Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
1
№46 (9368),
13 ноябри соли 2014
ТУРИЗМ
РУШДИ МАҲАЛ
Бунёди 119 гармхона дар Ёвон
12 ноябр дар доираи сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ду гармхона ба истифода дода шуд. Гармхонаҳои ширкати чинии «Синзян Инхай» дар майдони 49 гектар бо сохтмони 196 гармхонаю сардхона бо нигоҳдории 1000 тонна маҳсулот ва коргоҳи бастабандии барвақтӣ пешбинӣ гардидааст. Алҳол 119 гармхона сохта шуда, дар 40 гармхона маҳсулоти барвақтӣ, аз ҷумла, помидор, бодиринг, қаламфур ва ғайра кишт мешаванд.
ВОХӮРӢ
Сарвазир ба Хоруғ рафт Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Ӯ бо фаъолони вилоят вохӯрда, масоили марбут ба вазъи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ВМКБ баррасӣ мешавад. Сарвазир, ҳамчунин, дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншоот, аз ҷумла, бинои таваллудхонаи нави вилоят, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, манзили зист барои кормандони Раёсати КДАМ ва бинои хизматӣ барои воҳидҳои махсуси мақомоти милиса ширкат хоҳад варзид.
ҲАМКОРӢ
Хоруғ - сарсабзтарин шаҳри Осиёи Марказӣ
Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе 7-8 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид. Ҳайати меҳмононро раиси шаҳри Санкт-Петербург Григорий Полтавченко роҳбарӣ кард. Дар доираи чорабинӣ консерт, вохӯриву машваратҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, тандурустӣ, омӯзиши забони русӣ, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму фарҳанг баррасӣ шуданд.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2015
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
2
ҲАМКОРӢ
Имзои 4 созишнома бо Чин
8 ноябри соли равон дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамоиши “Муколама доир ба таҳкими шарикӣ дар соҳаи ҳамбастагӣ” дар чаҳорчӯби ҳамоиши созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором доир гашт, ки дар он Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш роҳбарони давлату ҳукуматҳо аз 8 кишвари қитъаи Осиё – Чин, Тоҷикистон, Покистон, Муғулистон, Бангладеш, Камбоҷа, Лаос ва Мянмар, ҳамчунин, роҳбарияти созмонҳои
бонуфузи минтақавӣ ба ҳам омаданд. Тавре зикр гардид, яке аз мавзӯъҳои асосии ин муколама ташкили камарбанди иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим ва густариши робитаҳо миёни кишварҳои Осиё
ва минтақаи уқёнуси Ором аст. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ташаббуси Чин доир ба роҳандозии муколама бо кишварҳои ғайри аъзои созмони Ҳамкории иқтисодии Осиё ва уқёнуси Ором
баҳои баланд дода, онро нишонаи ҷаҳди ин давлат ба густариши ҳамбастагии ҳамаҷонибаи минтақавӣ номид. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои иқтисодию нақлиётӣ дар чунин доираи васеъ барои Тоҷикистон
барин кишварҳои осиёӣ, ки роҳҳои баҳрӣ надоранд, басо муҳим аст. Сарвари давлат аз имзо шудани Созишномаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи муҳайёсозии шароити мусоид барои боркашонии автомобилӣ ва раванди мувофиқасозии Барномаи рушди ҳамоҳанги роҳҳои мошингарди давлатҳои аъзои ин созмон ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки ташкили чунин ҳамкорӣ дар минтақаҳои аз ин васеъ ба нафъи кулли кишварҳои Осиё аст. Дар ҷараёни ин сафар Президенти мамлакат бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин мулоқот анҷом дод. Дар доираи ин мулоқот миёни ду кишвар 4 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки Чин, аз ҷумла, дар сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон ва сохтмони як қатор корхонаҳои саноатӣ ва бахши кишоварзӣ маблағ ҷудо хоҳад кард.
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАШН Сарвари давлат зимни суханронӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакатро самимона табрик карда, аз ҷумла, таъкид намуд, ки таъмини сулҳу субот ва оромиву тартиботи ҷамъиятӣ ба зимаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, бахусус, мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардида, онҳо аз иҷрои ин вазифаи муҳиму бошарафи худ бо сарбаландӣ мебароянд. Тавре зикр шуд, дар солҳои охир Ҳукумати мамлакат, хусусан, барои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус дода, дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти сохтори давлатӣ ислоҳоти мақомоти корҳои дохилии кишвар ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани фаъолияти онҳо низ мунтазам идома дода шуда, дар баробари дигар сохторҳои низомии кишвар мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби муҳими ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил ёфтааст. Президенти ҷумҳурӣ аз шуҷоату мардонагии садҳо нафар корманди содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки онҳо дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардум
Таҷлили Рӯзи милитсияи тоҷик 10 ноябр ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар Кохи “Ваҳдат”-и пойтахт бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. талошҳои зиёд намуданд. Хотираи неки онҳо дар саҳифаҳои таърихи навини кишварамон абадан сабт гардидааст. Сарвари давлат дар идома изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҳкими заминаи моддӣ-техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои он пайваста тадбирҳои муассир андешида, барои ҳайати шахсӣ шароити мусоиди корӣ муҳаё карда шуда, дар таъмини таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ ва бунёди иншооти замонавӣ диққати авалидараҷа медиҳад. Дар панҷ соли охир 60 бино ва иншооти маъмурӣ, аз ҷумла, маҷмааи варзишии «Динамо», беморхонаи замонавӣ, маркази назоратии “Шаҳри бехатар”, бинои панҷошёнаи маъмурӣ барои дастаи таъиноти махсуси милитсия, бинову иншо-
оти хизматрасонӣ дар қисми низомии 3502, инчунин, чанд иншооти соҳа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба истифода дода шуда, ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳа бунёди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз шуд. То имрӯз 650 оилаи хизматчиёни милитсия бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзили истиқоматӣ таъмин гардидаанд ва ин раванд оянда низ идома меёбад. Зикр гардид, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 15 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шуда, 13 ҳазори он аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ошкор гардидааст. “Бо вуҷуди он, ки ҳодисаҳои содиршавии ҷиноят назар ба соли гузашта 570 адад кам ба қайд гирифта шудааст, вале сатҳи ошкоркунӣ 87 фоизро ташкил медиҳад ва андешидани чораҳои иловагӣ ва боз ҳам пурзӯр кардани корро дар ин самт тақозо менамояд”, - афзуд Сарвари давлат. Худи ҳамон рӯз Президенти мамлакат дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои наву замонавии бисёрошёнаи хонаҳои истиқоматиро барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода, ба 50 хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим шуд. Дар асоси лоиҳаи бунёди хонаҳои истиқоматӣ, аз аввали соли 2015 дар ин мавзеъ, ҳамзамон, бунёди боз 3 бинои дигари истиқоматии аз 12 то 16-ошёна ва боғчаи кӯдакон дар назар аст.
Шиддату зӯрӣ Ё чаро дар замони муосир фаҳми “ҷиҳод”-ро тағйир доданд?
Баррасии масъалаҳои экологӣ 1 ноябри соли равон дар шаҳри Исфара бахшида ба 70-солагии директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, шодравон Аҳад Тешаев конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Масоили иқтисодию экологӣ дар Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид. Мавзӯоти асосии конфронс масоили иқтисодию экологӣ, роҳҳои имконпазири ҳалли онҳо, зарурати бақайдгирии масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи сарчашмаҳои алтернативии манбаъҳо, обмонии қатрагии зериплёнкагӣ, ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳо, соф кардани партовобҳо бо истифодаи хокаи бентонитии фаъол, моҳият ва самаранокии порӯҳои минерали, инноватсияи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкории хурду миёна, дурнамои мактабҳои олӣ ва ташаккулёбии мутахассисон ва ғайраро дар бар мегирифт. Дар кори конфронс олимони ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла, аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, филиали НИТУ «МИСиС» (Маскав) дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии шаҳри Лвови Украина, Донишгоҳи давлатии Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд. Дар ибтидо, муовини сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Р. Турдиматов перомуни «Зарурати бақайдгирии масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуд. Ӯ аз ҷумла, зикр кард, ки солҳои охир вазъи экологии вилоят хеле беҳтар гашта, маҷмӯи муаммоҳои экологӣ ҳал шуда истода бошад ҳам, бо вуҷуди ин баъзе проблемаҳои экологӣ мавҷуданд. Яке аз онҳо беҳтар кардани ҳолати санитарию экологии маҳалҳои аҳолинишин дар шаҳру навоҳии вилоят мебошад, ки бо мурури замон мураккабтар мешавад. Дар фарҷом иштирокчиён муроҷиатнома қабул карда, пешниҳод карданд, ки ҳар сол бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист – 5 июн чунин конфронс баргузор шавад.
ТУРИЗМ
Муаррифии Тоҷикистон дар Малайзия 15 нафар мутахассиси бахши давлатӣ ва хусусии кишвар барои бозомӯзӣ ва ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон 11 ноябр ба Малайзия сафар карданд. Ин сафар бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия баҳри амалӣ намудани Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм ва дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳангоми сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Малайзия амалӣ мегардад. Барномаи бозомӯзӣ мук-
камал буда, дар он тамоми нозукиҳои соҳа баррасӣ мегарданд. Дар баробари муаррифии имкониятҳои туристии Малайзия, инчунин, имкониятҳои туристии Тоҷикистон низ барои кормандони Вазорати туризм ва фарҳанги Малайзия ва ширкатҳои сайёҳии ин давлат муаррифӣ мегарданд.
Ҷиҳод аз ҷаҳд аст. Он кӯшишест барои аз миён бардоштани садду монеаҳои байни инсон ва ислом. Ин кӯшиш, ҳамзамон, дар се маҷро роҳандозӣ мешавад: а) Муқовимат алайҳи таҷовузи беруна. Ҳар ҷанги аз нигоҳи муносиботи байни давлатҳо раво ва ҷоиз дар навбати худ навъе ҷиҳод аст. Аммо бо фарқ аз насроният дар ислом “ҷанги муқаддас” вуҷуд надорад. Яъне, қувваи низомӣ ва сиёсиро истифода бурда, барои ба дигарон қабул кунондани исломият ҷанг сар кардан машруъ нест. Вақте як сабаби машруъ ва маҷбурият дар миён набошад, пас, ҷанг оғоз кардани як давлат ба хотири тавсеа бахшидани сарҳад ё қаламрави худ, афзун кардани нуфузи сиёсӣ, ғанимат ба даст овардан ва ё захираҳои табии кишвари ҳамсояро соҳиб шудан низ ғайримашруъ аст. Агар ба он “фатҳу” “зафар” ном ниҳанд ҳам, ба ҷуз таҷовузу истило чизе беш нест. Аз ин лиҳоз, як силсила ҷангҳое, ки мусулмонҳо дар таърих таҳти номи “фатҳ” анҷом додаанд, ба ҳамин гуруҳ дохил мешавад. Ҳамин буд, ки Халифаи панҷум Умар ибни Абдулазиз яке аз панҷ ислоҳоте, ки баробари ба қудрат омадан роҳандозӣ кард, ин буд: урдуи ҷангиро, ки таҳти номи “фатҳ” ба минтақаи Арманистон ва Озарбойҷон раҳсипор буд, пас хонд. Бино ба қавли халифа лашкар ба манотиқи мазкур ба хотири ғанимат рафта истода буд, на кушоиш. б) Навъи дуюми ҷиҳод меҳнату омӯзишеро гӯянд, ки дар роҳи илм, фикр, санъат, адабиёт ва ҳоказо сарф мешавад. Амале, ки мақсадаш ба ҳаққу ҳақиқати ба инсонҳо ишоратфармудаи ислом, инчунин, ба ҳаққоният ва адолат, накӯӣ ва эҳсон равона кардани инсонҳо бошад, як навъ ҷиҳодест ба масобаи “ҷаҳд”. Аслан, роҳи муассири аз миён гирифтани садду монеаҳои байни ислом ва инсон дар ҳамин навъи ҷаҳд аст. Чаро
ки ба туфайли он хурофот ва андешаҳои ботил тасҳеҳ ёфта, инсон ба ҳаққу ҳақиқат рӯ ба рӯ меояд. в) Навъи сеюми ҷиҳод муҳосибаи (суолу ҷавоб) нафс аст. Он ҷаҳдест, ки инсон алайҳи хоҳишу худпарстӣ ва ҳирсу эҳтироси худ анҷом медиҳад. Ин навъи ҷиҳод гоҳо аз ширкат дар ҷанг ҳам мушкилтар аст. Зимнан, ҳаракатҳои исломие, ки баъд аз солҳои 80уми асри 20 дар гӯшаҳои гуногуни дунё пайдо шуданд, муҷодалаи худро (хоҳ он бо мақсади ишғоли низомӣ бошад, хоҳ мубориза бо режимҳои худкома ва ё барои мубориза бо якдигар) бо истилоҳи “ҷиҳод” пӯшиш медиҳанд. Дар асри 19 исломиҳо ҷиҳодро муқовимати амалӣ мегуфтанд, ки дар ҷанги гарм ба муқобили мустамликадорӣ равона мешуд. Баъди аз султаи мустамликадорон халос шудан, онро ба маънои “эҳёи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ” ба кор бурданд. Ҳатто Инқилоби исломии Эронро, ки соли 1979 сар зад, “ҷиҳоди созандагӣ” ном ниҳоданд. Аммо дар замони муосир вақти истифодаи истилоҳи “ҷиҳод” гурӯҳҳои исломӣ аз навъҳои ҷанги муосир, растохез ва муқовимат сахт мутаассир шуданд. Хусусан, аз инқилоби Фаронса, Олмон, фашизми Италия ва Русияи шӯравӣ, гурӯҳҳои чапгарои марксистӣ, партизанҳои Амрикои Лотинӣ бавоситаву бевосита илҳом гирифтанд. Ин таъсир ва илҳоми гирифтаи онҳо ҳангоми ҷанг бо режимҳои сиёсӣ ва неруҳои ишғолгар дар шакли зӯрӣ ва маҷбурият зуҳур кард. Истифодаи шиддат ва террор дар ҷанг ва муҷодалаҳои сиёсӣ ба ҳайси як усули машруъ дар инқилоби Фаронса, солҳои охири Иттиҳоди Шуравӣ дар кишварҳои узви ин Иттиҳод ва дар Чину кишварҳои коммунистӣ дида шуд. Дуруст аст, ки дар таърих аз шиддат ва зӯр истифода кардани
давлатҳои исломиро сарфи назар карда намешавад, вале истифодаи муосири шиддат ва террор далолат ба як системаи комилан дигар мекунад. Ба қавли мутахассисон, як омили дигаре, ки фаҳми “ҷиҳод”-ро сиёҳ нишон дода, нодуруст муаррифӣ кард, ин аст: дар ибтидои ташкили давлатҳои мустақил усули шиддат ва террор, инчунин, сиёсати зӯроварона ҷой дошт. Балки то таъсиси давлатҳои мазкур аз роҳи зӯру шиддат кор гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки ягон давлати миллӣ бо ризоияти халқ ва бо роҳи демократӣ ташкил нашудааст. Дар натиҷа, гурӯҳу ҳаракатҳои исломӣ, ки мақсади татбиқи идеологияи исломиро дар сар дошта, дар пайи таъсиси давлатдории исломӣ ба мубориза баромадаанд, аз тарзи нодурусти идора (усули шиддату террор) бетаъсир намонданд. Шиканҷаву зӯровариҳои ғайриинсоние, ки режимҳо ба мухолифонашон раво дидаанд, як потенсиали зӯриву шиддатро аз ҳисоби мухолифон ва ҷонибҳои норозӣ ба миён овардааст. Феълан, қатли оми ҳазорон мухолифи суриягиву ироқӣ ва мисрӣ дар давоми задухурдҳои чанд соли охир далели рӯшани гуфтаи болост. Тибқи гузорише, ки моҳи октябри соли равон СММ дарҷ кард, дар Ироқ ҳам ДИИШ, ҳам ҳукумат бо гурӯҳҳои ҷонибдораш ба нақзи рӯиросте даст задаанд, ки ҷинояти ҳарбӣ ҳисобида мешавад. Бе тардид, ба ин ҳама қатлу куштори бешумори аҳолии осоиштае, ки ИМА-ву шарикони ғарбиаш дар Афғонистон ва Исроил дар Фаластин содир карданд, замина гузоштааст. Дар чунин як дунёи бераҳм як қатор ҳаракату гурӯҳҳо, ки муқовимат оғоз намудаанд, барои худ “Хориҷиҳо” (аввалин гурӯҳи динӣ-сиёсӣ дар таърихи ислом)-ро намуна қабул кардаанд.
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
СИЁСАТИ ДАВР
М. САИД, “ҶТ” e-mail: javonontj@mail.ru
КОНФРОНС
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
4
АНДЕША
МУШОҲИДА
Илм ё дин?
Илм бе дин зараовар аст, дин бе илм нобиност. Алберт ЭЙНШТЕЙН
Тӯли асрҳои зиёд мутафаккирони дин саъй менамуданд, ки ҷаҳонбинии худро бо кашфиёту усулҳои пешқадами фалсафиву илмӣ созиш диҳанд. Мисол, мутафаккирони пешини насронӣ дар асарҳои худ ба фалсафаи Юнони қадим такя мекарданд. Августини муқаддас (фақеҳи хеле бонуфузи насронии Ғарб) илоҳиёти насрониро, ки ба фалсафаи Афлотун асос ёфтааст, инкишоф дод, дар ҳоле ки Фомаи Аквинӣ осори Арастуро истифода бурд. Файласуфону табиатшиносони мусулмон, мисли Ибни Рушд ва Ибни Сино ба таълимоти паёмбари ислом Муҳаммад (с) пайравӣ менамуданд, ки мегуфт: “Ба дониш рӯй оваред, ҳатто агар дар Чин бошад.” Кашфиёте, ки онҳо дар асрҳои IX-XIV карданд, асоси илми ҳозираро гузоштааст. Бисёр кашфиёти муҳими илмиро дар асрҳои миёна мусулмонон карданд, дар ҳоле ки илми аврупоӣ нисбатан инкишофнаёфта буд.
Вале баъзан динҳо нерӯи ҳаётӣ ва руҳи эҷодии худро аз даст доданд. Мисол, дар асрҳои миёна калисои католикии Рим ба Арасту такя мекард ва хулосаҳои ӯро ҳамчун далели қатъӣ қабул менамуд. Айни замон, усули таҳлили ошкори танқидӣ, ки худи Арасту истифода мебурд, рад карда шуд. Ҳамин тавр, одамон пурра ба обрӯю эътибори донишмандони пешин умед баста, хулосаҳои онҳоро таҳлилу тафтиш намекарданд. Яке аз натиҷаҳои он ихтилофи машҳури байни Галилею Ватикан мебошад. Калисо ба арсае дахл намуд, ки салоҳияти он набуд ва саъй кард муайян созад, ки кадом назарияи физикӣ дуруст аст. Вале ин ҳодисаро дар муносибати байни илму дин умумӣ шумурдан мумкин нест. Дар даврони эҳё ва асри тиллоии гуманизм донишмандон, инчунин, рассомони маъруф аз калисо пуштибонӣ диданд. Бенедиктҳо, доминиканҳо, франсисканҳо ва иезуитҳо дар навбати худ табиатшиносоне буданд, ки дар инкишофи илм саҳми калон гузоштаанд. Бисёр олимони барҷаста, мисли Коперник, Кеплер, Галилео, Нютон, Дарвин, Ломоносов, Эйнштейн ба Худо бовар доштанд ва миёни андешаҳои илмиву динии худ ихтилофе намедиданд. Илм роҳи шинохти олами табиӣ ва қонунҳои идоракунандаи он мебошад. Дин ҳодисаи хеле мураккаб ва бисёрпаҳлуст, ки яке аз ҷабҳаҳои он майли одамонро ба фаҳмиши моҳияти дохилии ҳаёт, нафақат он чӣ дар олам
рӯй медиҳад, балки барои чӣ рӯй медиҳад, инъикос менамояд. Бинобар ин, дин, пеш аз ҳама, саъй менамояд, ки маънии ҳодисаҳои ба вуқӯъ пайваста ва маънии ҳаёти моро пайдо кунад. Сарфи назар аз он ки имрӯз дар дунё динҳои гуногуни зиёде мавҷуданд, ҳамаи онҳо дар аксар масъалаҳои маънавӣ ба ҳам мувофиқанд. Дин хазинаи муҳими ҳикмату таҷрибаи инсоният буд ва мемонад. Ин мероси ҳамагон аст. Ҳамон тавре, ки Гёте фармуда буд: “Ҳар кас, ки ба таърихи сеҳазорсола такя намесозад, фикри фардоро ҳам намекунад”. Таълимоти маънавию ахлоқии ҳамаи динҳо эътироф менамояд, ки куштор, бевафоӣ, дуздӣ, хасисӣ, худхоҳӣ, мағрурӣ ва ғайра ба одамони дигар ва ба худи инсон низ зарар меоранд. Ҳамаи онҳо аз арзиши сифатҳое чун ростӣ, фурӯтанӣ, боинсофӣ, ишқ, вафо, покизагии ахлоқӣ, эҳтиром ва фидокорӣ сухан мегӯянд. “Ҳама гуна хушахлоқӣ аз дин бармеояд”, - мегӯяд Достоевский. Фикру мулоҳизаҳои дар боло зикршударо ҷамъбаст намуда, мо метавонем бигӯем, ки илму дин ба ҳамдигар хеле заруранд. Ин ду роҳи такмилдиҳандаи ҳамдигаранд, ки ба мо барои шинохти пурраи оламе, ки дар он вуҷуд дорем, мадад мерасонанд. Аз ин рӯ, моро зарурати интихоб нест. Шуҳрат МАҲМУДОВ, омӯзгори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
e-mail: javonontj@mail.ru
Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Маълумоти муфассалро аз сомонаи кумита “www.youth. tj” дастрас кардан мумкин аст. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Телефонҳо барои тамос: 236-31-66, 907-58-73-60
Доғҳои оинаи кишвар Пойтахт оинаи ҳар давлат аст. Он симо ва ҳусни зебои кишварҳост. Агар ин оина доғдор бошад, ба давлат ҳарфи носазо гӯянд ва баҳои ночиз диҳанд. Вале агар зебову муҷалло бошад, ҳар сокини он ҳарфи таҳсин шунавад ва роҳбаронаш мавриди тавсифу офарин қарор гиранд! Рӯз ба рӯз шаҳри Душанбе – пойтахти Ватани азизамон ободу зебо гардида, биноҳои баландошёна қомат меафрозанд, таъмири роҳҳо, таҷдиди истгоҳҳо ва навсозии қубурҳои обгузар мушоҳида мешаванд. Лекин дар баробари ин баъзе аз гузаргоҳҳои пойтахт ё роҳҳои зеризаминӣ ба таъмиру тармим ниёз доранд. Онҳо на танҳо дар ҳолати хароб қарор дошта, ҳусни шаҳрро мекоҳонанд, балки ба мардум ҳам мушкил эҷод мекунанд. Яке аз онҳо гузаргоҳи назди бинои “Сирк” аст. Он дар ҳолати ногувор ва ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад. Зинаҳо кӯҳнаю фарсуда, сафолакҳои поғундаҳо рехта, оҳани атрофи поғундаҳо шикаста намоён шудаанд ва ҳар замон эҳтимоли афтода зарар дидани роҳгузарон имкон дарад. Зимнан, бояд гуфт Ҳукумати ҷумҳурӣ гузаргоҳҳои зеризаминии назди бозори “Саховат”, Фурӯшгоҳи марказӣ ва “Садбарг”-ро ба таври замонавӣ ва муосир аз нав сохта, ба хизмати халқ пешкаш кардааст. Гузаргоҳи назди Сирки давлатӣ ва Гулистон низ, агар хато накунам, ду сол пеш таъмир шуданд, аммо бо сифати хеле паст, ки имрӯз боз таъмирталабанд. Ҳамчунин, дар дохили гузаргоҳҳо бо боридани барфу борон оби зиёд ҷамъ мешавад. Яъне, дар дохили он борон мечакад ва савдогароне, ки дар дохили он савдо мекунанд, сақфи гузаргоҳро ба коғазу скоч часпонидаанд, то оби барфу борон молу маҳсулоташонро тар накунад, аммо кори кардаи онҳо бефоида аст, чунки гузаргоҳ бетаъмир аст ва оби борон хоҳу нохоҳ мечакад. Агар масъулин дар андешаи таъмир кардани гузаргоҳи зеризаминии назди бинои Сирк шаванд, нуран алонур мешуд. Чунки фасли зимстон ва мавсими боронгарию намиҳо ҳам фаро расид. Боронгариҳо ҳатман гузургоҳҳои валангорро харобтар месозанд. Ин харобӣ оинаи муҷаллои кишвар – пойтахтро доғдор ва дар назарҳо тира менамояд. Ҳар меҳмони хориҷии ба пойтахт омада, хоҳу нохоҳ аз ин камбудӣ дар ҷое лаб мекушояд. Дар ин сурат ба кишвар ва пойтахт, умуман, сокинону роҳбарон ҳарфи манфӣ мегӯянду сухани носазо ба забон меоранд...
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
актуалӣ ба ҳисоб мераванд? - Имрӯз вазифаи асосии мо мустаҳкам кардани амният, рушди минбаъдаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, идома додани навсозиҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо мақсади баланд бардоштани самаранокии рақобатпазирии онҳо, рушди сектори хусусӣ ва соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани синфи миёна дар мамлакат мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки мақсади
«Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор-Хатлон» ба истифода дода шуд, ки ба мо имкони таъсиси шабакаи ягонаи энергетикиро медиҳад. Ҳамчунин, солҳои охир бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ корҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои мавҷуда, аз қабили «Норак», «Қайроққум», «Варзоб» анҷом дода шуд. Дар ин самт корҳо идома меёбанд ва мо бар он умед дорем, ки солҳои наздик на танҳо мушкилоти таъминоти барқро дар дохили мамлакат ҳал мекунем, балки ба кишвари содиркунандаи
ба кишвари мо имкон дод, ки дар самти иқтисодиёти миллӣ босубот бошад. Кишвари мо ҳар гуна лоиҳаи вобаста ба эҳёи камарбанди иқтисодӣ дар «Роҳи абрешим»-ро ҷонибдорӣ мекунад ва барои рушди саҳм хоҳад гузошт. Дар мамлакат лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар ҳоли пешрафтанд, чунки иқтидори энергетикии солонаи Тоҷикистон ба 527 милиард кВт/ соат баробар аст. Дар ин ҷода Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро мегирад. 13 сентябри соли равон дар
Эҳёи Роҳи абрешим Мусоҳибаи сомонаи «Жэнминван»-и Чин бо муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид
асосии сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини инкишофи босуботи иқтисодиёти ба се ҳадафи муҳими стратегӣ асосёфта - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ ба шумор меравад, ки тадриҷан амалӣ шуда истодааст. Ба пешрафти амалисозии навгониҳои иқтисодӣ дар мамлакат зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ва хизматрасонӣ, инчунин, баланд бардоштани даромади пулӣ ва сатҳи талаботи истеъмолии аҳолӣ, дар маҷмуъ, инкишофи босуботи иқтисодиёти миллӣ ба назар мерасад. Агар вобаста ба рушди минбаъдаи мамлакат сухан гӯем, пас, дар ҷои аввал рушди гидроэнергетика меистад. Зеро бе таъмини босуботи нерӯи барқ ба пешрафти дигар соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, саноат умед бастан мумкин нест. Таври маълум, Тоҷикистон кишварест, ки захираҳои сӯзишвории кофӣ надошта, ба истифодаи захираҳои худии гидроэнергетикӣ ниёз дорад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон захираи иқтидори гидроэнергетикии мамлакат ба 527 миллиард кВт/соат дар як сол мерасад, ки имрӯз ҳамагӣ 6-8 дарсадаш истифода мешавад. Солҳои охир дар мамлакат нерӯгоҳҳои обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», қариб 256 нерӯгоҳи хурд, хатҳои баландшиддати 500-киловолтаи
боэътимоди нерӯи барқ дар минтақа табдил меёбем. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба пешбурди камарбанди иқтисодии «Роҳи абрешим» миёни Кумитаи давлатии тараққиёт ва навсозиҳои ҶМЧ ва Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ҶТ-ро ба имзо расонд. Дар баробари таъсиси СҲШ амалисозии маҷмӯи чорабиниҳо баҳри эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» оғоз ёфт. Аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, ки асоси пешрафти ҳамкориҳо дар минтақа, пеш аз ҳама, ба эҳёи «Роҳи абрешим» вобастагӣ дорад. Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва босуръат тараққӣ кардани соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, технологияи иқтисодӣ, тиҷорат ва сармоягузории ба ҳамкориҳои муфиди дуҷониба асосёфта маҳз дар доираи сиёсати иродаи неки тамоми кишварҳои узви СҲШ амалӣ мегардад. Чунин шароит ба тамоми кишварҳои минтақа барои рушди ҳамкориҳои минбаъда имкониятҳои васеъ дода, баҳри бомуваффақият пеш бурдани сиёсати берунаи мамлакатҳо дар алоҳидагӣ монеа эҷод намекунад. Мехоҳам таъкид намоям, ки мо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳоямон қаноатмандем. Тайи солҳои ҳамкорӣ дар доираи СҲШ миёни кишварҳоямон дар минтақа робитаҳои муҳими иқтисодӣ ба роҳ монда шуд. Ин
Тоҷикистон маросими ифтитоҳи қисмати тоҷикистонии бунёди шоҳқубури гази «Осиёи Марказӣ-Чин» баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинӣ ширкат варзида, онро «воқеаи дорои аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва таърихӣ» номид. Ҳамчунин, таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати ҶМЧ дар мамлакат системаи ягонаи миллии энергетикӣ таъсис дода шудааст. Оғози ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ояндаи наздик ҳамкориҳои муштаракро дар бахши энергетика ва азхудкунии «технологияи сабз» вусъат диҳад. Инчунин, имкон медиҳад, ки дар муҳлати кӯтоҳ ба истихроҷи газ дар ҷануби Тоҷикистон оғоз намояд. Сохтмони шоҳқубури газ дар ҳудуди Тоҷикистон дар зарфи се сол сурат мегирад ва дар он кандани 47 нақб пешбинӣ шудааст, ки дарозии умумиашон ба 76 километр мерасад. Дар 24 ҳолат лӯлаҳо аз зери об мегузаранд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ, дар маҷмӯъ, арзиши лоиҳа дар ҳудуди Тоҷикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар сохтмони иншооти мазкур зиёда аз 3000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, ба буҷаи мамлакат маблағи муайян ворид мешавад. Дар маҷмӯъ, ҳамкориҳои наздики энергетикӣ омили муҳиме хоҳад буд барои бунёди камарбанди иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим». Он дар оянда ҳамкориҳои муфиди дуҷонибаро миёни Чин ва Осиёи Марказӣ вусъат дода, ба мардуми минтақа манфиат хоҳад овард. - Ба ақидаи Шумо эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» барои Тоҷикистон чӣ аҳамият дорад? - Пеш аз ҳама, таъкид бояд кард, ки идеяи эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» имкон медиҳад, то нақшаҳои зиёди рушди дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шаванд. Амалисозии лоиҳаи эҳёи «Роҳи бузурги абрешим» бо афзалиятҳои рушди стратегӣ имкон медиҳад, ки механизмҳои нав барои тиҷорати байналмилалӣ таҳия шавад. Фаромӯш набояд кард, ки тиҷорати озод, ҳамкориҳо ва табодули донишу таҷрибаҳо билохира, ба тараққиёту пешрафти кишварҳоямон мусоидат мекунад. Эҳёи Роҳи қадимаи абрешим боиси рушди иқтисодию иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва дар маҷмӯъ, ба пешрафту тараққиёт, сулҳу амният дар ҳамаи кишварҳои дар ин ҷода воқеъбуда мегардад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
e-mail: javonontj@mail.ru
- Пеш аз ҳама, иҷозат диҳед, Президент ва Ҳукумати кишваратонро ба муносибати бомуваффақият баргузор намудани ҷаласаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе табрик намоем. Тоҷикистон яке аз кишварҳои узв ва асосгузори СҲШ мебошад. Шумо фаъолият ва нақши СҲШ-ро дар мусоидат ба рушди иқтисод ва ҳамкорӣ дар минтақа чӣ гуна баҳо медиҳед? - Бо мақсади амалисозии чораҳои мувофиқашуда дар доираи СҲШ баҳри дастгирию ҳавасмандсозии ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳои узви СҲШ, рушди робитаҳои дуҷонибаи самарабахши иқтисодӣ, ноил гаштан ба пешравиҳо дар самти ҳамкориҳои истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ, афзоиши додугирифти дуҷониба барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, Барномаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳои тиҷоратӣиқтисодии СҲШ ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои он қабул шудааст. Аз ҷумла, мувофиқи Нақшаи чорабиниҳо амалисозии лоиҳаҳо оид ба самтҳои асосии ҳамкориҳо, ба монанди тиҷорат, сармоягузорӣ, молия, андоз, нақлиёт, комплекси энергетикию сӯзишворӣ, истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист, амалиёти гумрукӣ, илм ва технологияи ҷадид, комплекси агросаноатӣ, технологияи иттилоотию телекоммуникатсионӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст. Ҳамкории кишварҳои узви созмон дар самти иқтисодиёт дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва барои ҷонибҳо манфиатбахш ба роҳ монда шудааст. Алҳол аз ҷониби коршиносон оид ба таҳия ва мувофиқа намудани номгӯи чорабиниҳо оид ба рушди минбаъдаи фаъолияти лоиҳавӣ дар доираи СҲШ то соли 2016 корҳо идома доранд. Санади мазкур бояд ба фаъолшавии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар доираи СҲШ мусоидат намояд. Соли сипаришуда дар самти ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ пешравиҳои муайян ба назар расид. Ҳаҷми тиҷорати дуҷониба торафт афзоиш меёбад. Дар баробари ин, манфиатҳои умумии иқтисодиро фароҳам сохта, шабакаи нақлиётӣ-коммуникатсионии СҲШ-ро инкишоф дода, гардиши озоди молу хизматрасониро дар фазои созмон таъмин бояд кард. Ҷаласаи сарони кишварҳои СҲШ, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо дар ҷодаи амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, роҳҳои нав оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат, телекоммуникатсия, сохтмони роҳ, комплекси агросаноатӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, ҷалби сармоя, интиқоли озодонаи амвол, сармоя ва хизматрасониҳо дар фазои СҲШ такони ҷиддӣ дод. Ҳамчунин, диққати ҷиддӣ ба пурқувват сохтани иқдоми муштарак баҳри пурзӯр намудани чораҳо дар кори ҳифзи муҳити зист ва дастгирии мувозинати экологӣ дар минтақа равона шуд. Ба ин раванд, ки тадриҷан дар ҷодаи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узви СҲШ ҷараён дорад, суръат бахшидан зарур аст. - Солҳои охир Тоҷикистон на танҳо ба суботи иҷтимоӣ ноил гашт, балки дар рушди иқтисодӣ низ ба комёбиҳо даст ёфт. Чин ба ҳайси як ҳамсояи хайрхоҳ аз гулгулшукуфию осоиштагии Тоҷикистон мамнун аст. Ба ақидаи Шумо имрӯз кадом вазифаҳо ба рушди Тоҷикистон аз ҳама бештар
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
5
ҲАМКОРӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
6
ЗАБОН
Забони бахши тоҷикии “ВВС” чӣ забон аст? Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ давраи нави рушду нумӯи забони тоҷикӣ сар шуд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба забон ғамхориҳои зиёд кард. Ба ҷуз аз табъу нашри китобҳои илмиву оммавии бешумор аз осори адабиву фарҳангии адибони классику муосир ва садҳо чораҷӯиҳои дигар, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Истиқлолияти давлатӣ омилҳоеро, аз қабили технологияи муосир, муносибатҳои озодонаву бисёрпаҳлӯи кишварҳои дуру наздик ва ғайра ба вуҷуд овард. Ин омилҳо равнақу ривоҷи бемайлони маданияти бегонаро дар кишвар таъмин намуд, ба вижа, технологияи муосир барои ин ҷараён дастаки хубе шуд. Ҳарчанд ҷанбаҳои мусбати технологияи ҷадид ва фарҳанги бегона кам нестанд, аммо дар кишвари мо ҷанбаҳои манфии он зиёд аст. Рӯзномаву маҷалла, садову симо, овезаҳои бешумори таблиғотӣ дар чорсӯи кишвар бо суръату шумораи зиёд паҳн гардид ва ин боиси нодурусту барғалат талқин гардидани забони тоҷикӣ байни мардум гашт. Хусусан, шабакаҳои интернетӣ. Аз надонистани маърифати истифодабарии технологияи муосир лакнатҳову коҳишҳои зиёде ба забон роҳ ёфтанд. Бахши тоҷикии Агентии иттилоотии байналмилалии “ВВС” аз ҳамин қабил аст. Аз хондани ибораву ҷумлаҳои нахустин пай мебаред, ки забони “ВВС” тоҷикии форсӣ нест ва бо чу-
нин забон, лаҳну оҳанг ва мафҳумҳои мушкили арабию эронӣ дар Тоҷикистони кунунӣ нафаре суҳбат намекунад. Барои подарҳаво намондани андешаҳои худ чанд далел меорем: «Як фармондеҳи аршади омрикоӣ дар Афғонистон ҳузури шибҳнизомиёни Давлати Исломии Доъиш дар ин кишварро қобили таъйид надонистааст». (“ВВС”, 2.10.2014). «Ихтори Чин дар мавриди тазоҳуроти «ғайриқонунӣ» дар Ҳунгкунг ихтор додааст». «Самарқанду Бухоро – Кримеи билқувва аст». (3.10.2014). «Халабони зани иморотӣ дар ҳамалот алайҳи «Доъиш» ширкат кард». (26.09.2014). «Ҳушдори Эрон ба Туркия дар бораи вахимтар шудани вазъ дар минтақа». (3.10.2014). «Барои аввалин бор зане дар Суэд бо раҳими пайвандӣ бачадор шуда». (6.10.2014). Бубинед, ҳатто баъзе аз ин ҷумлаҳоро бе истифодаи луғату фарҳангҳои тоҷикиву арабӣ наметавон фаҳмид ва ҷавҳари маълумоти дарҷгардидаро наметавон дарк кард. Аз калимаҳои «Ҳунгкунг», «Омрико», «олампак»-у «сюсилист» (дар
хабаргузориҳои дигар) пай бурдан душвор нест, ки ин забон забони сирф эронӣ ва қисме шабеҳи лаҳни афғонист, ки имрӯз мардуми эрону афғон истилоҳҳои байналмилалиро ҳамин тариқ, мутобиқ ба меъёрҳои забони худ ба кор мебаранд. Инҳо ҳама як паҳлӯи масъала, ҷанбаи мудҳишу нигаронкунандаи масъала калимаву ибораҳое ба монанди: “аршад”, “ихтор”, “ҳузури шибҳнизомиён”, “интиҳор”, “видиюи муртабит”, “нисоб”, “ҳафтаи отӣ”, “ҷароими ақидатӣ”, “воҷиди шароит”, “комюнҳои баробар”, “филми кортунии себуъдӣ”, “шогирдони мадорис”, “зойирон” (ҳоҷиён дар назар аст), “шоҳидони айнӣ”, “куллияи ақшори ҷомеъа”, “натиҷаи малмус”, “усқуфи аъзам…” ва даҳҳои дигар мебошанд, ки аз забони наздик ба садсолаи мо (шуруъ аз консепсияи забонии С. Айнӣ) фарсахҳо фосила гирифтаанд. Дар натиҷаи кӯшишу ҷонсӯзиҳои даҳҳо тан бузургони миллат, пеш аз ҳама, устод Айнӣ Консепсияи забони муосири тоҷикро поягузорӣ кард, ки дарунмояву бурунмояи он равону беолоиш,
ПРОБЛЕМАИ ШАҲР
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҳафтае нест, ки рӯзномаҳо дар бораи вазъи соҳаи мусофиркашонӣ ва мушкилоти нақлиёт мақола нанависанд. Мутаассифона, бо вуҷуди ҳал шудани баъзе мушкилиҳо ҳанӯз дар ин соҳа камбудиҳои ислоҳношуда бисёранд. Ҳар рӯз, вақте аз кор мебароям, шоҳиди дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт қаторшавии мошинҳои зиёд мешавам. Баъзе рӯзҳо аз соати 16 то 17 аз назди истгоҳи Сирк то нашриёти «Шарқи озод» қатори тӯлонии мошинҳоро мушоҳида кардан мумкин аст. Сабабгори асосии ин ҳолат ронандагони густохи таксию микроавтобусҳо ва иддае аз мусофирони бефарҳанг мебошанд. Бо ташаббуси шаҳрдорӣ дар пойтахт истгоҳҳои замонавии харакдор сохта шудааст. Вале афсӯс, ки аксар вақт истгоҳҳоро холӣ мебинем. Мусофирон ба ҷои он ки дар истгоҳ нақлиётро интизор шаванд,
хонову моно ва аз ҳама муҳим ба раванди ҳаёту фаъолияти мардум пайвастани забон буд. Ёдовар бояд шавем, ки то имрӯз ҳашт миллион аҳолии Тоҷикистон созгор ба ҳамин консепсия амал мекунанд, ки яке аз корномаҳои мондагори устод Айнӣ аст. Пас, кормандони бахши тоҷикии “ВВС”ро кӣ ҳуқуқ додааст, то забони ноби тоҷикии моро хилофи меъёрҳои забони муосири тоҷик ба ҷаҳониён худсарона муаррифӣ кунанд?! Ба масъалаи мазкур набояд сабукандешиву саҳлангорӣ кард, зеро сухан сари сарнавишти забони Рӯдакиву Фирдавсӣ меравад. Забоне, ки “дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон сарҳади тоҷик” қарор гирифтааст. Ба хориҷиён набояд имконият дод, ки сарҳади моро убур кардаву ба «Шоҳнома»ву «Гулистон»-у «Баҳористон»-ҳои забону фарҳангамон хазони маърифат биёранд. Имрӯзҳо шиори ҳар фарди бедори миллат байти Носири Хусрави Қубодиёнӣ бояд бошад, ки гуфта: Ман онам, ки дар пои хугон нарезам, Мар-ин қимати дурри лафзи дариро. Аз Академияи илмҳо, Институти шарқшиносӣ, забон, адабиёт ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ, Кумитаи забон ва истилоҳот, ВАО ва тамоми дастандаркорони соҳаҳои бо адабу фарҳанги тоҷикӣ сарукордошта бо дилсӯзии зиёде хоҳиш дорем, ки сари ин масъала чора андешанд. Мо доир ба ҳалли ин масъала ду пешниҳод дорем: а) бахши тоҷикии “ВВС” забони хабаргузории худро дар асоси меъёрҳои забони муосири тоҷикӣ ба роҳ монад; б) дар асоси меъёрҳои забони форсии эронӣ будани забони хабаргузорӣ ба инобат гирифта шуда, номи бахш дигар карда шавад, зеро шабакаҳои иҷтимоӣ, бавижа, аз саҳифаҳои хабарии “ВВС” ҳазорон-ҳазор форсизабонони дунё баҳра мебаранду мепиндоранд, ки забони муосири тоҷик дар Тоҷикистон ҳамин сатҳро дорост. Ҳол он ки забони асили форсиро мо – тоҷикон аз насл ба насл чун тоҷи сар нигоҳ дошта, ба имрӯзи таърих чун армуғон овардаем, ҳарчанд ки арабтозиву турктозиҳо сари ин забон кам набуданд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
Истгоҳҳоро барои чӣ сохтаанд? 50-60 метр дуртар рафта, ба микроавтобусҳо савор мешаванд. То фуромадану савор шудани мусофирон чанд дақиқа мегузараду мошинҳои дар қафобуда сигналу дашном дода, интизор мешаванд. Азбаски шумораи мошинҳо дар роҳҳои пойтахт зиёданд, дарҳол қатор тӯлонӣ мешавад. Агар таксию микроавтобусҳо на дар қатори дуюм, балки дар қатори якуми истгоҳ истанд, мусофирон низ ҳамин одатро гирифта, ба истгоҳ меоянд. Он гоҳ қаторшавии мошинҳою асабишавии ронандагон аз байн меравад. Микроавтобусҳо низ дар 4-5 ҷо наистода, зуд-зуд ба истгоҳи навбатӣ мерасанд. Ҳам фосилаи вақт кӯтоҳ мешаваду ҳам сӯзишворӣ сарфа мегардад. Хуб мешуд, ки Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе ва масъулони бахши мусофиркашонии шаҳри Душанбе ду-се рӯз рейд гузаронида, ронандаҳоро огоҳ кунанд, ки аз истгоҳ дур наистода нақлиётро танҳо дар қатори яку-
ми истгоҳҳо (на дар қатори дуюм, ки имрӯз аксари ронандаҳо меистанд) нигоҳ доранд. Чун мусофирони «ҷудоихоҳ» бубинанд, ки микравтобусҳо танҳо дар истгоҳ меистанд, тарки одат карда, нақлиётро интизор мешаванд. Баъзе ронандагони микроавтобусҳо дар наздикии чароғаки роҳнамо нақлиёташонро боздошта, мусофир мефароранду мегиранд. Дар натиҷа, мошинҳои дар ақиббуда сари вақт чароғаки сабзро гузашта наметавонанд. Маҷбур мешаванд, ки боз чароғаки сабзи навбатиро интизор шаванд. Ин боз як сабаби дигари асабонишавӣ мегардад. Хуб мешуд, ки масъулони ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ миёни ронандагон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, онҳоро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар роҳ ва хуб намудани одоби муошират даъват намоянд.
С. АМИНИЁН, “ҶТ”
Имрӯз низ қудратҳо барои нишон додани тавоноии худ бо ҷони инсонҳо, миллатҳо ва тақдири кишварҳо бозӣ мекунанд. Тибқи ҳисобҳои нозирони байналмилалӣ то охири сентябри соли 2014 дар Сурия зиёда аз 200 ҳазор нафар қурбони хушунатҳои сиёсӣмазҳабӣ гардидаанд. Танҳо шумори фирориёни Сурия дар кишвари Туркия ба 2 млн. наздик мешавад. Вале то кунун қудратҳои олам талабот ва шартҳои сиёсии худро иваз накарда, ҳар кадом гурӯҳеро пуштибониву мусаллаҳ месозанд. Барак Обама, Президенти ИМА дар ҳар нишасту суханронӣ озодона аз мухолифони кишвари Сурия ҳимоят мекунад ва ҳатто барои расонидани кӯмакҳои низомӣ ба қишри норозии кишвари арабӣ ҳуҷҷат имзо мекунад. Русия бошад, аз оғози танишҳо аз Президенти интихобии Сурия - Башор Асад ҳимоя мекунад. Дипломатҳои русӣ ҷонибдорӣ аз Башор Асадро дар доираи салоҳиятҳои қонунии кишварашон медонанд. Зеро Асад аз муттаҳидони куҳнаи кишвари рус мебошад, ки барои давраи ҷадид дар интихоботи охири пурихтилоф бори дигар сари қудрат омад ва равобит бо Русияро чун ҳарвақта аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии давлати худ меҳисобад. Дар баробари танишҳои ду кишвари бузург кишварҳои сеюму чорум низ дар умури Сурия дастакзанӣ намуда, сиёсати суриро тақрибан аз байн бурдаанд. Қатару Саудӣ ва Туркияи эрдуғонӣ, ки аз нигоҳи эътиқодоти мазҳабӣ бо мухолифони сурӣ наздикӣ доранд, барои хароҷоти ҷангии онҳо миллиардҳо доллар харҷ мекунанд ва Эрон аз давлати Башор Асад пуштибонӣ намуда, ҳатто сарбозони Горди постдори инқилобро ба кӯмаки артиши Сурия фиристод. Тибқи маълумоти Созмо-
ни ҷаҳонии беҳдошт, бар асари ҷангҳо аҳолии музофоти Сурияву Ироқ аз нарасидани доруворӣ ва ғизоӣ танқисии шадид мекашанд ва бештари маврид кӯдакон бар асари бемориҳои мавсимӣ талаф мешаванд. Инчунин, аксари қурбониёни ин танишҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ки қисми осебпазиртарини ҷомеа дар кишварҳои мусалмоннишин маҳсуб мешаванд. Танҳо дар як ҳамлаи кимиёӣ дар ду рустои Сурия наздик ба 2000 кӯдак заҳролуд шуда, хандаҳои беғажашон ба коми аждари марг рафт. Вале ин даҳшату мотам, на танҳо барои Амрико ва Русия ё Туркияву Эрон муҳимият надорад, балки муҳимтар барои онҳо онест, ки манфиатҳои сиёсии онҳоро бароварда тавонад. Имрӯз вазъи Сурияву Ироқ ба ҳадде печида аст, ки на сарварони давлат ва на мухолифини ин кишварҳо сари масъалаҳои дохилиашон мавқеъгирӣ карда на-
гароёни ироқӣ барои набурдани дороиҳои кишварашон чоҳҳои нафтро оташ зада, мошинҳои ҳомили сӯзишвориро нест мекарданд. Сарнагун кардани ҳукумати 40-солаи Қаззофӣ низ ба Амрико ва ҳампаймононаш даромади зиёди нафтӣ овард. Ин фоидаи ҳангуфт боис ба он гардида, ки Амрико ва НАТО ба мухолифини Сурия низ, ки кишвари нафтзои араб ба шумор меравад, лавозимоти зиёди низомиро равона кунанд. Аҷобат дар он аст, ки дар Ироқ шиаҳоро барошуфтанду дар Сурия сунниҳоро. Саддом кушта шуд, вале Ироқи ормонӣ (озодиву ошкорбаёнӣ, оромиву демократия, ки амрикоиҳо ба ироқиён ваъда карда буданд) то ҳол дар зеҳнияти чанд саркарда боқӣ мондаву халос. Сурия низ бар акси ҳоли Ироқ бо дастгирии суннимазҳабони ин кишвар аз ҷониби Амрико ба ҳайҷо мубаддал гаштаву аз озодиву оромӣ хабаре нест. Вале ба ҷои демокра-
накардани Асад дар интихоботи президентӣ мебошад, вале Русия низ дар ин интихобот «мот» шудан намехоҳад ва дастгирии худро аз Асад иброз медорад. Аммо барои сарнагун кардани Асад, Амрико силоҳи азимеро ба ихтиёри мухолифони суннимазҳаби Сурия гузошт, вале ин лавозимоти ҷангӣ, имрӯз барои бунёди Давлати исломӣ корбурд мешаванд. Амрико, ки замони ҷанги Шӯравӣ дар хоки Афғонистон ба мухолифони режими ин кишвар силоҳи фаровон медод ва умед мебаст, ки дар муқобила бо артиши рус истифода мешавад. Вале бо гузашти вақти начандон, ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид гардид, ки силоҳҳои амрикоӣ ба чӣ ҳадафҳое дар Афғонистон корбурд шуданд. Амрико, ки як замон зидди вуруди низомии Русия ба Афғонистон буд, баъд аз 20 соли баромадани рақиби сиёсияш, худ ба Афғонистон ҳуҷум кард ва омили вуруд ба ин кишварро муқобила
Бозии абарқудратҳо
таҳайюр монда, зери бомбаборони нерӯҳои Амрико қарор доранд. Иддае аз таҳлилгарони низомӣ бар ин назар буданд, ки ташкил ва дастгирии Толибон аз ҷониби Амрико ба он хотир буд, ки худи Амрико вориди Афғонистон шавад. Ин фарзия имрӯз ба воқеият наздикӣ дорад, зеро ДИИШ низ як сол қабл дар заминаи дастгириҳои амрикоӣ ташкил шуд. Навом Ҷеймс, назариячӣ ва файласуфи амрикоӣ кишварашро ҳомӣ ва пуштибони терроризм унвон кардааст. Номбурда бо ишора ба таҳаввулоти охири Ироқ ва Сурия таъкид мекунад, ки ДИИШ яке аз гурӯҳҳои зери нуфузи Амрико мебошад, ки чун солҳои даҳаи 80 (солҳое, ки бо дастгирии Амрико ҷангҳои қавмӣ дар Амрико ҷараён гирифт ва дар ин ҷангҳо зиёда аз 1 млн. нафар ба ҳалокат расид) заминарезӣ шудааст. Вале бар замми ин ҳама Барак Обама 7 ноябри соли 2014 барои вориди хоки Ироқ шудани 1500 сарбози амрикоӣ розигӣ дод ва аз Конгресс барои ҷудо намудани 5,6 млрд. доллар (хароҷот ва таъсиргузорӣ дар минтақа) хост.
ва хавфи аз байн рафтани давлатҳо
метавонанд. Зеро ҳар кишваре, ки дар ин ҷангҳо маблағгузорӣ кардааст, хоҳ ба ҷониби давлат ва ё ба мухолифини ин кишварҳо, намехоҳанд заминаи манфиатҳои моливу сиёсии худро аз даст диҳанд. Пас, имрӯз Сурия ба майдончае мубаддал гардидааст, ки ҳар як бозингари он як тӯб, як сармураббӣ ва чанд мухлис дорад. Ҳар рӯз инсонҳо қурбон мешаванд. Кӣ ҷавобгӯи хуни ин қадар инсон мешавад? Бар зами ин қадар ҳалокат сиёсатҳо ҳамоно побарҷову рақибон устувортар қадам мезананд. Вале изи пояшон дуд асту хун асту оташ. Дар ин рӯзу моҳ ва солҳои наздик умеди оромиву сулҳ дар кишварҳои арабӣ нест. Агар сулҳ ҳам барпо гардад то 50 соли оянда талафоту хароҷоти ин ҷангро наметавонанд кишварҳо пӯшиш диҳанд. Ҳамчуноне, ки кишвари мову шумо ду даҳсола аст, ки хисороти ҷанги дохилиро бартараф карда наметавонад. Амрико баъд аз сарнагун кардани Саддом Ҳусейн дороиҳои Ироқро зиёд бурд. Ҳатто миллат-
тияи ваъдашуда, бадтарин бало ба сари мардуми ин минтақаҳо омад, ки он ДИИШ аст. Ин бозиҳои амрикоӣ ва кишварҳои узви НАТО дар қиболи кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия ва дигар давлатҳои нимҷазираи араб, ба қавли аксари таҳлилгарон «пӯшиши майдони низомие мебошад, ки дар Афғонистон аз даст рафтааст». Намояндаи доимии Русия дар Паймони Атлантикаи Шимолӣ Александр Кришков ин ҳама танишро як саҳнаи тарҳрезикардаи НАТО ва Амрико хонда, таъкид мекунад, ки «НАТО муддатҳо пеш аз воқеаҳои Украина тарҳе дар заминаи афзоиши ҳаракатҳои низомӣ барои ҷуброни майдони бузурги Афғонистон, ки аз даст рафтааст, танзим карда буд». Бозии қудратҳо масъалаи Ховари Миёнаро ба маротиб печидатар аз Афғонистон кардааст. Танҳо дар масъалаи интихоботи Сурия, ҳам Амрико ва ҳам Русия бозиҳои худро доранд. Ягона шарте, ки Амрико барои расидан ба сулҳ дар Сурия дорад, иштирок
бо Толибон - терроризм муаррифӣ кард. Албатта, Толибоне, ки 30 сол қабл аз ҷониби хадамоти махсуси Амрико маблағгузорӣ ва мусаллаҳ мешуд. ДИИШ низ, ки имрӯз ба яке аз «хатарҳои азим барои башарият» унвон мешавад, иборат аз гурӯҳҳои тундгарои ба ном суннимазҳаб мебошанд, ки дар аввали шуришҳои сурӣ эътирозчие беш набуданд ва маҳз аз ҷониби Амрико барои идомаи эътирозҳояшон ҳамчун озодихоҳ ва демократгаро ҷонибдории расмӣ меёфтанд. Вале имрӯз барои сохтани «Давлати исломӣ» дар хоки Ироқ ва Сурия қатлу даҳшатафканӣ намуда, бар хилофи ҳама ақоиди суннатӣ дар як гаравгонгириашон дар хоки Ироқ ва Сурия зиёда аз 1700 гаравгонро ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ин гурӯҳ, ки айни замон бо тарғибу ташвиқи суннатгароёнаи худ, ҷавонони фиребхӯрдаи суннимазҳабро ба дом кашидаанд, бо чархиши баракси сиёсати Амрико, ки бар зидди онҳо амалӣ гардид, худ дар
Аз замони муқовиматҳои Сурия Амрико ва ҳампаймононаш давлати Сурияро ба қонуншикании зиддибашарият муттаҳам карда, барои ворид шудан ба хоки ин кишвар омодагӣ нишон медоданд, вале истодагарии Русия ва Чин Сурияро аз таҳоҷуми низомии Амрико эмин медошт. Агар ба суханронии Навом Ҷеймс эътимод кунем, пас, метавон гуфт, ки ташкил ва қатли оми шииён дар қаламрави Сурия ва Ироқ аз ҷониби ДИИШ маҳз бо дастгирии Амрико ва ҳампаймонҳои ӯ роҳандозӣ шудааст ва мақсади аслии ин ҳама куштор вуруди низомӣ ба минтақаи пурнафти арабӣ мебошад. Имрӯз, абарқудратҳо эҳсоси диниву мазҳабии мардумро истифода намуда, барои пиёда кардани манфиатҳо аз он истифодаи фаровон мекунанд. Имрӯз дар суфуфи размандагони Давлати исломӣ аз тамоми қитъаҳои олам ҷавонони мусалмон гирд омада, ба хотири расидан ба ҷаннати тахайюлиашон ҷони худро дар хатар мегузоранд. Ин ҷавонони камсавод, зери таъсири вазъу ваъдаҳои ифротии руҳониён тафаккури худро маҷруҳ карда, барои расидан ба шаҳодати дурӯғину афсонавӣ ҳатто худро метарконанд. Ин ҷавонон аз зиндагӣ маҳрум мешаванду пушти парда қудратҳо арзиши нафтро танзим мекунанд. Аз кишвари мо низ наздик ба 200 нафар дар ин ҷанг иштирок доранд. Ҳол он ки беҳтарин шаҳодат - шаҳодат барои Ватану миллат аст. Моро лозим аст, ки барои Ватан, барои миллат ва барои мардуми худ ҷоннисорӣ кунем, на бозичаи дасти сиёсатмаобон бигардем. Чунон ки мегӯянд, «ислом дар қалб аст» ва қалби мо дар Тоҷикистони азиз.
Муҳаммадиқбол АТОЕВ
e-mail: javonontj@mail.ru
Қудратҳои ҷаҳонӣ бо нарасидани тавофуқ дар тақсими дороиҳои олам, бо ҳам пархош намуда, ба ҳамдигар дандон нишон медиҳанд. Ин «зур»-гӯиҳо аз як ҷиҳат намоиши тавонмандиҳо бошад, аз ҷониби дигар мардуми бехабару фирефтаро ба оташу хун печонда, низоми амниятии ҷаҳон ва суботи кишварҳо, махсусан, давлатҳои мусалмоннишинро барҳам задааст. Аммо кишварҳое, ки саҳнаи намоиши рақобатҳо мегарданд, наметавонанд садсолаҳои дигар ба худ оянд. Ҳамчуноне, ки як намоиши тавонмандии ИМА 6-9 августи соли 1945 шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопонро ба харобазор табдил кард ва зиёни он то ҳол болои мардуми Ҷопон мушкил мезояд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
7
СИЁСАТ
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Барандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии
e-mail: javonontj@mail.ru
8
ВИЛОЯТИ СУҒД №
Насаб ва ном
Шаҳр, ноҳия
Муассисаи таълимӣ
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41 42 43 44 45 46 47 48 49 50 51 52 53 54 55 56 57 58 59 60 61 62 63 64 65 66 67 68 69 70 71 72 73 74 75
Мансуров Мансурҷон Атохӯҷаева Малоҳатхон Раззоқова Гулчеҳра Баротова Аниса Рустамов Расулҷон Турсунова Мунираҷон Зоҳиров Баҳром Муҳамедова Комила Эшонқулов Ҳасан Моҳчеҳраи Хушбахт Ҷӯраева Мунира Ҷӯмаева Заррина Махсумов Саидқодир Ҳамидова Насиба Наҷмиддинова Нозанин Раҳимова Фархунда Сатторов Насимҷон Оқилзода Манижа Бобоева Мадина Самиева Моҳтоба Усмонов Хурсандмурод Маҳматова Ёсуман Гулов Сиёвуш Шарипова Маҳпора Шодиева Мафтуна Нуруллоев Мустафо Шодихӯҷаев Баҳриддин Насруллоев Алишер Низомиддинова Меҳрангез Носирзода Мадина Ҷумаева Таҳмина Нормаҳмадзода Наврӯзҷон Худойдодова Салима Мамадшехова Нилуфар Хоҷамуродов Ойбек Тоҳирова Инобат Шодиев Сафар Оев Сиёвуш Хуршедҷони Аслиддин Муллоҷонов Файёзҷон Ҳалимова Моҳчеҳра Султонова Нурангез Муҳаммадиева Азиза Машарипов Умед Икромова Ҳусноро Қузибоева Эътибор Саъдуллоева Фариза Нозимова Фарзона Қосимова Шарофат Маҳмудова Малика Ҳамидов Аслиддин Салимова Хосиятҷон Мирдадоева Юлдуз Абдуллоҷонова Заррина Узоқов Умед Абдураҳмонова Гулҳаё Ишонқулова Гулафзо Назаров Абдураҳим Фирдавси Абдуқодир Раҳматов Баҳром Каримова Зарнигор Халифаева Музайяна Абдуллоева Кароматхон Саидшехова Тахмина Камолов Азимҷон Каримзода Саидхоҷа Қурбонова Мафтуна Имоммаҳдӣ Мақсуд Исмоилова Навбаҳор Фозилова Муниса Раҳимова Тахмина Олимова Нилуфар Ёрматов Умедҷон Бобохоҷаева Насиба Тӯраева Гулноза
Хуҷанд Хуҷанд Хуҷанд Хуҷанд Хуҷанд Хуҷанд Хуҷанд Хуҷанд Истаравшан Истаравшан Истаравшан Истаравшан Истаравшан Истаравшан Исфара Исфара Исфара Исфара Исфара Исфара Панҷакент Панҷакент Панҷакент Панҷакент Истиқлол Истиқлол Чкалов Чкалов Қайроққум Қайроққум Зафаробод Зафаробод Зафаробод Спитамен Спитамен Спитамен Айнӣ Айнӣ Айнӣ Ғончӣ Ғончӣ Ғончӣ Ғончӣ Ашт Ашт Ашт Ашт Ашт Ашт Ҷ. Расулов Ҷ. Расулов Ҷ. Расулов Ҷ. Расулов Ҷ. Расулов Шаҳристон Шаҳристон Шаҳристон Кӯҳ. Мастчоҳ Кӯҳ. Мастчоҳ Б. Ғафуров Б. Ғафуров Б. Ғафуров Б. Ғафуров Б. Ғафуров Б. Ғафуров Мастчоҳ Мастчоҳ Мастчоҳ Конибодом Конибодом Конибодом Конибодом Конибодом Конибодом Конибодом
ЛИМТТ МТМУ №9 Лит. физ.-математ. №1 МТМУ №23 Гимназияи №4 Коллеҷи санъат Гимназияи №1 МТҒ “Мактаби П. Пулотов” Гимназияи №3 Гимназияи №2 Литсейи №1 Гимназияи №4 Гимназияи №5 Коллеҷи тиббӣ МТМУ №12 Литсейи №6 Литсейи №5 Литсейи №2 Литсейи №7 Коллеҷи тиббӣ МТМУ №69 МТМУ №25 Литсейи шаҳрӣ МТМУ №3 Литсейи касбии технкӣ МТМУ №6 Мактаби президентӣ Литсейи №1 МТМУ №3 МТМУ №2 Литсейи №1 МТМУ №15 МТМУ №3 МТМУ №4 МТМУ №14 Литсейи касбии техникӣ МТМУ №5 МТМУ №25 МТМУ №13 МТМУ №1 МТМУ №14 Гимназияи №1 Гимназияи №1 МТМУ №2 МТМУ №42 Гимназияи №1 Литсейи №2 Литсейи №2 МТМУ №14 МТМУ №5 Гмназияи №1 МТМУ №5 Гимназияи №1 МТМУ №20 МТМУ №1 МТМУ №6 МТМУ №1 МТМУ №9 МТМУ №8 Макт. хонанд. болаёқат МТМУ №37 МТМУ №8 МТМУ №26 МТМУ №10 МТМУ №20 Коллеҷи кишоварзӣ Литсейи №12 МТМУ №13 Омӯзишгоҳи тиббӣ МТМУ №3 МТМУ №25 Коллеҷи технологӣ МТМУ №41 МТМУ №25 МТМУ №1
76 77 78 79 80 81 82
Абдуназарова Муҳайё Исмоили Иброҳим Абдуллоева Манзура Ҳайдарова Марҷина Аминов Шаҳбоз Иброҳими Давлат Манижаи Алишер
ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Қӯрғонтеппа Лфз-мат «Ориёно» Қӯрғонтеппа МТМУ №12 Қӯрғонтеппа Литсейи давлатии №1 Қӯрғонтеппа Коллеҷи тиббӣ Қӯрғонтеппа Литсейи касбӣ-техникӣ Қӯрғонтеппа Литсейи тамоюли техникӣ Кӯлоб МТМУ №8
Синф, курс 10 10 10 11 11 2 10 10 11 10 11 8 11 2 10 10 10 10 10 2 8 9 10 10 1 10 11 11 11 9 10 10 9 10 10 2 10 10 10 9 10 10 10 9 9 10 10 10 11 10 9 10 10 10 9 10 9 10 9 10 7 10 9 9 10 3 11 9 4 11 10 2 9 11 10 11 9 10 2 3 99 10
83 84 85 86 87 88 89 90 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 101 102 103 104 105 106 107 108 109 110 111 112 113 114 115 116 117 118 119 120 121 122 123 124 125 126 127 128 129 130 131 132 133 134 135 136 137 138 139 140 141 142 143 144 145 146 147 148 149 150 151 152 153 154 155 156 157 158 159 160 161 162 163 164 165 166 167 168 169
Умарова Бибиниссо Амирҷони Миралӣ Шукронаи Сафар Рустамов Одинааҳмад Зулфиқаҳорова Моҳкалон Ҳабибова Маҳина Файзуллоева Малоҳат Шарифзода Моҳлиқо Шоева Сайёра Кабиров Фирӯзҷон Мирхонова Моҳчеҳра Тахминаи Маҳмуд Искандарова Аниса Мадинаи Маҳмадраҷаб Нурова Ситора Меҳрафзуни Бобохуҷа Раҷабова Мадина Қодиров Амирҳамза Толибова Ситора Тағойхонова Фариштамоҳ Меҳрангез Холмирзо Абдуллоева Фараҳноз Файзуллоева Тахмина Осимова Нигора Холова Латофат Ахмедов Бахтовар Ҷобирова Дилбар Ғуломов Алиҷон Чаманорои Абдумалик Саидова Дилором Асомиддинзодаи Ҳофиз Исмоилова Гулнора Меҳрангези Ҷумъа Ибодзода Дилосо Каримов Кенҷа Маҳмадаминова Мошариф Муродов Мустафо Исоева Фариза Муртазоев Аркомиддин Раҷабов Толибҷон Шукрия Азаматхон Сатторова Шукрона Сайфддинова Шукрона Ойматова Зебинисо Шарипов Фаридун Тошева Сайёра Шарипова Табассум Фақирова Сарвиноз Ширинов Шуҳрат Мусоева Наргис Шарифова Гулафзо Ҷумаева Нигина Мадинаи Тошмаҳмад Тоҳирзода Мадина Ҳофиззода Омина Ҳушвахтова Шаҳзода Қурбонмамадов Мирзоназар Сайдамирова Моҳлиқо Баҳруллои Давлатшо Патапова Элена Эргашова Судоба Ҳайитов Тағаймурод Шавқатзода Муҳаммад Шарифова Фирӯза Абдураҳимова Дилором Ёронова Шаҳида Эсавулова Манижа Маҳкамов Хуршед Замонова Фароғат Ҷӯраева Рамила Латифшоева Сафармо Атахонова Шаҳноза Изатуллоева Рухшона Тағоева Мадина Ҳайдаров Муҳсинҷон Қаюмов Убайдулло Нозанини Идибек Шаҳбози Рамазон Мастонаи Ҷумахон Низомов Аминҷон Файзов Рашид Сорбони Сайидмаҳмуд Ҳикматуллоев Манучеҳр Аҳлиддини Шералӣ Салимова Зулфия Шукруллои Саиди Холзода Баротов Абдулваҳоб
Кӯлоб Кӯлоб Кӯлоб Кӯлоб Кӯлоб Кӯлоб Норак Норак Норак Сарбанд Сарбанд Сарбанд Ёвон Ёвон Ёвон Ёвон Ёвон Ёвон Хуросон Хуросон Хуросон Хуросон Ҷ. Румӣ Ҷ. Румӣ Ҷ. Румӣ Ҷ. Румӣ Ҷ. Румӣ Ҷиликӯл Ҷиликӯл Ҷиликӯл Панҷ Панҷ Панҷ Фархор Фархор Фархор Фархор Фархор Темурмалик Темурмалик Темурмалик Бохтар Бохтар Бохтар Бохтар Бохтар Бохтар Вахш Вахш Вахш Вахш Вахш Ҷомӣ Ҷомӣ Ҷомӣ Ҷомӣ Қумсангир Қумсангир Қумсангир Қумсангир Қубодиён Қубодиён Қубодиён Қубодиён Қубодиён Шаҳритус Шаҳритус Шаҳритус Шаҳритус Н. Хусрав Н. Хусрав Данғара Данғара Данғара Данғара Данғара Балҷувон Балҷувон Шӯрообод Шӯрообод Шӯрообод Ховалинг Ховалинг Ховалинг Восеъ Восеъ Восеъ
МТМУ №2 Коллеҷи омӯзгорӣ МТМУ №10 МТМУ №52 МТМУ №27 Коллеҷи тиббӣ МТМУ №9 МТМУ №3 МТМУ №3 Литсейи №1 МТМУ №2 Литсейи №2 МТМУ №75 МТМУ №1 МТМУ №75 МТМУ №8 МТМУ №1 МТМУ №75 МТМУ №18 МТМУ №18 Литсейи №1 Литсейи №1 Гим. давлатии №10 МТМУ №61 МТМУ №38 МТМУ №35 МТМУ №3 МТМУ №1 МТМУ №41 МТМУ №3 Гимназияи давлатӣ Литсейи давлатӣ МТМУ №1 МТМУ №1 Литсейи давлатии №7 МТМУ №17 Литсейи №6 МТМУ №25 Коллеҷи тиббӣ МТМУ №46 Гимназияи давлатӣ Гимназияии давлатӣ МТМУ №5 МТМУ №17 Мактаби президентӣ МТМУ №27 МТМУ №1 МТМУ №56 МТМУ №1 МТМУ №1 МТМУ №8 Литсейи №1 МТМУ №4 Лит.-инт. хонанд. болаёқат МТМУ №1 МТМУ №1 МТМУ №1 МТМУ №17 МТМУ №1 МТМУ №1 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ Гимназияи давлатии №1 Гимназияи давлатии №1 МТМУ №1 МТМУ №2 МТМУ №5 МТМУ №11 МТМУ №1 МТМУ №1 МТМУ №10 МТМУ №1 Омӯзишгоҳи тиббӣ МТМУ №70 МТМУ №70 Гимназияи ҷумҳуриявӣ Гимназияи ҷумҳуриявӣ МТМУ №10 Гим. давл. ба номи С. Одина МТМУ №1 МТМУ №23 МТМУ №2 МТМУ №2 МТМУ №18 МТМУ №1 МТМУ №33 МТМУ №7 ЛКТ №16
11 2 8 9 11 2 8 11 11 11 11 11 11 11 7 9 8 11 10 9 11 10 10 10 11 11 11 11 9 11 10 9 11 10 10 8 11 8 1 10 7 9 8 10 7 11 7 11 11 10 11 9 11 10 9 8 9 11 10 10 2 11 11 11 11 11 9 9 11 11 10 4 10 10 10 11 10 9 8 10 9 10 10 10 10 6 1
9
ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН
181 182 183 184 185 186 187 188 189 190 191 192 193 194 195 196 197
198 199 200 201 202 203 204 205 206 207 208 209 210 211 212 213 214 215 216 217 218 219 220 221 222 223 224 225 226 227 228 229 230 231 232 233 234 235 236 237 238 239 240 241 242 243 244 245 246 247 248 249 250 251 252
Мусаварраи Бахтиёри Амир Назирмадов Шаҳбоз Ҷононаи Почохон Мавлудаи Халил Фирӯзи Ҳайдар Хуҷаҷони Иброҳим Табарова Зарафшон Ёрматова Маҳина Шаъмигули Амир Малиқоев Наврӯз Бақоев Зоиршо
Восеъ Восеъ Восеъ Мӯъминобод Мӯъминобод Мӯъминобод Мӯъминобод Ҳамадонӣ Ҳамадонӣ Ҳамадонӣ Ҳамадонӣ
МТМУ №37 МТМУ №43 МТМУ №28 МТМУ №6 МТМУ №29 МТМУ №2 Коллеҷи тиббӣ Литсейи давлатии №1 МТМУ №50 Литсейи давлатии №1 МТМУ №4
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН Раҳматшоева Бозгул Хоруғ МТУ №9 Латофати Раҳимшо Хоруғ Мактаби президентӣ Наврӯзбекова Фарида Хоруғ Мактаб-литсейи Оғохон Ҷусупова Алмахан Мурғоб МТУ №9 Зулайка Анарбай Кизи Мурғоб МТМУ №5 Рамзияи Миравазхон Ишкошим МТМУ №9 Муродалиева Бибиноз Ишкошим МТМУ №15 Шоҳидаи Азизхон Ванҷ МТМУ №17 Раҷабов Шуҷоъ Ванҷ МТМУ №15 Саъдияи Ҳомид Дарвоз МТМУ №40 Иброҳими Исмоил Дарвоз МТМУ №1 Соҳибқадамова Ҳангома Шуғнон МТМУ №11 Довудбеков Ҳамза Шуғнон МТМУ №12 Алиназаров Сидқинуш Роштқалъа МТМУ №9 Парпишоева Фарида Роштқалъа МТМУ №10 Заурбекова Камина Рӯшон МТМУ №8 Хизирдоди Мавлондод Рӯшон МТМУ №7
ШАҲРУ НАВОҲИИ ТОБЕИ МАРКАЗ Саидабонуи Суҳбатулло Роғун МТМУ №1 Кароматзода Меҳрубон Роғун МТМУ №1 Рухшонаи Эмомалӣ Ҳисор МТМУ №71 Ҷобиров Некрӯз Ҳисор МТМУ №3 Давлатова Маҳфуза Ҳисор МТМУ №3 Сайдаҳмадзода Бузургмеҳр Ҳисор МТМУ №74 Мафтунаи Сайфиддин Ҳисор МТМУ №71 Ирмухамедов Шарифбек Ҳисор МТМУ №10 Мирзоева Мафтуна Ҳисор Коллеҷи омӯзорӣ Ашурова Бибимайрам Ҳисор МТМУ №8 Холова Ширинмоҳ Ҳисор МТМУ №8 Азизова Шоҳсанам Ҷиргатол Лит. хонанд. болаёқат Шосафаров Хушқадамшо Ҷиргатол МТМУ №12 Мавлавии Замон Ҷиргатол МТМУ №13 Саймаҳбуби Турсуналӣ Рашт МТМУ №12 Шерова Зарнигор Рашт МТМУ №52 Хоҷаев Фирдавс Рашт МТМУ №26 Эшонова Фазолат Рашт Коллеҷи омӯзгорӣ Ҳасанов Бобур Шаҳринав МТМУ №7 Орифов Азизҷон Шаҳринав МТМУ №11 Ёрова Райҳона Шаҳринав МТМУ №15 Қодиров Сулаймон Варзоб МТМУ №50 Раҷабгули Шералӣ Варзоб МТМУ №5 Ҷалолов Шаҳзод Варзоб МТМУ №1 Табаров Талабшо Варзоб МТМУ №1 Сайдалиёни Муҳаммадҷон Варзоб МТМУ №2 Кенҷаева Мавлуда Ваҳдат Коллеҷи омор Муминов Муминҷон Ваҳдат Литсейи Темур Собиров Назарамонов Маҳмадшо Ваҳдат Гимназияи Балъамӣ Наҷмидинов Абдураҳмон Ваҳдат Литсейи Темур Собиров Ғафурова Фарида Ваҳдат Литсейи Темур Собиров Азимзода Ҳадятулло Ваҳдат Гимназияи Балъамӣ Саидов Сомон Ваҳдат МТМУ №3 Эмомалии Исломиддин Ваҳдат МТМУ №3 Бӯриев Алиҷон Ваҳдат МТМУ №130 Табарова Таҳмина Ваҳдат МТМУ №1 Шаҳроми Акрамзод Тоҷикобод МТМУ №1 Сафаров Сайдамир Тоҷикобод ОКТ Раҷабова Миҷгона Тоҷикобод МТМУ 11 Идизода Зарринаи Шодӣ Тавилдара МТМУ №1 Мустафои Исмат Тавилдара МТМУ №6 Сулаймонов Ҷамшед Рӯдакӣ Гимн. бачаҳои лаёқатманд Маҳвашбонуи Қамариддин Рӯдакӣ Кол. техникӣ-омӯзгорӣ Зарипов Исфандиёр Рӯдакӣ МТМУ №3 Мирзоева Шоҳида Рӯдакӣ МТМУ №59 Султонзода Анӯшервон Рӯдакӣ МТМУ №5 Қосимов Акрамҷон Рӯдакӣ МТМУ №45 Сумани Акбаралӣ Рӯдакӣ МТМУ №108 Назарова Саодат Рӯдакӣ МТМУ №1 Баҳораи Абдусаид Рӯдакӣ МТМУ №69 Насриддинова Рӯҳангез Рӯдакӣ МТМУ №67 Хоҷаева Сафаргул Файзобод МТМУ №7 Саидова Гулноза Файзобод МТМУ №11 Додарбекова Азиза Файзобод МТМУ №1 Хусрави Дилшод Файзобод МТМУ №1
8 10 8 8 11 10 2 11 10 10 11 10 11 11 9 8 11 8 10 10 11 11 9 10 11 11 8 9
8 8 8 7 10 10 9 10 3 10 10 9 10 11 10 11 11 10 11 11 10 9 7 10 1 11 11 10 10 11 10 8 9 10 11 2 10 10 10 11 2 10 10 11 11 10 10 11 11 10 7 8 6
253 254 255 256 257 258 259 260 261 262 263 264 265 266 267 268
Дӯстов Саидшо Зарринаи Сироҷиддин Тоҷиддинова Дилноза Шарипова Мунаввара Ҷонов Мақсуд Холова Манижа Сулаймонов Бунёд Нормаҳмадов Муҳаммад Саидова Машҳура Бобокалонов Ҷаҳонгир Сорбони Саид Абдувалиева Ҳусноро Ҷонова Лайло Қамарова Моҳшариф Толеҳабону Хайриддин Уроқова Азиза
269 270 271 272 273 274 275 276 277 278 279 280 281 282 283 284 285 286 287 288 289 290 291 292 293 294 295 296 297 298 299 300
Ситораи Шомиддин Баҳромзода Сомон Шаҳнозаи Раҳмоналӣ Саидҷони Абдукарим Аминова Мавлуда Бӯриева Насиба Зокиров Сомон Турсунов Обидҷон Неъматова Сайёҳат Сангов Зафарҷон Ашуров Сайҳун Саидова Азиза Раҷабова Нилуфар Ҳамидова Маҳфузахон Холмадова Рӯҳафзо Муҳаммадиев Меҳроб Ганҷараев Фирӯз Нажмонова Фарзона Толибова Умеда Гулов Фирӯз Чаманорои Шарифҷон Раҷабзода Дилноза Ҳасан Ашӯров Идимад Юсуфӣ Фаррух Умарзода Фараҳноз Муҳиддинова Дилноза Тавуров Бахтовар Исоева Меҳрона Шаҳроми Шамсиддин Фаризаи Рашид Саидзода Фарзона Исмоилова Рӯҳафзо
Нуробод Нуробод Нуробод Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода Турсунзода
ШАҲРИ ДУШАНБЕ И. Сомонӣ И. Сомонӣ И. Сомонӣ И. Сомонӣ И. Сомонӣ И. Сомонӣ Фирдавсӣ Фирдавсӣ Фирдавсӣ Фирдавсӣ Фирдавсӣ Фирдавсӣ Фирдавсӣ Сино Сино Сино Сино Сино Сино Сино Сино Сино Сино Сино И. Сомонӣ Шоҳмансур Шоҳмансур Шоҳмансур Шоҳмансур Шоҳмансур Шоҳмансур Шоҳмансур
МТМУ №14 МТМУ №10 МТМУ №1 Литсейи президентӣ Литсейи тоҷикӣ-туркӣ Литсейи президентӣ Литсейи президентӣ Литсейи президентӣ Литсейи президентӣ Литсейи президентӣ Литсейи президентӣ МТМУ №2 МТМУ №2 МТМУ №2 МТМУ №13 МТМУ №91
7 7 8 9 7 10 9 9 9 10 9 10 9 10 9 10
МТМУ №62 Литсейи №1 Гимназияи №53 Гимназияи №9 МТМУ №7 МТМУ №12 МТМУ №5 МТМУ №42 МТМУ №51 Гимназияи №74 Литсейи иноватсионӣ Гимназияи №74 МТМУ №58 Гимназияи “Кафолат” МТМУ №37 МТМУ №89 МТМУ №98 МТМУ №94 ЛИМТТ Гимназияи “Кафолат” МТМУ №54 Литсейи президентӣ Литсейи президентӣ МТМУ №54 Литсейи №55 Литсейи №71 Литсейи №55 Литсейи №55 МТМУ №15 МТМУ №79 Гимназияи №2 МТМУ №15
8 8 10 9 8 8 9 9 9 9 9 10 10 7 7 7 8 8 9 9 10 9 9 8 7 10 8 8 10 8 9 10
e-mail: javonontj@mail.ru
170 171 172 173 174 175 176 177 178 179 180
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Тоҷикистон дар соли хониши 2014–2015
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
10
ТУРИЗМ
Охирин рӯзи сафари рӯзноманигорони тоҷик дар ВМКБ, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи экологӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Помир (ПЭКТА) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» сурат гирифт, дар маркази вилоят - шаҳри Хоруғ сипарӣ гардид. Дуюмин боғи набототи баландкӯҳи ҷаҳон Боздиди мо аз Боғи набототи Помир хеле хотирмон буд. Он, ки дар баландии 23203500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, баландтарин боғи наботот дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва дуюмин боғи набототи баландтарин дар ҷаҳон баъди кишвари Непал ба шумор меравад. Ҳудуди боғ дар мавзеи якҷояшавии дарёҳои Ғунд ва Шохдара воқеъ буда, 624 гектарро дар бар мегирад. Бунёди ин боғи баландкӯҳ соли 1940 болотар аз шаҳри Хоруғ оғоз ёфтааст. Яке аз асосгузорони боғи мазкур профессор Анатолий Гурский ба шумор меравад. Ӯ ҳамроҳи шогирдонаш 30 сол дар ин мавзеи баландкӯҳ лабораторияи табиӣ барои омӯхтани ҳаёти растаниҳо дар шароити баландии зиёд аз сатҳи баҳрро таъсис дод. Дар боғи мазкур зиёда аз 4000 номгӯи растаниҳо ҷамъ оварда шудаанд. Намудҳои гуногуни себ, нок, зардолу, арча, булут, сафедор ва ғайра, ки аз ақсои олам гирд оварда шудаанд, дар шароити баландкӯҳ мутобиқ гаштанд. Профессор Гурский вақти ба Хоруғ омаданаш ҳамроҳи худ аз Русия тухмию ниҳоли дарахтҳои гуногунро оварда буд. Хаймаашро дар дашт насб карду ба кор шуруъ намуд. Даштро аз санг тоза карда, бо зарби зоғнӯлу каланд аз чашма то дашт ҷӯй канд. Аспе харида, бо омоч заминро шудгор кард. Себу ток ва картошка шинонида, пиёзу карам кишт. Боғи ботаникӣ аз ҳамин оғоз ёфт. Солҳои мушкили Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) низ профессор таҷрибагузарониро идома дод. Ӯ ба деҳаҳо рафта, ба хоҷагиҳо тухмиву ниҳолҳои гуногун тақсим мекард, тавсияҳои муфид медод. Боғи набототи Помир на танҳо мавзеи таҷаммуи растаниҳои гуногун, балки лабораторияи илмӣ ва майдони таҷрибавие гардид, ки намудҳои санҷидашударо аз ин ҷо ба киштзору боғоти деҳаҳои атрофи шаҳр мебурданд. Он солҳо ба хоҷагиҳо 400 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда туҳфа ва ё фурӯхта шуд. Дар Боғи набототи Помир дарахту рустаниҳои хоси Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ, Қрим, Қафқоз, Амрикои Шимолӣ, Аврупо, Ҳимолой ва Ҳиндукуш мерӯянд. Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи илмии Боғи ботаникӣ 14 нафар олим фаъолият доранд. Мутаассифона, теъдоди олимони ҷавон торафт кам мешаванд, зеро бо сабаби нокифоя будани маош онҳо маҷбуранд, ки ҷои корашонро иваз намоянд. Зимни фаъолияти Боғи набототи Помир дар ин ҷо 30 000 намуди дарахту рустаниҳои гуногун санҷида шудааст. Баъди таҳқиқоти лабораторӣ биологҳо тавсия медиҳанд, ки кадом навъ барои кишту кор дар ВМКБ мувофиқ аст ё кадом навъро дар соҳаи дорусозӣ ва гиёҳдармонӣ истифода бурдан мумкин аст. Боғи ботаникии Помир бо баландию гуногуннавъияш ифтихори Тоҷикистон аст. Дар боғ дар давраҳои Шӯравӣ ба муносибати 15 ҷумҳурии бародарӣ 15 ниҳоли терак шинонида шуда буд. Солҳои навадум нахустин Президенти Русия Борис Елтсин меҳмони боғ шуда, гуфта буд, ки ба наздикӣ шӯравӣ пош мехӯраду ин дарахтон хушк мешаванд. Шӯравӣ пош хурд, хушбахтона, қисми дуюми «пешгӯӣ»-и Елтсин дурӯғ баромад. Теракҳо ончунон баланду ботароватанд, ки дар моҳи сентябр мо меҳмони боғ шуда, худро дар моҳи май тасаввур кардем. Сайре ба таърих Саёҳату шиносоии мо бо осорхонаи
таърихии ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ хеле ҷолибу хотирмон буд. Дар ин ҷо кормандони осорхона ашёву намунаи осори таърихиро аз давраҳои бостон хеле моҳирона гуруҳбандӣ карданд. Дидани намунаи олоти шикор, либос, мероси таърихӣ, бадеӣ, акси диловариҳои ободгарони вилоят дар асри XX ва ғайра хаёли касро ба даврони гузашта мебаранд. Пас аз поён ёфтани ҶБВ мудири бахши археологияи Пажуҳишгоҳи таърихии ба
мошингарди Хоруғ-Душанбе сохта шуд. Роҳи Душанбе тавассути ағбаи Хобуробот то шаҳри Хоруғ 527 километрро ташкил медиҳад. То кушодани роҳи Душанбе-КулобШӯробод-Дарвоз-Хоруғ роҳ тавассути ағбаи Хобуробот 1,5-2 рӯзро дар бар мегирифт. Ҳоло бо истироҳат кардан роҳи навро дар 15-16 соат тай кардан мумкин аст. Тавассути ҳавопаймо аз Душанбе то Хоруғ ҳамагӣ як соат роҳ мебошад. Дар осорхона оид ба фарзандони фарзо-
доди меҳмонхонаҳои хусусӣ дар вилоят зиёд хоҳад шуд. Вобаста ба захираҳои туристии вилоят ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва русӣ дастурҳо таҳияву ба меҳмонон туҳфа карда мешавад. Бадахшон аз чанд ҷиҳат намуна аст Тайи як ҳафтае, ки дар ВМКБ будем, чанд бартариро мушоҳида кардам, ки барои дигар минтақаҳо боиси ибрат аст: 1. Мардуми вилоят аксар хоксору самимӣ
Хоруғ - сарсабзтарин шаҳри Осиёи Марказӣ
номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон В. А. Ранов дар водии Маркансуи Помири Шарқӣ, дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр бошишгоҳи одами қадимиро ёфт, ки ба он «Ошхона» ном ниҳоданд. Аз ин бошишгоҳ олоти сангӣ, устухонпораҳои бузи кӯҳӣ ва архар, хокистари гулхани калони чӯбҳои арча ва сафедор ёфт шуд. Дар қисмати ҷанубии Мурғоб, дар мавзеи Шахта бошад, олим расмҳои рангаи одами қадимиро бо тасвири гуроз (хуки ёбоӣ) ва хирс кашф намуд. Ин бозёфтҳо ҳангомаи илмӣ шуданд. Зеро «Ошхона» баландтарин бошишгоҳи одами давраи ибтидоӣ дар нимкураи шимолӣ ва он расмҳо неолетикӣ ба шумор мерафтанд. Аммо як чиз муаммост. Он ҷое, ки 10,5 ҳазор сол пеш одамон бе хона дар назди гулхан гарм мешуданд, имрӯз на ҷангал асту на гиёҳ на ҷонварони кӯҳӣ. Танҳо биёбони баландкӯҳи сангин мебошад. Тадқиқоти Помир аз охирҳои асри XIX шуруъ шуд. Нахустин гурӯҳи олимони рус, ки миёнашон топографҳои низомӣ низ буданд, ба куҳҳои барояшон номаълум қадам ниҳоданд. Миёни онҳо олимони варзида, аз қабили А. П. Федченко, О. А. Федченко, Б. Ф. Ошанин, Н. А. Севертсов, И.В. Мушкетов, Н.Л. Корженевский ва Г.Е. ГруммГржимайло буданд. Соли 1928 дар ВМКБ нахустин Экспедитсияи Академияи илмҳои СССР бо роҳбарии Н.Л. Горбунов ва Н.В. Криленко роҳбарӣ мекарданд. Дар он давра радиоалоқа набуд, озуқаворӣ намерасид. Муҳаққиқон дар пиряхҳо бе хайма ва гоҳо бе хӯроки гарм зиндагӣ мекарданд. Аммо бо вуҷуди душвориҳо ин гурӯҳ ба чӣ комёбиҳо ноил гашт? Пиряхи Федченко ва даҳҳо пиряхи дигар, ағба дар қаторкӯҳи Академияи илмҳо, харитаҳои нахустин ва ғайра самараи ҳамин экспедитсия мебошанд. Солҳои сиюм бунёди баландтарин стансияи обуҳавошиносии дунё дар пиряхи Федченко оғоз ёфт, ки баъдан номи Н.П. Горбуновро гирифт. Дар кашонидани масолеҳи корвони Экспедитсияи комплексии Тоҷикистон 188 шутур ва 60 асп истифода шуда буд. Солҳои 1931-1934 роҳи мошингарди Ӯш-Хоруғро ба истифода доданд. Соли 1940 қад-қади дарёи Панҷ бо усули ҳашар роҳи
наи миллат, аз қабили Шириншоҳ Шоҳтемур, Мастибек Тошмуҳаммадов (нахустин генерали тоҷик), Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар ва ғайра маълумот дода шудааст. Иттилоот дар бораи минтақаҳои туристӣ Директори генералии Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологӣ ва фарҳангии Помир (ПЭКТА) Кишвар Абдуалишоев зимни мулоқот бо рӯзноманигорон, ки дар бинои Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (MSDSP) доир гашт, оид ба имкониятҳои рушди туризм дар Бадахшон маълумот дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар бораи минтақаҳои туристӣ бояд иттилоот зиёдтар бошад. - Имрӯз дар Тоҷикистон мардум дар бораи мавзеъҳои мамлакат кам маълумот доранд, - гуфт К. Абдулалишоев. - Вақте рафтуомад миёни минтақаҳои гуногуни кишвар зиёд мешавад, меҳру муҳаббат зиёд гашта, ваҳдат таҳким меёбад. Номбурда таъкид намуд, ки соҳаи туризм яке аз бахшҳои содирот маҳсуб ёфта, бо каме маблағгузорӣ даромади хуб медиҳад. Дар шароити камзамини Бадахшон рушди соҳаи туризм метавонад воситаи хуби бо ҷои кор таъмин кардани аҳолӣ ва баланд гаштани сатҳи зиндагӣ гардад. Директори иҷроияи ПЭКТА Асадшо Зоолшоев гуфт, ки ассотсиатсия соли 2008 таъсис ёфта, 21 ташкилот ба он аъзо шудаанд. Аз рӯи мушоҳидаву таҳлилҳо сайёҳони хориҷӣ бештар ба кӯҳнавардӣ ва туризми экологӣ майл доранд. - Дар Бадахшон туризми муолиҷавӣ дурнамои хуб дорад, - гуфт Асадшо Зоолшоев. - Агар туризми муолиҷавӣ муташаккилона сурат гирад, хароҷоташ камтар мешавад. Масалан, агар 4-8 нафар аз шаҳри Душанбе то Ишкошим барои муолиҷа оянд, хароҷоташон кам мешавад. Ба хабарнигорон видиофилме, ки аз ҷониби ПЭКТА дар бораи захираҳои туристии Бадахшон таҳия шудааст, пешкаш гардид. Дар пешрафти соҳаи туризм дар вилоят саҳми MSDSP хеле зиёд аст. Бо мусоидати барномаи мазкур дар ВМКБ 86 меҳмонхона таъсис ёфтааст. Сол то сол теъ-
буда, хеле меҳмоннавозанд. Исрофкорию худнамоӣ, қариб ки ба назар намерасад. 2. Дар ягон ҷо талбандаеро дучор наомадем. Ба мо гуфтанд, ки талбандагӣ дар ин ҷо нанг аст. Мардум ба ашхоси муҳтоҷу камбизоат дасти ёрӣ дароз мекунанд. 3. Сокинони вилоят таҳаммулпазирии мазҳабиро риоя мекунанд. 4. Фарҳанги тозагӣ хеле баланд аст. Дар кӯчаву соҳили дарё порӯ намепартоянд. Аз ин лиҳоз шояд Хоруғ тозатарин шаҳри кишвар ба шумор равад. 5. Сарояндагони вилоят ба фачсароӣ роҳ намедиҳанд. Аксари сарояндагон аз ашъори Ҳофизу Саъдию Румию Ҷомӣ, Муҳаммад Иқбол ва дигар шоирони калассик суруд месароянд. 6. Дар замони шӯравӣ шаҳри Хоруғ аз рӯи маълумотнокии аҳолӣ ба 10000 нафар дар СССР ҷои аввалро мегирифт. Имрӯз Хоруғ метавонад аз рӯи боз як нишондиҳандаи дигар ҷои якумро бигирад. Агар аз лиҳози майдони дарахтзор ба ҳар сари аҳолӣ ҳисоб кунем, Хоруғ метавонад ҳадди ақал дар Осиёи Марказӣ сарсабзтарин шаҳр гардад. Ташкилкунандагони ин сафар дар канори шаҳри Хоруғ моро дар як «Хонаи помирӣ» меҳмондорӣ намуданд. «Хонаи помирӣ» васеъ буда, дар он барои ҳар як узви хонадон ва меҳмонон ҷои алоҳида муайян шудааст. Сақфи хона аз миёна мӯҳрин дошта, шишапӯш шудааст. Ҳар як сутуни хонаро ба номҳои ҳазрати Муҳаммад (с), Алӣ ибни Абӯтолиб (р), Фотима (р), Имом Ҳасан (р) ва Имом Ҳусайн (р) гузоштаанд. Оташдон низ дар хона ҷой гирифта, манбаи гармию рӯшноӣ мебошад. Ҳарчанд имрӯз бо баланд рафтани сатҳи зиндагӣ мардум бештар хонаҳои дуошёна созанд ҳам, баъзеҳо «Хонаи помирӣ»-ро чун нишонае аз гузаштагон ҳифз мекунанд. Дар чорабинии хотимавӣ гурӯҳи ҳунарии «Аҳмад ва Иқбол» хотири меҳмононро бо сурудҳои пурмазмуну оҳангҳои марғуб шод намуд. Тамошои Боғи Хоруғ ва Чойхонаи нав низ бароямон фараҳбахш буд. Роҳравҳои Боғи истироҳатиро пурра аз тахтасангҳои ҳамвор сохта буданд, ки назаррабо менамуд. Хуб мешуд, ки дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ ин таҷрибаи хоруғиҳо амалӣ шавад. Зеро истифодаи тахтасангҳо нисбатан камхарҷу аз лиҳози экологӣ безарар аст. Хабарнигорон аз ин иқдоми ПЭКТА ва ҶТ «Кӯҳҳои Помир» арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи мазкурро дар дигар минтақаҳо низ дастгирӣ мекунанд. Масалан, ноҳияи Балҷувон ва дараи Ромит минтақаи туристӣ эълон шудаанд, вале аксар сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ дар ин бора чизе намедонанд. Ташкили «пресстур»-ҳо имкон медиҳад, ки бисёрҳо дар хусуси ин мавзеъҳои сайёҳӣ маълумот бигиранд. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: № НОМГӮИ МАНСАБҲО МАОШИ ВАЗИФАВӢ Сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи 1 1709.1 2 3 4 5 6 7 8
Сил табобатшаванда аст Муолиҷаи бемории сил дарозмуддат буда, дар беморхона табобати он ройгон аст. - Сабаби ривоҷ ёфтани беморӣ дар чист? - Дар байни мардум фикри нодурусте ҷорист. Онҳо аз ин беморӣ меҳаросанд, шарм дошта, назди духтур намераванд, аз муоинаи тиббӣ сари вақт намегузаранд. Оқибат, нафари бемор бистарӣ мегардад. Ҳол он ки бемор дар вақташ ба мутахассиси соҳа муроҷиат намояд, албатта, ба зудӣ шифо меёбад. - Дар боло муҳоҷирони меҳнатиро зикр намудед, ки бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. - Бале, он муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шароити ногувор кор ва истиқомат мекунанд, дучоршавии онҳо ба бемориҳои гуногун бештар аст. Аз ҷумла, ба бемории сил. Аз ин хотир, ҳар
муҳоҷире, ки ба Ватан бармегардад, бояд аз муоинаи духтур гузарад. Бо ин роҳ ӯ аз ду ташвиш халос мешавад: агар ба беморӣ гирифтор шуда бошад, дар беморхона хобида, сари вақт шифо меёбад ва наздикони худро аз сироятшавӣ нигоҳ медорад. - Дар беморхона табобати беморони мубталои сил чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Барои инкишофи зерсохтори Маркази миллии бемориҳои шуш ва ҷарроҳии қафаси сина, ки роҳбариашро Саидаҳтам Рустамов бар ӯҳда дорад, корҳои зиёде анҷом ёфтааст. Гуфтан мумкин, ки зерсохтори марказ куллан тағйир ёфта, муоина ва муолиҷаи беморон низ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва бо усулҳои нави мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Мусоҳиб Абдулло САИД
Камҳаракатӣ боиси фишорбаландӣ мегардад Бисёриҳо рӯзи кориро паси мизи компютер, бо камҳаракатӣ мегузаронанд. Ин дар мадди аввал ба системаи дилу рагҳо хатар дорад, зеро камҳаракатӣ яке аз омилҳои хатарноктарини пайдошавии фишорбаландӣ ва атеросклероз мебошад.
Олимони Швейтсария ба хулосае омаданд, ки агар инсон бо вуҷуди камҳаракатӣ умри бештар бинад ҳам, нисбат ба ҳамсолонаш, ки тарзи фаъолтари зиндагӣ мебаранд, пиртар менамояд. Дар як соат ҳамагӣ 5 дақиқа сайру гашт намудан кофӣ аст, ки хатари сар задани бемориҳои дилу рагҳо кам шавад. Зеро дуру дароз дар як ҷо нишастан боиси баланд шудани сатҳи холестерин ва фарбеҳшавӣ мегардад. Ин дар навбати худ ба вайроншавии табодули моддаҳо ва гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳо оварда мерасонад. Олимони швед фишори хуни ҷавони 20-25-соларо, ки тӯли се соат назди компютер беҳаракат нишаст ва ҳамсолонаш, ки ҳар соат 5 дақиқа сайру гашт мебаромаданд, санҷиданд. Тадқиқот ни-
шон дод, ки ҳамин сайру гашти кӯтоҳ фишори хунро ба эътидол дароварда, оқибатҳои ногувори камҳаракатиро рафъ мекардааст.
Фароҳамсоз С. АМИНИЁН, “ҶТ”
9
10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32 33 34 35 36 37 38 39 40 41
марказӣ Муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Қӯрғонтеппа Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Шӯъбаи молия ва ҳисобдории дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Дастгоҳи марказӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Сино Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷ. Румӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳисор Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Вахш Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, муовини сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопурра ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - ариза ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета);
1405.3 943.65 854.55 773.55 738 738 738 738 738 702 702 702 702 702 702 702 702
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Бемории сил сирояткунанда буда, ҳатто боиси фавти одамон мегардад. Дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мубориза барои пешгирии ин беморӣ ҷараён дорад. Вобаста ба ин, аз муовини сардухтури Маркази миллии бемориҳои шуш ва ҷарроҳи қафаси синаи шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат Иброҳим Азимов сабаби пайдоиши беморӣ ва роҳҳои пешгирии онро пурсон шудем.
- Ин беморӣ ба воситаи гап задан, атсазанӣ ва сулфа аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад, - гуфт зимни суҳбат И. Азимов. - Ба ин касалӣ бештар нашъамандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ гирифтор мешаванд. Барои шифои бемор истироҳату хоби хуш, сайругашт дар ҳавои тоза муфид аст. Барои пурра сиҳат шудан бемор бояд хӯроки серғизо ва маҳсулоти ширию меваҷотро истеъмол намояд. Риояи қоидаҳои тозагии шахсӣ ва оилавӣ миёни аҳли хонавода яке аз шартҳои муҳими сиҳатёбии нафари бемор аст. Бояд беморро дар ҳуҷраи ҷудогона хобонд. Рӯзе дусе маротиба дару тирезаи хонаро кушодан лозим, то ба хона шуои офтоб дарояд. Чунки микроби бемории сил дар 10 дараҷа хунукӣ чанд моҳ зиндагӣ мекунад, дар офтоб бошад дар 5 дақиқа нобуд мешавад.
11
ЭЪЛОН
702
697.50 697.50 603 603 603 603 576 576 576 576 576 576 576 576 576 576 522 495 495
472.50 472.50 472.50
- 2 дона расм (4х6); - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс:734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи Кохи «Борбад»). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
e-mail: javonontj@mail.ru
ТАНДУРУСТӢ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
12
РУБРИКА
Варзиш болидарӯҳӣ мебахшад 26-27 октябри соли равон дар шаҳри Салоникии Юнон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон баргузор гардид. Намояндаи Тоҷикистон Саттор Сайфиддинов дар ин мусобиқа сазовори медали нуқра гардид. Мусоҳибаи мо бо ин варзишгари собиқадор дар ҳамин мавзуъ сурат гирифт. - Дар оғоз мегуфтед, ки дар мураббӣ таъин намуданд. Аз соли ин чорабинӣ аз Тоҷикистон чанд 1985 то соли 2013 дар Коллеҷи тарнафар ширкат доштед? бияи ҷисмонӣ ба ҳайси мураббӣ кор - Се нафар будем - роҳбари кардам. Ҳоло дар кафедраи тарбигурӯҳ Маҳмуди Абдулло, ман ва яи ҷисмонии Донишгоҳи аграрии гӯштингири варзида Гулподшоҳ Тоҷикистон ҳамчун муаллими калон Хайруллобеков, ки ҷои сеюмро гифаъолият дорам. Номзад ба усторифт. Маҳмуди Абдуллоро муовини ди варзиш оид ба гӯштини юнонӣсардовар таъин карданд. римӣ, Устоди варзиши СССР оид ба - Шумо дар вазни чанд кило самбо мебошам. Бо шогирдонам ба қувваозмоӣ кардед? тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ак- Ман дар вазни зиёда аз 100 сар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ сакило қувва озмуда, ҷои дуюмфар кардам. Ифтихор мекунам, ки ро гирифтам. Ҷои аввал насиби ба Карим Мерганов, Ҳасан Бароев, Ғозимуҳаммед Аҳмедови доғистонӣ Константин Данилов ва садҳо дигар шуд, ки вазнаш аз ман 28 кило зиёд, бузкаши номӣ мешинохтанд. Оли- варзишгарон ҳаққи устодӣ дорам. яъне, 130 кило буд. Макс Славин аз ми шинохта Сайфиддин Акрамов Хизматҳои маро бо нишони Аълочии Федератсияи Русия ҷои сеюмро ги- дар бораи падарам китоб навиш- маорифи Тоҷикистон” қадр карданд. рифт. Ҳарифон хеле пурқувват бу- таанд. Ман аз овони мактабхонӣ - Ба ҷавонон чӣ маслиҳат данд. Дар варзиш қоидаест, ки касе дар мусобиқаҳое, ки падарам медиҳед? аз лаҳзаи мусоид истифода бурда, қувваозмоӣ мекарданд, иштирок - Тавсияи ман ин аст, ки ҷавонон ҳарифро дар ғафлат монд, бурд ме- доштам. Паз аз хатми мактаби миё- бояд ҳатман ба ягон намуди варкунад. наи рақами 6-и ноҳия соли 1967 ба зиш шуғл варзанд. Варзиш дар - Дар бораи чӣ гуна ба ҷодаи омӯзишгоҳи педагогии ноҳия дохил ҳама синну сол ба кас болидарӯҳӣ варзиш қадам монданатон нақл шудам. Онро соли 1971 хатм карда, мебахшад. Ман худро аз варзиш мекардед? дар мактаби рақами 37-и ноҳия ба ҷудо тасаввур карда наметавонам. - Соли 1951 дар деҳаи Тӯдаи ҳайси муаллими тарбияи ҷисмонӣ Ба шогирдон низ тавсия медиҳам, ноҳияи Ҳисор таваллуд шудаам. ба кор даромадам. Соли 1972 ба ки аз варзиш ҷудо нашаванд ва дар Падарам Абдураҳмон-паҳлавонро Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ҷомеа ҳамеша варзишро тарғиб нана танҳо дар водии Ҳисор, балки ҷумҳурӣ дохил шуда, онро соли моянд. вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Уз- 1976 хатм кардам. Маро дар мактабекистон низ ҳамчун паҳлавон ва би варзишии ҷамъияти «Спартак» Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
ДЗЮ-ДО
Бозгашти варзишгарон аз Ӯзбекистон бо 7 медал Варзишгарони ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии дзю-до ба хотираи Устоди варзиш Учқун Муродов, ки 8-9 ноябр дар шаҳри Чирчиқи Узбекистон доир гашт, ҳафт медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст оварданд.
«Хайр»: як қадам то медалҳои нуқра
e-mail: javonontj@mail.ru
Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар даври 17-уми Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, мақомашро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа устувор кард. Бозӣ 11 ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гашт. Қаҳрамони ин дидор легионери ганагӣ Андох Наполеон шуд. Ӯ ду гол зада, ба дастаи “Хайр” се хол овард. Голи мизбононро нимҳимоятгари тими ҷавонони кишвар Муҳаммадҷони Ҳасан зад. Барои ба даст овардани медалҳои нуқра “Хайр”-ро лозим аст, ки дар даври ниҳоӣ бар тими КМВА “Помир” ғолиб шавад. Дар дидори дастаҳои КМВА “Помир” ва “Вахш” 7 гол зада шуд, ки 4 голаш ба артишиён мутааллиқ аст. Ду голи КМВА “Помир”-ро Фаридун Шарифов зад. Бо сабаби аз мусобиқа хориҷ шудани “Энергетик” тими “Парвоз” бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
ДАСТАҲО «Истиқлол» (Душанбе) 1 2 «Хайр» (Ваҳдат) 3 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзаде) 7 «Энергетик» (Душанбе) 8 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 «Равшан» (Кӯлоб)
Б Ғ М Б 16 15 1 0 17 16 16 17 16 17 17 17 17
10 8 8 7 5 5 3 4 2
Т/Т Х 62-8 46
2 5 26-17 5 3 16-10 4 4 20-15 1 9 23-33 5 6 23-22 4 8 17-27 6 8 14-26 1 12 11-31 3 12 16-39
32 29 28 22 20 19 15 13 9
Дар ин мусобиқа 200 варзишгар аз шаш кишвар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзида, дар 8 вазн қувваозмоӣ карданд. Ширкаткунандагони ин мусобиқаи анъанавӣ, инчунин, имсол барои имтиёзҳои олимпӣ ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасони соли 2018 мубориза бурданд. Ба ҳайати тими мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил буд. Эраҷ Абдуллоев дар вазни то 66 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз гаштанд. Фирдавс Назаров (56 кг), Салмон Раҳмихудоев (66 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (90 кг) ва Ардашер Мирзоев (+90 кг) бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Инчунин, Илҳомҷон Ҳофиззода дар вазни то 66 кило медали биринҷӣ ба даст овард.
ТАЭКВАНДО (WTF)
45 медали варзишгарони кишвар дар мусобиқаи байналмилалӣ Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи таэквандо (WTF) ва Сафорати Кореяи Ҷанубӣ 7-9 ноябри соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андоз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквандо (WTF) доир гардид. Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ меҳмононро хушомадед гуфта, зикр намуд, ки таэквандо (WTF) дар давраи соҳибистиқлолии кишвар пайдо шуда, тӯли зиёда аз ду сол дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа маҳбубияти хоса касб кард. “Дар асл варзиш қосиди сулҳ аст, миллатҳоро ба ҳам мепайвандад ва робитаҳои гуногунҷабҳаро миёни давлатҳо густариш медиҳад. Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ яке аз давлатҳое мебошад, ки бо кишвари мо муносибатҳои хуби дипломатӣ дорад ва ҳамзамон дар тӯли даҳсолаҳо баҳри густариш додани муносибатҳои бисёрсамта чӣ дар ҷодаи иқтисодӣ, чӣ иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аз рӯи ин намуд дар Бозиҳои Осиё, ки як моҳ қабл дар Кореяи Ҷанубӣ доир гашт, се варзишгари тоҷик соҳиби медал гардиданд. Сипас, намояндаи Сафорати Кореяи Ҷанубӣ Ҷон Вон Гу иброз дошт, ки таэквандо санъат, анъана ва намуди варзиши миллии Корея мебошад, ки таърихи панҷҳазорсола дорад. Таэквандо (WTF) соли 2002 расман дар барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шуд. Баъди ба даст овардани маҳбубияту ба расмият шинохтан, дар дигар кишварҳои ҷаҳон роиҷ ва паҳн гардид. Дар мусобиқаи байналмилалии таэквандо (WTF) 500 варзишгар (духтарону писарон) аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Афғонистон ва шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 45 медали тилло сазовори ҷойи аввал гардид. Бо гирифтани 8 медали тилло ҷойи дуюм насиби дастаи Афғонистон шуд. Ҷойи сеюмро дастаи Эрон бо соҳиб шудани 7 медали тилло гирифт.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ” ФУТБОЛ. ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
“Истиқлол” ва “РегарТадАЗ” дар финал Дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба даври финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд. 6 ноябр бозиҳои “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби ҷавобии даври нимфина- 1:0 шикаст дода буд, дар ли мусобиқа доир гаш- меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шитанд. Бозии “Истиқлол” каст хӯрд. Ҳисобро футболва “Саройкамар”-и Панҷ бози тими “Хайр” Баҳодур мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Шарифов аз ҷаримаи (Бозии аввал – 5:0). Ба ёздаҳметра кушод. Мизголи задаи Комил Саидов, бонон ба ин гол бо се гол бозингари “Истиқлол” дар ҷавоб дода, роҳашонро ба дақиқаи 25 бозингари тими финал ҳамвор карданд. Панҷ Сайёд Зайниддинов Дар даври фиҷавоб гардонд. Ӯ ҷаримаи нал “Истиқлол” ва “Реёздаҳметраро бо самар ис- гар-ТадАЗ” 22 ноябр тифода кард. дар Варзишгоҳи марДастаи “Хайр”-и Ваҳдат, казии шаҳри Душанбе ки дар майдони худ дастаи вомехӯранд.
Қаҳрамони ҷаҳон ба дарвозаи дастааш гол зад
Кристоф Крамер, Қаҳрамони ҷаҳон-2014 дар ҳайати тими миллии Олмон зимни як бозӣ дар доираи мусобиқоти ин кишвар аз маркази майдон ба дарвозаи дастаи худ гол задааст. поён ёфт. Кристоф Крамер дар ин даста ҳамчун иҷора бозӣ мекунад, трансфери ӯ ба “Байер”-и Леверкузен мутаалиқ аст. Тобистони соли 2014 ӯ дар ҳайати тими миллии Олмон унвони Қаҳрамони ҷаҳонро дарёфт кард. Дар қисмати финалӣ ҷароҳат бардошт ва ӯро табибон аз майдон рӯйи кат берун карданд.
Марокаш аз мизбонии Ҷоми Африқо даст кашид Марокаш бо сабаби паҳншавии вируси марговари эбола аз баргузории Ҷоми миллатҳои Африқо оид ба футбол дар моҳи январи соли 2015 даст кашидааст.
НВО-и ИМА муҳорибаҳои Кличкоро пахш мекунад
“Reuters” менависад, намояндаҳои Марокаш пешниҳод кардаанд, ки ин сабқат ба соли 2016 гузаронда шавад, аммо Конфедератсияи футболи Африқо (CAF) шарт гузошта, ки мусобиқа маҳз аз 17 январ то 8 феврали соли 2015 баргузор мешавад. Тасмим дар бораи макони нави баргузории сабқат ҳафтаи оянда дар ҷаласаи Куми-
Муҳоҷирони Кореяи Шимолӣ барои кишварашон кор мекунанд
Шабакаи телевизионии HBO-и Амрико ҳаққи пахши муҳорибаи Владимир Кличкоро дарёфт кардааст. Дар ин бора торнамои “Allboxing.ru” иттилоъ медиҳад. Ба иттилои манбаъ, тавофуқнома дар бораи се дидори Кличко ба даст омадааст. Муҳорибаи аввал 15 ноябр баргузор мешавад. Владимир Кличко бо Кубрат Пулев аз Булғористон ба ринг мебарояд. Кличко дар ин дидор камарбанди қаҳрамониаш аз рӯйи версияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс)-ро ҳифз мекунад. Ҷадвали минбаъдаи муҳорибаҳои Кличкои хурдӣ ҳоло маълум нест. Муҳорибаҳо бо иштироки Владимир Кличко дар беш аз 150 кишвар намоиш дода мешаванд. Тайи даҳ соли охир бори нахуст шабакаҳои телевизионии Русия аз намоиши қувваозмоиҳои Кличко даст кашиданд.
Русия ба ЧА-2016 омода мешавад Тими миллии Русия оид ба футбол аз 10 ноябр омодагиаш ба бозӣ бо дастаи мунтахаби Австрия дар доираи даври интихобии Чемпионати Аврупо-2016 ва бозии дӯстона бо Маҷористонро оғоз кардааст. Дар ин бора саҳифаи расмии тими яккачини Русия дар “Twitter” хабар додааст. Дидори футболбозони рус бо тими миллии Австрия 15 ноябр ба нақша гирифта шудааст. 18 ноябр бошад, дар Будапешт бо тими мунтахаби Маҷористон қувва меоз-
моянд. Сармураббии тими миллии Русия ба бозигаронаш суҳбат бо хабарнигоронро манъ кардааст. Гуфта мешавад, барои ин ду бозӣ 25 футболбоз даъват шу-
дааст. Баъди се даври бозӣ дар гурӯҳи “G” тими яккачини Австрия бо ҳафт хол дар ҷои аввал аст. Русҳо, ки панҷ хол доранд, дар ҷадвали гурӯҳӣ ҷои дуюмро ишғол кардаанд.
Ҷонфидоии як мухлиси футбол Як мухлиси клуби “Белграно”-и Аргентина баъди аз баландии 25 метр ба замин афтидан, ба ҳалокат расидааст. Карлос Фернандеси 22-сола баъди голи клуби дӯстдоштааш ба дарвозаи тими “Дефенс ва Хустисия” дар чорчуби мусобиқаи Аргентина аз баландӣ ба замин сарозер мешавад. Ӯро ба беморхона мебаранд ва он ҷо вафот мекунад. Моҳи январи соли 2009 низ айнан чунин ҳолат дар бозии ҳаштякфиналии Ҷоми Олмон рух додааст. Дар бозии “Боруссия”-и Дортмунд ва “Вердер”-и Бремен як мухлиси 21-сола аз баландии ҳафт метр ба замин афтида, дар беморхона ҷон дод.
таи иҷроияи CAF дар Қоҳира гирифта мешавад. Теъдоди умумии фавтидагони бемории эбола, ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдошт, 4960 нафарро ташкил медиҳанд. Беш аз 13 ҳазор нафар ба вируси ин маризӣ гирифтор шудаанд. Бештари қурбониён сокинони Гвинея, Либерия ва Серра-Леоне ҳастанд.
Писарони Бэкхем дар майдон Бруклин Бекхэм, писари калонии футболбози собиқи тими миллии Англия Дэвид Бекхэм карйераи худро дар “Арсенал”-и Лондон шурӯъ кард. Шартнома бо ин бозингари 15сола то поёни мавсими ҷорӣ баста шудааст. Агар дар ин муддат Бруклин маҳорати хос нишон диҳад, “Арсенал” бо ӯ қарордоди дарозмуддат хоҳад баст. Гуфта мешавад, “Челсӣ” ва “Манчестер Юнайтед” низ ба ин бозингари 15-сола таваҷҷуҳ доштаанд. Ба ҷуз Бруклин, дар ҳайати клуби Лондон писари миёнаи Дэвид Бекхэм, Ромеои 12-сола ҳам бозӣ мекунад. Ӯ ба ҳайати бозингарони то 13-сола шомил аст.
Коргарони Кореяи Шимолӣ, ки ба барқарорсозии иншооти варзишӣ барои Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар машғуланд, гуфтаанд, 90 дарсади ҳақмузди онҳоро ҳукумати кишварашон мегирад. “The Guardian” аз нақли ин муҳоҷирони корӣ менависад, онҳо барои таъмини зиндагии хонаводаи худ заҳмат мекашанд, аммо дар ниҳоят танҳо 10 дарсади пули корашонро мегиранду халос. Баъзеҳо ҳатто онро ҳам намегиранд. “Ба одамоне мисли мо одатан чизе намедиҳанд. Пули коркардаамон то мо тақрибан намерасад. Мо инҷоем, то барои кишварамон пул кор кунем”, - гуфтааст як муҳоҷир, ки дар пойтахти Қатар, шаҳри Доҳа фаъолият дорад. Кореяи Шимолӣ дар ҳолати таҳримҳои ҷаҳонӣ қарор дорад, ки бо сабаби барномаи ҳастайии Пхенян эъмол шудааст. Аз ин рӯ, асъори хориҷие, ки муҳоҷирони меҳнатии ин кишвар кор мекунанд, асоси нигоҳдорандаи иқтисоди ин давлат мебошад. Қарор аст, Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон соли 2022 дар Қатар баргузор шавад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Ба иттилои “Eurosport”, нимҳимоятгари тими “Боруссия”-и Менхенгладбах дар дақиқаи 58-уми дидор бо “Боруссия”-и Дортмунд тӯбро вориди дарвозаи дастааш кардааст. Крамер хостааст тӯбро ба дарвозабон партояд, аммо он дохили дарвоза шудааст. Ин дидор дар ниҳоят, 1:0 ба фоидаи “Боруссия”-и Дортмунд
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
14
ВАРЗИШГАРОНИ ҶАВОН
Мавлуда Асламова чордаҳ сол қабл, овони таҳсил дар мактаби миёна ғайричашмдошт дар намудҳои варзиши ҳаво додани найза, лаълӣ (диск) ва гулӯла аз худ дарак дод. Дар сабқати байни мактабиёни минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Мавлуда - хонандаи синфи панҷуми МТМУ №40-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ғолиб дониста шуд. “Ифтихорнома”-и Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дасташ дода, ӯро ба узвияти тими мунтахаби минтақаи Кӯлоб ворид менамоянд. Он замон Мавлуда 12 сол дошт. Подоши ҳавасмандӣ ва самимияти ҳайати доварон ба он оварда расонд, қалби ин бонуи резапайкар ва шармгин нисбат ба пешаи наҷиби варзишгарӣ бедор шавад. Соли 2008, ҳангоме дар мусобиқаи зимистонаи варзишгарони варзиши сабуки кишвар, ки дар шаҳри Душанбе баргузор ва ба гардани ғолиби ин сабқат Мавлуда Асламова ҷойизаи тиллоро овехтанд, эътимоди ин духтари хандонрӯ ва кушодчеҳра ба варзиш дигарбора қавитар гардид. Пирӯзӣ ҳам кори саҳлу осон набуд. Зеро довталабон барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ 160 нафар буданд. Аъзои дастаҳои пурқувват аз вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва беҳтарин ситораҳои варзиши сабук аз пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе (ҳар кадом дар ду ҳайати асосӣ баромад доштанд) даъвои ғолибият доштанд. Аммо ғайри чашмдошти дигарон шогирди бовафои мураббӣ Файзулло Исмоилов, хонанда Мавлуда Асламова якбора аз рӯйи намудҳои ҳаво додани найза, гулӯла ва лаъличаи сеҳарбаи муосир мақоми аввалро ба даст овард. - Ман, - мегӯяд ин духтараки оқил, - аз тақдир басо шукргузорам, ки дар мактаб аз маслиҳатҳои падаронаи устоди азизам, дар гузашта варзишгари хеле шинохтаи мамлакат, Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, ғолиби аксар сабқатҳои умумииттифоқ, Спартакиадаҳои донишҷӯён, барандаи чандин ҷому ифтихорномаҳо, инсони накӯсиришт Файзулло Исмоилов басо самаранок истифода кардам. Ҳамроҳи дугонаҳоям бо ҳам машқ мекардем. Аммо
Ояндаи дурахшон интизори ӯст
ман дар машғулиятҳо ҷиддитар будаму мехостам заҳматҳои софдилонаи устодамро барбод надиҳам.
e-mail: javonontj@mail.ru
«ВИТИКС» – ГЕЛ ВА ТАБЛЕТКА - ВОСИТАИ БОЭЪТИМОД БАРОИ ТАБОБАТИ ВИТИЛИГО (ДОҒҲОИ САФЕДИ ПӮСТ) «Витикс» - гел ва таблетка воситаи хеле хуби барқароркунандаи меланин дар ҳуҷайраҳои аз витилого осебдида буда, паҳншавии витилиго-ро дар пӯст пешгирӣ менамояд. Пӯсти сафедшударо табобат ва барқарор мекунад. Муддати табобат то 6 моҳ буда, шахсоне, ки бо ин беморӣ зиёда аз 5-10 сол гирифторанд, муддати табобати он то 1,5 сол давом мекунад. Тарзи истифода: «Витикс» гелро дар як рӯз ду маротиба ба қисмҳои пӯсти сафедшуда (бо шоткачаи дар даруни қуттибуда) мемоланд. Ягон хел маҳдудият ва таъсири манфӣ надошта, ба ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Барои тезтар ва пуртаъсир гаштани табобат бояд «Витикс» таблеткаро ҳам истеъмол намоед: 1 таблеткагӣ дар як рӯз 1 маротиба дар соати дилхоҳ. Истифодаи ин таблетка ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то 10-сола манъ аст. «Витикс» гел ва таблетка инқилоб дар соҳаи дерматология аст! Нархи фурӯш: 280 то 320 сомонӣ буда, аз дорухонаҳо ё бо телефонҳои 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) дастрас карда метавонед. Истеҳсоли Фаронса. www.vitix.ru, e-mail: sales@vitix.ru
Таҳкурсии қавию мустаҳками машқӣ ба ин бонуи варзишгар на танҳо имкон дод, ки дар миқёси мамлакат машҳур
гардад, балки чанд тан аз дугонаҳояш дигарбора ба машқҳо баромада, ҳоло дар мактаб беш аз 18 нафар толибилм пайрави Мавлуда гардидаанд. Ба дастовард ва муваффақиятҳои варзишии Мавлуда назар афканда, хушнуд шудан мумкин аст, ки пас аз варзиши бузург ба истироҳат рафтани давандаи машҳур, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, иштирокчии Бозиҳои олимпӣ Гулсара Додобоева, ҳоло варзишгари ҷавон Мавлуда аз пайравони ӯ маҳсуб меёбад. То имрӯз дар шаш сабқати мактабӣ, чор мусобиқаи вилоятӣ, се муҳорибаи шадиди минтақаи Кӯлоб ва инак, панҷ маротиба соҳибзафар гардидан дар мусобиқаҳои ҷумҳурӣ аз ояндаи дурахшони ин вазишгардухтари ҷавон дарак медиҳад. Абдураҳмон Ваҳҳобов ва кадбонуи хонадон Кибриё Раҷабова хушнуданд, ки фарзанди ҷигарбанди онҳо мактаби миёнаи таҳсилоти умумии русторо бо баҳои хубу аъло, бо натиҷаҳои хуби варзишӣ ба итмом расонда, бо ризояти онҳо ва бо дастгирию мадади мураббиёни нахустинаш Файзулло Исмоилов ва Исроил Ҳабибов ба факултаи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дохил шуда, машқу таҳсилро бомуваффақият идома медиҳад. Дар донишкада барои машқ ва такмили маҳорати 160 нафар духтар ҳама шароит муҳайёст. Ҳоло барандаи чаҳор ҷойизаи тиллои мусобиқаи ҷумҳуриявӣ Мавлуда Асламова дар як саф бо аъзои дастаи яккачини донишкада Азиз Зарифов, Рамазон Давлатов, ҷамъ 12 нафар бо роҳбарии муаллими калон Исроил Ҳабибов дар машқҳои ҳаво додани найза, гулӯлапартоӣ ва ҳаво додани лаълича нозукиҳои касб омӯхта, ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омодагӣ мебинанд. Бо боварии том метавон гуфт, ки ояндаи дурахшон дар ҷодаи варзиш Мавлуда Асламоваро интизор аст.
М. ШАМСИДДИНОВ
«ГАЛЕГА-НОВА» - ФИТОМАҶМӮИ НАВ БАР ЗИДДИ ДИАБЕТИ ҚАНД!
«ЗОЛОТОЙ КОНЕК» - ЯК ТИР ДУ НИШОН!
«ГАЛЕГА-НОВА»-ро барои табобати бемориҳои диабети қанди дараҷаҳои 1-2 ва пайтаъсирҳо (осложнение)-и он истеъмол менамоянд. Ҳамзамон барои таъсири диабети қанд ба чашмон, гурдаҳо, пойҳо, шаклҳои гуногуни фарбеҳӣ, бемории варикозӣ истифода мешавад. Шахсони бо инсулин вобаста ҳам метавонанд истифода баранд. Сатҳи глюкоза ва холестеринро дар хун паст мекунад. Ҳангоми истифодаи он метавонед истеъмоли доруҳои кимиёиро бамаротиб кам намоед. Истеъмол: дар як рӯз 3 бор якқошуқчагӣ, 20-30 дақиқа пеш аз хӯрок дар 100 мл. об омехта, нӯшед. Давомнокӣ 30 то 90 рӯз, танаффус 30 рӯз ва боз метавонед давом диҳед. Безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба номгӯи «100 маҳсулоти беҳтарини Русия» дохил шудааст. Нархи фурӯш 38 сомонӣ. Аз дорухонаҳо харидорӣ намоед.
«Золотой конёк»-ро барои барқарор намудани эрексия; афзоиши рағбати шаҳвонӣ ва тобоварии шаҳват; тақвияти мукаммалӣ ва равшании эҳсоси шаҳват; ба меъёр даровардани ҳаёти ҷинсӣ истифода мебаранд. «Золотой конёк» маҷмӯи гиёҳҳо буда, ба беҳтар гардонидани вазъи простатит ҳам таъсири хуб мерасонад. Дар кафедраи урологии Академияи тиббии Русия ва дигар муассисаҳои бонуфуз аз санҷиши аъло гузаштааст. Тарзи истеъмол: 2-таблеткагӣ 1-2 маротиба дар як рӯз ҳангоми хӯрок. Нархи фурӯш: 140 сомонӣ.
Ќисми муњимтарин Яроќбардори Дон Кихот … Панса
Ранги моил ба зарди мўи сар
Љидду љањд
Рўзи њафта
Писари ягонаи хона
Сўзандору (русї)
Мева
…-Ланка
Айшвария …, њунарпешаи њиндї
Оташ
Шабакаи ТВ
Тамѓаи мошини хориљї
Бошуур
Шамшергиёњ (русї) Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)
Хафа кардан
…и Ѓафурзод, сароянда
Ширеш
Мутахассиси касалии саратон
Аз он орд тайёр мекунанд
"Ёр ... бошад, кор сањл аст"
Иёлот дар ИМА
Баландии садо
Њайвони хонагї
Виктор ..., адиби Фаронса
Хоњари модар
Гардондан дар гирди мењвар
Пойтахти давлат дар Аврупо
Гирифтори бало
Восита барои убури дарё
Муќобили назариявї
Фармон Оши бурида
Калимаи анљоми дуо
Таслим дар шоњмот
Камзўлча
Нотамом, ќисман Муќобили «насия»
Модари њазрати Исо
Зирак, доно
Шароби роњзанњо
... Табарова, сароянда
Содда, муќаррарї Дўсти Маугли
Доруи зидди зањр
Иловагї
Зиндонї, асир
Аслї, њаќиќї Намози рамазон (бо њарфи «в»)
Мотосикли Чехия
Њасади ошиќ
Шањр ќурбонии бомбаи атомї
Муќобилмаънои «биё»
... Амонќулова, сароянда
Нони хурди ширї
Моддаи сахти бадан
"Њар кї ... ёд кард, эзид мар ўро ёр бод" (Њамадонї)
"Дар ... и олам бигаштам басе" (Саъдї)
Иќбол
"Ќалб"-и нерўгоњи ядрої
… Каннаваро (футболбоз)
Таблиѓи мол
Хокаи либосшўии дар гузашта маъруф
Айб, њаё
... ву ишора
Банди ѓафс
Хабарњо
Мошоба бо хамири бурида
Шаршараи калонтарини ИМА
Гурўњи мусиќавии иборат аз 4 кас
Њофизи арманитабори эронї
Шабакаи ТВ "... Планета"
Шабакаи якуми ТВ дар Русия
Моњишўрбои русї
Нусхаи генетикї
… Капур, ситораи кинои њиндї Устоди Искандари Маќдунї
"..., то халќро ба кор ої"
Бемадор
Додари падар
Футболбози машњури бразилиягї
… ди Каприо, њунарманди кино
Њамоњангии якчанд садои мусиќї
Тамѓаи автомобили Љопон
Љамъи адаб Хона
... Ѓафурї, овозхон
Парикмахер (тољикї)
Њарфњои я,ё,е,ю
Фаровонњосилї
«Шоњ …», асари Шекспир
e-mail: javonontj@mail.ru
Асосгузор, таъсисдињанда
Тарона
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №46 (9368), 13 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Ман салом медиҳам Донишҷӯе дар кӯча бо профессоре, ки як рӯз пеш ба ӯ баҳои ду монда буд, рӯ ба рӯ омад ва эҳтиромона салом дод. - Ман бо нодонҳо салом намекунам, гуфт профессор. - Ман баръакс, салом медиҳам, - ҷавоб дод донишҷӯ.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:
Радио ва зан Писарбача аз устодаш пурсид: - Фарқ байни радио ва зан чист? - Фарқ хеле калон – радиоро хомӯш кардан мумкин, аммо занро не, - гуфт устод.
Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
Бибиҷон пули куртаро диҳед Духтари донишҷӯе ҳамроҳи бибиаш ба мағозаи либосфурӯшӣ даромад ва баъди тамошо куртае ба ӯ маъқул шуд ва аз фурӯшандаи ҷавон нархи онро пурсид: - Як бӯса, - гуфт ҷавон. Духтар зуд ба бибиаш гуфт: - Бибиҷон, пеш гузашта пули куртаро диҳед!
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7000 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Туҳфа Падар духтарчаи сесолаашро, ки бастаи зардеворӣ (обой)-ро бурида, истифодаи ноҷо кард сарзаниш кард. Духтарак бе он ки касеро бипурсад, зардевориро бурида, ба туҳфаи барои падар омоданамудааш муқоваи зарҳалӣ месозад. Падар, ки он шабу рӯз сахт бепул буд, аз ин рафтори фарзандаш ба ғазаб меояд. Аммо бо вуҷуди асабонияту сиёсатҳои дирӯзаи падар духтарак туҳфаашро ба падар тақдим мекунад: - Ин ба шумо, дадаҷон! Падар аз рафтори дирӯзааш
АНДАРЗ
хиҷолат кашида, ҳамчун нишони узру бахшиш аз гунаҳои духтарак мебӯсад. Аммо вақте туҳфаро мекушояд, мебинад, ки духтараш ба ӯ қуттии холӣ ҳадя кардааст. Аз ин ғазаби падар дубора боло мегирад. Ӯ бо қаҳр ба духтараш нигариста, бо зарда мегӯяд: - Маъмулан, қутти холиро туҳфа гӯён намедиҳанд. Оё ту инро медонӣ? Духтарак аз сиёсати падар ранҷида, дар чашмони зебояш донаҳои ашк ҳалқа мезананд. Ва беҷуръатона ба падараш, ки хеле дӯсташ медошт, нигариста мегӯяд:
Марди олим ва фозиле ба таълиму тадриси шогирдон машғул буд, ки ба наздаш нафаре барои маслиҳат омад. Шахси омада тоҷири шуҳратманд буд. - Ба шумо як суол доштам. Ман ба ҳаҷ рафтан мехоҳам, барои ин сесад танга ҷамъоварӣ намудаам. Оё барои рафту омад басанда аст? Олим ҷавоб медиҳад: - Ин маблағ метавонад барои рафту баргашти ту кифоя набошад. Мард гуфт: - Пас, каме дигар меғундорам ва соли оянда хоҳам рафт. Аз рафтани он мард чанде нагузашта буд, ки ба назди олим боз нафаре омад, ки дар пой чоруқ ва дар даст бухча дошт. Ӯ бо сару либоси содааш аслан дарвешеро мемонд. - Вақти зиёд надорам, агар Худо насибам карда бошад, ба ҳаҷ рафта истодаам. Оё ягон паём ё хоҳише дорӣ? – гуфт марди омада. - Роҳат сафед бод. Ба он ҷойҳо саломи моро ҳам бубар ва барои мо низ дуо бикун, - гуфт
- Дадаҷон, қуттие, ки ба шумо додам, холӣ нест. Дарунашро пури бӯса кардам. Ҳамаи дӯстдориамро дохилаш гузоштам. Ин ҷавоби духтараки сесола падарро ба ҳайрат мегузорад. Пасон, ӯро сахт ба оғӯш кашида, аз сару рӯяш мебӯсад. Аз он рӯз эътиборан падар туҳфаи қиматбаҳои духтарашро зери болин гузошта, нигоҳ медорад. Ҳамин ки дар зиндагӣ ба нокомие рӯ ба рӯ шуд, ба “имдодаш” бӯсаҳою муҳаббати духтараш мерасад... Қайд: Туҳфаи ночизи фарзанд болотар аз ҳар гуна сарват аст. Онро пазируфтан ва қадр кардан, ҳамзамон, қадр кардани муҳаббати ҷигарбанд нисбат ба шумост.
Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”
Эътимод
олим ва ҳар ду бағал кушоданду хайрухуш карданд. Шогирдон аз дидани ду манзараи мухталиф ба ҳайрат афтоданд. Яке пурсид: - Устод, вақте он марди тоҷир омад, гуфтед, “барои ҳаҷ сесад танга намерасад”, аммо ба ин дарвеш, ки шояд як танга ҳам надошт, роҳи сафед хостед... Муаллим ҷавоб дод: - Барои он ки тоҷир ба маблағаш бовар дошт. Ман кафолат дода наметавонам, ки дар роҳ ба сари сесад тангаи ӯ чӣ меояд? Аммо дарвеши мегуфтагиатон “агар Худо насибам карда бошад”, гӯён ба роҳ баромадааст. Бовар дорам, Худое, ки дарвеш эътимодаш кардааст, ӯро дар роҳ намемонад.
Таҳияи Б.УСМОНОВ “ҶТ”
Муҳаббати ҷовидона Донишҷӯе ба маъшуқааш гуфт: - Ту дар ҳақиқат маро дӯст медорӣ? - Бале, азизам. - Дар роҳи ин ишқ ту тайёр ҳастӣ ҷонатро фидо кунӣ? - Не азизам, ишқи ман ҷовидонӣ аст, гуфт ҷавон. Гирдоваранда Шаҳриёри Махсум ОЛИМӢ, донишҷӯи ДМТ
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии ёрирасон, дараҷаи №0036205 ба миқдори 0,09 га, ки КДФ Қубодзамин ба Муъминов Ҷонибек, сокини деҳаи Арабхонаи Қубодиён додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №0482170, ки МТМУ рақами 5-и ноҳияи Қубодиён соли 2011 ба Ҷобиров Ҷамшед додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи №336578, ки МТМУ рақами 3 (ҳоло 11)-и ноҳияи Қубодиён соли 1974 ба Таджиева Муслима додааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи соҳибкори инфиродӣ Ҷалолов Комил (РЯМ 2130023326), ки дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад.
Қатъи фаъолият
Соҳибкори инфиродӣ Давлатов Файзалӣ Одинаевич (РЯМ 2130014187), ки соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
ҲАМДАРДӢ
Кормандони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ корманди кумита Исфандиёр Салоҳиддинов нисбат ба марги ПАДАРАШ изҳори ҳамдардӣ карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабру таҳаммул хоҳонанд.