Javononi Tojikiston, №51 (9373), 18.12.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

1

№51 (9373),

18 декабри соли 2014

ИНТИХОБОТ-2015

СИЁСАТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Бордюжа

15 декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба омодагӣ ба иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки ба наздикӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, баррасӣ шуд. Чунонки зикр гардид, дар ин ҳамоиш масоили ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию техникӣ, ҳарбию иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ, аз ҷумла, амнияти иттилоотӣ баррасӣ мешаванд. Дар ин ҳамоиш раисӣ дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон мегузарад.

ТААССУФ

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Покистон

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Айёми донишҷӯиро самаранок истифода барем Ҳафтаи гузашта Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мулоқот кард. Аҳтам Абдуллозода дар бораи самтҳои фаъолияти кумита маълумот дода, донишҷӯёнро ба эҳтироми волидайн, устодон, самаранок гузаронидани айёми донишҷӯӣ фаро хонд. - Кӯшиш кунед, ҳар соати айёми донишҷӯиро самаранок истифода баред, - гуфт А. Абдуллозода. - Бо ҳамдарсон дӯст шавед. Зеро баъди гузаштани панҷ соли донишҷӯӣ ин рӯзҳоро орзу мекунед, вале дигар такрор намешаванд.

А. Абдуллозода аз донишҷӯён хост, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғи бадхоҳони миллат нашаванд. Аз интернет, ки манбаи ғании иттилоот аст, самаранок истифода баранд. Ба ҷои мутолиаи суханони беҳудаю тамошои видеоҳои бемаънӣ илму маърифат омӯзанд ва тарзи солими ҳайётро пеш гиранд. Имрӯз танҳо дар шаҳри Хоруғ 1800 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз роҳи бад баргаштан нишонаи ҷавонмардист.

Муқаддасоти миллиро эҳтиром намудан, дар пешрафту ободии мамлакат ҳисса гузоштан, Ватанро

муҳофизат намудан, қарзи ҳар як фарди ватандӯст аст. - Имрӯз шукр мегӯем, ки ба ҷуз

доғи фавтидагон дигар ягон нишонаи ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат боқӣ намондааст, - гуфт А. Абдуллозода. - Барои ба ин рӯзҳои нек расидан Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон заҳмати зиёд кашиданд. Кормандони давлатӣ моҳҳо дар ҳуҷраҳои корӣ дур аз оила кор карданд. Мо бояд он рӯзҳоро фаромӯш накунем ва ба қадри айёми тинҷию осудагӣ бирасем. Диловар Қодиров, ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба Аҳтам Абдуллозода изҳори сипос намуда, бовар кунонид, ки донишҷӯён соҳиби донишу маърифати баланд гашта, дар гулгулшукуфии Тоҷикстони азиз ҳисса хоҳанд гузошт.

e-mail: javonontj@mail.ru

Интихобот набояд манбаи муноқишаҳо бошад

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Бо даҳшату ғазаб ва дарду андӯҳ хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешоварро, ки боиси ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон гардидааст, дарёфт намудам. Итминони комил дорам, ки ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод. Хоҳишмандам, тасаллият ва ҳамдардии мардум ва Ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед».

С. АМИНИЁН, “ҶТ”


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

2

ТУРИЗМ

Ислоҳоти соҳа ногузир аст Оғози ҳафтаи равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regensy»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷуҳурӣ ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои туристии Тоҷикистон ҳамоиши ширкатҳои туристии мамлакат доир гардид. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар оғоз иброз дошт, ки даромаднокӣ аз соҳаи туризми ҷаҳонӣ аз соҳаи автомобилсозӣ ҳам бештар гадидааст. Таҷикистон, ки дорои манзараҳои зебо, таъриху фарҳанги қадима ва иқлими муътадил мебошад, барои рушди соҳаи сайёҳӣ дурнамои

муолиҷаи он оҷиз мондаанд. Ин духтари бемор тамошои манзараҳои зеборо дӯст медоштааст. Модараш аз интернет манзараи Тоҷикистонро дида, мафтун гаштааст. Ӯ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ нома навиштааст, ки ба ӯ суратҳои манзараҳои дилфиреби Тоҷикистонро фиристанд, то духтараш ба онҳо

идоракунии сохтори туризм тавассути ташкиилотҳои миллии туристӣ роҳи ягона барои муваффақ шудан дар ин самт медонад. - Сиёсати давлатии соҳаи туризм дар Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст, - гуфт Филип Риддл. – Воқеан, ин соҳа метавонад барои ғанишавии буҷаи мамлакат саҳми бузург гузорад.

хуб дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат барои рушди ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд мекунад. Чунончи, моҳи ноябри соли равон «Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017» қабул шуд. Буҷаи соҳаи туризм соли 2015 нисбат ба соли 2014 90% зиёд гардид. Агар соли 2014 маблағгузорӣ ба соҳа 500 ҳазор сомонӣ бошад, соли 2015 ин рақам ба 900 ҳазор сомонӣ расид. - Мо бояд фаъолияти худро дар шакли сифатан нав ба роҳ монем, - гуфт А. Абдуллозода. - Бо ҷалби мутахассисони кордон аз технологияи муосир истифода бурда, бояд дар соҳа навовариҳо ҷорӣ созем. То ин дам дар ин соҳа ислоҳоти зиёд гузаронида шудааст. Минбаъд низ ислоҳоти соҳа идома меёбад. Раиси кумита ба иштирокчиёни ҳамоиш дар бораи номаи пуртаъсири модаре аз Белорус нақл кард. Духтари модари Белорус ба дарде гирифтор будааст, ки духтурон дар

нигариста, дарди худро лаҳзае ҳам бошад фаромӯш кунад. Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар муддати кӯтоҳ 100 акси манзараҳои назаррабои Тоҷикистон ба он модари белорусӣ фиристода шуд. Ин мисол гувоҳи он аст, ки манзараҳои табиати Тоҷикистон ба ҳар бинанда писанд меояд. Танҳо сохторҳои давлатию хусусиро лозим аст, ки дар якҷоягӣ фаъолият намуда, соҳаи туризмро пеш баранд. - Суръат бахшидан ба рушди соҳаи туризм зарурат ба ҳамоҳангӣ, мушорикат ба ҷалби бахши хусусӣ дорад, - афзуд А. Абдуллозода. Робин Орд-Смит, сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта мисол оварда, иброз намуд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи туризм дар Тоҷикистон ҳамкории бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ мебошад. Филип Риддл, мушовири байналмилалӣ оид ба сайёҳӣ,

Масалан, соле ба иқтисодиёти Британияти Кабир 40 миллиард доллар фоида меорад. Пешрафти соҳа боиси пайдошавии ҷойҳои нави корӣ, баландшавии сатҳи зиндагии мардум ва рушди деҳот мегардад. Филип Риддл зимни муррифии видеоролики туристӣ дар бораи кишварҳои пешрафта таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз онҳо ҳеҷ камӣ надорад. Мероси бойи фарҳангӣ, таърихи қадима, табиати назаррабо ва меҳмоннавозии олидараҷаи тоҷикон ҳар як сайёҳи хориҷиро мафтун месозад. - Ман ба манзараҳои дилфиреби водиҳои Зарафшону Рашт ва Норак мафтун шудам, - гуфт Ф. Риддл. - Ҳангоми ба шаҳри Душанбе омадан тавассути терминали нави фурудгоҳ ворид гаштам. Дар чанд соли охир як қаттор меҳмонхонаҳои зебо, аз қабили «HYATT Regensy» «Шератон» ба фаъолият пардохтанд. Акнун барои ҷалби сайёҳон боз чанд иқдоми дигарро бояд амалӣ кард. Сомонаҳои

хуби сайёҳӣ бо забонҳои гуногун таъсис додан лозим. Осон гузаштани марз ва сабук гирифтани раводид низ боиси ҷалби сайёҳон мешавад. Дастрасӣ ба кишвари сайёҳӣ бояд осон бошад. Бояд рақобати солим миёни ширкатҳои туристӣ ва ҳавасмандкунонии онҳо дуруст ба роҳ монда шавад. Филип Риддл гуфт, ки Ветнам мисли Тоҷикситон зебо нест, вале ҷойҳои диданӣ дорад. Ҳукумати Ветнам соли 1993 сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифт ва соли 2017 узви Созмони ҷаҳонии савдо гардид. Дар ин кишвар вобаста ба ҷалби сайёҳон як қатор тадбирҳо амалӣ шуда, гирифтани раводид осон гардид. Дар натиҷаи амалмсозии тадбирҳои муфид соли гузашта ба Ветнам 8 миллон сайёҳ омад. Фаттоҳ Файзуллоев, раиси Ассотсиатсияи ташкилотҳои туристии Тоҷикистон (ТАТО) аз таҷрибаи Қазоқистону Гурҷистон мисол оварда, зарурати таъсиси ташкилоти миллии туристиро таъкид намуд. - Имрӯз дар мамлакат 134 ширкати сайёҳӣ соҳиби литсензия буда, 90 адади он фаъолият мекунанд, - гуфт Ф. Файзуллоев. - Дар намоишгоҳҳо ҳар ширкат дар алоҳидагӣ мехоҳанд захираҳои туристии кишварро муаррифӣ кунад. Агар чунин муррифӣ мисли Қазоқистону Гурҷистон дар доираи ташкилоти миллии туристӣ сурат гирад, самаранокии он чанд маротиба меафзояд. Мазен Каддоура, мудири кулли меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе зимни муаррифии филми мустанад дар бораи силсилаи меҳмонхонаҳои «Шератон» дар чанд кишвар изҳор намуд, ки соли 2013 пуршавии ҳуҷраҳои меҳмонхона 89%-ро ташкил дод. Калонтарин силсилаи меҳмонхонаҳои мазкур «Шератон-Макао» мебошад. Он 3896 ҳуҷра дорад. Соли сипаришуда ҳаррӯза ба ҳисоби миёна 3100 ҳуҷра пур аз мизоҷ буд. Агар тамоми меҳмонони якмоҳаи меҳмонхонаҳои шаҳри Душанберо ҳисоб кунем, ба якрӯза меҳмонони «ШератонМакао» баробар мешавад.

- Имрӯз ҳолати пуршавии меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон чандон қаноатбахш нест, гуфт Мазен Каддоура. - Ба ин ақидаи ман ҳамкасбонам аз меҳмонхонаҳои «HYATT Regensy» ва «Серена-Душанбе» ҳамфикранд. Дар Макао 80 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба соҳаи хизматрасонӣ рост меояд. Ин рақам дар Чин ба 35 дарсад баробар аст. Ман бо сайёҳони кишварҳои халиҷи Форс, ки Тоҷикистонро дидаанд, ҳамсуҳбат шудам. Манзараҳои кӯҳистони Тоҷикистон хеле писандашон омадааст. Дар кишвар туризми муолиҷавиро рушд бояд дод. Директори ширкати «ААА Тоur» низ таъсиси ташкилоти миллии туристиро ҷонибдорӣ карда, дар ин бобат аз таҷрибаи Зеландияи Нав ва Шотландия ба ҳозирин маълумот дод. Дилшод Одинаев, мушовири иқтисодии котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба сармоягузории назди Президенти ҷумҳурӣ дар маърӯзаи худ оид ба рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон тавсияҳои муҳим дод. Ба гуфтаи Д. Одинаев мавзӯи мазкур дар ҷаласаи 10-уми Шӯрои машваратии назди Президенти ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гурӯҳи корӣ дар самти беҳтар намудани фаъолияти хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, сабуксозии гирифтани раводид ва бақайдгирӣ, иҷозатдиҳӣ, омор ва маълумот фаъолият намуд. Муайян шуд, ки дар се ҷанба - маркетинг, дастрасӣ ва таҳияи маҳсулоти туристӣ ҳанӯз камбудиҳо мавҷуданд. Бояд тадқиқоти бозор, тарғибу фурӯши маҳсулоти сайёҳӣ, нигоҳдории тамос бо сайёҳон, нақлиёту сарҳадот, раводид, иҷозатномадиҳӣ ба сайёҳону ширкатҳои сайёҳӣ, сабади маҳсулоти сайёҳӣ, сифати он, омӯзиш ва омору иттилооти соҳа беҳтар карда шавад. Дар маҷмӯъ, барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон 49 тавсия таҳия шудааст. - То ин дам одобномаи кормандони фурудгоҳ таҳия ва қабул гардид, - гуфт Дилшод Одинаев. Ҳамчунин, азнавсозӣ ва модернизатсияи техникаҳои хизматрасонии фурудгоҳ анҷом дода шуд. Ғайр аз ин, бо се забон иттилооти бақайдгирии мусофирон ҷорӣ гардид. Дар ҳамош, инчунин, Гулнора Апандиева, директори иҷроияи “МЕТА”-и ноҳияи Мурғоб, Маттиас Пошел, мушовири рушди сайёҳии GIZ, Салим Шарифов, директори иҷроияи ТАТО фикру ақидаи хешро оид ба пешрафти соҳаи туризм баён намуданд. С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”


Бо назардошти ҳаводиси пурихтилофу моҷаробарангези сиёсӣ ва даҳшатафканиҳову бераҳмиҳои ҷаҳон ва минтақа, ки ахиран 300 ҷавони тоҷикро ба сафҳои худ ҷалб кардааст, Шӯрои олимони ҷавони мамлакат тасмим гирифт фаъолияташро қувват бахшад. Бо ин мақсад 11 декабр дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони ҷавон баргузор гардид. Дар ҷаласа Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, инчунин, сардорони шӯрои олимони мактабҳои олӣ ширкат доштанд.

ба ҷавонон роҳи дурустро нишон диҳанд. А. Абдуллозода таъкид кард, “чун дар ҳар донишгоҳу донишкадаи мамлакат Шӯрои олимон амал мекунанд, мо зарур донистем, ки як мақоме таъсис диҳем, то онҳоро

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, дар замоне, ки идеяи таъсиси Шӯрои олимони ҷавон пайдо шуд, роҳбарияти Академияи илмҳои мамлакат бо як масъулияти баланд ва хоҳиши беандоза ташаббусро ба даст гирифтанд ва бо нишон додани роҳҳои ҳадафмандона расидан ба татбиқи ин идея моро роҳнамоӣ карданд. “Дар ҳар давру замон нерӯи такондиҳандаи пешрафти давлат зиёиён будаанд ва маҳаки зиёиёнро олимон ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Шӯрои олимони ҷавони мамлакат метавонад дар оянда бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ робитаи мустақим ба роҳ монда, ақлҳои илмии ҷавонро, ки дар ҷомеа пайдо мешаванд, муттаҳид ва барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат роҳнамоӣ кунад”, - афзуд раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ. Зикр гардид, яке аз мақсадҳои асосии таъсиси Шӯрои олимони ҷавон мутобиқ ба талаботи замони муосир ва барои ҳаёти минбаъда омода кардани ҷавонони мамлакат мебошад, то онҳо тавонанд дар асоси принсипи “ҳамсол ба ҳамсол” амал карда,

муттаҳид намояд, онҳо масъул бошанд, аз самараи фаъолияташон ҳисобот диҳанд ва аз ҳама муҳим, он ҷараёнҳоеро, ки дар ҷомеа амалӣ мешаванд, тавонанд аз ҷиҳати илмӣ ҳаллу фасл созанд”. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ёдовар шуд, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти Шӯрои олимони ҷумҳурӣ мавқуф гузошта шуд. “Соли 1994 кумита дар як бинои якошёнаи назди фурӯшгоҳи марказӣ қарор дошт ва раис Ибодулло Раҳимов буданд. Он замон се нафар мақсад гузоштем, ки бояд шӯрои олимонро аз нав эҳё кунем, корҳои таблиғотӣ гузаронем, то ба ҳар роҳе набошад, ҷавонон барои ба даст овардани сулҳ мусоидат кунанд. Ҳамин тавр, шӯро фаъол гашт ва то 5-6 сол пеш он фаъолона амал мекард. Ҷаласаҳои шӯро баргузор мешуданд. Баъди он ки бинои нав ба кумита дода шуд, дар ошёнаи дуюм як утоқи алоҳида барои раиси шӯро ҷудо гардид. Раиси шӯро олими шинохта Абдулло Табаров буд. Ӯ хеле фаъол ва серкор буд, ҳар моҳ ҷаласаҳои шӯроро ташкил мекард, олимони ҷавонро дастгириву раҳнамоӣ менамуд, ҳатто барои корҳои илмиашон кӯмаки молиявӣ ме-

кард. Маҳз бо пешниҳоди ҳамин шӯро Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис ёфт”, - иброз дошт президенти академия. Ба қавли Ф. Раҳимӣ дар шароити имрӯза

Шӯрои олимони ҷавон фаъол мегардад зарурат ба таъсис ва ҷоннок намудани Шӯрои олимони ҷавон, ба паҳн намудану таблиғи ғояҳои илмӣ ба вуҷуд омадааст. Имрӯз ҷаҳон ба буҳрони бузурги сиёсӣ, ахлоқиву фарҳангӣ гирифтор шудааст. Дар ҷаҳон як навъ ҷанги сеюми сард ҷараён дорад, ки минтақаи мо низ таҳти таъсири он қарор гирифтааст. Таъкид шуд, ки имрӯз ҷумҳурии мо ба дастовардҳои илмӣ ва коркарди навтарин технологияҳо ниёз дорад. То даме ки дар кишвар ба коркарди технология рӯ оварда нашавад, кишварро аз як кишвари воридотӣ ва дастнигар берун карда наметавонем. Дар ин хусус президенти Академияи илмҳо баён дошт, ки имрӯз ҳаштод фисади иқтисодиёти мо ба воридот вобастагӣ дорад, содирот, қариб ки нест. Аз ин рӯ, зеҳнҳое, ки ҳастанд, бояд технологияро коркард кунанд ва ба ҷомеа пешниҳод созанд. Нерӯи зеҳнӣ ҳаст, имрӯз пояи моддӣ-техникӣ дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Аммо ҷалби бештари ҷавонон ба илм зарур мебошад... Номбурда бо таассуф ёдоварӣ кард, ки синни миёнаи устодони дорои унвони илмӣ дар ҷумҳурӣ, (синни миёнаи номзадҳои

илм бо докторони илм) аз 65 болост. Синни миёнаи академикҳо 72 ва синни миёнаи номзадҳои илм 74 сол аст. Агар инро ба илмҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ тақсим кунем, гуманитарӣ 44-45 сол шудааст, табиатшиносӣ аз 65 боло. Масалан, аз фанни физика дигар дар ҷумҳурӣ доктори илми аз 65-сола поён нест. Ин дар ҳолест ки физика, химия, математика илмҳои созандаанд. Ин холигиро бояд ҳарчи зудтар олимони ҷавон пур кунанд. Зимнан, дар ҷаласа тибқи овоздиҳии умумӣ Низомномаи Шӯрои олимони ҷавон тасдиқ, сипас, раис ва аъзои онро интихоб карданд. Фаридун Давлатов, номзади илмҳои ҳуқуқ, мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ раиси Шӯрои олимони ҷумҳурӣ интихоб шуд. Тибқи низомнома риси шӯро ҳар сол иваз мешавад. Аъзои раёсати Шӯрои олимони ҷавон низ дар ҳайати 12 нафар тасдиқ гардиданд. Чунончӣ, раисони Шӯрои олимони ҷавон аз Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва намояндаи донишҷуёни тоҷик дар хориҷи кишвар. Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки дар ибтидои кор ақаллан дар се моҳ як бор ҷамъ шудани аъзои шӯро зарур аст. Раёсат ҳар моҳ бояд ҷамъ шавад. То охири моҳи декабр нақшаи кори шӯро барои соли 2015 бояд мушаххас ва таҳия шавад. Нақшаи чорабиниҳо дар ҳама самт бояд таҳия ва аз ҷониби раёсати шӯро тасдиқ шавад. А. Абдуллозода низ гуфт, то лаҳзае, ки шӯро нақшаи мушаххас таҳия ва тасдиқ накунад, мо назорат намекунем. “Имрӯз мақому манзалати олими ҷавон бояд боло бардошта шавад, олимони ҷавон бояд муаммои ҷавононро ҳаллу фасл карда тавонанд. Бояд идеяҳоеро роҳандозӣ кунем, ки имрӯз ҷавонон муштоқи амалишавии онҳо бошанд. Яъне, талаботи имрӯзаи ҷавононро муайян кунем ва барои амалишавии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода барем”, - таъкид кард раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

3

ҶАВОНОН ВА ИЛМ

Б. УСМОНОВ, “ҶТ”

Қаршибоев – раиси нави Шӯрои ВАО 12 декабр дар толори меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҷаласаи солонаи Шӯрои васоити ахбори оммаи кишвар доир гардид. Дар он вакилон аз васоити ахбори электронию чопӣ ва меҳмонон ширкат доштанд. Дар ҷаласа масоили зиёд вобаста ба мушкилоти умдаи фаъолияти ВАО-и кишвар ва роҳҳои ҳалли онҳо, риояи меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқи касбии рӯзноманигорон, ҳамкориҳои васоити ахбори омма бо муассисаҳои таҳсилоти олии журналистӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эвалд Орф, мушовири САҲА оид ба ВАО изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар Тоҷикистон вуҷуд доштани Шӯрои ВАО аллакай пешравӣ ва то андозае баёнгари озодии фаъолияти рӯзноманигорист. Тавре ӯ зикр кард, чунин созмон дар аксар кишварҳои пасошӯравӣ вуҷуд надорад. «Аммо фаъолияти

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон чандон назаррас нест. Мебоист шӯро фаъолияти хешро ҷоннок созад», - изҳор дошт Э. Орф. Нуриддин Қаршибоев, роҳбари Анҷумани миллии ва-

соити ахбори мустақили кишвар ба масъалаи риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқи касбӣ дар ВАО сухан гуфта, зикр намуд, ки дар фаъолияти эҷодӣ аз ҷониби рӯзноманигорони алоҳида ва

бархе аз ашхоси мансабдор одоби муошират риоя намегардад ва аз доираи ваколатҳои хеш берун мешаванд. Сангин Гулов, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ изҳор дошт, ки низоми таълими рӯзноманигорӣ бояд тағйир дода шавад. Зеро он ҷавобгӯи талаботи замон нест. Профессор Иброҳим Усмонов зимни суханронӣ чунин гуфт: Баъзеҳо мехоҳанд рӯзноманигориро ба косибӣ баробар созанд. Ба ин маъно, ки рӯзноманигор бояд дар ягон нашрия фаъолият намуда, камол ёбад. Имрӯз ҳар рӯзнома, чӣ ҳукуматию чӣ мустақил та-

лаботу услуби худро дорост. Пас, бе надонистани назарияи рӯзноманигорӣ чӣ тавр метавон фаъолият кард? Назарияро бошад, дар мактаби олӣ меомӯзонанд. Солҳои пеш дар дипломи хатмкунандаи Донишгоҳи кишоварзӣ аз рӯйи ихтисос, масалан, агроном-олим менавиштанд. Агарчи деҳқони хокпош кори саҳроро аз агроном хуб ҳам донад, лекин агроном савод омӯхта буд ва илми кишоварзиро медонист. Деҳқон бошад, не. Рӯзноманигорӣ ҳам бояд чунин бошад. Назарияро надониста чӣ тавр метавон фаъолият кард? Дар охир вакилон раиси нави Шӯрои ВАО-и кишварро интихоб намуданд. Ба ин мақом роҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори мустақил Нуриддин Қаршибоев лоиқ дониста шуд. Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

ВАО


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

4

ИНТИХОБОТ-2015

Интихобот набояд манбаи муноқишаҳо бошад Барои давлати демократӣ интихоботи сатҳҳои гуногун бо иштироки фаъол ва муборизаҳои зиёди рақибони сиёсӣ як амри муқаррарӣ аст. Ин раванд нишонаи ташаккули институтҳои демократӣ дар ин ё он кишвар мебошад. Дар таҷрибаи кишварҳои ғарбӣ, албатта, ин раванд ба шакли комил амалӣ мегардад, ҳарчанд дар татбиқи он проблемаҳои зиёд вуҷуд доранд. Аммо муваффақияти Ғарб дар ин масъала аз он иборат аст, ки баҳсҳои сиёсӣ миёни аҳзоби сиёсӣ новобаста аз миллат, дину мазҳаб, мансубияти қавмӣ, сатҳи иҷтимоӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Дар натиҷа, идеяҳои арзишманд дар ҷомеа, новобаста аз шахсият амалӣ мегарданд ва тафаккури мардум низ то андозае ба ин шакли муборизаҳои сиёсӣ мувофиқ шудааст ва онҳоро ба таври лозима бе ҷабру зулм қабул мекунанд. Маъракаҳои сиёсӣ низ бо назардошти манфиати мардум амалӣ мегарданд. Масалан, баҳси аҳзоби сиёсӣ дар Олмон бисёрҷониба ва пуршиддат буда, мардум ба он хеле диққати ҷиддӣ доранд ва дар ҷараёнҳои сиёсӣ фаъолона ширкат меварзанд. Тоҷикистон ҳам баъди ба даст овардани истиқлолият роҳи пешрафти давлати миллиро маҳз роҳи демократӣ интихоб кард. Ҳарчанд дар он солҳо баҳси зиёд миёни қувваҳои гуногун дар бораи интихоби низоми давлатдорӣ дар кишвар буд. Аз ҷумла, намояндагони динӣ-сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ин низомро қабул надоштанд ва онро бегона барои ҳаёти мусулмонони кишвар медонистанд. Ниҳоят, баъди буҳрони сиёсӣ қувваҳои муқобил ба ҳам омада, дар таъмини амният ва ташаккули институти демократӣ саҳм гузоштанд. Албатта, ба ҳам овардани қувваҳои сиёсӣ кори осон нест, зеро дар баъзе кишварҳо рақибони сиёсӣ дар 40-50 сол то ҳол ба кишвари худ баргашта наметавонанд. Вале тоҷикон, ки фарҳанги давлатдории ҳазорсола доранд, тавонистанд ба рушди як давлати миллӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам оранд. Намунаи риояи низоми демократия баргузор намудани маъракаҳои интихоботӣ дар кишвар мебошад ва Тоҷикистон ягона кишвари пасошуравӣ аст, ки дар сатҳи қонунгузорӣ фаъолияти ҳизби диниро иҷозат дода, намояндагони ин ҳизб дар парлумон фаъолона кор мебаранд. Албатта, дар ин давраи кӯтоҳ

тамоми принсипҳои демократиро татбиқ кардан ғайриимкон аст ва барои ин солҳои зиёд заруранд. Аввалан, бояд тафаккури мардум ба ин раванд мутобиқ шавад ва принсипҳои асосии он, ба мисли озодии виҷдон, таҳаммулпазирӣ ба андешаи динии дигарон, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба қонун ва муқаддасоти давлатӣ ва ғайра бояд риоя шаванд. Зеро дар сурати мутлақ донистани як андеша метавонад мушкилоти навро пеш орад. Имрӯз дар кишвар аҳзоби сиёсии дорои барномаҳои сиёсӣиқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии хос фаъолият доранд. Албатта, муборизаҳои сиёсӣ як аломати мавҷудияти демократӣ буда, онро набояд ба муборизаҳои гурӯҳӣ ва мафкуравӣ табдил дод. Тӯли чанд сол, ҳарчанд гурӯҳҳои мухталиф ва хоҷагони онҳо кӯшиши эътироф накардани маъракаҳои интихоботӣ доштанд, вале ба ягон ҳадафашон нараси-

данд. Зеро мардум ҳам мардуми солҳои 90 нест, ки кӯр-кӯрона аз паси ҳар кас биравад. Таҷриба нишон дод, ки маъракаҳои сиёсиро дар кишвар ба манфиати гурӯҳӣ ё хоҷагони берунӣ истифода кардан имконият надорад. Раванди маъракаи интихобот дар Тоҷикистон нисбат ба солҳои пеш хеле ором аст ва шояд чанд омил дошта бошад. Аввалан, давлат дар доираи қонунгузорӣ барои мардум имкониятҳои зиёд фароҳам овардааст, ки зиндагии худро пеш баранд ва новобаста аз мансубияти ҳизбӣ фаъолият намоянд. Сониян, маърифати сиёсии мардум, ҷаҳонбинии сиёсии мардум ва ниҳоят, таҳлили вазъи сиёсии кишварҳои араб мардумро бедор кардааст ва ба тақдири ояндаи худ куллан бетараф нестанд. Бараъкс, нисбат ба солҳои пеш дар маъракаҳои сиёсӣ фаъолтар ширкат меварзанд. Мардумро бо ваъдаҳои дурӯғ фиреб кардан ғайриимкон аст. Имрӯз аксари мардум бар он ақидаанд, ки иштироки баъ-

зе ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот метавонад дар оянда мушкилоти зиёди идеологиро пеш орад. Зеро дар фаъолияти онҳо дасти бегонагон аст ва бо ишораи хоҷагони берунӣ кор мекунанд. Мардум аз вазъи сиёсии ҷаҳон низ хуб бохабаранд ва намехоҳанд, ки маъракаи интихобот заминаи ҷангу ҷидол дар кишвар гардад. Албатта, ВАО ва интернет барои пиёда кардани ҳадафҳои дигарон, хусусан, абарқудратҳои ҷаҳонӣ ҳазор лақабу тамға ба давлату низоми давлатдорӣ мезананд. Вале дар ҳамин самт боз гурӯҳҳои дигаре низ ҳастанд, ки аз рафти сиёсати пешгирифта розӣ буда, рафти сиёсати давлатро дастгирӣ мекунанд. Воқеан, аз дастовардҳои кишвар дар ин солҳо нодида гирифтан низ беадолатист. Вале на ҳама вақт тамоми мардумро қонеъ карда мешавад ва муборизаҳо бояд шаффоф бошанд. Масалан, имрӯз маъаркаҳои сиёсӣ ба мисли интихобот дар кишварҳои пасошӯравӣ аз ҷониби баъзе ташкилотҳои

байналмилалӣ, мисли САҲА ва дигарон мавриди танқид қарор мегиранд. Вале бояд як нуктаи муҳимро ба назар гирифт, ки низоми сиёсӣ ва тафаккури сиёсии Ғарб аз кишварҳои Шарқ куллан фарқ дорад. Аз ин рӯ, хусусиятҳои хоси минтақаро ба инобат нагирифта, куллан аврупоӣ кардани фарҳанги сиёсӣ ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, барои кишварҳои тозаистиқлол масъалаи аввалиндараҷа таъмини амнияти мардум ва таъмини шароити хуби баргузор шудани маъракаҳои сиёсӣ мебошад. Ҳеҷ давлати ғарбӣ то ҳол маъракаи сиёсӣ, ба мисли интихоботро ба задухурди мусаллаҳона набаровардааст. Пас, чаро дар Шарқ бояд чунин таҷрибаҳои сиёсиро амалӣ намоянд. Ниҳояти ин амалҳо танҳо тезу тунд кардани вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо асту халос. Барои мардум имкониятҳои пешниҳоди номзадҳо ҳаст, номзадҳои дигар, ки давлат пешниҳод мекунад, метавонанд қабул накунанд. На-

мояндагони ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд барои таблиғи барномаи пешазинтихоботӣ аз ВАО ва телевизиони давлатӣ фаъолона истифода баранд. Мутаассифона, дар кишварҳои мусулмонӣ муборизаҳои шаффофи сиёсӣ ба роҳ монда нашуда, гурӯҳҳои сиёсӣ дар зоҳир ҳамчун аҳзоби сиёсии дорои барномаи махсус, агар амал кунанд, аммо дар паси парда аксари муборизаҳои сиёсӣ аз чаҳорчӯба баромада, аввал онҳоро хусусияти мафкуравӣ ва идеологӣ дода, сипас, дар татбиқи онҳо аз роҳи зӯроварӣ ва ҳатто задухурди мусаллаҳона истифода мебаранд. Намунаи охири ин муборизаҳоро дар кишварҳои араб мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, «Бародарони мусулмон» дар ибтидо ҳамчун аҳзоби сиёсӣ дар пароканда кардани зулму истибдоди Ҳусни Муборак баромада, баъдан, ба муборизаҳои мусаллаҳона ва куштору нобуд кардани рақибони сиёсӣ даст заданд. Яъне, аз татбиқи барномаҳои сиёсӣ бо чунин роҳ истифода намудан танҳо кишварро ба буҳрони сиёсӣ кашиду халос. Инчунин, дар табаддулоти сиёсии кишварҳои исломӣ беш аз пеш нақши ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарои динӣ бараъло намоён шуда истодааст. Фаъолияти ДИИШ имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, хусусан, вазъи сиёсӣ-идеологии кишварҳои арабро куллан тағйир дода истодааст. Дар тарғиботи сиёсии ин гурӯҳҳо на дин ва на дунё арзиш надоранд. Албатта, пайванди динии мардуми мусулмони кишварҳои гуногун як омили интиқоли ин идеяҳо ба кишварҳои дигар мебошад. Агар дар ибтидо тарафдорони ин ҳаракатҳо дар кишвари Ироқ аз худ дарак дода бошанд, имрӯз баъзе аз гурӯҳҳои сиёсӣ дар кишварҳои Миср, Яман, Покистон, Олмон, Фаронса худро пайравони ин ҳаракат маҳсуб дониста, дар мубориза ба муқобили ҳукумати расмии Сурия ва Ироқ иштирок мекунанд. Аз ин бар меояд, ки хоҷагони ин ҳаракатҳо дар оянда мақсади ноором кардани кишварҳои дигари исломиро доранд. Бинобар ин, мардуми кишварро зарур аст, ки барои таҳкими ин андешаҳо дар ҷомеа роҳ надиҳанд. Як бор таҷриба нишон дод, ки барои зархаридони хориҷӣ, на мусулмонии тоҷик, на хонаву дар ва на зану фарзанд арзиш надоранд. Ин ҳаракатҳо танҳо қувваи зӯриро эътироф мекунанд. Бинобар ин, маъракаи интихобот набояд заминаи муноқишаҳои идеологӣ-мафкуравӣ гардад. Ҳеҷ кас аз берун ба дарди тоҷик даво намешавад. Бараъкс боз ҳамон як тоҷик дасти тоҷики дигарро мегирад.

Салим НАҶМИДДИНОВ

Намояндагони ВАО – иштирокчиёни фаъоли интихобот

16 декабр Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши ВАО дар инъикоси раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо” мизи мудаввар доир намуд. Дар он Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, Невинг Рудшэр, мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии дафтари САҲА дар Тоҷикистон, аъзои КМИР, инчунин, намояндагони ВАО ширкат доштанд. Оид ба нақш ва мақоми ВАО дар инъикоси ҷараёни интихоботи парлумонии соли 2015, татбиқи барномаҳои махсус доир ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории интихобот, тартиби ба роҳ мондани ташвиқоти барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тавассути ВАО, инчунин, тартиби аккредитатсияи намояндагони ВАО, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон суханронӣ шуд. Зикр гардид, ки намояндагони ВАО яке аз иштирокдорони фаъоли раванди интихобот мебошанд. Инчунин, таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳи демократӣ баргузор шудани интихоботи парлумонӣ ва президентӣ мебошад ва ягон қонуни интихоботии кишвар хилофи санадҳои байналхалқӣ нест. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси КМИР вобаста ба ташкили нуқтаҳои овоздиҳӣ барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия изҳор дошт, ки КМИР ҳанӯз ба ташкили комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар шуруъ накардааст. “Комиссияҳои интихоботӣ дар хориҷи кишвар бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷӣ ташкил мешаванд ва мо феълан ба ин кор оғоз накардаем”, - афзуд Ш. Шоҳиён.


Истифодаи нерӯгоҳҳои шамолӣ аз атомӣ гузашт Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бузургтарин кишвари сармоягузор ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия (МБЭ) мебошад, дар истифодаи нерӯи шамол босуръат пеш меравад.

Роҳҳои таърихӣ эҳё мешаванд 29 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ ба вазъи зиндагии мардум ва такон додан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ иштирок дар маросими тантанавии оғози навсозии роҳи мошингарди ВосеъХовалинг ҳисоб меёфт. Дар ҳамин асос, зимни шиносоӣ бо нақшаи навсозии роҳ, аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки ин роҳи 88,7-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи ДушанбеРашт-Ҷигартол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи беш аз 89 миллион долари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 88,7 км. роҳи асосӣ бо 12 пӯли хурду бузург ва 30 км. роҳҳои маҳалии деҳоти ноҳияи Ховалинг навсозӣ мешаванд. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар доираи ҳамин лоиҳа роҳи Во-

сеъ-Ховалинг, ҳамчунин, бояд бо сифати баланд ба шоҳроҳи Кӯлоб ва роҳи Ховалинг-Балҷувон пайваст шавад. Инак, аз он рӯз бештар аз як сол сипарӣ гашт. Дар ин давра бунёду навсозии роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг оғоз ва идома ёфт, ки айни замон дар чанд самт корҳо бо ҷӯшу хӯруш идома доранд. Алҳол дар ин коргоҳ 278 нафар, аз ҷумла, 210 нафар мутахасиссу коргарони тоҷик дар асоси барнома фаъолият доранд. Имрӯзҳо дар масири 78-ум, қитъаҳои 38, 60-и ин роҳ кор ҷӯш зада, дар минтақаи километри 17ум дар 7 км. кор идома меёбад ва аллакай 3 км. асфалтпӯш карда шудааст. Бунёдкориҳои 12 пули хурду бузург, ки дар сетоаш кор идома доранд, корҳо ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин, алакай дар баъзе қитъаҳои роҳ зерқабатҳои 1 ва 2 бо сифати баланд бунёд меёбад. Ду коргоҳи сангмайдакунӣ низ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Тавре маълум шуд, дар самтҳои бунёдкориву навсозиҳои роҳи мазкур корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шудаанд. Дар ин бобат, махсусан, мутахассисону коргарони идораи озмоишгоҳу ташхисгоҳ масъулияти ба-

ланд зоҳир менамоянд. Ин аст, ки сифати маҳсулоти оҳану бетонӣ, битуму асфалт ва дигар лавозимоти роҳсозӣ аз назари мутахассисон гузаронида шуда, баҳри бардошту пурқувват будани онҳо кафолат дода мешавад. Дар ҳақиқат, ин бунёдкорию азнавсозии роҳҳо аҳамияти муҳим доранд. Бахусус, дар асоси ҳамин лоиҳа бо сифати баланд ба ин роҳ пайваст шудани шоҳроҳи Кӯлоб ва роҳи Ховалинг-Балҷувон аз ояндаи накӯи гӯшаҳои боғановату зеботабиати таърихии кишвар дарак медиҳад. Роҳҳо пайвангари наслҳову дилҳо ба шумор рафта, ба эҳёи “Роҳи бузургӣ Абрешим” оварда мерасонанд. Ҳамаи роҳҳои қадимаи шаҳрҳои бостонии Хатлони кӯҳан: Ҳулбук, Мунк, Паргар, Андигарак, Сайёд, Тамоилот, Колокян, Сикандара, Леваканд, Ҳеловард ва дигар шаҳру шаҳракҳои қадима ба ҳам шуда, тавассути роҳи қадимаи Мунк-Каррон ба Бадахшон ва берун аз он пайваст мешавад. Бунёдкорву азнавсозии роҳи Восеъ-Ховалинг то соли 2016 идома меёбад ва дар тараққиёту пешравии диёру зисту зиндагии мардум нақши бебаҳо хоҳад гузошт. Амир Саиди МУНКӢ, ноҳияи Ховалинг

Соли 2012 бори аввал дар таърихи ин мамлакат истеҳсоли нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои шамолӣ тавлидшуда аз нерӯи барқи дар нерӯгоҳҳои атомӣ истеҳсолшуда бештар гардид. Соли 2013 нерӯгоҳҳои шамолии Чин аз нерӯгоҳҳои атомӣ дида 22% бештар барқ тавлид карданд. Баъд аз он ки дар Чин соли 2005 Қонун «Дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуд, энергетикаи шамолӣ басуръат тараққӣ намуд. Соли 2013 тавоноии умумии турбинаҳои шамолии Чин ба 91 гигават расид. Алҳол зиёда аз 80 дарсади таҷҳизоти шамолӣ ба шабакаи марказии

нерӯи барқ пайваст шудааст. Бартарии нерӯгоҳҳои шамолӣ аз атомӣ дар осонии сохташавии он аст. Масалан, барои бунёди нерӯгоҳҳои нави атомӣ агар 6 сол зарур бошад, барои ба кор даровардани таҷҳизоти шамолии иқтидораш баробари нерӯгоҳи атомӣ як сол лозим аст. Сабаби дигари рӯ овардани Чин ба нерӯгоҳҳои шамолӣ фоҷиаи нерӯгоҳи атомии Фукусимаи Ҷопон мебошад. Бо ҳамин сабаб роҳбарияти Чин аз бунёди нерӯгоҳҳои атомӣ даст кашид. Имрӯз 3 дарсади тамоми нерӯи барқи Чинро нерӯгоҳҳои шамолӣ истеҳсол мекунанд. Қариб 17% барқи истеҳсолшудаи Чин ба нерӯгоҳҳои шамолӣ рост меояд. Нерӯгоҳҳои ҳароратӣ бошанд, 75% барқи ин кишварро истеҳсол мекунанд. Бо максади рушди МБЭ соли 2013 Чин 61 миллиард доллар сармоягузорӣ намуд. Ҳукуматдорони Чин боварӣ доранд, ки энергияи офтобу шамол оянда қисми муҳими тарақиёти «сабз»-и кишвар хоҳад гашт.

5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ЭНЕРГЕТИКА

Ҷаҳиши «офтобӣ»-и Ҳиндустон То ин дам қисми зиёди нерӯи барқи Ҳиндустони аҳолиаш зиёда аз якмиллиарднафара тавассути нерӯгоҳҳои ҳароратӣ сурат мегирифт. Сӯзишвории асосии нерӯгоҳҳои ҳароратии Ҳиндустон ангиштсанг мебошад. Истифодаи ангиштсанг ҳамчун сӯзишворӣ боиси ифлосшавии обу ҳаво ва вайроншавии системаҳои экологӣ мегардад. Ҳиндустон барои истифодаи энергияи офтоб дорои иқтидори бузург мебошад. Вазорати энергияи барқароршавандаи ин мамлакат, Вазорати саноати вазнин ва муассисаҳои давлатӣ, Вазорати нерӯи барқи Ҳиндустон Созишннома дар бораи бунёди нерӯгоҳи бузурги офтобиро имзо карданд. Нерӯгоҳи мазкур калонтарин дар ҷаҳон буда, дар иёлати Раҷастан сохта мешавад. Тавоноии он ба 4000 мВт мерасад, ки аз нерӯгоҳи Роғун ҳам зиёд аст. Ҷои нерӯгоҳи калонтарини офтобӣ маълум буда, аллакай инфрасохтори зарурӣ омода шудааст. Дар сурати ба истифода додани нерӯгоҳ солона ба фазо паҳн шудани 4 миллион тонна гази карбонат пешгирӣ мешавад. Барои бунёди давраи якуми лоиҳа, ки тавлиди як гигават нерӯи барқро дар бар мегирад, 7 сол лозим аст. Таҳияи С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

РОҲСОЗӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

6

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Ташаккули шахсияте бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, шахсияте, ки ифтихори миллӣ дошта бошад, дар ҳама ҳол ба манофеи миллию давлатӣ авлавият диҳад, нафаре, ки сатҳи баланди ахлоқ, ҷаҳони ғановатманди маънавӣ дошта, масъулиятшиносу созанда ва таҳаммулпазиру худогоҳ бошад, вазифаи аслии оила, ҷомеа ва давлат аст. Аммо дар кадом замина ё асос мо метавонем шахсиятҳоеро бо мафкура ва идеяи миллӣ шакл диҳем, то ватансозу муҳофизи амнияту ободии кишвар бошанд? Ҷойи шубҳа нест, ки давлат танҳо бо нерӯи қавии зеҳнӣ, идеяи миллӣ ва афроди пешоҳанг, яъне, равшанфикрон, донишмандон ва ҷавонони таҳсилдидаю навовараш рушд мекунад. Барои комёб шудан ба рушди устувор, албатта, таҳкими ғояи миллӣ ва идеологияи давлатӣ муҳим аст. Аммо силсилаи масъалаҳое дар миён ҳастанд, ки амнияти миллӣ ва идеологии кишвари моро зери хатар мебаранд, аз қабили домангустарии фарҳангу сиёсати кишварҳои хориҷӣ тавассути синамо дар Тоҷикистон, фаъолияти заифи ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, маҳдуд будани дастрасии ҷавонони музофот ба таҳсил дар мактабҳои олӣ, бекорӣ, ба майдон омадани гурӯҳу созмонҳои мамнӯи ифротию террористӣ, аз назорат дур мондани муҳтавои шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ, истифода аз усулҳои номуассири татбиқи идеологияи давлатӣ дар сатҳи маҳалҳо. Ҳушдори №1. Танҳо бар дӯши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мондани бори гарони пешбурди идеология Тибқи омори расмӣ, дар қаламрави вилояти Хатлон садҳо ташкилоти ҷамъиятӣ сабти ном шуда, фаъолият доранд. Шумораи ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳам ба 8 адад мерасад. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки усулан бояд дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ баробари дигар мақомоти давлатӣ саҳм дошта бошанд, бисёр пассив ҳастанд. Зоҳиран, созмонҳои ҷамъиятӣ лоиҳаҳои худро танҳо ба хотири дарёфти грант ба роҳ мемонанд ва дар амал барномаи муассиреро барои ислоҳи мушкилоти ҷомеа ба ҳукуматҳои маҳаллӣ пешниҳод намекунанд. Ҷойи таассуф аст, ки ҳатто дар сатҳи раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мутахассисон, коршиносони ин ё он соҳаи фаъолиятро дучор омадан мушкил аст. Масалан, шумораи созмонҳои ғайриҳукуматие, ки дар доираи ҳуқуқи инсон, муҳоҷирати корӣ ё баробарии гендерӣ фаъо-

лият мебаранд, кам нест, аммо таҳлилгарони ин созмонҳо дар ироаи маълумоти қобили эътимод, анҷом додани таҳқиқоту барномаҳои мукаммали ислоҳи вазъ оҷизӣ мекашанд. Чунин «буҳрони идея», ҳамзамон, аксари созмонҳои вилоятии ҳизбҳои сиёсиро низ фаро гирифтааст. Ҳизбҳои сиёсӣ танҳо дар пешорӯи интихоботҳо «аз хоб бедор мешаванд» ва пасон, боз барои панҷ соли дигар касе аз фаъолияти онҳо, барномаҳои ҳизбию корӣ, аъзо, тавсияҳо ва пешниҳодоти судмандашон ба ҳокимияти маҳаллӣ хабардор намегардад.

ва барои таблиғи ғояи миллӣ ва идеологияи давлатӣ аз ин аудиторияи васеъ бояд фаровон истифода намуд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои алоҳидаи интернетӣ ба манбаи аслии шаклдиҳандаи афкори омма ва созандаи ҷаҳони маънавии ҷавонон табдил ёфтаанд. Албатта, масдуд кардани дастрасӣ ба ин сомонаҳо илоҷи кор нест, мебояд шабакаҳои иҷтимоии рақобатпазири миллӣ ва сомонаҳои саргармкунандаи миллӣ таъсис дода шаванд. Он гуна ки Русия ва Чин аз ин таҷриба истифода карда, алтернативаи

кишоварзӣ дар вилояти Хатлон даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт. Захираҳо бисёранд, аммо роҳҳои истифодаи муассири онро бояд пайдо кард. Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли охир бо дастури Президенти кишвар дар маҳалҳо курсҳои дӯзандагию қолинбофӣ ташкил шуда, садҳо зану духтарони маҳаллӣ бо шуғл таъмин гаштанд. Дар баробари ин, моро мебояд дар маҳалҳо сари ин масъала низ биандешем, ки ҷавонписаронро ба чӣ коре машғул дорем. Декабри соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташ бо варзиш-

Чор ҳушдор

дар бозорҳои фитафурӯшӣ дарёфтан мумкин аст. Фурӯши диски филмҳои тарҷумашудаи туркӣ, ки аз даҳҳо ва садҳо қисмат иборатанд, ҳар рӯз ҳазорҳо сомонӣ ба ҷайби дастандаркоронаш мерезад. Аммо ин масъала мояи ташвиш аст, ки ҳоло мардум бештар ба тамошои ин филмҳо тарҷеҳ медиҳанд, бехабар аз он ки батадриҷ зери таъсири фарҳанг, расму ойин ва ҳатто сиёсати кишвари истеҳсолгари он қарор мегиранд. Ҷойи пинҳон кардан нест, ки аксари ширкатҳои машғули тарҷума ва дубляжи чунин сериалҳо хатмкардаҳои литсейҳои туркӣ буда, фазои

ва масъалаҳои тарбияи миллӣ «Ба ҳар як фарди бонангу номус, аҳли ҷомеа, аз ҷумла, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ зарур аст, ки манфиатҳои миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро аз манфиатҳои ҳизбиву гурӯҳӣ ва диниву мазҳабӣ болотар гузошта, аҳамияти ҳаётӣ ва зарурати таърихии ваҳдати миллиро барои рушди давлату давлатдорӣ, рӯзгори осоиштаи халқ ва ободии Ватани азизамон амиқан дарк намоянд». Эмомалӣ РАҲМОН, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хулоса, шаҳрвандон, бавижа, ҷавонон, ки қисмати асосии аҳолии вилоятро ташкил медиҳанд, ҳузури созмонҳои ҷамъиятӣ ва аксар ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти рӯзмарраи худ эҳсос намекунанд. Пешбурд, ташреҳ ва татбиқи сиёсат ва идеологияи давлатро дар сатҳи маҳал танҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бар дӯш доранд. Ҳушдори №2. Истифода аз усулҳои номуассири татбиқи идеология Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар масъулони соҳаҳои алоҳидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳои оммавӣ, суҳбату вохӯриҳо ва корҳои таблиғотӣ доир карданӣ шаванд, бештар бо аудиторияи маҳдуд кор мекунанд. Роҳбарони корхонаҳо, донишгоҳҳо ва мактабҳои миёна аксаран кормандон ё донишомӯзони фаъоли худро ба чунин ҷамъомадҳо роҳӣ мекунанд. Дар ин гуна маҳфилҳо одатан 50-100, дар беҳтарин маврид 200-300 нафар ширкат меварзанд. Аммо аудиторияи асосӣ, яъне, одамоне, ки бояд ба чунин суҳбатҳо ҷалб гарданд, бисёр вақт сарфи назар мешаванд. Чунин дидору мулоқоти фаъолони ҷомеа ва мақомоти давлатӣ бояд бештар дар сатҳи маҳалҳо бо занони хонанишин, бешуғл, ҷавонони таҳсилнодида ва нафароне, ки одатан дар канор мемонанд, доир гарданд. Масъулони риштаҳои идеологии шаҳру навоҳӣ, ҳамчунин, майдони рӯз ба рӯз тавсеаёбандаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро низ набояд сарфи назар кунанд. Таври маълум, шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон аз марзи як миллион нафар убур кардааст

хубе ба шабакаҳои иҷтимоии ғарбиро барои шаҳрвандони худ пешниҳод сохтаанд. Ҳушдори №3. Бекорӣ Бо ин вуҷуд, ки тибқи омори расмӣ, шумораи бекорон дар вилояти Хатлон камтар аз 30 ҳазор нафар аст ва беш аз 150 ҳазор сокини қобили кор аз вилоят дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар будубош доранд, бекорӣ аз мушкилоти умда боқӣ мемонад, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мебояд барои рафъи он талош ба харҷ диҳанд. Агар ба маълумотномаҳо бингарем, ҳар сол ҳазорҳо ҷойи кории нав дар шаҳру навоҳӣ таъсис дода мешавад, аммо теъдоди афроде, ки бо кор таъмин шудаанд, хеле кам аст. Пас, илоҷи кор чист? Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаю суханрониҳояш борҳо таъкид кардааст, ки дар сурати истифодаи оқилона аз замин ва мусоидат ба рушди арсаи

гарони кишвар дастур дод, ки дар тамоми шаҳру навоҳӣ майдонҳои варзишӣ бунёд шаванд. Дар пайи ин дастур садҳо иншооти варзишӣ, толорҳо ва майдонҳои футболу волейбол дар маҳалҳо сохта шуданд, ки сокинони маҳаллӣ аз ин иқдом гарм истиқбол намуданд. Аммо бо гузашти чанд сол мушоҳида мегардад, ки вазъи бархе аз он майдонҳои варзишӣ дар ноҳияҳо, бахусус, деҳаҳо хароб аст. Бо ин ҳол, агар наврасону ҷавонон мавзеи дурусту табъи дил барои вақтгузаронӣ наёбанд, ба чӣ кор машғул мешаванд? Дар омади гап, бо такя ба таҳлилҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд гуфт, ки қисмати қобили мулоҳизаи ҷиноятҳои содиршуда дар кишвар кори дасти нафарони бекор ва сардаргум, аз ҷумла, ҷавонон будааст... Ҳушдори №4. Тавсеаи таблиғоти фарҳангу афкори бегона Мисоли равшани ин иддаоро

холӣ ё камназорати фарҳангию маънавии кишвари моро аз худ кардан доранд. Ин ширкатҳо бозори фитафурӯшии кишварро аз худ кардаанд ва бо вуҷуди ин ки як дона дискро ҳамагӣ бар ивази 2 сомонӣ мефурӯшанд, даромади ҳангуфте ба даст оварда, ҳузури худу таблиғи фарҳанги ғайрро таҳким мебахшанд. Бояд сари ин мавзӯъ ҳам андеша кард, ки солҳои охир маҳз қаҳрамонони филмҳои туркӣ ба идеал ва намунаи ибрати кӯдакону наврасон ва ҷавонони мо табдил ёфтаанд. Биноан, моро мебояд барои ҷавонон идеали миллӣ бисозем. Дар таърихи миллати тоҷик шахсиятҳои бисёр ҳам шоиста, соҳибхирад, матину шуҷоатманде ҳастанд, ки бо нашри китобҳои бадеии муҷалло дар бораи онҳо ба насли нав маълумот бояд дод. Ӯзбекистону Туркманистону Қазоқистон бо таваҷҷуҳ ба домангустарии нақшу таъсири Туркия дар кишварҳояшон мактабҳои тур-


Тарбияи миллӣ мебояд Дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию таҳаммул, сарукор бо замин, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷӯӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, меҳмондорию меҳмоннавозӣ, устувории оила, ифтихори ватандорӣ, шикастанафсӣ, касбу ҳунаромӯзӣ, хушбинӣ (оптимистӣ), дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва накӯкорӣ, адлу адолатҷӯӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғypyp, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ ва ғайра иборатанд. Дар мавриди раҳнамоӣ ба ифтихори миллӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 2008 зимни суханронӣ дар ҷашни 11-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа зикр карда буд, ки дар мадди назар доштани он дар шароити ҷаҳони муосир бисёр муҳим аст: «Ман борҳо гуфтаам ва бори дигар изҳор медорам, ки ғояи сиёсиву мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон мебошад». Ҳамон гуна ки бузургони миллат таъкид медоранд, мо чеҳраи хоси миллӣ, забони шевои гуфтор, таърих ва адабиёту фарҳанги ғановатманд, мазҳаби таҳаммулгаро, расму оин, сару либоси миллӣ, хуллас, шурӯъ аз муҳити хонаводагӣ то шаҳрдориву давлатдории миллӣ кулли арзишҳои худиро дорем ва бо онҳо бояд ифтихор кунем. Бинобар ин, миллати тоҷик ғайр аз арзишҳои дар ҳақиқат волои умумибашарӣ ва суннатӣ дигар ба ягон идеологияи бегона ниёз надорад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА, узви ИЖТ, Қӯрғонтеппа

Ҷаҳонишавӣ ва арзишҳои миллӣ Дар раванди ҷаҳонишавӣ баъзе халқҳо ба тарғибу ташвиқи фарҳанг ва ҷаҳонбинии худ машғул гардида, халқу миллатҳои дигарро ба коми маданият, фарҳанг ва расму оини худ фурӯ бурдан мехоҳанд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ баъзе кишваркушоён, ҷаҳонгирон дар сиёсати забткориҳояшон ҳамин гуна мақсадро дар назди худ гузошта буданд. Мо инро аз лашкаркашиҳои Искандар, Чингизхон, Темур ва амсоли онҳо мушоҳида менамоем, ки нишонаҳои ҷаҳонишавиро доранд.

Таърих собит менамояд, ки дар давраҳои душвори таърихӣ низ баъзе халқҳо ҳувияти фарҳангии худро нигоҳ дошта тавонистаанд. Аммо баъзе халқу қавмҳо ба раванди ҷаҳонишавӣ муқобилат нишон дода натавониста, маданияти ҷаҳонгиронро пазируфтанд. Қисмате аз ин халқҳо бо мурури замон аз саҳнаи таърих ҳамчун воҳиди этникию забонӣ пурра нест гардиданд. Баъзе халқҳои дигар, аз қабили тоҷикон тавонистанд мавҷудияти худро дар дохили давлатҳои дигар то дергоҳ нигоҳ доранд. Ҳар шахс масъалаи тартиботи нави ҷаҳониро ба таври худ мефаҳмад ва аз рӯи нуқтаи назари худ баҳогузорӣ менамояд. Дар замони имрӯза дигаргуниҳо дар тафаккури аксари халқҳо, алалхусус, халқҳое, ки дар ҳудуди собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, мушоҳида мегарданд. Аммо баъзе дигаргуниҳое, ки ба назар расидаанд, хусусияти динӣ доранд ва махсусияти онҳо дар ин аст, ки барои онҳо «дин асоси ҳама чиз аст». Мусаллам аст, ки онҳо мекӯшанд ҳамаи масъалаҳоро дар асоси мафкураи динӣ, яъне, он чизе ки дин тақозо менамояд, матраҳ намоянд. Аз ин рӯ, мекӯшанд масъалаҳои имрӯзаро аз рӯи нуқтаи назари худ, яъне, нуқтаи назари динӣ ба мардум муаррифӣ намоянд. Маълум аст, ки ҷаҳони идеалии бе ҷанг ва муноқишаро, ки бе хунрезӣ асос ёфта бошад, таъсис додан амри маҳол аст. Ҳодисаҳои ҷаҳони муосир бори дигар онро собит менамояд. Ғарб дар татбиқи арзишҳо

қоидаҳои дугонаро татбиқ менамояд. Давлатҳои имрӯзаи ҷаҳон аз назари сохтори давлатӣ ва тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ба унитарӣ ва федеративӣ ҷудо мешаванд. Аксари давлатҳое, ки дар таърих чун давлатҳои бузург эътироф шудаанд, давлатҳои мураккабанд, яъне, федеративӣ мебошанд ва дар паҳнои онҳо намояндагони гуногуни этникӣ умр ба сар мебаранд. Баъзан давлатҳои федеративӣ низ дар натиҷаи муноқишаҳои дохилӣ ва дахолати қудратҳои бузургтар аз байн мераванд. Парокандашавии давлати федеративии Югославия натиҷаи зиддиятҳои дурударози этникӣ буд, ки Балканро ба «заминкани борутии Аврупо» табдил дода буданд. Зиддияти байни сербҳо ва хорватҳо барои нуфуз дар Балкан давом мекард. Сербҳои православ бо хорватҳои католик муқобил меистоданд. Дар Босния ва Ҳерсоговина муноқишаҳои динӣ боз ҳам тезутундтар идома доштанд. Иттиҳоди ҳарбии НАТО ба ин муноқиша ҳамроҳ гардид ва сиёсати зиддисербиро пеш гирифта, ҳудуди Косоворо зери назорати қувваҳои сулҳпарвар қарор дод. Дар натиҷаи муноқишаҳои дурудароз давлати федеративии Югославия аз байн рафт. Имрӯзҳо Ғарб дар андешаи худшиносии миллӣ ва сиёсии мардуми Шарқ бозӣ намуда, кишварҳои Шарқро ба парокандагӣ кашиданист. Аз нуқтаи назари баъзе таҳлилгарон ин усул оянда ба худи Ғарб таҳдид хоҳад кард. Дар замони мо, ки мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ абадқудрат ба ҷустуҷӯи даромад ва боигариҳои зиёдтар аз ҳамин дигаргуниҳо банд ҳастанд, мамлакатҳои кӯчак ва иқтисодашон суст ва аҳолиашон қашоқ дар ҳолати нигаронии ваҳмангез қарор доранд. Чи гунае, ки дар замонҳои пайдоиши давлатҳо байни онҳо мубориза баҳри нуфуз давом мекард, имрӯз ҳам ин мубориза табиати худро гум накардааст. Агар пеш бо воситаи лашкаркашиҳо, бо зури шамшеру силоҳ давлатҳои ҷаҳонхоҳ мамлакатҳои кӯчакро тасхир мекарданд, акнун роҳу воситаҳо дигар шудаанд. Мақсадҳои аслӣ зери пардаи ёрии башардӯстона, тарғиби ислоҳоти қонунгузорӣ, кӯмакҳои модию маънавӣ, боз ҳам дар шаклҳои вазнинтар идома доранд. Акнун тасхири халқ, миллат ва тамаддунҳо бо усули осоишта ба роҳ монда шудааст, ки оқибати он аз тасхири ҳарбии қарнҳои пеш вазнинтар аст. Агар дар хунрезиҳои солҳои пеш фарзандони халқи тоҷик, ба монанди Шерак, Томирис, Деваштич, Темурмалик, Сафедҷомагон ва

дигарон тавонистанд дар муборизаи ошкоро халқро муттаҳид намоянд, вале ҳоло вазъият дигар аст. Зеро он вақт хатар ошкоро буд ва душман маълум. Имрӯз оламгирию тасхири миллатҳо ҳамчун ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба ҳуқуқ, иқтисодиёт, сиёсат ва маънавиёт нигаронида шудааст. Ба мо имрӯз на қаҳрамонони майдони ҷанг, балки ватандӯстони асил, ҷавонони донишманд лозиманд, ки манфиати миллат ва ватанро таҷассум карда тавонанд. Аз таърихи башар маълум аст, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастанд. Бисёр ҳодисаҳои инқилобӣ маҳз бо қувваи ҷавонон анҷом дода шудаанд. Барои ҳамин ҳам, тарбияи ҷавонон, насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи шарқиёна вазифаи муқаддаси ҷомеа мебошад. Аксари ҷавонони мо чунин хислатҳои неки инсониро доро мебошанд, аммо чи хеле ки мушоҳида менамоем, ҷавононе низ ҳастанд, ки гирифтори фарҳани бегона гардидаанд. Сабабҳои дур шудани онҳо аз фарҳангу маданияти худ таҳсилот дар хориҷи кишвар ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад, ки ба тафаккури онҳо бетаъсир намемонад. Дур гардидан аз фарҳангу маданияти худ халқҳои як вақтҳо соҳибтамаддунро ба вартаи ҳалокат тела медиҳанд. Чунин ҳодисаҳо дар таърихи тоҷикон низ такрор ёфтаанд. Чунин ҳодисаҳоро аз таърихи навини тоҷикон дар ибтидои садаи ХХ, дар мисоли тақсимоти миллию марзӣ мушоҳида карда метавонем. Дар чунин лаҳзаи ҳассос, ки тақдири миллати тоҷик ҳал мегардид, як гурӯҳ пантуркистон, ки аслан тоҷик буда, аз аслу насаби худ дур шуда буданд, ба халқи худ хиёнат намуданд. Маҳз бо гуноҳи онҳо шаҳру водиҳои обод, ки аслан сарзамини аҷдодии тоҷикон ва аксари аҳолиашон тоҷик буданд, аз қаламрави ҷумҳурии навташкили тоҷикон берун монданд. Дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро яке аз самтҳои асосии муборизаи туркпарастон ба муқобили эътирофи мавҷудияти тоҷикон равона гардид. Бинобар ин, дар ин ҷумҳуриҳо бе ягон калавиш маҳз мавҷудияти тоҷикон чун миллат ё халқи мустақил инкор карда мешуд. Андешаи ғайриилмии «аслан туркнажод будани тоҷикон» гӯё дарёфти нави «илмӣ» ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии ҳудуди миллии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида Файзулло Хоҷаев, раиси Шӯрои нозирони халқии

Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро мебошад. Вай бунёдгузори ҳизби ҷавонбухориёни инқилобчӣ ва яке аз фаъолони сарнагун сохтани тартиботи амирии Бухоро ба ҳисоб меравад. Маҳз ӯ барномаи ҳизби бунёдкардаашро тартиб додааст, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси ҳизб маъқул шуморид. Дар муқаддимаи он барнома чунин таъкид мешавад: «Қабилаҳои туркиро, аз ҷумла, кенагасҳо, манғитҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва тоҷикҳо, ки асрҳо боз дар сарзамини Бухоро зиндагӣ мекунанд, ташкил медиҳанд”. Яъне, он лаҳза на танҳо Ф. Хоҷаев, балки дигар сарвару аъзои ҳукумати Бухоро ва Туркистон аксаран ақидаи ягона доштанд, ки «тоҷикон, аслан турканд». Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл - мансубияти турк баргардонем». Минбаъд ҳамин Ф. Хоҷаев, ки сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро гардид, бо ҳамфикронаш барои туркгардонидани тоҷикон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард. Худи Ф. Хоҷаев яке аз тоҷиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида, аввал ба туркпарасти ашаддӣ ва сипас, ба ӯзбекпарасти ҷанговар табдил ёфтааст. Яке аз вазифаҳои давлат, ҳукумат ва умуман, ҷомеа дар он аст, ки ҷавононро ба роҳи худогоҳии миллӣ, ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳидоят намуда, аз хаттоҳои наслҳои пешин сабақи таърихӣ бардоштанро омӯзонанд. Ояндаи миллати мо, пешвоҳои ояндаи сиёсӣ, роҳбарони давлат, ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва дигар ташкилотҳо маҳз аз байни ҷавонон месабзанд. Сиёсати давлатии ҷавонон баробари ташкилёбии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзи вуҷуд кардааст. Яке аз самтҳои ин сиёсат ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои шахс, нигаҳдорӣ ва ғанӣ гардонидани маданияти миллӣ, муносибати некбинона нисбат ба таърих ва фарҳанги халқи Тоҷикистон ва дигар халқҳо тарбия кардан мебошад. Душвориҳои иқтисодии имрӯза, сатҳи пасти зиндагии мардум, алалхусус, ҷавонон водор менамояд, ки тамоми самтҳои ҳаёти ҷавонон омӯхта ва барои беҳбуди он чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Дар шароити иҷтимоӣиқтисодии мавҷуда ҷавонон, пеш аз ҳама, гурӯҳи ба ҳимоя муҳтоҷ буда, ҷалби онҳо ба ҳар гуна равияҳои радикалӣ ва экстремистӣ осон аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки насли ҷавон ҳамчун шахсиятҳои ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ баркамол тарбия ёбанд. Барои ин дар ҷумҳурӣ ҳамаи шароитҳои лозима мавҷуданд. Дар кори тарбияи ҷавонон, пеш аз ҳама, нақши оила, мактаб, коллективҳои меҳнатӣ ва ҷомеа бояд қавӣ гардад. Ҳақулмурод ДОДОБОЕВ, омӯзгори кафедраи таърих ва назарияи иқтисоди ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

e-mail: javonontj@mail.ru

киро бастанд, бозори филмҳояшро танг карданд ва барои рушди синамои миллии хеш миллионҳо доллар ихтисос доданд. Мо низ таърихан фарҳанги бою ғановатманд, ҳунармандони маъруфи театру синамо дорем, ки мебояд аз ин таҷриба ва захираҳо барои рушди синамои миллӣ талош кунем. Мутаассифона, он чанд филми тоҷикие, ки солҳои охир ба навор гирифта шудаанд, дар бозори синамои Тоҷикистон рақобатпазир нестанд ва амсоли филмҳои «Рустаму Сӯҳроб», «Шӯриши Восеъ», «Қисмати шоир» ва ғайра дар хотири тамошогари имрӯза сахт нақш намебанданд. Гуфтанист, ки барои таҳкими ғояи миллӣ, идеологияи давлатӣ ва ташаккули шахсият дар ниҳоди насли нави тоҷик бояд ба тарбияи миллию ғоявии онҳо машғул шавем. Беҳтар кардани фаъолияти мактабҳои мусиқӣ, рассомӣ, маҳфилҳои варзишӣ, кори созмонҳои талабагӣ, татбиқи муассири барномаҳои давлатии сиёсати ҷавонон, рушди маориф, таъсиси марказҳои илмӣ, маҳфилҳои мубоҳисавӣ, озмоишгоҳҳо ва нуқтаҳои маълумотдиҳӣ бисёр муҳим аст.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

7

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

8

АДИБОНИ МО

Шеъри ман сарномаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Сайидалӣ Маъмур солҳои 60-уми қарни гузашта ба майдони адабиёт омада, беш аз 50 сол аст, ки барои рушду нумӯи назми муосири тоҷик заҳмат мекашад. Ашъораш содаву самимӣ буда, аз такаллуфу рангуборҳои сохта орист. Ба ибораи Абдулҳамиди Самад: «Шеъраш чун табиати худаш ором ва бамаънист». Ашъораш, пеш аз ҳама, баёнгари ҳол ё зиндагиномааш мебошад ва ин маънӣ дар андешаву хулосаҳои чанде аз шоирону адабиётшиносон, аз ҷумла, Абдунабӣ Сатторзодаву Гулназар ҳам тасдиқи худро ёфтаанд. Худи шоир ҳам «Шеъри ман сарномаи ҳоли ман аст» гуфтааст. Дуову фотеҳаи устодаш Аминҷон Шукӯҳӣ, ки соли 1967 барои маҷмӯаи нахустинаш «Заврақи умед» дода буд, мустаҷоб шуд. Ба андешаи адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода: «... Сайидалӣ Маъмур «Заврақи умед»ро ба умеди сафари баҳру уқёнусҳои азими назм бунёд намуда буд...» ва бинед, ки ба қавли устод Гулназар: «Заврақи умед» ба китоби бузурги сухан табдил ёфт ва Сайидалии шоирро ба соҳили дури мурод овард». Дар арафаи соли нави 2015 устоди арҷманд, Сайидалӣ Маъмур ба қуллаи 70-уми умр мерасад. Ба ифтихори ҷашни мубораки зодрӯз ва 55-солагии фаъолияти эъҷодӣ бо устод суҳбат доштем. - Устод, ҷашни 70-солагӣ муборак бошад! - Ташаккур. - Табиист, ки инсон чун ба қуллае аз умр мерасад, таваққуф карда, ба роҳи тайкардааш назар мекунад. Имрӯз, вақте аз қуллаи 70-уми умр ба роҳи тайкардаи хеш менигаред, пеш аз ҳама, кадом лаҳзаҳо ё манзараҳо дар ойинаи хотиратон намудор мешаванд? - Ҳар кас ба дунё ба умеде меояд, ки аз худ нақши нек, кори неку номи нек боқӣ гузорад. Ҳарчанд зиндагии ман пастиву баландиҳои зиёд дошт, вале ҳамеша шиорам: “Зиндагӣ – мубориза” буд ва аз роҳи тайкардаву умри ба сар бурдаам пушаймон нестам. Дар 70 соли умрам кӯшишидам, ки пеш аз ҳама, одам бошам. Чун сухан умри дароз дорад,беш аз 50 соли онро ба қаламу дафтар, шеъру сухан бахшидам ва шеъри ман, пеш аз ҳама, сарномаи ҳоли ман аст. Беш аз 20 китобам бо забони тоҷикӣ, 8 китобам бо за-

баи назми Иттифоқи нависандагон ҳастед. Ҳолу ҳавои шеъри тоҷикро дар замони истиқлол чӣ гуна мебинед? - Ҳолу ҳавои шеъри тоҷикро дар замони истиқлол шеъргӯёну шеършиносон гуногун арзёбӣ мекунанд. Масалан, Муҳаммадалии Аҷамӣ натиҷагирӣ мекунад, ки: «шеъри тоҷикӣ таҳаввули ҷиддиеро аз сар мегузаронад». Мубашшир Акбарзод бошад, баракс андеша дорад, ки: “шеъри тоҷикӣ рӯ ба таназзул овардааст”. Мубашшир дар баҳои хеш нисбат ба шеъри муосир то ҷое ҳақ аст. Чунки дар замони истиқлол теъдоди китобҳои худнашр дар нашриёти хусусӣ афзуд ва қадри сухани сара коста гардид. Завқ коҳиду ба ғам банда шудем, Зор бар мухлису хонанда шудем. Баскӣ беқадр шуда дурри сухан, Даври хуб омаду мо ганда шудем.

бони русӣ ва чанди дигараш бо забонҳои ӯзбекию белорусӣ дастраси хонандагон гардидаанд. Шодам, ки хонандаҳои маҳсули эҷоди худро дорам ва мактубҳое, ки то кунун онҳо ба унвонам фиристода, хоҳиши дастрас намудани шеъри писандида ё китоби дӯстдоштаашонро мекунанд, бароям беҳтарин мукофотанд. Шудам чун бо ту ман ҳамрозу ҳамдам, Шудӣ шодишарику ғамгусорам. Аё хонандаи ман, зинда бошӣ, Ки худ ҳастӣ ба олам зиндадорам. Шодам аз ин ки дарди ман дарди халқам шуд. Бо халқам то имрӯз ҳамқадаму ҳамнафасу ҳамзамон будам. Ҳоло, вақте аз қуллаи 70-уми умр ба роҳи тайкардаам менигарам, мебинам, ки беҳуда умр ба сар набурдаам. - Тавре гуфтед, беш аз 50 соли умри хешро бо қалам, бо шеъру сухан қадам задеду барои рушду нумӯи адабиёт заҳмат кашидед. Рисолату мақоми шоир ва қадру манзалати шеърро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед? - Шоир фарзанди давру замон ва солноманависи бадеии замони хеш аст ва бояд ҳамеша ҳамқадаму ҳамнафаси халқаш бошад. Шоир рисолати бузургеро дар роҳи душвор бар дӯш дорад. - Дар байте ҳам гуфтаед, ки: Шоирӣ ҳам мушкил аст, осон магир, эй нуктагир, Дар хаёли байти дилҷӯ хуни дил кам мешавад.

- Бале, шоир бояд шеъре гӯяд, ки ҳар байташ дилҷӯ ва дар он набзи замону хуни рӯзгор бошад. Шеъре гӯяд, ки зулоли маънияш хушкиҳоро шодобу зиндагиро таровати тоза бахшад, ба ваҳдату созандагӣ ҳидоят кунад ва ӯро миёни мардум муҳаббату маҳбубият бахшад. Хулоса, шеъре гӯяд, ки бо ибораи Гулрухсор: “дар он зиндагӣ зиндагӣ кунад”. Адиб ва муҳаққиқи эронӣ Ҳасани Порсо ҳам мегӯяд, ки: “Шоири имрӯз бояд шеъре бигӯяд, ки набзи замон дар он бизинад ва хуни рӯзгор дар он биҷӯшад ва бо ҳазор ришта ба зиндагӣ ва мазоҳири он бипайвандад”. - Дар эҷодиёти Шумо мавзӯи Ватану ватансолорӣ мақоми хоса дорад ва адабиётшиноси маъруфи Эрон Алиасғари Шеърдӯст ҳам, ки дар боби шеъри шуарои муосири Тоҷикистон пажӯҳишу ковишҳо анҷом додааст, ба муҳаббату дарки баланди ватандӯстӣ ва пештозию муваффақияти Шумо баҳои баланд додааст. Ин мавзӯъ дар олами эҷоди Шумо чӣ гуна мақому бузургӣ ёфт ва ватандӯсти асил аз нигоҳи як шоири дар ин мавзӯъ пештозу муваффақ кист? - Ватану ватансароӣ мавзӯи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии ҳар қаламкаш аст. Аз ҷумла, барои ман ҳам ин мавзӯъ азизу муқаддас аст. Ашъори зиёдам дар ин мавзӯъ эҷод шудаанд ва боз кӯшиш мекунам, ки дар васфи Ватани азизам беҳтару хубтар гӯяму эҷод кунам. Ин мавзӯъ рӯшании дилу ҷон, илҳоми зебо ва равнақу таровати боғи эҷоди ман аст. - Чанд сол аст, ки масъули шуъ-

Ин мисраҳо моли мананд. Аз шеъри «Арзи қаламкаш»-ам, ки дар беқадрии сухану суханвар ифода ёфтааст. - Устод, воқеан, дуруст мегӯед. Имрӯз яке аз нишонаҳои беқадрии сухан рӯи чоп омадани китобу маҷмӯаҳои пур аз ғалату камбуд аст, ки дар ин бора гилаву вокунишҳои зиёд кардаанду ҳоло ҳам мекунанд. Шумо ин гуна китобу маҷмӯаҳоро моли адабиёт меҳисобед ва муаллифонашонро ба қабули узвияти Иттифоқи нависандагону ҳамчун адиб ба арсаи адабиёт иҷозат медиҳед? - Дар замони шӯравӣ китобҳо танҳо баъди муҳокима ва тавсияи Иттифоқи нависандагон интишор мешуданд. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ озодии сухан ва ҳатто қарорҳои махсусе ҳам ба вуҷуд омад, ки тибқи онҳо ба мазмуну мӯҳтаво ва бадеияти китоб муаллиф ҷавобгар аст. Баъзе нашриёти хусусӣ бо истифода аз ин ҳазафпораҳоро дар шакли китобу маҷмӯаҳо рӯи чоп оварданд ва фикр накарданд, ки онҳо шавқу завқи хонандагонро коста месозанд. - Ҳолу ҳавои шеъри тоҷикро аз назари ду мунаққиду муҳаққиқи варзида гуфтед. Хоҳиш мекунам, андешаи хешро баён намоед. - Ман ҳам андеша дорам, ки шеъри тоҷикӣ дар замони истиқлол, аз ҷумла, дар панҷ соли охир дар раванди таҳаввулу такомул қарор дорад. Истиқлолият имкон дод, ки доираи мавзӯи шеър васеътар гардида, он бо равиши навҷӯиву навгӯӣ ороиши дигар гирад. Агар дар даҳсолаи аввал дар шеъри тоҷик шиору хитобаҳо бисёр бошад, дар даҳсолаи дуюм назми мо сифати нав касб кард. Диққати шоирон ба мавзӯъ ва ороишоти шеър бештару аниқтар равона гардид. Мавзӯъҳои Ватану ватандорӣ, ваҳдату худшиносӣ, забони модарӣ ва ҳувияти миллӣ бештар меҳвари васфу эҷоди шоирон гардид. Аз ҷумла, устоди арҷманди мо Мӯъмин Қаноат, ки дар рушду нумӯи шеъри тоҷик ва тарбияи шоирони ҷавон нақши босазо дорад, баъди таълифи достони “Масъуднома” дар мавзӯҳои ваҳдат ва ватандорию бунёдкорӣ як силсила рубоиву дубайтиҳо офариданд. Устод Бозор


Собир солҳои дур аз Ватан ҳам, ҳамеша бо сухан буданд. Бо шеъру таронаҳои ватандӯстонаашон хонандаҳои тоҷикро шод менамуданд. Дар солҳои истиқлол боз як гурӯҳи қаламкашони ҷавон, мисли Давлат Сафар, Адибаи Хуҷандӣ, Адибаи Азиз, Нуриддин Амриддин, Раҷаби Мусулмониён вориди майдони адабиёт шуданд, ки онҳоро “шоирони даврони истиқлол” меноманд. - Дар шеъри муосир кадом равияҳо мушоҳида мешаванд? - Шеъри муосир бо чанд равия рушду нумӯ мекунад. Равияи аввал, шеърҳое, ки ҳолат ва вазъи мушаххасро ифода мекунанд. Барои шоирони ин равия таъсири мактаби назми рус ва ҷаҳон зиёд буда, шеъри муъҷазу ҳадафнок мегӯянд ва парҳез аз умумигӯӣ доранд. Дар ин ҷода Гулназар, Гулрухсор, Ҳақназар Ғоиб, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Зулфия Атоӣ, Нуқраи Суннатниё, Алимуҳаммад Муродӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Эмом-Алӣ Мирзоев, Лаълҷубаи Мирзоҳасан пешгоманд. Ин шоирон дар баробари чаҳорпораҳо аз намудҳои дигари шеър ҳам огоҳонаю устодона истифода мекунанд ва дар навиштаҳояшон муҳтавои барҷаста ва шеърияти баланд доранд. Равияи дуюм, сурудани шеъргуна ва шеъри сафед аст. Шеъри озоду сафед дар қиёси ашъори суннатӣ нисбатан нав аст. Он аз “Марши ҳуррият”-и устод Айнӣ ва шеърҳои зинадори Пайрав Сулаймонӣ ва тарҷумаҳои Абулқосим Лоҳутӣ шурӯъ шуда, солҳои баъдӣ бо таъсири эҷодиёти ҳамзабонони эронӣ, қабл аз ҳама Аҳмади Шомлу доман густурдааст. Шоирон Лоиқ Шералӣ, Искандари Хатлонӣ (равонашон шод), Гулназар, Фарзона, Камол Насрулло бештар ба ин равия шеър гуфта бошанд, имрӯз, барҳақ, пештози майдони шеъри озоду сафед шоири пуркор Доро Наҷот аст, ки дар бораи эҷодиёташ асарҳои тадқиқотӣ, аз ҷумла, рисолаи Нуралии Нурзод, навишта шудаанд. Ба эҷоди ин навъи шеър Фарзона, Низом Қосим, Алимуҳаммад Муродӣ, Нуралии Нурзод, Адибаи Хуҷандӣ, Салими Зарафшонфар, Адибаи Азиз, Гулноз, Озар, Суруш, Сиёвуш, Бобоназар Шамсиддинзода, Бахтиёри Амин ва чанд нафари дигар шавқу рағбати бештар доранд. Аммо, бояд таъкид кунам, ки на ҳамаи намояндагони ин равия дар эҷод муваффақ шудаанд. Шоир ва муҳаққиқи эронӣ Алиризо Қазва барҳақ зикр кардааст, ки норасоиҳои шеъргунаҳои тоҷикӣ аз насрзадагии онҳост. Намояндагони ин равияро зарур аст, ки шеърҳои шиорӣ, умумӣ ва мақоламонанд нагӯянд, ба ороишу пероиши навиштаҳои худ бештар диққат диҳанд. Барои равнақу барори шеъри озоду сафед ва маҳбубияти зиёд пайдо кардани он миёни хонандагон бештар заҳмат бикашанд. Равияи сеюм, бозгашт ба ғазал, рубоӣ ва дубайтӣ аст. Ғазал асрҳост, ки бо шарофати сурудҳои бузургони сухан Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз... аз намудҳои дӯстдоштатарини мардуми мо ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ғазал ба шарофати устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ рушду такомул ёфта, баъдан Гулназар, Гулрухсор, Фарзона, Камол Насрулло, Ҳақназар

Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Юсуфҷон Аҳмадзода, Салими Хатлонӣ дар инкишофи он саҳм гузоштаанд. Меҳринисо, Норинисо, Рафоат, Латофат, Гурез Сафар, Аҳлиддин Ҳисорӣ, Ҳидоятулло Раҳмонӣ низ ғазалҳои алоҳидаи хонданӣ доранд. Аҷамӣ, Озар, Озарахш, Давлати Раҳмониён, Давлат Сафар, Рустами Ваҳҳоб, Неъмат Оташ бештар ба ин намуди шеър рӯ меоранд ва ғазалҳояшон таркибу ибора, қофияву радифҳои тоза доранд. Бояд зикр кунам, ки дар баробари ин нозимони зиёд пайдо шудаанд, ки ғазалгӯиро кори саҳлу осон пиндошта, ҳазафпораҳои худро дар шакли китобҳои алоҳида (ҳатто дуҷилда) ба нашр расониданд. Агар баъзе аз эшон узви Иттифоқи нависандагон бошанд, аксар даъвои узвият шудан доранд. Умедворем, ки минбаъд ғазалсозиро ғазалбозӣ намеҳисобанд. Рубоиву дубайтӣ ҳам ба шарофати устод Лоиқ умри дубора ёфт. Агар устод Лоиқ беҳтарин рубоиву дубайтиҳои даврро гуфта бошанд, минбаъд шоироне чун Бозор Собир, Гулназар, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Юсуфҷон Аҳмадзода, Камол Насрулло, Ато Мирхоҷа ва чанде дигар ин анъанаро идома додаанд. Қариб ҳамаи шоирони муосир рубоиву дубайтӣ мегӯянд, аммо аксари рубоиву дубайтиҳо орӣ аз мазмуну тасвирҳои тозаанд. Чорум, равияест, ки онро профессор Абдушукури Абдусаттор “шеъри динӣ ва муассир аз мазомин ва мафоҳими маърифат ва маънавияти исломӣ ва қуръонӣ” номгузорӣ кардааст. Намунаҳои ашъори бо ин равия гуфташуда дар эҷоди шоирон Фарзона, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Доро Наҷот, Сиёвуш, Абдулқодори Раҳим, Хайрандеш, Эгами Назрулло (Волӣ) равшантар ба назар мерасанд ва шоир ва муҳаққиқи эронӣ Алиризои Қазва ҳам аксари шоирони насли нави тоҷикро пайрави ирфон меҳисобад. - Доир ба ҳаҷв чӣ гуфта метавонед? - Имрӯз ҳаҷв рушд наёфтааст. Шоирон Бобо Ҳоҷӣ ва Алӣ Бобоҷон, ки солҳои пеш ҳаҷвҳои намакини зиёд мегуфтанд, имрӯз қариб бо он сару кор надоранд. Китоби “Сад нақиза”-и Мирзо Файзалӣ ба дӯстдорони ҳаҷву мутоиба хуш омада буд. Дар саҳифаҳои матбуот намунаҳои ашъори ҳаҷвии Наимҷон Назирӣ, Ҳикмат Раҳмат, Гурез Сафар, Абдусаттори Раҳмон ба табъ мерасанд, вале ин ҳама ташнагии дӯстдорони ҳаҷвро шикаста наметавонанд. - Жанри суруду тарона чӣ гуна аст? - Жанри суруду тарона низ аз назари Шӯрои назм дур намондааст. Шоирон Бозор Собир, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Меҳринисо, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Нуруллоҳи Ориф, Шоирабонуи Раҳимҷон, Орзу Исоев бештар суруду таронаҳои хуб эҷод мекунанд. Аммо аксар матни сурудҳои ҳофизони имрӯза, алалхусус, ҷавонон хеле суст ва гӯшхарошанд ва мо дар ин мавзӯъ ҳамроҳи Вазорати фарҳангу Иттифоқи композиторон суҳбат ороста будем. - Тарбияи адибони ҷавон дар мадди назар ҳаст? - Тарбияи адибони ҷавон ҳамеша дар мадди назари роҳбарият ва шӯроҳои

Иттифоқи нависандагон аст. Доир намудани ҷамъомаду муҳокимаҳои махсуси садорат, аз ҷумла, дар мавзӯи “Забони асарҳои адибони ҷавон”, аввал дар вилоятҳо ва баъд дар пойтахти кишвар гузаронидани машваратҳои адибони ҷавон ва бо мукофоти ”Падида” сарфароз гардонидану ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтани беҳтаринҳо аз ҷумлаи тадбирҳои андешида ва кӯшишҳои дар ин самт мебошанд. Дар машваратҳои мо бештар шоирони навқалам иштирок мекунанд. Устодони сухан маҷмӯаҳои адибони ҷавонро муҳокима намуда, ба онҳо маслиҳатҳо медиҳанд. Намунаҳои эҷоди бисёрашон дар нашрияҳои Иттифоқи нависандагон чоп шуданд. Аз ҷумла, маҷмӯаи ашъори онҳо аз тариқи нашриёти “Адиб” бо номи “Армуғони дидор” ба табъ расид. Шуъбаи назми Иттифоқи нависандагон бо шуъбаҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҳфилҳои адибони мактабҳои олӣ робитаву ҳамкории зиёд дошта, ҷавонони боистеъдодро кашф ва тарбия менамояд ва барои пазируфтани онҳо ба узвияти Иттифоқи нависандагон тавсия медиҳад. Маҳфили адабие, ки дар Донишгоҳи миллӣ бо роҳбарии шоир

ва муҳаққиқи варзида Рустами Ваҳҳоб амал мекунад, дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад. Аллакай, як-ду нафар узви ин маҳфил дар синни донишҷӯӣ соҳиби маҷмӯа ҳастанд... Назми муосири тоҷик аз ҷавонони соҳибқалам Баҳроми Раҳматзод, Толиби Луқмон, Гулнисо Атоӣ, Муҳриддин Сабурӣ, Ҳуснигул Раҳматзода, Эътибор Юсуфӣ, Бахтиёри Раҳмон ва чанди дигар умеди калон дорад. - Устод, Шумо дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ҳам кору фаъолият кардаед. Аз лаҳзаҳои хотирмон ва таъсири ин даргоҳи маънави-

Тоҷикистони азиз боз ҳам сарсабзу шукуфонтар шаваду сокинонаш дар оғӯши пурсафову меҳрбораш рӯзгори хушу хуррам ба сар баранд. Насли наврасу ҷавон, ки тақдири имрӯзу фардои кишвар бар дӯши онҳост, соҳиби илму маърифат, ахлоқи ҳамида ва нигоҳи сабзу андешаи созанда бошанд. Аз ташаббусу иқдомоти неки Сарвари давлат ибрату илҳом гирифта, барои пешравии кишвару пойдории давлатамон пайваста саъю талош кунанд. Суҳбаторо Валиҷон БАЁНӢ

e-mail: javonontj@mail.ru

ҳоли ман аст

ёту фарҳанг ба зиндагиву эҷодатон мегуфтед? - Рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, ки имрӯз бо номи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба табъ мерасад, барои ман бисёр азиз аст. Аз он хотир, ки соли 1961 бори аввал бо фотеҳаи устод Аминҷон Шукӯҳӣ се шеърам дар саҳифаи “Шинос шавед”-и ин рӯзнома рӯи чоп омада буд. Аз ҳамон вақт бо ин рӯзнома робитаву ҳамкорӣ пайдо кардам ва навиштаҳоям дар он нашр мегардид. Баъди ҳафт соли кор дар шуъбаи адабӣ ва ҷавонии радиои Тоҷикистон бо даъвати сармуҳаррири вақти рӯзнома Бахтиёри Муртазо ба ин даргоҳ ба ҳайси ҷонишини сармуҳаррир омадам ва аниқтараш, як солу се рӯз дар ин мақом кор кардам. Баъд бо даъвати устод Мирзо Турсунзода ба Иттифоқи нависандагон рафтам. Ҳар соату лаҳзаи як солу се рӯзи кор дар даргоҳи “Комсомоли Тоҷикистон” бароям як дарси зиндагӣ буд. Дар аснои кор ба шаҳру ноҳияҳо сафар карда, бо кору рӯзгори ҷавонон ошно гардидам. Дар бораи ҳаёти онҳо ва шахсони меҳнатдӯсту покизакор силсилаи очеркҳо навиштам. Аз ҷумла, дар бораи ”Роғун” саҳифаҳо ташкил кардам. Ин рӯзнома имрӯз ҳам ҳаёти ҷавонро хуб инъикос мекунад ва яке аз рӯзномаҳои хонданию серхонанда аст. Барои ҳайати эҷодӣ ва хонандагонаш саломатӣ ва барору пешравӣ мехоҳам. - Дар Соли нав чӣ орзуҳо доред? - Пеш аз ҳама, орзу мекунам, ки

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

9

АДИБОНИ МО


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

10

ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА Ҳар рӯз дар биржаҳои фурӯши нафт нархи «тиллои сиёҳ» торафт поён меравад. Баръакси он дар ҷумҳурии мо нархи сӯзишвориҳои карбондор қимат мешавад. Коршиносон инро дар вобаста будани бозори сӯзишвории Тоҷикистон аз ширкатҳои содиркунандаи маҳсулоти нафти Русия медонанд. Чанд ширкати воридкунандаи маҳсулоти нефту гази кишвар, ки бозори сӯзишвориро ба даст гирифтаанд, асосан, аз Русия бензину солярка ва газ меоранд. Ҳарчанд солҳои пеш зимни қиматшавии сӯзишворӣ пешниҳод шуда буд, ки аз Эрону Туркманистон низ сӯзишворӣ ворид шавад, вале ширкатҳои монополист ҳамоно думи ҳамтоёни русиягиашонро маҳкам часпидаанд. Ду ҳафта пеш хабарнигори ҳафтаномаи «АиФ» Г. Зотов сафарномааш аз Эронро ба табъ расонида, аз ҷумла, навиштааст, ки як литр бензин дар Эрон баробари 12 рубли русӣ аст, аммо дар Русия як литр бензин 48 рубл меистад. Мутаассифона, монополистони бозори сӯзишвории мамлакат мақоли халқии «як дари баставу сад дари кушода»-ро фаромӯш кардаанд. Вагарна бо мақсади вазнинӣ наовардан ба мардуми заҳматкаш ва аз беқурбшавӣ нигоҳ доштани пули миллӣ бояд роҳҳои осону сабуктарро интихоб мекарданд.

стон) пешниҳод карда будем, ки бо ҷалби сармоягузорон якбора хати барқи нақлиёти барқӣ (троллейбус ё трамвайи монорелсӣ) низ кашида шавад. Зеро барои Тоҷикистон нақлиёти барқӣ аз ҳама ояндадор маҳсуб меёбад. Мутаассифона, ба ин пешниҳод касе посух надод. Ҳаёт исбот карда истодааст, ки нақлиёти сӯзишвории карбондор оқибат надорад. Хоҳ-нохоҳ оянда ҷои онро нақлиёти барқӣ ва ё бо сӯзишвории алтернативӣ ҳаракаткунанда (биодизел, этанол, гидроген) хоҳад гирифт. Аз ин рӯ, ҳатто Русия барин кишвари дорои захираҳои бузурги нефту газ ба истеҳсоли электробус шуруъ кардааст. Чунончи, ширкати «Тролза»-и шаҳри Энгелси вилояти Саратов электробуси тамғаи «Тролза-52501» истеҳсол меку-

Ғами фардоро имрӯз бояд хӯрд Маълум аст, ки захираи нафту газ дар ҷаҳон сол то сол кам мешавад. Аз тарафи дигар, ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурдани нефту газ боиси ифлосшавии ҳаво мегардад. Аз ин рӯ, олимону ихтироъкорон роҳҳои алтернативии истифодаи нақлиёти ба табиат камзарарро мекобанд. Чунончи, бо мақсади даст кашидан аз истифодаи сӯзишворӣ Ширкати чинии “BVD Motors” электробуси тамғаи «LancastereBus»-ро истеҳсол намудааст, ки дарозиаш 18 метр мебошад. Электробус (автобуси бо нерӯи барқ ҳаракаткунанда) дар як вақт 120 мусофирро ба манзил расонида, бе қуввамонӣ 288 километрро тай мекунад. Аккумуляторҳои он то 25 сол бе ивазкунӣ хизмат мерасонанд. Электробус қодир аст, ки аз ҳисоби энергияи захиракардааш хонаро бо барқ таъмин намояд ва электромобили бе барқ мондаро қувват диҳад. Ширкати мазкур чанде пеш дар намоишгоҳи нақлиёти барқии Ҳюстон (ИМА) электробуси 12-метраи тамғаи «Transit»-ро низ ба намоиш гузошт. Ҳангоми аз шаҳри Лос-Анҷелос то ба Ҳюстон омадан электробуси мазкур 2400 километр роҳро дар 48 соат тай намуда, ҳамагӣ 400 доллар пули барқ сарф намуд. Агар электробус дар Тоҷикистон истифода шавад, бо сабаби арзон будани барқ ин рақам боз ҳам камтар хоҳад шуд. Пеш аз сохтани роҳи ДушанбеТурсунзода-Дӯстӣ (сарҳади Узбеки-

над. Корхонаи «Русские АвтобусыГруппа «ГАЗ» бошад, электробуси тамғаи «ЛИАЗ-6274»-ро ҳамчун наклиёти мусофиркаши шаҳрии аз лиҳози экологӣ тоза пешкаш намудааст. Ғайр аз ин, электробуси класси калони «НефАЗ-52992» ва электромобили ГАЗ-3302 «Газель» барои мусофиркашонӣ ва боркашӣ пешбинӣ шудаанд. Соли 2015 дар шаҳри Москва илова ба 50 нуқтаи мавҷуда боз 150 нуқтаи қуввапуркунӣ барои электромобилҳо сохта мешавад. Вакили фраксияи ҲСДР Александр Старовойтов ба Думаи давлатии Русия пешниҳод намуд, ки ба соҳибони нақлиёти барқӣ, гибридӣ ва бо газ ҳаракаткунанда имтиёзоти иловагӣ дода шавад. Агар пешниҳоди ӯ дастгирӣ ёбад, оянда барои ин намуди нақлиёт андоз бекор карда хоҳад шуд. Сарвари ҳукумати Олмон Ангела Меркел, ки ҳамчун «Канслери экологӣ» шуҳрат пайдо кардааст, аз рӯзҳои аввали ба вазифа шуруъ намуданаш ҷонибдори зиёд шудани нақлиёти барқӣ мебошад. Тибқи қонун аз оғози соли 2015 соҳибони электромобил ҳуқуқ доранд, ки дар хати барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудошуда озодона ҳаракат карда, нақлиёташонро дар ҷойҳои муайяншуда ройгон нигоҳ доранд. Ин дар ҳолест ки дар Олмон соҳибони нақлиёт барои гузоштани мошин дар мошинсарой ва ҷойҳои муайяншуда маблағи калон месупоранд. Алҳол дар хатсайри №204-и шаҳри Берлин 5 электробус мусо-

фиронро аз вокзали роҳи оҳани «Зюдкройтс» то Боғи ҳайвонот мебаранд. Оянда дар дигар хатсайрҳо низ электробусҳо ҳаракат хоҳанд кард. Яке аз ширкатҳои дар Аврупо бо нақлиёти хушсифаташ машҳур ширкати «SOR»-и Чехия мебошад. Электробуси тамғаи «SOR EMN 10,5» дар маҷмуъ 66 ҷои нишаст дорад. Он бо суръати 80 км/соат ҳаракат намуда, бо як қуввагирӣ 120 км. роҳро тай мекунад. Хароҷоти электробус кам аст Имрӯз дар шаҳри Душанбе аксар автобусҳои мусофиркашии тамғаи «ЛИАЗ» ва “ПАЗ” бинобар қимат будани сӯзишвории дизелӣ ҳаракат намекунанд. Аз ин рӯ, бори мусофиркашони пойтахт қариб 80% ба дӯши микроавтобусҳои

соат пур мешавад. Яъне, электробусро шабона ба розетка пайваст намуда, субҳи барвақт метавон ба роҳ баромад. Раиси шаҳри Лвов Андрей Садовой ҷонибдории худро аз нақлиёти барқӣ чунин баён кардааст: - Ман ҳамчун раиси шаҳр мехоҳам дар системаи нақлиёти мусофиркаш нақлиёти аз лиҳози экологӣ тозаро ҷорӣ намоям. Оянда аз нақлиёти барқӣ аст. Мо аввал дар шаҳри худ бартарии нақлиёти барқиро нишон дода, сипас, дар тамоми Украина бо ин намуди нақлиёт роҳ мекушоем. Як сол боз дар Лвов трамвайи пастфарш ҳаракат мекунад. Шаҳрдори Киев талош дорад, ки бо роҳи қарзгирӣ аз ташкилотҳои мададрасон чанд адад чунин

мим гирифтааст, ки то соли 2020 ихроҷи газҳои парникиро дар мамлакат 30% кам намояд. Бо ин мақсад ҳукуматдорон қарор бароварданд, ки камаш 25% мошинҳои хизматӣ аз ҳисоби электромобил мешавад. Аз ибтидои соли 2015 дар ин кишвар ивазкунии автомбил бо электромобил оғоз меёбад. Бузургтарин ҳамсоякишвари мо Чин тасмим дорад, ки то соли 2020 аксари шаҳрвандонашро соҳиби электромобил намояд. Аз соли 2020 ба соҳибони нақлиёти бо сӯзишворӣ ҳаракаткунанда дар Чин андози баланд хоҳанд баст. Аз ин рӯ, ширкати “Foxconn” дар музофоти Шэнсӣ ба истеҳсоли электромобил шуруъ мекунад. Барои сохтани корхонаи электромобилбарорӣ 811 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст. Дар роҳҳои Тоҷикистон мошинҳои зиёдеро мебинем, ки арзиши онҳо аз 15-20 ҳазор доллар зиёд аст. Соҳибони нақлиёти гаронбаҳо рӯзе ба ҳисоби миёна шояд 50-100 сомонӣ барои сӯзишворӣ сарф кунанд. Ҳол он ки онҳо метавонанд бо 15 ҳазор доллар электромобил харида, моҳе барои қуввапуркунӣ ҳамагӣ 50-60 сомонӣ пули барқ диҳанд. Чанд сол пеш Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мансабдоронро барои харидани мошинҳои гаронбаҳо мавриди танқид қарор дод. Аммо афсӯс,

Бензин қимат шуд, нақлиёти барқӣ мехарем «Мерседес» ва «Хундай старекс» афтодааст. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 80 дарсад ифлосшавии ҳавои атмосфераи мамлакат ба соҳаи нақлиёт рост меояд. Дар ин сурат аз истифодаи элекробус мо дучанд бурд мекунем. Якум ифлосшавии ҳаво кам мешавад. Дуюм, электробус хароҷоти худро аз автобус дида тезтар мепӯшонад. Зеро ба сӯзишвории доим қиматшаванда эҳтиёҷ надорад. Украинҳо, ки аз бозиҳои ҳамсоякишварашон безор шудаанд, қарор додаанд, ки тадриҷан ба нақлиёти барқӣ гузаранд. Ширкати украинии «Богдан» дар ҳамкорӣ бо ширкати “URSUS”-и Лаҳистон ба истеҳсоли электробуси «Богдан-E701” шуруъ намуд. Ин автобус, ки 12 метр дарозӣ дорад, то 70 мусофирро дар як вақт ба манзил мерасонад. Аккумулятори он барои 3000 маротиба қуввапуркунӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, ба ҳисоби миёна аккумулятори онро бе ивазкунӣ то 10 сол истифода бурдан мумкин аст. Электробус дар 100 километр роҳ ҳамагӣ 50 соат барқ масраф мекунад. Агар ин масофаро нақлиёти дизелӣ тай кунад, маблағи зиёд барои сӯзишворӣ сарф мешавад. Бо як қуввапуркунӣ «Богдан» метавонад 250 километр роҳро тай кунад. Барқи сарфашударо аз розеткаи муқаррарии 220-волта метавон дар 10 соат пур кард. Агар заряддиҳӣ тавассути шиддатнокии 380-волта сурат гирад, дар 4-4,5

трамвайҳоро аз шаҳри Лвов бихарад. Ҳукуматдорони Украина тасмим гирифтаанд, ки вазоратҳо мошинҳои хизматиро фурӯхта, ба электромобил гузаранд. Дар ин сурат хароҷоти солонаи хизматрасонии автомобилӣ аз 1,8 миллион гривен (арзи Украина) то ба 72 ҳазор гривен кам хоҳад шуд. Коршиносон ҳисоб карданд, ки агар як мошини хизматӣ 1000 километр масофаро тай кунад, аз рӯи ҳисоби дар 100 километр 12 литр сузишворӣ сарф намудан (барои 75 мошини хизматӣ) 1,8 миллион гривен лозим меояд. Ин дар суратест, ки агар нархи арзонтарини як литр бензин 17 гривен бошад. Аммо агар бо мошини барқӣ дар як моҳ, агар 1000 км. роҳ паймояд, ҳамагӣ 80 гривен мешавад. Нархи 1 кВт/ соат барқ бо тарифи шабона дар Украина 0,4 гривен аст. Ба ҳисоби камтарин танҳо барои мансабдорони шаҳри Киев соле 1,6 миллион гривен танҳо аз ҳисоби маблағи сӯзишворӣ сарфа мешавад. Агар соҳиби автомобил дар Украина дар 100 км. барои сӯзишворӣ 140-300 гривен сарф кунад, соҳиби электромобил ҳамагӣ 7 гривен сарф менамояд. Албатта, дар оғоз нархи электромобил қимат аст, вале хароҷоти минбаъдаи вай тамоман кам мешавад. Мо ҳам депутату шаҳрдори эколог дорем? Ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ тас-

ки дар тафаккури мансабдорони мо дигаргунӣ мушоҳида нашуд. Надидаем ё нашунидаем, ки мансабдоре ва ё соҳибкори машҳуре ба хотири кӯмак ба системаи энергетикии мамлакат ва хайрхоҳии мардуми камбизоат аз истифодаи барқи умумӣ даст кашида, дар манзили худ панелу коллекторҳои офтобӣ гузошта бошад. Баръакс, мансабдору соҳибкорони мо ба хонаашон «хати сурх»-и барқ кашида, аз ҳисоби шабакаи барқи умумӣ исрофкорӣ менамоянд. Ё надидаем, ки мансабдоре карру фарро як сӯ гузошта, ба ҷои ду автомобил 1 электромобил харида, хароҷоти нақлиёти вазорат, кумита, агентӣ ва ё дигар сохторро кам карда бошад. Умедворам, ки депутатҳои экологи мо мисли Александр Старовой барои додани имтиёз ба истифодабарандагони нақлиёти барқӣ, панелу коллекторҳои офтобӣ, таҷҳизоти бодӣ ва ғайра ба қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод мекунанд, ё шаҳрдоре мисли Александр Старовой дар пайи ворид кардани электробусҳо мешавад. Мехоҳам, ки мансабдорони тоҷик низ мисли ҳамтоёни кореягӣ ва украиниашон автомобилҳоро фурӯхта, электромобил гиранд. Ҳам ҳаво тоза мешавад, ҳам маблағи хариди сӯзишворӣ сарфа мегардад ва асъори хориҷӣ камтар аз ҷумҳурӣ берун мебарояд. Сайфиддин СУННАТӢ, “ҶТ”


Интихоби касб ҳадафрас бошад

аз 2300 нафар аз кишвар барои таҳсил ба макотиби олии кишварҳои хориҷӣ рафтаанд. Ба иттилои баъзе расонаҳо мактабҳои исломии хусусии дар хориҷа таъсисшуда ҷавононро беихтиёр ба терроризм ва экстримизм мекашанд. Гарчанде тафриқаандозӣ ва терроризму экстримизм барои ислом бегона аст, вале ин тоифа исломро ҳамчун воситаи ҷалби ҷавонон ба ин корҳои номатлуб истифода бурда, бо ин рафтор мавқею манзалати дини мубини исломро коста мегардонанд ва ҷои шубҳа нест, ки ин кори душманони ислом аст. Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хеле хуб гуфтааст:

Дар ҷомеаи мо мисле ки одат шудааст касбро пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ интихоб мекунанд. Ҳол он ки барои интихоби касб давоми таҳсил дар мактаби миёна, яъне, хеле барвақт аз дохил шудан ба донишгоҳ давраи муносиб аст. Бояд дар назар дошт, ки интихоби касб, пеш аз ҳама, банақшагирии роҳи ҳаёт аст. Аз ин рӯ, ҳамон касберо интихоб бояд кард, ки дар ҳаёт ба кор ояд, на ин ки бо гузашти муддати кӯтоҳе аз он дилгир шавем. Бошуурона сурат гирифтани интихоби касб маъонои дуруст баҳо додан ба шавқу ҳавас, майл ва қобилиятро дорад, ки зимни он кас метавонад характери худро ташаккул диҳад. Интихоби дурусти ихтисос барои довталаб кори ҷиддист ва шитобкориро намепазирад. Ин интихоб бо назардошти талаботи бозор ба ин тахассус ва дар оянда ҷои кори муносибу доимӣ дарёфт карда тавонистан бояд сурат гирад. Дар он падару модар низ нақши муҳим бозида метавонанд. Ин ҷо ба маврид аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ёдовар шавем. Дар модаи 7 қонуни мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд мушаххас нишон дода шуда, аз ҷумла, омадааст: «Падару модар шакл, намуд, усули таълим, муассисаҳои таълимро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл намуд ва усул ба вазъи саломатӣ рушди маъ-

Ободии бутхона зи вайронии мост, Ҷамъияти куфр аз парешони мост. Ислом ба зоти худ надорад айбе, Ҳар айб, ки ҳаст дар мусулмонии мост. навии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад». Бинобар ин, вазифаи падару модар аз он иборат аст, ки ояндаи фарзандашро таҳлилу натиҷабардорӣ ва ба инобат гирифта, ба ӯ роҳи дурустро нишон диҳад. Бархе волидайн барои бархурдор гаштан аз улуми динӣ фарзандонашонро ба хориҷи кишвар мефиристанд. Вале аз шароити зист ва тарзи таълими онҳо ва фанҳои тадрисшаванда ягон иттилое надоранд. Касе кафолат ҳам намедиҳад, ки пас аз гирифтани таълимоти динӣ ин ҷавони тоҷик ба кишвари худ бозмегардад ва ё не. Албатта, дар хориҷи кишвар таҳсил намудан бартариҳо дорад. Барои дар хориҷа таҳсил намудан касе монеъ намешавад, аммо бояд ҳамон касберо интихоб кард, ки аз он ба ҷомеа нафъе расад ва боиси сархамии падару модар нагардад. Маълум аст, ки ҷавонӣ давраи нашъу

намост ва майнаи сари ҷавон ба мисли коғази сафед покиза аст, ин холигиро бо ҳар гуна иттилооти носолим пур кардан нашояд. Дастандаркорони тафриқаандоз маҳз аз зудбоварии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ мекашанд. Бинобар ин, манзури мо ин аст, ки ҷавонон ба хориҷи кишвар барои гирифтани касби барои кишвари мо зарурӣ бираванд. Ба мисли муҳандис, дипломати забондон, мутахассиси соҳаи технология ва металлургия ва умуман, ба фанҳои дақиқ бояд таваҷҷуҳи бештар дод. Аз соли 2008 зиёда аз 10 ҳазор ҷавон тибқи Стипендияи байналмилали Президенти мамлакат «Дурахшандагон» аз рӯи 52 ихтисосе, ки иқтисодиёти миллии мо ба онҳо бештар ниёз дошта, дар кишварамон омода карда намешаванд, ба 25 давлати хориҷӣ барои таҳсил фиристода шудаанд. Танҳо соли ҷорӣ беш

КИТОБИ НАВ

Инчунин, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷойгоҳи тарбия дар ислом гуфтааст: «Ҳадафи аслӣ ва муқаддаси ислом тарбия ва такомули маънавии инсон, парвариши ахлоқи пок, фикру амали солеҳ, кору кирдори савоб ва рафтори нек мебошад. Ҷаҳони ислом бузургтарин олимонро дар соҳаҳои гуногуни илм ба камол расонидааст, ки онҳо манфиатҳои динӣ ва арзишҳои миллии худро ҳимоя намуда, роҳи зиндагиро аз рӯи таълимоти исломи солим пеш мебурдаанд». Оре, шинохти дину огоҳ будан аз арзишҳои баланди исломӣ муҳиму ҳатмист ва касбу ихтисоси баргузидаи мо набояд ба он доғ гузорад. Ё бояд тавре дониш андӯхту соҳибкасб шуд, ки минбаъд аз мо ба ҷомеа ва давлату миллатамон зиён нарасад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

11

АНДЕША

Машҳура АБДУЛЛОЕВА

ОМОДАГӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Шиносоии ҷавонон бо қисми низомӣ

дарҷ шудааст. Дар қисми сеюм мақолаҳои матбуоти даврӣ оид ба кору фаъолияти ҳунарманд гирд оварда шудаанд. Дар қисми чорум оид ба филмҳо дар бораи Ҷ. Муродов, аз қабили “Ашкрӯд бо суруд”, “Пайванди қарнҳо”, “Рафтори нек, гуфтори нек, пиндори нек” сухан меравад. Дар қисми охирон адибон дар ашъори пурғановати худ Ҷ. Муродовро васф кардаанд.

Қ. Аҳмадхоҷаев, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, Б. Исматҷонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд аз афзудани обрӯ ва эътибори Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳомиёни Ватан изҳори хушнудӣ намуда, қайд карданд, ки имрӯзҳо сафи ҷавононе, ки дар Артиши миллӣ хоҳиши хизмат кардан доранд, зиёд мегардад. Ин агар аз як тараф беҳтар шудани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии кишварро собит намояд, аз тарафи дигар хуб гаштани шароити хизматро дар қисмҳои низомӣ нишон медиҳад. Ҳамзамон, нишони баланд гардидани сатҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва савияи дониши афсарону сарбозон ва ҷавонон мебошад. Дар ин рӯз аз ҷониби Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят барои сарбозону афсарони қисми низомӣ 400 нусха китоби гуногуни бадеӣ тақдим шуд. Маҳбуби Нурзод, лейтенанти калони қисми низомӣ, гуфт, сарбозон интизоми намунавӣ доранд. Сӯҳроб Қосимов, сарбози қаторӣ бошад, ифтихор мекунад, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи фарзандии хешро назди Ватан адо менамояд. Ҷавонони синни даъватӣ, инчунин, бо ҷойи хоб, толори машқгоҳи ҳарбӣ, китобхона, ошхонаи қисми низомӣ ошно шуданд.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

Нодир ТУРСУНЗОДА

“Ҷӯрабек Муродов” ба табъ расид Ва 10 декабри соли равон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар муаррифӣ гардид. Мураттиби китоб, ки дар бораи зиндагиномаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Ҷӯрабек Муродов нақл мекунад, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Афғонов мебошад. Дар чоп ва омода намудани он Муҳаббат Юсуфова саҳм гузоштааст. Қисми якуми китоб асарҳои Ҷ. Муродовро дар бар мегирад. Дар қисми дуюм адабиёти марбут ба ҳаёту фаъолияти Ҷӯрабек Муродов

e-mail: javonontj@mail.ru

Бо ибтикори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати мусоидат дар тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз Ватани соҳибистиқлол, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар қисми низомии 3501 рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид. Дар он, асосан, ҷавонони синни то даъвати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

12

ФУТБОЛИ НАВРАСОН

ФУТБОЛИ ОСИЁ

Яман - рақиби аввалини футболбозони ҷавони кишвар Тақвими бозиҳои даври интихобии Чемпионати Осиё-2016 дар гурӯҳи «D» тасдиқ шуд. Тими мунтахаби ҷавонони кишвар дар гурӯҳи “D” 27 март бо Яман, 29 март бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва 31 март бо Шри-Ланка рақобат мекунад.

«Авиатор» - ғолиби мусобиқа ба хотираи Черевченко Бо ғалабаи дастаи “Авиатор” дар майдони хурди Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ мусобиқаи футболи хурд миёни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 ба хотираи собиқадори футболи тоҷик, ҳимоятгари маъруфи тими “Помир”-и Душанбе, Устоди варзиши ИҶШС Генадий Черевченко анҷом ёфт. Дар мусобиқа 6 даста – “Солор”, ФШШН, МҶМОВ, “Авиатор”, “Торпедо” ва “Городок” ширкат доштанд. Ғолибони гурӯҳҳои “А” ва “Б” – дастаҳои “Авиатор” ва МҶМОВ ба даври финалӣ баромаднд. Бозии ниҳоӣ бо ғалабаи “Авиатор” – 2:0 анҷом ёфт. Голҳоро Алишер Раҳимов (дақиқаи 10) ва Меҳроб Асоев (26) заданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ Ҷомро ба дастаи ғолиб писари марҳум Генадий Че-

ревченко – Игор, ки феълан ба ҳайси ёрдамчии сармураббии тими “Локомотив”-и Маскав фаъолият дорад, супорид. Аъзами Абдуҷаббор аз тими “Авиатор” беҳтарин дарвозабон, Довудҷони Акобир (“Городок”) – беҳтарин ҳимоятгар, Меҳрубон Ҳомидов (МҶМОВ) – беҳтарин нимҳимоятгар, Довуд Ҳакимов (“Солор”) – беҳтарин ҳамлагар ва Фирдавс Раҳмонов (“Городок”) беҳтарин нишонзан – 6 тӯб дониста шуданд.

ФУТБОЛИ ДУШАНБЕ

Дар марҳилаи интихобӣ 43 даста ширкат меварзанд. Дастаҳо ба ду минтақа тақсим шудаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 23 даста - Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ҳиндустон, Эрон, Ироқ, Урдун, Кувайт, Қирғизистон, Лубнон, Молдив, Непал, Умон, Покистон, Фаластин, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка, Сурия, Тоҷикистон, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Узбекистон, Яман ва ба минтақаи шарқӣ 20 даста - Австралия, Бруней, Камбоҷа, Чин, Тайван, Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Малайзия, Муғулистон, Мянмар, Филиппин, Сингапур, Тайланд, Тимори Шарқӣ ва Ветнам шомиланд.

ТАЭКВАНДО (ИТФ)

43 медали варзишгарони тоҷик дар Белорус 4-8 декабри соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус мусобиқаи кушоди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷоми ҷаҳон оид ба таэквандо (ИТФ) доир гардид. Дар он беш аз 1200 варзишгар аз 17 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Ҷумҳурии моро 56 варзишгар, 4 мураббӣ ва 2 довар намояндагӣ карданд. Варзишгарон барои ба даст овардани 174 маҷмӯи медалҳо дар 6 гурӯҳи синну солӣ байни ҳам рақобат намуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 43 медал - 10 тилло, 10 нуқра ва 23 медали биринҷӣ ба даст овард. Чорабинии мазкур яке аз марҳилаҳои муҳими омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон, ки сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея доир мегардад, мебошад.

Донишҷӯёни ДСТР Ҷоми Душанберо соҳиб шуданд Тими Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (ДСТР) дар даври финалӣ тими “Динамо”-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб карда, соҳиби Ҷоми Душанбе-2014 гардид. Бозӣ 11 декабр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ доир гашт. Донишҷӯёни ДСТР аз дақиқаҳои аввал ба ҳуҷум гузашта, дар дақиқаи дуюм ҳисобро кушоданд. Ин амалро Ойбек Абдуғаффоров иҷро кард. Бозингари “Динамо” Наврӯз Толибов дар дақиқаи 18 ҳисобро баробар кард. Донишҷӯён боз ба ҳамла гузашта, дар дақиқаи 33 Арсен Фармонбеков ҳисобро тағйир дод. Қисми дуюми бозӣ ба-

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

рои бозингарони “Динамо” бобарор сар шуд. Барои бозӣ бо даст довар ба дарвозаи ДСТР ҷаримаи ёздаҳметра таъин кард. Одил Эргашев онро ба фоидаи дастааш ҳал кард – 2:2. Ду голи дигари дастаи ДСТР-ро Фирӯз Сангов ва Шаҳром Муъминов заданд. Ҷом ва дипломҳоро ба дастаҳои ғолиб Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Дилшод Ҷӯраев, раиси Федератсияи футболи Душанбе супориданд.

e-mail: javonontj@mail.ru

ДЗЮ-ДО

Чор медали варзишгарони наврас аз Ҳонконг Варзишгарони кишвар дар ҳаштумин мусобиқаи қаҳрамонии дзю-дои Осиё байни наврасон (кадетҳо), ки 11-12 декабри соли равон дар Ҳонконг баргузор шуд, чор медал - се нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа шаш гӯштингири наврас намояндагӣ карданд. Темур Раҳимов дар вазни беш аз 90 кило (сабқати кадетҳо) бар Ҳунг Йеҳ Ҳуанг аз Тайван ва Бат-Эрдене Батсуурӣ аз Муғулистон ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Го Ҳаишимаи ҷопонӣ мағлуб шуда, бо медали нуқра сарфароз

гашт. Паҳлавони дигар Ҳоҷимас Раҳмонов дар вазни то 90 кило баъди ду пирӯзӣ бар Ерлан Талант (Қирғизистон) ва Деепак (Ҳиндустон), аз Урол Хусанови узбекистонӣ шикаст хӯрд. Баъдан ӯ барои ҷойи сеюм бар Раҳимбек Ашикбаев (Қазоқистон) ғолиб шуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Миёни наврасон Аминҷон Ҷалолов

дар вазни то 90 кило ва Санавбар Шанбиев дар вазни беш аз 90 кило медалҳои нуқра ба даст оварданд. Муҳаммадраҳим Сарахонов (50 кг) мақоми панҷум ва Толиб Ҷебов (60 кг) мақоми ҳафтумро ишғол намуданд. Ду нафари дигар – Эраҷ Абдуллоев (66 кг) ва Эмомҷон Камолов (81 кг) дар нахустин даври мусобиқа аз рақибони худ шикаст

хурданд. Дар ҳисоби даставӣ тими мунтахаби Ҷопон ғолиб шуд. Дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Муғулистон дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор гирифтанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки танҳо аз ҳисоби писарон ташкил ёфта буд, мақоми 8-умро ишғол кард.


Терри Анрӣ, футболбози фаронсавӣ аз хатми карйераи касбиаш хабар дода, акнун ба ҳайси журналист дар шабакаи телевизионии “Sky Sports”-и Бритониё фаъолият хоҳад кард. Торнамои ин шабакаи телевизионӣ менависад, Анрӣ аз якуми январи соли 2015 ҳамчун коршиноси футбол ба кор оғоз мекунад. “Ман дар беҳтарин клубҳои футболи ҷаҳон бозӣ кардаам, акнун ба тими беҳтарин дар телевизион мепайвандам. Умедворам донишҳои

ман ба тамошобинон лозим мешавад ва метавонам дар мавриди футбол ба онҳо маълумоти ҷолиб пешниҳод кунам”, - гуфтааст Терри Анрӣ. Охирин клубе, ки Анрии 37-сола дар он бозӣ кард, “Ню-Йорк Ред Буллз”-и Амрико аст. Оғози моҳи де-

кабр ӯ эълон кард, ки ин дастаро тарк мекунад. Анрӣ дар ҳайати тими миллии Фаронса ғолиби Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 1998 ва Чемпионати Аврупо дар соли 2000-ум гардид. Дар ин давом ӯ дар бозиҳои гуногун 228 гол задааст.

Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: № 1 2 3 4 5

«Манчестер ситӣ» бо «Барселона» қувваозмоӣ мекунанд

6

Дар шаҳри Нонеи Швейтсария қуръакашии даври ҳаштякфиналии Лигаи қаҳрамонҳо оид ба футбол баргузор шуд.

11

Нахуст, 16 даста ба ду тақсим шуданд: ғолибони гурӯҳ ва тимҳое, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд. Натиҷаи қуръакашӣ ба ин тартиб аст: «Манчестер Сити» — «Барселона», ПСЖ (Париж, Фаронса) — «Челсӣ» (Лондон, Англия), «Байер» (Леверкузен, Олмон) — «Атлетико» (Мадрид, Испания), «Ювентус» (Турин, Италия) — «Боруссия» (Дортмунд, Олмон), «Шалке» (Гелзенкирхен, Олмон) — «Реал» (Мадрид, Испания), «Шахтёр» (Донетск, Украина) — «Бавария» (Мюнхен, Олмон), «Арсенал» (Лондон, Англия) — «Монако» (Фаронса), «Базел» (Швейтсария) — «Порту» (Португал) Бозиҳои аввали даври ҳаштякфиналӣ 17-18 ва 25-26 феврал, бозиҳои ҷавобӣ 10-11 ва 17-18 март баргузор мешаванд.

“Балтика” – сарпарасти тими миллии Русия

Иттиҳоди футболи Русия бо ширкати “Балтика” қарордоди сарпарастӣ баст. Петр Макаренко, яке аз соҳибони ширкати “Телеспорт” гуфтааст, “Балтика” мақоми сарпарасти расмии тими миллии Русия оид ба футболро хоҳад гирифт. Ин қарордод то соли 2018 баста шуда, маблағи он 500 миллион рубл аст. Ширкати «Балтика», ки интиқолдиҳандаи расмии оби ҷав дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочӣ буд, аз шарҳи ҷузъиёти ин шартнома худдорӣ кардааст. Охирҳои ноябри соли 2014 расонаҳо навиштанд, ки қарзи Иттиҳоди футболи Русия ба

400 миллион рубл расидааст. Тақрибан нисфи ин маблағ пули музди меҳнати сармураббии тими мунтахаби Русия Фабио Капелло ва менеҷери даста Орест Чинквин аст. Гуфта мешавад, ин маблағ баъди аз ҷониби сарпарастон пардохт шудани пул, дода мешавад.

Рим муддаии мизбонии Олимпиада-2024

7 8 9 10

12

Роналдо бармегардад Роналдо, футболбози маъруф гуфтааст, эҳтимол дорад дубора карйераи варзишиашро идома диҳад. Дар ин бора “Estadao” хабар додааст. Карйераи Роналдои 38-сола соли 2011 анҷом ёфт. Ӯ гуфтааст, шояд дар ҳайати “Форт-Лодердейл Страйкерс”-и Лигаи футболи Амрикои Шимолӣ бозӣ кунад. “Ман талош мекунам хеле фаъол бошам. Дар тамринҳои клуб ширкат ва бо он рушд кунам”, - иброз доштааст Роналдо. Роналдо чандин маротиба беҳтарин бозингари ҷаҳон эътироф шудааст. Қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол аст ва ду маротиба ҷоизаи машҳури “Тӯби тиллоӣ”-ро соҳиб шудааст. Ӯ дар клубҳое монанди «Барселона», «Интер», «Реал», «Милан», ПСВ ва тими миллии Бразил бозӣ кардааст.

Ватикан масъалаи ҳамроҳ бо Рим барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар соли 2024 мубориза бурданро баррасӣ дорад. Маттео Рентсӣ, Сарвазири Италия 15 декабр гуфт, кишвараш барои баргузор кардани олимпиада мубориза хоҳад бурд. Маркази мусобиқот Рим гуфта мешавад. Инчунин, шаҳрҳои Флоренсия, Неапол ва Сардиния ҳам эҳтимолан ба он пайванд шаванд. Пешниҳоди дархостҳо барои баргузор кардани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 моҳи сентя-

бри соли 2015 анҷом меёбад. Исми мизбон дар соли 2017 эълон мешавад. Бозиҳои тобистонаи олимпӣ соли 1960 дар Италия доир гашта буд. Он замон ҳам мусобиқот дар Рим гузашта буд. Италия барои мизбонии олимпиадаи соли 2020 низ талош кард, аммо ноком шуд. Ҳаққи баргузориро Токиои Ҷопон дарёфт кард.

13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30 31 32

НОМГӮИ МАНСАБҲО Сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши таъминоти ҳуқуқии дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи марказӣ Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Исфара Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Хуросон Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯшон Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Панҷ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Айнӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мутахасиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ишкошим Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав

ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олии касбӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби сардори раёсат, мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расм (4х6);

МАОШИ ВАЗИФАВӢ 1709.1 943.65 854.55 855 773.55 738 738 738 738 702 702 702

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

Анрӣ: аз майдони футбол ба саҳнаи ТВ

13

ЭЪЛОН

702 702 702 702 702 603 576 576 576 576 576 576 576 576 576 495 495 495 472.50 472.50

- тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734026, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).

e-mail: javonontj@mail.ru

ВАРЗИШИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

14

ОДАМОНИ НАҶИБ

Ҷавонон бояд аз мушкилӣ наҳаросанд Шукри Худо, сол то сол шароити зиндагӣ беҳтар шуда, шумораи бештари одамон соҳиби таҷҳизоти замонавӣ мегарданд. Ҳамагӣ 15 сол пеш дар баъзе ноҳияҳо антенаҳои моҳвораӣ ангуштшумор буданд. Дар бораи телефони мобилӣ касе тасаввурот надошт. Касе ҳавопол (кондитсионер)-ҳои тамғаи “LG” ва печкаҳои барқии каммасрафро надида буд. Имрӯз хонае бе телефони мобилӣ нест. Шумораи мошинҳои сабукрав даҳҳо маротиба ва антенаҳои моҳвораӣ садҳо маротиба зиёд гашт. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ашхосе ёфт мешаванд, ки аз мушкилиҳои зиндагӣ шикоят мекунанду ин сабукиҳои ба амал омадаро нодида мегиранд. Дар урфият мегӯянд:

e-mail: javonontj@mail.ru

Мард бояд, ки ҳаросон нашавад, Мушкиле нест, ки осон нашавад. Агар ҳар кас ин байтро шиори худ созад, аз мушкилиҳо наҳаросида, бо иродаи мустаҳкам монеаҳоро паси сар мекунад. Аълочии маорифи ҷумҳурӣ, Корманди шоистаи илму фарҳанги ҷумҳурӣ, омӯзгори дараҷаи олӣ аз фанни риёзӣ (математика) Давлатихудо Амрихудоев аз ҷумлаи ҳамин гуна ашхоси матинирода аст. Ӯ соли 1935 дар деҳаи Будуни водии Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Давлатихудо соли 1948 мактаби 7-солаи деҳаро хатм намуда, 180 километр роҳро пиёда тай карда, ба шаҳри Хоруғ рафт. Мутаассифона, бо сабаби дер расидан ба Омӯзишгоҳи педагогӣ дохил шуда натавонист. Соли 1949 низ ба ҳуҷҷатсупорию имтиҳон дер кард. Хушбахтона, соли 1950 сари вақт ҳуҷҷат супурда, бо гирифтани баҳои «аъло» донишҷӯи омӯзишгоҳ шуд. - Тайи чор соли донишҷӯӣ танҳо тобистон ба зодгоҳам мерафтам, - мегуяд Давлатихудо. - Аз шаҳри Хоруғ то Язгулом пиёда 6 рӯз роҳ мепаймудам. Он вақтҳо нақлиёти мусофиркашӣ набуд. Меҳмонхона, ошхона, чойхона вуҷуд надошт. Сокинони деҳот маро бо чою нон, туту зардолу меҳмондорӣ мекарданд. Шабро бошад, дар коҳдону хирманҳо ва бошишгоҳҳои саҳроӣ рӯз мекардам. Шояд ин гуфтаҳо барои ҷавонони имрӯза афсона намояд. Имрӯз иддае аз ҷавонон барои 1-2 километр масофа мунтазири нақлиёт меистанд. Ҳол он ки дар кишварҳои пешрафта ашхосе, ки тарзи ҳаёти солимро пеш гирифтаанд, рӯзе ба ҳисоби миёна 10 000 қадам пиёда мегарданд. Давлатихудо соли 1954 омӯзишгоҳро хатм кард. Ҳамон сол сокинони Язгуломро ба водии Вахш муҳоҷир намуданд. Давлатихудоро бо роҳхати Возорати маориф ба ноҳияи Ҳисор фиристоданд. Шуъбаи маорифи ноҳия муаллими ҷавонро бо шароити чанд мактаб шинос намуда, ба ӯ ҳаққи интихоби ҷойи корро дод. Давлатихудо мактаби миёнаи хоҷагии «Ватан»-ро интихоб кард. Ӯро муаллими фанни математика таъин намуданд. - Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ барои синфҳои ибтидоӣ муаллим тайёр мекард, - ба хотир меорад Давлатихудо. - Вале дар омӯзишгоҳ чанд нафар муаллими донишманду соҳибтаҷриба аз фанни математика буданд, ки ба шогирдон ин фанро ба дараҷаи

баланд ёд медоданд. Азбаски дар мактабҳои ҷумҳурӣ муаллимони математика намерасиданд, Вазорати маориф моро ҳамчун муаллими математика роҳхат дода буд. Мардуми Язгулом, ки дар шароити обу ҳавои салқину тоза зиндагӣ мекарданд, ба офтоби сӯзони водии Вахш тоб наоварданд. Қариб нисфи муҳоҷирон фавтиданд. Аз ин рӯ, бо қарори Шӯрои вазирони СССР онҳоро ба зодгоҳашон баргардониданд. Давлатихудо низ ба деҳаи Будуни Язгулом баргашт. Хонаҳо дар зарфи як сол ҳама валангор шуда буданд. Бинобар ин, зиндагиро аз сифр оғоз кардан лозим омад. Мактаби бомаш андовашуда на фарш дошту на тахтаи синфӣ. Аҳли деҳа мактабро таъмир карданду охири моҳи октябр дарсдиҳӣ оғоз шуд. Мактаббачагонро дар синфҳои комплектӣ дарс медоданд. Яъне, синфҳои 1,2,3,4 якҷо дар як синф таълим мегирифтанд. Бо сабаби набудани мизу курсӣ хонандагон дар рӯи замин менишастанд. Давлатихудо соли 1959 бо роҳхати шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ ба курси яксолаи такмили ихтисос аз фанни математика ба Институти тадқиқоти илмҳои педагогӣ рафт. Пас аз хатми он дар мактабҳои водии Язгулом омӯзгории фанни математикаро бар зимааш гузоштанд. Чанд сол ба ҳайси котиби ташкилоти ҳизбии хоҷагии «Язгулом», солҳои 1968-1970 директори мактаби миёнаи №23-и ноҳияи Ванҷ ва раиси хоҷагии Язгулом кор кард. Дар баробари омӯзгорӣ Давлатихудо ба санъати мусиқӣ низ дилбастагии зиёд дошт. Дар ҳайати дастаи ҳаваскорони ВМКБ дар ҷашни 25-умин солгарди ҶШС Тоҷикистон ширкат варзида, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маданияти ҷумҳурӣ мукофотонида шуд. Ҳамчунин, барои иштирок дар фестивали ҳаваскорони санъати ҷумҳурӣ ва даҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав бо дипломи дараҷаи якум мукофотонида шудааст. Давлатихудо ба фарзандонаш Раҳматшоҳ, Қиматшоҳ ва Таҳмина асрору нозукиҳои санъати мусиқиро омӯзонида, навохтани асбоби мусиқӣ ва хондани сурудҳои гуногунро ёд медод. Бо ташаббуси ӯ дар ҷумҳурӣ яке аз аввалин ансамблҳои оилавӣ - «Язгулом» таъсис ёфт. Барои баланд бардоштани санъати мардумӣ ва муаррифии фарҳанги тоҷик Давлатихудо Амрихудоев бо раҳматнома, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардидааст. Ба муносибати ҷашни 1000-солагии Носири Хусрав Давлатихудо Амрихудоев дар Қасри миллатҳои Маскав аз ашъори ин шоири шинохта таронаҳо суруда, аз ҷониби иштирокчиён гарм истиқбол ёфт. Барномаи ҳунарии Давлатихудо Амрихудоевро асосан сурудҳо аз ашъори Абураҳмони Ҷомӣ, Сӯфӣ Ашқарӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Шамси Табрезӣ, Мулҳами Бухороӣ ва ғайра ташкил медиҳад. - Имрӯз аксар санъаткорони ҷавон сурудҳои сабук месароянд, - мегӯяд Давлатихудо. - Ҳол он ки дар оҳангу садои гӯшнавоз бояд суруд маънии баланд дошта бошад. Ҳарчанд Давлатихудо Амрихудоев ба синни 80 наздик шуда бошад ҳам, бардаму болидарӯҳ ба назар мерасад. Дарвоқеъ, ӯ аз овони хурдӣ ба гӯштини миллӣ шавқу рағбат дошт. Борҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзидааст. Имрӯз низ аз санъат канда нест. Ҳар саҳифаи умри ин гуна собиқадорон барои ҷавонон намунаи ибрат аст. Мо ба ин пири равшанзамир, омӯзгори варзида, варзишгари мумтоз ва санъаткори боистеъдод тандурустию умри дароз хоҳонем. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

Масъулиятшинос Маҷлиси назди раис бегоҳ хеле тӯл кашид. Раиси ноҳия, ки қариб тамоми роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳо даъват шуда буданд, танҳо як масъаларо ба миён гузошт: дар мавсими ғунучини ҳосили бо арақи ҷабин парваридаи марди деҳқон – пахта ҳама саҳмгузорӣ намоянд. Худи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия низ он ҷо ҳузур доштанд. Дастгирии раисро дар ин маъракаи муҳим дидаю шунида, шод гардиданд. Ҷониби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия нигариста, мамнунона сар меҷунбонданд. Роҳбари дастгоҳ боре роҳбарони хоҷагиҳои деҳқониро назди хеш хонда, барои сари вақт чидани ҳосили пахта бо онҳо маслиҳат кард. Гуфт, ки дар чидани ҳосил кӯшиш намуда, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода баранд. Баъзе аз роҳбарон таклиф ба миён гузоштанд, ки аз қувваи мактаббачагон истифода бурда шавад. Вай бошад, қатъиян зид баромад. - Ҳаргиз ин корро накунед, - ба деҳқонон фаҳмонд ӯ. – Насли наврас бояд пайваста ба таълим фаро гирифта шавад. Даврони шӯравӣ тамоми хонандагону донишҷӯёнро ҳатто то ду моҳ аз таҳсил дур монда, ба маъракаи ҳосилғундорӣ ҷалб мекарданд. Ин кори амалҳои гузашта буд. Шукр, имрӯз мо соҳибистиқлолем. Ҳоҷати ҷалби хонандагон ба ҳосилғундорӣ нест. - Чӣ кор кунем, ака? – суол дод яке аз роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ. – Қувваи худамон намерасад. Роҳбари дастгоҳ ба андеша рафта, роҳи ҳалли масъаларо меҷӯст. Деҳқонон - роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ҳар сол ба қувваи мактабиён бештар умед мебастанд, ин тасмими роҳбари дастгоҳро шунида, каме андуҳгин шуданд. - Як кор кардан мумкин, - баъди муддате ба андеша рафтан ниҳоят гуфт вай. - Чӣ кор будааст? – руҳ гирифта, якбора баробар чанде аз роҳбарони хоҷагиҳо овоз баланд намуданд. - Бо раиси ноҳия маслиҳат карда, кормандони корхонаю муассисоти гуногунро ба ин маърака сафарбар намудан мумкин. - Розӣ мешаванд? – нобоварона пурсид яке аз роҳбарони хоҷагиҳо. - Раиси ноҳия маҷлис ороста, муҳим будани ин маъракаро ба роҳбарони муассисаю корхонаҳо фаҳмонад, чаро розӣ намешаванд? Суханони охирини роҳбари дастгоҳ онҳоро каме руҳбаланд кард. Бо дили пур аз назди ӯ берун шуданд. Вай бошад, рӯзи дигар назди раиси ноҳия даромада, дар ин масъала бо вай гуфтугӯ кард. Раис чунин тасмими ӯро хуш пазируфт. - Коре кардан лозим, ки хонандагон аз таҳсил дар канор намонанд, - дар поёни суҳбат гуфт раис. Ва супориш дод, ки роҳбарони тамоми муассисаҳои ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқониро ба маҷлис даъват намояд. Маҷлис доир гардид. Раис тамоми роҳбарони муассисоти ноҳияро водор намуд дар маъракаи ғунучини ҳосил канор намонанд. Пас аз маҷлис тамоми роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дасти роҳбари дастгоҳро самимона фишурда, изҳори миннатдорӣ карданд. Маҷлис хеле тӯл кашид. Аз ин хотир, ба хона дер омад. Дар хона ҳамсари меҳрубонаш интизор буд. Ба дер омаданҳои ӯ одат кардааст. Пас аз адои хизмати аскарӣ Ибодулло Давлатов якбора соҳиби ду диплом гардид. Аввал Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, пасон, баробари фаъолияти меҳнатӣ Донишгоҳи аграриро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногун заҳмат кашидааст. Чандин сол ба ҳайси роҳбари идораи «Селхозхимия»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ меҳнат карда, пасон дар Нозироти андоз ва Кумитаи замини вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст. Заҳмати бенуқсон ва пурсамари ӯро ба инобат гирифта, ӯро барои идомаи кор ба ноҳияи Хуросон даъват намуданд. Инак, се сол мешавад, ба ҳайси роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Хуросон фаъолият дорад. - Ба назари бисёриҳо чунин менамояд, ки дар идора нишаста, роҳбари дастгоҳ будан кори саҳл бошад, - зимни суҳбат нақл кард Ибодулло Давлатов. – Дар асл, кори аз ҳама душвор маҳз дар дастгоҳ аст. Ҳар рӯз чӣ қадар корафтодагон ба идораи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия меоянд. Бо ҳар кадом вохӯрда, дар ҳалли мушкили онҳо бояд саҳм гузошт. Лозим шавад, ба назди раис ё муовинонаш онҳоро раҳнамун бояд сохт. Инчунин, ҳар гуна ҳуҷҷатнигорӣ маҳз аз тариқи роҳбари дастгоҳ сурат мегирад. Ҳамаи инро саришта намудан кори саҳл нест. Маҳз маҳорати кордонӣ ва бо одамон муомила кардани ӯ имкон дод, ба чунин вазифаи пурмасъулият таъин гардад. Аксар корафтодагон аз назди роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуросон қаноатманд ва шоду мамнун мебароянд. Зеро мекӯшад дар ҳалли мушкилоти эшон саҳм гузорад. Б. ТУРСУНАЛӢ, рӯзноманигор


Ѓуломи ишќ … Ќиёмов, яке аз аввалин режиссёрони точик

Ходими баландмартаба

Боварї, эътиќод

… Басу, ситораи кинои њиндї

Дарё дар Хатлон

... -Ато, шањр дар Ќазоќистон

Харидор

Вилояти …и Бадахшони кўњї

Асъори Литва

Марди љангї, сарбоз

Аз гуноњ гузаштан

Ошпази киштї

Аќиб, ќафо

Даст ба ... бардоштан

Мазоњ, нешханд

Оњанпораи нўгтез Номи дарёи Панљ дар поёнобаш

Шўхиомез

Рафтуо

…-и Мурод, сароянда

Дуои хайр

Дурахшонї, тобиш

«ИМА» ба русї

Сангдил, сахтдил, берањм,

Бародари Шиам

Нури офтоб

… Медведев, сарвазири Русия

% Яккасарої

«Кефир»-и ширини хориљї

Дарозї

Моддаи тарканда

Агентии иттилоотии Эрон

Мошини аввалини СССР

Миллати асосии шањри Дењлї

Жанри адабї, китоби бадеии калон Коргардони машњури кинои шўравї

Сарояндаи суруди «Аскарбача»

Навзод, фарзанди ширхора Доллари грузинњо

Муњосира Шутурмурѓи австралиягї

… Давлатова, овозхон

Хонаю ..., одаму либос

«Доллар»и Аврупо

Синнаш хурд

Падар (лањља)

Мурод, маќсад

Асбоби мусиќии тории калони секунљашакл

Шавњар

Айб, љурм

Массаж

Фошкунї, ошкорсозї

Гурбаи калони холдори љангалї

Хондашаванда

Моеи бадани инсон

Њосилхез

Насронї

Оригинал

Чуќурї, амиќї

Баъди аср

Давлат дар Африќо

Асбоби челонгар Пойтахти Македония

Аз кўњ хурд

«Кори Баба ... ро … аз ба афсофардо магу- нањои русї зор»

… Шералї, шоир Хушк

Телефон не, теле…

Парешон

Сад ва чор ноли дигар

Бале!

… Капур, ситораи кинои њиндї

…'О – футболбози камерунї

Насаби аввалаи боксчї Муњаммад Алї

Нашъунамо

Попўши намадии русњо

Сењр

Ноњия дар минтаќаи Кўлоб

Ѓалаба, зафар Кўчаи хурд

Ѓунљоиш

Нармгуфтор

Сернамак

e-mail: javonontj@mail.ru

Замон

Душмани милтиќдори њайвонњо

Ситораи кинои Фаронса

Таксарї, болин

Дорої, амвол

«Шайтонароба», дучарха

Узви парран- Пойтахти да Исроил

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №51 (9373), 18 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Дарси математика. Муаллима мепурсад: - Агар 3 кило себ 30 сомонӣ бошад, чи хел мефаҳмем, ки 1 килоаш чанд сомонӣ аст? Салим: - Аз фурушанда мепурсем.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

***

Самариддин АСОЕВ

Салим: Падарҷон, “асри сангин” чӣ маънӣ дорад? Падар: - Он замон ҳама чизро аз санг месохтанд. - Телевизорро ҳам?

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ

***

(котиби масъул),

Ҳамсояҳои Афандӣ қурбоқаеро назди ӯ меоранд ва мепурсанд: - Ин чӣ аст? Афандӣ: - Дар куҷо зиндагӣ мекунад? - Дар даруни об. - Чӣ кор мекунад? - Рӯзи дароз қур-қур мекунад. - А, фаҳмидам. Ин булбули обӣ аст.

Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 6940 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

АНДАРЗ

Маънои ҳаёт Марде бисёр мехост чӣ будани маънои ҳаётро бифаҳмад. Бо ин мақсад ҳар нафареро, ки дучор мешуд, мепурсид: “Маънои ҳаёт чист?” Вале ҷавобҳои шунидааш ӯро қонеъ намекард. “Ҷавобҳои ёфтаам, ноқисанд, бояд маънои дархӯри диламро пайдо кунам”, - мегуфт ба худ. Мард тамоми пешу барро гашта, аз кӯҳу саҳро гузашт. Дар ин миён вақт ҳам мегузашту умраш ҳам баробари ҷустанҳояш тай мешуд. Ҳангоми сафарҳояш дар яке аз деҳаҳо ба мард теппаеро нишон дода гуфтанд: “Пушти ин теппа донишманде зиндагӣ мекунад. Ҷавоби саволатро ба ту дода метавонад”. Мард ҳам баъди паймудани роҳи ноҳамвору тӯлонӣ ба хонаи донишманд расида, арзашро гуфт. - Ба ту танҳо бо як шарт ҷавоб медиҳам. Аввал бояд аз имтиҳон бигзарӣ, - гуфт донишманд ва ба қошуқчае равған рехта, ба дасти мард дод. Сипас, афзуд: - Ҳоло баро ва дар боғ сайр кун, аммо бо диққат бош, ки як қатра ҳам аз қошуқ равған нарезад, вагарна аз имтиҳон

намегузарӣ. Мард дар даст қошуқи равғандор боғро давр зада, боз назди донишманд қарор гирифт. - Воқеан, равғани қошуқча кам нашудааст, аммо бигӯ, ки боғ чӣ гуна буд?”, - пурсид донишманд. - Ман ба ғайр аз қошуқи дастам ба ҷои дигар нигариста натавонистам, охир. Аз куҷо донам боғ чӣ гуна буд?- бо ҳайрат ҷавоб дод мард. Донишманд боз қошуқи равғандорро ба мард дода, фармуд: - Ҳоло ба боғ рав, вале ин дафъа боғро тамошо карданат

Шукрона Ҷавон ин дафъа низ ба насиҳатҳои падар гӯш надода, дарро башаст пӯшид ва аз ҳавлӣ баромада рафт. Ҳатто аз қаҳру ғазаб попӯшӣ ба пой накард. Падар фақат насиҳат мекард: “шукр гӯй, шукр гӯй, шукр...” Ба кӯчаи калон баромад. Ҳеҷ чизро намедид. Тез-тез роҳ мегашт. Пояш ба санге бархӯрд. Дард тамоми вуҷудашро фаро гирифт. Пеши чашмонаш торик шуданду пуроб. Аз дарди сахт ҳатто ёрои дод задан ҳам надошт. Рӯи замин нишаст. Ба ҳамин минвол чанд лаҳза гузашт. Дард оҳистаоҳиста кам мешуд, пеши чашмонаш кушода мегашт. Ин лаҳза овози касе базӯр ба гӯшаш расид, ки аз ӯ мепурсид:

даркор. Мард чун ба боғ даромад, аз ғояти зебоӣ ва накҳати гулҳову хониши парандаҳо гӯё афсун шуд. Вақте баъди тамошои боғ ба назди донишманд омада, аз зебоии боғ маст шуданашро нақл кард, донишманд табассум намуда гуфт: - Дар қошуқи дастат равған намондааст-ку? Акнун бидон, ки ҳаёт ё зиндагӣ бо нигоҳи ту маъно пайдо мекунад. Агар танҳо ба як нуқта нигоҳ кунӣ умрат гузаша меравад ва ту чизеро намефаҳмӣ ва лаззати онро дарнамеёбӣ. Маънои ҳаёт дар тарзи нигоҳи ту пинҳон аст! Башир УСМОНОВ, “ҶТ”

Дар беморхона. Мард: - Писарам на гӯшт мехӯрад, на картошка, на пиёз... Духтур ба писарак: - Барои чӣ намехӯрӣ? - Ҳамин гуфтагиҳои падарам ягонтоаш дар хонаи мо нест.

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Номаи камоли гумшудаи А№058850, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9-и ноҳияи Қубодиён соли 1996 ба Қурбонов Тулқин Тоирович додааст, эътибор надорад. Патенти гумшудаи соҳибкори инфиродӣ Давлатов Файзалӣ Одинаевич (РЯМ2130014187), ки онро соли 2010 Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ додааст, эътибор надорад. Дафтари гумшудаи ҳавлӣ бо суроғаи ноҳияи Ҳисор, кӯчаи Бобоҷон Ғафуров-12, хонаи 18, ки ба шаҳрванд Зокиров Мирзо мутааллиқ аст, эътибор надорад. Дипломи гумшудаи ДТО №0054606, ки онро Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон соли 2009 ба Ҳамидов Иноятулло Нусратович додааст, эътибор надорад.

Қатъи фаъолият Соҳибкори инфиродӣ Қурбонов Абдулғанӣ Мингпулотович (РЯМ 2130032850), ки соли 2013 дар Нозироти андози ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

- Додарам, хубӣ? Ба ту чӣ шуд?... Ҷавон оби чашмонашро бо лаби остин пок карда, наздаш ҷавоне аз худ ду-се сол калонтарро дид. Ӯ бо ду пойи аз зону боло бурида, болои аробаи маъюбӣ нишаста буд ва дасти ёрӣ сӯи ҷавон мекард. Ҷавон пурра дарди худро фаромӯш намуда, аз дасти ҷавони маъюб гирифта, аз ҷой бархост. Бо эҳтиром ба сӯи ӯ нигариста, изҳори сипос намуд ва ба тарафи хона баргашта, зери лаб «шукр» гуфтан гирифт. Дар умри бистсолаи худ аввалин бор аз таҳти дил шукр мегуфт ва суханҳои падар такрор ба такрор зери гӯшаш садо медод: «...Шукр гӯй писарам, агар поят ба санге бархӯрад, зинҳор ба сангу роҳу роҳсоз ҳақорат ва дуои бад накун, балки шукр кун, по дорӣ, ки ба санг бармехӯрад...» А. АШРАФ, “ҶТ”

Соҳибкори инфиродӣ Сарабекова Заррина Муродовна (РЯМ 0430148978, РМА 045298421), ки соли 2013 дар Нозироти андози ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.

ҲАМДАРДӢ

Аҳли эҷоди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба собиқ сармуҳаррири рӯзнома Давлат Назриев нисбат ба марги МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд. Як гурӯҳ дӯстон ба сардори раёсати КДАМ Давлат Зарифов нисбат ба марги бемаҳали ДУХТАРАШ ҳамдардӣ изҳор карда, ба ӯ ва аҳли байташ сабри ҷамил мехоҳанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.