Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
1
№48 (9370),
27 ноябри соли 2014
АМАЛИЁТ
ТАСМИМ
Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис меёбад
25 ноябр Президенти кишвар як қатор қонунҳоро ба имзо расонид. Аз ҷумла, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бо мақсади таҳкими минбаъдаи иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, ҳалли масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, мусоидат ба дастгирии давлатии ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо равона гардида, ҳамзамон, дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Шӯрои миллии кор бо ҷавононро пешбинӣ менамояд.
ҲАМКОРӢ
Сафари расмии Милош Земан ба Тоҷикистон Милош Земан, Президенти Ҷумҳурии Чех шоми 25 ноябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Маросими расмии истиқболи Милош Земан аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, Президенти мамлакат дар Қасри миллат сурат гирифт. Мулоқоти як ба яки сарони давлатҳо, музокирот бо ҳузури ҳайтаҳои ҳар ду кишвар, имзои санадҳо ва изҳороти матбуотии сарони ҳар ду кишвар низ дар Қасри миллат баргузор шуд. Милош Земан дар Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузори ду кишвар низ иштирок хоҳад кард.
ПАРЛАМЕНТ
Ҳайати парлумони кишвар ба Русия рафт
“Биёед, китоб мехонем!”
26 ноябр ҳайати парлумонии кишвар таҳти роҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард. Ҳайат дар ҷаласаи шӯро ва Иҷлосияи чилуякуми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, кори комиссияҳои доимии он, инчунин, чорабиниҳои Ассамблеяи парлумонии СПАД ва Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок менамояд.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2015
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
2
АМАЛИЁТ
РУШДИ ТУРИЗМ
“Биёед, китоб мехонем!” 23 ноябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дар Боғи устод Рӯдакӣ амалиёти навбатии “Биёед, китоб мехонем!” доир гардид.
Дар он 2500 китоб ва 1000 нусха рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба хонандагон ройгон тақсим шуд. Умуман, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар аз 10000 китоб ҷамъ оварда, ба қисмҳои низомӣ, муассисаҳои ислоҳи ҷазои ҷиноятӣ ва китобхонаҳои деҳаҳои дурдаст тақдим кард. Ин дуюмин амалиёти китоб дар соли равон аст, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баргузор намуд. Амалиёти нахустини “Биёед, китоб мехонем!” моҳи августи соли равон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҷавонон роҳандозӣ шуда, ба меҳмонону сокинони пойтахт ва наврасону ҷавонон 1000 адад китобҳои гуногуни бадеӣ ва 1000 нусха рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» тақсим шуд.
Эҳёи туризми экологӣ Чанде пеш дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Эҳёи рушди туризми экологӣ бо мақсади беҳдошти сифати зиндагии аҳолии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва коршиносони байналмилалии соҳаи сайёҳӣ ба масъулини Раёсат, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва устодону донишҷӯёни риштаи туризми Донишгоҳи давлатии Хоруғ маърӯза намуданд. Ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи туризм дар ҷодаи эҳё ва рушди туризми экологӣ гуфта шуд. Зикр гардид, ки ВМКБ бо манзараҳои зебои экологиву таърихӣ ва кӯҳию варзишӣ ҷолиби диққати сайёҳон буда, айни замон дар вилоят 12 ширкати туристӣ, зиёда аз 55 хонаи хурди меҳмонон, 4 осоишгоҳи табиӣ ва 16 меҳмонхона дар хизмати сайёҳон мебошанд. Чунин семинар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон низ баргузор шуд. Дар он намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва масъулону донишҷӯёни риштаи туризми ДДҚ ширкат намуданд.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт зери шиори «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистонам» бо наврасону ҷавонон мулоқот намуд. Ҷалолиддин Нуров зимни мулоқот оид ба таърихи Парчам ба ҳозирин иттилоъ дод. Ӯ аз партавафшон шудани балантарин Парчам дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, ин иқдомро баракати истиқлолият ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ кард. Аз ҷавонон даъват ба амал
овард, ки Парчами давлатро ҳамчун муқаддасот ҳифз ва ҳамеша барои боло бардоштани он дар арсаи ҷаҳон кӯшиш намоянд. Зимни мулоқот наврасону ҷавонон дар васфи Парчам, Ватан, истиқлолият шеърҳо қироат карданд.
Омодагӣ ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи сентябри соли 2015 3000-солагии Ҳисори Шодмон ҷашн гирифта мешавад. Баҳри тезонидани раванди корҳои тозагию ободонӣ 2 июни соли равон бо қарори раиси ноҳияи Ҳисор Усмон Сабзов «450 рӯзи ободонӣ» эълон гардид. То ин ҷашни бошукӯҳ соҳибкорони ноҳия 191 иншоот ва сокинони ноҳия тариқи ҳашар 29 иншоот хоҳанд сохт. Рӯзҳои истироҳатӣ дар маҳаллаҳо бо мақсади ободонӣ ва пок нигоҳ доштани муҳити зист ҳашару шанбегиҳо ташкил карда мешавад. Ҳафтаи сипаришуда сокинони маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ҷамоати шаҳраки Ҳисор ба ҳашар баромада, атрофи хонаҳои истиқоматӣ, ҷӯй ва кӯчаву роҳравҳоро тоза намуданд. Соҳибкори саховатпеша Ҳоҷӣ Қурбонмурод Неъматов барои таъмири кӯчаи марказии маҳалла 10 тонна мум ҳадя кард. Кормандони бозори «Само»-и ноҳия бо сарварии М. Солеҳов ба сокинони маҳалла дар мумфарш кардани роҳ кӯмак расониданд. - Ҷашни 3000-солагии Ҳисор торафт наздик мешавад, - мегӯяд раиси маҳалла Роҳат Акрамова. - Мо - сокинони ин диёри бостонӣ бояд дар омодагӣ дидану сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни бошукӯҳ фаъол бошем. Зеро ин санаи муҳим дар мувофиқа бо ЮНЕСКО баргузор шуда, барои ширкат дар таҷлили он меҳмонони зиёди ватанию хориҷӣ меоянд. Аз ин рӯ, мо кӯшиш мекунем, ки кӯчаю хиёбон, маҳаллаву гулгаштҳо доимо тоза бошанд. Зеро меҳмонон ба вазъи тозагии
маҳаллаҳо нигариста, ба маданияти мо баҳо медиҳанд. То ин дам ҳар ду партовгоҳи маҳалла тоза карда шуда, партовқуттиҳои оҳанӣ насб гардид. Бо фарорасии фасли баҳор дар
ҷойҳои холӣ ниҳоли дарахтони сояафкану мевадор ва гул шинонида хоҳад шуд. С. АМИНИЁН, “ҶТ”
КИТОБҲОИ НАВ
Навгонӣ дар адабиёт
Бо тавсияи Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва дастгирии раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ маҷмӯаҳои шеърҳои ду шоири наврас Бузургмеҳри Ҳаким бо номи “Сапедадами орзу” ва Кароматуллоҳи Имомалӣ бо номи “Шукуфаи хаёл” ба нашр расид. Бузургмеҳри Ҳаким хонандаи мактаби миёна буда, “Сапедадами орзу” нахустин маҷмӯаи ашъораш мебошад, ки моломол аз сапедаи орзуҳои наврасии ӯст. “Қадамҳои нахустинаш аз қобилияти баланд ва эҷодкории хосааш дарак медиҳад. Бе рӯю риё бояд гуфт, ки бо ҳама фурӯ рафтанаш ба шеъри бузургони сухани порсӣ, истеъдоди зотиаш ӯро ба тоза гуфтан во медорад”, - навиштааст Давлати Раҳмониён дар пешгуфтор. Кароматуллоҳи Имомалӣ низ хонандаи мактаби миёна буда, “Шукуфаи хаёл” нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯст. Гирудори шоири ҷавон дар ҷодаи ҳунари бадеӣ аз ояндаи дурахшони ӯ дарак медиҳад. Сабки эҷодаш равону дилчасп аст ва фасоҳати баён дар суханаш эҳсос мешавад.
КОНФРОНС
Ифтихор аз дӯстӣ дорем мо Ҳафтаи сипаришуда дар муассисаи таълимии №10-и ноҳияи И. Сомонии пойтахт конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти унвони “Ифтихор аз дӯстӣ дорем мо” баргузор гардид. Директори мактакби мазкур Мақсуда Муродова иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сар то сари ҷумҳурӣ 600-солагии шоир, олими соҳаи забон, мусиқӣ ва нуҷум, адиби маъруфу машҳур Абдураҳмони Ҷомӣ таҷлил мешавад. “Ҳар боре сухан дар бораи Мавлоно Ҷомӣ меравад, пеши назар шоири бузурги ӯзбек А. Навоӣ падидор мешавад. Ҷомиву Навоӣ дар давоми фаъолияташон нафақат устоду шогирд, балки дӯст ва рафиқи ҳамдам буда, муносибати онҳо чун падару фарзанд буд”, - афзуд М. Муродова. Шоир ва рӯзноманигор Сулаймон Эрматов, номзади илми филологӣ Бобоҷони Ҳабибулло ва дигарон суханронӣ намуда, нисбат ба дӯстии ду миллат ва ду мутафаккири бузург ибрози андеша карданд.
Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
Сафарбаркунии ҳоҷиён намунавӣ буд Ҳафтаи сипаришуда аз расонаҳои хабарӣ хушхабаре хондем, ки Вазорати ҳаҷ ва авқофи шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳайати ҳоҷиёни тоҷикро барои низому тартиботи намунавиашон миёни 34 кишвари Осиё сазовори ҷойи якум донистааст. Мо, ки имсол шоҳиди дар сатҳи баланд ташкил намудани сафарбаркунию хизматрасонӣ ба ҳоҷиёни тоҷик будем, баҳои мазкурро ҳаққонӣ мешуморем. Ду сол боз бо ибтикори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо ҳоҷиён пеш аз сафар давраҳои омӯзишӣ доир мешавад. Роҳбаладон ба зоирон дар баробари ёд додани одоби зиёрат, инчунин, оид ба одоби муошират ва рафтор дар меҳмонхона ва маконҳои муқаддас низ маълумот медиҳанд. Соли равон ҳоҷиёни ноҳияи Ҳисор дар масҷиди марказии ноҳия ҷамъ шуда, мувофиқи руйхат ба автобусҳо нишаста, рост ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рафтанд. Ин усул барои ҳоҷиёну гуселкунандагон хеле қулай буда, пеши исрофкорию ҷамъ шудани мошини бисёр дар фурудгоҳро мегирад. Солҳои пеш ҳоҷиён баъди 2-3 соати ба фурудгоҳҳои Арабистон расидан аз марз мегузаштанд. Имсол бинобар ташкили хуби низоми корӣ дар зарфи як соат аз марз гузаштанд. Хизматрасонии автобусҳо хеле бонизом буд. Аз фурудгоҳи Ҷидда то Маккаи Мукаррама ва аз меҳмонхона то Масҷидулҳаром (Хонаи Каъба) автобусҳо ба дараҷаи олӣ хизмат расониданд. Меҳмонхонаҳо замонавӣ буда, се вақт бо хӯрок ҳоҷиёнро таъмин карданд. Нисфирӯзӣ ба ҳоҷиён ду намуд хӯрок медоданд. Дар водии Мино ҳоҷиён бо кӯрпачаю болишт ва рӯйпушҳо таъмин буданд. Ҷобаҷогузории ҳоҷиён аз рӯи реҷаи парвоз гузашт, ки мавриди писанди ҳоҷиён қарор гирифт. Ҳангоми аз Арафот ба Муздалифа овардани ҳоҷиён низ навигарӣ дида мешуд. Соли ҷорӣ аз Арафот аввал мардонро ба Муздалифа оварда, дар қисматии болои он ҷойгир намуданд. Сипас, занонро дар автобусҳои алоҳида оварда, дар қисми поёни Муздалифа ҷой доданд. Зеро сӯбҳи рӯзи ид аввал занҳоро, ки дар наздикии дарвоза ҷойгир буданд, ба водии Мино бурданд. Дар водии Мино ҳар рӯз се вақт ба ҳоҷиён хӯроки гарм дода шуд. Масъули ҳоҷиён дар Мино Дилшод Асроров корро хеле хуб ба роҳ монда буд. Ҳоҷиёнро аз шаҳри Макка то Мадина ва баръакс бо автобусҳои замонавию бароҳат бурданд. Масъули меҳмонхонаи «Бофил» дар Макка Сафарбек Шарифов хизматрасониро дар меҳмонхонаҳо хеле хуб ташкил кард. Дар як ошёна пурра занон ва дар ошёнаи дигар мардон ҷо гирифтанд. Дар шаҳри Мадинаи Мунаввара меҳмонхонаи мо аз Масҷиди Набавӣ ҳамагӣ 200 метр дур буд. Ҳангоми бозгашт низ мо дар фурудгоҳҳо ба ягон мушкилӣ дучор нашудем. Сифати хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавонавардии «Тоҷик эйр» ва «Сомон эйр», инчунин, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ нисбат ба солҳои пеш хуб буд. Дар ташкили дурусти кор, пеш аз ҳама, саҳми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Абдураҳим Холиқзода, муовинони раиси кумита Тоҷиддин Асомиддинзода ва Азизулло Мирзозода хеле зиёд аст. Мо боварӣ дорем, ки минбаъд низ сафарбаркунии ҳоҷиён дар сатҳи баланд сурат гирифта, Тоҷикистон мақоми пешсафиро аз даст намедиҳад. Умриддин АМИНОВ, Абдурашид ШОЕВ, Азалшо ШАРИФОВ, Манзаршо БИЛОЛОВ, роҳбаладони ҳоҷиёни ноҳияи Ҳисор
3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ҲАҶ-2014
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБОДОНӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
4
НИГАРОНӢ
Хазон бояд порӯ шавад
ҚАДРДОНӢ
Ҳар сол дар фасли тирамоҳ мавсими хазонрезӣ оғоз мегардад. Дар ин давра аҳолиро ҷамъшавии хазони зиёд ба ташвиш меорад. Аксарият шояд аз надонистани таъсири манфии он хазонҳоро оташ мезананд. Аммо бо ин роҳ нобуд кардани барги дарахтон дуруст нест. Дуди он ба саломатии инсон зарар дорад. Тоза кардани гирду атроф аз хазонҳо роҳҳои зиёд дорад. Масалан, дар давраҳои пеш бобоёни мо барги дарахтонро ба ҷойҳои махсус гӯронида, пас аз муддати муайян онро ҳамчун порӯ дар заминҳои кишт истифода мебурданд. Мутаассифона, чунин анъанаҳо аз байн рафтааст. Имрӯз бисёриҳо хазонҳоро ҷамъ карда, оташ мезананд, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми оташ задан ҳама гуна моддаҳои зарарноке, ки барг дар давоми сол ба худ ҷамъ оварда буд, хориҷ мешавад. Дуди он ҳамаи элементҳои радиоактивиеро, ки дар таркиб дошт, хориҷ менамояд. Онҳо ба организми инсон ворид гардида, ба саломатӣ зарар мерасонанд. Дуди хазон, махсусан, ба шахсони гирифтори бемориҳои роҳи нафас хеле хатарнок аст. Дар ҳавои кушод сӯзонидани баргҳо боиси истихроҷи карбогидридҳо, ба монанди бензантратсентҳо, бензофторантрасентҳо, инденопирентҳо
ва бензапирентҳо мегардад, ки ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ доранд. Умуман, дар ҳавои кушод сӯзонидани ҳама гуна партовҳо қатъиян манъ карда шудааст. Барои риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми сӯзонидани партовҳои саноатию маишӣ, ҳамчунин, дар ҳавои кушод сӯзонидани маводи сӯзанда, аз ҷумла, баргҳои хушк мувофиқи моддаи 231-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 1 то 3, ба шахсони мансабдор аз 30 то 40 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст. Барои бартараф намудани чунин
камбудиҳо ва тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера аз тарафи нозирони шӯъбаи ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар даҳ моҳи соли равон барои санҷиши риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», иҷрои пешниҳодҳои додашуда ва ҳолати экологӣ дар 513 объекте, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера вобаста аст, санҷиш гузаронид. Барои бартараф намудани камбудиҳо ба корхонаю ташкилотҳо 870 супориши ҳатмӣ дода шуд. Барои вайрон кардани талаботи қонунҳои зикргардида нисбат ба 559 нафар шахси мансабдор ва шаҳрвандон протокол тартиб ва 434 нафар бо маблағи 67600 сомонӣ ҷарима баста шуд. Дар давоми даҳ моҳ аз тарафи раёсат 58 парванда бо маблағи 22300 сомонӣ ба мақомоти суд ва 24 парванда бо маблағи 3861 сомонӣ ба прокуратура пешниҳод гардид. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пурзӯр намудани назорат оид ба кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба фазои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт, дар асоси нақшаи корӣ дар миқёси вилоят амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Мувофиқи маълумот, аз тарафи мутахассисони шӯъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолияти 24 муассисаи нақлиёти автомобилӣ оид ба паст кардани таъсири моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити атроф, инчунин, мавҷудияти нуқтаҳои назоратию танзимкунӣ, ташкили таъмири системаи сӯзишвории нақлиётҳо санҷида шуд. Инчунин, дар роҳҳо ва дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда 75 маротиба санҷиши нақлиёти автомобилӣ оид ба риояи меъёри стандартҳои давлатӣ гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 900 адад нақлиёти автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба фазои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизел, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа, 105 адад воситаи нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунанда (газӣ СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофтанд. Дар натиҷаи риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ протокол тартиб дода, барои чора андешидан ба ШБДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят фиристода шуд. Раёсати ҳифзи муҳити зист аз ҳамаи ҳамдиёрон хоҳиш менамояд, ки ҳама гуна партовҳоро дар ҳавои кушод насӯзонанд ва хазонҳоро ҳамчун порӯ истифода баранд. Ҳар яки мо бояд баҳри ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани он саҳмгузор бошем! Наргис ОЧИЛОВА, мутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
Журналистони беҳтарини Суғд қадршиносӣ шуданд Оғози соли равон бо ибтикори Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд озмуни беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони «Инсон, замон ва ҷомеа» дар бахшҳои садову симо ва матбуот эълон шуда буд, ки чанд рӯз пеш ҷамъбаст гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар маросими ҷамъбасти озмун Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар ҷомеаи муосир нақши иттилоот ҳамчун як рукни маънавиёт басо муҳим буда, рӯзноманигорӣ яке аз касбҳои бонуфуз ва дар айни ҳол масъулиятталаб ба ҳисоб меравад. “Ҳукумати ҷумҳурӣ ба воситаҳои ахбори умум таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир менамояд. Ҳадафи озмун дастгирии журналистон ва кормандони расонаҳои иттилоотии вилоят, сари вақт таъмин намудани ҷомеа бо иттилооти зарурӣ, хоса бо равандҳои рушду такомули соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, шарҳу тавзеҳи воқеъбинона ва асосноки дигаргуниҳои ҳамарӯза ва муаммоҳои аҳамияти махсуси иҷтимоидошта, ҳамзамон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои доғи рӯз, нерӯ бахшидан ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва худшиносии шаҳрвандон иборат аст”, - изҳор дошт
раиси вилоят. Дар озмун 45 нафар хабарнигори расонаҳои иттилоотии вилоят, инчунин, журналистоне, ки вилоятро дар расонаҳои хабарии марказӣ намояндагӣ мекунанд, ширкат намуданд. Ҳакамон 31 нафарро ғолиб дониста, онҳо бо мукофотпулӣ (аз 1500 то 7000 сомонӣ) тақдир шуданд. Ба 6 нафари дигар мукофотпулии ҳавасмандӣ (ҳар яке дар ҳаҷми 1000 сомонӣ) дода шуд. Аз номи аҳли қалами вилоят журналист ва адиби маъруф Бобоҷон Икромов барои дастгириҳо ба раиси вилоят изҳори сипос намуда, баён дошт, ки минбаъд низ журналистон барои нигориши матолиби мавриди ниёзи мардум ва баррасии муҳимтарин проблемаҳои замон иқдом хоҳанд намуд. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят дар фароварди ҷаласа изҳор дошт, ки минбаъд низ ин иқдоми муҳим роҳандозӣ мешавад. Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»
ДАСТГИРӢ
Кӯмакпулӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ Ҷиҳати дастгирии донишҷӯёни ятиму камбизоат, тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда дар Рӯзи Парчами давлатӣ бо фармони Анвар Мақсудов, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз хазинаи донишгоҳ 545 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид. Ин маблағ ба 658 нафар донишҷӯи тибқи Квотаи президентӣ таҳсилкунанда, 366 нафар муҳассили аз падар ва ё модар маҳрумгашта, 35 нафар маъюб ва 32 нафар ятими кулл, ки дар маҷмӯъ 1091 нафар мебошанд, ба андозаи 500-сомонӣ тақсим шуд. Соли равон ин ҳафтумин кӯмаки раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни камбизоат буда, қаблан дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ба ин табақа 179 ҳазору 681 сомонӣ ҷудо гардида буд.
Ҳафтаи гузашта дар Кохи “Борбад”-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» баргузор шуд. Дар он, ки бо ташаббуси Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва маблағгузории Бонки осиёии рушд (ADB) доир гашт, зиёда аз 40 ширкат, муассиса ва созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Ба гуфтаи Аҳлиддин Убайдуллоев, директори лоиҳаи мазкур «лоиҳа тавассути муассисаҳои хурди молиявии интихобшуда ба хонаводаҳо ва корхонаҳои хурд барои харидану насб кардани таҷҳизоти дастраси энергияи сабз қарз хоҳад дод». - Вазорати молияи ҷумҳурӣ бо дастгирии Бонки осиёии рушд «Фонди маблағгузории сабз»-ро ташкил кардааст, гуфт А. Убайдуллоев. - Бонки мазкур барои амалишавии лоиҳа 8,8 миллион доллар грант додааст. Муштариён бо гирифтани қарз барои сармоягузорӣ дар бахши энергияи каммасрафи хонавода, аз ҳисоби сарфаи энергия пасандоз хоҳанд кард. Ҳаҷми қарз барои ҳар маҳсулоти воситаҳои оқили энергияи сабз, ки аз ҷониби лоиҳа маблағгузорӣ мешавад, метавонад аз 200 то 5000 доллар бошад. Дар намоишгоҳ ҶСШК «Системавтоматика», ТҶ «Замини хурдакак», GIZ, Ташкилоти инноватсионии «Сомон энерҷӣ», Барномаи рушди СММ, “AKTED” фаъолона ширкат карданд. Меҳмонони намоишгоҳ ба нақшаи бомпӯшҳои сарфакунандаи энергия, тирезаҳои дорои шишаҳои дуқабата, дарҳои изолятсияшуда, фаршу сақфҳои нигаҳдорандаи гармӣ, таҷҳизоти офтобӣ ва ғайра аз наздик ошно шуданд. Мо бо чанде аз иштирокчиёни фаъоли намоишгоҳ мусоҳиб шуда, дар бораи аҳамияти ин чорабинӣ андешаҳояшонро пурсидем. Фарзона РАҲИМОВА, намояндаи фонди ҷамъиятии «Манзил барои шаҳрвандон» дар Тоҷикистон (Habitat for Humanity): - Ташкилоти мо аз соли
1999 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Мо ба аҳолӣ доир ба сохтмон машварат мегузаронем, оид ба таъмири манзил маслиҳат медиҳем. Ҳоло вобаста ба амалишавии лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» барномаи «Қарзи сабз»ро амалӣ мекунем. Мутахассисони ташкилоти мо ба он қисми аҳолӣ, ки бо гирифтани қарзи имтиёзнок мехоҳанд манзилашонро бо воситаҳои каммасраф гарм созанд, ёрии муҳандисӣ мерасонанд. Чунончи, аз бомпӯшҳои сарфакунандаи энергия, хиштҳои гарминигоҳдоранда, пешгирии талафи энергияи барқу гармӣ, равшан будани манзил тавсияҳои муфид медиҳанд. Қисми зиёди гармӣ тавассути сақфу бом, дару тиреза ва деворҳои бетонӣ (35%) талаф меёбад. Агар мо бо усулҳои наву озмудашуда дару деворро гарм нигоҳ дорем, ҳам барқ ва ҳам ҳезуму ангиштро сарфа намуда, дар тоза нигоҳ доштани муҳити зист ҳисса мегузорем. Аз тарафи дигар, маблағи пардохти истифодаи барқ ва харидани сӯзишворӣ сарфа мешавад. Мо бо мақсади тарғиб намудани истифодаи усулҳои нави гарму равшан нигоҳ доштани манзил дастурҳои зиёдеро ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба табъ расонидем. Боварӣ дорам, ки намоишгоҳ таваҷҷуҳи ҷомеаро баҳри истифодаи «Энергияи сабз» зиёд мекунад. Қурбонҷон КАБУТОВ, номзади илмҳои техникӣ, директори Маркази тадқиқ ва истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергияи АИ ҶТ:
Тоҷикистон кишвари офтобӣ буда, барои истифода-
барии таҷҳизоти офтобӣ дурнамои хуб дорад. Мо ҳоло ба омӯзиши потенсиали манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ), имкониятҳои истифодабарии манбаъҳои алтернативӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва омода намудани мутахассисон дар ин соҳа машғулем. Корро асосан дар се самт ба роҳ мондаем: тадқиқоти илмӣ, тайёр намудани мутахассисон ва сохтани дастгоҳҳои мушаххас. Таҷҳизоте, ки мо намунаҳояшро сохтаем, дар ягон корхона истеҳсоли теъдоди зиёди онро ба роҳ мондан мумкин аст. Аз ин рӯ, мо ба ҳамкорӣ бо корхонаҳои мамлакат ниёз дорем. То ин дам сохтани танӯрчаи офтобии оддиро ба роҳ мондем. Он нисбатан арзону каммасраф аст. Агар истеҳсоли саноатии он ба роҳ монда шавад, шояд муштариён низ пайдо гарданд. Дар ҷумҳурии мо алюминий
нисбатан арзону дастрас аст. Ин имкон медиҳад, ки дар кишвар чунин таҷҳизот истеҳсол шавад. Як метри квадратии обгармкунаки офтобӣ то сад литр обро 50-70 дараҷа дар тирамоҳу зимистон гарм мекунад. Дар тобистон гармии об то 90 дараҷа ҳам мерасад. Ҳамчунин, дар асоси кремний мо таҷҳизоти офтобии тавлидкунандаи барқро сохтем. Яке аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия биогаз мебошад. То ин дам 6 адад чунин дастгоҳро ба истифода додем. Барои тавлиди биогаз истифода аз оҳану бетон хеле самаранок аст. Ашхоси зиёде дар намоишгоҳ ба ғурфаи мо омада, ба намунаи таҷҳизот ошно шуданд. Умед аст, ки баъди ин намошгоҳ теъдоди истифодабарандагон аз МБЭ бамаротиб зиёд мешавад.
Ҷалил БАТИРШИН, директори генералии Ширкати “ГАЛАН-Мир Тепла”:
Толиб АҲРОРОВ, намояндаи ташкилоти “CESVI” дар ноҳияи Ховалинг: - Мо чанд сол аст, ки дар ноҳияи кӯҳистони Ховалинг барномаи «Паҳн намудани маводи гармнигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии нерӯ барои гармнигоҳдории хонаҳо»-ро амалӣ мекунем. Барои гарм нигоҳ доштани манзил дару тирезаҳои дуқабатаи чӯбин месозем. Ин гуна дару тирезаҳо гармию рӯшноиро ба хона дода, талафшавии гармии дохили манзилро пешгирӣ менамояд. «Печкаи вулканӣ» ҳам гармӣ медиҳаду ҳам дар он нон пӯхта мешавад. Истифодаи «Печкаи вулканӣ» ва «танӯрчаи оҳанин» сӯзишвориро сарфа менамояд. Дар панели офтобӣ тӯли 17 дақиқа оби як чойники се литра меҷӯшад. Барои ин тамоман сӯзишворӣ даркор нест. Баҳри гарм нигоҳ доштани шифт мо аз технологияву масолеҳи махсус истифода мебарем. Таҷҳизоти офтобие, ки мо ба аҳолӣ пешкаш мекунем, аз 1 то 10 кВт барқ тавлид мекунад. Баргузории чунин чорабиниҳо маърифати экологиро баланд бардошта, ба аҳолӣ сарфаю сариштакориро ёд медиҳад. Кишваре, ки мардумаш сарфаю сариштакор бошад, ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Намоиши таҷҳизоти каммасрафу гармидиҳанда
- Ширкати мо аз соли 1996 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар намоишгоҳ вобаста ба 3 самт маҳсулот пешкаш намудем: таҷҳизоти офтобӣ, батареяи офтобӣ, табдили барқи доимӣ ба тағйирёбанда. Мо плёнкаҳои махсусеро дар намоиш гузоштем, ки гармии манзилро нигоҳ медорад. Самти сеюми фаъолияти мо системаи гармидиҳии инноватсионӣ мебошад. Дар шароити имрӯза он аз ҳама арзонтару каммасрафтар ва аз лиҳози экологӣ тоза ба ҳисоб меравад. Аз системаи гармидиҳандаи барқӣ ду маротиба ва аз фарши гарм 4 маротиба арзонтар аст.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
5
ЭНЕРГИЯИ “САБЗ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
6
МУШОҲИДА
Субҳи барвақти рӯзи якшанбе аст. Ҳаво хунук. Назди дари маркази компютерӣ ё интернеткафе се кӯдаки тахминан 10-12сола қарор доранд. Онҳо бесаброна интизоранд, ки кай соҳиби интернеткафе меояд, то ворид шаванд. Ин кӯдакон барои истифодаи интернет намеоянд, балки меоянд, то бозии гурӯҳӣ ё даставӣ кунанд. Баъзан интернет лозим шуд, ба ин ҷо меоям. Бисёр ҷои сермағал асту фарёду фиғон (ва албатта ҳақорату дашноми кӯдакон ба якдигар). Чунин манзара, яъне, дар марказҳои компютерӣ барои бозӣ ҷамъ шудани кӯдаконро дар бисёр маҳаллаҳо дучор омадан мумкин... Як нисфирӯз дари хонаи иҷораи мо тақ-тақ шуд. Кушодам. Пушти дар ҷавони сабзинаи газгушт, дар тан ҷомаи сиёҳ ва дар дасташ як дарза рӯзнома. (Яке аз рӯзномаҳои хусусии кишвар). Ӯ баъд аз сломуалейк ба ман як рӯзнома дароз карду гуфт: - Се сомонӣ супоред! - Барои чӣ? – пурсидам мақсадашро нафаҳмида. Ҷавон дари хонаҳои дигарро ҳам тақ-тақ мекард, то рӯзномаҳои дасташро тақсим кунад. Ӯ, ки баъдтар фаҳмидам вакили маҳалла будааст, бепарвоёна ба саволам ҷавоб дод: - Барои майдончаи “дом” дар ҳамин газит як мақола навиштем. Чоп карданд ва 300 дона газитмон доданд, ки фурӯшем. Бояд суми инҳоро ҷамъ карда, супорем, – ба
Бачаҳои кишвари мо рӯзномаҳо ишора карда, гуфт ӯ. - Набошад, чаро се сомонӣ талаб мекунед? Ин газета худаш як сомониву сӣ дирам аст. (Он шабу рӯз газета ҳамин қадар нарх дошт). - Агар сесомонӣ ҷамъ накунем, пулаш намебарояд. Ними истиқоматкунандаҳои “дом” нестанд. Маҷбурем. Хайр шумо чанд пуле диҳед, мешавад. – гуфт вакил. Аз рӯзнома саҳифаи даркориро кушода дидам. Муроҷиатномаи сокинони маҳалла ба раиси шаҳри Душанбе нашр шуда буд. Дар маҳалла ҷойи майдоне, ки кӯдакон бозӣ мекарданд, нафаре бино сохтанист. Гирду атрофашро, аллакай маҳкам карда буд. Сокинон мехостанд, ки шаҳрдор дахолат кунад, то бачаҳо аз майдончаи бозиашон маҳрум нашаванд. Аз вакили маҳалла пурсидам, ки “оё ин муроҷиатнома масъаларо ҳал мекунад?” Гуфт: - Он тарафаш ба раиси шаҳр вобаста. Мо кори аз дастамон омадаро мекунем... Бо гузашти чанд вақт ҷои майдончаи бозии кӯдакон бино қомат афрохт. Ду, се, чор ва ниҳоят панҷошёна... Воқеан, ҳоло бозори биносозӣ дар пойтахти кишвар хеле гарм аст. Қариб дар ҳар кӯчаву маҳал ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дучор омадан мумкин. Вале бештари ин биноҳо дар ҷойҳое сохта мешаванд, ки аслан ҷойи бозии кӯдакон аст. Сохтани биноҳо хуб аст, чанд кас соҳиби хонаи истиқоматӣ мешаванд, вале аз майдончаҳои бозӣ маҳрум кардани кӯдакон поймол шудани ҳуқуқи онҳост! Тадриҷан ҷойи майдонҳои ва-
сеи байни хонаҳои баландошёнаро деворҳои баланди бетонӣ ишғол карда, кӯчаву гузаргоҳҳо танг шудаанд. Кӯдакон ё миёни чордевори хонаҳо “ҳабсанд” ва ё дар доми мудҳиши бозиҳои компютерӣ гирифтор. Аз онҳо напурсида ҳаққашонро аз дасташон гирифтаем. Эҳтимол, яке аз омилҳои кӯдаконро ба марказҳои бозиҳои компютерӣ ва интернеткафеҳо “қуфл” кардан, аз майдончаҳои бозӣ маҳрум будани онҳо бошад. Ин дар ҳолест ки тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳар як кӯдак ба зиндагӣ ҳуқуқи ҷудонопазир дорад. Давлатҳои аъзои конвенсия зиндагии ҳадди аксар имконпазир ва инкишофи солими кӯдакро таъмин менамоянд. Инчунин, он ҳуқуқ ба зиндагӣ, ба таълим, ҳаққи солим ба воя расиданро кафолат дода, тибқи он бояд ба кӯдакон шароити зиндагии шоиста муҳайё карда шавад. Конвенсияи мазкур соли 1989 қабул шуда, дар баробари 192 давлати узви СММ Тоҷикистон ҳам ба он имзо гузоштааст. Ва ҳар сол 20 ноябр дар дунё Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи кӯдак таҷлил мегардад.
Аз қабули Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак вақти зиёд нагузаштааст, вале аз он замон то имрӯз дар дунё масъалаи ҳуқуқи кӯдакон бештар сарфи назар шудааст. То ҳол дар дунё миллионҳо кӯдак бо гуруснагӣ дасту панҷа нарм мекунанд; ҷисмҳои нозуку маъсуми теъдоди зиёди онҳо дар ҷангҳои беамон пора-пора мешаванд; эҳтиёҷи аввалия ва асосии онҳо – нону об бароварда намешавад; онҳо дар асари оддитарин бемориҳо қурбон мешаванд. Феълан, дар кишварҳои зиёди олам кӯдакон мавриди истисмор қарор доранд. Ҳаводиси мудҳиш ба зеҳну рӯҳи кӯдакон таъсир расонда, ҷароҳатҳои гуногуни равониро ба бор овардааст. Гумон меравад, ки дар кишварҳои ғарбӣ аҳвол беҳтар асту кӯдакон ҳаёти осоишта доранд, аммо не, масъалаи ҳуқуқи кӯдак ва мушкилоти ин қишри ҷомеа дар тамоми давлатҳо қариб якхела аст. Мсалан, касе гуфта наметавонад, ки дар Тоҷикистон аз қувваи кӯдакон истифода намешавад. Касе гуфта наметавонад, ки дар мо низ кӯдакон мавриди истисмору зӯроварӣ қарор наме-
гиранд. Касе гуфта наметавонад, ки дар кишвари мо ҳам кӯдакон ба корҳи сиёҳе назири мошиншӯӣ, аробакашӣ... машғул нестанд. Касе гуфта наметавонад, ки дар мо низ шароит барои кӯдакон комилан муҳайёст, ҳуқуқҳояшон мутлақо ҳифз мешавад... Касе комилан ва бо бовари том наметавонад бигӯяд. Мегӯем, аммо нисбӣ ва нокомил! Чунки дар ҷомеа ҳар масъалае, ки сар мезанаад, ҳатман ба кӯдакон асар мегузорад. Ҷанг ҳатман ба психикаи кӯдакон таъсир дорад. Вайроншавии оилаҳо ҳатман кӯдакро аз муҳаббати падар ё аз шафқати модар маҳрум месозад, ба ӯ ятимиро “ҳадя” мекунад! Муҳоҷирати меҳнатӣ. Кӯдак аз ин зуҳурот ҳам “насиб”-ашро ҳатман мегирад. Агарчӣ падарон барои он мардикорӣ мераванд, ки зиндагии худу бачаҳояшонро сомон бахшанд, аммо таъсире, ки аз ҳиҷрат дар тӯли солҳои аз хона дур будани падар ба кӯдак мерасад, хеле сангин аст. Равоншиносе чанд сол пеш гуфта буд, ки бадбахтона, имрӯз мо танҳо аз муҳоҷирати меҳнатӣ маблағи ҳангуфтеро мебинем, ки муҳоҷирон ба оилаҳояшон мефиристанд. Аммо аз он бехабарем, ки баъди 5-10 сол кӯдакони аз падар маҳрум ба чӣ шахсияте табдил меёбанд! Ниҳояти сухан, агар мо ояндаи амну осоишта мехоҳем, агар мо ҷавонони дорои маънавиёти ғанӣ орзу дорем, агар ба ояндаи Ватану миллат умеди нек мепарварем, бояд ба насли наврас, ба кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ намоем. Онҳоро на аз ҳар гуна ҳуқуқ маҳрум, балки шароит муҳайё созем, то тавонанд умеди неки моро бароварда созанд; то бошад, ки насли тиллоии ояндаи дурахшон шаванд. Зеро гуфтаанд, тирамоҳ дар замин хуб заҳмат бикаш, агар тобистон ҳосил орзу дорӣ!
Башир УСМОНОВ, “ҶТ”
МАОРИФ
Хомушӣ то кай?
e-mail: javonontj@mail.ru
Ё чаро сохтмони синфхонаҳо қатъ гашт? Дер боз дар ин бора навиштанӣ будам, аммо ҳар дафъа худдорӣ мекардам. Гумон доштам, ки рӯзҳои наздик сохтмони синфхонаҳои мактаб идома меёбад. Сад афсӯс, ки тавре интизор доштам, нашуд. Чароғи умеди омӯзгорону шогирдон оқибат хомӯш гашт. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Восеъ таърихи 86-сола дорад. Дар ин мактаби номдор то имрӯз ҳазорон нафар камол ёфта, дар ободии кишвар содиқона хизмат мекунанд. Кас имрӯз ҳолати садамавии мактабро дида, дилаш ба дард меояд. Қалбаш нидо мекунад, ки роҳбарону шахсони масъул ба куҷо менигаранд? Магар дар чунин синфхонаҳои фарсудаву вайрона хондани шогирдон аз рӯи инсоф аст? Солҳои охир бо вуҷуди муроҷиат кардан касе ба ҳоли табоҳи мактаб дилсӯзӣ зоҳир на-
мекунад. Ташвишорвар ин аст, ки роҳбарон қадам ранҷа намуданро ба ин даргоҳ чандон муносиб намебинанд. Ду сол пеш, баъди ҷангу талошҳои зиёди омӯзгорон ва шуъбаи маорифи ноҳия мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон лозим донист, ки барои шогирдони мактаб даҳ синфхона созад. Дар оғоз аз ин иқдоми нек шодиву хурсандии шогирдону омӯзгоронро ҳадду канор на-
буд. Гумон мешуд, ки агар кори сохтмончиён ҳамин хел идома ёбад, синфхонаҳо пеш аз муҳлат ба истифода дода мешавад. Аммо баъди рехтани таҳкурсӣ ва як метр чидани хишти иморат ба кори сохтмончиён гӯё чашм расид. Суръати кор якбора қатъ гардид. Баъдтар маълум шуд, ки сабаб набудани маблағу нарасидани масолеҳи сохтмонист. Аз суҳбат бо Аловиддин Шернаев,
сарвари ҶДММ «Ҳасанбегӣ»-и шаҳри Кӯлоб, маълум шуд, ки айб дар набудани маблағ аст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар зарфи ду соли сипаригардида, ҳамагӣ 450 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Аловиддин Шернаев мегӯяд, ки барои бунёди синфхонаҳои мактаб камаш 1,8-2 миллион сомонӣ лозим аст. Фаромӯш набояд кард, ки кашол ёфтани бунёди синфхонаҳо аз рӯи инсоф нест. Зеро девори на камтар аз як метр чидаи хишт аз таъсири барфу борони порсола қариб фарсудаю хароб гаштааст. Аз ҷониби дигар, саволе ба миён меояд, ки маблағи барои бунёди синфхонаҳо ҷудогардида куҷо шуд? Чаро дар ин бора касе ҳарф намезанад? Ё кор бо ҳамин тамом?! Инак, боз зимистон. Барфу борони имсола метавонад таҳкурсии биноро ба пуррагӣ нест намояд. Зеро шӯра аллакай оғоз ёфтааст. Ҳанӯз моҳи августи соли равон оид ба кашол ёфтани кор, қатъи сохтмони синфхонаҳо рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва телевизиони «Сафина» мақолаву барнома пахшу нашр намуда буданд. Аммо аз санг садо омаду аз кашолкорон не. Қолаби хомӯширо касе шикастан намехоҳад. Акнун саволе ба миён меояд, ки ба ин сохтмони гӯшти уштурхӯрда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чӣ ҷавоб медода бошад?
Раҳим РАФЕЪЗОД, “ҶТ”
Бахт ба рӯям хандид ва қатори нуҳ нафари дигар ба ҳамоиши адабии «OCABF - 2014» даъват шудам. Тариқи ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» беш аз як соат парвоз намуда, ба шаҳри Алмаато, ки агар тарҷума шавад, «Падари себ» ном мегирад, расидам. Аз тайёра поён шуда, чун Душанбеи азиз он ҷо ҳам нурпошии саховатмандонаи офтобро ҳис кардам. Пай бурдам, ки нурпошии офтоб дар ҳама ҷо яксон аст…
Нурпошии офтоб дар ҳама ҷо яксон аст ё чанд бардошт аз шаҳри «Падари себ» мегузорад, ки гӯё як қавми қазоқҳо даврони қадим ба мулки муғулҳои имрӯза кӯч баста, дар ташаккули ин мардум саҳм гузоштаанд. Ба ин васила, яке аз пурдаҳшаттарин ашхоси сайёра – Чингизхонро ба мардуми қазоқ нисбат медиҳад. Тавре Ғайрат нақл кард, вай ба ноҳияи Мурғоби кишвари мо ҳам сафар намуда, бо ашхосе вомехӯрад, ки гуфторашон бо мардуми қазоқ хеле наздик аст. Маълум мешавад, ки онҳо қавме аз пасмондаи сулолаи ҳукмрони майманҳои қазоқ буда, асрҳои гузашта бар асари гирдбоди таърих ва барҳам хӯрдани давлатдории ин сулола ба минтақаи кӯҳсори Бадахшон паноҳ овардаанд. Ҳоло эшонро қирғиз ном мебаранд. Пол Вилсон, адиби австралиягӣ зимни мулоқот бо иштирокчиён ва муаррифии китоби нави худ изҳор намуд, ки асарашро вобаста ба ҳодисоту воқеоти Афғонистон эҷод намудааст. Тавре ӯ изҳор дошт, қаҳрамонҳои асар ашхоси воқеӣ, аз ҷумла, сиёсатмадорон дар мисоли президенти ИМА Ҷорҷ Буш маҳсуб меёбанд. - Мазмун ва мундариҷаи китоби ман онро дар бар мегирад, ки ҷое намедонед ва ба минтақаи ношинос, хубаш по нагузоред, - гуфт зимни мулоқот Пол Вилсон. – Бубинед, воқеоти даҳшатбори моҳи сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню-Йорк барои ИМА баҳонае шуд ва ба Афғонистон сар даровард. Оқибат ба чӣ оварда расонд, ба ҳамагон маълум аст. Амрико «Толибон»-ро қариб, ки саркӯб карда натавонист. Имрӯз ноилоҷ Афғонистонро тарк мекунад. Масоили пурпечу чигили кишвари ҷангдидаи афғон ҳамин тавр, ҳалли худро то ҳол наёфтааст. Лаҳзаи деринтизор ва хотирмони ҳамоиш пас аз нисфирӯзи 16 ноябр фаро расид. Лаҳзаи тантанавӣ ва эълони ғолибони имсолаи ҳамоиш. Ин қисмати ҳамоиш дар “Хонаи дӯстӣ” сурат гирифт. Муҳит хеле гарм ва гуворо буд. Чанд нафар масъули Вазорати фарҳанги Қазоқистон ва аҳли адаби шаҳри Алмаато ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба оғози ин лаҳзаи хотирмон замина гузоштанд. Эълони ғолибони имсолаи ҳамоиш дар чанд бахш сурат гирифт. Бахшҳои ороиши китоб,
тарҷумаи асари бадеӣ, видеофилм ва асари бадеӣ. Ғолибон дар бахши асари бадеӣ дар охир эълон шуданд, ки муаллифи ин сатрҳо дар он ширкат дошт. Номи ғолибон даруни лифофаҳои ширешшуда маҳфуз аст. Лаҳзаи хеле ҳаяҷоновар. Дили камина ин лаҳза аз қалб «кӯшиш»-и берун ҷастан дошт. Исми ғолибони ҷойҳои сеюм ва дуюм қироат шуданд. Ду нафар бону, намояндагони Қазоқистон ҷойи сеюм ва як бону барои ҷойи дуюм, аз Қирғизистон. Назди минбар ғолиби ҷойи аввал дар ҳамоиши соли 2012 Галина Долгая (Узбекистон) даъват шуд. Лифофа дар даст дар хусуси аҳамияти ин ҳамоиш чанд сухан гуфт. Лекин ба гӯш дигар ҳеҷ ҳарфе намедаромад. Ғолибони ду ҷой қироат шуданд, гумон аст дигар номи банда хонда шавад. Танҳо гуфтаҳои сармуҳаррир Самариддин Асозода пеш аз сафар дар гӯшҳоям акси садо дошт: «Ака, илоҷе карда, ягон ҷойро ба даст оварданат лозим. Ақаллан ҷойи сеюм...» Суханҳои Галинаро дигар тоқати шунидан ҳам надорам. Кош тезтар лифофаро кушода, исми ғолибро қироат намояду аз пеши назари ҳозирини ба рӯямон дидадӯхта ғайб занам. Аз ноилоҷӣ худро андармони тамошои сақфи пурнақшу нигори толор месозам. Ба гӯшаи чашм ҷониби Галина менигарам. Ӯ андармони кушодани лифофа аст. Зери лаб «Хайрият», - гӯён нафаси сабук мекашам. Ниҳоят ба хондан медарояд. Лек аҳамият намедиҳам, ки Галина исми киро баён дорад. Танҳо вожаи дар охир қироатнамудаи ӯ ба назарам хеле баланд садо дод: «Таджикистан!» Ин калима маро каме ба худ овард. Охир намояндаи Тоҷикистон дар ин ҷо як нафар аст. Муаллифи сатрҳо... Пас аз қироати Галина аҳли толор ҳама аз ҷо бархоста пурмавҷу бардавом ба кафкӯбӣ даромад. Ягон нафар ғолибро дар бахшҳои дигар чунин гарм пазироӣ накарданд. Дубора ҳаяҷон пахшам кард. Наход ман бошам? Ҳамтои узбеки дар паҳлуям буда, бо имои даст ҷониби минбар ҳидоят дорад. Галина бо лабони пуртабассум лифофа дар даст наздаш мехонад. Надонистам чӣ тавр назди Галина расидам. Вай
сомонаҳо. Кормандони шабакаҳои гуногуни телевизионӣ аз чунин рӯйдоди фарҳангии барои кишвар муҳим, гӯё бехабар монданд. Чун Иттифоқи нависандагон, ки ҳуҷҷатҳоямро барои қабул ба узвият гӯё гум кардаанд. Марат Ахмедҷонов, масъули ҳамоиш барои соли оянда ба Лондон сафар намудан, хоҳиш намуд ҳуҷҷатҳоям, яъне, шиносномаи хориҷиамро дар даст дошта бошам. Рӯзи охири ҳамоиш ҳамагӣ як-ду соат имкон фароҳам омад дар шаҳри Алмаато каме гардиш намоям. Чизе, ки аз ҳама бештар писандам шуд, сафари сокинон ва меҳмонони шаҳр тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ. Чор навъи нақлиёт мусофиронро ба макон мерасонанд: автобусу троллейбус ва трамваю метро. Аз микроавтобусҳо ё ба қавли мардум «маршрутка»-ҳо ному нишон нест. Доду фарёд, мусофирҷамъкунии пулчинакҳо ва банд шудани роҳҳо аз ҷониби маршруткаҳоро ин ҷо ҳаргиз намешунавӣ ва намебинӣ. Ҳама дар истгоҳ нақлиётро интизорӣ мекашад. На чун шаҳри Душанбе, қатор рӯйи роҳҳои мошингард. Касе хоҳад таксӣ медорад. Лек на чун таксиҳои сесомонаи Душанбе. Нисфирӯзӣ дар фурудгоҳи шаҳри Алмаато ҳама гуна қоидаҳои расмиятро паси сар намуда, ба майдони ҳавоӣ ворид шудам. Тайёра болои роҳи мумфарш оҳиста ба ҳаракат даромад. Ҷониби тиреза нигоҳкунон «Хайр, Алмаато, салом, Душанбе!», - гӯён бо шаҳри «Падари себ» видоъ ва бо пойтахти Ватани хеш аз дур паём фиристодам. Духтараки паҳлӯям, ки ба тиреза наздик менишаст, суханҳоямро шунида, ҷонибам нигоҳ афканд. Дар лабонаш табассум дамиду сар ҷунбонд. Дар фурудгоҳи Душанбе низ ҳама гуна расмиятро ба ҷо оварда, ҷониби баромадгоҳ рафтам. Дар берун, паси тирезаҳои бинои фурудгоҳ симои ҳамкорон ба назар расид, ки ҷонибам дастафшонӣ доштанд. Чеҳраҳои шиносу азиз...
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ», Душанбе-Алмаато-Душанбе
e-mail: javonontj@mail.ru
Соли сеюм аст, ки ин ҳамоиш сурат мегирад. Имсол аз 14 то 17 ноябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон идома ёфт. Мақсад рушди адабиёт дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ, дарёфти чеҳраҳои нави адабӣ ва пешбарии адибони минтақа дар хориҷа аст. Дар он қаламкашон на танҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки аз дигар кишварҳо низ ширкат варзиданд. Аз ин хотир, ғолибиятро соли 2012, агар намояндаи Узбекистон ба даст оварда бошад, пас, соли 2013 намояндаи Озарбойҷон сазовор гашт. Рости гап, ҳарчанд ба даври ниҳоии ҳамоши имсолаи адабӣ роҳ ёфтам, чандон ҳаваси иштирок надоштам. Чунки имкони рафтан мавҷуд набуд. Лек мактубе, ки ташкилотчиёни имсолаи ҳамоиш бароям ирсол намуданд, азмамро қавӣ кард. Дар мактуб, аз ҷумла, чунин нигошта шуда буд: «Роҳ ёфтан ба даври ниҳоии ҳамоиш на танҳо саҳми шумо чун муаллиф, балки афзоиши нишондоди фарҳангию эҷодии кишвари шумо – Тоҷикистон аст!» Мактубро ба сармуҳаррир пешниҳод кардам. Хуш пазируфт. Ҳамин тавр, дар мувофиқа бо роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ азми сафари кишвари Қазоқистон намудам. Ин ҳамоиши адабӣ сол то сол аҳли қалами бештарро ҷалб месозад. Чунончи, дар чорабинии соли равон 456 адиб аз 20 кишвари олам ширкат намуд, ки нисбат ба соли гузашта се маротиба зиёд аст. Ҳамоиши нахустин соли 2012 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон сурат гирифт. Собиқ президенти ин кишвар Роза Отунбоева дар расми кушодашавии он ширкат варзида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Соле пас ҳамоиш дар пойтахти Бритониё, шаҳри Лондон доир шуд. Ба хонанда ва дӯстдорони каломи бадеи англис имкон даст дод, доир ба эҷоду фаъолият, дастовардҳои адабии қаламкашони ҳавзаи Осиёи Марказӣ аз наздик шинос ва бештар маълумот ба даст оваранд. Чорабиниҳои имсолаи ин ҳамоиши байналмилалӣ аз рӯйи нақша дар муассисаҳои фарҳангию илмии шаҳри Алмаато ҷараён гирифт. Ба ин ҳамоиш, ҳамчунин, меҳмонони зиёд даъват гардиданд. Ҳамин тавр, имкон фароҳам омад адибону хонандагон, ноширону китобдорон, шореҳону олимон, намояндагони васоити ахбори омма бо ҳам вохӯрда, дар рафти чорабиниҳо андешоти худро баён созанд. Илова бар он, намоиши асарҳои гуногуни илмию бадеӣ дар рафти чорабиниҳо, мулоқот бо муаллифони ҷудогона, суҳбату мубоҳисаҳо, баёни озоди андешот, бешубҳа дар ҷаҳонбинии ҳозирин нақши муассир гузошт. Масалан, вохӯрӣ ва суҳбат бо яке аз иштирокчиёни ҳамоиш, доктор Ғайрат Зокирёнов хеле аҷиб буд. Ӯ андешаеро пеш
бошад, чун шахси наздиктарин оғӯшам гирифта, аз гунаҳоям бӯсид ва табрик намуд. Ботинан хеле шод шудам. Чунки хоҳиши сармуҳаррирро ба ҷо овардам. Пас аз ҷамъбасти ин қисмати ҳамоиш аҳли адабу фаҳранги Алмаато, зану мард самимона табрикам карданд. Рафтор ва муомилаи зиёиёнаи ин мардум басо хушам омад. Муддати ду-се рӯзе, ки дар ин кишвар ҳузур доштам, аз майлу рағбати мардуми он ба донистан ва омӯхтани таърих, фарҳанги хеш ҳавасам омад. Муносибаташон хеле самимӣ ва гуворо буд. Намояндагони васоити ахбори омма атрофамро печонда, дар бораи асар, роҳи эҷодиям хеле пурсон шуданд. Афсӯс, пас аз бозгашт дар кишвар ин ҳолатро эҳсос накардам. Ба ҷуз аз ҳамкорони хеш ва чанд тан аз ҳамқаламони шиноси рӯзномаю
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
7
ҲАМОИШИ АДАБИИ «OCABF - 2014»
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
8
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
Дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифт. Оқибати он талафоти гарони ҷонӣ буд, ки мутаассифона, қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медоданд ва он иқтисоди ватанамонро ба хисороти вазнини моддӣ оварда расонид. Бо вуҷуди ин, аз ҳамон лаҳзаҳои сангини таърихӣ оғоз карда, то ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла, беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо, инчунин, мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба ҳамагон маълум бод, ки ҳамагӣ баъди шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ парлумони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонид. Дар чунин як марҳалаи ҷадиди таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдоми наҷибро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва ватандӯсту соҳибмаърифат ба шумор мерафт. Баъд аз
Ҷавонему хушиҳои Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созанда эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Президенти мамлакат бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар марҳалаҳои баъдии рушди давлатдории миллиамон ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи соҳа аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як силсила ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла, «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки барои фаъолияти ҳамаҷонибаву гуногунсоҳаи ҷавонони кишвар шароити мусоид фароҳам оварданд. Ҳамзамон, дар замони соҳибистиқлолии ватанамон 66 маркази ҷавонон таъсис ёфта, ҳадафашон ҳал намудани кулли мушкилоти насли наврас ва ҷавони кишвар мебошад. Илова бар ин, бо дастуру супоришҳои Президенти кишвар ҳар сол ҳазорон кӯдаку ҷавон аз оилаҳои ниёзманд хатнасур ва оиладор мешаванд. Хушбахтона, ин амали накӯ ба ҳукми анъана даромадааст.
Ҳамин тавр, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фардои нек, ояндаи дурахшон ва ҷиҳати ташкили зиндагии шоиста баҳри насли наврас ва ҷавон тамоми тадбирҳоро андешида, аз ҳамаи имконоти мавҷуда самаранок истифода менамояд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки барои ҳарчи зудтар ноил шудан ба арзишҳои волои зиндагисоз, эҳё гардонидани фарҳанги пурғановати аҷдодӣ ва сохтани давлати миллӣ ҳамраъйи давлату Ҳукумат бошанд. Бо вуҷуди ин ҳама дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, кам нестанд ҷавононе, ки ин хизматҳои содиқона ва фидокориҳо ба хотири созандагиро нодида гирифта, сафедро аз сиёҳ, ширинро аз талх фарқ карда наметавонанд. Ин қабил ҷавонон намедонанд, ки давлати тозаистиқлоли мо дар давраи гузариш ва марҳилаи давлатсозии миллӣ қарор дошта, фардои накӯи он ҳанӯз дар пеш аст. Бояд тазаккур дод, бештари ҷавононе, ки чунин андешаи бад ва хусуматомез нисбат ба давлату миллат доранд, чаласаводанд. Онҳо зуд ба доми ифротгароён афтода, ба ҳамаи равандҳо ва зуҳуроти ҷомеа аз даричаи танги ифроту таассуб нигариста, ҷиҳатҳои илмии онро фаромӯш менамоянд. Ин тоифаи ҷавонон бо ифротгароӣ ва хурофотпарастиашон, ки сарчашмаи ҷаҳолату торикист, ба миллату мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои руш-
ду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунанд. Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дин аз давлат ҷудо ва ҳеҷ як мафкураи ҳизб, дин, мазҳаб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ наметавонад ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Бо вуҷуди ин, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми шаҳрвандон озодии динро ихтиёр додааст, яъне шаҳрванд озод аст, ки ин ва ё он динро пайравӣ кунад ё пайравӣ накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории кишвар манъ кардааст. Вале дар ҷомеаи имрӯзаи мо, бештар бунёдгароён, ифротгароёну мутаассибони исломӣ ин озодиро то ҳол сарфаҳм нарафта, ҷавононро дар рӯҳияи қолабии схоластикию догматикии исломӣ тарбия менамоянд. Дар ин бора қайд намудани андешаи ҳуқуқшиноси тоҷик Исрофил Алиев айни мудааост: «Ҷавонон бо ҳидоят ва роҳбаладии рӯҳониёни алоҳида бо роҳи фиреб, гӯё барои гирифтани таълимоти динӣ ба ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Покистон ва Эрон сафар карда, баъди чанд муддат ба ташкилотҳои террористию экстремистии байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар задухӯрдҳо бар зидди ҳукуматҳои қонунии ин давлатҳо ширкат варзидаанд». Маҳз ҳамин таълимоти барғалат ва сатҳӣ боис гардидааст, ки бархе аз ҷавонон ба
мазҳабу равияҳои бегонаи салафия, ваҳҳобия, Ҳизби таҳрир, Ансоруллоҳ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва дигар ҷараёнҳои характери террористию экстремистидошта гаравида, фарҳанги миллӣ ва суннатии аҷдоди худро инкор менамоянд. Дар баробари ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд ва бешуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд. Бинобар ин, волидонро зарур аст, ки тамоми талабот ва муқаррароти Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро эътироф намуда, ба тақдири ояндаи фарзандонашон диққати махсус зоҳир намоянд. Зеро андешаи солим ва дар мизони ақл баркашидашудаи ҷавонон барои фардои миллат муҳим ва муфид мебошад. Тавре Президенти мамлакат дар суханронии худ бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 қайд карданд: «Аз шумораи беш аз 1800 нафар шаҳрванди кишвар, ки дар муассисаҳои таҳсилоти динии давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, зиёда аз 1600 нафарашон бозпас гардонида шуданд. Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҷавонони созанда бошем
Ҷамъияти инсонӣ орому якранг нест. Дар натиҷаи ташаккул ва таназзули соҳоти мухталиф ин гуногунрангӣ ҳамеша вусъат меёбад. Инсоният, аз нуқтаи назари равоншиносӣ, агар ниёзмандӣ ба касе ё ба чизе пайдо намуд, ба ҷуз он дигар самтро таваҷҷуҳ нахоҳад дод. Бист сол қабл, вақте дар Тоҷикистон вазъи сиёсӣ ноором буд, мардум, ки дар вартаи бебарориву бебизоатӣ андармон буданд, касе ҷуз осудагиву оромии хонавода ва кишвар, инчунин, дарёфти буридаи ноне фикру зикре надоштанд. Чун сулҳу оромӣ имрӯз дар кишвар ҳукмфармо гардида, нону об низ фаровон аст, шукрона накарда, андешаҳои баъзе аз ҷавонон решааш аз дарёи ҷаҳолат ғизо гирифта, оқибат ғунчаҳои шукуфтаи ҳавасҳои Рафтори баъзе аз онҳо, ки ба ҳизбу беобрӯй мекунанд, маро ҳамчун як узви интернетӣ рафтору гуфтори баъзе аз зиндагиашонро ба хазони бармаҳал ҳаракатҳои ифротгароӣ мегараванду ин ҷомеа бетараф гузошта наметавонад. ин ҷавонони фирефташударо мебиневолидонро дар назди ҷамъият сархаму Боиси таассуф аст, ки тариқи шабакаи му мешунавем, ки дар хунрезиҳои кишмубтало намуд.
ҷавониро намедонем ри наслҳову замонҳо паст шудааст. Дар аксар дабистонҳо дигар муаллим тавони таблиғи илму донишро ба пуррагӣ аз даст дода, аз тарси ифроту таассуботи динию мазҳабӣ наметавонад, ки ба хонанда ё шогирди худ оид ба ин ва ё он фанни таълимӣ ҳарф занад. Бинобар ин, дар бисёре аз макотиби миёна ҷавонон дигар ба сухани муаллим бовар надошта, балки ба афсонаву ривоёту қиссаҳои ким-кадом муллову муфтии ҷоҳилу бедониш эътиқод доранд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва навоҳии кишварро зарур аст, ки таблиғу ташвиқи илму донишро дар мактабҳои миёна ва олӣ пурзӯр намояд. Инчунин, дар ҳудуди кишвар ҳастанд макотибе, ки ба хонандагон илму дониши муосир меомӯзонанд, вале талабагонро дар рӯҳияи фарҳанги бегонаю бегонапарастӣ тарбия мекунанд. Он чи моро ба тирарӯзӣ, ноумедӣ ва бовар надоштан ба ояндаи нек мебарад, дар рӯҳияи фарҳангҳои бегона тарбия ёфтани ҷавонон аст. Маориф ва мактаби миллате, ки ҷавононашро дар рӯҳияи дӯст надоштани фарҳанги миллӣ, забон, урфу одат, пӯшиши либоси худӣ, эҳтиром надоштан ба боварҳои эътиқодоти миллию аҷдодӣ (на диниву мазҳабӣ) тарбия ва ташвиқ созад, мушкил аст, ки ба ояндасозии ҷавононаш бовар намуд. Имрӯз хоҷагони хориҷӣ бо ҳар роҳу восита тамоми имконоти худро сарф менамоянд, то фарҳанг ва расму ойинҳои бостонии миллиамонро аз мағзҳои ҷавонон шӯста, ба ҷойи он ким-кадом фарҳанг ва расму русуми бегонаро ворид намоянд. Онҳо барои амалӣ гардидани ин ни-
яти нопокашон, пеш аз ҳама, ба бадном кардан ва барои мо бегона сохтани фарҳанги миллиамон саъю кӯшиш менамоянд. Зеро дар замони муосир дигар наметавон ба воситаи қатлу куштори одамон, сохтори давлатеро вайрон намуд. Чунки бо пешрафти илму техника ва санъату ҳунар каме ҳам бошад, андешаи мардум пеш рафтааст. Ягона василаи вайрон сохтани давлату давлатдорӣ таблиғи дину мазҳаб ва бегона сохтани фарҳанги миллӣ мебошад. Ин қабил душманони давлату миллат имрӯз ҷавононро ба тақлидҳои беҷо ба фарҳангҳои ғайр савқ медиҳанд. Вақте ки ҷавонон ба ҷойи
на ифротгаро вари Сурия ширкат меварзанд, аз ин ҳамзабонон ба обрӯву эътибори миллату давлат ҷуз зиёни ҷиддӣ чизе беш нест. Онҳо андешаҳои носолиму заҳролуди худро баён намудаву дигаронро олудаи бадномӣ ва гирифтори бадбахтиҳо мекунанд. Ин гуна ҷавонон, агар аз як самт паст будани дониш ва маҳдуд будани доираи ҷаҳонбиниашон бошад, аз тарафи дигар беэътибории аҳли хонавода ва ҷамъият аст. Ёд дорам, дар замони кӯдакӣ агар як рафтори беадабона аз ҷониби кӯдакон ё наврасон сар мезад, аз тарафи мардуми калонсоли деҳа мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, падару модар ва ҳатто ҳамсояҳоро низ вазифадор менамуданд, ки ба одобу услуби онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд. Ё, масалан, дар як деҳа агар нафаре ба бетартибиву амалҳои беномусӣ даст мезад, дигар сокинон ор
кардаву ҳама пайи ислоҳи он мегардиданд, то шарафу номуси диёрдориву инсонӣ дар маҳалашон ҳифз гардад. Имрӯз, қариб ки ин анъанаҳо ба умқи фаромӯшӣ рафтаанд. Масалан, агар замоне қабл ба дохили нақлиёти мусофиркаш ворид мегардидиву насли калонсоле болои сарат рост меистод, дигарон аллакай туро сарзаниш мекарданд, ки дигар ин гуна беэҳтиромӣ нисбат ба бузургсолон накунӣ. Вале агар имрӯз, агар ҷавони раҳмдилу тарбиятдида бошад, аз ҷой бархоставу эҳтиром мекунад ва агар аз ҷой нахезад, ҳатто нафаре аз насли калонсол ҳам ин рафтори ӯро маломат намекунад. Қонун аз ҷониби давлат назорат ва мустаҳкам карда мешавад ва ахлоқ бошад, аз тарафи ҷамъият. Агар ҷамъият бадахлоқиро пешгирӣ накард, ана, ҳамин гуна бетартибиву гаравидан ба ҳаракатҳои гуногуни ифротгаро рӯ ба
омӯхтани фарҳангу маданияти миллӣ, ташвиқу тарғиби маданияти ғайрро пеш мегузоранд, вақте ки омӯхтани забони бегонаро бар забони худ тарҷеҳ медиҳанд, умеди сарбонӣ ва созандагии миллатро намешавад ба онҳо бовар кард. Дингароиву мазҳабсозӣ ва муосиркунонии исломи баъзе кишварҳо ҷавононро ҳамчун сароб ба фиреби худ мекашад. Мехоҳанд ба дасти худи ҷавонони камдонишу соддафеъли мо теша ба фарҳанг, забон, урфу одати бостонии миллат зананду фарҳанги пешазисломии моро бо мо душман созанд. Кишварҳои пешрафта бошанд, тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то ифроту
афзоиш меоранд. Ҷавонони ифротгаро зери ниқоби ислом пинҳон гардида, нақшаҳои харобиовари худро рӯи кор меоранд. Шукр, дар Тоҷикистони азиз ҳама мусулмонанд ва хуб ҳам огаҳ ҳастанд, ки мақсаду мароми дини мубини ислом дар ягон давру замон қатлу куштор, шиканҷаву уқубати шахсони яккаву танҳо ва ғарибу нотавон набуд ва нест. Нафароне, ки саводи баланди динӣ доранд ва аз аркону шариати ислом бархӯрдоранд, ин рафтори ҷавонони дар кишвари Сурия қарордоштаро ба ҷуз як рафтори нооқилона ва амалҳои васвосӣ беш шарҳ намедиҳанд. Миллате, ки бузургонаш ба ҷуз ҳидояту раҳнамоии нафаре ба роҳи дурусту андӯхтани илму ҳунар, сабру таҳаммул, мардиву поктинатӣ дигар чизеро таъкид намекунанд, аламовар аст, ки ба ин амалҳои номатлуб ва боиси нафрат даст зананд. Дили раҳмгин аз аҳволи падару модари ҷавонони фирефташуда ба сӯз меояд. Онҳо дар фироқи фарзандон хеле афсурдаву хаста ва ҳамсару фарзандо-
таассуботи динию мазҳабӣ аз мағзи ҷавонон шуста нашавад. Ин гурӯҳи кишварҳоро зарур аст, ки дар як ҷомеаи суннатӣ ҷангу задухӯрд бошад, то яроқу аслиҳаи истеҳсолнамудаашонро фурӯшанд. Бинбар ин, ҳар як ҷавони тоҷикистониро зарур аст, ки ба фарҳанги волои миллӣ такя намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи ҳар гуна равишҳои фарҳанги бегона нашавад. Ба ҳар сурат, то замоне ки ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром кардан ва бузургу бартар доштани фарҳангу ойини худ тарбия наёбанд, омӯзиши забони модариро аз дигар забонҳо боло надонанд, ба омӯзиши дастовардҳои илмию техникӣ даст наёбанд, мушкил аст ояндаро бо онҳо тасаввур кард. Вале мо кулли ҷавонони Тоҷикистонро дар назар надорем. Хушбахтона, ҷавононе низ ҳастанд, ки пайваста барои рушду нумӯ бахшидани соҳаҳои гуногун саҳм мегузоранд. Аз ҷумла, донишҷӯёни макотиби олӣ дар озмунҳо фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои намоён шарафёб мегарданд. Варзишгаронамон дар сабқатҳои байналмилалӣ иштирок намуда, манфиатҳои давлату миллатро дифоъ менамоянд, ки ба шарофати хизматҳои онҳо Парчами миллиамон парафшон мегардад. Вақте ҷавонон аз ғояву ифтихори миллӣ ва фарҳанги бостонии миллат саршор ҳастанд, дарк менамоянд, ки рушди устувори ҷомеа бар дӯши онҳо мебошад. Номвар ҚУРБОНОВ, маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ
нашон аз ҳасрати дидори ҷигарбандони худ гирифтори ғурбату ноумедиҳои зиндагӣ гардидаанд. Чуноне ки нафаре аз ин ҷавонон тариқи интернет сабти видеоӣ манзур намуда, диндории худро боло медонад, оё ин мусулмонист, ки фарзу суннатҳои зиёде дар назди фарзанд барои хизмати падару модар аст, иҷро накардаву онҳоро ба рӯди пурталотуми ғурбат афканда, шиканҷаҳои рӯҳиашон медиҳад. Ин рафторе, ки аз ҷониби баъзеи ҷавонони кишвар ба амал омад, ки онҳо тарки ёру диёр карда, дар хунрезиҳои кишвари Сурия ҷони худро зери хатар гузоштаанд, мебояд ҷомеаи Тоҷикистонро бетараф нагузорад. Ҷавонони солимруҳу соҳибақл ҳамеша бояд тарғибу ташвиқро дар ин самт пурзӯр намоянд, то чунин амалҳои номатлубе, ки аз ҷониби баъзе ҳамсолонашон сар зада, ба обрӯи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ халал ворид мекунад, ба амал наояд. Осими ОҚИЛ, вилояти Суғд
e-mail: javonontj@mail.ru
маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар боқӣ мемонад». Дар баробари таҳлилҳои дақиқу мушоҳидаҳои амиқи Сарвари мамлакат як нуктаро бояд зикр намуд, ки на танҳо донишҷӯёни муассисаҳои динӣ, балки бисёре аз муҳоҷирони меҳнатӣ низ баъди бозгашт ифротию мутаассиб мешаванд. Натиҷаи таҳлилҳо ва назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатии мо бо «исломи маҳаллӣ» ба Федератсияи Русия рафта, дар он ҷо бо намояндагони мазҳабҳои дигари ислом рӯ ба рӯ мегарданд. Барои он ки чи муҳоҷирони тоҷик ва чи намояндагони дигари илсом ҳамдигарро пурра шиносанд, онҳоро лозим аст, то ба бунёдгарии исломӣ рӯ оранд. Бинобар ин, ягона сабаби ифротӣ ва мутаассиб гардидани муҳоҷирони меҳнатӣ надоштани дониши саҳеҳ ва ҷаҳонбинии танг мебошад. Ин ҷо исломи маҳаллӣ гуфта, исломеро дар назар дорем, ки онҳо динро танҳо аз рӯи шуниди чанд ривояту афсона баҳо медиҳанду халос. Ё ба ин васила бархе муллоҳои маҳаллӣ барои рӯзгузаронии худ ривоёту қисса ва ҳадисҳои бардурӯғ бофта, мардумро фиреб медиҳанд. Ҳамзамон, ин гурӯҳи муллоҳову муфтиҳо таълиму тарбияро дар мактаби миёнаю донишгоҳҳо моли шӯравии кофир дониста, ҷавононро аз рафтан ба ин боргоҳҳои илму маърифат бозмедоранд. Ҳамагон медонем, ки таъсири мактаб дар роҳи тарбияи атфол коста шуда, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор ба қадри кофӣ нест. Он таваҷҷуҳи хосае, ки дар даврони шӯравӣ буд, имрӯз аз байн рафта, қадру манзалати муаллим - тарбиятга-
9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
10
ТАНДУРУСТӢ
Чораҳои муфиди пешгирии бемории сил Чанде пеш дар маркази таълимии АМФОТ-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси ТҶ «Гендер ва тараққиёт» мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи «Истифодаи усулҳои нав барои беҳтар намудани ташхиси барвақтии бемории сил дар ҷумҳурӣ» баргузор гардид. Ба гуфтаи Фарангис Розиқова, ҳамоҳангсози ТҶ «Гендер ва тараққиёт», лоиҳаи мазкур дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе амалӣ шуда, то моҳи декабри соли 2015 идома меёбад. Лоиҳа бо дастгирии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил амалӣ мешавад. М. Ализода, коромӯз-ҳамкори ТҶ «Гендер ва тараққиёт», дар бораи роҳҳои пешгирии бемории сил сухан карда, таъкид намуд, ки ҳамкории ниҳодҳои гуногун дар ин ҷода самарабахш хоҳад буд. - Пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил вазифаи мақомоти тандурустӣ нест, гуфт М. Ализода. - Дар ин соҳа ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣсанитарӣ, марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ниҳоят зарур аст. Тавсия додани шабакаҳои волонтёрӣ низ дар пешгирии ин бемории гузаранда нақши муҳим мебозад. Дар роҳи пешгирӣ ва муолиҷаи бемории сил баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ муҳим аст. Аҳолӣ бояд аз нишонаҳои сар задани бемории сил ба хубӣ огоҳ бошад, то бемор сари
вақт ба муолиҷа фаро гирифта шавад. Қиёмиддин Муҳиддинов, ҳамоҳангсози барномаҳои Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, гуфт, ки
табобатро дурудароз мегардонад. Ба бемории сил бештар шуш мубтало мешавад. Ба гуфтаи А. Ализода барои огоҳ намудани аҳолӣ аз роҳҳои пешгирию муолиҷаи
нишонаҳои зерин аз гирифтори сил будани бемор дарак медиҳад: 1. Сулфаи давомнокиаш аз ду ҳафта зиёд. 2. Кам шудани иштиҳо (беиштиҳоӣ). 3. Камшавии вазни бадан. 4. Беҳолу бемадоршавӣ. 5. Таби баланд ва арақкунии шабона. 6. Дарди қафаси сина аз дарун. Ҳангоми дар худ ва наздикон пайдо шудани нишонаҳои зикршуда ҳатман ба духтур муроҷиат бояд кард. - Бемории сил бо худмуолиҷа табобат намешавад, - мегӯяд Қ. Муҳиддинов. - Дар сурати муолиҷаи саривақтӣ ва зери назорати духтур истеъмол намудани доруҳои тавсияшуда бемории сил пурра табобат меёбад. Зимни аз пеши худ қатъ кардани муолиҷа ва то муҳлати муайяншуда истеъмол накардани доруҳо беморӣ метавонад шакли мутобиқшударо гирад, ки муҳлати
сил тавассути воситаи ахбори омма бештар бояд ба мардум иттилоъ дод. Дар ин кори хайр ходимони динро низ ҷалб намудан зарур аст. Зеро донистани илми тиб барои ҳифзи солимии ҷомеа муҳим мебошад. Ҳазрати Муҳаммад (с) дар як ҳадиси мубораки худ фармудаанд: «Илм ду ҳисса аст: илми дин ва илми тиб». Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар шарҳи ин ҳадис мефармояд; Илмҳоро ду қисм кард Расул: Нимае тибу нимае дин аст, З-он, ки гар сиҳати бадан набувад, Дин халал мешавад, сабаб ин аст. Боир Шомуддинов, духтури эпидемиологи Ташкилоти «Субҳи тандурустӣ», таъкид намуд, ки дар пешгирии бемории сил гузаронидани ваксинаи “БЦЖ” мувофиқи нақшаи муайяншуда ҳатмист. Аз ин рӯ, гузарондани ваксина дар таваллудхонаҳо
мувофиқи матлаб аст. Дар сурати ба 1015 кӯдак якбора (дастҷамъона) гузаронидани ваксина маблағ ҳам сарфа мешавад. Ваксина дар зарфи махсус нигоҳ дошта мешавад, ки баъди кушодани он пас аз чанд соат метавонад вайрон шавад. Бинобар ин, онро кушода, фавран дар чанд навзод гузаронидан беҳтар аст. Баъди гузаронидани ваксина ҷои онро маҳлули «зелёнка», йод ва ё маз (малҳам) кардан манъ аст. Ба кӯдак либоси пахтагину кушод пӯшонидан ҳатмист. Мутахассисе, ки ваксинаи зиддисилӣ мегузаронад, бояд ин нозукиҳоро ба модарони ҷавон фаҳмонад. Яке аз роҳҳои пешгирии бемории сил тоза нигоҳ доштани ҳавои хона, бо латтаи намнок пок кардани ашёи хона ва дару тирезаҳо мебошад. Бо мақсади паҳн нашудани луоби даҳон ҳангоми сулфа ё атса даҳонро бояд бо кафи даст ё бо рӯймолча пӯшид. Дар хона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд балғам туф кард. Бо мақсади мустаҳкам намудани масунияти бадан реҷаи ғизохӯриро риоя намуда, хӯроки серғизою сервитамин истеъмол намудан лозим аст. Обутоб додани бадан, дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, аз истодан дар мавзеъҳои рутубатноку офтобнорас парҳез кардан низ хатари гирифторӣ ба силро пешгирӣ менамояд. Фаромӯш набояд кард, ки сил бемории ирсӣ (авлодӣ) нест. Он бемории сироятӣ, вале табобатшаванда мебошад. Дар ҷумҳурии мо ташхису муолиҷаи бемории сил ройгон аст. Бинобар роҳандозии чораҳои самараноки пешгирӣ ва муолиҷа солҳои охир теъдоди гирифторшудагон ба бемории сил кам шуда истодааст.
e-mail: javonontj@mail.ru
Дарди гулӯро сабук напиндоред Баробари фарорасии мавсими сардӣ теъдоди беморони гирифтори зуком ва шамолхӯрӣ меафзояд. Ҳангоми сироят шудан ба зуком бемор дарди сар, атсазанӣ, обравӣ аз бинӣ ва сулфаро эҳсос мекунад. Нафаскашӣ бо бинӣ душвор мегардад. Иддае ба ҷои муроҷиат кардан ба духтур ба дорухона рафта, ягон хел дорую қатра, фарз кардем, «нафтизин» мегиранд. Рӯзи аввал як маротиба ва рӯзи дуюм ду маротиба мечаконанду бо ҳамин гӯё сиҳат ёфтанд... Мутаассифона, бо худсарона аз дорухона дору гирифта, худмуолиҷа намудан беморӣ табобат намешавад. Балки беморӣ куҳна шуда, дар баъзе ҳолатҳо ҷарроҳӣ намудан лозим меояд. Ҳангоми шамолкашӣ низ бинӣ бояд озодона нафас кашад. Дар акси он луоб ҷамъ шуда, боиси
пайдошавии бемориҳои синусит ва гайморит мегардад. «Қатра»ҳоеро, ки рагҳои хунгардро васеъ мекунанд, бо тавсияи духтур истифода бояд кард. Онро ҳамагӣ 3-7 рӯз истифода мебаранд. Дар сурати зарурати идома додан бо духтур машварат кардан лозим. Яке аз бемориҳое, ки дар фасли тирамоҳу зимистон зиёд дучор меояд, ангина аст. Ангина бемории сироятӣ буда, барангезандаи он дар аксар маврид микробҳои стрептококкҳо ва стафилококкҳо мебошанд. Микробҳо ба организми инсон тавассути ғизо, қатраҳои луоби бемор, зарфу маҳсулоти дуруст ношуста ворид мешаванд. Шамолхӯрӣ низ метавонад боиси сар задани ангина гардад. Заиф шудани масуният (иммунитет) низ ба авҷгирии ангина мусоидат мекунад. Истеъмоли оби хунук ва яхмос ҳам сабаби дарди гулӯ шуда метавонад. Нишонаи ангина, пеш аз ҳама бемадорӣ, таби баланд (39-40 дараҷа), эҳсоси дард ҳангоми фурӯ бурдани оби даҳон ё ғизо, дарди сар мебошад. Ҳангоми муоинаи ҳалқи бемор варами бодомакҳоро мушоҳида кардан мумкин. Ангина дар навбати худ катаралӣ, лакунарӣ ва фоликулярӣ мешавад, ки фарқи
онро духтури ЛОР (оториларинголог) медонад. Зимни гирифторӣ ба ангина таъхир накарда, фавран ба духтури ЛОР муроҷиат кардан лозим аст. Табобат бояд комплексӣ бошад. Бистарӣ шудани бемор, алалхусус, дар рӯзҳои аввали беморӣ ҳатмист. Дар ин ҳолат чайқонидани гулӯ бо моеъҳои антисептикӣ ва ё ҷӯшобаи бобуна ва мармарак (шалфей) муфид аст. Нӯшидани чой бо лимӯ, мураббои тамашк (малина), марминҷон ва асал нафъ мерасонад. Бояд як шабонарӯз 1-1,5 литр чой ё компоти мевагию гиёҳчой нӯшида шавад. Нӯшидани моеот барои аз ҷисм берун шудани токсинҳо мусоидат мекунад. Аз истеъмо-
ли ғизоҳои тунд, ниҳоят гарм ва сард худдорӣ бояд кард. Хуб мешуд, ки истифодаи аэрозолҳо, аз қабили биопарокс, гексаспрей, каметон, ингалипт, камфомен, пропосол, фармасептик, йокс, колустан ва ғайра бо тавсияи мутахассис ба роҳ монда шавад. Доруҳои мазкур хосияти зиддимикробӣ ва зиддиилтиҳобӣ дошта, дардро таскин медиҳанд. Табобат бояд нимкора сурат нагирад. Барангезандаи бемориро бояд то охир «кӯфт», вагарна беморӣ дубора ба шакли вазнинтар хурӯҷ мекунад. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки бо ҷарроҳӣ кардани ангина як умр аз дарди гулӯ халос мешаванд. Ҳол он ки ягон узв дар организми ин-
С. СУННАТӢ, “ҶТ” сон «зиёдатӣ» буда наметавонад. Ҳар узв вазифаи худро дорад. Танҳо дар он сурат ҷарроҳӣ кардан лозим аст, ки шахс соле 2-3 маротиба гирифтори ангина гашта, барои устухонҳо ва дилу гурдаҳо хавфе мавҷуд бошад. Ҳангоми гирифтор шудан ба тонзиллити кӯҳнашуда (илтиҳоби гулӯ) дар 6 моҳ як маротиба ба воситаи доруҳои антисептикӣ манбаи бемориро рафъ намудан мумкин аст. Истеъмоли сир (чеснок), кефир, донаи каду, шарбати сабзӣ, лаблабу, чормағз, асал барои тақвияти ҷисм муҳим аст. Дар офтобрӯя сайругашт намудан, гимнастика ва аэробика низ боиси мустаҳкамии ҷисм мешавад. Настаран (хулул, хуч) дар таркибаш ба миқдори зиёд витамини “С” дорад. Аз ин рӯ, 10-15 дона настаранро дар термос бо 1 литр об дам карда, кам-кам аз он нӯшидан лозим. Бо мақсади пешгирии бемориҳои гуногун дар ҷойҳои намноку шамолрас зиёд наистед. Шиками гурусна дар хунукӣ нагардед. Рафту нишонаи бемориро эҳсос кардед, фавран ба духтур муроҷиат намуда, маслиҳати муфиди мутахассисро бигиред. Тоҷиддин ХАЛИЛОВ, духтури дараҷаи олӣ, Сардухтури беморхонаи гӯш, гулӯ ва бинии ноҳияи Ҳисор
Қабули Эъломияи ҳуқуқи башар инқилоб буд Созмони Милали Муттаҳид 66 сол пеш (10 декабри соли 1948) санадеро ба тавсиб расонд, ки шараф ва ҳуқуқҳои бунёдии одамони руйи ҷаҳонро қонунӣ гардонд. Таъсири Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар ба таърихи 60 соли охири инсоният он қадар бузург будааст, ки бисёре аз чеҳраҳои маъруфи дунё онро як қадами инқилобӣ номидаанд. Ҳатто бадтарин диктаторони ҷаҳон низ маҷбур буданд ба нуқоти ин санад тан диҳанд. Ҳамчунин, ин ҳуҷҷат мавриди интиқод ва сарпечиҳо қарор гирифтааст ва роҳи шастсолаи он ҳамвор набудааст.
Гуруснагии тарҳрезишуда Барои мардуми Украина, новобаста аз он ки дар кишвари хеш ё берун аз он дар ягон гӯшаи дигари олам ҷойгиранд, 22 ноябр Рӯзи қурбониёни гуруснагии солҳои 19321933 ёд мешавад. Дар Сафорати Украина дар Тоҷикистон бахшида ба ин санаи ёдбуд ҷамъомад доир гардид. Тавре сафири Украина дар кишварамон Виктор Никитюк зикр кард, гуруснагии саросарии мардуми Украина охири тобистони соли 1932 оғоз ёфта, охири тобистони соли дигар анҷом ёфтааст. Гуруснагии яксоларо натиҷаи нақшаи тарҳрезишудаи ҳукуматдорони шӯравӣ алайҳи мардуми Украина метавон номид, - зикр кард сафир. – Ба ин васила мехостанд заминаи иҷтимоии муборизаи мардуми моро ба муқобили сохти маҷбурии шӯравӣ боздоранд. Андешае барҷост, ки гӯё дар ибтидо ва замони гуруснагӣ деҳқонони украинӣ зидди болшевикони ғоратгар муқобилат нишон надода бошанд. Ҳол он ки дар он давраи пурдаҳшати гуруснагӣ ҳазорҳо украинӣ баҳри озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои хеш силоҳ дар даст мубориза бурдаанд. Дар сафорати Украина ҳуҷҷату аксҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки аз он рӯзҳои душвор ва сангини мардуми Украина ҳикоят меарданд. Аз ҳуҷҷатҳо аён мегардад, ки маркази мубориза ба муқобили сиёсати болшевиконаи якҷоясозӣ (коллективизатсия) ва саноатикунонии мамлакат маҳз деҳоти Украина будааст. Танҳо соли 1930 дар Украина беш аз чор ҳазор эътирози оммавӣ доир шуда, ки дар онҳо зиёда аз як миллион нафар ширкат варзидаанд. Деҳқонони ба гуруснагӣ гирифтор ба анборҳо ҳамла оварда, ғаллаеро, ки аз онҳо зӯран кашида гирифта буданд,
бозпас мегирифтанд. Соли 1932 беш аз ҳазор исёнҳои яроқнок алайҳи сохти сталинӣ рӯй додааст. - Ин гуна муқовиматҳои номуташаккилона боис шуд, ки сохти болшевикӣ онро чун воситаи сафедкунии амалҳои хеш ҳангоми бо гуруснагӣ ба қатл расондани мардуми Украина ба кор барад, - гуфт сафир В. Никитюк. Аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳо бармеояд, ки сабаби ба гуруснагӣ гирифтор шудани мардуми украин сиёсати сохти худкома, гузарондани ҳар гуна таҷрибаҳои бемасъулиятона бо мақсади бунёди хушбахтӣ, аз ҷумла, омезиш ёфтани ҳамаи миллату халқиятҳои давлати шӯравӣ, зери мафҳуми «мардуми шӯравӣ» ва амалӣ намудани «ҷаҳишӣ тези саноатӣ» бо роҳи «сафарбарӣ»-и захираҳои дохила мебошад. Дар амал ин маънои ҷисман нобуд сохтани тамоми «душманон»-и синфӣ ва миллии сохти худкома, ашхосе, ки андешаи хоси худро нисбат ба «ояндаи дурхшон» доштанд, буд. Украина бошад, майдони асосии «ҳалли масоили миллӣ» ва саноатикунонӣ маҳсуб меёфт. Украинҳо аз ҷиҳати шумор дуюмин миллат дар кишвари шӯроҳо маҳсуб меёфтанд. Дорои таъриху фарҳанги ғанӣ, анъаноти миллӣ буданд. Таҷрибаи бойи муборизаҳои озодихоҳонаи мардуми украин барои бунёди давлати бузурги шӯравӣ хатари ҷиддӣ дошт. Ҳамаи инро ба назар гирифта, сохти худкомаи шӯравӣ бар зидди мардуми украин ҷанг эълон кард. Бо роҳи ба гуруснагӣ гирифтор кардани эшон. Шумораи аз гуруснагӣ фавтидагонро дар ин давра муайян намудан душвор аст, вале аз рӯйи ҷадвали афзоиш ва фавти мардуми шӯравӣ, аз ҷумла, Русия, Белорус ва Украина тайи солҳои 1926-1939 метавон хулоса кард, ки дар ду кишвари аввал номбаршуда аҳолӣ (Русия беш аз 21 миллион, Белорус беш аз ним миллион) афзоиш ёфтааст. Дар Украина бошад, баръакс. Ба ҷойи афзоиш, зиёда аз се миллион нафар фавтидааст. - То ҳол баъзеҳо гуруснагии
мардуми украинро дар он солҳо ба хушксолӣ ва ифротгароӣ дар маҳалҳо нисбат медиҳанд, гуфт зимни суҳбат котиби якуми сафорати Украина Вячеслав Украинетс. – Ин андеша асос надорад. Зеро хушксолӣ ба чунин гуруснагии калонҳаҷм ҳаргиз оварда намерасонад. Илова бар он, хушксолӣ ҳосилро пурра нест намекунад. Ҳамчунин, аз хоҷагиҳои деҳқонон чорво, мурғ ва дигар маводе, ки метавон чун ғизо истеъмол кард, пурра ғайб намезанад. Ҳамаи ин дар натиҷаи саъю кӯшиши фаъолони сохти худкома ғайб мезад. Онҳо ҳама дороии мардумро зӯран кашида мегирифтанд. Мувофиқи маълумоти шоҳидони ҳол, агар он солҳо дар минтақаҳои ҷудогонаи Украина ҳар рӯз ҳазорҳо нафар мефавтида бошанд, корхонаҳои истеҳсолкунандаи спирт бо тамоми иқтидор фаъолият доштанд. Дар ин корхонаҳо аз ғалла спирт тайёр мекарданд. Аз ҳуҷҷатҳо аён мегардад, ки муҳандиси австриягӣ А. Винербергер ба Харков омада, гуруснагии мардумро бо чашми сар дида, ба даҳшат меафтад. Одамон дар кӯчаю хиёбонҳо ва роҳу ҷодаҳо афтида, ҷон медоданд. Соли 1944 олим Рафэл Лейкин дар илм истилоҳи «генотсид»-ро ворид кард, ки маънояш қатли ом аст. Аз соли 1998 то ҳол дар Украина Рӯзи ёдбуди қурбониёни гуруснагии солҳои 1932-1933 рӯзи шанбеи чоруми моҳи ноябр қайд мешавад. Соли 2006 Радаи олии Украина Қонун “Дар бораи гуруснагӣ”-ро қабул намуда, гуруснагии солҳои 1932-1933-ро генотсид алайҳи мардуми украин номид. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки он солҳо дар Тоҷикистон ҳам сохти шӯравӣ барпо меёфт. Ҳазорҳо нафар мардуми бофарҳанги тоҷик бо баҳонаи мулло будан ва бохабар аз илми динӣ ба қатл расонда ва аз ватан беватан карда шуданд. Дар ҷангалистони Сибир, дур аз наздикону пайвандон беному нишон нобуд шуданд. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
Ҳарчанд бисёриҳо зодрӯзи ҳуқуқи инсонро ба шиорҳои фаронсавии «Озодӣ! Баробарӣ! Бародарӣ!» ва бархе ҳам бо усули фарҳанги юнонию насоро пайванд медиҳанд, ба бозёфтҳои бостоншиносон қариб 4000 сол пеш дар замони шоҳи Бобулистон Ҳамурапӣ дар санг навишта шуд, ки ҷазои ноодилона, шиканҷа ва бардагии инсон мамнуъ аст. Ин қонун танҳо барои бобулиҳо буд. Барои ҳамсояҳои онҳо ошуриҳоро куштан, ғулом кардан ва шиканҷа додан мумкин буд. Бархе аз ҳуқуқҳои умумӣ дар фармонҳои Круши Кабир низ ҷойгоҳи баланд ва бебаҳс доштанд. Соли 1215 Ҷон Магна Карта, шоҳи инглис, «Либертатум» ё «Ҳукми Кабири озодӣ»-ро нашр кард. Мақсадаш бартарии адл ба беадолатӣ буд. Соли 1789 маҷлиси миллии Фаронса эломияи ҳуқуқи мардҳо ва шаҳрвандон ва соли 1791 аввалин конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Қонуни ҳуқуқҳоро ба тавсиб расонидаанд. Дар тафовут ба ин ва ҳамаи дигар асноди ҳифзи ҳуқуқ Эломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башарро Созмони Милали Муттаҳид мансуб ба тамоми аҳли башар донист. Ин санад аз 30 боб таркиб ёфта, ҳуқуқҳои одитаринро ба ҳар инсон – озодии сухан, дин, матбуот, ҷамъомад, омӯзиш, кор ва раҳоӣ аз бардагию истисмор додааст. Эломия ҳуҷҷатест, ки дар он саъю талош ва муборизаи халқи ҷаҳон баҳри эътироф ва қабули озодию бародарӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон қабул шудааст. Санадҳои таърихӣ, мисли Хартияи бузурги озодихоҳӣ (1215), Санад дар бораи ҳуқуқҳо (1689, Инглистон), Эъломияи истиқлолияти ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд (1789, Фаронса) сарчашмаи муҳими эъломия мебошанд. Эъломияи ҳуқуқи инсон аз байни халқ реша гирифтааст ва андешаҳои муттафакирон оид ба ин масала хеле бисёр буд. Андешаҳо оид ба ҳуқуқи инсон дар эҷодиёти гузаштагони халқи мо, асноди таърихию фалсафӣ ва ҳуқуқию сиёсӣ ифода ёфтааст. Хусусан, дар «Шоҳнома», «Сиёсатнома», «Қобуснома», «Хираднома»-и Искандарӣ ва дигар шоҳасарҳои илму адаб арзишҳо оид ба эътирофу эҳтироми шахс, ҳақиқату адолат, инсонӯстӣ ва шавқату эҳсонкорӣ ҳамаҷониба ташвиқу тарғиб шудаанд. Шоҳ Куруши Кабир ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз мелод дар бораи арзишҳои ҳуқуқи инсон дар Эъломияи хеш таъкид карда буд, ки то замони ҳозира аҳамияти худро гум накардаанд. Меъёрҳои ин эъломия дар бораи он ки «ҳамаи мардум дар парастиши Худои худ озод бошанд ва бединон таҳти фишор қарор нагиранд. Касе ҳақ надорад касеро кор фармуда, ба ӯ музд надиҳад. Ҳар кас озод аст, ҳар дин ва динеро майл дорад баргузинад, ихтиёр дорад дар ҳар ҷо хоҳад сукунат намояд ва ба ҳар гуна дину мазҳаб, ки муътакид аст, ибодат кунад ва эътиқодоти худро ба ҷо оварад, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зиёне ба ҳуқуқи дигарон нарасонад» дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойи марказиро ишғол менамоянд. Дар асоси эъломия ва баҳри амалӣ гардидани он чанд санади дигари байналмилалӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, “Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ”, “Паймони байналмилалӣ оид ба ҳукуқи шаҳрвандию сиёсӣ” (16 декабри соли 1966) қабул шудаанд, ки ҳуқуқу озодиҳо асосии инсонро муқаррар мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баробари дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, ки 2 марти соли 1992 аъзои он гардид, ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад. Рафоат ҚУВВАТОВА, омӯзгори фанни таърихи гимназияи №1 барои хонандагои болаёқати шаҳри Душанбе
11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ҲУҚУҚИ ИНСОН
e-mail: javonontj@mail.ru
ЁДБУД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. ҶОМИ ТОҶИКИСТОН
САМБО
Медалҳои нуқра ва биринҷии варзишгарони кишвар аз Ҷоми ҷаҳонии самбо Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки 21-23 ноябр дар шаҳри Наритаи Ҷопон баргузор шуд, паҳлавонони кишвар ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд.
«Истиқлол» бори чорум Ҷоми кишварро соҳиб шуд Соли равон дар баробари ғолибият дар Ҷоми ФФТ, Абарҷоми Тоҷикистон ва Чемпионати мамлакат, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев Ҷоми Тоҷикистонро низ ба даст овард. Бозии финалӣ 23 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гашт, ки душанбегиҳо бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 5:2 ғалаба карданд. Капитани дастаи “Истиқлол” Дилшод Восиев дар
ин бозӣ 3 гол зад. Ӯ, ҳамчунин, беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд. “Истиқлол” дар таърихи мавҷудияташ бори чорум Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболро соҳиб шуд.
Баъди бозӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гашт. Ҷомро ба дастаи ғолиб Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ супурд.
Варзишгари маъруф Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило мақоми сеюмро соҳиб шуд. Дар ин вазн Вахтанги Чидрашвилӣ (Гурҷистон) ба унвони Қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт. Аймерген Аткунов (Русия) медали нуқра гирифт. Ба ҷуз Акмалиддин, Масанорӣ Аракӣ (Ҷопон) низ бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Паҳлавони дигари мамлакат Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило бо медали нуқра қадрдонӣ шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Борис Борисов (Булғористон) мағлуб гашт.
ФУТБОЛ. ЛИГАИ АВВАЛ
«Саройкамар» – ғолиби лигаи якум Дастаи футболи “Саройкамар”-и Панҷ ғолиби Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи якум гашт. Дар финал футболбозони Панҷ баъди ду вохӯрӣ бар дастаи “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ (1:0, 1:1), ки соҳиби медалҳои нуқра гардид, ғолиб омаданд. Медалҳои биринҷӣ насиби дастаи “Исфара”, ки тими “Эсхата”-и Хуҷандро шикаст дод (2:0, 1:1), гардид.
БОЗИҲОИ СОҲИЛӢ
Бозиҳои IV соҳилии Осиё: Тоҷикистон се медал ба даст овард Ҷомӣ Латифов дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар Тайланд доир гашт, дар риштаи муайтай медали биринҷӣ ба даст овард.
e-mail: javonontj@mail.ru
Вай, ки дар вазни 71 кило дар даври чорякниҳоӣ бар Муҳаммадбердӣ Равшанов аз Туркманистон бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, дар даври нимниҳоӣ аз Паттанафанг Суричай (Тайланд) мағлуб гашт ва ҷойи сеюмро ба даст овард. Ин медали сеюми варзишагрони кишвар дар ин бозиҳо мебошад. Ёдовар мешавем, ки паҳлавони маъруфи кишвар Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар сабқати гӯштини кураш дар вазни беш аз 90 кило бо медали тилло мукофотонида шуд. Саидҷалол Саидов дар ин намуд дар вазни то 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Бозиҳои IV соҳилии Осиё 14-23 ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд бо ширкати варзишга-
рони 43 кишвар баргузор шуд. Дар ҳисоби даставӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо тими мунтахаби Тайланд бо 126 медал - 56 тилло, 37 нуқра ва 33 биринҷӣ ҷойи аввалро аз худ кард. Дастаи мунтахаби Чин бо 48 медал (16 тилло, 11 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Варзишгарони Кореяи Ҷанубӣ, ки 37 медал (9 тилло, 14 нуқра ва 14 биринҷӣ) ба даст оварданд, мақоми сеюмро соҳиб шуданд. Дастаи Тоҷикистон бо се медал – як тилло ва ду биринҷӣ ҷойи 25-умро сазовор гашт. Умуман, варзишгарони 38 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб гаштанд ва намояндагони 26 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
ДЗЮ-ДО
Ҷоми «Вастан»: 27 медал насиби Тоҷикистон шуд Дар дуюмин мусобиқаи кушод оид ба дзюдо миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми «Вастан», ки 22-23 ноябри соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон баргузор шуд, 355 варзишгари соли таваллудашон 1997-1999 аз Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон ва Эрон ширкат доштанд. Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа Аҳтам си Қирғизистон, Озарбойҷон ва Русия ҷойҳои аввалро нуқра, Русия як медали тилло ва як биринҷӣ, Беларус Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ соҳиб гаштанд. ва Узбекистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст оварданд. ва Нуралӣ Шарифов, раиси Клуби варзишии “Вастан”, Варзишгарони тоҷик аз ҳама бештар - 6 медали Ғолибону барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бо меба паҳлавонон комёбиҳо орзу карданд. Мусобиқа аз тилло, 7 медали нуқра ва 14 медали биринҷиро соҳиб далу диплом ва ҷоизаҳои пулӣ (барои ҷойи аввал 300 рӯи 9 вазн сурат гирифта, дар 6 вазн паҳлавонони шуданд. Гӯштингирони Озарбойҷон як медали тилло доллар, ҷойи дуюм - 200 ва ҷойи сеюм 100 доллар) мутоҷик ва дар 3 вазн меҳмонон - гӯштингирони навра- ва 2 медали нуқра, Қирғизистон як медали тилло ва як кофотонида шуданд.
варзишии ин дастаи номдор саҳми босазо гузоштааст. Дар айёми фаъолият ба ҳайси сармураббӣ чӣ дар дастаи донишгоҳ ва чӣ дастаи «Хуҷанд» ба тарбияи зиёда аз 100 нафар футболбоз муваффақ шудааст, ки имрӯз низ эшон ӯро ҳамчун пири мураббиёни варзиш эътироф мекунанд ва ҳанӯзам аз машваратҳои
Пири мураббиёни футбол Шариф Ҳофизов аз ҷумлаи устодони соҳибназари соҳаи варзиш маҳсуб мешавад, ки дар баробари таълим ва тарбияи варзишгарони ҷавон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз соли 1957 ба фаъолиятҳои шоистаи варзишӣ ва ҳамчун мураббӣ дар рушди футболи вилояти Суғд саҳми назаррас дорад. Корномаҳои ӯ дар мақоми директори мактаби варзишии бачагона давоми солҳои 1966-1980 боис бар он шудааст, ки садҳо нафарро то мақоми Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, Мураббии шоиста ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба камол расонида, барои гирифтани нишону дараҷаҳои мухталифи варзишӣ саҳм гузоштааст. Аз ҷумлаи онҳо М. Қутфиддинов, Ф. Сайдуллоев, Д. Дадахонов, А. Раҳимов, Э. Ӯлмасов, Д. Садруллин ва дигарон мебошанд, ки дар намудҳои мухталифи варзиш ба гирифтани ҷоизаҳои
байналмилалӣ мушарраф гардидаанд. Ширкати хосаи Шариф Ҳофизов дар фестивалҳои умумииттифоқии ҷавонон, чаҳор маротиба дар даври ниҳоии Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чеҳраи эшонро ба унвони варзишгари соҳибдараҷа нишон додааст. Ба сифати мураббии чирадаст ва соҳибтаҷриба дастаи футболи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд се маротиба - солҳои 1958, 1961, 1967 сазовори ҷои аввал дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гардидааст. Ҳамчунин, бо раҳнамоии Шариф Ҳофизов дастаи футболи донишгоҳ соли 1987 дар мусобиқаи донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани мақоми сеюм ва соли 1989 соҳиби ҷойи дувум гардидааст. Натиҷаи заҳматҳои ӯ дар рушди футбол буд, ки аз мақоми сармураббии донишгоҳ то ба вазифаи мураббии дастаи футболи «Хуҷанд» (1980-1983) фаъолият намуда, барои расидан ба дастовардҳои олии
ин марди солдидаву таҷрибаандӯхта истифода мебаранд. Заҳматҳои тӯлонии устод дар самти тарбияи варзишгарони ҷавон ва рушди футбол дар қаламрави вилоят борҳо бо ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдир шудаанд, ки ин амр аз баракот ва тақдири хидматҳои шоистаи эшон дарак медиҳад. Ҳарчанд Шариф Ҳафизов ба синни мубораки 80 қадам мениҳад, ҳанӯзам робитаи худро бо донишгоҳ, бахусус, факултаи тарбияи ҷисмонӣ канда накарда, барои тарбияи варзишгарони ҷавон, бахусус, дар риштаи футбол саҳм мегузорад. Таманно мекунем, ки Худованд ба устод умри дароз ва офияти ҳамешагӣ ато фармояд, то солҳои тӯлонӣ аз баракоти машварат ва раҳнамоиҳои ӯ насли имрӯз баҳра бардорад. Аюбҷон УСМОНОВ, Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»
ИСТЕЪДОД
Ба мақсад мерасад ҳар раҳнавард рӯзе... Шаҳриёр аз зумраи наврасонест, ки аллакай дар олами варзиши ҷумҳурӣ мақоми шоиста пайдо кардааст. Вай зодаи деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа буда, дар оилаи яке аз шахсиятҳои шинохта, шоир ва рӯзноманигори варзида Хушомади Алидод ба дунё омадааст. Аз ҳаштсолагӣ таҳти роҳбарию сарпарастии падараш, ки яке аз варзишгарони варзида, аз рӯйи намудҳои каратэ-киёкушинкай ва такэвандо мебошад, тамрин карда, аввалан дар мусобиқоти сатҳи ноҳиявӣ, баъдан вилоятию ҷумҳуриявӣ, сипас, мусобиқоти байналмиллалӣ ғолибият ба даст овардааст. То ин давра тақрибан дар 30 мусобиқаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ ширкат варзида, сазовори 20 медалу ифтихорнома гардидааст. Вай 5 маротиба Қаҳрамони ВМКБ аз намуди таэквандо, 4 маротиба аз намуди каратэ-киёкушинкай буда, ғолиби мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе аз намуди каратэ мебошад. Ин дастовардҳо рӯҳияи ӯро хеле баланд гардонда, сӯи қуллаи мурод раҳнамунаш сохтанд. Пайваста тамрин мекарду орзуи дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кардану пирӯзӣ ба даст овардан дошт. Моҳи марти соли 2013 барои ширкат дар мусобиқоти Осиё аз рӯйи намуди каратэ-киёкушинкай роҳхат гирифта, озими пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон гардид. Дар ин мусобиқа аз 24 давлати дунё варзишгарони наврас иштирок намуданд, ки дар байни онҳо Шаҳриёр дар вазни 33 кило соҳиби ҷойи сеюм шуд. Моҳи июни соли равон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ байни кӯдакону наврасон аз намуди каратэ-киёкушинкай баргузор гардид, ки дар он дастаи ВМКБ низ ширкат варзид. Узви даста,
дастпарвари мактаби варзишии карате «Руслан»-и ноҳияи Роштқалъа Шаҳриёр Алидодов дар вазни 35 кило дар усули “Сийкен-Сиё” маҳорати хуб нишон дода, сазовори медали нуқра гардид. Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналхалқӣ аз намуди таэквондо (ВТФ) доир ва Шаҳриёр дар вазни 33 кило баромад карда, медали тилло гирифт. Сол аз сол муваффақиятҳои Шаҳриёр бештар мегарданду роҳ ба сӯи қуллаи мурод барояш осонтар. Ҳамаи мувафаққиятҳои худро Шаҳриёр ҳосили заҳмату ғамхориҳои сарвари Федератсияи ҷумҳуриявии каратэкиёкушинкай Ҳикматулло Кароматов медонад. Кӯйбек ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
Тиллои “Боғиҳабиб”
13 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
Cолҳои охир таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи варзиш афзун гардида, бахусус, тақдири заҳматҳои варзишгарон боиси дастгирист. Мулоқоти пайвастаи Сарвари давлат бо варзишгарон, қабули барномаҳои давлатӣ бо ҳадафи ташаккули бахшҳои мухталифи варзиш далели равшани қадршиносӣ ва мусоидат ба ташаккули варзиш маҳсуб меёбад. Натиҷаи ҳамин қадршиносиҳост, ки дастовардҳои варзишии мамлакат пайваста афзун гардида, сафи қаҳрамононону ҷоизадорон меафзояд. Аз сӯи дигар, барои тарбияи варзишгарони ҷавон нақш ва мақоми мураббиён басо муассир аст.
ЧАВГОН
Овозаи ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ гардидани чавгонбозони Гимназияи “Боғиҳабиб” ҳамон рӯз на ин ки ба коллективи хонандагону омӯзгорон, балки ба сокинони ҷамоати Балхобӣ паҳн гардид. Дар мусобиқаи имсолаи чавгонбозӣ, ки ба муносибати 20-солагии Сарқонуни ҷумҳурӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб доир гардид, дастаҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, чавгонбозони вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ, дастаи чавгонбозии Гимназияи “Боғиҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод қувваозмоӣ карданд. Ин аввалин мусобиқаи чавгонбозони гимназия дар соли 2014 набуд, балки онҳо тайи соли равон дар чанд мусобиқаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва медалу ифтихорномаҳо гаштаанд. Онҳо бори аввал соли 2008 ва бори дуюм имсол ба гирифтани унвони қаҳрамони ҷумҳурӣ оид ба чавгонбозӣ мушарраф гардиданд. Мусобиқаи имсола нишон дод, ки меҳнати мурраббиёни даста Ҳабибулло Қурбонов ва Нусратуллои Нурулло барабас нарафта, 16 нафар хонандаи гимназия - бозингарони даста хеле хуб тамрин дида, омода шудаанд. Рӯзи охирини мусобиқа, ки бозии ҳалкунанда ҳисоб мешуд, мураббии даста Ҳ. Қурбонов беҳтарин муҳофизаткунанда ва ҳуҷумкунандагонро ба бозӣ даровард. Ҳ. Қурбонов бовар дошт, ки шогирдонаш дар ин вохӯрӣ ҳам ӯро хушнуд мегардонанд, зеро онҳо аллакай ба дастаи чавгонбозони вилояи Суғд бо ҳисоби 1:0 ва ба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 5:0 ғолиб омада буданд. Дар даври ниҳоӣ муҳофизатгарони даста Комрон Давлатов, Фахриддин Ниёзов, Усмонҷони Раҳмоналӣ маҳорати баланд нишон дода, намегузоштанд, ки чавгонбозони шаҳри Душанбе ба дарвозаашон наздик шаванд. Зиракии онҳо, ки ҳар як ҳуҷуми чавгонбозони шаҳри Душанберо хуб рафъ мекарданд, мухлисонро шод кард. Чавгонбозони шаҳри Душанбе низ хуб бозӣ карданд, ки бозии охирин мусовӣ анҷом ёфт. Вале аз рӯи ҳисоби холҳо чавгонбозони шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва чавгонбозони Гимназияи давлатии “Боғиҳабиб”-и ноҳияи Муъминобод ҷойи якум ва соҳиби медалҳои тиллои мусобиқа гаштанд. Рустамхон АМИРОВ, деҳаи Боғиҳабиби Муъминобод
e-mail: javonontj@mail.ru
СОБИҚАДОРОНИ ВАРЗИШ
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
14
ИСТЕЪДОД
Душанбе Душанбе - пойтахтам, шаҳри гулҳост, Душанбе шаҳри духтарҳои зебост. Басо дилномаҳо ин ҷо навиштанд, Душанбе шаҳри дилҳои мубаррост. Сари ҳар кӯчааш дилпора бинам, Ҳазорон ошиқи овора бинам. Барои тифли ишқу орзуҳо, Ба чашми дилбарон гаҳвора бинам. Дар ин ҷо ҳар касе дилдода бошад, Ба кӯи дилбаре афтода бошад. Шабу рӯзе, ки ин ҷо зиндагӣ кард, Зи ғам озод, ҳам озода бошад. Душанбе даргаҳи сулҳу амонӣ, Бухорошаҳри армонии сонӣ Яқин унвони ин шаҳри муҳаббат, Ҷавонӣ ҳасту ҳам бошад ҷавонӣ Зи боғу роғаш ояд накҳати ишқ, Шиносӣ мардумашро миллати ишқ. Аз ин ҷо молу давлат ҳам наёбӣ, Ту ҳатман ёбӣ ин ҷо давлати ишқ.
Орзуманди Ватан Модарам яктост монанди Ватан, Меҳри гармаш решапайванди Ватан. Аллаҳояш бӯи армон дорадо, Бӯи фардои фараҳманди Ватан. Хонаи тифлии моро ҳар саҳар, Пур кунад аз дуди испанди Ватан. Модарамро дӯст дорам чун Ватан, Ӯ маро кардаст фарзанди Ватан. Бори аввал рӯи бозуи падар, Пайкарам пай бурд пайванди Ватан. Ӯ маро парвард бо хуни ҷигар, То шавам рӯзе ҷигарбанди Ватан. Мешавад аз ноилоҷиҳо ғариб, Ҳалқаи гӯшаш, вале панди Ватан. Дар ғарибӣ ҳам хурӯшад ҳар замон, Зидди оне, ки диҳад фанди Ватан. Борҳо ман дидаам сӯзи варо, Аз Бухорою Самарқанди Ватан. Боз мекӯшад, ки ин дастони ман, Сахт гирад аз камарбанди Ватан. Орзу дорам, ки созад дасти ман, Нораку Анзобу Сарбанди Ватан. Ман намехоҳам, шавам мисли падар, Дар ғарибӣ орзуманди Ватан. ***
Ҳар як қадаме шумурданам ҳаст, Дар роҳи аҷал фасурданам ҳаст. Ҳар лаҳза ғанимат аст гуфтӣ, Зеро ки гумони мурданам ҳаст. Аз хок тане чу қарздорам, Бар хок тане супурданам ҳаст.
Як гавҳари пок чун амонат, То манзили ёр бурданам ҳаст. Бо нӯги қалам ғами ҷаҳонро, Аз хотираҳо сутурданам ҳаст. Ин хомаи ман фишори хун шуд, Ҳар лаҳза варо фишурданам ҳаст. *** Ба хонуме, ки дидораш дар китобхона муяссар шуд
Шуморад соати дастат заданҳои дили шоир, Бисӯзад оташи чашмат ҳама обу гили шоир. Ба дастонат китоб асту китоби умри ман гӯё, Шитоби пойи гулрезат шитоби умри ман гӯё. Китоби ту пур аз дарди дили девонаи ман нест? Ба ҳар хат мебарӣ ангушт, хати пешонаи ман нест? Илоҳо, он хату сархат хати пешонаам бошад, Ҳамон ангуштарини ту ба по завлонаам бошад. Ба номи ту бувад дигар, саволи ман, хитоби ман, Кадомин рӯзи бахтовар ба каф гирӣ китоби ман.
Алла Беникоҳу беибо ҳар солу моҳ, Зиндагӣ аз дарду ғам обистан аст. Баъди овардан ба дунё ғуссаҳо, Кори ӯ аз тифли худ бигсастан аст. Зиндагӣ ин қадр ҳам садрангу рӯ, Зиндагӣ ин қадр ҳам беобрӯ. Зиндагонӣ тифли ғам меоварад, Модари ман алла мехонад ба ӯ.
Шабеҳ Ин варақҳои мубаррову сапед, Ҷойи нобӯсидаи рӯи ту буд. Бӯи маъние кунад гаҳ шеъри ман, Накҳати мушкини гесӯи ту буд. Ин сияҳпӯшии хатҳои варақ, Дар азою мотами мӯи ту буд. Ин хати нохондаи пешонаам, Номае аз кафтари кӯи ту буд.
Қарзи намак…
Забони мардумӣ дорад забони шеъри Хайрандеш, Бувад саршор аз ханда даҳони шеъри Хайрандеш. Зи хайраш хирмане дорад, зи маънӣ гулхане дорад, Ҳама қарзи намак дорад зи нони шеъри Хайрандеш. Чӣ касон бо табеву тобу байту мисраи нотоб, Басо ҳам рӯҳ бигрифта зи ҷони шеъри Хайрандеш.
«ВИТИКС» – ГЕЛ ВА ТАБЛЕТКА - ВОСИТАИ БОЭЪТИМОД БАРОИ ТАБОБАТИ ВИТИЛИГО (ДОҒҲОИ САФЕДИ ПӮСТ)
e-mail: javonontj@mail.ru
Ба устод Хайрандеш
«Витикс» - гел ва таблетка воситаи хеле хуби барқароркунандаи меланин дар ҳуҷайраҳои аз витилого осебдида буда, паҳншавии витилиго-ро дар пӯст пешгирӣ менамояд. Пӯсти сафедшударо табобат ва барқарор мекунад. Муддати табобат то 6 моҳ буда, шахсоне, ки бо ин беморӣ зиёда аз 5-10 сол гирифторанд, муддати табобати он то 1,5 сол давом мекунад. Тарзи истифода: «Витикс» гелро дар як рӯз ду маротиба ба қисмҳои пӯсти сафедшуда (бо шоткачаи дар даруни қуттибуда) мемоланд. Ягон хел маҳдудият ва таъсири манфӣ надошта, ба ҳамаи синну сол истифодааш мумкин аст. Барои тезтар ва пуртаъсир гаштани табобат бояд «Витикс» таблеткаро ҳам истеъмол намоед: 1 таблеткагӣ дар як рӯз 1 маротиба дар соати дилхоҳ. Истифодаи ин таблетка ба занҳои ҳомила ва кӯдакони то 10-сола манъ аст. «Витикс» гел ва таблетка инқилоб дар соҳаи дерматология аст! Нархи фурӯш: 280 то 320 сомонӣ буда, аз дорухонаҳо ё бо телефонҳои 938-07-89-03 (Душанбе), 927-49-33-47 (Суғд) дастрас карда метавонед. Истеҳсоли Фаронса. www.vitix.ru, e-mail: sales@vitix.ru
Бузургмеҳри БАҲОДУР Биёву маҳфилаш бингар, кушодии дилаш бингар, Ҷаҳони дигаре дорад ҷаҳони шеъри Хайрандеш. Чу Рустам ҷуста аспи Рахш, ба Хатлону Хуҷанду Вахш, Пас аз садсолаҳо ҷӯӣ нишони шеъри Хайрандеш. Намехоҳад заволи шеър, бикӯшад бар камоли шеър, Амон надҳад ба ҷоҳилҳо камони шеъри Хайрандеш.
Шаҳбонуи шеъру тарона
Ба Фарзона
Ту, эй шаҳбонуи шеъру тарона, Парастуи ҳама фасли фасона. Ту, эй мамлӯи борони муҳаббат, Зи ту гул мекунад ному нишона – Ту, эй Фарзона то авҷи карона. Ту андар маслаки худ Марями пок, Азизи дидаву дилҳои бебок. Дили гил вусъати кайҳонӣ ёбад, Паёми кибриёӣ гӯӣ бо хок. Ту, эй Фарзона то авҷи карона. Надорӣ ғайри дил ҷоҳу ҷалоле, Чаман омӯзад аз ту хушҷамолӣ; Садои “атсаи нилуфарият”,* Садое аз ҳарими безаволӣ. Ту, эй Фарзона то авҷи карона. Туӣ маснаднишини дилрабоӣ, Заминиву самимиву самоӣ. Алорағми хазони иҷтимоӣ, Дари фасли баҳорон мекушоӣ – Ту, эй Фарзона то авҷи карона. * Иборае аз ашъори шоира
«ГАЛЕГА-НОВА» - ФИТОМАҶМӮИ НАВ БАР ЗИДДИ ДИАБЕТИ ҚАНД!
«ЗОЛОТОЙ КОНЕК» - ЯК ТИР ДУ НИШОН!
«ГАЛЕГА-НОВА»-ро барои табобати бемориҳои диабети қанди дараҷаҳои 1-2 ва пайтаъсирҳо (осложнение)-и он истеъмол менамоянд. Ҳамзамон барои таъсири диабети қанд ба чашмон, гурдаҳо, пойҳо, шаклҳои гуногуни фарбеҳӣ, бемории варикозӣ истифода мешавад. Шахсони бо инсулин вобаста ҳам метавонанд истифода баранд. Сатҳи глюкоза ва холестеринро дар хун паст мекунад. Ҳангоми истифодаи он метавонед истеъмоли доруҳои кимиёиро бамаротиб кам намоед. Истеъмол: дар як рӯз 3 бор якқошуқчагӣ, 20-30 дақиқа пеш аз хӯрок дар 100 мл. об омехта, нӯшед. Давомнокӣ 30 то 90 рӯз, танаффус 30 рӯз ва боз метавонед давом диҳед. Безарар ва одатнадиҳанда аст. Ба номгӯи «100 маҳсулоти беҳтарини Русия» дохил шудааст. Нархи фурӯш 38 сомонӣ. Аз дорухонаҳо харидорӣ намоед.
«Золотой конёк»-ро барои барқарор намудани эрексия; афзоиши рағбати шаҳвонӣ ва тобоварии шаҳват; тақвияти мукаммалӣ ва равшании эҳсоси шаҳват; ба меъёр даровардани ҳаёти ҷинсӣ истифода мебаранд. «Золотой конёк» маҷмӯи гиёҳҳо буда, ба беҳтар гардонидани вазъи простатит ҳам таъсири хуб мерасонад. Дар кафедраи урологии Академияи тиббии Русия ва дигар муассисаҳои бонуфуз аз санҷиши аъло гузаштааст. Тарзи истеъмол: 2-таблеткагӣ 1-2 маротиба дар як рӯз ҳангоми хӯрок. Нархи фурӯш: 140 сомонӣ.
Њавои хонаро тоза кардан
Нотавонї, сустї
Сир, матлаби махфї
Њафтавори сиёсии тољикї
Гўштини миллии љопонї
Деми …, актрисаи Голливуд
Символ, аломат
роналду
Нашрияи матбуотї, маљалла
Љунбиши раг аз такони дил
Палтои сарбоз
Торњои њассос дар бадан
Дарё дар Красноярск
Мамлакати «макаронхўрон»
Шамоли форам
Аќл, шуур
Таъмиргоњи киштињо
Сайёраи Тир
Падар (лањљ.)
Сарпўши дар Кўлоб ранга, дар Хуљанд сиёњу сафед
Зинеддин ... , футболбози собиќ аз Фаронса
Меваи аз љинси мурўд ва нок
Ранг барои чашм
Тангашиносї
Насаби Хулио ва Энрике
Ќўрѓошим
Кати лойин
Ноумедї, маъюсї
Зоти маймун
Шањр дар Литва
Иди Асбоби анљоми нафасии Рамазон мусиќї
…- Батор, пойтахти Муѓулистон
Сифати чизе, ки њуснро зиёд мекунад
Дафтари суратњо Занбўр
Њашароти «хира»
Офарин, ањсан
Ќанди кристаллї
Бозрасии автомобилї
Амонї, осоиш
Шањри ќадимаи арманї
Миллати сокини Вашингтон
Бовар доштан
Хонум, бону
Љовидонї, умрбод
Падар (арабї)
Нињоли ангур
Лаљом, зимом
Аз камон мепаррад
Винни… (Ф / тасвирї)
Антоновка ва хубонї навъњои онанд
Истењзо
Шањр дар Олмон
Фироќ ... Тзе Дун
Номи маймуни Аладдин
Пойтахти немисњо
Тўњфаи идона
Олус
Оби дањан
Узви рўй
Набераи Темурланг
лионел
Ривояти динї
Мўи гардани асп
Фигураи геометрї
Муќобилмаънои «кабир»
Пойтахташ Вентян (Осиё)
Афина пойтахташ
... Назаров, гурзпартои тољик
Номи Византия дар Шарќ
Љои кандании фоиданок
…и опера ва балет
Парлумони ИМА
суарес
Муаллифи китоби «Аржанг»
Номи русии давлати Олмон
Сипоњ, љамъи аскарон
СНГ
Наќш дар сањна
Њарфи алифбои арабї
Ахбори ТВ Русия
Моњи сол
...у ишрат Њайкале, ки дар Чину Њинд мепарастанд
рибери
e-mail: javonontj@mail.ru
Љонибдор
Ифлосу ноўњдабаро
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №47 (9370), 27 НОЯБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:
ФАРОҒАТ
Худро эҳтиёт кун, ки тамом мешавӣ!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
Духтур ба бемор: - Ман ба ту ду хабар дорам. Як хабари хуш ва як хабари бад. Аз кадомаш сар кунам? - Беҳтараш аз хабари бад. - Мо иштибоҳан пойи сиҳати шуморо буридем. - ??? - Пойи касалатонро бошад, табобат кардан имкон дорад.
***
(котиби масъул),
Кӯдаки чорсола аз падараш мепурсад: - Дар рӯи замин чӣ қадар одам аст? Мард: - Мммм.... тақрибан 6 миллиард нафар, шояд аз ин бисёртар. Барои чӣ пурсидӣ? Баъди каме танаффус. - Ту кормандони БДА-ро ҳам ҳисоб кардӣ?
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
***
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Корманди БДА натавонист, ки тариқи телевизион мусобиқаи “Формула-1”-ро тамошо кунад. Аз чунин суръати баланди мошин аз бахилӣ сактаи қалб шуд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
***
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ
Ду равоншинос бо ҳам суҳбат доранд. Яке ба дигараш мегӯяд: - Ман усули олии кашфи мизоҷонро ёфтаам. - Чӣ гуна? - Рӯи варақи сафед чанд қатра ранги сиёҳ мерезам ва аз бемор мепурсам, ки ба чӣ монанд аст. Қотил дар он хунро мебинад, дузд зару ҷавоҳирро, булҳавас духтари урёнро. Ҳамин вақт дари утоқ тақ-тақ шуда, корманди БДА ворид мешавад. Равоншиноси кашшоф ба ҳамкасбаш чашмакӣ мезанад, ки бубин ин навбат чӣ мешавад. Духтур дар варақ ду қатра ранги сиёҳ рехта, назди корманди БДА мегузорад. Корманди БДА ба варақча нимназаре карда, зуд худро қафо мекашад ва мегӯяд: - Hе, духтурҷон, ман ин қадар пул дода наметавонам.
(хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
Лутфи ҷавонӣ
Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 6940 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
НИМ ШУХИЮ НИМ ҶИДДӢ
ҶУГӢ ЧӢ ГУФТ? Нисфирӯзӣ мондаю лакот аз шанбегӣ баргаштам. Дасту рӯй шуста, каме дам гирифтам. Баъд аз чанде ҳамсарам дар даст дастурхон вориди хона шуд. Дастурхон густурда, нону чой ва хӯроки гарм овард. Ман, ки гурусна будам, ба хӯрдани хӯрок сар кардам. Ҳамсарам рӯ ба рӯи ман нишаста чойро якчанд бор гардонду ба пиёла рехта наздам гузошт. Нигоҳи чуқури ӯро ба сӯям ҳис карда, донистам, ки чизе гуфтан мехоҳад. Даст ба нон бурда, гуфтам? - Тинҷист, занак? Гуфтание дорӣ? Мунтазири ҳамин суханҳо буд, магар ки ба гап даромад. - Мардак, ҳамин саҳар хонаро рӯбучин доштам, ки як ҷугӣ аз дари кушода сарашро дароварда «соҳибхона» гӯён маро ҷеғ зад. Маҷбур кору борро партофта ба наздаш баромадам. Ҷавонзани сиёҳҷурдае дар тан либосҳои қиматбаҳо дошту дар бағал кӯдаки хурдсоле. - Ягон чиз садақа медодед, балам…-гӯён беист ба гап даромад. Ман ҳам суханҳои чун шеър ба тартиби ӯро бурида, ба зарда гуфтам: - Аз дасти шумо ҷугиҳо без-
ор шудем-ку. Саҳар баробари хурусфарёд шӯру мағали шумо мардумро аз хобаш бедор мекунад. Мемонед, ки ақалан дар рӯзҳои истироҳатӣ каме хоб кунем?! Ман мехостам, ки ба ӯ маҷоли сухан надода, аз пеши дарам пешаш кунам. Вале гардани каҷу нигоҳи илтиҷоомезаш маро аз роҳ боздошт. - Апа, ман ҷугӣ не. Ман аз арабҳои Шаҳритус. Пешгӯӣ карда метавонам. Ягон сӯм диҳед, шуморо фол бинам... Ба ӯ гуфтам, ки ягон тини пучак надорам. Ҳамсарам мулоқоти бо ҷӯгӣ доштаашро бо завқ нақл карда истода, афзуд: - Маошатонро, ки ба дастам дода будед, ҳамон ҳафтаи аввал тамом шуд. Картошкаю пиёз, равғану биринҷ, ҳатто орд надоштем. Маошатон, мардак, дар як дам чун барф дар баҳорон нест шуда рафт. Ҳатто ба баъзе чизҳо нарасид. Дидам, ки дар бораи маоши каму ночизи ман гап зиёд шудан дорад, ба ҳамсарам рӯ овардам: - Ҷугӣ чӣ гуфт, занак, ҷугӣ? - Ҳа, ҷугӣ гуфт, ки чизе аз дилат барорӣ, мешавад. Каме дар халта ордамон буд. Ҳамон халта орди 3 моҳ пеш додарам аз бозори «Фаровон» харида буд-ку, ёдатон ҳаст мардак? Бо аломати тасдиқ сар
ҷунбондам. Ҳамсарам нақлашро бо шавқи дучанд давом дод: - Ана ҳамон ордро додам. Баъд дар зарфи 5-литра каме равған буд, ҳамон равғане, ки аз он ба тӯйи хоҳарам кулча пухта будем ва ба ҳама тӯякиҳо кулчаҳои серравған пухтаи ман маъқул шуда буд. Ба фикрам аз ёдат набаромадагист, ҳама зани кадбонуи туро таъриф карда буданд... Боз 2 дона собуни сиёҳ ва 3 дона собуни мушкбӯйро ҳам ба ҷугӣ додам. Ин собунҳоро, ба ёдат бошад, якҷоя харида будем… - Фаҳмо, ҷугӣ чӣ гуфт?гапашро буридам ман. Ҳа, ҷугӣ гуфт, ки мешавад, чизе ки диҳӣ. Баъд сандуқро кушода 3 метр матои «хамилион» ва 2 метр матои «помбалх» аз хориҷа овардаи туро ҳам гирифта додам. Не нагуфт, исқотӣ. Баъд… Дидам, ки номгӯи чизҳои додааш ва шарҳи аз куҷо пайдо шудану аз кадом бозору фурӯшгоҳ харида шудани онҳо тамом намешавад, қаҳрамро дошта натавониста, фарёд задам: - Ҷугӣ чӣ гуфт, ҷугӣ? Ҳамсарам қавоқи овезон ва табъи гирифтаи маро дида, бо тарс гуфт: - Ҷугӣ гуфт, ки шумо бой мешавед… - Оҳ, ними ҷиҳози хонаро бо ду дасти адаб ба ҷӯгӣ супоридиву боз мегӯӣ бой мешавем?! Ашрафи АФЗАЛ, “ҶТ”
***
Аз Афандӣ мепурсанд: - Барои чӣ қадат ин қадар дароз аст? Ҷавоб медиҳад: - Ман дар ошёнаи дуюм таваллуд шудаам.
ЭЪЛОН
Эътибор надорад
Номаи камоли гумшуда, ки мактаби ғоибонаи калонсолони ноҳияи Ҳисор соли 2012 ба Шаҳнозаи Раҳим додааст, эътибор надорад.
ҲАМДАРДӢ
Кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ба сардори хадамот Баҳодур Холназаров нисбат ба вафоти нобаҳангоми МОДАРАШ изҳори ҳамдардӣ намуда, ба пайвандону наздиконаш аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд. Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз марги бемаҳали яке аз кормандони фаъоли китобхона ШЕРАЛӢ ТАШРИФОВ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабру таҳаммул мехоҳанд.