Javononi Tojikiston, №49 (9371), 4.12.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

1

№49 (9371),

4 декабри соли 2014

МУЛОҲИЗА

ИҚТИСОД

Муаррифии маҳсулоти Тоҷикистон дар Истанбул

25-29 ноябри соли равон дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Намоишгоҳи байналмилалии соҳибкорони мустақил таҳти роҳбарии Конфедератсияи MUSIAD (Дафтари соҳибкорони мустақили Туркия) баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 120 кишвар ширкат варзиданд. Дар он ширкату корхонаҳои кишвар маҳсулоти худро пешкаши тамошобинон намуданд. Дар доираи ин чорабинӣ Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои мамлакат бо раиси Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) Умер Ҷиҳад Вардан ва раиси Дафтари соҳибкорони мустақили Ҷумҳурии Туркия Нейл Олпак мулоқот кард.

ОМОР

Гардиши савдои хориҷӣ беш аз 4 миллиард долларро ташкил дод Тибқи иттилои Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ аз моҳи январ то моҳи октябри соли равон гардиши савдои хориҷии мамлакат 4 миллиарду 395 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 8,1 фоиз зиёд аст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 98 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, бо 10 кишвари ИДМ ва 88 кишвари хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ дошт.

ЭНЕРГЕТИКА

Талоши бесаводсозии ҷомеа Тарафдорони баргашт ба хатти ниёкон ҳаминро мехоҳанд?

Истеҳсоли барқ кам шуд Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Бойғозӣ” 9,2 миллиард киловат/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст. Ин нишондод 96,9 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 226,9 миллион киловат/ соат қувваи барқ кам аст.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

ОБУНА-2015


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

2

НАССОҶӢ

Нашри «Сад барги ғазал»-и Ҷомӣ Чанде пеш китоби «Сад барги ғазал» -и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи 600-солагии мавлуди мубораки ин алломаи бузург бо интихоб ва пешгуфтори мудири кафедраи адабиёти классики тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Нуралӣ Нурзод ба чоп расид, ки аз рӯи нусхаҳои тоҷикистониву эронии ҳар се девони шоир баргузида шудааст. Тавре дар муқаддимаи ки- ва отифаҳову эҳсос ва тафаккутоб таъкид шудааст, «воқеан за- ри шоирона пешорӯ мегузорад, бони ғазалиёти шоир аз чандин ки албатта мутмаинем муҳибону шохисаҳои ҳунарӣ дар намуди сох- мухлисони сухани ноби шоир тмони тарокиб ва таъбирҳои шои- фаротар аз дирӯзу имрӯз дар рона, корбурди ҳунармандонаи оянда қадам ба сайди маънӣ ва вожа ва ибораҳои мардумӣ ва кашфи рамзу рози наққошиҳои амсоли ин бархӯрдоранд, ки беш- ҳунарварона дар лавҳи ғазал тари маврид онҳо ба сурати мах- хоҳанд гузошт». сус ва ба унвони маҳсули тафакУмед аст, ки «Сад барги кури бадеии суханвар ба ҷилва ғазал» ба машоми мухлисону омада, арзишҳои хоси маънавӣ муҳибони сухани ноб атри маъва адабиву ҳунарии каломи шо- нии баланду каломи файзбор аз ирро муҷассам гардонидаанд. эҳсоси рангобаранги лаззатбахши Таваҷҷуҳи бештар ба таҷассуми инсонӣ хоҳад расонид. ҳунари шоирии Ҷомӣ дар оинаи ғазалиёти ӯ боз ҳам имконоМаъмури ЮСУФЗОД, ти фарохтареро дар шинохт ва шаҳри Хуҷанд маърифати андешаҳои борвар

Тарроҳони тоҷик дар Сингапур мӯди нав меомӯзанд

Ҳам табибу ҳам ҳабиб

Як ҳайат иборат аз тарроҳони либос ва омӯзгорони тарроҳӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон 1 декабр боздиди якҳафтаинаи худро аз Сингапур оғоз кард.

Чанде пеш дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар муаррифии китоби “Меҳри Ватан”-и шоир ва табиб Мирзо Ғафорзода, ки бо тахаллуси Ҳаким Гӯё эҷод мекунад, баргузор гардид.

Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад. Ҳадаф аз сафар тақвияти тавоноии ширкатҳо ва ниҳодҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар арсаи тарроҳӣ мебошад. Дар ҷараёни сафар давраи омӯзишӣ, фаъолиятҳои таҷрибавӣ, боздидҳо аз студияҳои тарроҳӣ ва фурӯшгоҳҳои маъруф бо мақсади омӯзиш ва огаҳии

ВОХӮРӢ

бештар аз тарроҳии маҳсулот, рушди маҳсулот ва роҳандозии истеҳсоли либосворӣ дар назар дошта шудааст. Наргиза Абдумаҷидова, ёвари миллии барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, ки ҳайатро ҳамроҳӣ мекунад, гуфт: “Ин сафар ба намояндагони саноати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, то талаботи бозорро беҳтар фаҳманд ва барои рақобат дар бозору гуногунсозии содирот бештар омодагӣ бигиранд. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар самтҳои калидии омӯзишу пажӯҳиши бозор ба воситаи торнамоҳо, таҳияи девораву баргаҳои тарроҳӣ, муайян кардани навъҳои матоъҳо ва огаҳии бештар аз василаҳои ороишиву истифодаи онҳо дар тарроҳиро низ фаро мегирад”.

Ёрӣ ба корхонаҳои нассоҷӣ Муниш Тягӣ, мушовири байналмилалии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) доир ба соҳаи нассоҷӣ ва ҳамзамон, мушовири аршади ширкати ҳиндии “Раҷеш Бҳеда Консалтинг” дар ҷараёни сафараш 19-28 ноябр аз 10 ширкати нассоҷии Душанбеву Суғду Хатлон дидан кард.

e-mail: javonontj@mail.ru

КИТОБИ НАВ

Ҳадаф баҳогузорӣ ба фаъолияти корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар самти ресандагӣ, рангрезӣ, ва бофандагӣ буд. Ҷаноби Тягӣ натиҷаҳои аввалияи сафари худро бо тавсияҳои нахустинаш зимни ду давраи омӯзишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд (25 ноябр) ва Душанбе (28 ноябр) дар миён гузошт. Ин давраҳои омӯзишӣ бо мақсади ёрӣ ба корхонаҳои Тоҷикистон дар беҳтар кардани фаъолияташон ва ҳал кардани масоиле, ки дар ҷараёни кор пеш меояд, тарҳрезӣ шуда буданд. Ҳангоми боздид аз корхонаҳо, ҷаноби Тягӣ дар мавриди истифода аз намунаҳои гуногуни фанновариҳо вобаста ба дархост ва ниёзҳои корхонаҳо тавсияҳо дод. Интизор меравад, ӯ ҷиҳати муваффақияти қадамҳои баъдии корхонаҳои Тоҷикистон дар роҳи беҳтар кардани маҳсулоташон ва вуруд ба бозорҳои нав тавсияҳои муфассалтар пешниҳод кунад. У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”

Қурбон Афғонов, директори Китобхона мақсад аз гузаронидани чорабинии ба хотири ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхона ва мутолиаи китоб арзёби кард. Муҳаммадалии Аҷамӣ, шоир, барандаи Ҷоизаи адабии Мирзо Турсунзода, оид ба эҷоди шоири навқалам чунин ибрози андеша намуд: “Ҳаким Гӯё дар баробари кори табибӣ ба эҷоди шеър шавқи зиёд дорад ва солҳост, ки дар ин ҷода табъозмоӣ мекунад. Талош мекунад, ҳар калимаро санҷида ва дониста дар шеър ба кор барад, таносуби як калима ба калимаи дигарро дар баёни маъно хуб медонад. Ӯ андак-андак дар кори шеър таҷриба меандӯзад ва дар ин роҳ, бовар дорам, аз фарозу фурудҳо ба танг намеояд, зеро улфат, унс ва дӯстӣ бо калима таҷрибаи фаровон мехоҳад... Дар корҳои худ ба чанд мавзӯъ иктифо намекунад, балки фазои мавзӯъҳоро аз шеър то шеър густурда месозад. Ӯ дар оғози сафар аст, сафари шинохтани шеър ва дигар нозукиҳое, ки дар он аст. Он чи барои шоир Ҳаким Гӯё дар суханварӣ беш аз ҳар чизи дигар лозим ва зарур аст, дамидани рӯҳи шеър дар калимаҳост. Агар аз саъю талош даст барнадорад, сидқу самимияти худро зиёдтар сайқал бидиҳад, ба мурод хоҳад расид”. Чинигул Каримова, омӯзгори МТМУ №71, зикр

кард, ки Ҳаким Гӯё хуб медонад, ки сухан низ ба ҳолати равонии шахс таъсир мерасонад, аз ин рӯ, кӯшиш кардааст, ки шеъри шоиста бигӯяд. Масалан, хонандагони мактаби мо ҳангоми тайёр намудани барномаи фарҳангӣ шеърҳои ӯро дар дусе рӯз аз худ карданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки шеърҳои ӯ содаю равон ва ба замони имрӯза мувофиқ мебошанд. - Мо - наврасон аз чунин маҳфилҳо хеле баҳраманд мегардем, зеро илму маърифат яке аз шохаҳои дарахти зиндагии мо ба шумор меравад. Ман пешниҳод менамоям, ки чунин маҳфилҳо зиёдтар гарданд ва мо наврасон дар он иштирок карда, аз адабиёти имрӯза ва шоирони барҷаста бохабар шавем ва аз суҳбати онҳо баҳра бардорем,- гуфт Бибиоишаи Абдулло, хонандаи МТМУ №4. Дар маҳфил хонандагони МТМУ №71 аз ашъори Ҳаким Гӯё шеъру суруд қироат карданд. Ба онҳо “Ифтихорнома”-и Китобхонаи давлатии бачагона ва китоби шоир Ҳаким Гӯё тақдим шуд. “Меҳри Ватан” нахустин маҷмӯаи шеърҳои Ҳаким Гӯё мебошад, ки дар нашриёти “Адиб” чоп шудааст. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


Бо ташаббуси Федератсияи умумичинии ҷавонон (ФУҶ) 17-28 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии дӯстонаи лидерони ҷавони давлатҳои Авруосиё баргузор гардид. Зимни он, ки дар доираи лоиҳаи «Ба сӯи орзу дар «Шоҳроҳи Абрешим» сурат гирифт, 51 нафар лидери ҷавон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Белорус ва Озарбойҷон ширкат варзиданд. Сафари мо ба Чин тавассути хатсайри Душанбе-АлмаатоУрумчӣ сурат гирифт. Урумчӣ яке аз шаҳрҳои зеботарини Чин ва маркази маъмурии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур ба шумор меравад. Ноҳияи мазкур бо Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамсарҳад аст. Ғайр аз ноҳияи мазкур, инчунин, ба музофоти Шэнсии ноҳияи мухтори НенсияХуэй ва шаҳри Сиан низ сафар доштем. Ҷумҳурии Мардумии Чин чӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чӣ саноату сохтмон ба дастовардҳои бузург ноил гаштааст. Аз ин рӯ, аҳолии беш аз 1,3 миллиарднафараи худро пурра бо маҳсулоти кишоварзию саноатӣ таъмин намуда, ба хориҷа низ содир мекунад. Дар ин кишвари сераҳолитарини дунё одами бекорро намебинӣ. Ҳама ба худ шуғле доранд. Зимни сафар мо бо роҳбарони Федератсияи умумичинии ҷавонон мулоқот доштем. Ҳангоми вохӯриҳо мавзӯи асосии сӯҳбат кор бо ҷавонон, фаъолияти созмонҳои ҷавонон, робитаҳои ҷавонони Чин бо ҷавонони мамолики хориҷӣ буд. Мо, ҳамчунин, ба Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва навсозиҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтем. Мизбонон ба мо дар бораи муносибатҳои Чин бо мамолики Авруосиё ва нақшаи бунёди “Тасмаи иқтисодии Шоҳроҳи Абрешим” маълумот доданд. Дар мулоқот таъкид шуд, ки «Шоҳроҳи Абрешим» тӯли асрҳо гузаштагони моро тавассути робитаҳои тиҷоративу дӯстона ба ҳам мепайваст. Ин на танҳо роҳи сирф тиҷоратӣ, балки як навъ пули фарҳангӣ-иқтисодӣ миёни тамаддунҳо ба шумор мерафт. Як сол пеш, аниқтараш, 7 сентябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Мардумии Си Ҷинпин дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона пешниҳод

намуд, ки «дар асоси усулҳои инноватсионии муштарак минтақаи иқтисодии Шоҳроҳи Абрешимро таъсис дода, робитаҳои иқтисодӣ миёни мамолики Осиёву Аврупо наздиктар карда шавад». Ба гуфтаи Си Ҷинпин «долони нави Шоҳроҳи Абрешим, аз модели анъанавии ҳамкории минтақавӣ аз он фарқ мекунад, ки ҳамкориҳоро бо роҳи таъсиси сохтори идоракунандаи фаромиллӣ дар назар намегирад». Ғайр аз ин, дар Шоҳроҳи Абрешими нав чорчӯбаи аниқи географӣ, пункти муайяни содироту ниҳоӣ мавҷуд нест. Ташаббуси таъсиси муштараки тасмаи иқтисодӣ дар Шоҳроҳи Абрешим мантиқи бузурги таърихӣ

дошта, аз доираи як минтақа берун мебарояд. Мо онро ба ҳайси як имконоти бузург барои ҳалли вазифаҳои стратегии тараққиёти муштарак ва таъмини рушди иқтисодии ҷонибҳо меҳисобем. Чун дар бораи ин роҳи таърихӣ сухан рафт, ман ба ҳайси сарвари ҳайати намояндагони Тоҷикистон изҳор намудам, ки «Шоҳроҳи Абрешим» дар диёри бостонии мо чанд масирро дар бар мегирифт. Якум, «Роҳи Суғд». Роҳи мазкур аз Қӯқанд то шаҳри Душанбе тӯл мекашид. Дуюм, «Роҳи Қаротегин». Ин масир аз Тирмиз оғоз ёфта, то Кошғари Чин тӯл мекашид. Сеюм, «Ҷанубӣ». Ин роҳ аз Душанбе то

Қубодиёнро дарбар мегирифт. Чорум, «Роҳи бузурги Помир». Он аз Балх оғоз ёфта, то Барпанҷ тӯл мекашид. Ҳамин тавр, «Шоҳроҳи Абрешим»-еро, ки ниёконамон дар давраи қадим бунёд карда буданд, мо метавонем бо шакли нав ба наслҳои оянда пешкаш намоем. Ба ин мо метавонем на танҳо зиндагӣ, балки муносибатҳои дӯстонаи миллион нафарро, ки дар гузаргоҳи роҳи мазкур маскунанд, беҳтар созем. Дар ҳудуди «Шоҳроҳи Абрешим» тақрибан 40 дар сади аҳолии дунё зиндагӣ мекарданд. Қариб 54 дарсади маҷӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон ва 44 дарсади тиҷорати

Самариддин АСОЗОДА, “ҶТ”, Душанбе-Алмаато-УрумчӣДушанбе

e-mail: javonontj@mail.ru

Шоҳроҳи абрешим – пуле миёни тамаддунҳо

ҷаҳонӣ ба ин минтақа рост меояд. Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур аз захираҳои минералӣ бой буда, дар қаъри замини он 138 намуд канданиҳои фоиданок мавҷуданд. Ин минтақа дорои 570 дарё ва 100 кӯл мебошад. Ҳаҷми солонаи оби ҷории ноҳия ба 88 миллиард метри кубӣ баробар аст. Зиёда аз нисфи пиряхҳои Чин дар ҳудуди Синзян-Уйғур мебошад. Синзян-Уйғур минтақаи сершамол буда, барои истифода аз энергияи шамол қулай аст. Аз ин рӯ, дар ин минтақа мо шоҳиди зиёди таҷҳизоти шамолӣ шудем. Дар Синзян 40 дарсади ангиштсанги Чин мавҷуд аст. Ин минтақа дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакат мақоми шоиста дорад. Синзян сеяки пахтаи Чин ва 8% пахтаи ҷаҳонро истеҳсол мекунад. Дар гузашта Синзян дар қалби «Шоҳроҳи Абрешим» қарор дошт. Имрӯз дар он дуюмин пули байниминтақавии Авруосиё мавҷуд аст. Ноҳияи Синзян-Уйғур дорои захираҳои бузурги туристӣ мебошад. Дар Чин 68 мавзеи асосии бузурги туристӣ мавҷуд аст, ки 56-тои он дар Синзян ҷой гирифтааст. Ба сайёҳон навъҳои гуногуни туризм пешкаш мешавад: сайр ба биёбон, туризми илмӣ-тадқиқотӣ, туризми фарҳангӣ археологӣ, рафтинг, саёҳат ба пиряхҳо, ба Шоҳроҳи Абрешим, туризми тиҷоратӣ (шоппинг-туризм), туризми шикорӣ, сайёҳат ба лижа ва ғайра. Солҳои охир кӯҳгардӣ ва пиёдагардӣ дар оғуши табиат муд шудааст. Барои саёҳон дар тамоми мавзеъҳои туристӣ меҳмонхонаҳои сершумору дорои категорияи гуногун мавҷуданд. Синзян-Уйғур сарзаминест, ки дар онҳо халқҳои гуногун, аз қабили уйғурҳо, хонҳо, қазоқҳо, муғулҳо, тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо, русҳо, тоторҳо ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Аксари сокинони ноҳия мусулмонанд. Бо мақсади ошноӣ бо расму оин ва таоми миллии мусулмонони Чин тамоми ҳайатро як рӯз ба меҳмонии мардуми мусулмон бурданд. Тамоми мардуми Синзян сиёсати миллии роҳбарияти минтақаро дастгирӣ мекунанд. Шабакаи роҳҳои Синзян хеле пешрафта мебошад. Аз Урумчӣ то Алмаато (Қазоқистон) роҳи оҳан мавҷуд аст. Роҳи автомобилгарде, ки тавассути биёбони Такла Макон мегузарад, дарозтарини роҳи биёбонӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ҳавсалаи чиниҳоро бинед, ки ду тарафи ин шоҳроҳро саросар арчазор кардаанд. Дидор аз шаҳри Турфан низ бароямон хотирмон буд. Турфан бо ангурҳои лазизаш машҳур буда, ба хориҷа мавизҳои баландсифат содир мекунад. Дар рафти сафар аз ҷониби мизбонон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешкаш гардид. Мо, инчунин, бо рафти таълиму тарбия дар макотиби олӣ ва корҳои ободонӣ дар деҳот ошно шудем. Воқеан, Чин кишвари абарқудратест, ки хоҳони ҳамкориҳои густурдаи иқтисодӣ бо тамоми мамолик мебошад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

3

РАҲОВАРД


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

4

МУЛОҲИЗА

Чандест баҳс атрофи бозгашт ба хатти ниёкон дар матбуот аз нав доман мезанад. Олимону фарҳангиён ҷиҳатҳои мусбат ва манфии ин масъаларо ёдрас мешаванд. Ростӣ, банда ҳам то ҷое тарафдори баргашт ба ин хат ҳастам. Зеро қатту андозаҳои хатти форсӣ-арабӣ маро доим ба ваҷд меорад. Аммо бояд қайд кард, ки чунин масъалаи ҳассос ё тақдирҳалкунандаи як миллат набояд танҳо бо хосту орзуи кадоме аз мо ба роҳ монда шавад. Бозгашт ба хатти ниёкон чанд вижагие дорад, ки набояд нодида гирифт. Вақте Аморати Бухоро пурра барҳам хӯрд ва мардуми минтақа батадриҷ аз хатти ниёкон рӯ гардонида, хатти кириллиро соҳибӣ карданд, миёни наслҳои имрӯза ва аҷдод дараи азиме пайдо шуд, ки то имрӯз наметавонем барои васли онҳо пули созандае бунёд кунем. Зимнан, алифбои ниёкон танҳо масъалаи хат нест, балки он ифодагари таърих ва арзишҳои маънавии мо низ ҳаст. Бо ин хат асарҳои зиёде эҷод шудаанд. Тамаддуни нотакрор ва давлату ҳокимиятҳои нодире бунёд ёфтанд. Аммо ногуфта намонад, он вижагии хатти ниёкон, ки қарнҳои қабл мардуми ин минтақа соҳиб буд, ҳоло аз байн рафтааст. Ҳоло масъалаи мазкур аз характери фарҳангӣмаънавӣ дида, бештар характери сиёсӣ касб кардааст. Азбаски ағлаби насли имрӯза ба ин хат бегона аст, дар шароити муосир аз лиҳози бақои арзишҳои маънавии миллат баргашт ба алифбои ниёкон чандон мусбат ба назар намерасад. Ҳамчунин, ин гузариш метавонад иқтисодиёти кишварро, ки имрӯз бе он ҳам чандон устувор нест, дар вазъи ногувор қарор диҳад. Имрӯз мебояд барои ҳаллу фасли масъала мутахассисони соҳаи маориф, олимони соҳаи иқтисодиёт ва ҷомеашиносӣ тадқиқот гузаронанд ва ҷанбаъҳои мусбату манфии бозгашт ба хатти ниёконро возеҳу мушаххас намоянд. Ҳоло ки чунин таҳлил ва тадқиқе рӯйи даст гирифта нашудааст, ҳарки хост, атрофи ин мавзӯъ лаб вомекунад. Масъалаи бозгашт ба хатти ниёкон метавонад бинобар характеру паҳлӯҳои гуногунаш мавзӯи рисолаҳои илмии олимон қарор гирад. Хусусан, соҳаи маориф, ки бақои як миллат бештар ба он вобаста аст, бояд перомуни ин масъала ба хулосаи аниқ биёяд, ки имкон барои баргашт ҳаст ё не. Гузашта аз ин, агар ба масъала сатҳӣ ҳам назар кунем, мебинем, ки имрӯз баргашт ба хатти ниёкон барои халқу ватанамон холӣ аз манфиати миллӣ буда, ҳатто таҳлукаовар ҳам шуда метавонад. Онҳое, ки тарафдори бозгашт ба хатти ниёкон ҳастанд, барои асоснок кардани иддаояшон як қатор далелҳо пеш меоранд. Аз ҷумла, мегӯянд, ки хатти кириллӣ ба шеваи гӯиши забони тоҷикӣ мутобиқ нест. Шояд эшон то ҷое ҳақ бошанд, аммо қайд кардан лозим аст, ки ба масъала на якҷониба, балки фарохтар нигариста таҳлил намудан ба манфиат аст. Дар умум, барои мардум ҳини муколамаву мукотаба бо забони тоҷикии кириллиасос ҳеҷ душворие мавҷуд нест. Хатти кириллӣ бо гузашти солҳо ба ҳар як талаба имкон фароҳам овардааст, ки фикру андешаашро озодона ва ба осонӣ баён дорад. Ҳамзамон, қишрҳои гуногуни ҷомеа мушкилоташонро бо хатти мазкур бемамониат изҳор медоранд. Ба назари мо, имрӯз мушкили асосӣ на дар хатти кириллиасос ва ё хатти ниёкон, балки дар худи таълими забони тоҷикӣ аст. Аксар хатмкунандагони мактабҳои миёна қоидаи исму сифату феълро бурро ва беғалат аз ёд гуфта метавонанд. Аммо вақте аз онҳо хоҳиш мекунед ҷумлаи дуруст ва ботартибе эҷод кунанд, ки дар он исму сифат ба маврид ва саҳеҳ оварда шавад, дасту по мехӯранд. Шеърҳои зиёде ҳам аз классикон аз ёд мегӯянд, аммо аз нигоҳи таҳлил ва хулосабарории матни азёдшуда бисёр заиф мемонанд. Дар гӯиш ва муколама ҳам вазъ чунин

ёти лозима бо хатти тоҷикӣ-кириллӣ мавҷуд нест ва русидонии насли муосир сол аз сол коста мегардад, мардум баъд аз гузашти замон ба куллӣ бесавод мемонад. Дуруст аст, ки камбуди адабиёт бо забони давлатии кириллиасос барои пешрафти илми тоҷик мушкил эҷод мекунад. Гуфта мешавад, алҳол дар шабакаи интернетӣ беш аз 1000 сомона бо хатти ниёкон мавҷуд аст. Дар энсиклопедияи виртуалии «Wikipedia» беш аз 220 ҳазор матлаб бо хатти мазкур мавҷуданд ва ин нишондод рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Тарафдорон бар онанд, ки гузариш ба хатти ниёкон ин матолибро барои олимони мо дастрас мегардонад. Дар ҳамин ҷо савол пайдо мешавад, ки барои чӣ дар шабакаи интернетӣ теъдоди сомонаҳои бо забони тоҷикии хатти кириллӣ беҳад каманд? Оё муассисаҳои таълимии олӣ ва Академияи илмҳо наметавонанд ин мушкилро ҳал кунанд? Ҳар сол дар муассисаҳои таълимии кишвар олимону унвонҷӯёни зиёде рисолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳимоя мекунанд. Аммо корҳои анҷомшуда на ба олами маҷозӣ роҳ меёбанд, балки дар бойгониҳо зери чанг мемонанд. Тоҷикшиносӣ ва тарғибу муаррифии фарҳанги миллатро аз энсиклопедияҳои виртуалӣ бояд оғоз кард, ки онҳо ба тамоми гӯшаю канори олам дастрасанд. Илова ба суханҳои боло як паҳлӯи нозуки

Талоши бесаводсозии ҷомеа Тарафдорони баргашт ба хатти ниёкон ҳаминро мехоҳанд? аст. Барномаҳои мактабӣ дар ин самт талабаро бештар ҷиҳати назарияи забони миллиро меомӯзонанд. Паҳлӯи амалии масъала, мисле ки сарфи назар шудааст. Чунин тарзи таълим боис гашта, ки донишҳои забонӣ дар зеҳни талаба монда (он ҳам муддати кӯтоҳе), наметавонад болои коғаз резад. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарсола дар имлои забони тоҷикӣ корро боз ҳам душвортар мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки Кумитаи забон ва истилоҳот барин сохторҳо барои бекор намондан атрофи имлои забони муосири тоҷик қарорҳои нав ба нав қабул мекунанд. Талабаи мактаби миёна ҳоло аз имлои қаблӣ хуб баҳравар нагардида, рӯзи дигар бо имлои нав рӯ ба рӯ мешавад. Чунин ҳолатро дар матбуоти даврӣ низ мушоҳида кардан мумкин. Ҳоло ҳар касе воқифи кадом имлое бошад, бо он менависад. Исботи ин гуфта гузоришҳои хабарнигорон аст, ки вақте дар сари роҳ истода, аз мардум ва хусусан донишҷӯён атрофи масъалае суол мекунанд, донишҷӯёни пурсидашуда, қариб ки фикрашонро дуруст ва беғалат ифода карда наметавонанд. Мушоҳида мешавад, ки дар ин қабил суҳбатҳо фикрҳо парешон, такрори сухан зиёд ва гуфторҳо басе бемантиқанд. Агар мо имрӯз ба хатти ниёкон ҳам баргардем, ҳамоно забонамон дар гӯиши тоҷикӣ лол мемонад. Агар ҳавасмандони баргашт ба хат ин қадар дар фикри фарҳангу миллати тоҷик ҳастанд, беҳтар мешуд перомуни рафъи ин мушкилот талош варзанд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки баргашт ба хатти ниёкон, ҷавонони бе ин ҳам чаласаводи моро комилан бесавод мекунад. Ҳам табдили хатту алифбо чандон ройгон нест. Акнун як тасаввур кунед, вақте қарор барои баргашт ба хатти ниёкон гирифта шуд, Вазорати маориф ва илм тасмим мегирад, ки тамоми адабиёти дарсии аввал синфҳои ибтидоӣ ва донишҷӯёну муҳаққиқонро бо хатти ниёкон баргардонида чоп кунад. Бинобар омори Вазорати маориф ва илми кишвар барои солҳои 2012-2013 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 3813 муассисаи таълимии тодонишгоҳӣ мавҷуд буда, дар онҳо беш аз 1 миллиону 750 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд ва ин нишондод сол аз сол зиёд мегардад. Агар ба ҳисоби миёна гирем, сари ҳар талаба дар як соли таҳсил тақрибан на кам аз 4-5 китоби дарсӣ рост меояд. Ин нишондод дар синфҳои болоии мактаби миёна зиёдтар аст. Дар ҷамъ 8 миллиону 500 ҳазор дона китоби дарсӣ мешавад, ки нархи як китоб дар мағозаҳо 10-15

сомониро ташкил медиҳад. Пас, гуфтан мумкин аст, ки танҳо барои баргардон, табъ ва нашри китобҳои дарсӣ аз хатти кириллӣ ба хатти ниёкон на кам аз 70-80 миллион сомонӣ аз хазинаи давлат харҷ хоҳад шуд. Ин нишондод танҳо ба китобҳои дарсии мактаби миёна тааллуқ дорад. Бар замми ин, китобҳо барои хониши беруназсинфӣ низ лозиманд, ки харҷи молии онро хонанда қазоват кунад. Ин хароҷоти ҳангуфт танҳо ба мактабҳои миёна тааллуқ дорад. Гузашта аз ин, адабиёти ба хатти ниёкон баргардоншударо ба талаба кӣ меомӯзонад? Ин қадар муаллимони таҷрибадори мактабҳои миёна, ки аксар аз хатти ниёкон ба хубӣ огоҳ нестанд, талабаро чӣ тавр бо ин хат фанҳои биология, ҷуғрофия, математика, кимиё ва ғайраро таълим хоҳанд дод? Ба ин ҳисобот сафи донишгоҳҳо, донишкадаҳову Академияи улумро низ метавон илова кард. Ҳамчунин, барои анҷоми кори мазкур мусаҳҳеҳ ва мутахассиси зиёд лозим мешавад, ки ҳоло мо онҳоро надорем. Қатъӣ гуфтан мумкин аст, ки имрӯз кишварамон барои баргашт ба хатти ниёкон аз лиҳози моддию молӣ имкон надорад. Дар навбати худ Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ низ тасмим мегирад, ки тамоми лавҳаву номҳо ба хатти ниёкон баргардонида шаванд. Ин ҳам мутахассиси иловагиро талаб мекунад. Ҳоло аз хусуси молиёти ин авантюра сухан накушодаем. Дар сурати баргашт доду гирифт ва мукотаба дар тамоми вазорату корхонаҳо бояд бо хатти ниёкон ба роҳ монда шаванд. Андеша кунед, ки чӣ тавр аксар мутахассиси ин ё он соҳа дар як лаҳза бесавод мемонанд. Албатта, метавон аз кӯмаки давлатҳои ҳамзабон - Эрону Афғонистон истифода бурд, аммо ин ҷо ҳам мушкил пеш омаданаш мумкин аст, зеро ба ҳама маълум аст, ки шеваю гӯиши се давлати ҳамзабон аз ҳам фарқ мекунанд. Мукотаба бо хатти ниёкон ва ҷалби мутахассисони хориҷии соҳа ба амнияти дохилӣ ва сохтори контрразведкаи кишвар низ хатари ҷиддӣ оварда метавонад. Зимнан, бояд гуфт, то имрӯз доир ба ҳар масъалае, ки аз кишвари ҳамфарҳангамон кӯмак хостаем, то охир нарасида, нотамом мондааст... Чунин менамояд, ки тарафдорони баргашт ба хатти ниёкон ба ин масъала яктарафа нигоҳ мекунанд ва ё дониста аз манфиатҳои ҷонибе ҳимоят кардан мехоҳанд. Онҳо иддао доранд, ки ҳоло олимону фарҳангшиносони тоҷик аз бойгонии васеи шабакаҳои интернетӣ маҳруманд. Азбаски аксари матолиб ва адаби-

масъаларо ҳам бояд ёдовар шуд, ки ин ҷиҳати сиёсӣ-идеологии он аст. Ба назар чунин мерасад, онҳое, ки барои баргашт ба хатти ниёкон талош меварзанд зери ниқоби тоҷикпарастӣ фарҳанги бегонаро тарғиб кардан доранд. Имрӯз маълум аст, ки шинохти арзишҳои маънавии ҷомеа, ба мисли дин, таърих ва худшиносии миллӣ дар қиёс ба наслҳои гузашта хеле заиф гаштаанд. Ҳар гуна таблиғу даъватҳое, ки барои иваз ё ислоҳи ин ё он сохти иҷтимоӣ сурат мегирад, метавонад бароямон зарбаи муҳлику харобоваре дошта бошад. Чунончи, имрӯз ҳаракатҳои террористии Ховари Миёнаву минтақа бе он ҳам ба исломи суннӣ таҳдид карда, зарбаҳои ҷиддӣ мезанад. Мазҳаби аҷдодии тоҷикон ҳанафия аст ва ҳар гуна равияҳои навтаъсис барои мардуми мо бегона мебошанд. Аз ин рӯ, баргашт ба хатти ниёкон метавонад дари фитнаҳои бештареро боз кунад, ки барои ҷомеаи начандон бедор чунин ҳолат бар зарар аст. Таълимоти мазҳаби шиа, ки ба фарҳангу арзишҳои маънавиямон бегона ва мавриди қабул нест, метавонад бе ягон мамониат афкори ноустувори пайравони мазҳаби ҳанафияро тахриб созад. Ҳарчанд, ҳини гуфтор атрофи баргашт ба хат фактори мазҳабиро нодида мегирем, аммо ба гумонам, яке аз масъалаҳои муҳимтарини даъвои мазкур ҳамин аст. Баргашти ҷомеаи муосири тоҷикистонӣ ба хатти ниёкон кишвари ҳамфарҳангро имкон медиҳад, ки сиёсати идеологиашро бештару қулайтар дар хоки Тоҷикистон роҳандозӣ кунад ва нуфузи имоматии шиаро дар Тоҷикистони суннимазҳаб зиёд карда, дари фитнаву фасодро дар ин сарзамин кушояд. Чунин раванд ба амният ва бақои миллати тоҷик бо асолату ҳувияти хосаш халал расонида, пояи арзишҳои маънавиро заиф мегардонад. Умуман, ҳар чизе то ин нукта атрофи масъалаи баргашт ба хатти ниёкон гуфта шуд, танҳо қатрае аз баҳр буд. Олимон ва муҳаққиқони ватаниро лозим меояд, ки атрофи масъала тадқиқоти ҷиддитар гузаронида, барои созандагӣ ва амнияти насли оянда саҳм гузоранд. Вагарна миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ қомат рост накарда, аз байн меравад. Ҳамчунин, таъкид кардан зарур аст, ҳоло ҷомеаи Тоҷикистон маблағи ҳангуфт, насли барҳадармерафта ва вақти фаровоне ҳам надорад, ки дар роҳи тағйири алифбо сарф карда, худро боз ҳам ба садсолаҳо ақиб кашад.

М. САИД, «ҶТ»


Дар замони муосир бошад, ҳаракату ҳаводиси террористию экстремистии Шарқи Наздик, ки бештар ба исломи сиёсию мазҳаб рабт доранд, ҷомеаи моро ба ташвиш овардаанд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки: «Ҳамсоя ту хуш бош, ки ман хуш бошам», яъне, ин ҳаракатҳои динию мазҳабӣ ва буҳронҳои молиявию иқтисодиии минтақа ба кишвари мо бетаъсир намемонанд. Дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон аз соли 1979 байни 21 мазҳаби динии исломӣ ҷанг идома дорад. Ё дар Покистон аз ин ҳам бештар азҳоби исломӣ вуҷуд доранду вазъи сиёсиаш ба ҳамагон маълум аст. Пас аз ин, Абдуқаюм имомхатибони масоҷидро, ки бо супориши бевоситаи Сарвари давлат имтиҳон (аттестатсия) карда шуданд, «кадр»-ҳои ҳукуматӣ номида, дар идома гуфтааст, «...ҳукумат ҳамоно ба онҳо эътимод надорад». Ба самъи Қаюмзод расониданием, ки дониш ва илми имомхатибон имтиҳон шуд, на афкори ботинӣ ва ба кадом ҳизбу гурӯҳи сиёсӣ тааллуқ доштанашон. Ё солҳои навадуми асри ХХ-ро халқи тоҷик хеле хуб дар ёд дорад, ки баъзе рӯҳониёну диндорон авомро ба майдоншиниву сангарнишинҳо даъват намуданд ва дар натиҷа, 150 000 (ба таври ғайрирасмӣ 210 000) нафар фарзанди тоҷикистонӣ ҷон доданд. Хатари дигаре, ки имрӯз ҷомеаи моро ба таҳлука андохтааст, сӯистифода кардани динҳо, яъне, сиёсӣ кардани онҳо, махсусан, дар минтақаҳои Шарқ

Мулло зиёӣ нест сохтани исломи сиёсист. Илова бар ин, рӯзноманигор ба мавзӯи суҳбати пешниҳодкардаи хеш яктарафа баҳогузорӣ намуда, баъзе ниҳодҳои ҷудогонаи давлатиро ба он гунаҳкор кардааст, ки гӯё онҳо роҳи халосиро аз табақаи руҳонӣ меҷуста бошанд. Қаюмзод, агар ниҳодҳои қудратии кишварро дар назар дошта бошад, дар ҳама мамолики олам ин гуна ниҳодҳо барои дифои манфиатҳои давлатии ҳамон ҳукумат вуҷуд доранд. Ин навиштаи Қаюмзод муғлақ буда, ҷумлаҳои аввал ба ҷумлаҳои охири сарсухан мутобиқ нестанд. Чунки ӯ дар ибтидо даъвои онро дорад, ки «мулло»ву «домулло»-ҳоро ҳукумат аз минбарҳо танг карда баровард, вале дар ҳеҷ ҷое зикр наменамояд, ки чаро дар кишварҳои динӣ ба рӯшанфикрону озодандешон минбар намедиҳанд? Дар ин ҳол аз рӯзноманигор пурсида мешавад, ки дар таърихи илму фалсафа «мулло»-ву «домулло» кай ба минбари илмӣ соҳиб шуд ё минбари илмӣ дошт? Оё Қаюмзод дар ёд дорад, ки баъд аз истиқлолият ба даст даровардани Тоҷикистон ҳудуди онро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта, бештари олимону мутахассисон, муаллимону муҳандисон ва кормандони дигар муассисаю корхонаҳо тарки кишвар намуданд. Маҳз бо рафтани ҳамин қишри ҷомеа фазои илмию фарҳангии мамлакат холӣ монд ва мебоист ҷойи онро афкору андешаи дигар пур намояд. Чун дар он солҳо нафаре ё гурӯҳе аз рӯшанфикрону озодандешон натавонистанд фарҳанги миллии худро эҳё ва муҳофизат намоянд, бинобар ин, мафкураи исломӣ мисли асри VII аз нав хуруҷ карда, ба оташи ҷанг равған рехт. Ин фарҳанг, ки дар иҷрои чунин амалҳо таҷрибаи беш аз 1400-сола дорад, арсаи гулзори баҳсро ба биёбон ва минбари суханони илмиро ба ғори ривоятбофӣ табдил дод. Акнун ба минбари холишудаи олимону мутафаккирони ориёӣ ҳамин гуна хоҷаҳои маҳаллии арабпарасту арабшуда, яъне, «мулло»-ву «домулло»-ҳо баромада, онро ғасб карданд. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои ҷанги бародаркуш илму дониш ва фарҳангу маърифат дигар ба дарди ҳеҷ кас намехӯрд. Дигар барои ин манқуртҳои маҳалливу хоҷаҳои арабшуда на раҳм буду на шафқат, чунки онҳо аз рӯи таълимоти динию мазҳабӣ дар роҳи Худо шамшерзаниро як амали хайр медонистанд. Аз зулму истибдоди ҳамин гуна ашхоси “миллатдӯст” (ба андешаи Маҳмудов танҳо ва танҳо «мулло» ва «домулло» шахсони миллатдӯстанд) буд, ки аксар олимону рӯшанфикрон ва намояндагони дигар табақаҳои ҷомеа

рӯ ба фирор оварданд. Саволи нахустини Қаюмзод ба Маҳмудов ин аст, ки: «Чӣ касонеро метавон «мулло» ва «домулло» ном бурд?». Аз хондани ҷавоби руҳонӣ оид ба ин ду вожаи динии маҳалии тоҷикии исломӣ ба гуфтаи кампирҳои лаби об «Харро хандаю бузро бозӣ» меояд. Руҳонӣ шарҳ додааст, ки гӯё «мулло»-ву «домулло» оид ба ин ё он масоили на танҳо динӣ, балки илмӣ - табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ таҷриба (экспримент) ва тадқиқоти дурудароз гузаронида, ба ин мартаба соҳиб гардидаанд. Ин тафсири Маҳмудов оид ба вожаҳои «мулло» ва «домулло» як шарҳи кӯчагии омиёна буда, аз он шаҳодат медиҳад, ӯ ҳатто дониши казоии динӣ ҳам надоштааст. Мутобиқи сарчашмаҳои таърихӣ истилоҳи «мулло» аз мафҳуми арабии «мавло» гирифта шуда, онро мардуми турк «мунло» низ мегӯянд. Вожаи «домулло» давоми ҳамон калимаи «мулло» аст, на аз он зиёд, ҳарчанд руҳонӣ даъво дорад, «домулло» шахсест аз «мулло» дониши фарохтару илми бунёдитар дорад (Мисле, ки мартабаи «доктори илм» бо тадқиқоти фундаменталию фарохаш аз «номзади илм» болтар аст). Калимаи «домулло» аз ибораи арабиасоси «Дома лоҳ умрука» (Парвардигор умратро дароз кунад) баромадааст, ки дар байни аҳолӣ (махсусан, руҳониён)-и шаҳрҳои Бухорою Самарқанд

хеле роиҷ гардида буд... Дар ҷои дигари мақола Маҳмудов ба суоли «Муллоҳо» ва «домуллоҳо» дар ҷомеа чӣ нақш доранд?» посух гардонида, аз ибораи «улуми динӣ» истифода менамояд. Бехабар аз он ки «улуми динӣ» ҳамчун соҳаи пажӯҳиши илмӣ вуҷуд надорад. Доир ба омӯзиши масъалаҳои динию мазҳабӣ ва ирфонӣ аз ҷониби илмҳои фалсафӣ бо истифода аз методологияҳои илмӣ назари файласуфи муосири тоҷик Ҳафиз Холиқзодаро қайд кардан ба маврид аст: «Дар илми муосир барои шинохти илмии матнҳои динӣ методологияи герменевтика (Гадамер) ва барои ташхиси категорияҳо ва падидаҳои эътиқодӣ методологияҳои деконструксия (Деррида) ва таҳлили дискурсивӣ (Мишел Фуко) вуҷуд доранд. Соҳаҳое чун ҷомеашиносии дин (Карл Маркс, Макс Вебер, Эмил Дюркгейм, Леви Стросс), инсоншиносии дин (Фрейзер, Клифорт Геертс, Токарев, Тайлор, Эванс Пичард, Бергер, Лукманн, Мирча Элиаде, Пйер Бодйе, Энтони Коҳен) ва равоншиносии дин (Вилям Ҷеймс, Зигмунд Фрейд, Карл Густав Юнг, Эрик Эриксон, Рудолф Отто) вуҷуд доранд, ки ба омӯзиши масъалаҳои дин сару кор доранд». Аз ин навишта ба хулосае омадан мумкин аст, ки барои омӯзиш ва шинохти аслии мавзӯъҳои динӣ усулҳои илмӣ вуҷуд дошта, андар ин-

кишофи омӯзиши паҳлуҳои норавшани дин боз илму олимон камари ҳиммат мебанданд, на руҳониву муллоҳо. Аз ин рӯ, ислом ҳамчун дин бояд аз ҷониби методологияҳои илмии дар боло номбаргардида, омӯхта шуда, камбудӣ ва бартарии он ба тамоми қишри ҷомеа пешниҳод шавад. Руҳонӣ ҷои дигар даъво дорад, ки нақши «мулло»-ву «домулло»-ҳо буд, то забони тоҷикӣ ба мартабаи давлатӣ расид. Даъвои мазкур билкул ғалат аст. Ҷонбозиҳои як зумра ҷавонони рӯшанфикру озодандеши тоҷикистонӣ - Маҳмуд Воҳидов, Лоиқ Шералӣ, Дорои Дӯст, Валӣ Самад, Мастон Шералӣ, Бозор Собир, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Фотеҳ Абдулло, Меҳмон Бахтӣ ва дигарон (ҷамъ 26 нафар) буд, ки забони тоҷикӣ ба мақоми давлатӣ расид. Инчунин, дар ҷои дигари мусоҳиба Маҳмудов иддао дорад, ки «зиёӣ» нафарест оид ба ояндаи торики ягон масъала рӯшноӣ меандозад. Дар радифи ҳамин гуфтаҳояш аз ояндаи иқтисод ва сиёсати Тоҷикистон ёдовар шуда, мақоми «мулло» ва «домулло»-ро ба «зиёӣ» баробар медонад. Агар дар ҷомеаи мо мақоми «мулло» ва «домулло» ба «зиёӣ» баробар аст, пас, чаро оид ба ояндаи ягон масъалаи мушаххаси илмӣ ягон нафаре аз ин қишри ҷомеа назари хешро баён накардааст? Ё чаро дар Тоҷикистон то ба имрӯз ягон «мулло» ва «домулло» ягон муассисаи илмӣ - тадқиқотӣ, ягон заводу фабрика, ягон нақбу роҳи оҳан бунёд накардааст? Агар мақому мартабаи «мулло»-ю «домулло» ба «доктор»-у «профессор» баробар аст, имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро масоили ҳалталаби экологӣ, демографӣ, қабати озонӣ, глясиологӣ, гидрологӣ ва ғайра фаро гирифтаасту то ба ҳол ягон «мулло» ва «домулло» пешниҳоди дурусти илмие накардааст. Ҳарчанд Маҳмудов даъво мекунад, ки ҳар «мулло» ё «домулло» дар ҳар як тӯю маърака беш аз 50 нафар пайрав пайдо мекунад. Дуруст аст, чунки дар ҷомеа аксари авом дарку фаҳми суханони илмиро надорад. Пас, барои қонеъ намудани талаботи хеш маҷбуранд, ки ба афсонаю ривоёт ва қасоиду ҳикоёти динию мазҳабии бедалел гӯш диҳанд, зеро дар ин гуна суханон исботу далел лозим нест. Ҳамин тавр, «мулло» ва «домулло» ба «зиёӣ» баробар набуда, онҳоро дар як сатҳ қарор додан, корест рӯякӣ. «Мулло»-ву «домулло» ва «зиёӣ»-ро танҳо нафаре дар як сатҳ медонад, ки дар доираи ҷаҳонбинии динӣ қарор дошта, берун аз олами динию мазҳабиаш ҳеҷ чизи дигарро дида наметавонад. Номвар ҚУРБОН, корманди илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

e-mail: javonontj@mail.ru

24 ноябри соли равон тасвассути сомонаи www. nahzat.tj мусоҳибаи рӯзноманигор Абдуқаюми Қаюмзод бо мушовири раиси ҲНИТ Ҷалолиддин Маҳмудов, таҳти унвони «Зиёӣ ҳам мисли домулло ягон таърифи илмӣ надорад» пешниҳод гардид. Дар сарсухани мақола Қаюмзод ҳукумати феълиро барои садди роҳи ҳаракатҳои динию экстремистӣ ва гурӯҳҳои ифротии тундрав, ки ба амнияти ҷомеаи на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа халал ворид месозанд, гунаҳкор кардааст. Ин навиштаи рӯзноманигор дар ҳолест ки дар раванди таърихии давлату давлатдорӣ ҳар ҳукумате ҳуқуқ дорад барои ҳимояи манфиатҳои худ аз ҳаракату гурӯҳҳои ифротию тундрав, ки ба амнияти он хатар доранд, ҷилавгирӣ намояд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

5

ВОКУНИШ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

6

СИЁСАТ ВА ҶАВОНОН

СУХАНИ САРБОЗ

Ҳомиёни боэътимоди сарзаминем Айёми таҳсил дар мактаби миёнаи №14-и ба номи Н. Ҳувайдуллоеви шаҳри Қайроққум аз набудани шароити буду бош ва таъминоти маҳсулоти ғизоӣ дар қисмҳои низомӣ шикоят карда, бархе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамуданд. Баъди хатми мактаб бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбӣ рафта, аризаи омодагӣ ба дифои Ватан-Модарро навиштам. Хоҳишам қабул гардид.

Ҷавононро маърифати сиёсӣ мебояд Дар замони муосир афзудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон замина гузошт. Нисбат ба солҳои қаблӣ ба фарҳанги сиёсӣ, донишҳои сиёсӣ ниёзи бештар пайдо шудааст. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар системаи таълимии муассисаҳои олии мамлакат омӯзиши фанҳои мавзӯи сиёсидошта, аз ҷумла, сиёсатшиносӣ, таърих, фалсафа, фарҳангшиносӣ ва сотсиологияро ба роҳ мондааст, ки агар омӯзиши ин фанҳо хуб роҳандозӣ шавад, то як андоза ба ташаккули фарҳанги сиёсии ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Агар ҳар шахс дорои дониши хуби Ҷавонон бояд барои баланд бардоштасиёсӣ бошад, ба ҳар зуҳуроте, ки дар ни маърифати сиёсӣ дар маъракаҳои сиёсӣ кишвар ва ҳатто берун аз он рӯй медиҳад, пайваста иштирок намоянд, зеро онҳо яке аз нигоҳи сиёсӣ баҳои воқеӣ дода, аз омилҳои муҳими инкишофи фарҳанги манфиатҳои худ ва кишвари худро ҳимоя сиёсии ҷавонон ба ҳисоб меравад ва маҳз карда метавонад. дар ин маъракаҳо ҷавонон мавқеи сиёсии Президенти кишвар дар яке аз худро муайян менамоянд. Мутаассифона, мулоқотҳои худ бо ҷавонон ба ин мавзӯъ қисме аз ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ ишора намуда, таъкид карда буд: «Сатҳи умуман иштирок намекунанд. тараққиёт ва эътибори байналмилалии Рӯзе шоҳиди он гардидам, ки ҷавоне кишвар ба он вобаста аст, ки ҷавонон то ба дӯстони худ мегуфт: «Интихобот бе инчи андоза дорои фарҳанги сиёсӣ буда, тихоб ва иштироки ман ҳам мегузарад, аз ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бу- ин рӯ, ман дар ин чорабинӣ иштирок накунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва нам ҳам мешавад». Аз ин бармеояд, ки ин дунявӣ дарк намоянд». қабил ҷавонон ба мавқеи худ ва тақдири Ҷанги шаҳрвандӣ, ки онро солҳои минбаъдаи кишвар беаҳамиятанд. Мақсад 90-уми асри гузашта мардуми тоҷик аз танҳо иштирок ва интихоб намудан нест, сар гузаронд, то ҳол асараш дар қалбу балки муайян кардани мавқеи сиёсии худ рӯҳи мардуми азиятдида мавҷуд аст. Яке дар маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. аз сабабҳои сар задани он заиф ва паст Дар воқеъ, маърифат ва фарҳанги будани маърифати сиёсии мардум арзёбӣ сиёсӣ қисми ҷудонопазири фарҳангу мегардад. Ҷавонон бояд аз он ҳодисаи маърифати ҷомеа буда, инкишофи он ба пурфоҷиа сабақ гиранд, зеро он асосан таҳкими пояҳои давлатдорӣ мусоидат меҷавононро ба гирдоби худ печонд. Дар кунад. оянда бо фарҳанги баланди сиёсӣ кӯшиш намоянд ба камбудиҳо роҳ надиҳанд. Меҳрангез МУРОДОВА

Бо дуои хайри волидон озими қисми ҳарбӣ шудам. Аз таърих бароямон рӯшан аст, ки таъмини амнияти марзу бум ба лашкари нерӯманди Курӯши Кабир ва Дорои Бузург ин суннати аҷдодиро ба ҷо овардаанд. Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки «таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд». Ин гуфтаҳои Сарвари давлат моро водор месозад то ба савганди худ содиқ ва ҳомиёни арзандаи меҳану миллат бошем. Дар қисми низомие, ки ман як сол боз хизмат мекунам, тамоми шароит муҳайёт. Аснои хизмат шукронаи сулҳу ваҳдат, тинҷию амонӣ боре ҳам танқисӣ аз маҳсулоти хӯрока ва зӯроварӣ ба якдигарро шоҳид нагардидам. Муносибати афсарон низ бо сарбозон хуб аст. Артиш мактаби ҷасорату мардонагист. Мо, ҷавононро аз ҳар ҷиҳат обутоб медиҳад. Шахсан ман чунин меҳисобам, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рисолати пуршарафи ҳар як ҷавони баору номус бояд бошад. Ватан муқаддас аст. Чун модар, падар, об, ҳаво, ҷон, нон. Ҳар чизе ки муқаддас аст, чун ганҷи гаронбаҳоест ва он ҳамвора нигаҳдорӣ мешавад, то аз даст наравад. Воқеан, халқи тоҷик аз азал марзу буми худро дӯст медошт ва барои ҳастии он ҷоннисориҳо мекард, мисли Темурмалику Шерак, Спитамену Деваштичу Восеъ. Пас, ҳар яки мо бояд умре дар дифои Ватан – Тоҷикистони соҳибистиқлоли азизамон бедору ҳушёр бошем. Арзи сипоси хешро ба волидон, устодон ва афсарони қисми низомии 06870 мерасонам, ки дар ошёни қалби ман беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - меҳр, муҳаббат ва садоқатро ҷо намуданд. Беҳрӯзҷон ОДИЕВ, сержанти хурди қисми низомии 06870

МУШКИЛИ ҶАВОНОН

e-mail: javonontj@mail.ru

Масъалаи “ипотека” ҳал мешавад? Имрӯз яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа, ки аксариятро ба ташвиш овардааст, вайроншавии оилаҳои ҷавон мебошад. Вайроншавии оилаҳои ҷавон гуфтан, маънои онро надорад, ки проблема танҳо проблемаи ду ҷавон аст. Балки ин мушкил дар навбати худ мушкили ду оилаи бузург ва ниҳоят, мушкили як ҷомеаи бутун аст. Мисли бемории мудҳишест, ки дар сурати табобат нашудан, тамоми атрофро сироят карда, зарар мерасонад. Ҳамзамон, агар он ҷавонҳое, ки мехоҳанд ақди никоҳашонро бекор кунанд, соҳиби фарзанд бошанд, ба фарзандашон ҳам ҷудошавии онҳо асар мегузорад. Ин зуҳуротро сабабҳо зиёданду гуногун ва зарур аст, ки оҳиста-оҳиста онҳоро ҳал кард, то пеши роҳи як вабои азим гирифта шавад, то бақои миллат халалдор нагардад. Ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии

ин зуҳурот ё яке аз омилҳое, ки ба вайроншавии оилаҳо боис мешавад, бехона будани ҷавонон аст. Яъне, барои он ки мушкили вайроншавии оилаҳо пешгирӣ шавад, бояд масъалаи бехонагии онҳо рафъ гардад. Зеро имрӯз баъзе дар як ҳавлӣ 4-5 оила зиндагӣ мекунанд. Аксар маврид навхонадорон дар чунин ҳавлиҳои иборат аз чор панҷ оила фароварда мешаванд. Баъди гузашти андак вақт мебинед, ки мухолифат ва ҷангу ҷидол сар мешавад. Нофаҳмӣ байни келинҳо ба миён меояд. Бештари маврид келин ба хонаи нав омада, намедонад ба кӣ хизмат кунад ва нози киро бардораду дили кадомеро ёбад. Бо ин сабаб дар Тоҷикистон сафи бевазанҳо ва сағераҳо зиёд шуда истодааст. Барои бартараф сохтани ин мушкил ҳукумату ниҳодҳои марбутаро зарур аст, ки як стратегияе роҳандозӣ кунанд, ки оилаҳои ҷавон тавонанд масъалаи бехонагиашонр ҳал кунанд. Роҳи қулай ва муфиди ҳалли ин масъала ба назари мо он аст, ки ба оилаҳои ҷавон қарзҳои ипотека дода шаванд. Бале, хона аз тариқи ипотека то андозае метавонад, пеши мушкили бехонагӣ, ҳамин, тавр вайроншавии оилаҳои ҷавонро бигирад. Воқеан, имрӯзҳо дар пойтахти кишвар хонаҳои зиёде сохта шуда истодааст, аммо нархашон дастрас нест. Мисол, яке

аз хешони наздики мо чанд сол мешавад, ки иҷоранишин аст ва дар як моҳ 250 доллари амрикоӣ иҷорапулӣ медиҳад. Агар ҳамин хел рафтан гирад, фикр мекунам ӯ ҳеҷ гоҳ соҳиби хона намешавад. Вале агар “ипотека” мебуд, ӯ бемалол соҳиби хона мешуд ва оромона зиндагӣ мекард. Чунки дар ин ҳолат ӯ медонист, ки оянда хона аз худи ӯ мешавад ва ҳеҷ кас ӯро аз хонааш пеш намекунад. Аз ин лиҳоз, “ипотека” ҳам ёрӣ ва ҳам сабаби соҳиби хона шудани оилаҳои ниёзманд мегардад. Инчунин, ба туфайли он эҳтимол вайроншавии оилаҳо коҳиш ёфта, сафи ятимону занҳои бешавҳар кам мегардад. Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба раиси Бонки миллӣ вобаста ба ин масъала тавсияҳо дод. Номбурда таъкид дошт, ки қонун дар бораи ипотека имрӯз бояд ба талаби замон мувофиқ карда шавад. Зеро фоизҳои баланд ва миёншикан ба сокинон имконият намедиҳад, ки аз бонкҳо қарзҳои дарозмуддат гирифта, соҳиби манзил гарданд. Аз ин рӯ, онҳо бештари вақт ба бонкҳо муроҷиат накарда, солҳо бе хонаву дар мемонанд. М. Убайдуллоев ин мушкилро масъалаи актуалӣ номида гуфт, ин мушкили

ҳалшаванда аст. Умед ҳаст, фикри мо - ҷавонон дастгирӣ меёбад. Зеро худи шаҳрдори пойтахт ҳам масъалаи “ипотека”-ро ҳалшаванда гуфтаанд. Б. ИБРОҲИМОВА, Р. КАРИМОВА, “ҶТ”


Об яке аз моддаҳои маъмул буда, ҳаҷми умумии он дар рӯйи Замин ба 1,4 миллиард километри кубӣ мерасад. Аз ин тақрибан 90 миллион километри кубиро обҳои сатҳи хушкӣ ташкил медиҳанд. Ривоят мекунанд, ки табиат ба ҳар сари инсон меъёри муайяни обро тақсим кардааст. Ин нукта дар асотирҳои Юнони қадим низ дар муҳорибаҳои Худоҳои баҳру хушкӣ ифода ёфтааст. Имрӯз дар сайёраи мо ҳифзи об ва проблемаҳои реалии он яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад. Ҳарчанд сеяки заминро об фаро гирифтааст (1,4 миллиард мукааб метр), аз он фақат 0,6 фоизаш оби дарёву кӯл, обҳои зеризаминӣ, яъне, обҳои нӯшиданӣ ва камнамак мебошанд. Фоҷиаи баҳри Арал, хушкшавии он низ ба истифодаи ғайриоқилонаи об, эҳтиёҷи одамон нисбат ба он бевосита марбут аст. Ду дарёи бузурги Осиёи Марказӣ ҳазорсолаҳо боз ба Арал ҷорӣ буданд. Вале дар натиҷаи муовизаи иқлиму табиат, бунёди иншооти гидротехникӣ дар ҳар манотиқ, сохтмони корхонаҳои азими мухталиф, ҳамчунин, риоя накардани меъёрҳои экологӣ торафт ба ҳолати нестӣ меравад. 26 марти соли 1993 бо қарори сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон Бунёди байналмилалии наҷоти Арал таъсис

Тозагии об саломатии ҷомеа мебошад

ёфт. Тавре маълум аст, захираи асосии обҳои Тоҷикистон пиряхҳо мебошанд. Масоҳати пиряхҳои Осиёи Марказӣ 1800 километри мураббаъ буда, 60%-и онҳо дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Пиряхҳои калонтарини Тоҷикистон Федченко, Сарган, Фортамбек, Ингидаван, Бивагӣ, Муро ва Зарафшон мебошанд. Бинобар маълумоти охир дар минтақаҳои кӯҳҳои Помир 1085 пиряхи калон мавҷуданд, ки 54%-и онҳо аз 2 то 6 километр дарозӣ доранд. Ҳоло як қисми пиряхҳои Тоҷикистон давраи таназзулро аз

ҶАШН

сар мегузаронанд. Боиси ифтихор ва хушнудист, ки Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ дар ҷаласаҳои Ассамблеяи Созмони Милали Муттаҳид яке аз проблемаҳои экологии ҷаҳон – нарасидани оби нӯшокиро бардоштанд ва пешниҳод карданд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» ва солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шавад ва ин ташаббус аз ҷониби 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Захираҳои оби қисмати шимолии Тоҷикистон аз Сирдарё ва қуллаи Бобоиоб иборатанд, ки аз хамиҳои ҷанубии

қаторкӯҳҳои Қурама оғоз меёбанд. Ин сарчашмаҳои об бо партовҳои маишӣ ва саноатӣ, ҳамчунин, партовҳои иншооти коллектору заҳбурҳо доимо ифлос мегарданд, гарчанде аз маҷрои дарёи Бобоиоб гоҳ- гоҳ селҳо гузаранд ҳам, солҳои охир сатҳи оби он босуръат паст шуда истодааст. Зикр кардан зарур аст, ки сустшавии иқтидори иншооти обсофкунӣ боиси ифлосшавии обҳои маҳал мегардад. Дар баробари хоҷагиҳои кишоварзӣ корхонаҳои саноатӣ низ аз ифлоскунандагони асосии захираҳои об мебошанд. Зеро онҳо обҳои тозанашударо ба манбаъҳои гуногуни об равона месозанд. Дар ҳалли ин масъала бояд ҳар яки мо андеша кунем, чунки тозагии дарёву каналҳо, кӯлҳову обанборҳо аз ҷӯйборҳое, ки аз назди хонаҳои мо мегузаранд, ба худи мо вобаста аст. Дар ин кор каме ғайрат лозим аст. Тозагии об, пеш аз ҳама, сиҳатию саломатии ҳар фард ва ҷомеа мебошад.

Равшан РАҲИМОВ, хонандаи синфи 9-и Литсейи №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

АНДЕША

7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

СОЛҲОИ 2005-2015 – ДАҲСОЛАИ АМАЛИЁТИ “ОБ БАРОИ ҲАЁТ”

Рӯзи Президенти нахустин дар Қазоқистон

Бори аввал ҷашни мазкур якуми декабри соли 2012 таҷлил шуд. Дар ин рӯз дар шаҳрҳои Қазоқистон намоишу консерт, форуму аксия ва намоишҳои театрӣ баргузор мешаванд. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагӣ миёни халқҳои Қазоқистон мебошад. Аз рӯи маълумоти ЮНЕСКО алҳол Қазоқистон миёни 129 мамлакат аз ҷиҳати индекси рушди маориф ҷои чорумро мегирад. Аз ҷиҳати саводнокии аҳолӣ миёни 177 мамлакат ҷои 14-умро мегирад. Соли 1994 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) Қазоқистон ба ҳар сари аҳолӣ андаке зиёдтар аз 700 доларро ташкил медод. Соли 2011 ин рақам 12 маротиба афзоиш ёфта, аз 9000 доллар гузашт. Ҳол он ки аз рӯи нақша бояд ба ин натиҷа соли 2015 мерасид. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар 20 соли истиқлолият ягон кишвар ба чунин дастовард ноил нагаштааст. Масалан, ММД-и Маҷористон дар 20 соли аввали соҳибистиқлолияш 5 маротиба, Лаҳистону Сингапур 4 маротиба, Кореяи Ҷанубӣ 3 маротиба ва Малайзия 2 маротиба афзуд. Қазоқистон миёни кишварҳои Осиё, мусулмонӣ ва пасошуравӣ нахустин мамлакатест, ки раисии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба зима гирифт. Нурсултон Назарбоев дар Паёми худ ба мардуми Қазоқистон, ки «Нурли жол» («Роҳи нурафзо» ва ё «Роҳ ба сӯи оянда») ном дорад, сиёсати нави иқтисодии мамлакатро муайян кардааст. Аз оғози соли 2015 барои қарзи имтиёзнок ба соҳибкорони хурду миёна ва соҳибкорони калон 100 миллиард танга ҷудо карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки барномаҳо дар соҳаи саноати хурокворӣ, кимиё, мошинсозӣ, инчунин, соҳаи хизматрасонӣ амалӣ карда шаванд. Барои давом додани сохтмони комплекси ЭКСПО-2017 ба 25 миллиард тангаи ҷудошуда иловатан боз 40 миллиард танга ҷудо хоҳад шуд. Қазоқистон аз шарикони бузургтарини иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Чаро аз сарчашмаи маънавиёт мегурезем? Соли равон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Боғи устод Рӯдакӣ ду маротиб Амалиёти “Биёед, китоб мехонем!”-ро доир намуд. Ҷавонони зиёде гирд омада, ҳар яке ба худ китоб мегирифтанд, зеро дастрасии китоб ройгон буд. Ин ҳолатро дида, хеле хурсанд шудам, чунки ҳамсолони мо, яъне, насли ҷавон андак-андак, баъди муддате дур мондан аз нав рӯ ба китобу китобхонӣ овардаанд. Ин, дар воқеъ, хеле хурсандиовар аст. Андеша кардам, ки акнун даъвои онҳое, ки ҷавононро ба нахондан, аз китоб дурӣ ҷустан муттаҳам мекунанд, ботил хоҳад баромад. Бо ҳамин мақсад қарор додам, ки давоми панҷ рӯз дар факултаи журналистикаи ДМТ китобхонии донишҷӯён - мутахассисони оянда, хоса онҳоеро, ки корашон дар оянда ба хондан ва коғазу қалам вобаста аст, мушоҳида намоям. Хостам маълум кунам, ки оё дар танаффусҳо ё дар вақти холии байни дарсҳо донишҷӯён дар даст китоб доранд, оё ёфт мешавад нафаре, ки чанд дақиқаи вақти холиашро бо хондани китоб гузаронад? Вале ҳайҳот! Афсӯси зиёд хӯрдам, чунки дар давоми панҷ рӯз ҳамагӣ дар дасти як нафар донишҷӯи курси якум китоб дидаму халос. Ҳукмиддин Сафаров, устоди кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ иброз дошт, ки ба ин ҷавонон заррае айбдор нестанд, балки муҳити носозгори ҷомеа ба ин боис шудааст. Ҳ. Сафаров мегӯяд, ки имрӯз вақте дар кӯча сайр мекунӣ, ба рекламаҳо вобаста ба телефони мобилӣ ва навъҳои гуногуни ашёи

рӯзгору технология, рекламаҳо оид ба суръати интернет дучор меоӣ. Агар дар телевизор ҷойи доруҳои бесифати зиёд, толорҳои мебелу марказҳои савдо, китоберо таблиғ кунанд, шояд сафи китобхонҳо зиёд шавад. Дақиқае чанд, ба ҷойи он ки тахфифи кадом мағозаеро таблиғ мекунанд, агар мағозаи китобро таблиғ кунанд, ҳангоми харидорӣ ба маблағи 250 сомонӣ, Шумо соҳиби купон мешавед нею, ҳангоми харидории ду китоб, як китоб туҳфа мегиред гуфта, таблиғ кунанд, яқин аст, ки аз 100 нафар 10 нафар ба он мағоза мераванд. Муаллима Наргис Усмонова низ яке аз устодони ҷавони кафедраи журналистикаи байналхалқист. “Замоне шуд, ки ман китобҳои лозимиро ҳамроҳ меовардам, ба донишҷӯён пешниҳод мекардам, то онҳоро хонанд”, - мегӯяд муаллима. Вай сабаби китоб нахондани ҷавононро дар омода набудани онҳо медонад. Ба қавли Н. Усмонова, оне ки аз кӯдакӣ китоб намехонад, дар ҷавонӣ ба хондани саҳифае хобаш мебарад ё китоб хонда наметавонад ва ё кӯшиш мекунад, ки зуд аз китоб дур шавад... Албатта, бояд, ки аз хӯрдӣ ба китобхонӣ одат кунем, то дар синну соли баъдӣ китоб бароямон мисли ҷонвари газандае нанамояд. Бояд аз китоб доштан дар дастамон на шарм, балки фахр кунем, чунки он ягона аниси одамизод аст. Он дӯстест, ки асло аз мо рӯ наметобад. Балки мо ба суолу пурсишҳоямон, ба мушкилу муаммоҳои рӯзгор метавонем аз китоб ҷавоб ёбему роҳи ҳал пайдо кунем. Муътабар ОЧИЛДИЕВА, донишҷӯ

e-mail: javonontj@mail.ru

1 декабри соли равон мардуми Қазоқистон Рӯзи Президенти нахустинро таҷлил намуданд. Агибай Смагулов, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо рӯзноманигорони тоҷик изҳор намуд, ки якуми декабри соли 1991 Нурсултон Назарбоев Президенти нахустини Қазоқистон интихоб шуд. Дар давраи роҳбарии ӯ Қазоқистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон гашта, ба кишвари аз лиҳози иқтисодӣ муқтадир табдил ёфт. Мардуми қазоқ хизматҳои Президенти нахустини Қазоқистонро ба инобат гирифта, ба Нурсултон Назарбоев «Элбасӣ» («Пешвои миллат») ном гузоштанд. Бо пешниҳоди як гурӯҳ депутатҳо парлумони Қазоқистон моҳи декабри соли 2011 оид ба таҷлили Рӯзи Президенти нахустин дар Қазоқистон қарор қабул кард.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

8

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Аз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон - 25 ноябри соли равон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” дар таҳрири нав аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки дар доираи он таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Чӣ зарурат пеш омад, ки ба қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид гардад? - Қонун догма нест. Дар раванди инкишофи ҷомеа, бо пайдо шудани муносибатҳои нав зарурат пеш меояд, ки ба ин ё он қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид шавад. Ҳадафи асосии ворид кардани тағйиру иловаҳо, аввалан, такмили қонунгузорӣ, баъдан, ба низом даровардани фаъолиятҳоест, ки қонун муқаррар намудааст. Яке аз мақсадҳои асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз он иборат буд, ки ба баъзе бандҳои он тағйироти ҷиддӣ ворид карда шавад. Ин, пеш аз ҳама, аз вохӯрии Президенти кишвар бо ҷавонони мамлакат аз 23 майи соли 2013 бармеояд. - Яъне, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат чунин тасмим гирифта шуд? - Ҳар вохӯрӣ ва мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонон дар ҷомеа таҳаввулоти ҷиддиеро рӯи кор меорад. Чунин як мулоқоти бисёр таърихию хотирмон 23 майи соли 1997 баргузор гардид, ки баъди он мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, яъне, Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфта, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавонон қабул шуд. Баъдтар, 16 майи соли 1998 мулоқоти дигари Президент бо ҷавонон доир гашт, ки баъди он низ санадҳои зиёди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Стипендияи Президенти мамлакат барои хонандагони болаёқат таъсис ёфтанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” бо таҳрири нав ҳамчун як қонуни мукаммал баъди ҳамин мулоқот қабул шуд. Ҳамин тавр, баъди вохӯрии Президенти ҷумҳурӣ бо ҷавонон дар соли 2005 Грантҳои ҳукуматӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон таъсис ёфт ва як қатор корҳову иқдомҳои дигар пеш гирифта шуд. Албатта, ҳар иқдому тарғиб дар доираи санади қонунгузорӣ амалӣ мешавад. Аз ин хотир, баъди мулоқоти навбатии Сарвари давлат бо ҷавонон 23 майи соли 2013 нақшаи чорабиниҳо

Суҳбат бо ҷавонтарин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов

вобаста ба татбиқи дастуру нишондодҳои Президент ба тасвиб расид, ки дар асоси ин ва бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, мутобиқ намудани он ба қонунгузории Тоҷикистон ҳамин лоиҳа таҳия ва бо истифода аз ҳуқуқи ташббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба Парлумон пешниҳод шуд. Заминаи ҳуқуқии таҳияи лоиҳаи қонуни зикргардидаро талаботи банди 9 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ташкил менамояд, ки тибқи он ба модаҳои 3, 4, 9, 14, 21, 28 ва 29-уми он тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. - Албатта, баъди ин тағйирот, фикр мекунам, қонун мукаммалу комилтар шуда, дархӯри ниёзҳои ҷавонон мегардад. Аммо барои хонанда аҷиб аст, ки кадом тағйирот ба моддаҳои дар боло зикргардида ворид шуд? - Тағйироти моддаҳои 3 ва 4 бо мақсади пурра намудани мақсаду принсипҳои сиёсати давлатӣ пешниҳод гаштаанд, ки дар ин раванд иштироки ҷавононро дар фаъолияти иқтисодӣ ва сиёсии кишвар таъмин месозад. Тағйирот ба моддаи 9 дар тақвият ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” пешниҳод гардид ва мақомоти ваколатдор, тавре ки мо медонем, дар татбиқи қонуни мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Яке аз ташаббусҳои аввали-

не, ки аз ҷониби банда ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон амалӣ шуд, таҳияи Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” мебошад. Фикр мекунам, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон барои ҷавонон имкониятҳои фароху густардаеро ба миён овард. Маҳз аз талаботи ҳамин қонун боз зарурате пеш омад, ки ба Қонуни ҶТ “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” низ баъзе тағйирот ворид карда шавад. Модаи 14-уми қонун муайян кардани имконот ҷиҳати иштироки ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон метавонад барои фаъолнокӣ ва эҳсоси баланди масъулиятнокӣ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат намояд. Сарфи назар аз ин, қисми зиёди ҷавонон дар таҳия ва амалӣ сохтани тадбирҳои зиёди соҳа ҷалб мегарданд, вале принсипҳои идории сиёсати давлатии ҷавонон мавқеи қонунии онҳоро дар ин самт тақозо менамояд. Тағйиру иловаҳо ба моддаи 21 ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, аз ҷумла, дастгирии оилаҳои ниёзманди ҷавон барои таъмини манзил ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон мусоидат менамояд. Ин тағйирот ба тақозои шароити амалии сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷомеаи ҷаҳони муосир мувофиқ мебошад. - Яъне, ба оилаҳои ҷавони ниёзманд кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад? - Бале. Имрӯз имкониятҳои иқтисодию молиявии давлати мо марҳала ба марҳала беҳ

мегардад. Аз ин хотир, зарурат пеш меояд, ки мо, қабл аз ҳама, ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи беҳдошти ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Зеро бисёр омилҳои номатлуб ва зуҳуроти манфие, ки дар ҷомеаи мо ба вуҷуд меоянд, аз иҷтимоиёт маншаъ мегиранд. Моддаи 28-уми қонун барои тақвият додани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон тағйиротро талаб менамуд. Дар шароити муносибатҳои ҷамъиятии ҷавонон дастгирии ҳаракатҳои ҷамъиятии ҷавонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи мақсад аст. Пушида нест, ки баробари соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар асоси қонунгузории кишвар теъдоди хеле зиёди созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон таъсис ёфта, ба фаъолият пардохтанд. Ин яке аз дастовардҳои Тоҷикистон дар замони истиқлолият мебошад. Зеро нақши созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тамоми ҷомеаҳои муосир бисёр калону арзанда аст. Онҳо дар баробари мақомоти давлатӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти рӯзмарраи ҷомеа талош намуда, иқдомҳои муайянеро ба амал мебароранд. Аз ҷумла, имрӯз созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон дар Тоҷикистон бисёр фаъоланд. Онҳо корҳои зиёди муайяну мушахасро амалӣ месозанд. Барои дастгирии созмонҳои ҷамъиятӣ, тавре қаблан гуфтем, грантҳои ҳукуматӣ таъсис ёфтанд, ки ҳар сол тариқи озмун

аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба онҳо расонида мешаванд. Яке аз иқдомҳои шоёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ин ҷода аз он иборат аст, ки таносуби тамоми минтақаҳои мамлакат ба инобат гирифта мешавад. Яъне, ин грантҳо ҳатто ба дурдасттарин минтақа ва ноҳияҳои кишвар ба ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон мерасанд, ки онҳо фарогири зиёди фаъолиятҳои ҷавонон мебошанд. - Яке аз тағйироти бисёр ҷиддӣ дар моддаи 29 таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти кишвар мебошад. Маҳаки асосии суҳбати моро низ таъсиси ин Шӯро ташкил медиҳад. Лутфан мегуфтед, ки идеяи таъсиси чунин як шӯро аз куҷо пайдо шуд ва ҳадаф аз таъсиси он дар чист? - Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки ҳар сол Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад. Президенти мамлакат дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 апрели соли 2013, вақте вобаста ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдориамон ибрози ақида менамуданд, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати кунуниро “ҳалли масоили ҷавонон” номид. Дар партави ҳамин нишондод зарурат пеш омад, ки ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», махсусан, ба моддаи 29 чунин тағйирот ворид карда шавад. Ҳамин тавр, таъсиси чунин як шӯро пешбинӣ


таҳаввулоти ҷиддиро интизорем! ки бо ташаббуси Барномаи Хазинаи СММ дар соҳаи нуфуси аҳолӣ, Форуми парлумонии Осиё ва Аврупо, Ассотсиатсияи Федеративии Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (APDA) ва Федератсияи парламентарии Ҷопон оид ба аҳолӣ (JPRF), ки вобаста ба масоили ҷавонон чорабиниҳои гуногун доир менамуданд, иштирок кардам. Хулосае, ки аз муҳокимарониҳои вакилони парламентҳои кишварҳои ҷаҳон ба миён омад, яъне, онҳо эътироф намуданд, ки ҷавонон на танҳо аз назари физиологию ҷисмонӣ зӯру бозӯи қудратманд доранд, балки аз ҷиҳати зеҳнӣ ва идеяву андеша низ нерӯи боиқтидор буда, ба ҳама гуна амал қодир ҳастанд. Аз ҷумла, ҷавонони кишвари мо низ аз ин қабиланд, ки муносибат ва роҳҳои нави корбариро вобаста ба талаботи нави ҷаҳонӣ доро мебошанд. Дар ҳар кишваре, ки дигаргунӣ ва таҳаввулот, чӣ созанда ва чӣ сӯзанда, сурат мегирад, аз ҷониби ҷавонони ҳамон кишварҳо рӯи кор меояд. Аз ин хотир, фикр мекунам, ки зарурати таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ба миён омадааст. Таъсиси ин ниҳод дар сатҳи миллӣ метавонад ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки ҳамчун стратегияи давлатӣ муқаррар шудааст, такони ҷиддӣ бахшад. - Яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидани ҷавонон мебошад. Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти кишвар, ки таъсис хоҳад ёфт, оё масъалаҳои муҳоҷирати ҷавонон ба Русия ва дигар кишварҳо, ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро гаравидани онҳо ва бо ҷои кор таъмин намудани ҷавононро дар дохили кишвар низ ба баррасӣ хоҳад гирифт? - Президенти кишвар бисёр як назари кунҷковона ва дурбинона доранд. Ягон соҳаи ҳаёти имрӯзаи кишвар аз мадди назари Президент дур намондааст. Бо таъсис ёфтани Шӯрои милии кор бо ҷавонон масъулияти тамоми мақомоти давлатӣ зиёд мегардад. Имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар асоси қонун ва тамоми санадҳои қонунгузорӣ танҳо вазифаи як сохтори алоҳида, яъне, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нест. Ба ин набояд маҳдуд шуд. Фаъолияти сиёсати давлатии ҷавононро бояд тамоми мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самт ва соҳаи худ ба роҳ монанд. Аз ҷумла, дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки асосан ҷавононанд, мақоми ваколатдори давлатии соҳа – Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муваззаф мешавад, ки сиёсати давлатии ҷавононро

дар соҳаи худ, яъне дар соҳаи муҳоҷират ба низом дарорад ва барои ҳаллу фасли он мушкилот кӯшиш намояд. Вазорати маориф ва илм дар доираи ваколату салоҳияти худ масоили сиёсати давлатии ҷавононро дар масъалаи таҳсилот, маълумотнокии ҷавонон ба амал бароварда, татбиқ намояд. Вазорати фарҳанги кишвар чунин фаъолиятро дар самти фарҳанги ҷавонон. Умуман, тамоми вазорату кумитаҳо дар доираи ваколату салоҳияти худ сиёсати давлатии ҷавононро ба амал мебароранд ва ҳамаи онҳо дар назди Шӯрои милии кор бо ҷавонон, ки дар назди Президенти кишвар таъсис хоҳад ёфт, ҳисоботдиҳанда мешаванд. - Яъне, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тамоми сохторҳои марбутаи давлатиро водор месозад, ки “аз як гиребон сар бароварда”, якҷоя онро амалӣ намоянд?! Шумо, ки солҳои дароз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ фаъолият карда, бевосита ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон сару кор доштед, тафовути ҷавонони имрӯзаро аз ҷавонони чанд сол қабл дар чӣ мебинед? - Ин суол дар тамоми баҳсу ҳамоишҳо ба миён гузошта мешавад. Ҳатто дар парлумон мо як муҳокимаи ошкорои парлумониро вобаста ба татбиқи “Барномаи ҷавонони Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул гардид, матраҳ намудем ва вакилон андешаҳои гуногун баён намуданд. Аз ҷониби баъзеҳо гуфта мешавад, ки ҷавонони мо дар қиёс ба ҷавонони солҳои қаблӣ пешрафтатар нестанд. Чунки сатҳи донишомӯзию масъулиятшиносии ҷавонони даврони қаблӣ зиёдтар буд. Вале ман эҳсос мекунам, ки дар замони истиқлолият баръакс, эҳсоси ватандӯстӣ, ватанпарастӣ ва маълумотнокии ҷавонон хеле рушд намудааст. Чунки ҷавонони имрӯза як ҷаҳонбинии бениҳоят фарох доранд. Аз баракати истиқлолият ва сиёсати дарҳои боз, ки Тоҷикистон эълон намудааст, имкониятҳои ҷавонони мо бениҳоят васеъ гардидааст. Ба ҷавонон шароит муҳайё шудааст, ки дар пешрафтатарин кишварҳои дунё таҳсил намоянду донишу таҷриба омӯзанд. Бубинед, дар дохили кишвар чи қадар мактабҳои олии ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таъсис ёфтаанд, ки ҷавонони мо шомили ин муассисаҳои таълимӣ мегарданд. Эҳсоси донишандӯзию худшиносӣ ва ҳисси миллию ватанпарастии ҷавонони мо хеле рушд намудааст. Албатта, мо мушкилиҳо дорем. Мушкилиҳои зиёд. Масалан, иддае аз ҷавонони мо гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва

ифротӣ доранд. Яке аз омилҳои бисёр номатлуб, ки онро дар илми ҷомеашиносӣ конфиримизм ва эгоизм, яъне, роҳатталабӣ ва худхоҳӣ меноманд, дар миёни иддае аз ҷавонон хеле рушд кардааст. Аз ин хотир, мо бояд барои аз байн бурдани чунин зуҳуроти номатлуб талош кунем. Тамоми субъектҳои тарбия, вазорату идораҳои салоҳиятдор вазифадоранд, ки дар ин масъала корҳои мушахассу муайянеро байни ҷавонон ба роҳ монанд. Дар ин ҷода истифода аз арзишҳои маънавӣ бузургтарин васила шуда метавонад. Агар имрӯз мо ба сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакат таваҷҷуҳ намоем, ҳадаф аз таҷлили 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, “Шоҳномаи”- Фирдавсӣ ва дигар нобиғаву нухбагони миллат дар чист? Ё соли 2009умро Соли бузургдошти пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам эълон намудан аз чӣ иборат буд? Ба

Итминон дорам, ки бо таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти тамоми шохаҳои ҳокимият, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бештар мегардад. Таваҷҷуҳ ба масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон вусъат пайдо мекунад. Масъулияти сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зиёд мегардад. Маблағгузории соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон афзоиш ёфта, дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон аз ҷониби роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо беҳтар мешавад.

он маъно буд, ки мо ба прогресси умумибашарӣ дар пайвастагӣ бо суннатҳои миллиамон бояд пеш равем. Ин ҷавҳари сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар аст. Масалан, кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, гарчанде ба дастовардҳои хеле беназири иқтисодию технологӣ мушарраф гардидаанд, лекин гирифтори буҳронҳои зиёди маънавию руҳианд, ки имрӯз роҳи халосӣ аз онро меҷӯянд. Мо миллати фарҳангием, таърихи бою қадима дорем. Ин ба тамоми ҷаҳониён маълум аст. Осори ҳар кадоме аз ин бузургони миллати мо, ки ба машҳуртарин забонҳои дунё тарҷума ва нашр шуда, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардаанд. Акнун, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, эҷодиёти онҳоро ба таври бояду шояд хонем ва ба таври кофӣ донем. Аз ҳама муҳим, дар зиндагии худ ҳамчун як дастур истифода бурда тавонем. Қадру қимати ин арзишҳо ҳеҷ вақт аз байн намераванд. Вақте мо ба осори Ҷомӣ рӯй меорем, ин байтро мехонем: Дар ҷавони саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. ё ин ки Бедили бузург мегӯяд: То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд, З-иқбол даре бар рӯи кас боз нашуд. Дигар бузургони миллат низ доир ба паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти мо андешаҳо баён намуданд. Дар шароити имрӯза баръакс онҳо қимати бештаре пайдо кардаанд. Аз ин хотир, фикр мекунам, ки мо дар ҷаҳони имрӯзаи пешрафтаҳои технологӣ дар пайвастагӣ бо арзишҳои милию маънавиамон таваҷҷуҳ намоем. Муҳимтарин чизе, ки имрӯз барои мо зарур аст, эҳсоси баланди худшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонон мебошад. Аз ин хотир, бо амалӣ намудани як қатор барномаҳои давлатӣ корҳои судманд амалӣ гардида истодаанд. Вале, ҳамин фаъолиятҳо бояд, ки танаффус надошта бошанд. Дар ҳар ҷо, ки як холигие ба вуҷуд меояд, ҷои онро идеяи бегона мегирад. Аз ин рӯ, мо бояд чунин фазоро холӣ намонем. Миёни ҷавонон ҳамеша корҳои гуногунро роҳандозӣ намоем. Аз ҷумла, чорабиниҳои таблиғотиро вусъат бахшида, нашри адабиётро ба роҳ монем ва майли ҷавононро ба китоб, фарҳанг ва маънавиёт зиёд намоем. Мусоҳиб Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

гардид. Тавре Президенти кишвар дар ҳамин паём қайд карданд: “Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд пеш аз ҳама, барои ҳарчи беҳтар гардидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем”. Албатта, ҳадафаш боз ҳам бештар дастгирӣ намудани ҷавонон мебошад. - Фикр мекунед, ки таъсиси шӯро дар оянда барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани шароити ҷавонон мусоидат менамояд? - Итминон дорам, ки бо таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти тамоми шохаҳои ҳокимият, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бештар мегардад. Таваҷҷуҳ ба масъалаи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон вусъат пайдо мекунад. Масъулияти сохторҳои маҳаллии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зиёд мегардад. Маблағгузории соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон афзоиш ёфта, дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон аз ҷониби роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо беҳтар мешавад. Умуман, ба тамоми паҳлуҳои вазъи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Ин падида ё руйдод, фикр мекунам, ки барои ҷавонони мо бисёр фараҳбахшу таърихӣ ва муҳим мебошад. Ин бори дигар собит месозад, ки Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон, воқеан ҳам, ба насли ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, тадбирҳои бисёр бузургу беназирро рӯи кор оварда истодаанд. Албатта, мо таҳавуллоти ҷиддиро аз таъсиси ин шӯро итизорем. - Доираи фаъолияти шӯро чӣ гуна хоҳад буд? Оё намояндагии он дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ таъсис меёбанд? - Чунин шӯроҳои миллии кор бо ҷавонон дар сатҳи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо низ таъсис дода мешаванд, ки роҳбарии бевоситаи онҳоро роҳбарони аввали вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бар зимма хоҳанд дошт. - Чунин таҷриба дар дигар кишварҳо ба мушоҳида мерасад? - Албатта. Ин таҷриба дар арсаи ҷаҳонӣ, бахусус, кишварҳои Аврупо ва ИДМ аллакай татбиқёфта маҳсуб мегардад ва натиҷаҳои хуб низ ба бор овардааст. Ман дар таҷрибаи худ дар парлумони кишвар дар бисёр сафарҳои корию омӯзишӣ, аз ҷумла, дар чорабиниҳои байналмилалӣ,

9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

10

АДИБОНИ МО

Адиби барнодили мо батта, ин ҳама азму талош бори дигар дили пурҷӯшу хурӯши Сайид Раҳмонро дар роҳи эҷод ифода мекунад. Шеър дар тамоми умри бобаракати адиб ҳамроҳу ҳамдами ӯ будааст. Беҳуда нест, ки аввалин шеъри Сайид Раҳмон соли 1966 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» чоп шудааст, ки дар роҳи эҷод ба дили шоир гармию нерӯи тоза бахшидааст. Чанде пеш маҷмӯаи нави шоир бо номи «Садбарги тар» аз ҷониби Нашриёти «Адиб» пекшкаши хонандагон гардид. Кас маҷмӯаро хонда, бори дигар ба сеҳри қалами шоир ошноӣ пайдо мекунад. Дар шеърҳои офарида гоҳ шодию нишот, гоҳ дарду алам бо ҳама рангобарангӣ зебову дилкаш ифода ёфтаанд. Ҳамин аст, ки адиб аз умри рафтаи хеш розист. Беҳуда нест, ки дар «Ғамгусор» ном шеъраш мегӯяд: ...Шодам, ки дами маргам, Ғамхораму ҳамдардам. Аз ҷумла раҳовардам, Андар лаҳади сардам. Шеъру ғазале бо ман, Шаҳду асале бо ман...

Миёни аҳли эҷод имрӯз кам адибоне ҳастанд, ки дар баробари офаридани асарҳои насрӣ шеър низ мегӯянд. Фикр мекунам, ки дар ду шохаи адабиёт асар офаридан кори осон нест. Ин танҳо ба адибе даст медиҳад, ки вай ба муҳит назари тару тоза дошта, дили гарму меҳри ошиқона дорад. Сайид Раҳмон аз зумраи адибонест, ки ҳанӯз аз аввали солҳои ҳафтодуми асри гузашта то имрӯз ҳам дар насру ҳам дар назм барои ҳаводоронаш асарҳои тоза меофарад. Хонандагон ба асарҳои насрии ӯ «Дунёи бевафо», «Зиндаҷудо», романҳои «Шукронамарг», «Масъуди сипаҳсолор» ва чанде дигар аллакай шиносанд. Соли 2009 адиби шинохта барои романи «Масъуди сипаҳсолор» сазовори ҷоизаи ба номи Носири Хисрав гардид. Кас маҷмӯаҳои назмии «Сӯзи дил», «Резаборони тарона»-и адибро хонда, дар эҷодиёти ӯ биниши тозаи шоиронаро нисбат ба модар, Ватан, ишқу муҳаббат ва чеҳраҳои шинохтаи диёр хубтар эҳсос мекунад. Ал-

Замоне Бухоро тахти тоҷикон буд. Меболидему ифтихор мекардем. Аммо гӯё чашми баде расиду бо амри тақдир онро аз даст додем. Кунун тоҷик он ҷо дигар тоҷи сар нест. То имрӯз бо ёди Бухоро месӯзем. Месӯзему дигар илоҷе намеёбем. Дар «Бухоро» ном шеъраш шоир ин ифодаро аз сӯзи дил мегӯяд: ...Бухоро гуфта сӯзам, дар бигирам, Чу Айнӣ хомаву дафтар бигирам. Равам, сад пора созам чархи гардун, Зи ғам хоки лаҳад дар бар бигирам. Устод Сайид Раҳмон зодаи деҳаи Тиҳиёни Ховалинг аст. Кӯдакӣ ва бачагии ӯ дар ин диёри зебоманзар сипарӣ гардидааст. Аҳли оилаи онҳоро соли 1953 ба деҳаи Сариосёби Кӯлоб мекӯчонанд. Шоир то ҳанӯз қалам ба даст гирифта, ба ёди деҳаи хеш, обу хок, чашмаҳои ширинаш чун кӯдак гоҳ месӯзад, гоҳ ифтихор мекунад:

АДИБ ВА ҶОМЕА

e-mail: javonontj@mail.ru

Мулоқоти шоирон бо хонандагон 26 ноябри соли равон дар литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мулоқоти адибон Гулназар Келдӣ, Ҷӯра Ҳошимӣ, Муродалӣ Собир ва Қурбон Авғонов бо устодон ва хонандагон баргузор гардид. Салоҳиддин Гулмаҳ- дорам, ки зиёдтар бо томадов, ҷонишини директор либилмони китобхону оид ба таълим меҳмононро китобдӯст вохӯрам. Чунин хайрамақдам гуфта, аз мулоқот барои шоирону наэҷодиёти шоир Гулназар висандагон як ҷаҳон лаззат Келдӣ ёдовар шуд. Афзуд, мебахшад”. ки “зиёда аз 20 китоби Сипас, Шоири халқии Гулназар дастраси хонан- Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дагон гардидааст, ки ҳар ва дигарон нисбат ба шеър кадом инъикосгари мавзӯи ва мавқеи он дар адабиёт алоҳида мебошанд. Дар ибрози андеша карданд. аксар навиштаҳои шоир Дар охир хонандагони васфи ватану ватанпарастӣ фаъоли литсей аз ашъори мушоҳида мешавад”. шоирони шинохта шеърҳо Шоири бачагона Ҷӯра қироат намуданд. Ҳошимӣ бо хушҳолӣ иброз намуд: «Ман ҳамеша орзу Ҳасан АЗИЗОВ “ҶТ”

...Бар чашмасори Ховалинг, Бар чилчанори Ховалинг. Ман зор-зори Ховалинг, Ҷонам нисори Ховалинг. Дар чашмааш кони ғазал, Сарчашмааш кони асал...

Хонандаи закӣ китоби «Гулбарги тар»-ро варақ зада, ба сеҳри ҳунари шоир, шеъри тару тозааш нисбат ба фарзандони фарзонаи миллат тан дода, дилаш ба ҷӯшу харӯш меояд. Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки сухан дониста мегӯяд. Суханаш самимӣ, мисли оби чашма софу беғубор аст. Ҳар касе, ки аз он нӯши ҷон мекунад, ташнагии хешро мешиканад. Шоир нисбат ба шоири фарзонаи миллат, зиндаёд Лоиқи бузургвор баҳои муносиб дода, мегӯяд: Чу Лоиқ шоири дил пуршарар ку? Чу Лоиқ шоири соҳибҳунар ку? Чу Лоиқ шоири соҳибзафар ку? Чу Лоиқ шоире дар баҳру бар ку?!.. Дар китоби нави шоир рубоӣ мавқеи хоса дорад. Ҳангоми мутолиа дили хонанда гоҳ ба ҷӯш меояд ва гоҳ саропои вуҷуди касро дард фаро мегирад. Яке аз дарди ҷонкоҳ месӯзаду дигаре аз ғаму ғӯссаи замон. Ҳамин аст, ки шоир дар рубоие аз сӯзи дил мегӯяд: Эй ёр биё, ки бе ту рӯзам кӯр аст, Оби даҳанам мудом талху шӯр аст. Хуршед ба пеши дидаам камнӯр аст, Андар назарам ҷаҳон мисли гӯр аст. Ё дар рубоии дигар: Чун даргузарам шеъру китобам монад, Бӯйи дили сӯхтаи кабобам монад. Дар саҳфаи таърих барои миллат, Нақши қалами пари уқобам монад. Адиби бедордили мо дар шеъру рубоиҳои хеш моро водор мекунад, ки зи роҳи рост берун нашуда, ба муҳити хеш назари тоза дошта бошем, баҳри ободию шукуфоии кишвар азму талош варзем. Аммо миёнамон ҳанӯз тоифаҳои ношуде ҳастанд, ки бо вуҷуди гургинахӯву бадхоҳӣ, худро моҳи тозаву беайб вонамуд карда, беҷазо мегарданд. Бубинед, шоир аз дард фиғон кашида, мегӯяд: Гургони дупо миёни мо мегарданд, Бар қасди каси соданамо мегарданд. Дарандатабиатон даҳанҳо пури хун, Ғарқи гунаҳанду беҷазо мегарданд. Мо ба устод тани сиҳату хотири ҷамъ орзу намуда, интизори асарҳои тозаи ӯем. Раҳими РАФЕЪЗОД, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон


- Лутфан мегуфтед, ки давлати Қушониён чӣ тавр пайдо шуд ва худи ин вожа чӣ маъно дорад? - Дар ҳақиқат, имрӯз дар олам сару садоҳои зиёд аст, ки давлати Қушониён чӣ тавр пайдо гардид, чӣ гуна зуҳур ёфту бунёдгузораш кист? Он замон ҳаракате вуҷуд дошт бо номи гунҳо, ки қавмҳои зиёдро муттаҳид сохта буд. Гунҳо ё хунҳо, агар дақиқтар назар андозем, бо хунхорӣ пайдо шудаанд. Ба ин маъно, ки мардуми хеле ҷасуру нотарс буданду хун истеъмол мекарданд. Ин мардум қавми муғул аст, ки то асри яки то милод бо номи гун маъруфанд. Ин тоифа, метавон гуфт, ду маротиб ҷанги ҷаҳонӣ ташкил кардаанд. Дафъаи аввал асри як, дафъаи дуюм асри сенздаҳ. Дар асри як ба кишвари Чин ҳамла намуда, онро мағлуб сохтанд. Пас, ҷониби давлати форсзабонони паҳлуи чиниҳо ҷойгирбуда, яъне, Эфталитҳо юриш карданд. Эфталитҳо ба воҳима афтода, дар фикри он шуданд, ки муқобили гунҳо ё хунҳо чӣ тавр муқобилат намоянд? Ба ёдашон ҳамазабононашон – суғдиёни минтақаи Зарафшон расид. Аз онҳо алайҳи гунҳо ёрӣ хостанд. Ҳамин тавр, солҳои 24-26-и милодӣ суғдиёни минтақа ё водии Зарафшон ва эфталитҳо бо ҳам муттаҳид шуда, ба муқобили гунҳо омодагӣ диданд. Ин якҷояшавӣ ба пайдоиши давлати Қушониён замина гузошт. Ҳамин тавр, давлати Қушон аз вожаи қушшавӣ сарчашма гирифтааст. Гунҳо аз мардуми форсзабони водии Зарафшон ва давлати Эфталитҳо, дақиқтараш, тоҷикон шикасти сахт хӯрданд. Онҳо аз ду қисмат иборат буданд: гунҳои сиёҳ ва сафед. Гунҳои сиёҳ гурехта, ба минтақаи хитои дарунӣ, яъне, Муғулистон паноҳ бурданд. Гунҳои сафед бошанд, ба самти Аврупо фирор намуда, дар минтақаи Аштархон (Астрахани имрӯза), Қрим ва резишгоҳи рӯди Волга ҷо гирифтанд. Ҳолатҳое низ рӯй додааст, ки бо давлати Босфор дар асрҳои 3-4-и милодӣ ҷанг кардаанд. Баъдан, ин ҳазораҳо пароканда шуда, дар ҳар куҷо парешон шуданд. Лек номи эшон - ҳазораҳо то ҳол боқист. Ҳоло дар китобиёти имрӯза як вожае бисёр маъмул аст: ҳазориён. Бо таъбири русӣ - хазариты. Ҳазориён, ана, ҳамон гунҳои асри яканд, ки пас аз шикастхӯрӣ фирор намуда, дар Аврупо то имрӯз боқӣ мондаанд. Инҳо қавм ё мардуми ҳазораҳои имрӯзаи Афғонистон нестанд. Ин вожаест, ки дар забони порсӣ, яъне, замони давлатдории Эфталитҳо вуҷуд дошт. Маънои ҳазор дастаи муғулҳои ҷанговарро дошт. Ҳазораҳои Афғонистон, ки дар ин кишвар як минтақаи бузургро дар бар гирифтаанд, аслашон Бомиёни имрӯзи мулки афғон аст. Он бутҳое, ки “Толибон” дар минтақа чанд сол пеш нобуд сохтанд, ба онҳо марбут аст. Инҳо низ пасмондаҳои муғулҳо маҳсуб меёбанд, лек на муғулҳои асри 1-и милодӣ. Балки пасмондаҳои муғулҳои баъди лашкаркашиҳои Чингизхон ба Хуросон.

Қушониёни бузург Давлате, ки дар мубориза бар зидди гунҳо тавлид ёфта, бо бунёди биноҳои баландошёна дар аҳди қадим назир надошт, лек бо сабаби ихтилофоти дохила барҳам хӯрд

Бо мурури вақт зери таъсири забони форсӣ монда, тағйири забон кардаанд. - Имрӯз дар олам аксар муаррихону бостоншиносон, ки ба омӯзиши таърихи минтақаи Осиёи Марказӣ машғуланд, ин ду ҳазораро бо ҳам омезиш дода, аз ҳам ҷудо намесозанд? - Ин хатои бузург аст. Тавре дар боло гуфтем, гунҳо ё хунҳо ду навъанд: сафедпӯсту сиёҳпӯст. Масалан, мардуми хакасҳои Красноярск, ки зардинаанд, ба гунҳо хешигарӣ доранд. Тувинҳои туркзабон бошанд, ҳамсояи гунҳо маҳсуб ёфта, лекин хешӣ надоранд. Бурятҳо хеши наздики гунҳо ҳисоб ёфта, аслан, муғул ҳисоб меёбанд. Тавре тоҷикон асли пайдоишашон аз бохтариёну суғдиҳост. Лекин бо мурури вақт сарҳадҳо бурятҳоро аз муғулҳо ҷудо кард. Ин ҷо як нуктаро метавон ёдовар шуд. Лақайҳои туркзабон, ки асли баромадашон соҳилҳои рӯди Элок (воқеъ дар вилоятҳои Амур, Чита ва Ҷумҳурии мухтори Бурятияи Русия, то соҳилҳои кӯли Байкал) аст, Чингизхон онҳоро ба ҳайати лашкари худ ворид кард. Пасон, дар ҷангҳои асри 13 ба муқобили Хуросон истифода бурд. Ном гирифтани рӯди Элок дар Тоҷикистон бо омадани лақайҳо ба ин минтақа вобаста аст. Лақайҳо мардуми пархошгару хеле нотарсанд. Маҳз бо қувваи онҳо лашкари чингизӣ шаҳри Чочро, ки ҳоло Тошканд ном мебарандаш, тасарруф намудааст. Сарлашкари туркзабонҳо, аз ҷумла, лақайҳо Кучулум ном шахс буд. На Кучуми туркзабонҳои Сибиру Урали имрӯзаи кишвари Русия. Давлати Қушониён як камбудии ҷиддӣ дошт. Роҳбаронаш, форсзабонҳои эфталитӣ, бутпараст буданд. Бар хилофи эшон суғдиёни водии Зарафшон – оташпараст. Солҳои сиюми асри як давлати Қушон хеле пурқувват гардид. Қушониён дар ин солҳо ба давлати дигари тоҷикон – Бохтар ҳамла намуданд. Ҳамин тавр, Бохтар, Афғонистони имрӯза, қисме аз Эрону Ҳиндустони имрӯза ба ин давлат ҳамроҳ карда шуд. Масоҳати давлати Қушон дар шимол то сарҳади Урал тӯл мекашид. Фарзияе низ вуҷуд дорад, ки як қисмати давлати Мянма (Бирмаи пешин) ҳам ба ҳайати давлати Қушон ҳамроҳ гардида буд. - Пас маълум мешавад, ки форсзабонҳо, яъне, тоҷикон дар ин давра ба Ҳиндустон ворид шудаанд? - Воридшавии мардуми форсзабон, тоҷикон хеле барвақт оғоз ёфтааст. Давлатҳои Сосониён, Парфия, Бохтар

вуҷуд доштанд. Рафтуомад, алоқаҳои гуногун бо ин минтақа вуҷуд дошт. Илова бар он, қисмати шимолии Ҳиндустон ба ҳайати давлати пурқуввати Бохтар ворид мегардид. Ин вазъ боис шуда, таъсири забони форсӣ ба забони ҳинду бештар гардад. Як нуктаро зикр намудан бамаврид аст, ки халқи имрӯзаи Ҳиндустон, аслан аз минтақаи Хумерзамин, аз ҷумла, Кампучияи имрӯза ба ин ҷо ворид шудааст. Дар ин минтақа то асри 19-и милодӣ дини ҳиндуия парастиш мегардид. Пасон дини бутпарастӣ роиҷ шуд. Сарфи назар аз ин тағйирот ҳоло ҳам дар ҷангалистони Хумерзамин маъбадҳои дини ҳиндуия вуҷуд доранд. Ин андеша дар китоби муаррихию бостоншиносии «Скиф то Ҳинд», ки бо русӣ нашр гардидааст, низ зикр ёфтааст. Метавон қавмҳои форсзабон – балуҷиҳо, панҷобиҳо, кашмириҳо, синдҳо, сикхҳоро мардуми таҳҷои Ҳиндустон шумурд. Ҳамаи ин мардум забони худро дошта, дар маҷмуъ, ба гуруҳи забонҳои форсӣ ворид мешаванд. Ҳарчанд ки ҳоло синду сикхҳо зери таъсири забони ҳинду мондаанд. Се штат ё вилояти калони кишвари имрӯзаи Ҳиндустон аз мардуми омада иборат аст: Биҳор, Мадҳапрадеш ва Утторпрадеш. Пас аз омадани ин мардум забони эшон ба ду қисмат ҷудо гардид. Ҳоло мусулмонони Ҳиндустон бо забони санскрит – урду гуфтугӯ доранд. Ҳиндувон бошанд, забони омехтаро аз худ карданд, чунки ин ҷо таъсири забони форсӣ хеле зиёд буд. Аз ин хотир, забони эшонро ҳинду порсӣ ҳам ном мебаранд. Ҳоло мегӯянд, ки мардуми Ҳиндустон ҳам ориёӣ маҳсуб меёбанд. Лекин танҳо онҳое, ки дар боло номбар кардем, яъне, форсзабонҳо. - Дар бораи паштуҳо чӣ гуфтан мумкин? - Инҳо мардуми Ҳиндустонанд. Асри 18 аз бесарусомониҳо истифода бурда, ба Афғонистон ворид шуданд. Афғонистоне, ки мулки давлати пурқуввати Бохтар маҳсуб меёфт. Ҳарчанд ин сарзамин заминҳои тоҷикон маҳсуб ёбад ҳам, паштуҳо аз вазъи ногувор истифода бурданд. Ба ин ҷо ворид шуда, мулкро ба тасарруфи хеш дароварданд. То имрӯз ҳукмронӣ доранд. - Мавзӯи суҳбати мо давлати Қушон аст. Ин давлат аз кадом солҳо пурқувват гардид? - Бузургии давлати Қушон аз солҳои сиюми қарни якуми милодӣ оғоз ёфта, то солҳои 140 идома ёфтааст. Яке аз давлатҳои пурқуввати ин минтақа буд. Мувофиқи маълумоте, ки ба императори

Рим пешкаш карда шудааст, дар ин давра се давлат бузургу пурқувват шумурда мешавад: Рум, Чин ва Қушон. То пайдоиши давлати Қушониён, давлати бузурги дигари тоҷикон парфиягиҳо маҳсуб меёфт, ки бо румиҳо се маротиба пархош намуда, ҳатто онҳоро мағлуб сохтаанд. Вақте сосониҳо зуҳур ёфта, пурқувват гардиданд, Парфия бо дасти эшон шикаст хӯрда, аз рӯйи харитаи ҷаҳонӣ абадан ғайб зад. Сабаби ба Бадахшони имрӯза ворид шудани саққоиҳо низ қувват гирифтани сосониҳост. Сосониҳо шоҳи саққоиҳоро, ки он замон дар Сиистони имрӯзаи Эрон ҷойгир буданд ва пойтахти давлаташон Исфаҳони имрӯза маҳсуб меёфт, душман пиндошта, боиси аз макон бемакон гардидани онҳо мегарданд. Бо кӯмаки бохтариён дар Бадахшони имрӯза ҷо гирифта, аз таъқиби сосониҳо раҳо ёфтанд. Давлати Қушониён, махсусан, замони ҳукмронии шоҳ Каниши 1, ки Канишка ҳам меноманду замони ҳукмронияш ба солҳои 130-141 рост меояд, хеле пурқувват гардид. Барҳам хӯрдани давлати Қушон ҳам бо дасти Сосониён сурат гирифтааст. Вақте давлати Парфия барҳам мехӯрад, байни Сосониёну Қушониён ҷангҳои шадид рӯй медиҳад. Ба гуфтаи муаррихи арманӣ Моисей Хорянская, ҳатто ду писари шоҳи Сосониён ба дасти Қушониён асир меафтад, лек ин ақида чандон асос надоранд. Ҳарчанд он замон як қисми Ҳиндустон, Осиёи Марказӣ, қисми Афғонистони имрӯза ба дасти Сосониён рафта бошад ҳам, Қушон давлати пурқувват маҳсуб меёфт. Даврони гул-гулшукуфии давлати Қушониён дину мазҳаб озод фаъолият дошт. Шаҳрсозӣ хеле пеш рафта буд. Бинокорони қушонӣ биноҳои то 32-қабата, аз маснуоти оҳан ва хишти хому пӯхта бунёд карда, дар пешрафти шаҳрдорӣ ҳиссаи босазо доранд. Пас аз асри 2 давлати Қушон рӯ ба таназзул меорад. Яке аз сабабҳояш ҷангҳои зиёд бо давлати Чин буд. Гарчанде парастиши динҳо дар ин давлат озод бошад ҳам, баъдан маҳз бутпарастию оташпарстӣ боиси аз байн рафтани ин давлати пурқувват гардид. Байнашон нотифоқӣ рӯй дод. Руму Чин ва Сосониҳо аз ин истифода бурданд. Бо чиниҳо ҷанги сахт рӯй дод, барои соҳиб шудан ба Қошғар. Ин минтақа батамом аз дасти тоҷикон рафт. Ҳиндустон, як қисмати Афғонистон ҳам талаф ёфт. Охирҳои асри 5 Сосониён қисмати бештари Осиёи Марказиро забт мекунанд. Ҳоло ақидаҳое низ пайдо шудааст, ки гӯё асосгузор ва бунёдгари давлати Қушониён чиниҳо бошанд. Ин ақида тамоман барғалат аст. Созанда ва бунёдгари давлати Қушон тоҷикони Сари кол ё Хутан (Қошғари имрӯза), ки ба ҳайати давлати Эфталитҳо ворид буданд ва тоҷикони суғди водии Зарафшонанду халос. Аз маълумот бармеояд, ки байни қушониёну чиниҳо аз баҳри биёбони Синзян, ки маънояш аз чинӣ интиҳо ё оғози сарҳад номида мешавад, сар зад. Дар ин ҷанг қушониён шикаст хӯрданд. То соли 1949, яъне, то замони аз асорати Ҷопон халос хӯрдан давлати Чин дар бораи ин сарзамин ва даъвое барои он ягон ҳуҷҷат, маълумот пешниҳод накардааст. Суҳбаторо Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

Сайёҳи ҷаҳонгарди тоҷик Саидаҳмади Давлаҳмад барои хонандагони рӯзнома ошност. Дар чанд мавзӯъ бо ӯ суҳбат доштем. Вай дар ақсои олам бисёр гаштаю дар ҳама ҷо изи миллати хешро меҷӯяд. Ин дафъа ба идораи рӯзнома ташриф оварда, дар бораи пайдоиш ва сабаби барҳамхӯрии яке аз давлатҳои бузурги тоҷикон, оғози солшумории милодӣ - Қушониён суҳбат намуд.

11

e-mail: javonontj@mail.ru

ДАР МЕҲМОНИИ РӮЗНОМА: САЙЁҲ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

12

ДАСТОВАРД

Ҷоизаи президенти КФО ба ФФТ Федератсияи футболи мамлакат бо Ҷоизаи президенти Конфедератсияи футболи Осиё барои рушди футболи кӯдакон ва оммавияти футбол мукофотонида шуд. Ҷоизаро зимни ма- ли оммавӣ 25 фестивали ки дар онҳо 1200 кӯдаку росими ҷоизасупорӣ ба футбол дар минтақаҳои наврас фаро гирифта шубеҳтаринҳои футболи гуногуни кишвар бо фаро- данд. Осиё, ки 30 ноябри соли гирии 15 ҳазор кӯдак доир Носир ал-Шамронӣ, равон дар пойтахти Фи- гашт. Дар фестивалҳои ҳамлагари дастаи «Аллиппин – Манила доир алоҳида Эмомалӣ Раҳмон, Айн»-и Арабистони Саудӣ гашт, президенти КФО Президенти ҷумҳурӣ, Йо- беҳтарин футболбози Шайх Салмон бин Иброҳим зеф Блаттер, президенти Осиё дар соли 2014 эълон Ал-Халифа ба муовини ав- FIFA, собиқ бозингарони шуд. Унвони беҳтарин довали раиси ФФТ Хуршед тими “Помир”-и Душан- вари Осиёро дар ин сол Мирзоев супурд. бе ва “Спартак”-и Маскав Равшан Эрматов, доваСоли равон ФФТ барои Алексей Чередник, Ҳаким ри ӯзбекистонӣ, ба даст рушди футболи кӯдакону Фузайлов, Андрей Ма- овард. Катрина Ли Горрӣ наврасон ва оммавияти нанников, Олег Романсев, аз Австралия беҳтарин футбол корҳои назаррас Георгий Яртсев, Вагиз зани футболбози Осиё анҷом дод. Аз ҷумла, 3 Ҳидиятуллин ва дигарон эълон шуд. Ин духтари чемпионати мамлакат ми- ширкат доштанд. 22-сола ҳоло дар тими ёни наврасони синну соли Инчунин, дар доираи “Brisbane Roar” дар Амригуногун, мусобиқа барои лоиҳаи “Футбол ба наз- ко бозӣ мекунад. “Sydney дарёфти “Тӯби тиллоӣ”, ди шумо меояд”, ки Фе- Wanderers”-и Австралия 20 чорабинии гуногун дератсияи футболи Ду- баҳтарин тим ва мураббии миёни кӯдакон баргу- шанбе амалӣ кард, дар он Тони Попович беҳтарин зор шуданд. Ҳамчунин, 14 маҳаллаи пойтахт мураббии Осиё дониста дар доираи Соли футбо- мусобиқаҳо доир гаштанд, шуданд.

ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар Ҷоми КФО-2015 «Истиқлол» ва «Хайр» иштирок мекунанд Кумитаи баргузории мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё тақсими квота ба кишварҳои иштирокчии Лигаи қаҳрамонҳо ва Ҷоми КФО барои мавсими навбатиро тасдиқ кард. Дар дуюмин мусобиқаи муҳим барои клубҳои футболи Осиё – Ҷоми КФО Тоҷикистонро ду даста – “Истиқлол”-и Душанбе ва “Хайр”-и Ваҳдат намояндагӣ мекунанд. Қаҳрамони нави кишвар “Истиқлол” дар ин мусобиқа аз даври гурӯҳӣ, барандаи медалҳои нуқраи чемпионат, дастаи “Хайр” бошад, аз даври плей-офф вориди сабқат мешаванд. Барои ба даври гурӯҳи баромадан шогирдони Тоҳир Муъминовро лозим аст, ки дар ду бозӣ ғалаба кунанд. Дар даври интихобӣ рақиби “Хайр” қаҳрамони Бангладеш – дастаи “Шайх Ҷамол” хоҳад буд. Ин бозӣ 10 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир мегардад. Дар сурати пирӯзӣ 17 ҳамчунин, семинари дурӯзаи омӯзишӣ феврал дар меҳмонӣ бо барандаи Ҷоми барои клубҳои иштирокчии Ҷоми КФО Лубнон-2014 – дастаи “Салом Ҷҳарта” доир мегардад. Дастаи “Истиқлол”-ро рақобат мекунад. дар ин чорабинӣ Шаҳзод Сулаймонов, Қуръакашии даври гурӯҳии Ҷоми Рустам Ҳакимов, дастаи “Хайр”-ро боКФО 11 декабр дар шаҳри Куала-Лумшад, Исроил Идиев ва Алӣ Шарифов пур баргузор мешавад. Дар доираи он, намояндагӣ мекунанд.

ТАСМИМ

Дар навбат - футболи донишҷӯён Тоҷикистон ба ҳаракати байналмилалии футболи донишҷӯён ҳамроҳ шуд. Тавре Увайдо Давлатбеков, ноиби қаҳрамонҳо, ки охири моҳи июли соли раиси Федератсияи футболи Душанбе, 2015 баргузор мешавад, 8 даста ширкат ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ӯ дар ҷаласаи меварзад. якуми кушодаи кумитаи иҷроияи Айни замон дар Тоҷикистон масъаИттиҳоди байналмилалии футболи лаи баргузории чемпионат оид ба футдонишҷӯён, ки дар шаҳри Белеки Тур- бол миёни дастаҳои макотиби олӣ бо кия доир гашт, ширкат дошт. Бори аввал мушкил рӯ ба рӯст. ФФТ соли дуюм аст, дар иҷлосия ба ғайр аз намояндагони ки чунин як чемпионатро доир мекунад, ташкилотҳои донишҷӯии Озарбойҷон, аммо ин иқдом дар ҷумҳурӣ дастгирӣ Қазоқистон, Молдова, Русия ва Украина пайдо намекунад. Дар чемпионати намояндаҳои федератсияҳои футболи шаҳри Душанбе Донишкадаи тарбияи Белорус, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Литва ҷисмонии Тоҷикистон, донишгоҳҳои ва Туркия ширкат карданд. аграрӣ, омӯзгорӣ, техникӣ ва дигар - Мо қасдан ҷаласаи кориро ба тар- донишгоҳҳое, ки анъанаи тарихии бози кушода доир кардем, - гуфт прези- зии футболро соҳибанд, ширкат накарденти Иттиҳоди байналмилалии футбо- данд. ли донишҷӯён Алу Алханов. – Мақсади Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ додамо баррасии масоили муҳими стратегие аст, дар Чемпионати Душанбе, ки бо мебошад, ки дар назди футболи бай- ғалабаи дастаи Донишкадаи славянии налмилалии донишҷӯён қарор дошта, Тоҷикистону Русия (ДСТР) анҷом ёфт, таваҷҷуҳи кишварҳои манфиатдорро дастаҳои МИСиС, ДМТ, Донишгоҳи давбарои ҳаллашон ҷалб кардааст. латтии тиббии Тоҷикистон, Донишкадаи Ба ҷуз ин тартиби иштироки молия ва иқтисод, инчунин, Коллеҷи кишварҳо дар мусобиқоти Иттиҳоди тарбияи ҷисмонӣ иштирок доштанд. байналмилалии футболи донишҷӯён тасдиқ гардид. Барои ширкат дар Ҷом ва мусобиқоти байналмилалӣ ҳар кишвар бояд мусобиқаҳо бо иштироки ҳадди ақал 6 даста на кам аз ду шаҳр ё минтақа баргузор намояд. Дастаҳо бояд бо якдигар вохӯрӣ намуда, на кам аз дутоӣ бозӣ гузаронанд. Яъне, ҳар даста бояд дар як мавсим на кам аз 10 бозӣ анҷом диҳад. Инчунин, мусобиқаҳои доирнамудаашро бояд ҳар кишвар вобаста ба талаботи тасдиқшуда инъикос кунад. Тахмин меравад, ки дар Ҷоми

ФУТБОЛИ МАҲАЛ

Ғалабаи “Оли Сомон” бар “Бунёдкор” Чанде қабл дар варзишгоҳи деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ миёни дастаҳои футболи ноҳия мусобиқаи футбол баргузор гардид. Тавре Муҳаммадёқуб Ёдгоров, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ дод, ин мусобиқа бо иқдоми клуби варзишии “Палдорак” дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилоят бар асоси чорабиниҳои Соли оммавияти футбол ҷараён гирифт. Дар мусобиқа ҳашт даста – «Истиқлол», «Ҷавонӣ», «Суғдиён», «Оли Сомон», «Бунёдкор», «Ботурхӯҷа», «Роғун» ва «Неъмат» ширкат варзиданд. Дар натиҷа, дастаҳои “Оли Сомон” ва “Бунёдкор” ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Бозии финалӣ бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи дастаи “Оли Сомон” ба анҷом расид. Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»

РУШДИ ВАРЗИШ

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар Истаравшан Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан чанде пеш як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора Фозилҷон Бобоев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр иттилоъ дод. Ба таъкиди вай, ин толори варзишӣ мансуб ба гимназияи рақами 1-и шаҳр мебошад. Акнун толибилмони гимназия метавонанд дар шароити хуб ба намудҳои мухталифи варзиши бадан машғул шаванд ва барои таъмини тарзи ҳаёти солим бештар ҷалб гарданд.

Толори мазкур бо воситаҳои варзишии зарурӣ муҷҷаҳаз гардида, барои баргузории волейбол, баскетбол, тенниси калон ва рӯимизӣ, бадминтон, футболи хурд пешбинӣ шудааст. Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»


Варзишгарон, асосан, дар маҳфилҳои варзишӣ ва мактабҳои махсуси варзишии кӯдакону наврасон (ММВКН) тайёр мешаванд ва ба тарбияи маънавию ахлоқии варзишгарони оянда дар ин ҷойҳо таваҷҷуҳи хоса бояд зоҳир карда шавад. Зеро агар барои тарбияи комили варзишгар, яъне, аз қадами нахустини ӯ ба соҳаи варзиш то ба мақоми устодӣ расиданаш 10-15 сол лозим бошад, қисми бештари ин вақтро ӯ дар мактаби варзишӣ мегузаронад, бо устодону мураббиён дар муоширати доимӣ қарор дорад. Бар замми ин, дар ММВКН варзишгари оянда аз таъсири равандҳои носолими иҷтимоӣ барканор буда, дар муҳити солим ба воя мерасад. Моҳияти таъсири шуғл варзидан бо варзиш ба шахсият дар он аст ки, дар баробари аз худ намудани ҳаракатҳои барои ин ё он намуди варзиш зарурӣ ва нерӯ бахшидани бадани худ инсон боз аз ҷиҳати маънавию ахлоқӣ ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, тарбияи ахлоқӣ дар ММВКН раванди басо мураккаби тарбиявӣ буда, бо тарбияи ҷисмонии кӯдакону наврасон пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳадаф аз он тарбияи инсони комил аст, ки дар баробари ҷисми солим дорои рӯҳи солим ва ахлоқи ҳамида мебошад. Тарбияи маънавию ахлоқӣ ташаккули мақсадноки ақидаву эътиқод ва эҳсосоти ахлоқӣ, тарбияи малака ва рафтору кирдорҳои инсонро дар ҷомеа дар назар дорад ва ҳадафҳои он чунинанд: - ташаккули тафаккури ахлоқӣ, эътиқоди ғоявӣ, мазмун ва мундариҷаи фаъолият (аз ҷумла, фаъолияти варзишӣ), ки ба талаботи ахлоқи ҳамида ҷавобгӯст; - ташаккули ҳиссиёти ахлоқӣ (муҳаббат ба Ватан, инсондӯстӣ, эҳсосоти дӯстӣ, коллективизм,

Мактабҳои варзиширо зиёд бояд кард Дар он сурат, наврасон хушахлоқ ва созандаву бунёдкор ба воя мерасанд муросо нанамудан бо вайронкунии меъёрҳои ахлоқӣ ва ғайра); ташаккули сифатҳои ахлоқӣ, одатҳои риояи меъёрҳои ахлоқӣ, малакаи рафтори қобили қабули иҷтимоӣ (эҳтиром ба натиҷаи меҳнат ва ашёи фарҳанги моддиву маънавӣ, эҳтиром ба волидон ва калонсолон, ростқавлӣ, хоксорӣ, бовиҷдонӣ ва ғайра); - тарбия намудани сифату хислатҳои иродавии шахсият (ҷасорат, боҷуръатӣ, мардонагӣ, матонат, худро ба даст гирифта тавонистан ва ғайра). Дар ММВКН кӯдакону наврасон бештари вақти худро бо машқу тамринҳои варзишӣ мегузаронанд. Дар ин ҷо худ

ҳаракати варзиширо низ чун шаклу воситаи тарбия метавон истифода бурд. Беҳуда нест, ки аксари варзишгарони машҳур таъсири бузурги тарбиявии варзишро борҳо таъкид намудаанд. Инро дар мисоли ҳамаи варзишгарони шӯҳратёри тоҷик – аз ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов то Мавзуна Чориева мушоҳида кардан мумкин аст. Варзишгарони номӣ чунин мешуморанд, ки тарбия тавассути варзиш самараноктар аст ва ба ташаккули сифатҳои иродавии инсон низ мусоидат менамояд. Оид ба истифодаи дарс ҳамчун воситаи тарбияи ахлоқӣ маълумот кофист. Дар дарсҳо ҳамчун нақлҳо дар бораи фар-

ва гузаронидани он осон аст. Мураббӣ-омӯзгор дар ҷараёни чунин сӯҳбатҳо бояд мусоидат намояд, ки наврасон бевосита дар муҳокимаи мавзӯи интихобгардида ширкат намоянд, савол диҳанд, андешаҳои хешро баён кунанд, далелҳо оварда, дурустии андешаҳояшонро исбот созанд. Ташкилу гузаронидани мубоҳисаҳо низ ҷиҳати интихоби роҳи дурусти зиндагӣ, ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакону наврасон ва мустақилияти онҳо мусоидат менамояд. Аммо вохӯриҳо бо варзишгарони номӣ аз лавҳи хотири наврасон ҳаргиз зудуда намешавад. Дидани варзишгари машҳур, ба

аз худ зарурати пайвастани раванди машқу тамрин бо тарбияи ахлоқӣ ба вуҷуд меояд, ки он аз рӯзи аввал то анҷоми таҳсил бояд идома ёбад. Шакл, усул ва воситаҳои тарбияи ахлоқӣ барои ҳама маълуманд. Дар ММВКН имкон дорад ва зарур аст, ки қариб аз ҳамаи ин шаклу воситаҳо истифода бурда шавад. Шакли асосӣ дар ММВКН низ мисли мактабҳои дигар, албатта, дарс аст, ки онро бидуни тарбияи ахлоқӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Пасон сӯҳбат, мубоҳиса, вохӯриҳо бо варзишгарони машҳур, намоиши филмҳо оид ба варзиш, машқу тамринҳои варзишӣ ва мусобиқаҳо низ ҳамчун шаклҳои тарбияи ахлоқӣ бояд мавриди истифода қарор гиранд. Ҳар як

зандони барӯманди миллат ба шогирдон дар бораи варзишгарони машҳур, ба монанди Саидмуъмин Раҳимов, Иброҳим Ҳасанов, Зебуннисо Рустамова ва дигарон маълумот додан мумкин аст, ки аҳамияти тарбиявӣахлоқӣ хоҳад дошт. Маърӯза-лексия ҳам мисли дарс аз воситаҳои муҳими тарбияи ахлоқӣ ба шумор меравад. Масалан, шунидани маърӯзаҳо бо унвонҳои «Варзишгари ҳақиқӣ касеро намеранҷонад», «Машқу тамрин Зебуннисоро қаҳрамони ҷаҳон намуд» дар хотири наврасон нақш хоҳад баст. Сӯҳбат низ аз шаклҳои маълум ва таъсирбахши тарбияи ахлоқӣ маҳсуб меёбад, ки дар шароити ММВКН ташкил

мисли Дилшод Назаров ё Расул Боқиев, шунидани садои ӯ, ба ӯ савол дода, посух гирифтан ё дар иҷрои ӯ ягон ҳаракату машқеро тамошо кардан дар хотири наврасон якумрӣ нақш мебандад. Намоиши филмҳо дар боби варзиш низ аз воситаҳои муассир маҳсуб меёбад. Бахусус, агар филмҳо бевосита хусусияти тарбиявӣ дошта бошанд, ё аз рӯзгори шахсони таърихӣ ҳикоят кунанд. Сухани мураббӣ, ки дар раванди машқу тамрин ҳангоми аз худ намудани ягон усул, ҳаракат ва ё партофт гуфта мешавад, низ таъсири бузурги тарбиявӣ дошта, баробар бо усул ё ҳаракати омӯхташаванда дар хотир мемонад. Аз ин рӯ,

истифодаи ин усул дар тарбия хеле самарабахш дониста мешавад. Мусобиқаҳо шаклу воситаи хоси тарбияи ахлоқианд. Ин махсусият бо он сабаб ба вуҷуд омадааст, ки мусобиқа як шакли фаъолияти варзишист. Дар мусобиқа ширкат варзидан бо одамони дигар барои ба даст овардани натиҷаи муайян қувваозмоӣ кардан аст. Шарти асосии мусобиқа барои варзишгарони тоҷик дар ҳама давру замон рақобати одилонаи варзишӣ буду мемонад. Дар мусобиқаи даставӣ, ки натиҷаи ниҳоӣ ба кӯшишу натиҷаҳои нишондодаи аъзои он вобастагӣ дорад, варзишгар таҷрибаи хуби дастгирии ҳамдигар, коллективизм ва ҳамдигарфаҳмиро ба даст меорад. Нақша ва мақсади мушаххас гузошташуда, аҳамиятнокии вазифаҳое, ки дар назди варзишгар гузошта мешаванд ва талаби матонату суботкорӣ дар ҷараёни мусобиқа омилҳоеанд, ки раванди тарбияи ахлоқиро самаранок мегардонанд. Қоида ва тартиби гузаронидани мусобиқаҳо аз варзишгар риояи қатъии шарту талаботи қувваозмоиро бо рақиб талаб менамоянд. Онҳо на танҳо боинтизомӣ, бовиҷдонӣ ва худро ба даст гирифта тавонистан, балки эҳтиром доштан ба рақиб, ҳакамону тамошобинон ва барои шарафи даста матонату иродаи қавӣ зоҳир карданро низ тақозо менамоянд. Бинобар ин, дар ҷараёни сабқатҳо ба рафтори варзишгарон, муносибати байниҳамдигарии онҳо, муносибаташон ба мураббиён ва ғайра диққат дода мешавад. Дар ММВКН ҳамаи ин воситаву шаклҳои тарбияи ахлоқӣ бояд мавриди истифода қарор дошта бошанд. Барои кор ба ин муассисаҳои таълимӣ мутахассисонро даъват намуда, корро дар асоси дастурҳо ба роҳ мондан лозим. Дастурҳо бояд бо назардошти талаботи замони нав - равандҳои ҷаҳонишавӣ таҳия шаванд. Вале манфиатҳои миллӣ бояд дар мадди аввал қарор бигиранд. Дар ҳамон сурат натиҷаҳо назаррас хоҳанд шуд. Ҳамчунин, зарур аст, ки теъдоди ММВКН-ҳо зиёд шаванд. Он гоҳ теъдоди варзишгарони бомаҳорату ҳомиёни содиқи Ватан, инсонҳои бовиҷдону хушахлоқ ва созандаву бунёдкор низ зиёд хоҳанд шуд. Фахриддин ҶУМЪАЕВ, омӯзгори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов

e-mail: javonontj@mail.ru

Варзиш яке аз омилҳои муҳими тарбияи ахлоқии инсон аст. Имрӯзҳо, ки ахлоқи ҷомеа коҳиш ёфта, кӯдакону наврасон дар ҳар қадам ба фиребу дурӯғ дучор меоянд, шоҳиди ноадолативу бераҳмӣ мегарданд, ба адабиёти пастсифату филмҳои фаҳшу зӯроварӣ дастрасӣ пайдо кардаанд ва масъулияти оила дар тарбияи фарзанд паст гардидааст, варзиш ҳамчун воситаи тарбия аҳамияти бештар касб мекунад. Табиист, ки имрӯз варзиш ва тарбияи ахлоқии варзишгарон таваҷҷуҳи хосаи аҳли ҷомеаро тақозо мекунад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

13

ВАРЗИШ ВА ҶОМЕА


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

14

АДАБИЁТ Мирзо ФАЙЗАЛӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

Ватанро шоирона дӯст медорам Ватанро дӯст бояд дошт чун шоир, Ба сина донаи меҳраш зи рӯи меҳр бояд кошт чун шоир. Худо нокарда, рӯзи сахт ояд бар сари Меҳан, Ҳама бори ғамаш бояд ба дӯши хештан бардошт чун шоир. Дили шоир пурэъҷоз аст, он аз қулзуми маънӣ гуҳарҷӯянда ғаввос аст, Чунин дил ошиқони покбозу шоирони хосаро хос аст. На ҳар фарде, ки бо такрор, садҳо бор аз минбар «Ватан» гӯяд, Ба мисли шеъри шоир аз сари имону ихлос аст. Ватан! Ҳар гоҳ аз рӯи садоқат ман «Ватан!» гӯям, Зи қалби меҳрполо, бо тафохур ин сухан гӯям. Агар пурсанд: «Ҷон бегуфтугӯ баҳри Ватан кӣ медиҳад, шоир?», Тамоми қувватамро, қудратамро карда якҷо, «Шоире монанди ман!» гуям. Ватанро ошиқона дӯст медорам! Ватанро бе муҳобо, бе баҳона дӯст медорам! Нагардад ҳеҷ гаҳ як зарра ишқаш дар вуҷудам кам, Ватанро ҷовидона дӯст медорам! Ватанро шоирона дӯст медорам!

Ватанам Мулки зебо, Ватанам, ҳусни дунё, Ватанам, Нақши сад боғу чаман дар ту пайдо, Ватанам. Зери ин чархи барин, дар ҳама рӯи замин, Ҳамчунон модари ҷон туӣ якто, Ватанам. Халқи ту боҳунар аст, хоки ту симу зар аст, Кӯҳи ту сар ба фалак, пур зи лаълу гуҳар аст. Сарзамини падарон, марзи соҳибзафарон, Дар ҳама рӯи ҷаҳон мардумат номвар аст. Ҳама фарзанди туем, асалу қанди туем, Тифли домони туем, мо ҷигарбанди туем. Бо ту дар амну амон, бо ту хушбахти замон, Бо ҳама ҳастии худ решапайванди туем.

Қалами нав Рӯзибойи Умарқул муҳассили бахши рӯзноманигорӣ телевизион ва радиои ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода буда, дар баробари фарогирии касби интихобнамудааш ба олами беинтиҳои шеър сару кор ва гиру мон дорад. Яъне, фориғ аз машғулияти шабонрӯзии донишҷӯӣ ягонягон шеър мегӯяд ва аввалин шеърҳои шогирдонааш дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар интишор ёфтаанд. Шеърхонӣ, шеърдонӣ ва дар ин замина шеъргӯии Рӯзибойи Умарқул баёнгари он аст, ки мавсуф мехоҳад ба олами шеър ворид гардад ва ба ин васила дар хидмати халқу Ватан бошад. Ба Рӯзибой бурдборӣ таманно намуда, чаҳор шеъри тозаи ӯро пешкаш менамоем.

Кӯтоҳдаст

Хоҳиш

Ман набитвонам фаромӯшат кунам, Ё шаби маҳтоб оғӯшат кунам. Шишаам бишкаставу ҷомам тиҳӣ, Ту майи софӣ, равам, нӯшат кунам! Ҷону дил омехта бо ишқи ту, Гӯ, чӣ сон, охир, фаромӯшат кунам? Субҳ тобад дар назар шабҳои ман, Ҳар гаҳе ёди баногӯшат кунам. Гул ба кокул мезанӣ, ай гулсанам, Бо сухан гулпӯшии ҳушат кунам. Ай гули домони ту гулбайти ман, Саҷда бар домони гулпӯшат кунам. Чашми ту ифшогари сад рози дил, Гӯш бар гуфтори хомӯшат кунам. Ай зи сар то пойи ту шеъри равон, Кош чун шеъри равон нӯшат кунам.

Муаллим Чун офтоби тобон пур аз сафо муаллим, Дунёи қалбҳоро бахшад ҷило муаллим. То мову ту биёбем аз зулмате раҳоӣ, Чун машъале бисӯзад дар роҳи мо муаллим. Бар рӯи мо кушояд ӯ махзани ҳунарро, Бошад сахӣ муаллим, кони сахо муаллим. Омӯз аз муаллим покиву ростиро, Зеро ба мо дар ин раҳ шуд раҳнамо муаллим. Дар роҳи илму дониш ҳодии мо ту бошӣ, Ёрат Худо муаллим, ёрат Худо муаллим!

Алии Муҳаммадии ХУРОСОНӢ, шоир ва адабиётшинос

Ҷоно, биё, ки имшаб Дорам хумори рӯят. Хоҳам, ки бо таманно Дасте барам ба мӯят. Аз соғари лабонат Нӯшам шароби бӯса, То он даме, ки гардам Масту хароби бӯса. Хоҳам биборад имшаб Борони мушку анбар Аз мӯйи анбаринат, Эй ҷон, ба рӯи бистар. Хоҳам, ки дардҳоям Имшаб шавад фаромӯш, Фориғ зи кори дунё Бо ту шавам ҳамоғӯш.

Ёди ту мекунам Ҳар шоми дардзо ёди ту мекунам. Ҳар субҳи босафо ёди ту мекунам. Ҳар гаҳ машомро бӯи хуши гуле Меоварад сабо, ёди ту мекунам. Ҳар гаҳ ки парфишон ҷуфти кабӯтаре Бинам дар осмон, ёди ту мекунам. Ҳар гаҳ ки ошиқон паҳлӯи дилбарон Хонанд қиссаҳо, ёди ту мекунам. Шоме, ки булбуле хонад суруди ишқ, Аз рӯи гул ҷудо, ёди ту мекунам. Шабҳо, ки даври шамъ парвона парзанон Худро кунад фидо, ёди ту мекунам. Эй ҳамдами дилам, дилдори хушгилам, Рӯзу шаби Худо ёди ту мекунам.

e-mail: javonontj@mail.ru

ПЕШНИҲОД

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз мардуми сайёра хостааст, ки бо мақсади ҳифзи саломатӣ истифодаи намакро кам намоянд. Дар пайёме, ки ин созмон ба муносибат Рӯзи ҷаҳонии дил интишор кардааст, кам кардани истеъмоли намак роҳи осонтарини наҷотдиҳии миллионҳо нафар аз бемориҳои дилу рагҳо шумурда шудааст.

Истеъмоли намакро кам кунем Ба ҳисоби миёна имрӯз сокинони сайёра аз меъёри зарурӣ се маротиба бештар намак истеъмол мекунанд. Аз ин рӯ, СҶТ аз мардуми ҷаҳон хостааст, ки то соли 2025 истеъмоли намакро 30 дарсад коҳиш диҳанд. Вақте беморони фишори хунашон баланд ба духтур муроҷиат мекунанд, нахустин тавсияи табиб ин аст, ки бемор бояд истеъмоли намакро кам кунад. Зеро хӯрдани ғизоҳои шӯр талабот ба нӯшидани обро зиёд менамояд. Натрийи таркиби намак хосияти дар ҷисм нигоҳ доштани обро дорад. Як молекулаи онро 400 молекулаи об иҳота мекунад. Дар ҷисми инсон ҳаҷми моеъ зиёд мешавад, ки ин барои дил ва гурда сарбории зиёдатист. Вақте дилу гурда

бо сабаби зиёд будани моеъ вазифаи худро дуруст иҷро карда наметавонанд, фишор баланд мешавад. Ғайр аз ин, ғизои шӯр иштиҳоро бедор карда, ба фарбеҳшавӣ низ мусоидат мекунад. Намаки аз меъёр зиёд на танҳо ба ашхоси фишорбаланд, балки ба одамони фишори хунашон муътадил низ зарар дорад. Тадқиқоти тиббӣ нишон медиҳад, ки агар истеъмоли намак кам шавад, хатари сар задани сакта ва дигар ноҷӯриҳои дил 25% кам мешавад. Олимони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки зимни тайёр кардани ғизо ба он намак наандохтан беҳтар аст. Ҳар кас ба косаи худ мувофиқи хоҳиш намак илова хоҳад кард. Меъёри шабонарӯзии намак барои як нафар 5 грамм аст. Ин 5

грамм бояд намаки йоднокшуда бошад. Карами баҳории хушконидашуда, сабзӣ, лаблабу, шарбати лимӯ, сирко (уксус), сир (чеснок), қаламфури ширин, қаҳзак (хрен), пиёз, ҷаъфарӣ ва шибит (укроп) метавонанд ивазкунандаи намак бошанд. Дар таркиби ҳасиб, нисбат ба гӯшт намак 10-15 маротиба зиёд аст. Ғизоҳои нимтайёр («ролтон», соусҳо...) низ дар таркибашон намаки зиёд доранд. СҶТ аз корхонаҳои истеъмолкунандаи маҳсулоти ғизоӣ хостааст, ки бо кам шудани меъёри намак ба солимии мардум кӯмак расонанд. Таҳияи С. АМИНИЁН, «ҶТ»


Шавњари бибї

Сарбанди занона

расул бокиев

…-Батор, пойтахти Муѓулистон

Домоди Расули Акрам (с)

Меваи хоси Љиликўл

Номи аспи Рустам

Захми пўст

Модар

... Зоњир, сароянда

Ормон, орзу

Муќобилмаънои «баромадан»

Тайёраи љангии русї

Њиссачаи ишоратї

Дуруст, ња

Тифоќ, дўст

Кўњњои Швейтсария

Майлкунанда сўи чизе

Њамсўњбат

Машѓулияти таълимї

Рус (лањљ.)

Чини рўй

Соли бебориш

Меваи туршмазза

Мева

Фигураи геометрї

Намуди варзиши хитої "Мантиќ... тайр"-и Аттор

Ноњия дар Суѓд

Падар (лањљ.)

Моњи тобистон

Љазира дар бањри Миёназамин

Навъи чодар, њиљоб

Пайвандак

Зер, поён

Моњи нўњуми солшумории шамсї

… Гуртская, сарояндаи нобино аз Русия

Меваи рангаш зарди турш

Роњи ќатора аз он иборат аст

Граф Монте-…

Хеш, хештан

Сабзавоти ќандаш бисёр

Гули бањорї

Либоси варзишї

Кишвари серањолитарин

… Деол, ситораи кинои њиндї

Дарзмол

Њаќиќї

Мўи рўи мард

Маводи озуќа

Акнун

Тамѓаи мошини боркаши русї

Дарё дар Хорватия

Њушёр, зиррак Хиёнаткорї

"... одам аъзои якдигаранд"

Автомобил, кулли наќлиёт

Кулўлачањои тир

Худо

Лаболаб, бисёр

«Чупа-…» …- код, раќами рамзии сим-корт

Хона барои гову мол

Дарахти солинавї

Љамъи олимон

Дарё Сабдар завоти Сибир сероб

Тамѓаи таппонча

Нидои мухлисони футбол

Нотаи дуюми мусиќї

«Шиповник» ба тољикї

Шоњи Шекспир

Асбоб, дастгоњ

Дарёи дарозтарини Африќо

Яке аз мушкетдорони Дюма

Хояндаи «љомашўй»и бешањои рус

Муќобили лалмї

Тозагї, беѓашї Воќиф, бохабар

Кунљ

... Азизов, овозхон

… Чавес, собиќ президенти Венесуэла

Њиссачаи ишоратии лањљавї

Пойтахти Перу

... Саидова, сароянда

e-mail: javonontj@mail.ru

Халиљ дар наздикии Эрон

Илму дониш

… Падуконе, ситораи кинои њиндї

Дарди захми сўхта

Ѓулом, банда

А, Г, З Тўббозї дар об

Муборизаи пикадор бо буќќа

Нотавон, заиф

Чашмкољ

Душман Фаъолияти маќсадноки одам

Кўраи махсус барои кабобпазї

Пашми нарм

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №49 (9371), 4 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

Агар нахонӣ, мисли ӯ «бомж» мешавӣ!

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

Мебахшед, ман профессорам!

Умаралии САФАРАЛӢ

***

(котиби масъул),

Марде ба радио занг зада, мегӯяд: - Ин ҷо радио? Ровӣ: - Бале. Мард: - Имрӯз дар кӯча 5000 доллар ёфтам. Илтимос ба одаме, ки онро гум кардааст, суруди “Ҷавонӣ рафт”-ро пахш кунед.

Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

***

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ҷавоне бори аввал бо хоҳиши дӯстдухтараш бо ӯ ба кинотеатр меравад. Дар филм як шер тарафи экран медавад ва ин ҷавон фиғон кашида, зуд худро зери миз мекашад. Духтар бо қаҳр: - Ҳамаро шарманда кардӣ, ин кино аст. Ҷавон: - Ману ту медонем, ки ин кино аст, ун шер аз куҷо ақлаш мегирад?

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 6940 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Як зан дар таваллудхона баъди ба дунё овардани дугоник бо алам ва дуру дароз гиря мекунад. Ҳамшира аз ӯ мепурсад: - Барои чӣ гиря мекунӣ? Зан баландтар дод зада: - Хонам сӯхт, шавҳарам маро мекушад. Ҳамшира тааҷҷуб карда: - Чаро? - Охир, агар пурсад, ки ин кӯдаки дуюм аз кист, чӣ ҷавоб медиҳам?

Хало Ҷавон дар кӯчаи торик саросема роҳ мерафт, ки пояш ба чизи мулоиме бархурд. Хам шуд, то чӣ буданашро муайян кунад. Худоё, ин дили одамист! Гӯё нав аз қафаси синаи соҳибаш баровардаанд, гарму хунолуд буд ва ҳанӯз метапид. Ҷавон қалбро рӯи дастонаш гирифта, аз тарс тез-тез нафас мекашид. Аввал хост онро ба ҳамон ҷое гузорад, ки пайдо карда буд, вале аз чӣ бошад ҳиссиёти аҷиб ва барояш ношиносе дар вуҷудаш тӯғён карда, ӯро аз нияташ гардонд. Ҷавони ҳаросону хотирпарешон қарор дод, хонаҳои атрофро суроғ карда, соҳиби қалбро ёбад. Бо ҳамин ният дари аввалин хонаро тақтақ кард. Дар нимроғ кушода шуда, духтараке бо чеҳраи зебо вале маъюс намуддор гардид. - Мебахшед, ин дили шумо аст, каме пеш онро рӯи роҳ ёфтам. Духтарак бо овози гирифтаву дардолуд ҷавоб дод: - Ман диламро се моҳ пеш ба як бевафо додам... Шумо хонаи муқобилро пурсед, шояд аз онҳо бошад. Хонае, ки духтарак ба ҷавон нишон дод, як бинои сеошёнаи боҳашамате буд. Дарро ба рӯи ҷавон хизматгор кушода, ӯро ба назди хуҷаинаш, ба ошёнаи дуюм раҳнамоӣ кард.

АНДАРЗ

Ҷавони ҳайратзада рӯи қолини ғафсу мунаққаш қадам мезад ва аз як тараф қатраҳои хунро, ки ба рӯи қолин мечакид, ба пояш мепушонд. - Ин қалби шумост? Ҳоло ҳам метапад... Мард аз қадаҳи булӯрини дасташ қадре нӯшида, сипас, ба ҷавон нигоҳ кард. - Не, додар, аз ман нест, чунки ман диламро ба дунё бахшидам. Дар ҳамсоягӣ пирамарде зиндагӣ мекунад. Бипурс, шояд аз ӯ бошад. Ҷавон қалбро, ки тапиданаш тадриҷан суст мешуд, ба кулбаи фарсудае бурд, ки соҳиби хонаи муҳташам ишора намуд. Он ҷо мӯйсафеди нуроние сукунат дошт. - Ин қалб аз шумост, амак? – савол дод ҷавон ба мӯйсафед ва ҷавобро мунтазир нашуда, афзуд, - Зуд бошед, ки хунук мешавад. Ман онро аз кӯча ёфтам. Гарм буд. Ҳоло тапиданаш кам мегардад.

*** Мӯйсафед, ки банди мутолиаи “Қуръон”-и карим буд, китобро оҳиста пӯшонда, ба тоқ гузошт ва ба ҷавон рӯ овард: - Ман на танҳо қалбамро, балки ҳама ҳастиамро ба Аллоҳ таъоло бахшидам, писарам. Чаро ту соҳиби ин дили дар дастат бударо аз падару модарат намепурсӣ? - пурсид мӯйсафед аз ҷавон. - Онҳо ҳар ду ҳам пир шудаанд. Азбаски мисли кӯдак таваҷҷуҳу муомила мехоҳанд, ман се рӯз пеш бо онҳо ҷанҷол карда, хонаро тарк намудам. Чеҳраи мӯйсафед тағйир ёфт, ӯ бо овози пасту гирифта такрор кард: - Тарк кардӣ-а? Тарк кардӣ... Ҷавон музтар монд, намедонист чӣ кор кунад. Аммо мӯйсафед ҷавоби саволашро ёфта буд. Вай бо қадамҳои устувор ба ҷавон наздик шуда, тугмаҳои куртаи ӯро кушод. - Дар синаи ҷавон ба қадри ҳамон дили дасташ холигие ба назар мерасид... Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Ҷавоне аз рӯи эълон ҷои кор мекобад. Дар як корхона роҳбар мегӯяд: - Мо ду моҳи аввал танҳо 200 сомонӣ маош медиҳем. Моҳи сеюм маош 500 сомонӣ мешавад. Ҷавон аз ҷой хеста, баромаданӣ мешавад. Раис: - Ба куҷо? Кор писанд наомад? Ҷавон: - Ман баъди ду моҳ меоям.

*** Нозанин аз раис мепурсад: - Азизам, барои чӣ занат ким-чӣ хел шубҳанок ба ман нигоҳ кард? - Барои он ки худаш ҳам замоне мисли ту котибаи ман буд!

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Номаи камоли гумшудаи №А0359174, ки онро МТМУ рақами 1-и ноҳияи Қубодиён соли 2009 ба Солеҳов Диловар додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи дараҷаи А3321823, ки ШКД ноҳияи Роҳи Оҳан (ҳоло Шоҳмансур) ба Салимова Наргис Фармонхуҷаевна (соли таваллудаш 4.06.1978) додааст, эътибор надорад. Шиносномаи гумшудаи дараҷаи А7570268, ки ШКД ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 20 апрели соли 2013 ба шаҳрванд Василева Жанетта Владимировна додааст, эътибор надорад.

Қатъи фаъолият Кооперативи истеҳсолии “Шуҳрат” (РЯМ2510000616), ки соли 1999 дар Нотариуси давлатии ноҳияи Шурообод ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.