Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
1
№50 (9372),
11 декабри соли 2014
ТУРИЗМ
РОҲИ ОҲАН
Шиносоӣ бо корҳои сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон шинос шуд. Дар давоми 11 моҳи соли равон дар ин ҷо ба маблағи беш аз 56 миллион сомонӣ корҳо ба анҷом расида, дар масофаи 2,4 километр корҳои васлнамоии қисмати болоии роҳ, ба андозаи як миллиону 778 ҳазору 482 метри мукааб корҳои заминӣ ва дар ҳаҷми беш аз 843 ҳазор метри мукааб корҳои таркишӣ анҷом ёфтаанд.
ҲАМОИШ
Ҳамоиши ширкатҳои сайёҳӣ дар Душанбе 15 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе ҳамоиш доир ба саноати туризм-2014 доир мегардад. Дар он намояндагони тақрибан 100 муассисаи сайёҳии кишвар ҷамъ меоянд. Ба бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ имконият дода мешавад, то дар шабака фаъолият намоянд ва ба онҳо доир ба масъалаву мавзӯъҳои баррасишаванда дар бахши давлатӣ ва байни созмонҳои байналмилалӣ маълумоти тоза пешниҳод мешавад.
ИҚТИСОД
Барои пешрафти туризм ҳамдилӣ лозим
«Амонатбонк» - сазовори Ҷоизаи «Бонки сол»-2014 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сазовори ҷоизаи «Бонки сол» дар соли 2014 гардид. Озмунро маҷаллаи молиявии «The Banker»-и Британияи Кабир гузаронд. Натиҷаи ин озмуни бонуфуз дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал»-и Лондон, бо иштироки намояндагони бештар аз 100 бонки кишвари ҷаҳон эълон шуд. Ин ҷоиза стандарти ҷаҳонӣ дар умури бонкӣ унвон шуда, муваффақияти «Амонатбонк» дар соли равон мебошад.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2015
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
2
ИНТИХОБОТ-2015
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 5 декабр соли равон тибқи як фармон рӯзи интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро таъин кард. Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2015 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2015 таъин шуд. Ҳамон рӯз, ҳамчунин, интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” баргузор мешавад. Дар робита, Президенти кишвар аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод карда, бо онҳо вохӯрд. Дастур дода шуд, ки интихобот бояд бо риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ба таври шаффофу демократӣ ба роҳ монда шуда, татбиқи талаботи қонун ва меъёрҳои демократии интихоботӣ барои ҳамаи номзадҳо бо шароити баробар ва яксон таъмин гардад. Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осуда ва бо риояи меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷараён гирифта, ба таҳкими
ваҳдати миллии Тоҷикистон ва рушди босуботу бонизоми ояндаи кишвар мусоидат менамояд. Маҷлиси намояндагони ҷумҳурӣ 9 декабр раис, муовин ва 13 узви нави Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсиро тасдиқ намуд. Ба мақоми раиси КМИР Шермуҳаммад Шоҳиён ва муовиниаш Саидбой Зокиров таъин шуданд. Саидбой Зокиров роҳбарии Иттифоқи
сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҳамчун узви КМИР тасдиқ шуданд. Тибқи қарори КМИР пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тибқи рӯйхати аҳзоби сиёсӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 6 декабр оғоз гардида, то 15 январи соли оянда идома меёбад. Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлу-
1 март – интихоботи вакилон ба МН МО касабаи вилояти Суғдро бар уҳда дорад. Вера Наимова, дотсенти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, аз Ҳизби коммунист, Моҳистон Азизова, директори мактаби рақами 98-и шаҳри Турсунзода аз ҲХДТ, Изатулло Алиев, муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Олима Ёрматова, директори мактаби рақами 38-и ноҳияи Сино, аз Ҳизби сотсиалистӣ, Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ, Нуралӣ Саидов, котиби Шӯрои ҳамоҳангсози ҷумҳурӣ, узви ҲХДТ, Зиё Раҳмон, муовини директори “Маркази тарзи ташаккули ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ аз Ҳизби аграрӣ, Ҷамолиддин Маҳмудов, мушовири раиси ҲНИТ, Маҳмадёр Раҷабов, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии ДМТ, узви ҲХДТ, Юсуфбек Шодмонбеков, мушовири ректори Донишгоҳи шаҳри Хоруғ оид ба масоили ҳуқуқӣ, узви ҲХДТ, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии Академияи илмҳо, Муҳаббат Файзова, раиси ҷамоати шаҳраки Оби Киики ноҳияи Хуросон ва Муҳаммадиборон Зоиров, корманди Кумитаи давлатии
ФАРҲАНГ
e-mail: javonontj@mail.ru
мон аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ бошад, 30 декабр шуруъ шуда, то 15 январ давом мекунад. Бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 15 январ оғоз гардида, 9 феврал ба итмом мерасад. 8 декабр таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргу-
Оғози намоишҳои солинавии театрҳо Дар арафаи Соли нави мелодӣ театрҳои ҷумҳурӣ ба намоишҳои солинавӣ оғоз карданд. Дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз 10 декабри соли равон то 15 январи соли оянда «Харгӯшаки мағрур»-и Сергей Михалков намоиш дода мешавад. Театри драмавии ба номи Маяковский аз 15 декабр то 13 январ тамошобинонро ба намоиши (Шоҳдухтар дар нахӯддона) даъват мекунад. Аз 16 декабр то 13 январ дар Театри лӯхтак кӯдаконро намоиши «Дар иҳотаи дӯстон» бо забонҳои русиву тоҷикӣ интизор аст. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ 30 декабр балети Чайковский «Щелкунчик» намоиш дода мешавад.
зории интихоботи парлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ташкили ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасдиқи шакли ҳуҷҷатҳои интихоботӣ баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Инчунин, масъалаи муайян намудани ҳудуд ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон матраҳ гардид. Тибқи қарори қабулнамудаи КМИР дар ҳудуди кишвар 41 ҳавзаи якмандатӣ созмон ёфта, ҳамзамон, ҳудуд, макони ҷойгиршавӣ ва шумораи тахминии интихобкунандагони ҳавзаҳо муайян гардиданд. КМИР тасмим гирифтааст, 11 декабр бо иштироки роҳбарони аҳзоби сиёсӣ суҳбат дар гирди миз доир намояд. Зимни он роҳбарияти КМИР ба пешвоёни аҳзоби сиёсӣ дар бораи ҷараёни омодагӣ ба интихоботи мазкур маълумот медиҳад. 16 декабр дар Душанбе бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва аъзои Комиссиияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар сӯҳбат дар гирди мизи мудаввар баргузор хоҳад шуд. Дар нишаст КМИР таклифу пешниҳодҳои намояндагони ВАО-и кишварро шунида, аъзои КМИР доир ба низоми баргузории интихоботи парлумонӣ дар кишвар ва пайгирию инъикоси ин чорабинии муҳими сиёсӣ аз ҷониби намояндагони ВАО гузориш медиҳанд.
CASA-1000
Имзои созишнома дар бораи интиқоли неруи барқ Аз 29 ноябр то 5 декабри соли равон дар шаҳри Истанбули Туркия ҷаласаи хотимавии гурӯҳи муштараки корӣ дар бораи интиқолу савдои неруи барқ байни Осиёи Марказию Ҷанубӣ CASA-1000 баргузор гардид. Тавре аз консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар кори ҷаласа ҳайатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ширкат доштанд. Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ ба уҳда дошт. Намояндагони чор кишвар аз рӯи натиҷаи ҷаласа созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаи CASA-1000-ро ба имзо расониданд. Тибқи лоиҳаи мазкур бояд Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистон Афғонистону Покистонро бо неруи барқ таъмин намоянд. Системаи нави хатҳои интиқоли барқи CASA-1000 имкон медиҳад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ захираҳои аз нигоҳи экологӣ тозаи нерӯи барқ ба таври самарабахш истифода шаванд.
3
ТАНДУРУСТӢ
Қонунгузории мурофиавӣҷиноятӣ такмил меёбад 3 декабри соли равон бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дастгирии Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони амрикоӣ дар Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар толори Маҷмааи давлатии “Душанбе-Плаза” Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ зери унвони “Дастовардҳо, проблемаҳо ва дурнамои инкишофи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Дар он Нусратулло Абдуллозода, раиси Суди Олӣ, Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини якуми прокурори генералӣ, Умарзода Икром, муовини вазири корҳои дохилӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, олимону коршиносон аз давлатҳои ИДМ, намояндагони сафоратҳо, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд. Тавре Рифат Юлдошев, сардори шӯъбаи илми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъкид дошт: “Мақсади асосии баргузор гардидани конфронс натиҷагирӣ аз фаъолияти панҷсолаи кодекс мебошад. Камбудиҳое, ки бевосита дар моддаҳои алоҳидаи кодекс ва амалияи мурофиаи ҷиноятӣ вомехӯранд ва тағйиру иловаҳое, ки аз тарафи қонунгузор ба матни кодекс ворид мешаванд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки кодекс такмил мехоҳад”. Умарзода Икром, муовини вазири корҳои дохилӣ изҳор дошт, ки ислоҳоти судӣ дар Тоҷикистон яке аз паҳлӯҳои ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Зеро баъд аз ба даст овардани истиқлолият зарурати дигаргун кардан ва ба талаботи замона мувофиқ намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба миён омад. Ислоҳоти қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар навбати худ яке аз муҳимтарин шартҳои таъмини
қонуният дар мурофиаи судӣ-ҷиноятӣ мебошад. Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини якуми прокурори генералӣ ва Нусратулло Абдуллозода, раиси Суди Олӣ низ вобаста ба камбудиҳои ислоҳталаби кодекс андешаҳои худро баён доштанд. Аз ҷумла, раиси Суди Олӣ таъкид намуд: “Яке аз дастовардҳои барномаи номбурда таҳия ва қабули кодекси мурофиавии ҷиноятӣ мебошад, ки тамоми ҷанбаҳои фаъолияти пешбурди мурофиаи ҷиноятиро бо назардошти меъёрҳои Сарқонуни Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, комилан тағйир дода, дар баробари фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доираи салоҳияти ҳокимияти судиро дар таҳкими адолати иҷтимоӣ афзоиш дод”. Дар конфронс байни ширкаткунандагон ва маърӯзачиён баҳсу мунозира сурат гирифта, дар анҷом ҳуҷҷати ниҳоӣ оид ба аз байн бурдани як қатор ихтилофот ва камбудиҳое, ки дар кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой доранд, қабул шуд. Лозим ба ёдоварист, ки кодекси мазкур 3 декабри соли 2009 қабул гардида, 1 апрели соли 2010 мавриди амал қарор гирифтааст.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
Беҳбудии дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ Солимии аҳолии мамлакат ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҳафтаи гузашта дар бинои «Душанбе-Плаза» ҳисоботи солонаи муштарак оид ба татбиқи босамари «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» баргузор гардид. Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ доир шуд, шарикони рушди сохтори тандурустӣ ширкат варзиданд. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз таҳияи стратегия беҳтар кардани саломатии аҳолии кишвар ва ташкили муҳити зисти солим мебошад. Соли равон дар ҷумҳурӣ лоиҳаи «Кодекси тандурустӣ» таҳия шуд, ки алҳол барои мувофиқасозӣ бо дигар вазорату идораҳо қарор дорад. Имсол Маркази ҷумҳуриявии аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ёфт. Соли ҷорӣ беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ тавассути таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ, такмилдиҳии хазинаи катҳо, таъминот бо маводи дорувории босифат ва ворид намудани кӯмаки тиббии бо технологияи баланд ба назар расид. Зикр шуд, ки дар баробари дастовардҳо дар раванди ворид намудани стратегия мушкилот низ мавҷуданд. Аз ҷумла, норасоии иқтидори кадрии баландихтисоси дорои малакаи идоракунӣ (менеҷмент) дар сатҳи маҳаллӣ, сатҳи пасти маблағгузории буҷавии соҳаи
тандурустӣ, ки ба пастравии дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ оварда мерасонад, системаи куҳнашудаи такмили меъёрҳои басти воҳидӣ барои муассисаҳои тандурустӣ ва як қатор мушкилоти дигар суръати раванди татбиқ намудани стратегияро суст мекунанд. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ иброз дошт, ки фавти модарон дар ҷумҳурӣ нисбат ба солҳои қаблӣ 3 маротиба кам шуд. Ин дар натиҷаи беҳтар шудани нигоҳубину муоинаи модарон пеш аз таваллуд ва баъди таваллуд мебошад. Зимни дар қайди духтури занона будан ҳомиладорон то таваллуд ҳадди аққал 3 маротиба аз ташхис мегузаранд. Дар натиҷа, оризаи муайяншуда сари вақт бартараф мешавад. Соли ҷорӣ зиёда аз 100 ҳодисаи марги модарон дар ҷумҳурӣ пешгирӣ шуд. Яке аз сабабҳои марги модарон хунравӣ ҳангоми таваллуд аст. Таҳмина Ҷабборова, директори Маркази ҷумҳуриявии тиб-
би оилавӣ гуфт, ки рушди тибби оилавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз дар ҳамин зина муоширати аввалини аҳолӣ бо корманди соҳаи тандурустӣ сурат мегирад. Аз ҳамин сол сар карда мутахассисони тибби оилавӣ тавассути барномаи махсуси дусола тайёр карда мешаванд. Дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ низ барномаи таълимӣ барои мутахассисони соҳа нав шуд. Дар доираи чорабинӣ намоиши хизматрасонӣ, доруворӣ, адабиёти илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбон», ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон», СҶТ, UNFРA, намояндагии ширкатҳои дорусозии «Гедеон Рихтер», «Тиб барои Шумо» ва ғайра ба меҳмонони намоиш дастуру адабиёти тиббӣ пешниҳод намуданд.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
КОНФРОНС
С. САЙФИДДИН, “ҶТ”
Омодагии Тоҷикистон ба намоишгоҳи “Подарки” Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ба истеҳсолкунандаҳои маҳсулоти дастии кишвар ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба намоишгоҳҳои байналмилалии “Ambiente” дар шаҳри Франкфурти Олмон (13-17 феврали соли 2015) ва “Подарки” дар шаҳри Маскави Русия (16-19 марти соли 2015) ёрӣ мерасонад. Барои расидан ба ин ҳадаф як гурӯҳи мушовирони МТБ доир ба тарроҳӣ ва бозорёбӣ дар ҳайати Алфонс Эйлигман, Габриэла Бёрде ва Элина Маннурова 1-4 декабр дар Тоҷикистон қарор доштанд. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат гирифт. Мутахассисони МТБ чанд давраи омӯзишӣ баргузор карда, ҳамчунин, бо намояндагони Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон ва истеҳсолкунандагони дигари маҳсулоти дастӣ ба тариқи инфиродӣ кор карданд. Дар чаҳорчӯбаи давраҳои
омӯзишии вижа, ширкаткунандагон бо бузургтарин намоишгоҳи маҳсулоти хона ва ҳадяҳо – “Ambiente” ва калонтарин намоишгоҳи ҳадяҳо, ҳунарҳои дастӣ ва маҳсулоти тазйинӣ дар ҳудуди ИДМ – “Подарки” шинос шуданд. Ҳар сол дар намоишгоҳи “Ambiente”, ки дар шаҳри Франкфурт баргузор мешавад, 4700 ширкат аз қариб 90 кишвар ва тақрибан 145000 меҳмон аз 160 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Намоишгоҳи байналмилалии “Подарки” дар Маскав тирамоҳи гузашта мизбони шумораи рекордии 42700 меҳмон ва 669 ширкат аз Русия, ҷамоҳири ИДМ ва кишварҳои дигар буд. Ҳар ду намоишгоҳ макони хубе барои ба намоиш гузоштани намудҳои гуногуни маҳсулот мебошанд. Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳҳо чанд чорабинии дигар баргузор мешаванд, ки зимни онҳо равандҳои тозатарини соҳаи саноат ба маъраз гузошта шуда, ҳамчунин, имконияти барқарор кардани тамосҳои нав фароҳам меояд.
e-mail: javonontj@mail.ru
ТАСМИМ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
4
ТУРИЗМ
Ҳафтаи гузашта дар Маркази фарҳангии исмоилияи шаҳри Душанбе семинари ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Туризм – самти афзалиятноки рушди иқтисодиёти миллии кишвар» баргузор гардид. Дар он ширкатҳои туристӣ, масъулони макотиби олии кишвар, ки дар соҳаи туризм мутахассис омода мекунанд ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.
Ширкатҳои сайёҳӣ ташаббускор шаванд Руслан Шодиков , муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз дошт, ки бо ибтикори Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон туризм яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат эълон шудааст. Баҳри пешрафти соҳаи туризм дар мамлакат аз ҷониби парлумони кишвар як қатор барномаю консепсияҳо қабул шудаанд. Ба наздикӣ дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» қабул гардид, ки ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. - Соли равон ба мамлакат 166-185 сайёҳ ворид шудаанд, ки ҳамагӣ 3000 нафари онҳо бо ташаббуси ширкатҳои туристӣ омадаанд, - гуфт Руслан Шодиков. - Аксари сайёҳон ба таври инфиродӣ ба кишвар меоянд. Руслан Шодиков камфаъолиятии баъзе ширкатҳоро зери интиқод гирифта, гуфт, ки онҳо танҳо ба ном вуҷуд дошта, фаъолияташон аз фурӯхтани чиптаҳою гирифтани раводиди кишварҳои хориҷӣ иборат аст. Мутаассифона, онҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ кӯшиш намекунанд. - Дар ҳама чорабиниҳое, ки кумита доир мекунад, ҳамагӣ 10-15 ширкати сайёҳӣ фаъолона ширкат меварзанд, - афзуд Р. Шодиков. – Мо метавонем нисбат ба чунин ширкатҳо чораҳои қатъӣ биандешем. Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 90 ширкати туристӣ фаъолият мекунанд. Минбаъд ба шумора нею ба сифат бояд диққат дод. Муовини раиси кумита дар бораи инкишоф додани туризми дохилӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки бояд корро аз муассисаҳои таълимӣ оғоз кард. Имрӯз на танҳо мактаббачагон, балки ҷавонону миёнасолон намедонанд, ки Саразм дар куҷост. Бисёр сокинони кишварамон дар бораи дигар минтақаҳои мамлакат тасаввуроти ночиз доранд, зеро аз ноҳияи худ берун нарафтаанд. Ривоҷу равнақ додани туризми дохилӣ ба пайдошавии ҷойҳои нави корӣ ва таъсиси сохторҳои ёрирасон мусоидат мекунад. - Соли 2015 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3000-солагии Ҳисори Шодмон ҷашн гирифта мешавад, - гуфт Руслан Шодиков. - Чаро ширкатҳои туристӣ аз ин ҷашн ва фурсати муносиб истифода намебаранд? Дар бораи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги бостонии ин мавзеи қадима бо
забонҳои гуногун маълумотнома таҳия карда, сайёҳони хориҷиро ҷалб бояд кард. Мутаассифона, то ҳол надидаем, ки ягон ширкати сайёҳӣ ташаббус нишон дода, ин мавзеи таърихиро тарғиб карда бошад. Р. Шодиков дар ин мавзӯъ аз таҷрибаи соҳаи ҷаҳонгардии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дода, гуфт: “Дар кишвари ба мо ҳамзабон шиоре ҳаст: «Агар мо шаҳрванди Эрон бошем, бояд тамоми Эронро бубинем». Мо низ метавонем туризми хонандагонро эҳё намоем. Соли равон чанд гурӯҳи мактаббачагони ВМКБ ба ноҳияи Ҳисор, шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сафар намуда, бо хотироти ғанӣ баргаштанд. Ин иқдомро оянда низ идома бояд дод. Масалан, рӯзҳои истироҳат мактаббачагони
нанд. Фирдавс Турақулов, директори ҶДММ «Зарафшон маҷэстик тревел» иброз дошт, ки «то ҳол ба мо ягон мактаби олӣ вобаста ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён муроҷиат накардааст. Дар сурати расман муроҷиат кардани муассисаҳои таълимӣ мо омодаем, ки дар ин бобат ҳамкорӣ намоем». Мулло Абдол Шагарф, сарвари ҶДММ «Помир силк тревел» гуфт: “Ман устоди фанни туризм дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳастам. Ҳақиқатан, барномаҳои таълимӣ навоварӣ мехоҳанд, зеро барномаҳои қаблӣ танҳо барои қабули сайёҳон аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ таҳия шуда буд. Ҳоло талабот дигар аст. Мо бояд дар самти сайёҳони хориҷӣ беш-
- Малайзия яке аз кишварҳои пешрафтаи Осиё ба шумор рафта, соҳаи туризм дар пешрафти иқтисодиёти он саҳми бузург дорад. Соли 2013 ба ин кишвар 25,7 миллион нафар турист омада буданд, ки аз ин ба иқтисодиёти мамлакат 21 миллиард доллар фоида расид. Аз лиҳози қабули туристон Малайзия дар ҷаҳон ҷои 11-ум ва аз ҷиҳати даромади соҳаи туризм ҷои 13-умро ишғол мекунад. Дар Малайзия соҳаи туризм аз лиҳози даромаднокӣ баъд аз соҳаи саноат дар ҷои дуюм қарор дорад. Туризм дар ин кишвари ҳамешабаҳор мавсимӣ набуда, тамоми солро дар бар мегирад. Давлат барои рушди соҳа як қатор имтиёзот додааст. Чунончи, шаҳрвандони 100 мамлакат метавонанд тӯли 30 рӯз бе раводид меҳмони Ма-
ба ҷалби сайёҳони Кувайт корҳои тарғиботиро вусъат бояд дод. Хуб мешуд, ки ширкатҳои туристии мамлакат ба кадом самт майлу рақобат доштани сайёҳони кувайтиро омӯхта, тибқи хоҳиши онҳо хизматрасонии босифатро пешкаш намоянд.
лайзия шаванд. Ҳукумати кишвар «Ҳомстей» (меҳмонхонаҳои хурд)ро аз супурдани андоз озод кардааст. Аз фурудгоҳҳои Малайзия ба 45 мамлакат ҳавопаймо равуо мекунанд. Нархи меҳмонхонаҳои Малайзия хеле арзон буда, хизматрасонии онҳо дар сатҳи баланд аст. Ба ҳисоби миёна ҳар сол тақрибан 3 миллион нафар малайзиягӣ барои саёҳату зиёрат ба дигар кишварҳо мераванд. Мо зимни муаррифии захираҳои туристии кишвар шоҳиди он шудем, ки кӯҳҳои пурбарфу чашмаҳои табобатӣ ва обҳои маъдании диёри бостонии мо писанди мизбонон гашт. Дар ин ҷода бояд ҳамкориро бо ширкатҳои туристии Малайзия вусъат диҳем. Зеро дар сурати бештар ба роҳ мондани муаррифии захираҳои туристии кишвар сайёҳони малайзиягӣ низ ба Тоҷикистон хоҳанд омад.
чорабинӣ беҳтарин фурсат барои муаррифии иқтидори туристии мамлакат мебошад. Зеро ба ин чорабинии сатҳи баланд аз 5 қитъа намояндагони 180 кишвар иштирок мекунанд. Мувофиқи назарпурсиҳо бештар аз 80 дарсади ширкаткунандагони намоиш аз ҷараёни баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Намояндаи ширкати сайёҳии «Куҳандиз» пешниҳод кард, ки барои пурсамартар гузаштани ин чорабинӣ хуб мешуд, ки баъди анҷоми намоишгоҳ дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Бизнес-форуми ширкатҳои туристии Тоҷикистону Олмон доир гардад. Умед Абдураҳмонов, директори ҶДММ «Роҳат тур» иброз дошт, ки барои пешрафти соҳаи туризм ҳама сохторҳо бояд якдилона амал намоянд. Масалан, ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои ширкатҳои сайёҳие, ки 500 сайёҳ ворид мекунад, зимни фуруши чиптаҳо тахфиф (сабукиҳо) диҳанд. Меҳмонхонаҳо баҳри бештар ҷалб намудани мизоҷ ба ширкатҳои сайёҳӣ нархи арзон пешкаш намоянд. Хулоса, бо ҳамдилию ҳамкорӣ соҳаи туризмро метавонем пеш барем. Руслан Шодиков дар поёни ҷаласа ширкатҳои сайёҳиро ба фаъолияти густурдатар даъват намуда, афзуд: - Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаи туризм ғамхориҳои зиёд зоҳир мекунад. Ширкатҳои сайёҳӣ бояд пеши худ савол гузоранд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо чӣ ташаббус нишон дода метавонанд. Дар як сол даҳҳо бизнес-форуми соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор мешаванд, вале аксар созишномаҳо танҳо дар коғаз мемонанд. Аз ин рӯ, бояд ташаббускорӣ нишон дода, ватандӯстии худро на дар коғазу сухан, балки дар амал исбот намоем.
Омодагӣ ба намоишгоҳи “ITB Берлин” Яке аз чорабинии муҳими дарпешистода баргузории Намоишгоҳи байналмилалии туристии «ITB Берлин-2015» мебошад. Коршиноси байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Себастян Фалк дар бораи омодагӣ ва пешниҳоди дурусти ҳуҷҷатнигорӣ барои иштирок дар намоишгоҳ сухан карда, таъкид намуд, ки ин
Барои пешрафти туризм ҳамдилӣ лозим
пойтахт метавонанд муташаккилона ба зиёрати қалъаи Ҳисор раванд. Барои тарғиби захираҳои туристии мамлакат бо дастгирии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оянда дар дохили ҳавопаймоҳо «мини гайдбук» (муаррифномаҳои туристӣ) гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин, фурудгоҳ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти “АСТЕD” гӯшаи электронии иттилоотӣ оид ба Тоҷикистонро ба роҳ монданист. Омодасозии мутахассисон ҷавобгӯи талабот нест Имрӯз дар шаш мактаби олии мамлакат мутахассисони соҳаи туризм тайёр карда мешаванд. Мутаассифона, аксари хатмкунандагони факултаю бахшҳои соҳаи туризм ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Сабаби инро як қисми иштирокчиёни семинар дар ҷавобгӯи талабот набудани омодасозии мутахассисон шарҳ доданд. Дар аксар кишварҳои пешрафта донишҷӯёни бахшу факултаҳои туристӣ соле 6 моҳ таҳсил мекунанду 5 моҳ таҷрибаомӯзӣ мераванд. Мутаассифона, дар макотиби олии мамлакат муҳлати таҷрибаомӯзии донишҷӯён хеле кам аст. Мудири кафедраи идораи иқтисод ва туризми ДМТ Низомуддин Сайфуллоев гуфт, ки воқеан мутахассиси соҳаи туризмро танҳо дар аудитория тайёр карда намешавад. Ӯ аз ширкатҳои туристӣ хоҳиш намуд, ки дар масъалаи хуб гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таълимӣ кӯмак расо-
тар кор кунем. Таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро, дар мавсими сайёҳӣ ба роҳ мондан бештар манфиат медиҳад. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои донишҷӯёни факултаҳои туризм 3333 адад китоби дарсии соҳаи туризм, аз қабили «Туризми фарҳангӣ», «Маҷмӯи санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқии соҳаи туризм», «Туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ташкили технологияи хизматрасонӣ дар меҳмонхонаҳо»-ро чоп карда, ройгон тақдим хоҳад кард. Мақсуд Ҳабибуллоев, муаллими калони кафедраи туризми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки бештар бояд дар самти туризми кӯҳӣ мутахассис омода кунем. Зеро 93 дарсади мамлакатро кӯҳсор ташкил медиҳад ва таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба туризми куҳӣ бештар аст. Хуб мешуд, ки дар ин бобат мо таҷрибаи кишварҳои минтақаи Кафқозро омӯзем. Таҷрибаи Малайзия дар соҳаи туризм Чанде пеш як гурӯҳ мутахассисони соҳаи туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамроҳи намояндагони як қатор ширкатҳои туристӣ ба Малайзия сафари омӯзишӣ доштанд. Дилшод Каримов, директори ҶДММ «Сайру саёҳати кӯҳӣ», ки дар ин гурӯҳ шомил буд, ба ширкаткунандагони семинар хотираҳои сафарашро чунин баён кард:
Ба сайёҳони Кувайт чӣ писанд аст? Даҳаи охири моҳи ноябри соли равон як ҳайати иборат аз намояндагони ширкатҳои туристии мамлакат ба Кувайт рафта буданд. Мулло Абдол Шагарф ва Сурат Тоймастов, директори ҶДММ «Сафари Помир» ба иштирокчиён оид ба форуми ширкатҳои туристии Тоҷикистону Кувайт маълумот доданд. Кувайт яке аз кишварҳои сарватманди Халиҷи Форс ба шумор рафта, сатҳи зиндагии сокинонаш миёни мамолики мусулмонӣ яке аз баландтаринҳо маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, талабот ба хизматрасонии олидараҷа миёни туристони Кувайт хеле баланд аст. Дар муқоиса бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар Кувайт туризми воридотӣ чандон рушд наёфтааст. Зеро ҳудуди Кувайт нисбатан хурд буда, сатҳи зиндагии мардум ва қурби пули он баланд аст. Аз ин рӯ, нархи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар назари сайёҳон гарон менамояд. Оид ба намоиши маҳсулоти туристии Тоҷикистон рӯзномаи инглисзабони «Кувайт таймс» мақолае ба табъ расонд. Вобаста
Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”
- Мегуфтанд, ки “пулу пайса одамро дигар мекунад”... Ба ин гап бовар доштаму боз мегуфтам, ки на ҳама касро дигар карда метавонад. Нафароне ҳастанд, ки ҳатман худро дар муқобили пул ё вазифаи баланд идора карда метавонанд, – мегуфт ҷавон бо таассуф. - Дар бораи ӯ ҳам ҳамин хел фикр мекардӣ? – пурсид рафиқаш. - Бале. Аслан, ӯро дида, ҳамин хел фикр дар ман пайдо шуд. Рафторҳои ӯ, инсонияти он замон баландаш маро ба ҳайрат меовард. Мегуфтам, як инсон ҳамин қадар хоксору заминӣ буда метавонад. Ҳиҷ аз гӯшаи хаёлам намегузашт, ки рӯзе вазифа ӯро ҳам дигар мекунад... Ҷавон бо садои баланд гап мезад, маълум буд, ки сахт асабӣ шудааст. Онҳо дар бораи кадом дӯсти наздикашон суҳбат доштанд, ки баъди ба идораи давлатӣ ба кор гузаштан хислаташ дигар шудаааст. - Дар ҳаёт ин хел воқеаҳо мешаванд, додар, - ба суҳбат ҳамроҳ шуд ронандаи нақлиёти мусофирбар. - Агар Худо умратон диҳад, ҳоло ин гуна воқеҳои духураву инсонҳои дурӯяро бисёр мебинед. Ронанда марди зоҳиран 50-солаи тануманд буда, мӯйисари сап-сафеду мӯйлаби сиёҳ дошт. Аз суханонаш пай бурдан душвор набуд, ки шахси оромтабиату рӯзгордидаест. Суханрониаш ба ҷавонон маъқул афтод. Нақлиёт камодам буд. Ҳар ду ҷавон ҳам паҳлӯи ронанда нишаста буданд. Ронанда гуфт: - Замоне мо ҳам шумо барин ҷавон будем. Он вақт ташвиши рӯзгор, қариб ки набуд... Дар ҷавонӣ ҳар чиз шуданаш мумкин. Ба қавли русҳо, ин чиз “простителний” аст. Аммо барои мусулмон дар дунё ҳар ҳодисаву ҳар мавқеъ василаи имтиҳон аст. Масалан, Худованд ба мо мақому
Мақсад аз боигарӣ бояд чӣ бошад? мансаб дода, имтиҳон мекунад, агар ҳаққи вазифаро дода тавонему шукрашро ба ҷо биёрем, бисёр хуб. Агар ношукрӣ ё сӯистифода намудем, бар зарари худамон аст. Ё ки Худованд бандаашро бо боигарӣ имтиҳон мекунад, ки пулро ба куҷо сарф мекунад? Камбағалӣ дода, имтиҳон мекунад, мақсад ку бубинам, то куҷо сабр мекунед. Бовар дорам, ки дар шароити имрӯз имтиҳони мо ба мақому мансаб ва боигарӣ аст. Ба ҳамин чизҳо мо имрӯз имтиҳон мешавем. Барои он ки имрӯз замон замони саромоя аст, замони дорову капиталист аст. Дар ин хел вақтҳо инсонҳои мумсик зиёд мешаванд. Ҷавонон бо диққат ба суханҳои ронанда гӯш мекарданд. Ӯ афзуд:
- Ман барои чӣ гуфтам, ки ҳама чиз василаи имтиҳон аст, медонед? - Не? – ҷавоб доданд мусофирон. - То солҳои 90-ум касе ба мусулмонӣ аҳамият намедод. Талаботи СССР ҳамин буд. Ҳизби коммунистӣ, ки буд, ба ин чизҳо он қадар иҷозат дода намешуд. Ҷавонҳо ҳам дар ҳамин руҳия калон мешуданд. Аммо шукр, ки имрӯз барои шинохти Худову расул касе ба шумо монеъ намешавад... Мо ки мусулмон ҳастем, ба зиндагиамон бояд аз нигоҳи мусулмонӣ баҳогузорӣ кунем. Ҳамон мусулмоние, ки “Қуръон” мефармояд. Набошад, он одамкушиву хунхуриҳое, ки аз номи ислом дар давлатҳои арабӣ мегузарад ва баъзе ҷавонҳои тоҷик
ҳам шариканд, ба мусулмонӣ ягон алоқа надорад. Паёмбар ҳам мегӯяд, мусулмони асосӣ ҳамоне аст, ки аз дасту забонаш ба касе озор нарасад! Мақсад аз боигарии мусулмон ҳам бояд бандагии парвардигор бошад. Набошад, ҳамин мошин (ӯ нақлиёти худро дар назар дорад), пулу мол ва мансабу вазифа сари инсонро тоб дода, кас нафаҳмида мемонад, ки ба ҷои бандагии худо бандаи пулу мол ва мошину боз ким чизҳои дигар шудааст. Яъне, одам вазифаи асосиашро фаромӯш карда, аз инсоният оҳиста-оҳиста дур мешавад... Суҳбати ронандаву ҷавонон ҳанӯз гарм буд, аммо онҳо ба нуқтаи даркориашон расиданд. Барои суҳбаташ ба ронанда миннатдорӣ намуда, аз нақлиёт
поён шуданд... Аз суҳбати ҷавонон бо ронанда чанд рӯз гузашт. Китоберо мутолиа кардам. Ақидаҳои ронандаву фикри муаллифи китоб якранганд. Бахше аз ин китоб ба иқтисодиёт ва сарвату боигарӣ бахшида шудааст. Бароям нақле аз ҳаёти Паёмбари акрам (с) ҷолиб афтод. Дар замони Паёмбар марди мусулмоне бо номи Саълаба зиндагӣ мекард. Ӯ назди Паёмбар омада, мегӯяд: “Эй расули Худо, бисёр мехоҳам, ки сарватманд шавам. Чӣ бошад, ки бароям дуо кунӣ?” Паёмбар дар ҷавоб мефармояд: “Моли каме, ки шукрашро ба ҷо меорем, аз моли бисёре, ки шукрашро адо карда наметавонем, бароямон накӯтар аст”. Аммо Саълаба исрор мекард, ки бой шудан мехоҳад ва бо сармояи бадастовардааш ба ислом хизмат мекунад. “Агар Худо сарвати мехостаамро бидиҳад, ба бенавоён кӯмак хоҳам кард”, - гуфт вай ва ҳамин тариқ, се маротиба назди паёмбар омад, то барояш дуо кунад. Ниҳоят, Паёмбар, “Худоё, Саълабаро сарватманд гардон” гуфта, дуо мекунад. Дар воқеъ, Саълаба сарватманд мешавад. Шумори гусфандонаш он қадар меафзояд, ки дигар вай аз намозу аз масҷид ва ҳамин, тавр аз Паёмбар дур мешавад... Аз ҳоли вай огоҳ шуда, расули Худо мефармояд, ки “Саълаба ҳайф шуд... Кошкӣ ҳамонеро мехост, ки дар ҳаққи вай бахайр буд”... Ин мушоҳидаро барои он ёдовар нашудем, ки зидди сарвату сарватмандӣ ҳастем. Мо ҳаргиз муқобили сарвату боигарӣ нестем. Аммо ҳамин қадар бояд гуфт, ки сарват ба дарё монанд аст. Ба соҳил наздик бошӣ, шино карда метавонӣ, вале ҳар қадар дарунтар рафтӣ ғарқ шудан ногузир мегардад...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
5
МУШОҲИДА
Б. УСМОН, “ҶТ”
Хушунат устувории оиларо халалдор мекунад 5 ноябри соли равон бо ташаббуси Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур ва Маркази бӯҳрони “Боварӣ ба фардо”-и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар маҳаллаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур дар доираи чорабиниҳои “16 рӯзи муқобили зӯроварии хонаводагӣ” мулоқоти судманд, таҳти унвони “Оилаатонро эҳтиёт кунед!” баргузор гардид. Онро Солеҳа Холова, ҳуқуқшинос ва намояндаи Маркази бӯҳрони “Боварӣ ба фардо” ифтитоҳ бахшида, оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зӯроварӣ дар оила маърӯза кард. Ба қавли ӯ, дар ҷомеаи мо оила ҳамеша мақоми баланд дорад, аммо бо ҷурми зӯроварӣ, далели истибдоди хонаводагӣ ба устувории хонаводаҳо хатари ҷиддӣ ворид шудааст. Барои ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба занон ва дигар аъзои оила қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарӣ муқаррар кардааст, вале бе танзими ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила масъалаи мазкур номукаммал мемонад, бинобар ин, зарурати дар сатҳи қонуни алоҳида ба низом
даровардани ин муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омадааст. Қобили зикр аст, ки аз моҳи январ то ноябри соли 2014 Маркази бӯҳронии “Бовари ба фардо” ба 2163 нафар сокини ҷумҳурӣ машваратҳои ҳуқуқиву равонӣ расондааст. Аз 2163 машварат 171-тои он аз тариқи телефон сурат гирифтааст. Ҳамзамон, 246 нафар зан ба зӯроварию хушунати хонаводагӣ аз ҷониби шавҳар рӯ ба рӯ гардидаанд. Гулбаҳор Чилаева, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур зикр намуд, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 17 нафар оид ба зӯроварӣ дар оила муроҷиат намудаанд, ки даҳ нафарашон шифоҳӣ ва боқимонда хаттӣ мебошанд. “Бахши кор бо занон ва оила ноҳия, баҳри дар амал тадбиқ на-
мудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, инчунин, баланд бардоштани савияи маърифати ҳуқуқӣ ва маданияти оилаву оиладарӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуб миёни занон ва ҷавондухтарон алайҳи худкушӣ, ҷудошавии оилаҳо, нашъамандӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ корҳои ташвиқотию таблиғотӣ тариқи сӯҳбату вохӯриҳо, семинару конфронсҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия баргузор менамояд. Ҳамаи он ба хотири фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи занон бидуни зӯроварӣ, роҳ надодан ба зӯроварӣ дар муоширати байни одамон, решакан намудани ҳар гуна шаклҳои зӯроварӣ
дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла, дар оила мебошад”, - гуфт Г. Чилаева. Саодат Давлатова, омӯзгори Донишкадаи исломии Тоҷикистон перомуни мавзӯи хушунат дар оила ва пешгирии зӯроварӣ дар он чунин иброз андеша кард: “Мо дар ҷомеае зиндагӣ мекунем, ки ба мақоми зан аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Зӯроварӣ як навъ зулм аст. Худованд дар “Қуръон” ин амали номатлубро манъ кардааст”. Номбурда бо нигаронӣ зикр кард, ки имрӯз аксари модарон дар андешаи зуд ба шавҳар додани духтарони худанд ва дар бораи таҳсили мактаби миёнаи онҳо фикру парвое намекунанд. “Ман модаронеро медонам, бо он ки фарзандонашон дар мактаб таҳсил намекунанд ифтихор мекунанд. Лекин онҳо андеша намекунанд, ки духтари камсаводу бемаърифат дар оянда оиларо пеш бурда наметавонад ва ҳамтан сабабгори вайроншавии оила ва сар задани хушунати хонаводагӣ мегардад”, - афзуд С. Давлатова. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
ОИЛА ВА ҶОМЕА
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
6
ЭКОЛОГИЯ
Хокистарро ҳамчун нурӣ истифода бояд бурд Бо фарорасии фасли замистон теъдоди истифодабарандагони сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ зиёд гашт. Қариб 70 дарсади аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Воситаҳои асосии гармкунии манзили сокинони деҳот ҳезум, таппак ва ангиштсанг аст. Сӯзонидани сӯзишворӣ хоҳ-нохоҳ ба ифлосшавии ҳаво, вайроншавии системаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим оварда мерасонад. Илова бар ин, ҳар рӯз дар соҳаи нақлиёт ҳазорҳо тонна сӯзишворӣ истифода бурда мешавад. Зимни сӯхтани сӯзишворӣ нақлиёти автомобилӣ 280 номгӯи моддаҳои зарарнокро ихроҷ мекунанд. Ҳар сол ба ҳисоби миёна дар Аврупо 225 000 нафар аз заҳри дуди мошинҳо мемиранд. Яъне, сабаби бемории марговари онҳо дуди заҳрноки нақлиёти автомобилӣ мегардад. Аз лиҳози зиёд будани миқдори газҳои нақлиёт шаҳри Мехико (Мексика) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад.
ин ҳам кам боз камтар мешавад. Имрӯз сокинони деҳоти кишварамон поруи ҳайвонотро, ки беҳтарин ва олидараҷатарин нурии органикист, таппак карда, ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд. Аз рӯи ҳисоби муҳаққиқон тайи 100 соли охир миқдори витаминҳо ва макроэлементҳо дар меваю сабзавот 70% кам шудааст. Сабаби ин дар фарсудашавии хок аст. Агар ба замин сари вақт нурии органикӣ дода шавад, боғу токзор ва киштзор беҳтар мешаваду ҳам миқдори витамину микроэлементҳо дар таркиби меваю сабзавот меафзояд. Аз ин рӯ, имрӯз дар бозорҳои Аврупо нархи меваю сабзавоте, ки танҳо бо истифода аз нуриҳои органикӣ рӯёнида шудааст, нисбатан баланд аст. Дар ин сурат, фермерҳо ҳавасманд гашта, ба ҷои
баланд дар кишварҳои мазкур истифодаи васеи нуриҳои органикист. Ҳамин аст, ки Чину Ҳиндустон на танҳо аҳолии зиёда аз якмиллиарднафараи худро бо маҳсулоти озуқа таъмин мекунанд, балки ба хориҷа низ содир менамоянд. Аммо деҳотиёни мо поруро аз ноилоҷӣ таппак карда, баъди истифода ба ҷои хокистари онро ба замин рехтан ба ҷӯю канал ва ё дарё мерезанд, ки хиёнат ба обу замин аст. Яъне, ҳам заминро аз ғизо маҳрум мекунанд, ҳам обро, ки яке аз бузургтарин неъмати Худодод аст, ифлос месозанд. Ҳол он ки захираи оби тоза сол то сол кам мешавад. Тайи 40 соли охир миқдори оби нӯшокӣ ба ҳар сар аҳолии ҷаҳон 60% кам шуд. Тӯли 25 соли оянда боз ду маротиба камшавии захираи оби нӯшокӣ дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, ба қадри оби поки бисёр расида,
Олимони соҳаи тиб муайян кардаанд, ки дуру дароз истодан (зиндагӣ намудан) дар муҳити бо газҳои автомобилӣ заҳрнокшуда касро гирифтори бронхит, пневмония, варами шуш, атеросклерози рагҳои мағзи сар месозад. Аз рӯи ҳисоби муҳаққиқон як сокини шаҳри калони аҳолиаш аз миллион нафар зиёд соле 48 кило моддаҳои кансерогениро нафас мекашад. Бинобар ин, ба ҳисоби миёна сокинони шаҳрҳои калон нисбат ба деҳотиён 4 сол камтар умр мебинанд. Ба гуфтаи олимони соҳаи экология, агар афзоиши ихроҷи гази карбонат ба атмосфера бо ҳамин суръат идома ёбад, дар бисёр кишварҳо миқдори бориши бе
нуриҳои минералӣ поруи пӯсонидашудаи ҳайвонро истифода мебаранд. Солҳои зиёдест, ки дар Чин, Олмон, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва ғайра бо мақсади гирифтани сӯзишвории аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсоли биогазро ба роҳ мондаанд. Поруи ҳайвонот, пасмондаи растаниҳо ва хазонро ба ҷои сӯзонидан ба таҷҳизоти махсуси ҳавонорас (анаэробӣ) нигоҳ дошта, гази аз он пайдошударо бо мақсади гармкунии манзил, пӯхтани таом, сӯзишворӣ барои нақлиёт истифода мебаранд. Баъди анҷом ёфтани раванди газҳосилкунӣ поруи боқимонда барои истифодаи кишоварзон нурии беҳтарин мешавад. Як сабаби гирифтани ҳосили
ҷӯю канал ва дарёҳоро бояд тоза нигоҳ дорем. Худ ва дигаронро аз партофтани партов ба манбаъҳои об манъ намоем. Чун матлабро аз сӯзишворӣ оғоз кардем, бояд хотиррасон кунем, ки захираи сӯзишвориҳои карбондор (ангиштсанг, нефт, газ) сол то сол дар сайёра кам шуда истодааст. Бинобар ин, нархи сӯзишворӣ дар ҳоли болоравист. Имрӯз дар бисёр кишварҳо бо мақсади сарфаи энергия ва пок нигоҳ доштани муҳити зист аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ), ба монанди нерӯи офтоб, шамол, об, биогаз ва ғайра истифода бурда истодаанд. Соли 2011 сармоягузорӣ ба сектори энергияи офтоб 52% афзуда, ба
ОБОДОНӢ
Ифтитоҳи тарабхонаи «Наврӯзгоҳ» e-mail: javonontj@mail.ru
5 декабри соли равон дар «Маҷмааи давлатии Наврӯзгоҳ»-и пойтахт тарабхонаи «Наврӯзгоҳ» ба фаъолият шуруъ кард. Дар он толори бузурге мавҷуд аст, ки дохили он бо мусаввара ва нақшҳои марбут ба тамаддуни бостонии форсу тоҷик, аз ҷумла, давраҳои ҳукумронии Ҳахоманишиён, Ашкониён ва Сосониён ороиш ёфтааст. Дар толори мазкур имкони қабули меҳмонони хориҷӣ, баргузор намудани базмҳо, маросими домодиву арӯсӣ, тӯйҳои суннатӣ ва ғайра мавҷуд аст. Толор барои 150 нафар пешбинӣ шуда, 15 нафар пешхизмат, ошпазҳои моҳири ватанӣ ва хориҷӣ ба мизоҷон хизмат менамоянд. Бино ба гуфтаи Рабӣ Алиев, директори иҷроияи иншооти мазкур, ба наздикӣ дар маҷмаа тарабхонаи «Тахти Ҷамшед» низ ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ин тарабхона барои мизоҷон хӯрокҳои қадимаи
наврӯзӣ, ба монанди «Амитис», «Ҳауфрита», «Артинус», «Ушан Катин» ва ғайра омода хоҳанд шуд. Инчунин, хӯрокҳои миллӣ ва аврупоӣ низ пешкаши меҳмонон карда мешаванд. Чойхонаи «Наврӯзгоҳ» ҳам хӯрокҳои маъмулии миллиро тайёр намуда, пешкаши мизоҷон хоҳад кард. Ҳадаф аз ифтитоҳи иншооти мазкур, - мегӯяд Р. Алиев, - пеш аз ҳама, эҳёи тамаддуни бостонии тоҷикон, ободонии пойтахти кишвар ва мусоидат намудан ба фароғати сокинону меҳмонони пойтахт мебошад. Ашрафи АФЗАЛ, «ҶТ» Суратгир Т. ФОЗИЛОВ, “ҶТ”
147 миллиард доллари ИМА расид. Коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки арзиши энергияи офтоб ба воҳиди маҳсулот тайи 20 соли охир 60% кам мешавад. Дар Олмон миқдори таҷҳизоти офтобӣ дар ибтидои соли 2013 ба 32,3 гигават расид. Коршиносон ҳисоб карданд, ки Олмон бо ёрии таҷҳизоти офтобӣ то соли 2050 25% барқи шабакаи умумиро истеҳсол хоҳад намуд. Тавоноии таҷҳизоти офтобии Чин то оғози соли 2015 ба 20 гигават мерасад. Имрӯз Чин бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи таҷҳизоти офтобӣ ба шумор меравад. Чиниҳо тасмим гирифтаанд, ки то соли 2020 масоҳати умумии таҷҳизоти офтобии мамлакатро ба 300 миллион метри квадратӣ расонанд. 90 дарсади хонаҳо дар Исроил бо обгармкунакҳои офтобӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳар сол офтоб ба сайёраи мо он қадар энергия намефиристад, ки онро мо метавонистем зимни сӯхтани 90 000 миллиард тонна (!) ангиштсанг ба даст орем. Танҳо дар зарфи 15 дақиқа офтоб ба замин он қадар энергия ирсол мекунад, ки барои эҳтиёҷоти башарият дар як сол кифоят мекунад. Агар мо аз ин нерӯи муқтадир самаранок истифода бурданро ёд гирем, бисёр мушкилиҳои энергетикии башарият дар оянда ҳал мешаванд. Энергияи офтоб, шамол, об, геотермалӣ ба табиат ва иқлим зарар намерасонанд. Ба ҳама табақаҳои одамизод, сарватманду камбизоат дастрасанд. Дар сурати ривоҷу равнақ додани истифодаи МБЭ сатҳи зиндагии мардуми кишвар боло меравад. Дар Тоҷикистон давомнокии нурпошии офтоб соле аз 2100 то 3170 соат мерасад. Миқдори солонаи энергияи офтоб дар мамлакат ба 25 кВт/соат баробар аст. Аз рӯи ҳисоби олимони Институти физикаву техникаи АИ ҶТ ҷумҳурии мо метавонад аз ҳисоби офтоб соле 20 дарсади талаботи кишвар ба энергияро таъмин намояд. Агар соҳибкорони муввафақ ва корхонаҳои муқтадир ташаббус нишон дода, истифодаи таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монанд, дар ноил гаштани ҷумҳурӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ҳиссаи босазо хоҳанд гузошт. Умуман, истифода аз таҷҳизоти офтобию шамолӣ ва биогаз боиси покизагии обу ҳаво, ҳосилхезии заминҳо ва беҳтар шудани сифати зиндагии сокинони мамлакат хоҳад гашт. Шамс НАЗАРОВ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ
Назди масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти Чимтеппа чанде аз магистрони Академияи илмҳо ба ҳам омадем. Нияти мо дидан аз китобхонаи шахсии олими закиву сермаҳсул, адабиётшинос ва шоири хушбаён Муҳаммад Алии Хуросонӣ буд. Сиёсату салобати устод, ки хоси чеҳраи нурониашон аст, дар диламон як навъ тарси шогирдона меангехт. Ниҳоят, бо роҳнамоии набераи устод вориди хонаи муборакашон шудем. Ангор, устод деҳқоне буданд. Ҷомаи муқаррарии аҷдодиро ба бар кардаву моро хайрамақдам гуфтанд. Нахуст ҳамчун фарзанди деҳқон бо замини наздиҳавлигиашон ошно карда, афзуданд, ки аз соли 1976 кишту кор ва шинонидани дарахтони ин хокро ба нафаре бовар намекунад ва худ машғул мешавад. Сипас, ба аҳли оилаашон омода намудани дастурхони тоҷикиро фармуда, мо - шогирдонро ба китобхонаашон даъват намуданд. Аз зинаҳо сӯи китобхона гом мезадему дили устодро фараҳи кӯдакона фаро мегирифт: «Ин бинои дуошёна танҳо бо заҳмат ва ҳаққи хомаи банда бино ёфтааст. Аз хомаи одӣ сар карда, то қолину зебу зиннатҳои бино маҳсули ранҷҳои шабонарӯзиам аст». Ду ҳуҷраи корӣ ва китобхона накҳати фарҳанг дошт. Китобҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ, аксҳо, даъватномаву ифтихорномаҳои фарҳангӣ, ҳамааш бо завқи баланду меҳри бегазанд чидаву овехта шуда буд. Ҷузъиёти хурдтарини китобхонаро мизбон бо дили гарму гуфтори нарм тавзеҳ медоданд. Ҳатто нардбончаи кӯчаке байни ҳуҷра меистод ва ба ин восита устод китобҳои дар баландӣ чидашударо ба дасти мо дода, муаррифӣ мекарданд. Аз ин нозукписандӣ ва борикназарии устод мафкураи моро на танҳо ҳайрат, балки заданҳои дили дигаре дар набзи худшиносиамон фарогир мешуд. Худи устод байни дарёи китобҳое, ба монанди “Қуръон”-и азимушшаън, “Девон”-и Рӯдакӣ, достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, “Девон”-и Хоҷа Ҳофиз, “Девон”-и Шамси Табрезӣ, “Хамса”-и Низомӣ ва садҳои дигар ғаввосӣ мекарданду як-ду байт аз ин ё он шоир қироат карда, гӯё гавҳари нодире меёфтанд. Хушбахтии дигар ва бузургии устод боз дар он буд, ки ӯ дар таҳрир, тавзеҳ ва чопу омодасозии аксари ин китобҳо ҳиссаи шоистаи худро дошт. Меҳри беандозаи устод Хуросонӣ нисбат ба китоб ва адабиёт ногуфтаниву тамомношуданист. Қабл аз он ки аз китобхона берун шавем, акси оилавии устод моро саргарм кард. Пирмарди саропо нур байни пайвандон, ки чеҳраи мондагори акс маҳсуб меёфт, қиблагоҳи садсолаи устод будааст. Аз шунидани ин мужда ҳамсабақон оҳи гарму ормонӣ кашидем ва ин толеи равшанро ба устод муборак гуфтем. Аз гуфтаҳои худи устод маълум мешуд, ки падари эшон аз нахустин муаллимони Тоҷикистони шӯравӣ ва донандаву хонандаи шеъру ғазалҳои классикони тоҷику форс буда. Сурудхонии эшон боз як ҷаҳони дигар аст. Ростӣ, ба дорову давлатманд будани устод «ҳасад» ҳам бурдем. Саломативу бардамӣ, падари садсола, оилаи орому сарҷамъ, дониши бекарон ва
зиёда аз дусаду панҷоҳ мақолаи илмӣ, маҷмӯаҳои шеърии аҷибу ғариб, эҳтиром байни хосу ом, хотираҳои талху ширини шуниданиву гуфтанӣ ва назик ба панҷ ҳазор китоб будааст давлати бегазанди устод. Бо умеди чунин дороӣ аз китобхона ба ҳавлӣ фаромадем, ки нонҳои танӯрии дастархони соҳибхона ба рӯямон хандид. Устод бо исрор моро сари дастурхон хонда, суфраи нону намакро ба суфраи сухан табдил доданд. Ба вижа, ин ғазали эшон дили ҳамаро шодоб намуд, ки овозхони маъруфи форсизабонон Фарҳоди Дарё зери пардаҳои мусиқӣ месарояд: Ту ҳамон чашмаи нӯшӣ, ки дилам мехоҳад, Ту ҳамон оташи ҷӯшӣ, ки дилам мехоҳад. Ту ҳамон шӯълаи бедори дили шайдоӣ, Ту ҳамон доруи ҳушӣ, ки дилам мехоҳад. Даст бар домани Наврӯзу баҳорӣ, эй гул, Ту ҳамон сабзинапӯшӣ, ки дилам мехоҳад. Ту ҳамон базм, ки мастиву хушиву тараб аст, Ту ҳамон ҷӯшу хурӯшӣ, ки дилам мехоҳад. Ту ҳамон гавҳари якдона, ки ман меҷӯям, Ту ҳамон сеҳри сурушӣ, ки дилам мехоҳад. Боварам ҳаст ба фардову расад ё нарасад, Ту ҳамон давлати дӯшӣ, ки дилам мехоҳад. Гирди майхона чӣ гардам, ки ҳама бадномист, Ту ҳамон бодафурӯшӣ, ки дилам мехоҳад. Баъдан, ёдовар аз шеъри намакини «Ай ҳамватан, биё!» шуданд, ки бархе аз шогирдон ҳамовозӣ кардем. Ин ҳамон мисраҳои оташин буданд, ки солҳои навади асри гузашта гурезаҳои ҷанги шаҳрвандиро ба воситаи радиои марказӣ аз хоки Афғонистон ба Ватан мехонд. Он рӯзҳо нафарони соҳибдиле муаллифи шеърро дарёфта, арзи сипос мекард ва мегирист: Ай мурғи кӯчбаста ба боғу чаман биё, Оҳуи фандхӯрда, ба кӯҳу даман биё, Кашмир хоҳад ар дилат, сӯи Ватан биё, Ай ҳамватан, биё, Ай ҷони ман, биё! Бовар макун ба фиреби саробҳо, Дигар маҷӯ зи нокасон таъбири хобҳо, Дидӣ, ки то куҷо барад дарси шитобҳо, Ай ҳамватан, биё, Ай ҷони ман, биё! ...Ай гумраҳе, ки заррае дар ту гуноҳ нест, Аммо касе ба мисли ту гумкардароҳ нест, Ҷуз хоки кишварат туро хоке паноҳ нест, Ай ҳамватан, биё, Ай ҷони ман, биё! ...Бар пешвози роҳи ту, ай ғамгусори ман, Рӯшантар аст гавҳари чашмони чори ман, Гарм аст хонаи дили уммедвори ман, Ай ҳамватан, биё, Ай ҷони ман, биё! Пас аз сӯҳбат ва зиёрати хонаи маърифатмаъвои устод Алии Хуросонӣ бори дигар аҳсант ба Нозими Ҳиротӣ гуфтем, ки гуфта: Гирад он файз, ки аз субҳ дили ғунча гирифт, Сухани пир ҷавоне, ки ба рағбат шунавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, магистри Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ
Киро бояд тарбия кард? Масъалаи коста гардидани ахлоқи кӯдакону наврасон аз проблемаҳои муҳими имрӯзи ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Аз ин хусус, ҳам омӯзгорон, ҳам равоншиносону коршиносон ва дар маҷмуъ, тамоми ҷомеа изҳори нигаронӣ менамоянд. Бо хонандагони мактабҳо вохӯриву мулоқоти шахсони фаъоли ҷамъият доир мегарданд, аммо вазъ ҳамоно бетағйир аст. Шубҳа нест, ки тарбияи муносиб ва пурарзиш барои бунёди ҷомеаи амну осоишта боис мегардад. Барои ҳамин, то чанд ки бадахлоқӣ дар ҷомеа боло гирифт, ҳамон қадар хатар ба амнияту бақои миллат таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, бояд ҳама корро кард, то насли нав боодобу хушахлоқ бошад. Профессор Иброҳим Усмонов зимни як суҳбат гуфт, ин чизи табиӣ аст, ки насли калонсол аз насли ҷавон норозӣ бошад. “Ҷавонҳои ҳозира бадахлоқанд”. Ин гапро аввалин маротиба Геродот ду ҳазор сол пеш гуфтааст. “Дар назари калонсолон наврасону ҷавонон беадабу бадахлоқанд, лекин дар байни онҳо, албатта, нафарони боодоб ҳам бисёранд, - иброз дошт профессор И. Усмонов. - Хушбахтона, боодабаш бисёр аст, ки ҷомеа пеш меравад, агар беодобаш зиёд бошад, ҷомеа ба ҷомеаи авбошҳо табдил меёбад. Имрӯз, таъсири маданияти вайроншудаи аврупоӣ ба ахлоқи мо расида истодааст. Урён шудани одам. Мо ҳозир дар адабиёту санъат одами бараҳнаро мебинем. Ин ахлоқро бад мекунад. Дар ҷомеаи мо, мутаассифона, нисбат ба одам бақадр шудани пул эҳсос мешавад. Ин чиз хоҳу нохоҳ ба бад шудани ахлоқи одам таъсир мерасонад. Ҳозир дар ҷомеаи мо азбаски ҷойи кори ба ҳама мақбул, ҳамаро таъмин кунанда нест, дар байни аҳолӣ талош барои зиндагиро мебинем, ки ин ҳам ба ахлоқи инсон таъсири бад дорад. Барои он ки мо ахлоқро танзим кунему ба тартиб дарорем, асоси иҷтимоии ҷомеаро мустаҳкам карданамон лозим. Барои ин маблағ даркор. Бе маблағ онро мустаҳкам карда намешавад. Кӯдаке, ки ба мактаб меояд, аз синфи як нафаҳмиданаш даркор, ки вай ҳатман бояд пул диҳад, то муаллим ба вай нағз муомилаю муносибат кунад... Инро аз ақл берун бояд баровард. Бояд мактабу муаллим дастнигари дигарон набошанд. Шояд нисбат ба нимаҳои солҳои 90-уми асри гузашта масъалаи таъминоти иқтисодии мактабҳои кишвар хеле беҳтар шудааст, лекин мафкураи муносибат ба ҳамон чиз тағйир наёфт. Яъне, мафкураи гуруснагии он солҳо ҳоло ҳам боқӣ мондааст. Ана, ҳамин мафкураи гуруснагиро аз мағзи муаллимҳо баровардан даркор”. Равоншинос Қутбиддин Каримов бар ин назар аст, ки вазъи имрӯзаи ахлоқи ҷавонон чандон ваҳим нест. Ӯ мегӯяд: “Он рангорангиҳову дастрасиҳо ба технологияи пешрафтаи дунё дар ҳар давру замон мавҷуд мебуд, дар ҳамон давра таъсири манфӣ ба ахлоқи наврасону кӯдакон дида мешуд. Манзур ин ки аз нигоҳи равоншиносӣ ҳолати имрӯзаи ахлоқи ҷавонону наврасон моҳиятан аз даврони шӯравӣ чандон фарқ надорад. Яъне, чунин шароит хоси замони муосир аст, аммо ин маънои онро надорад, ки нисбат ба онҳо чашм пӯшему онро ҳамчун як раванди табиӣ баҳогузорӣ кунему беэътиборӣ зоҳир намоем. Ҳарчанд, ки чунин омилҳои ногувор вуҷуд доранд, лекин бояд педагогҳо, мураббиҳо, равоншиносон, умуман, тамоми ҷомеа вокуниш нишон диҳанду воситаҳои тарбияро муқобили ин омилҳо вогузорад, то ки таъсири манфии онро камтар кунад”. Ба қавли равоншинос паҳлуи дигари ин проблема он аст, ки имрӯз дар ҷомеа бархе аз калонсолон одобу ахлоқи намуна надоранд. Вақте эшон аз кӯдак чизеро хоҳиш мекунанду интизоранд, ки ахлоқи ӯ баланд бошаду дурӯғ нагӯяд, рафтори бад содир накунад, вале дар айни замон худ ҳамин корҳоро анҷом медиҳанд, яъне дурӯғ мегӯянд, дуздӣ мекунанд, пора медиҳанду пора мегиранд... Дар ин ҳолат кӯдакону наврасон он чиро ки дар атрофиёнашон мебинанд, тақлид мекунанд. Дар тарбия духурагӣ бояд набошад, балки он чиро ки мо ба кӯдак талқин мекунем, аввал худамон татбиқ намоем. Пеш аз ҳама, бояд гуфтору кирдори мо ба ҳам мувофиқ бошад, то кӯдакро ба гумроҳӣ набарад. Яъне, ибтидо бояд худамонро тарбия кунем...
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
7 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
Ҳар киро ҷавҳари зотист, намонад пинҳон…
НИГОҲИ ДИГАР
e-mail: javonontj@mail.ru
АДИБОНИ МО
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
8
ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН
Ҳафт сол боз Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» амал мекунад. Оид ба амалишавии қонуни мазкур мо бо муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Азизулло Мирзозода мусоҳиб шудем. - Ҳадаф аз қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пешгирии исрофкорӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии сокинони мамлакат аст. Тибқи таҳлилҳо амалишавии қонуни мазкур ба аҳолии кишвар чӣ дод? - Қабули қонун дар баланд бардоштани фарҳанги сарфаю сариштакории сокинони ҷумҳурӣ мусоидат кард. Аз рӯи маълумоти пешниҳодшудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар 9 моҳи соли равон дар мамлакат 104 675 маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 377 миллиону 796 ҳазору 513 сомониро ташкил дода, харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар миқёси ҷумҳурӣ ба 3609 сомонӣ рост омад. Агар ин нишондиҳандаҳоро бо давраи то қабули қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории маърака ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ маблағ лозим мешуд. Пас, бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, «чил» ва «сол» дар зарфи 9 моҳи соли равон 538 миллиону 109 ҳазор сомонӣ ба манфиати аҳолӣ сарфа шудааст. Дар давраи пеш аз қабули конун дар баргузории 52 маъракаи манъгардидаи «ҷумъагӣ» дар як сол барои 100 727 нафар шахси фавтида беш аз 2 миллиарду 671 миллиону 280 ҳазор сомонӣ харҷ кардан зарур меомад. Ҳоло шаҳрвандон бо баргузории маъракаҳои «чил» ва «сол» маҳдуд гардиданд. Дар натиҷа, маблағи беш аз 6 миллиарду 179 миллиону 228 ҳазор сомонӣ ба манфиати буҷаи оилавии онҳо нигоҳ дошта шудааст. Бо аз байн рафтани маъракаи «ҷумъагӣ» ва ҷашни зодрӯз (маҳдуд гардонидани он дар оила) аз ин ҳисоб 4 миллиарду 711 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ба манфиати сокинони ҷумҳурӣ сарфа гардид. Дар давоми амали қонун дар 1071238 маърака 664 ҳазору 705 сар чорво забҳ гардид. Барои ин миқдор маъракаҳо дар давраи то қабули қонун эҳтимоли забҳи беш аз 1 миллиону 606 ҳазор сар чорво вуҷуд дошт. Бо назардошти кам забҳ гардидани чорво ба манфиати шаҳрвандон зиёда аз 942 ҳазор сар чорво аз забҳ эмин дошта шудааст. Яъне, мар-
омадааст? - Дар ҳар соҳа бо тақозои замон пешравию дигаргуниҳо рӯй дода, зарурати ба қонунгузорӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо пеш меояд. Дар амалишавии қонуни мазкур низ аз рӯи таҷрибаю мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар баъзе ҳолатҳо зарурат ба тағйиру иловаҳо ҳаст. Ҳамагон медонанд, ки баъди як соли қабули қонун бо пешниҳоди аҳолӣ як қатор тағйирот ворид шуд, ки ба такмили қонун мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар моддаи 10-и қонун оғози маъракаҳо дар рӯзҳои истироҳат, аз соати 10-и рӯз муайян шуда буд. Баъди зиёд омадани пешниҳодот он соати 8 (ду соат барвақттар) муайян гардид. Имрӯзҳо зим-
кишварҳои ҳамсоя қарор гирифтааст. Ба наздикӣ раиси кумита Абдураҳим Холиқзода дар як конфронси илмӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, маърӯза намуд. Аксари иштирокчиён маҳз ба мавзӯи қонуни танзим таваҷҷуҳ намуданд. Зеро пӯшида нест, ки дар аксар кишварҳои собиқ шӯравӣ, алалхусус, ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ин мушкилот вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, онҳо ба шакли қонун ҳам набошад, аз муҳтавои он бо роҳи тавсиядиҳӣ ва қабули қарорҳои маҳаллӣ истифода бурда истодаанд. Дар Қирғизистон ин масъала то сатҳи парлумон баррасӣ шуда буд. Албатта, қабул кардан ё накардани қонун кори дохилии ҳар як кишвар аст, вале маълум гар-
ни мулоқот бо аҳолӣ аксарият пешниҳод доранд, ки маъракаҳо дар фаслҳои баҳору тобистон, ки рӯз барвақттар равшан мешавад, барвақттар оғоз ёбанд. Зеро субҳ ба кор рафтану дубора соати 8 баргашта ба маърака омадан исрофи вақт аст. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунанд, ки беҳтараш фаслҳои баҳору тобистон маъракаҳо соати 6-и субҳ оғоз ёбанд. Касе хоҳад, ки маъракаро дертар оғоз кунад, ихтиёр дорад. Пешниҳодоти воридшуда мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Оянда шояд тибқи зарурат боз ба баъзе бандҳои қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. - Дар расонаҳои хабарӣ иттилоъ дода шуда буд, ки баъзе кишварҳо ба «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» таваҷҷуҳ намуданд. Оё аз ягон кишвар дар ин робита пешниҳоди омӯзиши таҷриба шудааст? - Таҷрибаи нодири кишвари мо дар бобати қабули «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ки мо онро бо ифтихор қонуни миллӣ мегӯем, мавриди таваҷҷуҳи
дид, ки таҷрибаи ҷумҳурии мо дар мамолики ҳамсоя ҳамовозӣ пайдо кард. Масъалаи қабули қонун кори оддию осон набуд. Ин ҷуръати оқилонаи Сардори давлат буд, ки барои ҳалли мушкилоти солҳои зиёд ҷамъшуда қонун қабул карда шуд. Қонуни миллии мо ба таърифу тарғиб ниёз надорад. Зиндагӣ худ собит сохт, ки қабули қонун роҳи ягона ва дуруст ҷиҳати ислоҳи ҳамин мушкилот буд. Қонун бисёр маъракаҳои нолозимро манъ ва маъракаҳои калонро маҳдуд кард. Зурурати исрофкорӣ намонд ва мардум маблағеро, ки барои худнамоӣ харҷ мекарданд, ба нафъи буҷаи оилавиашон сарфа намуданд. Аз ҳисоби кам намудани хароҷоти маъракаҳо ва пасандоз намудани маблағҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ имконияти беҳтар намудани шароити зиндагиро ба даст оварданд, Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зист дар шаҳру ноҳияҳо, барои оилаҳои серфарзанду ниёзманд, вусъати васеи сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар ҷумҳурӣ гувоҳи
Таъсири қонуни танзим ба сатҳи зиндагӣ дум дар маъракаҳояшон бештар гӯшт мехаридагӣ шуданд. Дар ин сурат як чорвои забҳшуда барои гузаронидани чанд маърака кифоя мекунад. - Зимни санҷиши фаъолияти комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳру ноҳияҳо бештар кадом камбудиҳо ба назар мерасанд? - Таҳлилу санҷишҳо, омӯзиши рафти иҷрои қонун ва фаъолияти комиссияҳои доимии маҳалливу бахшҳои ваколатдор муайян намуданд, ки бо вуҷуди ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас, ҳанӯз дар иҷро ва риояи қонун баъзе камбудиҳо ба назар мерасанд. Тайи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кумита фаъолияти 114 комиссияи доимӣ санҷида шуд. Бо вуҷуди корҳои мусбати анҷомёфта, дар ҳуҷҷатгузории комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, сармутахассисон оид ба корҳои дини ҷамоати шаҳрак ва баъзе ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои Носири Хусрав, Тоҷикободу Ҷиргатол, Панҷ, Варзоб, Рӯдакӣ ва ғайра норасоиҳо мавҷуданд. Иддае аз онҳо бо воситаҳои наворбардорӣ, ки барои иштирок дар рейдҳо заруранд, таъмин нестанд. Кормандони кумита оид ба рафъи камбудиҳо ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ба кормандони комиссияҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. - Мутахассисони соҳаи танзим чӣ гуна интихоб ва ё тайёр карда мешаванд? - Интихоби кадрҳо барои кормандони соҳа хеле муҳим аст. То ин дам ягон факулта, шуъба ё бахши макотиби олии мамла-
кат мутахассиси соҳаи танзим тайёр намекунанд. Ин масъала дар ҳоли омӯзиш аст. Алҳол мо ҳангоми интихоби кадрҳо бештар ба онҳое такя мекунем, ки маълумоти ҳуқуқшиносӣ, забондонӣ (арабӣ) дошта бошанд. Мутахассисоне, ки дар сатҳи ҷамоат, ноҳия, шаҳр, вилоят кор мекунанд, ҳам соҳаи дин ва ҳам танзимро дар як вақт пеш мебаранд. Агар вай ҳуқуқшинос бошад, бояд умури динро низ сарфаҳм равад. Зеро бо ходимони дин ва ҳам танзим сарукор мегиранд. Илова бар ин, дипломат будан лозим. Дар сӯҳбату мулоқот бо мардум маърӯза кардан зарур меояд. Яъне, илова ба ҳуқуқшинос будан бояд нотиқ, кордидаву таҷрибадор бошаду бо омма кор карда тавонад. Мутахассисон бо 6 намуд протоколи ҳуқуқвайронкунӣ сарукор мегиранд. Банду басти ҳар як протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз мутахассис донишу маҳорат талаб мекунад. Бо ташаббуси кумита дар шаҳру ноҳияҳо пайваста курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳа гузаронида мешаванд. Ба ин курсҳо мутахассисони кумита ва мақомоти дахлдор (судяҳо, кормандони мақомоти дохилӣ), инчунин, устодони макотиби олӣ даъват шуда, ба шунавандагон донишу маълумотӣ зарурӣ медиҳанд. Бисёр кадрҳое, ки дар самти танзим омода шуда буданд, алҳол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ пурсамар фаъолият доранд. - Тӯли 7 соли амалишавии «Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз рӯи таҳлилу мушоҳидаҳо оё зарурати дохил кардани ягон тағйиру иловаҳо пеш
Танзим азму ғайрати ҷавонӣ мехоҳад Солҳои охир оид ба дастовардҳо дар танзими расму оин, анъана ва ҷашну маросимҳо бисёр мегӯем, вале, дар асл дурри мақсуд ба даст наомадааст. Албатта, аз замони қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пешравиҳо ҳастанд, аммо на то дараҷае, ки худи қонун талаб мекунад, на ба андозае, ки масъулин дар маҷлису ҷамъомадҳо ва садою симо ҳисоботи дабдабанок медиҳанд. Агар аз рӯи мантиқ гӯем, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, пеш аз ҳама, ба ҷавонон дахл дорад. На барои он ки эшон ҷавонанду пас аз чанд муддат пайи оростани маъракаҳои домодию арӯсӣ мешаванд, балки онҳо ояндаи ҷамъиятанд ва ҳар кореро ки мо имрӯз асос мегузорем, оянда онҳо давом медиҳанд. Ҳатто рушдаш мебахшанд. Пас, оё беҳтар нест, ки мо дар самти танзими анъана, расму оин ва ҷашну маросимҳо худи онҳоро бештар ҷалб созем? Нерӯ ва ҷӯшу хурӯши ҷавониашонро истифода барем? Бовар дорам, ки агар онҳоро каме таълим диҳем, мақсаду маромро дуруст дар мағзашон ҷой кунонем ва шердилашон созем, онҳо дар ин самт ташаббускорию ғайратмандӣ карда, аз худ ҷавонмардӣ ва пешсафӣ нишон медиҳанд, дар ҳалли масъала бештару хубтар ҳиссагузорӣ мекунанд. Вале, алҳол бештари ҷавононро дар ин рӯҳия тарбия накардаем. Аз ҳамин ҷост, ки аксарашон омодаи ташаббускорӣ нестанд. Хеле ва хеле кам ҷавонони нияти хонадоршавидошта, дар фикри он мешаванд, ки баъд аз тӯю тантанаҳо зиндагии худро чӣ тавр ташкил бояд кунанд. Чӣ гуна амал намоянд, ки аз рӯзу ҳафтаҳои аввали навхонадорӣ ба мушкилиҳо гирифтор нагарданд. Мутаассифона, тақрибан ҳамаашон андеша мекунанд, ки чӣ тавр маъракаи тӯйи хешро дабдабанок гузаронанд, кадом овозхону раққоссаҳои номиро биёранд, чандто ва кадом навъҳои мошинҳои хориҷиро истифода намоянд, чӣ гуна одамони баландмартабаро даъват созанд, чӣ хел ороишот ва либосҳои ғайримиллиро ба бар кунанд ва ғайраю ҳоказо. Дар ин раванд, кам ба ёд меоранд, ки оё хароҷоти ҳамаи инро волидайн пӯшонида метавонанд? Баракс, падару модаронро маҷбур месозанд, ки чунин хароҷоти миёншиканро бикунанд. Барояшон муҳим нест, ки оё баъд аз тӯй дар хона боз ягон чизи мехӯрдагӣ мемонад, зиндагии хоҳаракону додаракон ва ҳаёти навхонагии худашон чӣ гуна мешавад? Ба ҷои ҳамаи ин ҳушу хаёлашон ба он банд мегардад, ки волидайн барояшон чӣ қадар тилловорӣ мехаранд, соҳиби чӣ гуна мебелҳои қиматбаҳои хориҷӣ мегарданд? Ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ саҳеҳ намешавад, ки бунёдкунандагони оилаи нав аз рӯи ҳавою ҳаваси худхоҳӣ ва барои намоишкории якуним-дусоата, ба зиндагии минбаъдаи худ, ҳамсар, волидайн ва аҳли оила гарониҳо биёранд. Ҷавонон бояд хирадманд бошанд. Бояд аз меҳру муҳаббат ва раҳмдилии во-
лидайн сӯистифода накунанд. Баракс, дар сурати аз ҷониби волидайн содир шудани ҳамин гуна кирдорҳо, эшонро аз раъйашон боздоранд. Зарур аст, ки ҷавонон ба ҷои харҷу мараҷҳо, аз рӯзҳои аввали дар андешаи хонадоршавӣ афтодан, фикри хӯронидану пӯшонидан, таълиму тарбия ва тандурустии фарзандони ояндаи худро кунанд, то ки андаке ҳам бошад, ба волидайн сабукӣ оранд. Ҷавонон бояд донанд, ки зару зевар, тилло ва мебелҳои қимат боиси хушбахтӣ шуда наметавонанд. Баракс, дар бештар мавридҳо боиси ташвишу изтироб ва ҳатто бадбахтиҳо мегарданд. Мебели қиматбаҳо дар инкишофи озоди кӯдакон низ халал мерасонад. «Ҳо, нарас!», «Ҳо, хат накаш!», «Ҳо, чиркин накун!». Ин нишон аз он аст, ки волидайни ҷавон худ надонистаю нафаҳмида ғуломи ҷиҳозпарастии хеш мегарданд ва онро ҳатто аз тарбияи фарзандон ҳам болотар мегузоранд. Хушбахтӣ дар зиндагии ором, дар ҳамдигарфаҳмӣ, дар тарбияи хуби фарзандон аст. Падару бобоёни мо бо як шолчаю як ҷогаҳхобӣ, бо як чойнику чанд пиёлаи сафолии худзоз хушбахт буданд, аз пайи дороӣ худро гирифтори балоҳои азими рӯзгор накарданд ва фарзандони собиқу содиқро ба камол расониданд. Албатта, танзими урфу одат, расму оин, суннатҳо ва анъанаҳое, ки садҳо сол дар мағз-мағзи дилу ҷони мардум нақш бастаанд, кори саҳл нест. Аммо ман аминам, ки агар ба ҷавонони ҳушманд, ғайратманду ташаббуспеша такя кунем, ҳалли он осон мегардад. Зеро мо - калонсолон дар ин самт ҳарчи кардему накардем, ҳамин аст. Бурд ҳам аз худамону бохт ҳам. Ҷавонон бошанд, ояндасозанд. Бинобар ин, агар ҷавонписару ҷавондухтарон, ташаббускорию ғайратмандӣ кунанд, ҳамсолони худро садҳо бор зудтару зиёдтар бовар мекунонанд ва ба роҳи дуруст ҳидоят менамоянд, нисбат ба оне ки мо калонсолон мекунем, нисбат ба оне, ки ҳазорон маҷлису ҷамъомад гузаронидаю садҳо гуфтору намоишҳои садою симо рӯи кор меорем ва мақолаю гузоришҳо нашр мекунем. Биноан, хуб мешавад, ки ташаббуси чанд сол боз дар ҷумҳурӣ ҷараёндоштаи «Ҳамсол ба ҳамсол» дар ин самт ҳам ҷоннок бигардад. Агар ҳар ҷавони болаёқат, ақалан ду нафарро ба роҳи дуруст ҳидоят кунад, ин мушкилот рӯз аз рӯз осон мегардад. Расму оину анъана танҳо аз тӯю суру маъракаю маросим иборат нест. Имрӯзҳо оини ҳамсоядорӣ, дӯстии бародарона ва беғаразона, ҷавонмардӣ, «Одам ба одам дӯст, рафиқ ва бародар», дӯстдорӣ ва ишқи пок, хушгуфторию хушрафторӣ, оин ва ташаббусҳои «Ман накунам, кӣ мекунад?», «Ман бояд намуна бошам», «Ҳама барои як кас, як кас барои ҳама» батадриҷ аз байн рафта истодаанд. Ин чизҳо асоси зиндагӣ ва таҳкурсии безаволи хушбахтию осудагии инсонҳоянд. Аммо, таассуф, ки масъулин танҳо бо назорати камхарҷ гузаронидани тӯйҳои арӯсию домодӣ, хатнасур ва маросимҳои азо маҳдуд шуда, ба паҳлӯҳои дигари ин масъала аҳамият намедиҳанд. Чун аз ин боб сухан оғоз шавад, баҳона пеш меоранд, ки ин масъалаҳоро қонун пешбинӣ
накардааст. Бояд гуфт, ки масъалаи таҷлил ва риояи урфу одат, расму оин, анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти инсонӣ пурпечутобтарин, мушкилтарин ва чигилтарин аст. Тамоми мушкилию чигилҳои дигар чӣ дар ҳаёти одамон ва чӣ дар ҳаёти ҷамъият маҳз аз ҳаминҳо сар мезанад. Шояд, ки тамоми ҷанбаҳои онҳоро дар қонун ҷой додану бо қонун танзим кардан имконнопазир бошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки одамон худашон ташаббускорӣ кунанд ва роҳу усулҳои беҳтари танзими онҳоро пайдо намоянд. Масалан, дар деҳаи Нилуи ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳии ноҳияи Ҳисор хеле солҳо пеш аз қабулшавии Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» корҳои накӯ мекарданд. Баъд аз қабули қонун бошад, фаъолияти боз ҳам накӯтар нишон доданд. Махсус қайд мекунам, ки дар ин кор саҳми аз ҳама бештарро ҷавонони деҳа ба ӯҳда гирифтаанд. Агар мо дар ҷабҳаи танзими расму оин, анъана ва ҷашну маросимҳо, воқеан, корҳои ҷиддиро ба сомон расониданӣ бошем, пас, набояд аз ҳисобтҳои пурдабдабаю тантананоки худ мағрур шуда, ифтихор кунем, набояд фирефтаи рақамҳои «фалон қадар ҷуфтҳои нави хонадоршудагон ба вуҷуд омад», «фалон қадар маблағҳо захира шуд», «фалон қадар гову мол аз забҳ эмин монд» ва ғайра бигардем. Зарур аст, чораҳое андешем, ки аз тариқи онҳо ҳарчи имкон аст, дар зеҳни мардум тағйироти куллӣ ба вуҷуд биёянд, ҳамдиёронамон танҳо аз пайи танзими расму оин, анъана ва ҷашну маросимҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст нашуда, балки бо ташаббускории хеш дигар расму оин, анъанаю ҷашну маросимҳоро ҳам риояю танзим кунанд. Масалан, танзими таҷлили ифторҳо дар моҳи шарифи Рамазон дар қонун пешбинӣ нашудааст. Аммо ин ҳаргиз маъниеро надорад, ки хароҷоти онҳо баробари хароҷоти тӯйҳо гардад. Мутаассифона, ҳоло дар аксар маҳалҳо ҳамин тавр шудан дорад. Вале, дар деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор инро ҳам ба танзим овардаанд, ки боиси таҳсин аст. Дар кори танзими урфу одат, расму оин, анъана ва ҷашну маросимҳо, вақте ба мақсад ноил мегардем, ки агар дар ин самт одамони донишманд, ғамхор, ташаббуспеша фаъолият кунанд. Аз онҳое, ки баҳри ноилшавӣ ба талаботи ниҳоии қонун муносибати эҷодӣ накарда, вазифаи худро, асосан, аз ҷаримаситонӣ иборат медонанд, фоидаи хеле кам мерасад. Биноан, зарур аст, ки дар ин соҳа, алалхусус, дар сатҳи ноҳияю ҷамоатҳо, ҳамчунин, дар комиссияҳои ҷамъиятӣ одамони дасту дили покдошта, закӣ, бовиҷдон ва дар ғами таъриху фарҳангу расму оини халқу миллатбуда фаъолият кунанд. Агар мақсад танҳо барои гузаронидани маъракаҳо иҷозатнома додан, ба онҳо омадану хӯрдану хестан бошад, ин корҳо аз дасти ҳар кас меояд. Ин самт азму разм ва ғайрату ташаббусро мехоҳад, ки хислатҳои ҷавонианд. Пас, меарзад, ки дар ин ҷода низ бештар ба ҷавонони ташаббуспеша такя кунем. Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ, нависанда
e-mail: javonontj@mail.ru
ин гуфтаҳо мебошад. - Аз рӯи талаботи шариати ислом хайру эҳсон, асосан, бояд ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ карда шавад. Чунин ба назар мерасад, ки баъди қабули қонун дастгирии ашхоси камбизоат бештар гардид. - Дар раванди тарғиботи мазмуну муҳтавои қонун кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кумита, мудирони шуъба ва бахшҳои шаҳру навоҳӣ дар кори таблиғ ва дастгирии Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон саҳм гирифта, барои ғанӣ гардидани фонди мазкур мусоидат намуданд. Аз давраи ташкилёбӣ то моҳи октябри соли равон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида ба суратҳисоби фонди мазкур 8 миллиону 910 ҳазору 98 сомонӣ маблағ ворид гардид. Кормандони кумита ҳамеша оид ба дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимон, маъюбон ва бепарасторон корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Солҳои пеш оилаҳои камбизоат дар гузаронидани маъракаҳои хатнасуру тӯйи арӯсию домодӣ мушкилиҳо кашида, солҳо қарздор мешуданд. Баъди қабули қонун баргузории тӯйҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ кӯмаки бузурге ба оилаҳои камбизоат гардид. Танҳо дар 9 моҳи соли равон дар мамлакат 11 417 нафар ба маъракаҳои дастаҷамъонаи хайриявӣ фаро гирифта шуданд. Худи кумита дар баргузории хатнасури 70 нафар кӯдак ва тӯйи домодию арӯсии ду ҷуфт навхонадорон саҳм гирифт. Дар моҳи Рамазон ба мактаб-интернати кӯдакони маъюби ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб кӯмаки моддӣ (маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал) расонида шуд. Ошкоркунии қонуншиканиҳо дар гузаронидани маъракаҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? - Кормандони кумита ҳар вақт рейд гузаронида, дар рӯзҳои корӣ ва рӯзҳои истироҳат рафти иҷрои қонуни мазкурро месанҷанд. Дар 9 моҳи соли равон кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кумита рафти бештар аз 500 маъракаю маросимро назорат намуда, бо роҳи фаҳмондадиҳӣ эҳтимолияти содир намудани қонуншиканиро дар беш аз 100 ҳолат пешгирӣ намуданд. Дар ин муддат 54 қонуншиканӣ ошкор гардида, ба мақомоти судӣ фиристонида шуданд. Қонуншиканӣ бештар дар самти риоя накардани вақти баргузории маърака, баргузор намудани маъракаҳои мамнуъ («се», «ҳафт», «бист», «ҷумъагӣ», «соли бутун», «зодрӯз»…) ба назар мерасад. Аз ин рӯ, кормандони кумита тасмим гирифтанд, ки миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, тавассути шарҳи қонун ҳар гуна қонуншиканиҳоро пешгирӣ намоянд. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
9
ТАНЗИМИ РАСМУ ОИН
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
10
НАБЗИ ҶАҲОН
Луъбатакони гумроҳ Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Женеваи Фаронса ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии зиёда аз 60 кишвари олам баргузор гардид. Хадамоти иттилоотии кумитаи тадорукот ҳадафи аслии ҳамоишро дар ташкили эътилофи байналмилалӣ алайҳи «Давлати исломӣ» ва ё ба истилоҳ, ДИИШ маънидод намуд. Яъне, дар ин ҳамоиш эътилофи ҷадид барои муқобилат бар зидди ин гурӯҳи террористӣ таъсис ёфт, ки садди роҳи пешрафтҳои онро бигирад. Эътилофи мазкур аз таъсиси фонди зидди ДИИШ низ иттилоъ дод, ки кишварҳо метавонанд ба он маблағ гузаронанд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки соли 2013 аз ҳисоби иддае аз муътаризони суриягиву ироқӣ ташкил шуд, соли 2014 дар як муддати кӯтоҳ қисмати намоёне аз заминҳои Ироқ ва Сурияро зери назорат даровард ва заминҳои зери нуфузи худро Хилофати исломӣ эълон намуда, Абӯбакри Бағдодиро халифаи мусалмонони олам хонд. Дар ҳоле ки зиёда аз 99 фисади кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин зидди ин гурӯҳи тундгаро садо баланд намуда, аъмолашро мухолиф ба тамоми арзишҳои исломӣ ва инсонӣ донистанд. Гурӯҳи террористии мазкур, ки бар асоси идеологияи равияи салафия амал мекунад, ҷавонони зиёдро ҷамъ намуда, бо тафаккури ифротӣ ба аъмоле даст мезананд, ки инсониятро ба даҳшат меоварад. Қатли оми мардуми озодандеш, сарбурии аҳли мазҳабу равияҳои дигари исломӣ ва куштори мухолифинро ин гурӯҳ барои худ раво дониста, аз оғози юришҳо то кунун инсонҳои зиёдро аз зиндагӣ маҳрум намудаанд. Танҳо дар як куштори дастаҷамъӣ дар қаламрави Ироқ зиёда аз 3000 ҷавони ироқиро ба қатл расонидаанд, ки иддае аз онҳо танҳо барои ҳамроҳ нашуданашон ба ин гурӯҳ кушта шудаанд. Дар як соли охир ИМА ва кишварҳои аврупоӣ пайваста аз хатарҳои «Давлати исломӣ» садо баланд мекунанд ва ҳатто заминҳои зери нуфузи ин гурӯҳ пайваста
бомбаборон мешавад. Аҷобат дар он аст, ки чанд моҳи охир ин гурӯҳи террористӣ ба қатли курдҳои Ироқ даст задааст, ки ҳам курдони Сурия ва ҳам курдҳои Туркияву Эронро мушавваш сохтааст. Ҳатто иддае аз курдҳои Туркия барои мубориза ба ин гурӯҳ аз давлати худ иҷозат хостаанд. Вале Туркия дар масъалаи вориди ҷанг шудан бо ин гурӯҳи ифротӣ бисёр эҳтиёткорона амал мекунад. Гӯё дар мавриди ин гурӯҳ иттилооте дорад. Ҳарчанд борҳо аз ҷониби кишварҳои узви НАТО, ки бо онҳо ҳампаймон аст, мавриди интиқод қарор гирифтааст, вале суол мегузорад, ки чаро Амрико ва дигар кишварҳои узви НАТО мустақиман вориди Ироқ намешаванд? «Давлати исломӣ» аз рӯзе, ки ба ҳайси як ҷумҳурии худхонда муаррифӣ гардид, миллият ва нажоди мардуми минтақаро истифода бурда, дар тобеияташ гурӯҳҳои алоҳида таъсис намуд ва ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб сохт. Махсусан, барои ҷавонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон гурӯҳи «Хуросон»
ва ё «Албухорӣ» таъсис ёфтааст. Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ахиран шумораи ҷавонони тоҷикро, ки дар ҷангҳои ин минтақа иштирок мекунанд 300 нафар ва шумори кушташудагонро зиёда аз 50 нафар эълон намуд. Иддае аз таҳлилгарони низомӣ ҳадс мезананд, ки таҳаввулоти охир дар Ховари Миёна заминарезӣ барои бунёди давлати ҷадид бо номи Курдистони бузург аст, ки зери нуфузи Амрико бунёд шуданист. Маҳз ҷараён гирифтани ҷангҳо дар қаламрави Кубонӣ ва Риққаи Ироқ, ҳамчунин, куштори курдҳои Ироқ боис ба хашми курдҳои Эрону Туркия ва Сурия мегардаду дар минтақа як ҷунбиши шадид ба вуҷуд меояд, ки шиканандаи марзҳо хоҳад буд. Таҳлилгарон бо тундтар гардидани авзоъ ва рушди чашмгири ин гурӯҳи террористӣ бо таҳайюр суол мегузоранд, ки чӣ гуна артиши касбии Ироқ бо силоҳи мудерн ва ҳавопаймоҳои ҷангандаи русӣ наметавонад садди роҳи гурӯҳакеро, ки аксари ҷангандаҳояш ҷавонони ноозмудаанд, бигирад? Ин суол ва боз чанд иттилои дигар низ ҳаст, ки тахминҳо дар мавриди дастгирии васеи иттилоотӣ ва низомӣ ёфтани «Давлати исломӣ»-ро аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ равшантар месозад. Махсусан, иддаои афсари собиқи Амрико Ҷейм Дайн. Ҷейм Дайн, собиқ афсари артиши Амрико дар гузорише аз мавҷуд будани ит-
тилоъ дар бораи даст доштани хадамоти амниятии Амрико дар фаъолияти гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» хабар додааст. Ин афсари бознишастаи амрикоӣ ба рӯзномаи «Қудсулараб»-и чопи Лондон изҳор дошта, ки бино бар таҳлилҳои ӯ ва ҳамтоёнаш гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Хуросон» зери контроли хадамоти истихбороти Амрико буда, ҳатто қатли рӯзноманигори амрикоӣ низ амали тарҳрезишудаи истихбороти Амрикост. Ин афсари мустаъфӣ суол мегузорад, ки чаро имрӯз тамоми кишварҳои минтақа барои муқобилат ба як идда ҷавононе, ки таҷрибаи ҷангӣ ва муҳимоти ҷангӣ надоранд, тасмим намегиранд ва ҷаҳонро ба таҳлука андохтаанд? Ҳарчанд Ҷейм Дайн суханеро расонаӣ кард, ки ба сиёсати имрӯзаи Амрико мувофиқ нест, вале то ҳол на хадамоти истихборот ва на Пентагон дар ин маврид шарҳи расмӣ пешниҳод накардаанд. Ҷейм Дайн дар идомаи гузориши худ таъкид намудааст, ки шубҳаҳо дар мавриди қатли рӯзноманигорон аз ҷониби «Давлати исломӣ» ӯро водор ба таҳқиқи ин масъала намудааст. Вале конгреси Амрико ба дархости ӯ дар мавриди таҳқиқи қазия ҷавоби рад додааст. Агарчанде гузориш ва иттилоот дар мавриди сохта будани вазъияти кунунии Ироқ ва Сурия ҳар замон бештар мегардад, вале хабари ҷалби ҷавонони тоҷик ва кушта шудани онҳо дар Сурияву Ироқ низ афзун шудааст. Ҷавонони тоҷик имрӯз бо сабукандешӣ фирефтаи нақшаҳои аҷнабиён гардида, ҷони худро ба хатар ва зиндагиву рӯзгори пайвандонро ба талхӣ гирифтор намудаанд. Имрӯз қудратҳои ҷаҳон барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ динро василаи асосӣ қарор додаанд. Дар баробари ҷавонписарон занону бонувонро низ ҷалб намудаанд. Бо истифода аз далоили бардурӯғи руҳониёни зархарид занону духтарон барои баровардани талаботи шаҳвонии саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мешаванд ва ин амрро барои духтарон чун ҷиҳоди нафсӣ таблиғ мекунанд. Имрӯз ҷавонони тоҷикро бо афсонаҳои биҳиштӣ ба майдони ҷанг мекашанд, вале зану фарзандони худро дар мавзеъҳои амн пинҳон медоранд. Расонаҳои хабарӣ 2 декабр аз дастгир шудани писар ва ҳамсари «халифаи мусалмонон» Абӯбакри Бағдодӣ дар қаламрави Лубнон хабар доданд. Яъне, ин саркардаи ДИИШ ҳамсар ва писари худро ба минтақаи амн фиристода, писарони мардуми бесаводу бехабарро бо роҳи фиреб ба ҷангу хунрезӣ мекашонад. Аҷобат дар он аст, ки ҷавонони тоҷик боре аз худ суол намекунанд, халифае, ки ба ӯ байъат кардаанд, чаро зану писари худро ба ҷиҳод равон намекунад? Бағдодӣ, ки худро халифаи мусалмонон мешуморад, аввалтар аз занону духтарони тоҷику қирғиз бояд ҳамсари худро ба «ҷиҳоди нафсӣ» бифиристад. Вале ҷавонони ноогоҳ барои байъат ба ин гурӯҳҳои сохтаву бофта бовар намуда, тамоми муқаддасоти худ, ҳатто ҳайсияти мардии худро ба боди фано медиҳанду девонавор аз паси луъбатакони ҷилодор мераванд. Муҳаммадиқбол АТОЕВ
Шеваҳои бозпурсии CIA бераҳмона будааст Сенати ИМА ба ин хулоса расидааст, ки шеваҳои бозпурсии маъмурони Хадамоти истихборотии Амрико ё CIA “бераҳмона” ва бадтар аз он будааст, ки мақомот бовар доштанд. Ба гуфтаи сенат, бо вуҷуди истифодаи ин гуна усулҳо, маъмурони амниятӣ ба гирифтани иттилооти дуруст ноил нашудаанд. Кумитаи иттилооти сенат 9 декабр бо нашри ин гузориш гуфт, усулҳои пешрафтаи бозпурсии Хадамоти истихборотии Амрико “абзори босамаре барои гирифтани иттилооти дуруст ё ба даст овардани ҳамкории боздоштшуда” набудааст. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, Хадамоти истихборотии Амрико “сиёсатгузорон ва дигаронро” дар бораи ҳадди бераҳмӣ зимни бозпурсии муттаҳамон ба узвият дар “Ал-қоида” гумроҳ кардаанд. Маъмурони амниятии Амрико баъд аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 баъзе аз муттаҳамон ба терроризмро дар маконҳои махфие дар Аврупо бо чунин шакл бозпурсӣ мекардаанд. Дар ин гузориш омадааст, бо вуҷуди он ки табибони Хадамоти истихборотии Амрико дар бораи хатари ҷароҳат бардоштани муттаҳамон ҳушдор медоданд, вале маъмурони амниятӣ аз чунин бозпурсӣ даст накашидаанд. Барак Обама, Президенти Амрико, гузоришро “нороҳаткунанда” хондааст.
Пагоҳи рӯз муовини раиси шаҳр мудирони таълимгоҳҳоро наздаш хонда, ба қавле, аз сӯрохи сӯзан гузаронд. Аз фаъолияти эшон изҳори норизоӣ карда, дар ҳақашон суханҳои пасту баланд гуфт. Чунин гуфтору рафтори муовини раис ба ӯ нафорид. Аз ин хотир, овоз баланд кард. Ба қавле, эътироз намуд. Ҳамкорон аз макотиби дигар ботинан бо ӯ ҳамфикр буданд. Инро аз ваҷоҳати эшон пай бурда тавонист. Аммо хомӯширо авло донистанд. Нафаре сухани ӯро назди муовини раис тақвият надод. Ин рафтори ҳамкорон ба ӯ сахт расид. Дилаш озурда гардид. Чизе дар дил дошт, холӣ кард. Вале дигар тоқат надошт. Аз ҳуҷраи кории муовини раиси ноҳия берун баромад.
Дар берун насими форам мевазид. Аз ҳавои тоза нафас кашида, қадре ба худ омад. Вале ҳамоно дар дил алам дошт. «Наход қадру манзалати омӯзгор то ин дараҷа паст рафта бошад? - меандешид худ ба худ. – Чӣ воқеае, ки рӯй надиҳад, ҳама аз муаллим домангир». Табъаш ҳамоно хира. Нимрӯзӣ фаро расид. Мебоист ба ягон ошхона даромада, хӯрок тановул мекард. Лек иштиҳояш баста, дилаш ҳеҷ чиз намехост. «Наход то ҳол тамоми масъулиятро танҳо бар дӯши мактаб гузорем? - роҳравон андеша
муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд. Хост ба онҳо мактуб нависаду наздашон равад. Дар ободонии мулки бегона саҳм гузорад. Он бегоҳ пас аз шунидани сарзанишҳои навбатӣ дар идораи маориф, хона меомад. Гузораш ҷониби манзил аз назди мактаби деҳ афтод. Мактабе, ки худ замоне он ҷо таълим гирифтаву пасон фарзандон, имрӯз наврасон – фарзандони ҳамсинфонаш ва дигар сокинони деҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Имрӯз бошад, худи ӯ сарвари ин дабистон аст. Рӯйи саҳни ҳавлии мактаб шогирдони хурдсол, ки дар ба-
нӯшиду аз ҷо бархоста, ба ҳуҷраи кориаш равон гардид. Ҳуҷҷатаҳои вобаста ба давомоти хонандагонро аз назар гузаронд. Аз рӯйи маълумот натиҷаи ба машғулияҳо фаро гирифтани хонандагон мусбат арзёбӣ шуда буд. Ҳамчунин, дар ҷаласаи охирини шуъбаи маориф ба сатҳи донишандӯзии хонандагони мактаб баҳои мусбатро муносиб донистанд. Ҳамаи ин руҳашро болида гардонд, ҳис кард, ки замати ӯву ҳамкорон беҳуда нест. - Муаллим! – овозе ӯро ба худ овард. Аз коғазҳои болои мизи кориаш титу парешон сар бардошта,
дошт ӯ. – Чаро волидон дар канор мемонанд? Ҷомеа, атрофиён чӣ? Магар ин аз рӯйи инсоф аст?» Роҳравон воқеаи чанд сол пеш рухдодаро ба ёд овард. Нафаре аз шогирдони синфҳои болоии мактаб дар хона аз волидон бо кадом узре сахт коҳиш мешунавад. Духтари наврас сари ҷаҳл якбора чанд доруро истеъмол мекунад. Ӯро беморхона мебаранд. Бо саъю кӯшиши табибон дарҳол ба по хеста, рӯзи дигар ба машғулиятҳо ҳозир мегардад. Вале ин амали шогирд барояш сарсониҳо овард. Даҳҳо маротиба ба идораи шаҳрдорӣ, шуъбаҳои маорифу милиса даъваташ карданд. Чӣ қадар баёнот навишт. Як суханро дар ҳама ҷо тӯтивор такрор мекард. Сабаби ба чунин амал даст задани шогирдашро танҳо аз ӯ пурсон буданд. “Чаро ин корро кард? Омӯзгорон дар куҷо буданд? Куҷоро нигоҳ мекунед?” ва ба ин монанд суолҳои берабту мантиқ дода, сарашро гаранг карданд. Аммо боре ба сари касе ҳам фикре наомад, ки чунин суолҳои барзиёдро аз волидони хонанда пурсон шаванд. Гӯё дар ин ҳодиса танҳо мактаб гунаҳкор бошад. Ҳол он ки воқеа дур аз мактаб, берун аз машғулиятҳо, дар хонаи волидони хонанда рух дода буд. Баъди он воқеа дилаш аз кори таълиму тарбия, мактабу маориф батамом монд. Ният кард, ки бо хоҳиши хеш аз кор равад. Чанд нафар ҳамдеҳагонаш, аз ҷумла, шогирдони собиқаш дар
сти дуюм таҳсил мекунанд, аз машғулиятҳо фориғ шуда, бозиву шӯхикунон ҷониби манзили волидон гом мебардоштанд. Лаҳзае ҷониби тифлони бепарво, фориғ аз ғаму ташвишҳои рӯзгору зиндагӣ дида дӯхт. Замоне ӯ низ чунин буд. Беғаму ташвиш. Дар оғӯши гарми волидон. Ҳисси аҷибе вуҷудашро фаро гирифт. Онҳоро ба кӣ партофта меравад? Охир, устодонаш дар тарбияи ӯ баринҳо хуни дил нахӯрда буданд? Барои эшон кори таълиму тарбия он замон магар осон буд? Магар чунин шароит замони хурдсолиаш вуҷуд дошт? Лек устодон аз душвориҳо ҳарос надоштанд. То ҳини нафақа заҳмат кашиданд. Дар кори таълиму тарбияи ӯву садҳо нафар фарзандони деҳ. Ба душвориҳо нигоҳ накарда. Пас, ӯ куҷо бояд равад ва барои чӣ? Ҳаргиз, ба ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт! Имрӯз, ки аз назди муовини раис озурдахотир баромад, боз ният кард ба мактаб меравад. Рӯйи роҳи калон баромада, сабукрави роҳгузарро дошта, ба наздики деҳа расид. Аз он ҷо рост ба мактаб омад. Машғулиятҳои басти дуюм оғоз ёфта буданд. Чун ба саҳни ҳавлии мактаб ворид гардид, ғубори дилаш бардошта, чеҳрааш кушода шуд. Дар ҳуҷраи омӯзгорон чанде аз муаллимони ҷавони фориғ аз машғулиятҳо ба нишони эҳтиром аз ҷо бархостанд. Бо онҳо вохӯрӣ намуда, аз вазъи мактаб пурсон шуд. Аз онҳо ҷавоби мусбат шунида, боз ҳам оромтар гардид. Ҳамкорон наздаш як пиёла чой гузоштанд. Пиёлаи чойро
яке аз пирони деҳро дид, ки даруни ҳуҷра рост истода, ба ӯ менигарад. - Биёед, амак, - ба пешвози мӯйсафед аз ҷо бархоста, вохӯрӣ намуд. – Марҳамат, гузаред. Мӯйсафедро ба курсии мулоим барои нишастан муроот намуда, пасон ба ҷойи худ нишаст. Аз чойнике, ки котиба барои чойнӯшӣ оварда буд, ба пиёла чой рехта, наздаш гузошт. Мӯйсафед як-ду ҷуръа чой нӯшида, сипас, ба сухан гуфтан даромад. - Писарам, бо як масъала наздатон омадам. - Марҳамат, гӯш мекунам. Медонед-чӣ, набераам омӯзишгоҳи тиббии шаҳрро хатм кард. Акнун ният дорад, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Мегӯянд, ки имсол қабул бо кадом як шакли дигар сурат мегирифтааст. - Шакли тестӣ. - Ин чӣ хел бошад? - Охир, набераатон хатмкардаи мактаби мост. Аълохон буд. Гӯед, биёяд, худам кӯмак мекунам. - Ташаккур, писарам. Мӯйсафедро гусел намуда, боз овораи омӯзиши ҳуҷҷатҳои мактаб гардид. Мирзоалӣ Ҷоматов беш аз сӣ соли ҳаёти хешро сарфи роҳи таълиму тарбияи наврас намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба мактаби олӣ дохил шуда, онро бомуваффақият хатм кард. Ба зодгоҳаш баргашту дар мактаби деҳ қатори устодон ба таълиму тарбия пардохт. Ҳоло сарвари
Нуқтаи муттако
мактаб аст. Мактабе, ки он ҷо таълим гирифта буд. Ҳамчунин, яке аз фарзандон бо пайроҳаи ӯ рафта, паҳлуяш дар кори таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегузорад. Аълочии маорифи халқ, сарвари мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 91-и шаҳри Турсунзода Мирзоалӣ Ҷоматов вобаста ба талаботи давру замон, мекӯшад қолабшиканиҳо кунад. Низоми таълими муосир тақозо дорад, ба рушди ҷомеаи пешрафта мутобиқ бошад. Лек имрӯз кадрҳои баландихтисос, яъне, омӯзгорон намерасанд. Қисме аз омӯзгорони баландихтисос корро партофта рафтанд. Лек ӯ роҳи мушкили корро ба тарзи хеш ёфтааст. Шогирдони дирӯзаи лаёқатнокро ба кори омӯзгорӣ ҷалб дорад. Ҳар яке ба устодони соҳибтаҷриба вобаста шуда, нарасидани омӯзгорон ба ин восита ҳал мегардад. Масъалаи таҳсили минбаъдаи муаллимони ҷавон низ батадриҷ ҳал хоҳад шуд. Онҳо метавонанд таҳсилро дар мактабҳои олӣ ғоибона идома диҳанд. Бегоҳ, ҳине ки аз мактаб хост ба манзил равад, ба ӯ занг заданд. Аз шуъбаи маориф. Гуфтанд, ки пагоҳ ба маҷлиси шуъба ҳозир шавад. «Боз аз сӯрохии сӯзан мегузаронанд-чӣ?», аз дил гузаронд ӯ. Лек дар дил бок надошт. Агар ноҳақ мазаммат намоянд, чун дигарон хомӯш намеистад. Ӯ низ ҳарф хоҳад зад. Чунки нуқтаи муттако дорад. Нуқтаи муттакояш мактабу ҳамкорон ва шогирдон мебошанд.
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
Диққат, озмун!
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқадасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷасумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд
дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намояд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, кастюм ё бопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тароҳон» пешниҳод намоянд. Муҳлати пешниҳод то 15 декабри соли 2014 муайян гардидааст. Телефонҳо барои маълумот: 236-31-66, 907-58-73-60
e-mail: javonontj@mail.ru
- Мебахшед, муаллима, омӯзгорон аз куҷо ин қадар маоши баланд мегиранд, ки шумо ёдрас кардед? - Хайр, ба ман чунин маълумот пешниҳод намуданд. - Ба шумо хизмати хирсона мекунанд. Шояд дар шаҳрҳо муаллимон ҳар моҳ аз хонандагон барои таълим пул ҷамъ кунанд. Лекин дар деҳот ин гуна корҳо нест. Дар мактаби мо низ. Марҳамат, як ба мактаби мо биёед, аксар омӯзгорон зан мебошанд. Ҳатто баъзеҳо хонандагони дирӯза. Омӯзгор намерасад. Ҳама мардҳо аз маоши паст, корро партофта, аксар ба муҳоҷират рафтаанд. Шумо бошед, омӯзгоронро бекорхӯҷаю муфтхӯр мепиндореду таъна мезанед. - Муаллим, даррав хафа нашавед. - Чи хел хафа нашавам? Суханро аввал андешида, баъд гуфтан лозим. Шумо бошед…
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
11
ОДАМОНИ САРБАЛАНД
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
12
ФУТБОЛ. ҶАМЪБАСТИ СОЛ
САМБО
Самбочиёни наврас дар Кипр чор медал гирифтанд Варзишгарони кишвар дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасони синнашон 14-16, ки 5-6 декабр дар шаҳри Лимассоли Кипр баргузор шуд, 4 медал (2 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Нуриддин Давронов – беҳтарин футболбози сол Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари тими “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии кишвар зимни маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои футбол дар соли 2014, ки 5 декабр дар Кохи Ваҳдати пойтахт доир гашт, беҳтарин футболбози сол эълон шуд. Ҷоизаро ба ӯ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ супурд. Дар ин чорабинӣ беҳтаринҳо дар дигар номинатсияҳо низ эълон шуда, ғолибони лигаи олӣ, лигаи якум, ҷавонон ва футболи хурд бо медалҳо мукофотонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки медалҳои тиллои Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ насиби тими “Истиқлол”-и Душанбе гардид. Медалҳои нуқраро дастаи “Хайр”-и Ваҳдат ва медалҳои биринҷиро дастаи “Далерон-Уротеппа”-и Истаравшан ба даст оварданд. Дар лигаи якум дастаи “Саройкамар”-и Панҷ ғолиб омад. Ҷои дуюм насиби тими “Куктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва мақоми сеюм насиби тими “Исфара” гардид. Ҷоизадорони мавсими 2014: Беҳтарин дарвозабон – Алишер Туйчиев («Истиқлол»). Беҳтарин ҳимоятгар – Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»). Беҳтарин нимҳимоятгар – Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»). Беҳтарин зарбазан – Дилшод Восиев («Истиқлол») – 15 тӯб. Беҳтарин мураббӣ – Мубин Эргашев («Истиқлол»). Беҳтарин довар – Хуршед Дадобоев (Хуҷанд). Беҳтарин легионери чемпионат – Соломон Течӣ («Далерон-Уротеппа»). Беҳтарин мураббии кӯдакон – Ҳикмат Фузайлов (Академияи КФ «Истиқлол»). Беҳтарин мураббии лигаи якум – Идибек Ғаффоров («Саройкамар»). Беҳтарин футболбоззан – Муниса Мирзоева (МҶМОВ). Беҳтарин футзалчӣ – Шерзод Ҷумаев («Бонки миллӣ»). Беҳтарин мураббии футзал – Мирзонаҷот Назаров («Бонки миллӣ»). Беҳтарин дарвозабони футзал – Фирӯз Бекмуродов («ДИСИ-Инвест»). Беҳтарин легионери футзал – Носир Ҳоҷӣ («ДИСИ-Инвест»). Беҳтарин бозингар миёни кӯдакони соли таваллудашон 2001-2002 – Муҳаммадворис Сайдалиев («Авиатор»). Беҳтарин бозингар миёни наврасони соли таваллудашон 1999-2000 – Аваз Қамчинов («Равшан»). Беҳтарин бозингар миёни ҷавонони соли таваллудашон 1997-1998 – Шаҳбоз Ҳусейнов (МҶМОВ). Беҳатрин футболбози Тоҷикистон-2014 – Нуриддин Давронов («Истиқлол»).
Миёни писарон Илҳомҷон Ҳофиззода (дар вазни 66 кило) ва Хуршед Маҷидов (+84) бо медалҳои нуқра, Ҷамолиддин Абдуллоев (55) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд. Инчунин, дар сабқати духтарон Шоҳида Қаландарова дар вазни 56 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд. Мусобиқа бори аввал аз ҷониби Федератсияи байналмилалии самбо баргузор шуд. Зимни ин мусобиқа Анӯшервон Назарзодаи тоҷик дар вазни 46 кило дар ҳайати тими мунтахаби Русия медали тилло ба даст овард.
Дар шаҳри Лимассоли Кипр, ҳамчунин, мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни донишҷӯён доир гашт. Варзишгарони мамлакат Ардашер Исмоилов дар вазни 57 кило ва Каюмарс Норов дар вазни 52 кило медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа, ки 7-8 декабр доир гашт, наздики 100 варзишгар аз 22 кишвар ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро ба ҷуз Ардашер Исмоилов ва Каюмарс Норов, инчунин, Суруш Каримов (74 кг), Рашид Зиёбеков (82 кг) ва Хуршед Маҷидов (100 кг) намояндагӣ карданд.
РУШДИ ВАРЗИШ
Дастгирии маъюбон дар Варзоб
Чанде пеш бо ташаббуси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб, бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, мусобиқоти шоҳмот, шашка ва дастхобонӣ доир шуд. - Мақсад аз баргузории ва дастгирии варзишгаро- ҷавонон, варзиш ва сайёҳии чунин чорабиниҳо, пеш аз ни маъюб мебошад, - гуфт ноҳияи Варзоб. ҳама, баланд бардоштани зимни суҳбат Раҷабалӣ Ғолибон бо тӯҳфаҳои рушди варзиши маъюбон Турсунов, мудири Бахши хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
ФУТБОЛ. ҶОМИ ОСИЁ-2016
e-mail: javonontj@mail.ru
Рақибони тими “ҷавонон”-и кишвар дар Ҷоми Осиё-2016: АМА, Яман, Шри-Ланка Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала-Лумпур қуръакашии даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 миёни тимҳои ҷавонон (U-23) доир гашт. Дар натиҷа, тими ҷавонони кишвар рии бозиҳои гурӯҳи “D” ҳоло маълум нест. дастаҳо ба 3 гурӯҳи 5-дастаӣ ва 2 гурӯҳи роҳхат мегиранд. Ба ин дастаҳо Қатар шо(бозингарони соли таваллудашон 1993 Дар даври интихобии Ҷоми Осиё-2016 4-дастаӣ қисмат шуданд. Дар минтақаи мил мешавад, ки аз даври интихобӣ озод ва аз он хурд) ҳамроҳ бо АМА, Яман ва 43 даста дар ду минтақа ширкат меку- шарқ бошад, 5 гурӯҳ иборат аз 4-дастаӣ. аст. Шри-Ланка ба гурӯҳи “D” шомил шуданд. нанд: 23 даста дар минтақаи ғарб ва 20 Ба даври финалӣ, ки 12-30 январи соли Ғолибон ба Олимпиадаи 2016, ки Бозиҳои даври интихобӣ 23-31 марти соли даста дар минтақаи шарқ. 2016 баргузор мешавад, ғолибони 10 дар Рио-де Жанейро баргузор мешавад, оянда доир мегарданд. Макони баргузоТибқи қуръакашӣ дар минтақаи ғарб гурӯҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷои дуюм роҳхат мегиранд. Натиҷаи қуръапартоии Чемпионати Осиё-2016 (U-23): Гурӯҳи «А»: Ироқ, Уммон, Баҳрайн, Лубнон, Малдив. Гурӯҳи «В»: Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон. Гурӯҳи «С»: Арабистони Саудӣ, Эрон, Непал, Фаластин, Афғонистон. Гурӯҳи «D»: АМА, Яман, Тоҷикистон Шри-Ланка. Гурӯҳи «Е»: Сурия, Узбекистон, Ҳиндустон, Бангладеш. Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянма, Ҳонконг, Тайбэйи Чин. Гурӯҳи «G»: ҶХДК, Тайланд, Камбоҷа, Филиппин. Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия, Тимори Шарқӣ, Бруней. Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Малайзия, Ветнам, Макао. Гурӯҳи «J»: Чин, Лаос, Сингапур, Муғулистон.
13
ВАРЗИШИ ҶАҲОН
60 голи беҳтарин ба муносибати 60-солагии UEFA Голи задаи футболбози ҳолландӣ Марко ван Бастен ба дарвозаи дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар финали Чемпионати Аврупо-1988 ба даҳгонаи беҳтарини 60 соли охир ворид шуд. Кошт, Питер Кроуч, Криштиан Роналдо, Деян Станкович, Радамел Фалкао, Самуэл Юмтитӣ ва Златан Ибрагимович роҳ ёфтанд. Қобили зикр аст, ки чанде пеш Шӯрои Ассотсиатсияи футболи Аврупо (UEFA) ба муносибати 60-солагиаш 60 голи задаи футболбозонро аз ҳамаи мусобиқаҳои давоми солҳои 1954-2014 интихоб карда буд.
Пеле аз бемористон ҷавоб шуд
Чанде пеш бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-шотокан СКИФ байни ҷавонон, наврасон ва бонувон доир гашт, ки дар он зиёда аз 200 варзишгар ширкат карданд. Ба гуфтаи Раҷабалӣ Турсунов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия мусобиқа маротибаи дуюм аст, ки дар Варзоб доир мегардад. Мақсад рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, муайян намудани варзишгарони беҳтарин ва ҷалби ҷавонону наврасон ба намуди каратэ-шотокан ба ҳисоб меравад. Дар фарҷом, ғолибон бо дипломҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва медалу туҳфаҳои таъсисдодаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб қадрдонӣ шуданд.
Футболбози машҳур Пеле, ки баъди амалиёти гурда чанд муддат дар беморхонаи Алберт Эйнштейни Бразил бистарӣ буд, 9 декабр мураххас шуд.
ГӮШТИН
Платинӣ: “Номзадии Блаттерро дастгирӣ намекунам”! Мишел Платинӣ, роҳбари Иттиҳоди футболи Аврупо (UEFA) гуфтааст, ки номзадии Йозеф Блаттерро дар интихоботи президенти Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дастгирӣ нахоҳад кард.
Се медали варзишгарони Истаравшан дар мусобиқаи байналмилалӣ Чанде қабл дар шаҳри Ишқободи Ҷумҳурии Турманистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини камарбандӣ баргузор гардид. Тавре Фозилҷон Бобоев, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан хабар дод, дар ин мусобиқа шарафи кишвари моро се варзишгар аз шаҳри Истаравшан - Эрназаров, Зулакбар Султонов ва Акрамхӯҷа Тошмуродов ҳимоя намуданд. Ҳар се варзишгар дар вазнҳои 68, 82 ва 100 кило ба гирифтани медалҳои биринҷӣ сазовор шуданд. Суҳроби КАЁНӢ, «ҶТ»
«Ман Блаттерро дар интихоботи соли 1998 дастгирӣ кардам, чунки он замон ӯ номзади сазовор буд», - гуфтааст Платинӣ. Ба қавли ӯ, тӯлонӣ дар маснади президенти FIFA мондани Блаттер Платиниро ба ин қарор водор кардааст. Блаттери 78-сола аз соли 1998 панҷ давра пайи ҳам пезиденти FIFA аст. Платинӣ, ҳамчунин, изҳор доштааст, ки ягона рақиби Блаттер, собиқ муовини ӯ Жером Шампанро низ дастгирӣ карданӣ нест. Ӯ бовар дорад, ки то баргузории интихоботи президенти FIFA, ки моҳи майи соли 2015 дар назар аст, номзадҳои сазовор пайдо хоҳанд шуд.
“Шоҳи футбол” ҳанӯз 13 ноябр баъди дарди вазнини меъда ба беморхона афтод. Табибон бемори 74-соларо муоина ва ҷарроҳӣ намуда, аз гурдааш санг гирифтанд. Вале баъдан 24 ноябр собиқ варзишгар бо далели сироят гирифтани роҳҳои пешоб дубора ба беморхона бурда шуд. Дафъаи дуюм вазъи бемор шадид гардида, табибон ӯро дар вазнинхона наҷот дода тавонистанд. Вале худи Пеле дар вазнинхона хоб буданашро рад кардааст. Барои ором кардани ҳаводоронаш собиқ варзишгар дар ҳуҷраи беморхона дар иҳотаи пайвандон бо гитор суруд хондааст. Ёдовар мешавем, ки Пеле бо қарори FIFA футболбози асри XX эълон шуда, касе то ҳол унвони қаҳрамонии ҷаҳонро мисли ӯ ба даст наовардааст. Пеле се маротиба пайи ҳам унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шудааст.
Халк боз аз нажодпарастии Матюнин ёдовар шуд Ҳамлагари клуби «Зенит»-и Санк-Петербург довар Алексей Матюнинро бори дигар ба нажодпарастӣ айбдор кард. Бино ба гуфтаи футболбози бразилӣ дар бозии «Мордовия» - «Зенит», ки 29 ноябр доир шуд, довар ҳангоми гуфтугӯ бо бозингарон бо забони англисӣ гуфтааст, шахсан Халк ва тамоми бозингарони сиёҳпустро бад мебинад. - «Зенит» барои доварон ҷавобгар нест, - изҳор доштааст Халк. - Ман бо ин клуб шартнома дорам ва худамро ин ҷо хуб ҳис мекунам. Ягон вақт бо доварон мушкил надоштам, вале Матюнин гуфт, ки бозингарони сиёҳпустро бад мебинад. Дар футбол бояд чунин набошад. Бо гузашти чанд рӯз дастаи «Зенит» даъвояшро аз болои довар пас гирифт, варзишгар ҳам гуфтааст, ки ба хотири нажодпарастии довар Чемпионати Русияро тарк карданӣ нест.
e-mail: javonontj@mail.ru
Каратэ-шотокан дар Варзоб
Тими мунтахаби Ҳолланд дар он вохӯрӣ тими ИҶШС-ро ба ҳисоб 2:0 мағлуб намуда, унвони Қаҳрамони Аврупоро ба даст овард. Зарбаи ҳалкунандаи ван Бастен тибқи овоздиҳии мухлисони футбол дар сомонаи UEFA ба даҳгонаи беҳтарин роҳ ёфтааст. Ҳамчунин, ба ин даҳгона голҳои задаи бозингарон Мауро Брессан, Зайниддин Зидан, Рӯй
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
КАРАТЭ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
14
ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
Ақидаҳои ватандӯстонаи Аҳмад Махдуми Дониш як ҷузъи ақидаҳои тарбиявии ӯ мебошанд. Дар робита ба ин масъала, муҳаққиқ Субҳон Амир Аҳмади Донишро ба Фирдавсӣ ташбеҳ дода, «Рисолаи таърихӣ»-и ӯро «Шоҳнома»-и мансури ҳаҷвӣ номидааст. Чун нек назар бинмоем, дар ҳақиқат, хоҳем дид, ки дар «Рисолаи таърихӣ»-и Дониш ва «Ҳаҷвияи Султон Маҳмуд»-и Фирдавсӣ як умумияте аз ҷиҳати маънӣ ва услуб ба назар мерасад. Гарчанде ҳаҷвияи Фирдавсӣ назмӣ ва рисолаи Дониш насрӣ бошад ҳам, дар ҳар ду асар шоҳони ғосибу ҷоҳилу ба мардуми мо бегона чун Султон Маҳмуд ва сулолаи манғитиён бо як ҷасорати хоси адабӣ аз ҷониби ҳам Фирдавсӣ ва ҳам Дониш мавриди танқид қарор гирифтаанд. Мусаллам аст, ки барои «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ «Шоҳнома» - ҳои Дақиқиву Абумансурӣ ва осори пешазисломии мардуми мо чун «Хватайномак» ва асотири ориёитаборон чун сарчашма хизмат кардаанд. Вале дар ташаккули ақидаҳои ватандӯстонаи Аҳмади Дониш бошад, таъсири Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ низ ниҳоят назаррас аст. Барои муайян намудани ақидаҳои ватандӯстонаи Фирдавсӣ ва мавқеи шоир, ба андешаи мо, таҳлили яке аз достонҳои «Шоҳнома» барои муҳаққиқ кофӣ аст, ки ба ватандӯст будани муаллиф эътимод ҳосил намояд. Вале барои таҳлил намудани ақидаҳои ватандӯстонаи Аҳмади Дониш муҳаққиқро лозим аст, ки ҳам «Наводир-ул-вақоеъ» ва ҳам «Рисолаи таърихӣ»-и ӯро мавриди омӯзиш қарор бидиҳад. Муҳтавои андешаҳои ватандӯстонаи А. Дониш аз масоили нишон додани роҳҳои бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар вуҷуди тифлону ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва низомии ҳам ҷавонон ва ҳам асокир барои ҳифзи Ватан, танқиди давлатдории амирони манғит ва муқоисаи он бо мулки ориёитабор, ободии кишвар ва обёрӣ намудани он, ҷилавгирӣ намудан аз ҷанги нобаробари ба халқи мазлум фалокатовар, дилсӯзӣ нисбат ба хоку замини Ватан ва ғайра бархурдор мебошад. Ин ақидаҳоро мутафаккир бештар дар бобҳои дуюм ва
сеюми «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисолаи таърихӣ» баён намудааст. Яке аз роҳҳои бедор намудани ҳисси ватандӯстиро Аҳмади Дониш дар тақдир намудани ҷанговарони шуҷову диловар ва мувозибат намудан аз писарон ва бозмондагони сипоҳиёни дар роҳи ҳифзи Ватан шаҳидгардида медонад. Ба ақидаи ӯ, писарони сипоҳиёни ҳалокшударо, агар муносиб бошанд, ба мансаби падарон монанд ва агар муносиб набошанд, «ба ҳар ҳол марсум ва идрор ва мансубу шуғл аз эшон дареғ надорад, то дигарон дилгарм бошанд ва ғами зану фарзанд монеи ҷуръати эшон нашавад, ки аз баҳри кӣ ва барои чӣ мекунӣ?» Аз чунин иқдом ҳам дар дили тифлони ятим ва дигар атфол ифтихор аз қаҳрамонии падар ва ҳисси
сипоҳиён, балки ҳокимонро низ воҷиб аст, ки раиятро ба машқи тиру туфанг даъват бикунанд. «Маъни он вай аст, ки чун мардон шуғли таҳияи асбоби қитол оранд, албатта занон низ дар ин маънӣ вуқуфе ҳосил кунанд...» Дар ин ҷода низ мутмаин будани Донишро аз диловарии занони сарзамини хеш самтгирӣ аз Фирдавсии бузургу занони диловари «Шоҳнома»-и ӯ метавон ҳисобид. Омӯхтани ҳунару фунуни сипоҳӣ ва тирандозиву аспсавориро Дониш барои ҳам амирон ва ҳам сипоҳу раият тарғиб намуда, аз ҳаводиси пандомӯзи гузаштагон мисолҳо меорад. Бино ба қавли муаллиф, аз ҳунари аспсаворӣ моҳирона истифода карда натавонистани Амри Лайс давлати ӯ шикасти фоҳише ёфтааст: «...Амри Лайс аз Хуро-
аз сабаби ноошноӣ ба туфангу санъати тирандозӣ ва вазъияти хатир ва таассуфовар афтодани хешро мисол меорад, то ки ба эшон дарси ибрат шавад. Аҳмади Дониш шоҳони манғитро чун Фирдавсӣ (Султон Маҳмудро) ва Саъдӣ (чингизиёнро) барои ин сарзамин бегонаву душман меҳисобид. Дар ақидаҳои ватандӯстонаи хеш Аҳмади Дониш ҳам, бешубҳа, чунин мавқеъро пайгирӣ намудааст. Ӯ харобии ватани хешро, залиливу мазлумии мардумро, таназзули маданияту маориф ва қувваҳои низомиву муҳофизатии онро маҳсули кирдори разилонаву бешарафонаи манғитиён ва насақи чингизиён медонад. Мутафаккир дар «Рисолаи таърихӣ» Султон Маҳмудро на шоҳзода, балки писари нон-
наёзурдам». Аҳмади Дониш «куфри» меҳанпарастона ва раиятпарваронаи шоҳи номусулмонеро чун Нушервони Одил аз ҳазорон мусулмонии манғитиён авло дониста, такя бар ҳикмати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ мекунад, ки эшон дар достони «Саломон ва Абсол»-и хеш мефармоянд: Куфркеше, к-ӯ ба адл ояд фареҳ, Мулкро аз золими диндор беҳ. Ба андешаи А. Дониш сиёсати ватандӯстона ва ватандориву раиятпарварии Исмоили Сомонӣ низ қобили дастгирӣ ва пайравӣ мебошад. Зеро ки ӯ аввал ватанро аз ҳамлаи кӯчманчиён эмин сохт, дуюм, онро обод гардонд ва сеюм, бар раият зулмро раво надошт. Овардани нақли убур наму-
сон ба мухосамат ва муҷодилаи Амир Исмоили Сомонӣ бархост. Вақте ки суфуфи лашкари тарафайн ороста, ҳанӯз оташи фитна боло нагирифта буд, асби Амр рам хӯрда, ҳарчанд забти инон намуд, ҳифзи тӯғёни асб сурат набаст. Ҳамчунон Амрро оварда, ба қӯшуни Амир Исмоил ба дасти ғаним супурд». Воқиф будан аз ҳунари тирандозӣ, як василаи аз ҳалокат раҳонидани хеш дар набардҳо мебошад. Ноогоҳӣ аз санъати камонварӣ ва тирандозӣ на фақат ба ҳангоми разм, балки ба ҳангоми эминӣ ҳам, метавонад боиси таассуф ва надомат бигардад. Аҳмади Дониш чун носеҳе ҳидоятгар ба фарзандони хеш Асъад ва Абдулкарим ва инчунин, ба дигар пандпазирандагон
во ба қалам додааст ва нисбат ба насаби Амир Музаффари манғит аз забони қаҳрамони хеш – пири деҳотӣ чунин меорад: «... ман чашм медорам, ки амир писари Султон Насруллоҳ набошад. Эҳтимол, падараш раққосу қавволу масхарабоз бошад ва илло ҳеҷ нафси шариф бад-ин разолату сафоҳат тан дар надиҳад». Бетафовутии амирони манғитро нисбат ба ин ватан ва бетараҳҳумиро нисбат ба мардуми он танқид намуда, менависад, ки ба ҳар деҳа ва маҳалле, ки онҳо барои истироҳат ё адои коре раванд, бозаргонон дӯконҳоро мебанданд ва фуқаро ба танг меоянд. Аҳмади Дониш бо таассуф аз адолати шоҳони ориётабор – Нушервони Одил ва Исмоили Сомонӣ ва ватандӯстиву раиятпарварии онҳо ривоятҳо оварда, ба амирони манғити замони хеш дарси ватандориву фуқаропарварӣ медиҳад. Ба андешаи адиб услуби салотини турк аз назму насақи Чингиз аст. Зеро Чингиз бедодиро аз ҳад гузаронида буд, аз ин рӯ, худро ба ҳайбат нигоҳ медошт, то аз зиёни мардуми баҷономада эмин бошад. Манғитиҳо низ, чун золиманд, на барои Ватан, балки барои аз даст нарафтани тахт ҷон мекананд, зеро раият дастгирашон нест. Вале Нушервон ба занҷире ҷарасҳо баста, тарафе назди хеш ва тарафе дар майдон бар дарахте баста, нигоҳ медошт, то агар касеро ҳоҷате бошад, силсиларо биҷунбонад. Ё ин ки: «Нушервони Одилро, ки дар куфр мурд, дидандаш дар ҷойгоҳи сабзу хуррам. Пурсидандаш, ки «ин мақом ба чӣ ёфтӣ?» Гуфт: «Бар муҷримон шафқат набурдам ва бегуноҳро
дани Исмоили Сомонӣ бо лашкари панҷоҳҳазора аз кӯчабоғи дар он шохаи пурбори себи овезон буда, шумурдани теъдоди он ва шомгоҳон барои дубора шумурдани он фиристодани ходим ва боварӣ ҳосил намудан ба он, ки донае аз он себҳо кам нагашта, худ далели он шуда метавонад, ки шоҳ ватандӯсту раиятпарвар буда, сарбозону афсарони ӯ ишками сер ва чашмони сер дошта, қавоиди низоми аскариро хуб риоя мекардаанд. А. Дониш аз он ки ватани ӯ ба дасти бегонагон афтода ва ба вазъияти баде дучор гардидааст, афсус хӯрда, менависад: «...ба дорул-аморати Бухоро хеле тафовути фоҳиш дар умури миллатӣ воқеъ шуда, аксар мадрасаҳо ва масҷид аз дарсу намоз таътил ёфта, ҳуҷраоти мадорис коҳхонаи хари обкашу ғалладони баққол шуда, ба сабаби он ки мардуми ӯзбек дар умури давлатӣ тадохул ёфтааст, ҷиҳати безабтии салтанат шуда, ҳар чӣ аз ҳар ҷо ёфтаанд, мутасаррифу молик шуда, шуъла аз чароғи бевазан ва нон аз анбори ӯ қоқ дуздида, ба масрафи шикаму харҷи худ мерасониданд...» Чунин муҳокимарониҳоро дар он давраи пуристибдоду пурҷаҳолат танҳо мутафаккири ҷасур, ватандӯсти ҳақиқӣ, билохира, қаҳрамони миллие чун Аҳмади Дониш метавонист, наҳаросида ба миён гузорад, ки билҳақиқа, осори ӯ омӯхтанист.
Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар таълимоти Аҳмади Дониш
ватандӯстӣ аз як тараф, агар ба вуҷуд ояд, аз тарафи дигар, сипоҳӣ низ дар фикри он набошад, ки «ҳеҷ оқил сар ба теғ бе дареғ надиҳад».. Роҳи дигари баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиро мутафаккир дар он мебинад, ки чун кас дохили хизмати низомӣ шавад, ба ӯ соле панҷсад дирам, чун туфангандозӣ бидонад, шашсад дирам ва чун асптозӣ биомӯзад, ҳафтсад дирам ва чун тамоми илми ҳарбро аз худ кунад, то ҳаштсад дирам ӯро нафақа (маош) таъйин кунанд. Ба андешаи Аҳмади Дониш, агар амир аз ин маош қадре ҳам кам кунад, боиси коҳилӣ ва сустии аскар мешавад. Бар иловаи ин, мутафаккир пешниҳод мекунад, ки ба ҳангоми ҷанг на танҳо
А. ҲАЙДАРОВА, мудири кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони ДСХ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Дунболагирї
Интиќом
Њавои хунук
Зарфи ќади- Бамаи тољикї родар
Бобољон ..., муаллифи "Тољикон"
…-ю торољ
Љойи исти автобус
Каљпањлу
Бекасї
Гунг
... ва Шодї
Аз зону поёни пой
… Иброњимов, сароянда
Бепул, ройгон Њайвони боркаш Леонардо да …, рассоми италиявї
Муќобили «савоб» Мурѓи афсонавї
... и Маќдунї
… Бисмарк, арбоби немис
Моњи 8-уми ќамарї
Шеъри иборат аз 4 мисраъ
Ќањрамоншањр дар Белоруссия
Тайёраи Антонов
… Билан, сарояндаи рус
Муайян, сањењ
ТаљриПинњонї, баомўзї махфї (русї)
Луќма, нонпора
Тими футболи артиш (русї)
Шакли яњудии номи Юсуф
Мўњраи нард
Шайдо, мафтун
Шањри зилзилазадаи Арманистон
Даррандаи бањрї
Пайвасткунандаи ду бари курта
Исроилї
Падар (лањљ.)
Хоки биёбонњо
... Љоли, актрисаи амрикої
Пўшида сухан гуфтан Навъи растанї, крапива
Назар афкандан
Ченаки дарозии англисї
Созиш, сулњ ... Шатунов, сарояндаи рус
Зављаи бародар
Либоси Љонбахш, равонасосан бахш мардона
Пойтахти Бошќирдистони ФР
Тахаллуси А. Навої
Њиссачаи инкорї Бовар накардан, бо назари … нигаристан Яке аз рукнњои ислом
Поён, зер Њарорати бадан Шањр-бандари машњури Њиндустон
Донишгоњ дар Англия
Асбоби скрипкамонанд
Ранги плакатнависї
Коста ...
Маљрои табиї
Афту андом
Асъори Хитой
Шутури мода Њушдор
Ќањрамонзани филми "Бандии Ќафќоз"
Њафтаномаи Русия дар Тољикистон
Кемерон ..., актрисаи амрикої
Нав, љадид
Давлати араб
Мор аз китоби Р.Киплинг «Маугли»
Љои хобби донишљў
Гўшмоњї
Пойтахти Австрия
Бахшиш, маъзарат
Хусусї Чизи муваќќатан гирифта
Оќилу доно
Аќлкўтоњ, камаќл
Шарм, изо
Дастгоњи ордкунї
Захм Љисми Ќисми геоњарбї метрї
СМС бо акс Синф дар донишгоњ
Халќият дар Осиё
… Сафина, сарояндаи рус Худорањматї
Асбоби ченкунандаи муќовимати љараёни барќ
Тоќа, ... Карзай, президенти ягона Афѓонистон
Ранги торикї Намояндаи халќияти шимоли Русия
Эътиќод ба Худо
Хоњиши хўрокхўрї
Хазандаи зањрдор
… Анаев, сароянда
e-mail: javonontj@mail.ru
Шањр дар вилояти Мурманск
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №50 (9372), 11 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бемор: - Салом, духтур, ман назди шумо омадам. - Марҳамат, либосҳоятонро кашед. Баъди чанд лаҳза: - Шуд? - Бале! - Акнун либосҳоятонро пӯшед! - Барои чӣ? - Ман духтури гӯшам, ҳоло дидам шунавоиятон хуб аст.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
***
(котиби масъул),
Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857
e-mail: javonontj@mail.ru
Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 6940 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
АНДАРЗ
Сирри муваффақият Корҳояш барор намегирифтанд. Ҳар қадар кӯшиш мекард, намешуд. Замоне соҳибкори муваффақ буд. Аммо ҳоло, ба қавле, ба қарз ғӯтида аст. Аз як тараф соҳибони қарзҳояш ӯро ба танг меоварданд, аз ҷониби дигар коргаронаш музди меҳнаташонро интизор буданд. Бисёр ғамгин шуд. Базӯр нафас мегирифт. Барои рафъи ин ҳолат ба боғи шаҳр рафт. Ба курсие нишаст ва сарашро бо дастонаш дошта, ба фикр фурӯ рафт. Аз ин варта чӣ гуна наҷот ёфтанашро меандешид. Дар ҳамин вақт пирамарде наздаш қарор гирифт. - Ғамгин менамоӣ, писар. Маълум аст, ки чизе сахт нороҳатат кардааст. Агар хоҳӣ, дардатро бо ман тақсим кун. Чун қиссаи муфлисшавии соҳибкорро шунид, пирамард афзуд: “Ба ту кӯмак карда метавонам”. Пасон, аз ҷайбаш дафтареро бароварда, номи соҳибкорро пурсид ва ба вай чек навишт. Чекро ба соҳибкор дароз карда, гуфт: “Ин маблағ барои ту. Як сол пас дар ҳамин ҷо вомехӯрем. Он вақт қарзатро бармегардонӣ”. Сипас, бо соҳибкор хайрухуш карда, аз назар дур шуд. Соҳибкор ба чеки дасташ нигарист. Дар он 500 ҳазор доллар
навишта шуда буд ва дар поёнтар исми Ҷон Рокфеллер ва имзои ӯ меистод. Рокфеллер он замон сарватмандтарин шахси дунё ба ҳисоб мерафт. “Бо ин маблағ ман тамоми қарзҳоямро пардохт мекунам. Маоши коргаронамро ҳам медиҳам...”, - гуфт ба худ соҳибкор аз ин вохӯрии ногаҳонӣ хеле шод шуда. Аммо якбора аз нияти иваз кардани чек худдорӣ кард. Вай ин коғази барояш хеле арзишмандро дар кассааш нигоҳ дошт. Акнун дилаш пур буд, ки дар хазинааш чеки гаронарзиш дорад ва ҳар вақте зарур шуд, онро иваз мекунад. Баъд, бо дили гарм ба кор пардохт. Бо дилгармӣ ва эҳсоси баланд кор мекард. Тамоми фурсати пешомадаро истифода мебурд. Акнун, нақшаи пардохтҳояшро аз нав тартиб дод. Нақшаҳои кориаш натиҷаи наву беҳтар медоданд. Ниҳоят, баъди чанд моҳ тамоми корҳояш ба низом даромада, аз қарзҳояш халос шуд. Соҳибкор баъди як соли бобарори корӣ ҳамон чеки арзишмандро, ки ҳанӯз ивазаш накарда буд, ба даст гирифту ба боғи шаҳр рафт. Каме интизор шуд. Дид, ки пирамард ҳам бо суръат ба наздаш меояд. Нав чекро
Боварӣ Директори мактаб се муаллимро даъват карда мегӯяд: - Шумо, ки дар системаи таълим омӯзгори беҳтаринед, 90 хонандаи беҳтаринро ҷудо карда, ба шумо медиҳам. Дониши ин хонандаҳоро бояд то соли оянда баланд бардоред. Онҳо бояд аз барномаи таълимӣ бештар ёд гиранд. Пешниҳоди директори мактаб ҳам ба муаллимон, ҳам ба хонандаҳо ва падару модари онҳо маъқул шуд. Муаллимон як соли расо ба таълими шогирдон ҷиддӣ машғул шуданд. Вақте соли хониш ҷамъбаст гардид, дониши он 90 хонандаро бо ҳамсолонашон муқоиса карданд. Маълум шуд, ки дониши онҳо аз ҳамсолонашон 30 дарсад зиёд аст.
ба мард дода, қиссаи муваффақ шуданашро нақл карданӣ буд, ки ҷавонзане дар тан хилъати сафед тозон омада, дасти пирамардро гирифт. - Хайрият, ки ӯро пайдо кардам. Гумон мекунам, шуморо нороҳат накардааст, - гуфт вай ба соҳибкор нигариста ва афзуд: - Ман ҳамшира ҳастам, ин кас пайваста аз хонаи пиронсолон гурехта, ба ин боғ меояд ва худашро ба ҳама Ҷон Рокфеллер муаррифӣ мекунад. Ҳамшира аз дасти пирамард дошта, аз назди соҳибкор оҳиста дур шудан гирифт. Соҳибкор дар ҳайрат монд. Гӯё дар ҷояш ях карда бошад, намеҷунбид. Як соли дароз ба он бовар кард, ки дар дасташ ним миллион доллар дорад. Ӯ бо ин бовар бо тоҷирон доду гирифт мекард. Мол мегирифт, мол мефурӯхт. Бо нафарони зиёде шартномаҳои ҳамкорӣ имзо кард ва муваффақ шуд. Аммо ҳамин ҳоло фаҳмид, он чизе ки якбора равиши зиндагиашро тағйир дода, боиси муваффақияташ гардид, коғази беарзише будааст. Ӯ фаҳмид, ки зиндагиашро танҳо эътимоду боварӣ ба худ дигар кардааст. Қайд: Асрори комёбиву муваффақият дар сар ва қалби ҳар яки мост. Онро дар ҷойи дигар наҷӯем...
Дар охири сол директор ҳар се омӯзгорро наздаш хонда чунин гуфт: - Мехоҳед ман як ҳақиқатро ба шумо иқрор шавам? Муаллимон гуфтанд: Мехоҳем! Директор идома дод: - Дараҷаи дониши он 90 хонандае, ки ба шумо бовар кардем, “миёна” буд. Онҳоро интихобӣ не, тасодуфан гирифтем. Шумо ҳам, тавре худатон медонед, муаллимони беҳтарини мактаб нестед. Муаллимони ботаҷрибаи зиёде дорем, ки ба худатон маълуманд. Ман номи тамоми омӯзгоронро ба коғаз навишта, ба зарфе гузоштам. Пасон, се коғазро берун овардам. Номи ҳарсеи шумо баромад. Шумо барои бовар карданатон муваффақ шудед. Б. УСМОН, “ҶТ”
Дари утоқи табиб тақ-тақ мешавад. Бемор: - Салом, духтур. Табиб бе он ки аз навиштан бозистад, мегӯяд: - Салом. - Духтурҷон, пойҳоям дард мекунанд. - Болотар. - Шикамам низ. - Болотар. - Сарам дард мекунад аз фишори баланд. - Болотар. - Духтурҷон, аз сар боло узв надорам. - Амакҷон, ба ошёнаи боло бароед, мегӯям.
*** Духтаре, ки нав шифо ёфта буд ба духтур мегӯяд: - Акаҷон, ба ростӣ намедонам чӣ гуна ба шумо изҳори сипос намоям... Табиб: - Медонед, медонед...
*** Дар як маҳфил аз Салим хоҳиш мекунанд, нӯшбод бигӯяд. Салим гуфт: - Ин қадаҳро барои бӯса мебардорем. Зеро мард онро баъди он фикр карда баровард, ки дигар ҳеҷ роҳи бастани даҳони занро наёфт.
*** Аз Ҳалим пурсиданд: - Душвортарин кор кадом аст? - Намакро дар намакдон рехтан. - Чаро? - Чунки сӯрохҳояш хеле хурд аст.
*** Мард шабона бедор шуда, шахсеро дар байни хона мебинад. Мепурсад: - Чӣ кор мекунӣ? Мард ҷавоб медиҳад: - Ҳофизӣ мекунам. - Овозат намебарояд-ку? - Саҳар хоҳӣ шунид. Мард курпаро ба сараш кашида, баҳузур хоб мекунад. Занаш саҳар бедор шуда, хонаро холӣ мебинад ва доду фарёд мекунад. Мард хоболуд: - Аҷаб марди ростгӯ будааст.