Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
№3 (9325),
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
1
16 январи соли 2014
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
ҶАЛАСА
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид
15 январ таҳти раёсати Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои соли 2014 мушаххас шуданд. Зимни ҳисоботи Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода зикр гардид, суръати афзоиши иқтисодиёти кишвар дар соли 2013 7,4 фоизро ташкил дода, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба зиёда аз 40,5 миллиард сомонӣ расид. Сатҳи таваррум бошад, 3,7 фоизро ташкил дод, ҳол он ки дар соли 2012 ин нишондод ба 6,4 фоиз баробар буд.
ТАСМИМ
Вазорати фарҳанг ба Ҳошим Гадо хона медиҳад
Ҷавонон ба ояндаи кишвар бетафовут нестанд
Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков ният дорад бо Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳошим Гадо вохӯрда, мушкилоти ҷойдоштаи ӯро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Вазорат ният дорад, ки масъалаи кӯчонидани ҳунармандро ба хонаи нав баррасӣ кунад. Ҳамчунин, бахшида ба 77-солагии Ҳошим Гадо 10 майи соли равон шаби эҷодӣ баргузор хоҳад шуд.
ҲАМКОРӢ
Шувалов ба Тоҷикистон меояд Ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини аввали Сарвазири Русия Игор Шувалов 24 январ ба Душанбе меояд. Дар ҷараёни сафар Шувалов бо Президенти мамлакат дидору гуфтушунид анҷом дода, маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. Ҷонибҳо асноди тасдиқшудаи созишномаҳо дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русияро ба ҳамдигар месупоранд.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
2
ЭНЕРГЕТИКА
Як қадами дигар то истиқлолияти энергетикӣ
Норасоии омӯзгорон то ҳол вуҷуд дорад
Яке аз фараҳбахштарин ҳодисаи ҳафтаи сипаришуда ба истифодадиҳии нерӯгоҳи ҳароратии «Душанбе-2» мебошад. Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти барои сокинони мамлакат хеле муҳим Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд,ки ба кор даромадани навбати якуми Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар шароити камчинии нерӯи барқ ба шабакаҳои барқии мамлакат кӯмаки хеле зиёд аст.
Соли хониши 2012-2013 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 2630 нафар қӯдаки синни томактабӣ бо сабабҳои гуногун аз таълими ҳатмӣ дур монданд, ки 1479 нафарашро духтарон ташкил медиҳанд. Ин нукта дар нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ зикр гардид.
Алҳол иқтидори истеҳсолии навбати аввали марказ ба 1 миллиону 250 ҳазор киловат-соат баробар буда, баъди ба истифода додани навбати дуюм иқтидори он ба 2,5 миллион киловат-соат хоҳад расид. Сохтмони иншооти мазкур ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби ширкати чинии «ТВЕА» ба истифода дода шуд. Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» аз ҳисоби қарзи бонкҳои чинии «Эксимбонк» ва «Бонки рушди Чин» маблағгузорӣ мешавад. Дар сохтмони ин иншооти муҳими энергетикӣ 1600 нафар бо кор таъмин гардидаанд, ки қариб 300 нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. То ин дам
e-mail: javonontj@mail.ru
МАОРИФ
кори доимӣ таъмин мешаванд. Ба истифодадиҳии иншооти мазкур дар ҷодаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ боз қадами устувор буда, чанд фоида дар пай дорад. Якум, ба иқтидори энергетикии мамлакат боз 50 мегаватт (оянда 100 мегават ва аз он ҳам зиёд) илова шуд. Дуюм, иншооти мазкур бо иқтидори 90 гигаколория гармӣ истеҳсол мекунад, ки қариб 40 дарсади сокинони пойтахт бо гармӣ таъмин мешаванд. Ҳоло аксар сокинони шаҳри Душанбе барқро бештар барои гармкунии манзил истифода мебаранд. Агар тавассути насб кардан батареяҳои каммасрафи туркӣ хонаҳо бо оби гарм таъмин шаванд, ҳарорати манзил муътадил шуда, истифодабарии барқ чандин маротиба кам мегардад. Сеюм, вақте сокинон бо оби гарм таъмин шуданд, дигар барои обгармкунӣ тавассути термексу чойнакҳои барқӣ (шустушӯ, либосшӯӣ, зарфшӯӣ) зарурат намемонад. Яъне, боз як қисми барқ сарфа шуда, аз ин ҳисоб ба дигар минтақаҳо барқи зиёдтар дода мешавад. Чорум, буҷаи сокинони пойтахт аз хароҷоти зиёд (супурдани пули барқ) эмин мемонад. Яъне, аз ҳисоби гармии манзил ва оби гарми арзон буҷаи оилавӣ сар60 нафар ҳамватанонамон тайи фа мешавад. Панҷум, «умр» (муд75 рӯз дар Ҷумҳурии Марду- дати истифода)-и ноқилҳои барқӣ мии Чин бобати кор дар маркази ва трансформаторҳои пойтахт барқу гармидиҳӣ ихтисоси хешро аз ҳисоби кам шудани сарборӣ такмил доданд. Минбаъд кадрҳои дароз мегардад. Ин ҳам сарфаи маҳаллӣ дар кишварамон бо маблағ буда, пеши бебарқмонии ҷалби омӯзгорону мутахассисони маҳаллаҳоро мегирад. Шашум, чинию ватанӣ тайёр карда хоҳанд хавфи сӯхтор бинобар кам истишуд. фодабарии бухориҳои барқӣ кам Алҳол дар иншооти мазкур мешавад. корҳои пайвастани шоҳқубури Акнун шаҳрвандонро лозим гармидиҳӣ то қубурҳои мавҷудаи аст, ки аз ин имконият сарфакорогармигузаронии пойтахт ба масо- на истифода баранд. Батареяҳои фаи зиёда аз 3 километр ва ди- оби гармро, ки чанд сол пеш ноугар иншооту биноҳои маъмурии медона бурида буданд, барқарор марказ идома дорад. Ба гуфтаи намоянд. Дигар ин ки оби гармро Президенти мамлакат Эмомалӣ сарфакорона истифода бурда, маРаҳмон баъди пурра мавриди данияти баланди шаҳрнишинӣ добаҳрабардорӣ қарор гирифтани штанашонро нишон диҳанд. маркази барқу гармидиҳӣ 200 нафар мутахассиси ватанӣ бо ҷойи С. САЙФИДДИН, «ҶТ»
ҶАМЪБАСТ
Обуначиёни фаъол ҳавасманд гардиданд Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” озмунеро, ки миёни бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии мамлакат мутобиқи Фармоиши Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 3 октябри соли 2013 таҳти рақами 299 “Оид ба обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ барои соли 2014” интиҳои соли гузашта эълон дошт, ҷамъбаст кард. Дар натиҷа, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии Роғун (мудираш М. Саъдуллоев), Рашт (Б. Муродов), Панҷакент (М. Шодмонов), Ғончӣ (Ҳ. Ғафуров) ва Хуҷанд (Б.
Исматҷонов) нақшаи обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро сари вақт ва пурраю барзиёд иҷро намуда, бо тӯҳфаи таъсиснамудаи хотиравӣ ҳавасманд гардиданд.
- Яке аз омилҳои аз мактаб дур мондани хонандагон дур будани муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ аз ҷои зисти хонандагон мебошад. Дар натиҷа, соли хониши 2012-2013 29 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 38 муассиса ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуд, ки барои ҷалби бештари хонандагон ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот шароит фароҳам овард, - изҳор намуд муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев. Номбурда афзуд, ки мушкилоти асосии дигар дар зинаи таҳсилоти томактабӣ нарасидани мутахассисон ба шумор меравад. Аз 3612 нафар мураббии кӯдакистонҳо 412
нафари онҳо бо таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунанд. Дар 509 муассисаи томактабӣ 189 нафар омӯзгорони мусиқӣ намерасанд. Ҳарчанд сол аз сол вазъи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кадрҳои соҳибихтисос беҳтар гардад ҳам, мушкилии бартараф кардани норасоии омӯзгорон дар чанд шаҳру ноҳия ҳалли худро наёфтааст. Чунончи, ин норасоӣ дар ВМКБ 12 нафар, вилояти Хатлон 245 нафар, Суғд 70 нафар, шаҳри Душанбе 16 нафар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 134 нафар ба қайд гирифта шуд. Бояд қайд кард, ки соли 2013 дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 477 омӯзгор намерасид.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
ИҚДОМ
ИЖТ осорхонаи журналистика бунёд хоҳад кард Иттифоқи журналистони Тоҷикистон осорхонаи журналистикаи тоҷикро дар ояндаи наздик таъсис хоҳад дод. Чанде қабл дар маҷлиси солонаи Раёсати ИЖТ дар ин бора қарор қабул шуд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, зарурати ба итмом расонидани корҳои таҳияи Энсиклопедияи журналистикаи тоҷик дар соли равон низ таъкид шуд. Таъсиси маҳфили сардабирон ва шуъбаи фотожурналистика дар назди ИЖТ дар соли равон низ ба нақша гирифта шуд. Зимни ҷаласаи мазкур зикр гардид, ки соли равон ИЖТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти кишвар як қатор лоиҳаву озмун оид ба таъмини ҳуқуқи кӯдакон тавассути ВАО, риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва ғайраро роҳандозӣ намуда, намояндагони матбуоти тоҷикро ба ҳамоишҳои байналмилалӣ сафарбар намуд ва кормандони муваффақи соҳаро бо ҷоизаву туҳфаҳои гуногун қадрдонӣ кард.
3
СТРАТЕГИЯ
Омӯзиши синфи миёна муҳим аст
40,9 фоизи хизматчиёни давлатӣ ҷавонанд Гурез Қосимов, муовини сардори Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон 14 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2013 ба агентӣ 311 арзу шикоят ворид гардида, аз он 39 арзу шикоят ва дархости хаттии мақомоти давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон, 272 муроҷиати шифоҳии шаҳрвндон қабул ва баррасӣ шуданд. Муҳтавои асосии муроҷиати шаҳрвандон марбут ба татбиқи ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоии қонунгузории хизмати давлатӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ, таҳсили хизматчиёни давлатӣ, таъмини ҷойи корро дар бар доштанд. Номбурда афзуд: «Вобаста ба ин дар давоми сол 3362 нафар ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки 561 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ аз ин шумора 3186 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ гардида, 176 нафар хизматчии давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ дониста шуданд. Аз ин шумора 150 нафар барои фарогирӣ ба такмили ихтисос, 11 нафар ба азнавтай-
ёркунии касбӣ ва 15 нафар барои таъин ба мансаби пасттари хизмати давлатӣ тавсия дода шуда, бинобар сабаби набудани мансаби пасттар 7 нафар хизматчии давлатӣ аз мансаби ишғолнамудаашон озод шуданд. Ба 2694 мансаби холӣ бо иштироки 2920 довталаб озмун гузаронида шуда, 1971 нафар барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия гирифтанд. 949 нафар довталаб бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи тахассусӣ аз озмун нагузаштанд». Қайд кардан бамаврид аст, ки айни замон теъдоди занон дар хизмати давлатӣ 23,4 фоиз ва ҷавонони то 35-сола 40,9 фоизро ташкил медиҳанд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Соли 2013 аввалин бор Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти мамлакат бо назардошти имкониятҳои дихилӣ чанд тадқиқоти сотсиологии муҳим дар масъалаҳои ҳифз ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, омӯзиш ва таҳлили проблемаҳои соҳибкорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, омӯзиш ва таҳлили проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, дар ҳудуди Федератсияи Русия, омӯзиши синфи миёна дар кишварро анҷом дод. Дар ин бора Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, қайд кард, ки омӯзиши синфи миёна масъалаи мубрам ва доғи рӯз дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, синфи миёна дар кадом сатҳ қарор ва чӣ гуна пешравӣ дорад ва оё метавон гуфт, ки он дар оянда рушд мекунад? Дар маҷмӯъ, соли 2013 Маркази тадқиқоти стратегӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, Ҳукумати мамлакат ва дигар созмону
ташкилоти манфиатдор 108 гузориши таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми 1297 саҳифа пешниҳод намудааст.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
ВАТАНДОРӢ
Рӯҳияи мо аз нав бояд эҳё шавад
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
10 январи соли равон бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллӣ, дар толори Китобхонаи миллӣ сӯҳбати гирди мизи мудаввар таҳти унвони «Ватан ва ифтихори ватандорӣ» баргузор гардид. Дар он сиёсатшиносон, адибон, коршиносон ва устодону донишҷӯёни бархе аз макоти олӣ иштирок доштанд. Дар ифтитоҳ профессор Абдураҳмон Маҳмадов дар мавзӯи зикршуда маърӯза карда, изҳор намуд: «Дар оғози асри бист, аз даст рафтани Самарқанду Бухоро ва қатлу бадарғаи шахсони донишманд ва соҳиби хату дониши миллати тоҷик, рӯҳияи халқи тоҷикро воқеан шикаст. Вале имрӯз мо бигӯем, ки рӯҳи мо шикастааст ва то Самарқанду Бухороро ба мо надиҳанд, рӯҳияи худро барқарор сохта наметавонем, хаттои маҳз аст. Рӯҳияи мо аз нав бояд эҳё шавад,
мардумро аз нав тарбия бояд кард. Хоҳем нахоҳем, баъд аз сари мо фарзандонамон низ ормони Самарқанду Бухороро дар дил хоҳанд дошт, вале рӯҳия ва ғурури миллӣ ва ҷасоратро бояд ба мардум баргардонд, чунки шикастани рӯҳияи як миллат саҳлу осон, вале барқарор кардани он мушкил аст. Насли шӯравӣ то ҳол арзишҳои он давраро муқаддас меҳисобад. То ҷое, ки ватандорӣ ва ифтихори миллиро аз ҳамон дидгоҳ баҳо медиҳанд. Набяод фаромуш кард,
ки дар 22 соли истиқлолият арзишҳои муқаддастаре насибамон гашт, ки онҳоро бояд қадр кард. Вақти он расидааст, ки ба даст омадани ин арзишҳоро ба фарзандони худ фаҳмонем, то онҳо дар оянда ба чунин хатои бузург дигар роҳ надиҳанд». Инчунин, зимни сӯҳбат донишмандон оид ба ватан ва ифтихори ватандорӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
ДИН ВА ҶОМЕА
Соли сипаришуда бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши динии имомхатибон бо ташаббуси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 84 нафар ба курси бозомӯзии такмили ихтисос ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, бо дастгирии Давлати Қатар 20 нафар корманди соҳаи дин ва имомхатибон ба давлати Қатар барои бозомӯзии якмоҳа ва табодули таҷриба сафарбар шуданд. Раиси кумитаи мазкур Абдураҳим Холиқов дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки то солҳои наздик 2874 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил
менамуданд. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ то имрӯз 2705 нафари онҳо ба Ватан баргаштанд. Аз ҷумлаи донишҷӯёни баргашта 237 нафарашон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Алҳол 50 нафар дар макотиби миёна, 6 нафар дар мадрасаҳои мутавассита ва омӯзишгоҳҳои касбӣ, 181 нафар дар макотиби олӣ таҳсил менамоянд. Бо мақсади таъмини муассисаҳои ислоҳотӣ бо адабиёти динӣ 516 китоби “Қуръон”-и маҷид ва 1000 адад китоби гуногун дар мазҳаби Имоми Аъзам ба маҳбасхонаҳо супурда шуд. Боиси хушнудист, ки дар мавсими «Ҳаҷ-2013» Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 38 минтақаи зиёраткунандаи ҳаҷ аз ҷиҳати ташкил, танзим ва баргузории маросими ҳаҷ ҷои намоёнро соҳиб гашт. Соли гузашта 6084 нафар ҳамватанонамон ба зиёрати Хонаи Каъба мушарраф гаштанд. Аз миёни зоирон 3 нафар вафот карданд. Соли гузашта боз 135 адад
иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 3 масҷиди ҷомеи марказӣ, 10 масҷиди ҷомеъ ва 122 масҷиди панҷвақта мебошанд. Дар 365 иттиҳодияи динӣ камераҳои назоратӣ насб шуд. Яке аз иқдомҳои шоиста кӯмаки яквақта ба 7 нафар ятимдухтари мактаб-интернатҳои мамлакат мебошад. Ба онҳо, инчунин, либосҳои хуштарҳи замонавӣ тӯҳфа шуд. Дар вохӯрии Президенти мамлакат бо аҳли ҷамоатчигӣ дастур шуд, ки аз соли 2014 ба имомхатибон маош муқаррар шавад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ гуфт, ки маош барои раиси Шӯрои уламо 2 ҳазор сомонӣ, барои сархатибони шаҳру ноҳия 1,5 ҳазор сомонӣ ва барои имомхатибон 800 сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Вай гуфт, ки ҷудо кардани маош дархост ва пешниҳоди Шӯрои уламои дин ва имомхатибон буд, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур
ва ҳукумат дастгирӣ пайдо кард ва дар маҷмӯъ, беш аз 300 нафар дар моҳи феврал маош хоҳанд гирифт.
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Имомхатибон ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
4
ҚАДРДОНӢ
РУШДИ ВАРЗИШ
187 варзишгар соҳибунвон шуданд 14 январи соли ҷорӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ маросими супоридани унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ доир гардид. Маросим бо суханронии раиси кумита Маликшо Неъматов оғоз гардида, дар он як қатор варзишгарону собиқадорон ва мураббиёну кормандон барои хизматҳои шоён дар рушду густариши соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла, ба унвони варзишии “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” 84 нафар, “Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” 40 нафар, “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” 11 нафар, “Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ” 21 нафар, “Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” 12 нафар, унвони фахрии варзишии “Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ” 3 нафар ва “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” 16 нафар сарфароз гардиданд. Зимни ин дидор Маликшо Неъматов кулли иштирокдорон ва варзишгаронро барои соҳибунвон гардидан табрику таҳният намуда, барои дар оянда баланд бардоштани Парчами кишвар ба онҳо муваффақиятҳо таманно намуд. Маликшо Неъматов, аз ҷумла, таъкид кард, ки варзиш омили муҳими муаррифии қавму мил-
Фестивали дуюми будо доир мегардад 18 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали дуюми будо доир мегардад.
лат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, тайи чанд соли охир варзиши мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат рушду густариш меёбад. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки варзишгарони кишвар зимни ширкат ва рақобат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ натиҷаҳои хуби варзишӣ ба даст оварда, боиси парафшонии Парчами кишвар ва садо додани Суруди миллӣ мегарданд. Раиси кумита, ҳамчунин, аз ташаббусу таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти мамлакат нисбат ба
соҳа ва талошҳои пайвастаи нафароне, ки барои инкишофи ин бахш саҳиманд, ёдовар шуда, таъкид кард, ки маҳз тавассути саъю талош ва заҳматҳои зиёди ҷавонмардони соҳаи мазкур шарафи варзишии мамлакат сол ба сол нуфуз пайдо мекунад. Дар хотима раиси кумита Маликшо Неъматов тамоми варзишгаронро ба ватнадӯстиву хештаншиносӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки дар роҳи интихобкардаи хеш то охир содиқ бимонанд.
Такааки Коматсу, котиби сеюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба хабарнигорон изҳор намуд, ҳадафи асосии фестивал тақвияти робитаҳои дӯстонаи ду кишвар ва муаррифии фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон мебошад. Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маҳмуд Амиров зикр намуд, ки фестивали варзишӣ таҳти шиори дӯстӣ барпо гашта, дар он бори аввал духтарҳо низ ҷалб мегарданд. Ба маҷмӯи варзишҳои «будо» дзю-до, айкидо, каратэ-до, киёкушинкай, сумо, фулл-контакт ва ғайра дохил шуда, ин намуди муҳорибаҳои бидуни яроқ аз санъати волои варзишии Ҷопон шаҳодат медиҳад. Намуди варзишҳои зикршуда дар Тоҷикистон низ маъруфият пайдо намудаанд. Масъулини Сафорати Ҷопон дар самти рушди варзиш ва фарҳанг бо Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро амалӣ намуда, соли 2014 ният доранд, ки робитаҳо афзоиш ёбанд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
ТАНДУРУСТӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
Касалиҳои дандон яке аз паҳншудатарин бемориҳо буда, қариб 90 дар сади сокинони дунё ба он мубталоанд. Доир ба пешгирию муолиҷаи касалиҳои дандон суҳбате доштем бо духтури собиқадор, директори ҶДММ «Ҳисор-Дента» Сайфулло Латифов. - Аксари мардум танҳо ҳангоми дарди сахти дандон назди дандонпизишк мераванд. Яъне, бисёриҳо аз сабабҳои дарди дандон бехабаранд. Ҳамчун мутахассис мегуфтед, ки кадом намуди касалиҳои дандон мавҷуданд? - Ба касалиҳои дандон кариес, пулпит, периодонтит, гипоплазия, периостит ва стоматит мансубанд. Ҳар кадом бемориҳо сабабҳои гуногун доранд. Масалан, ба гипоплазияи сирри дандон метавонад рушди ноустувори модарзодии сирри дандон ва як қатор бемориҳои даврони кӯдакӣ, ба монанди рахит сабаб шавад. Ба флюорози сирри дандон, ки дар он доғҳо пайдо мешаванд, метавонад зиёд будани элементи фтор дар оби нӯшокӣ ва ё вайроншавии табодули моддаҳо сабаб гардад. Бо таъсири моддаҳои кимиёӣ, мисли кислотаву ишқорҳо мумкин аст некрози бофтаҳои сахти дандон сар занад.
Дандони пӯсида манбаи бемориҳост
Яке аз маъмултарин бемориҳои дандон кариес мебошад. Аз ҷиҳати паҳншавии бемориҳои кӯдакон кариес дар ҷои аввал меистад. Он нисбат ба дуюмин бемории паҳншуда миёни кӯдакон - бронхит 5-8 маротиба бештар ба назар мерасад. Аз рӯи маълумоти омор дар бисёр кишварҳо дандони қариб 80 фоизи наврасон зимни тамом кардани мактаб дучори кариес аст. - Кариес бо кадом
сабабҳо сар мезанад? - Баъди ҳар бор хӯрдани ғизои қанддор микроорганизмҳо кислота хориҷ мекунанд, ки сирри дандонро вайрон менамоянд. Бо мурури замон ин кислотаҳо тавассути хосияти оби даҳон рафъ мешаванд. Аммо агар дар давоми рӯз ширинии зиёд истеъмол шавад, оби даҳон пурра имкони рафъ намудани таъсири кислотаҳоро намеёбад. Дар натиҷа, бо таъсири ин кислотаҳо оҳиста-оҳиста сирри дандон вайрон мешавад. Кариеси табобатнашуда ба пулпит ва периодонтики сироятӣ оварда мерасонад. Риоя накардани гигиенаи даҳон, чирк гирифтани дандон боиси дардманд ва хуншоршавии милкҳо ва бадбӯии даҳон мегардад, ки ин нишонаҳои стомотит мебошад. - Баъзеҳо ба ҷои муолиҷа кардани дандон истифода аз доруҳои таскини дардро афзал медонанд. Ин чӣ оқибат дорад? - Дандони пӯсида манбаи ҷамъшавии микробҳо буда, ба дигар узвҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Як мисоли оддӣ. Шахсе, ки дандони бемор дорад, хӯрокро дуруст нахоида фурӯ мебарад. Ин кори узвҳои ҳозимаро мушкил намуда, боиси сар задани дарди
меъда мешавад. Доруҳои таскини дардро то назди духтури дандон рафтан метавон истифода бурд. Зимни табобат мутахассис сабаби сар задани дарди дандонро муайян карда, иллати онро рафъ месозад. Масалан, ба ҷамъшавии сангҳо ва варами милкҳо чанд чиз сабаб шуда метавонад. Истеъмоли ғизоҳои ниҳоят сард, ба монанди яхмос, хӯшобаҳои хунук боиси илтиҳоби милкҳо мешавад. Аз ҳисоби тағйироти ҳормонӣ милкҳои дандони занони ҳомиладор низ метавонанд дучори илтиҳоб гарданд. Нодуруст баромадани дандонҳо низ боиси сарбории милкҳо шуда, ба илтиҳоб оварда мерасонад. Дуруст нашустани дандон яке аз сабабҳои ҷамъшавии санг дар дандон аст. Сабаби дигар ғафс будани оби даҳон аст. Ҳангоми истеъмоли ғизоҳои тунд (тез) ва шӯр оби даҳон функсияи худро дуруст ба ҷо оварда наметавонад ва дар натиҷа, дар милкҳо таҳшин ҳосил мешавад. Духтур ба ҳамин монанд сабабҳоро муайян карда, беморро ба табобат фаро мегирад. Имрӯз сатҳи хизматрасонӣ чун дигар соҳаҳо дар бахши дандонпизишкӣ хеле хуб шуда-
аст. Зеро ба ҷумҳурӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид шуда, сатҳи касбии мутахассисон низ баланд рафтааст. - Фарз кардем дарди дандон дар мавзее хурӯҷ мекунад, ки он ҷо марказҳои дандонпизишкӣ ва духтури соҳавӣ нест. Барои таъҷилан таскин ёфтани дард чӣ кор бояд кард? - Агар зимни ғизохӯрӣ дарди дандон хуруҷ кунад, пеш аз ҳама, дандонро аз боқимондаи ғизо пок бояд намуд. Барои таскини дард ҳабҳои “ибупрофен”, “аналгин”, “аспирин”, “пардифен”, “болнол” кӯмак мерасонад. Агар инҳо ҳам дастрас набошанд, даҳонро бо маҳлули ширгарми содаи хӯрокӣ чайқонидан лозим. Ба як истакон оби ҷӯш як қошуқ гиёҳи мармарак андохта, баъди 10 дақиқа ҷӯшондан онро ширгарм карда, каме дар даҳон нигоҳ бояд дошт. Дар ним соат 3-5 маротиба ин амалро такрор намудан даркор. Бо ин усул ҷӯшобаи кокутиро низ метавон истифода бурд. Барои рафъи дандон омехтаи кӯфтаи сирпиёз ва намак низ кӯмак мерасонад. Мардум беҳуда намегӯянд, ки «дандон дорӣ, осиёби гардон дорӣ». Мисвок кардану пок нигоҳ доштани дандон суннати пайғамбар (с) аст. Пас, бояд ба тозагӣ диққати ҷиддӣ дода, дандонро аз гармохунук шудан, шикастани донак ва дигар чизҳое, ки боиси паридани сирри дандон мешаванд, нигоҳ дорем.
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
Ба иттилои “fft.tj” баъди садо додани Суруди миллӣ раиси Федератсияи футбол Рустами Эмомалӣ ҳозиринро бо Соли нав табрик карда, ба онҳо саломатӣ, вақти хуш ва бурдбориҳо таманно намуд. Зимни натиҷагирӣ аз соли сипаришуда, роҳбари ФФТ қайд кард, ки бо вуҷуди ҷой доштани мушкилиҳо корҳои зиёде анҷом ёфтанд. Қабл аз ҳама, собиқадорони футболи кишвар Юрий Ринков, Хисрав Содиқов, Владимир Мордовин, Шарифҷон Тоҷиев, Наримон Ёқубов, Эмомалӣ Қурбонов, Темур Хушматов, Алимаҳмад Мирзоев, Ҳакимбой Азизбоев ба саҳна баромада, аз ҷониби котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев бо тӯҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд. Сипас, ҷоизадорони сол эълон гардиданд. Аслам Камолов аз Академияи “Истиқлол” миёни футболбозони соли таваллудашон 2000-2001 беҳтарин дониста шуд. Ҷоизаро ба ӯ узви кумитаи иҷроияи ФФТ, директори Академияи “Истиқлол” Фатҳулло Ҷалилов супурд. Беҳтарин бозингар миёни наврасони соли таваллудашон 1998-1999 бозингари дастаи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) Ваҳдат Ханонов гардид. Ӯ ҷоизаро аз дасти роҳбари Федератсияи футболи Душанбе Дилшод Ҷӯраев гирифт. Беҳтарин футболбози кишвар миёни ҷавонони соли таваллудашон 19961997 дар соли 2013 ҳимоятгари дастаи МҶМОВ, капитани дастаи миллии наврасони мамлакат Алишер Сафаров, ки ними мавсими соли гузаштаро дар “Истиқлол” сипарӣ кард, дониста шуд. Ҷоизаро ба ӯ роҳбари клуби футболи “Вахш” Исроил Шарифов тақдим кард. Ҳамлагари дастаи “Ласточка”-и пойтахт Мадина Фозилова беҳтарин футболбози соли 2013 миёни бонувон интихоб шуд. Ӯро ба ин муносибат котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев табрик кард. Баъдан, ғолибони лигаи аввали Чемпионати мамлакат, ки дар ду давр – минтақавӣ ва финалӣ доир гардид, мукофотонида шуданд. Президенти клуби футболи “Истиқлол” Шоҳрух Саидов ба ҳайати дастаи “Далерон-Уротеппа” медалҳои биринҷӣ, ба ҳайати дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд медалҳои нуқра ва ба ҳайати дастаи “Саройкамар”-и Панҷ медалҳои тиллои чемпионатро супорид. Ҷомро капитани дастаи футболи Панҷ Парвиз Саъдиев соҳиб шуд. Дар бахши “Беҳтарин довари
ганагӣ Дэвид Мауто дониста шуд, ки дар ҳайати дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ду карат Қаҳрамони Тоҷикистон гардид. Ҷоизаро ба бозингари африқоӣ котиби генералии ФФТ Ислом Маҳмадшоев супорид. Ҷоизаи беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар хориҷро ҳимоятгари 23-солаи дастаи “Газовик”-и Оренбург Фарҳод Восиев ба даст овард. Ӯро сармураббии тими миллии кишвар Муҳсин Муҳаммадиев табрик кард. Дар бахши “Беҳтарин дарвозабони соли 2013-и Тоҷикистон” дарвозабони дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва тими мунтахаби кишвар Алишер Туйчиев ғолиб омад. Ҳасан Рустамов, бозингари дастаи “Равшан”-и Кӯлоб беҳтарин ҳимоятгар, Хуршед Маҳмудов, аз дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода беҳтарин нимҳимоятгар, Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) беҳтарин ҳамлагар ва Ҳусейн Суҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол”
Дилшод Восиев – беҳтарин футболбози сол Тоҷикистон дар соли 2013” Раҳмон Муртазоев ғолиб омад. Ин маротибаи сеюм аст, ки ӯ ба ин унвон шарафёб мегардад. Мурабии дастаи МҶМОВ Сафар Раҳмонов, ки шогирдонаш дар Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи аввал ва Чемпионати Душанбе миёни бозингарони соли таваллудашон 19961997 ғолиб омаданд, беҳтарин мураббии кӯдаконаи соли 2013 дониста шуд. Ҷоизаро мураббии хизматнишондодаи ИҶШС, узви комиҷроияи ФФТ, президенти клуби футболи «Регар-ТадАЗ» Шариф Назаров супорид. Сармураббии дастаи “Хайр”-и Ваҳдат Рустам Хоҷаев беҳтарин мураббии соли 2013 гардид. Футболбозони “Хайр” зери роҳбарии ӯ медалҳои биринҷии Чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ, ҳамчунин, Ҷоми ФФТ-ро ба даст оварданд. Ҷоизаро ноиби аввали президенти ФФТ Азизбек Раҷабов тақдим кард. Беҳтарин бозингари футболи хурд мисли соли пешин дарвозабони тими мунтахаби кишвар ва дастаи Бонки миллӣ Миралӣ Шарифов гардид. Ӯ ҷоизаро аз дасти котиби генера-
лии Кумитаи миллии олимпӣ Баҳрулло Раҷабалиев гирифт. Беҳтарин легионери мавсими 2013и Чемпионати мамлакат нимҳимоятгари
беҳтарин нишонзани чемпионати мамлакат-2013 дониста шуданд. Капитани дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Дилшод Восиев беҳтарин фут-
болбози соли 2013 эълон гардид. Соли гузашта низ Дилшод футболбози беҳтарин дониста шуд. Ҷоизаро ба ӯ ноиби аввали президенти ФФТ Хуршед Мирзоев тақдим кард. Дар охир ғолибони лигаи олии мамлакат мукофотонида шуданд. Медалҳои биринҷии чемпионатро аз дасти Хуршед Мирзоев роҳбарият, мураббиҳо ва бозингарони дастаи “Хайр”-и Ваҳдат (президенти клуб Қутбиддин Хайров) қабул карданд. Медалҳои нуқраро ба ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (президенти клуб Шоҳрух Саидов) раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов супорид. Ниҳоят, президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба ҳайти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб (президенти клуб Зайнулло Соҳибов) медалҳои тиллои Чемпионати мамлакатро тақдим кард.
Умаралии САФАРАЛӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
10 январи соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ Душанбе” маросими супоридани медалу туҳфаҳо ба ғолибони лигаи аввал, лигаи олӣ ва беҳтарин футболбозон дар 16 номинатсия доир гардид. Дар он роҳбарияти Федератсияи футболи мамлакат (ФФТ), дастаҳои ғолиб, роҳбарони дастаҳо, мураббиён, доварон, собиқадорони футболи мамлакат, сарпарастон, хабарнигорон ва дигар меҳмонон ширкат доштанд. Барои табрики ғолибон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов низ ҳузур дошт.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
5
ВАРЗИШ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
6
МАВЗУЪ БАРОИ БАҲС
Чанд сол пеш дар яке аз масоҷиди ҷомеи шаҳр барои иҷрои намози ҷумъа ҳузур доштам. Баъди мавъиза, пеш аз оғози намоз чанде аз ҳозирин ба имом-хатиб бо суол муроҷиат намуданд. Аз ҷумла, нафаре пурсон шуд, ки пас аз нос кашидан таҳорат кардан ҳатмист ё на? Имом-хатиб бо шӯхӣ посух дод: “Барои мардуми минтақаи Кӯлоб ҳатмист, барои дигарон не”. Дар ҳақиқат, пас аз носкашӣ раво будан бобати дубора ба ҷо овардани таҳорат миёни фуқаҳои олами исломи кишвар ақидаи ягона вуҷуд надорад. Вале нафаре аз эшон ин маводро, ки мардум барои рафъи хумор истеъмол, яъне, ба таги забон мепартояд, ҳаром нашумурдааст. Чунки нос, асосан, аз гиёҳи тамоку омода мешавад. Ҳеҷ нафаре аз уламо оид ба ҳаром будани ин навъ гиёҳ сухан нагуфтааст. Мардуми минтақаи Кӯлоб, асосан, барои эҳтиёт таҳорати дубораро ба худ ҷоиз медонад. Уламо дар як ҳолат бо ҳам ақидаи агона доранд: ҳине ки носкаш ин маводро ба таги забон партофта, баъдан куҷое рост ояд, туф мекунаду боиси малоли хотири атрофиён мегардад, ин амал макруҳ шумурда мешавад. Аммо ин ҷо бобати аз нигоҳи ислом носкашӣ ҷоиз будан ё не, баҳс карданӣ нестем. Манзур ин аст, ки нос байни халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, мардуми бумии он – тоҷикон кай ва чӣ тавр пайдо шудааст ва аз кашидани он чӣ ҳузуру ҳаловате метавон ёфт? Ҳарчанд аз чанд тан носкаши “ашаддӣ” доир ба ин масъала пурсон шудем, аммо эшон дар посух дармонданд. Доир ба нос ва носкашӣ дар сарчашма ва адабиёти классикӣ матлабе дарёфтан багумон аст. Баъзеҳо андеша доранд, ки носкашӣ баъди забти Осиёи Марказӣ аз ҷониби Русияи подшоҳӣ байни мардуми мо маъмул гардидааст. Русҳо ба ин минтақаи Хуросони бузург баробари расму русум, урфу одатҳои хубу бади худ тамокукаширо ворид намуданд. Агар гӯем, ки сигору тамокукашӣ аз он давра ибтидо гирифтааст, хато нахоҳем кард. Он замон, азбаски мардуми минтақа мусулмон маҳсуб ёфта, кашидани тамокуро ҷоиз намедонист, пас, хойидану зери забон нигоҳ доштани баргҳои хушкидаи онро ба худ раво дид. Ҳамин тавр, носкашӣ пайдо шуд. Бо мурури вақт тайёр ва пешкаши мизоҷон намудани нос аз ҷониби нафарони ба ин кор машғул ривоҷу такмил ёфт. Ҳар устои тайёркунандаи нос мекӯшид ва ҳоло низ саъй дорад, дар тайёр намудани он аз худ навгоние ворид созад. Ба ин васила бозораш гарм, сафи мизоҷонаш торафт афзоиш ёбад. Тавре худи носкашон нақл мекунанд, дар таркиби нос баробари барги тамоку устоҳо ҳар гуна таркиб илова месозанд. То ин ки нос бозоргир ва серхаридор бо-
шад. Акнун дар таркиби нос, ғайр аз барги тамоку оҳак, хокистари ҳар гуна гиёҳҳои сӯхта ва ғайра илова мешавад. Масалан, оҳакро барои он илова мекунанд, ки нос тез бошад. Таъсираш ба ҷисми мизоҷ зиёд гардад, хуморашро шикаста тавонад. Ҳамин тариқ, бозори носфурӯш ривоҷ ёфта, усто соҳиби маблағу даромади ҳангуфт мегардад. Имрӯз низ вазъ чунин аст. Акнун ҳама кор бо истилоҳи бизнес ифода мегардад. Устои нос мекӯшад бизнесаш ривоҷ ёфта, ҳарчи бештар маблағ ба даст орад. Айёми бачагию наврасиям канори шаҳри Қӯрғонтеппа гузашта ва он ҷо
кард ва чунин посух дод: “Э, додар, ин носкашиям барои рафъи хумор аст. Кайфи носкашӣ, ки омад, мекашам. Доим не, гоҳ-гоҳ”. Баробари зарфҳои шишагин носкадуҳои гуногуншаклу гуногунҳаҷм низ вуҷуд дошт. Бо дастони устоҳои ҳунарманду чирадаст хеле зебою дилкаш тайёр мешуданд. Аз дидани чунин носкадуҳо ҳаваси кас меомад. Даврони шӯравӣ, ҳангоми бозсозиҳои горбачёвӣ дар саросари кишвари паҳновари шӯроҳо баробари маҳдуд намудани истеъмоли шароб носкашӣ ҳам ба ин рӯйхат ворид гардид. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бозори носфурӯшон
носҳои дар боло зикршуда, носфурӯшон машғули савдоянд. Баъди қабули қонун бобати манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фурӯши нос то андозае коҳиш ёфтааст. Мисли чанд сол пеш на он қадар ошкоро «реклама» мешавад. Қонуни мазкур носфурӯшону носкашҳоро хеле эҳтиёткор намудааст. Бо мурури вақт истифодаи носкадуҳо ва зарфҳои шишагин аз байн рафт. Носкаду ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод. Ҳоло носро дар халтачаҳои селофанӣ пур карда, ба савдо мезананд. Халтачаҳои селофанӣ ҳам барои савдогар ва ҳам барои истеъмолкунанда қулай аст. Ҷойи зиёдро намегирад ва тавре худи
Носа бизан гулписар... Оё метавон носро воситаи рафъи хумор ҳисобид?
ба воя расидаам. Ёдам ҳаст дар бозори шаҳр растаи носфурӯшон мавҷуд буд. Ҳар носфурӯш мизоҷи худро дошт. Он замон дар водии Вахш аз ҳама беш носи ҷиликӯлӣ маъруфу машҳур буд. Маҳз носи ин маҳал бештар ба савдо мерафт. Дар ҳар гӯшаю канори водӣ. Он замон носро, асосан, дар зарфҳои шишагин, махсусан, шишаҳои нимлитраи лимонад, пас аз истеъмоли нӯшокии он, ба таври яклухт мефурӯхтанд. Дар дасти носкашҳо бошад, зарфҳои шишагини хурди дорувори гуногунро дидан мумкин буд. Ҳангоми пайдо шудани хоҳиши носкашӣ онро аз ҷайб берун оварда, хумор мешикастанд. Боре дар як тӯйи арӯсӣ иттифоқ афтод, ки паҳлӯи устоди шодравон Одинаи Ҳошим дар як кат нишинам. Устод аз киса як шишаи хеле хурдро берун оварду аз он ба каф каме нос рехту пас таги забон партофт. Аз устод пурсидам, ки ҳеҷ илоҷ нест, ки бо худ носкаду гирифта гардад? Устод лабханде
ривоҷ дошт. Ғайриошкор, пинҳонӣ аз чашми нозирону масъулон. Сирояти носкашӣ ба дигар манотиқи давлати шӯроҳо низ асар карда буд. Ашхоси воломақом ва вакилони парлумони Иттиҳоди Шӯравӣ аз диёри тоҷикон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳини сафари хизматӣ дар долону роҳравҳои қасри Кремл ва дигар вазорату идораҳои иттифоқӣ баъди шикастани хумор, ноаён носи зери забонро зери гилемҳои гаронбаҳо аз даҳон берун меафканданд. Бо ин амал фаррошони маскавиро ҳайратзадаю ошуфтаҳол мекарданд. Онҳо ҳайрон мешуданд, ки мурғони ҳаво аз куҷо пайдо шудаву дар чунин ҷойҳои бонуфуз ахлот андохтаанд? Бехабар аз он ки ин амали одамони худӣ, меҳмонони Машриқзамин аст. Дар пойтахт ҳоло носҳое бо номи «Кабелни», «Аэропорт», «Калинин» хеле маъруфанд. Дар дӯкончаҳои алоҳида, рӯйи мизҳо навиштаҷоте бо сабти номгӯи
носкашҳо мегӯянд, нос дохили ин гуна халтачаҳо муддати тӯлонӣ хушк нашуда, нам меистад. Намнокӣ барои носкашҳо хеле муҳим аст. Дар ин ҳолат нос сифати худро муддати зиёд нигоҳ дошта метавонад. Имрӯз, ки мардуми тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, интиқоли нос барои нафарони муҳоҷир хеле ривоҷ ёфтааст. Интиқол ва тиҷорати нос дар кишварҳое мисли Русия ба бизнес табдил ёфтааст. Ҳар минтақаи кишвари рус дар ихтиёри тоҷирони тоҷик қарор дорад. Нафаре ҳақ надорад, бе иҷозат носро бурда, ба тиҷорат машғул гардад. Интиқоли аз ҳад зиёди носро ҳукуматдорони рус пай бурда, ҳоло ҷаҳд доранд, воридоти он ба кишварашон коҳиш ёбад. Барои носкашҳо, махсусан, давраи моҳи шарифи Рамазон бағоят душвор аст. Дар ин моҳ онҳо аз гуруснагию ташнагӣ дида, бештар аз манъи носкашӣ азият мекашанд. Аз ин ваҷҳ баҳудаю беҳуда асабӣ гашта, ба атрофиён суханҳои пасту баланд мегӯянд. Ин аст, яке аз «фазилат»-ҳои носкашӣ. Ин байтро, ки моли мардумаш меҳисобанд, аз даҳони бисёр носкашҳо шунидан мумкин аст: Носа бизан, гулписар, Тоза шавад мағзи сар. Оё дар асл чунин аст? Боре ҳангоми суҳбат бобати носу носкашӣ дӯстам Юлдош Шерматов, ки шогирди шодравон табиби гиёҳшинос Ҳомидҷон Зоҳидов аст, чунин андеша баён кард: “Дар ҷисми мард моддае мавҷуд аст, ки ҳангоми ҳамхобагӣ бо ҳамсар ба ҷисми зан ворид мегардад. Ин модда барои пешгирии бемории саратон дар бачадони зан нақши муҳим мебозад. Вақте ки мард носкаширо шуғли худ қарор медиҳад, маҳз нос он моддаи нафъоварро дар ҷисми мард нобуд месозад. Аз ин рӯ, хавфи ба бемории саратон гирифтор шудани ҳамсараш бештар мегардад”. Пас, оё ба ҷавонон месазад истифодаи чунин маводе, ки атрофро ифлосу атрофиёнро озурдахотир, даҳонро бадбӯ ва боиси мубталои беморӣ шудани ҳамсар мегардад, шуғли дӯстдоштаи хеш қарор диҳанд? Дар ин хусус, хонанда чӣ андеша дорад?
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
- Ҳоло чунин фикр аст, ки системаи маълумоти касбию техникиро ба тобеияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вогузор намоянд. Ба андешаи шумо, ин системаи маълумот чӣ гуна бояд вуҷуд дошта бошад? - Агар гӯем, ки системаи маълумоти касбию техникии ҷумҳурӣ ҳамсафари ҷудонашавандаи саноати мамлакат маҳсуб меёбад, хато нахоҳем кард. Дар тамоми болоравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ин системаи таҳсилот нақши истеҳсолкунандаро бозидааст. Хусусан, пойгоҳҳои таълимию истеҳсолии онро дар маҷмӯъ, яке аз корхонаҳои калони аграрию саноатии мамлакат ҳисобидан мумкин аст. Даврони шӯравӣ, танҳо соли хониши 1988-1989 ин системаи маълумот аз ҳисоби даромадҳои истеҳсолии худ 54 номгӯи дастгоҳҳои коркарди оҳану чӯб, 62 автомобили тамғаҳои гуногун, 42 дастгоҳи кафшеркунӣ, тракторҳо ба маблағи 22 ҳазор сӯм, 123 номгӯи техникаи кишоварзӣ ба маблағи 17800 сӯм харидорӣ намудааст. Зикр намудан бамаврид аст, ки ин ягона системаи таҳсилотиест, ки дар баробари таълиму тарбия ва касбомӯзӣ ба иқтисодиёти давлат маблағи муайян ворид менамояд. Махсусан, омӯзишгоҳҳои соҳаи кишварзӣ танҳо соли 1989 аз 1665 гектар замини таълимии хоҷагӣ 1300 тонна пахта, 4700 тонна ғалладона, 70,3 тонна картошка, 266,4 тонна маҳсулоти полезӣ ва 1902 тонна хӯроки дурушти чорво тайёр ва ба давлат супурдаанд. Даврони истиқлолият шакли иқтисодии давлатдорӣ куллан тағйир ёфт. Механизми идоракунии корхонаҳои саноатию хоҷагиҳои аграрӣ ба тарзи нав, яъне, ба фирмаю кооперативҳо, ҷамъиятҳои саҳомию соҳибкории хусусӣ табдил ёфтанд. Истиқлолият дар мамлакат барои соҳибкорон роҳҳоро боз намуд. Лекин ин системаи маълумот маблағе наёфт, ки аз ин роҳҳои кушодаи истиқлолият гузар намояд. Агар аз чаҳорчӯбаи қонунии ин роҳ каме берун мебаромад, ба ҷарӣ меафтод. Чунки аз як тараф системаи таълиму тарбия монеъ мешуду аз дигар тараф нокифоя будани маблағ барои истеҳсоли маҳсулот. Ҳамин тавр, ин системаи таҳсилоти касбӣ бо як пора нони буҷаи давлат қаноат намуда, кӯшиш кард, ки ҳастии худро аз даст надиҳад. Дар ин давра, аз 85 муассисаи таълимии касбию техникӣ 67тоаш то имрӯз фаъолиятро идома дода, 18 муассисаи ҳаматарафа муҷаҳҳаз ба рақобати муҳиту иқтисодӣ тоб наоварда,
Таҳсилоти касбӣ пешбарандаи иқтисодиёт бо баъзе сабаб аз фаъолият бозмонданд. «Бозсозиҳо»-и горбачевӣ сар шуданду ин системаи таҳсилотро ба «меҳнат» алоқаманд ва соли 1989 ба Вазорати меҳнат вобаста намуданд. Азнавсозиҳои давлати соҳибистиқлол оғоз ёфта, гуфтанд, ки ин система ба маориф наздиктар аст ва соли 2006 ба Вазорати маориф якҷоя карданд. Ин якҷоякуниҳо дар ҳар ду ҳолат хато буд. Аввалинаш ба самти таълимоти амалиявӣ эътибор доду дуюмин ба самти таълимоти назариявӣ. Дар ин давра сохтори пештараи идоракунии система вайрон шуду номи маълумоти касбию техникӣ низ аз байн рафт. Навоварон аввал онро идораи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ номгузорӣ карданду дуюм то ҳол бо номи Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ арзи вуҷуд дорад. Дар ҳар ду вазорат ба инобат нагирифтанд, ки системаи маълумоти миёнаи касбӣ хусусиятҳои хоси таълимиро дорост ва он на ба соҳаи таҳсилоти умумию миёнаи техникӣ рост меояду на ба соҳаи таҳсилоти олӣ. Дар ин системаи таҳсилот боз самти сеюми таълим вуҷуд дорад, ки он таълими фаъолияти истеҳсолӣ буда, танҳо ба системаи маълумоти касбию техникӣ хос аст. Ин самти идоракунии таълими фаъолияти истеҳсолӣ аз байн нарафт, чунки он ба буҷаи давлат маблағ ворид менамояд. Шояд ҳамин фаъолияти молиявии истеҳсолӣ барои тамоман аз байн нарафтани ин система сабаб шуда бошад. Ин самти фаъолияти истеҳсолии муассисаҳои таълимии касбию техникӣ аз тарафи ҳукумат нақшагузорӣ шуда, ҳамасола ба буҷаи давлат аз 19 то 22 миллион сомонӣ маблағ ворид менамояд. Ин ҳам дар шароити имрӯзаи буҳрони бозори меҳнат ва иқтисодиёти мамлакат. Ҳоло вақти он расидааст, ки ба ин системаи таҳсилот ба тарзи дигар назар андозему масъалаҳои онро дар ояндаи наздик ҳал кунем. Тоҷикистон узви Созмони умумиҷаҳонии савдо гардид. Рушди корхонаҳои истеҳсолӣ афзуда, таҷҳизоту технологияҳои нави замонавӣ барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ба кишвар ворид мегарданд. Дар ин ҳолат танҳо системаи таҳсилоти маълумоти касбию техникӣ метавонад, дар як муддати кӯтоҳ коргарони соҳибихтисосу идоракунандагони чунин дастгоҳҳоро омода намояд. - Ба андешаи шумо чӣ бояд кард, ки системаи маълумоти касбию техникӣ дар оянда мавқеи пештараи худро соҳиб шавад? - Ояндаи наздик гузаштан ба бозори иқтисодӣ дар Тоҷикистон барои тайёр ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳибихтисоси коргарӣ худи муҳит шароити нав муҳайё месозад. Он ба бозори меҳнат зич алоқаманд буда, ба интихоби васеи касбу ихтисосҳо дар соҳаҳои меҳнат роҳ мекушояд. Вале дар ҳолати иқтисодии бозори меҳнат, таъмини пурраи шуғли аҳолӣ, хусусан, ба ҷавонон ва коргарони бекормонда кафолат дода намешавад. Ана, дар ҳамин ҳолат системаи маълумоти касбии техникӣ дар ташкили мувозинат байни талабот ва пешниҳод ба кадрҳои коргарии соҳибихтисос нақши
асосиро мебозад. Барои иҷрои мақсадҳои гузошташуда камаш ду ҷанбаъ зарур мебошад. Якум, системаи маълумоти касбию техникӣ ҳатман ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ шавад, яъне, пешгӯиҳои ояндадори механизми азнавсозии хоҷагидориро омӯзад ва донад. Дуюм, таълимгоҳҳои муассисаҳои касбию техникӣ ҳатман маълумоти вазъи бозори меҳнатро дар асоси таҳлил ва пешгӯиҳои мутаносиби минтақавию соҳавии ба талабот ҷавобгӯ, инчунин, пешниҳодот ба кадрҳои коргариро дар ихтиёр дошта бошанд. Дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ тайёр кардани мутахассисону коргарони соҳибкасб, умуман, ба нақша гирифта намешавад. Корхонаҳои саноатию хоҷагиҳои аграрии дар натиҷаи ба шакли саҳомию хусусӣ ва соҳибкорӣ гузаштан, коргаронро бо назардошти худ ҷалб карда, бисёрии онҳоро ба таври амалӣ, дар худи корхона ҳамчун шогирд меомӯзонанд. Чунин коргарон аз назарияи технологияи истеҳсолот бехабар мемонанд. Роҳбарони корхонаҳо бояд донанд, ки чунин тарзи тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таъсири манфӣ мерасонад. - Дар давраи гузариш системаи маълумоти миёнаи касбӣ дар болоравии иқтисодиёти кишвар чӣ нақше хоҳад дошт? – Системаи маълумоти миёнаи касбӣ дар ҳама давру замон яке аз пешоҳангони ташкили қувваҳои кории истеҳсолкунанда буд ва мемонад. Барои тамоми соҳаҳои истеҳсолии хоҷагии халқи мамлакат дар таъмини кадрҳои коргарии баландихтисоси ҳаматарафа ташаккулёфта нақши асосиро мебозад. Тайи солҳои охир аз тарафи Ҳукумати кишвар нисбат ба сохтори тайёр кардани кадрҳои зинаи миёна, бо мақсади ташаккули ихтисоснокии қувваҳои корӣ, дастгирии муҳимияти дараҷаи ихтисосии корпуси амалкунандаи мутахассисони тамоми соҳаҳои истеҳсолот диққати махсус дода мешавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз соли 2010 зинаи таҳсилоти касбию техникиро яке аз пешбарандагони самти болоравии иҷтимоиёту иқтисодиёт ва рушди ҷомеа эълон кардааст. Мақсади стратегии сиёсати давлат дар соҳаи системаи маълумоти касбию техникӣ баланд бардоштани дастрасии сифати маълумотнокӣ, мутобиқати он бо талаботи муосири рушди иқтисодӣ, дархости ҷамъият ва ниёзи ҳар як шаҳрванди мамлакат ба ин ё он касбу ихтисос мебошад. Дар ҳамин давра, оид ба иҷрои масъалаҳои гузошташуда, коркард ва қабули барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои таълимии касбию техникӣ дар тарбия ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, коркарди нақша ва барномаҳои таълимии мутобиқатии касбу ихтисосҳо» пешниҳод гардид. Дар доираи ин барнома қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2 ноябри соли 2012, таҳти рақами 630 «Дар бораи иваз намудани номи омӯзишгоҳҳои касбию техникии ҷумҳурӣ ба литсейҳои касбию техникӣ ва техникуму омӯзишгоҳҳои
педагогию тиббӣ ба коллеҷҳо» ба тасвиб расид, ки қадами аввалин ба азнавсозии системаи маълумоти касбию техникӣ мебошад. Расидан ба ҳадафҳои амалии такмилдиҳии системаи таълимии касбии кадрҳои коргарӣ мебояд бисёр тағйиротро дар худи сохтори идоракунии таълим ва пойгоҳҳои таълимию моддии муассисаҳои таълимии касбию техникӣ ворид кард. Ҳамзамон, ин қарори Ҳукумат роҳбарони муассисаҳои таълимии системаи маълумоти касбию техникиро водор месозад, ки ба ояндаи касбомӯзии кадрҳои коргарӣ бо назари дигар, яъне, бо талаботи муосири бозори иқтисодии меҳнат фаъолияташонро ба роҳ монанд. Аммо хавф дар он аст, ки бо пайдо шудани литсейҳои касбию техникии нав бисёр фикру ақидаҳои манфиатнок ба эътибор гирифта намешаванд. Корҳои санҷишию озмоишӣ ба як гурӯҳташкилкунӣ мубаддал гардида, фақат иваз кардани лавҳаҳои номи муассисаҳои таълимӣ гузаронида мешаваду халос. Зикр кардан бамаврид аст, ки литсейҳоро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо назардошти соҳаҳои хоҷагиҳои истеҳсолии мамлакат ва аз ҷиҳати илмию методӣ асоснокшуда ташкил кардан лозим. Дар охир чанд таклифе доштам, бобати рушди системаи маълумоти касбию техникӣ, ки аз манфиат холӣ нахоҳад буд: - ташкил кардани мақомоти давлатии идоракунии системаи маълумоти касбию техникӣ дар назди Ҳукумати кишвар ва баровардани он аз сохтори Вазорати маориф; - такмил додан ва оқилона истифода бурдани шабакаҳои муассисаҳои таълимии системаи маълумоти касбию техникӣ; - меъёрҳои низомномаи литсензионӣ ва аккредитатсионӣ мутобиқи масъалаҳои ҷорӣ дида баромада ва аз нав коркард шаванд; - ташкил намудани Кумитаи стандартии маълумоти касбӣ ва коркарди нақшаю барномаҳои таълимӣ; - мақоми диплом ё худ сертификат дар бораи хатми литсейҳои касбию техникӣ пешниҳод ва тасдиқ шавад; - вақти гузаронидани машғулиятҳои академикӣ дар литсейҳои касбию техникӣ аз нав дида баромада, ҷуфт гузаронидани онҳо ҳам барои омӯзгор ва ҳам барои хонанда бисёр манфиатовар мебошад; - аз нав дида баромадани дастурамал ва коркарди нави он дар бораи литсейҳои касбию техникӣ вобаста ба талаботи замон ва бо назардошти таъминоти илмию методии омӯзиш, рушди пойгоҳҳои таълимию моддӣ, ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин, масъалаҳои кадрии омӯзгорӣ, яъне, тайёр ва азнавтайёркунии кормандони муҳандисию омӯзгорӣ. Албатта, ин чанд таклиф аст, ки шояд ба инобат гирифта нашаванд. Вале тӯли солҳои фаъолият ва сару кор доштан бо ин системаи таълим ва таҷрибаи андӯхта имкон дод, чунин андеша баён созам, ки аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Мусоҳиб Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
Даврони шӯравӣ системаи маълумоти касбию техникӣ зери итоати Кумитаи давлатии маълумоти касбию техникӣ фаъолият дошт. Пасон ба ихтиёри Вазорати меҳнат ва баъди истиқолият ба тобеияти Вазорати маориф вогузор шуд. Ходими калони илмии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои кишвар Мирзомурод Бобоевро метавон собиқадори ин системаи маълумот номид. Аз ин лиҳоз, оид ба бурду бохт ва рушди ин системаи таҳсил суҳбате доштем бо М. Бобоев.
7
e-mail: javonontj@mail.ru
МАОРИФ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
8
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
9 январи соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллӣ ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он роҳбарон, кормандони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, зерсохторҳо, роҳбарон ва масъулони бахши ҷавонон, варзиш ва саёҳии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ширкат варзиданд. Ҷаласаро раиси кумита Маликшо Неъматов оғоз намуда, масъалаҳои дар лоиҳаи рӯзномаи ҷаласа ҷойдоштаро барои иштирокдорон қироат намуд. Ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи мушовара 11 масъала бар иловаи масъалаҳои ҷорӣ пешниҳод гардид, ки ҳангоми овоздиҳӣ аз ҷониби иштирокчиён қабул гардид. Ҳамин тавр, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2013, самти афзалиятноки фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соли 2014, нақшаи дастгоҳи марказии кумита дар соли 2014, намудҳои афзалиятноки варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2014, татбиқи нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар соли 2014, татбиқи нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014, татбиқи нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014, низомномаи акредитатсиякунонии ташкилотҳои ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ оид ба намудҳои варзиш, лоиҳаи механизми татбиқи самараноки Барномаи омӯзишӣ аз рӯи усули “ҳамсол ба ҳамсол” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба эълони озмунҳои Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимон ва муҳаққиқони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ ва грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ватанпарастӣ дар соли 2014 ва ниҳоят, масъалаҳои ҷорӣ. Вобаста ба масъалаи якум муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Кабирҷон Ҷӯраев баромад кард. Гуфта шуд, ки кумита дар соли 2013 дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон як қатор корҳоро ба анҷом расондааст. Аз ҷумла, тибқи нишондодҳои асосии фаъолият дар соҳаи кор бо ҷавонон тадбирҳои зерин ба анҷом расиданд: “Бо мақсади такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳа мутобиқи банди 9-и нақшаю чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардиданд, аз ҷониби гурӯҳи корӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии
Ҷавонон ба ояндаи Гузориш аз ҷаласаи мушовараи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2013 Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” таҳия ва ба вазорату идораҳои дахлдор барои мувофиқа пешниҳод гардид. Баъди анҷоми расмиёти мувофиқанамоӣ Лоиҳаи қонун ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Инчунин, дар асоси банди мазкур таҳияи тағйироту иловаҳо ба Консепсияи милии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шудааст.” Дар ҷаласа баён гардид, ки барои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Аз ҷумла, имрӯз дар мамлакат ҷабҳаҳои амалии сиёсати давлатии ҷавононро Барномаи миллии руш-
ди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, ки бо қарори Ҳукумати кишвар аз 2 ноябри соли 2012 тасдиқ гардидааст, ташкил медиҳад. Дар ҳисоботи муовини аввали раиси кумита гуфта шуд, ки “дар соли 2013 барои татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ бо назардошти маҳал маблағ дар ҳаҷми 3,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гашта, 2 мил-
лиону 421 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Дар сатҳи кумита бошад, маблағгузории барнома дар ҳаҷми 1686000 сомонӣ пешбинӣ гардида, пурра аз худ карда шуд”. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соли 2013 баҳри бо иттилоот ва донишу малака фаро гирифтани қисмати
асосии аҳолӣ - ҷавонон чорабиниҳои гуногунро амалӣ намудааст, ки дар натиҷа, 625 ҳазор ҷавон бо иттилоот, донишу малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 40 дар сади онро духтарон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, ҳангоми амалисозии барномаҳои дигари қабулгардида ҳазорҳо ҷавон маълумоти заруриро аз худ намуда, соҳиби таҷриба гардиданд, ки дар оянда барои самти худро муайян намудан ба онҳо кӯмак мерасонад. Тавре дар ҷаласа ишора гардид, “дар доираи Барномаи милии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида 336 лоиҳа амалӣ шуданд, ки дар натиҷа, 157052 ҷавон бо иттилоот, дониш малака ва таҷрибаи алоқаманд фаро гирифта шуданд”. Кумита ҳангоми амалисо-
зии лоиҳаҳо баробарии гендериро риоя намуда, дар баробари ҷавонписарон ҷавондухтаронро низ ба донишу малака фаро мегирад. Ин аст, ки аз омори дар боло зикргардида 36,5 дар сад ё 57280 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ҷаласа баробари дастоварду пешравиҳо камбудиву норасиҳо низ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Гуфта шуд ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои зарурӣ то ҳанӯз ҳам дар баъзе маворид мушкилиҳо ҷой доранд. - Новобаста аз дастовардҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мушкилиҳо низ ба назар мерасанд, таъкид дошт Кабирҷон Ҷӯраев. - Зеро сатҳи маблағгузории Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи маҳал қонеъкунанда намебошад. Сабаби аслии мушкилоти мазкурро муовини аввали раис дар камтаваҷҷуҳии мақомоти маҳал арзёбӣ намуд. Кабирҷон Ҷӯраев гуфт: “Дар сатҳи маҳал танҳо 50% маблағҳои пешбинигардида ҷудо шудааст, ки ин вазъият асосан ба камтаваҷҷуҳии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ рабт до-
мошо карданд. Дар намоишгоҳ гӯшаи хосаи мамлакат зери унвони “Тоҷикистон - кишвари туризм” дар масоҳати 40 метри муррабаъ ташкил ёфта, санъати волои кандакорӣ, табиати зебо ва таърихи нодири тоҷиконро инъикос намуд. Ин ҳолат барои афзоиш ёфтани ташрифоти дӯстдорони сайру сайёҳат аз минтақаҳои Аврупо саҳми арзанда мегузорад”. Дар баробари ин, “аввалин бор дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи туризм барои солҳои 2010-2014 ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ҷиҳати муаррифии захираҳои бойи туристии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 10 ҳазору 500 адад харитаи туристӣ ва ҳамин теъдод маҷмӯи руқъаҳо аз мавзеъҳои тамошобоби кишвар ирсол шуд. Ҳамчунин, кумита дар доираи барнома ёддоштҳои туристиро бо забони
байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маъқул дониста шуда, барои тасдиқ пешниҳод гардид. Ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳамкорӣ дар бахши туризм бо кишварҳои хориҷӣ васеъ гашта истодааст. Соли 2013 ба кишвар 320 ҳазору 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ ташриф оварданд, ки аз ин шумора 207 ҳазору 911 нафарашон ба ҳайси турист арзёбӣ мегарданд”. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баъд аз маърӯзаю муҳокимарониҳо баромад карда, кулли дастовардҳоро натиҷаи кори
мо ба ҳисоб мераванд”. Пас аз баррасии масъалаҳо намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Зебо Наботова баромад намуда, аз корҳои анҷомдода дар соли 2013 изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ гуфт: “Тавре аз маърӯзаи раиси кумита ва ҳисоботи мувоини аввали раис бармеояд, барои дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва бомаърифату дорои ахлоқи ҳамида тарбия намудани ҷавонон, ташаккули ҷаҳонбинии онҳо, фарогирӣ ба таҳсил ва таъмин намудан бо ҷои кор аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат мунтаззам корҳои мушаххас анҷом дода шудааст”. Дар баробари ин, Зебо Наботова аз боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ
гардидааст, ки 47%-и маблағи пешбинигаштаро ташкил медиҳад. Вазъият вобаста ба маблағгузории барномаҳои маҳаллӣ дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳо қонеъкунанда нест. Барои татбиқи барномаҳои маҳаллӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, 172 ҳазору 650 сомонӣ ҷудо шудааст, ки 20%-и маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад. Бахусус, вазъият вобаста ба маблағгузории барномаҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тавилдара, Нуробод ва Рашт нигаронкунанда мебошад”. Фаъолияти бахши варзиши кумита низ мавриди таҳлил ва муҳокимаронӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, роҷеъ ба дастоварду пешравиҳо дар ин самт гуфта шуд: “Дар соли ҳисоботӣ 22 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 85 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ доир шуданд. Дар ин чорабиниҳо зиёда аз 10 ҳазор варзишгар иштирок намуданд, ки аз онҳо 1708 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Инчунин, бо мақсади дар сатҳи касбӣ омода намудани варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфуз ва дар ин замина муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 1 ҳазору 91 нафар варзишгар, аъзои дастаи мунтахаби кишвар оид ба намудҳои мухталифи варзиш дар 78 чемпионати ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 461 медал, аз ҷумла 100 тилло, 130 нуқра ва 231 биринҷӣ гардиданд”. Дастовардҳои мазкурро роҳбарият натиҷаи дастгирӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои варзишгарон арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд ки айни замон дар ҷумҳурӣ 128 мактаби варзишӣ бо теъдоди 36 ҳазору 940 нафар машқварз, 4 ҳазору 473 майдончаи оддии варзишӣ, 1 ҳазору 465 толори варзишӣ ва 43 ҳавзи шиноварӣ фаъолият доранд. Дастовард ва камбудиҳои бахши турзими кумита низ дар ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҷеъ ба дурнамои он андешаронӣ шуд. Вобаста ба дастовардҳо дар ин самт дар соли сипаригардида гуфта шуд, ки “бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати кишвар аз 6 то 10 марти соли 2013 намояндагони бахши давлатӣ ва хусусии соҳаи туризми мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии “ITB – Берлин” иштирок намуданд. Дар давраи фаъолияти намоишгоҳ ҳамоишҳои онро бештар аз 200 ҳазор дӯстдорони сайру саёҳат та-
англисӣ ба нашр баровардааст”. Зикр гардид, ки бахши туризми кумита ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба сайёҳон роликҳои таблиғотиро таҳия намудааст, ки дар таърихи он бесобиқа мебошад. “Нахустин маротиба дар таърихи туристии кишвар роликҳои таблиғотии
якҷояи кормандон маънидод намуд. Раиси кумита вобаста ба масъалаҳои дар боло қайдгардида муфассал баромад намуда, бурду бохт ва камбудиву пешравиҳоро дар соли 2013 мавриди таҳлили амиқ қарор дод. Маликшо Неъматов бештар ба масъалаи ҷавонон дахл
намуд: “Яке аз мушкилоти асосие, ки имрӯз роҳбарияти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳуриро ба ташвиш овардааст, боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мебошад. Албатта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, мақомоти маҳаллӣ, вазорату идораҳо тадбирҳо
туристӣ аз тариқи шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, инчунин, роликҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба нақши туристон дар рушди иқтисод ва мустаҳкам кардани нуфузи Тоҷикистон дар радиоҳои “Ховар” ва “Имрӯз” мунтазам пахш мешаванд”. Кумита ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷиҳати бештар муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар хориҷи кишвар пайваста талош намуда, корҳои зиёдеро дар ин самт ба сомон расондааст. Бахусус, барои ба натиҷаҳои баланд ноил гардидан ҳамкории зич дар бахши туризм аз тариқи шартнома ва ёддошту тафоҳум миёни кишварҳо ба роҳ мондаанд. Ин аст, ки “ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии туризм 30 коршиноси бахши туризм, бахшҳои давлатӣ ва туризми хусусии кишвар дар якумин конгресс ва Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ дар минтақаи миллии туристии “Аваза”-и Туркманистон иштирок намуданд. Дар ин давра Ёддошти тафоҳум
намуда, таъкид дошт, ки барои ҷавонон бояд тамоми шароит муҳайё шаванд, то онҳо дар асл битавонанд ба ҳайси як фарзанд дар як ҷомеаи орому тинҷ зиндагӣ намоянд. Дар идома раиси кумита гуфт: “Вақте ҷавонони ҷомеаи мо дар як давлати навин зиндагӣ мекунанд, имрӯзу фардои кишвар ба онҳо низ вобаста аст. Онҳо нисбат ба ояндаи кишвар бетафовут нестанд. Агар нисбат ба тақдири худ бетафовут набошанд, пас, бояд ба кори фоиданоке машғул гарданд”. Маликшо Неъматов дар хитоб ба ҳайати кормандони кумита ва тамоми зерсохторҳои он гуфт: “Имрӯз бар дӯши мо масъулияти кор бо ҷавонон аст. Бо ҳар роҳу воситаи имконпазир, кори фоидабахш ва баргузории чорабиниҳо битавонем, ки насли ҷавонро ҳар чи бештар саргардони кор кунем. Дар талоши он бошем, ки ҳамин насл донишманду босавод ва аз илм бохабар бошад. Зеро ҷавонон як бахши бисёр бузурги ҷомеаи
андешида мешаванд, вале ин кам аст. Бояд ҳарчи бештар ҷавонону наврасон ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ ҷалб шаванд. Аз ин рӯ, барои ҳалли ин мушкилот дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” тадбирҳои зарурӣ андешидан зарур аст. Дар хотима номбурда иброз дошт, ки «дар оянда низ кӯшиш менамоем, то ҳама ташаббусҳои созанда ва пешниҳодҳои кумитаро, ки баҳри рушду нумӯи вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар равона шудаанд, дастгирӣ кунем”. Ҳамин тавр, тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, ба роҳбарон ва масъулини бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар маҳалҳо дастуру супориш дода шуд. Ҳамчунин, нақшаву барнома ва дурнамои фаъолияти кумита барои соли 2014 қабул гардиданд.
кишвар бетафовут нестанд
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
рад. Бояд зикр намуд, ки новобаста аз маблағгузории соҳаи ҷавонон дар шаҳри Душанбе дар сатҳи 98%-и пешбиншуда (аз 150 ҳазор сомонӣ 147 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст) то ҳол дар сатҳи пойтахт Барномаи маҳалии рушди иҷтимоии ҷавонон ба тасвиб нарасидааст. Дар ВМКБ Барномаи маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул шудааст, вале дар соли 2013 маблағгузорӣ нагардид. Дар вилояти Суғд барои татбиқи барномаи маҳаллӣ 298 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, ки 75%-и пешбинигаштаро ташкил медиҳад. Бахусус, вазъият вобаста ба маблағгузории барномаҳои маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Мастчоҳ, Исфара, Ҷаббор Расулов ва Чкалов нигаронкунанда мебошад. Барои татбиқи барномаи маҳаллӣ дар вилояти Хатлон 265 ҳазор сомонӣ ҷудо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
9
ҶАМЪБАСТИ СОЛ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
10
МЕРОСИ НИЁГОН
Кулолгарӣ яке аз намудҳои ҳунари бостонӣ буда, дар Осиёи Миёна бештар ба он тоҷикон машғул буданд. Аз хоки махсус тайёр кардани зарфро одамон аз ибтидои давраи неолит (ҳазораи 5-и мелод) омӯхта буданд. Барои паҳншавии кулолгарӣ дар тамоми ҷаҳон мавҷуд будани хоки мувофиқ мусоидат намуд. Дар ибтидо кулолгарӣ пешаи занон буда, пас аз ихтирои чархи кулолгарӣ дар Байнаннаҳрайн (ҳазораи 3 то милод) мардҳо ҳам ба кулолгарӣ машғул гаштанд. Нахустин бозёфтҳои осори кулолӣ дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат ба ҳазораи 4-2 то милод тааллуқ доранд. Дар асри 19 санъати кулолӣ боз ҳам ривоҷ ёфт. Марказҳои асосии кулолӣ дар ин давр шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Риштон, Каттақӯрғон, Хуҷанд, Қаршӣ, Шаҳрисабз, Конибодом, Уротеппа, Кӯлоб, Қаратоғ ва баъзе ноҳияҳои Помиру Қаротегин буданд. Ҳарчанд бо афзудани маҳсулоти замонавӣ ва во-
Кулолгарӣ хоси тоҷикон аст ридшавии зарфҳои гуногун аз кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ ва талабот ба кулолгарони маҳаллӣ кам шуда бошад ҳам,
дар баъзе ноҳияҳои кишвар кулолгарони моҳир фаъолияти худро пеш мебаранд. Дар деҳаи Бафоии Истаравшан бо яке аз чунин кулолсозон Усто Эргашбой Ғафуров ҳамсӯҳбат гашта, бори дигар ба ҳунари сеҳрофарии чунин забардастон шоҳид шудем. Усто Эргашбой ҳанӯз аз 5-солагӣ дар паҳлӯи бобои худ - Усто Ғафур Халилов ва падараш Гадойбой истода, ба ин ҳунари аҷдодӣ меҳр баст. Имрӯз дар устохонаи ӯ бозичаҳои гилии дар синни 6-7-солагӣ сохтааш мавҷуд аст. Ӯ хатмкардаи бахши кулолии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе буда, таҳти роҳбарии Абдуҳамид Қодиров ҳунари хешро такмил додааст. Бобою бобокалон ва тағоҳояш низ кулолгар буданд.
Ҳоло бошад, ҳунармандон бояд худ харидор ҷӯянду ёбанд, ки ин албатта барои пешбурди фаъолият ва эҷодкории онҳо таъсир дорад. - Агар мо гӯем, ки кулолӣ айни замон даромад ва харидор надорад ва ин пешаро тарк кунем, ин ҳунар метавонад аз байн равад. Ба ин хотир, набояд мо фаъолияти худро қатъ намоем. Қаблан косаву табақҳо низ месохтем, ҳоло бештар ба сохтани
маҳсулоти армуғонӣ, бозичаҳо, аҷубаҳо, гулдон, шамъдон ва танӯр машғул ҳастем, - мегӯяд Усто Эргашбой. Барои кулолгарӣ хок ашёи асосӣ мебошад. Ҳар гӯшаи Тоҷикистон хоки ба худ хос дорад. Кулолгарони истаравшанӣ аз хоки чинӣ ё пардозии зард дар омехтагӣ бо гулбутта маҳсулоти худро омода месозанд. Аҷубасозӣ навъи санъати кулолист, ки бо истифода аз тахайюлот ҳар гуна парандаю ҳайвнотро месозанд ва ба он ҳуштак васл менамоянд. Ҷонварони ғайриоддӣ воситаи дилхушӣ ва бозичаи дӯстдоштаи кӯдакон буда, меҳмонони хориҷӣ бо фараҳмандӣ аз он харидорӣ менамоянд. Ба гуфтаи Усто Эргашбой замони пеш онҳо танҳо дар фикри кори худ буданд ва фондҳои бадеӣ бо онҳо шартнома баста, маҳсулоташонро мефурӯхтанд. Ҳоло ҳунармандон бояд худ харидор ҷӯянду ёбанд, ки ин, албатта, барои пешбурди фаъолият ва эҷодкории онҳо таъсир дорад. Усто Эргашбой орзу дорад, ки дар хонаи хеш осорхона таъсис дода, намунаҳои маҳсулоти кулолии сулолаашон китобу маҷалла ва рӯзномаҳои зиёде, ки бештар дар замони шӯравӣ дар кишварҳои хориҷӣ чоп шудаанд, ба намоиш гузорад. Ҳамзамон, сатрҳои миннатдорӣ ва мактубҳои зиёд аз номи меҳмононе, ки замоне ба хонадони онҳо омада буданду шаҳрвандони кишварҳои Ғарб мебошанд, дар дасти ӯ маҳфуз аст. Инчунин, ӯ мехоҳад, сехи хурди кулолгарӣ ва армуғонсозӣ таъсис диҳад. Модари Усто Эргайбош Муаззама Каримова низ аз ҳунари кулолӣ огоҳӣ дорад. Фарзандони усто Шералӣ, Шерзод ва Шерозӣ низ новобаста ба он ки касбҳои дигарро интихоб кардаанд, аз ҳунари кулолӣ ба хубӣ бархурдоранд ва ба падар ёрӣ медиҳанд.
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
e-mail: javonontj@mail.ru
МУҲИТИ ЗИСТ
Кормандони хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод дастуру супоришҳои роҳбарияти давлатро сармашқи кори хеш қарор дода, соли сипаригардида, корҳои зиёдеро анҷом доданд. Масоҳати умумии хоҷагии ҷангали ноҳия зиёда аз ду ҳазор гектар буда, дар давоми сол 9974 бех дарахти санавбар шинонда шуда, 2 гектар боғи намунавӣ дар ҷамоати деҳоти Меҳробод бунёд гардид.
Ҷангал сарвати бебаҳост Ҳамчунин, дар майдони 2 гектар 554 бех ниҳоли сӯзанбарг, майдони 4 гектар 1332 бех ниҳоли хуч, майдони 2 гектар 484 бех ниҳолҳои мевадиҳанда, майдони 2 гектар 200 ниҳоли чормағз шинонда, дар майдони 10 гектар барои 3330 бех ниҳол донаи бодом кишт карданд. Кормандони хоҷагии ҷангал соли гузашта 2 тонна чормағз, 1 тоннаю 450 кило бодоми талх, 300 кило меваи хушк, 850 кило дулонаи хушк, 700 кило хучи хушк, 1 тонна гиёҳҳои шифобахш, 299 кило асал, 1 тонна пиёзи анзур, 2 кило тухмии себ ҷамъоварӣ карданд, ки аз нақшаи пешбинишу-
да зиёд аст. Дар хоҷагии ҷангали ноҳия 63 сар бузу гӯсфанд, 35 сар асп, 45 сар гови ширдеҳ парвариш меёбанд. Зимни суҳбат роҳбари хоҷагии ҷангали ноҳия Бекназар Шоев чунин иброз намуд: - Ҷангал сарвати бебаҳост, аз ин рӯ, кормандони мо саъй доранд баҳри ҳифзу нигоҳубин ва ривоҷи он ҳиссагузор бошанд. Ҳамчунин, хоҷагии мо барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ хеле хуб мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мекӯшем рушди он сол то сол зиёд гардад. Ҳоло дар хоҷагӣ 35
қуттӣ занбӯри асал парвариш меёбад, ки ба буҷаи хоҷагӣ фоидаи хеле зиёд меорад. Тавре роҳбари хоҷагӣ зикр намуд, баҳри пешгирии қонунвайронкуниҳо дар соҳаи ҷангалпарварӣ 64 адад санад барои худсарона буридани дарахтон тартиб ва нафарони зиёд ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Кормандони хоҷагии ҷангал тасмим гирифтаанд, ки соли равон низ комёбиҳои меҳнатии хешро афзун намуда, натиҷаҳои боз ҳам баландро ноил гарданд.
Ҳокими САФАР
Расонаҳо зикр намуда буданд, ки Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Боқимонда то ҳол аломатгузорӣ нашудааст ва ин номуайянӣ боис гардида, ки миёни сокинони наздимарзӣ даргириҳо ба миён ояд. Тақрибан соати 13:45 дақиқаи 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони тоҷику қирғиз дар наздикии деҳаи Хоҷаи Аълои Исфара тирпаронӣ рух дод ва се марзбони тоҷик, аз ҷумла, як подполковники неруҳои марзбонӣ захм бардошта, 6 нафар сарҳадбони қирғиз низ маҷруҳ шудаанд. Аз ҷониби Тоҷикистон 8 нафар ва аз сӯи Қирғизистон 30 нафар сарҳадбон дар ин задухӯрд иштирок доштаанд. Аввалин шуда, як афсари қирғиз ба рӯи подполковники неруҳои марзбонии тоҷик оташ кушода, ӯро сахт захмӣ мекунад. Афсари дигари тоҷикро бошад, қирғизҳо аз пояш ярадор мекунанд. Аксари расонаҳои дохиливу хориҷӣ ба он таъкид мекунанд, ки як снайперисти қирғиз афсари тоҷикро захмдор кард ва баъди ин тирпаронӣ аз ҳар ду тараф сар шуд. Ба афсарони сохторҳои низомии ҷумҳурӣ бояд аҳсант гуфт, ки синаи худро сипар карда, давлату миллат ва шаҳрвандони кишварро аз ҳама таҳдидҳо эмин нигоҳ медоранд ва мардуми тоҷик орому осуда зиндагонӣ мекунанд. Натиҷаи заҳмату меҳнати чунин афсарон аст, ки сулҳу субот дар мамлакат пойдор ва мардуми тоҷик шоду хуррам иқдом ба созандагиву ободкорӣ мезананд. Аслан, дар ҳаёти инсони-
Замони нангу номус барои родмардон фаро расид ят ва дар тӯли таърих чунин воқеаҳо зиёд рух додаву рух медиҳанд. Ҳар давра ба худ ғолибу мағлуб дорад. Ғолибият танҳо насиби касе мегардад, ки дар Ватан фарзандони шуҷоу далер бисёр бошанд. Мардони далери Ватан сари худро фидои Ватан мекунанд ва ҳамеша омода ҳастанд, ки ҷонашон нисори Ватан бошад, ба монанди афсарони дар боло зикршуда. Аммо дар баробари родмардони Ватан нафарони хиёнаткор ва чоплӯс, ки худро сиёсатмадори варзида ва ҷаҳондидаву кордон меҳисобанд, кам нестанд. Яке аз онҳо Додоҷони Атовуллост, ки ҳар дақиқа дар сомонаҳои иҷтимоӣ баромадҳои бемаъниву сафсата мекунад. Вай худро «Ватандор» меҳисобид, аммо вақте душман ба Ватанаш таҳдид кард ва хостори қисме аз хоки он шуд, забонаш лол мегардад. Худи ҳамон дақиқа бо гарданбанд баромад намуда, худро ҳамчун духтарони «сари роҳ» ба баҳогузорӣ пардохт. Имрӯз замони мардонагиву нангу номус фаро расидааст. Кунун ба ватан рафта, нангу номуси ватандориашро нишон диҳад. Дар забонаш на номи ватан асту на номи давлате, ки дар он зоида шудааст. Додоҷони Атовулло нафарест, ки дасисаю иғвоангезиро ҳадафи кори худ қарор медиҳад ва аз дурӯғ ҳақиқат месозаду аз ҳақиқат дурӯғ. Ин аз ҳамон зумраест, ки дар пушташ хоҷагон меистанд. Шояд барои халал нарасонидан ва ба иззати нафси хоҷагонаш
нарасидан хомӯширо ихтиёр кард. То кадом сатҳ мо метавонем ба чунин шахсон боварӣ дошта бошем? Ҳаргиз бовар нахоҳем кард. Нафари навбатӣ Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиалдемократии Тоҷикистон аст. Ӯ чунон рафтору кирдор дорад, ки шахс ҳайратзада мегардад. Гӯё наҷотофарин ва сиёсатмадори донову закист. Зоиров низ чун Атовулло шабу рӯзашро дар сомонаҳои иҷтимоӣ мегузаронад ва вақте ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба миён омад, нопадид магардад. Қариб рӯзе набуд, ки дар сомонаҳо баёнот ва ё изҳороте пахш накунад. Зоиров ҳоло дар куҷост, ба чӣ кор машғул аст, мо каму беш огоҳ ҳастем. Акнун маълум гардид, ки Зоиров пайи манфиати худаш меравад, аниқтараш
манфиати шахсияш, ки ба манфиати хоҷагонаш наздик аст. Манфиати давлату миллат барои вай ягон зарра аҳамият надоранд. Агар ин тавр намебуд, чаро ягон изҳороте пахш накард? Бояд гуфт, ки дар ҷомеа ҳар кас бо роҳу воситаҳои гуногун номи нек боқӣ мегузорад. Аммо нафароне ҳастанд, ки аз онҳо амали шар мемонад, ба монанди Умаралӣ Қувватов. Ҳангоми ҳимояи марзу буми кишвар ӯ ба чӣ иқдоме даст мезанад ва ватани худро аз бегонагон чӣ гуна муҳофизат мекунад. Дар зеҳн чизе пайдо намешавад, ки Қувватов онро ба манфиати ватан амалӣ кунад. Худи ӯро ҳамчун ҷангандоз, иғвогар, зархарид, моҷароҷӯ, бадрафтор ва амсоли ин мешиносанд, пас, чӣ расад ба он ки аз ӯ чизеро
ВАБО
Як қочоқбари афғон дар марз захмӣ шуд Дар рӯзҳои аввали соли нав кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ як қатор амалиёт гузарониданд, ки дар натиҷа, аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 12 кило маводи нашъаовар мусодира гардид. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ, кормандони шӯъбаи дар ноҳияи Ишкошим будаи Раёсати агентӣ дар ВМКБ бо кормандони Шӯъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дар ВМКБ-и Вазорати корҳои дохилӣ дар байни деҳаҳои Сумчин ва Яхшиволи ноҳияи Ишкошим амалиёти муштарак гузарониданд, ки дар натиҷаи он сокини 20-солаи шаҳраки Борак, улусволии Ишкошими Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шафӣ валади Хайрмаҳмад боздошт шуд. Дар рафти боздошт ҳаммаслакони ӯ аз қаламрави давлати ҳамсоя аз силоҳи оташфишон тир кушоданд. Дар натиҷа, Шафӣ валади Хайрмаҳмад аз пояш захмӣ гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як халтаи синтетикӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он бастаҳои селлофании скотчпечшуда мавҷуд буд. Ташхис нишон дод, ки он маводи нашъаовари ҳашиш буда, вазни умумиаш 8 килоро ташкил медиҳад. Кормандони Раёсати агентӣ дар вилоя-
ти Суғд дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Хуҷанд ду нафар сокини вилоятро бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 2 килову 930 грам героин ва 1 килову 03 грам ҳашиш мусодира шуд. Кормандони оперативии агентӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ гирифтанд, ки сокини ноҳияи Румӣ дар хонаи худ маводи нашъаовар пинҳон намудааст. Дар хонаи ӯ кофтуков бо истифодаи саги хизматӣ ташкил шуд. Дар назди мурғхона, зери оҳанпора пинҳонгоҳ ошкор гардид, ки дар он 8 бастаи қоғазпечи ҳашиш маҳфуз дошта мешуд. Як сокини шаҳри Кӯлоб ҳангоми истеъмоли маводи нашъаовар боздошт шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ дар дохили се қуттии гӯгирд маводи нашъовар дарёфт гардид. Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳои номбурда парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, амалҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.
умедвор шуд. Майдони номус аст ин ҷо, на майдони найрангу фиреб барои Қувватов. Агар тавонад, биёяд дар қатори афсарони сарсупурдаи миллат хоки муқаддаси Ватанро ҳимоят кунад. Алим Шерзамонов, раиси бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар ВМКБ низ худро шахси ватандӯсту ватанхоҳ мегирифт ва бо тамоми расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ мусоҳибаву суҳбат ороста, аз давлату миллати худ «ёдоварӣ» мекард. Шахси ба ном ватанпараст - Шерзамоновро вазъияти имрӯзаи Ватан нигарон накарда, ки бо ягон расона «ҳамсуҳбат» нашудааст. Ҳоло маълум хоҳад гашт, ки кӣ ватанхоҳу миллатдӯст аст. Ин воқеа нишон медиҳад, ки ҳисси нафарони даъвои ватанпарастимекарда то кадом дараҷа аст. Марҳамат, Шерзамонов, агар баҳри ободиву рушди кишвар мекӯшад, аз ҳар гарди хоки Ватан муҳофизат кунад. Бо итминон гуфта метавонам, ки аз дасти садҳо шерзамоновҳо ҳеҷ чиз намеояд. Ин ҷо ҷои суханфурӯшӣ нест, ки Шерзамонов суханфурӯшӣ кунад, ҷои мардонагиву нангу номус аст. Бингаред, ки кӣ дар назди халқу миллату ватанаш хидмат мекунад. Хидмати кӣ боарзиштар аст -дурӯғгӯй ва хоинони кӯтоҳандешу бадгӯй ё родмардони Ватан. Ба лаинон ва ғуломони хоҷагон ҳеҷ гоҳ бовар нахоҳем кард. Дар назди халқ хизмати кӣ боарзиштар аст, ватанфурӯшу хиёнаткор ё ватансоз, сулҳовар ва ҷонфидои халқ? Бе гуфтугӯ хизмати сулҳовар аз ҳама чиз болост, ки баҳри сулҳу салоҳ, оромӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан ҷонфидост.
Баҳодур ХУҶАМУРОДОВ, муҳоҷири меҳнатӣ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
Ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон, ки дур аз Ватан ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунам, тавассути расонаҳои хабарии кишвар ҳамеша ба воқеаву ҳодисаҳои ҳаррӯзаи дохили ҷумҳурӣ сари вақт огоҳ мегардам. Имрӯз зимни мутолиаи чанд хабару гузоришу мақола, ки вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатамонро дар бар мегирифт, ногоҳ назарам ба навиштаҳое афтод, ки дар бораи вазъияти сиёсии кунунии мамлакат интишор ёфта буданд. Дар онҳо сухан перомуни таъмини амнияти ҷомеаи муосири Тоҷикистон мерафт.
11
e-mail: javonontj@mail.ru
АНДЕША
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
12
НИГОҲИ ДИГАР
Ду ҳафта мешавад, ки саҳифаҳои матбуоти кишварро хабари валваладори соҳибкори эронӣ Бобаки Занҷонӣ пур кардааст. Ӯ молики “Sorinet Group Holding” ном холдинги бузургест, ки дар як қатор давлатҳои дунё фаъолият дорад. Бонки марказии Эрон гуфтааст, ки Занҷонӣ 2 миллиарду 60 миллион доллари вазорати нафти ин кишварро пардохт накарда, санади сохтаеро нишон додааст, ки гӯё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба ӯ дода шуда, пардохт шудани пулро ба вазорати нафти Эрон тасдиқ мекунад. Зимнан, Бонки миллии Тоҷикистон 30 декабри соли гузашта сохта будани санади мазкурро расман эълон дошт. Б. Занҷонӣ 30 декабр дар Теҳрон боздошт шуда, то муайян гардидани қазияи пулҳои гумшуда нигоҳдорӣ мешавад.
зояд: «Бо сари қудрат омадани Ҳасан Рӯҳонӣ дар Эрон барои Бобак Занҷонӣ парванда боз шуд. Ҳамзамон, бо ин дар Туркия амалиёт алайҳи ришва ва фасод оғоз ёфт. Дар ҳамин рӯзҳо номи Занҷонӣ ба ВАО-и Туркия ҳам роҳ ёфт. Шояд Ризо Зарроб, ки дар Туркия номаш дар амалиёти алайҳи ришва ва фасод дар қатори аввал меистад, нафаре аз афроди истифодабурдаи Занҷонӣ бошад. Иддаои Занҷонӣ дар хусуси он ки Зарробро намешиносад, бо ӯ ҳамкорие надорад ва ҳатто намедонад, ки Зарроб дар чи соҳа соҳибкорӣ мекунад, хандаовар аст. Чаро ки Занҷонӣ дар сомонаи расмии холдингаш, дар паёме ба мардуми Туркия қайд мекунад, ки ӯ бо тиҷорати тилло машғул аст. Пас, Ризо Зарробро нашинохтани ӯ номумкин аст. Ба навиштаи Алӣ Ризо Ғафурӣ, бо дастгир шудани Ризо Зарроб дар Туркия Бобак Занҷонӣ низ, ки эҳтимоли роҳбари Зарроб буданаш хеле қавист, дар Эрон боздошт гардид. «Сабаби дастгир шуданаш тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати наф-
бозӣ берун карда, мухолифони дохилӣ ва хориҷии худро гӯл заданист. Занҷонӣ таҳрими иқтисодии алайҳи Эронро дар Малайзия, ки симои хушбинии Ислом аст, низ рахна задааст. Баъид аст, ки ин қазия дар Малайзия низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад. Ин бошад, ҳамон бозиест, ки Эрон пештар таҷриба карда, муваффақ ҳам шуда буд. Зеро ин сенария 12 сол муқаддам низ роҳандозӣ шуда буд ва он замон бозингарон ба ҷои Бобак Занҷонӣ ва Ризо Зарроб, Шаҳром Ҷазоирӣ, Фозил Ҳаддод ва Муртазо Рафиқдӯст буданд». Доктор Алӣ Ризо Ғафурӣ навиштаи худро чунин хулоса кардааст: «Аз давраи Ҳумайнӣ то имрӯз ҳадафи асосии Эрон пешвои ҷаҳони Ислом ва соҳиби мамолики форсизабон (Афғонистон, Тоҷикистон), роҳбари ҷаҳони шиа (Ироқ, Лубнон, Сурия, Озарбойҷон, Баҳрайн, Қувайт) ва лидери иқтисодии минтақа шудан буд. Бо ин бозии бофтаи наваш ба сӯи аҳдофи пешгирифтааш бо суръат ҳаракат карда, мушкилиҳои дар
ти Эрон санади қалбакии дар ҳаҷми 2 миллиард евро фиристодани ӯ мебошад. Имрӯзҳо дар васоити ахбори оммаи Эрон овозаи он ки гӯё роҳбарияти Тоҷикистон аз Занҷонӣ ришва гирифта ва барои фиристодани санади мазкур фармон дода бошад, паҳн гардидааст. Ҳоло мавзӯи мубрами расонаҳои ахбори Эрон корҳои ифлоси тавассути Бонки миллии Тоҷикистон ба анҷом расонидаи Бобак Занҷонӣ мебошад. Мавзӯи рӯз шудани Тоҷикистон чун Туркия, албатта, тасодуфӣ нест. Зеро Президенти серғайрату кордони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи сарваронест, ки ҳукумати Эрон таҳаммули онро пешрафташро надорад. Чунки ӯ таъсири Эронро дар майдони сиёсат, фарҳанг ва иқтисодиёти Тоҷикистон ҳаргиз роҳ ва иҷозат намедиҳад. Эрон бошад, эътибори ӯро дар назди халқаш кӯшиши коста кардан дорад. Шореҳи эронӣ муътақид аст: «Эроне, ки тавассути Бобак Занҷонӣ, таҳрими байналмилалиро рахна зад, имрӯз бозичаи сиёсии худ Занҷониро аз
рӯ ба рӯяш бударо кӯшиш мекунад, бо бозиҳои аҷамии худ бартараф намояд. Эрон пардапӯшона таҳрими СММ-ро дар Туркия тавассути «Halkbank», дар Тоҷикистон тавассути Бонки миллӣ, дар Малайзия тавассути «First Islamic Bank», ки соҳибаш худи Бобак Занҷонӣ аст, рахна кардааст». Таҳлилгар менависад, «ин бозӣ, ки сиёсати пешгирӣ аз ришва ва фасоди Эрдоған ва Эмомалӣ Раҳмонро барбод додан мехоҳад, бозии сиёсии пурнайранги Эрон аст. Ин услуби нарм, вале риёкорона тасодӯфӣ нест. Ҳукумати тозаинтихоби Рӯҳонӣ ба тарафдорони дар маҷлис будаи Аҳмадинажод, ки қисми зиёди Маҷлисро ташкил медиҳанд, тавассути Бобак Занҷонӣ мехоҳад фишор биёрад. Зеро эҳтимол аст, ки онҳо низ аз Бобак Занҷонӣ дар замонҳои мухталиф бо миқдори зиёд ришва гирифта, ба фасодкориҳои ӯ чашм пӯшидаанд».
Занҷонӣ бозичаи Эрон аст? Қиссаи кӯтоҳ ва зоҳирии ҳодисаи Занҷонӣ ба ҳамин тарз аст. Атрофи он ҳоло сарсусадоҳои гуногун дар кишвар чарх мезанад. Вале таҳлилгарон қазияи сиёсӣ будани онро низ истисно намедонанд. Чунончӣ, коршинос Зафар Абдуллоев гуфтааст, инро танҳо худи Занҷонӣ медонад, ки пул куҷост. «Аммо ҳоло суолангез аст, ки чаро худи ӯ пеши микрофон ё дар эфири телевизион дар ин бора намегӯяд? Ман ба он ҳама иттилое, ки аз номи ӯ пахш мешавад, бовар надорам. Онҳо, умуман, эътимодбахш нестанд. Бояд худи ӯ суҳбат кунад. Ин ҷо як бозии номаълуме ҷараён дорад ва ҳарчӣ ҳам бошад, ба нафъи Эрон нест»,- гуфтааст Абдуллоев. Аммо дар расонаҳои Ғарб таҳлилҳои гуногуне пайдо шудаанд, ки паҳлӯи дигар ва ба ҳақиқат наздики масъаларо мекушоянд. Барои мисол, шарҳи сиёсие, ки як таҳлилгари эронӣ, доктор Алӣ Ризо Ғафурӣ ба яке аз рӯзномаҳои бонуфузи Туркия навиштааст, тавтиаҳои Эрон ва чеҳраи аслии Занҷонӣ ва Эронро кушодааст. Ба навиштаи ин муҳаққиқи эронӣ Бобак Занҷонӣ, сарватманди 39-сола ва як соҳибкори ҷавони эронист. Ӯ молики «Sorinet Group holding» аст, ки аз 65 ширкат иборат ва дар Туркия, Эрон, Дубай, Индонезия, Малайзия ва Тоҷикистон фаъолият мекунад. «Даромади солонаи ин ширкатҳо 18 миллиард доллар аст.- менависад доктор Ғафурӣ ва меафзояд- Занҷонӣ то 3 сол пеш машҳур набуд. Бо сабаби рахна намудани таҳрими иқтисодӣ алайҳи Эрон ва ворид сохтани «пули сиёҳ» ба Эрон Амрико ва Иттиҳоди Аврупо номи Занҷониро ба рӯйхати сиёҳ дохил кард ва ӯ ҳамин тавр машҳур гардид. Дороии ин соҳибкори ҷавон тақрибан 15 миллиард доллар буда, сарчашмаи даромадаш номаълум аст. Ин шореҳи эронӣ бо таъкид меаф-
Таҳияи М. УСМОНОВ, “ҶТ”
Ҳикматёр дар интихобот ширкат мекунад? Гулбиддин Ҳикматёр, пешвои Ҳизби исломии Афғонистон ғайричашмдошт аз ҷонибдоронаш даъват кард, то дар интихоботи президентии Афғонистон, ки қарор аст моҳи апрели соли равон доир гардад, ширкат кунанд. Бино ба иттилои рӯзномаи покистонии «Express Tribune» Ҳикматёр бо пахши як баёния аз роҳбарони ҳаракаташ дар 34 музофоти Афғонистон даъват кардааст, ки нисбат ба ҷараёни интихоботи президентӣ ва роҳбарони комиссияи интихобот бетаваҷҷуҳ набошанд. Ӯ гуфтааст, то вақте ки нерӯҳои ишғолгари хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, Ҳизби исломии Афғонистон бевосита дар интихобот ширкат намекунад. Вале номзадҳоеро, ки ба ҳизб ва идеологияи он наздиканд, ҷонибдорӣ хоҳад кард. Зимнан, лидери Ҳизби исломӣ ба роҳбарони музофоти Афғонистон маслиҳат додааст, ки аз ширкати ҳар гуна «одамони бад» дар ҷамъомадҳои вобаста ба масоили интихобот пешгирӣ кунанд. Шореҳон ҳадс мезананд, ки Гулбиддин Ҳикматёр бо фарқ аз пешвои Толибон мулло Умар, ки интихоботро «сарфи беҳудаи вақт» хонда буд, ният дорад, дар ҳаёти сиёсии Афғонистон чун як роҳбари ҳизби қонунӣ ширкат варзад. Ёдрас бояд шуд, ки Гулбиддин Ҳикматёр роҳбари яке аз гурӯҳҳои маъруфи эътилофи «Ҳафтгонаи Пешовар» буда, солҳои 80-уми асри гузашта ҳамроҳ бо Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд алайҳи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон ҷангидааст. Баъди баромадани нерӯҳои шӯравӣ аз қаламрави Афғонистон Ҳикматёр бо роҳбарони дигари гурӯҳҳои муҷоҳиддин дар ихтилоф қарор гирифта, шаҳри Кобулро зери тиру тӯп ва бомбаборон гузошт. Бо сабаби ихтилофҳои шадидаш ду маротиба ба ӯ мансаби Сарвазири Афғонистонро доданд, вале ҳамоно дар муқобилат бо Давлати исломии Афғонистон қарор гирифт. Баъди ғасби Кобул аз сӯи ҳаракати Толибон соли 1996 Ҳикматёр ба Эрон фирор карда, то ҳол дар он ҷо паноҳ мебарад.
М. УСМОНОВ, «ҶТ»
Бозиҳои олимпии Сочиро Бобои Барфӣ тамошо мекунад Бобои Барфӣ ба сабқати хоккейи занонаи Олимпиадаи Сочӣ билет харидааст. Дар ин бора дар иттилоияи Кумитаи тадорукоти Сочӣ-2014 хабар додаанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Бобои Барфӣ тасмим дорад, дар Бозиҳои олимпӣ рақобатҳои лижаронӣ, конкитозӣ ва чандеи дигарро тамошо кунад.
Криштиан Роналдо, ҳамлагари клуби “Реал”-и Мадрид маъруфтарин ҷоизаи олами футбол - “Тӯби тиллоӣ-2013”-ро соҳиб шуда, ба гирифтани унвони беҳтарин футболбози соли сипаришудаи ҷаҳон даст ёфт. Маросими эълони исми барандаи “Тӯби тиллоӣ” шоми 13 январ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария доир гардид. Рақибони футболбози 28-солаи португалӣ барои дарёфти “Тӯби тиллоӣ” Лионел Мессӣ, ҳамлагари тими “Барселона” ва Франк Риберӣ, нимҳимоятгари “Бавария” буданд. Мессӣ дар гузашта пайи ҳам чор маротиба ҷоизадори “Тӯби тиллоӣ” шуд. Роналдо бошад, аз ин пеш танҳо як маротиба, соли 2008 беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф гардид. Вақте исми ҷоизадори “Тӯби тиллоӣ”-ро эълон карданд, Роналдо ҳамроҳи писараш ба саҳна баромад ва ашк рехт. Бо як назар ба ӯ маълум мешуд, ки барои Роналдо рақами 1 будан дар футбол чӣ андоза муҳим аст. Ӯ ин навбат рақиби нерумандаш - Лионел Мессиро ба ҷои дуюм фаровард. Рамзи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба Роналдо шоҳи футбол – Пеле тақдим кард. Криштиан зимни суханронӣ гуфт, ки қабл аз ҳама, барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза аз ҳамдастаҳояш дар “Реал” ва тими мунтахаби Португалия миннатдор аст, зеро ба гуфтаи ӯ “бидуни талошҳои онҳо, даст ёфтан ба ин дастовард номумкин буд”. Роналдо соли 2013 дар 56 бозӣ дар ҳайати тими миллии Португалия ва “Реал” 66 гол задааст. Баррандаи “Тӯби тиллоӣ” дар пайи назарпурсӣ миёни мураббиён, сарварони тимҳои миллӣ ва хабарнигорони риштаи варзиш муайян мегардад. Дар маросими ботантанаи Сюрих, ҳамчунин, дар чанд номинатсияи дигар беҳтаринҳои футболро эълон карданд. Надин Ангерер аз Олмон беҳтарин бонуи футболбози соли 2013 шинохта шуд. Юпп Хайнкеси олмонӣ, сармураббии пешини “Бавария” ба унвони беҳтарин мураббии соли 2013 даст ёфт. Златан Иброҳимович, бозингари шведӣ ба унвони занандаи зеботарин голи
сол муаррифӣ шуд. Дар гузашта FIFA ҷоизае бо номи “Бозингари сол” дошт, ки ҳамасола ба беҳтарин футболбози мард ва зан тақдим мешуд. Беҳтаринҳо дар пайи овоздиҳии мураббиён ва сарварони дастаҳои мунтахаби ҷаҳон маълум шуда, ҷоизаи “Тӯби брилиантии ФИФА”-ро мегирифтанд. Нахустин ҷоизадор Лотар Маттеуси олмонӣ (соли 1991) буд. Ҷавонтарин бозингаре, ки ин ҷоизаро соҳиб шуд, Роналдо буд. Ӯ соли 1996, вақте 20 сол дошт, ба унвони беҳтарин бозингари ҷаҳон даст ёфт. Роналдо, ҳамчунин, аввалин бозингаре буд, ки ҷоизаи мазкурро ду сол пайиҳам дарёфт кард. Роналдо ва Зайниддин Зидан ин ҷоизаро себорӣ гирифтаанд. Зидан 6 маротиба ба сегонаи беҳтаринҳоро роҳ ёфтааст. Охирин дорандаи ҷоиза Лионел Мессӣ буд. Соли 2010 ҷоизаи “Бозингари соли FIFA ” ва ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”, ки аз сӯи нашрияи фаронсавии “France Football” тақдим мешуд, муттаҳид гардида, ҷоизаи ягонаеро таъсис доданд, ки “Тӯби тиллоӣ” ном гирифт. Криштиан Роналдо 5 феврали соли 1985 дар шаҳри Фуншали Португалия ба дунё омадааст. Гаронтарин бозингар дар таърихи футболи ҷаҳон аст. Барои аз “Манчестер Юнайтед”-и Англия ба “Реал”-и Мадрид гузаштани ӯ беш аз 83 миллион фунт стерлинг пардохт шудааст. Беҳтарин нишонзан дар таърихи тими мунтахаби Португалия мебошад. Яке аз беҳтаринҳои футболи муосир дониста мешавад. Ӯ беҳтарин бозингари ҷавони Чемпионати Аврупо дар соли 2004 эътироф гаридааст, Қаҳрамони премер-лигаи Англия дар мавсимҳои 2006/2007, беҳтарин бозингар ва беҳтарин бозингари ҷавон 2007/2008, беҳтарин бозингари мавсими 2008/2009 ва Ҷоизадори “Бутсии тиллоӣ” дар солҳои 2008 ва 2011.
Аллегрӣ аз “Милан” рафт Массимилиано Аллегрӣ, сармураббии клуби футболи “Милан”-и Италия аз вазифа сабукдӯш шудааст. Дар ин бора “Sport Mediaset” хабар медиҳад. Дар охирин дидор, 12 январ таҳти раҳбарии Аллегрӣ “Милан” дар Чемпионати
Италия аз клуби “Сассуоло” бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд. Вақтҳои ахир бозиҳои “Ми-
лан” ва кори мураббии он зиёд интиқод мешуд. Дар мавсими 2013/2014 клуб бо 22 хол аз 19 бозӣ дар зинаи 11-уми ҷадвали Чемпионати Италия қарор дорад. “Sport Mediaset”, аммо нагуфтааст, ки Аллегриро кӣ иваз мекунад. Қаблан ВАО-и Италия навишта буд, ки сармураббии нави “Милан” шояд Филиппо Индзагӣ, бозингари собиқи ин клуб, ки ҳоло ҳайати ҷавонони ин клубро тамрин медиҳад, шавад. Аллегрии 46-сола аз соли 2010 дар курсии сармурабии “Милан” менишаст.
МҚҶ-2022 зимистон доир мегардад Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 авохири тирамоҳ ва аввалҳои зимистон баргузор мешавад. Дар ин бора Жер Валке, дабири кулли Федератсияи ҷаҳонии футбол хабар додааст. Ӯ гуфта, ки ин мусобиқа моҳҳои июниюл, ки маъмулан МҚҶ баргузор мешаванд, доир намегардад. Барои аввалин бор аст, ки расман аз тасмим барои баргузории сабқати ҷаҳонии футбол дар зимистон иттилоъ медиҳанд. Валке гуфтааст, шояд он аз 15 ноябр то 15 январ доир гардад, зеро дар ин давра ҳаво дар Қатар тақрибан ба 25 дараҷа гармӣ мерасад, ки барои бозии футбол мувофиқ меояд. Аммо Ҷим Бойс, ноиби президенти ФИФА ба “Sky Sport” гуфтааст, кумитаи иҷроия ба ин мавзӯъ то ҳол дахл накардааст ва шояд Валке назари шахсии худро баён карда бошад. МҚҶ-2022-ро давлати Қатар мизбонӣ мекунад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Роналдо – соҳиби “Тӯби тиллоӣ”-2013
Билетҳо дар сайти Сочӣ-2014 фурухта мешаванд. Нархи билет барои ширкат дар бозиҳои гурӯҳии хоккей миёни занҳо аз 500 то ду ҳазор рубл нарх дорад. Арзиши чиптаи даври ¼-финал то 3,5 ҳазор аст ва гаронтарин билети даври нимниҳоӣ ҳафт ҳазор рубл мебошад. Барои ширкат дар бозии финалӣ бояд аз ду то 11 ҳазор рубл пардохт намоӣ. Ба Бобои Барфии Русия, ки дар Устюги азим зиндагӣ мекунад, соли 2009 мақоми «Бобои Барофии расмии Сочӣ-2014” дода шуд. Ҳангоми оғози олимпиада ӯ дар бустонсарои Боғи олимпӣ зиндагӣ мекунад, ки расман 6 феврал боз мегардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
14
ЭЪЛОН
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2005, №167 барои дарёфти грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон барои соли 2014 вобаста ба мавзӯъҳои зерин озмун эълон менамояд: - Мусоидат ба баланд бардоштани тарбияи маънавию ахлоқӣ ва ватандӯстии ҷавонон (ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ); - аз таъсири таблиғоти ифротгароёна ва оштинопазирии милливу мазҳабӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонони деҳот; - тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон; - фаъолгардонии ҷавонон дар ниҳодҳои сиёсӣ; - баланд бардоштани фаъолнокии сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонони деҳот; Грантдиҳанда (Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷудо намудани панҷ гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар кадом ба андозаи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ба нақша гирифтааст . Мӯҳлати иҷрои лоиҳаҳо аз 4 то 6 моҳ мебошад. Мӯҳлати охири қабули дархостҳо - 20 феврали соли 2014. Маълумоти иловагиро, аз ҷумла, шакли дархостиро мавриди муроҷиат аз суроғаи зерин метавонед дастрас намоед: шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон-6. Тел: 236 37 26, 93 5753080. Вебсайт: www.youth.tj, e-mail: grant@ youth.tj Шахси масъул – Иброҳим Мирзоев.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии соҳибистеъдодҳои ҷавон, адибону рӯзноманигорон, рассомону бастакорон, режиссёрону меъморон ва санъаткорони ҷавоне, ки дар рушду инкишофи соҳаи худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, озмуни Ҷоизаи кумитаро дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ барои соли 2014 эълон менамояд. Ҳар кадом ҷоиза (шаш ҷоиза) бо рамзи махсус, диплом ва маблағ дар ҳаҷми 4200 (чор ҳазору дусад) сомонӣ муайян шудааст. Барои гирифтани ҷоиза адибон, рӯзноманигорон, рассомон, бастакорон, режиссёрон ва санъаткорони ҷавоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба тариқи инфиродӣ ва ё дар ҳайати гуруҳи эҷодӣ (то 8 нафар, 14-35-сола) дар озмун ширкат варзида метавонанд. Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо пешниҳоди шиноснома ба суроғаи зерин то 1 апрели соли 2014 муқаррар гардидааст: шаҳри Душанбе, кӯчаи Варзишгарон-6. Тел: (+37) 2 36 3726, 93 575 3080. Вебсайт: www.youth.tj, e-mail: grant@youth.tj Маълумоти иловагӣ, аз ҷумла, Низомномаи озмунро низ метавонед аз суроғаи зикршуда дастрас намоед.
ТАВАҶҶӮҲ
e-mail: javonontj@mail.ru
Аз Комиссияи Ҷоизаҳои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба хотири рушду такомул ва пешрафти соҳаи журналистикаи тоҷик, ҳамчунин, барои гиромидошти шоири ширинбаён, публитсисти оташинсухан, шахсияти қавииродаю муборизи роҳи озодию адолат Абулқосим Лоҳутӣ, ки дар нумӯи матбуоти тоҷик хидмати босазои таърихӣ кардааст, озмун эълон мекунад. Ба озмун матолибе, ки соли 2013 ба табъ расидаанд, бояд пешниҳод гарданд. Дар бахши матбуот – 1 ҷоиза. Дар бахши телевизион – 1 ҷоиза. Дар бахши радио – 1 ҷоиза. Дар бахши тадқиқоти илмию таълимии журналистика – 1 ҷоиза. – Барои дарёфти ҷоиза асару матолиби аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. – Матолиб бо қарори созмонҳои аввалияи журналистон ва ё раёсати идораҳои эҷодӣ пешниҳод шаванд. – Пешбарии асар ва ё матолиб бояд дар шакли мактуби расмӣ бо имзои сарвар ва муҳри асосии идора, ки дар он ному насаб ва тахаллуси муаллиф, унвони ифтихорӣ ва илмии ӯ, номи асар ва матолиби пешниҳодшаванда, санаи интишор ё намоиши аввалини он саҳеҳ зикр шуда бошад, эътибор дорад. – Дар мактуби пешниҳодӣ арзиши бадеӣ ва муҳтавои асар ва ё матолиби довталаб бояд ҳаматарафа акс ёбад, ҳамзамон, қарори ҳайати идора ё муассиса, протоколи муҳокимаи раёсати эҷодӣ замима шаванд. – Ба озмун аз як созмони аввалия, дар як навбат як нафар ва ё як ҳайати довталабон пешниҳод мегарданд. – Пешбарии матолиб баъди муҳокима аз тарафи созмонҳои аввалияи журналистони идораи маҷаллаву рӯзномаҳо, кумита ва муассисаҳои телевизион ва радио, факултаҳои журналистии донишкадаву донишгоҳҳо масъулиятшиносона сурат мегирад. – Пешбарии матолиби довталабон бояд аз як созмон як нафар (ё ҳайати муаллифон) аз тариқи овоздиҳии пӯшида анҷом пазирад. – Ба маводи ба комиссия ирсолгардида, ҳамчунон, ҳуҷҷат ва маълумоти зерин бояд пешниҳод гарданд: – шарҳи ҳол; – акси довталаб 2 адад, андозаи 9х12; – нишонии макони зист ва ҷойи кор; – рақами телефонҳои довталаб (корӣ, хона, ҳамроҳ); – нусхаи шаҳодатномаи узвияти ИЖТ. – Дар бахши матбуот ҳар як матолиби пешбаришуда 7 нусха дар шакли як бастагии рӯзнома ё маҷаллаҳо бебозгашт супорида мешавад. – Дар бахши телевизион ва радио сенарияи филм, матни асар, сабти видеоӣ (СD ё DVD) ва дигар василаҳо 7 нусха бебозгашт қабул мешаванд. - Дар бахши тадқиқоти илмию таълимии журналистика матолиб – китоби ба тозагӣ ба табъ расида 7 нусха бебозгашт пешниҳод мегарданд. Ба барандагони ҷоиза унвони Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, диплом, медал ва мукофоти пулӣ дода мешавад. Пешбарӣ ва қабули асару матолиби довталабон то 1 марти соли 2014 сурат мегирад. Асарҳо ва матолиби пешниҳодӣ то муҳлати муқарраргардида ба Комиссияи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 3, (тел: 238-58-68, 904-27-13-19) ва Котиботи ИЖТ бо нишонии фавқ (ошёнаи 1, тел: 221-79-03, 23434-44) бояд пешниҳод гарданд. Комиссияи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Акнун, њоло Исмњои ... ва љинс
… Хон, ситораи кинои њиндї
Зиёдтар, афзунтар
Пойтахти Шветсия
Дар ин узв санг пайдо шуда метавонад
Далели бегуноњии айбдоршаванда
Коридор (тољ.)
Бозрасї барои назорати тартибот дар роњ
«Аъзо»
Бахшишпурсї
Шикоф Рузи якуми ин моњ – Рўзи њазлу фиреб
Асбоб барои чашм
Дар хона ба 220 баробар аст
Занбўр
Пиани- Нишонои пасна, хуту васусият сеъ
Муќобили борик
Олї, баланд
Яке аз динњои љањонї
Пой- Асбоби тахти наќшаИндонекашї зия
Пешгузари намоз
Кўтоњшудаи номи Швартсеннегер
Модари Суњроб дар «Шоњнома»
Модар (лањља)
Кору кирдор
Нидои љангї аз феъли «задан»-и туркї
… Шетти, ситораи кинои њиндї
Аддис-..., пойтахти Эфиопия
«Саодати ту, давлати ту … бод» (гимн)
Холї, мањрум
Љонишини ишоратї
Мебели ошхона
Љамъ, кам, Сар- …, таќсим
Меваи маъмул
Тамѓаи шоколади љуфт
Пойтахти Бошќирдистон
Љузъи сура
Ќањрамони бинидарози афсонавї
Раќами т. мобилї чанд адад дорад?
Яроќи калони чархдор
Додар Оби Суруд (лањљ.) дањон (лањљ.)
… Рао, ситораи кинои њиндї
Мухтасари номи кишвари араб
Моњи тобистона
Низомнома
Ќисми рўй
Зиёрати хонаи Каъба
… Деол, ситораи кинои њиндї
Ислом, масењия, буддоия
Маќсад
Оила, ањли Муќова хона
Њаё, ор Соњаи истењсолот
Пойтахти Норвегия
Доллар Њарфи алифё собои монї англисї
СММ ба русї
Эътиќод, боварї
Гапи хуб дар бораи касе
Пули Шабакаи ТВ-и Ру- пешинаи сия «…итоПланета» лиёвињо
Тими варзишии њарбиён (русї)
«розї»
Пањлў, канор
А, К ё О чиянд? Мањсулот барои пухтани таом
... Баччан, актёри њиндї
Яке аз Шакли занњои дигари бињиштї
Наќлиёти мусофиркаши шањрї
Луч, – бисёр, урён «…» якто
Тахаллуси Владимир Илич Улянов
Меваи ситрусї
Дар пеши стол меистад (русї)
... Поттер Њайвони хонагї
Бо сўзан дар дасти дўзанда аст
Забони сокинони Лондон
Пайѓамбар, писари Марям
Таоми дампаз Аз они рўбоњ дароз
Хоки биёбон, ќум
Асъори Арманистон
Кунд не
Домоди Расули Акрам (с)
Сурат «Температура» ба тољикї
дори ќўшун
… Деол, актёри њиндї
Алмоси сайќалдода
Норасої, гуноњ
e-mail: javonontj@mail.ru
Ба пур-
Камо- сиш чї мелот дињанд?
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №3 (9325), 16 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Журналист аз навтоҷики сарватманде мепурсад: - Нахустин пулҳоятонро чӣ гуна кор кардед? - Ба шумо чӣ хел фаҳмонам... Ҳа, гуфтагӣ барин, ин қапчуқ аз шумо аст?
- Раис, кризис омадааст!
Самариддин АСОЕВ
Муаллима бемор мешавад. Ҳамсинфон Салимро барои хабаргирӣ мефиристанд. Фардо Салим ба синф даромада, мегӯяд: - Вазъият хеле бад. Муаллима пагоҳ ба кор мебарояд!
- Гап зан, ки ман нестам!
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Ноила ВОҲИДОВА
Судя ба гумонбар: - Шаҳодати шоҳидонро бо чӣ далел ва чӣ гуна рад мекунед? - Ман бояд фикр кунам. - Хеле хуб, барои фикр кардан панҷ сол кифоя аст?
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
Тоҷир ба равоншинос: - Духтур, ёд доред соли гузашта ба ман тавсия дода будед, ки барои аз кор канор шудан бояд бо хонумҳо ба айшу ишрат биншинам? - Бале, ёд дорам. - Акнун, бигӯед, ки ҳоло чӣ кунам, то аз ин хонумҳо кандаву ба кор баргардам?
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.
Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 6880 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
НИГОҲИ ДИГАР
Тоҷикон «бухор» ҳам мешаванд Дар ошёнаи 7-уми як бинои 9-ошёнаи шаҳри Маскав сӯхтор ба амал меояд. Аз тирезаи хонае, ки месӯхт, кӯдакон ба ёрӣ даъват мекунанд. Дар наздикӣ муҳоҷирони тоҷик будаанд ва аз хобгоҳи худ курпа оварда, зери тирезаи бино тайёр мешаванд. Як духтарча ва як писарча худро аз тиреза мепартоянд. Ҷароҳат ҳам бардошта бошанд, хушбахтона, зинда мемонанд. Аз шабакаи “РЕН ТВ” ин ҳодисаро шарҳ дода, яке аз шоҳидон дар суҳбат гуфт: «Хорошо что рядом были таджики и растюнув одеяло спасли детей...» Сипас, дар интернет хостам маълумоти бештар ва нигоҳи ВАО-и Русияро хонам. Дигар дар ягон торнамо доир ба ин ҳодиса вожаи «таджики»-ро надидам. Барои “Маяк” тоҷикони «приезжий» ба «местные рабочие» мубаддал гаштанд - «...на матрас, растянутый местными рабочими». “ТВЦ” каме ба ҳақиқат наздик мешавад, вале ҳамоно забонаш намегардад, ки пеш ё пас аз вожаи «дворники» як хатча монда, «таджики»-ро часпонад - «...на растянутое внизу дворниками одеяло». Барои “Росбалт” «дворник»-ҳо «строител» мешаванд ва низ аз миллату шаҳрвандии онҳо ягон ҳарф нест. «Спасли строители, живущие в быточке неподалеку от места ЧП». “1ТВ” аз хуну пуст гузашта, вожаи «гастарбайтер»-ро истифода кард, вале аз рӯи одаташ «гастарбайтеры из Таджикистана» нагуфт. («Гастарбайтеры, увидев, как пламя вы-
рывается из окон квартиры, подтащили к дому матрас из бытовки»). Аммо чашмҳои хираи хабарнигорони “Интерфакс”, “ИТАР-ТААС”, “РИА”, “Вести.Ру”, “Правда. Ру” дар он ҳодиса на «дворник» диданду на «гастарбайтер». Интерфакс: «Пока у них не выявлено серьёзных повреждений...». “Вести. Ру”: «Дети выпрыгнувшие из окна выжили..». “ИТАР-ТААС”: «До прибытия сотрудников МЧС из окна квартиры выпрыгнули два ребенка четырех и шести лет». “РИА”: “В пресс-службе ГУМЧС ранее сообщили, что дети выпрыгнули из окна до прибытия пожарных». “Правда.Ру”: «Из окна седьмого этажа выпрыгнули двое детей...». “НТВ” дар ҳодиса қаҳрамонии як муйсафеди русро (ҳатто исми ин муйсафедро меорад - «Виталий Дягтарёв») мебинад, аммо чанд нафар тоҷикро не: «…выбросившихся при пожаре с 7-го этажа жилого дома в Москве. Детей, как выяснилось, спас бдительный пожилой мужчина». Барои “Русская служба новостей” ва “Регнюм” низ тоҷикон «ғайб» мезананд: «До прибытия пожарных из окна квартиры выпрыгнули два ребенка, возраст детей уточняется». «Вечерняя Москва» бо фахр менависад: «Вечерке» первой удалось поговорить с мужчиной, спасшим детей». Баъдтар тасвири ҳодисаро муфассалтар меорад, аммо «одеяло и матрас» ба «половичок» ва муйсафеди нафакахӯр ба супермени наҷотдиҳандаи ду кӯдак мубаддал мешавад. Тоҷикон бошанд, ин ҷо на «дворник» мешаванду на «гастарбайтер, очевидцы» ва на «местными рабочими», балки ҳама “бухор” мешаванд.
“ilhom.wordpress.com”
Котиба ба раис: - Ҷонам, барои чӣ занатон ин қадар бо нафрат ба ман нигоҳ кард? - Барои он ки ӯ ҳам замоне котибаи ман буд. Аз суҳбати ду рафиқ: - Бештари муаллимон пулҳояшонро дар куҷо ҳифз мекунанд? - Дар орзуҳояшон... Аз хотироти як ҷавон: - Ман дар синфи 11 мехонам ва аз ҳамаи ҳамсинфонам босаводтар ҳастам. Онҳо ҳамаашон дар сафи артиш хизмат кардаанду мекунанд, аммо ман ду соли дигар дар синфам мехонаму 27-сола мешавам... Муаллим ба шогирдаш: - Аз ба мактаб ҷеғ задани падару модари ту ба ҷон омадам. Кошки ятим мешудӣ...
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Шиносномаи техникии ҳавлидорӣ, ки дар КФББТ ноҳияи Шаҳритӯс таҳти рақами 4 (феҳрасти №ТШ43) аз 7 январи соли 2011 ба номи сокини ноҳияи Қубодиён Тошматова Баръно сабт шудааст, эътибор надорад.