Javononi Tojikiston, №52 (9374), 25.12.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

1

№52 (9374),

25 декабри соли 2014

ВОКУНИШ

ҲАМОИШ

Раисии СААД ба Тоҷикистон гузашт

23 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид. Он таҳти раёсати Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, зеро раисӣ дар ин созмон аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт. Дар ҷаласа беш аз 20 масъала баррасӣ шуд, аз ҷумла, масоили вобаста ба таҳкими ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои кории созмон ва кишварҳои аъзо, аз ҷумла, нерӯҳои муштараки низомию махсус ва нерӯҳои посдори сулҳ, такмили механизмҳои истифода аз нерӯҳои муштарак, кӯмак ба Тоҷикистон барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ҳамчунин, омодагӣ ба истиқболи ҷашни 70-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. Инчунин, тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи ояндаи сарони давлатҳои аъзои СААД моҳи октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

САНОАТ

Саҳифаи

5

Баргаштан аз роҳи бад ҳеҷ вақт дер нест Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

Оғози сохтмони бузургтарин коргоҳи нассоҷӣ дар Данғара Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркард қарор мегирад. Иттилоъ дода шуд, ки дар 4 марҳила дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, 6 ҳазор шаҳрванди кишвар бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои соли 2015 оғоз шуда, тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

ОБУНА-2015


2

ФОРУМ

ОЗМУН

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

“Волонтёри сол 2014” муайян шуд Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон зимни як чорабинӣ дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” “Волонтёри соли 2014”-ро муайян карданд. Ин унвон насиби Шералӣ Ҷалолов гардид. Ҳамчунин, панҷ нафар волонтёри фаъоли сол - Таманно Табарова, Азиза Носирова, Иброҳим Шехвалиев, Ибодат Холова ва Самандари Раҷабалӣ бо “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравии ассотсиатсия қадрдонӣ шуданд. Қиёмиддин Миралиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон, раиси Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон ва Наимҷон Мирзораҳимов вобаста ба фаъолияти Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон маърӯза карда, аз натиҷаи кори он дар соли 2014 маълумоти муфассал доданд. Аз ҷумла, мақсад аз баргузор намудани озмун ҳавасманд гардонидани волонтёрон дар рушд ва такомул додани фаъолияти онҳо арзёбӣ шуд.

Ҷамъбасти форуми эҷодӣ ва илмии зиёиёни ИДМ Ҳафтаи сипаригардида дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо дастгирии Фонди байналмилалии ҳамкории гуманитарӣ (МФГС) Форуми IX эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, таҳти унвони «Рушди фазои дастаҷамъии гуманитарӣ дар ИДМ: дурнамои рушди ҳамкорӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон ва Федератсияи Русия иштирок карданд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар форум баррасӣ шуд, омодагӣ ва таҷлили 70-солагии ғалабаи мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд. Масъалаи дигар муаррифӣ гардидани шаҳрҳои Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия ҳамчун пойтахтҳои фарҳангии ИДМ дар соли 2015 ба ҳисоб мерафт, ки зимни он раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор

Раҳмонов баромад намуда, иштирокчиёнро бо мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои илмии шаҳр ошно намуд. Ҳамчунин, дар қисмати дуюми чорабинӣ иштирокчиён ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, миёни худ роҷеъ ба масъалаҳои илму маориф, фарҳангу ВАО ва саҳми ҷавонон дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣ ва рушди туризм мубодилаи афкор намуданд. Дар бахши «Баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳифзи

ДАСТОВАРД

мероси фарҳангӣ ва рушди туризми таърихӣ-фарҳангӣ» муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат Мавсумахон Муинӣ баромад намуда, оид ба саҳм ва нақши ҷавонони тоҷик дар нигоҳдошти мероси фарҳангӣ ва рушди туризми мамлакат сухан кард. Дар фарҷом доир ба масоили баррасишуда ҳуҷҷати ҷамъбастӣ қабул гардид.

КИТОБИ НАВ

Гар набудӣ шеър…

Дар чорабинӣ аз ҷониби волонтёрон саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш ва сурудҳо сароида шуд. Масъулин изҳор доштанд, ки дар оянда низ чунин озмунҳоро дар сатҳи ҷумҳурӣ мунтазам доир хоҳанд кард.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ” ФАРҲАНГ

Нуруллоҳи Ориф ҳамчун шоир ба дӯстдори адаб каломи бадеъ кайҳо боз ошност. Чунки ӯ муаллифи беш аз даҳ маҷмӯа аст.

e-mail: javonontj@mail.ru

Хабарнигори «Ҷавонон...» ғолиби ду озмун Соли равон ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “FLERMONEСA” (Идораи ҷангал ва гуногунии биологӣ, ҳамроҳ бо мониторинги ҳолати муҳити зист) дар мавӯи «Идоракунии устувори захираҳои ҷангал дар Тоҷикстон» миёни журналистон озмун элон кард. Он дар бахшҳои матбуот, телевизион ва радио сурат гирифт. Боиси хушнудист, ки дар бахши матбуот хабарнигори рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Сайфиддин Суннатӣ сазовори ҷои аввал гардид. Ҳамчунин, дар озмуне, ки намояндагии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ (MHO) дар мавзӯи “Солимии репродуктивии аҳолӣ” миёни рӯзноманигорон доир кард, Сайфиддин Суннатӣ барои силсилаи мақолаҳо дар мавзӯи “Ҳифзи модару кӯдак” ҷои сеюмро гирифт. Сарвари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон Павел Урсу зимни ҷоизасупорӣ изҳор намуд, ки васоити ахбори омма дар баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нақши арзанда дорад. Ҳар қадар навиштаи рӯзноманигор ба хонанда фаҳмо бошад, ҳамон қадар он ҳадафрас хоҳад буд. Мо ҳамкори худро бо ин комёбиҳо муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои нав хоҳонем. «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

«Ишқи фаришта» (1993), «Рӯъёи сабз» (1996), «Сояи ашк» (1999), «Шароби оғӯш» (2001) аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки аз ҷониби коршиносон баҳои баланд гирифтаанд. Чанде пеш маҷмӯаи нави шоир бо номи «Хандаи завқ» рӯйи чоп омад. Тавре дар пешгуфтори маҷмӯа омадааст, Нуруллоҳи Ориф чун шоири суруднавис миёни аҳли адаб ва ҳаводорони назм маъруф аст. Як қатор шеърҳои ӯро бастакорон оҳанг бастаю ҳофизон месароянд. Эҷоди шоирро меҳри диёр ва мардуми он, муҳаббати поки инсонӣ, дӯстию рафоқат ва ғайра дар бар мегирад. Баёни ӯ сода, хушу гуворо ва мақбули хонанда аст. Ӯ ҳаёти хешро бе шеър тасаввур карда наметавонад. Дар ин бора чунин нигоштааст: Ман ба ту, эй шеър, одат кардаам, Дар худам сайру саёҳат кардаам. Ҷонамозам гашт авроқи сафед, То саҳар ҳар шаб ибодат кардаам. Т. ДАВЛАТ, “ҶТ”

“Шоми ҷавонӣ” дар Файзобод Чанде пеш бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Файзобод таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Дар он раиси ноҳия И. Каримиён, соҳибкорон ва ҷавонони ноҳия ширкат карданд. Бахше аз ин чорабинӣ боздид аз мавзеи таърихиву фарҳангии «Вашгирд», осорхонаи ноҳиявӣ ва бозии викторина буд. Инчунин, дар чорабинӣ мулоқоти сокини ноҳия, донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Астрахани Федерастияи Русия Некқадам Саидов аз тариқи “Скайп” бо ҳозирин доир гардид. Тибқи маслиҳат аз тарафи раиси ноҳия ба Некқадам Саидов 3000 сомонӣ кӯмаки молиявӣ ҷудо гардид. Пешиҳод шуд, то клуби соҳибкорони ҷавони ноҳия таъсис дода шавад ва бо назардошти он ки аксари ҷавонони ноҳия дар соҳаҳои гуногуни илм кору фаъолият доранд, нерӯи зеҳнии онҳо баҳри рушди ноҳия истифода шавад.


Бо муовини котиби генералии Федератсияи умумичинии ҷавонон (ФУҶ) хонум Дун Ся дар конфронси муассисони Шӯрои ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, ки 2-5 майи соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия доир гардид, шинос шуда будам. Ӯ он вақт сарварии ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба зима дошт ва аз сабаби серкорӣ он замон барои рӯзнома мусоҳиба дода натавонист. Чанде қабл, зимни иштирок дар мулоқоти дӯстонаи лидерони ҷавони давлатҳои Авруосиё, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён гирифт, боз бо Дун Ся вохӯрдам. Ӯ ин дафъа ба ҳайси мизбон хоҳиши маро пазируфта, розӣ шуд барои рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мусоҳиба диҳад. Инак, фишурдаи он пешкаш мегардад. - Хонум Дун Ся, Федератсияи умумичинии ҷавонон кай таъсис ёфтааст ва чанд нафар аъзо дорад? - Федератсияи умумичинии ҷавонон созмони ҷавонон ва лидерони ҷавони Чин буда, соли 1949 таъсис ёфтааст. То ин дам зиёда аз 200 миллион нафар ҷавонони Чин дар сатҳҳои маҳаллӣ, музофотӣ ва миллӣ узви он мебошанд. Котиби генералии федератсия соли дуюм аст, ки Хэ Тсюнкэ мебошад. ФУҶ базаи мустаҳками омӯзишӣ барои лидерони оянда аст. Ташкилоти мазкур муттаҳидкунандаи созмонҳои ҷавонони Чин буда, сиёсати давлатии ҷавононро дар амал татбиқ менамояд. - Федератсия кадом барномаҳоро барои пешрафти фаъолияти ҷавонони Чин амалӣ месозад? - Фаъолияти ФУҶ чор функсияи асосиро дар бар мегирад: муттаҳиду роҳнамоӣ намудани ҷавонон ба корҳои созандагӣ, хизмат ба ҷавонон, пешниҳод кардани хостаҳои ҷавонон ва ҳимояи ҳуқуқи қонунии ҷавонон. ФУҶ барномаҳои ширкаткунӣ, омӯзишӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, машғул шудан ба соҳибкорию

ФУҶ - роҳнамои насли ҷавони Чин

Рамзи Федератсияи умумичинии ҷавонон

шуғл, ҳимояи ҳуқуқу арзишҳои ҷавонон ва табодули таҷрибаҳои байналмилалӣ дорад. Ҳар як аз ин барномаҳо дар аз қисматҳо иборатанд. Масалан, барномаҳои ширкаткунӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ (таъсиси тиҷорат барои соҳибкорони ҷавон), ҳифзи дарёҳо ва Ҳаракати ихтиёриён (валантиёрон)-и ҷавони Чинро дар бар мегиранд. Барномаҳои омӯзишӣ ташкили чорбаниҳои тарбияи арзишҳо ва патриотизм, умедҳо, инкишофи дараҷаи касбияти кормандони ҷавон, баргузории Ҷоми даъват барои донишҷӯён ва таълими навгониҳои зиндагӣ барои ҷавононро фаро гирифтааст. Инчунин, бо мақсади пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон барномае бо номи «Барномаи фардо» амалӣ мешавад. Умуман, алҳол дар 227 шаҳри Чин 12 335 маркази дастгирии ҷавонон фаъолият мекунанд. - Кадом ташкилотҳо узви ФУҶ мебошанд? - Алҳол 55 ташкилот узви ФУҶ

ҳастанд, ки 19-тоаш дар сатҳи умумичинӣ, боқимонда дар сатҳи минтақавӣ фаъолият мекунанд. Маъруфтарин аъзои ФУҶ инҳоянд: Иттифоқи коммунистии ҷавонони Чин, Федератсияи умумичинии донишҷӯён, Ассотсиатс ияи ихтиёрони ҷавони Чин, Ассотсиатсияи соҳибкорони ҷавони деҳоти Чин, Ассотсиатсияи олимону техникҳои ҷавони Чин, Ассотсиатсияи рӯзноманигорону муҳаррирони ҷавони пойтахт, Ҷамъияти ҷавонон барои мусоидат ба рушди саноати Чин. - Чин сераҳолитарин кишвари дунё ба шумор меравад. Чанд фисади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд? - Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ашхоси аз 18 то 35-сола ҷавон ҳисобида мешаванд. Агар аҳолии ин синну солро ба назар гирем, дар айни ҳол 410 миллион нафарро ташкил медиҳанд. Яъне, сеяки аҳолии Чин ҷавонанд. Ҳоло теъдоди ҷавонони аз 14 то 28-сола ба 130 миллион нафар мерасад. Дар ин миён 25,1 миллион нафарро ихтиёриёни ҷавон ташкил медиҳанд.

ФУҶ зиёда 10 000 марказҳои хизматрасонӣ барои ҷавонон дорад. Инчунин, он дорои шабакаҳои пурқуввати телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо мебошад. Масалан, «Рӯномаи ҷавонони Чин» бо теъдоди зиёда аз 1 миллион нусха чоп мешавад. Қариб 70 дарсади хонандагони онро ашхоси аз 25 то 40-сола ташкил медиҳанд. 11 рӯзномаи ҷавонон ҳар рӯз ба табъ мерасанд. Боз 34 ҳафтанома ва маҷаллаҳои ҳармоҳа мудом фаъолияти ҷавонони Чинро инъикос мекунанд. Аз онҳо машҳуртаринашон «Навиди ҷавонӣ» ва «Ҷавонони Чин» мебошанд. Ҳамчунин, ФУҶ дорои ду сомонаи интернетӣ барои ҷавонон, 7 нашриёт ва як маркази истеҳсоли кино аст. Умуман, ФУҶ роҳнамои насли ҷавони Чин буда, фаъолияташро баҳри якдилӣ, муттаҳидӣ ва дар пешрафти мамлакати паҳновар саҳм гузоштани ин нерӯи пурқудрат, яъне, ҷавонон тақвият медиҳад.

3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ҶАВОНОНИ ҶАҲОН

Мусоҳиб С. АСОЗОДА, “ҶТ”

ҲАМКОРӢ

Таваҷҷуҳи соҳибкорони Свердловск ба меваю сабзавоти Тоҷикистон Зимни мулоқот бо меҳмонон, раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид иброз дошт, ки ҳамкориҳои соҳибкорони вилояти Свердловск таърихи дерина дорад. Ҳанӯз соли 2004 дар шаҳри Душанбе муаррифии иқтидори корхонаҳои саноатии вилояти Свердловск баргузор гардида буд. То ин дам дар мамлакат Намояндаи тиҷоратии корхонаҳои вилояти Свердловск фаъолият мекунад. Шариф Саид ба меҳмонон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» маълумот дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон сармоягузорӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, сохтмон, хизматрасонӣ ва инфрасохтор дурнамои хуб дорад.

Соҳибкорони вилояти Свердловск изҳор доштанд, ки ба Тоҷикистон техникаи соҳаи бинокорӣ, металҳои сиёҳ ва ранга, таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ ва тиббӣ содир намоянд. Инчунин, метавонанд дар лоиҳакашии нерӯгоҳҳои хурди обӣ ва таъмини барномаҳои технологӣ мусоидат кунанд. Соҳибкорони вилояти Свердловск ба содироти меваю сабзавоти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Шариф Саид ба меҳмонон дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон дар асоси ашёи маҳаллӣ, омодасозии кадрҳо, ба роҳ мондани робитаи техникӣ пешниҳоди ҳимкорӣ намуд. Дар поёни мулоқот миёни Палатаи савдою саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдою саноати Урал Созишно-

маи ҳамкорӣ имзо шуд. Тасмим гирифта шуд, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи вилояти Свердловск доир гашта, мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Русия баргузор шавад. Ин гуна чорабиниҳо дар густариш ёфтани ҳамкориҳо миёни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард. С. СУННАТӢ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳафтаи сипаришуда як гурӯҳ соҳибкорони вилояти Свердловски Федератсияи Русия бо роҳбарии сардори шӯъбаи намоишгоҳҳои байналмилаливу минтақавии Палатаи савдо ва саноати Урал Алексей Салов ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

4

КИШОВАРЗӢ

ВОХӮРӢ

Ҷамолиддин ИКРОМОВ:

«Кишоварзиро аз ҳолландиҳо омӯзем» Дар соҳаи кишоварзӣ айни замон кишварҳои Аврупои Шимолию Марказӣ хеле пешрафта мебошанд. Зеро онҳо таҷрибаи ғанӣ доранд. Ҳар сол ҳазорон нафар соҳибкори соҳаи кишоварзӣ ба ин мулк сафар намуда, аз кору таҷрибаи пешқадами онҳо баҳра мебаранд. Ҳолландиҳо қадри заминро хуб медонанду ҳосили дилхоҳро ба даст меоранд. Ҳам хешро мехӯронанду ҳам дигаронро. Ба кору бори онҳо кишоварзони дигар кишварҳо мароқ зоҳир намуда, дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ талош мекунанд. Чанде пеш Ҷамолиддин Икромов, сардори хоҷагии тухмипарварии «Салом»-и ноҳияи Восеъ аз кишвари Ҳолланд баргашт. Мо бо ин соҳибкори ҷавону меҳнатдӯст баъди бозгашт сӯҳбат оростем, ки фишурдаи он манзур мегардад. - Чӣ боис шуд, ки ба Ҳолланд сафар намудед? - Соли гузашта ман аз ширкати «Беҷо»-и Ҳолланд тухми пиёз харидаму онро дар 2 гектар замин корида, ҳосили дилхоҳ ба даст овардам. Лозим донистам, ки барои минбаъда низ аз ҳамин тухмӣ истифода барем. Баътар ҳамин ширкат моро (5 нафар) барои таҷриба омӯхтан ба Ҳолланд

пиёз ё карамро, ки ҳар кадоме 300-400 гектар заминро, дар бар мегирад, ҳамагӣ 5-6 нафар иҷро мекунанд. Ҳосилнокии ҳар гектари замини онҳо нисбат ба мо се-чор маротиба зиёдтар аст. Барои ба онҳо баробар шудан таҷрибаамон кофӣ набуда, фарқ аз замин то осмон аст. - Шумо зикр кардед, ки бисёр кишварҳои олам тухмиро аз Ҳолланд мехаранд. Чаро? - Фикр мекунам, ки ҳолландиҳо дар тайёр намудани тухмии босифат ҳамто надоранд. Зеро онҳо барои тайёр намудани он ҳама имкониятро истифода мебаранд. Ҳар як навъи тухмиро камаш 5-6 маротиба аз ташхиси лабараторӣ гузаронда, беҳтаринашро интихоб мекунанд. Тухмие, ки мо аз онҳо мехарем, кафолат дорад. Тухмии хушсифати ғаллаю картошкаро аксари давлатҳои дунё, аз ҷумла, Русия, Канада аз Ҳолланд мехаранд. Яке аз даромадҳои асосии ин кишвар фурӯши тухмист. Тухми мехчагулаш ҳоло шӯҳрати ҷаҳонӣ дошта, харидоронаш беҳисоб аст. Олимони ин кишвар ҳамеша тадқиқот мебаранд ва беҳтарин навъи тухмиро кашф мекунанд. Мувофиқи маълумот онҳо аз соли 1962 то ҳол дар ин ҷода меомӯзанду кашф мекунанд. Ҳамин аст ки дастовардҳои онҳо дар соҳаи тухмипарварӣ сол то сол меафзояд. Ба фикри Шумо

нанд, ки қитъаи замин бештар ба кадом нурӣ эҳтиёҷ дорад. Онҳо ба замин танҳо нуриии лозимиро мепошанд. Дар мо бошад, баракс. Таркиби хокро надониста, ҳар нурие, ки рост ояд, мепошем. Дар натиҷа, ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонем. Аз ин рӯ, мо бояд кишоварзиро аз ҳолландиҳо омӯзем. Зеро маърифату дониши онҳо хеле баланд аст. - Хуб мешуд, ки аз фаъолияти хоҷагии тухмипарварии “Салом” каме ҳарф мезадед. Аз дастоварҳоятон қаноатманд ҳастед ё не? - Солҳои зиёдест, ки хоҷагии мо ба тухмипарварӣ машғул аст. Бисёр хоҷагиҳои ноҳия ва берун аз он аз тухмиҳои истеҳсолкардаи мо харид мекунанд. Бо вуҷуди хушсифат будан, нисбат ба бозор арзонтар аст. Имсол нархи чигити чинӣ дар бозор 17 сомонӣ буд. Мо бошем, нархи тумии чигитро сесомонӣ фурӯхтем. Аз ин ҳам мо бурд мекунему ҳам харидорон. Аз ҳисоби даромади хоҷагӣ мо ҳар сол ба саҳмдорон дар баробари музди меҳнат боз кӯмак ҳам мерасонем. Имсол ба ҳар як узви хоҷагӣ 150-200-килоӣ гандум ва як телешкай коҳи хушсифат бепул додем. Ба ғайр аз ин, имконият даст дод, ки аз ҳисоби даромад дар деҳаи Саричашма барои 4500 нафар бунгоҳи тиббӣ созем. Имсол бошад, барои 230 нафар хонанда дар деҳаи Учқун

даъват намуд. Ба кору бори мардуми ин кишвар аз наздик шинос шудан барои ман хеле аҷибу хотирмон буд. - Аз сафар чӣ баҳра бардоштед? Аз таҷрибаи бойи ҳолландиҳо ҳарф мезадед. - Ба ростӣ, мардуми ин кишвар ҳалолкору меҳнатдӯстанд. Баъди мушоҳида ба хулоса омадам, ки онҳо ба замин меҳри беандоза дошта, ҳар ваҷаби онро моҳирона иситифода мебаранд. Ҳар як амали онҳо шоистаи ибрату омӯзиш аст. Ҳамаи корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба таври автоматию технологияи муосир иҷро мешавад. Аҷиб ин аст, ки ҷамъоаварии сабзӣ, картошка,

дастовардҳои ҳолландиҳо, пеш аз ҳама, ба илму дониш ва маърифати баланди кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Ҳамин хел не? - Бале. Дар кишвари мо обу ҳаво гарм аст. Дар тобистон қариб ки бориш нест. Дар Ҳолланд аксар вақт ҳаво абрнок буда, борон меборад. Аммо таркиби хокаш фарқ мекунад. Қитъаҳо пурра қумзамин мебошанд. Бороне, ки шаб ё рӯз меборад, тез бухор мешавад. Фикр мекунам, ки ҳосили баланди онҳо ба сифати тухмӣ ва дониши кишоварзӣ вобастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар, онҳо таркиби хокро пурра меомӯзанд ва аз ҷиҳати илмӣ муайян меку-

сохмони мактаб оғоз гардидааст, ки мо низ дар бунёди он саҳм мегузорем. Корҳо ҳоло бо суръати баланд давом дорад. Умуман, мақсади мо дар оянда низ созандагию бунёдкорист. Қайд кардан бамаврид аст, ки бори аввал дар мамлакат таҷрибаи истифода аз техникаю технологияи нав ҳангоми кишту ҳосилғундории зироатҳо дар хоҷагии «Навобод»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ дар самти истеҳсоли пиёз роҳандозӣ шудааст. Мо бо ин хоҷагӣ ҳамкорӣ дорем. Мусоҳиб Раҳими РАФЕЪЗОД, “ҶТ”

Дунёи худро эҳтиёт намо! Таҳти ҳамин унвон 17 декабри соли равон бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар барои пешгирии нашъмандӣ байни наврасону ҷавонон вохӯрии намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҷумҳурӣ бо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Фирдавс Рӯзиев, нозири калони шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии агентӣ оид ба зарари нашъа ва оқибати нашъамандӣ, зарари он ба ҷомеа маълумот дод. Номбурда зикр кард, ки нашъамандӣ бемории вазнини дарозмуддат буда, ҳангоми истеъмоли маводи нашъаовар сар мезанад. Табобат ва наҷот ёфтан аз он ниҳоят душвор мебошад. “Нашъмандӣ фоҷиаи шахсӣ ва оилавӣ мебошад, ки ҳаёти инсонро барбод медиҳад. Истеъмоли он шахсро аз эътиқод ба зиндагӣ, умед ба оянда ва саломатиро рабуда, аз оилаи худ ҷудо мекунад. Нашъаманд барои пайдо намудани як миқдори муайяни он ба корҳои ғайриқонунӣ, зиддишариатӣ ва зиддиинсонӣ даст мезанад”, - гуфт Фирдавс Рӯзиев. Зикр гардид, ки мутобиқи моддаҳои 200-206 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеҳсоли ғайриқонунӣ, кишт, парвариш, тайёр кардан, нигоҳ доштан, интиқол, қочоқ, фиристодан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ то бист сол бо мусодираи амвол пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, нозири шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии агентии мазкур Озода Абдуллоева зикр намуд, ки имӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз ҳафт ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора ду ҳазорашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳама ташвишовар он аст, ки чор ҳазори он намуди тазриқӣ, яъне, нашъамандӣ тариқи сӯзандорӯ мебошанд, ки аз ҳама хатаровар аст. Аксари нашъамандоне, ки маводи мухаддирро тавассути сӯзандору истифода мебаранд, ба бемориҳои сироятии зардпарвин (гепатити С), вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД) ва ғайра гирифтор мешаванд. “Ин ҳафт ҳазор нашъаманд аз назорати падару модар дур буданд. Яъне, огоҳӣ аз оқибати истеъмоли ин маводро надоштанд. Ё онҳо медонистанд, ки истеъмоли маводи нашъаовар ба саломатӣ зарарнок ва хатар эҷод мекунад, лекин ба ин нигоҳ накарда, онҳо нашъманд шуданд”, - афзуд номбурда. Омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт Ҷамила Расулова перомуни мавзӯи истеъмоли нашъа ва пешгирии он чунин ибрози андеша кард: “Аз истифодаю истеъмоли нашъа дар ҷаҳон ҳазорон наврасу ҷавон ҷони худро аз даст дода истодаанд. Барои ҳамин, хуб мешуд, ки чунин вохӯриҳо дар мактабҳои миёнаю олӣ бештар гузаронидани шаванд, то наврасону ҷавонон дар бораи зарари нашъа ва истеъмоли он бештар огаҳӣ ёбанду ба ин амали номатлуб даст назананд”. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”


5

ВОКУНИШ

Изҳороти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Хабари ғамгинкунандаи ҳамлаи гурӯҳи ҷангиёни Толибонро ба мактаб ва коллеҷи ҳарбӣ дар шаҳри Пешовари Покистон, ки бар асари он 142 нафар, аз ҷумла, 132 кӯдак ба ҳалокат расида, 122 нафар кӯдак захм бардоштааст, шунида, бовари кас намеояд, ки фарзанди инсон ба чунин ваҳшоният қодир бошад. Аз ин ҷост, ки чунин ҷинояти гӯшношунид дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро низ бетараф нагузошт ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Зеро ин хавфу таҳдидест ба тамоми аҳли башар, ҳама халқҳову давлатҳо. Ҳамчунин, ин ҷиноят, ваҳшонияти навбатӣ бори дигар ҷаҳолат, чеҳраи аслӣ ва мақсаду мароми ҳаракатҳои террористиро исбот намуд, ки ҳатто дар давраҳои асримиёнагӣ ҳам чунин як пастию бешарафиро дучор омадан шояд мумкин ҳам набуд. Қобили дастгирист, ки ҳодисаи мазкур кулли сарварони давлатҳои ҷаҳонро сари як андеша овард ва онҳо бо нафрату ғазаби беандоза ба терроризми байналмилалӣ изҳори назар намуданд. Аз ҷумла, дар номаи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвонии Сарвазири Чумҳурии Исломии Покистон мавқеи мушаххас нисбат ба кирдори разилонаи терроризми байналмилалӣ ва даъват ба муборизаи дастаҷамъӣ зидди он хеле равшан ифода ёфтааст. Аз рехтани хуни хонандагону донишҷӯён ва устодони бегуноҳ бо хушҳолие, сухангӯи ҳаракати терористӣ шарм накарда, изҳор доштааст, ки ҳамлаи мазкур посух ба як амалиёти ҳарбии ҳарбиёни Покистон дар Вазиристони шимолии Покистон алайҳи Толибон мебошад. Аҷаб “қаҳрамонию ҷавонмардие”! Чаро ин иблисзодагон маҳз кӯдакони беҳимояву бепаноҳро ҳадафи ҳамла қарор доданд? Гуноҳи ин кӯдакони маъсум дар кашмакашию мухолифатҳои сиёсӣ чист? Оё ин ҷаллодон худ аз модар ба дунё наомада бошанд ва ё фарзанд надошта бошанд? Ҳарчӣ ҳам бошад ин ҳодисаи нангин ва даҳшатнок бояд тамоми аҳли тараққихоҳи ҷаҳонро, новобаста аз дину мазҳаб, андеша, сохти давлатдорӣ алайҳи ин қувваҳои

аҳриманӣ муттаҳид созад, то якҷо ин решаи зулму фасодро решакан намоем. Боварии комил аст, ки ин сабақи талх, боиси на ҷудоӣ ва ихтилоф миёни халқиятҳои гуногунмиллату гуногунмазҳаби ҷаҳон, балки муттаҳидии ҳар инсони соҳибдилу имон мегардад ва қувваҳои сиёҳкори байналмилалӣ дар ҳеҷ куҷо дастгирӣ нахоҳанд ёфт. Рӯҳи қурбониёни бегуноҳ ва садҳо ҳазор нафар қурбониёни дигар онҳоро дунболагир хоҳад буд. Бигузор чунин рафтори разилона барои он ҷавонони тоҷик, ки ба кӯйи гумроҳӣ рафта, ба ҳаракату гуруҳҳои ситезаҷӯ, бахусус, дар сафҳои дав-

лати ба ном исломии Ироқу Сурия меҷанганд, сабақ гардад. Онҳо бояд дарк созанд, ки ҷони ҷавони худро баҳри манфиатҳои кадом як гурӯҳу ашхоси бадният ва кинаҷӯ беҳуда қурбон месозанд. Онҳо дар назди виҷдони худ бояд иқрор шаванд, ки ният ва амалашон ҷавонмардӣ набуда, имрӯзу оянда ва дар давоми таърих ҳамеша аз ҷониби аҳли башар маҳкум мегардад. Вале баргаштан аз роҳи бад ҳеҷ вақт дер нест ва бозгашти онҳо ба ҳаёти осоишта, ки дар асл боиси як бори дигар туҳфа намудани олами хушбахтӣ ба волидайн ва фарзандонашон мегардад, бузургтарин кор дар ҳаёти он ҷавонони роҳгумкарда мебошад. Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчун ташкилоти муттаҳидкунандаи ҷавонони кишвар дар ҳама маврид амалҳои мудҳиши террористиро маҳкум намуда, нерӯи созандаи ҷавононро баҳри тинҷию субботи Ватан ва тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва муқаддасоти миллӣ равона месозад.

Исломсозони мусулмонкуш Дар давлатҳое, ки созмону қувваҳои исломгаро фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифат ва қатлу куштор, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Ин мавҷи хушунатҳо аъмоли ғайриисломӣ ва ғайрибашарӣ мебошад. Ҳамлаҳои густурдаи гурӯҳе аз террористон ва ифротиёни созмони тахрибкори «Толибон» ба як мактаби артиши шаҳри Пешовари Покистон, ки зиёда аз 140 нафар кӯдаку наврасони аз 9 то 14-соларо куштанд ва беш аз 120 тани дигар ҷароҳат бардоштанд, аҳли башарро ба даҳшат овард. Ин хабари нохуш рӯҳи мардумро шикаст, ки аз ин бадбахттар рӯз барои мардуми мусулмон нест, махсусан, вақте мусулмон мусулмонро ба қатл мерасонад, ба вижа, кӯдакону наврасонро. Бар замми ин, мусаллаҳони ҷунбиши «Толибон» дар арафаи хурӯҷи

нерӯҳои байналмилалӣ аз хоки Афғонистон ҳамлаҳои густурдаро оғоз кардаанд. Дар ин ҳамлаҳо 19 нафар, аз ҷумла, Атиқуллоҳ Рауфӣ, як корманди масъули Додгоҳи Олии Афғонистон ба ҳалокат расиданд. Дувоздаҳ узви як гурӯҳи минарӯб дар наздикии пойгоҳи низомии пешини Бритониё дар вилояти Ҳилманд низ кушта шуданд. Бояд тазаккур дод, ки ин барои нафарони дингаро ва бесаводони мазҳабӣ бояд дарси ибрат шавад, то бубинанд аз надонистани қонунҳои шариату ислом мусулмон мусулмонро мекушад, метарконад, ба дор меовезад ва таҳқир мекунад, ҳуқуқҳояшро поймол месозад. Даҳсолаҳо мешавад «Толибон» ин кори бадашонро идома медиҳанд, вале боз онро ҷиҳод эълон медоранд, ки ин муносибати ғайридинӣ, ғайриисломӣ ва ғайрибашарӣ ба ҳисоб меравад. Борҳо уламои исломӣ гуфтаанд, ки қатли мусулмон аз дасти мусулмон ҷиҳод нест, балки гуноҳест азим. Қотилони ваҳширафтори созмони террористии «Толибон» ин корҳоро аз бесаводӣ накарда истодаанд. Пешвоёни ин қотилон олимони бузургу шинохтаи илми фиқҳу ҳадису шариати исломанд. Инҳо табиатан террористу одамкушанд. Исломи пок ва шариат дар дасти инҳо барои қатлу куштор, ғорату хунрезӣ сӯистифода мешавад. Мабодо агар касе ё халқе зиддашон сухан ронд, аъмоли онҳоро

маҳкум намуд, зуд кофир хондаву мувофиқи хостаи хеш, ки зидди шариат аст, хукми қатл содир мекунанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бисёрии онҳое, ки чунин рӯзҳои сиёҳу бадбахтро ба сари мардуми мусулмон овардаанд, олимони намоёни дини исломанд. Аммо онҳо ғайри нимчамуллоӣ ягон илми дунявии дигареро намедонанд. Куштани ҳамдигар бештар аз ҷаҳонбинии танги онҳо, таҳаммул накардани ақидаҳои дурусту саҳеҳ, надонистани таъриху фарҳанг сарчашма мегирад. Дар вуҷуди эшон тафаккури ғуломдорӣ боқӣ мондаву дар тамоми ҷомеаҳои мусулмонӣ ҳукмфармост. Чунин рафтор бояд барои давлатҳое, ки низоми исломӣ доранд, дарс шавад. Барои он ки дар давоми 1400 сол гаштаву баргашта ба умқи чоҳ меафтанд ва ҳеҷ нест барояшон сабақ гардад. Боз мо созмонҳои исломӣ ташкил карда, пайравии ҳамин хел ифротгарову ғоратгарон мешавем. Дониста бошем, фаъолияти қувваҳои ба ном исломӣ хатарашон аз «Толибон» ва «Ал-Қоида» кам нест. Барои ҳамин ҳам, новобаста аз сиёсатмадору сиёстшинос, шахси илмиву фарҳангӣ, зиёӣ, мақомоти қудративу низомӣ, роҳбарони муассисаву корхона, бояд ҳар як фарди ҷомеа ва ҷаҳон созмонҳои терроистиву ифротгароро маҳкум намоянд. Рустам РАҲИМОВ

e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

Баргаштан аз роҳи бад ҳеҷ вақт дер нест


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

6

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

Шароити соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ тақозо дорад, ки ба ташаккули маърифат ва фарҳанги сиёсии ҷавонон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро ҷавонон на фақат гурӯҳи иҷтимоӣ, балки қишри ҷамъиятие маҳсуб мешаванд, ки аз нигоҳи идеологию сиёсӣ ҳассосу қобили меҳнати фаъолона буда, раванду тақдири ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, яъне, сурату сирати фардои ҷомеаро муайян хоҳанд намуд. Имрӯз, ки мо дар шоҳроҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ қарор дорем, раванди демократикунонии ҷомеаро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро маҳз ин нерӯ қодир аст, ки норасоиҳои мавҷударо бо такя ба хиради волои гузаштагон бартараф созад. Барои дастрасӣ бо ин ҳадаф тарбияи зеҳнии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Баланд гардидани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ба омилҳои гуногуни таҳаввулоти дар ҷомеа баамалоянда вобастагӣ дорад. Хуб донистани қонунҳо ва меёрҳои умумибашарӣ асоси давлати соҳибистиқлол аст. Ҷавонон, ки тақдири ояндаи миллату давлат бар дӯши онҳост, бояд дорои хислатҳои ҳамида ва мафкураи волои сиёсӣ ва ақлонию зеҳнӣ бошанд. Ҷомеаи мо ниёз ба чунин ҷавонони лаёқатманде дорад, ки бояд ба дараҷаи баланд ҳамаи арзишҳои фарҳангиеро, ки инсоният андӯхтааст, аз худ намоянд, таърихи халқи худ ва дигаронро омӯзанд, таҷриба ва маҳорати насли калонсол, қисмати душвору корнамоии онҳоро эҳтиром намоянд. Зеро муносибати дурусти ҳар як ҷавон

ба гузашта ин таҳкурсии тафаккури фарҳанги инсонист. Дар пиндор, гуфтор ва рафтори ҷавонон ҳар лаҳза бояд чунин ғояҳои асосӣ зоҳир гарданд, ки ба эътирофи давлати соҳибихтиёр,

гар санадҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат қабулшаванда набояд ба он мухолифат намоянд, вагарна онҳо қувваи ҳуқуқӣ пайдо карда наметавонанд. Сарқонуни кишварамон

намудани сиёсати сулҳҷӯёна дар асоси эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳои ҷаҳон ва бо дигар муқаррароти дорои арзишҳои умумиҷаҳонӣ халқ ва давлати тоҷиконро ба тамаддуни

Аз шаҳрванди ин Ватан будан ифтихор кунем демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона такя дошта, дар мафҳумҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, арзишҳои дигари умумибашариву умумимиллӣ, ки ҳамагӣ муқаддасанд, ифода ёбанд. Дар ин росто наврасону ҷавонони кишвари моро зарур аст, ки қабл аз ҳама ғояҳои дар Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сабтгардидаро хуб дарк карда, дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ онҳоро татбиқ намоянд. Сарқонуни мо дар қуллаи аҳкоми меъёрии ҳуқуқии башар қарор дошта, ҳамаи фаъолияти марбутаи ҷомеа аз он сарчашма мегирад. Чунин мавқеияти баланди Сарқонун бо он муайян мешавад, ки санади олии дорои қудрати баландтарини ҳуқуқӣ буда, дар ҳудуди кишвар бевосита амал мекунад. Тамоми қонунҳо ва ди-

дар моддаи аввал эълон кардааст, ки «Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад». Дар банди дуюми ҳамин модда муқаррар шудааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ба ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин муқаррароти асосии конститутсионӣ комёбии бузурги таърихии миллати мо, аз ҷумла, ҷавонон мебошад. Дар баробари ин муқаррароти калидӣ, ҷавонон, ҳамчунин, бояд хуб дарк намоянд, ки нахустин Сарқонуни Тоҷикистони соҳибистиқлол бо эълон ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷорӣ кардани гуногунандешии мафкуравӣ (моддаи 8), таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ (моддаҳои 9 ва 12), татбиқ

ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид намуд. Сарқонуни мо барои дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҷанбаҳои гуногуни назариявӣ ва амалӣ доранд, як заминаи устувор ва дурнамои инкишофро муайян намудааст. Роҳ ба сӯи давлати демократӣ ва иҷтимоӣ тӯлонӣ буда, барои амалисозии ин мақсаду маром ҷавонони мо бояд кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳанд, пайваста ва мунтазам заҳмат кашанд, то рӯз то рӯз ин муқаррароти конститутсионӣ ба ҳаёти воқеиамон наздик ва созгор гардад. Вобаста ба ин, қобили ёдоварист, ки дар пешгуфтори китоби хеш - «Тоҷикон дар оинаи таърих» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Ҳар қадами навбатию ҳар дастоварди тоза ба осонӣ муяс-

МУАССИСАИ НАВИ ТИББӢ

e-mail: javonontj@mail.ru

Нахустин рентгени рақамӣ дар Рӯдакӣ Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави дуошёнаи маркази ташхису табобат ба истифода дода шуд. Тавре роҳбари он Исмоилҷон Аҳмадҷонов изҳор дошт, дар он тамоми шароит муҳайёст. - Марказ барои ташхис ва муолиҷаи бемориҳои гурдаю занона пешбинӣ шудааст, - афзуд Исмоилҷон Аҳмадҷонов. – Дар давраи фаъолияти кӯтоҳи мо аллакай беш аз панҷоҳ нафар ба дарди хеш шифо ёфтанд. Дар маркази мазкур дастгоҳи рентгени рақамӣ ба истифода дода шудааст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ аввалин ба ҳисоб меравад. Бобати ташхису муайян намудани бемориҳо маълумоти дақиқ муҳайё месозад.

Дар марказ духтурони соҳибтаҷриба, аз қабили Саодат Одинахонова, Барно Мирзоева ва Бегиҷон Раҳмонов фаъолият дошта, дар ҳифзи саломатии сокинон саҳмгузоранд. Ҳамчунин, дар ин ҷо табиби собиқадор Нусратулло

Аҳмадҷонов фаъолият дорад, ки чун табиби бемориҳои гурда 42 сол боз заҳмат мекашад. Т. БОЛТАЕВ, рӯзноманигор

сар намегардад ва мо ҳар хишти муҳташами истиқлолияти навинро бо заҳматҳои гарон болои ҳам мечинем ва ин амр табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳаводиси оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаеро соҳиб шавад ва тақдири гузаштаю ояндаи миллатро фаро гирад». Дар ин раванд ҳар шахс, алалхусус, ҷавононро зарур аст, ки дар ташаккули фарҳанги сиёсии худ ва ҷомеа ҳиссагузор бошанд, то мазмун ва сатҳи он мутобиқ ба талаботи ҷомеаи мутамаддини демократӣ бошад. Фарди худогоҳу ватанпараст, шахси содиқ ба манфиатҳои миллии хеш будан ва барои азхуд намудан ва тарғиб сохтани ҳувият ва маънавиёти миллӣ саъй доштан вазифаи муҳимтарини ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи имрӯзии рушди ҷомеаи ҷаҳонист. Бояд зикр намуд, ки расидан ба истиқлолияти давлатӣ, ки пояҳои он бо қабули Сарқонун гузошта шудаанд, дар тӯли таърихи зиёда аз ҳазорсолаи халқи тоҷик арзишмандтарин дастоварди миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҷавононро зарур аст, ки зери парчами ягонаи Ватани азизамон ҷамъ омада, аз ин истиқлолият шукрона намоянд, сарфарозу сарбаландона аз шаҳрванди ин миллати бузург будан ифтихор кунанд. Ба ин маънӣ суханони адиби рус Н. Некрасовро хотирнишон сохтан мувофиқи мақсад аст: «Мумкин аст ту шоир нашавӣ, вале шаҳрванд шуданат шарт аст. Шаҳрванд киро гӯянд? Фарзанди арзандаи Ватанро». Фарзанди арзандаи Ватан - Тоҷикистони тозаистиқлол ва рӯ ба шукуфоӣ будан қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони ин сарзамини куҳанбунёд аст, ки бояд бо такя ба муҳимтарин аҳкоми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои ҷомеаи демократӣ ва рушди минбаъдаи он саҳми калон бигзорад. Аҳмадшо САИДОВ, номзади илмҳои педагогӣ


Ба назари таҳлилгарон, ин мавзӯъ ба ҷомеаи мо бо он иртибот дорад, ки яке аз саркардаҳои “амалиёт алайҳи фасод ва ришваситонӣ” дар Туркия Ризо Зарроб ном тоҷири эронитабор буд, ки дӯст ва шарики вай тоҷири дигар Бобаки Занҷонӣ ҳамон шабу рӯз дар Тоҷикистон фаъолият мекард. Пасон, Занҷонӣ аз сӯи мақомоти Эрон бо ҷурми пулшуӣ муттаҳам ва равонаи зиндон шуд...

Параноя ва рӯйпӯшсозии қазия Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, ҳафтаҳои баъдӣ бо фармони Эрдуғон парвандаи амалиёт алайҳи фасод ва ришвахӯрӣ бо вуҷуди далелҳои савтӣ, наворҳои зиёд ва аксҳои мустанад ба пуррагӣ лағв мегардад. Аз он рӯз инҷониб Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ягон баромадаш ҳодисаи 17 декабрро амалиёт алайҳи фасод нахонда, балки зарба ва кӯшиши аз байн бурдани ҳукумати Туркия ва иродаи миллӣ номидааст. Ӯ мудом аз минбарҳои баланд таъкид кардааст, ки амалиёти мазкур аз ҷониби гурӯҳи ғайримашруи дохилӣ бо кӯмаки давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Эрдуғон гурӯҳи ғайримашруъ гуфта, ҳаракати «Хизмат» ва роҳбараш Фатҳуллоҳ Гюленро дар назар дорад. Аммо то имрӯз ҳеҷ далеле оварда нашудааст, ки ин ҳаракат кадом корҳоро ба анҷом расонида, бо кӯмаки кадом давлати хориҷӣ кӯшиши инқилоби дохилиро ба миён овардааст. Ҷомеаи шаҳрвандии Туркия то ҳол дар интизории посух ба иддаои мазкур аст. Алорағми ин, беш аз 10000 пулису корманди амният ва ҳазорҳо корманди соҳаҳои гуногуни қишри иҷтимоӣ бо ҷурми мансуб будан ба ҳаракати «Хизмат» аз вазифа ронда ё ба ноҳияҳои дурдасти Туркия фиристода шуданд. Баъдан маълум гашт, ки аксари кормандони аз вазифа гирифташуда ҳеҷ рабт ва мансубияте ба ҳаракати иҷтимоии «Хизмат» надоранд ва ҳатто баъзеи онҳо ҷонибдори ҳизбҳои сиёсии мухолиф ҳастанд. Ҳамчунин, дар ин муддат як қатор вакилони бонуфузи Ҳизби адолат ва рушд ҳамчун нишонаи эътироз ба истеъфо рафтанд. Дар асл, ҳукумати Эрдуғон ҳар касеро, ки ҳамфикраш нест ва ба он байъат намекард, радди маърака мекунад. Ҳамин тавр, ҳукумати кунунӣ одамони «худӣ»-ро ба сари қудрат овард. Ҳоло як қатор расонаҳои иттилоотӣ, аз қабили рӯзномаву телевизион барои баланд бардоштани нуфузи Эрдуғон ва рӯйпӯш кардани қазияи «амалиёт зидди ришвахӯрӣ ва фасод» талош меварзанд. Ҳамзамон, Эрдуғон ҳаракати ҷамъиятии «Хизмат»-ро «ҳашҳашӣ» ва «давлат дар даруни давлат» номида, онҳоро хоини миллат хонда, аз сарони давлатҳое, ки он ҷо муассисаҳои таълимии «Хизмат» мавҷуданд, баста шуданашонро талаб мекунад. Ҳол он ки тибқи навиштаи расонаҳои туркӣ ҳукумати

Эрдуғон бо дастгирии пайравони Гюлен тайи чанд соли охир ба муваффақиятҳои сиёсияш ноил гардида буд. Ваҳм ва ҳароси Эрдуғон ба дараҷае расидааст, ки ҳарки бо ӯ ҳамраъй нест, душманаш мехонад. Нашрияи «New York Times» дар матлабе Эрдуғонро «лидере, ки дар олами параноя мезияд» хондааст.

Гурӯҳи ифротии «Таҳшия»

Илова бар ин, 14 декабри соли равон, дар арафаи солгарди «амалиёт зидди ришвахӯрӣ ва фасод» пулис 27 нафарро бо ҷурми ташаббус барои аз байн бурдани ҳукумати Туркия ва робита доштан бо ҳаракатҳои террористӣ зери назорат мегирад. Дар қатори боздоштшудагон номи ашхоси бонуфузи Туркия ҳам зикр мегардад. Экрем Думанлӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Zaman», ки теъдоди нашраш беш аз як миллионро ташкил медиҳад; Ҳидает Караҷа, раиси телевизиони «Samanyolu» ва баъзе аз сенариянависони силсилафилмҳои туркӣ аз қабили онҳоянд. Рӯзҳои баъдӣ баъзе аз боздоштшудагон бо набудани далели кофӣ раҳо мегарданд. Онҳо ба хабарнигорон сабаби боздошт шуданашонро чунин шарҳ доданд, ки дар Туркия як шохаи гурӯҳи террористии «ал-Қоида» бо номи «Таҳшия» амал мекардаасту онҳо ин гурӯҳро

Нақши Эрдуғон дар таъсиси ДИИШ ДИИШ қаблан яке аз шохаҳои гурӯҳи террористии «ал-Қоида» буд, ки барои аз байн бурдани ҳукумати Башор Асад дар Сурия ташкил шуд. Вақте теъдоди ҷангиёнаш зиёд шуда, нерӯи бештар ёфт, худро аз «ал-Қоида» озод эълон намуда, дар пайи ғасби заминҳои наздисарҳадии Сурия ва Ироқ гардид. Ин давлати худкомаи салафигарои террористӣ дар ҳудудҳои забткарада бо диду нигоҳи тангаш қонунҳои шаръиро ҷорӣ намуда, аз номи дини мубини ислом амалиёти ваҳшиёна ба анҷом мерасонад. Сентябри соли равон Волфганг Босбах, сардори Кумитаи корҳои дохилаи маҷлиси федералии Олмон зимни мусоҳибае сабаби ба таври махфӣ гӯш кардани гуфтугузорҳои телефонии Туркияро аз сӯи ниҳодҳои кишвараш чунин шарҳ дод: «...зеро ҳукумати Туркия бо дасти Ташкилоти истихбороти миллиаш (MIT) гурӯҳҳои радикалӣ-исломӣ, чун ДИИШ-ро бо силоҳ ва логистика таъмин месозад». Ин иддаои ҷониби Олмон аз тарафи ҳукумати Туркия то ҳол инкор нашудааст. Баръакс, ин гуфтаи олмониҳо як амалиёти аскарони турк дар сарҳади кишварашон собит сохт. Дар рафти он мошинҳои боркашеро боздошт намуданд, ки гуфта мешуд пур

дани ҳукумати кунунӣ ба идеологияи салафӣ низ барои минтақа хеле ташвишовар аст. Барои дар масъалаи муноқишаҳои «Хизмат» ва ҳукумати Эрдуғон равшанӣ андохтан, Фатҳуллоҳ Гюлен чунин қайд мекунад: «Ҳамчун шаҳрванд ҳар ҳизберо, ки барои нафъи мардум, бунёди ҷомеаи демократии озодандеш, устувории ҷомеаи шаҳрвандӣ талош меварзад, дастгирӣ хоҳам кард. Аммо мансуби ҳеҷ яке аз он ҳизбҳои сиёсӣ нестам». Аз ин бармеояд, ки Гюлен ва ҷамоаташ ҳукумати Эрдуғонро танҳо аз лиҳози нафъи давлату миллат дастгирӣ мекунанд, на ба ҳайси шахсияти сиёсӣ. Илова бар ин, Гюлен моҳҳои гузашта ба нашрияҳои бонуфузи Амрико ва Аврупо мактуб фиристода, дар он нигаронии хешро атрофи ташкилёбии давлатҳои худкомаи ба ном исломӣ, чун ДИИШ ифода мекунад. Ӯ таъкид мекунад, ки чунин ҳаракатҳои террористӣ ҳеҷ гоҳ аз ислом бархӯрдор набуданду ба ҳеҷ ваҷҳ дини мубинро муаррифӣ карда наметавонанд. Зеро Гюлен қаблан гуфта буд, ки «террорист мусулмон ва мусулмон ҳам террорист буда наметавонад». Дар яке аз суҳбатҳояш иброз медорад, ки «барои ман Усома бин Лодан манфуртарин шахси дунёст, зеро ӯ чеҳраи поки исломро бо амалҳои террористиаш олуда кард».

Туркияи авторитарӣ

Ё нигаронии таҳлилгарон аз афзудани як давлати диктаторӣ дар Шарқи Миёна Гюлен бар он бовар аст, ки тарбия додани насли диндори исломӣ вазифаи давлат буда наметавонад. Давлат бояд барои тамоми шаҳрвандонаш, новобаста ба эътиқод, шароити озодандешӣ ва осоиштаро таъмин кунад. Дар як давлат танҳо бо қоим гардидани низоми шаръӣ, ҷомеаи он мусулмони бошуур намегардад. Мусулмони комил бояд ҳам аз арзишҳои маънавии худ ва ҳам аз илми дунявӣ бархӯрдор бошад. Ҳамин тавр, метавон тафриқаву низоъро дар дунёи имрӯзаи пур аз низоъ ва ихтилоф аз байн бурд.

Ҳуқуқбунёд ва ё авторитарӣ?

дар мақолаҳои навишта ва филмҳои ба навор гирифтаашон ифшо кардаанд. Баъд аз оғози қазияи мазкур саволҳои бисёр пайдо шудаанд, ки посухи худро интизоранд. Яке аз чунин саволҳо ин аст, ки агар гурӯҳи ифротии «Таҳшия» бо «ал-Қоида» алоқае дошта бошад, пас, барои чӣ ҳукумати Эрдуғон аз ифшо гардидани он нороҳат мешавад. Оё ҳукумат ҷонибдори фаъолияти «алҚоида» дар ҳудуди Туркия аст? Гузашта аз ин, аввалин маротиба фаъолияти «Таҳшия»-ро соли 2004 Ташкилоти истихборотии Туркия (MIT) тасбит намуд. Баъдан, соли 2008 ба пулис барои гузаронидани амалиёт хабар медиҳад. Пас, чаро ҳукумат то имрӯз бо сабаби ифшо гардидани фаъолияти он гурӯҳ касеро ба суд накашид? Ҳол он ки Муҳаммад Доған, сардори гурӯҳи ифротии «Таҳшия» дар ҳар баромад ва суҳбатҳояш таъкид мекунад, ки Усома бин Лоданро бисёр дӯст медорад ва пайравонашро барои ҷиҳод ба Афғонистон даъват мекунад... Муҳаққиқон бар онанд, ки як соли расо Эрдуғон кӯшиши аз байн бурдани ҳаракати иҷтимоии «Хизмат»-ро дорад. Зеро онро ҳамчун рақибии асосиаш дар устувории салтанати худ мебинад, аммо то ҳол онҳоро бо ягон ҷурме айбдор дониста исбот карда натавонист. Ҳукумат мехоҳад ҳаракати «Хизмат»ро бо дасти гурӯҳи ифротии «Таҳшия» бо ҷурми таҳдид ва ташкил кардани гурӯҳи силоҳбадасти ифротӣ ба суд кашад. Дар навбати худ Фатҳуллоҳ Гюлен сардори чунин гурӯҳи силоҳбадаст дониста шавад. Дар ин ҳолат имкони истирдоди Гюлен аз Амрико барои ҳукумати Эрдуғон қулай мегардад. Ҳоло додситони Туркия бо амри ҳукумат ҳукми боздошти Гюленро эълон кардааст.

аз силоҳ ва пули нақд буданд. Баъдан маълум гашт, ки он мошинҳо ба Ташкилоти истихборотии Туркия тааллуқ доранд. Аскароне, ки дар он амалиёт иштирок доштанд, аз рутбаи низомӣ маҳрум шуда, бо баҳонаи мансубият ба ҳаракати «Хизмат» ронда мешаванд. Ҳамчунин, «ARD», шабакаи телевизионии давлатии Олмон бо такя ба иттилои Кумитаи иттиҳоди Аврупо чанде пеш хабар дод, ки «Ҳаракати салафигарои ДИИШ дар шаҳри Истанбул, ноҳияи Фотеҳ бюрои иртиботие дорад, ки барои таъмини харҷи роҳи ҷанговарон ба Сурия хизмат мекунад». Баъдҳо исбот шуд, ки ҷангиёни захмбардоштаи ДИИШро дар беморхонаҳои Туркия табобат мекунанд.

Сиёсати Эрдуғон ва таълимоти Гюлен Эмре Услу, рӯзноманигори нашрияи «Taraf» дар яке аз мақолаҳояш чунин менависад: «Дар Туркия солҳост, ҳарки сари қудрат меояд, кӯшиши ба миён овардани гурӯҳҳои ифротии қалбакиро мекунад, то рақибони сиёсиашро ба онҳо рабт дода, аз саҳнаи сиёсат берун партофта, қудратро зери як даст ҷамъ оварад. Гурӯҳи «Таҳшия»-ро низ метавон аз қабили чунин гурӯҳҳои ифротӣ пазируфт, ки парваридаи Ташкилоти истихборотии кишвар маҳсуб меёбад». Ҳамин гуна аз иситфодаи «Таҳшия» барин гурӯҳҳои ифротии салафимаоб, ҳукумати Эрдуғон кӯшиш мекунад ҳар шахс ва ҷамоатҳои мутадайину суннимазҳаби кишварро, ки бо он ҳамраъй нест, душман хонда, нуфузи онҳоро назди ҷомеа коста гардонад. Ҳоло Эрдуғон барои ноил гаштан ба мақсадҳои сиёсӣ ва қоим доштани низоми авторитариаш ҳозир аст бо ҳар гурӯҳи ифротӣ барои аз байн бурдани рақибонаш ҳамкорӣ кунад. Ҳамчунин, рӯ овар-

Ҳаводиси як соли охири Туркия дар сархати расонаҳои бонуфузи дунё қарор дошта, Эрдуғон борҳо аз ҷониби сиёсатмадорони амрикоиву аврупоӣ мавриди интиқод қарор гирифтааст. Таҳлилгарон бар он назаранд, ки сохти давлатдории ҳукумати Эрдуғон тадриҷан ба низоми давлатдории шаръӣ монанд мешавад. Ҳоло аз ҷониби ҳукумат зиёд гардонидани теъдоди мактабҳои динӣ-исломӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо теъдоди хонандагоне, ки мехоҳанд дар он муассисаҳои таълимӣ сабақ гиранд, кам аст. Зоҳиран ҳукумати кунунии Туркия барои баланд бардоштани маърифати исломии шаҳрвандонаш кӯшиш мекунад, аммо дар асл хизмати хирсонаро ба ҷо меорад. Зеро ҳукумати ба ном мутадайин ришвахӯрӣ ва фасодро машруъ ҳисобида, барои расидан ба мақсадҳои сиёсиаш гурӯҳ ва ҳаракатҳои ифротиро дастгирӣ мекунад. Ба ин васила қудратро ба даст гирифта, як давлати диктаторӣ сохтан доранд. Дар баробари ин, ҳаракат ва гурӯҳҳоеро, ки бо ҳукумат ҳамраъй нестанд, ба судҳои олӣ кашида, бо далелҳои қалбакӣ кӯшиши ғайримашруъ ва ҷиноӣ ҳисобидани онҳоро мекунад. Ҳодисаҳои «Гезӣ» нишонаи чунин раванди манфӣ аст. Ҳамчунин, мурофиаи судии мухлисони Клуби футболи «Бешиктош» бо номи «Чаршӣ», ки ҳафтаи гузашта баргузор гардид, дар таърихи башар аввалин аст. Зеро то ҳол ягон мухлиси варзиш дар олам бо иттиҳоми инқилоб ва аз байн бурдани ҳукумат муттаҳам нашуда буданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо кабинаи давлатиаш ба роҳе баромадааст, ки оқибати он на танҳо ба худи кишвар, балки ба минтақа ва ҳам ба олами мусулмонӣ таъсири ҷиддӣ дорад. Муродалӣ ҚОСИМҶОНОВ, ҷомеашинос

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳодисаҳои солҳои охири Шарқи Миёна ҷомеаи ҷаҳониро нигарон карда, таҳти таъсир гузоштаанд. Дар ин миён ҳаводисе, ки дар яке аз кишварҳои минтақаи мазкур Туркия як соли охир ҷараён дошт, низ пурвалвала ва дар сархати расонаҳои олам буд. Яъне, 17 декабри соли 2013 дар ин кишвар амалиёти густардае бо номи “амалиёт алайҳи фасод ва ришваситонӣ” ба роҳ монда шуд. Тибқи он чанд тан аз соҳибмақомҳои ҳукумати Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамроҳи фарзандонашон аз ҷониби полис боздошт шуданд. Агар Эрдуғон пеши роҳи амалиёти дуюмро ҳам намегирифт, писари вай ҳам бо ҷурми даст доштан ба фасоду ришваситонӣ ба даст меафтод. Аммо ин кор нашуд, яъне, Эрдуғон нахост писараш равонаи зиндон шавад...

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

7

СИЁСАТИ ҶАҲОН


8

e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

АМНИЯТИ МИНТАҚА гар кӯмак расонанд ё амалиёти якҷоя гузаронанд. «Таҳрик - Толибони Покистон» 17 декабри соли 2007 таҳти сарварии қумондон Байтулло Маҳсуд, аз қабилаи Маҳсуди Вазиристон таъсис ёфтааст. Байтулло соли 2009 ба қатл расонда шуд ва ба ҷои ӯ Ҳакимулло Маҳсуд таъин гардид, ки ӯ низ 1 ноябри соли 2013 кушта шуд. «Таҳрик - Толибони Покистон» чанд амали террористӣ гузаронидааст, аммо амали террористии 15-16 декабри соли равон дар шаҳри Пешовари Покистон анҷомдодааш гушношуниду хунхортарин дар таърихи Покистон ба ҳисоб меравад. Онҳо 500 хонандаи коллеҷи низомиро гаравгон гирифта, 150 касро бо шумули 141 хонанда

Хатари ҳаракатҳои ифротгароӣ Дар асри XXI масъалаи амнияту бехатарӣ дар ҷаҳон, хоса, минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа гардид. Барои Тоҷикистон низ пас аз мустақилият ба даст овардан ин масъала муҳиму аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Мафҳуми “амният” маънои васеъ дорад. Ҳамин аст, ки онро ба қатори масъалаҳои муҳими ҷомеа дохил мекунанд. Чунончӣ: • амнияти шаҳрвандон; • амнияти ҷамъият; • амнияти давлат; • амнияти миллат; • амнияти минтақа; • амнияти ҷаҳон. Аз рӯи соҳа бошад, дар ҷомеа бо чунин шаклҳои амнияти миллӣ сару кор мегиранд: • амнияти сиёсӣ; • амнияти иқтисодӣ; • амнияти иҷтимоӣ; • амнияти илмӣ-техникӣ; • амнияти иттилоотӣ; • амнияти муҳорибавӣ; • амнияти экологӣ. Агар ба тариқи умумӣ гӯем, хатари амнияти миллӣ ва давлатиро ба ду қисм ҷудо кардан лозим меояд. А) Хатар ва ситезаҷӯии беруна. Б) Хатар ва ситезаҷӯии дохилӣ. А) Хатар ва ситезаҷӯӣ аз беруни кишвар. Вақте сухан дар бораи амнияти миллӣ меравад, сиё-

сатмадорон, олимони соҳаҳои гуногун, рӯзноманигорон, бозингарони сиёсӣ, мисли ИМА ва Русия, асосан ба ҳайси хатар барои ҷумҳурии мо ҳаракати «Толибон»-ро нишон медиҳанд. Бинобар ин, биёед, пеш аз ҳама, то куҷо хатар доштани «Толибон»-ро ба ҷумҳурӣ таҳлил намоем. Ҳаракати «Толибон» Солҳои 1980-1990-и асри XX дар Афғонистон талошҳои қудратро соҳиб шудан авҷ гирифт, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар натиҷа, кӯдакони бепарасторро аз Афғонистон ба Покистон интиқол доданд, ки аксари онҳо паштун буданд. Соли 1992 ин кӯдаконро мувофиқи пешниҳоди Ташкилоти марказии истихбороти Амрико (СРУ) ва разведкаи ҳарбии Покистон бо номи ISI дар мадрасаҳои махсус ба таълим фаро гирифтанд. Дар ин мадрасаҳо ба ғайри таълимоти исломӣ ба таълимоти ҷисмонӣ, низомӣ диққати хос медоданд. Ба таълими ҷавонон аксаран дастурдиҳандаҳои ботаҷрибаи СРУ ва ISI кор мебурданд. Соли 1994 як гурӯҳи калони ин ҷавонон бо номи «Толибон» таҳти сарварии мулло Умар ба сӯи Афғонистон ҳаракат намуданд. Онҳо аз ҷиҳати техникӣ хуб мусаллаҳ буданд: танк, БТР, БМП, стингер, пулемёт барин лавозимоти ҷангӣ доштанд. Худи ҳамон сол, яъне, 20 сол муқаддам калимаи «Толибон» ҳамчун як ҳаракати номаълум дар арсаи байналмилалӣ маълум гардид. Дар ибтидо гурӯҳҳои фаъоли Афғонистон чун «Иттифоқи Шимол» бо сарварии Аҳмадшоҳ Масъуд ва «Ҳизби исломии Афғонистон» таҳти сарварии Гулбиддин Ҳикматёр «Толибон»ро ҳамчун бозиҳои сиёсии Амрико ва Покистон шуморида, аввал аҳамияти ҷиддӣ надоданд. Аммо, соли 1995 «Толи-

бон» музофоти Ҳилмандро забт намуда, муҷоҳидини Гулбиддин Ҳикматёрро торумор намуданд ва вақте ки ба Кобул ҳуҷум карданд, ҷангиёни Аҳмадшоҳи Масъуд пеши роҳи онҳоро гирифтанд. 27 сентябри соли 1996 «Толибон» бе ягон ҷангу мамониат Кобулро забт ва Афғонистонро Аморати Исломии Афғонистон эълон намуданд. Конститутсияро манъ намуда, шариатро ҳамчун Қонуни асосии давлат ҷорӣ карданд. Ба тариқи дигар, Афғонистонро давлати теократӣ эълон намуданд. Ҳокимияти теократӣ маънои онро дорад, ки ҳокимияти сиёсӣ ба дасти рӯҳониён мегузарад. «Толибон» ёдгориҳои буддоиро вайрон карда, дар Афғонистон соли 1996 ба Усома бини Лодан ва ҷангиёни «АлҚоида» паноҳгоҳ доданд. Августи соли 2000 шаҳри Толиқон, маркази вилояти Тахорро забт намуданд, ҳамон сол шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Шимолро низ соҳиб шуданд ва 8 ҳазор касро ба қатл расониданд. Баъд аз амали террористии 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, ки боиси марги зиёда аз 3500 кас гардид, Амрико ба муқобили «Толибон» бо дастгирии «Иттифоқи Шимол» амалиёти зиддитеррористӣ гузаронд ва сохти давлатдории «Толибон»ро сарнагун намуд. Дар ин амалиёт роҳбари Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Ҷумъабой Намангонӣ кушта шуд. Дар натиҷаи амалиёти Эътилофи байналмилалӣ «Толибон» Кобулро тарк намуда, ба пинҳонкорӣ гузаштанд. Қисми зиёди онҳо ба музофоти Вазиристон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон гузаштанд. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон бо роҳбарии Тоҳир Юлдошев, «Ал-Қоида» бо роҳбарии Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ низ аз майдон

канор рафтанд. Аз соли 2000 то ҳол Вазиристон пуштибони ҳаракати «Толибон» аст. Соли 2004 ҳокимият дар ин минтақа пурра зери итоати «Толибон» гузашт ва 14 феврали соли 2006 «Толибон» сарзамини Вазиристони шимолиро Аморати Исломии Вазиристон эълон намуда, шариатро ба сифати қонуни асосӣ ҷорӣ карданд. Аз соли 2002 то 2010 «Толибон» боз ба як қувваи бузург мубаддал гардид. Роҳбари онҳо Муҳаммад Умар ва Абдул Ғанӣ Бародар буда, дар аксари вилоятҳои Афғонистон гурӯҳҳои пинҳонӣ доранд. Инчунин, бо дастгирии Амрико дар Қатар намояндагии «Толибон» кушода шуда, вохӯрии онҳо ба намояндагони Амрико ба қайд гирифта шудааст. Бояд гуфт, «Толибон» таҳти сарвари мулло Умар ба муқобили давлати Афғонистон, қувваҳои мусаллаҳи Амрико меҷангад, онҳо бештар ба масъалаҳои дохилӣ машғуланд, барои «Толибон» муҳимтар дар Афғонистон сари қудрат омадан аст, на ҳуҷум ба Тоҷикистону Ӯзбекистон. Ҳоло ҷангиёни ҳаракати «Толибон» аз рӯи маълумоти мавҷуда ба 30 ҳазор нафар расидааст. Идеологияи «Толибон» “исломизм, панисломизм ва салафизм” аст. Соли 2003 аз тарафи Шӯрои амнияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, «Толибон» ҳамчун ташкилоти террористӣ эълон шуд. «Таҳрик - Толибони Покистон» Ҳаракати «Таҳрик - Толибони Покистон» бо «Толибон»-и Афғонистон алоқа доранд ва дар Вазиристон ҷойгиранд. Дар сурати хатари «Толибон»-и Афғонистон ба амнияти миллии Тоҷикистон, «Таҳрик – Толибони Покистон” метавонад, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунад ва ба якди-

ба қатл расониданд. Инчунин, 120 касро ярадор намуданд, ки афроди сангдилу бераҳм будани онҳоро нишон медиҳад. Ҳатто роҳбарияти «Толибон»-и Афғонистон ин кирдори бераҳмонаи онҳоро маҳкум намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки пайғамбари ислом Муҳаммад (с) фармудаанд: «Вақте ки ба ҷанг мебароед, фақат бо шахсоне биҷангед, ки дар даст яроқ дошта бошанд, мӯйсафедон, занон, кӯдаконро накушед…» Чӣ тавре, ки мебинед ин рафтори ваҳшиёнаи «Таҳрик - Толибони Покистон» ба ҳеҷ қолаб рост намеояд, яъне, аз дини мубини ислом низ берун аст. Яъне, аъмоли анҷомдодаи онҳо, ки аз номи дину шариат сурат гирифтааст, комилан бо ислом иртиботе надорад. Бинобар ин, Қарори Сарвазири Покистон Навоз Шариф дар бораи ҷорӣ кардани ҳукми қатл барои амали террористӣ саривақтист. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Ин ҳаракат тобистони соли 1996 дар шаҳри Толиқон, вилояти Тахори Афғонистон таъсис ёфтааст. Аз соли 1992 то июни соли 1997 ҳамчун қаноти иттиҳодияи мухолифини тоҷик бар зидди қувваҳои ҳукуматии Тоҷикистон ҷангидааст. Роҳбари ин ҳаракат аз рӯзи таъсисёбиаш ҳамчун «Ислом адолати» (1992) Тоҳир Юлдошев мебошад. 27 августи соли 2009 дар натиҷаи бомбаборони Вазиристон сахт ярадор шуда ба ҳалокат расид. Пас аз вафоти ӯ роҳбарии ҳаракат ба зимаи Усмон Одил гузошта шуд, ки домоди Тоҳир Юлдошев мебошад. Хизмати Одил аз он иборат аст, ки ӯ сохтори ин ҳаракатро мисли сохтори «Ал-Қоида», яъне, шакли «Тори тортанак»


лиса ва дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ба муқобили аскарони Вазорати дифоъ сентябри соли 2010 кори дасти «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мебошад. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти «Ҷамоати Ансоруллоҳ» қатъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ дониста мешавад.

«Ҷамоати Ансоруллоҳ» соли 2008 дар Афғонистон аз тарафи мулло Амриддин Табаров, аз ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод, Абдулло Раҳимов, аз Ваҳдат ва мулло Қамариддин таъсис шудааст. «Ансоруллоҳ» аз ҳайати Ҳаракати исломии Ӯзбекистон хориҷ шуда, қариб 50 нафар тоҷикон ба вай дохил шуданд. Роҳбари «Ҷамоати Ансоруллоҳ» мулло Амриддин буда, дар Покистон зиндагӣ мекунад. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Амриддин Табаров ба Афғонистон муҳоҷират карда, аз Афғонистон ба Покистон меравад ва дар мадраса таҳсил мегирад ва идеологияи салафияро қабул менамояд. Соли 1997 ба Тоҷикистон бармегардад ва дар ҷамоати Самсолиқ хело ҳам кӯшиш мекунад, ки ҳамдиёронашро ба салафия ҷалб намояд, аммо ба ӯ муяссар намешавад. Бинобар ин, солҳои 2000ум ба Миср меравад ва аз Миср ба Покистон бармегардад. Мулло Амриддин ба ташкилотҳои тундрави салафияи Арабистони Саудӣ, Қатар, Покистон, роҳбарони «Толибон», «Ал-Қоида» алоқа дошта, аз маблағгузории «Ал-Қоида» бархурдор аст. Амали террористӣ дар Хуҷанд ба муқобили кормандони ми-

Дар ҳайати ин гурӯҳ 12 гурӯҳи тундрав шомил аст. Ба ин гурӯҳ кормандони истихбороти сиёсии замони сарварии Саддом Ҳусейн дар Ироқ , ки бо тавсияи Амрико онҳоро аз кор озод намудаанд, ба кор омадаанд. Ақида дар бораи таъсиси хилофат, ки Абӯбакри Бағдодӣ эълон дошт, ақидаи нав нест. Дар таърихи ислом аввалин бор хилофат соли 632, пас аз вафоти пайғамбар Муҳаммад (с) таъсис ёфта буд. Калимаи «халиф», маънои муовини пайғамбарро дорад. Хилофат, яъне, муттаҳид кардани якчанд давлати исломӣ... Бояд гуфт, соли 1952 Тақиюддин Набихони Фаластинӣ (1909 -1979) дар шаҳри Қуддус «Ҳизби таҳрири исломӣ»-ро таъсис дод. Мақсади асосиаш таблиғи ақидаи таъсиси давлатҳои исломӣ бо тарзи хилофат, яъне, дар оянда муттаҳид намудани ин давлатҳо ва барқарор намудани хилофат буд. «Ҳизби таҳрир» дар давлатҳои исломии Шарқи Наздик, Русия, Ӯзбекистон ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шудааст, дар Тоҷикистон – ҳаракати ифротӣ. Ҳоло роҳбари «Ҳизби таҳрир» Умар Бакар Муҳаммад буда, қароргоҳаш дар Лондон аст, чунки ягон давлати исломӣ

«Давлати исломии Ироқ ва Шом» Маълумоти мухтасар дар бораи ин гурӯҳи террористии шохаи «Ал - Қоида» чунин аст: Роҳбари гурӯҳ Абӯбакри Бағдодӣ буда, соли 1972 дар Ироқ таваллуд шудааст. ДИИШ эълон намуд, ки мақсади асосии онҳо таъсиси давлати исломӣ дар сарзамини Ироқ, Сурия ва Лубнон мебошад.

таъсиси хилофатро қабул надорад, аммо барои Англия, барои бозиҳои сиёсӣ ва геополитикиаш ин ҳизб лозим аст. Дар баробари ин, солҳои 90уми асри ХХ ақидаи барқарор намудани хилофатро роҳбари «Ал – Қоида» Усома бини Лодан (1957 –2011) пеш гузоштааст. Бини Лодан дар яке аз баромадҳояш гуфта буд, ки хилофатро барқарор хоҳанд кард, ки 54 давлатро муттаҳид мекунад ва маркази ин хилофат дар Аарабистони Саъудӣ қарор мегирад. Аз рӯи нақшаи Усома бини Лодан ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҳайати хилофат дохил мешаванд. Аслан, ақида дар бораи таъсиси хилофат ақидаи идеологи «Ал - Қоида» Айман Завоҳирӣ аст, ки ҳоло сарварии «Ал - Қоидаро» ба уҳда

дар Осиёи Миёна

дорад. Тавре маълум аст, Абӯбакри Бағдодӣ тарбиятгирандаи «Ал Қоида» фақат фикру андешаҳои Айман Завоҳирӣ ва Усома бини Лоданро амалӣ кардан мехоҳад. Аммо Бағдодӣ танҳо роҳбари як гурӯҳи террористӣ аст, ки 30 ҳазор муҷоҳид дорад ва таъсиси «Хилофат» фақат фикрҳои хаёлии ӯст. Б) Хатар ва ситезаҷӯии дохили кишвар 1. Боиси қайд аст, ки Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷамоати таблиғ ва даъво», салафия дар Осиёи Марказӣ дар ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ба тариқи пинҳонӣ амал мекунанд, чунки дар ин давлатҳо ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳамчун ташкилотҳои ифротгароӣ, террористӣ дониста шудаанд. Ин гурӯҳу ҳизбу ҳаракатҳо ба органҳои дахлдор хуб маълуманд ва сари ҳар вақт дар рӯзномаҳо дар бораи дастгир шудани намояндагони онҳо ва ба ҷавобгарӣ кашиданашон хабар медиҳанд. Назир НАЗИРОВ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон

Диққат, озмун! Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпӣ бо мақсади таҳияи тарҳи либоси ягонаи миллии варзишӣ барои дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш озмун эълон менамоянд. Ғолиби озмун бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегардад. Дар тарҳи (эскизи) либосҳои варзишӣ рамзи муқаддасоти миллӣ (парчами давлатӣ, нишон), таҷассумкунандаи хиради ниёгону муосир тасвир шаванд. Ҳар як қисмати либоси варзишӣ бояд мазмуни мушахасси худро дошта бошад. Ранг, аломатҳои алоҳидаи дарҷшуда, намуди берунии либос бояд дар худ рукнҳои таърихию муосири давлатдории тоҷиконро дар алоқамандӣ бо унсурҳои муосири варзиши ҷаҳонӣ тараннум намоянд. Тарроҳон тарҳи либосҳои варзишии мавсимиро (курта, пиҷак ё болопуш, шим, калапуш, ҷӯроб, пойафзол, борхалта) дар нақша ва шакли тайёр бо нишонии кӯчаи Спортивная-6, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Озмуни тарроҳон» пешниҳод намоянд. Муҳлати пешниҳод то 30 январи соли 2015 муайян гардидааст. Телефонҳо барои маълумот: 236-31-66, 907-58-73-60

9 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

намуд. Ин маънои онро дорад, ки дар дохили ҳаракат гурӯҳҳои хурд бо ҳар гуна номҳо мисли «Ансоруллоҳ», «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ», «Толибони Осиёи Марказӣ», «Ҷунд ал-халифат» ва ғайра фаъолият менамоянд. Соли 2012 Усмон Одил кушта шуд ва ҳоло роҳбарии Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро Усмон Ғозӣ ба уҳда дорад. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар дохилии Тоҷикистон низ ячейкаҳои пинҳонкор дорад ва чӣ тавре, ки маълум аст дар Исфара, Қубодиён ва бархе шаҳру ноҳияҳо аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фош ва боздошт шудаанд. Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҳаракати ифротию - террористӣ дониста мешавад. «Ҷамоати Ансоруллоҳ»

ЭЪЛОН

e-mail: javonontj@mail.ru

АМНИЯТИ МИНТАҚА


10

e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ТУРИЗМ

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри ноил шудан ба рушди якмароми соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ на танҳо бо муассисоти давлатӣ, балки бо созмонҳои тиҷоратии маҳалливу байналмилалӣ, ташкилотҳои мададрасон, ҳамчунин, созмонҳои иҷтимоии кишвар ҳамкории зич дорад. Ба наздикӣ ду гурӯҳи муташаккил аз дастандаркорон ва коршиносони арсаи туризми ҷумҳурӣ ба ҷумҳуриҳои Малайзия ва Кувайт сафари корӣ анҷом доданд. Асадшо Зоолшоев, директори иҷроияи Ассотсиатсияи сайёҳии экологиву фарҳангии Помир (ПЭКТА), ки дар ҳар ду ҳайат шомил буд, барои ширкатҳои туристии кишварҳои номбурда ва шахсони манфиатдор имконоти сайёҳии ҷумҳуриро муаррифӣ намуд. Мо бо ӯ вохӯрда, дар бораи натоиҷи сафари ҳайатҳои корӣ пурсон шудем. - Малайзияро “Бабри Осиё” меноманд. Дар бахши туризм ин кишвар чӣ пешравиҳо дорад? - Малайзия дар ҷанубу шарқи Осиё қарор дошта, аксари сокинонашро мусулмонон ташкил медиҳанд. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни туризм рушд кардааст. Бахусус, туризми тафреҳӣ ё истироҳатӣ, лабибаҳрӣ (пляжӣ) ва туризми харидорӣ (шопинг). Мизбонон

Оғӯше боз барои сайёҳи хориҷӣ зимни муаррифии имконоти воқеии туризм ба мо аз ояндаи рушди туризми исломӣ иттилоъ доданд. Гуфтанд, имрӯз дар ҷаҳон нерӯҳое ҳастанд, ки исломро сиёҳ кардан мехоҳанд ва онро асосан ба ҳайси як равияи террористӣ муаррифӣ мекунанд. Вале мамолики исломӣ нерӯи зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ақлонӣ доранд. Аз ҷумла, рушди туризми исломӣ яке аз паҳлӯҳои он аст, ки мутаассифона, имрӯз ба он диққати кам равона мешавад. Фақат туризми зиёратӣ метавонад ба буҷаи ҳар мамлакати исломӣ даромади ҳангуфт ворид кунад. Ҳайати Тоҷикистон дар ин сафар аз паркҳои зебову афсонавӣ, пляжҳои ҷолиб, бозорҳо, меҳмонхонаҳо ва деҳаҳои дурдасти Малайзия, ки дар рушди туризм саҳм гузоштаанд, дидан кард. - Дар Кувайт аз Намоиши ҳунарҳои миллии Тоҷикистон чӣ гуна истиқбол карданд? - Сафари кории коршиносони соҳаи сайёҳии кишвар ба давлати Кувайт ду рӯзро ташкил дод. Намоиши туристии Тоҷикистон дар Кувайт бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар ин давлат дар яке аз меҳмонхонаҳои калонтарини он «Шератон» баргузор гашт. Дар он Ассотсиатсияи дастгирӣ ва рушди ширкатҳои туристӣ, ҶДММ «Помир силк трэвел», ҶДММ «Сафари Помир», ҶДММ «Ҳафткӯл», ҶДММ «Боми Ҷаҳон» ва ҶДММ «Помир пикс» низ ширкат карданд. Дар Кувайт роҳбарии гурӯҳро муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Лочин Файзуллоев бар ӯҳда дошт. Ба хотири муаррифии имконоти туристии кишвар аз

ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ видеоролики имкониятҳои туристии Тоҷикистон дар 3 навор дар ҳаҷми 10 дақиқа бо забони арабӣ нишон дода шуд. 24 ноябр намояндагони Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ, ғизоҳои тоҷикӣ ва меваҳои Тоҷикисонро ба маъраз гузоштанд. Дар ин гӯшаи махсус, ҳамчунин, либосҳои маъмулии сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ба тамошобинон, бахусус, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили зардузӣ, чакан, сангҳои ороишӣ, муҳра, кандакорӣ, тоқӣ, ҷӯроб, либосҳои хоси миллии тоҷикона писанд омад. Соҳибмулкон имкон пайдо карданд аз молҳои барои худашон маъқул харидорӣ намоянд. Барои мизбонон суханронии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов, ки ба намоиш ҳусни ифтитоҳ бахшид, хеле ҷолиб буд. Ширкати ҷонишини вазири савдо ва саноати Кувайт, хонум Самира алҒариб ва дигар ашхоси расмӣ аз таваҷҷуҳи бузурги ин кишвар ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон далолат медод. Ширкаткунандагон дар заминаи намоиш ба имконоти васеи туристии Тоҷикистон баҳои баланд дода, қайд карданд, ки минбаъд теъдоди туристон аз Кувайт ба Тоҷикистон афзоиш пайдо хоҳад кард. Намоиши туристии Тоҷикистон дар рӯзномаҳои марказии Кувайт инъикос шуд. - Муҳтавои муаррифӣ аз чӣ иборат буд? - Зимни муаррифӣ дар бораи қисматҳои барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиб, ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Ис-

таравшан, Варзоб, дараи Ромит, Тавилдара, Балҷувон, Рашт, Ҷиргатол, Ҷиликӯл, водии Вахон, кӯҳҳои Помир, Қаратоғ ва Фон, кӯлҳои Қайроққум, Сарез, Искандаркӯл, Қарокӯл, Булункӯл маълумоти васеъ дода шуд. Барои ҳозирин, бахусус, ташкили туризми экологӣ, туризми варзишӣ, кӯҳӣ, алпинизм, туризми маданӣ, таърихӣ ва шифоӣ хеле ҷолиб буд, ки Тоҷикистон барои рушди оянда ва ҳамаҷонибаи онҳо замина ва шароит дорад. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар Тоҷикистон барои намудҳои дигари туризм, амсоли рафтинг, парапланеризм, лижабозии кӯҳӣ, шикори байналмилалӣ, туризми этнографӣ, истироҳат ва муолиҷа дар осоишгоҳҳо (туризми муолиҷавӣ), ҳамчунин, туризми корӣ, мисли конфронсҳо, симпозиумҳо, семинарҳо шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. Заминаҳои асосӣ барои рушди туризм дар Тоҷикистон қабл аз ҳама сокинон ва меҳмоннавозии онҳо, кӯҳҳои сарбафалак ва саргузаштзо, фарҳанги ғанӣ ва таърихи бойи тоҷикон мебошад. Дигар омилҳое, ки метавонанд таваҷҷуҳи туристонро ҷалб кунанд, кишвари барои туристи хориҷӣ дастнахӯрда, тарзи зиндагии хос, табиати бикр ва пок мебошад. Тоҷикистон аз мамлакатҳоест, ки як замон аз қаламраваш роҳи куҳан ва бузурги Абрешим мегузашт. Як нишони дигари ҷолиб барои туристи хориҷӣ ин аст, ки Тоҷикистон барои пазироии туристон кишвари куллан амн аст ва имкон дорад ҳифозати туристи хориҷиро пурра таъмин кунад.

Ифтитоҳи терминали ҷадиди фурудгоҳи байналмилалӣ, меҳмонхонаҳои замонавии “Ҳаёт Реҷенсӣ», «Серена», «Шератон» дар Душанбе, хадамоти ширкатҳои замонавӣ, ба мисли ширкати ҳавоии «Сомон эйр», нақлиётии «Осиё экспресс», сукунатгоҳи «Диёри Душанбе» дар пойтахт низ пазироии туристони хориҷиро осон гардондааст. Дастрасӣ ба телефонҳои мобилӣ ва интернет дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон низ яке аз муваффақиятҳои ҷумҳурии мо мебошад. Ба ғайр аз ин, дар ҳоли ҳозир дар кишвар марказҳои иттилоотӣ амал мекунанд, ки барои сари вақт расондани ҳар гуна иттилоъ хизмат мекунанд. Боиси хушнудист, ки сохтмони меҳмонхонаҳои шахсии кӯчаку бузург дар шакли ҳомстейу гестҳавузҳо, тарабхонаҳо, пойгоҳҳои туристӣ дар ҳоли рушд аст. Зимни муаррифӣ аз соҳаи нақлиёти кишвар низ қайд шуд, ки хеле пеш рафтааст. Туристон метавонанд бароҳат аз хадамоти ҳар навъи нақлиёт, амсоли таксӣ, минибус, велосипед, каноэ, мототсикл истифода баранд. Ҳамчунин, онҳо имкон доранд дар дараҳо ва кӯҳистон асп, қутос, харро иҷора гирифта, истифода кунанд. Бо шарофати рушди туризм солҳои охир дар қаламрави кишвар соҳаҳои ҳунармандӣ, асалпарварӣ, меваю сабзавоткорӣ тараққӣ ёфтааст. Вақти муаррифӣ суолҳои бис-ёре аз ҷониби ширкаткунандагон дода шуданд, ки аз таваҷҷуҳи онҳо ба кишвари афсонавии мо дарак медод. Як ҳадафи аслии сафари ҳайати Тоҷикистон ба ин ду кишвар, қабл аз ҳама, таблиғи имконоти сайёҳии кишварамон буд. Итминон дорам, ки мо ба ин ҳадаф расидем ва мутмаинем, ки соли оянда шумораи сайёҳон аз Кувайту Малайзия ба Тоҷикистон афзоиш пайдо хоҳад кард. Мусоҳиб С. СУННАТӢ, “ҶТ”


Ҳостел сайёҳони ҷаҳонро муттаҳид месозад… асосан, ба туризми дохилӣ ва воридотӣ машғул мебошад. Мо барои хоҳишмандон дар Осиёи Марказӣ ва дохили Тоҷикистон, масалан, ба самтҳои Чилучорчашма, Қалъаи Ҳисор, Искандаркӯл, Бадахшон, Ҳафткӯлу Панҷакент, кӯҳҳои Фон хатсайрҳо ташкил менамоем. - Чаро ҳостел «Yeti Hostel» номгузорӣ шудааст? - Ҳостел дар кишварҳои дигари дунё хеле маълуму машҳур аст. Одатан ин ҷоест, ки сайёҳон бо нархи арзон

зиндагӣ менамоянд ва бо ҳам шинос мешаванд. Хусусан, бештар ҷавонони саёҳатчӣ дар ҳостелҳо ҷамъ меоянд. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки номи шӯхиомез дошта бошад. Маънои «Yeti» албастӣ, одами ёбоист. - Арзиши ҳостел чӣ қадар аст ва кадом шароитҳо барои меҳмонон муҳайё шудааст? - Ҳостел дар бинои 9-ошёна, дар хонаи 4-ҳуҷрагӣ воқеъ буда, дар як вақт барои хоби 16 нафар пешбинӣ шудааст.

Ҳамсуҳбати ман Мисқола Абдуллоева аз рӯи ихтисос иқтисодчӣ буда, хатмкардаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия мебошад. Соли 2006 ширкати провайдерии «Зервана»-ро ташкил намуд. Сипас, ба қароре омад, ки дар бахши туризм фаъолиятро ба роҳ монад. Аз ин хотир, охири соли 2012 ширкати сайёҳии «Ором Тревел»-ро таъсис дод. Моҳи апрели соли 2014 ин ширкат дар Душанбе ҳостел (меҳмонсарои арзон) кушод. Дар мусоҳибаи зерин Мисқола дар бораи аввалин ҳостели расмӣ дар Душанбе, ки «Yeti Hostel» ном дорад, нақл мекунад. - Қаблан дар бораи ширкати «Ором-Тревел», ки таъсисдиҳандаи ҳостел мебошад, каме иттилоъ медодед? - Он ширкати сайёҳӣ буда,

ед? - Худи онҳо тавассути интернет дар бораи ҳостели мо маълумот пайдо месозанд. Сомонаи мо бо суроғаи www.yetihostel.com фаъол аст. Дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» низ саҳифа дорем. - Дар соли нав чӣ нақшаҳо доред? - Соли 2015 нақшаҳо зиёданд. Вале барои амалӣ намудани онҳо, пеш аз ҳама, вақт, инчунин, сармоягузорӣ лозим аст. Ман дар самти тиҷорати сайёҳӣ чун тоза ба кор шуруъ намудам, таҷрибаи казоӣ надорам. Вале кӯшиш мекунам, ки нақшаҳои дар пеш гузоштаамро амалӣ намоям. Мусоҳиб Насрулло ТӮЙЧИЗОДА

ЭНЕРГЕТИКА

Купруки барқдиҳанда дар Лондон Дар дарёи Темзаи шаҳри Лондон (Британия) купруки роҳи оҳани Блекфриарс мавҷуд аст, ки аз нури офтоб нерӯи барқ тавлид мекунад. Дар болои он аз ҷониби ширкати «Solarenttury» боми иборат аз 4400 панели офтобӣ сохта шудааст. Барқи тавлидкарда нисфи барқи стансияи роҳи оҳани Лондон Блекфриарсро таъмин мекунад. Фотопанелҳо имкон медиҳанд, ки ҳар сол ихроҷи 511 тонна гази карбонат пешгирӣ шавад. Лоиҳаи мазкур яке аз қисмҳои барномаи шаҳрдории Лондон баҳри таъсиси шаҳри устувор ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Барои ширкати «Solarenttury» амалисозии лоиҳа кори осон набуд. Чунки зимни насби

Нархаш 15 доллар мебошад ва бо усули миллӣ ороиш ёфтааст. Интернет ва маълумот дар бораи хатсайрҳои туристӣ ба сайёҳон дастрас аст. Трансфер - гусел ва қабули меҳмонон аз фурудгоҳро низ пешниҳод месозем. Инчунин, мо аз миҷозон тавассути кортҳои пластикии байналмилалӣ маблағ қабул менамоем, ки чунин имкониятро ҳоло ҳатто баъзе меҳмонхонаҳо надоранд. - Бо кадом роҳ ба ҳостел муштариёнро ҷалб менамо-

фотопанелҳо қатораҳо равуо мекарданд ва ҳаракати онҳо боздошта нашуд. - Агар амалисозии лоиҳаи насби таҷҳизоти офтобӣ пеш аз бунёди купрӯк ба нақша гирифта мешуд, арзону осонтар сурат мегирифт, - гуфтааст намояндаи ширкати «Solarenttury» Сюзанна Лашфорд. - Шояд дигар ширкатҳо ба ин манбаи барқи аз лиҳози экологӣ тоза нигариста, таҷрибаи мазкурро амалӣ намоянд.

Афзоиши истеҳсоли барқи «офтобӣ» дар Бангладеш Бангладеш аз рӯи суръати афзоиши истифодабарии энергияи офтоб дар ҷаҳон ба ҷои аввал баромад. Соли 2002 дар кишвари аксари аҳолиаш камбизоат 7000 хонавода аз батареяҳои офтобӣ истифода мебурданд. Баъд аз он ки ташкилотҳои ҷамъиятии экологӣ ба мардум барои хариди панелҳои офтобӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намуданд, теъдоди истифодабарандагон якбора афзуд. Аллакай дар соли 2012 шумораи хонаводаҳои истифодабарандаи панелҳои офтобӣ аз миллион нафар гузашт. Имрӯз ин рақам 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. - Ин афзоиши босуръаттарин теъдоди истифодабарандагони энергияи офтоб дар сайёра мебошад, - гуфтааст менеҷери ширкати Рушди инфрасохтор дар Бангладеш Назмул Ҳақ. Аз рӯи ҳисоби коршиносон нисфи аҳолии Бангладеши 150 миллионнафара ба нерӯи барқи доимӣ дастрасӣ надоранд. Истифодаи фотопанелҳои офтобӣ имконият медиҳад, ки сокинони деҳаҳои дуртарин ҳам бо барқи аз лиҳози экологӣ тоза таъмин шаванд. Бонки ҷаҳонӣ дар ҳисоботаш навиштааст, ки фотопанелҳои офтобӣ сифати зиндагии сокинони деҳоти Бангладешро дигаргун кард. Агар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ таҷрибаи кишвари Бангладешро дар мамлакат амалӣ намояд, сокинони кишвар бо нерӯи барқ беҳтар таъмин хоҳанд шуд.

Таҳияи С. АМИНИЁН, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Яке аз роҳҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар муҳайё намудани шароити мусоид ба ҳисоб меравад. Ба ин бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳостелҳо мисол шуда метавонанд. Саҳми мутахассисону соҳибкорон низ дар раванди рушди туризм назаррас мебошад.

11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ТУРИЗМ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

12

НАТИҶАГИРӢ

Варзишгарони беҳтарини соли 2014 муайян шуданд Тибқи назарсанҷие, ки бо ибтикори Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши мамлакат 20 декабри соли равон дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҳузури 70 хабарнигор баргузор гардид, варзишгарони беҳтарини соли 2014 муайян шуданд. Дар натиҷа, гурзандози машҳур Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари соли 2014 муайян гардид. Ӯ дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсим медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчхони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дода, бори сеюм ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Осиё мушарраф гашт. Инчунин, ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд. Ҳамчунин, ба рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол, шахсони зерин шомил шуданд: Зелимхон Юсуфов (гӯштини тарзи озод) Фарҳод Неъматов (таэквондо-ВТФ) Алишер Гулов (таэквондо-ВТФ), Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо-ВТФ) Комроншоҳи Устопириён (дзю-до) Хушқадам Хусравов (самбо) Акмалиддин Каримов (самбо) Муҳаммадмурод Абдураҳ-монов (кураш) Акмал Қодиров (армреслинг) Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иброз дошт, ки “нимаи дуюми соли 2014 барои варзишгарон ва Кумитаи миллии олимпӣ соли бобарор буд, чунки дар бузургтарин мусобиқаи имсола Бозиҳои XVII осиёӣ 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, дзю-до, гӯштини тарзи озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэдо, таэ-квондо (ВТФ), вазнбардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд. Мо аз натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгаронамон дар Бозиҳои XVII осиёӣ қаноатмандем. Бояд тазаккур дод, ки шумораи медалҳои бадастовардаи варзишгарони мо нисбат ба теъдоди медалҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин як адад беш аст, инчунин, аз ҷиҳати сифати медалҳо низ натиҷаи мунтахаби кишвар беҳтар мебошад. Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчхон нисбат ба Бозиҳои Гуанҷоу дар ҳисоби даставӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло шуд. Бояд гуфт, ки ин натиҷаи беҳтарини тими мунтахаби кишвар дар Бозиҳои осиёӣ аз соли 1994 то кунун мебошад”. - Соли оянда варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналхалқӣ ширкат карда, барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразил мубориза мебаранд. Мо дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки 16 декабр барпо гардид, рӯйхати 15 варзишгари беҳтаринро барои гирифтани стипендияи олимпӣ тасдиқ кардем. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гӯштингирон Зелимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд, - афзуд Б. Раҷабалиев. Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

ФУТБОЛ

Рашт - ғолиби мусобиқаи футбол

e-mail: javonontj@mail.ru

Тавре маълум, соли 2014 бо Фармони Президенти мамлакат дар ҷумҳурӣ Соли футболи оммавӣ эълон гашт. Давоми сол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи ин намуд баргузор гардиданд. Яке аз воқеаҳои муҳими сол дар робита ба ин масъала он ба ҳисоб меравад, ки 23 сентябри соли равон дар ноҳияи Рашт бо иштироки намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, раисони ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол, шаҳри Роғун, собиқадорони футболи минтақа ва соҳибкорон, бори нахуст, баъди 23 соли соҳибистиқлолии кишвар Федератсияи футболи минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун таъсис ёфт ва роҳбари нахустини он раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир интихоб гардид. Муовини аввали раиси федератсия Ализода Ҳусейни Хоҷамир, раиси ноҳияи Тоҷикобод ва муовини

раис, Ҳиммати Ғайрат, раиси ноҳияи Тавилдара пазируфта шуданд. Аъзои кумитаи иҷроияи федератсия шахсони зерин интихоб гардиданд: Абдураҳмонзода Саидумрон, раиси ноҳияи Рашт, Сиёмардзода Саидамир, раиси ноҳияи Нуробод, Шарифзода Шарифи Файз, раиси шаҳри Роғун, Баёз Гандумов, муовини сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт, Обиддин Ҷамшедов, аз ноҳияи Ҷиргатол, Наил Бобоев, аз ноҳияи Тоҷикобод, Ҳалимҷон Абдуалимов, аз ноҳияи Рашт ва Сотир Аминов аз ноҳияи Нуробод. Масъулин ҳадафи асосии таъсиси федератсияро рушду инкишоф ва оммавӣ

гардонидани футбол дар минтақа маъ- ба охир расид. Дар ҷамъбаст намоянданидод карданд. гони Федератсияи футболи мамлакат, Ба иттилои Исмоналӣ Сафаров, ко- раисони ноҳияҳои водии Рашт, шаҳри тиби масъули Федератсияи футболи Роғун ва ноҳияи Файзобод иштирок доминтақаи Рашт, мудири Бахши ҷавонон, штанд. варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҷиргатол, Бозингарони беҳтарини мусобиқа иқдоми аввалини федератсияи навтаъ- ба тариқи зайл муайян гардиданд: сис он гардид, ки чанде пеш дар бай- Тоҷиддин Абдураҳмонов (ноҳияи Рашт), ни варзишгарони шаш ноҳияи водӣ ва Қурбоналӣ Раҷабов (Ҷиргатол), Фашаҳри Роғун мусобиқаи футбол баргу- риз Сиёмардов (Роғун), Умед Ҳамидов зор шуд. Он дар Варзишгоҳи марказии (Тоҷикобод), Салими Амирбек (Нуроноҳияи Ҷиргатол оғоз ёфта, бо бозии бод) ва Ҷӯрабек Муҳаббатов (Тавилдабайни ноҳияи Ҷиргатол ва шаҳри Роғун ра). Натиҷаи ниҳоии мусобиқа ба тариқи зайл аст:

№ 1. 2. 3. 4. 5. 6.

ДАСТАҲО «Рашт» (Рашт) «Чашма» (Тоҷикобод) «Меҳргон” (Нуробод) «Сурхоб» (Ҷиргатол) «Роғун» (Роғун) «Мавҷ» (Тавилдара)

Б 10 10 10 10 10 10

Ғ 7 6 6 4 1 0

М 3 3 1 2 1 2

Б 0 1 3 4 8 8

Т/Т 25-2 14-5 25-10 14-15 9-30 6-31

Х 24 21 19 14 4 2


Вазъи саломатии Муҳаммад Алӣ, муштзани шинохтаи ҷаҳон, ки 21 декабр бистарӣ шуд, беҳтар шудааст. Наздикони ӯ гуфтаанд, ба эҳтимоли зиёд рӯзҳои наздик ӯро аз беморхона ҷавоб медиҳанд. Дар бораи дар кадом бемористон бистарӣ будани Муҳаммад Алии 72-сола маълумот дода нашудааст. Ӯ, инчунин, аз соли 1984 гирифтори бемории паркинсон аст ва ин маризӣ ӯро азият медиҳад. Чанде пештар хабарҳое нашр шуданд, ки ӯ аз гуфтугӯ монда, дигар садояш намебарояд. Муҳаммад Алӣ ҳанӯз дар авҷи шуҳраташ мусалмон шуд. Вай аз ҷумлаи нодиртарин

Таърихи баргузории ЧҶ-2018 эълон шуд Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) санаи баргузории мусобиқаи навбатии қаҳрамонии футболро эълон кард.

шахсиятҳои олам аст, ки ба як афсона ва достони хонданиву шуниданӣ барои мардуми олам табдил шудаанд. Ҳар бозии ӯ амсоли достонест ва тамошову шунидан ва хондани он барои кас ҳаловати бе ҳадду канор мебахшад. Муҳаммад Алӣ баъди як пирӯзии чашмгир дар Олимпиадаи соли 1960 дар вазни вазнин шуҳрати ҷаҳонӣ касб кард ва тӯли умр се карат қаҳрамони бозиҳои ҷаҳонии бокс буд. Ӯ 61 маротиба ба ринг баромада, дар 56-тои он пирӯз шудааст.

Он аз 14 июн то 15 июли соли 2018 дар Русия баргузор мешавад. Ба ҷуз ин, санаи баргузории мусобиқаи анъанавии Ҷоми Конфедератсия, ки як сол пеш аз Чемпионати ҷаҳон барпо мегардад, эълон гардид. Беҳтарин дастаҳои миллии қитъаҳо, тими мунтахаби Олмон қарамони феълии ҷаҳон, инчунин, тими мунтахаби Русия - мизбони сабқат, барандаи нави Ҷоми Конфедератсияро, ки аз 17 июн то 2 июли соли 2017 доир хоҳад шуд, муайян мекунанд. Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 дар 11 шаҳри Русия - Москва, Калининград, СанктПетербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Сочӣ ва Екатеринбург баргузор мешавад.

Бозиҳои Ҷоми Конфедератсия дар чаҳор шаҳри Русия: Москва, СанктПетербург, Сочӣ ва Қазон барпо мегардад.

Ковалев – беҳтарин муштзани сол “Барселона” “Панатинаикос” – 80:67 Ҳафтаномаи амрикоии “Sports Illustrated” варзишгари рус Сергей Ковалевро муштзани сол унвон кардааст.

“Реал” 65 млн. евро даромад дошт Клуби футболи «Реал»-и Мадрид соли 2014 аз ҳисоби ҷоизаҳо 65 миллион евро даромад гирфтааст. Дар ин бора нашрияи “Marca”-и Испания хабар дод. Соли равон «Реал» чор унвонро соҳиб шуд. Дар мавсими 2013/2014 ин тим бори нахуст дар 12 соли охир дар Лигаи қаҳрамонҳо пирӯз шуда, инчунин, Ҷоми Испанияро ба даст овард. Дар оғози мавсими ҷорӣ Суперҷоми УЕФА ва моҳи декабр дар чемпионати миёни клубҳо дастболо гардид. Алҳол бо 39 хол баъди 15 бозӣ дар Чемпионати Испания дар ҷои аввал аст.

Рекорди варзишгари 103-сола

Аз ин пеш Созмони ҷаҳонии бокс низ ӯро беҳтарин муштзани сол эътироф карда буд. Ассосиатсияи ҷаҳонии бокс бошад, Сергейро беҳтарин дар моҳи ноябри соли 2014 эълон кард. Соли 2014 Ковалев, ки дар вазни то 79,4 кило қувваозмоӣ мекунанд, чанд маротиба камарбанди қаҳрамониро аз рӯи версияи Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) ҳифз кард. Баъди шикасти варзишгари 49-солаи Амрико - Бернард Хопкинс унвонҳои Ассосиатсияи ҷаҳонии бокс (WBA) ва Федератсияи байналмилалии боксро ҳам соҳиб шуд. Қарор аст, Сергей 14 марти соли 2015 дар Монреал ва ё Квебек бо муштзани канадагӣ Жан Паскал ба ринг барояд.

Голфбози амрикоӣ Гус Андреоне дар 103-солагӣ рекорд гузошт. Ӯ дар ҷараёни як мусобиқа дар Сарасот бо як зарба тӯбчаро ба нишон расонд. Ба дастоварди ба ин монанд дар голф соли 2007 Элси Маклини 102-сола даст ёфта буд. Андреоне, ки дар як ҳафта

се маротиба голф бозӣ мекунад, гуфтааст, то замоне тавон дорад, аз бозӣ даст нахоҳад кашид. Ӯ бори аввал, вақте 75 сол доштааст, бо як зарба тӯбчаро ба нишон расонидааст.

“Зенит-Арена” мухлисонро гарм мекунад Дар варзишгоҳи нави «Зенит», ки сохтмонаш дар шаҳри Санкт-Петербург ҷараён дорад, ҳангоми бозӣ дар дилхоҳ вазъи ҳаво барои мухлисон мешавад ҳарорати муътадил гузошт. Виталий Лазуткин, сарвари кулли ширкати пудратчии «Инжтрансстрой-СПб» гуфтааст, дар ҳама гуна вазъи ҳаво ҳарорати варзишгоҳ 20-22 дараҷа гарм хоҳад буд. Сохтмони «Зенит-Арена» соли 2007 оғоз шуд. Муҳлати анҷоми он чанд ма-

ротиба дигар шуд. Қарор аст, он соли 2017 қабл аз оғози бозиҳои Ҷоми Конфедератсия мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Соли 2018 низ бархе бозиҳои мусобиқаи ҷаҳонии футбол дар он баргузор хоҳанд шуд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

Муҳаммад Алӣ бистарист

13

Бозии лигаи Аврупо оид ба баскетбол миёни дастаҳои “Панатинаикос”-и Юнон ва “Барселона”-и Испания дар пайи таҳдиди инфиҷор қатъ шудааст. Торнамои “Sportando” менависад, ин бозӣ замоне қатъ шуд, ки нафари ношиносе бо як занги телефонӣ аз мавҷудияти бомб дар маҷмааи варзишии «Олимпик Индур Холл»-и Афина хабар дод. Тамоми варзишгарону мухлисон аз бино берун шуданд, аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳеҷ гуна маводи мунфаҷирае пайдо накарданд. Бозӣ идома ёфта, бо ҳисоби 80:67 ба фоидаи «Барселона» анҷом ёфт.

Аз маҳбас ба майдони сабз Брено, футболбози собиқи «Бавария»-и Мюнхен, ки пеш аз муҳлат аз маҳбаси Олмон раҳо шуд, изҳор доштааст, карйераашро дар клуби «Сан-Паулу» идома хоҳад дод. Моҳҳои охири қабл аз озод шудан, ӯ дар клуби «Бавария» кор карда, ба мураббии тими ҷавонони он кӯмак мерасонд. Баъди анҷоми соати корӣ ба маҳбас бармегашт. Клуби «Сан-Паулу», ки Брено дастпарвари он аст, аз декабри соли 2012 ба ӯ кӯмак мерасондааст. Ин клуби Бразил эълон кардааст, ки аз мавсими оянда футболбози 25-соларо ба ҳайати худ мегирад. Моҳи июли соли 2012 Брено бо иттиҳоми қаллобӣ ва тало-

ши сӯзонидани манзили иҷорааш ба муҳлати 3 солу 9 моҳ аз озодӣ маҳрум шуд. Муҳлати анҷоми ҳабси ӯ мебоист соли 2016 анҷом меёфт, аммо оғози моҳи декабр додгоҳи Олмон ӯро қабл аз муҳлат раҳо кард. Вай то 20 декабр муҳлат гирифт, то хоки Олмонро тарк намояд. Ӯ тайи се соли оянда ҳақ надорад вориди ин кишвар шавад. Брено дар ҳайати «Бавария» аз соли 2008 то 2012 дар 33 дидор иштирок кардааст.

e-mail: javonontj@mail.ru

ВАРЗИШИ ҶАҲОН


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

№52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

14

ЗИКРИ ХАЙР

Майоре, ки шуҳрати генералӣ дошт Воқеан, бе хато зистан душвор ва ҳатто имконнопазир аст. Ҳеҷ набошад, надониста хато кардан мумкин. Мусаллам аст, ки дар ҳаёт, дар саҳнаи пуртазоди зиндагӣ хати тақдир кашидан кори осон нест. Вале хушбахтона одамоне ҳастанд, буданд ва хоҳанд буд, ки бо дилу нияти нек, росткорӣ ва растагорӣ дар қомуси рӯзгори хеш бо кору пайкори созанда ва хотирмон нақш гузоштанду мегузоранд. Яке аз чунин шахсиятҳо корманди БДА Мулло Нуров буд. Ӯ рутбаи генералӣ надошт, аммо баъзе ронандаҳо ӯро бо эҳтром «генерал Нуров» ном мебурданд. Ногуфта намонад, ки дар замони ӯ шумораи ронандаҳо ангуштшумор буданд. Албатта, дар ҳузураш мадҳу сано, таърифу дабдабаро комилан қабул надошт. Бо сифату сурати худододӣ, дили нарму гарм, чеҳраи кушода, мӯйлабҳои зебо, дур аз ҳар гуна хошу пархошҳо ифои вазифа мекард. Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе бо ӯ ифтихор дошт. Вазорати корҳои дохилии кишвар хизматҳои шоёни Мулло Нуровро ба назар гирифта, баҳри абадӣ гардондани номаш Ҷоизаи ба номи Мулло Нуровро таъсис додааст, ки ҳар сол дар арафаи ҷашни кормандони БДА (З июл) ба беҳтарин корманд дода мешавад. Ман ӯро аз наздик мешинохтам, ки чун алиф рост буд ва гоҳ-гоҳе байти зеринро бо табассуми малеҳ мехонд: Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон, Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Бале, гӯё ки ӯ бо қироати ин байт худашро ситоиш мекард. Аммо Мулло Нуров худашро ситоиш намекард. Ин андеша дар гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад. Балки натиҷаи фаъолияти меҳнатиашро дар «фалсафа»-и ин байт ғунҷонидан мехост. Бамаврид аст, ки баъзе андешаҳои хосро аз гӯшаи хотираҳо нисбат ба ин марди ростин бозгӯ намоям, то шогирдонаш андаке ҳам бошад ба ӯ, кору пайкораш пайравӣ намоянд. Мулло Нуров, одатан дар хиёбони Рӯдакӣ адои вазифа мекард. Ӯ дар иҷрои вазифаи худ ҳамто надошт. Аз назари қонун вай тамоми ҷузъиёти касбашро ба дараҷаи олӣ медонист. Назария ва амалияаш дар ҷараёни хизмат пайваст буд. Ӯ бештар дар чорроҳаи “Хонаи матбуот” навбатдорӣ мекард. Аз ин пеш дар сероҳаи назди бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар шафати чойхонаи “Роҳат” ва Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ дар хизмат буд. Дар аввал мухлисон ва ҳаводоронаш вобаста ба ин ҷойивазкунӣ ҳар гуна тахмин мезаданд ва афсӯс мехӯрданд, ки ӯро дар ҷои муқаррариаш намебинанд. Сабаб ин буд: Мулло Нуров дар вақти адои вазифа бо ишорачӯбаш чунон «бозӣ» мекард, ки аз ду тараф одамони зиёде ҷамъ шуда, ӯро бо майли том тамошо мекарданд. Хосатан, ин барои хориҷиён хеле аҷиб ва мароқангез буд. Ниҳоят, кор ба он дараҷа расид, ки мақомоти олии роҳбарии давр маҷбур шуданд, ки ба ӯ мукофот дода, ба ротаи дигар

гузаронанд. Ба қавли вазири ҳамонвақтаи ВКД, шодравон Нусратулло Абдулҳақов «ба участкаи бисёр муҳим – “Хонаи матбуот” гузаронда шуд». Ҳамзамон, ӯ дар радифи аввали кормандони БДА вақти қабул ва гусели меҳмонони баландмақоми хориҷӣ, ки ба кишвар ташриф меоварданд, қарор дошт. Назму низом, ҳаракат ва тарзи хизматаш чунон нозук, зебо ва мафтункунада буд, ки ҳар як меҳмон майлу хоҳиш дошт, ки бо ӯ салому алейк ва сӯҳбат кунад. Бисёр вақт ҳамин хел ҳам мешуд. Собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи ВКД, ки алъон бо номи «Қонун ва ҷомеа» чоп мешавад, Александр Стаканов зимни ҳар вохӯрӣ дар ситоиши Мулло Нуров боҳарорат сухан мегуфт. Ба қавли А. Стаканов: «....Ӯ майоре ҳаст, ки шӯрати генералӣ дорад». Оре, ӯ ҳамин хел шахсият буд. Аксҳои эшон саҳифаҳои маҷалла ва рӯзномаҳои дунёро зеб медод. Ба қавли суратгири нашрияи «Минбари халқ»,

собиқадори матбуот Тухтамурод Рӯзиев «Мулло Нуров солҳои дароз қаҳрамони доимии журналистон, аз ҷумла, суратгирон буд. Нуров бо чеҳраи нуронӣ ҳар касро мафтун мекард. Ӯ намунаи ибрат буд. Бо тамоми маънӣ!». Рассомон ҳам ба ӯ таваҷҷуҳ доштанд. Яке аз рассомони ҷавон ва боистеъдоди он солҳо Миша Бален дар яке аз маҷлисҳои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои чеҳраи майори милитсия Мулло Нуровро бо муқалам офаридан озмуни васеъ гузаронида шавад». Ҳарчанд ки дар коргоҳи ҳамаи рассомон акси Мулло Нуров дар ҳолатҳои гуногун маҳфуз буд. Номи ӯ дар китоби рекордҳои Гиннес зикр шудааст. Мулло Нуров тез-тез ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), ки он замон дар “Хонаи матбуот» ҷойгир буд, ба утоқи кории банда медаромад. Албатта, бо сабабе. Аз ҷумла, гоҳе аз телефон истифода мекард. Хеле кам, вале фаҳмову рӯшан гапашро мегуфту як-ду қулт чой нӯшида, муйлабҳои зебояшро тоб дода, бо табассуми зебо ду-се сухани гар-

му намакини шӯхиомез гуфта, кӯлоҳашро ба сар монда, ишорачӯбашро гирифта, ба таври низомӣ бо хайру маъзур «пост»-аш мерафт. Рӯзе тақрибан соати даҳу ним ба утоқи кории ман профессор Темур Муҳиддинов даромада, изҳор намуд ки таъҷилан бояд ноҳияи Восеъ равад. Лекин Мулло Нуров ҳуҷҷатҳои ронандаашро як соат пеш гирифта, гуфтааст, ки фалон вақту соат ба БДА омада, ҷарима месупорӣ... Азбаски акаи Темур ҳамчун устод дар байни донишҷӯёни факултаи овозадори таърихи ДМТ маҳбубият дошт, якҷо берун баромадем. Аз навбатдори БДА, ки шодравон Мулло Нуровро дар «пост» иваз карда буд, дар куҷо буданашро пурсидам. Гуфт, ки имрӯз донишҷӯён ба пахтачинӣ рафтанду майор Нуров онҳоро гусел мекунад. Аз ӯ хоҳиш кардам, аниқ кунад, ки ҳоло ӯ дар кадом нуқта аст. Корманди БДА дастгоҳашро ба кор дароварда, пурсид, «рафиқ Мулло Нурович, маро мешунавӣ?” Баъди андаке хир-хир «Туро мешунавам!» - ҷавоб омад... Ҳоло дар чорроҳаи Эсанбой (ноҳияи Рӯдакӣ) ҳаракат дорем». Аз навбатдори БДА дастгоҳро гирифта, гуфтам, ки «ака, ба шумо кори зарур дорам». Шодравон гуфт, ки соати ду ба Душанбе омада, ба идора медарояд. Баъд фаҳмам, тақрибан ду соат дар ҳамон чорроҳаи Эсанбой меистад. Аз акаи Ғозибек Мирзоев (руҳаш шод бод), ронандаи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» хоҳиш кардам, ки таъҷилан рафтан даркор. Тақрибан дар ним соат расидем. Мулло Нуров маро дида, ҳайрон шуд. - Тинҷӣ ҳаст? - Тинҷӣ, ака! Як кори майда пайдо шуд. - Хуш?.. - Ака, Шумо ҳуҷҷатҳои фалон касро гирифтед?.. - Ҳа!.. Баъди мақсади маро фаҳмидан хуб хандид ва мӯйлабҳояшро тоб дода, худро ҷиддӣ гирифту гуфт: - Ин кори майда не! Вай бояд ҷарима супорад ва ба муддати се моҳ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шавад. Маротибаи дуюм хоҳиш кардам, ки шодравон гуфт: - Чӣ, намедонӣ, ки ман зани худамро дар пеши идораи ту ҷарима баста будам? - Медонам. - Хайр, майлаш ин дафъа барои саргардон шуда омаданат ҳуҷҷатҳоро медиҳам, лекин дуюм бор бо ин хел хоҳиш пеши ман наё, ки ошногӣ тамом ва салом!.. Воқеан, ҳамон солҳо ҷаримабандии шодравон Мулло Нуров дар тамоми Душанбе паҳн шуда буд. Занаш аз гузаргоҳ даҳ қадам дуртар аз гузаргоҳ гузаштанӣ шудааст, ки Мулло Нуров ба таври низомӣ гуфтааст, «гражданка, шумо қоидаи роҳро вайрон кардед... Ҷарима супоред!...” Ҳамсараш шухӣ фаҳмида, гуфтааст: «Ҷигарат резаде-е! Ман занат». - Гражданка, ҷарима супоред. Мана «квитансия»-и ҷарима... ...Маъмулан, ҳини ёдоварии чунин мардони озодаву нек байти зерин дар дунёи дил ғулғула меандозад: Зиндаву ҷовид монд, ҳарки накуном зист, К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро... Муҳаммадҷон МИРЗОШОЕВ, собиқадори матбуот

Ифтихори мардуми Озарбойҷон Ҳафтаи сипаришуда дар Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдбуди нахустин Президенти ин кишвар Ҳайдар Алиев баргузор гардид. Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Ҳасанов дар бораи зиндагию фаъолияти Ҳайдар Алиев маълумот дода, гуфт, ки номбурда ду давра роҳбарии кишварро бар уҳда дошт. Давраи аввал аз соли 1969 то соли 1982-ро дар бар мегирифт. Дар давраи роҳбарии ӯ Озарбойҷон аз як ҷумҳурии ақибмондаи содиркунандаи ашё ба ҷумҳурии аграрӣсаноатии пешрафта табдил ёфт. Дар кишвар 293 иншооти саноатӣ сохта шуд. Дар шаҳри Боку 9 шаҳрак, маҳаллаҳои нав ва се комбинати бинокорӣ таъсис ёфт. Ҳайдар Алиев ба рушди илм таваҷҷуҳи зиёд дошт. Аз 10-15 донишҷӯ сар карда, то сад нафарро ба макотиби олии дигар ҷумҳуриҳо фиристод. Бо ҷаҳду талоши зиёд ба таъсиси Омӯзишгоҳи низомӣ дар Озарбойҷон ноил гардид. Ба туфайли меҳнатдӯстию кордонии худ Ҳайдар Алиев соли 1983 номзади ҳақиқӣ ба вазифаи сарвазири Ҳукумати ИҶШС буд. Ҳамон давра вазири корҳои хориҷии шӯравӣ А. Громико гуфта буд: «Дар Бюрои сиёсӣ се нафар нисбатан ҷавонанд - Романов, Горбачёв ва Алиев... Охирӣ ба ман нисбат ба дигарон бештар писанд аст... Алиев ташкилотчии беҳамто, бовиҷдон ва бомаърифат мебошад». Дафъаи дигар Ҳайдар Алиев 3 ноябри соли 1993 дар интихоботи мардумӣ Президенти Озарбойҷон интихоб гардид. Дар он давраи душвор, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба пастравӣ дошт ва ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Ҳайдар Алиев тавассути роҳбарии оқилона мардуми кишварашро аз фалокат раҳонд. Имрӯз Озарбойҷон таҳти роҳбарии Илҳом Алиев, ки сиёсати Ҳайдар Алиевро идома медиҳад, ба пешравиҳои зиёд ноил гаштааст. Некӯаҳволии мардуми ин мамлакат сол то сол беҳтар мегардад. - Ғояҳои Ҳайдар Алиев дар таърихи Озарбойҷон ба асрҳо роҳ кушод ва ягон қувва онро сарнагун карда наметавонад, - гуфт Аббосалӣ Ҳасанов. - Имрӯз мардуми Озарбойҷон чун ҳамеша фарзанди арзандаи худро ба ифтихору эҳтиром ёд мекунанд.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”


Њошим ..., актёр ва режиссёри тољик Нурпош, дурахшон

Љузъи ќатора

Онро тарозу аниќ мекунад

Президенти СССР

... Абдуллоева, овозхони ўзбек

Скрипкаи калони бекамонча

Тўтии думдароз

Хўрок

Моњи то- (лањљавї) бистон

Гиёњи кўњї

Љаноби англис

Падар (лањља)

Њаќиќатнигорї дар адабиёт ва санъат

Маводи тарканда «Њоло …», филми тасвирї

Маркази Голландия

Љамъбасти фикр

Тез, оњиста не

Љавоне, ки бо дилаш роњро равшан кард (М. Горкий)

Майда, реза

... и Масењ, пайѓамбар

Зебо, хушрўй

Нарм, њалим

«Вилоят»-и Америка

Тўбча аз љисми сахт

Монанд, мисл

Сулолаи шоњњои Русия

… Сайид Алии Њамадонї

..., вале, лекин

Илова

«Шимол» ба лафзи бањрнавардон

Лаънатшуда

Навигарї

Паррандаи калон, ки бањорон ќатор меояд Духтари калонї барои хурдињо

Афзалшо …, сароянда

Намоён, падидор, зоњир

Муќобили «љуфт»

Тими артиш (ихтисораи русї) Ne, яке аз газњои асил

Яке аз аломатњои китобатї

Љуфти ќалам

Параболї ва моњворагї мешавад

Далер ..., сарояндаи тољик

Нони тунуки ќафќозї Яке аз бурљњои толеънома

Шабакаи радиошунавонии Русия

Асбоби ќадимаи тории мусиќї

Нотавонї, сустї

Муши калон

Додрас

Як навъ пиљак

Паррандаи думдароз

Бордор, дуљон, њомила

min, аз њама кам

Мурѓи афсонавї

Мерос

Шабакаи ТВ-и Русия

Мир Сайид ... и Њамадонї

Роњи ќатора аз он иборат аст

Ансамбли эстрадии тољикї

... Азизова, овозхон

Китоби Зардушт

... Франсиско, шањр дар ИМА

Хушќадам

Мўњраи шоњмот

Урён, луч

Ситоиш, сано

Олим, Тамѓаи доавтонишмат манд

Курсї Таронасарої бо хондани матн аз экран

Сабзавоти дўстдоштаи заргўш

… Сафина, сарояндаи рус

… ѓанимат аст Њафтаномаи Русия дар Тољикистон

... Турсунзода

«Мерседес-…» Подоши мувофиќи амал

Низомнома

Истироњати якмоњаи мењнатї

Ришханд

Гузариш аз оби љў, марз ва ѓ

Аввалин халифаи араб

Ташкилоти баскетболи ИМА (русї)

Сараки ин гулро пуф мекунанд

Љонибдорї

Тилло

e-mail: javonontj@mail.ru

Функсияи тригонометрї

Парламенти Дания

Асбоб барои навиш- Соф кардан, тан пок кардан

Иттињоди шўравї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 №52 (9374), 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Винӣ, пулҳоро чӣ кор кунем?

ФАРОҒАТ

Ба ҳамааш асал бихар!

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

Духтаре назди падараш омада, шикоят мекунад: - Шавҳарам духтарбоз аст, шабҳо дер ба хона меояд, бо занакҳо зиёд гап мезанад... Падараш: - Духтарам, беҳтараш ин масъаларо бо модарат ба миён гузор. Ӯ дар ин маврид таҷрибаи бой дорад ва маслиҳатҳои хуб дода метавонад.

Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Шеравган ХУРСАНҚУЛОВ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»,

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

Наврӯз ҚУРБОНОВ (муҳаррири шӯъбаи ҳаёти ҷавонон),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Ноила ВОҲИДОВА, Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ҳафтанома дар чопхонаи ҶДММ «Аниса-95» (кӯчаи Шерализода-2) бо теъдоди 6940 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Малика баъди чанд сол бо ҳамсабақаш Ситора вохӯрда, мепурсад: - Шавҳар кардӣ? - Бале. - Хуш, чӣ тавр? - Мисли даврони кӯдакӣ. То дер дар кӯча нагард, бо писарони бегона суҳбат накун...

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Толибшоҳи ДАВЛАТ

Лутфи ҷавонӣ

Булҳавас

АНДАРЗ

Ҷавон бо духтари зебое шинос шуда, ӯро ба вохӯрӣ даъват кард. Онҳо аз боду ҳавои баҳорӣ нафас кашида, дар боғ сайру гашт менамоянд. Гулу ниҳолҳои навраста ба чашм зебо ва ба дилҳо фараҳ мебахшиду бӯйи хуши онҳо ба димоғ форам мерасид. Дилдодаҳо суҳбаткунон ба назди дӯкони мавсимӣ расиданд. Ҷавон ду дона яхмос харид ва якеашро ба духтар дод. Машғули суҳбати гарми худ, аз боғ баромада, ба роҳи калон расиданд. Дар ҳамин вақт мошини сиёҳи бадвоҳимаи хориҷӣ наздашон истод. Духтар дасташро аз дасти ҷавон раҳо карда, ҷониби мошин равон шуд. Ҷавони ҳайратзада ба сӯи ӯ хитоб кард: - Азизам, ба куҷо?!...

Духтарак дари мошинро кушода, ҷониби ҷавон бо тамасхур нигариста, гуфт: - Бо ӯ меравам. Ӯ аз ту зеботару бойтар аст... Инро гуфта, духтарак ба мошин нишаст. Ронанда рӯ ҷониби ӯ карду оромона гуфт: - Духтараки зебо, ман мошинро барои ту нигоҳ надоштам. Барои ҷавоне нигоҳ доштам, ки ҳамроҳат буд. Ӯ роҳбари ман аст, ман ронандааш... Ашрафи АФЗАЛ, “ҶТ”

Шир

бояд ҳамроҳаш рӯймоле ҳам бипӯшед. - Рӯймол? - бо ҳайрат пурсид зан ва биниашро ҷинҷ кард. - Агар ин тавсия аз Фаронса барин маркази муд меомада бошад, чаро напӯшам? - Бале, вагарна либоси пӯшидаатон замонавӣ ва мувофиқи муд намешавад. Духтарак рӯймолҳои зебову рангорангеро ба рӯи миз гузошта, афзуд: - Қимат ҳам бошанд, хеле зебову ба сари шумо мувофиқанд. Ҳам хушхариданд ин рӯймолҳо.

Пирамард зарфҳои вазнинро базӯр бардошта, ба миёнаи чодарҳое, ки барои зарардидагони заминларза омода карда буданд, мегузашт ва бо овози баланд фарёд мекашид: - Шииир! Марҳамат, ба дӯстрӯякони ширхӯр шииир! Марҳамат, шиииир! Пирамард ҳанӯз даъваташро тамом накарда буд, ки нафаре аз зери яке аз чодарҳо бо ғазаб берун шуда, сарзаниш кард: - Ақлатро хурдаӣ, магар? Мо ин ҷо бо мурдаҳову захмиҳо овораем, ту бошӣ дар анде-

***

Як мард ба дӯсташ: - Ду рӯз шуд, садои занам намебарояд, чӣ кор кунам? - Имшаб соати сеи шаб ба хонаат рав.

***

Либоси замонавӣ Зани миёнасол дар яке аз мағозаҳои люкси шаҳр либоси маъқулашро пӯшида, назди оина давру барашро аз назар мегузаронд. - Ман узви шӯрои илмии донишгоҳам. Мехоҳам як либоси замонавие бипӯшам, ки шинам ва назаррабо бошад, гуфт вай ба духтараки ҷавони корманди мағоза. Духатарак гуфт: - Ман шуморо нағз мешиносам, хонум. Зебо пушиданатонро ҳам медонам. Вале тибқи муди фаронсавӣ ин сару либосе, ки пӯшидаед,

Дар мағоза: - Ҷонакам, ҳо ана, он ангуштариро барои ман бихар. - Пулам намерсад. - Хайр, ҳо ана, он туфлиро бигир. - Пуламон кам. Зан бо қаҳр: - Ақаллан, як сақич бихар, ки дамамро бигирам.

Зан рӯймолҳоро хуб аз назар гузаронида гуфт: - Бисёр хуб. Инҳо аз якдигараш зебоянд. Аммо ба ман ҳамин рӯймоле маъқул шуд, ки дар сари шумо ҳаст. Агар хато накунам, ман, ана, аз ҳамин намуд дар сари каси дигар ҳам дида будам. Ба ман хеле маъқул аст. - Хато накардед, хонум. Ҳамон нафари гуфтагиатон ман будам, - бо табассум гуфт духтарак. - Ман донишҷӯи шуъбаи шабонаи донишгоҳам. Шумо маро ба хотири ҳамин сару либосам аз дарс пеш карда будед.

шаи пул кор кардан ҳастӣ! Аз шунидани ин гапҳо чашмони пирамард ғарқи об шуда, буғз дар гулӯяш гиреҳ хурд. Вай дар ҳоле ки мегирист, базӯр илова кард: - Ман дар ин заминларза чор набераи кӯчакамро аз даст додам. Хостам шири мехурдаи онҳоро ба кӯдакони дигар тақсим кунам. Магар хато кардам?! *** Онҳое, ки шоҳиди ин ҳодиса буданд, мегӯянд “ҳеҷ аз ёдамон намеравад, ки чи тавр баъди сухани пирамард он мард мӯйсафедро оғӯш гирифта, бо садои баланд гиря мекард”... Таҳияи Б. УСМОН, “ҶТ”

Дар автобус. Марде бо қаҳр: - Аҷаб давру замоне шудааст. Ҷавонон тамоман аз одоб дур шудаанд. Худашон дар курсӣ мешинанду ба калонсолон ҷой намедиҳанд. Кондуктор: - Э, ако. Чӣ ҷанҷол доред, охир шумо нишастаед-ку? Мард: - Дуруст, худам нишастаам, аммо занам рост истодааст.

***

Малика ба дугонааш: - Ту воқеан мехоҳӣ ба назди шавҳарат баргардӣ? Ситора: - Бале. - Фикр мекунӣ, дар ин ҳафт сол ягон чиз тағйир ёфтааст? - Бале, инженери оддӣ буд, ҳоло директори корхона аст.

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Шиносномаи техникии гумшудаи №1907, ки МБТ-и ноҳияи Ҳисор аз 12 апрели соли 2012 ба шаҳрванд Зокиров Мирзо додааст, эътибор надорад.

Қатъи фаъолият

Соҳибкори инфиродӣ Саидов Рустам Алоутдинович (РЯМ 0130015463), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо шаҳодатномаи №РТ034718 аз 9 январи соли 2007 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад. Соҳибкори инфиродӣ Ҷабирова Зулфия Шомаҳматовна (РЯМ 0130000640), ки дар Нозироти андози ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 17 августи соли 2009 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фаъолияташро қатъ мекунад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.