Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
1
№31 (9353),
31 июли соли 2014
ТАЭКВАНДО (ITF)
ҶАЛАСА
Лоиҳаи як қатор қонунҳо маъқул дониста шуд
29 июл таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар баробари дигар масъалаҳо Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд. Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ҳамчунин, хулосаҳои Ҳукумати мамлакат ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи реклама” пешниҳод гардид.
ҲАМКОРӢ
Нерӯгоҳи Қайроққум таъмир мешавад 25 июл миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд созишномаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид, ки тибқи он бо харҷи қариб 76 миллион доллари амрикоӣ Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум навсозӣ ва ду агрегати нав насб мешавад, ки ҳам иқтидор ва ҳам эътимоднокию бехатариашон аз агрегатҳои пешин беҳтар аст. Иқтидори нерӯгоҳ аз 126 ба 142 мегаватт расонда хоҳад шуд.
САРМОЯГУЗОРӢ
Душанбе – мизбони Чемпионати ҷаҳон
Ҳаҷми сармоягузорӣ 276 млн. долларро ташкил дод Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба кишвар 276 млн. доллари ИМАро ташкил дод. Лочин Файзуллоев, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки аз ҳаҷми умумии сармояи воридшуда, 186 млн. доллар воситаҳои қарзии ҷалбшуда аз ҷониби корхонаҳо буда, 89 млн. доллар сармоягузории мустақим мебошад. «Бо мақсади ҷалби сармоя ба ҷумҳурӣ нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи умумии 53,4 млн. доллар 6 лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расид, ки 75,5% аз ин маблағро воситаҳои бурсӣ ташкил медиҳанд», - афзуд Л. Файзуллоев.
e-mail: javonontj@mail.ru
ХИЗМАТРАСОНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
2
ХАЙРХОҲӢ
ФАРҲАНГ
Кӯмак ба Шаҳбол Мирзоев Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоии ҷавонон дар арафаи Иди Рамазон, дар доираи “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015”, ба собиқ сарбози қисми низомии 2620-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳбол Мирзоев, ки айни замон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст, дар ҳаҷми 4000 сомонӣ кӯмаки молӣ расонд. Тавре аз бахши таҳлилу иттилооти кумита хабар доданд, ҳамчунин, аз ҷониби роҳбарияти кумита ба Шаҳбол Мирзоев барои мутолиа китобҳои гуногун аз ашъори ниёгон ва муосир супорида шуд. Инчунин, масъулини кумита зимни аёдат ба Шаҳбол Мирзоев пешниҳод намуданд, ки кумита омодааст, дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ тибқи хоҳишаш, барояш дар шароити беморхона курсҳои махсуси забономузӣ ва касбомӯзиро ташкил менамоянд. Клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе низ 28 июл, дар рӯзи таҷлили Иди Рамазон ба Шаҳбол
Мирзоев кӯмаки молӣ расонд. Кӯмакро дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ аз номи президенти клуб Шоҳрух Саидов, директори ге-
нералии клуб Муродҷон Умаров ба сарбози 23-сола супурда, аз номи ҳайати клуб барояш шифои комил хост.
10 оилаи ҷавон кӯмак гирифтанд
Китоб дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур Чанде пеш китоби нав таҳти унвони “Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар рушди маорифи Тоҷикистон”, ки ба қалами дотсенти Донишгоҳи шаҳри Хоруғ, номзади илмҳои фалсафа Ғарибшо Ғарибшоев ва номзади илмҳои таърих, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Қурбон Аламшоев тааллуқ дорад, бо теъдоди ҳазор дона ба нашр расид. Китоби мазкурро, ки ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида шудааст, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми кишвар ва Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи илмҳои Тоҷикистон ба нашр расонданд. Дар китоб аз нақши Шоҳтемур дар таъсиси нахустин мактаби дунявии шӯравӣ дар деҳаи Хоруғ дар соли 1922, ифтитоҳи аввалин донишгоҳи олии тоҷикӣ “Таджикинпрос” ё Институти маорифи тоҷикӣ дар шаҳри Тошканд ва таъсиси Институти хоҷагии қишлоқ дар шаҳри Душанбе ҳикоят карда мешавад. Ширишоҳ Шоҳтемур дар тӯли солҳои дароз сардори ситоди ҷумҳуривии маҳви бесаводӣ буд ва барои саросар босавод кардани тоҷикистониён хизматҳои арзанда кардааст.
АФСӮС
26 июли соли равон, дар арафаи Иди Рамазон Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба 10 ҷуфт оилаи ҷавони ниёзманд кӯмаки якдафъаина расонд. Ба гуфтаи Маҳкамбой Гулов, корманди раёсат ин иқдом бо мақсади пайгирӣ аз ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои пайвастаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар мавриди дастгирии ниёзмандону шахсони эҳтиёҷманд дар арафаи иду санаҳои миллӣ амалӣ гардид. Оилаҳои ҷавон маҳсулот ниёзи аввал, аз қабили
биринҷ, шакар, равған, тухм ва макарон дарёфт карданд. Ҳамчунин, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар ин рӯз ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати махсуси №2-и шаҳри Душанбе кӯмаки моддӣ расонда шуд.
У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
ЭНЕРГЕТИКА
Содироти нерӯи барқ зиёд шуд
e-mail: javonontj@mail.ru
Соли ҷорӣ дар давраи фаровонии захираҳои энергетикӣ (серобӣ) содироти нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 135,2 миллион квт/соат зиёд шуда, суръати афзоиши он 137,4 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содирот ба 496,9 миллион квт/соат расид, ки 413,7 миллион квт/соат ба Афғонистон ва боқимонда ба Ҷумҳурии Қирғизистон рост меояд. - Дар фасли тобистон мо имкон дорем то 1500 мегаватт барқи изофиамонро ба хориҷа содир кунем, – гуфт вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода. – Ҳоло нерӯгоҳҳои обӣ ба тамоми иқтидорашон кор накарда истодаанд. Зеро бо ҳамин иқтидори кунуниашон низ аз талаботи мамлакат зиёд нерӯи барқ истеҳсол мекунанд. Аз ин рӯ, мо як қисми оби зиёдатиро дар нерӯгоҳҳо истифода набурда, ба дарё сар медиҳем. Чунки пуркунии обанбор низ қоидаю талабот дорад. Тайи 6 моҳи соли ҷорӣ ба истифодабарандагони ҷумҳурӣ 5 миллиарду 970 миллион квт/ соат нерӯи барқи фоиданок (ба фурӯшрафта) интиқол дода шуд. Маблағи ҳисобшудаи нерӯи барқи бафурӯшрафта 640,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон бо ҷалби маблағҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сармоягузорони ватанӣ корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии 10 адад нерӯгоҳи хурди обӣ бо иқтидои аз 15 то 10000 квт. ба роҳ монда шуд. То
якуми июли соли равон теъдоди умумии нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар ҷумҳурӣ 310 ададро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 169 ададаш тамоми сол ва 141 адади дигар дар мавсими маҳдудияти барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон истифода мешаванд. Ҳоло ширкатҳои Чин ва Ҳиндустон бо мақсади бунё-
ди нерӯгоҳҳои миёна дар дарёи Зарафшон нақшаҳояшонро пешниҳод кардаанд. Баъди омӯзиши тарҳҳо вобаста ба шароити молиявиашон ба ширкатҳои мазкур барои сохтани нерӯгоҳҳо иҷозат дода хоҳад шуд.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Даргузашти Ҷонибеки Акобир Ҷонибеки Акобир, Нависандаи халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» 25 июл дар синни 62 аз олам гузашт. Ҷонибеки Акобир солҳои охир аз бемории сактаи мағз ранҷ мекашид, бо вуҷуди ин, то замони маргаш ҳамчун сардабири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» кор кард. Ӯ соли 1952 дар рустои Рӯшании ноҳияи Нуробод ба дунё омада, соли 1980 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Солҳои 80 ва аввали солҳои 90-и асри гузашта ба ҳайси мудири шӯъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» кор мекард. Соли 1992 як муддат сухангӯи Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Акбаршоҳ Искандаров буд. Аз соли 1997 сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» таъйин шуд. Ҷонибеки Акобир беҳтарин асарҳои худро дар маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), «Пазмонӣ» (1990) манзури хонандагон гардонидааст. Охирин асари калонҳаҷми ӯ «Қаламҳои кӯҳистонӣ» (2012) аз ҷониби хонандагон ва нақди адабӣ хуш пазируфта шуд. Ҷонибеки Акобир асарҳои ҷудогонаи И. Тургенев, Иво Андрич, И. Биэшу, П. Проскурин ва дигар адибони ҷаҳонро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Осори худи ӯ низ бо забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, олмонӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Ҷонибеки Акобир барандаи Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон (1990), Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва аз соли 1984 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
3
МАБЛАҒГУЗОРӢ
Суғд: Як ҷинояти соли 1992 ошкор шуд Дар 6 моҳи аввали соли равон дар қаламрави вилояти Суғд 2485 ҷиноят, аз ҷумла, 4 роҳзанӣ, 9 таҷовуз ба номус, 20 қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 21 ғоратгарӣ, 23 одамкушӣ, 203 авбошӣ, 311 қаллобӣ, 378 дуздӣ ва дигар намуд ҷиноятҳо ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 94 адад зиёд мебошад. Ба иттилои Шариф Назаров, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар давраи ҳисоботӣ, дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ 835 ҷинояти солҳои пеш содиршуда, аз ҷумла, як ҷинояти одамкушии соли 1992 ошкор шуданд. Ҳамчунин, 120 ҷинояти вобаста бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва 264,4 кило маводи мухаддир, аз ҷумла, 24,3 кило маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуданд.
Новобаста аз андешидан ва амалӣ намудани чорабиниҳои профилактикӣ шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ва бо иштироки онҳо содиршуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад ва шумораи ноболиғони ҷиноят содирнамуда 2 нафар зиёд гардиданд. Бино ба маълумоти оморӣ дар нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи садамаҳои роҳу нақлиётӣ 50 нафар ба ҳалокат расиданд.
Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»
ХИЗМАТРАСОНӢ
Ҳадаф - таъмини бехатарии парвоз Дар шаш моҳи соли равон КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 190 ширкати ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ хизмат пешниҳод намуд. Таҳлилҳо нишон дод, ки ширкатҳои авиатсионӣ барои иҷрои парвозҳо ба аэродромҳои кишварамон аз 130 навъ киштиҳои ҳавопаймоӣ истифода мебаранд.
Насби 5 таҷҳизоти офтобӣ дар мактабҳои Хатлон Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) аз 1 сентябри соли 2009 то 31 майи соли 2014 марҳилаи дуюми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ»-ро дар 20 ноҳияи вилояти Хатлон пурра амалӣ намуд. Маблағи умумии лоиҳа 15,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ки аз он 15,4 миллион доллараш гранти Ҳукумати Олмон мебошад. Директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳадафи барнома беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаҳои фарогири барнома ба роҳи қисман бунёд кардани инфрасохтори васеи мактабӣ бо истифода аз сифати мувофиқ буд. Аз рӯи нақша бояд 38 мактаб сохта мешуд. Бо сабаби сарфа шудани маблағ ва боло рафтани қурби евро имкони сохтмони боз як мактаб фароҳам омад. Дар натиҷа, ба ҷои 38 мактаб 39 мактаб сохта шуд. - Барои татбиқи лоиҳа, асосан, мактабҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта (30), дар хонаҳои шахсию биноҳои маъмурӣ ва ҷамоатӣ ҷойгиршуда (6) ва дар вагонхонаҳо (2)
ҷойгиршуда интихоб шуданд, – гуфт Саидаҳмад Мирзоев. Дар 5 мактаби ба лоиҳа фарогирифташуда таҷҳизоти офтобӣ насб шуд. Аз ҷумла, дар мактаби №41-и ноҳияи Фархор таҷҳизоти офтобӣ мунтазам барқ тавлид мекунад. Дар фасли зимистон синфхонаҳо тавассути таҷҳизоти офтобӣ гарм мешаванд. Зимни татбиқи барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод ва Тоҷикобод ба ҷои мактабҳои дар ҳолати садамавӣ то охири соли 2015 6 мактаби нави дуошёна сохта хоҳад шуд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
ТАРТИБОТ
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
МАТЛУБОТ
Бозорҳои пойтахт мутааллиқи “Тоҷикматлубот” нестанд
Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади умумии муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18% зиёдтар гашт. Муассиса дар 6 моҳи сипаришуда ба буҷаи давлат зиёда аз 8 миллион сомонӣ пардохт намуд. Дар муассиса ба таълиму тарбияи хирфавии мутахассисон аҳамияти махсус дода мешавад. Чунончи, 83 нафар мутахассиси корхона ихтисосу маҳорати худро дар курсҳои махсус такмил доданд. Ҳадаф аз таҷрибаомӯзӣ ва таълиму тадриси ҳайати кадрии сохторҳои мухталифи муассиса баланд бардоштани таъмини бехатарии парвозҳо мебошад. Моҳи октябри соли равон мутахассисони фаронсавӣ ба бунёди манораи баландиаш 36-метра оғоз хоҳанд кард. Ин манора аз ҷониби Вазорати мудофиаи Фаронса маблағгузорӣ мешавад. Дар он лифт насб шуда, манора барои беҳтар идора кардани ҳавопаймоҳо мусоидат хоҳад кард. Баландии манораи кунунии вокзал 16 метр аст. Дар 6 моҳи соли равон аз ҷониби муаллимони Донишкадаи аэронавигатсияи Маскав ҷиҳати донистани забони англисӣ тибқи мизони ИКАО аз 103 нафар мутахассиси корхона тест қабул карданд. 98 дарсади мутахассисон аз имтиҳон бомувафаққият гузаштанд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
Сироҷиддин Валиев ба хабарнигорон посух дод, ки дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт ду адад нуқтаи фуруши гӯшт ташкил шудааст. Ҳарӯз дар ин нуқтаҳо 1500 килоӣ гӯшти гов бо нархи 32 сомонӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ин нисбат ба нархи бозор 12-15 дарсад арзон мебошад. Бо мақсади танзими нархи гӯшт Иттифоқи “Тоҷикматлубот” пеш аз моҳи Рамазон 257 сар чорвои калон, 421 сар чорвои майда харид. Барои дар моҳи шарифи Рамазон бо маҳсулоти зарурӣ таъмин кардани аҳолӣ дар ҳар як ташкилоти хоҷагиҳои соҳа захираи доимии маҳсулот, аз ҷумла, 20-25-тоннаӣ картошка, пиёз ва сабзӣ, 5-10-тоннаӣ маҳсулоти лубиёӣ ташкил карда, парвариши 20-25 сар чорвои калону майдаро ба роҳ монданд. Алҳол “Тоҷикматлубот” дар ихтиёри худ 93 бозор дорад. Хоҷагиҳои ёрирасони соҳа 70 адад буда, масоҳати умумии заминҳои онҳо 6129 гектарро ташкил медиҳанд. Дар шаш моҳи соли равон саршумори
чорвои калони шохдор ба 424 сар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29 сар зиёд аст. Барои барқарорсозии сардхона дар Ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара бо маблағи 381,6 ҳазор сомонӣ корҳои таъмирию тармимӣ ба анҷом расида, алҳол васлкунии таҷҳизот идома дорад. Дар нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Кӯлоб
таҷҳизоти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шуд, ки иқтидори солонаи он 480 ҳазор қуттии шартӣ мебошад. Зимни амалишавии чораҳои зикргардида дар соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ 483 нафар бо ҷойи кори нав таъмин гардиданд. Тайи 6 моҳи сипаришуда ба соҳа ба маблағи 63 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид гардид. Ба хориҷи мамлакат 5341 тонна сабзавот, меваи тару тоза ва хушкмева содир шуд. Ҳаҷми истеҳсоли консерва ба 3,2 миллион қуттии шартӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 1,7 миллион қуттии шартӣ зиёд аст. Дар мавзеъҳои Хумроғӣ (ноҳияи Ванҷ), Рузвай (Дарвоз), Тем (Хоруғ) ва даромадгоҳи маркази ноҳияи Ишкошим бозорҳои наздисарҳадӣ амал мекунанд, ки дар онҳо баҳри рушди тиҷорат миёни соҳибкорони тоҷику афғон тамоми шароит фароҳам аст.
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳарчанд раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Сироҷиддин Валиев борҳо таъкид намудааст, ки бозорҳои пойтахт мутааллиқи “Тоҷикматлубот” нестанд, ҳар дафъа дар нишастҳои матбуотӣ иддае аз хабарнигорон боз дар хусуси нарху навои бозорҳои пойтахти мамлакат ва шароити савдо дар онҳо аз С. Валиев суол мекунанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
4
МАОРИФ
Ифтитиҳи Маркази бачагонаи рассомӣ Ғанизода Ҷамшед, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн, зимни нишасти матбуотие, ки ҳафтаи сипаригардида доир гардид, зикр намуд, ки донишкада навтаъсис буда, дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 марти соли 2013, №144 таъсис ёфта, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Раванди таълим ва низоми машғулиятҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ муқарраргардида, аз рӯйи 21 ихтисос ба роҳ монда шуда, то соли 2015 ба 27 ихтисос расонда мешавад. Шумораи умумии донишҷӯён 187 нафарро ташкил медиҳад, ки 89 нафараш дар факултети санъати тасвирӣ таҳсил намуда, аз онҳо 41 нафараш
духтарон мебошанд. Дар факултети дизайн 99 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. 10 нафар донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд. Дар нимсолаи аввал соли равон дар донишкада шуъбаи тайёрӣ ва маркази бачагонаи рассомӣ ташкил ёфта, бо ҷалби довталабон фаъолияти худро оғоз намудааст.
ДИД - муассисаи таҳиякунандаи хизматачиёни давлатӣ Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҷумҳурӣ, 26 июли соли равон, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки донишкада 26 августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис ёфта, дар се факултет мутахассис тайёр мекунад.
Факултети идоракунии давлатӣ ба омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ, идоракунии давлатии иқтисодиёт ва идоракунии ҳайат машғул мебошад. Факултети муносибатҳои байналмилалӣ мутахассисони соҳаи муносибатҳои
байналмилалиро тайёр менамояд. Факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос омода кардани кадрҳои роҳбарикунанда, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии ҷумҳуриро бар уҳда дорад. Зикр гардид, ки донишка-
да навтаъсис буда, он ҳанӯз дар ҳолати ташаккулёбӣ қарор дорад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии донишкада Оинномаи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, Низомнома оид ба низоми кредитии таҳсил ва бештар аз 15 низомномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари фаъолият таҳия, тасдиқ ва мавриди амал қарор гирифт. Розиқзода Абдулҳаким афзуд, ки бо мақсади ҷалби мутахассисони варзида оид ба ишғоли вазифаҳои муаллими калон, дотсентҳо, профессорҳо ва мудирони кафедраҳо озмун эълон шуд. Аз 55 нафари ба озмун ҳуҷҷат супорида баъди 3 марҳила танҳо 9 нафар ба кор қабул шуда, боқимонда аз озмун нагузаштанд.
e-mail: javonontj@mail.ru
800 китоби Катоюн ба китобхонаи ба номи Рӯдакӣ Сокини шаҳри Душанбе Катоюн Рустамова зиёда аз 800 китоби илмию бадеиро аз китобхонаи шахсиаш ба китобхонаи вилоятии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ тақдим намуд. Директори китобхона Алидод Чароғабдолов бо изҳори сипос аз ин хонавода гуфт, ки “соли гузашта низ ин оила ба китобхонаи мо зиёда аз ҳазор нусха китоб ирсол намуда буд”. Дар суҳбати телефонӣ Катоюн баён дошт, ки “китобхона ба падарам, ки дар даҳаи аввали солҳои навадум дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба сифати устод фаъолият дошт, тааллуқ дорад. Баъдан мо ба пойтахти кишвар, ба макони зисти доимии худ баргаштем ва падарам фаъолияти омӯзгории худро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дод. Чанд сол қабл падарам Фаромӯз Рустамов аз олам даргузашт ва васият намуд, ки як қисми китобҳоро ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва кисмати дигар ба китобхонаи вилоятӣ тақдим намоем. Имрӯз ин васияти қиблагоҳамро ба иҷро расондам”.
Раҳбари китобхона гуфт, ки дар чанд соли охир аз ҳисоби сокинони шаҳру навоҳии вилоят ба китобхона садҳо асарҳои илмию бадеӣ ва бачагона ворид гашт. - Алъон мо имкон дорем, донишҷӯёну хонандагони макотиби миёнаро бо адабиёти зарурӣ таъмин кунем. Ин тадбир таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯёнро ба китобхонӣ бештар кард ва толори мо аз хонандагон пур гашт. Баъзан ҳатто хонандагон дар толор ҷои нишаст пайдо намекунанд ва маҷбур мешаванд каме интизорӣ кашанд, - афзуд А. Чароғабдолов.
Донишгоҳи давлатии тиббӣ 75-сола мешавад Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино ягона муассисаи олии таълимии тиббӣ дар ҷумҳурист. Он, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони олидараҷаи соҳаи нигоҳдории тандурустӣ таъсис шудааст, имсол 75-сола мешавад. Дар давоми 75 соли мавҷудият донишгоҳ зиёда аз 36 ҳазор мутахассиси соҳибмаълумотро тарбия намудааст. Ҳоло тақрибан 17 ҳазори онҳо фаъолият мекунанд. 98 дарсади мутахассисони соҳаи нигоҳдории тандурустӣ дар кишвар хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббӣ мебошанд. Дар ин бора Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Донишкада соли аввали фаъолият (1939) аз як факулта ва шаш кафедра иборат буд ва дар он 130 нафар донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ба донишкада номи олими бузург, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд. Соли 1992 бо қарори дафтари Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, №228 донишкада ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино табдил ёфт. Баъди мақоми донишгоҳро соҳиб шудан, то соли 1999 дар ҳайати донишгоҳ 67 кафедра бо 627 нафар профессору омӯзгор, ки аз онҳо 66 нафар доктор ва 346 нафар номзадҳои
илмҳои тиб буданд, фаъолият менамуданад. Миқдори донишҷӯён 4000 нафарро ташкил медод. Айни ҳол, донишгоҳ аз 4 факулта: факултаи тиббӣ, стамотологӣ, фарматсевтӣ ва нигоҳдории тандурустӣ иборат аст. Ҳайати профессорону омӯзгоронаш 631 нафаранд. Теъдоди омӯзгорони ҳамкор аз 206 нафар иборат аст. Аз шумораи умумии профессорону омӯзгорон 90 нафар ё 14,2 фоиз ҷавонони то 35-сола мебошанд. Соли таҳсили 2013-2014 7414 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 402 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ва 770 нафар тибқи Квотаи президентӣ таҳсил мекарданд. Инчунин, 29 нафар магистр, 130 нафар аспирант, 115 нафар унвонҷӯ, 288 нафар ординатори клиникӣ, 389 нафар интернатҳо ва 1033 нафар шунавандагони шуъбаи тайёрӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки дар маҷмӯъ муҳассилини донишгоҳ дар ин давра 9347 нафарро ташкил медиҳанд.
Филми мустанад дар бораи 40-солагии ДДСТ Дар нимсолаи аввали соли равон чор спектакл (“Дод аз дасти афандӣ”-и Ашӯр Ғаюров, “Мокипот”-и Питер Вайс , “Соати регӣ”-и Уилям Батлер Иейтс ва “Бадбахтӣ” аз рӯйи ҳикояҳои А. Чехов)-и ҳимояи дипломии хатмкунандагони театри бадеии шуъбаи актёри драма ва кинои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дар толори Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ва донишкада намоиш дода шуданд. Диловар Латифов, ректори донишкада зимни нишасти хабарӣ, ки ҳафтаи гузашта доир шуд, изҳор дошт: “Донишкада барои фаҳмиш, малака ва донишомӯзӣ донишҷӯёнро ба тамошои намоишҳои театрҳои академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, ҷавонон , опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Маяковский сафарбар кард, ки то имрӯз намоишномаҳои “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Комде ва Мадан”, “Шайхураис Абӯали ибни Сино”, “Шомгоҳи Миср”, “Операи Рӯдакӣ”, “Қишлоқи тиллоӣ”, оратория-балети “Мақоми ишқ”, операи нави Мустафо Бафоев “Борбад”, нахустнамоиши мазҳакаи драманависи машҳури итолиёӣ Карло Голдонӣ “Моҷаро”-ро тамошо карданд”. Дар нимсолаи аввали соли равон ба пешвози ҷашни 100-солагии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, профессор Азиза Азимова, бо роҳбарии сарбалетмейстер, роҳбари бадеии ансамбл, дотсент, мудири кафедраи рақси донишкада М. Искандаров консерти ҳисоботӣ-эҷодии ансамбли “Бунафша” баргузор гашт. Инчунин, донишкада дар даври аввали Фестевал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб” аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баромад карда, сазовори ҷойи аввал гардид. “Бори аввал дар бораи 40-солагии фаъолияти донишкада аз ҷониби устодон филми мустанад таҳия ва ба тамошобинон пешкаш гардид, - бо хушнудӣ афзуд Д. Латифов.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Нишасти матбуотие, ки ҳафтаи гузашта дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» доир гардид, тибқи анъана аз экскурсия оғоз ёфт. Теъдоди зиёди хабарнигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ савори ду автобус ба аэродром рафта, бо техникаю таҷҳизоти навтарине, ки чанде пеш оварда шудааст, аз наздик ошно гаштанд. Директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов иттилоъ дод, ки мувофиқи шартнома бо ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот техник Ют-эйр лизингРоссия» чанде пеш фурудгоҳ аз тариқи лизинг як қатор таҷҳизоти махсуси фурудгоҳӣ, аз қабили мошинҳои аз барфу ях тозакунии ҳавопаймоҳо (F90 SI ва F-2000), автозинаҳои махсус, мошинҳои аэродромии чангкашак, автотранспортёрҳо, ядак (притсеп)-ҳо, автобусҳои перронӣ, грейдерҳо, мошинҳои худрави боркунанда, экскаватору электрокарҳо, мошини ёрии таъҷилии тиббии СИКАР-3868, амбулифт, мошинҳои муосири сӯхторхомӯшкунӣ, таҷҳизоти махсус барои аз хати парвозу нишаст берун кардани ҳавопаймо ва ғайраро харидорӣ намуд, ки аллакай мувофиқи мақсад истифода мешаванд. Дар маҷмуъ, 134 мошину таҷҳизот харидорӣ шудааст, ки 101 ададаш техникаҳои махсуси ба тайёраҳо хизматрасон мебошанд. Аксар техникаҳои мазкур истеҳсоли ширкатҳои аврупоӣ буда, ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонианд. Сардори Хадамоти аэродроми ҶСК «Фурудгоҳи бай-
Таҷҳизоти нави фурудгоҳ дар Осиёи Марказӣ беназир аст налмилалии Душанбе» Табар Қурбонов хабарнигоронро бо ҳар як таҷҳизот алоҳида ошно намуда, дар бораашон мухтасар маълумот дод. Масалан, маълумот дар бораи 6 адад мошине, ки муҳаррики ҳавопайморо ба ҳаракат медароранд, бароямон аҷиб буд. Зеро мо то ин дам танҳо ба тайёра нишастану парвоз карданро медонистем. Ҳол он ки кормандони фурудгоҳ барои таъмини бехатарии ҳар парвоз ва қабули тайёра чи қадар заҳмат мекашидаанд. Табар Қурбонов моро бо ду адад мошине, ки ба ҳавопаймо об мерезад, ошно кард. Илова бар ин, дар бораи ду адад мошине, ки партовҳои канализатсионии тайёраро берун мекунад, маълумот дод. Инчунин мошине буд, ки тайёраро бо фишори ҳаво (бод, шамол) ба кор медарорад. Се адад мошини тайёраро аз барфу ях то-
Осиёи Марказӣ мавҷуд нестанд. Танҳо як мошини пуриқтидори барфрӯбӣ дар зарфи 40 дақиқа хати парвозро аз барф тоза мекунад, - гуфт Табар Қурбонов. - Таҷҳизоти нави борфуроранда дар муддати кӯтоҳ бағоҷи мусофиронро аз ҳавопаймо мефуроранд. Яке аз онҳо 7 тонна ва дигараш 14 тонна борро аз тайёра берун мекунад. Тайи 5 соли аз ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ҷудо шудани фурудгоҳ тамоми таҷҳизоту техникаи он пурра нав шуд. Сардори Хадамоти ҷустуҷӯӣнаҷотдиҳии садамавӣ ва таъминоти парвозҳо Қудратулло Одинаев дар бораи пешгирии садамаҳо ва бо мақсади таъмини бехатарӣ барканор кардани нақлиёти ҳавоӣ-заминӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. - Таҷҳизоти нави безараргардонии тайёра дар Осиёи
дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Дастаи қисми тиббии хадамот дар ҳузури хабарнигорон «маъюб»-еро тавассути мошини махсуси амбулифт аз ҳавопаймо беосеб фуроварда, ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» савор карданд. Амбулифт барои интиқоли маъюбон пешбинӣ шуда, дар он дар як вақт то 7 нафар ҷой гирифта метавонанд. Хадамоти оташнишонии фурудгоҳ низ ҳунари худро нишон дода, дар ҳавои гарми қариб 40 дараҷа борони сунъӣ «ташкил карданд». Дурии пошидани об дар ин мошин қариб 80 метрро ташкил медиҳад. Об тавассути ду лӯла ба самти пеш ва боло пош дода мешавад. Муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Азиз Иброҳимов гуфт, ки мутахассисони ҳолландӣ 15 август трапи
лион доллари амрикоӣ грант ҷудо мекунад. Алҳол аз ҷониби коршиносони Агентии Ҷопон оид ба рушди байналмилалӣ «JICA» ва мутахассисони фурудгоҳ ҷанбаҳои техникии лоиҳаи сохтмони терминали боркашонӣ омӯхта, таҳлил гардида, ҳисоботи пешакӣ омода шудааст. Рустам Холиқов гуфт, ки алҳол дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 1400 нафар кор мекунанд. Роҳбарияти фурудгоҳ ба омода кардани мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. - Ҳадафи мо дар самти беҳдошти сифати хизматрасониҳо аз он иборат аст, ки кормандонро мутобиқи стратегияи рушди фурудгоҳ ва тибқи талаботу стандартҳои ҷаҳонӣ омода намоем, – гуфт Рустам Холиқов.
закунанда низ хеле замонавию муҷаҳҳаз буданд. - Аз «дасти аввал» ва тавассути лизинг харидории таҷҳизот бартарии калон дорад, - гуфт сардори дафтари матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Муҳаммадюсуфи Шодӣ. - Зеро якбора харидани ин қадар техникаву таҷҳизоти муосир хеле гарон меафтад. Бартарии лизинг дар он аст, ки фурудгоҳ аз таҷҳизот истифода бурда, тадриҷан маблағи онро пардохт мекунад. Ҷиҳати дигари хубии ин техникаҳо дар он аст, сӯзишвориро хеле кам истифода мебаранд. Мошинҳои мазкур нисбат ба таҷҳизоти даврони шӯравӣ ҳаҷман хурд, вале иқтидорашон баланду дизайнашон зебо мебошад. Мутахассисони фурудгоҳ барои идора намудани техникаю таҷҳизоти ҷадид дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил намуда, соҳиби сертификат гардиданд. Қобили қайд аст, ки як қисми ин таҷҳизот замонавию ҷадид буда, алҳол дар фурудгоҳҳои дигар кишварҳои
Марказӣ беназир буда, имкони безараркунии ҳавопаймои осебдидаи вазнаш то 180 тоннаро дорад, - гуфт Қудратулло Одинаев. - Дар ин таҷҳизот троссҳои металӣ не, балки ресмонҳои пурқуввате насб шудаанд, ки зимни кашидани тайёра қисмҳои он осеб намебинад. Ба ҷои борбардор болишт ва канорҳои ҳавоӣ истифода мешаванд. Ин таҷҳизот ба ҷои кран метавонад то баландии 3 метр беосеб тайёраи вазнаш қариб 100 тоннаро бардорад. Ғайр аз ин, дар ҷойҳое, ки бетону асфалт нест, барои интиқоли тайёра роҳҳои сунъӣ, ба монанди қолин оварда шудааст, ки ҳавопаймои вазнаш то 200 тоннаро мебардорад. Дар хадамоти мазкур ду даста қисми наҷотдиҳӣ ва қисми тиббӣ фаъолият мекунанд. Барои фаъолияти хубтари наҷотдиҳандагон мошини «Чинета» ворид шуд, ки истеҳсоли корхонаи муштараки ИталияФаронса мебошад. Аз ин мошин дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ танҳо дуто дар Русия ва якто
навро, ки мусофирон тавассути он аз толори интизорӣ рост ба дохили ҳавопаймо мераванд, ба кор хоҳанд даровард. Зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои сифат ва самаранокии кор дар 6 моҳи сипаришуда дар фурудгоҳ боло рафтаанд. Фурудгоҳ дар ин давра ба буҷаи давлатӣ 33,1 миллион сомонӣ маблағ супорид. Тайи 6 моҳи соли равон фурудгоҳ ба 368517 нафар мусофири бурунрафта ва ба 289930 нафар мусофири омада хизмат расонд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ вобаста ба наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷи мусофирон 898 эрод ворид гашта, ҳамагӣ баррасӣ ва қонеъ гардонида шуданд. Тибқи протоколи сеҷониба пешбинӣ шудааст, ки Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фуруди аниқи ҳавопаймоҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 20 мил-
Ҳоло дар муассиса «Кодекси ахлоқи корманди фурудгоҳ» қабул гардида, омӯзиши ҳамаҷонибаи он ба роҳ монда шудааст. Баҳри беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои фурудгоҳ барои кормандон курсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ташкил шудаанд. Моҳи сентябр терминали нави фурудгоҳ ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Тибқи даъвати ширкати фаронсавии «Винчи» 16 нафар корманди роҳбарикунандаи фурудгоҳ дар ширкатҳои ҳавопаймоии Фаронса, Британияи Кабир, Испания ва Португал таҷрибаи корбарӣ дар терминали навро омӯхтанд. Ба истифода додани терминали нав яке аз воқеаҳои фараҳбахши сол дар ҷумҳурии мо хоҳад шуд. Зеро терминали замонавии фурудгоҳ, ки дарвозаи ҳавоии кишвари мост, боиси баланд рафтани имиҷи мамлакат миёни сайёҳони хориҷӣ хоҳад гашт.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, яке аз ниҳодҳое, ки ҳар шашмоҳа зимни нишасти матбуотӣ навгониву дастовардаш ҳатман ба назар мерасад, ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мебошад. Боварӣ дорам, ки аксари ҳамкасбон дар ин бобат бо ман ҳамфикранд. Чӣ аз лиҳози намуди зоҳирию муҷаҳҳазсозӣ бо технологияи ҷадид ва чӣ аз ҷиҳати хизматрасонӣ дар фурудгоҳ нисбат ба 3-4 соли пеш тағйироти куллӣ ба назар мерасад. Апрели соли равон ман тавассути хатсайри Душанбе-ДубайИсломобод-Дубай-Душанбе аз хизматрасонии фурудгоҳ истифода бурда, нисбат ба солҳои пеш хеле хуб шудани хизматрасониҳоро мушоҳида кардам.
5
e-mail: javonontj@mail.ru
ХИЗМАТРАСОНӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
6
ТАЗЗОДҲОИ ЗИНДАГӢ
Ибора ва ё мақоли “Оташу борут...”-ро ҳанӯз кӯдак будам, ки шунидам. Манзара ҳоло ҳам пеши чашмонам зинда аст. Саҳни бинои чорошёнае, ки мо зиндагӣ мекардем, ҳамсоязанҳо зуд-зуд ҷамъ омада, суфра мегустурданд. Рӯи дастурхони онҳо ҳар гуна нуқлу анво дида мешуд. Чой, атола, шириниву кулчаву қанд, себу ангуру анор... Ана, баъд, бо шавқу ҳаяҷони зиёд ғайбат мекарданд. Одатан намедонистам, ки мавзӯи сӯҳбаташон чи аст, вале бовар доштам, ки аз кадом як масъалаи “мамнуъ ва ғалатӣ” сухан меронанд. Чунки ҳар боре дар бобати ин қабил мавзуъҳо баҳс кунанд, оҳанги гуфтори модарон, холаҳою бибиҳо иваз мешавад. Боз барои он ки кӯдакон нафаҳманд, рамздору номафҳум ва бо ишораи чашмон гап мезананд...
роҳандозӣ кардаам як рӯз давом мекунад. Чунки дӯстӣ бо духтарон аз дӯстӣ бо писарон фарқноку дигаргуна аст. Аз сӯҳбати бачаҳо зуд дилгир шудан мумкин... Ба гурӯҳбозиву гурӯҳсозиашон шарик намешавам. Чунки рафиқони дирӯза имрӯз аллакай “душмани” ҳамдигаранд. Аз ту ҳам мехоҳанд, ки бо фалону фалониҳо ошноӣ
НАБЗИ ҶАҲОН бовар доранд, ҳам интизоранд, ки ошноии онҳо ҳар лаҳза ба муҳаббат пайвастанаш мумкин... Пажуҳишҳои дигар ҳам натиҷаи ҳамранг додаанд. Яъне, ошноии зану мард эҳтимол дорад, вале омили аслие, ки ин ошноиро барпо медорад ва ба шикасту рехташ иҷозат намедиҳад, боз ҳам занҳоянд. Дар таърихи
e-mail: javonontj@mail.ru
Дӯстии холиси ду ҷинси муқобил мумкин аст? Онҳо намедонанд, ки бо ин рафторашон таваҷҷуҳи ману бачаҳои дигарро ба мавзӯи мавриди баҳс бештар мекашанд. Холаҳо ба бачаҳои машғули бозӣ қанду кулча дода, онҳоро аз наздашон дур мекарданд. Ман, ана, дар яке аз ҳамин нишастҳо аз ибораи “оташу борут” огоҳ шудам. Вале бо ақли кӯчакам намедонистам, ки боруташ чисту занҳо чиро дар назар доранд. Шаб ба хона омада, аз бибиам пурсон шудам. - Инро ту аз кӣ шунидӣ? - пурсида буд модаркалон бо ҳайрат. - Аз шумо шунидам, вақте ба ман кулча медодед. Модаркалон гӯё дар айни содир кардани ҷиноят ба даст афтода бошад, ба рӯи мани кӯдак нигарист. - Маънояш он аст, ки зану мард дӯст шуда наметавонанд. Ҳамин ки ин ду паҳлуи ҳам биёянд, ба касали ишқ гирифтор мешаванд, - шарҳ дод модаркалон... Субҳи рӯзи дигар дар мактаб ба духтарон дурушту хилоф муомила мекунам. “Модом ки дӯст намешуда бошем, не қаламамро медиҳаму не китобамро. Дар имтиҳонҳо ҳам ба ягон духтар кӯмак намекунам”. – мегӯям ман ба худ. Ин “таҳрими” аз рӯи эҳсос
накунӣ. Аммо намояндаҳои ҷинси муқобил дигаранд. Дӯстии онҳо росту холис ва беғараз аст... Солҳо мегузаранд. Мактаб ҳам поён меёбад. Ба донишгоҳ меоем. Мебинам, ки ин ҷо ҳам ошноии марду зан нисбат ба ошноии байни мардҳо авлавият доштааст. Гузашта аз ин, дар донишгоҳе, ки таҳсил кардем, намояндаҳои ҷинси латиф бештар аз мардонанд. Дар воқеъ, мавзӯи ошноии марду зан аз азал мавриди баҳс аст, балки мавриди таҳқиқи пажуҳишгарон. Таҷрибаҳои аҷиб ҳам ҳастанд. Чунончӣ, як муассисаи пажуҳишии Амрико бо номи “Scientific American” ба таҳқиқоти ин масъала аҳамияти бештар додааст. Ин пажуҳишгоҳ барои таҳқиқ 88 ҷуфт донишҷӯро, ки муддати дароз бо ҳам риштаи дӯстӣ доштаанд, интихоб кардааст. Яъне, махсусият ҳамин: муддати дароз бо ҳам дӯст будани ҷуфтҳо. Дӯстии холис. Пажуҳишгарон, вақте донишҷӯёнро як-як мепурсанд, натиҷаи гирифтаашон онҳоро ба ҳайрат меорад. Зеро ҷавобҳои духтарону писарон ба саволҳо фарқнок буд. Занҳо ба ошноии марду зан бештар бовар доранд. Мардҳо бошанд, ба ин ошноӣ ҳам
адабиёт ошноии ҷаззоби як нависандаи мард бо як нависандаи зан (ки баъдан хеле талх анҷом шуд) дӯстии Эрнест Хемингуей бо Гертруда Стайн будааст. Муддати дароз чунон ошноие доштанд, ки Хэмингуей дар васфаш мегуфт: «We are like brothers (Мо чун бародаронем)». Онҳо вақти ҳамроҳ буданашон ҳар мавзӯро гап мезаданд ва ҳар масъаларо интиқод мекарданд. То замоне ки аз байнашон гурбаи сиёҳ гузашт... Гертруда Стайн бо таълифи як китоби интиқодӣ Хэмингуейро аз осмон ба қаъри замин зад. Хэмингуей дарҳол аз пайи интиқом шуд. Вай бо таълифи китоби “A Moveable Feast” (Ҷашни мутаҳаррик) ба ҳуҷум гузашт. Сабаби заволи ошноии онҳо мисли ҳар ошноии талхи дигар ба муҳаббат майл кардани он набуд. Ба ибораи дигар, дӯстии Хэмингуей бо Гертруда бо “набарди майдон” поён ёфт, на бо майл кардан ба муҳаббат. ...Баъди гузашти чандин вақт ҳоло ҳам мебинам, ки дӯстии сахт, саршор ва зебо боз ҳам ё аз мардони соҳиби ақли солим, қалби тамиз, виҷдони пок сар мезанад ва ё аз занҳои соҳиби ҳамин хислатҳо...
Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
Ночории давлатҳо дар масъалаи Фаластин
Ё чи гуна Исроил аз ғалабааш меболад? Исроил дар рабуда шудани се ҷавони яҳудӣ, ки 12 июни соли равон дар маскунгоҳи “Гуш Этсион”-и минтақаи Каронаи Ғарбӣ ғайб заданд, ҷониби Фаластинро айбдор кард. Бо ин мақсад ба минтақаи Каронаи Ғарбӣ (минтақае дар Ховари Миёна аст, ки аз тарафи ғарб ва шимолу ҷанубаш Исроил, аз қисмати шарқиаш бо дарёи Шориа (Карона) ва кӯли Лут иҳота шудааст) ба амалиёт шурӯъ намуд. Дар амалиёти роҳандозишуда 500 нафарро бо шумули Азиз Дувайк, спикери парлумони Фаластин, депутатҳо ва вазирони собиқи фаластинӣ, инчунин, чанде аз аъзои ҳаракати “Ҳаммос”-ро боздошт намуд. Гуфта мешавад, боздоштшудаҳо дар бадтарин шароит нигоҳдорӣ мешаванд. Баъди ин боздошти густарда ба минтақаи Ғазза амалиёти ҳавоӣ ва бомбафканиро оғоз бахшид. Бино бар гузоришҳо Исроил аз аслиҳаи мамнуъ истифода бурда, бо вуҷуди ҳалокати кӯдакони зиёд ҳоло ҳам Фаластинро бомбаборон мекунад. Амалиёти Исроил чун ҳарвақта номутаносиб аст, ин кишвар аз ҳадди муайяншуда ҳам убур мекунад. Зимнан, сухангӯи артиши Исроил гуфтааст, ки “яке аз ҳадафҳои амалиёт заиф сохтани иқтидори “Ҳаммос” дар Каронаи Ғарбист”. Бояд ёдовар шуд, ки ҳоло Исроил дар давраи аз ҳама роҳат ва судмандаш қарор дорад. Заиф шудани омили “Эрон, Сурия ва “Ҳизбуллоҳ” Исроилро қувват мебахшад. Қаблан, Ироқи замони Саддом ва Либиёи давраи Қаззофӣ, ки ҳар ду ба ҷонибдории Фаластин садо баланд мекарданд, ба хок яксон карда шуд. (Маълум, ки бо ташаббуси кӣ!) Судон, ки дар қисмати ҷанубиаш бо сарпарастии Исроил як давлати насронӣ рӯи кор овард, таҳти муҳосира қарор гирифт. Дар Миср аскарҳои дӯстдори Исроил табаддулот карданд. Туркия яке аз кишварҳое, ки соли 2003 ба майдон ворид шуд, барои ҳалли қазияи Фаластин ва дар ин замина таъсир расондан ба Исроил умеди калон буд. Бисёриҳо чунин фикр мекарданд, ки Туркия ҳамчун узви НАТО метавонад бо Исроил дар масъалаи Фаластин ба гуфтугӯ нишинад. Барои Исроил муҳим буд, ки Туркия давлати мусулмон аст, вале кишвари арабӣ нест. Дар гузашта ин таваҷҷуҳро Эрон соҳиб буд, аммо баъди инқилоби исломии соли 1979 Исроил Эронро (ё Эрон Исроилро) душмани худ қабул кард. Акнун ҳамон таваҷҷуҳро Курдистон дар даст дорад... Исроил то соли 2011 барои иртибот бо Сурия ба кӯмаки Туркия ниёз дошт. Ҳоло дигар ба ин кӯмак зараруте боқӣ намондааст. Ҳаракати “Ҳизбуллоҳ”, ки соли 2006 шаҳди мағлубиятро ба Исроил чашонда буд, бар асари фоҷиаи Сурия аз омили таҳдид ба Исроил баромад. Агар муқобилати эътирозии Эрон, Сурия, “Ҳизбуллоҳ” ва дастгирии онҳо аз “Ҳаммос” идома меёфт, инчунин, Туркия дар муколама бо Исроил масофаро нигоҳ медошт, он вақт фаластиниҳо нафаси осуда мекашиданд. Ҳоло дигар аз давлатҳои таъсирдори минтақа на Туркия барои Фаластин коре карда метавонаду на Эрону на ягон кишвари арабӣ. Ҳамчунин, ҳукумати феълии Туркия бо Исроил ҳам коре карда наметавонад. Чунки баъди ҳаводиси моҳи декабри соли гузаштаи Туркия (қазияи ришвахории мансабдорон) дигар эътибору нуфузи ин кишвар ҳам дар миқёси байналхалқӣ, ҳам дар дохили худаш ноустувор аст. Эрон ҳам тибқи хабарҳои дарҷшуда дигар бо Исроил дар масъалаи Фаластин чандон муқовимату муқобилати ҷиддӣ надорад, балки ҳамкору шариканд. Хусусан, муносибатҳои тиҷорати аслиҳа байни ин ду кишвар хеле вақт аст, ки идома дорад ва душмании деринаи онҳоро нарм кардааст. Сурия ҳам дигар ба ҳоли худ овора аст. Баъд аз он ки Исроил ва ИМА-ву Бритониё дар Сурия ҳарактати ДИИШ-ро (Давлати исломии Ироқ-Шом) ба майдон оварданд, таъсири ҳам Сурия ҳам Ироқро ба Исроил комилан коҳиш доданд. Акнун Исроил аз ғалабаи худ меболад ва ба ҳоли ҷомеаи ҷаҳон, ба ҳоли ин қадар давлат, ки коре барои наҷоти Фаластин карда наметавонанд, механдад! Баланд ва бо истеҳзо!
М. САИД, “ҶТ”
Чун қибланамо хизри раҳи аҳли ҷаҳон бош, Саргаштаи худ, роҳнамои дигарон бош! Солҳои 90-и асри ХХ. Панҷакенти бостонӣ, гарчи аз маркази даргириҳо дур буд, он ҷо садои тиру туфанг шунида намешуд, аммо шаҳр хомӯш, одамон гирифтори таҳлуқа, камчинӣ, қиматӣ, бенонӣ, гуруснагӣ ҳис карда мешуд. Одамон барои як бурда нон соатҳо навбат меистоданд, барои орду равғани «помош» муштбагиребон мешуданд. Ҳамон ҷо зӯр камзӯрро мехӯрд. Доро ҳам барои «помош» навбат меистоду нодор ҳам. Мардум ба ҷойи тамоку, шолӣ, гандум, нахуд ва наск тухми аҷал - кӯкнор мекориду чакида истеҳсол мекард. Заминҳои кӯҳро қитъа-қитъа байни ҳам тақсим карда буданд. Дар тӯйҳои ягон-ягон барпошаванда пӯчоқи кӯкнор ва чакида мегузоштанд. Ақл ва хирад тира мешуд. Ҷавонон рӯ ба нашъа, нашъакашӣ ва нашъаҷалобӣ оварданд. Нашъафурӯшон чун навтоҷикони имрӯза ҳатто барои грамми чакида шифер, тахта, асбоб ва ҷиҳози рӯзгори мардумро аз худ мекарданд. Одамон тунука, шифер ва тахтаҳои хонаҳои хешро фурӯхта, сарфи бангдона, афюн ва чакида менамуданд. Ба бахти мардум, ба бахти волидони фарзандгумкарда Худованд барои наҷоти мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро фиристод. Аз рӯзҳои нахусти Сарвари давлат интихоб шудан, аз суханрониҳояш ҳувайдо буд, ки наҷотбахши давлат аст. Аммо бархе навтоҷикон, нашъаҷаллобон, мансабдорони дурӯя шабу рӯз даводав доштанд, то ки наҳанги ҷумҳурӣ, ғоратгари мардум, миллионери Тоҷикистон Абдуллоҷоновро соҳиби тоҷи Тоҷикистон бинанд. Аммо онҳое ки камбизоат, қашшоқ,
Ятимпарвар
аҳли зиё, омӯзгорон ба таъқибу таъкидҳо нигоҳ накарда, ба Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Чунки халқ гаҳваршинос аст. Шукри он ки мардум хато накард. Эмомалӣ Раҳмон сад дар сад боварии халқро баҷо овард. Ин ҷо оид ба фаъолияти Сарвари давлат чизе гуфтанӣ нестам, чунки айёнро ҳоҷати баён нест. Фақат ҳаминро мегӯям, ки вай ягона сарвари давлатест, ки фурсат ёфта, сари ятимонро падарвор сила мекунад, кӯдаконро хатнасуру ҷавононро соҳиби оила месозад. Ҳоло бархе сиёсатмадорони мо дар матбуот оид ба воқеияти Украина ҳарф зада, гӯё моро хушдор медиҳанд, ки дар Тоҷикистон «такрор» шудани ин воқеаҳо аз эҳтимол дур нест. Бале бархе сиёсатмадорони моро янкиҳои амрикоӣ бо долларҳои хеш саргаранг кардаанд, бархеи дигар зери пойи шайхҳои «зинокор»-и араб рақс ме-
кунанд, аммо ба хотири ободии кишвар коре накардаанд ва карданӣ ҳам нестанд. Танҳо дар сухан, дар матбуот, байни наздикони хеш аз одаму одамгарӣ ҳарф мезананд. Аз навиштаҳояшон пайдост, ки дар солҳои тираи 90-уми асри ХХ соҳиби тиҷорат буданд ва моликияти ҷомеа, ҳатто бозорҳоро хариданд. Ростӣ, дар шаҳри Душанбе кӯшк ва қасри чанд мухолифи Ҳукуматро ба ман нишон доданд, ки аз ҳайрату аҷоибот, ҳашамоти онҳо то ҳол ба худ наомадаам. Кунун донистам, ки бархе мухолифин ба хотири ғорат кардани халқ бечорагонро ба майдонҳо кашидаанд. Садҳо, ҳазорон ҷавонони гумроҳ қурбони бойигарии навтоҷикон гардиданд. Оё боре соҳибони ҳамин қасру кӯшкҳо ба ятимхона, интернат, хонаи мӯйсафедон мерафта бошанд. Афсӯс, боре надидаам. Сиёсатмадорони ҷудоихоҳи янкипараст, арабпарастони беақл, салафию ҳалафию
таҳририҳо, қувваҳои ҷудоихоҳ Тоҷикистон ва мардуми онро ором гузоред! Як бор мардумро гумроҳ карда, туфайли моли ба яғмобурдаатон соҳиби қасру кӯшк, мағозаю корхона, заводу фабрика, бозору замин, мошинҳои хориҷӣ шудед, бас. Оё боре андеша кардаед, ки бо кадом маблағ корхонаву бозор харидед? Ростӣ, он пули мардум аст, рӯзе не рӯзе мардум аз шумо молашро кашида мегирад. Бардурӯғ ва бе ягон асос дар саҳифаҳои матбуот худро дӯстдори мардуми Тоҷикистон муаррифӣ накунед. Тоҷикистон барои тамоми сокинонаш аст, на танҳо аз они сиёсатмандороне, ки бемулоҳиза мегӯянд, воқеоти Украина такроршуданист. Сохтмони роҳҳо, сила кардани сари ятимон, ободсозии кишвар сипарест ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро аз шари душманон эмин медорад, давлати ятимпарварашро муҳофизат мекунад. Ҷасурӣ, мушкилнописандӣ, далерӣ ва заковати Сарвари давлат аст, ки шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ имрӯз бо суръат сохта шуда истодааст. Чанд сиёсатмадореро медонам ва афкорашонро мехонам, ки ягон маротиба оид ба сохтмонҳои аср, сохтмони нақбу роҳҳо ҳарф намезананд. Оид ба мардуми офатзадаи Панҷакент, Ваҳдат, Кӯлоб, Ашт сохтани хонаҳои замонавии ройгон хомӯшанд. Биёед дар атрофи Сарвари давлат гирд оему чун ӯ чӯлистонро гулистон созем, чунки Президенти кишвар наҷотбахши Тоҷикистон ва сояи сару пушту паноҳи ятимон мебошад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
7
НУКТАИ НАЗАР
Холмурод САФАРЗОДА, ҷонишини директори литсейи касбии техникии №36-и шаҳри Панҷакент, узви ИЖТ
БА ИФТИХОРИ 600-СОЛАГИИ МАВЛОНО АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷоми шаҳри Хуросон ба дунё омадааст. Падари маҳбубаш Низомиддин Аҳмад яке аз фақеҳони машҳури замони хеш буда, дар 9-солагии Мавлоно Ҷомӣ ба Ҳирот мекӯчад. Дар он ҷо ӯ аввал аз падар ва баъдан дар мадрасаи Низомия назди устодони бузурги замон – Мавлоно Ҷунайди Усулӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ забони арабӣ, мантиқ, баён ва дигар илмҳои замони хешро меомӯзад. Барои идомаи таҳсил дар синни 22 ба Самарқанд омада, дар мадрасаи Мирзо Улуғбек аз Қозизодаи Румӣ ва Мирзо Улуғбек илми нуҷум ва фиқҳро аз бар менамояд. Аз Мавлоно Ҷомӣ дақиқан 50 асари илмию адабӣ боқӣ мондааст. Асари «Фавоид-улЗиёия» 500 сол аст, ки бо номи «Шарҳи мулло» машҳур буда, дар мадрасаҳои Бухоро аз рӯи он наҳви забони арабиро меомӯзанд.
Ин дида бипӯш, то дилат дида шавад Тасмим гирифтем, ки барои хонандагони азиз мулоқоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро бо яке аз орифони оламшумул ва чеҳраи таърихии олам Хоҷа Аҳрори Валӣ манзур намоем, ки маншаи таърихӣ дошта, инсон, аз ҷумла, ҷавононро ба хоксорию фурутанӣ дават менамояд. Дар замони зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ шуҳрати Хоҷа Аҳрори Валӣ ҳамчун орифи шинохта, мутафаккири бузург ва шахсияти сармоядору бахшанда кишварҳои форснишинро фаро мегирад. Аз ҷумла, шуҳрату овозаи ин шахсият дар шаҳри Ҳирот ба маротибае боло меравад, ки Мавлоно Ҷомӣ барои дидорбинии Хоҷа Аҳрори Валӣ ба шаҳри Самарқанд сафар мекунанд. Абдураҳмони Ҷомӣ замоне ба шаҳри Самарқанд мерасад, ки мардум дар адои намози одина буданд. Зуд ба масҷид ворид шуда, мехоҳад намози ҷуъмаро адо намояд. Ҳангоми дар сафи намоз истодан дар паҳлӯи як нафар шахси чеҳрагарму
кушодарӯй ва хоксору фурутан ба адои намоз машғул мешавад. Баъд аз адои намоз, ҳангоми истихора ва зикри тасбеҳ дар назари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дарёи пуртуғён ва дар боли он пули хеле тангу борик пайдо мешавад. Баробари дар болои пул по гузоштани Мавлоно Ҷомӣ дунё торик мегардад ва ӯ дар ҳарос мешавад, ки аз болои пул чи гуна мегузашта бошад. Ҳамин лаҳза марде пайдо мешавад ва чароғеро равшан намуда, барои аз болои пул гузаштанаш кӯмак мекунад. Ҷомӣ чашмашро боз мекунад, ки он мард дар паҳлуяш машғули ибодат аст. Дар ҳайрат монда ба олами андеша меравад, ки “чаро ҳангоми истихора Худованд ин манзараро ба ман нишон дод?” Дар ҳамин асно ин манзара дар назари Хоҷа Аҳрори Валӣ ба тарзи дигар вонамуд мегардад. Баробари дар болои пул по гузоштани Хоҷа аз ду ҷониби пул ду шери азимҷусса бо қаҳру
ғазаб пайдо шуда, ҳамла мекунанд. Марде дарҳол ба онҳо нон дода, онҳоро ором мекунад ва Хоҷа аз болои пул мегузарад. Хоҷа ба паҳлуяш назар мекунад, мебинад, ки он мард машғули ибодат аст. Баъд аз адои намоз Хоҷа Аҳрори Валӣ аз Мавлоно Ҷомӣ мепурсад, Шумо кӣ ҳастед, аз болои пули тангу борик барои гузаштанам кӯмак намудед? Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ аз Хоҷа Аҳрори Валӣ мепурсад, Шумо кӣ ҳастед, шаби тор ҳангоми гузаштанам аз болои ин пули тангу борик онро бо чароғатон равшан намудед? Он мард дар ҷавоб мегӯяд, “ман Хоҷа Аҳрори Валиам, Шумо киед?” “Ман Мавлоно Абдураҳмонӣ Ҷомиам. Барои дидорбинии Шумо аз шаҳри Ҳирот омадам. Дарҳол ҳар ду аломаи давру замон бо ҳам мулоқот намуда, аз хурсандӣ ашки шодӣ мерезанд. Ин мулоқоте буд, ки бо нигоҳи дил анҷом дода шуд.
Ин гуна мулоқот танҳо хоси пайғамбарон, авлиёву анбиё ва нобиғагон аст, ки дар дидорбинии Мавлоно Ҷомӣ ва Хоҷа Аҳрори Валӣ сурат гирифтааст. Ин нуктаро Мавлоно Ҷомӣ шоирона ба риштаи назм кашида таъкид мекунад: Ин дида бипӯш, то дилат дида шавад. Аз чашми дилат боми дигар дида шавад. Ин байти пандомез маънои онро дорад, агар инсон чашми сарро аз дидани нопокиҳои олам боздошта, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ намояд, дар ниҳодаш чашми дил боз мешавад, ки бо он асрори оламро мебинад. Ҳадаф аз овардани ин ҳикоя он аст, ки ҷавонон ҳаёту фаъолияти бузургонро омӯзанд ва зиндагиашонро ба монанди зиндагии онҳо ба роҳ монанд. Пайваста мутоила намуда, дар талаби илму дониш бошанд. Танҳо бо илму дониш метавон ба давлату миллат хизмат намуда, дар ободию созандагии кишвари азиз ҳиссагузор буд.
Ҷалолиддин НУРОВ, мудири Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
e-mail: javonontj@mail.ru
Соли равон бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо қарори ЮНЕСКО 600- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта мешавад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
8
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ БА НОМИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Ҷавонон ояндаи миллатанд. Онҳо дар таърих чун қувваи пешбари ҷомеа ва бунёдкори сохтмонҳои азим муаррифӣ шудаанд. Саҳми шоёни ҷавонон дар роҳи аз худ кардани заминҳои бекорхобида бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ҷавонони баору номус дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ такондиҳандаи ғалабаи халқи шӯравӣ ба фашизми Олмон буданд. Дар солҳои минбаъда қобилияти пешбарандагии ҷавонон дар сохтмони силсилаи иншооти ҳаётан муҳим аз назари аҳли ҷомеа дур набуд. Ҳамин нуктаи муҳим боис гардид, ки дар илми таърихнигории тоҷик ба мавзӯи фаъолият ва ҳаракати ҷавонон мақоми махсус дода шавад. Бесабаб нест, ки муаррихон ва муҳаққиқони арсаи сиёсатшиносӣ умри худро сарфи таҳқиқи масъалаи нақшу мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар намуданд. Профессор Ваҳҳоб Набиев аз зумраи нафаронест, ки дар ин самт силсилаи корҳои шоён ва назаррасеро анҷом додааст. Мавзӯи ҷавонон ва рушди фарҳанг самти муҳим ва афзалиятноки таҳқиқоти ин олим мебошад, ки аз таҳқиқи мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон – ёрдамчии фаъоли Ҳизби коммунист дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)» оғоз шудааст. Асарҳои «Таҷрибаи таъ-
Уфуқи тозае дар
рихии иштироки ҷавонон дар мустаҳкам намудани робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)», «Во имя дружбы и сотрудничества: Исторический опыт участия молодежи в укреплении социално-экономических и културных связей Таджикистана с союзными республиками», «Мақсад – тарбияи истеъдодҳои ҷавон», «Президент Э. Раҳмонов ва густариши худшиносию ифтихори миллии ҷавонон», «Ҳамкории ҳизбҳою ҳаракатҳои сиёсӣ бо ташкилотҳои ҷавонон», «Саҳми ҷавонони эҷодкор дар рушди фарҳанг ва санъати Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Нақши олимони ҷавон дар рушди илми Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Фарҳанг сафири дӯстӣ ва бародарии ҷавонон» ва ғайра дар роҳи таҳқиқи амиқи мавзӯъ ва аз сӯи дигар, дар беҳдошти таълиму тарбияи ҷавонон вобаста ба шароити пуршиддати таҳаввули сиёсиву иҷтимоии кишвар арзиши амалии бештар доранд. Дар китоби “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон” (бо ҳаммуаллифии Ғ. Икромов) низ кӯшиш шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон” ва дигар қарору асноди давлатӣ, фаъолияти созмони ҷавонон ва Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад. Саҳми ҷавонони кишвар дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар ин асар низ хеле барҷаста нишон дода шудааст. Дар
маҷмӯъ, «ин осор дар ҷодаи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллии насли ҷавон саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ, тафаккури созанда ва ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд». «Созандагони Тоҷикистони
соҳибистиқлол» (Душанбе, 2013) китоби нави профессор В. Набиев аст, ки ба қарибӣ дар нашриёти «Ирфон» нашр шуда, симои муаллифро чун муҳаққиқи мумтози таърихи ҷавонон намудор мекунад. Дар рисола ҳалли дурусти муаммои ҷавонон ва роҳҳои усулии пешрафти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷавонон пеш ниҳода шудааст. Дар ин амр нуктаҳои муҳими дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бамаврид истифода шудааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Таҳлил ва омӯзиши таркиби луғавии забони назм дар забоншиносии тоҷик таърихи қадим дорад. Мусаллам аст, ки таҳқиқи вижагиҳои забони осори адибони алоҳида дар ошкор кардани манзараи таркиби луғавии забон басо муҳим мебошад. Аз ин рӯ, омӯзиши осори Нуралӣ Нурзод аз нигоҳи таркиби луғавӣ ба чанд масъала метавонад равшанӣ андозад. Забони адабӣ ба туфайли эҷодкорон пайваста дучори таҳаввулу тағайюр аст. Ин таҳаввулот, бидуни тардид, ба ҳунари эҷодии ҳар адиб иртибот дорад, ки он бо шеваҳои гуногун зуҳур мекунад.
Бояд гуфт, ки то ҳол аз ҷониби забоншиносон ба вижагиҳои забонии ашъори Нуралӣ Нурзод таваҷҷуҳ нашудааст, дар ҳоле ки ин таваҷҷуҳ метавонад дар ҳалли масоили мубрами забони адабии ҳозираи тоҷикӣ замина гузорад. Аз ҷониби адабпажӯҳон оид ба вижагиҳои адабии ашъори шоир чанд нуктаи ҷолиб матраҳ шудааст, ки имрӯз зарур аст хусусиятҳои забонии осори Нуралӣ Нурзод ба таври амиқ омӯхта шавад. Яке аз мухтассоти ашъори шоири мавриди назар корбурди наввожаҳо мебошад, ки қобили мулоҳиза аст. Наввожаҳоро Нуралӣ Нурзод бештар барои нишон додани предметҳои наве, ки ба таркиби луғавии забон ворид шудаанд, истифода кардааст. Ба таври намуна чанде аз онҳоро дар поён хоҳем овард: З-ин сабаб занги ту ҳам бекор аст... Ва дигар муштарии даъватии мобилӣ ҳам машғул аст. … Мо суроғи файли дил гум кардаем, Гугулаш дар хотири лабтоб нест.
Вожаҳои нав
Андешаҳо роҷеъ ба вижагиҳои забони Қонуни вафо зи ишқи ман копӣ кун, Барномаи зиндагӣ пур аз инкор аст. Умуман. дар ашъори шоир наввожаҳои роёна, файл, гугул, лабтоб (нетбук), мобилӣ, дискет, копӣ истифода шудаанд, ки истифодаи онҳо барои нишонрас шудани ҳадафи шоир мусоидат кардаанд. Чунонки маълум аст, дар забони тоҷикӣ сермаъношавии калимаҳо бештар бо роҳи маҷоз сурат мегиранд. Ашъори шоир собит менамояд, ки маҷоз, бахусус, навъи метафораи он имконоти фаровони сохтани маъноҳои навро доро буда, яке аз роҳҳои ба вуҷуд омадани воҳидҳои фразеологӣ ва ифодаҳои шоирона аст. Нуралӣ Нурзод аз маҷози маъ-
мули забон хеле фаровон баҳра бурда, ба ашъораш тобишҳои гуфтугӯии халқӣ медиҳад, ки барои исботи фикр метавон порчаи шеърии зеринро аз назар гузаронд: Вақтро шоридам Зи сари чашмаи сония то дили кӯчаи як соат ва пасон ҳафтаву маҳ, аммо на ба сол. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ашъори шоир бештар калимаҳои осмон, каф, рӯй, дил, лаб, сар, гул, чашм ва ғайра дучори ҳодисаи полисемия гаштаанд. Яке аз ҳунари шоирии Нуралӣ Нурзод ба корбурди аносири луғавии ҳаммаъно пайванд гирифтааст, ки намунаи зайл далели ин андешаронист:
… То фарози осмон меъроҷ кун, Пар-пар аз бори найистон кун ҷудо Ноларо боми фалак оина шав Оҳро аз сӯзи ҳиҷрон кун ҷудо. Дар осори Нуралӣ Нурзод синонимҳои ҷуфтистеъмол, ки бо мақсади таъсирбахшгардонӣ, пуррасозӣ, эзоҳдиҳӣ истеъмол мегарданд, кам нестанд: Манаму соати муътодии хомӯшиву сукут ва сурури ҳузн, Балки чандин сол аст, ки дар ин фосила мечархам. Тариқи кӯҳкан чун пеша кардем, Тавону қудрату зӯр аст, Роғун. Калимаҳои муқобилмаъно
таҳқиқи ҳаёти ҷавонон «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол», барҳақ, идомаи китоби «Навниҳолони боғи истиқлол» (2001) буда, ба муайян кардани силсилаи масъалаҳои мубрами рӯз, хоса махсусиятҳои ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷавонон ихтисос дорад. Муаллиф моҳияти рӯйдодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, адабиву фарҳангиро дар робита ба рӯзгори ҷавонон баррасӣ карда, дурнамои минбаъдаи таҳаввулоти кишварро дақиқу мушаххас менамояд. Ин хулосаи муаллиф муҳим аст, ки масъалаи ҷавонон яке аз масъалаҳои стратегии давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли масъала дар он сурат амалӣ мегардад, ки агар таҷрибаи мусбати таърихии насли наврас мавриди омӯзиши усулӣ ва истифодаи васеи амалӣ қарор гирад. Дар ин ҷода рисолаи номбурда арзиши баланди таърихиву назарӣ дорад. Аз мутолиаи китоб чунин бармеояд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз имкони истифода аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳониро пайдо карданд, ки ба ин, пеш аз ҳама, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд. Профессор В. Набиев тамоми кӯшишу ғайраташро ба татбиқи амалии сиёсати давлатии ҷавонон ва тадқиқи амиқи ҳаракати ҷавонони кишвар дар партави истиқлоли миллӣ равона кардааст. Дар перомуни он силсилаи масоили марбут ба сиёсати давлатии ҷавонон, ташаккул ва инкишофи афкори ҷавонон, саҳми онҳо дар рушду пойдории кишвар, инкишофи илму маориф, адабиёт ва санъат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва амсоли онон мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифтаанд.
Фаро расидани истиқлолияти миллӣ роҳу имкони нави зиндагиву корро муҳайё сохт, ҷавонон ба марҳалаи хосаи ҷомеаи демокративу дунявӣ ворид шуданд. Табиист, ки ин ҳол ба мутахассиси варзида В. Набиев матолиби нави илмӣ фароҳам овард ва ӯ тадқиқоташро дар ин роҳ ба таври пурсамар идома дод. Набзи созмонҳои ҷавонони кишвар ҳама вақт зери назари устод буда, ӯ пайваста ҳаёти ононро мавриди таҳлил қарор медиҳад. Аз мутолиаи китоби профессор В. Набиев равшан мегардад, ки дар шароити кунунии инкишофи ҷомеа бо сабабҳои зиёдшавии талабот ба камолоти маънавии ҷавонон, рушду нумӯи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ таҳқиқи ташаккули фаъолияти ҷавонон ва нақшу мақоми онҳо дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа пайдо менамояд. Ин тадқиқот мулоҳизаҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба мақоми ҷавонон дар ҷомеа хеле равшан ба ёд меоварад: «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд». Дар тадқиқи ҳамаҷонибаи таърихи ҷавонон ва мақом пайдо кардани нақшу мақоми онҳо саҳми профессор В. Набиев дар қатори олимони дигар назаррас аст. Рисолаи “Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол” дар
ҳаёти илмӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ падидаи фарҳангбахш буда, дар камолоти маънавии насли ҷавон, рушду нумӯи худшиносӣ, ҳисси волои ватанпарастию ватандории эшон нақши муҳим мебозад. Аз мӯҳтаво, гузориши мавзӯъ ва ҳаллу фасли саҳеҳи он пайдост, ки рисола дар заминаи навтарин дастовардҳои илми таърихнигорӣ бо далелҳои мушаххасу қотеъ ва фарогирии таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ иншо шуда, ба доираи зеҳну тафаккури хонанда мувофиқ аст. Он бо такя ба асарҳои арзишманди муҳаққиқони варзидаи муосир, матолиби бою рангини бойгонӣ, матбуоти даврӣ ва мушоҳидаҳои бевоситаи муаллиф, ки шоҳид ва иштирокчии фаъоли таҳаввулоти муҳими ҳаёти ҷавонон мебошад, тарҳрезӣ шудааст. Бобҳои рисола – «Ҷавонон ва таҳқими истиқлолияти Тоҷикистон», «Нақши ҷавонон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷавонони Тоҷикистон – мунодиёни сулҳу ваҳдат ва таҳкимбахшандагони муносибати байни халқҳо» ба масоили мубрами ҳаёти ин қишри ҷомеа дар давраи истиқлол, мағзу моҳият ва арзиши таърихии сиёсати давлатии ҷавонон, роҳҳои ташаккул ва рушди афкори сиёсиву иҷтимоии наврасону ҷавонон, саҳми ҷавонписарону духтарон дар бунёди ҷомеаи нав, инкишофи илму адабиёт ва санъат, таҳкими сулҳу ваҳдат ва робитаҳои дӯстӣ марбут мебошад. Дар рисола паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон, фатҳу нусрат ва дастовардҳои фарҳангии онҳо бо нигоҳи нав ва берун аз талаботи расмии мафкуравӣ, холисона ва воқеъбинона матраҳ шудааст.
Аз мутолиаи рисола ба хулосае омадан мумкин аст, ки масъалаҳои пуштибонӣ ва ҳимояи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эъмори ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва дифоъ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, тақвият бахшидани шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллӣ, донишу малака ва ахлоқи насли наврас, мусоидат ба иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа дар сиёсати давлатии ҷавонон ба шумор мераванд. Бо боварии қатъӣ гуфта метавонем, ки рисолаи пурарзиши доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев “Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол”, ки дар заминаи санаду далелҳои мӯътамад бо забони фаҳмо ва услуби нафис навишта шудааст, уфуқи тозае дар таҳқиқи ҳаёти ҷавонон боз карда, онро доираи васеи хонандагон хуш хоҳанд пазируфт. Нақши аввалиндараҷа ва муассири рисола дар тарбияву парвариши ҷавонони худшиносу ватанпарвар ҷойи шакку шубҳа надорад, аз ин рӯ, он сазовори дарёфти Ҷоизаи ба номи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ БА НОМИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
М. МУИНОВА, муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шеър
ашъори Нуралӣ Нурзод аз ҷиҳати миқдор дар ашъори шоир хеле зиёданд. Муҳаққиқон низ дар ин ақидаанд, ки сабаби серистеъмолии онҳо ва дар сари ҳар гуфтору рафтор дучор шуданашон аз табиати ҳастии олам аст. Нуралӣ Нурзод бо мақсадҳои гуногун аз ин унсури забонӣ истифода мебарад: Аз рои вафо ҳаст бурун роҳи хиёнат, Ин азм кӣ дорад, ба ҷуз аз раҳсипари шаб. Дар раҳгузори ҳодисот давидани умр ба сӯи адам ҷиҳоди буду набуд аст Фурсатҳост, ки сангбориши маломати муриди мактаби ибҳом будан бар сарам мерезад. Чунонки мебинем, пояи абёти боло аз антонимҳо усту-
вор гардидааст. Худи истеъмоли онҳо табиат ва хусусиятҳои ниҳоят гуногуни мутазодҳоро нишон додааст. Ибораҳои фразеологӣ дар ашъори адибон бо мақсадҳои гуногун истифода мешаванд. Нуралӣ Нурзод дар истифодаи ин қабил фразеологизмҳо маҳорати калон нишон додааст: Аммо «сари кафидаам зери тоқист», Дигар ғам намехӯрам Ва посухи номаи боронҳоро сукут унвон мегузорам. Субҳ Рӯшаниро бедор мекунад ва модарам мегӯяд: Бархез, ки чашми рӯз кафид. Ҳамин
тариқ,
воҳидҳои
фразеологӣ дар назми суханварони мумтоз қуввати баланди муассирӣ ва имконияти васеи услубӣ доранд, ки намунаи равшани онро метавон дар ашъори Нуралӣ Нурзод дарёфт. Замоне ки ин мақоларо омода менамудем, ба мо хабар расид, ки китоби тозанашри Нуралӣ Нурзод «Такрори таронаи борон» барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пешниҳод шудааст. Воқеан, ин китоб шоистагии дарёфти ин ҷоизаи адабиро дорад ва умедворем, ки муаллиф бо ин сурудаҳои тозаи хеш соҳиби ин мукофоти адабӣ хоҳад гардид.
Салоҳиддин ӮЗБЕКОВ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филололӣ, дотсент, Зоҳид ҚӮРҒОНОВ, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
e-mail: javonontj@mail.ru
БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ БА НОМИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
10
СОБИҚАДОРОНИ ВАРЗИШ
Ӯ аз хурдӣ истеъдоди баланд, зеҳни бурро, ғайрату ҷасорати қавӣ ва лаҳни ширину чеҳраи кушод дошта, дар лавҳи пешониаш ҳаёти рангинаш ҳувайдо буд. Дар мактаби деҳа бо баҳои хубу аъло хонда, дар хона аз падару бародаронаш таълим мегирифт. Бисёр мехонду дар корҳои хона ва чорабиниҳои мактабӣ фаъолияти намунавӣ зоҳир мекард. Дар байни рафиқонаш низ мавқеи махсус дошта, дар ҳар як озмуну машқҳои варзишӣ ва маъракаҳои гӯштингирӣ дастболову ғолиб буд. Хусусан, гӯштинро дӯст медошт ва дар куҷое, ки ин чорабинӣ баргузор мегашт, ҳатман иштирок мекарду бо ҳарифони худ қувва меозмуд ва мудом дастболо мегашт. Қаҳрамони ин навиштаҳо яке аз шахсиятҳои маъруфи соҳаи варзиши ҷумҳурӣ, мудири кафедраи варзиши Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Обидов мебошад. Садриддин Обидов 20 январи соли 1959 дар деҳаи Доробии ноҳияи Ховалинг ба дунё омадааст. То синфи 6 дар мактаби ҳамин деҳа таҳсил карда, соли 1977 синфи 8-и мактаби ба номи Кирови ноҳияи Вахшро хатм намуда, ба Техникуми омори шаҳри Ваҳдат дохил шуда, онро соли 1979 хатм кард. Соли 1979 дар ҳудуди имрӯзаи ноҳияи Ховалинг комплекси агросаноатӣ яъне, дар ҳудуди собиқ ИҶШС нахустин ва бо номи Иттиҳодияи таҷрибавӣ-истеҳсолии агросаноатии (ИТИАС) Ховалинг ташкил ёфт, ки ба замони техникуми ишорашударо хатм кардани Садриддин мувофиқ омад. Аз ин рӯ, ӯро ба ИТИАС-и Ховалинг ба кор фиристоданд. Аммо ӯ дар ин муассисаи бонуфуз муддати зиёде фаъолият нанамуд. Ҳамин ки дар ин иттиҳодияи бузург, ки баъдтар «АПО Ховалинг» ном гирифт, маъракаҳои варзишӣ, аз ҷумла, гӯштингирӣ доир мегашт, Садриддин мудом
дастболо мешуд. Баъдтар дастаи пурқуввати паҳлавонҳои ҷавонро ташкилу тарбия кард, ки меҳри варзиш, бахусус, гӯштингирӣ дар қалби ҳар яки онҳо ҷӯш мезад... Маҳорату ҷасорати гӯштингирии ӯро аъзои дастаи якачини гӯштингирони ҷумҳурӣ зиндаёд Ҷангихон Давлатов ва Абдусалом Буйдоқов дида, ӯро барои таҳсил дар Донишкадаи тарбияи
муҳим ва натиҷаҳояшон ибратбахш буд. Садриддин баъди хатми донишкада ба зодгоҳаш баргашта, омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ шуд. Дар мактаб таълими варзишро дар асоси талаботи замон ба роҳ монда, дастаи пурқуввати самбочиёни ҷавонро ташкил кард. Натиҷаи заҳматҳояш соли 1988 бо унвони Аълочии маорифи
қисми низомии махсуси 2611-и Қӯшунҳои сарҳадӣ даъват ва ба вазифаи сардори тайёрии варзишӣ таъин карданд, ки то соли 2002 фаъолият намуд. Ӯ тавонист меҳри варзишро дар қалби наваскарони ин қисм ҷой намуда, ба комёбиҳои калон ноил гардад. Шогирдонаш Фариддуни Умар, Сайидакбар Собиров, Абдукарим Тайфуров ва бисёр дигарон меъёри
ва арзишманд мебошад. Ӯ ҳоло мудирии кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба уҳда дошта, дар таълиму тарбияи варзишгарон ва илми варзиш саҳмгузор аст. Баробари таълиму тарбия ба корҳои илмӣ машғул будани ӯ яке аз комёбиҳои бузурги соҳаи варзиши тоҷик ба шумор меравад. Дар қатори дигар корҳои илмиаш китоби дастури мето-
ҷисмонии Тоҷикистон ҳидоят намуданд. Садриддин бо дуои падару модараш соли 1980 ба ин даргоҳ дохил шуда, онро соли 1984 бомуваффақият хатм кард. Паҳлавони ҷавон таҳти роҳбарии Устоди варзиши ИҶШС, сармураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмат Абдуллоев, Қаҳрамони ҷаҳон Саймуъмин Раҳимов, паҳлавони маъруф Саймаҳмуд Маҳмадрасулов ва дигарон машқ кард. Ин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ меъёрҳои варзишии гӯштини миллӣ (соли 1982) ва самборо (соли 1983) ба ҷо оварда, унвони Устоди варзиши ИҶШС-ро ба даст овард. Мудом дар ҳайати дастаи яккачини гӯштингирони (дзю-дочиёни) кишвар дар бисёр мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, бо комёбиҳо ба Ватан бармегашт. Хусусан, муваффақиятҳои вай дар мусобиқаҳое, ки дар Москва, Перм, Горкий, Костово, Толятӣ, Тошканд ва дигар шаҳру кишварҳо баргузор мегашт,
Тоҷикистон қадр шуд. Фаъолияти ибратбахши ин варзишгару устоди сахтгиру мушфиқро ба назар гирифта, ӯро соли 1995 ба вазифаи раиси кумитаи варзиши ноҳияи Ховалинг таъин намуданд ва то соли 1998 дар ин соҳа кор кард. Ӯ тавонист, ки дар натиҷаи заҳматҳои пайваста меҳри варзишро дар қалби садҳо шогирд ҷой намуда, як қатор ҷавононро ба дараҷаи устодиву номзад ба устоди варзиши ИҶШС ва Тоҷикистон тайёр намояд. Дарвоқеъ, Сафар Раҳимов, Хуршед Ҷабборов ва Ибодулло Айниддинов (ҳоло омӯзгори фанни варзиши Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон) устодони варзиши ИҶШС ва Тоҷикистон, зиндаёд Довуд Абдуллоев, Саймеҳриддин Ғаффоров, Одина Раҳимов ва чанде дигарон номзад ба Устоди варзиш аз ҷумлаи шогирдони ӯ мебошанд. Қобилияту фаъолияти ин ҷавони соҳибистеъдодро ба назар гирифта, ӯро соли 1998 ба
Устоди варзиши Тоҷикистонро ба ҷо оварданд. Инчунин, баробари гӯштини милливу самбо муҳорибони муҳорибаи тан ба тан хеле нумуъ ёфта, шогирдонаш дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Алмаато, Душанбе ва дигар давлатҳо ширкат варзида, шарафи варзишии кишварро баланд бардоштанд. Қобилияту хизматҳои арзандаи Садриддин Обидов ба назар гирифта шуда, дар ин қисми ҳарбӣ ӯ то ба дараҷаи майори хизмати ҳарбӣ расид ва ба гирифтани бисёр ифтихорномаву мукофот ноил гашт. Истеъдод, комёбиҳо ва фаъолияти ибратбахши Садриддин Обидовро ба назар гирифта, ӯро соли 2002 сармураббии мактаби махсуси кӯдакон ва наврасони захираҳои олимпии рақами 6-и шаҳри Душанбе таъин карданд, ки бештар аз 12 сол фаъолият намуд. Комёбиву хизматҳои Садриддин Обидов дар тарбияи варзишгарони ҷавони кишвар зиёд
дии ӯ бо номи «Алоқамандии гӯштини миллӣ бо гӯштини самбо ва дзю-до” (соли 2014) қимати махсус дорад… Арзиши меҳнати ҳар як фард қадри худро дорост. Меҳнати чандинсолаи Садриддин Обидов бо унвони Устоди варзиши Тоҷикистон (оид ба гӯштини миллӣ, соли 1982), Устоди варзиши ИҶШС (1983), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1988), Мураббии дараҷаи олии варзишӣ (2006), Сармураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010), Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ (2011), Довари дараҷаи байналмилалӣ ва дигар унвонҳои ифтихорӣ қадр гардидааст. Садриддин Обидов дар айни камолоти илмӣ, омӯзгорӣ ва варзишӣ буда, Ватан аз ӯ комёбиҳову бурдбориҳои зиёдеро умед дорад...
Дилбохтаи варзиш
Амир Сайиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг
Барои таъмини сатҳ ва сифати баргузории чорабинӣ аз ҷониби Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода 6 феврали соли 2014 ҳайати Кумитаи тадорукот бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ тасдиқ шуд. Инчунин, аз ҳисоби масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги мамлакат гурӯҳи корӣ ва кумитаи иҷроия таъсис ёфт. Аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг бо назардошти имкониятҳо муаррифномаи ташкил ва баргузории чемпионат таҳия шуда, аз ҷониби Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинг дар доираи кори Конгресси Федератсияи байналмилалии таэквандо, ки 4-11 июли соли 2013 дар шаҳри Софияи Ҷумҳурии Булғория баргузор гардид, муаррифӣ гардид. Илова бар ин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи чемпионат
Душанбе – мизбони Чемпионати ҷаҳон сомонаи махсуси интернетии “www.taekwondo.tj” таъсис ёфт, ки тавассути он тамоми матолиби дахлдори чемпионат, барнома ва тартиби баргузории чорабинӣ, намунаи дархостҳо, маълумот оид ба меҳмонхона, хатсайрҳо ва ғайра ба иштирокчиён ва меҳмонон дастрас аст. Инчунин, дар сомона маълумоти логистикӣ оид ба истиқомат ва хатсайрҳо нашр гардид. Аз тарафи гурӯҳи корӣ намунаи нишон, медалҳо, ҷомҳо, дипломҳо, даъватнома, барнома, буклет, бейҷик, брошюра ва дигар лавозимоти зарурии чемпионат таҳия гардида, бо ниҳодҳои марбут мувофиқа шуд. Тибқи дархостҳои пешниҳодгардида дар чемпионат иштироки зиёда аз 600 варзишгар, мураббӣ, намоянда, доварон, шахсони расмӣ аз 53 кишвар дар назар аст. Барои таъмин ва хизматрасонӣ ба ҳайати иштирокчиён ва меҳмонон бо роҳбарии ноиби раиси федератсия Наргис Набиева гурӯҳи махсуси ихтиёриён аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки забони хориҷӣ медонанд, таъсис ёфтааст. Бо назардошти таҷрибаи баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ба талаботу меъёрҳои муосир ҷавобгӯ будани иншоот барои баргузории Чемпионати ҷаҳон Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Барои дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани ҷумҳурӣ дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ дастаи мунтахаби мамлакат иборат аз 47 нафар (23 писар 20 духтар) ва 4 нафар собиқадор интихоб гардиданд. Барои муаррифии бештари Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ миқдори зарурии руқъа ва харитаҳои туристиро низ ҷудо кардааст. Илова ба ин, кумита бо ширкатҳои туристӣ барои пешниҳоди хатсайрҳо дар дохили пойтахт ва таъсиси гӯшаи махсуси фурӯши савғоти туристӣ дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз иқдом менамояд. Дар доираи корҳои омодагӣ ба чемпионат Комиссияи махсуси назоратии Федератсияи байналмилалии таэквондо
ба шаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом ва ҷараёни омодагиро ҷиҳати ҷавобгӯ будани толор, меҳмонхонаҳо, тартиби гирифтани раводид, пазироӣ дар фурудгоҳ, маросими кушодашавӣ, сифати ла-
возимоту таҷҳизоти варзишӣ (гилемҳои варзишӣ, намунаи медалҳо, ҷомҳо, диплом, сертификатҳо, шиору овезаҳо ва ғайра)-ро мавриди санҷиш қарор дод. Инчунин, ҳайати комиссия бо Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири мамлакат, раиси Кумитаи тадорукоти баргузории Чемпионати ҷаҳон мулоқот карданд. 25 июли соли равон ҷаласаи ниҳоии ҳайати Кумитаи тадорукот баргузор гардид. Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар бораи муҳимият ва афзалияти чемпионат сухан ронда, аз ҷумла, қайд кард: «Чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ бори нахуст дар кишварамон доир шуда, яке аз рӯйдодҳои муҳим ба шумор меравад. Бояд он дар сатҳе баргузор гардад, ки меҳмонон бо таассуроти амиқ аз кишвари мо
баргарданд». Абдуллозода Аҳтам, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷараёни омодагӣ ба чемпионати мазкур гузориш дода, қайд намуд, ки гурӯҳи кории вобаста ба ин чорабинии муҳим то ба имрӯз зиёда аз 15 ҷаласа гузаронида, дар онҳо бандҳои нақшаи чорабиниҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд. “Айни замон, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чемпионат тамоми воситаҳои зарурӣ муҳайё шудааст”. Сипас, ҳар кадом аз масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти дахлдор оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани чемпионат аз рӯи бандҳои марбута гузориш доданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
e-mail: javonontj@mail.ru
2-11 августи соли равон дар шаҳри Душанбе бори аввал Чемпионати ҷаҳон байни наврасон ва собиқадорон оид ба таэквондо (ITF) баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Нақшаи чорабиниҳои ташкил ва баргузор намудани чемпионат иборат аз 37 банд тасдиқ гардид. Инчунин, бо супориши Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ маблағ ҷудо гардид, ки аз ҳисоби он лавозимот ва хизматрасонии зарурӣ барои чорабинӣ тавассути Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ харидорӣ шуданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
11
ТАЭКВАНДО (ITF)
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
12
БОКС
Медалҳои нуқраи Ҷаҳон ва Мавзуна дар Чин Муштзанҳои маъруфи кишвар Мавзуна Чориева (60 кило) ва Ҷаҳон Қурбонов (91 кило) дар мусобиқаи кушоди байналмилалии «Сhina Open of Boxing-2014», ки 13-20 июл дар шаҳри Гуйяни Чин бо ширкати 139 варзишгар (112 мард ва 27 зан) аз 17 кишвар баргузор шуд, медали нуқра ба даст оварданд. Мавзуна Чориева дар сабқати занон бар рақибонаш аз Муғулистон, Чин ва Тайланд ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Янг Чун Хуаи чинӣ аз рӯи хол бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд ва мақоми дуюмро ишғол кард. Ҷаҳон Қурбонов баъди пирӯзӣ бар муштзани муғул ба нимфинал баромад. Дар нимфинал рақибаш аз Украина, ки лат хӯрд, аз идомаи сабқат даст кашид. Бинобар ин, Ҷаҳон бидуни рақобат ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз
рақибаш Сергей Калчугини русиягӣ шикаст хӯрд. Дар мусобиқаи байналмилалии «Сhina Open of Boxing-2014» панҷ муштзани кишвар - Мавзуна Чориева, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев ва Светлана Веглина бо роҳбарии Мирзо Шамсиев, сармураббии тими мунтахаби мамлакат оид ба бокс ширкат доштанд. Анвар Юнусов (60 кило) дар даври муқаддамотӣ, бар асари осеб ёфтани сараш, аз идомаи мубориза маҳрум гашт. Варзишгари дигари кишвар
ДЗЮ-ДО
Наврӯз Ҷафоев дар вазни то 75 кило дар даври аввал ғолиб омад, вале дар даври баъдӣ мағлуб шуд. Дар сабқати занон намояндаи дигари мамлакат Светлана Веглина дар вазни 51 кило дар даври аввал аз муштзани Кореяи Шимолӣ, ки ғолиби ин мусобиқа шуд, шикаст хӯрд. Ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат ба мусобиқаи бокс аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳи сентябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд.
ФУТБОЛ
Тими миллии мамлакат ба бозӣ бо Малайзия омода мешавад 29 июл тими мунтахаби кишвар оид ба футбол омодагиро барои бозии дӯстона бо тими Малайзия шурӯъ кард.
Ду медали паҳлавонон дар «Asian Open Taipei 2014» Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи кушодаи Осиё оид ба дзю-до «Asian Open Taipei 2014» ду медали нуқра ба даст оварданд. Ин мусобиқа 27-28 июл дар Тайван баргузор шуд. Ҷумҳурии моро ду паҳлавон - Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило, таҳти роҳбарии мураббии шоистаи Русияву Тоҷикистон Владимир Елчанинов намояндагӣ карданд. Фарҳод Раҳимов дар даври аввал бар Линг Чанг-Чих (Тайван), баъдан бар Кочарат Нопачаи (Тайланд) ва барои ба финал баромадан бар Ву Ренбаген пирӯз шуд. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ли Чангмин (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд. Комроншоҳи Устопириён, ки
дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Юн Тайхюн аз Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад, сипас, барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан бар Хун Чай Гу (Кореяи Ҷанубӣ) ғалабаи соф (иппон) ба даст овард. Вале дар қувваозмоии ҳалкунанда аз рақибаш Кирилл Денисови пуртаҷрибаи русиягӣ мағлуб гашт. Ба ин тартиб, ин ду нафар дзю-дочии кишвар барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразил шурӯъ намуда, ҳар кадом соҳиби 60-холӣ шуданд.
ФУТБОЛИ НАВРАСОН
e-mail: javonontj@mail.ru
Омодагии футболбозон ба Чемпионати Осиё Дастаи мунтахаби мамлакат оид ба футбол миёни наврасони то 14-солаи кишвар 28 июл дар Эрон нахустин тамринашро баргузор карда, давраи хотимавии омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2014 дар варзишгоҳи “Шаҳид Муфотеҳ”-и шаҳри Ҳамадон анҷом медиҳад. Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар 31 июл бозии санҷишии футболбозони навраси кишвар бо дастаи маҳаллии «Илму Адаб» дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасон дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки 4-13 август дар шаҳри Ҳамадони Эрон баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар гурӯҳи «В» 5 август бо тими Тайланд, 7 август бо Ироқ ва 9 август бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад. Ба гурӯҳи «А» тимҳои мунтахаби Эрон, Арабистони Саудӣ, Кореяи Шимолӣ ва Тимори Шарқӣ дохиланд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври нимниҳоӣ, ки 11 август баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ барои унвони қаҳрамонӣ 13 август баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи мамлакат ҷамъомади таълимиву тамринии даста бо роҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар урдугоҳи Академияи футболи “Истиқлол”, ки дар дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор воқеъ аст, доир мегардад. Аз 4 август даста дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ тамрин мекунад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ 23 бозингар даъват шудааст, ки дар байни онҳо ду легионер ҳастанд: Давронҷон Эргашеви 26-сола, ҳимоятгари тими «Жетису»-и Қазоқистон ва Нозим Бобоҷонов-и 18-сола, нимҳимоятгари «Рубин»-и Қазон. Вале Идибек Ҳабибуллоев, ҳимоятгари «Хайр», ки мағзи сараш такон хӯрдааст, дар ин бозӣ иштирок карда наметавонад. Бинобар ин, ба ҷойи ӯ Умедҷон Шарифов, нимҳимоятгари 21-солаи «Истиқлол» даъват шудааст. Бозии дӯстона байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Малайзия 8 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Довари FIFA Александр Алиеви 27-сола аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ба ӯ ёварони довари FIFA Сергей Васютини 27-сола ва Самад Тергеусизови 28-сола (ҳар ду аз Алмаато) ба ҳайси доварони марзи майдон кӯмак хоҳанд кард. Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон: Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»). Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (ҳама аз «Истиқлол»). Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов, Умедҷон Шарифов (ҳама аз «Истиқлол»), Иброҳим Рабимов («Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев («Хайр»), Фаридун Шарифов (КМВА «Помир»), Нозим Бобоҷонов («Рубин», Русия). Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Парвоз»), Дилшод Восиев, Комил Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳар се аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов (бе бошгоҳ).
Гиви Тодуа, нимҳимоятгари клуби «Нюкасл» изҳор доштааст, ки омодааст ба ҳайати тими миллии Русия оид ба футбол бипайвандад. «Ман дар Маскав таваллуд шудаам ва соли 2007 ба Англия рафтам. Бешак, барои ман дар ҳайати мунтахаби ватанам бозӣ кардан шараф аст. Барои ба Чемпионати Русия бозгаштан фикр накардаам. Ҳоло дар Англия бозӣ мекунам ва барои ман зарур аст, то дар Аврупо ба муваффақият ноил гардам», - гуфтааст футболбози 19-сола. Ӯ афзуда, ки даъвати тими миллии Русияро бо хушнудӣ мепазирад, агар ба хизмати вай ситоди мураббиён ҳавасманд бошанд. Тодуа аз ҳайати тими ҷавонони «Сандерленд» ба «Нюкасл Юнайтед» гузашт.
25-умин сармураббии “Лос-Анҷелес Лейкерс” Клуби Ассотсиатсияи миллии баскетболи «Лос-Анҷелес Лейкерс» дар сомонаи расмии худ аз қарордоди дарозмуҳлат бо Байрон Скотт хабар додааст. Скотт дар таърихи клуб 25-умин сармураббӣ аст. Пас аз истеъфои Майк Д’Антони дар санаи 30 апрел, Скотт ягона номзад ба симмати
сармураббӣ гуфта мешуд. Байрон Скотт солҳои 20002004 ба ҳайси сармураббии «Ню-Ҷерсӣ», солҳои 20042009 сармураббии «Орлеани
Нав» ва солҳои 2010-2013 сармураббии «Кливленд» кор кардааст. Дар 13 мавсим дастаҳои ӯ 416 маротиба пирӯз ва 521 бор ноком шудаанд.
Адвокат сербиҳоро машқ медиҳад Дик Адвокат, сармураббии пешини тими миллии Русия оид ба футбол раҳбари тими мунтахаби Сербия таъин шудааст. Дар ин бора торнамои расмии Иттиҳоди футболи Сербия хабар додааст.
Саммутро аз футбол ронданд Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ду бозингарро ҷазо дод.
Ба иттилои манбаъ, муҳлати қарордоди тими яккачин бо мутахассиси 66-сола то охири Чемпионати Аврупо аст, ки соли 2016 дар Фаронса баргузор мешавад. Адвокат қаблан бо тимҳои миллии Ҳолланд, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ ва Белгия кор кардааст. Дастаи мунтахаби Русия зери роҳбарии ӯ то даври финалии Чемпионати Аврупо-2012 баромад, ки дар Лаҳистону Украина доир шуд. Дар сатҳи клубҳо бошад, Дик Адвокат асосан бо бошгоҳҳои
Ҳолланд кор кардааст. Ҳамчунин, “Зенит”-и Санкт Петербургро дар чемпионат ва Суперҷоми Русия, Ҷом ва
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
Тодуа ба тими Русия мепайвандад?
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
Суперҷоми УЕФА ба пирӯзӣ расонд. Охирин дастае, ки ӯ машқ додааст, «АЗ Алкмар»-и Ҳолланд буд.
ЧҶ-2018 дар Бритониё доир мешавад? стаанд. Гуфта мешавад, Саммут барои тақаллубҳо дар даври интихобии Чемпионати Аврупо-2008 ва Эдусеӣ барои иштирок дар бозии мувофиқашудаи силсилаи “В”-и Италия дар соли 2009 чунин ҷазои сахт гирифтаанд.
Чалий – сармураббии “Рубин” Валерий Чалий сармураббии клуби “Рубин”-и Қазон таъин мешавад. Дар ин бора “ИТАР-ТАСС” хабар додааст. Ринат Билялетдинов, ки ба унвони сармураббӣ кор мекунад, ҳануз иҷозатнома ё литсензияи дараҷаи “Pro”-ро нагирифтааст, аз ин рӯ, наметавонад ҳамчун сармураббӣ қонунан фаъолият кунад. Чалий, ки то ин вақт мураббии калони «Севастопол» буд, акнун ҳамроҳ бо Билялетдинов дар нишастҳои хабарӣ низ иштирок мекунад. Дар мавсими гузашта Владимир Маминов сармураббии “Рубин” таъин шуд, аммо баъдтар клубро тарк намуд. Дар мавсими 2013/2014 «Рубин» дар ҷадвали мусобиқоти премер лига ҷои нуҳумро ишғол кард. Ҳамчунин, он то даври 1/16-финалии Лигаи Аврупо рафт. Дар даври аввали Чемпионати Русия мавсими 2014/2015 “Рубин” бо “Спартак”-и Маскав бозӣ мекунад. Ин дидор 1 август дар Қазон баргузор мешавад.
Арсен Аваков, вазири умури дохилии Украина даъват кардааст, ки Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол соли 2018 аз Русия ба Бритониёи Кабир интиқол дода шавад. Ӯ, ҳамчунин, аз Федератсияи футбол ва кабинаи вазирони кишвараш хостааст, дар ин маврид мавқеи ҷиддиро ишғол кунанд. «Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 бояд аз Русия гирифта шавад. Таҳримҳо дар баробари агрессор ва сарпарасти терроризм бояд дар ҳама ҷабҳа эъмол шавад. Бояд мавқеи Бритониёи Кабирро ҷонибдорӣ кард. Бигзор, худи бритониёиҳо
мизбони ин мусобиқот бошанд», - навиштааст Аваков дар саҳифаи “Facebook”-аш. Қаблан, чунин як андеша аз ҷониби Ник Клегг, ноиби сарвазири Бритониё садо дод, аммо Дэвид Кэмерон, раҳбари ҳукумат онро дастгирӣ накард. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол қарори аслӣ соли 2018 аз 8 июн то 8 июл дар 11 шаҳри Русия баргузор шавад.
Даромади “Барселона” – 230 млн. евро Даромади бошгоҳи футболи “Барселона”-и Испания дар мавсими 2013/2014 530 миллион евро будааст. Дар ин бора Хавер Фаус, ноиби президенти клуб хабар додааст. Гуфта мешавад, ин рақам барои “Барселона” нишондоди рекордӣ аст. Дар мавсими 2012/2013 клуб 490 миллион евро даромад дошт. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, қарзҳои бошгоҳ дар соли гузашта ба 44 миллион евро коҳиш ёфтааст.
Гризманнро “Атлетико” мегирад Клуби «Атлетико»-и Мадрид барои ба ҳайати худ гирифтани нимҳимоятгари «Реал Соседад» ва тими миллии Фаронса Антуан Гризманн тавофуқ кардааст. Гуфта мешавад, Гризманн ояндаи наздик ба ҳайати клуби Мадрид пайваста ва барои чор сол бо ин даста қарордоди ҳамкорӣ мебандад. Қаблан хабарҳое буд, ки “Атлетико” барои Антуан ҳудуди 30 миллион евро пардохт мекунад. Дар мавсими сипаришуда Гризманн дар доираи Чемпионати Испания дар ҳайати «Реал Соседад” дар 35 бозӣ иштирок намуда, 16 гол зад. Дар Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014, ки дар Бразил баргузор шуда, тими миллии Фаронса то чорякфинал роҳ ёфт, Гризманн дар ҳамаи панҷ дидор ба майдон баромад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Кевин Саммут, бозингари малтийӣ ва Марк Эдусеӣ, футболбоз аз Гана аз ҳаққи фаъолияти марбут ба футбол дар қаламрави тамоми ҷаҳон маҳрум шудаанд. Онҳоро дар ташкили бозиҳои мувофиқашуда гунаҳкор дони-
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
14
БА ИСТИҚБОЛИ 20-СОЛАГИИ САРҚОНУНИ ҶУМҲУРӢ
Дар моддаи 2-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
кӯдакон аз рӯи расмҳо, мусаввараҳо, шеъру сурудхонӣ ва ғанӣ гардонидани дониши луғавии онҳоро дар бар мегирад. Масалан, дар дарсҳои 1-2 нигориши муаллима ва хонандагоне, ки ба ӯ гулдаста пешкаш мекунанд, акс ёфтааст. Ҳамчунин, дар ин сурат харита ва Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардида, пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе бо ранги сурх нишон дода шудааст. Дар дарси 8 образи модар тасвир гардидааст, ки фарзандонашро ба мактаб мебарад. Модар бо либоси миллӣтоҷикӣ, куртаи чакан буда, бо дидани он дар пеши назари хонанда симои зани
Тозакориҳои «Алифбе»-и нав Тавре маълум аст, дар Тоҷикистон ғайр аз мактабҳои таҳсилашон бо забони давлатӣ (тоҷикӣ), инчунин, мактабҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва русӣ амал менамоянд. Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ барои таҳия, чоп ва тақсими китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои дар боло зикршуда мусоидат мекунад. Чанде пеш нашриёти «Маориф ва фарҳанг» китоби дарсии «Алифбе»-ро барои синфи 1 муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ӯзбекӣ аз чоп баровард. Муаллифони китоб, нависанда Сулаймон Эрматов ва олими маъруф, номзади илмҳои педагогӣ Дилором Абдуллоева онро мувофиқи тақозои замон ба стандартҳои ҷаҳонӣ таҳия кардаанд. Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ин дастур аз содаву осонфаҳм будани матнҳо ва мутобиқ будани суратҳои ранга ба матнҳо иборат мебошад. Дар китоб ороиши компютерӣ кам истифода шуда, тасвирҳо асосан аз аввал то охир дастӣ бо рангу об (акварел) инъикос гардидаанд. Ҳиҷобандӣ ва калимасозӣ ба воситаи бозиҳои шавқовар оварда шудаанд, ки инро дастоварди аввалиндараҷаи муаллифон шуморидан мумкин аст. Муаллифон ба масъалаи заминаи соф миллӣ-тоҷикӣ доштани китоб низ диққати махсус додаанд. Нигориши ҳарфҳои садоноку ҳамсадо дар ҳамдастагӣ бо сурату тасвирҳо бисёр ҷолибу назаррас аст. Аз шакл ва таркиби машқҳои алоҳида маълум мешавад, ки муаллифон аз санъат ва нозукиҳои таълиф намудани чунин китобҳо огоҳӣ доранд. Низому ҷобаҷогузории ҳиҷобандӣ, тарзи навишти ҳарфҳои хурду калон, намунаи баланди ҳусни хат ва луғати ӯзбекӣ-тоҷикӣ таҳти сарлавҳаи «Забони давлатиро меомӯзем» дар поварақ дода шуда, қадри китобро афзун намудааст. Тибқи дархости Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ дар бораи ин китоб тақризҳои беғараз омадааст. Аз ҷумла, нигоштаҳои академик Муҳамадулло Лутфуллоев, мудири кафедраи услубияти таълими ибтидоии ДДХ ба номи Б. Ғафуров Эргашбой Шарифов, муаллими калони ДДХ Ӯктамалӣ Сатторов аз ҳамин ҷумлаанд. Дар «Алифбе»-и нав як қатор тозакориҳо ба назар мерасанд. Давраи «То алифбе» инкишофи нутқи шифоҳии
ЭЪЛОН
КУМИТАИ ҶАВОНОН, ВАРЗИШ ВА САЙЁҲИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КОЛЛЕҶИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНИИ ТОҶИКИСТОН
Барои соли хониши 2014-2015 ба шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона қабули донишҷӯёнро эълон менамояд.
Ба шӯъбаи рӯзона аз рӯи ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ бо тахассусҳои: баскетбол, волейбол, футбол, гимнастика, намудҳои гӯштин (гӯштини миллӣ, самбо, дзю-до, тарзи озод), якҳарбаи шарқӣ, бокс ва варзиши сабук. Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи рӯзона барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ (синфи 11) 3 сол, барои хатмкунандагони таҳсилоти асосӣ (синфи 9) 4 сол. Довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд: - ариза ба номи роҳбар; - ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот: умумӣ, асосӣ. - маълумотномаи тиббӣ (шакли 086У); - 6 дона расми андозаи 3х4; - дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад); - шиноснома, ҳуҷҷати ҳарбии даъватшаванда; - маълумотнома аз ҷои зист; - тавсифнома. Довталабон аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд: Намуди варзиши интихобнамуда (амалӣ). Тайёрии умумии ҷисмонӣ. Забони модарӣ (нақли хаттӣ). Асосҳои давлат ва ҳуқуқ (даҳонӣ).
деҳотӣ намоён мегардад. Дар дарсҳои 10-11 хонандагон аз суратҳо дар бораи Рӯзи истиқлолият, маънои калимаҳои «Ватан», «Сулҳ» ва «Озодӣ» маълумоти васеъ мегиранд. Хусусияти муҳимтарини «Алифбе» дар он аст, ки матнҳо аз дарс ба дарс хонданибобу шавқовартар мешаванд. Яъне, аз сода ба мураккаб табдил меёбанд. Як дарс дарси дигарро пурра мекунад. Матнҳои «давраи баъд аз алифбе» низ ҷолиби диққатанд. Муаллифон дар ин бахш ҳикоя, лавҳа, афсона, шеър ва ё масалҳоро хеле бамаврид интихоб кардаанд. Тавассути ҳикояҳои ин бахш бачаҳо дар бораи Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода маълумот пайдо мекунанд. Дар китоб, инчунин, аз «Баҳористон»-и Ҷомӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ ва «Қобуснома»-и Кайковус иқтибосҳо дар тарҷумаи ӯзбекӣ оварда шудаанд. Китоби дарсӣ танҳо аз ҷамъ кардани асарҳои бадеӣ иборат набуда, он синтези ҳаматарафаи донишҳои гузаштаву муосир мебошад. Он аз муаллифон эҷодкор ва нуктасанҷ буданро талаб мекунад. Аён аст, ки муаллифони китоби «Алифбе» аз уҳдаи ин масъулияти калон ба хубӣ баромадаанд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, «ҶТ»
Ҳуҷҷатҳо ба шӯъбаи рӯзона ва ғоибона аз 20 июн то 10 августи соли 2014 қабул карда мешаванд. Ба шӯъбаи ғоибона аз рӯи ихтисосҳои муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва мураббӣ (тренер) бо тахассусҳои баскетбол, волейбол, варзиши сабук, футбол ва намудҳои гӯштин (гӯштини миллӣ, самбо, дзю-до, тарзи озод), якҳарбаи шарқӣ. Мӯҳлати таҳсил дар шӯъбаи ғоибона 3 солу 6 моҳ. Довталабон дар шӯъбаи рӯзона аз чунин имтиёзҳо бархурдор буда метавонанд: - Ҳангоми таҳсил донишҷӯён ба хизмати ҳарбӣ даъват карда намешаванд; - Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона бо стипендия таъмин карда мешаванд. - Бепарасторон бе озмун қабул карда мешаванд. - Донишҷӯёни аълохон баъди хатми коллеҷ бе имтиҳон ба бахши 3-юми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қабул карда мешаванд; - Донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ба хобгоҳ таъмин карда мешаванд; - Шахсони дорои дараҷаи 1 варзишӣ, устодон ва номзадҳо ба Устоди варзиш, аъзои дастаи яккачини ҷумҳурӣ бо тавсияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бе озмун қабул карда мешаванд. Нишонӣ: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Меҳробод (Калинин), кӯчаи Авесто-27 (охири хатсайри №52). Телефон: 2-37-77-88
Ќутби шимолии кураи Замин
60 даќиќа «ИМА» ба русї
Тими варзишии њарбиён (русї)
... Зарифов, сароянда
Дарё дар Бразилия
Алифбои иборат аз нуќтаю тире
Ќалъа дар майдони Сурхи Москва
Варзиш дар корт
Киштии кайњонии ИМА
Шакли пурраи номи Оля
Ѓулом, Таоми фармоеи монбарсубњона дор
Дарё дар вил. Ростови Россия
Минќори парранда
«... гунањ дар ин љањон кист, бигў» (Хайём)
Шиму …, либос
Сu, металли сурх
Массаж
Одамхўри сабз аз мултфилми машњури америкої
Ноњия дар минтаќаи Кўлоб
Ќишлоќ не
Бинти тиббї аз ин матоъ аст
Љалол ..., нависанда
Шери толеънома
Суруди опера
Нидои љангї аз феъли «задан»-и туркї
Ноњия дар Бадахшон
Номи њарфи «г»-и форсї
... Ёрматов, режиссёр
Жанри мусиќии ѓарбї
Афзун, бисёр
Бародар (лањљ.)
ЊунарЯк «тор»-и пешаи рўшної театр
Фаќир, камбизоат
Падар (лањља)
Захм, љароњат
Содда
Пешоянд
Моњишўрбои русї
Аз майдон берун шудани тўб дар футбол
Автомобили боркаши русї
Пойтахти Русия
… Келдї, шоири тољик
Тамѓаи сигор, мототсикл ва љазира дар Индонезия
Тири соат
Ададњо барои кушодани чизе
Кайфу сафо …у ишрат
Абуали …-и Сино
Мактуби телефонї
Шакли дигари «розї»
Паррандаи гўё
Паррандаи уќобмонанд Сайидои ..., шоири классик
Чора, илољ
Њавопаймои русї
Заминларза, обхезї ё тўфон
Бахшиш, инъом
Маслињати тўйро мепазонад
Абулќосим ..., шоири шўравии тољик
Фасли зиндашавии Картошкатабибирёни ѓарбї ат
Миллати Юлия Тимошенко
Кўчаи машњури ш. Москва
Санги сўзанда
Кумитаи амнияти СССР (ихтисораи русї)
Меваи зарди турш
Њоло, акнун
Љузъи бадани њайвонот
Шакли пурраи номи Саша Арўс
Наво, савт
Ноњия дар кишвар
Ишора
Моддаи зањрноки сигор
Љавоби салом
"... Конг", филм
Омехтаи сементї барои хонасозї
Инон, зимом
Мухтасари номи кишвари араб
Хазинаи меросњои таърихї, музей
Мактуб, нома
Лалмї не
Ситораи эстрадаи ИМА … Агилера Кишвари Роналду ва Фигу
Яке аз пайѓамбарон
Тараф, љониб
Шарм, њаё
Бозрасї барои назорати тартибот дар роњ
Сўрохии Яке аз даруни динњои кўњ љањонї
Шахшуда, бењис
…и Ѓафурї, сароянда
e-mail: javonontj@mail.ru
Миллати Шекспир ва Дэвид Бекњэм
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №31 (9353), 31 ИЮЛИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Аз Афандӣ мепурсанд: - Занҳо хунукмиҷозу гарммиҷоз мешаванд? Ҷавоб медиҳад: - Бале, ҳам хунукмиҷоз, ҳам гарммиҷоз... Боз мепурсанд: - Мардҳо чӣ? Каме фикр карда: - Мардҳо се хел мешаванд: хунукмиҷоз, гарммиҷоз ва намкашидагӣ!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
***
Умаралии САФАРАЛӢ
Афандӣ ба дӯстдухтараш: - Мехоҳӣ, ки офтобаки ман бошӣ? Духтар бо нозу карашма: - Албатта, мехоҳам. Афандӣ: - Ин хел бошад, аз назди ман 150 миллион километр дуртар рав.
(котиби масъул),
Обид САФАРЗОД
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
Толибшоҳи ДАВЛАТ
Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7042 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Афандӣ дар Маскав касали табларза шуда, ба дорухона медарояд. Фурӯшанда: -Что вам надо? Афандӣ, ки русиро хуб балад набуд, мегӯяд: - Ягон таблетка для вибратсия бтен...
АНДАРЗ
Охирин барг Дар охири хиёбон, дар қисмати ғарбии шаҳр бинои назарногири сеошёнае қомат афрохтааст. Дар ин бино, ки аз хишт бунёд ёфтаааст, рассомон зиндагӣ мекунанд. Ҳуҷраи ду ҷавондухтари рассом дар қабати болоии бино ва ҳуҷраи рассоми ҷавоне дар ошёнаи дуюм воқеъ аст. Ин ҷо ҳам макони истиқомат аст барояшон, ҳам утоқи корӣ... Рӯзе яке аз духтарони ҷавон бемор шуд. Вай оҳиста-оҳиста заифу лоғар мешуд... Дугонааш расм мекашид. Бемор рӯйи кати хобаш дароз кашида, аз тиреза ба берун менигарист. Дар баробари тамошо кардан чизеро мешумурд. Аз 12 то 7 ҳисоб кард. Духтари дигар расмкаширо қатъ карда, бо тааҷҷуб ба берун нигарист. Барояш аҷиб буд ва донистан мехост, ки дугонаи бемораш чиро мешуморад. Вале дар берун чизе наменамуд. Танҳо ҳавлии фарсудаву холии бино, дар масофаи се чор метр дурӣ девори бараҳнае ва як дарахти пири шохаҳояш ба девор часпидаи ангур. Духтарак ба дугонаи бемораш нигаҳ афканд: - Ба ту чӣ шудааст? - Шаш, - шумориданро давом дод рассоми бемор, ки овозаш хириву гирифта ба гӯш мерасид. - Се рӯз пеш қариб садто буданд. Аз шумориданашон сарам ба дард меомад. Акнун осон шуд. Боз яктои дигараш рафт. Панҷто монданд. - Панҷто чӣ, охир? - Барг. Баргҳои токи ангур... Чунин ҳис мекунам, ки вақте охиринаш дарахтро тарк кард, ман ҳам аз ин дунё меравам. - Ҳарзагӯиро бас кун! Ҳоло вақти ин гапҳо нест, умедатро ба сиҳат ёфтан бештар кун. Ҳоло бароят хӯрок меорам, то хӯрда қувват пайдо кунӣ. - Иштиҳо надорам, намехӯрам, - рад кард бемор. - Мехоҳам шом парда накашида, афтидани барги охиринро ҳам бубинам. Он вақт шояд, ки ман ҳам биравам. Вақте беморро хоб бурд, дугонааш ба ошёнаи дуюм назди рассоми ҷавон рафт. Ҳоли дугонаи беморашро ба ҷавон қисса кард. Зеро аз муҳаббати ҷавон нисбат ба вай огоҳ буд. Ҷавон духтари рассомро дӯст медошт. Аммо ба изҳору эътирофи муҳаббаташ ҷуръат надошт. Аз ранҷондану ранҷидан метарсид. Боз аз он ҳарос дошт, ки ҷавоби рад шунавад. Бинобар ин, ишқашро дар дил нигаҳ медошт. Ҳоло ки духтар беҳолу мадор мехобид, имконияти ҷавон хеле кам буд, то барои вай коре бикунад... Субҳи дигар, вақте бо хоҳиши рассоми бемор дугонааш пардаи тирезаро кушод, вай дар ҳайрат монд. Чунки баъди борони сели дишаба, ки мегуфтӣ ҳеҷ тамом намешавад ва шамоли сахт ҳоло ҳам як барг дар дарахт овезон буд. Гӯё дудаста ва бо тамоми қувват шохи панҷ-шаш метр аз замин баланди дарахтро дошта буд. - Ин охиринаш буд. Гумон доштам, ки баъди
шиддати борону шамол имшаб ҳатман меафтад... ва ман ҳам тарки дунё мекунам, - гуфт бемор. Он рӯз барои духтар хеле оҳиста мегузашт. Чун шом шуд, боз борон сар кард. Рӯзи дигар ҳанӯз субҳ нодамида, вай аз дугонааш хост, тирезаро кушояд. Аз ҷои хобаш дуру дароз ба барги охирини дарахт нигарист. Пасон ба дугонааш рӯ оварда гуфт: - Густохӣ кардам... Нерӯе он барги охирини дарахтро нигоҳ дошт, то чи андоза инсони бад будани маро нишон диҳад. Хостани марг гуноҳ аст, вале ман онро хостгор шудам... Акнун каме хӯрокам биёрӣ, мехӯрам. ... Духтур, ки шабона ба муоинаи бемор омада буд, дами рафтан гуфт: - Ҳоло ба ошёнаи дуюм меравам. Он ҷо низ як бемори ҷавон дорам. Яку якбора мариз шудааст. Барои чӣ, намедонам, аммо дишаб тамоми шаб дар кӯча зери борону шамол мондааст. Вазъаш ҷиддӣ! Рӯзи дигар духтур боз барои муоина ба утоқи духтарони рассом омад. - Офарин, пештар аз вақти интизордоштаам сиҳат ёфта истодаед. Ҳолатон хеле хуб, рӯ ба беҳбудист. Бемори ошёнаи поёнӣ бошад, рафтарафта бадтар мешавад. Имрӯз ба беморхона фиристодем. Ҳолаш хуб нест. Ҳамон рӯз, вақти нисфирӯз духтари рассом ба дугонааш, ки акнун сиҳат ёфта буд, аз ишқи ҷавон гап кушод. Духтар, вақте фаҳмид, ки нафаре ӯро дӯст доштааст, хеле хурсанд шуд. Акнун мехост бо ҷавони рассом, ки ӯро танҳо аз дур дида буд, зудтар шинос шавад. Аммо бегоҳ хабар расид, ки ҷавон вафот кардааст. Ҷавонро субҳи ҳамон рӯзе, ки бемор шуд, дарбони бино дар утоқаш беҳолу нафасгир пайдо кард. Сару либосаш комилан тар шуда, баданаш чун ях сард буд. Касе то ҳол намедонист, ки дар он шаби ваҳмовару сарди боронӣ ӯ ба куҷо рафта буд. Пасон як фонуси ҳанӯз гирён, як нардбони муҳаррик ва рӯи он лавҳачаи рассомӣ (палитра), ки дар он ранги зарду сабз омехта шудааст ва чанд қалами шикастаро пайдо карданд. Он вақт сирри наафтидани охирин барги дарахт ҳам маълум шуд... Барги охирини дарахт, ки ҳатто бо вазиши шамоли сахт ҳам канда намешуд, шоҳасари ҷавони рассом буд. Ҷавони ошиқ ҳамон шабе, ки охирин барги дарахтро шамол афтонд, тамоми ҳунару маърифати рассомиашро ба кор бурда, расми баргро кашид. Расми кашидаро, ки аз барги аслӣ фарқ намешуд, ба девор овехт. Чунон моҳирона, ки духтар аз тиреза нигоҳ мекард, пай намебурд, ки “барг” дар девор аст, балки онро ҳоло ҳам дар дарахт медид.
Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”
***
Афандӣ бо дӯсташ дар ошёнаи 25-ум нишастаанд. Афандӣ: - Агар аз ҳамин ҷо афтӣ, дар чанд вақт ба замин мерасӣ? Дӯсташ ҳозирҷавобӣ карда мегӯяд: - Тахминан дар панҷ рӯз. Афандӣ: - Зинда намемонӣ-а? Дӯсташ: - Панҷ рӯз нону об нахурӣ, боз зинда мемонӣ?!
***
Аз Афандӣ мепурсанд: - Соат чанд аст? Ҷавоб медиҳад: - Ин соат аз худам нест, ҳоло чизе гуфта наметавонам...
***
Аз Афандӣ мепурсанд: - Мошини сабукрави “Х6” зӯр аст ё “Х5”? Ҷавоб медиҳад: - Аз математика савол надиҳед, ки намедонам.
***
Бемор барои илоҷи дардаш назди табиб меояд. Табиб мепурсад: - Шумо менӯшед? Бемор ҷавоб медиҳад: - Майлаш...
***
Афандӣ ба шаҳри Душанбе меояд. Таксиеро дошта, мепурсад: - Чойхонаи “Роҳат” меравед? - Шинед. Ронанда 50 метр рафта, меистад. - Марҳамат, чойхонаи “Роҳат”. Афандӣ бо ғазаб мегӯяд: - Чаро нагуфтӣ, ки ҳамин ҷост? - Фикр кардам, бо карру фар мехоҳед ба чойхона дароед...
ТАВАҶҶУҲ! Корти гурезаи А №0008392, ки соли 2012 ба шаҳрванди Афғонистон Абдулҳай Ҳоҷӣ Муҳаммад Шариф, соли таваллудаш 1963, додаанд, гум шудааст. Аз ҳар касе, ки ин кортро дарёфт кардааст, хоҳиш мешавад бо рақамҳои зерин тамос бигирад: 915937624.