Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
1
№47 (9369),
20 ноябри соли 2014
ва эҷодиёти онҳо атрофи таблиғи китобхониву китобдорӣ барномаҳои радиоиву телевизионӣ ва мақолаҳо нашр намуданд. Итминони комил дорам, ки баргузории Амалиёти навбатии “Биёед, китоб мехонем!”, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир мегардад, дар рушди фарҳанги китобхонию китобдории ҷавонон ва бар ин васила тақвият додани нерӯи зеҳнии онҳо мусоидат менамояд. Ташаббуси дигари ҷавонон бо мақсади гулгулшукуфоии диёри азизамон аз 29 июл то 5 ноябри соли равон (ҳар рӯзи шанбе) давом ёфт, ки дар доираи он 555 ҳазор наврасу ҷавон дар тамоми манотиқи мамлакат дар 14 шанбегии ҷумҳуриявии ҷавонон ва 100 рӯзи ободониву кабудизоркунии маҳалҳо саҳм гузоштанд. Дар пайвастагӣ ба ин мебо-
Муроҷиати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба ҷавонон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ Ҷавонони саодатманди диёри азизамон - Тоҷикистон! Шумо – созандагони фардои ҷомеаро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил табрику муборакбод мегӯям. Басо рамзист, ки беш аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро, ки худ кишвари ҷавон аст, ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо манбаи созандаву муқтадири пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мегарданд. Ҳанӯз дар айёми қадамгузориҳои нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибистиқлолӣ, Шумо - ҷавонон бо ифодаи ифтихор дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, бадастории истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббускориҳои беназир нишон додед. Боиси сарфарозист, ки ҷавонони бонангу номуси мо бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ дар ҳаёти
иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсии кишвар фаъолона ширкат меварзанд. Амалӣ намудани нақшаҳои созандаю пешбарандаи Шумо – ҷавонон, аз ҷумла, Амалиёти ҷумҳуриявии 100 рӯзи ободонӣ, таҳти унвони “Ин Ватанро мо - ҷавонон сабзу хуррам мекунем!” ва Амалиёти «Биёед, китоб мехонем!» аз ташаббусҳои наҷиби ватандӯстонаатон шаҳодат медиҳад. Ҳамоиши китоб ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва нигоҳдории китоб ва бар ин васила ҳидоят сохтани онҳо ба аз худ кардани илму маърифат, хулқу атвори инсонӣ, одоби ҳамида, таҳаммулпазирӣ ва худогоҳию поктинатӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳазорҳо китоби гуногуни бадеӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди дӯстдорони китоб, эҳтиёҷмандон, аз қабили сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва бошандагони муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ дар роҳи таҳкими нерӯи зеҳнии онҳо гардонида шуданд. Ҳамзамон, доираи васеи ВАО барои эҳтиром гузоштан ба аҳли зиё
яд хотирнишон намуд, ки ҷавонон идомадиҳандаи таъриху фарҳанги қадимаи Ватани худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва эъморгари имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва барои ин фаъолнокӣ ва ташаббусҳои нав ба навро ҷомеаи кунунӣ аз онҳо тақозо менамояд. Умеди мо комил аст, ки ҷавонони ватандӯсти мо бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқӣ баҳри ободии Ватани маҳбуб ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд ва талош намуда, дар густариши сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешравии ҷомеаи соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд. Бори дигар, ҳамаи шумо - насли ояндасози кишвар, парчамбардорони Ватанро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, ба ҳар кадоматон сиҳатии комил, осудагиву рӯзгори хуш ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон пирӯзиҳои нав ба навро орзу менамоям.
Ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт, хусусан ҷавонон! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Аксияи навбатии «Биёед, китоб мехонем»-ро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ амалӣ менамояд. Дар аксия 20 000 китоб ва 1000 нусха рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ройгон тақсим мешавад!
e-mail: javonontj@mail.ru
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
23 ноябри соли 2014, Боғи Устод Рӯдакӣ Оғоз: соати 14:00
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
2
РУШДИ МАҲАЛ
ҲАМКОРӢ
Рушди ҳамкориҳо бо Словения 18 ноябри соли равон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Сафири Ҷумҳурии Словения дар Тоҷикистон Приможа Шелиго мулоқот кард.
Сарвазир хобгоҳи донишҷӯёни ДДХ-ро ба истифода дод 12 ноябри соли равон гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғ сафар кард. Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар маркази ВМКБ бинои нави чорқабатаи таваллудхонаи вилоятии дорои 50 кат, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ барои 362 нафар, бинои истиқоматии 32-ҳуҷрадор барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилоят, бинои махсуси Раёсати корҳои дохилаи вилоят ва дигар иншооти аҳамияти иҷтимоидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сарвазири мамлакат, инчунин, аз мавзеи Теми шаҳри Хоруғ дидан кард. Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, бо кормандони масъули дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, сардорони як қатор идораву муассисаҳои вилоятӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар мулоқот муҳимтарин масоили мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, хусусан, дар бахши сайёҳӣ ва варзиш баррасӣ шуд. Аҳтам Абдуллозода бо қаноатмандӣ таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 бо Ҷумҳурии Словения ҳамкории хуби дипломатӣ дошта, дар навбати худ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ омодааст ҳамкориҳоро дар самти варзиш ва сайёҳӣ ба роҳ монад. Сафири Словения дар Тоҷикистон Приможа Шелиго ҳамкориҳои минбаъдаи ду кишварро умедбахш арзёбӣ кард. Дар мулоқот, ки роҳбари ширкати сохтмонии “Дуол”-и Словения Душан Олай низ ширкат дошт, муаррифиномаи фаъолияти худро дар самти сохтмони варзишгоҳҳои муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ пешкаш намуда, омодагии худро ҷиҳати сохтмони варзишгоҳҳои муосир дар Тоҷикистон баён дошт.
Ширкати “Дуол” яке аз ширкатҳои ҷаҳонӣ ба шумор рафта, саҳми он дар сохтмони азимтарин варзишгоҳҳои бонуфузи дунё калон аст. Тавре роҳбари ширкати мазкур изҳор дошт, онҳо бештар майдонҳои варзишии рӯйпушшуда месозанд, ки имрӯз намунаи онро дар кишварҳои пешрафта дидан мумкин аст. Муҳлати истифодабарии майдонҳои муосир, ки аз ҷониби ширкати мазкур сохта мешаванд, аз 30 то 40 солро дар бар мегиранд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кутоҳтарин муҳлат тибқи тартиби муқарраргардида, Созишнома байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Словения оид ба ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш таҳия карда шавад. Дар анҷом Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Сафири Словения дар Тоҷикистон Приможа Шелиго бо арзи эҳтиром туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Хатсайри ҳавоӣ бо Мексика кушода мешавад? 19 ноябр Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Улисӣ Канчулӣ, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард.
К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
ҶАВОНОН ВА ҶАҲОН
Ба сӯи орзу дар Роҳи бузурги Абрешим
e-mail: javonontj@mail.ru
17 ноябри соли равон дар шаҳри Сиани музофоти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии дӯстонаи лидерони ҷавони кишварҳои Авруосиё таҳти унвони “Ба сӯи орзу дар Роҳи бузурги абрешим: иштироки ҷавонон дар бунёди камарбанди иқтисодии Роҳи бузурги абрешим” оғоз ёфт. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияву қонунгузор, роҳбарони иттиҳодияҳои ҳизбии ҷавонон, созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, соҳибкорони ҷавон, олимон ва рӯзноманигорон аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Белорус, Чин ва Озарбойҷон иштирок доранд. Дар доираи баргузории ҳамоиш, ки бо ибтикори Федератсияи умумичинии ҷавонон сурат мегирад, қарор аст ширкаткунандагон аз як қатор корхонаю макотиби олӣ ва деҳоту маҳаллаҳои навбунёди шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан намуда, бо роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллию сохторҳои ҷавонон мулоқот доир намоянд. Ҷумҳурии моро дар ин ҳамоиш, ки то 29 ноябри соли равон ҷараён мегирад, Нодира
Қаҳҳорова, сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуҷаббор Ғафуров, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Абдуҷаббор Асоев, мутахассиси пешбари шуъбаи молия ва ҳисобдории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Фарзона Ашӯрмадова, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, Шоира Тоирова, хабарнигори шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо”, Дилшода Заримастова, хабарнигори Муассисиаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва Самариддин Асозода, хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” намояндагӣ мекунанд. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»
Ҷонибҳо масоили ҳалталби бахши сайёҳиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Нахуст Аҳтам Абдуллозода ҷаноби Улисӣ Канчулиро барои ба ҳайси сафир таъин гардиданаш дар Тоҷикистон табрик ва аз ҳамкориҳои хуби ҳасана миёни ду кишвар изҳорӣ қаноатмандӣ намуд. Таъкид дошт, ки ин мулоқот низ барои беҳтар гардидани муносибатҳо дар бахши сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард. Дар навбати худ ҷаноби сафир барои пазироии самимӣ ба раиси кумита изҳори миннатдорӣ карда, роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии кишвараш маълумот дод. Қайд гардид, ки кишвари Мексика дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ буда, теъдоди зиёди сайёҳон ҳамасола ба ин кишвар ташриф меоранд. Соли равон 70 миллион сайёҳ ба ин кишвар ворид гардида, то охири сол 20 то 30 миллион нафари дигар афзоиш хоҳад ёфт. Аҳтам Абдуллозода имкониятҳои сайёҳии кишварро муаррифӣ ва вобаста ба манфиати он барои ҳар ду ҷониб изҳори андеша намуд. Тавре таъкид гардид,
нақши туризм дар мустаҳкам намудани дӯстии байни миллатҳо хеле калон буда, тавасути он шаҳрвандони ҳар ду ҷониб аз таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии якдигар аз наздик ошноӣ пайдо менамоянд. Аҳтам Абдуллоза таъкид дошт, ки 22% Ҷумҳурии Тоҷикистонро Парки миллӣ ташкил дода, намудҳои гуногуни туризм, аз қабили экологӣ, фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, саргузаштӣ, аграрӣ хеле рушд ёфтааст. Улисӣ Канчулӣ вобаста ба алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо таваҷҷуҳ карда, нақши онро дар ҷалби сайёҳон калон арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки таҷрибаи тоҷикон дар бахши сайёҳӣ барои онҳо ҷолиб ва омӯзанда аст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кутоҳтарин муҳлат лоиҳаи созишномаи ҳамокорӣ дар бахши сайёҳиро таҳия карда, роҳро барои сайёҳон боз намоянд. Дар анҷом раиси кумита Аҳтам Абдуллозода ба сафир туҳфаи хотиравӣ ҳадя намуд.
“Пеш аз арӯсӣ чашмонатро боз кун...” 13 ноябри соли равон бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур ва Маркази бӯҳрони “Боварӣ ба фардо”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23 таҳти унвони “Таъмин намудани донишҳои зарурӣ оид ба никоҳ ва пешбурди ҳаёти оилавӣ” семинар баргузор гардид. Дар он ҳуқуқшиносон, равоншиносон, омӯзогорони собиқадор, падару модарон ва хонандагон ширкат доштанд. Ҳадаф аз ташкили семинар тайёр кардани наврасону ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии ҷудошавии оилаҳо буд.
Чораандешиҳо зидди пулшӯӣ Ҳафтаи сипаришуда дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенсӣ»-и пойтахт нишасти 21-уми пленарии гурӯҳи Авруосиё дар мавриди муқовимат бо пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм баргузор гардид. Дар он зиёда аз 140 нафар намоянда ва сарварони мақомоти кашшофии молиявии кишварҳои узви гурӯҳи Авруосиё, намояндагони кишварҳои нозир ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат доштанд. Иштирокчиён таъкид намуданд, ки дар тамоми кишварҳои узви гурӯҳи Авруосиё системаи муътадили мубориза бо пулшӯӣ таъсис ёфта, кашшофии молиявӣ ба роҳ монда шудааст. Гурӯҳи Авруосиё дорои котибот ва коршиносони баландихтисос мебошад. Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҷаласа чунин гуфт: “Тайи 10 сол аз ҷониби ин ниҳод дар самти муқовимат ба пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм корҳои зиёде анҷом ёфт. Мутаассифона, амалиёти пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм солҳои охир шаклҳои худро тағйир дода истодааст,
ки ба суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Боварӣ дорем, ки гурӯҳи Авруосиё дар ҳамкорӣ бо FATF (Financial Action Task Force) баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм чораҳои қатъӣ меандешанд. Ба гурӯҳи Авруосиё ҷумҳуриҳои Белорус, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Чин, Ҳиндустон ва Тоҷикистон шомиланд. Арманистон Афғонистон, Лаҳистон, Украина, Фаронса ва ғайра кишварҳои нозир мебошанд. Чанде пеш гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат
бо пулшӯӣ Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳое, ки таҳти назорати махсуси ин созмон қарор доштанд, берун намуд. Зеро Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунгардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба зинаи баландтар баромад. Умед аст, ки аз ин рӯйхат берун шудани Тоҷикистон мавқеи сармоягузории ҷумҳуриро беҳтар намуда, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии мамлакат имкониятҳои иловагиро фароҳам орад. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
ДАСТОВАРД
Толибшоҳи Давлат - ғолиби озмуни байналмилалӣ Муҳаррири шуъбаи иттилоот ва сиёсати рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Толибшоҳи Давлат дар Озмуни байналмилалии OCАBF-2014 ғолиб дониста шуд. Дар Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ (OCАBF-2014), ки дар 4 бахш сурат гирифт, беш аз 450 нафар довталаб аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Британияи Кабир, Руминия, ИМА, Ирландия, Олмон, Туркия, Фаронса, Ҷопон, Украина ва Гурҷистон ширкат варзида, аз ҳар бахш даҳнафарӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Толибшоҳ Давлат, ки бо повести “Турнаҳо дар баҳорон”-аш дар бахши “Асари бадеӣ” ба даҳгона роҳ ёфта буд, сазовори ҷои аввал гардид. Ин асар, ки дар бораи ҳаёти сангини мардикорони тоҷик дар Русия қисса мекунад, моҳи майи соли ҷорӣ низ дар озмуни митақавии “Новеллазия” сазовори ҷоиза ва мукофоти пулӣ гардида буд. Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Нашриёти машҳури “Hertfordshire Press” -и Британияи Кабир соли сеюм аст, ки баргузор мегардад. Соли 2012 он дар шаҳри Лондон доир гашт ва журналисти тоҷик Темур Варқӣ дар бахши “Тарҷумаи осори бадеӣ” сазовори ҷои сеюм гардида буд. Имсол дар Озмун аз Тоҷикистон як нафар ширкат дошт ва ғолиби озмун гашт. Қарор аст, соли оянда китоби “Турнаҳо дар баҳорон” дар Лондон нашр шавад ва муаллифи он низ ба Намоиши байналмилалии китоб ба пойтахти Бритониёи Кабир даъват шуд.
Семинарро директори мактаби мазкур Наргис Кесамирова ифтитоҳ бахшида, оид ба муқаддасоти оила ва ҳуқуқи зану шавҳар дар оила баромад намуд. “Занон ҳамеша нисфи зиёди аҳолии дунёро ташкил медиҳанд. Саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, хусусан, тарбияи бани башар, омӯзишу парвариш, ташкил ва такомули оила ва оиладорӣ, иҷрои вазифаҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ басе бузургу назаррас аст. Бо ин сабаб Ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои тарбияи насли наврас, махсусан, духтарон ва таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Барои ҳамин, духтарон, пеш аз ҳама, бояд хонанду соҳиби хату савод гарданд ва дар оянда ҳуқуқҳои худро ҳимоя карда тавонанд. Духтар бояд, соҳиби одобу ахлоқи пок бошад. Мақоле ҳаст: «Пеш аз арӯсӣ чашмонатро боз кун, баъд маҳкам пуш». Ин хитоб ба духтароне аст, ки дар арафаи издивоҷ қарор доранд. Ӯ бояд шавҳаре интихоб намояд, ки бо ҳамаи сифатҳояш марди ороста бошад. Агар Худованд фардеро ҳамсараш созад, ки соҳиби ақлу ҳусни расо, ҳунар, дороӣ, нангу номус ва хирад, бошад, пас дарёбад, ки ҳам дар ин дунё ва ҳам дар уқбо биҳиштро соҳиб аст”. Ҳуқуқшиноси шоистаи ҷумҳурӣ ва намояндаи Маркази бӯҳрони “Боварӣ ба фардо” Д. Шоназирова перомуни мавзӯи хушунат дар оила ва пешгирии зӯроварӣ дар он, инчунин, аҳамияти ҷиддӣ додан ба тарбияи насли наврас ва оид ба иҷрои Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» сухан намуда, иброз дошт, ки 19 марти соли 2013 қонуни мазкур қабул шуд, ки мувофиқи он зарбу лат, таҷовуз ба номус, фишори равонӣ ва иқтисодӣ дар оила ҷиноят ҳисобида мешавад. “Бо бепарвоӣ нисбат ба моҷарои оилавӣ ҷиноятро ҳимоя менамоем. Гарчанде дар ҷомеаи мо
оила ҳамеша муқаддас аст, вале бо ҷурми зӯроварӣ, далели истибдоди хонаводагӣ ба устувории хонаводаҳо хатари ҷиддӣ ворид шудааст. Мафтуна Солеҳова, хонандаи синфи 10-и мактаби мазкур иброз дошт: “Барвақт ба шавҳар додани духтарон айби волидайн мебошад. Онҳо нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд каммасъулиятанд. Вақте фарзандро ба дунё меоранд, бояд ӯро соҳиби маълумот, ҳунару касб созанд. Бадбахтона, имрӯз дар кишвари мо падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Таълиму тарбияи дурусти фарзанд, пеш аз ҳама, аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Агар фарзанд аз овони кӯдакӣ дар муҳити орому солим тарбия наёбад ва моҳияти таълиму тарбияро дарк накунад, дар ҳаёти минбаъдаи худ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда наметавонад”. Раъно Солеҳова, модари яке аз хонадагон иброз дошт, ки тайёр намудани наврасон, хусусан, духтарон ба ҳаёти мустақилона ва пешбурди ҳаёти оилавӣ вазифаи тамоми сокинони ҷомеа мебошад. - Дуруст аст, ки тарбияи фарзанд, қабл аз ҳама, ба модар вобастагӣ дорад. Дар хона маҳз модар ҳисси меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, ҳамдилӣ, ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, таҳаммулпазирӣ, интизом ва расму русуми оилаву оиладории миллиро меомӯзонад. Лекин нақши мактаб ва суҳбати занони соҳибмаърифат, соҳибихтисос, донишманд ва чеҳраҳои намоёни ҷумҳурӣ ба тарбия ва бо завқи баланд хондани фарзандон нақши бештар гузошта метавонад. Дар оянда мисли онҳо шуданро орзу карда, кӯшиш мекунанд, - афзуд Р. Солеҳова. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
СЕМИНАР
e-mail: javonontj@mail.ru
МОЛИЯ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
4
МУБОРИЗА БО ЗӮРОВАРИИ ХОНАВОДАГӢ
Бо ташаббуси радиои «Ватан» ва дастгирии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ҳафтаи равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҷумҳурӣ бахшида ба маъракаи ҷаҳонии «16 рӯз ба муқобили зӯроварии хонаводагӣ» суҳбати гирди миз доир гардид. Ислом муқобили хушунат аст Вера Кулакова-Браннеруд, директори генералии радиои «Ватан» чорабиниро ифтитоҳ намуда изҳор намуд, ки ҳамасола даҳаи дуюми моҳи ноябр баргузории маъракаи «16 рӯз ба муқобили зӯроварии хонаводагӣ» ба ҳукми анъана даромадааст. Доир гаштани чунин чорабиниҳо диққати аҳли ҷомеаро ба ин мушкилоти рӯзмарра ҷалб месозад. Зулайхо Усмонова, мудири шӯъбаи онтологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо дар бораи муносибати ислом ба хушунати хонаводагӣ маълумот дод. Номбурда таъкид намуд, ки фармудаҳои “Қуръон” ва аҳодиси Пайғамбар (с) тӯли асрҳо ба фароҳам омадани фарҳанги оиладории мардуми тоҷик таъсир расонидааст. - Дар ислом роҷеъ ба тарбияи фарзандон ба марду зан ҳуқуқи баробар дода шудааст, - гуфт Зулайхо Усмонова. - Мутафаккири бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар китоби «Тадбири манзил» вобаста ба интихоби ҳамсар ва тарбияи дурусти фарзандон тавсияҳои муфид дода, нақши ҳар як узви хонаводаро мушаххас баён кардааст. Ба гуфтаи Сиёвуш Нуъмонов, рӯзноманигор ва коршиноси масоили ҳуқуқӣ, аксари мардум имрӯз динро аз хурофот фарқ карда наметавонанд. Иддае гумон мекунанд, ки вақте духтар ба хонаводае келин шуд, бояд ғуломвор кор кунад, дер хоб раваду субҳ барвақт аз хоб хезад. Худованд дар сураи «Нисо» («Занон»), ояти 19 мефармояд: «Бо занон ба равиши некӯ зиндагӣ кунед».
Охирин суханоне, ки ҳазрати Муҳаммад (с) пеш аз вафоташон гуфтанд, се васият буд: «Намозро барпо доред; ғуломонро аз тавону қувваташон зиёд кор нафармоед; дар мавриди (муносибат бо) занон аз Худо битарсед! Шумо занонро монанди амонати Худованд гирифтаед ва онҳоро ба ҳукми Каломи Худо барои хеш ҳалол гардонидаед». Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) дар «Мукошафатул қулуб» навиштааст: «Равиши нек ба зан на танҳо ин аст, ки зарару мушкилотро аз вай дур кунӣ, балки мушки-
зуд онҳоро хонадор мекунанд. Дере нагузашта оилаи ҷавон бо сабаби хушунат ё ҳамдигарфаҳмӣ вайрон мешаваду арӯси ҷавон дар нимароҳ мемонад. Албатта, қадру қимати зан дар Тоҷикистон нисбат ба баъзе кишварҳои Шарқ беҳтар аст. Аммо бояд кӯшиш намуд, ки пеши ҳар гуна зӯроварӣ нисбат ба зан-модар гирифта шавад. Бетарафии ҷомеа Директори барномаҳои радиои «Ватан» Субҳони Ҷалил ба иштирокчиёни мизи мудаввар видеоро-
шанбе Мукаррама Муъминҷонова вобаста ба амалишавии қонуни мазкур андешаҳояшро чунин баён кард: - Қабули қонуни мазкур қадаме ба сӯи рушди ҷомеаи демократӣ мебошад. Вале то ҳол механизми амалишавии он пурра нашудааст. Мақомоти умури дохилӣ алоҳида фаъолият мебарад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии ҷумҳурӣ бошад функсияи худро дорад. Аммо ниҳод ё мақомоти алоҳидае нест, ки масъулияти амалишавии ин қонунро бар
лимии ҷисмию рӯҳии худро аз даст медиҳанд. Бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария аз соли 2004 дар Тоҷикистон лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) фаъолият мекунад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати олмонии GOPA татбиқ гашта, дар қабули «Қонун дар бораи зӯроварӣ дар оила» саҳми худро гузоштааст. Мақсади асосии лоиҳа паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила ҳамчун мудҳиштарин поймолкунии ҳуқуқи инсон, инчунин, баланд бардоштани савияи маълумотнокии аҳолӣ
лоти ӯро низ бардошт кунӣ. Хусусан, дар ҳолати қаҳру ғазаб бояд ба ҳилм (мулоиматӣ) ва бурдборӣ (сабр) муносибат кунӣ». Яке аз саҳобагони гиромиқадр ҳазрати Анас ибни Молик (р) нақл мекунад, ки Расули Худо (с) ба занону кӯдакон бисёр меҳрубон буданд. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси худ фармудаанд: «Беҳтарини шумо касест, ки ба занони худ хушмуомила бошад ва ман беҳтарини шумо ҳастам дар мавриди занони худ». Ин гуна тавсияҳои муфид дар мавриди пешгирии зӯроварӣ дар оятҳои “Қуръон” ва аҳодиси набавӣ зиёд аст, вале мутаассифона аксари мардум бинобар мутолиа накарданашон аз ин ҳикматҳо огоҳӣ надоранд. - Баъзеҳо шояд дар як соат сад ракаат намози нафл хонанд, вале ё кӯшиши мутолиа ва ё пайравӣ ба фармудаи “Қуръон”-ро намекунанд, - гуфт Бозмуҳаммади Куфӣ, паноҳандаи сиёсӣ аз Афғонистон. – Дар “Қуръон” таъкид шудааст, ки «Вассулҳу хайр: яъне, сулҳ хайр ва беҳтар аст». Сулҳ саодату некбахтии башар ва сабаби пешрафти кишварҳост. Дар ҳадиси Расули акрам (с) таъкид шудааст, ки «Зан чароғи хонадон аст». Мутаассифона, имрӯз аксар волидайн ба оиладорӣ омода набудани ҷавононро ба инобат нагирифта,
ликеро зери унвони «То чӣ андоза мо омодаем, ки ба зан кӯмак расонем?» муаррифӣ намуд. Дар филми воқеӣ (реалӣ) ҳунарпеша Шоҳ Ҷамшед нақши ҷавонеро бозид, ки ба хонуме дар кӯчаҳои пойтахт хархаша мекунад. Хонуми бечора аз роҳгузарони синну солашон гуногун барои халосӣ аз «зӯроварии лафзӣ» кӯмак металабад, вале касе ҷавонро аз «зӯроварӣ» бознадошт. Кас зимни тамошои видеоролик, ки аз дур сабт шудааст, боварӣ ҳосил мекунад, ки воқеан ҷомеа то чӣ андоза бетараф аст. Субҳон Ҷалил гуфт, ки «мо каме дуртар истода, рафтори атрофиёнро мушоҳида менамудем. Онҳо ба зорию таваллои духтар эътино намекарданд, вале аз дур истода тамошо мекарданд, ки ин муноқиша бо чӣ меанҷомад». Ба гуфтаи собиқадори матбуот Амалхонум Гаҷиева бояд писаронро аз хурдӣ дар рӯҳияи ҷавонмардӣ, эҳтиром ба зан ҳамчун модар, хоҳар, ҳамсар ва духтар тарбия кард. Вақте писар дар чунин рӯҳия ба воя расад, ҳеҷ гоҳ ба зӯроварӣ дар хонавода даст намезанад. Парламенти ҷумҳурӣ 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгириии зӯроварӣ дар оила»-ро қабул намуд. Ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар шаҳри Ду-
зимма дошта бошад. Мо ҳафтае пеш дар Молдова будем. Дар ин кишвар ҳамин гуна қонун соли 1997 қабул шудааст. Се сол баъди қабули ин қонун Парламенти Молдова тағйиру иловаҳои зиёде ба он ворид кард. Зеро ҳангоми қабули қонун бисёр мушкилу монеаҳо ба инобат гирифта нашуда буд. Дар кишвари мо низ дар ин мавзуъ семинару нишастҳо баргузор мегарданд. Зимни маърӯзаю мусоҳибаҳо аён мегардад, ки паҳлуҳои нокушодаи амалишавиии “Қонун дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ”, масъулияти ниҳодҳо, механизми амалишавии қонун ҳанӯз пурра мушаххас нашудааст. Бо мақсади самаранок амалӣ гаштани ин қонун зарур аст, ки ба он баъзе тағйирот ворид шавад. Ҷомеа бояд амалишавии ин қонунро эҳсос кунад.
оид ба масоили зӯроварӣ дар оила мебошад. Як ҷиҳати хуби фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар он аст, ки аз ҳисоби занони ҷабрдидаи аз курсҳои барқарорсозӣ гузашта гурӯҳҳои худёрирасон таъсис медиҳанд. Ҳамчунин, миёни мардону занон, гурӯҳи ҷавонони синни никоҳӣ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо, ходимони дин, омӯзгорон ва нозирони минтақавӣ машғулиятҳои иттилоотию маърифатӣ мегузаронанд. Албатта имкониятҳои ташкилотҳои мазкур маҳдуд аст. Чунин машғулиятҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо миёни табақаҳои гуногуни аҳолӣ доир гарданд, то рафтори анъанавӣ нисбат ба зӯроварӣ дар оила дигаргун шавад. Бепарвоӣ ва беэътиноӣ ба ин масъала зарар ба тамоми афроди ҷомеа аст. Зеро эҳтимоли он мавҷуд аст, ки дар сурати дигаргун нашудани тафаккур ва муносибат ба мушкилоти мазкур оянда апа, хоҳар духтари мо дучори зӯроварӣ дар оила мешавад. Ҳар яки мо бояд дарк кунем, ки ҳамсар, янга ва келини хонаводаи мо низ духтар ва хоҳари дигаронанд. Пас, рафтору гуфторе, ки намехоҳем дигарон нисбат ба духтару хоҳари мо содир кунанд, бояд нисбат ба духтару хоҳари дигарон содир накунем.
Агар хоҳем, ки дигарон духтари моро эҳтиром кунанд...
Маърифати ҳуқуқии ҷомеаро баланд бардорем Дар пешгирии зӯроварии хонаводагӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Зеро иддае бинобар надонистани қонун даст ба зӯроварӣ зада, онро як амали муқаррарӣ ё анъана мешуморанд. Ҷабрдидагон бошанд, бинобар беиттилоӣ ба куҷо муроҷиат карданро надониста, иддае ба зӯроварӣ тан дода, со-
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ФЕСТИВАЛ
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҷавонони тоҷику қирғиз: “Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...” Чанде қабл дар вилояти Ботканд ва Оши Ҷумҳурии Қирғизистон Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо...» баргузор гардид. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят дар он 100 нафар ҷавони фаъол аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок намуданд. Ҷумҳурии Қирғизистон Алиас Бегамқулов Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии ти дӯст огоҳӣ пайдо мекунанд. Дар Театри мусиқӣ-драмавии вилояти мулоқот намуданд. Номбурда аз адабиёту Қирғизистон дар вилояти Ботканд Жениш Раззоқов дар расми кушодашавии фестивал Ботканд намоиши «Дӯстон» пешкаш гардид. тамаддуни бойи халқи тоҷик ёдовар шуда, зикр намуд, ки дӯстии ду миллати ҳамсарҳад Ҳамчунин, дар Хонаи маданияти «Дӯстӣ»-и гуфт, ки дӯстони мо ба монанди шоирони бу– тоҷику қирғиз аз давраҳои қадим сарчаш- ноҳияи Қадамҷой чорабинии фарҳангӣ доир зурги классику муосир Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ма гирифта, то имрӯз идома дорад. Ҷавонон шуд. Абдулло Пӯлотов, раиси маҳаллаи Абулқосим Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдии бояд онро туфайли баргузории чунин Учқӯрғон гуфт, ки имрӯз дар ин деҳа зиё- Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони да аз 30 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, чорабиниҳо боз ҳам мустаҳкам намоянд. Намояндаи комилҳуқуқи вилояти Суғд ки 63 фоизи он тоҷик, 22 фоиз қирғиз, 13 Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дар вилояти Ботканди ҷумҳурии ҳамсоя фоиз ӯзбек ва боқимонда дигар миллатҳо ғайраҳоро доранд, ки ҳар яки онҳо дар дунё Fиёсиддин Эсанов гуфт, ки мақсад аз бар- мебошанд. Дар деҳа 10 мактаби миёна чеҳраҳои шинохта мебошанд. Асарҳои багузории фестивал пойдору мустаҳкам на- аст, ки чортои он бо забони тоҷикӣ таълим ландмазмунашон бо забонҳои англисиву олмонӣ, русӣ ва ғайра чоп шудаанд. мудани муносибатҳои дӯстонаи ҷавонони медиҳанд. Дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Зариф Мирдадоев, сардори Раёсати наздисарҳадии ду кишвар мебошад. Инчунин, ҷавонон таърихи кишварҳои якдигарро шаҳри Ош иштирокчиёни фестивал бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд меомӯзанд ва аз ҷойҳои таърихии ду давла- вазири меҳнат, муҳоҷират ва ҷавонони барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии
мардуми қирғиз миннатдорӣ намуда, афзуд, ки иқдоми ҷавонони фаъоли ду мамлакати дӯст ба мустаҳкамшавии ҳамкориҳо ва робитаҳои дӯстиву бародарӣ мусоидат мекунад. Ҷавонони тоҷик кӯҳи муқаддаси Сулаймон Тоо воқеъ дар вилояти Ошро тамошо карданд. Бояд гуфт, ки дар ин ҷо яке аз осорхонаҳои калонтарини таърихӣ воқеъ мебошад. Бояд зикр намуд, ки моҳи августи соли равон чунин фестивали дӯстӣ дар вилояти Суғд баргузор гардида, ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ташриф оварда буданд. Ташкилкунандагони фестивал аз ҳар ду ҷониб тасмим гирифтанд, ки онро анъанавӣ намуда, ҳар сол баргузор намоянд. Нодир ТУРСУНЗОДА
Эътирози бемор ба табиб, ки ман ин доруи пешниҳодкардаи туро намехӯрам, бар зарари бемор аст, на табиб
Китобхонӣ тарғиб мешавад Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ба муносибати 20-солагии Конститутсия ва Рӯзи Парчами миллӣ Амалиёти дуюми «Биёед, китоб мехонем!»-ро доир кунад. Ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита тамоми зерсохторҳои ниҳоди мазкур ба ин ташаббус ҳамовозӣ намуда, 20 000 дона китоб ҷамъ овардаанд. - Мо, аллакай, 300 дона китобро ба яке аз қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиа супурдем, - гуфт Аҳтам Абдуллозода. - Ғайр аз қисмҳои низомӣ, инчунин, ба муассисаҳои ислоҳӣ низ китоб тақдим хоҳем кард. Китобхонӣ беҳтарин роҳи тарбия аст. Ҷомеае, ки ба илму маърифат рӯ меорад, ба дастовардҳои бузург ноил хоҳад гашт. Оре, дар ҳама давру замон китоб манбаи асосии илму дониш ва омили пешрафту маданиятнокии ҷомеа ба шумор меравад. Тибқи иттилои маҷалаи «Саҳар» ҷопонӣ соле ба ҳисоби миёна 25, швед 10, фаронсавӣ 7 китоб мехонанд. Дар Ҷопон ҳар рӯз бо теъдоди 68 миллион адад ва дар ИМА бо теъдоди 63 миллион адад рӯзнома нашр мешавад. Мувофиқи назарсанҷӣ ҳамасола дар Ҷопон 4 миллиарду 200 миллион нусха китоб ба нашр мерасад. Ҳамин китобдӯстиии ҷопониҳост, ки кишварашон яке аз мамлакати пешрафтатарини дунё ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи Саидҷаъфар Сафаров, муовини сардори шуъбаи илмӣ-тадқиқотии Китобхонаи миллии Тоҷикистон фонди умумии китобхона дорои зиёда аз 6 миллион маводи чопию электронӣ буда, дар толори калони хониши электронии китобхона, ки 170 ҷойи нишаст дорад, 500 ҳазор китоби электронӣ мавҷуд аст. Тавассути сомонаи китобхона хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд бе ягон мамониат фонди электронии китобхонаи миллиро мавриди истифода қарор диҳанд. Ба гуфтаи сарвари ташкилоти
ҷамъиятии «Қалам» Бибихонум Дарвешзода имрӯз сифати чопи китобҳои дарсию бадеӣ нисбат ба чанд соли пеш хуб аст, вале ҳанӯз аҳли ҷомеа ба китобхонӣ кам таваҷуҳ дорад. Иддае сабаби ба китоб кам таваҷҷуҳ доштани наврасону ҷавононро дар шавқи зиёди онҳо ба интернету телевизор мебинанд. Дар воқеъ, аксари наврасону ҷавонон соле камаш 50-60 филм тамошо мекунанд, вале як китоб намехонанд. Ҳол он ки мутолиаи китоб барои ташаккули рӯҳияи маънавии инсон омили асосист. Қисми дигар ба китобхонӣ таваҷҷуҳ надоштани наврасону ҷавононро дар қиматии китоб ва сатҳи пасти зиндагӣ медонанд. Имрӯз вазъи иқтисодию амниятии мо аз солҳои баъдиҷангии Олмону Ҷопон беҳтар аст. Олмониҳою ҷопониҳо, ки рӯ ба китоб оварданд, ва дар муддати кӯтоҳ харобаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро рафъ намуда, ба пешравиҳои назаррас ноил гаштанд. Имрӯз дар ҳар мактаби миёна, коллеҷу донишгоҳҳо китобхонаҳо мавҷуданд. Касе ба мутолиа шавқу ҳавас дошта бошад, китоби дилхоҳашро гирифта, дар хона мутолиа карда метавонад. Шабҳои тӯлонии зимистон барои китобхонӣ мувофиқанд. Моро зарур аст, ки дар овони хурдсолӣ китобхониро дар замири фарзандон ҷо кунем. Шахсе, ки аз хурдӣ ба китоб шавқу рағбат пайдо кунад, оянда китобдӯст ба воя мерасад. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст: Баргу сози мо китобу ҳикмат аст, Ин ду қувват эътибори миллат аст. Умед аст, ки ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми мамлакат ҳамовозӣ пайдо мекунад.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
Чанде пеш дар Фаронса як хабар боиси ҳайрати мардум гардид. Флер Пеллерин, вазири фарҳанги ин кишвар, баъд аз он ки маълум шуд, тайи ду соли охир ягон китоби бадеӣ нахондааст, мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Вай дар рафти барномаи телевизионӣ ба саволи “Китоби писандидаатон аз эҷодиёти барандаи Ҷоизаи “Нобел” (дар соли 2014 – Б.У.) – Патрик Модиано кадом аст?” ҷавоб дод, ки аз нависандаи мазкур, умуман, чизе нахондааст. Барои сафед кардани худ Флер Пеллерин иброз дошт, ки кор вақти зиёдашро мегирад ва барои хондан фурсат намеёбад... Воқеан, ин хабар дар Фаронса боиси ҳайрату афсӯси мардум шуд. Дар мо чӣ? Оё ду сол китоб нахондани ҳар кадомамон боиси ҳайрату таассуф гашта метавонад? Оё дар кишвари мо ҳам ҳастанд масъулоне, ки барои хондан фурсаташон нест? Оё аз ғояти кори бисёр барои хондан вақт меёбем? Ё китобхонӣ бароямон чӣ гуна шуғлест? Ин дар ҳолест ки мутолиа ё хондан дар ҷомеа пайваста тарғиб мешавад. Дар воқеъ, барои он ки ба касе роҳи дурустро нишон диҳем, аввал бояд худамон дуруст бошем: дуруст гардем, дуруст муомила намоем ва дуруст гуфтору муносибат дошта бошем. Чӣ гуна мешавад, ки падар худаш телевизор тамошо карда истода, ба писараш мегӯяд, ки “рав, дарсатро тайёр кун!” Ин ҷо ҳам дурустӣ ҳаст, ҳам дуруштӣ. Падар дуруст мекунад, ки писарашро ба дарстайёркунӣ мефиристад. Аммо нодуруст мекунад, ки дар ҳамон вақт худаш телевизор мебинад. Пас, барои он ки ҷомеа китобхон шавад, шояд волидайн ё гоҳ-гоҳ вазирону кабиронро дар даст китоб ҳангоми мутолиа дучор омадан кӯмак намояд. Ё кам-кам ба китобхона рафтани эшон шояд намунаи ибрати ҷомеа гардад. Ба ҳар ҳол бояд табобатро аз худамон сар кунем. Бале, ҳар кас бояд таббатро аз худаш сар кунад, то қавми бебасирати ҷоҳил ва ҷомеаи бемаърифати ғофил номамон набаранд! Ба ёд расид, ки чанд сол пеш як устоди муҳтараме аз донишгоҳ ба шогирдон ҳар хел супоришҳои ҷолиби амалӣ медод. Аз ҷумла, ба ду нафар супориш дод, ки рафта аз сармуҳаррирони панҷ рӯзномаи муътабар бипурсанд, ки охирин китоби бадеии хондаашон кадом буду кай? Донишҷӯён ҳафтаи оянда ба дарс супоришро иҷро карда омаданд. Аз пурсиши онҳо натиҷа ин шудааст, ки се нафар охирин китоби хондаашонро дар ёд надоштаанд. Як нафар гуфтааст, “кори муҳаррирӣ худаш мисли китоб хондан аст, як навъ мутолиа аст, шарт нест боз китоб бихонӣ!” Нафари панҷум китоберо номбар карда, гуфтааст, ки ду моҳ пеш хонда тамом кардааст. Аз натиҷаи
ин пурсиш бархе аз донишҷӯён ҳайрон мешуданд, иддае тамасхур мезад, ки “журналистҳои варзидаамон намехонанд, хондани мо куҷо?” Яке пурсид: “Яъне, шумо маълум кардед, ки аз панҷ нафар танҳо якеаш китоб мехондааст?” Муаллим, ки бо шунидани натиҷаи пурсиш табассуми зебандае дар чеҳрааш ҳамоил гардид, илова кард: “Он китобе, ки нафари панҷум “хондаам” гуфтааст, соли 1986 аз чоп баромадааст, пас, вай то соли 2008 чӣ кор кард?” Аз нафаре мепурсанд, ки дар вақти холиат чӣ кор мекунӣ? Бо ифтихор мегӯяд: “Китоб мехонам!” Эрод мегиранд, ки “дӯсти азиз, китобхонӣ шуғле нест, ки ба вақти холӣ вогузошта шавад. Барои он ҳам бояд вақт ҷудо кард!” Барои мунаввар кардани афкори ҷамъият, бедор кардани шуури мардум ҳамвора бояд кӯшиш кард. Чунки ҷамъияти пухта ва бомаърифат аз вартаи дилхоҳ бадбахтӣ раста метавонад. Мағлуб намешавад, роҳи наҷотро меёбад... Бо ҳамин мақсад чанде пеш бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ амалиёти “Биёед, китоб мехонем!” доир гашт. Ин иқдоми наҷиб ва шоёни таҳсинест дар роҳи китобхон кардани ҷомеа. Инчунин,
роҳбарияти ин ниҳод ба тамоми сохтор ва бахшҳои тобеаш дастур дод, ки китоб ҷамъоварӣ намуда, ба маҳбасҳо ва хонаинтернатҳои кишвар тақдим намоянд. Боз дар нақша аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ биржаи китоб ҳам ташкил кунад. Аҷаб кори савобе! Дигар шарт нест, ин ҷо дар бораи фоидаву “зарари” китобхонӣ чизе бигӯем. Зеро каму беш ҳар кас аз он бохабар аст. Аммо ҳамин қадар мешавад афзуд: ҷомеае, ки аз мутолиа дур аст, мисли кӯр аст! Нахондан ҷаҳл аст, хондан маърифат! Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Нахондан ҷаҳл аст
5
e-mail: javonontj@mail.ru
«БИЁЕД, КИТОБ МЕХОНЕМ!»
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
6
НАМОИШГОҲ
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти ҳамкориҳои хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати сабуку хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, туризм, тандурустӣ, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг хуб ба роҳ монда шудааст. Аз 12 то 14 ноябри соли равон дар “Кохи Борбад” Намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни ифтитоҳи намоишгоҳ таъкид намуд, ки имрӯз теъдоди зиёди ширкатҳои эронӣ дар соҳаҳои афзалиятнок бомуваффақият фаъолият менамоянд. Шумораи корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон ба 150 адад мерасад. - Мо хоҳони ворид намудани технология ва таҷҳизоти пешрафтаи ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бо мақсади коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва баромадан ба бозори ҷаҳонӣ мебошем, - гуфт Шариф Саид. - Боварӣ дорем, ки ин намоишгоҳ боиси дарёфти шарикони нав ва имзои тафоҳумнома, созишнома ва шартномаҳои ҳамкорӣ мегардад. Дар намоишгоҳ аз 8 устони Эрон намояндагони зиёда аз 80 ширкат иштирок намуданд. Мо бо чанде аз соҳибкорони эронӣ мусоҳиб шуда, дар бораи фаъолияташон иттилоъ гирифтем.
Ҳусайн МУРОДЗОДА, мудири омили Ширкати «Глюкоз»-и шаҳри Машҳад: - Дувоздаҳ сол пеш мо дар устони Хуросон истеҳсоли глюкозаро ба роҳ мондем. Ширкати мо дар Эрон сеюмин истеҳсолкунанаи глюкоза ба шумор меравад. То ин дам маҳсулоти корхонаи мо ба Ироқ, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон содир мешавад. Тавлиди глюкоза аз орди навъи аъло ба роҳ монда шудааст. Дар марҳилаи
аввал мо аз гандум нашоиста мегирем, сипас, аз он глюкоза ҳосил мекунем. Ин маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза буда, барои солимии инсон муфид аст. Корхонаҳои қаннодӣ глюкозаро зимни пухтани кулчақанд, ҳалво, мураббо, шарбат ва ғайра истифода мебаранд. Маҳсулоти қаннодие, ки дар он глюкоза истифода шудааст, дергоҳ таъми худро гум намекунанд, шакарак намезананд ва мағор намебанданд. Ғизоҳои дар таркибашон глюкозадошта, махсусан, барои варзишгарон ва ашхосе, ки зиёд кори ҷисмонӣ мекунанд, хеле муфид аст. Глюкозаро мо дар халтаҳои полиэтилении 50-килоӣ ба фурӯш мегузорем.
ғурбат накардам. Ин сафари аввалини ман ба ин кишвари ҳамзабон аст. Тоҷикистонро мо мисли ватани худ дӯст медорем. Маҳсулоти ширкати мо ба мамолики арабӣ, Афғонистон, Покистон, Осиёи Марказӣ содир мешавад. Як қисми ашёи хомро аз Бритониё, Швейтсария ва Ҳиндустон оварда, якҷо бо масолеҳи табиии ватанӣ дар Эрон истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулотро ба роҳ мемонем. Маҳсулоти «Эрон овондфар» эсенсҳои синтетикӣ надорад, аз ин рӯ боиси аллергия намешавад. Яъне, мо дар мадди аввал ба ҷанбаи ороишӣ не, балки ба ҷанбаи дармонӣ диққат медиҳем.
- «Муғон» дар шаҳри саноатии Шоҳрӯди устони Симнон воқеъ аст, ки сим ва кабел истеҳсол мекунад. Симу кабелҳои корхонаи мо барои сохтмони манзилу иншооти гуногун, корхонаҳои истеҳсоли телевизор, хатҳои телефон ва ғайра истифода мешавад. Зимни истеҳсоли симу кабел аз мис ва алюминий истифода мебарем. Тамоми маҳсулоти симу кабели «Муғон» ҷавобгӯи стандартҳои аврупоӣ мебошад. Таҷҳизоте, ки мо истифода мебарем, аз Аврупо ворид шуда, дорои сифати аълоанд. Маҳсулоти корхонаи «Муғон» ба Афғонистон, Туркманистон ва Қазоқистон содир мешавад. Дар Тоҷикистон
Довуди АРҶМАНД, мудири омили ширкати «Духониёти Эрон»: - Корхонаи мо ба тавлиди сигор ва тамоку махсус гардонида шудааст. Аксари маҳсулоти
Имконият барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ Нашоиста (крахмалро)-ро асосан кархонаҳои истеҳсоли ҳасиб мехаранд.
Доктор Ҳусайни Басрӣ, мудири илмии ширкати «Эрон овондфар»: - Ширкати мо соли 1981 ташкил ёфта, дар он 1200 нафар фаъолият мекунанд. Имрӯз номгӯи маҳсулоти ширкат ба 300 адад мерасад. Яке аз маҳсулоти серхаридортарин кремҳои поккунанда, нармкунанда ва зиддиофтобӣ мебошад. Дар бренди «Айрокс» мо бештар шампунҳои зидди сабӯсак, тақвиятдиҳанда, нармкунанда, крем барои пойи кӯдак, шампуни кӯдакона ва ғайра истеҳсол мекунем. Кремҳои зиддиофтобӣ барои пешгирӣ аз бемориҳои пӯст, ки дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад, хеле муфид аст. Азбаски индекси нурҳои ултрабунафш дар Тоҷикистон андак зиёдтар мебошад, зарур аст, ки аз овони кӯдакӣ кремҳои зиддиофтобӣ истифода шавад. Мо, инчунин, истеҳсоли собун, моеи дастшӯӣ, зарфшӯӣ, гилемшӯӣ, либосшӯӣ ва ғайра истеҳсол мекунем. Як нуқтаро мехоҳам таъкид намоям, ки аз замони ворид шудан ба Тоҷикистон, эҳсоси
низ имрӯз маҳсулоти мо харидор дорад. Умед дорем, ки дар намоишгоҳ мо шарикони нав пайдо карда, намояндагии худро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ менамоем.
Ваҳиди АМОН, мудири омили корхонаи «Самангон Сирҷон-Эрон» - Ширкати мо лӯла (турба), анвои гуногуни масолеҳи фӯлодӣ, мошинолоти хатти тавлиди корхонаҳоро истеҳсол мекунад. Тамоми маҳсулоти аввалия аз Эрон буда, фурӯши маҳсулоти тайёрро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷа ба роҳ мондаем. Агар соҳибкорони тоҷик хоҳишманди таъсиси корхонаҳои оҳану фӯлодро дошта бошанд, мо метавонем таҷҳизоти заруриро ворид намоем. Алҳол корхонаҳои мо дар шаҳрҳои Сирҷон ва Исфаҳон мавҷуданд. Маҳсулоти корхонаҳои мо ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.
Маҳмуди ЯЗДОНПАНОҲ, мудири шабакаи тавзеъ ва фурӯши бозаргонии барқу саноати «Муғон»:
Ваҳид Ризо ЗИЁӢ, раиси содироти ширкати сементбарории «Шарқ»: - Мо 5 сол мешавад, ки содироти сементро дар Тоҷикистон ба роҳ мондаем. Сементе, ки мо ба ин ҷо меорем, дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» ва нақбҳои нерӯгоҳи Роғун истифода мешавад. Соли гузашта мо 120 000 тонна семент ба Тоҷикистон ворид намудем. Ҳамкории мо сол то сол бо Тоҷикистон таҳким меёбад. Мо асосан сементи маркаҳои «500» ва «525» истеҳсол мекунем. Корхонаи «Шарқ» 50 сол боз дар Эрон фаъолит дорад. Дар як рӯз 800 тонна семент истеҳсол мекунад. Сементи корхонаи моро, асосан, барои саддсозӣ, нақбкорӣ ва каналҳои бетонӣ истифода мебаранд. Мо ба Русия Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон семент содир мекунем. Сементи мо ҷавобгӯи стандартҳои аврупоӣ мебошад. Ният дорем, бо ворид кардани таҷҳизот дар Тоҷикистон корхонаи муштараки сементбарорӣ созем.
корхона ба кишварҳои арабӣ ва аврупоӣ содир мешавад. Тамокуи Эрон аз дигар кишварҳо бо сифати баландаш фарқ мекунад. Идораи марказии ширкати «Духониёти Эрон» дар шаҳри Теҳрон буда, дар тамоми шаҳрҳои калони кишвар намояндагии он мавҷуд аст.
Неъматуллоҳи ТОИФӢ, намояндаи ширкати «Эрон-трансфо»: - «Эрон-трансфо» ширкати холдингӣ буда, 14 муассисаи мухталифро муттаҳид месозад. Ширкати мо яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаи таҷҳизоти барқӣ дар Ховари Миёна маҳсуб меёбад. Мо трансформаторҳои гуногун истеҳсол мекунем. Иқтидори тансформаторҳои ширкат аз 10 кВт сар шуда, то ба 500 мВт ампер мерасад. Ин тансформаторҳо бо стандарти ширкати «Сиеменс»-и Олмон истеҳсол мешавад. Талафоти барқ дар ин трансформаторҳо хеле кам буда, дараҷаи судмандиашон баланд аст. Маҳсулоти «Эрон-трансфо» ба 36 кишвар, аз ҷумла, мамолики Аврупо, Африқо ва Осиё содир мешавад. Агар шарикони дуруст ёбем, дар Тоҷикистон низ намояндагӣ ифтитоҳ хоҳем кард. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
ТАЪКИД
Дар бораи ҳаракатҳои салафие, ки дар Ховари Миёна ислому шариатро “ҳимоя” мекунанд хеле кам маълумот дорем! Созмони террористии “Алқоида”, ки солҳои 80уми асри гузашта барои мубориза бо системаҳои ноадолат ва ғаддори ҷаҳонӣ рӯи кор омада, дар Афғонистон бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангидааст, “ҷиҳод” ва “шаҳодат”-ро нерӯи руҳбахшу таҳрикдиҳандае барои ноил шудан ба мақсад меҳисобад. Воқеан, “ҷиҳод” ва тағйир ёфтани фаҳми он дар замони муосир мавзӯи матлабе буд, ки ҳафтаи гузашта дар рӯзнома дарҷ шуд. Зикр гардид, ки шиканҷаву зӯровариҳои ғайриинсоние, ки режимҳо ба мухолифонашон тайи солҳои гуногун раво дидаанд, як потенсиали зӯриву шиддатро аз ҳисоби мухолифон ва ҷонибҳои норозӣ ба миён оварда, фаҳми ҷиҳодро тағйир додааст. Омили дигаре, ки фаҳми “ҷиҳод”-ро нодуруст муаррифӣ кардааст, мавҷудияти шиддату зӯрӣ ва террор дар ибтидои ташкили давлатҳои мустақил мебошад.
хурофот буда, тасҳеҳу бознигарии урфу одатҳоро пеш мегузорад. 3) Салафияи ҷиҳодӣ. Он версияи сиёсӣ ва низомии салафия аст. Ҳамоне, ки имрӯз дар Ховари Миёна амал мекунад. Ҳамчунин, салафигарӣ ё пайрави салаф, яъне, гузаштагон будан, аслан на як ҳаракати патологии (ғайримуқаррарӣ) ғараздорест, ки имрӯз аз тариқи расонаҳои гуногуни олам нишон дода мешаванд ва на он маймунигариест, ки қувваҳои хориҷӣ барои аз нав шакл додани сиёсати минтақавӣ дар Ховари Миёна ҷорӣ кардаанд. Балки он аз ҷиҳати калом ва фиқҳ аз манобеи муътамад об мехӯрад, решаҳои чуқури таърихӣ ва заминаи иҷтимоӣ-башарӣ дорад. Дар замони нав салафия ҳамон ваҳҳобия дар либоси дигар аст. Салафиҳо бар онанд, ки исломи ҳақиқӣ танҳо дар Паёмбари ислом,
боқимондаҳоро сиёҳ, нодуруст нишон додан ҳаққи ҳеҷ мусулмон нест. Аммо “ҳомиёни” имрӯзаи ислом, салафияи муосир ин корро ошкоро мекунад... Яке аз вижагиҳои ҳаракатҳои исломии пайрави салафия шиддату зӯрӣ ва ҷанг мебошад. Онҳо ҷангу зӯровариро ҳамчун ҷиҳод талаққӣ дода, берӯёна ба қатлу куштори аҳолии ғайриҷангӣ даст мезананд. Аз ин рӯ, вақте пайравони ин ё он фирқаву мазҳабро қазоват карданӣ мешавем, бояд инро ҳам дида бароем, ки онҳо ба ҳуқуқи ҷанг то куҷо риоя мекунанд. Зеро як рафторе, ки машруияти ҷангро барҳам мезанад, тавре гуфтем, мавриди ҳамла қарор додани аҳолии осоишта аст. Имрӯз, мутаассифона, баробари салафиҳо сунниҳову шиаҳо ҳам дар ин масъала ҳаққу ҳуқуқро помол кардан доранд...
Акнун тайи солҳои гуногун аз “Алқоида” илҳом гирифта, ҳаракту созмонҳои гуногуни исломӣ рӯи кор омаданд. Чунончӣ, “Толибон” дар Афғонистон, “Боко Ҳаром” дар Нигерия, “Шубоб” дар Сомалӣ, ДИИШ дар Ироқу “Нусра” дар Сурия. Миёни онҳо ҳам фарқиятҳо дида мешаванду ҳам монандиҳо. Аммо кулли ин ҳаракатҳо исломро аз рӯи фаҳмиши салафӣ – ваҳҳобӣ мешиносанд ва амал мекунанд. Ҳоло олимон ва таҳлилгарон салафияро ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд. 1) Салафияи усулӣ. Аз рӯи ин эътиқод фаҳмиши исломӣ бояд бо “Қуръон”-у суннат ва фаҳмиши насли аввали мусулмонҳо, яъне, саҳобагон, тобеин ва табаа-тобеин тасҳеҳ шавад. Ин усули муҳимест, ки исломиятро аз таҳриф шудан бозмедорад. (Бархе динҳо дар тӯли таърих борҳо таҳриф шудаанд.) 2) Салафияи даъваткунанда. Он зидди бидъатҳои амалӣ ва
саҳобагон ва тобеин, яъне, салаф (гузаштаҳо, пешиниён) мавҷуд будааст. Ҳар чизе баъд аз он пайдо шуд, бидъат аст. Ба ақидаи ваҳҳобӣ-салафиҳо, агар кас исломи ҳақиқиро зиндагӣ кардан хоҳад, кофӣ аст ба ҳаёти ҳамон се насли аввал (Паёмбари ислом, саҳобагон ва тобеин, яъне, салаф) назар кунад. Яъне, онҳо бузургонеро чун Имоми Аъзам, Имом Шофеӣ, Имом Ҳанбал ва ё Имом Молик эътироф намекунанд! Дар ин моваро ба исми чеҳраҳои бузурге, чун Ибн Таймия, Муҳидин Ибн Арабӣ, Шоҳи Нақшбанд, Ғаззолӣ, Ибн Халдун, Ибн Рушд, Ашъарӣ, Мотуридӣ, Имом Ҷаъфари Содиқ соя афтода, этибори онҳо коста гардонда мешавад. Номбурдаҳо мутафаккирони варзидаеанд, ки аз миёни онҳо дилхоҳашонро интихоб карда, ба роҳи тайкардаашон рафтан ҳаққи ҳар мусулмон аст, аммо роҳи тайкардаи якеро интихоб карда,
Зимнан, Коалитсияи Ғарб бо роҳбарии ИМА дар олами ислом (Афғонистон, Ховари Миёна ва соири кишварҳои мусулмоннишин) як қатор амалиётеро роҳандозӣ мекунад, ки таъсираш ҳадди ақал садсолаҳо боқӣ мемонад. Дар ин раванде, ки воқеан харитаҳои сиёсӣ ва башарӣ аз нав кашида мешаванд (манзур пораву ба қисматҳо ҷудо шудани кишварҳои арабист) бо баҳонаи он, ки нооромиҳои минтақаи Ховари Миёна ба бӯҳрони бесуботӣ дар ҷаҳон доман мезанад, мехоҳанд қувваҳоро дар ин майдон “безарар” гардонанд. Ин тарзи корбарӣ, бешак бесуботиву нооромиро шиддат бахшида, норозигии ҳаракатҳои бераҳмро алайҳи қудратҳои ғарбӣ меафзояд. Аз ин зиддияту муқовимат ҷанг дар кишварҳои даргир кашол меёбад. Зулму истибдод ва фирору дарбадарӣ бошад, насиби мардуми бечора аст... М. САИД, “ҶТ”
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик тӯли асрҳо борҳо зери зулми истисморгарони аҷнабӣ қарор доштааст. Дар асрҳои 7-12 азобу зулми арабҳо, қарнҳои 13-15 таҳти қатлу ғорати муғулҳо ва монанди ин. Даврони ҳокимияти Русияи подшоҳӣ низ рӯзгори талхе насибаш буд. Ҳар ҳокиме дар манотиқи тоҷикнишин кӯшиши паҳн кардани идеологияву фарҳанги хешро дошту мардуми фарҳангсолори тоҷикро сӯйи ҷоҳилият мекашид.
Аз хоинони давр кунем истиҳола мо… Муаттассифона, онҳо ба баъзе аз мақсадҳои нопоки худ расиданд. Муғулҳои кӯчманчӣ бештари адабиёти бою нодири миллати моро ба коми оташ супориданд, то тоҷик тадриҷан аз донишу маърифат дур гардад. Айни ҳол дар симои шахсоне, ки аз фарҳангу тамаддуни ниёкони худ бехабаранд, ҳамаи ин мушоҳида мешавад. Дар хиёбонҳои шаҳру деҳот ҷавононе ба чашм мерасанд, ки тарзи либоспӯшию рафторашон тоҷикона нест. Аламовараш он аст, ки дар ҳама давру замон миёни мардум миллатфурӯшоне ба сар мебурданд, ки аз роҳи тамаъ дасти кӯмак ба аҷнабиён дароз карданду ақидаю идеологияи онҳоро дар миёни сокинони таҳҷоӣ густариш медоданд. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Имрӯзҳо ин давлати навбунёд дар ҷодаи рушд гом мезанад ва хушбахтона вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангу маданияти кишвар рӯ ба беҳбудӣ дорад. Раванди мазкур ба баъзе ҳамсоякишварҳо хушоянд нест ва абарқудратҳо дар роҳи пиёда намудани ҳадафҳои геополитикии худ пайваста талош доранд, ки ба вазъи ҷумҳурии ҷавони мо таъсири муғризона расонанд. Зери ниқоби кӯмаку грантҳо мекӯшанд, ки неруҳои мухолифи ободкорию созандагиро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ намуда, бо шиорҳои сохтаи «озодӣ» ва «демократия» вазъи орому осударо аз эътидол бароваранд. Онҳо дар ин роҳ аксаран аз «дасти худӣ» истифода мебаранд. Таърих гувоҳ аст, ки замони ҳуҷуми муғул ба шаҳри Хуҷанд маҳз худиҳо, хоинони дохилӣ шабона дарвозаҳои шаҳрро ба рӯи истилогарон кушоданд ва мардум мавриди қатлу ғорат қарор гирифт. Имрӯз низ мо аз он гурӯҳе, ки ҳамеша манофеи хешро аз манфиатҳои умумимиллӣ пеш мегузоранд, орӣ нестем. Яке аз онҳо Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ мебошад. Номбурда ҳамеша дар камин аст. Ҳамин, ки дар ҷумҳурӣ чорабинии муҳими сиёсие пеш омад, рӯйи саҳнаи сиёсӣ пайдо мегардад, ҳукуматро дар таққалубкориҳо, зулму ситами сиёсатмадороне чун худаш муҷрим эълом дошта, хешро ҳомии сулҳу субот ва ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Аз интихоботи шаффоф ҳарф мезанаду чашмаш ҷониби грантҳоест, ки ҳомиёни ба истилоҳ пуштибони «озодӣ»-ю «демократия» барои амалӣ намудани нақшаҳои сиёҳи худ дар нуқоти гуногуни сайёра, аз ҷумла, Тоҷикистон, ҷудо менамоянд. Р. Зоиров дар сомонаи «nahzat.tj» баён медорад: «Ҳаводиси Украина, Сурия ва махсусан овозаҳои тазоҳуроти доирнашудаи 10 окятбр нишон доданд, ки то кадом дараҷа мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар тарсу ҳарос афтодаанд». Ин суханон аз забони шахсе берун меоянд, ки беҳтар аз ҳама медонад тарҳрезони ҳаводиси номбаркардааш кадом давлатҳоянд. Вале нодида мегирад, зеро дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ ҳамон қувваҳое, ки маблағгузори майдонҳои Киев буданд, кӯмакрасони худаш низ ҳастанд. Раҳматилло Зойиров доимо бозӣ мекунад. Ҳатто сотсиал-демократ буданаш ҳам барояш бозист. Зеро ӯ танҳо ба хотири дарёфти пуштибонии дигар қувваҳои сиёсӣ, аз ҷумла, исломиҳо, шаҷараи худро ба Хоҷа Аҳрори Валӣ часпонид, то нишон диҳад, ки ормонҳои диниро низ пайгирӣ мекунад. Ҳамаи ин далолат аз он мекунад, ки номбурда дар ақидаҳои худ устувор нест ва ҳар лаҳза метавонад, дарвозаҳои кишварро чун хоинони хуҷандӣ ба рӯйи душман боз намояд.
Алиҷони КАБИР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Ҳаракатҳои исломӣ ҳама салафианд?
7
e-mail: javonontj@mail.ru
НАБЗИ ҶАҲОН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
8
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Парчам аз замонҳои қадим ифодагари озодӣ ва мустақилияти сарзаминеро ифода менамуд. Таърихи он беш аз се ҳазор солро дар бар гирифта, нахуст он ба ҳайси рамзи мубориза бо душманон дар адабиёт тасвир ёфтааст. Парчам матоъ ё аломате буд, ки ҷанговарон тавассути он лашкарро ба ҳам меоварданд. Аскарон тавассути он душманро аз худиҳо фарқ карда, онро муқаддасаш медонистанд. Ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл аз мо давлатҳои гуногун дар парчам аломатҳои гуногунро тасвир мекарданд, ки хоси онҳо буд. Рамзу аломати дар парчам тасвиршударо ба шаклҳои гуногун таъриф медоданд. Асосан, дар парчам аксҳои ҳайвонот, растанӣ ва баъдан дасту ахтар тасвир ёфтанд, ки маъноҳои гуногунро ифода мекард. Тавре дар адабиёт омадааст, нахустин парчамҳо дар Миср, Эрони қадим ва Чин пайдо гардидаанд. Парчамҳо то замони мо шаклу андозаи худро тағйир дода, дар замони муосир муаррификунандаи халқу миллат ва давлати дорои истиқлолияти комил шинохта мешавад. Аз ин рӯ, кишварҳо ба ин рамзи муққадас боэҳтиром муносибат намуда, ҷойгоҳ ва макони барафрозии онро қонунан муайян кардаанд. Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим соҳиби давлат буда, фарҳанги баланди давлатсозию давлатдорӣ доштанд. Яке аз нишонаҳое, ки соҳибтахту соҳибтамаддун будани миллати тоҷикро собит менамояд, парчам аст. Намунаи барҷастаи онро метавон дар асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ – “Шоҳнома” пайдо намуд. Дар ин асар Фирдавсии бузург чӣ гуна аввалин бор пайдо гардидани парчамро, ки то имрӯз бо номи “Дирафши Ковиён” машҳур аст, ба қалам додааст. Дар достони “Коваи оҳангар” Фирдавсӣ ҳикоя мекунад, ки чи тавр Кова барои ҳимояи марзу бум ва фарзандону халқи хеш ба муқобили душман бархоста, ба ҳайси дирафш ва ё парчам пешдомани чармини худро истифода намуд. Ин пешдоман ба яке аз ормонҳои миллат табдил ёфта, халқу миллатро аз зулму истибдоди душманон наҷот дод.
Ҳамин тавр, пас аз ғолиб баромадани Коваи оҳангар бар Заҳҳоки хунхор дирафши ӯ барои мардуми ориёӣ муқаддас шуд. Шоҳони баъдӣ, ки ба сари тахт омаданд, ба “Дирафши Ковиён” арҷ гузошта, онро ҳамчун рамзи муборизаи некӣ бар бадӣ ва ғолибияти равшанӣ бар зулмот эътироф намуданд. Ин корро нахустин шуда, Фаридун ҳангоми ба тахти шоҳӣ нишастан анҷом дод ва ин матоъ бо зару зевар зебу зиннат дода шуд. Аз давраи шоҳигарии Фаридун то имрӯз “Дирафши Ковиён” ба ҳайси нахустин парчами миллати тоҷик шинохта шудааст. Он ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон тасвир ёфта, шаҳодати роҳи минбаъдаи халқу миллати тоҷикро баҳри зиндагии арзанда баён месозад.
Дар таърих миллати тоҷик борҳо бо душманони бурунмарзӣ рӯ ба рӯ гардидааст. Ғосибону душманони бурунмарзӣ сари миллати тоҷик борҳо зулму истибдод намудаанд. Аммо миллати тоҷик таъриху фарҳанг, забон ва одату анъанаҳои миллии хешро ҳифзу ҳимоя кардааст. То имрӯз пойдор мондани нақшу нигорҳои “Дирафши Ковиён” шаҳодати ин гуфтаҳост. Дар адабиёт ва сарчашмаҳои таърихӣ куҳантарин парчами тоҷикон “Дирафши Ковиён”ро ба шаклҳои гуногун таъриф дода, онро “Ахтари Ковиёнӣ” низ ном мебаранд. Вожаҳои “ахтар” ва “дирафш” дар асрҳои пешин чун “нишон” ва “парчам” ба кор рафтаанд. Дар мӯътабартарин фарҳангҳои форсӣ “ахтар”ро ситора навиштаанд. Ин ба
Тоҷикон аз азал маънои ситораи бахту толеъ, бахту иқбол ва аламу парчам низ омадааст. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шуда, маъноҳои парчам, алам, аломату байрақро низ медиҳад. Аз рӯи чунин таъриф метавон хулоса кард, ки парчам ифодагари рӯшноӣ ва озодии халқу миллат мебошад. Миллати тоҷик шаклҳои гуногуни давлатдориро паси сар кардааст, ки ба тағйирёбии шакли парчам низ бетаъсир намонд. Аз давраи Аморати Бухоро то Тоҷикистони соҳибистиқлол парчам борҳо шаклу намудашро иваз кардааст. Парчами Аморати Бухоро то 1 сентябри соли 1920 аз матои сабз ва дар рӯи он акси моҳтобу ситора ва аз поён панҷаи даст тасвир ёфта буд. Гирдогирди парчамро рахи зарди сурхчатоб, ки дар дохилаш хатҳои ороишии сиёҳ дошт, зиннат мебахшид. Баъди як сол намуди парчам тағйир ёфт. Парчами нав, ки аз 23 сентябри соли 1921 то 14 августи соли 1923 ба ҳайси муқадассоти миллӣ ва парчами асосии Аморат ба ҳисоб мерафт, шакли худро дигар кард. Дар рӯи ин парчам ду рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шуда, рахи боло сабз ва рахи поён сурх буд. Дар мобайни парчам акси моҳу ситора аз боло ба поён тасвир ёфтааст. Аҷобати дигари ин парчам дар он буд, ки дар рӯйи ранги сабзи он бо хатҳои зарҳали навиштаҷотест. Тибқи иттилои донандагони хатти арабиасос он навиштаҷот чунин маънӣ дошт: “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст”. Парчами нави қабулгардида низ умри зиёд надид. Баъди чанде боз дубора ба он тағйирот ворид карда шуд. Ин парчам, ки аз 11 октябри соли 1923 то 19 сентябри
соли 1924 пазируфта шуд, пурра ранги сурх дошт. Аломатҳои дар парчами қаблӣ ҷойдошта бо каме тағйирот дар он боқӣ монданд: моҳу ситора, ки дар парчами пешин аз боло ба поён тасвир ёфта буданд, дар парчами нав аз паҳно ба бар буд. Андозаи парчам низ каме хурд гардида, навиштаҷот бо ранги зарҳалӣ дар қисмати болоии он тасвир ёфт. Ҳамин тавр, аз соли 1924 то соли 1929 Тоҷикистон Парчами давлатӣ надошт. Аз 14 октябри соли 1924 Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистӣ дар таркиби ҶШС Узбекистон таъсис ёфт. Зеро баъди Инқилоби Октябр тақсимоти ҳудудии миллӣ сурат гирифт. Ин тақсимот, ки бо номи “табартақсим” низ машҳур аст, таъсири худро ба парчами давлатии тоҷикон низ гузошт. 16 октябри соли 1929 Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ табдил ёфта, ба таркиби ИҶШС дохил шуд ва парчами нав қабул намуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазируфта шуда, ранги сурх дошт. Дар як гӯшаи он аз боло акси нишон низ тасвир ёфта буд. Ҳамин тавр, аз соли 1929 то соли 1953 парчам чанд маротиба тағйир ёфт. Дар ин давра ранги парчам сурх боқӣ монда, танҳо ба аломат ва навиштаҷоти он дигаргунӣ ворид мегардид. Аз ҷумла, солҳои 1931, 1935, 1940 дар парчам аломат ва навиштаҷоти гуногун ворид карда шуд. Соли 1931 бо қабули Конститутсияи нав, парчам низ тағйир ёфт. Ин парчам низ умри зиёд надида, баъди 4 сол ба он боз дигаргунӣ ворид гардид. Дар парчами нав, ки 4 июли 1935 қабул шуд, номи ҷумҳурӣ бо забони русӣ дарҷ ёфт. Дар замони шӯравӣ ҳар як дигаргунӣ ба шакли парчам низ таъсир мерасонд. Тавре дар сарчашмаҳо омадааст,
дро рамзи пахтакорӣ, саноати кишвар ва ранги сабзро рамзи маҳсулоти кишоварзӣ тафсир мекарданд. Пас аз барҳам хурдани давлати шӯравӣ Тоҷикистон мустақил гардид. Аз ин рӯ, қабул намудани парчам ва нишону суруди миллӣ барои як кишвари соҳибистиқлол амри воқеӣ буд. Аммо барои таҳияи ин рамзҳои хеле муҳиму муқаддас вақт лозим буд. Аз ин хотир, то қабул гардидани парчами кунунӣ, Тоҷикистон парчами қаблии замони шӯравиро бо андак дигаргунӣ, яъне, бе акси ситораи панҷгӯша ва “досу болға” ба кор бурд. Он замон рангҳои парчам ба андозаи зерин буданд: 1х2 - сурх, 1х5 - сафед, 1х10 - сабз, 1х5 - сурх. Аммо ин дер давом накард. Роҳбарияти
ди Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид барафрохта шуда, ифодагари Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Бар асоси Низомнома Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тавре дар Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст. Рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад. Рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар бо-
ва истиқлолият, ранги сафед бахту иқболи сафед, покизагӣ ва ранги сабз – саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватан мебошад. Аломати тоҷ дар парчам ифодагари тоҷдору тоҷбарсар ва соҳибдавлату мустақил будани Тоҷикистон буда, ҳафт ситора баёнгари ҳафт иқлим ва ҳафт рӯзи ҳафта мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба рамзҳои давлатӣ зиёд гардида, нақшу мақоми парчам хеле баланд шуд. Вобаста ба ин қонуни махсус ва низомнома таҳияву қабул гардид, ки дар сурати вайрон кардани он ҷазо пешбинӣ шудааст. Ба хотири эҳтироми бештар ба парчам ва ҳифзу гиромидошти он ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи
зад, ки миллати тоҷик марҳила ба марҳила роҳ ба сӯи худшиносӣ гирифта, дар сатҳи боло ҳам набошад, аз анъанаҳои миллӣ дифоъ менамуданд. Кӯшиш
Тоҷикистони соҳибистиқлол барои таҳияи рамзҳои муқаддас - парчам, нишон ва суруди миллӣ озмун эълон намуд. Даҳҳо лоиҳа пешниҳод гар-
лои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1х2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикитон ҷашн гирифта мешавад, ки дар он хурду калон бо ифтихор аз ватану ватандорӣ иштирок мекунанд. Ин иқдом нахустин бор
мекарданд, ки роҳи минбаъдаро барои як зиндагии шоиста, ки хостаҳои миллати тоҷикро бароварда созад, ҳамвор намоянд. Ин кӯшишҳоро дар тағйирёбии парчами минбаъда, ки аз 20 марти 1953 то 9 сентябри 1991 пазируфта шуд, метавон мушоҳида намуд. Дар ин марҳила тоҷикон тавонистанд рангҳои мувофиқ ба мардуми ориёинажодро ба парчам ворид намоянд. Зеро то Инқилоби Октябр парчами тоҷикон рангҳои хосро доро буда, танҳо баъди ворид гардидани аскарони сурх ба Аморати Бухоро ранги парчам низ якбора сурх шуд. Парчами ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1953 қабул гардид, матои сурхе буд ба андозаи 1х2 ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар паҳнтар аз рахи сабз буд. Дар он замон ранги сафе-
дид, ки ҳар яке ифодакунандаи ормонҳои миллат ба ҳисоб мерафтанд. Аз миёни лоиҳаҳои зиёд ҳайати комиссия парчами кунунии Тоҷикистонро, ки ҳар як ранги он дар худ даҳҳо маъниро ғунҷондааст, интихоб намуданд. Ҳамин тавр, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардида, нахустин шуда Парчами давлатиро бӯсид. Дар баробари ӯ даҳҳо нафар муҳаббат ва эҳтироми худро нисбат ба парчам баён доштанд. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари парчами садҳо давлат дар наз-
шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, бар асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл мегарданд. Ҳар як аломат ва рангҳои парчами кунунӣ маънии ба худ хос дошта, баёнкунандаи миллати тоҷдору соҳибтамаддун будани тоҷик мебошад. Тавре дар шарҳи парчам омадааст: ранги сурх - муборизаю ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ
пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19 ноябри соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи роҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи хеле баланд ҷашн гирифта шуд. Ҳамин тавр, аз соли 2009 дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи парчам на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои олам низ ҷашн гирифта мешавад. Дар баъзе мамолик, ба мисли Туркманистон ин рӯзро таътил эълон кардаанд. Дар кишварҳои гуногуни пешрафта, назири Амрико, Канада, Мексика, Лаҳистон, Ҷопон, Швейтсария ва Либерия низ рӯзи парчамро чун иди умумимиллӣ истиқбол мегиранд. Ҳатто дар Амрико назди
парчам доштанд
даромадгоҳи хонаҳо парчамро мушоҳида кардан мумкин аст. Ин анъана дар Тоҷикистон низ баръало дида мешавад. Зеро дар болои мизҳои корӣ, оинаи автомшинаҳо парчам насб гардида, ҳангоми бозиҳои варзишӣ ҷавонони тоҷик бо шӯру шавқ онро дар даст мегиранд. Дар кишварҳои гуногун манораҳои бузурги парчам сохта шудаанд. Аз ҷумла, дар Озарбойҷон - 162 метр, Куриёи Шимолӣ - 160 метр, Урдун - 133 метр ва Уммон - 126 метр. Дар Тоҷикистон соли 2011 дар канори рости Қасри Миллат баландтарин парчами дунё сохта шуд. Баландии сутунии он 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бараш 30 метрро ташкил дода, вазнаш 420 килло мебошад. Дар ин рӯз намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес ба Тоҷикистон ташриф оварда, онро расман ҳамчун баландтарин парчам дар дунё сабт намуд. То 23 сентябри соли равон баландтарин парчами дунё парчами Тоҷикистон буд. Аммо 23 сентябри соли равон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парчами сутанаш 171-метрӣ сохта шуд. Парчами мазкур 49,5 метр дарозӣ дошта, бараш 33 метр ва вазнаш 570 кило мебошад. Имрӯз шаҳравандони Тоҷикистон, новобаста ба миллат ва нажод бо ифтихору ихлосмандӣ ба парчам эҳтиром гузошта, дар ҳама чорабниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ дар дохилу хориҷи кишвар гирди он ҷамъ меоянд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки парчами миллии кишвар дар баланд гардидани ҳисси худшиносию худогоҳии мардум низ таъсир расондааст. Тавре Президенти мамлакат дар табрикоти худ бахшида ба аввалин ҷашни Парчами давлатӣ иброз доштаанд: “Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”. Парчами кунунӣ миллати тоҷикро дар тамоми олам ба ҷаҳониён мураррифӣ намуда, дар шинохти Тоҷикистон низ нақши калон гузошт. Аз ин рӯ, хулосаи худро бо як ҷумлаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баён менамоем, ки таъкид намудаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”. Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
соли 1928 алифбои тоҷикиро аз форсӣ ба лотинӣ табдил доданд. Ин дигаргунӣ дар парчам низ кора кард. Дар он рӯзгор номи ҷумҳуриро дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии лотинӣ (RSS Tojikiston) ва русӣ (Таджикская ССР) навишта, дар болои он нишонаи заррини “досу болға”-ро нигоштанд. Ба парчам дар солҳои 1946 – 1953 низ иловаҳо ворид гардид. Соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кирилӣ табдил ёфт ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (РСС Тоҷикистон) ва кирилии русӣ (Таджикская ССР) навишта, дар болои номи ҷумҳурӣ нишонаи заррини “досу болға” нигошта шуд. Раванди таърих собит месо-
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
9
24 НОЯБР - РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
10
20 НОЯБР - ЗОДРӮЗИ БОЗОР СОБИР
Зангӯлазани дарси хештаншиносӣ Шоир андар синаи миллат чу дил, Миллати бешоире анбори гил.
(Иқбол)
Бозор Собир рӯшантарин ва мондагортарин чеҳраи адабӣ дар таърихи адабиёт ва фарҳанги муосири форсизабонони ҷаҳон аст, ки табли миллӣ навохтаву парчами ростагории фарҳанги ориёиро афрохтааст. Нимаи дуюм ва охири садаи XX, пас аз чандин зарбҳои мағзкуши заҳҳокони давр, зери боли ҳумоюнии симурғи наҷотбахши миллат – фарҳангу забони тоҷикӣ, насими тозаву хуши озодӣ ба машоми бедордилони шоҳроҳи илму адаб расид. Дар ин радиф бебоктарину гӯётарин, барқосову ошкоргӯй Бозор Собир буд, ки ба ниҳонхонаи асрори хотироти миллат чанг заду дарду армон, розу ниёзи миллати ҷабри таърих кашидаи тоҷикро бар гӯшу ҳуши оламиён расонд. Шоир зина-зина ба қуллаҳои худогоҳию хештаншиносӣ машъалафрӯзона расида, башоратдеҳу пайвандгари рӯҳу равони миллат гардид. Аввалин иқдом шинохти қадру манзалати абармардони миллат буд, ки аз хидматҳои содиқонаву пайкору ҷадали онҳо пайгирона ситоиш менамуд. “Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон»-ро баён сохтан далелест, ки шоир сатр-сатр бо дарди миллат, ҳар варақ бо рози он ҳамнаво гашта, дар сатри ин шоҳкорӣ ашки миҷгон рехтааст. Ин замон бозори нони тоҷикон бемуштарист, Лек бозори китобаш бе дусад муштоқ нест. Ҷои нони хонагӣ бар каф китоби хонданист, Ҳамчу болоӣ ба болои китоби «Тоҷикон». Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони мост , Тоқдони чашми мо ҷои китоби «Тоҷикон». Зери ин мисраҳои самимӣ арҷгузорӣ бар хидматҳои аллома Бобоҷон Ғафуров ҳувайдост. Шоир бузургии устод Айниро дар шеъри «Муҷассамаи Айнӣ» барвақт дарку эҳсос намуда, ҳақиқатпарастона мефармояд. Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд, Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд. Оре, асари “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Садриддин Айнӣ шаҳодатномаю шиносномаи миллати тоҷик гашт. То наслҳо ва ҷаҳониён Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Ҷомӣ ва гурде чун Рустаму ватандоре чун Темурмалик доштани тоҷикро донанду эътироф намоянд. Бозор Собир заҳматҳои устод Айниро дар пайдоиши Тоҷикистону дарёфти тоҷикон арҷгузорона ба қалам дода: Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ, Чун китоби кӯҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ. Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст, Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст. Инқилоби шеъри Бозор сурудаи «Забони модарӣ»-и ӯст, ки тамоми ғаму ранҷ, розу ниёз ва дунёи дарду армони тоҷикро рустамона изҳор намудааст. Ин ҷасорати бузург ва аз сар гузаштанҳои ӯ буд, ки бебокона аз тамоми бохтҳои таърихии миллат ва аз дасти наслҳои турку чингизӣ, арабу румӣ ошкоро бигуфт ва ба гӯши наслҳои ҳушёр расонд. ... Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт, Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт. Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд, Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт... Ягона гавҳари зиндадорандаи миллат забони модариаш буд, ки боиси бақояш гардида, ин ҳақиқатро шоир мушикфонаю заковатмандона боз намудааст: Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун, Гарчӣ бо габру мусалмон ҳамсаро буд. Хамрасулу ҳамхудо буд, Дар забон, аммо ҷудо буд... Аз ҷабри табарбардастони таърих барои тоҷик аз империяву давлатҳои фарохдомон гӯшаяки кӯҳистонро тақсим намудан таҳқире беш набуд, лек ба қавли Бозор Собир “сарҳади тоҷик забони тоҷик аст”. Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст. То забон дорад ватандор аст ӯ, То забон дорад бисёр аст ӯ. Пайки ин шеър шӯъла дар дилҳову чашмони насли бедори тоҷик аст, ки дар ҷодаҳои он бо ниёгони чандҳазорсолаи хеш руёрӯ гардида, фоҷиаи мудҳиши таърихро бар сари миллат ва фарҳанги хеш аёну дар дин мебинанд. Пас нангу ор мехезаду ватандориву пайкор баҳри ҳифзи забону фарҳанги сӯхта-сӯхта, порарасидаи тоҷик. Шеъри «Теғи Сино» достонеро мемонад аз таърихи фоҷиаҳои бар сари миллат омада, ки ҳар яке аз ғосибон даъвои гирифтани ин ё он шоҳкориҳо мекард. Чунончӣ, нисбат ба Абӯалӣ ибни Сино ҳар нохалафе даъвогарӣ дошт.
Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунанд, То ба боми шӯҳрати олам гузоранд нардбон. Лек Сино он қадар ин бомро бардоштааст , Ину он кай метавонад нардбон монад бар он? Тоҷикон гарчанде ки дуртару дуртар дар тӯли таърих паҳн шуданд, лек бо мадади Сино нияти шифои беморӣ мекунанд. Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту бас , Лек то ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад. Ҳақ ба ҷониби шоири закист, ки тоҷиконро пайванди шикаста – устухон бо мӯмиёи решаи хор амалан ва рӯҳан пайванд бо мадади дасти Синоист. Ҳасрато, ки ин ҳақиқати талх дар чашми табарбадастони таърих ноаён аст. Бӯалӣ бедору халқи Бӯалӣ бедор не, Бӯалӣ ободу мулки Бӯалӣ зеру забар. Ниҳоят шоир фалсафаи фарҳангпарваронаи тоҷикро ошкор месозад ва фотеҳона месарояд: Халқи тоҷик теғи ҷонбахшои Синоро гирифт, Теғи ҷонбахшои Сино рӯи дунёро гирифт. Дар васфи бузургони миллат ва қадршиносӣ аз талошу пайкори онҳо дар тарғибу ташвиқи адабиёт, забон, фарҳанг ва тамаддуни миллат шоир хеле пешгому ҳақгӯст. Чуноне ки тамоми ҳаёту пайкори устод Абулқосими Лоҳутиро арсаи сарбозӣ ва шӯру шарар ба қалам дода, ки зеботарину гӯётарин ҳолати он муборизи роҳи ҳақиқату озодӣ аст. Умре ҳама дар ҷону танаш шӯру шарар дошт , Умре ҳама дар арсаи сарбозӣ ба сар бурд. Ё Айём агарчанд басе тоҷу кулаҳро, Беқадр ба монанди кафи хоки сияҳ кард. То ҳол баҳои сари Лоҳутӣ баланд аст, Қозии амир аз сари хунаш нагузаштаст. Бозор Собир қадру манзалат ва хидматҳои устод Мирзо Турсунзодаро дар муаррифии тоҷик ва Тоҷикистон ба ҷаҳониён хеле гиромӣ дошта, мефармояд: Ҳамчу номи шоирии Тоҷикистони азиз, Номи ӯро дӯш дар гаҳвора аз бар кардаем. Бар лаби мо шеъри ӯ дар кӯдакӣ омад ҳанӯз, Шеъри ӯро нӯши ҷон бо шеъри модар кардаем...
ва дар хотима: Ман намегӯям, ки ӯ аз дори дунё рафтааст , Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст. Шоири хештаншиносу худогоҳ аз фазилату хиради пирони ҷаҳондидаву бори фарҳанги миллат бар дӯш дошта, чун Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Боқӣ Раҳимзода, Мирзо Турсунзода бо эҳтирому ихлос дар шеъри «Туро ҳамчун Бухоро дӯст медорам...» баён намудааст. Агарчи аз Бухорои Шариф мо бо қадам дурем, Бухороро ту кардӣ бо қалам наздик, эй пири Бухороӣ. Ту медониву Турсунзода медонист, медонад Улуғзода, Ки тоҷик аз Хуросон то ба Файзободу то Дарвози кӯҳистон Замини сахти худро канда ё фарзанд гӯронда ё девон. Ва ё байти парешон монда дар ҳар пуштае аз пушти испораш... Раҳим Ҳошим фарҳангу энсиклопедияи зиндае буд, ки дар хотироти қавии хеш тамоми нозукӣ ва нафосату фасоҳати илму адаби ниёгони тоҷикро ҷой дода буд, ки Бозор ин бузургии ӯро ба наслҳо хеле самимӣ тасвир намудааст: Соати тафсири Айнӣ Ғайри ӯ н-ояд ба хотир Соати қадру навозиш Месупорандаш ба тақдир... То бувад фарҳанги тоҷик Номи ӯ монад муқаррар, Не дар аввал, не дар охир Чун гуле дар байни дафтар. Рӯҷӯи нозукона ба таърихи пуршебу фарози миллат шоирро ба ғалаёни баҳри андеша афкандаву ливои бедорӣ афрошта, бар гӯши наслҳо суруда, ки ниёи мо кӣ буду хокдони мо куҷост. Аз хуни Сиёвушем, Ҳамхуни Сиёвушем. Аз ҷомасафедонем, Ҳар ҷома намепӯшем... Ҳамсони Авастоем, Ҳам оташи Зардуштем...
А. ЗАРИФӢ, омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Артур РАПП:
«Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст…» Артур Рапп зодаи шаҳри Гамбурги Олмон буда, cе cол боз дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Дорои ихтисоси лингвистҷомеашинос буда, хатмкардаи донишгоҳҳои Гамбург ва Мадрид мебошад. То сафар ба Тоҷикистон барои Донишгоҳи олмонии Гёте дар Озарбойҷон ва Туркманистон кор кардааст. Забонҳои англисӣ, испанӣ ва русиро хуб медонад. Аз соли 2011 ба ҳайси роҳбари Маркази итилоотии DAAD (Хадамоти академии Олмон) дар Душанбе фаъолият дорад. Дар факултаи романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ҳамчун лектор ба тадриси донишҷӯён машғул аст. Дар мусоҳибаи зерин аз Артур доир ба тассуроти ӯ аз кишвари мо пурсидем. - Артур, Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед? - Тоҷикистон яке аз кишварҳои дуртарини Осиё аст, ки ман фаъолият ва зиндагӣ доштам. Албатта, дар мадди аввал табиати дилангез ва беназири он қобили қайд мебошад. Кӯҳу обшорон ва кӯлҳои Тоҷикистон бисёр зебоянд. Одамони ин кишвар оромтабиат буда, моҷароҷӯй
нестанд. Ошхонаи миллӣ ва либоси миллии тоҷикӣ низ маро мафтун намудааст. Ин ҳама зебоиҳои Тоҷикистонро тавассути интернет ба дӯстону ҳамкорон ва хешовандонам, ба Олмон низ пайваста мефиристам, то онҳо низ дар бораи кишвари зебои Тоҷикистон тасаввурот дошта бошанд. Давоми се соле, ки дар Душанбе ҳастам, пойтахт рӯз то рӯз ба таври шинохтанашаванда тайғир меёбад. - Омилҳое, ҳастанд, ки бароятон писанд набошад? - Ростӣ, сардиро дӯст намедорам. Зимистони ин ҷо бароям писанд нест. - Каме дар бораи фаъолияти маркази итилоотии DAAD барои хонандагони рӯзнома мегуфтед? - Хадамоти мубодилаи илмии Олмон иттиҳоди мактабҳои олии Олмон мебошад, ки баҳри инкишофи мубодилаи илмӣ амал мекунад. Фаъолияти DAAD аз ҷониби вазоратҳои корҳои хориҷӣ, илм ва маориф, ҳамкорӣ ва рушди иқтисоди Олмон ва Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад. Маркази мо дар доираи созишномаи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Олмон фаъолият менамояд. Мо ягона ташкилоти расмӣ дар Тоҷикистон ҳастем, ки оид ба таҳсил ва тадқиқот дар Олмон маълумоти
ройгон пешниҳод менамоем. Марказ дар Тоҷикистон расман аз соли 2004 ба фаъолият шуруъ намудааст ва имсол даҳсолагии он таҷлил гашт. Мо барои омӯзгорон тренингҳо доир менамоем, мактабҳои тобистона ташкил мекунем ва бо ҷавонону олимон машваратҳо мегузаронем. Ба вилоятҳои ҷумҳурӣ низ сафар намуда, соле дар Тоҷикистон беш аз 100 чорабинӣ доир менамоем. Масалан, соли 2013 Ҳукумати Олмон барои Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиону 244 ҳазор евро стипендия ҷудо намуд. Умуман, DAAD дар Тоҷикистон беш аз 600 нафар хатмкунанда дорад. - Ҷавонони тоҷик аз нигоҳи Шумо? - Ҷомеаи Тоҷикистон ҷавон аст. Аз ин хотир Тоҷикистонро кишвари ҷавонон номидан мумкин. Зеро 1 миллиону 700 ҳазор хонандаи мактаб ва 162 ҳазор донишҷӯ дар кишвари шумо таҳсил менамоянд. Ҷавонону наврасон барои ояндаи кишвар нақши калон мебозанд ва имкониятҳои зиёд низ доранд. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА
АЗ РӮЗГОРИ ҶАВОНОН ДАР ХОРИҶИ КИШВАР
Ҳам кор, ҳам варзишу таҳсил Озар Шоҳзода бистудусола мебошад. Аз хурдсолӣ устухонаш дар меҳнат обутоб ёфтааст. Дар зодгоҳаш - деҳаи Ҷовидони ноҳияи Ванҷ дастёри падару модар буд. Дар таълимгоҳи миёнаи рақами 15 таҳсил кардааст. Баъд аз хатми мактаби миёна азм кард, ки ба Русия меравад, кор карда, ба падару модару наздиконаш кӯмак мерасонад ва ҳам таҳсили илм менамояд. Озар ҳоло дар шаҳри Твер ҳамроҳи садҳо нафар ҷавони дигар дар яке аз корхонаҳои саноатӣ кор мекунад. Ҷавони боирода, заҳматкаш ва пуртоқат мебошад. Ахлоқи некӯи ҳамида дорад. Маълум мегардад, ки волидайн, омӯзгорон ва дигар пирони деҳа ба ӯ дарси хуби адабу ахлоқ ва ба таври шоиста умр ба сар бурдан омӯхтаанду барои пайдо намудани роҳу равиши рост дар ҷомеа панду насиҳаташ додаанд. Ҳамдиёронаш нақл мекунанд, ки Озар шомгоҳон, вақте ки аз кор фориғ гашта, ба хонаи иҷоравиаш бармегардад, баъди хӯроки шом ё китобу рӯзномаву маҷалла мехонад ё бештари вақти худро дар яке аз толорҳои васеу хуб таҷҳизонидашуда ва дорои шароиту имкониятҳои хуби шаҳри Твер ба варзиш мегузаронад. Се сол боз дар дастаи самбои тан ба тан иштирок до-
рад. Ба ӯ муяссар гаштааст, ки дар бисёр мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намуди гӯштини тан ба тан дар шаҳр ва вилояти Твер фаъолона ширкат варзида, ба ҳарифонаш пирӯз гардад. Дорандаи чанд медал, диплом ва ифтихорнномаҳо мебошад. Мураббиёнаш ба оянда неки ин ҷавони варзишгар умед мебанданд ва падарвору бародарвор дӯсташ медоранд. Рӯзҳои истироҳат ва вақти берун аз машқу тамрин Озар ба устодону дӯстонаш, ки аксарияташон рус мебошанд, дар бораи Тоҷикистон, зебоиҳои диёр, обу чашмасорони мусаффо, манбаъҳои обҳои азим, пиряхҳои азамати Федченко ва Хирсон, меваҳои шаҳдбори боғистонҳо, ҷангалистонҳои анбӯҳ, сарватҳои зеризаминӣ қуллаҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон нақлҳои аҷоиб мекунад. Ба қарибӣ зимни як суҳбати телефонӣ Озар Шоҳзода гуфт, ки алҳол дар яке аз донишкадаҳои шаҳри Твер ба таври ғоибона таҳсил мекунад. Ҳам кор мекунад, ҳам ба варзиш машғул мешавад. Ҳамчунин, ба падару модар ва бародару ҳоҳаронаш мувофиқи шароит ва имконият кӯмак мерасонад. Сироншоҳи ДИЛОВАР
e-mail: javonontj@mail.ru
Мо ҳам кӯҳи хороем, Девори Бухороем... Ин суруда давоми мантиқии «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Доробнома»-и Тарсусӣ, «Исёни Муқаннаъ» ва «Шӯриши Восеъ»-и Сотим Улуғзода буда, дар хеш таърихчаи дудмону марзу бум, авлоду аҷдод, дину кеш ва ахлоқ, нангу номуси тоҷикро мухтасар баён сохта: Исмоили Сомонӣ, девори Бухоро буд, Мо ҳамватани ӯем, ӯ ҳамватани мо буд... Дигар шеъре, ки шиори ватандорон аст, бо номи мубораки «Тоҷикистон», ки хушбахтона дар забони пиру барност ва арзиши ҳазорон китоби ҳамосаи ватандориро дорад. Тоҷикистон, Тоҷикистон, Мекунам шукри каму бисёри ту, Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту. Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ, бас аст, Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст... Нидои хештаншиносона ва даъвои мероси аслии ниёгонро намудан аз дили ҳассоси шоир шӯъла афрӯхтаву чу фарзанде, ки аз канори модари нозпарвар бо ҷабр дур афканда шудааст, менолад. Ин дарси ҳикмат ва панд аст, то тоҷик насл ба насл бидонаду бирасонад, ки Бухорои Шариф гаҳвораи тамаддуни тоҷикон буд, танҳо бо хатои табарбадастони арсаи сиёсат берун аз марзҳои кунунӣ монда. Нигоҳи гарми ман аз фарқи кӯҳистон, Ба сӯят чун Зарафшон рӯзу шаб ҷорист. Бухоро бо ғами афсӯс мебинам, Ки ҷои азизонат Дар оғӯши ту ҳамчун ҷои Сино ҷовидон холист... Устод Бозор Собир дар шеъри «Ман худамро куштакушта...» як ҳақиқати талхи фоҷиаи миллат, дарди бедавои бегонапарастӣ ва пандпазир набудани наслҳои миллатро бо сӯзи дард ошкоро гуфтааст ва илоҷи дард меҷӯяду сахт мегӯяд. Ба қавли ҳазрати Бедил «Бардор ба оҳан оҳани тафтаро!». Ин бояд дарси ибрат ва огоҳиву расидани ба умқи хитобаҳои шоир гардад, зеро ҳақиқат баён карда шудааст. Тахти Доро дар раҳи ман буд ман кардам харобаш, Ганҷи Қорун дар кафи ман буд ман додам ба бодаш. Коҳи бод овардаву хоки сияҳ кардам ҳисобаш Бӯалиро аз Бухорои Шариф ман карда берун, Тирмизиро ман фикандам дӯш дар дарёи Ҷайҳун Бар ҳадар хуни Низомулмулкро ман рехтам Балки хуни мулкро ман рехтам. Ин мисраҳои дард, оҳу ҳасрати исёни виҷдонии шоир аст, ки дар сарнавишти мост ва боистӣ мо аз он ҳикмате, панде омӯзему ҳатто каҷрафтории наслҳоро такрор накунем. Ба қавли адабиётшиноси ҳақҷӯву ҳақгӯ ориёгавҳар Аҳмади Касравӣ ҳамосаи асли ватандориву ориёнаро алайҳи ғосибон танҳо ҳаким Фирдавсӣ сурудаву беҳамтост ва шамиму накҳати он дар ашъори Бозор Собир ба машом мерасад дар либоси тозаву рангин. Ин таъкид сари он аст, ки аз хасу хору Ватан, обу хоки Ватан накҳату таровати кӯҳсорони Ватан бо меҳру ихлоси вафодорӣ ба чашм мерасад. ... Лабамро чашмаҳо бикшода бар шеър, Диламро гиряҳои обшорон. Хате не, ҷӯ ба ҷӯ то дафтари ман. Расида оби дарёи Зарафшон... Балоғати афкори хештаншиносию худогоҳонаи шоир ба он расидӣ, ки охири солҳои 80-уми ибтидои 90-ум бо ташаббуси Бозор Собир ва фарҳангиёни тоҷик маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ», «Ҳофизшиносӣ», «Мавлавихонӣ», «Иқболшиносӣ» дар донишгоҳу донишкадаҳо, радио, мактабу марказҳои фарҳангӣ доир мешуд, ки дар бедории хештаншиносии наслҳо такони бузурге буд. Рисолати дили бедору равшан будани шоир дар синаи миллат барҳақ ба сомон расид, ки орзу ва омоли шоир аст: Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире, Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире. Дигар падидаи нек ва нубуғи тозабаёнӣ, дар тимсоли хеш кашидани бори гарони рисолати тоҷиконаи нанг, номус, иффат, сарбаландӣ ва солорӣ дар гардиши садрӯю садозор Бозор Собир шоиронаю орифона ва тоҷикона суруда. Маро аз хештан борест бар дӯш, Набошам то ба мардум бори носоз, Худам бори худам будам зи тифлӣ, Худамро мебарам бар души худ боз. Бозор Собир ба ганҷинаи фарҳанги миллат шеъри мондагоре сурудаву рисолати шеъру шоириро бар ҷой расонидааст ва ба қавли аллома Иқбол аз рамзи ҳаёт на танҳо ба пайкари хеш, балки бар рӯҳу равони миллат оташе афрӯхтааст. То маро рамзи ҳаёт омӯхтанд, Оташе дар пайкарам афрӯхтанд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
11
ТОҶИКИСТОН АЗ НИГОҲИ ХОРИҶИЁН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. ЛИГАИ ОЛӢ
ГӮШТИН
“Истиқлол” – қаҳрамон, “Хайр” дар ҷои дуюм, “Далерон” - сеюм Чемпионати 23-юми мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Тақдири медалҳои нуқра ва биринҷӣ дар даври охирин маълум шуд. Тими “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ дастаи КМВА “Помир”-ро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, медалҳои нуқраи мусобиқаро ба даст овард. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан шуд. Унвони қаҳрамонӣ пеш аз муҳлат насиби дастаи “Истиқлол”-и Душанбе гардида буд. Дар даври 18-ум дастаи “Истиқлол” дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Голҳои дастаи ғолибро Ромиш Ҷалилов ва Умедҷон Шарифов заданд. Голи мизбононро Аҳтам Ҳамроқулов ба ҳадаф расонд. Бозии миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Вахш” мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ба голи Кароматулло Саидов дар дақиқаи 75 Манучеҳр Аҳмадов, бозингари “Хуҷанд” ҷавоб гардонд. “Равшан” дар меҳмонӣ аз тими “Парвоз” бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд. Бо сабаби аз мусобиқа даст кашидани “Энергетик” “Далерон-Уротеппа” бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд. Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:
ҶОЙ ДАСТАҲО 1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 «Хайр» (Ваҳдат) 3 «Далерон-Уротеппа» (Истаравшан) 4 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 6 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 «Энергетик» (Душанбе) 8 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 10 «Равшан» (Кӯлоб)
Ғ
М
Б
Т/Т
Х
18 16 18 11 18 9 18 9 18 8 18 5 18 5 18 3 18 4 18 2
Б
2 2 6 5 1 5 4 6 2 3
0 5 3 4 9 8 9 9 12 13
65-10 27-17 20-11 24-17 28-35 25-27 17-30 14-27 12-32 18-44
50 35 33 32 25 20 19 15 14 9
Беҳтарин нишонзанҳо: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 15 тӯб, Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Ҳусейн СУҲРОБӢ («Хайр») – 8 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (аз «Истиқлол»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.
Гӯштини миллӣ ба ифтихори Рӯзи парчам 15 ноябри соли ҷорӣ дар Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои гӯштин (МАНЕЖ) бахшида ба 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар он 70 нафар гӯштингири беҳтарин аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз рӯйи ду вазн: то 85 ва аз 85 кило боло ширкат варзиданд. Дар натиҷаи қувваозмоиҳо дар вазни то 85 кило ҷойи якум насиби Саидҷамол Алимардонов шуд. Ҷойҳои дуюму сеюмро Комрон Карликов ва Зафар Олимшоев ба даст оварданд. Дар вазни аз 85 кило боло ҷойи аввалро Додохон Қурбонов, ҷойи дуюмро Фахриддин Ҷурахонов ва ҷойи сеюмро
Амирхон Шоҳрух сазовор гардиданд. Парвиз Собиров, мудири бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки ба барандагони ҷои аввал 4 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 2 ҳазору 500 ва барои ҷойи сеюм як ҳазору 500 сомонӣ тақдим шуд.
ФЕСТИВАЛ
Рушди футболи кӯдакон 15 ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футболи кӯдакону наврасон доир гардид. Бо ташаббуси Федератсияи футболи мамлакат дар шаҳри Душанбе бори дуюм аст, ки чунин фестивал баргузор мешавад. Зикр гардид, ки ҳадаф ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзиш, рушди минбаъдаи футбол ва фароҳам
овардани шароит барои машғулияти аҳолӣ бо футбол мебошад. Анвар Мирзоев, мудири шуъбаи футболи кӯдакону наврасони ФФТ, гуфт, бояд футболро оммавӣ гардонем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки кӯдакон ба бозиҳои компютерию интернетӣ,
беҳудагардӣ, авбошӣ ва дигар корҳои ношоиста даст назада, ба варзиш машғул шаванд. Дар фестивал 200 нафар кӯдаку навраси 8-12-сола ҷамъ омада, машқҳои гуногунро бо садои мусиқӣ анҷом доданд. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
БОЗИҲОИ СОҲИЛӢ
Паҳлавони маъруф Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гӯшти кураш дар вазни беш аз 90 кило дар даври чорякниҳоӣ бар Пйерр Боу Абоуд аз Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Баъдан дар даври нимниҳоӣ намояндаи Муғулистон Даваануам Алтангерелро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Муҳаммадмурод дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада, соҳиби медали тилло шуд. Паҳлавони дигари кишвар Саидҷалол Саидов низ дар сабқати гӯштини кураш дар вазни то 90 кило дар даври нимниҳоӣ аз Насиф Илёс аз Лубнон бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт ва бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки то 23 ноябр идома хоҳанд кард, варзишгарони 36 кишвар ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 28 намуди варзиш дохил аст.
Ду медал дар Бозиҳои соҳилии Осиё Паҳлавонони кишвар дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар Тайланд ду медал – як тилло ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
Тоҷикистонро 14 варзишгар (11 мард ва 3 зан) дар 4 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), кураш (4 мард)
ва волейбол (2 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекунанд. Дар сабқати самбо байни мардон ду варзишгари кишвар
- Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кило ва Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кило вориди рақобат шуда, ҳар ду дар
даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрданд. Дар намуди ҷиу-ҷитсу низ варзишгарони кишвар ноком шуданд. Дар сабқати мардон Сулаймон Ғиёсов (70 кг), Алиҷон Давлатов (70 кг) ва Фарҳод Сафолов (60 кг) ва дар сабқати занон Наргис Нозирова (60 кг) бе медал монданд. Баҳодур Ҳалимов дар сабқати гӯшти кураш дар вазни то 66 кило бар варзишгари Ҷопон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз гӯштингири Эрон мағлуб гашт. Дар ин намуд Сафарбек Муродов дар вазни то 81 кило аз сабқат бо рақибаш аз Сурия даст кашид. Дастаи мардонаи волейболи соҳилӣ (Ҳамроз Фазлоншоев ва Шодӣ Назарамонов) нахустин бозиашро бар тими Тайланд бо ҳисоби 0:2 бохт. Дастаи занона (Махфирати Неъматулло ва Назокати Неъматулло) низ аз тими Тайланд бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Дастаи мардона аз тими Тайван низ бо ҳисоби 0:2 мағлуб гашт.
Кличко Пулевро ба нокаут фиристод
Халк – гаронарзиштарин футболбози Русия
Владимир Кличко, муштзани украинӣ дар шаҳри Ҳамбурги Олмон варзишгари булғорӣ Кубрат Пулевро дар даври 5-ум ба “нокаут” фиристод.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин нишондод варзишгароне, ки дар ҳайати клубҳои Русия бозӣ мекунанд, дар феҳрасти лигаи Аврупо бо маоши солонаи баланд, дар ҷои шашуманд. Мақоми аввали рейтингро намояндаҳои чемпионати Англия бо ҳақмузди солона дар ҳаҷми 2,3 миллион фунт стерлинг (наздики 170 миллион рубл) ба худ ихтисос додаанд. Чемпионати Олмон дар ҷои дуюм қарор дорад. Музди миёнаи футболбозони бундеслига 1,46 миллион фунт (108 миллион рубл) ҳисоб шудааст. Серияи “А”и Италия бо 1,3 миллион фунт (96 миллион рубл) сеюм ва чемпионати
Боздошти ду президент барои харидуфурӯши бозӣ Фортен Жан-Франсуа, президенти клуби футболи “Кан”-и Фаронса аз сӯйи мақомоти пулис бо иттиҳоми даст доштан дар “бозии фурӯхташуда” боздошт шудааст. Фортен яке аз нуҳ муттаҳам дар созмон додани “бозии фурӯхташуда”-и тимҳои “Кан” ва “Ним” дар мавсими 2013/2014 мебошад. Гуфта мешавад, президенти “Ним” Жан-Марк Конрад низ дастгир шуда-
аст. Ин дидор 13 майи соли равон баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:1 поён ёфт. Ин натиҷа ба “Ним” имкон дод, барои мавсими оянда дар двизиони дуюм боқӣ бимонад. “Кан” бошад, роҳхат ба лигаи якумро соҳиб гардид.
ҳамлагари бразилиягӣ Халк аз “Зенит”-и Санкт-Петербург аст. Ҳақмузди солонаи ӯ 5,6 миллион фунт (беш аз 400 миллион рубл) мебошад.
Бадтарин натиҷаи тими Русия дар асри XXI Тими миллии Русия оид ба футбол дар соли 2014 бадтарин натиҷа дар асри XXI-ро доштааст. Дар ҳашт бозии расмӣ, ки соли равон дастаи яккачини Русия анҷом дод, ҳашт холро соҳиб гардида, танҳо дар як дидор дастболо шудааст. Ягона пирӯзии тими миллии Русия 8 сентябр бо дастаи Лихтенштейн буд, ки бо ҳисоби 4:0 поён ёфт. Чор бозӣ бо Кореяи Ҷанубӣ, Алҷазоир, Шведсия ва Молдовро мусовӣ намуда, аз Белгияву Австрия шикаст хӯрдааст. Нишондоди аз ин бадтари тими миллии Русия соли 1998 сабт шуда, ки ҳар се бозии расмиро бохтааст.
Муборизаи Роналдо зидди эбола Ситораҳои ҷаҳонии футбол дар аксияе алайҳи паҳншавии вируси эбола ба ҳам омадаанд. “Мо футболбозони маъруфро барои нашри матлабҳои иттилоотӣ истифода мебарем, то аз паҳншавии ин беморӣ ҷилавгирӣ намоем. Вақте футболбозон мегӯянд, онҳоро ҳама гӯш мекунанд”, - изҳор доштааст Иржи Дворжак, офитсери калони хадамоти тиббии Федератсияи байналмилалии футбол. Футболбозоне монанди Кристиан Роналдо, Неймар, Диде Дрогба ва Филипп Лам дар аксияи “11 алайҳи Эбола”, ки ҳадафаш огоҳонии мардум аз вируси эбола аст, иштирок кардаанд. Маълумотро табибон ва мутахассисони тиб омода мекунанд, футболбозон онро дар наворҳои кутоҳи видеоӣ, радио ва филмҳои тасвирӣ мехонанд. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар шаш кишвар беш аз 14 ҳазор нафар ба вируси эбола гирифтор шудаанд. Аз ин теъдод 5 ҳазор нафар фавтидааст.
Ҷанкарло рекорд мегузорад?
Ҷанкарло Стэнтон, бозингари тими Лигаи асосии бейсбол (MLB) – “Майами Марлинс”-и Амрико ояндаи наздик метавонад аз рӯи маблағи умумии қарордод барои як варзишгар дар таърихи варзиш рекорд гузорад. Ба навиштаи “Sports Illustrated”, ӯ ба маблағи 325 миллион доллар шартномаи 13-сола мебандад. Стэнтони 25-сола дар пайи як назарпурсӣ дар поёни мавсими 2014 арзишмандтарин бозингари лига (MVP) эътироф шуд. Рекорди
Испания бо музди миёнаи маош дар ҳаҷми 1,2 миллион фунт (88,5 миллион рубл) дар як сол чоруманд. Гаронарзиштарин бозингари чемпионати Русия оид ба футбол
қаблии ҳаҷми умумии қарордод низ ба намояндаи MLB марбут аст. Моҳи марти соли равон “Детройт Тайгерс” бо бейсболисти венесуэлагӣ Мигел Кабрер дар ҳаҷми 292 миллион доллар барои 10 сол қарордод баст.
Шикояти Диарр аз “Локомотив” ба UEFA Лассан Диарр, бозингари собиқи клуби “Локомотив”-и Русия аз болои ин клуби Маскав ба Иттиҳоди ассосиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) шикоят бурдааст. Диарр аз қатъи яктарафаи шартнома норозӣ будааст. “Қатъи қарордод ба нақзи шартҳои он аз ҷониби футболбоз марбут аст”, - гуфтааст Олга Смородская, президенти “Локомотив”. Диарр тобистони соли 2013 аз “Анжӣ” ба “Локомотив” гузашт. Қабл аз оғози чемпионати имсола ӯ ва Мбарк Буссуф аз тамринҳо дар ҳайати “Локомотив” даст кашиданд. Ин тасмимро ба бад шудани муносибат бо сармураббӣ Леонид Кучук рабт доданд. Қарордод бо Диарр моҳи август ба таври яктарафа қатъ шуд. Лассан аз ин пеш дар ҳайати дастаҳои “Арсенал”, “Челсӣ”, “Портсмут”-и Англия ва “Реал”-и Испания бозӣ кардааст. Ӯ дар ҳайати тими миллии Фаронса 28 маротиба ба майдон баромадааст.
Бернштейн: “FIFA Иттиҳоди Шӯравиро ба ёди ман меорад” Дэвид Бернштейн, собиқ роҳбари Ассотсиатсияи футболи Англия аз зарурати бойкот намудани Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2018 гуфтааст. Қарор аст ин мусобиқа дар Русия баргузор шавад. Ба қавли Бернштейн, танҳо бо ин роҳ мешавад FIFA-ро маҷбур кард, ислоҳоти зарурӣ гузаронад. “Фикр мекунам, Англия дар ҳамкорӣ бо UEFA тамоми шонсро дорад, ки ба созмони Блаттер таъсир гузорад. Аммо барои ин бояд масъалаи бойкоти мусобиқаи қаҳрамонии оянда гузошта шавад. Агар ман роҳбари Ассосиатсияи футболи Англия мебудам, дигар аъзои UEFA-ро барои дастгирӣ даъват мекардам. Бояд аз гуфтан
бозистод ва амал кард. FIFA ба ёди ман Иттиҳоди Шӯравиро меорад: агар одамон эътироз кунанд, ба фишор рӯбарӯ мешаванд”, гуфтааст ӯ. Берншейн, ҳамчунин дар мавриди Қатар, ки мизбони Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2022 хоҳад буд, андешаронӣ кардааст. Вай тасмими FIFA дар мавриди ба ин давлат додани ҳаққи баргузории мусобиқотро нокомтарин дар таърихи варзиши ҷаҳонӣ хондааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
Ин нахустин бохти муштзани Булғория мебошад. Пулев, ки дар 20 сабқат 20 маротиба дастболо шудааст, бо Кличко барои унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни мутлақ қувваозмоӣ кард, аммо дар даври 5-ум аз як зарбаи дасти чапи Кличко ба фарш “нақш баст”. Бо ин зарба Владимир Кличко теъдоди пирӯзиҳояшро дар бокси касбӣ ба 63 адад расонд, ки аз он 54-тояш нокаут мебошад. Ӯ дар маҷмӯъ се бохт дорад.
Музди миёнаи маоши футболбозон дар чемпионати Русия 908 ҳазор фунт стерлинг, баробари 67 миллион рубл будааст. Дар ин бора “Спорт-Экспресс” хабар додааст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
14
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ХАЙРАНДЕШ
Парчами мо Тоҷикистон, Тоҷикистон, Парчамат бодо парафшон! Парчами мо - парчами иқболи мо, Парчами иқболу истиқлоли мо. Ваҳдати миллӣ шавад бо он баланд, Ҷовидон монад баланду бегазанд. Тоҷикистон, Тоҷикистон, Парчамат бодо парафшон! Ранги сурхат - ҷонфидоиҳои мо, Дар сафедаш - қисмати фардои мо. Тоҷу ҳафт ахтар - ба ҳам дар иттиҳод. Ранги сабз - армони сабзу эътиқод. Тоҷикистон, Тоҷикистон, Парчамат бодо парафшон! Кишвари мо сарбаланди олам аст, Ваҳдати миллии мо мустаҳкам аст. Миллати мо зери Парчам бо ҳам аст, Сарфарозиҳои мо бо Парчам аст. Тоҷикистон, Тоҷикистон, Парчамат бодо парафшон! Байни парчамҳои дунё ҷовидон, Парчами мо ҳам баланд андар ҷаҳон. Ҷонфидову ҷоннисори кишварем, Чун Ватан онро муқаддас бишмарем. Тоҷикистон, Тоҷикистон, Парчамат бодо парафшон!
Ливои мо
Давлат САФАР
Нишони эҳтироми мо, Ливои мо, Шукӯҳи нангу номи мо, Ливои мо, Ба олами фазои сулҳу дӯстӣ, Кабӯтари паёми мо, Ливои мо Ба фатҳи қуллаи муроди наслҳо, Умеди бардавоми мо, Ливои мо. Ба саҳфаи сафеду сабзу сурхи бахт, Нишони сад каломи мо, Ливои мо. Ҷилои бахту нури ифтихори дил Бувад ба рӯи боми мо, Ливои мо. Ба пешвозу эҳтироми дӯстон Шаҳодати саломи мо, Ливои мо. Ба рангҳои ӯ зи меҳр ҷилва аст, Чу рӯймоли моми мо, Ливои мо. Ба саҷдагоҳ шукр гӯй аз итфтихор, Ба ҷонамози номи мо, Ливои мо.
Парчами Ватан
Ливои Ватан
Ало баҳор ҳамватан, Бидон, ки кӯҳзодаӣ, Зи қавми Ориён туӣ! Чу кӯҳсори хештан ҳамеша бовиқору устувору сарбаланд бош, Ба мисли рафтагони худ банангу арҷманд бош! Ки кӯзода ҳеҷ гаҳ, ба пеши ҳеҷ кас Сари баланд хам намекунад. Зи баҳри нафс обрӯву шаън кам намекунад. Фақат ба саҷда меравад Барои фарзу қарзи он Худои меҳрубони худ, Ва ё ба пеши марқади бузурграфтагони худ. Ба пеши ҷадду модаре, ки пок парваридаанду фазл додаанд, Варо ба нангу ору ориёна зодаанд. Фақат ба саҷда меравад ба номи поки Аҳмаду Самад, Ба пеши чашмае, ки оби пок ошамад! Ало ба меҳр ҳамватан, Бидон, ки кӯҳзода ҳеҷ гаҳ Зи меҳр лофи бешу кам намезанад. Зи меҳри тифлу қавми хеш ифтихор мекунад, Вале зи дӯстдориҳо-ш дам намезанад! Агар, ки бӯса медиҳад, Фақат ба шаҳкитоби қудсии Худои бениёзи хеш, Ба рӯи ҷонамози хеш, Ба мушти хоки поки Меҳани азиз, Ба хоки марқади бузурграфтагон, Ба рӯи сурхи нони пок низ… Ва ҳар чиро муқаддас аст, бӯса медиҳад! Ало ба меҳр ҳамватан, Агар ки кӯҳзодаӣ, Агар зи қавми Ориён туӣ, Азиз дор он чиро муқаддас аст. Ба эҳтироми парчами Ватан, Ба пешвои тоҷикон Бо саҷда ба пойи он. Ки рамзи рӯи сурху нузҳати сафеди мост, Нишон зи ормони сабзи Ориён, Нишон зи тоҷи хусравонаи ба фар чу моҳи шеди мост. Чу пешвои тоҷикон Фақат ба пойи парчами Ватан ба по бизан, Варо ба мисли ҷонамози пок, Мисоли домани бузургмодарон Чу шаҳдирафши ковиён Бибӯсу дар ду дида ҳамчу тутиё бикун! Барои итттиҳоди қавми поки Ориён Суруди миллии азизро ба меҳр дар наво бикун, Барои бегазандияш, Барои сарбаландияш Дуо бикун! Дуо бикун!
«ВИТИКС» – ГЕЛ ВА ТАБЛЕТКА - ВОСИТАИ БОЭЪТИМОД БАРОИ ТАБОБАТИ ВИТИЛИГО (ДОҒҲОИ САФЕДИ ПӮСТ)
e-mail: javonontj@mail.ru
Бузургмеҳри ҲАКИМ
Сафар Аюбзодаи МАҲЗУН
«Витикс» - гел ва таблетка воситаи хеле хуби барқароркунандаи меланин дар ҳуҷайраҳои аз витилого осебдида буда, паҳншавии витилиго-ро дар пӯст пешгирӣ менамояд. Пӯсти сафедшударо табобат ва барқарор мекунад. Муддати табобат то 6 моҳ буда, шахсоне, ки бо ин беморӣ зиёда аз 5-10 сол гирифторанд, муддати табобати он то 1,5 сол давом мекунад. Тарзи истифода: «Витикс» гелро дар як рӯз ду маротиба ба қисмҳои пӯсти сафедшуда (бо шоткачаи дар даруни қуттибуда) мемоланд. Ягон хел маҳдудият ва таъсири манфӣ надошта, ба ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Барои тезтар ва пуртаъсир гаштани табобат бояд «Витикс» таблеткаро ҳам истеъмол намоед: 1 таблеткагӣ дар як рӯз 1 маротиба дар соати дилхоҳ. Истифодаи ин таблетка ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то 10-сола манъ аст. «Витикс» гел ва таблетка инқилоб дар соҳаи дерматология аст! Нархи фурӯш: 280 то 320 сомонӣ буда, аз дорухонаҳо ё бо телефонҳои 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) дастрас карда метавонед. Истеҳсоли Фаронса. www.vitix.ru, e-mail: sales@vitix.ru
Ман ливои ин Ватанро Он даме, ки шед месозад тулӯъ, Дидаам. Ман Суруди миллиашро Аз забони булбулон бишнидаам. Ранги сурхи Парчами мо чун шафақ Ёд меорад зи хуни он нафарҳое, ки андар Роҳи Истиқлоли миллат рехтанд, Риштаҳои бандагӣ бигсехтанд. Ранги испедаш Қуллаҳои сарсафед аст. Ин нишони он бувад, ки сарбаландем, Равшан аст имрӯзи мо, ояндаи мо. Дар канори давлати пояндаи мо. Ранги испедаш Даштҳои сабзу хуррам, Бал далели навбаҳору гулшукуфти миллат аст, Рангҳои парчами мо Ранги бахту ранги файзу нусрат аст… Чун саҳар ин шоҳкории табиатро бидидам, Шод гаштам, Ногаҳон омад ба гӯшам Нағмаҳои булбулон, Гӯиё гӯянд бар мо: «Шод бошу шукр кун, эй халқи тоҷик, Дар диёри файзу эҳсон. Дар диёре, ки ливояш ҳамнишини кавкаб аст, Ҳамчу боли он ҳумое, к-аз азал Дар сари миллат фитода сояаш, Парфишон рӯзу шаб аст. Дар диёре, ки Нишонаш ҳаст аз тиллои ноб, Медурахшад гарчи дар зери шуои шед, Лек бошад худ ба мисли офтоб. Офтобе, ки намояд равшанӣ бар ҳарфҳои Бахтнома, То ки баъди хонданаш Қалбҳо банданд бар ояндаи рахшон умед. Он ҳама даҳ сураву сад ояташ, Бо Суруди миллиаш вирди забони мост, Тоҷикистони азиз “Чун баҳори бе хазони мост”. Баъди дарки ин суханҳо Бар Ватан ман рӯй овардам, Ҷонамози худ бигуфтам сабзаи покаш, Ҳамчу як меҳроб хондам кӯҳҳоро, Рӯй молидам ба хокаш, Саҷда кардам, шукрҳо гуфтам Худоро.
«ГАЛЕГА-НОВА» - ФИТОМАҶМӮИ НАВ БАР ЗИДДИ ДИАБЕТИ ҚАНД!
«ЗОЛОТОЙ КОНЕК» - ЯК ТИР ДУ НИШОН!
«ГАЛЕГА-НОВА»-ро барои табобати бемориҳои диабети қанди дараҷаҳои 1-2 ва пайтаъсирҳо (осложнение)-и он истеъмол менамоянд. Ҳамзамон барои таъсири диабети қанд ба чашмон, гурдаҳо, пойҳо, шаклҳои гуногуни фарбеҳӣ, бемории варикозӣ истифода мешавад. Шахсони бо инсулин вобаста ҳам метавонанд истифода баранд. Сатҳи глюкоза ва холестеринро дар хун паст мекунад. Ҳангоми истифодаи он метавонед истеъмоли доруҳои кимиёиро бамаротиб кам намоед. Истеъмол: дар як рӯз 3 бор якқошуқчагӣ, 20-30 дақиқа пеш аз хӯрок дар 100 мл. об омехта, нӯшед. Давомнокӣ 30 то 90 рӯз, танаффус 30 рӯз ва боз метавонед давом диҳед. Безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба номгӯи «100 маҳсулоти беҳтарини Русия» дохил шудааст. Нархи фурӯш 38 сомонӣ. Аз дорухонаҳо харидорӣ намоед.
«Золотой конёк»-ро барои барқарор намудани эрексия; афзоиши рағбати шаҳвонӣ ва тобоварии шаҳват; тақвияти мукаммалӣ ва равшании эҳсоси шаҳват; ба меъёр даровардани ҳаёти ҷинсӣ истифода мебаранд. «Золотой конёк» маҷмӯи гиёҳҳо буда, ба беҳтар гардонидани вазъи простатит ҳам таъсири хуб мерасонад. Дар кафедраи урологии Академияи тиббии Русия ва дигар муассисаҳои бонуфуз аз санҷиши аъло гузаштааст. Тарзи истеъмол: 2-таблеткагӣ 1-2 маротиба дар як рӯз ҳангоми хӯрок. Нархи фурӯш: 140 сомонӣ.
Касе, ки мўи пурпечутоб дорад …мат, яроќи оташфишон
Лутфулло ..., актёри тољик
Луч, урён
I, унсури кимиёвї
Шањодати њаќиќат будани чизеро додан
… шудан ба душман ... ѓарибї љон ба сахтї медињад мискин Камол
Тамом, пурра Махлуќи афсонавї
Дзюдочї Расул …
Хунукзада
Калиди автоматикии барќ
Писари таѓо
Актёри итолиёї, «Блеф», «БингоБонго»
Муолиља, даво Гандуми суда
Тухм
Мотам
Душман
Шахси ночор
Дарди захми сўхта Намуди варзиш бо тўб
Њиссачаи тасдиќии китобї
Роман ..., соњиби тими «Челси»
Доруи сурх барои љароњат
«Ѓарб» бо забони бањрнавардон
Ѓам, Ранљу ѓам Забони волидон барои фарзанд
Љаноби эронї
Маѓозаи айнакфурўшї
Муќобили «арзон»
Хушќадам
Пойтахти давлат дар Амрикои Шимолї
Дастаи варзишгарон
Вобаста, рољеъ
Матои кўрпа ва пардаворї
... Назаров, сароянда Наттоќ, гўянда (русї)
... и Берунї
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
Ќањрамони бадафти асари Гюго
Асоси сигор
... Муњаммадљонов, актёри тољик
Тамѓаи намаки майда
фарзанди … балои љон
Оштї, мусолимат
Боњаловат
Асбоби калони ба скрипка монанд Пойафзол бо номи фаронсавї
Њуљум Зеб, зинат, зевар
Сиришк
Додар (лањља)
Алишер …, шоири узбак
Нидои њайрат
Пули Корея Охири номи њамаи давлатњои Осиёи Миёна
Гандумгин
Дилноза …, сарояндаи тољик
Паррандаи мавсимї Хушбахт, саодатманд
Парњои хурд
Касалии сафедшавии пўст
Сутун, поя
Ороёфта
Шањр дар љазираи Сахалин
Рамзи шоњї
Зафар ..., устоди санъат
Ноњия дар Кўлоб
Зоти мори печон
«Агроинвест…» Хуб, зебо, дилкаш
Воњиди пулии Љопон "Лисон-... -тайр"
… Шанел, моделер, духии занона
Сафар… - ќањрамони ЉБВ
… Шокирова, овозхон
e-mail: javonontj@mail.ru
Давлат дар Африќо
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9369), 20 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Духтар ба дӯстписараш: - Ба ту ду хабар дорам: якеаш хубу якеаш бад... - Хуш... - Ман туро тарк мекунам. - Хабари бадат чӣ аст?
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
Модар ба Салими хурдсол: - Ҳар бор ки маро ғам медиҳӣ, як тори мӯям сафед мешавад. Салим ба ҷониби бибияш нигариста: - Очаҷон, худат бибиямро хуб ғам дода будаӣ-а?
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
***
Аз хонандаи мактабе мепурсанд, ки чанд забон медонӣ. Ҷавоб медиҳад: - Англисӣ, арабӣ, русӣ, хитоӣ, узбакӣ, қирғизӣ, қазоқӣ. Ҳама дар ҳайрат мемонанд. Мепурсанд: - Канӣ бо англисӣ ягон чиз гӯй. - Ман гап зада наметавонам, пурсидед, ки чанд забон медонӣ, гуфтам.
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот), (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
***
Наврӯз ҚУРБОНОВ
Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 7940 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Духтараки 5-сола ба падараш мегӯяд: - Дада, 20 сомонӣ диҳед, мегӯям, ки дар набудани шумо очаам бо кӣ хоб мерафт. Падараш зуд 20 сомонӣ бароварда: - Мана, гир... Бо кӣ хоб мерафт?! - Бо ман!
НИМШУХИЮ НИМҶИДДӢ
Пули об
Ҳаво хеле гарм шуд. Дар корхона «ремонт» гӯён қубурҳои обро ҳам маҳкам карданд. Болои ҳамаи ин, ҳавополи утоқи кориро чӣ балое зада буд, ки ҳаворо салқин намекард. Бесаброна анҷоми корро интизор шудам. Аз ташнагӣ (ман обу нӯшокиҳои сарироҳиро истеъмол намекунам) ҳалқам қоқ шуд. Аз сару рӯям беист арақ мешорид ва аз ҳавои гарм базӯр-базӯр нафас кашида, худро бо азобе ба хона расонидам. Хушбахтона, дар хона ҳеҷ кас набуд. Ҳамсарам дар меҳмониву кӯдакон дар ҳавлӣ машғули бозӣ буданд. Зуд либосҳоямро кашидаму ҳаммом даромадам. Кушодани мурувати қубури об ҳамон буду фашшос зада, овоз бароварданаш ҳамон. Аз садову овози дилхарош як қад парида, ба “суроға”-и обу обдор ҳақоратҳои “коғазпеч” фиристодам. Аз қубур ду-се бор тап-тап гӯён садо баромаду якбора овозаш гирифт. Аммо аз оби хунуки ташнашикани деринтизор дараке набуд. Акнун ғур-ғури занак ба ёдам омад, ки чанд моҳ пеш аз набудани обу вайрон шудани қубур шикоят мекард. Аз ҳаммом баромада, ба ошхона гузаштам. “Болои сӯхта намакоб” чойник ҳам чой надошт. Як сӯ қаҳру ғазаб, як сӯ ташнагӣ азоб медод, намедонистам чи кор кунам. Дар ҳамин вақт садои кӯфтани дар баланд шуд. Фикр кардам, ки ҳамсар ва ё духтарчаам омадааст. Дарро кушода, ҷавони хароби муаллимнамоеро дидам, ки арақҳои рӯяшро бо рӯймолчаи дасташ пок карда, ҷиддӣ сӯям менигарист. Бо аломати «чӣ мехоҳӣ?» сӯяш нигаристам. - Ако, ман аз «Водоканал»... Шумо аз об яксола қарздоред. Бояд қарзро пардохт кунед, гуфт канда-канда. - Ҳозир, як дақиқа... - гуфтаму дарро нимроғ монда, ба ҳаммом рафтам. Аз он ҷо 2 сатили холиро гирифта, баргаштам. Сатилҳоро ба ҷавон дароз карда, гуфтам: - Ҳар сатилаш 50 дирам. Об биёр, ҳозир пулашро нақд медиҳам... Ҷавон қаламашро мобайни дафтар ва дафтарро таги кашаш гузошта, бо тааҷҷуб ба ман нигарист. - Нафаҳмидам, ако... Ман ҳам худро ҷиддӣ вонамуд карда, гуфтам:
***
- Додар, якуним сол шуд, ки ба ошёнаи 5-ум об намебарояд. Мо обро аз поён бо сатил мекашонем. Акнун бигӯ, ки қарзи кадом обро пардозам? Ӯ вазъиятро пай бурд магар, ки дар лабонаш аввал табассум ҳувайдо гашт, пасон якбора баланд хандид. Пасон, оби чашм ва арақи сару рӯяшро бори дигар тоза карда: - Ако, бо ин ҷавобатон, дигар барои пули об даратонро намекӯбам. Зинда бошед... - гӯён рафт. Ӯ ба ваъдааш вафо кард. Соли дуюм аст, ки касе барои пули об моро ташвиш намедиҳад... Ашрафи АФЗАЛ, “ҶТ”
Як сатил об - 50 дирам
Дар кӯча. Ҷавон: - Духтараки нағз, бӯса бар ивази 50 доллар розӣ намешавед? - Э, рав-е, девонаӣ? Не! - Илтимос мекунам! Маро фаҳмед, ман ба пул зиёд эҳтиёҷ дорам.
***
Салими хурдсол аз падараш мепурсад: - Ота, мардак кӣ аст? - Мардак касеро мегӯянд, ки бақуват аст, оилаашро дӯст медорад, муҳофизат мекунад. - Манам мехоҳам, ки ранги очам мардак бошам.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Муҳри гумшудаи хоҷагии “Бобои Бобохон”-и ноҳияи Қубодиён эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи шаҳрванди Афғонистон Мирҳабибулло Умед, ки онро соли 2012 Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон додааст, эътибор надорад.
Қатъи фаъолият
Соҳибкори инфиродӣ Сафаров Алишер (РЯМ 2130008192), ки соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Расулов Сайфулло Тошпулотович (РЯМ 2130003178), ки соли 2010 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.
ҲАМДАРДӢ
Кормандони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба сардори Раёсати молияи ноҳияи Фирдавсӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил хоҳонанд.