрафта дар вақташ аз тоҷикон бисёр чизҳоро омӯхтаву гирифтанд, вале намегӯянд, ки ин моли бегона аст. Баръакс, ҳамаи нобиғаву дастовардҳоямонро сирф моли худ медонанд. Дар ҳамон Амрикои абарқудрат аз афкори пешқадами Мавлонои тоҷик меомӯзанду мо бошем ҳанӯз ҳам ташнаи шунидани наъти «Каллаи пӯсида» ҳастем. Ҳамаро ба дунёбезорӣ ташвиқу ҳидоят мекунем. Наход Худованд бандаҳояшро ба дунё фақат барои он оварда бошад, ки умре дар сӯгу мотам бошанду аз зиндагии дунёиашон фикре накунанд? Талқингари фаъоли чунин ғояҳо, чаро худ ба молу ҳоли ин дунё ин қадар дилбастагӣ доранд? Пеш аз ҳуҷум ба сарзамини форсҳо, ки аз лиҳози бузургии лашкар ва имконияти мудофиавӣ ба маротиб аз Юнон бартарӣ дошт, Искандари Мақдунӣ гуфта буд, ки
даромад. То ин дам гузаштагони мо чунин ҷашнеро надоштанд. Ҳоло ҳам, асосан, онҳое ҷонибдори сахти ҷашнгирии онанд, ки насли ҳамон айёманд. Аз эҳтимол дур нест, ки бо мурури вақт, иваз шудани насл ҷашнгирии Соли нав аз байн равад. Инро вақт ва худи мардум муайян менамояд. Пас, чӣ ҳоҷат ба ин қадар шӯру валвалахезонданҳо бошад? Бе ин ҳам муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия ҳоли хуб надоранд ва аз ин ҳангомаву ташаббусҳои нодаркор боз чанд вақти дигар онҳо дучори фишору таъқиб ва таҳқир мегарданд. Боз дар ҳоле ки қонунҳои Федератсияи Русия ҳар як муҳоҷирро вазифадор кардааст, ки забону таърихи русро бояд омӯзад. Ё ҳангомаҷӯёнро ҳадаф шояд ҳамин бошад? Ин қадар баномус, ки бошем, пас, биёед аз маблағҳои хеле бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба Тоҷикистон мефиристонанд, даст кашем, зеро асъори миллии бегона аст-ку? Агар не, мардуми бечораро ором гузорем. Аллома Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ дар ин бора хеле бамаврид фармудааст: Чашм бикшой, агар чашми ту соҳибназар аст, Зиндагӣ дар пайи таъмири ҷаҳони дигар аст. Мавриди ба фарҳанги тоҷикон бегона ва сирф моли русҳо будани иди Соли нав гуфтаниам, ки ҳоло он таҳқиқу исботи ҷиддиро мехоҳад. Дигар ин ки ҷашни Наврӯзи моро ҷаҳон пазируфта, намегӯяд, ки бегона аст. Ё мардуми туркзабон ҳам бинобар тоҷикӣ будани ҷашну номи Наврӯз бояд аз он даст кашанд? Бо кадом ҳоламон худро аз дигарон боло мегирему ҷудо мекунем? Дар
миллатгароёни рус бо шиори фашистии «Русия барои русҳо!» пеш гирифтаанд, ҳаргиз ба манфиати миллату давлати рус буда наметавонад. Чунончӣ, ду ҳодисаи таркиши даҳшати дар арафаи Соли нав дар шаҳри Волгоград рухдода, ки ҷонҳои зиёдеро рабуд, исботи он аст, ки зулм ҳамеша зулм эҷод мекунад. Айнан, тафриқандозиҳои мо бар зарари худи мост. Ба ҷаҳон бо диди нав назар бояд кард, на аз нигоҳу тафаккури сохти обшинаи ибтидоӣ ё асримиёнагӣ. Мисле, ки имрӯзиён аз бузургони гузаштаамон ифтихор менамоем, насли ояндаамон ягон чизи ифтихор мекардагӣ бо мо ёфта тавонад. Ба ҷои ин, ба зиндагию фаъолияти худ, гузаштаву имрӯзамон ба хотири пешрафту нумуъ ва дар уқёнуси беканори ҷаҳонишавӣ бо забону фарҳанг, миллату давлатамон ғарқ ва нест нашудан, аз шеваи худтанқидкунӣ, истифода бурданро ёд гирему то ба зарраҳо чошу пош хӯрдани миллат роҳ надиҳем. Аз рӯзу моҳу сол, рақаму рангу ҷашнҳо барои худ душман ҷӯё нашавем, ки гуноҳе дар онҳо нест. Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост. «Ғамгусориҳо»-и зайл аслан, хоси табиати тоифаҳои дур аз дарду ғам, шаттоҳу найрангбоз ва бекору муфтхӯри ҷамъиятанд. Ончуноне, ки ҳазрати Соиб фармудааст: Бинои Каъбаву байтулсанам карданд бекорон, Гилу хиште, ки боқӣ монд, аз Каъбаи дилҳост.
Мирзо РУСТАМЗОДА, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Пешорӯи ҷашнгирии Соли нав мушоҳида мешавад, ки хурду калон дар тараддуди истиқболгирии он аст. Кӯчаву роҳравҳо аз хасу хошок тоза гардида, дӯкону мағозаҳо ва хиёбону биноҳои гуногун бо чароғакҳои рангаи шабонарӯзии дар худафрӯзӣ орою торо дода мешаванд. Дар бозору қади кӯчаҳо арчаҳои гуногуншаклу зебо ба савдо мераванд. Аз ҳама зиёд бо бесабрию беқарорӣ иди Соли навро кӯдакон интизорӣ мекашанд. Ба он хеле барвақт омодагӣ дида, чи дар боғча ва чи мактабҳо шеърҳои зиёди солинавии моломоли орзуву умедҳо азёд мекунанд ва ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки ин ҳама чӣ бадие дошта бошад?
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
5
СОЛИ НАВ РАФТУ МОНД БАҲСИ ӮЙ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
6
РАҲОВАРД
Интиҳои соли 2013 дар пойтахти Ҷопон - шаҳри Токио Конфронси байналмилалии парлумонӣ унвонии “Роҳҳои пешгирии пиршавӣ ва ноилшавӣ ба сатҳи баланди иқтисодӣ” баргузор шуд. Ба ман муяссар гардид, ки ҷиҳати ширкат дар конфронс ба ин кишвари мутамаддину мутараққӣ сафар намоям. Конфронс бо ташаббуси Ассотсиатсияи Федеративии Осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (APDA), Федератсияи парламентарии Ҷопон оид ба аҳолӣ (JPFP) дар ҳамкорӣ бо Барномаи хазинаи СММ дар соҳаи нуфузи аҳолӣ ва рушд (UNFPA) сурат гирифта, дар толори маҷлисгоҳи байналмилалии Парлумони Ҷопон оғоз ёфт. Дар ҳамоиши мазкур вакилони парлумонҳо ва намояндагону коршиносони ташкилоту иттиҳодияҳои байналмилалӣ аз 65 кишвари олам иштирок намуда, муҳимтарин масъалаҳоро вобаста ба ҳифзи аҳолӣ тавассути пешгирии пиршавии аҳолӣ дар миқёси ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар чорабинӣ вазири корҳои хориҷӣ, вазири тандурустӣ ва вазири кишоварзии Ҷопон дар бахшҳои вобаста ба мавзӯи конфронс маърӯза намуданд. Аз ҷумла, маърузаи раиси Ассотсиатсияи федеративии осиёӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (APDA), собиқ Сарвазири Ҷопон Ясио Фукуда дар мавзӯи «Масоили пиршавии аҳолӣ: дурнамо барои оянда» ва намояндаи Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIGA) фарқкунанда буд.
Хулосаи тамоми маърӯзаҳо иборат аз он буд, ки инсонҳо ҳаққи зисту зиндагии бардавом доранд ва мебояд ҳаёти онҳо дар ҳама марҳилаҳо хубу мусоид ва арзишманд бошад. Баҳри омодагии мо дар ин сафари хотирмон ва дастрас намудани маълумоти зарурӣ Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIGA), ки намояндагиаш дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, кӯмак расонд. Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JIGA)-ро барҳақ пули пайвасткунандаи Ҷопон бо давлатҳои рӯ ба инкишоф номидаанд. Тавассути агентии мазкур садҳо нафар аз кишварҳои мухталифи рӯ ба рушд ба Ҷопон сафар намуда, таҷриба меандӯзанд.
лоиҳаи Қонун “Дар бораи фаъолиятҳои волонтёрӣ”-ро таҳия кардем, ки аллакай мавриди амал қарор дорад. Бовар дорам, ки дар кишвари мо ҳам ин ҳаракати наҷибона дастгирии ҳаматарафа пайдо хоҳад кард, зеро савобҷӯӣ ва савобкорӣ аз беҳтарин хислатҳои инсонист. Баъди конфронс ба мавзеъҳои диданӣ ва марказҳои фарҳангии шаҳрҳои Токио ва Эдогаваи Ҷопон сафар кардем. Ин шаҳрҳои зебову озода дар назар арӯси дилрабоеро мемонданд. Дар кӯчаҳои тозаву оростаашон қадам зада, беихтиёр ба сокинонаш аҳсан мехондам, ки шаҳрро ин қадар дӯст ва мисоли кошонаи худ тоза нигоҳ медоранд. Он чизе, ки маро бештар тасхир намуд, лутфу меҳрубонӣ, самимияту хушзабонӣ ва фарҳанги баланди ҷопониҳо буд. Онҳо воқеан ҳам ватандӯстони асиланд. Бо дастгирии шаҳрдории Эдогава ва
Ҷопон - кишвари волонтёрҳо Аз ҳама ҷолиб дар ин сафар шиносоӣ бо фаъолиятҳои волонтёрӣ дар Ҷопон буд. Аҳамияти фаъолияти волонтёрӣ дар он аст, ки шаҳрвандон метавонанд мушкилиҳои зиёди мавҷударо ба нафъи ҷомеа ҳал намоянд. Дар Ҷопон шаҳрвандон ба сифати волонтёр кор
карда, ба ҳамдигар кӯмак мерасонанд. Вақте ин гуна кӯмаку ташаббусҳо амалӣ шуд, маҳалле обод, ҷамъият рушд ёфта, зиндагии одамон осон мегардад. Волонтёрӣ дар Ҷопон дар қиёс бо дигар кишварҳои ҷаҳон хеле пеш рафтааст ва ин гуна фаъолият чун дар дигар кишварҳои мутараққӣ як омили рушд ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз он кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мушкилиҳои зиёди ҷамъияташонро ҳал мекунанд. Ду садсола инҷониб ҳаракати наҷибонаи савобҷӯӣ дар ҳассостарин ҳолат барои мамлакати Ҷопон ва мардуми он манфиатҳои калон оварда, аз ҷониби тамоми табақаҳои ҷомеа хайрхоҳона арзёбӣ мешавад. Мувофиқи омори расмӣ аз соли 1998
беш аз нисфи аҳолии Ҷопон 4 соати ҳар ҳафтаи худро чун волонтёр барои кӯмаки ниёзмандон ва ҷамъият сарф мекардаанд. Бешак, ин нишондиҳандаи ҳайратбахш аст ва ҳар нафари соҳибхирадро ба дастгирию пайравӣ водор месозад. Хеле ибратпазир аст, ки
дар Ҷопон хидмати ихтиёриро чун як нишони ватандӯстӣ аз даврони тифлӣ дар оила ва минбаъд дар мактаб дар ниҳоди насли наврас ҷой медиҳад. Дар шароити кунунӣ ҳаракати волонтёрӣ торафт маъруф гашта, сафи онҳое, ки баҳри некӯаҳволии дигарон меҳнати бемузд мекунанд, меафзояд. Бояд гуфт, таҷриба ва кори волонтёрӣ дар Ҷопон ва Аврупо хеле густурда ва он ба тамоми қишрхои ҷомеа равона шудааст. Вале ин таҷриба дар Тоҷикистон то куҷо рушд хоҳад кард, вақт нишон медиҳад. Аммо як чиз хушҳолкунанда аст, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ як гуруҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар
ташкилоти APDA чанд Маркази калонсолон таъсис шудааст. Дар онҳо куллан пиронсолон фаро гирифта шудаанд, ки мо дар суҳбати онҳо қарор доштем. Аз ҳама пиронсолтарини онҳо бонуи 115сола ва марди солхӯрдаи 114-сола будаанд, ки комилан сиҳатманд ба назар мерасиданд. Як гурӯҳи дигари калонсолон бо шуғл фаро гирифта шудаанд, ки фармоишоти гуногунро ба сомон мерасониданд ва фармоишгарон маҳсулоти омодакардаи онҳоро ба фурӯш мебароранд. Маълум гардид, ки дар Ҷопон то охирин лаҳзаи умр аз нерӯи зеҳнӣ ва қобилияти меҳнатии шахс ба нафъи давлат ва худи шахс истифода менамоянд.
Мувофиқи омори расмӣ танҳо аз соли 1998 то кунун беш аз нисфи аҳолии Ҷопон 4 соати ҳар ҳафтаи худро чун волонтёр барои кӯмаки ниёзмандон ва ҷамъият сарф мекардаанд. Бояд таъкид дошт, ки ҳадафи асосии ҳамкории мутақобилан судманди намояндагони парлумонҳои ҷаҳон оид ба амалӣ намудани барномаҳо ҷиҳати ҳифзи саломатии аҳолӣ, баробарии гендерӣ, ба таълим фаро гирифтани наврасону ҷавонон, фароҳам овардани шароити хуби иҷтимоӣ ва рушди аҳолӣ мебошад, ки барои ҳамаи кишварҳо аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Абдураҳмон ХОНОВ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забондонӣ фазилат аст Забони англисӣ яке аз серистифодатарин забон дар ҷаҳон ба шумор меравад. Агар барои 410 миллион нафар он ҳамчун забони модарӣ бошад, зиёда аз 600 миллион нафари дигар онро ба ҳайси забони хориҷӣ омӯхтаанд. Суҳбати мо бо омӯзгори собиқадори забони англисӣ Гулчеҳра Шарофова дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт. Гулчеҳра Тӯхтасиновна, Шумо солиёни зиёдест, ки ба шогирдон забони англисӣ меомӯзонед. Сабаб чист, ки забони англисӣ ин қадар дар ҷаҳон нуфуз пайдо кардааст? - Забони англисӣ забони модарии аксар сокинони Англия, ИМА, забони расмии давлатҳои Австралия, Зеландияи Нав, яке аз ду забони расмии Ирландия, Канада, Малта, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра ба шумор меравад. Дар ҷаҳон забонҳои зиёдест, ки бо онҳо миллионҳо нафар гуфтугӯ мекунанд, вале доираи паҳншавиашон чун забони англисӣ нест. Ин якчанд сабаб дорад. Ҳанӯз дар асри ХIХ Британияи Кабир кишварҳои зиёдеро мустамлика намуд. Аз ин рӯ, доираи забони англисӣ барои доду гирифт, тиҷорат, муомилот ва омода сохтани санадҳо васеъ гашт. Дар асрҳои ХХ-ХХI таъсири ИМА ба кишварҳои ҷаҳон бештар шуд. Аз ин рӯ, дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию варзишӣ истифодаи забони англисӣ бештар ба назар мерасад. Забони англисӣ забони расмӣ ва кории Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудааст. Ғайр аз англисӣ, инчунин, забонҳои фаронсавӣ, испанӣ, русӣ ва арабӣ низ забонҳои расмии СММ маҳсуб меёбанд. Саммит ва мулоқоти роҳбарони давлатҳо, тиҷорати байналмилалӣ, фаъолияти системаи бонкӣ, корбурди системаи нақлиёт дар хушкӣ, баҳр ва ҳаво ба забони англисӣ доир мешаванд. Академику докторҳои илми тамоми кишварҳо, бо ҳамдигар тавассути забони англисӣ муошират мекунанд. Дар мусобиқаҳои олимпӣ ва дигар чорабиниҳои бузурги варзишӣ забони расмӣ англисӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин забонро дар боғчаю мактаб, коллеҷу донишгоҳ ва курсҳои кӯттоҳмуддат меомӯзанд. - Яъне, имрӯз забони англисӣ равзанае ба тамоми ҷаҳон гаштааст?
ман ҳамеша дар сумкаам китоби афсонаҳои хурд ва ҳикояҳо бо забони англисиро мегирам. Кӯшиш мекунам, ки кӯдакон калимаҳоро дуруст талаффуз намоянд. Зеро дар сурати беаҳамиятӣ ва нодуруст талаффуз кардани калима ин хато як умр мемонад. Кӯшиш мекунам, ки 45 дақиқаи дарс пурсамар гузарад. Аз ин рӯ, дар дарси ман ягон кас бекор намешинад. Дар ҳама синну сол забонро омӯхтан мумкин, вале бо рафтани сол омӯзиши забон заҳмати бештар талаб мекунад. сарфу наҳви забонро омӯхтан, ибораву калимаҳои зиёдро азёд кардан лозим меояд.
- Бале. Рӯ овардан ба забони англисӣ ҷанбаи иқтисодӣ низ дорад. Имрӯз барои соҳиби ҷои кори баландмаош шудан ва ё дар хориҷа кор кардан донистани забони англисӣ муҳим аст. Зеро тамоми масъалаҳоро бо шарикони хориҷӣ метавон тавассути донистани забон ҳал кард. Гуфтушунид бо шарикони тиҷоратӣ, имзои созишномаҳо, бастани шартномаҳо дар сатҳи байналмилалӣ бо забони англисӣ сурат мегирад. Сол то сол дар ҷаҳон шумораи сайру саёҳаткунандагон меафзояд. Дар кишварҳои соҳаи туризмашон пешрафта, мисли Испанияву Туркия, Тунис, Миср ва ғайра касоне, ки бо туристон сару кор доранд, забони англисиро медонанд. Ин сифати хизматрасониро баланд бардошта, таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро ҷалб мекунад. Туристон низ бо донистани забони англисӣ худро дар кишвари бегона озодтар ҳис менамоянд. Донистани забони англисӣ имкони таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳониро бештар месозад. Масалан, хатм кардани Донишгоҳи Лондон имкони зиёдтар дар созмонҳои байналмилалӣ ба кор қабул шуданро дорад. - Омӯзиши забони англисиро аз кай оғоз намудан беҳтар аст? - Албатта, дар овони хурдӣ омӯзиши забони хориҷӣ осонтар аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «илми дар хурдӣ чун нақши дар санг аст». Барвақт ба омӯзиши забон шуруъ кардан нутқи кӯдакро такмил дода, нуқсони суханрониашро рафъ месозад. Кӯдакон ҳассосу зираканд. Ман дар мактабҳои рақами 2,20 ва 45-и пойтахт дарс додаам. Алҳол дар мактаби №14-и шаҳри Душанбе ба толибилмон забони англисиро меомӯзонам. Имрӯз чун солҳои пешин камбудии китоби дарсӣ ба назар намерасад. Илова бар ин,
- Шумо ба ягон кишвари хориҷӣ рафтаед? - Ҳамчун сайёҳ дар бисёр кишварҳо будам. Бо хориҷиёни зиёде, аз қабили намояндаҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба забони англисӣ озод суҳбат кардаам. Ман дастпарвари Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе (солҳои шастум) мебошам. Солҳои 1994, 1995, 1996 ва 2000-ум курсҳои такмили ихтисосро хонда, соҳиби сертификати амрикоӣ гаштаам. Дар лаҳзаҳои фароғат китобҳои бадеиро ба забони англисӣ мехонам. Ба шогирдон низ мутолиаи китобҳоро ба забони англисӣ берун аз дарс тавсия медиҳам. Аз ин рӯ, шогирдон дар маҳфилҳои Шекспирхонӣ ва озмунҳо муваффақ мешаванд. - Фарзандонатон низ касби Шуморо интихоб кардаанд? - Шукри Худо, ман соҳиби 4 духтар, 11 набера ва 3 абера ҳастам. Се духтарам озодона ба забони англисӣ суҳбат мекунанд. Духтари калониам Муҳаббат дар иёлати Миссурии ИМА зиндагӣ мекунад. Наберагонам низ забони англисиро хуб медонанд. Дар ҷумҳурии мо низ таваҷҷуҳ ба ин забон нисбат ба даврони шӯравӣ хеле зиёд шудааст. Сардори давлат зимни мулоқот бо ҷавонон таъкид мекунанд, ки ҳатман забони англисӣ ва як забони дигари хориҷиро донанд. Яъне, шахсе, ки забони хориҷиро медонад, бештар комёб мешавад. 20 сол пеш калимаҳои компютер, принтер, плеер, ноутбук, гамбургер ва ғайраро на ҳар кас мефаҳмид. Имрӯз ин калимаҳои англисӣ ба таркиби луғавии аксар забонҳо дохил шудаанд. Бинобар ин, забономӯзӣ танҳо ба манфиати шахс хоҳад буд.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «ҶТ»
Ҳоҷиёни тоҷик намуна буданд
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
АНДЕША
Дар шумораи №45 (6.11.2013)-и «Ҷавонони Тоҷикистон» мусоҳибае зери унвони «Барои ободии Тоҷикистон дуо кардем» чоп шудааст. Чанде аз ҳоҷиёни кишварамон дар он мусоҳиба оид ба шароити хуби барои зоирини мамлакат фароҳамшуда изҳори ақида кардаанд. Ман ҳам бо онҳо ҳамфикрам. Банда соли 1998 бори аввал ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф шудам. Фарқи шароити ҳоҷиёни тоҷик дар соли 2013 ва 1998 аз замин то осмон аст. Ҳоҷиёни тоҷик дар мавзеи «Зоҳир» («Зутувай») дар меҳмонхона ҷой гирифтанд. Ин бесабаб нест. Зеро Расули Худо (с) ҳангоми аз Мадинаи Мунаввара ба Маккаи Мукаррама омадан шаб дар мавзеи «Зутувай» истода, субҳгоҳон ба Хонаи Каъба рафта буданд. («Саҳеҳи Бухорӣ», китоби «Файзулборӣ», ҷилди 3, фасли «Ҳаҷ», ҳадиси 1553). Автобусҳо аз соати 3-и субҳ то соати 24 ҳоҷиёни тоҷикро ройгон аз меҳмонхона то ба Ҳарам мебурданд. Мутаассифона, иддае аз зоирин аз рӯи нодонӣ шиква мекарданд, ки гӯё меҳмонхона дур бошад. Ҳол он ки дар «Зутувай» истодан пайравӣ ба суннати Расули Худо (с) аст. Барои ҳоҷиён дар водиҳои Минову Арафот хӯроки гарму чой ташкил намуданд, ки солҳои пеш чунин набуд. Агар ба навиштаҳои рӯзномаҳои солҳои пеш назар андозед, мебинед, ки ҳоҷиён ба рафтору тартиби ҳоҷиёни Туркияву Малайзия ҳавас мекарданд. Дар мавсими ҳаҷҷи порсола ҳоҷиёни Туркия ошкоро ба мо гуфтанд, ки «сафарбаркунию хизматрасонии ҳоҷиёни тоҷик хеле хуб ба роҳ монда шудааст». Ин, албатта, бо саъю кӯшиши раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов ва масъулони ситоди «Ҳаҷ2013» мебошад. Умедворем, ки мавсими «Ҳаҷ2014» дар сатҳи аз ин ҳам боландтар доир мегардад.
Ҳоҷӣ Карим САИДОВ, шаҳри Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
ЗАМОНИ МУОСИР
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
8
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буда, аз 10 соҳаи афзалиятнок иборат мебошад. Айни ҳол ҷиҳати хизматрасонии маҷмӯӣ ба ҷавонон дар кишвар 63 маркази ҷавонон, 72 маҳфили гирандагони стипендияҳо ва 50 маҳфили ихтиёриёни ҷавон бо фарогирии беш аз 3000 ҷавон фаъолият доранд, ки иштироки ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таъмин менамоянд. Фаъолияти ин марокиз, асосан, ба таҳкими меъёрҳои ҳуқуқӣ ва назариявию амалӣ дар самти хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон нигаронида шудаанд.
раи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ” 23 лоиҳа, бахусус, 17 лоиҳаи марказҳои ҷавонон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 269000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 113200 сомонӣ аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ гардиданд. Дар натиҷа, 57077 нафар, аз ҷумла, 16251 нафар духтар бо хизматрасонии алоқаманд фаро гирифта шуданд. Баҳри таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хариду фурӯши одамон, инчунин, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, вазоратҳои маорифу корҳои дохилӣ нақшаҳои муштарак таҳия ва ба тасвиб расиданд. Дар асоси он мунтазам чорабиниҳо амалӣ мегарданд. Бо мақсади таъмини иттилооти сифатнок ва баланд бардоштани сатҳи дониши фаъолҷавонон оид ба
Соли 2013: Дастовардҳои Дар доираи шуғлнокии ҷавонон, ки аз дигар соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад, аз нерӯи ҷавонон ба таври васеъ ифода мешавад. Хусусан, фарогирии онҳо ба таҳсил, меҳнат, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ. Ҷиҳати ба фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифтани ҷавонон дар назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» фаъолият дорад. Соли 2013 Биржаи меҳнатии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 21 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир намуданд. Дар онҳо зиёда аз 10240 нафар корҷӯ ширкат варзида, 795 нафар бо ҷойи кор дар дохили ҷумҳурӣ таъмин шуданд. Дар назди КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” Маркази иттилоотии доимоамалкунандаи ҷойҳои кори холӣ амал мекунад, ки соли 2013 488 нафар ҷавонро барои кор ба Русия сафарбар намуд. Дар соли 2013 кумита дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим корҳои зиёдеро анҷом дод. Аз ҷумла, бо мақсади пешгирии ВНМО/БПНМ ва дигар омилҳои номатлуб миёни ҷавонони деҳот дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ва Хазинаи глобалӣ оид ба мубориза бар БПНМ, сил ва табларза Лоиҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ-ро аз моҳи сентябри соли 2007 амалӣ менамояд. Дар доираи лоиҳа дар 25 шаҳру ноҳияҳои интихобӣ, 16 ҷамоати шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон маҳфилҳои ихтиёриёни ҷавон иборат аз 560 ихтиёрӣ ва 82 тренер омода гардиданд. Онҳо мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонони деҳот оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим аз рӯи принсипи «Ҳамсол ба ҳамсол» ба роҳ мемонанд. Дар доираи лоиҳа мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ, фарҳангӣфароғатӣ, варзишӣ, омӯзишӣ ва табодули таҷриба гузаронида мешаванд. Ҳамагӣ дар ин давра вобаста ба ташаккули тарзи ҳаёти солим 20500 чорабинӣ
баргузор гардида, 153650 нафар бо иттилооти зарурӣ фаро гирифта шуданд. Аз ҷумла, 568 семинари омӯзишии маҳаллӣ, 16822 мулоқот ва вохӯриҳои фардӣ, 1680 мулоқоти гурӯҳӣ, 1820 мулоқот бо бонувони хонашин, 698 мулоқот бо хизматчиёни ҳарбӣ, 1208 мулоқот оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, 782 чорабинӣ бо ҷалби васоити ахбори омма, 683 чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ, озмунҳои маҳаллию минтақавӣ бо фарогирии 13620 нафар ҷавон ва 1289 чорабинии варзишию оммавӣ, ба монанди футбол, волейбол, шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва баскетбол доир гардида, 58103 нафар ҷавон фаро гирифта шуданд. Дар ин намуди чорабиниҳо, ки хусусияти оммавӣ доранд, 260354 нафар сокини ноҳияҳои интихобӣ ҳамчун тамошочӣ ширкат карданд. Лозим ба ёдоварист, ки беш аз 70% аҳолии кишварро қишри ҷавон ташкил медиҳанд. Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати ташаккул ва рушди шароитҳои иҷтимоию иқтисодӣ, тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ, фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳсили ҷавонон, такмили ихтисос, тайёр кардани кадрҳо ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд кумита дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои ҷавонони донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои дастгирикунанда амалӣ менамояд. Мутобиқи омори расмӣ ҷавонони ба таҳсил фарогирифташуда 600500 нафар мебошанд, ки нисбат ба шумораи умумии ҷавонон 19,6%ро ташкил медиҳанд. Барои таҳсили онҳо 3824 муассисаи таълимӣ фаъолият менамоянд ва шумораашон дар ҳоли афзоиш мебошад. Дар кишвар барои ҳавасмандгардонии бевосита барои ҷавонони фаъол 300 Стипендияи президентӣ таъсис ёфтааст, ки аз соли 1998 амал дорад. Ҳамчунин, дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба-
рои солҳои 2013-2015, ки бо қарори мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 15 январи соли 2013 тасдиқ гардидааст, 7 стипендияи кумита барои донишҷӯёни болаёқати макотиби олии мамлакат тибқи тақсимбандии минтақаҳо таъсис ёфтааст. Ҳаҷми маблағи он барои ҳар моҳ 250 сомонӣ мебошад. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ барои ҳавасмандгардонии ҷавонони фаъол 3850 стипендияи кумита, раисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ таъсис ёфтааст. Дар самти дастгирии иҷтимоии ҷавонон кумита як қатор корҳоро ба итмом расонд. Аз ҷумла, барои руҳбаландии тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳияи Қубодиён барномаҳои фарҳангию фароғатӣ бо оростани хони идона доир намуда, ба онҳо кӯмаки моддӣ расонида шуд. Дар умум, то имрӯз ба мактаб-интернат ба маблағи 17000 (ҳабдаҳ ҳазор) сомонӣ кӯмаки хайриявӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ба мактаб-интернати ноҳияи Муъминобод 3000 ва барои дастгирии маркази дӯзандагии шаҳри Душанбе 5000 сомонӣ кӯмак расонда шуд. Бо мақсади таъминоти иҷтимоии ҷавонони маъюб, ноқисулақл, бепарастор ва оворагард мунтазам чорабиниҳои дастгирикунанда амалӣ гардонида шуданд. Дар доираи маблағгузории Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 соли гузашта тибқи шакли дархостии муқарраргардида ба 22 шаҳрванди ниёзманд дар ҳаҷми 24 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ дода шуд. Ҳачунин, ба якчанд ниёзманд кӯмаки моддӣ, аз қабили аробачаи маюбӣ, мошинаи дарздӯзӣ тақдим гардид. Дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дастгирии лоиҳаҳои ташкилотҳои ҷавонон, аз ҷумла, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои ҷавонон дар дои-
масъалаҳои хариду фурӯши одамон аз ҷониби маҳфилҳои ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон 48 семинар бо иштироки 1200 нафар наврас ва ҷавон ва дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо 96 чорабинии маърифатию иттилоотӣ бо
Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сол аз сол пеш аз муҳлат бомуваффақият ҷамъбаст мегардад. Дар самти ватандӯстӣ соли 2013 50 чорабинии ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 20000 ҷавон ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 500 чорабинӣ доир гардиданд, ки дар он 90000 нафар фаро гирифта шуданд. иштироки 10 ҳазор ҷавон доир гардиданд. Мутобиқи дастури раиси кумита бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан ба рафти таҳсил, шароити зисту зиндагӣ, истироҳату фароғат, дастоварду мушкилот, ҳавасмандсозӣ, дастгирии моддию маънавии ҷавонони тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва дигар донишҷӯён аз 2 то 5 майи соли 2013 кормандони кумита ба шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб сафари корӣ анҷом доданд. Во-
сир” ду маротиба бо дарбаргирии 170 мақолаи илмӣ ва фиттаҳои «Сурудҳои ватанпарастона» нашр ва дастрас гардонида шуданд. Кумита бо мақсади риояи арзишҳои фарҳангӣ ва асолати хонадории зани тоҷик маҳфилҳои гуногуни маърифатию зеҳниро байни духтарону бонувон таҳти унвони “Зан – оинаи рӯзгор”, “Кадбону”, “Орифа” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар макотиби олӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён ва шаҳраку маҳаллаҳо доир намуд. Баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, тарғибу ташвиқи суннатҳои неки ниёгон, равона намудани майлу хоҳиши ҷавонон ба корҳои созандагию ободкорӣ, дӯст доштани диёр ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои волои гузаштагон дар ниҳоди насли наврасу ҷавон, тақвият бахшидани нерӯи зеҳнӣ ва ҷалби олимону муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию амалӣ машваратҳои илмиро кумита байни олимону муҳаққиқони ҷавон, донишҷӯёну хонандагон дар мавзӯи «Наврӯз: аз шоҳ Ҷамшед то имрӯз» дар ҳамкорӣ бо
ҷаҳонбинии насли наврас, ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърих, ташаккули тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ташвиқу тарғиби сулҳу субот, оромию осудагӣ, ҳамдигарфаҳмию эҳтироми байниҳамдигарӣ, шинохти бештари таъриху инкишофи пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанбе, озмунҳои иншои беҳтарин дар мавзӯи “Душанбе: дирӯз, имрӯз ва фардо”, мақолаи беҳтарин дар мавзӯи “Душанбе – шаҳри сулҳ” ва озмуни қироати шеърро дар мавзӯи “Душанбе-диёри ормонҳо” доир намуданд. Вобаста ба ташаккул ва рушди заминаи илмию методии сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2013 10 дастур бо теъдоди 4500 нусха чоп ва байни мутахассисони соҳаи кор бо ҷавонон ва дигар гуруҳҳои ҷавонон паҳн шуданд. Бахусус, Дастури амалӣ оид ба тартибҳои меъёрию ҳуқуқии Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (400 нусха), Дастури методию амалӣ оид ба татбиқи самараноки стипендияҳои президентӣ, кумита ва маҳалӣ (300 нус-
кумита дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар самти иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мавриди таҳлил ва санҷиш қарор гирифта, натиҷаи он дар вақти баргузории семинар-машваратҳо муҳокима шуданд. Захираи кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони босалоҳият ва ташаббускори дорои сатҳи баланди тайёрии касбӣ ва қобилияти ташкилотчигӣ таъсис ёфта, барои боз ҳам самаранок гаштани фаъолияти минбаъдаи кумита ва ташкилотҳои система, таҳкими сиёсати кадрӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон, ҷобаҷогузории мутахассисон бо назардошти таҷрибаи корӣ, қобилияти корбарӣ, синну сол ва бартараф намудани камбудиҳои дар боло зикргардида тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Яке аз дастоварди муҳим дар ин самт ба тасвиб расидани Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 мебошад. Барнома ягона механизме мебошад, ки ба ҷавонон хиз-
оид ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ сӯҳбати гирди мизи мудаввар бо иштироки масъулини маҳал ва соҳибкорони ҷавон доир гардид. Бо мақсади дар ниҳоди насли наврас баланд бардоштани ҳиссиёти гуманистӣ, фидокорӣ, ватандӯстӣ, эҳтирому гиромидошти фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳо, рамзҳои давлатӣ ва дигар муқаддасоти Ватан аз ҷониби кумита пайваста чорабиниҳои таблиғотиву ташвиқотӣ доир мегарданд. Натиҷаи чунин чорабиниҳо буд, ки даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ сол аз сол пеш аз муҳлат бомуваффақият ҷамъбаст мегардад. Дар самти ватандӯстӣ соли 2013 50 чорабинии ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 20000 ҷавон ва дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 500 чорабинӣ доир гардиданд, ки дар он 90000 нафар фаро гирифта шуданд. Барои омӯзиши асарҳои таърихӣ ба китобхонаҳои марказҳои таълимии қисмҳои ҳарбии пойтахт 2520 дона адабиёт тақдим шуд. Аз ҷумла, «Санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Маҷмӯи қонунҳо дар бораи ҷавонон, варзиш ва туризм», «Дастури методию амалӣ оид ба ташаккул ва рушди фаъолияти марказҳои ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Усулҳои интерактивии таълим ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон», асарҳои «Достони Ватандорӣ», «Муқаддасоти Ватан», «Ба муҳофизати Ватан омода бош!», «Порчаҳо аз достонҳои Шоҳнома», дастурҳои «Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен», «Қаҳрамони халқи тоҷик Муқаннаъ», варақаи иттилотии «Сарбоз ҳомии амнияти Ватан аст», «Саҳифаҳои муҳимтарин аз таърихи халқи тоҷик», «Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», маҷмӯаи маҳфили шеъри назди кумита “Дунёи ҷавонӣ”, маҷаллаи Шӯрои олимони ҷавон “Ҷавонон ва илми муо-
бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шӯъбаҳои кор бо ҷавонони мактабҳои олии пойтахт доир намуд. Чорабиниҳо барои дарёфт ва дастгирӣ намудани ҷавонони лаёқатманд, ки истеъдоди хуби эҷодкорӣ доранд, манфиатбахш буданд. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтаринро дар мавзӯи “Тоҷикистони ман” миёни ҷавонони ҷумҳурӣ ҷамъбаст намуд. Дар он 22 мақола пешниҳод гардида, ба ғолибон ва 10 иштирокчии беҳтарин туҳфаҳо тақдим гардид. Чунин чорабиниҳо дар кишвар аз ҷониби тамоми сохторҳои маҳаллӣ низ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва бахшҳои он ба муносибати Рӯзи пойтахт бо мақсади ташаккули завқи эҷодкориву
ха), Дастури иттилоотию амалӣ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардиданд (500 нусха), Дастури иттилоотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2013 (300 нусха), Маҷмӯи мақолаҳо “Ҷавонон ва илми муосир” (150 нусха), дастурҳои иттилоотию тавсиявии “Ба муҳофизати Ватан омода бош!” (400 нусха), “Гиромидошти муқаддасоти Ватан” (340 нусха), Варақаи иттилоотии “Интихобот ва ҷавонон” (2106 нусха) тақсим шуданд. Дар асоси нақшаи кории кумита ва дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 фаъолияти кории сохторҳои маҳаллии
матрасонии маҷмӯиро таъмин месозад. Он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст. Дар доираи барнома тибқи тартиби муқарраргардида 336 лоиҳа (чорабиниҳо) амалӣ гардонида шуданд. Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаҳо 157052 ҷавон бо иттилоот, донишу малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 36,5% ё 57280 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи нишондодашудаи фарогирӣ танҳо гуруҳҳои мақсаднок ва ё иштирокчиёни бевоситаро дарбар мегирад. Зеро мутаносибан фарогирии бавоситаи барнома ҳудуди 600000 нафар ва ё 20% ҷавонон арзёбӣ мегардад. Дар ин маврид як шахси маълумотгирифта метавонад то 4-5 нафар шахсони дигарро бо иттиллоти алоқаманд фаро бигирад.
ҷавонон назаррасанд
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
баста ба мавзӯи зикргардида дар Кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа бо 400 ва Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо 500 нафар толибилм дар ҳамкорӣ бо намояндагони мақомоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот доир намуданд. Дар баробари ин, айни замон дар кишвар 63 марокизи ҷавонон фаъолият доранд, ки пайваста ба ҷавонон чорабиниҳои гуногунро амалӣ мегардонанд. Бахусус, оид ба такмили сатҳи дониши ҷавонон аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии “Марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ” дар давраи ҳисоботӣ 1192 нафар, аз ҷумла, 611 духтар бо малакаҳои забондонӣ (русӣ, англисӣ), дузандагӣ, соҳибкорӣ ва кор дар компютер фаро гирифта шуданд. Ҷиҳати омӯзонидани ҷавонони ба соҳибкорӣ майлдошта ва соҳибкор бо малакаҳои таҳия ва амалисозии нақшаҳои соҳибкорӣ-тиҷоратӣ тавассути КВД “Клуби соҳибкорони ҷавон” давраҳои омӯзишӣ ташкил гардиданд. Дар натиҷа, 70 нафар бо малакаҳои соҳибкорӣ дар шароити ҷомеаи муосир омӯзонида шуданд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Балҷувон
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
9
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
10
ҶАВОНОНИ ҶАҲОН
Лаша Кикнадзе:
«Рушди туризми дохилӣ - заминаи ҷалби сайёҳони хориҷист» Лаша Кикнадзе 25 сол дорад ва хатмкардаи Коллеҷи туризми Тбилисӣ мебошад. Ин ҷавони табиатдӯст чанд сол боз дар кишвари худ - Гурҷистон саёҳати экологиро бо номи «Сайругашт дар табиати ёбоӣ» таъсис додааст. Дар мусоҳибаи зерин бо тарзи фаъолияти Лаша ва ҷалби сайёҳон ҷиҳати рушди туризми дохилӣ бештар ошно мегардем. - Лаша, дар оғоз каме дар бораи худ нақл мекардед? - Ман коллеҷи касбиро бо ихтисоси гид - роҳбалади минтақавӣ хатм кардам. Аз хурдӣ ба пиёдагардӣ шавқи махсус доштам. Ин машғулияти дӯстдоштаамро ба касб табдил додам. Ду сол боз турҳои махсус таъсис дода, барои сайёҳон хизмати роҳбаладиро анҷом медиҳам. - Гурҷистон аз лиҳози туризм чӣ гуна кишвар аст? - Ҳар сол тахминан беш аз 2,5 миллион сайёҳ ба кишвари мо меоянд. Тобистон Оҷористон ва Батуми, ки дар соҳили баҳри Сиёҳ воқеанд, марказҳои асосии сайёҳӣ мебошад. Зимистон Гудау-
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳангоми сафар ба Озарбойҷон дар шаҳри Мингечаур имкон даст дод, то ба фаъолияти «Марказ барои таълимоти ҷавонон» шинос шавам. Дар суҳбат директори ин марказ Турал Каримов доир ба имкониятҳои марказ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ қисса намуд. - Бахши мо тобеи Вазорати ҷавонон ва варзиши Озарбойҷон буда, соли 2010 ба фаъолият оғоз намуд. Дар марказ омӯзиши забнҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ ва англисӣ, компютер ва маҳфилҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Барои табақаи эҳтиёҷманд омӯзиш дар ин курсҳо ройгон мебошад. Маҳфилҳои мубоҳисавии мо барои сайқали забондонӣ ва табодули андешаҳои ҷавонон мусоидат менамояд. Инчунин, маҳфилҳои рақс, ватандӯстӣ, рассомӣ дорем. Китобхонаи электронӣ низ торафт ғанӣ мегардад. Дар шаҳри мо беш аз 2500 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. - Дар шаҳри Мингчаур обанбори калон воқест ва дар атро-
ри беҳтарин макон барои лижатозист. Ба Гурҷистон, асосан, аз Арманистон, Украина, Русия ва кишварҳои Аврупою Амрико сайёҳон меоянд. Барҷомӣ, Тушетӣ, Сванетӣ минтақаҳои биҳиштосои кӯҳӣ мебошанд. - Сайёҳонро чӣ чиз бештар ба кишвари Шумо моил месозад? - Табиату фарҳанг ва вино. Ҳар чизе ки шуниданд, меоянд, то бо чашми худ бинанд. Ошхонаи гурҷӣ низ рангоранг аст. Ҳамаи ин омилҳо сайёҳонро ҷалб месозад. - Барои рушди сайёҳӣ дар Гурҷистон чӣ мушкилотро мебинед? - Мушкилоти асосӣ рушд наёфтани инфросохтори туристӣ ва фаъолнок набудани мардум мебошад. Яъне, баъзеҳо аз хонаи худ намебароянд ва ба табиат майл надоранд. Мо ба он минтақаҳое саёҳат ташкил мекунем, ки дорои табиати нодир ҳастанд, шаршараю куҳҳои зебо доранд. Ҳатто баъзе ҷойҳое, ки мо барои сайёҳон кашф кардем, ҳанӯз ширкатҳои дигари туристӣ намедонанд. Турҳое ки мо ташкил мекунем, аз ширкатҳои дигар фарқ дорад. Зеро мо бештар пиёда роҳ тай меку-
онҳо одамони нав ҳастанд ва намоиши ҷойҳои диққатҷалбкунандаи кишвари худро дӯст медоранд. - Мизоҷони асосии шумо киҳоянд? - Бештар гурҷиҳо. Дар аввал бояд туризми дохилиро рушд диҳем. Дар ин сурат рушди туризми байналмилалӣ осонтар мегардад. Барои ҷалби шумораи бештари сайёҳон ташкили фестивалҳо низ сабаб мегардад. Масалан, тирамоҳ баргҳои бисёрро ҷамъ оварда, сипас, конструксияи баландтаринро месозем, ки аз болояш одамон ба поён меҷаҳанд. Ин хусусияти варзишӣ низ дорад. Ё зимистон «сновҷампинг», яъне, сохтани бобои барфии калонтарин. Тобистон аз шаршара ба поён ҷаҳидан. Ин намуди варзишҳои сайёҳӣ дар Аврупо маъмул гаштааст. - Ҳангоми барпо намудани саёҳат чанд нафар дар хизмати сайёҳон қарор мегиренд? - Ман чун роҳбалад, дар сурати лозимӣ - тарҷумон, Георгий наворбардор ва аксбардори мо мебошад. Гиди фарҳангӣ низ дорем, ки ёдгориҳои фарҳангию меъмориро ба мизоҷон муаррифӣ менамояд.
нем ва манзараҳои нотакрорро бисёртар мушоҳида менамоем. Аз ин хотир саёҳати мо «Саёҳат ба табиати ёбоӣ» ном гирифтааст. - Муносибати сокинони маҳаллӣ бо сайёҳон чӣ тавр аст? - Гурҷиҳо мадуми меҳмондӯст мебошанд. Сайёҳонро дӯст медоранд, зеро
- Одамон аз куҷо дар бораи хизматрасонии шумо иттилоъ меёбанд? - Сарчашмаи асосии интилоот интернет мебошад. Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан, “Фейсбук” саҳифаи худро бо аксҳои гуногун ҷой намудаем. Ҳоло шакли беҳтарин ва мувофиқтарин ҳамин мебошад. Хатсайри туристии мо маҳдуд нест ва метавонем мувофиқи табъу завқи сайёҳон онро ба роҳ монем.
Турал Каримов:
«Ният дорем, бо ҷавонони Тоҷикистон дӯстиро ба роҳ монем»
фаш ҳудудҳои махсус м у ҳ о ф и з ат ш а в а н д а низ ҳастанд. Аз ин лиҳоз, шаҳри шумо шояд дорои мушкилоти экологӣ низ бошад. Ҷалби ҷавонон ба масъалаҳои муҳити зист дар кадом сатҳ аст?
- Мо барои фаъолони бахши экология ҳуҷраи алоҳида дорем. Ҷавонони мо дар озмуну лоиҳаҳои зиёди экологӣ ширкат меварзанд. Яке аз чунин чорабиниҳо «Шаҳри сабз ва тоза» мебошад, ки ҷавонону ихтиёриён пайваста ширкат меварзанд.
- Ҷавононе, ки дар марказ омӯзиш гирифтаанд, имрӯз дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва ҷумҳурӣ чӣ ҳисса мегузоранд? - Албатта, боиси ифтихори мост, ки онҳо чун дастпарварони марказ кору пайкори худро бомуваффақият пеш мебаранд. Масалан, дар шаҳри мо корхонаи истеҳсоли компютер сохта шудааст, ки дастпарварони моро ба кор қабул намудаанд. Инчунин, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва сохторҳои дигар ҷавонони мо кор мекунанд. - Ҳамкориҳои байналмилалии марказ дар кадом сатҳ аст? - Имсол нақша дорем, ки ҳамкориҳои худро бо кишварҳои дигар низ ба роҳ монем. Аз ҷумла, ният дорем, бо ҷавонони Тоҷикистон низ ҳамкорӣ ва муносибатҳои
дӯстонаро ба роҳ монем. - Нақшаҳои минбаъдаи Шумо? - Маркази нави мустақил бо номи «Ояндаи дурахшон» дар заминаи маркази мо таъсис ёфт. Ин маънои онро дорад, ки имкониятҳои мо бештар мегарданд. Маҳфилҳои нав, аз қабили саноат ва туризмро таъсис доданӣ ҳастем. Инчунин, ният дорем, ки студияи телевизионии ҷавононро таъсис диҳем. Барои ин шароитҳои лозима ва технологияро дорем. Ҳамзамон, бо таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои рушди телвизиони маҳаллӣ ва таъмини онҳо бо кадрҳои лозима - коргардонҳо, наттоқон ва операторҳо мусоидат намоем.
Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
Кишвари Шри-Ланка аз калонтарин ҷазираҳо ба ҳисоб рафта, дар уқёнуси Ҳинд ҷойгир аст. Аз китобҳои таърихӣ маълум аст, ки баъди Одам алайҳиссаломро аз биҳишт баровардан фариштагон ӯро маҳз дар ҳамин сарзамин ниҳода буданд. Гузаштагонамон ин мулкро Сарандеб мегуфтанд. Баъдтар ҷазира номи Сейлонро гирифт. Соли 1972 ба Доминиони Сейлон номи Ҷумҳурии Сотсиалистии Демократии Шри-Ланка гузошта шуд. Кайҳо орзу доштем, то ба ин кишвар, ки қадамҷои ҳазрати Одам (а) аст, сафар намоем. Лекин солиёни зиёд аз ҷумҳуриамон ба ин кишвар хатсайри муайяни туристӣ набуд. Бо ташаббуси раиси ширкати сайёҳии «Азиана Тревел» бори нахуст хатсайри сайёҳӣ ба ШриЛанка ифтитоҳ шуд ва мо гуруҳи 15-нафара аввалин сайёҳони тоҷик будем, ки дастҷамъона ба ин кишвари афсонавӣ сафар кардем. Сафари мо 14 декабри соли 2013 тавассути хатсайри Душанбе-Дубай-ШриЛанка сурат гирифт. Аз Дубай бо тайёра ба пойтахти Шри-Ланка шаҳри Коломбо рафтем. Баъди дар фурӯдгоҳи Коломбо гирифтани раводид тавассути автобус роҳи шаҳри Кандиро пеш гирифтем. Нахустин саёҳати мо шабонгоҳ аз зиёрати маъбади қадима оғоз ёфт. Дар шаҳри Кандӣ Боғи ботаникии шоҳигарӣ мавҷуд аст, ки ҳанӯз дар асри 19 бунёд ёфтааст. Онро мустамликадорони англис бунёд кардаанд. Боғи мазкур аз гулу гиёҳ ва дарахтони гуногун иборат буда, сайр кардан дар он хусусияти табобатӣ дорад. Танҳо аз дарахти паха дар ин боғ 175 намуд аст. Сарварони кишварҳои гуногун дар ин боғ ниҳол шинонидаанд. Масалан, дарахти шинондаи Николаи II (соли 1891) то ҳол сарсабз аст. Дарахти шинондаи кайҳоннавард Юрий Гагарин низ то ҳол хуб нашъунамо дорад. Гулу меваҳои ғайримаъмулии ин дарахтон таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб мекунад. Маймунҳо дар шохи дарахтон овезон шуда, бо бозии худ оромии боғро халалдор месозанд. Тамошои осорхона сангҳои қиматбаҳо низ ба кас завқи бадеӣ ме-
Зиёрати қадамҷои Одам алайҳиссалом
бахшанд. Санъати заргарию сангтарошӣ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо дар Шри-Ланка таърихи қадима дорад. Маънои Шри-Ланка аз забони санскрит «Сарзамини бобаракат» аст. Саёҳати мо ба мавзеи Нувора Алия бисёр ҷолиб буд. Дар роҳ дар мавзеи Рамбода шаршараҳоро дидем, ки зери шуои офтоб ранги тиру камонро медод. Барои мо дидани майдонҳои сарсабзи чой хеле гуворою хотирмон буд. То омадани англисҳои истилогар дар ин ҷо чой намерӯид. Дар асри 19 муҳаққиқони англис баъди таҷрибагузаронӣ муайян карданд, ки иқлими Шри-Ланка барои парвариши чой хеле мувофиқ аст. Сингалҳо (аҳолии таҳҷоии ШриЛанка) ба ин нақшаи истисморгарон қатъиян зид баромада, аз кор кардан дар майдонҳои чой худдорӣ карданд. Англисҳо аз Ҳиндустон мардуми тамилиро ба ин ҷо оварда, дар майдонҳои чой ғуломвор кор фармуданд. Тамилиҳо
дар Ҳиндустон бо парвариши чой ошно буданд. Дар миёнаҳои асри ХХ мустамликадорони англис рафтанд, вале тамилиҳо дар Шри-Ланка муқимӣ шуданд. Сингалиҳо то имрӯз чойро «нӯшокии мустамликадорон» меноманд. Чанд сол миёни аҳолии таҳҷоӣ (сингалҳо) ва муҳоҷирони тамилии муқимишуда дар ин кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Агар дурусттар диққат диҳем, сабабгори ҷанг кишти чой буд. Аз ҷиҳати истеҳсоли чой Шри-Ланка баъди Ҳиндустон ва Чин дар ҷаҳон ҷойи сеюмро мегирад. Солона дар ин кишвари хурд (масоҳаташ 65 610 км. кв.) 305 ҳазор тонна чой истеҳсол мешавад. Шри-Ланка 10 дарсади чойи ҷаҳонро истеҳсол мекунад. Дидани майдонҳои сарсабзи чой воқеан ба кас кайфият мебахшад. Барои зиёрати «Қуллаи Одам (а)» шабона ба роҳ баромадем. Ҳарчанд ба-
ромадан ба ин қуллаи зинапоядор мушкил бошад ҳам, баъди ба он расидан кас аз насими фораму сарсабз нафас кашида худро сабук ҳис мекунад. Умуман, боду ҳавои Шри-Ланка хеле муътадилу гуворо буда, роҳи нафаси кас кушода мешавад. Мо ҳангоми аз Тоҷикистон сафар кардан гӯё дар ду рӯз аз зимистон ба тобистон расидем. Тамошои шаҳри Ваталла низ шавқовар буд. Он аз пойтахти ШриЛанка 13 км. дур буда, дар соҳили уқёнуси Ҳинд ҷой гирифтааст. Мардуми Шри-Ланка хушмуомилаву чеҳракушоданд. Баъди истеҳсоли чой туризм дар ин ҷо аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар Шри-Ланка саноати нассоҷӣ тараққӣ кардааст. ИМА, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Олмон, Белгия харидорони асосии маҳсулоти Шри-Ланка мебошанд. Дар навбати худ Шри-Ланка маҳсулоти заруриро аз Ҳиндустон, Чин, Эрон ва Сингапур ворид мекунад. Дар шаҳри Коломбо дар қатори маъбадҳои буддоиву ҳиндӣ ва калисо масҷидҳоро низ дидем. Аз рӯи маълумоти омор 70 дарсади аҳолии Шри-Ланка пайрави динни буддоӣ, 12,6 дарсад пайрави дини ҳиндуӣ ва 10 фоизашон мусулмонанд. Бо мақсади ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар шимоли Коломбо сармоягузории хориҷӣ дар шимоли Коломбо минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. Ширкатҳои хориҷие, ки дар ин ҷо фаъолият мекунанд, аз пардохти гумрукиву баъзе намуди андоз озоданд. Зиёда аз 70 фоизи барқи Шри-Ланкаро неругоҳҳои обӣ тавлид мекунанд. Дар Шри-Ланка неругоҳҳои ҳароратӣ низ ҳастанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
11
ТУРИЗМ
Мирмаҳмад ТОҲИРОВ, Тоҷиддин ХАЛИЛОВ, ноҳияи Ҳисор
Фарҳод бо дастгирии Президент қуллаҳои навро тасхир мекунад Фарҳод Муъминов, кӯҳнаварди тоҷик бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаи ҷаҳонии кӯҳнавардӣ иштирок хоҳад кард. Ф. Муъминов ба хабаргузории “Озодагон” гуфтааст, айни ҳол, барои иштирок дар экспедитсияи навбатӣ дар Федератсияи Русия ба тамрин машғул мебошад: “Экспедитсияи на-
вбатии байналмилалӣ аз 8 январи соли ҷорӣ оғоз гардида, дар давлатҳои Туркия, Африқо, Танзания ва Кения баргузор мегардад”. Фарҳод Муъминов соли гузашта дар яку ним моҳ ба қуллаи баландтарини Аврупо Элбрус, ки баландиаш 5 ҳазору 642 метр аст ва ҳамчунин, ба яке аз қуллаҳои баландтарин дар ҷаҳон, қуллаи Ленин, ки ҳоло номи Абӯалӣ ибни Синоро гирифта, 7 ҳазору 134 метр баландӣ дорад, баромадааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
КӮҲНАВАРДӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
12
КИШОВАРЗӢ
Иқлим ва шароити табиии Тоҷикистон аз бисёр кишварҳои хориҷаи дуру наздик бо аломатҳои хос ва мураккабии худ фарқ мекунад. Ин ба раванди азхудкунии заминҳои барои кишоварзӣ пешбинишуда ва истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ таъсир мерасонад. Чӣ бояд кард, то фарсудашавии заминро пешгирӣ намуда, маҳсулнокии майдонҳои киштро баланд бардорем? Дар ин хусус суҳбате доштем бо ходими илмии Институти иқтисод ва демографияи АИ ҶТ, номзади илмҳои кишоварзӣ Фаррух Абдувосиев. - Ҷумҳурии мо бо вуҷуди яке аз хурдтарин кишварҳои Осиёи Марказӣ буданаш дорои релефи гуногун мебошад. Ин ба интихоби кишти зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чӣ гуна таъсир мерасонад? - Ҳарчанд масоҳати Тоҷикистон ҳамагӣ 143,1 ҳазор километри мураббаъро ташкил диҳад ҳам, иқлим ва шароити табиии минтақаҳои он аз ҳамдигар фарқи калон доранд. Релефи кишварамон аз ҳамвориҳо сар карда, то баландкӯҳҳоро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон панҷ зинаи амудии релеф мавҷуд аст: 1. Ҳамвориҳои то баландии 300-700 метр аз сатҳи баҳр. 2. Баландиҳои то 700-800 метр. 3. Доманакӯҳҳо - то 2000-2100 метр. 4. Миёнакӯҳҳо - 3100-3200 метр ва 5. Баландкӯҳҳо - то 4400-4500 метр ва аз он баланд. Экосистемаҳои кӯҳӣ дар баландиҳои 6000 то 7000 метр аз сатҳи баҳр воқеанд. Аз рӯи маълумоти илмӣ дар ин минтақа то 70-80 дар сади гуногунии намудҳо ҷой гирифтаанд. Қисми зиёди майдони экосистемаҳои кӯҳиро чарогоҳҳои тобистона ва ҷангалзор ташкил медиҳанд. Тавре маълум аст, дар ҳамвориҳо бештар пахта, сабзавот, зироати хӯроки чорво ва зироатҳои техникӣ кишт карда
Боздеҳи киштзорҳоро чӣ тавр зиёд кунем? мешаванд. Дар минтақаҳои баланд ва доманакӯҳҳо бештар майдони зироатҳои ғалладона, зағир, нахӯд ва боғу токзор доман паҳн кардааст. Бо таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ майдони экосистемаҳо дар кишвар тайи 30 соли охир хеле тағйир ёфт. Имрӯз бисёр экосистемаҳои табиӣ зери хатари биёбоншавӣ қарор доранд. - Сабаби зери хатари биёбоншавӣ қарор гирифтани заминҳо дар чист? - Яке аз сабабҳои асосӣ фарсудашавии системаҳои агротехнологӣ мебошад. Яъне, як қисми заминҳои барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷудошуда бо сабабҳои гуногун барои кишт нобоб шудан доранд. Имрӯз майдони барои кишоварзӣ ҷудошуда 4 миллион гектарро дар бар мегиранд, ки 20 дарсади ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳанд. Обёрии нодуруст (аз меъёр зиёд) сабаби шӯразании хок дар заминҳои обӣ гардид. Шудгори чуқур боиси бодхӯрдашавии майдонҳо ва аз меъёр зиёд чаронидани чорво сабабгори биёбоншавии чарогоҳҳо шуданд. Дар натиҷаи шудгори замин, коркарди байни қаторҳо, истифодаи нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо, обёрии барзиёд экосистемаи хок дар баъзе минтақаҳо вайрон гашт. Яъне, структураи хок вайрон шуда, замин сахт гардид, гумус (қабати серҳосили замин) шуста шуда, майдонҳо дучори эрозияи шамоливу обӣ гаштанд. Сабаби дигари биёбоншавии заминҳо камшавии майдони бо насосҳо обёришаванда мебошад, ки алҳол 40 дарсади заминҳои обиро ташкил медиҳанд. Сабаби камшавии майдони заминҳои бо насос обёришаванда аз кор баромадани насосҳои обкашӣ, набудани маблағ барои тармими онҳо ва баландшавии нархи барқ аст, ки арзиши обёриро ба-
ланд мебардорад. Дар натиҷа, обёрӣ тавассути насосҳо зараровар мегардад. Омили дигари зери хатари биёбоншавӣ қарор гирифтани заминҳо сол то сол зиёд шудани зичии аҳолӣ мебошад. Бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ ва камшавии таъминот бо замин зичии аҳолӣ ба ҳар як километри мураббаъ торафт зиёд мешавад. Азбаски аксар майдони зироатҳои кишоварзӣ дар хамиҳо ҷойгиранд, ҳодисаҳои шусташавии хок бештар рӯй медиҳад. Дар чарогоҳҳо бо сабаби нодуруст чаронидани чорво, яъне, ҳанӯз тухми алафҳо пӯхта нарасида, чаронидани чорво боиси сол то сол камшавии растаниҳо гашта, билохира, ба шусташавии хок ва биёбоншавӣ оварда мерасонад.
- Соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим бозида, манбаи асосӣ барои маҳсулоти озуқаворӣ, ашё барои саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ мебошад. Вай дар содироти мамлакат нақши муҳим бозида, аз бисёр ҷиҳат сатҳи тараққиёти мамлакат ва некӯаҳволии сокинони кишварро ифода мекунад. Мутаассифона, бо сабаби фарсудашавии системаҳои агроэкологӣ истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба ҳар сари аҳолӣ аз солҳои навадуми асри гузашта зиёд намешавад. Усулу технологияҳое ҳастанд, ки пурра ё қисман омилҳои ногуворро рафъ намоянд. Масалан, соҳаҳои кишоварзиро тибқи агроландшафт ҷой додан, технологияи пешқадами агротехникиро риоя намудан, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, риояи киштгардон (дар як замин зироатҳоро ҳар сол иваз намудан) маҳсулнокии заминҳоро зиёд мекунад. Дар атрофи заминҳо шинонидани дарахтони мевадор киштзорро аз шамол ва хокро аз эрозия (бодхӯрдашавӣ) ҳифз мекунад. Ба майдонҳои кишт андохтани нуриҳои органикӣ (поруи ҳайвоноту паранда, хокистар, компост) заминро серҳосил намуда, структураи онро беҳ месозад. Ҷорӣ кардани обёрии қатраӣ аз як тараф обро сарфа намуда, аз тарафи дигар шусташавии хокро пешгирӣ менамояд. Сари вақт тоза кардани ҷӯйборҳо, кандани заҳбурҳо, риояи меъёри обдиҳӣ заминро аз шӯрашавӣ ва ботлоқшавӣ нигоҳ медорад. Хоҳем, ки боздеҳи заминҳо афзуда, маҳсулнокии киштзорҳо афзоянд, бояд заминдории илман асоснокшударо ба роҳ монем.
- Барои ислоҳи вазъият чӣ чораҳоро андешидан лозим?
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «ҶТ»
КОММУНИКАТСИЯ
“Истиқлол” таҷдид мешавад
e-mail: javonontj@mail.ru
Дар пайи дастури Хайрулло Асоев, вазири нақлиёти кишвар ҳамворкунӣ дар нақби «Истиқлол» оғоз ва то 7 январ беш аз 60% иҷро шудааст. Аз Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, ки Хайрулло Асоев дар ҷараёни сафараш ба ноҳияҳои Айниву Панҷакент, ки 28-29 декабри соли 2013 сурат гирифтааст, ба роҳсозону нақбканон дар мавриди таъмири чуқуриҳои фарши нақб супориш дода буд. Дар пайи супоришҳои вазир ҳудуди 700 метри мураббаи фарши нақб таҷдид шуда, 40 метри мукааб пасмонда ва партовҳоро аз даруни нақб баровардаанд. “Дар ҷойҳое, ки об ҷорӣ мешавад, ҳамчунин, шағал рехта шуд. Ҳарчанд об то ҳол ҷорист, вале сатҳи чуқуриҳои мавҷуда алҳол ҳамвор гаштанд. Ба ҷуз
ин, 10 адад чароғакҳои нақб иваз шуданд”, - гуфтаанд аз вазорат. Корҳои ҳамворкунии фарши нақби «Истиқлол» босуръат идома дошта, барои корҳои таҷдид 2 тонна маводи сӯхт бо супориши вазир дастрас гардида, 10 тоннаи дигар аз ҳисоби захираҳои давлатӣ таъмин хоҳад шуд. Бунёди нақби “Истиқлол” дар гарданаи Анзоб соли 1998 бо кӯмаки молии Эрон аз ҷониби ширкати “Собир Интернешнл” оғоз шуд. Моҳи майи соли 2003 Душанбе ва Теҳрон барои анҷоми корҳои сохтмонӣ Ёддошти тафоҳумро тасвиб
карданд. Барои иҷрои ин тарҳ 39 миллион доллар ҷудо шуда, аз ин миён 21 миллион доллар кӯмаки Эрон мебошад. Айни ҳол бо вуҷуди ифтитоҳи расмии нақб вазъи он ногувор буда, мусофирон зимни убури он ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Дар ҳамин ҳол, 4 январи соли равон Хайрулло Асоев зимни як мулоқоташ бо намояндагони Эрон аз вазъи кунунии нақби “Истиқлол” изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки агар корҳои боқимондаи нақб дар зимистон анҷом дода нашаванд, иҷрои он дар тобистон мушкил хоҳад шуд.
Медали тилло баъд аз 16 сол
Мария як зина боло баромад Мария Шарапова, теннисбози рус мавқеаш дар рейтинги Анҷумани занҳои теннисбоз (WTA)-ро ба як зина беҳтар намуда, аз ҷои чор ба мақоми се нишаст.
Тими мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Финландия дар мусобиқаи ҷаҳонии хоккей мақоми аввалро соҳиб шуд. Ин нахустин медали тиллои Финландия баъд аз соли 1998 мебошад. Медали нуқраи сабқатро хоккейбозони Шведсия гирифтанд. Тими миллии ҷавонони Русия, дастаи Канадаро шикаст дода, нишони биринҷиро ба даст овард. Мусобиқаи ҷаҳонии хоккей миёни тимҳои миллии то 20-сола дар шаҳри Малмаи Шведсия баргузор шуд.
Шарапова дар ҳафтаи гузашта то даври ниманиҳоии сабқати Брисбени Австралия роҳ ёфт. Дар садри рейтинг мисли пешин Серена Уилямси амрикоӣ нишастааст. Мақоми дуюми раддабандиро Виктория Азаренко аз Белорус “банд” кардааст. Ли На аз Чин, ки дар рейтинги пешин дар мақоми
се буд, ҳоло ҷояшро ба Мария Шарапова додаву зинаи чорумро муаррифӣ мекунад. Уилямс ва Азаренко дар финали Брисбен бо ҳам рақобат доштанд ва ин қувваозмоӣ ба фоидаи теннисбози амрикоӣ анҷом ёфт. Уилямс дар қисмати нимфиналӣ Шараповаро мағлуб кард.
Левандовски бо “Бавария” шартнома баст Роберт Левандовски, ҳамлагари клуби “Боруссия” бо тими “Бавария”-и Мюнхен қарордоди панҷсолаи ҳамкорӣ бастааст. Гуфта мешавад, Левандовски ба клуби нав баъди анҷоми муҳлати шартнома бо “Боруссия”, ки то 30 июни соли 2014 аст, мепайвандад. Карл-Хайнтс Руммениг, раиси шӯрои директорони “Бавария” гуфтааст, Роберти 25-сола яке аз беҳтарин ҳамлагарони ҷаҳон мебошад. Рӯзҳои охир, хабарнигорони риштаи варзиш ҳадс мезаданд, ки Левандовски шояд ба клубҳои Испания ё Англия мегузарад. Худи варзишгар моҳи декабр гуфт, ки аз миёни “Бавария” ва “Реал”-и Мадрид якеро
интихоб мекунад. Левандовски ҳанӯз тобистони соли 2013 изҳор дошт, ки мехоҳад аз “Боруссия” равад. Аммо клуб барои фурӯхтани ӯ розӣ нашуд. Роберт Левандовски аз тобистони соли 2010 дар ҳайати “Боруссия” бозӣ мекунад. Дар ин давом ӯ дар 200 бозӣ ширкат ва беш аз 100 гол зад. Торнамои “Transfermarkt.de”-и Олмон ҳаҷми трансферни ин футболистро ҳудуди 40 миллион евро арзёбӣ кардааст.
Ба “Тӯби тиллоӣ” Санта-Клаус сазовор аст Санта-Клаус сазовори гирифтани ҷоизаи беҳтарин футболбози ҷаҳон - “Тӯби тиллоӣ” аст, зеро ҳар се муддаии ин ҷоиза баробарвазнанд. Ин нуктаро Златан Ибрагимович, ситораи футбол ва ҳамлагари “Пари Сен-Жермен” иброз доштааст. Худи ӯ низ яке аз довталабони ин ҷоиза буд, аммо ба сегонаи беҳтарин ворид нашуд. Ба сегона Криштиан Роналдо аз “Реал”, Франк Риберӣ аз “Бавария” ва Лионел Мессӣ аз “Барселона” роҳ ёфтанд. Лионел Мессӣ давоми чор соли ахир пайи ҳам “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шудааст. Криштиан
Роналдо танҳо дар соли 2008 соҳиби ин ҷоиза шуд. Аммо Франк Риберӣ бори аввал ба феҳристи се довталаби “Тӯби тиллоӣ” шомил шудааст. “Ҳар се довталаб сазовори ин ҷоиза ҳастанд”, - гуфтааст Ибрагимович. “Тӯби тиллоӣ” яке аз маъруфтарин ҷоизаҳои риштаи футбол аст. Барандаи он дар пайи овоздиҳии сармураббиён, сарварони тимҳои миллӣ, ҳамчунин, намояндаҳои ВАО муайян мегардад. Исми ҷоизадори “Тӯби тиллоӣ”-ро 12 январ эълон хоҳанд кард.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
“Тоттенхэм” “Манчестер Юнайтед”-ро шикаст дод “Тоттенхэм”-и Лондон дар 20-умин даври премер-лигаи Англия тими “Манчестер Юнайтед”-ро шикаст дод. Ин дидор дар Манчестер баргузор шуда, бо ҳисоби 1:2 поён ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 34-ум Эммануэл Адебайор, ҳамлагари “Тоттенхэм” боз кард. Дар дақиқаи 67-ум Кристиан Эриксен боз як голи дигарро вориди дарвозаи “Манчестер Юнайтед” кард. Танҳо дар дақиқаи 68 Дэнни Уэлбек тавонист як тӯби ҷавобӣ бизанад. Дар бозиҳои дигари даври 20-уми премер-лигаи Англия “Манчестер Ситӣ” дар меҳмонӣ тими “Суонсӣ”-ро бо ҳисоби 3:2 мағлуб карда, “Арсенал” бо ҳисоби 2:0 “Кардифф”, “Челсӣ” бо ҳисоби 3:0 “Саутгемптон” ва “Ливерпул” бо ҳисоби 2:0 “Халл”-ро шикаст доданд. Дар садри ҷадвал “Арсенал”-и Лондон нишастааст. Миёнаҳои моҳи декабри соли 2013 “Тоттенхэм” сармураббиашро иваз кард. Ба ҷои мутахассиси португалӣ Андре ВиллашБоаш, собиқ ҳамоҳангсози фаннии клуб Тим Шервуд таъин шуд.
Шаби 5 январ Эйсебио, ситораи футболи Португалия бар асари сактаи қалб дар синни 72 даргузашт. Ӯ беҳтарин зарбазани Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 1966 буда, соли 1965 ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”ро соҳиб шудааст. Дар ҳайати “Бенфик” даҳ маротиба қаҳрамони Португалия гардидааст. Бо шарофати Эйсебио “Бенфик” яке аз клубҳои неруманди Аврупо буд. Эйсебио яке аз бозингарони тезҳаракат буд, ки зарбаҳои нишонрас мезад ва бо техникаи олиаш ба қалби садҳо ҳаводор фараҳ мебахшид. Дар мавсими 1967/1968 Эйсебио дар 24 бозии Чемпионати Португалия 42 гол зад. Дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 1966 Португалия бо дастаи мунтахаби СССР барои мақоми сеюм қувваозмоӣ карданд. Эйсебио як пеналтиро ба нишон расонд ва Португалия нишони биринҷиро соҳиб гардид. Дар МҚҶ-1966 ӯ нуҳ гол зад ва беҳтарин зарбазани мусобиқот эътироф шуд. Баъди ин тими миллии СССР то замони суқут натавонист ба
даври ниманиҳоии МҚҶ роҳ ёбад. Португалия танҳо дар соли 2006 ба ин муваффақ гардид. Дар робита ба даргузашти Эйсебио мақомоти Португалия дар кишвар мотами серӯза эълон карданд. Дар ин рӯзҳо парчами кишвар дар муассисаҳои давлатӣ поин оварда мешавад. Ба ҷуз ин, чорабиниҳои мухталифи хушҳолкунанда манъ хоҳанд шуд. Ба ширкатҳои телевизион ва радио пешниҳод шудаааст, ки аз ҷадвали барномаҳояшон барномаҳои фароғатиро бардоранд. Эйсебио соли 1942 дар қаламрави Мозамбики муосир таваллуд шудааст. Соли 1957 карйераи худро дар клуби маҳаллӣ оғоз намуда, баъди се сол ба “Бенфик”-и Лиссабон мегузарад. Бо ин даста вай 11 маротиба Чемпиони Португалия шуда, Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупоро ба даст овард. Эйсебио дар “Бенфик” 15 сол бозӣ карда, дар 715 бозӣ 727 гол задааст. Дар ҳайати тими миллии Португалия 64 маротиба ба майдон баромада, 41 гол задааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
Эйсебио ин ҷаҳонро падруд гуфт
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
14
САНҶИШИ ҚАЛАМ - Фаррухҷон, нарав! Ҷони оча, онҳо одамони хуб нестанд. Ин корҳоят оқибати бад дорад. Умри ҷавонатро ҳайфу ғами маро зиёд накун! Ин овози илтиҷоомези холаи Шарофат буд, ки писари яккаву ягонаашро аз роҳ гардондан мехост. Вале бачаи сангдил парвои оби чашми модари зор надошт. Таваллои модар ба ӯ асар намекард. - Бас кун, оча! Ман акнун калон шудам, дигар вақти насиҳат карданам гузашт. Кӯдак нестам ва ҳоло бояд биравам. Дар ин асно ҳамсояашон, холаи Санавбар вориди хонаи онҳо шуд. Шарофатхола дар лаби суфаи ҳавлиаш нишаста, оби чашмонашро пок мекарду Фаррух саросема пойафзол мепӯшид. - Ҳа, апаи Шарофат! Тинҷист? Овози гиряатонро шунида хавотир шудам. Ягон мушкилӣ аст? Агар аз дастам меомада бошад, бо ҷону дил кӯмак мекунам, гуфт Санавбар. Гӯё гапҳои Санавбар ба гӯши Шарофатхола намедаромад. Муносибат ва рафтори писараш ӯро пакар карда буд. Баъди чанде Шарофатхола каме ором шуду ба гап даромад: - Санавбарҷон! Аз дунё гузаштани шавҳарамро 13 сол мешавад. Дар ин муддат боре ҳам фикри шавҳар кардан накардам. Ба кор даромадам, ки пул ёбаму писарам Фаррухро дуруст хӯрондаю пӯшонда тарбия кунам. Бехабар аз он ки ту дар чӣ хаёлию фалак дар чӣ хаёл. Ҳама ёфтагиамро дар сару пои ҳамин бача сарф мекардам. Ана оқибаташ... Санавбарҷон, гумон мекунам, ки хато аз ман рафтааст. Раҳматӣ шавҳарам одами хуб буд. Аммо хок бар сари ман, ки ба ҳурмату эҳтиромаш нарасидам. Беҳуда ҷанҷол мебардоштам, бо муноқишаҳои ноҷо дилашро озор медодам. Медидам, ки чи хел баъди ҳар хархашаи бемаънӣ рӯҳан азоб мекашид. Ҳатто ҳамон рӯзе, ки ба Душанбе мерафт, бо ӯ қаҳрӣ будам. Бо ӯ хайрухуш ҳам накардам. Ҳурмати шавҳари азизамро ба ҷо наовардам. Ин, бегумон, ҷазову сазои ҳамон беҳурматии худам аст, ки Худо бо дасти фарзанди дилбандам - Фаррух медиҳад. Шарофатхола бо таассуф гап мезаду оби чашмонаш ҷорӣ мешуд. Фаррух ба доми гурӯҳи муташаккили нашъаҷалобон афтода буд. Ӯро дар корҳои сиёҳашон истифода мебурданд. Барои он ки Фаррух дӯстии онҳоро хуб дарк кунад, чанд маротиба дар тарабхонаҳо аз ҳисоби «ҷӯраҳои оянда» айшу нӯш мекард. Чанде аз он пулҳои бедарди миёни ҷӯраҳо ба кисааш даромада буд. Баъзан аз он пулҳо ба дасти модараш ҳам медод. Модар мефаҳмид, ки ин пулҳо чӣ сирру асроре доранд. Охир, писараш дар ягон ҷо кор намекунад, пас пулҳо аз куҷо ба дасти ӯ мерасанд? Модар ҳам фаҳмидагӣ барин пулҳои овардаи Фаррухро сарф накарда нигоҳ медошт. Дар ин миён чанд маротиба Фаррух аз пулҳои овардааш суроғ карда, як миқдорашро мегирифту то нимаҳои шаб ғайб мезад. Кайфу сафо дар тарабхонаҳо, сонӣ қиморбозӣ. Ҳамин ки Фаррух бачаи «худӣ» шуд, бояд хизмат кунад. Бале, навбати “хизматаш” расида буд. Хизмати вай аз он иборат буд, ки бастачаҳои зиёди маводи мухаддирро, ки хӯҷаин ва шариконаш “бор” ном мебурданд, то вилояти Суғд ба ҷои даркорӣ мерасонд. Аз он ҷо бо пули зиёд бояд бармегашт ва ҳаққи хизматашро мегирифт. Пасон, шабҳо ба
Дар фироқи писар ҳикоя
кайфу сафо ва қиморбозӣ машғул мешуданд. Шарофатхола аз ин ҳама замоне огоҳӣ ёфт, ки об аз сар гузашта буд.
Субҳи барвақт Фаррух дар хоб буд. Шарофатхола дар ҷои кор навбатдорӣ дошт. Ҳамсояҳо низ ҳоло аз хоб нахеста буданд. Ана ҳамин вақт мошини сабукрави сиёҳшиша дар назди хонаи Фаррух қарор гирифт. Аз мошин ду нафар марди айнакпӯш фаромада, вориди ҳавлии Фаррух шуданд. Андак пас онҳо Фаррухро кашолакунон ба берун бароварданд. Ҳамроҳашон ба мошин савор карда бурданд... Дар байни дуюним сол Фаррух комилан тағйир ёфт. Бо ягон ҳамсоя, бачаҳои ҳамсину соли худ рафту омад намекард. Гӯё ӯ дар хонаи модараш як ҷавони иҷоранишин буд. Бо модар ҳам кам муносибат дошт. Ҳамин ки ба дасташ пул меафтид, миқдоре ба пеши модараш мепартофт. - Очаҷон, ин пулҳоро истифода кунед, - мегуфту ба хонаи хобаш медаромад ва ё баромада мерафт. Дар ин муддат модараш ягон маротиба ӯро бо чеҳраи кушода надид. Шарофатхола аз рафтори писараш хуни ҷигар мехӯрд. Дар хонаву кор фикраш ба Фаррух банд буд. Деворро нам, одамро ғам меафтонад, гуфтаанд. Чеҳраи Шарофатхола тадриҷан дигар шуда, як зани лоғарандом шуда монд. Дилаш мудом аз Фаррух хавотир. Гӯё аз омадани кадом нохӯшие гувоҳӣ медод. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста дӯстони
нави Фаррух пайдо шуданд. Онҳоро модараш пештар на дида буду на мешинохт. Бечора модарро, ҳазору як хаёли бад ба кӯчаҳои сарбаста мебурд. Ҳафтаҳову моҳҳо паси сар мешуданд, аммо дар рафтори Фаррух дигаргуние эҳсос намешуд. Баръакс, бо модари бечорааш бегонатар мегашт. Акнун, пулҳои дар дасти модараш буда ҳам тамом шуданд. Болои ин Фаррух дучори балои дусара гардид: аз як тараф бояд бори хӯҷаинро бурда мерасонд, ки акнун хавфи зиёд дошт, аз тарафи дигар аз рафиқони қиморбозаш ба маблағи калон қарздор шуда буд. Ваъдаи баргардондани пули дӯстонаш ҳам ба охир мерасид. Соати бурдани «бор» ҳам наздик буд. Фаррух борро бомуваффақият расонд. Аммо пулро на ба хӯҷаин, балки аз рӯи ваъда ба дӯстонаш бурд. Ӯ аз таҳдиди дӯстон халос, вале хӯҷаинаш интизори пул буд. Баъди ду рӯз ҳам Фаррух ба назди хӯҷаин ҳозир нашуд. Субҳи барвақт Фаррух дар хоб буд. Шарофатхола дар ҷои кор навбатдорӣ дошт. Ҳамсояҳо низ ҳоло аз хоб нахеста буданд. Ана ҳамин вақт мошини сабукрави сиёҳшиша дар назди хонаи Фаррух қарор гирифт. Аз мошин ду нафар марди айнакпӯш фаромада, вориди ҳавлии Фаррух шуданд. Андак пас онҳо Фаррухро кашолакунон ба берун бароварданд. Ҳамроҳашон ба мошин савор карда бурданд... - Ҳа Фаррух, чаро аз омаданат хабар надодӣ? Ба ман занг заданд, ки «пули борро бо Фаррух фиристодем». Куҷо шуданд пулҳо? Фаррух каме хомӯш монду ноилоҷ ба гап даромад. - Хӯҷаин, росташро гӯям, қарздор будам, илоҷ надоштам, пули борро ба қарздоронам додам. Хӯҷаин, ки аз қиморбозиҳои Фаррух огоҳ набуд, бовар накард. Ба бачаҳои калтакбадаст ишора кард. Онҳо гӯё интизори ҳамин ишора буданд. Баъд аз чанде хӯҷаин боз пеши Фаррух даромад. Ӯро дар ҳолати ниҳоят ногувор дид. Аз даҳону биниаш хун ме-
рафт. Як дасташ шикаста буд. - Хӯш, акнун метавонӣ бигӯӣ, ки пулҳоро куҷо кардӣ? 5 ҳазор доллари амрикоиро ки бахшиш мекунад? Ту лаънатӣ хиёнат кардӣ! Хиёнати нобахшиданӣ. Ё меорӣ ё мемурӣ. Дигар илоҷ надорӣ. Ба таҳхона баред. Ягон хел обу нон надиҳед. Аз ташнагию гушнагӣ ба ҷон омад, мегӯяд, ки пулҳо дар куҷост. Вақте ки модар саҳарӣ аз кор ба хона омад, дари ҳавлию хонаро кушода дида, ҳангаш канд. - Оҳ, Фаррух, ту чӣ кор кардӣ!? Омад ба сарам аз он чи метарсидам. Туро аз куҷо ёбам, ба ки дардамро гӯям?! Шарофатхола фиғон мебардошту оби чашмонаш ҳар ду бари рӯйашро мешуст. Худоё аз ғазабат маро раҳо кун, писарамро сиҳату саломат ба ман расон. Худоё, раҳми мани беваи бечораро кӣ мехурад? Мушкиламро осон кун. Ҳамин вақт ҳамсояаш Фирӯза вориди хонаи Шарофатхола мешавад. - Ҳа холаҷон, хайр бошад. Чаро гиря мекунед? Модар бо шеър посух дод: - Мекунам гиря зи олудагии домани хеш, Ашк пироҳани олудаи ман пок кунад. Ана, барои чӣ гиря мекунам. Аз Фаррухам дарак нест. Хуб мефаҳмам, ки ӯ ба ягон балои бад гирифтор шудааст. Аммо чизе гуфта наметавонам. Сарамро ба куҷо занам намедонам. - Фикрҳои бадро ба саратон роҳ надиҳед, холаҷон. Ҳозир ба шавҳарам хабар медиҳам, ки ягон чора бинад. …Баъди ду рӯз ҷасади Фаррухро аз бешазори лаби дарё ёфтанд. Ҷони Фаррух аз ҳаёти беҳудагардию корҳои ношоиста ва қиморбозию нашъаҷалобӣ халос шуд. Аммо ҳоли Шарофатхола чӣ мешуда бошад, Худо медонад. Танҳоӣ ва дарду ғами набудани писар ҳеҷ гоҳ аз дилаш берун нахоҳад шуд.
Зайнаб ҚУРБОНОВА, донишҷӯи курси якуми факултаи журналистикаи ДМТ
Саросемагї Шањрак дар Ишора, њамсоягии пойтахт рамз
Сифатњои ... ва нисбї
Ширкати мобилї бо раќами «919» Мошини «тољикони нав»
Фирўза …, сароянда
Баробарсин
Баландгуяк
Катя …, сарояндаи рус
Лаљом, љилав
Момоњаввои насрониён
Мева барои мавиз
Њашароти хунхор «МерМуќобили седес«табиї» …»
Доми моњигирї «Стиморол» ё «Орбит»
Хости Доруи њашадил роткуш
Шањр дар наздикии ш.Хуљанд
Ихтироъ кардан
Нар- Дења, гов ќишлоќ
Яке аз чањор ёрони Расули Акрам (с)
Бародари Алибобои (афсона)
Дарё дар вил. Хатлон
Яке аз мазњабњои Ислом Донаи њар чизе
Банд, ќапќон, тўр Мо... шини Са«тангем»- фар, шакли шо«Дэу» ир
Њайвони бешагии «либосшўй»
Ба тар- Шамшери тиб да- махсус ровар- барои дашуда варзиш Шањри Ќизил-… дар Ќазоќистон
Њайвони тездавтарин
Ќабила, гурўњи одамон
Моњишўрбои русї
Давлат-љазира дар Амрикои Шимолї
Устоди Искандари Маќдунї
Номи модари Яке аз халќњои Муњаммад (с) Ќафќоз
Яроќи Токарев (ихтисора)
Пули металлї
Кифоя
Аспи Рустам
Шањр дар КўрнаЭрон, мак, зодгоњи Фирдавсї ношукр
Ќош
Номи узви "Ѓарибшо-Компания"
Дарёи муќаддаси њиндуён
Куб аз он 6-то дорад
Бародари калон
Пойтахти Латвия
... -Франсиско, шањр дар ИМА
Килограмм (мухтасар)
Навори магнитофон
Мошини нахустини шўравї
«Љаноб»и эронї
Яке аз мушкетдорони Дюма
Ба Худо шарик ёфтан
Пойтахти Чили
Лоиња ё контур
Мањсули эљоди адиб
Жанри мунокўфта сиќии ѓарбї
Модда, элемент
Навъи сабзавот
Сигори бефилтри Шўравї Узве, ки дандон ва забон дорад
Нуќси истењсолї (русї)
Волид Биринљи
Душман
Яке аз персонажњои "Шоњнома"
Аз туфанг мепарад
Картошкабирёни амрикої
Давлат дар Африќо
Персонажи асотири Юнон, писари Дедал
Ёсин, Фотиња ё Ихлос
Гунањгор
Онро бо шаст меќапанд
Шўриш, балво
Роњбарии Олимхон дар Бухоро Дарёи … + дарёи Фурот (Евфрат)= дарёи Шатал-Араб
Нопухта, ѓўра
Хонум, бегим
Муќобили «сармо»
Автомобили Чехия
Рўи њамвори чизе
Тамом, анљом
Навъи гўштин
Вобаста, рољеъ, дар хусус
Лаънатшуда Асбоби сардкунандаи муњаррики мошин
Дар навбати аввал
Шањри таърихї дар Озарбойљон
Рамзи шоњї
Меваи тропикї
e-mail: javonontj@mail.ru
Матои нимабрешими рах-рах
Айбдоркунии беасос
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №2 (9324), 9 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Шумо дорухат нависед, ман барои фарзандонам васиятнома менависам.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
Аз ёддоштҳои як мард: “Агар 25 сол пеш медонистам, ки дар мағоза ин қадар тушбера мефурӯшанд, ҳеҷ гоҳ зан намегирифтам”.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Аз муаллим мепурсанд: - Се сабаберо ном баред, ки барои он шумо коратонро дӯст меоред? - Июн, июл, август...
Ноила ВОҲИДОВА
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Аз ёддошти як падар: - Мактаб ҷоест, ки кӯдакон дониш мегиранду волидон холигӣ дар буҷаи оилавиро.
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Аз хотироти як хонандаи мактаб: - Соли таҳсил мисли ҳомиладорӣ аст: нуҳ моҳи дароз давом мекунад, аммо аз ҳафтаи дуюм аллакай дилбеҳузурӣ сар мешавад...
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ),
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет низ истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 6880 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Аз суҳбати як табиб дар бораи роҳҳо: - Роҳҳои мо беҳтаринанд. Онҳо ҳам “грижа”-ро дуруст мекунанд, ҳам санги гурдаро меафтонанд!
НИГОҲИ ДИГАР
«Трактор-вертолёт» Оё шумо боре дар умратон «тракторвертолёт»-ро дидаед? Албатта, ин намуди техника вуҷуд надорад, аммо оё мешавад дастисоз ин техникаро сохт? Ба ин саволҳо Мӯсо ва Муллошо посух медиҳанд. Мӯсо: - Оваҳ! Боз омад! Аз садояш шинохтам! Ин трактор-вертолёт аст! Ин техникаи худсозро маротибаи дуюм аст мебинам. Париданашро, рости гап, ягон маротиба надидам, аммо аҷаб садо дораду аҷаб тез меронад. Садояш гоҳ мисли тар-тари трактору гоҳ мисли пат-пати вертолёт. Аҷоиб. Ваҳ, ин дафъа наздиктар меояд! Ураа, ин дафъа муяссарам мешавад, ки онро аз наздик бинам! Маротибаи аввал ҳарчанд аз паси ӯ давидам, то ба тарзи сохти он наздиктар шинос шавам, аммо дар як ҷой намеистод, тартар-тар-тар-тар-тар, пат-пат-пат-пат-патпат-гуён гоҳ аз ин тарафам мегузашту гоҳ аз он тараф. Акнун аз ман бист қадам дуртар истод. Ронандааш як марди ҳузарби шикамдор ва сиёҳиҳои дасту рӯяш ё равғанолуд буд ё офтобсӯхта. Ронандааш аз трактор-вертолёт поин омад ва дар назди муҳаррики он ҷунбуҷул мекард. Эҳ бечорае, бо чи заҳматҳое ин техникаи нестандарҷаҳонро сохта бошад?... Садо нест шуд. Ронанда муҳаррикро хомӯш кард ва худ ба самте рафта, нопадид гашт. Беҳтарин имконият. Ҳоло рафта аз наздик чи тавр сохта шудани трактор-вертолётро меомӯзам. Ҳатман аз паяш мешавам. Ягон трактори кӯҳнаи арзонро харида, ба он чархбол насб менамоям. Минбаъд ба Русия бо он меоям. Аммо афсӯс, ки як ҷои нишаст дорад. Инак, ба трактор-вертолёт наздиктар мешавам. Сохти онро мехоҳам чуқуртар омӯзам. Эҳ, бояд коғазу қаламе ҳамроҳам мегирифтам, то
нақшаи сохти онро тасвир намоям. Хайр, ҳеҷ гап не, дар ёдам мегирам. Хуб. Аз муҳаррик бо паҳлӯи «кабина» мурвате чархзананда ба боло рафтааст ва дар болои «кабина» боз мурватҳои дандонакдори дигар. Ҳа, дар боло «редуктор» ва ба он се бели калон-калони чархбол насб шудааст. Ана садои пат-пат аз куҷо меомадааст. Аммо як чизашро нафаҳмидам. Баробари ба кор андохтани муҳаррик чархбол ҳам чарх мезанад? Ана, ронанда ҳам бозгашт. Беҳтараш аз ӯ мепурсам. Ронанда хеле муфассал сохти онро фаҳмонд. Ҳеҷ мушкилие надоштааст-ку. Ҳатман аз паяш хоҳам шуд. Ғайриинтизор садои гушкаркунандаи муҳаррик баланд шуд ва чархболҳо низ оҳистаоҳиста ба чархзанӣ даромаданд. Ман фосиларо дур гирифта, ин техникаро тамошо мекардам. Ин дафъа садояш баланд ва каме дигар хел буд. Мисли пештара тар-тар-тар-тар-тар-тар, пат-пат-пат-пат-пат-пат намегуфт. Оваҳ, садояш хеле нофорами гӯшкаркунанда… Хррр… фусс… хррр… фусс… хррр… фусс… хррр… фусс… Чашмонам беихтиёр боз шуданд. Ё тавба. Гуё деворҳои хона аз садои «хррр… фусс…» меларзиданд. Дигар тоқатам тоқ шуду гуфтам: - Акаи Муллошо! Акаи Муллошооо! Ака, хуррок накашед, ба паҳлӯи дигар гардед. Мемонед, дигарон ҳам хоб раванд?
“ilhom.wordpress.com”
Аз маслиҳати як масъули маориф: Агар хоҳед маошатон ду баробар шавад, онро назди оина гузоред. Аз хотироти як мактаббача: - Тӯб ҳоло ба тирезаи утоқи директори мактаб нарасида буд, ки бачаҳо ба “рустшаваконбозӣ” сар карданд...
ШОДБОШӢ
Зодрӯз муборак!
Исмонқул Саидов, сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархорро, ки ба синни пайғамбарӣ мерасад, дӯсташ Файзулло Ҳалимов табрику таҳният гуфта, барояш мегӯяд: Имсол, ки мо нишастаем дар зодрӯз, Рӯзи дигараш Худо, ки бошад Наврӯз. Алқисса, ба ҳар баҳонаи хурсандӣ, Сарҷамъ ба ҳам ҳамеша бошем, ҳар рӯз.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Шиносномаи техникии гумшудаи ШТ №0009809, ки Бозрасии назорати давлатии техникии кишоварзии ноҳияи Қубодиён соли 2012 ба трактори тамғаи МТЗ80Х, рақами давлатиаш 2466ТА03РТ, ки ба Исоев Ҳомид тааллуқ дорад, додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №219742, ки онро мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 19-и ноҳияи Қубодиён соли 1995 ба Эрназарова Замира додааст, эътибор надорад.
Тасҳеҳ
Дар саҳифаи 10-и шумораи 1 аз 2 январи соли 2014-и рӯзнома синни Шарифи Мисайзод 52 нишон дода шудааст, ки хато мебошад. Шарифи Мисайзод 6 январ ба синни 48 расид.