Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо
№5 (9327),
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
1
30 январи соли 2014
ҲАМКОРӢ
РУШДИ МАҲАЛ
Ёвон аз дотатсия баромад
Бино ба гуфтаи раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев, аз соли 2014, баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», имкон пайдо шуд, ки ноҳия қисми хароҷоти буҷети худро аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт кунад. Буҷети соли 2014 аз 41 млн. сомонии соли 2013 то ба 67 млн. сомонӣ расида, соли 2013 ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 5 млн. сомонӣ кӯмакпулӣ гирифт. Шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба худмаблағгузорӣ гузаштаанд. Аз ин баъд ноҳияи Ёвон низ ба ин рӯйхат шомил шуд.
ИҚТИСОД
Қариб 3 млн. сомонӣ даромад ба буҷет аз видеокамераҳо Ба иттилои сардори Раёсати БДА ВКД-и ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Саидов аз моҳи ноябри соли 2013 то имрӯз аз ҳисоби ҷаримаи қонуншиканиҳо дар роҳ, ки видеокамераҳои пойтахт сабт карданд, ба буҷети ҷумҳурӣ 2 млн. 756 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Ҷаримаи аз ҳама зиёдтарин дар ҳаҷми 49 ҳазор сомониро молики як автомашинае, ки беш аз 100 маротиба ба қонуншиканӣ роҳ додаасту 78-тоашро кормандони БДА собит намудаанд, пардохт кардааст.
ФАРҲАНГ
Даъвати ҷавонони Қатар ба чорабиниҳои Наврӯз
Фестивали филмҳои ҷопонӣ дар Душанбе 1-2 феврали соли ҷорӣ дар кинотеатри “Ҷавонон”-и пойтахт Фестивали филмҳои ҷопонӣ баргузор мешавад. Намоиши филмҳо соатҳои 11:00 ва 14:00 сурат мегирад. Дар фестивали имсола филмҳои «Ишқи Набби», «Парвози тақдир», «Маруқо пақана» ба намоиш гузошта мешаванд. Даромад барои тамошои филмҳо ройгон буда, тасмими баргузории фестивали мазкур аз ҷониби сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гирифта шудааст.
Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.
e-mail: javonontj@mail.ru
ОБУНА-2014
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
2
ҲАМКОРӢ
РУШДИ ТУРИЗМ
Даъвати ҷавонони Қатар ба чорабиниҳои Наврӯз 22 январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов бо сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ мулоқот кард, ки масоили вобаста ба ҷавонон, варзиш ва туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Озмуни “Савғои туристӣ” ҷамъбаст шуд Тавре Маҳмуд Амиров, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дод, Маликшо Неъматов оид ба муносибатҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар суханронӣ намуда, ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Давлати Қатар дар самти ҷавонон, варзиш ва туризм, инчунин, ҳамкориҳо бо Кумитаҳои миллии олимпии ҳар ду кишвар омодагии ҷониби Тоҷикистонро иброз намуд. Махсусан, мусоидат намудан дар самти туризм ва варзиш барои ҷалби бештари сайёҳон аз Давлати Қатар ба Тоҷикистон ва ташкил намудани бозиҳои футболи рафиқона, табодули таҷрибаи варзишгарон ва мураббиён дар ҳар ду кишвар. Зикр гардид, ки дар доираи ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникию илмӣ, ки 18-19 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе доир гардид, лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм дар
мувофиқаи байниҳамӣ барои имзо омода мебошад, ки албатта, туризм яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ва омилҳои муҳим ва якдигарфаҳмии байни давлатҳо мебошад. Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Муборак алМуҳаннадӣ даъват ба амал овард, ки дар барномаҳои мубодилаи ҷавонони ҳар ду кишвар дар соҳаи варзиш ва туризм ҳамкориҳоро ҷоннок ва ҷиҳати ҷалби туристони қатарӣ ба Тоҷикистон, ки албатта, дар баробари таъриху фарҳанги ғанӣ бо табиати зебо ва нотакрори худ метавонад мафтункунандаи туристон бошад, дар мавриди аз байн гирифтани раводид гуруҳи корӣ ташкил гардад. Сафир иброз дошт, ки барои табодули варзишгарон ва муррабиён дар соҳаи варзиш, махсусан, футбол ва умуман, боздид аз имкониятҳои мавҷудаи Давлати Қатар омодаанд намояндагони Тоҷикистонро даъват намоянд ва табодули таҷрибаи ҳар ду кишварро ба роҳ монанд. Дар навбати худ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
даъват намуд, ки ҷавонони кишвари бо мо дӯсту бародар дар чорабиниҳои Наврӯзи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон иштирок намоянд. Ҳамчунин, 28 январ мулоқоти Маликшо Неъматов бо сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк доир гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки дар доираи ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, лоиҳаи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони вазирони Украина оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон дар мувофиқаи байниҳамӣ барои имзо омода мебошад. Сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк даъват ба амал овард, ки дар барномаҳои мубодилаи ҷавонони ҳар ду кишвар, хусусан, бештар дар баргузории чорабиниҳо дар соҳаи варзиш ва туризм ҳамкориҳоро ҷоннок намоянд.
У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
МУЛОҚОТ
e-mail: javonontj@mail.ru
104 медали тиллои варзишгарони Ёвон дар соли 2013 Ҳафтаи гузашта Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Абдураҳмон Хонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо ҷавонони фаъоли ноҳияи Ёвон мулоқот карданд. Ҳамчунин, дар даромадгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастовардҳои ҷавонон ба маъраз гузошта шуд. Бахусус, ҳунарҳои дастии шогирдони литсейи касбӣ-техникии ноҳия, ки дар тарғиби либосҳои миллӣ ва муаррифии онҳо саҳм гузоштанд, аз ҷониби раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ баҳои баланд гирифт. Маликшо Неъматов аз дастовардҳои ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, даъват кард, ки барои ободони Тоҷикистони азиз аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар нишон диҳанд. Як қатор варзишгарон барои дастовардҳояшон бо туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Фарангиси Баҳромзод, ҷоизадори мусобиқаҳои ҷаҳон аз намуди таэквандо барои таваҷҷуҳ нисбат ба варзишгарон ба Ҳукумати ҷумҳурӣ минатдорӣ баён карда, ваъда дод, ки баҳри баланд бардоштани Парчами давлат бештар саъй хоҳанд кард. Саёҳат Абдуллоева, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия иттилоъ дод, ки варзишгарони ноҳия дар соли 2013 104 медали тилло, 63 нуқра ва 115 медали биринҷиро соҳиб гаштанд. Дар ин бора Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.
У. САФАРАЛӢ, “ҶТ”
25 январи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена»-и пойтахт ҷамъбасти озмунҳои «Сад расм, видео ролик ё слайди беҳтарини мавзеъҳои туристӣ» ва «Савғотии беҳтарини туристӣ», ки ду моҳ қабл аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе тавассути ВАО ва шабакаи иҷтимоии «Facebook» эълон шуд, баргузор гардид. - Дар он беш аз 200 нафар, аз ҷумла, аккосон, филмбардорон ва рассомон иштирок карда, аз ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва табиати зебоманзари Тоҷикистон намунаҳои кори худро ба озмун фиристоданд. Аз миёни онҳо 10 нафар барои беҳтарин расм, видеоролик ва слайд ва 10 нафар барои савғотии беҳтарини туристӣ баранда, аз тарафи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр қадрдонӣ шуданд, - зикр кард Бибӣ Нурмаҳмадова, корманди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе. Номбруда афзуд: «Аз миёни он ҳама аксҳо ва филмҳои кӯтоҳ, ки ба озмун ирсол шуда, аз лиҳози туристӣ ва макон воқеан ҷолиби тамошо ҳастанд, мо онҳоро бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таҳия намуда, махсусан, ба туристон хоҳем расонд». Заринаи Комил, донишҷӯ ва яке аз ширкаткунандаи ин озмун, гуфт, ки ӯ аз тариқи шабакаи иҷтимоии “Facebook” дар бораи озмун огаҳ шуда, чанд акс ба масъулон фиристодааст ва дар баробари 10 нафар барандаи ин озмун соҳиби ҷоиза шудааст.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Паст будани дониш омили муҳоҷират Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани сатҳи касбии мутахассисони тайёркардаи донишгоҳҳо раванди муҳоҷирати меҳнатиро тезонидааст. Воқеан, ҳар сол донишгоҳҳои кишварро ҳазорҳо нафар хатм мекунанд, вале теъдоди хеле ками онҳо аз рӯи тахассусашон ба кор мераванд. Омилҳои ин зуҳурот гуногунанд. Аввалан, дар шароити кунунии кишвар қисми зиёди онҳое, ки шомили донишгоҳ мешаванд, барои
аз сафи артиш озод шудан аст, на барои мутахассис гардидан. Дуюм, ба нархи бозор рост наомадани маоши мутахассисон мебошад. Маоше, ки мутахассиси ҷавон мегирад, албатта, эҳтиёҷашро намебарорад. Барои ҳамин, вай аз рафтан ба кор аз рӯи ихтисосаш худдорӣ мекунад. Табиист, ки ё рӯй ба тиҷорат меорад ё ба муҳоҷират. Омили дигар ва реалӣ дар шароити имрӯз аз меъёр зиёд қабул шудани довталабон ба донишгоҳ ва ё зиёд будани мутахассисонест, ки донишгоҳҳои кишварро хатм мекунанд. Ҷои кор кам аст, мутахассис бисёр. Мувозинат риоя намешавад ва ё умуман нест.
3
СУҒУРТА
Масалан, соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба 794 нафар диплом додааст. Яъне, наздики 800 мутахассис тайёр кардааст. Вале то куҷо онҳо кор пайдо кардаанд, маълум нест. Вақте ин нукта дар нишасти матбуотии донишгоҳи мазкур садо дод,
аз ректори донишгоҳ Муминҷон Шарипов пурсидем: “Агар шароити имрӯзаи кишварро ба назар гирем, дар як сол тайёр кардани 794 мутахассис зиёд нест?” Ректор зиёд будани миқдори хатмкунандаҳо ва ё мутахассисонро инкор накард. Балки чунин иброз дошт: “Шояд ин миқдор зиёд бошад. Мо муайян карда наметавонем, ки барои бозори меҳнат чи қадар ин ё он ихтисос даркор аст. Инро худи бозор муайян мекунад. Теъдоди қабулшавандаҳо ба ин ё он ихтисос низ аз ҷониби Вазорати маорифи кишвар муайян мегардад”.
11 миллион сомонӣ ба осебдидагон Соли 2013 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» оид ба ҳамаи намудҳои суғурта 59 миллиону 278 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҳаққи суғуртавӣ ворид гардида, нақшаи пешбинишуда 120,1 фоиз иҷро шуд. - Аз ҳаққи суғуртавии воридгардида 43 миллиону 146 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ҳатмии суғурта ва 16 миллиону 132 ҳазор сомонӣ ба намудҳои ихтиёрии суғурта тааллуқ дошта, нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан 117,5 ва 127,6 фоиз иҷро гардиданд, - зикр кард Аловиддин Сатторов, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» зимни нишасти матбуотие, ки 21 январ баргузор гардид. Номбурда афзуд: «Дар соли 2013 «Тоҷиксуғурта» оид ба фарогирии объектҳо бо хизмати суғуртавӣ миқдори бастани шартномаҳои суғуртавиро ба 1 миллиону 158 ҳазору 905 адад расонд, ки дар муқоиса бо соли 2012 146 ҳазору 772 адад ё 14,5 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, шартномаҳои намудҳои ҳатмии суғурта ба 329 ҳазору 181 адад ва шартномҳои намудҳои ихтиёрӣ ба 828 ҳазору 724 адад расид, ки нисбат ба соли 2012 мутаносибан 74 ва 73 ҳазор адад, ё 28,9 ва 9,6 фоиз зиёд гаштааст. Ба буҷети ҷумҳурӣ оид ба ҳама намудҳои андоз ва пардохтҳо 29 миллиону 5 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт шуд, ки аз ин 21 миллиону 396 ҳазор сомонӣ аз ҳисоб 70 фоизи бақияи суғуртаи намудҳои ҳатмӣ ва 7 миллиону 609 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар намудҳои андоз буда, нисбат ба соли 2012 3 миллиону 630 ҳазор сомонӣ ё 14 фоиз зиёд мебошад».
Бояд гуфт, ки соли гузашта КВД «Тоҷиксуғурта» ба 13 ҳазору 345 шахси ҳуқуқию воқеӣ, ки молу амвол ва ҳаёту саломатиашон осеб дидаанд, ба маблағи 11 миллиону 363 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар пардохт кард, ки нисбат ба соли 2012 968 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
МАОРИФ
Ҳасан АЗИЗОВ «ҶТ»
ФАЛОКАТ
М. УСМОНОВ, “ҶТ”
ҲУҚУҚ
Зимни нишасти матбуотӣ прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муҳаммад Арбобов доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи вилоят дар соли 2013 ҳисобот дод. Вай қайд кард, ки соли сипаришуда ҷиҳати беҳтар шудани эътимоди мардум ба прокуратураи вилоят 191 адад муроҷиати шаҳрвандон дохил ва 35 ададашон қонеъ гардонда шуд. Муҳтавои ин муроҷиатҳо аксаран баҳси замин, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Вай, ҳамчунин, зикр кард, ки соли гузашта ҷиҳати аз худ кардани маблағҳои буҷа 12 ҳолати тасарруфи буҷа ошкор шуда, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, маблағи 128 ҳазор сомонӣ барқарор гардид. Қайд гардид, ки сол аз сол
фаъолияти прокуратураи вилоят пусамар мегардад. Агар дар соли 2012 444 ҷиноят ошкор шуд, ин рақам дар соли 2013 ба 551 расид. Соли сипаришуда, ҳамчунин, 36 парвандаи аз қайд пинҳон ошкор гардиданд. Ҳамчунин, дар ин давра 30 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2012 як маротиба зиёд шудааст. Нисбат ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ кушода нашуда, сабабҳои асосии худкушӣ маълум нагардидаанд.
К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
124 нафар зимни шиноварӣ ҳалок гардиданд Соли сипаришуда дар ҷумҳурӣ 83 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷа, 11 нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ҷумла, бар асари фаромадани тарма, дар ноҳияи Варзоб 1 нафар, Саратоғи ноҳияи Айнӣ 2 нафар, фаромадани сангреза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1 нафар, ноҳияи Айнӣ 1 нафар, ноҳияи Нуробод 1 нафар, дар натиҷаи боришоти барфи зиёд ва фаромадани тарма аз боми хона дар ноҳия Рашт 3 нафар, ноҳияи Шурообод 2 нафар ҷон бохтаанд. - Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехтарӣ
ҳангоми шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлҳо 124 шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳалок гардиданд, ки 41 нафараш то 17-сола (зан - 6 нафар) ва аз 38 нафар аз 18-сола боло (зан - 15 нафар), ҳамагӣ 103 мард ва 212 нафар зан ғарқ шудаанд, ки нисбат ба соли 2012 11 нафар зиёд мебошад. Хисороти бар асари офатҳои табиӣ 63 миллиону 950 ҳазору 800 сомониро ташил дод, - изҳор намуд, Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишати матбуотӣ. Номбурда афзуд, ки соли 2013 қувваю воситаҳои кумита дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, барои бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва технологӣ, амалиёти кофтуковӣ-наҷотдиҳӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба зарадидагон равона гардидааст.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
e-mail: javonontj@mail.ru
Баҳри осоиштагии мардум
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
4
ПРОКУРАТУРА
ШУҒЛ
Назорат пурзӯр мегардад Мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, яке аз шохаҳои сохтори Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ буда, соли 2013 фаъолияташро вобаста ба таъмини назорат оид ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар раёсату идора, қӯшун ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ ба роҳ монд, - иброз намуд дар нишасти матбуотӣ прокурори ҳарбии гарнизони Хоруғ, полковники адлия Маҳмадалӣ Бобоев. Номбурда қайд кард, ки соли 2013 26 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 13 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 3 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҳамчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 373 қисми 2 оғоз гардидааст. Ғайр аз ин, дар ин давра дар рафти санҷишҳо дар самти назоратӣ расондани зарар ба маблағи 377712 сомонӣ ошкор гардида, барқарор шудааст. Соли сипаригашта дар прокуратураи ҳарбии гарнизони ВМКБ 57 парванда, ки 23 ададаш ҷиноятҳои ҳарбӣ мебошанд, ба
қайд гирифта шуда, дар 18 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 17 парванда бо сабабҳои гуногун аз оғози парвандаи ҷиноӣ рад карда шуд. Зимни пешбурди тафтиши пешакӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ расондани зарар ба маблағи 47463 сомонӣ муқаррар гаштааст, ки 3781 сомонӣ ба манфиати шаҳрвандон мебошад. Зарар бо ҷиноятҳои муқобили моликияти давлатӣ ба маблағи 3182 сомонӣ барқарор гашт. Ҳамзамон, дар ин давра аз тарафи кормандони фаврии
Прокуратураи ҳарбӣ 51 нафар ва бевосита аз тарафи Прокуратри ҳарбӣ 30 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандон қабул гардида, аз 27 адад муроҷиати воридгашта оид ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» масъалагузорӣ шудааст, 18 адади он дар муҳлатҳои муайяннамудаи қонун баррасӣ 10 адад қонеъ ва 5 адад рад шудааст.
К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
ДАСТОВАРД
ДТТ: Дарс аз тариқи телевизион Мувофиқи рейтинги Агентии байналмилалии «Интерфакс» Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз лиҳозӣ омодагӣ ба навгониҳо ба рӯйхати 200 муассисаи беҳтарини олии касбии Иттиҳоди давлатҳои мустақил шимил гардид. Дар натиҷаи ин назарпурсӣ донишгоҳ дар байни 400 муассисаи инноватсионии таълимоти олии ИДМ мақоми 151-ро соҳиб гардидааст, ки барои Тоҷикистон баландтарин нишондиҳанда мебошад. Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотие, ки 22 январ доир шуд иттилоъ дод, ки донишгоҳ дар озмунҳо барои ба даст овардани грантҳои таълимӣ ва илмии байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд. Махсусан, донишгоҳ дар лоиҳаи Барномаҳои “ТЕМПУС” ва “FP7”-и Иттиҳоди Аврупо “DOQUP” - «Ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини сифати барномаҳои таълимӣ», “MA PR EE” - «Барномаи магистр оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва истифодаи самараноки энергия дар сохтмони биноҳо барои давлатҳоми Осиёи Марказӣ ва Русия», “SWAN” - «Идоракунии босуботи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ» ва ғайраҳо иштирок мекунад. Бо иштирок дар ин озмунҳо донишгоҳ соҳиби 376 ҳазор евро шуд. Маҳз ҳамин барномаҳо ба мо имконият доданд, ки заминаи моддии техникии бисёре аз озмоишгоҳҳоро таъмин намудем. Фаъолияти пурсамар дар ин самт имкон фароҳам меоварад, ки маблағҳои грантии бадастомада баҳри харидории таҷҳизоти таълимӣ-истеҳсолӣ ва бозомӯзии касбии донишҷӯёну омӯзгорон дар давлатҳои пешрафтаи дунё равона шавад. - Донишгоҳи технологӣ барномаи дохилии телевизионии «Маърифат» ташкил кардааст, ки то 3 километр мавҷро пахш мекунад. Ба воситаи он минбаъд тамоми барномаҳои тарбиявӣ, фанҳои фосилавӣ ва таҳсилоти фосилавии дохили донишгоҳиро хоҳем
гузаронд. Ҳамчунин, ба воситаи ин телевизион мо метавонем як фаннро дар 3-4 аудитория ба воситаи як омӯзгор гузаронем, муҳтоҷ ба 3-4 муаллим барои як фан намемонад. Яъне, муаллим дар як ҷо нишаста дарс мегӯяд, чанд гурӯҳи дигар дар дигар аудиторияҳо нишаста, лексия гӯш мекунанд. Дар баробари ин, радиои донишгоҳ низ фаъолият мекунад, ки эълону хабарҳои ҳаррӯзаро ба донишҷӯён мерасонад.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад 24 январи соли равон зимни нишасти матуботӣ Нурулло Маҳмадуллоев, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ гуфт, соли 2013 татбиқи сифатноки барномаҳои давлатӣ барои беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 38,0 дар сади соли 2012 то 35,6 дар сад коҳиш ёфт. Таъкид гардид, ки даромади пулии аҳолӣ моҳҳои январ – ноябри соли 2013 аз рӯи маълумоти пешакӣ 21 млрд. 182,8 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 бо нархҳои амалӣ 18,0 дар сад афзудааст. Хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар ин давра 25 млрд. 723,8 млн. сомониро ташкил додааст. Нурулло Маҳмадуллоев изҳор дошт, ки дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ соли 2013 музди миёнаи меҳнати кормандон 21,5 % афзоиш ёфта, он ба 682,33 сомонӣ расонида шуд. Ҳамчунин, илова гардид, ки дар соли 2013 чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба андозаи 122,2 % нақшаи солона иҷро гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 119189 нафар шаҳрванд мароҷиат намуда, 71168 нафари онҳо ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 51403 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст. Нурулло Маҳмадуллоев вобаста ба таъмини сокинон бо ҷйи кор гуфт, тавассути татбиқи чорабиниҳо Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмӯъ 37903 нафар шаҳрванд бо ҷои кор таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда 2602 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 3578 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
МАОРИФ
11 нафар хориҷӣ дар ДЗТ дарс мегӯянд Хуршед Зиёев, ректори Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода 14 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2013 донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои байналмилалии «Донандагони забони чинӣ», «Донандагони забони туркӣ», «Наттоқони забони ҷопонӣ», ки дар шаҳрҳои Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Анқараи Ҷумҳурии Туркия, Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой доир гаштанд, иштирок карда, дар байни 90 давлати дунё ва 125 нафар иштирокчӣ сазовори ҷойи якум ва сеюм шуданд. «Барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён донишкада бо ҶДММ «Созидание», Меҳмонхонаи “НУАТТ”, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ
ва Ҷамъиятӣ дустӣ ва равобити фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Айни ҳол 32 нафар донишҷӯи донишкада дар Чин, 5 нафар дар Куриёи
Ҷанубӣ, 3 нафар дар Ҷопон таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, устодони донишкада курсҳои такмили ихтисосро дар шаҳри Сайтамаи Ҷопон, Донишгоҳи забонҳои хориҷии Токио ва
Донишгоҳи Сия Мени Чин гузаштанд», - гуфт ректори донишкада. Айни ҳол дар донишкада 11 нафар омӯзгори хориҷӣ (4 нафар омӯзгори забони Куриёи Ҷанубӣ, 4 нафар омӯзгори забони чинӣ, 1 нафар омӯзгори забони арабӣ аз Мисри Араб, 1 нафар омӯзгори забони англисӣ аз ИМА, 1 нафар омӯзгори забони португалӣ аз Федератсияи Русия) ба донишҷӯён дарс мегӯянд.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
МУҲИТИ ЗИСТ
Ҷавонон бештар ба илм ҷалб мешаванд Солҳои охир дар ҷумҳурӣ теъдоди бештари ҷавонони болаёқат ба илм ҷалб мешаванд. Аз шумораи умумии кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ (2006 нафар) 70 дарсадро устодони аз 50-сола боло ташкил медиҳанд. Имрӯз теъдоди унвонҷӯён ба 272 нафар мерасад, ки аз онҳо 130 нафарашон дар шуъбаи рӯзона ва 142 нафарашон дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд.
Президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов зимни нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки дар асри ХХI тиҷорикунонии илм дар тамоми ҷаҳон маъмул гаштааст. Аз ин рӯ, оянда яке аз самтҳои хеле муҳими академия тиҷорикунонии илми ватанӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Барои пешбурди илм фақат ба маблағҳои буҷавӣ такя кардан кифоя нест. Ба гуфтаи Ф. Раҳимов «олимони академия нерӯи хуби зеҳнӣ ва пояи моддию техникии
кофӣ доранд, ки метавонанд барои пешбурди фаъолияти илмӣ маблағҳои ғайрибуҷетиро низ ҷалб кунанд». Соли 2013 аз ҷониби кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 1250 асари илмӣ, аз ҷумла, 166 китобу монография ва 1086 мақолаи илмӣ ба табъ расиданд. Олимону мутахассисони Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо истифода аз моделҳои математикӣ системаҳои идоравии ҷараёни
обро аз обанборҳои нисбатан азим дар Осиёи Марказӣ - Норак, Тӯхтагул, Қайроққум ва Андиҷон коркард намуданд. Дар Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нави назди АИ модели амалкунандаи «Хонаи офтобӣ»-ро бо системаи офтобии идораи таъмини об ва энергия, ҳамчунин, технологияи ҳосил кардани сӯзишвории биологӣ (этанол) аз топинамбур (ноки заминӣ)-ро бомуваффақият таҷриба намуданд. То ин дам дар мамлакат нахустин шуда ҶДММ «Фондарё» аз ҷуворимакка биоэтанол истеҳсол мекард. Бо сабаби боло рафтани нархи ҷуворимакка истеҳсоли биоэтанол муваққатан қатъ шуд. Агар кормандони ширкати «Фондарё» бо истифода аз топинамбур истеҳсоли биоэтанолро дубора ба роҳ монанд, ин иқдомашон саҳме дар таъмини амнияти энергетикии кишвар мешуд. Фарҳод Раҳимов тамоми соҳибкорон ва роҳбарони муассисаву корхонаҳоро ба ҳамкорӣ бо олимон даъват кард. Маҳз чунин ҳамкорӣ ба кишвари Ҳиндустон даст дод, ки сокинони зиёда аз миллиарднафараашро бо ғизо таъмин карда, дар барномасозии компютер, истифодаи нерӯи атомӣ ва истеҳсоли дору ба яке аз кишварҳои муқтадир табдил ёбад.
Нерӯгоҳи ҳароратӣ бо газ ҳам кор мекунад Соли сипаришуда мувофиқи қатъномаи иҷлосияи 37-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуд. Ҳамчунин, бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Ромит» мақоми резервати биосфериро гирифт.
5 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ИЛМ
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
РУШДИ МАОРИФ
Соли сеюм аст, ки ҳамкории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) бо Ҷамъияти олмонии ҳамкориҳои байналхалқӣ (GIZ) дар амалигардонии нақшаи алтернативии истеҳсоли гармӣ аз манбаъҳои табиии барқароршаванда (нерӯи офтобу гармии замин) ва истифодаи он дар лоиҳаҳои таҷрибавӣ дар 5 мактаб пешбинӣ шуда, дар баробари муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо шабакаи муқаррарӣ (буғӣ)-и гармидиҳӣ, ҳамчунин, бо истифода аз нерӯи офтобу гармии замин низ ба назар гирифта шудааст. Ҳоло мактаби №50 (деҳаи Навоӣ)-и ноҳияи Ёвон, мактаби №23 (деҳаи Нури Вахш)-и ноҳияи Ҷиликӯл, мактаби №31 (деҳаи Чирикӣ)-и ноҳияи Қубодиён тавассути таҷҳизоти офтобӣ гарм мешаванд. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №41, деҳаи Чоргули ноҳияи Фархор низ ба наздикӣ бо шабакаи алтернативии истифода аз нерӯи офтоб муҷаҳҳаз хоҳад гашт. Директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки татбиқи лоиҳаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» аз 1 сентябри соли 2009 оғоз ёфта, 1 апрели соли равон ба поён мерасад. Марҳилаи дуюми ин барнома 20 ноҳияи вилояти Хатлонро фаро мегирад. Ҳадаф аз амалисозии барнома беҳтар намудани шароити таълим дар мактабҳои таълимоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ дар минтақаҳои фарогири барнома бо роҳи қисман бунёд кардани инфрасохтори васеи мактабӣ бо истифода аз сифати мувофиқ мебошад. Маблағгузории барнома 15,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 15,4 миллион доллар бурсияи Ҳукумати Олмон аст. Лоиҳаи мазкур дар 39 мактаб татбиқ гардид. Ҳоло БМИМТ амалисозии Барномаи «Сохтмо-
ни мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт»-ро шуруъ кардааст. Ин лоиҳа 6 мактабро дар бар гирифта, то 31 декабри соли 2015 пурра амалӣ хоҳад шуд.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайрулло Ибодзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки порсол бо мақсади ҳифз ва аз партовҳо тоза нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва соҳили дарёву каналҳо амалиёти умумиҷумҳуриявии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» баргузор шуд. Тибқи маълумоти омор дар ин амалиёт 184 ҳазор нафар сокинони маҳал, донишҷӯён ва кормандони корхонаву ташкилотҳо ширкат варзиданд. Дар натиҷа, зиёда аз 1152 километр соҳили дарёҳо, каналҳои магистралӣ, обанборҳо, ҷӯйборҳо ва манбаъҳои дигари обӣ тоза гардида, беш аз 7370 метри мукааб партовҳои гуногун ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд. - Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ тақвият бахшида, алҳол ба 9 конвенсияи экологии СММ ва чор протокол шомил гардида, яке аз кишварҳои пилотӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим интихоб шудааст, - гуфт Хайрулло Ибодзода. Дар хусуси вазъи экологии Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» Хайрулло Ибодзода ба хабарнигорон гуфт, ки дар муассисаи мазкур бо истифода аз дастовардҳои навтарин ва усулҳои муосири техникиву технологӣ барои безарар гардонидани партов, яъне, меъёрҳои заминавии экологӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Дуди ангишт пешакӣ аз полоиши барқӣ (электрофилтр) гузаронида шуда, сипас, тавассути таҷҳизоти махсус поксозӣ мешавад. Ҳангоми дастрас шудани гази табиӣ имкон дорад, ки нерӯгоҳи ҳароратӣ бо газ низ фаъолият намояд.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
С. СУННАТӢ, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Насби таҷҳизоти офтобӣ дар Чоргул
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
6
ДАСТГИРӢ
Қадрдонии беҳтарин варзишгарони соли 2013 24 январ дар Кумитаи миллии олимпии мамлакат маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони соли 2013 баргузор шуд. Тавре аз бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар он Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамзамон, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ дар бораи натоиҷи бадастовардаи варзишгарони тоҷик дар соли гузашта гузориш дода, аз ҷумла, гуфт, “соли 2013 беш аз 1000 варзишгари мамлакат дар 78 мусобиқаи ҷаҳониву Осиё ва байналмилалӣ ширкат варзида, 461 медал (100 тилло, 130 нуқра ва 231 биринҷӣ) ба даст оварданд”. Сипас, 10 варзишгари беҳтарини соли 2013, ки бар асоси назарпурсии хабарнигорони соҳаи варзиш аз ҷониби Ассосиатсияи журналистони риштаи варзиш (АЖРВТ) муайян шуданд, бо мукофотпулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи миллии олимпӣ, тӯҳфа ва дипломҳои АЖРВТ сарфароз гардиданд. Тавре хабар дода будем, дар натиҷаи ин назарпурсӣ гурзандози маъруф Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон, варзишгари сол эълон гардид. Дидшод Назаров, ки аввали соли равон бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъин шуд, гуфт: “Вазифаи асосии мо омода намудани дастаи мунтаха-
би кишвар ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия маҳсуб ёфта, тамоми кӯшишу талошро бояд ба ин самт равона намоем”. Ҳамчунин, ба қатори даҳгона паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириён, Алишер Аҳмадов, Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия, Саидҷалол Саидов, Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гӯштини кураш, Искандари Рустам, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод, Наврӯз Ҷафоев, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба бокс, Абдуазим Бойназаров, барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон, Зӯҳро Холова, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия, Меҳрангез Алиева, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон
САМБО
Акмалиддин бо медали биринҷӣ баргашт Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи кишвар, дар давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев медали биринҷӣ ба даст овард.
e-mail: javonontj@mail.ru
ҶАЛАСА
Ин мусобиқа, ки аввалин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, 25-26 январ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ширкати беш аз 350 варзишгар (мардону занон) аз 17 кишвари ҷаҳон баргузор шуд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 варзишгар дар намуди самбои варзишӣ байни мардон таҳти раҳбарии мураббӣ Фарҳод Раҳматуллоев намояндагӣ карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар инҳо дохил буданд: Сӯҳроб Муъминов, Ардашер Исроилов ( ҳар ду дар вазни то 52 кг), Хушқадам Хисравов, Акмалиддин Каримов (то 57 кг), Нозимҷон Охиров, Каъбатулло Аминов (то 62 кг), Мустафо Ҳасанов, Бежан Али-
ев (то 68 кг), Нусратишоҳ Имомов, Исмоил Ҳабибуллоев (то 74 кг), Зафар Олимшоев, Зайналобуддини Аъзамхон (то 82 кг), Абдулваҳҳоб Сатторов (90 кг) ва Абӯбакр Раҳмонов (+100 кг). Аз байни онҳо танҳо як нафар – Акмалиддин Каримов ба Ватан бо медал баргашт. Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мунтахаби Русия бо ба даст овардани 11 медали тилло (5 медали тилло дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ, 4 медали тилло миёни мардон ва 2 медали тилло дар самбои размӣ байни мардон) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Дастаи мунтахаби Қазоқистон бо 6 медали тилло ҷойи дуюм ва дастаи Беларус бо 2 медали тилло ҷойи сеюмро ишғол карданд.
оид ба таэквон-до (ИТФ) дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон ва Акмал Қодиров, барандаи ду медали тиллои Чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ (Тошканд) шомиланд. Маликшо Неъматов аз нақшаҳои варзишгарон дар соли равон ёдовар шуда, зикр намуд: “Варзишгарони мо имсол дар чорабиниҳои варзишиии қитъавию ҷаҳониву байналмилалӣ ва бонуфузтарин чорабиниҳои ин бахш ширкат хоҳанд кард. Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ миёни наврасон дар шаҳри Нанчини Чин ширкат хоҳанд кард”. Дар чорабинӣ, ҳамчунин, лижарон Алишер Қудратов, ки меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочӣ иҷро кардааст, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
ТАСМИМ
Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2019 ширкат хоҳад кард 25 январи соли равон зимни баргузории ҷаласаи кумитаи мусобиқоти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), таҳти раҳбарии Юсуф АлСеркал, раиси Ассотсиатсияи футболи Аморати Муттаҳидаи Араб тасмим гирифта шуд, ки шумораи дастаҳои ширкаткунандаи Ҷоми Осиё-2019 афзун шавад. Акнун дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти ояндаи қаҳрамонии қитъавӣ ба ҷойи 16 даста 24 даста ширкат хоҳад кард. Тоҷикистон низ дар даври интихобии ин мусобиқот иштирок мекунад. Мувофиқи шаклҳои нав Ҷоми даъвати КФО, ки моҳи майи соли равон дар Ҷазоири Молдив баргузор мешавад, охирин бор доир хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, даврҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон ва Ҷоми Осиё муттаҳид мешаванд. Ҳамаи қарорҳои кумитаи баргузории мусобиқот баъди баррасӣ ва тасдиқи онҳо дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи КФО дар амал ҷорӣ мешаванд.
Дар чемпионати имсола 10 даста ширкат мекунанд 22 январ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бо иштироки роҳбарон ва сармураббиёни дастаҳои лигаи олӣ ҷаласаи Лигаи миллии футболи мамлакат доир гашт, ки тарзи баргузории чемпионати имсола, доварӣ ва масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардиданд. Имсол ҳаққи аъзогӣ барои дастаҳои лигаи олӣ мисли соли гузашта бетағйир мемонад (40000 сомонӣ). Дастаҳо уҳдадоранд то 3 марти соли равон маблағро ба ФФТ супоранд. Ҷаласаи Лигаи футболи миллӣ тасмим гирифт, ки имсол низ чемпионати мамлакат дар ду марҳала доир мегардад. Имсол бо эҳтимоли зиёд 10 даста дар лигаи олӣ ширкат хоҳанд кард. Бозии аввали чемпионат 5 апрел шуруъ хоҳад шуд. Бар асоси низомнома дастаи “Истаравшан”, ки мавсими гузашта дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа қарор гирифт, дар лигаи олӣ иштирок намекунад. Қаҳрамони лигаи аввал дар мавсими гузашта, дастаи “Саройкамар”-и Панҷ ва барандаи медали нуқра, дастаи “Эсхата”-и Хуҷанд низ аз ширкат дар лигаи олӣ даст кашидаанд. Аммо барандаи медали биринҷии Чемпиоанти мамлакат миёни дастаҳои лигаи аввал дар соли 2013, дастаи “Далерон-Уротеппа” омодагиашро барои ширкат дар мусобиқоти лигаи олӣ баён кардааст. “Далерон-Уротеппа”, агар иҷозати ФФТ-ро дарёфт кунад, дар мусобиқоти лигаи олӣ ширкат мекунад. Мавсими футболи соли 2014 бо мусобиқа барои дарёфти Ҷоми ФФТ оғоз мегардад, ки дар ду марҳила – минтақавӣ ва финалӣ баргузор мешавад. Марҳалаи аввал 15 феврал дар се минтақа – Душанбе, Хатлон ва Суғд сар мешавад. Оғози даври ниҳоӣ 9 март дар назар дошта шудааст.
ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД-2014
Ҷавонони мамлакат ба чорякфинал роҳ наёфтанд Тими мунтахаби ҷавонони мамлакат оид ба футбол (U-21) натавонист ба даври чорякфинали Ҷоми иттиҳод-2014 роҳ ёбад. Ин мусобиқа дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия идома дорад. Футболбозони ҷавони мо, ду вохӯриашонро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон мусовӣ (2:2) анҷом доданд. Дар бозии ниҳоӣ аз дастаи Украина бо ҳисоби 4:1 шикаст хурда, аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоӣ маҳрум гаштанд. Акнун шогирдони Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
барои ҷойҳои 9-12 мубориза мебаранд. Ҳамин тариқ, Украина бо 9 хол дар ҷои аввал қарор гирифт. Эстония бо 4 хол дар зинаи дуюм, Тоҷикистон бо 2 хол дар ҷои сеюм ва Қирғизистон бо 1 хол дар мақоми сеюм ҷойгир шуданд. Тими футболи ҷавонони мамлакат барои ҷойҳи 9-12 30 январ бо дастаи ҷавонони Молдова вомехӯранд.
Ба миллату Меҳан содиқу дилсӯз мебошад. Аз ҳамин ҷо, нақши шахсиятҳо дар пешбурди ҷомеа хеле муҳим ва назаррас аст. Шахсият гуфта танҳо нафарони соҳиби вазифаву мансабҳои калони давлатӣ, чеҳраҳои намоёни илмию адабӣ, руҳониро дар назар доштан хатост, зеро на ҳамаи онҳое, ки мансабу вазифаҳои калонро ишғол менамоянд, шахсиятанд. Шахсият онҳоеянд, ки чун хизматчии давлатӣ, ки вазифаашон хизмат ба мардум, аҳли ҷомеа мебошад, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ вазифаҳои ҷонии худро иҷро менамоянд, дасту дили пок доранд, манфиати ҷамъиятиро аз манфиати шахсӣ боло мегузоранд. Дар баробари ин, одамони соҳиби касбу кори оддии маъмул, чун деҳқон, коргарони муассисаҳои хизматрасонии коммуналӣ, роҳу манзилӣ, ки саҳмашон дар пешбурди ҷомеа кам нест, аз ҷумлаи шахсиятҳо шуда метавонанд, ба шарте вазифаи худро самимона ба ҷо оваранд. Ба хотир биёварем додани унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ дар аҳди шӯравӣ ба шахсиятҳоро. Одам ё бо некӣ ё бо бадӣ ном бароварда метавонад. Ҳоло анъана шудааст, ки нафарони зиёд бо умеди дастёбӣ ба обрӯ, шуҳрат аз худ шахсияти муборак, чеҳра сохтанӣ мешаванд. Яке эълон медорад, ки эшону эшонзода асту авлодаш то ба авлоди Пайғамбар (с) рафта мерасад. Дуюмӣ аз худ шоир ё нависандаи бузург тарошиданӣ мешавад. Сеюмӣ ба ҷои иҷрои вазифаи бевоситаи давлатӣ ва дар ободии Ватан кӯшидану ба мардум хизмат кардан, роҳ сӯи Ҳаҷ пеш мегирад. Дуруст, ки тавофи хонаи Каъба яке аз панҷ рукни бинои мусалмонист, ба шарте сидқан ва аз ҳисоби заҳмати ҳалол бошад, на аз ҳисоби халқу давлат. Айнан, дар замони шӯравии шиораш «Кадрҳо ҳамаро ҳал мекунанд», бе узвият ба КПСС вазифаро хоб медидед. Аз ҳамин ҷо бархе ҳам коммунист, яъне, атеист – худоношинос буду ҳам худошиноси партизан. Ҳам «Урра!» мегуфту ҳам «Оллоҳу акбар». Ба нафақа баромадан баробар, муллое мешуд, ки мондан гиред. Бо чунин «хизматгорони ду хоҷа»
ки ба ибораи дигар онро фисқу фасод мегӯянд. Ин тамоюл масъулияту ифтихори ватандориро аз байн мебарад. Фаҳшу дурӯғ, изофанависию сохтакориҳоро авҷ медиҳад. Ба мустаҳкам гардидани мавқеи шахсони тасодуфӣ, ҷоҳилу бесавод ва пушти дар мондани шахсиятҳои лоиқ мусоидат мекунад. Дар ниҳоят, боз ба норозогии аҳли ҷомеа, қиёму кашмакашиҳо чун дар бархе давлатҳои имрӯза оварда мерасонад. Бинобар ин, агар тараққӣ бахшидани хоҷагии халқи мамлакат, пешрафти ҷомеа мақсаду маром бошад, қабл аз ҳама, волоияти қонун барои тамоми қишри ҷомеа, дар назди қонун баробар будани кабиру вазир, омию фақир дар сархати ормонҳои мо бояд қарор дошта бошад. Яъне пурсишу талабот аз ҳама ҷиддан сурат бояд гирад. Аз мансабдорони давлатӣ, ки маошу имтиёзҳои бештареро соҳибанд, зиёдтар. Танҳо дар ин сурат ба чизе муваффақ шуда метаво-
Масъулиятшиносӣ аз худшиносист
Ё чаро Гурез Қосимов, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз ҷалби нолоиқҳо ба мансабҳои давлатӣ интиқод кард? ҷамъият пеш нарафта, баръакс, ҳолаш табоҳтар мегардад. Онҳоро ба ҷонибе вафое нест. Ҳол он ки хизмати беминнату сидқона барои халқи Худо хизмат дар роҳи Худосту дарёфти ризқи ҳалол беҳтарин ибодат. Ҳар қадар сафи кафтарони дубома дар вазифаҳои давлатӣ кам бошанд, ҳамон қадар бурди ҷомеа аст. Мақоли «саг бош, вале саги як дар» ба сагҳо не, ба одамон равона шудааст. Муносибати зайл на масъулиятшиносӣ асту на Худошиносӣ. Хушбахтона, дар ҳама давру замон дар муқобили тоифаҳои худхоҳу манфиатҷӯи фақат дар ғами худ, ёфт мешаванд, инсонҳои сарсупурдаву ҷонфидо, ки манфиатҳои умумимиллиро муқаддамтар аз манфиатҳои шахсӣ меҳисобанд. Зиёиён, равшанфикрон, фаъолони ҷамъиятӣ… Ба қавли Ромизи Фаришедӣ: Мардони Худо чу шамъи шабафрӯзанд, Моҳе ба шабею офтоби рӯзанд. Дарди ҳамаро чу дарди худ дониста, Як умр барои дигарон месӯзанд. Оре! Маҳз фарзандони содиқу ҷонфидои миллат дар ҳама замону шароит аз пешбарандагону нигаҳдорандагони якпорчагии миллату сарзамин буданду ҳастанд. Он чи имрӯз ба мо сарзамине бо номи Тоҷикистон бо арзишҳои миллӣ мерос мондааст. Яъне, онҳо кори аз дасташон омадаро карданд. Аз қорунҳои ҳар давру замон ва сарвату ғаниматҳои ҷамъкарда, қасру кӯшкҳои боҳашаматашон бошад, ному нишоне боқӣ намондааст. Ҳоло бошад, чунин як рисолати бақои миллату давлат насли имрӯзро насиб гаштааст. Оянда аз кору муносибати ҳар як узви ҷомеа вобастагии калон дорад. Ба қавли устод Лоиқ Шералӣ «ғамхору ғамгусорон аз мӯи сар
зиёданд» ва бамавриду бемаврид, кафки даҳон паронда, аз соҳиби забону Ватан будани тоҷикон ва беватании қавму миллатҳое, қабили курдҳо сухан мекунанд ва боре ҳам ба хотир намеоранд, ки арзишҳои моддию маънавии зиёди моро чарову чи гуна бегонаҳо аз мо кашида гирифта тавонистанд ва оё таҳдиду хатар бо ҳамин хотима ёфтааст? Дар муқоиса бо пешгузаштагонамон қисмат ба мо иҷрои вазифаҳои начандон мушкилу мураккаберо пеш гузоштааст. Бо ҳама муаммову мушкилиҳо, ба ҳар ҳолат дар замони мутамаддин зиндагӣ дорем. Бинои давлату миллат бунёд асту онро танҳо ҳифзу таҳким мебояд, зеро бо ҳама пешрафт замони ҷаҳонишавӣ хавфу хатарҳои ҷиддӣ низ дорад, ки онҳоро ҳамарӯза, аз муносибатҳои муғризонаи ҳамсоядавлатҳо ва бархе аз шарикони стратегиамон, давлату ташкилотҳои алоҳидаи иртиҷоӣ дар худ эҳсос дорем. Аз ин нуқтаи назар рисолати ватандории имрӯзиён бамаротиб сангинтару мураккабтар аст. Боиси таассуф аст, ки бо гузашти понздаҳ сол аз хатми ҷанги бемаънӣ дар ҷумҳурӣ таъсири манфии он ҳанӯз ҳам аз худ дарак медиҳад. Ҳанӯз ҳам кам нестанд нафароне, ки бо ҳар роҳ ба вазифаҳои калидӣ роҳ ёфта, пайи манфиатҳои шахсии худанду бас. Машғули обу лой кардани сарватҳои умумимиллӣ, пулу моли давлатӣ ҳастанд. Доштани сармояи бузург, мошинҳои гаронбаҳои хориҷӣ, қасру кӯшкҳои шоҳона мақсади зиндагиашон аст. Маблағҳои барои соҳиб шудан ба ин ҳамаро аз ҳаво намегиранд. Бадтар аз ин, дар пайравӣ аз ҳаваспарварии тоифаҳои зайл ва тақозои олами сармоя пулу мол муайянкунандаи ҳама гуна арзишҳои баланд дар ҷомеа шудааст,
нем. Барои пиёдасозии ҳадафҳои боло, таъмини низому тартибот, пешгирии қонунвайронкунию ҳуқуқпоймолокуниҳо, риояи адлу инсоф ва ҳалли масъалаву мушкилоти пешомада дар ҷомеа сохтору маошхӯрони зиёди давлатӣ таъин ва сафарбар мебошанд. Дар маҷмӯъ, баҳои фаъолияти онҳоро аз афкори мардум, ҳолату вазъи воқеӣ дар ҷомеа муайян кардан мумкин аст. Мутаассифона, бо хулосабарорӣ аз фавҷ-фавҷ мавҷи шикояту норозигии мардум унвонии Сарвари давлат аз тариқи матбуоти даврӣ метавон гуфт, ки корҳо дар ин самт на чунонанд, ки бояд бошанд. Алалхусус, дар маҳалҳо норозигии одамон аз бемасъулиятии масъулони мақомоту идораҳои алоҳида хеле зиёданд, ки чашм пӯшидан аз онҳо ба фоидаи ҷомеа буда наметавонад. Ҷомеа боғест, ки дар он бо як гул баҳор намешавад. Мавриди доштани масъулияти касбӣ ва иҷрои рисолати инсонӣ гуфтан лозим аст, ки беҳтарин назоратчӣ виҷдони ҳар шахс аст. Мутаассифона, ҳоло то ба ин дараҷаи шуурнокӣ, фаҳмишу дарки худшиносию худошиносӣ нарасидаем, вагарна ба хеле пешравию беҳбудиҳо дар кору зиндагӣ муваффақ мегардидем. Бинобар ин, мудом ба санҷиш, назорат, танбеҳ, маслиҳату талқин ниёз дорем. Бояд иқрор гашт, ки дарки масъулият, низому тартибот дар ҳайвоноту парандагон аз мо, инсонҳои бошуур дида қавитар аст. Бо иҷрои вазифаҳои худ аз осмон ситора наорем ҳам, ақаллан нони худро ҳалол карда хӯрему дар беҳбудии кори ҷомеа заррае саҳм гирем.
Мирзо РУСТАМЗОДА, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Мешавад, ки идора кардани як оила саҳл нест. Ҷомеа бошад, оилаи бамаротиб бузурги иборат аз оилаҳои ҳисобашон зиёд ба шумор меравад. Ҳар оила рукне аз ин оилаи бузург аст. Гоҳо чунин менамояд, ки миёни ин ҳама пайвандию умумияте вуҷуд надорад. Бетарафӣ, ба ҳоли худ гузоштани ҳар оила ба буҳрон ва ниҳоят заволи ҷамъият мерасонад. Дар маҷмуъ, бурду бохти ҳар як оила бурду бохти ҷомеа мебошад. Нақши фард ё ҳар як шахси алоҳида, чӣ дар оила ва чӣ ҷомеа хеле муҳим арзёбӣ гардидааст. На ҳар касро шахсият ҳисобидан ҷоиз аст. Шахсият касе шуда метавонад, ки дар оила ва ҷомеа ҷойгоҳу обрӯ ёфтааст. Нафъаш ба ҷомеа мерасад. Ба боварию эҳтироми умум сазовор аст. Нисбат ба тақдири ҷомеа бетараф нест.
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
7
НИГОҲИ ДИГАР
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
8
МУШКИЛИ МАРЗ
Ихтилофи сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон 11 январи соли равон, ки боиси тирпаронии ҳар ду тараф гардид, ғалоғулаи зиёдеро ба миён овард. Ҳатто овозаҳо дар бораи ҷанг паҳн шудан гирифтанд. Ҳоло вазъият оромтар гардидааст. Ҷонибҳо аҳд карданд, ки дар давоми ду рӯз қӯшунҳоро аз қитъаҳои мусолиҳанашудаи сарҳади муштарак дар мавқеи анклави Ворухи Тоҷикистон ва ноҳияи Боткенти Қирғизистон, ки ихтилофи мусаллаҳона дар он ҷо рӯй дод, ақиб баранд. Вале, ба фикри коршиносон, вақти то ба дараҷаи пурра ҳал шудани ин вазъият ҳанӯз нарасидааст. Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ, доктори илми таърих, шарқшинос Александр Князев зимни мусоҳиба бо Дафтари иттилооти “Notum” диди худро перомуни мушкилоту усулҳои ҳалли ин ҳодиса баён кард.
e-mail: javonontj@mail.ru
Александр Алексеевич, Шумо муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистонро дар ҳошияи равобити байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна тавсиф мекунед? - Ҳамаи давраҳои муносибатҳои пасошӯравии Қирғизистону Тоҷикистон, хусусан, дар манзари муносибатҳои мураккабу баъзан комилан ҳарифонаи
ин ҷумҳуриҳо бо Ӯзбекистон басо некҳоҳона ба назар мерасиданд. Вале ин акси оина буд. Ихтилофи байни турку форсҳо дар сатҳи иҷтимоию фарҳангӣ, мухолифати кӯчманчиён бо кишоварзон, тасаввуроти таърихӣ дар бораи кӯчманчиён, ки аҷдодони тоҷиконро аз масоҳати бузурги минтақа пеш карда буданд, ҳамаи ин ҳамеша мадди назар буд. Чун мураккабиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ дар мисоли мушаххаси минтақаи Исфара, ки мо дар бораи он ҳарф мезанем. - Ҷонибҳо дар мавриди
ҳодисаи 11 январ тафсири усулии худро доранд, вале дар ҳар маврид ягон ҷониб аввал шуруъ кардааст. Ҳоло ин, шояд, на он қадар муҳим аст, зеро муноқишаҳо дар ин минтақаи сарҳад зуд-зуд сар мезананд. Вале, бо вуҷуди ин, ба фикри Шумо, чӣ рух дод, ривояти кӣ «ҳақиқатпазиртар» ба назар мерасад ва оё истифодаи яроқ ва тирпаронӣ аз миномётҳо асос дошт? - Ҳоло аз тарафи кӣ сар шудани тирпаронӣ масъалаи асосӣ нест. Масъалаи асосӣ он аст, ки мувофиқаҳои дутарафаро кӣ ва чӣ гуна вайрон кардааст. Ҷониби Қирғизистон бо аз нав сар кардани сохтмони роҳ дар қитъаи аниқнашудаи сарҳад ин мувофиқаро вайрон кард. - Сабаби ихтилоф давом додани сохтмони роҳи КӯктошОқсой-Тандиқ аз ҷониби
балки аксаран аз мухолифин ба гӯш мерасанд, вале ба ҳама фаҳмост, ки дар сурати мавҷуд будани бесарусомонии Қирғизистон ин мардум ҳар лаҳза метавонанд ҷойҳояшонро иваз кунанд. Ин барои Қирғизистон дар навбати аввал масъалаи беасосии давлат чун ниҳоди идораи ҷомеа ба шумор меравад. - Ҳама шуниданд, ки дар сарҳад тирпаронӣ сар зад. Ҳамчунин, маълум шуд, ки сокинони Ботканд аз 11 январ занону кӯдаконро аз хонаҳояшон берун карданд. Мавқеи расмии ҷонибҳо чӣ гуна буд ва оё ин мавқеъ қобили қабул буд, ё баръакс, вазъиятро муташанниҷ месохт? - Ман, хусусан, аз ҷониби Тоҷикистон ягон изҳоротеро, ки вазъиятро муташанниҷ созад, ҳис накардам. Дар Қирғизистон ноиби Сарвазир оид ба мудофиа Тоқтоқучуқ Мамитов дар рӯзи аввал изҳор дошт, ки сабаби ихтилоф
Қирғизистон дониста мешавад, ки Тоҷикистон зидди он эътироз мекунад. Оё ин сабаби ягона аст, чаро сарҳад то ҳол демаркатсия нашудааст ва оё ҷонибҳо дар ин масъала умуман, кӯшиши ҷиддӣ кардаанд? - Сабаби асосӣ иборат аз норозигии доимии ҳар ду ҳудуди ҳамсарҳад вобаста ба муддати даҳсолаҳо ҳал нашудани
амали банақшагирифтаи ҳукуматдорони Тоҷикистон аст. Шахсони расмии Душанбе ба додани изҳорот ва алалхусус, ба додани изҳорот дар бораи ин гуна айбномаҳо шитоб накарданд. Дар он ҷо ҳатто журналистон мақомоти қудратиро, ки воқеаҳоро шарҳ медиҳанд, айбдор намуданд. Ҳатто сухан дар бораи «ҷанги иттилоотӣ»-ро бохтани Тоҷикистон мерафт. Дар Қирғизистон итоатгарони Мамитов ба васоити ахбори омма дар бораи он борҳо хабарҳои иғвогарона медоданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон шабона ҳамла кардааст, қӯшунҳо ҷамъ оварда шуданд ва ғайра. Асли иғво аз Бишкек маншаъ мегирад, ки бояд ба ҷузъиёти он сарфаҳм рафт. Баъди тирандозӣ Қирғизистон марзи худро бо Тоҷикистон баста, 14 январ Вазорати умури хориҷии Қирғизистон Урмат Саралаев, сафири худ дар Душанберо барои машварат бозхонд. Муҳлати баргашти ӯро то ба поён расидани таҳқиқот оид ба даргириҳои сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон номуайян гузошт. Чаро Қирғизистон мавқеи худро ҳамчун «ҷониби ҷабрдида» ин қадар ба маъраз гузоштааст? Дар воқеъ, ин амал ба чӣ марбут аст ва Бишкек аз ин чӣ суде бурдан мехоҳад? Оё дар Душанбе ягон тадбири симметрии ҷавобӣ дида шуд? - Ботканд барои Қирғизистон минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ ҷудошудаи, тақрибан бунбастшуда ва бисёр печида аст. Идомаи мухолифатҳои мусаллаҳона яроқи ягонаи воқеии Бишкек аз лиҳози пуркунии фазои иттилоотӣ бо тафсирҳои худӣ ва ҷалби қувваҳои сеюм мебошад. СААД, ки муваззаф нест дар чунин ихтилофҳо ширкат намояд, билофосила худро аз ҳама гуна дахолат дур сохт. Шояд онҳо мехостанд САҲА ё бархе ди-
Князев: Тоҷикистон шитоб накард
проблемаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Ин чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон бо тарзи гуногун ва дар шаклҳои мухталиф ба назар мерасад. Бар зами ин беаҳамиятӣ дар масъалаҳои сарҳад низ ба назар мерасад. Ин мушкилоти на фақат сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, балки мушкилоти сарҳади Қирғизистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон низ мебошад, гарчи дар мавриди охирин сатҳи шиддат хеле паст аст. Бо вуҷуди ин, Қирғизистон нисбат ба Қазоқистон даъвоҳои марзӣ дорад. Ин даъвоҳо на аз шахсони расмӣ,
гар аз танзимотро даъват созанд, то авлаввият ба даст оранд. Мавқеи Душанбе дар қазияи мазкур таҳрикомез набуд. - Оё мавқеи кишварҳои ҳамсоя, ё шояд ҳамсояи на он қадар наздики Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба даргирии мазкур маълум аст? Иттилооте расида буд, ки Тошканд фаъолона Душанберо ба ҷанг тела медод? - Ҳеҷ гуна вокунише аз ҷониби онҳо набуд, зеро муносибот бо ҳамсоякишварҳои наздик он қадар сода нест. Бо Тошканд, чун бо Бишкек муносиботи Душанбе ғайридӯстона унвон дода мешавад, ҳатто аз он ҳам бадтар, то ҳадди реҷаи раводидӣ ва қатъи ҳама гуна робитаҳои нақлиётӣ тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Дар чунин даргирӣ шахсан ман манфиате барои Тошканд намебинам. Дар он ҷо то худи Тошканд, камтар аз 200 километр то шаҳр, минтақаҳои мушкилсози Намангон, Қӯқанд, Фарғона ва ғайра ҷойгиранд. Фикр мекунам, ки дар Тошканд хабари даргирии мазкур боиси дарди сари навбатӣ гардидааст. Мавқеи Қазоқистон барои касе аён нест. Танҳо маълум аст, ки он дар доирае қарор дорад, ки роҳбарияти СААД барояш иброз дошта буд. Дар танҳоӣ ба ин даргирӣ дахолат намудани Қазоқистон ҳеҷ зарурат надорад. Кишвари Чин чун анъана рафти қазияро назорат намуд. Дар Афғонистон бошад, бе ин ҳам мушкилоти худашон кифоя аст. - Ба ақидаи Шумо ин мухолифат бо чӣ меанҷомад? Оё дар ин қазия миёнҷӣ лозим аст? Кӣ ва ё чӣ омиле метавонад ба қатъ шудани шиддатнокӣ ва набард мусоидат намояд? - Дар ин ҷо барои роҳандозии манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар дар ду пойтахт - Бишкек ва Душанбе ҳокимияти қонеъкунандаву амалкунанда лозим. Омили дигаре вуҷуд надорад.
Навдаи пурбори боғи адаб рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» ба кор фиристоданд. Ба рӯзномаи вилоятӣ роҳбарӣ намуда, вақт ёфта, ҳамоно эҷод мекард. Ҳамин тавр, навиштаҳояш дар шакли маҷмӯаҳои ҷудогона паси ҳам рӯйи чоп омаданд. «Як шоха гул», «Соҳили бахт», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Фарзандон», «Ҳар тори мӯ вафоям», «Вохӯрии гуворо», «Ишқи мо пирӣ надорад», «Ҳеҷ кас монанди ман дилдода нест», «Маро бо чашми дил бинед» далолат бар гуфтаҳои болост. Дар эҷоди Шоҳмузаффар Ёдгорӣ тараннуми Ватан, қадру қимати он, меҳру муҳаббати инсонӣ ва дигар мавзӯъҳо ифода гардидааст. Тавре худи шоир гуфтааст: Ҳар саҳар аз бӯи гул дигар шавед, Хушдилу хушрӯву барнотар шавед. Дар қадамгоҳи азизони диёр, То нафас боқист, гулпарвар шавед. Эҷоди шоир даврони шӯравӣ, дар шакли китоби алоҳида бо забони русӣ бо номи «Порог дехканина» дар шаҳри Маскав ба табъ расидааст. Ҳамчунин, шеърҳои ҷудогонааш он замон бо чандин забонҳои кишвари шӯроҳо тарҷума ва нашр шудааст. Худи шоир ҳам ба тарҷума даст зада, шеърҳои халқҳои давлати шӯравиро ба тоҷикӣ тарҷума мекунад. Азбаски солҳои тӯлонӣ ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият дошт, баробари маҷмӯаҳои шеърӣ, ҳамчунин, китоби очеркҳояш бо номи «Сарбандакҳои сурх алвонҷ мехӯранд» ба табъ расидааст.
Баъдан боз ба пойтахт даъват шуда, дар рӯзномае, ки фаъолияти меҳнатии худро оғоз карда буд, яъне, «Ҷумҳурият»-и имрӯза ба ҳайси сармуҳаррир ва мудири шуъбаи назми маҷаллаи адабии «Садои шарқ» ифои вазифа мекунад. Ба хонандаи тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чун шоир шинос аст. Вале даврони истиқлолият ӯ бештар ба наср рӯ меорад. Дар ин давра бо заҳмати вай ду асари калонҳаҷм – романҳои «Васваса» ва «Талош» ба табъ расидааст. Адиб барои эҷоди романи «Васваса» ба гирифтани Ҷоизаи адабии ба номи Айнӣ ноил мегардад. Романи «Талош» охирин эҷоди ӯст. Панҷ моҳ пеш аз марг, моҳи марти соли 2009 асарро ба итмом расондааст. Адиб Нур Табаров, ки дӯст ва ҳамсабақи солҳои донишҷӯии шоир аст, дар пешгуфтори ин роман чунин менависад: «Шояд наздик омадани соати вопасинро эҳсос карда буд, ки романи «Талош»-ро нуқтаи таммат гузошту ба фарқаш навишт: «Ба шарафи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ин меҳрномаи ба ёдгор мондаи ӯст ба хешу ақрабо, ба дӯстон, ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ба кишваре, ки онро ба ҷонаш баробар медонист…» Дар романи адиби зиндаёд ишқи поки инсонӣ тасвир ёфтааст. Бо тароват ва зебоиҳои деҳот ва мардуми он. Дар тимсоли Ашраф ва Гулдаста. Боз ба пешгуфтори Нур Табаров рӯ меорем: «Лаҳзаи
ИҚТИСОД
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти консерва ба 13 миллион қуттии шартӣ расонида шуд, ки аз соли гузашта 4 миллион қуттии шартӣ зиёд аст. Порсол ба Қазоқистон 250 тонна ва ба Федератсияи Русия 15 тонна консерва содир шуд. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта 14 ҳазору 491 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 6471 тонна зиёд аст. Дар маҷмуъ, ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ироқ ва Афғонистон меваю сабзавот ва консерваю хушкмева содир шуд. Ҳоло хоҷагиҳои ёрирасони соҳа ба 70 адад расида, масоҳати умумии заминҳо 6318 гектарро ташкил медиҳад. Порсол
Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»
КИШОВАРЗӢ
«Тоҷикматлубот» анборҳои замонавӣ месозад Чанд сол пеш барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти Иттифоқи “Тоҷикматлубот” аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ 9 миллион сомонӣ ҷудо шуд. Дар натиҷаи мақсаднок сарф кардани маблағ, ташкили дурусти кор ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ имрӯз 13 миллион сомонӣ маблағи матлуботчиёни кишвар дар гардиш аст. «Тоҷикматлубот» дигар аз ягон бонк қарздор нест. - Соли 2013 даромади умумии нақшавӣ 124,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 2,2 миллион сомонӣ зиёд аст, - гуфт раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Сироҷиддин Валиев. - Нақшаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ ва ашёи хоми чорво ба пуррагӣ иҷро гардид. Боиси хушнудист, ки соли сипаришуда 14 корхонаи истеҳсолии соҳа ба фаъолият оғоз намуданд. Дар корхонаи истеҳсоли болопӯши пашмини ҷамъияти матлуботи ноҳияи Данғара дар асоси дархости аҳолӣ истеҳсоли болопӯшҳо аз нахи пахта низ ба роҳ монда шуд.
видои ин як инсони поксириштро бо аҳли деҳ, ёру дӯстон, хусусан, бо ҳамсоязан Гулдаста, ки риштаи умри боқимондааш дар ихтиёри ӯст ва низ хайрухуши кампири Ҳарами навадсола, ки нафақаашро «Раҳпулӣ кун, бачам, дар ягон чойхона як ғарфа нону як чойник чой харида мехӯрӣ!» гуфта, ба вай медиҳад, бе фишори қалбу дар гулӯ дармонданҳои нафас наметавон хонд. Ҳарчанд аз оҳанги тасвир ва гуфтори муаллиф хонанда метавонад пай барад, ки ин сафари вопасини Афзал нест. Ӯ ҳатман ба деҳаи азизаш, ки дар он ҳавлӣ боғи ободу пурсамари худро ба ихтиёри як мавҷудоти барояш азиз – Гулдаста монда меравад, бармегардад». Ҳамин тавр, эҷоди шоир чун навдаи пурборест, дар боғи адаб. Навдае, ки аз самари он дигарон нафъ мебардоранд…
дар ин хоҷагиҳо 8904 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд. Соли сипаришуда дар ноҳияи Балҷувон меҳмонхона, дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Шаҳристон бозори нав ба фаъолият оғоз намуданд. Сохтмони «Маркази савдо» ва бозор дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ дар арафаи анҷомёбист. - Мо тасмим гирифтаем, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 800 тонна, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров (бо ғунҷоиши 1000 тонна) ва Бохтар (800 тонна) анборҳои яхдондорро таъмир намуда, пурра ба истифода диҳем, - гуфт С. Валиев. - Ин барои бештар захира кардани меваю сабзавот мусоидат мекунад.
Асали Тоҷикистон ба кишварҳои араб Сол то сол дар ҷумҳурӣ соҳаи асалпарварӣ рушд меёбад. Барои амалишавии «Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ» аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 400000 сомонӣ ҷудо шуд. Бо як қисми ин маблағ аз кишвари Краснодари Федератсияи Русия 150 адад модарзанбӯри зоти «Карратӣ» харидорӣ гардида, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тақсим гардид. Дар малакат 196000 оилаи занбури асал мавҷуд аст. Мувофиқи маълумоти омор соли 2013 дар ҷумҳурӣ 3511 тонна асал истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2012 227 тонна зиёд аст. Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Қосимов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки якчанд кишварҳои арабӣ, аз ҷумла, Қатар майли харидани асали Тоҷикистонро доранд. Барои ба хориҷа содир кардани асал ба масъалаи бастабандӣ таваҷҷуҳи бештар бояд кард. Алҳол дар соҳаи кишоврзӣ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ (48 млн. 872 ҳазор доллари ИМА) амалӣ шуда истодааст. Соли гузашта истеҳсоли ғалладонаҳо 1 миллиону 392,6 ҳазор тонна, аз ҷумла, гандум 949,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Аз рӯи маълумоти омор ба хориҷи кишвар 122 602 тонна сабзавот, 15069 тонна меваи тар, 87952 тонна меваи хушк содир шуд. Истеҳсоли картошка ба 1 миллиону 115,5 ҳазор тонна расид. Қосим Қосимов дар бораи тараққӣ ёфтани соҳаи моҳипарварӣ сухан карда, иброз намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 178 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд.
Соли 2013 истеҳсоли моҳӣ ба 1723 тонна расид, ки нисбат ба соли 2012 610 тонна зиёд аст. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоту лимӯ сол то сол теъдоди гармхонаҳо дар кишвар зиёд мешавад. Имрӯз дар кишвар дар майдони 73 гектар гармхонаҳо мавҷуд аст. Ҳосилнокӣ аз 1 гектар 120 сентнерро ташкил медиҳад. Агар майдони гармхонаҳо ба 100 гектар расад, барои таъминоти бозори худӣ кифоя мекунад. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 12600 гектар заминҳои обӣ бо сабаби вайрон будани шабакаи обёрӣ, ботлоқшавӣ, шӯразанӣ, хоҷагидории нодуруст кишт нашуда монданд. Ба ҳар ҳол сол то сол майдони заминҳои киштношуда кам мешавад.
С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ. Ин ному насаб барои дӯсторон ва мухлисони каломи бадеъ набояд ношиносу ноошно бошад. Ӯ зодаю парвардаи яке аз мавзеъҳои зебою нотакрори кӯҳистони тоҷик – Ховалинг аст. Шояд меҳр ба шеър ва сухани мавзун буд, ки пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳ роҳ сӯйи пойтахт гирифт. Донишҷӯи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи миллии кишвар гардида, оғози солҳои шастуми қарни пешин онро ба итмом расонд. Азбаски ҳини таҳсил дар мактаби миёна машқи шеър мекард, муҳити илмию омӯзиши шеър ва сухани бадеъ дар донишгоҳ имкон дод, чун навниҳоле дар домани бефарохи боғи адабиёт торафт устуворона гом ниҳад, гуфтору баёнаш рангин гардад. Пас аз хатми донишгоҳ ӯро ба нашрияи бонуфузуи онвақтаи кишвар «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор даъват намуданд. Пешаи рӯзноманигорӣ корест басо душвору заҳматталаб. Ба рӯзноманигор лозим аст сахт ҷон коҳонад, вақти зиёди худро сарфи навиштан намояд, то ин ки эҷодаш писанди хонанда гардад. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ чун рӯзноманигор пайваста заҳмат мекашид. Баробари навиштани мақолаҳо дар мавзуъҳои гуногун, шавқи шеъру шоирӣ ӯро ором намегузошт. Ба пешаи пурзаҳмати хеш нигоҳ накарда, шеър менавишт, эҷод мекард. Пасон ӯро ба собиқ вилояти Кӯлоб, чун сармуҳаррири
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
9
КИТОБИ НАВ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
10
АЗ ҲАЁТИ КОРМАНДОНИ СОБИҚИ РӮЗНОМА
Сафарбек дар синфи шашум мехонд, ки ба хонаашон дӯстони падараш С. Ҷалилов ва Э. Шмеркин зуд-зуд рафтуомад мекарданд. Ин ду нафар яке кинематограф, дигаре мушовири котиби якуми ҳизби коммунист Т. Улҷабоев буданд. Дӯстони содиқ аз ҳоли падари Сафарбек пайваста хабар мегирифтанд. Вақте Сафарбек синфи даҳумро хатм кард, рӯзе дӯстони падар боз ба хонаашон омада гуфтанд, омода шавад ҳамроҳ ба ҷое мераванд. Ин даъвати дӯстони падар аввал ӯро каме ҳайрон кард. - Се бародарам ба ҷанг рафта, дигар барнагаштанд. Ҳанӯз вақти синфи панҷу шаш хонданам падарам ба дӯстонаш (С. Ҷалилов ва Э. Шмеркин) мегӯяд, ҳамин як писари маро тарбият кунед, хонад, соҳибмаълумот шавад, – нақл мекунад Сафарбек Фозилов. Хоҳиши падарро дӯстонаш ба ҷо оварда, баъди хатми мактаби миёна қарор доданд Сафарбек Фозиловро барои таҳсил дар Донишгоҳи машҳури ба номи Ломоносови шаҳри Маскав омода кунанд. Зеро ҳамон шабу рӯз котиби якуми ҲК Тоҷикистон Т. Ӯлҷабоев аз ниёз доштани ҷумҳурӣ ба кадрҳои маҳаллӣ таъкид дошта, талаб намуд, дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии мамлакат тарбияи кадрҳои ҷавон ба роҳ монда шавад. Аз санҷишу омодагии ибтидоӣ гузашта, Сафарбек Фозилов барои рафтан ба таҳсил тайёр шуд. Вале бо сабабе ки баъди аз
ҷанг барнагаштани се бародараш ӯ ягона писари хонадон буд, падар ба дӯстонаш гуфт: - Намешавад, ки писарам ба Маскав нарафта, дар ҳамин ҷо таҳсил кунад? Вақте ба саволи падари Сафарбек Фозилов дӯстонаш С. Ҷалилов ва Э. Шмеркин ҷавоби мусбат доданд, ӯ таҳсилро дар Ватан ва фаъолияти суратгириро дар маҷаллаи “Тоҷикистон” оғоз кард. Соли 1958 ӯро ба маҷаллаи “Тоҷикистон”, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешуд, ба ҳайси мухбири суратгир ба кор қабул карданд. Азбаски маҷалла ба суратҳои ранга ниёз дошт, ба
Сафарбеки ҷавон моҳона таъин карда, ӯро ба тарбияи суратгири варзида Саид Ҷалилов вобаста намуданд. Сафарбек Фозилов аввалин акси бардоштаашро чунин ёдовар шуд: “Аз идораи маҷаллаи “Тоҷикистон”, ки муҳаррираш шодравон Абдусалом Деҳотӣ буд, супориш доданд, ки рафта Пӯлод Толис ва як актрисаи театри ба номи Маяковскийро пайдо карда, аксашонро мегирӣ. Ин бори аввал буд, ки акс мегирифтам. Шодравон Пӯлод Толисро аз бинои Иттифоқи нависандагон пайдо кардам. Як ҷавони зебову хушқаду қомат буд. Он ҷо кор мекардааст. Гуфтам, ман ба супориши редаксия омадам ва бояд акси шуморо бигирам. Гуфт: “Марҳамат. Ман омода”. Дар ҳоле ки дасти мани суратгир меларзид, Пӯлод Толис, аллакай, тайёр буд. Хуллас, акси ӯро ҳам гирифтаму акси актрисаи русро ҳам. Вақте ба идораи маҷалла омада, аксҳоро супурдам, хеле писандашон омад. Маро таърифу тавсифи зиёд ҳам карданд”.
тоҷикианд, зеро ӯ симои духтари тоҷик, зани тоҷик, марди тоҷикро дар рӯзномаву маҷаллаҳои замони шӯравӣ дарҷ кардааст. Борҳо дар пайи иҷрои фаъолияти касбӣ ӯро ҳамчун “ҷосус” боздошту пурсупос кардаанд. Вале ба зудӣ одами “худӣ” буданашро маълум карда,
Сипас, соли 1959 ба ҳайси мухбири суратгир дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) ба кор гузашт. Дар ин миён шӯъбаи шабонаи Институти омӯзгории ба номи Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) ва шӯъбаи ғоибонаи Университети ба номи Ломоносови Маскавро хатм кард. Дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” 20 сол кору фаъолият дошт. 20 соли пурсамар ва муваффақиятҳо. Чаро ки
боздошткунандаҳо ҷазо гирифтаанд. Азбаски нафари боваринок шуда буд, аксҳои бардоштааш низ таъсир мерасонд. Ӯ нақл мекунад, ки вақте дар як мактаб директор ва се муовинашро (дар мактаб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва узбекӣ дарс мегуфтаанд) акс бардоштааст, баъди як ҳафта директор мудири шуъбаи маорифи шаҳр ва се муовинаш директорони мактабҳои алоҳида таъин шудаанд. Фаъолияти эҷодии Сафарбек Фозилов
суратҳои гирифтааш дар расонаҳои мамолики мухталифи олам, аз қабили Олмон, Фаронса, Чин ва собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чоп шудаанд. Инчунин, аксҳои бардоштаи Сафарбек Фозилов дар намоиши асарҳои аксбардорони ҷумҳурӣ, ки ҳар панҷсола дар пойтахт баргузор мешуд, ҷойи намоёнро ишғол карда, сазовори баҳои баланди тамошобинон мегардид. Манзараҳои ҷолиби диёр, табиати зебо, инсонҳои касбу кори гуногун, шахсиятҳои номдори кишвар ва ҳунармандонро акс бардоштааст. Ӯ меӯяд, аксҳои бардоштааш, аслан,
хеле рангину пур аз воқеаҳои аҷиб аст. Хусусан, ӯ як воқеаро хеле бо меҳрубонӣ ёд мекунад: “Соли 1961 ба сафари корӣ рафта будам. Вақте баргаштам, ба суроғаи мо даъватномаи хизмати аскарӣ омадааст. Модарам гиря мекард, ки се писарам аз ҷанг барнагаштанд, Сафарбекро набаред. Ҳамон вақт ҳайати эҷодии рӯзнома мактуб навишта, дархост карданд, ки Сафарбек суратгири тарбиятдида ва ягонаи мост. Агар ӯро ба хизмати ҳарбӣ баред, аҳволи редаксия чи мешавад? Манзур ин, ки ҳайати эҷодии рӯзнома хеле бо ҷиддият истодагарӣ карданд ва
¶
Азбаски нафари боваринок шуда буд, аксҳои бардоштааш низ таъсир мерасонд. Ӯ нақл мекунад, ки вақте дар як мактаб директор ва се муовинашро акс бардоштааст, баъди як ҳафта директор мудири шуъбаи маорифи шаҳр ва се муовинаш директорони мактабҳои алоҳида таъин шудаанд.
Нафари боваринок нагузоштанд, ки ман ба артиш равам. Ман меҳрубонии онҳоро ҳеҷ фаромӯш намекунам. Ҳамин меҳрубонии коллективи эҷодӣ буд, ки сардори комисариати ҳарбӣ дар як шаб билети ҳарбии маро навишта дод ва ман аз рафтан ба сафи артиш озод шудам. Бояд қайд кард, ки Сафарбек Фозилов бо рӯзноманигорони маҳбубе чун Ғоиб Қаландаров ва Отахон Латифӣ ҳамкорӣ кардааст. Аксҳои бардоштааш солҳои тӯлонӣ саҳифаҳои рӯзномаҳои “Правда”, “Комсомолская Правда”, “Советское фото” ва чанде дигарро оро медоданд. Ӯ ҳамчун идомаи анъанаи ҳамон солҳо ҳанӯз ҳам хаста нагардида, лаҳзаҳои ҷолиби зиндагии одамони оддӣ, шахсиятҳо ва дар маҷмӯъ манзараҳои дилкаши Ватанро аксбардорӣ менамояд. Зеро бо вуҷуди он ки синнаш ба ҷойе расидааст, ба касби интихобнамудааш меҳри беандоза дораду аз он дил канда наметавонад. Муҳимтар аз ҳама, аз роҳи интихобкардааш мамнун аст. Ин марди наҷиб 26 январи соли равон ба синни 75 қадам ниҳод. 75 соле, ки бист соли онро сарфи кору фаъолият дар идораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” карда, ҳоло ба ин даргоҳ меҳри беандоза дорад ва ҳар боре аз идора ва кормандони он сухан равад, Сафарбек Фозилов хеле самимӣ ва аз рӯи вафо онҳоро ёд мекунад. Мегӯяд “меҳрубониҳое, ки ин коллектив доштанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад”. Ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Сафарбек Фозиловро ба синни мубораки 75 таҳният гуфта, барояш саломатӣ ва зиндагии осоишта орзуманданд. Зимнан, бояд қайд кард, ки чанде пеш бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон намоиши аксҳои Сафарбек Фозилов ба муносибати 53-солагии фаъолияти эҷодиаш баргузор гардид. Дар он аксҳо аз бойгонии Сафарбек Фозилов, ки солҳои гуногун бардошта, таърихи воқеаҳои сиёсиву фарҳангии кишварро инъикос мекунанд, ба намоиш гузошта шудааст.
М. УСМОНОВ, “ҶТ”
Роҳнамои касбӣ дар ҷомеа зуҳуроти нав набуда, он ҳанӯз охирҳои асри ХIХ дар Амрико ҳамчун қонеъкунандаи талабот ба ихтисосҳои коргарӣ арзи вуҷуд кардааст. Баробари ташкилёбии Иттиҳоди Шӯравӣ, то солҳои 30-юми асри 20 низ фаъолияти роҳнамои касбӣ аз ҷониби «Наркомтруд»-и онвақта ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, фаъолияти он дер идома намеёбад, чунки сохти иҷтимоии давлат имкон намедод. Баъдан солҳои 70-ум дубора эҳё гардида, то рӯзҳои мо фаъолият намудааст. Дар шакли комбинатҳои таълимию истеҳсолӣ. Баъди пошхӯрии давлати шӯравӣ ва соҳибистиқлол гардидани кишвар талабот ба касбҳои гуногун, хусусан, коргарӣ афзоиш меёбад. Ба ин ду омил боис гардид. Аз як тараф кӯч бастани кадрҳои ғайримиллӣ, аз ҷониби дигар батадриҷ рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар. Ҳоло роҳнамои касбӣ яке аз омилҳои асосии пешравӣ маҳсуб ёфта, танҳо дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани фаъолияти он ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил шудан мумкин аст. Самари мусбати онро дар кишварҳое мисли Амрико, Олмон, Ҷопон, Чин ва як қатор мамлакатҳои Шарқи Наздик дидан мумкин. Роҳнамоии касбӣ чизи сар-сарӣ ва даргузар набуда, балки талаботи ҳар давру замон, хусусан, ҷомеаи ҳозираи ҷаҳонӣ, ки иқтисодиёту маънавиёташ тағйир ёфта, комилтар мегардад, маҳсуб меёбад. Имрӯз дар назди Вазорати маориф ва илми кишвар Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ фаъолият дорад. Ин ниҳоди муҳим ва асосӣ дар ин ҷода ба шумор меравад. Чунки дар марказ адабиёти аввалиндараҷаи тарғиботию ташвиқотӣ оид ба интихоби касб аз ҷониби кормандони он таҳия мегардад. Яке аз самтҳои асосии кори роҳнамои кабӣ кор бо мактаббачагон ва хатмкунандагони макотиби таълимоти умумии кишвар ба ҳисоб меравад. Мувофиқи роҳнамое, ки марказ оид ба интихоби касб омода намудааст, бояд ҳар як хатмкунанда пеш аз он ки ба кадом касбу пеша рӯ меорад, бо он омилҳои роҳнамоӣ дар соҳаи интихоби ихтисос бояд шинос шавад. Интихоби касб кори саҳл набуда,
МАОРИФ
Олим бисёру...
Интихоби касб масъулият мехоҳад масъулияти ҷиддиеро талаб мекунад. Аксар хатмкунандагон баъди мактаб намедонанд, ки куҷо рафта, ба кадом донишкада, донишгоҳ ё коллеҷу литсейҳои касбӣ дохил шаванд? Ҳамин тавр, хатмкунанда касби ояндаи худро, ки асоси саодати шахсию оилавӣ дар оянда хоҳад шуд, интихоб накардааст. Маҳз дар ин маврид Маркази ҷумҳуривии роҳнамои касбӣ ва рушди таҳсилоти касбӣ бо адабиёти худ ба кӯмаки хатмкунандагон мерасад. Дастурҳои асосии марказ барои ташвиқи фарди беихтисос дар интихоби касб аз инҳо иборат аст: шиору плакатҳо, буклетҳо (бо тарғиби ягон ихтисос), роликҳои тасвирии ғояи даъваткунандадошта, диафилмҳо, маҷаллаҳои махсус оид ба интихоби касб, рӯзномаҳои марказ (мақолаҳо оид ба ихтисосҳо), гузаронидани тестҳо аз ҷониби равоншиносони марказ оид ба интихоби касб, гӯшаи интихоби касб, гузаронидани экскурсияҳо дар истеҳсолот, дарсҳои факултативӣ, кружокҳои фаннӣ ва монанди инҳо. Шиносоӣ ва омӯзиши дастурҳо ба интихобкунандаи касб имкон медиҳад, ки ӯ машғулияти мақбулеро интихоб намояд. Баъзеҳо бо маслиҳати волидайн, дӯстон ё ҳамсинфон ба таълимгоҳе дохил мешаванд, ки дар бораи он ихтисос тасаввурот надошта, оқибат пушаймон шуда, онро мепартоянд. Барои рӯй надодани чунин ҳолат онҳоро мебояд, ки пеш аз интихоби касб бо дастуру нишондодҳои соҳаи роҳнамои касбӣ шинос шуда, хулосаи муайян бароранд. Яке аз омилҳои фарқкунанда ва тез
интихоб намудани касб тестгузаронӣ мебошад. Дар натиҷаи гузаронидани тест аз ҷониби равоншиносон ва мутахассисони соҳаи роҳнамои касбӣ маълум мегардад, ки пурсидашаванда ба чӣ кор, ба чӣ касб ё ихтисос майл дорад, ки дар натиҷа, бо тавсияи кормандони соҳаи зикршуда вай метавонад ба соҳаи мақбул ба таълим ё кор фаро гирифта шавад. Дар шароити имрӯза, ки кишвари мо ба мутахассисони касбҳои коргарӣ ниёзи бештаре дорад, хуб мебуд, агар ба ин самт бештар диққат диҳем. Барои қонеъгардонии талаботи бозори дохилии меҳнат ва амалигардонии дурнамои иқтисодиёти кишвар пеш бурдани кори роҳнамои касбӣ омили асосӣ маҳсуб меёбад. Чунки касбҳо дар дунё зиёд буда, кас яку якбора барои кадомашро интихоб намудан душворӣ мекашад. Баҳри рафъи чунин мушкилот ва ҳалли мушаххаси масъалаи касбинтихобкунӣ мо бояд ба мутахассисони соҳаи роҳнамои касбӣ рӯ биорем. Ҳамин тариқ, роҳнамои касбӣ воситаи хеле хуб ва осон дар боби касбинтихобкунӣ буда, нигаҳдорандаи мувозинати касбҳо ва мутахассисон аст.
Ҷ. ДАВЛАТОВ, мутахассиси пешбари шуъбаи ташкили методӣ ва ахбори касбии Маркази ҷумҳуриявии роҳнамои касбӣ ва рушди таҳсилоти касбии Вазорати маориф ва илм
Имрӯз дар кишвар теъдоди нафароне, ки унвонҳои номзадию доктори илмро соҳиб мегарданд, торафт афзоиш дорад. Мутаассифона, ҳимоя намудан ва унвон гирифтан имрӯз гӯё мӯд шудааст. Ҳатто як қисм роҳбарони корхонаю муассиса ё ташкилот унвондоранд. Унвондору олимон бисёру аммо сатҳи дониши донишҷӯён дар қиёс нисбат ба даврони шӯравӣ хеле коҳиш ёфтааст. Маҳз доир ба ин масъала зимни нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ба роҳбарияти донишкада, ки он ҷо 77 нафар унвондор, аз ҷумла, 11 доктор ва 66 нафар номзади илм фаъолият доранд, пурсида шуд. - Имрӯз замона дигар, талабот ҳам дигар аст, - гуфт ноиби ректори донишкада, профессор Шермамад Ҷонмамадов. – Шахсан худам чанд нафар унвондор ва кордонро барои идомаи фаъолият ба донишкада даъват намудам, то сифати таълиму тарбия беҳтар гардад. Гоҳо мешунавам, ки хатмкардаи донишкадаи мо дар ягон муассиса ё ташкилот ба кор оғоз намуда, дониши хуб надорад. Рости гап, хеле ғамгин мешавам. Даъвати чанд нафар устоди унвондор ва ботаҷриба маҳз ба он хотир аст, ки таълиму тарбия дар донишкада сифатан беҳтар гардад. Аз он ки баъзе аз роҳбарон дар муассисаю ташкилот соҳиби унвон мебошанд, шояд барои «зеб» бошад. Чунки аз эшон ба илм ҳеҷ нафъе нахоҳад буд. Таълим дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аз тариқи низоми нави таҳсил аст. Тавре ноиби ректор изҳор намуд, ҳоло дар донишкада гуруҳҳои буҷавӣ низ таъсис ёфтаанд. - Ин гувоҳи он аст, ки донишкадаи мо торафт эътироф гардида, нуфузаш меафзояд, - изҳор намуд Ш. Ҷонмамадов. - Дар навбати худ мо саъй дорем мутахассисоне омода намоем, ки савияи донишашон баланд ва дар бозори меҳнат ба эшон талабот зиёд бошад.
11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ҶАВОНОН ВА ИНТИХОБИ КАСБ
Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»
АЗ ҲАЁТИ ДОНИШҶӮЁН
Деҳаи Ёгед яке аз зеботарин ва калонтарин деҳоти ноҳияи Дарвоз мебошад. Сокинони он ба чорводорию зироаткорӣ ва қисман ба тиҷорати хурд машғул мебошанд. Қаҳрамони мо дар ҳамин деҳаи зебоманзару овозадор дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падараш, Нуриддиншо омӯзгори мактаби ҳамин деҳа буда, модараш ба кори саҳро машғул аст. Дар оилаи онҳо аксарият соҳибмаълумоту соҳибкасбанду рӯзгори хушу хурраме доранд.
Азимшо дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и зодгоҳаш бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, онро соли 2009 ба итмом расонд. Ҳангоми таҳсил фанҳои физикаю математикаро хубтар аз худ кард. Шавқу ҳаваси илмомӯзӣ ва соҳибкасб шудан ӯро соли 2009 ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ овард. Пас аз бомуваффақият супурдани имтиҳони давлатӣ ба бахши барномасозии факултаи математика дохил шуда, соли равон ин факултаро бо дараҷаи бакалавр хатм намуда, ҳамзамон, ҳуҷҷатҳояшро барои соҳиб шу-
дани дараҷаи магистратура супорида, алҳол таҳсилро идома медиҳад. Расмаш дар тахтаи фахрии донишгоҳ ҷой дода шудааст. Азимшо ҳар сол дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштааст. Соли гузашта дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид, соҳиби ҷойи аввал шуда, бо мукофоти хотиравӣ қадр гардид. Ғайр аз ин, Азимшо дар гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ байни донишҷӯён яке аз ташаббускорон мебошад. Моҳи марти
соли гузашта бо ташаббуси ӯ ва раиси Парлумони ҷавонон дар ВМКБ Солеҳҷон Амирҷонов дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ озмуни «Кӣ донотар» баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд. Чанде пеш бо ташаббуси ин ду ҷавон озмуни дигаре бо номи «Гурӯҳи беҳтарин» доир шуд. Азимшои Нуриддиншо ният дорад, ки пас аз хатми бахши магистратура ба аспирантура дохил шаваду кори илмиро пеш барад.
К. ШАРИФЗОДА, “ҶТ”
e-mail: javonontj@mail.ru
Ҷавонмардо, ҷавонмардӣ биомӯз...
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
12
ТАТБИҚИ ҚОНУН
Иҷро накардани уҳдадорӣ ҷиноят аст Ё барои таълими фарзандон кӣ масъул аст? Тарбияи кӯдак аз хонавода оғоз гардида, фарзанд нахуст дар ин муҳит ҳамчун шахсият ва инсони комил ташаккул меёбад ва баъд ба ҷомеа мепайвандад. Агар пояи тарбияи хонаводагӣ заиф бошад, наметавон хулосабарорӣ кард, ки хонавода ба ҷомеа фарди солим ва ташаккулёфтаро дода метавонад. Аз ин нигоҳ, тарбия кардан ва ба камол расонидани фарзанд вазифаи муҳими ҳар як падару модар дар назди ҷомеа ва инсоният мебошад.
e-mail: javonontj@mail.ru
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модарро уҳдадор ме-
намояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ тарбия намуда, кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ва муносибати таҳрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намояд. Санҷишҳои гузаронидаи Прокуратураи ноҳияи Файзобод дар ин самт муайян намуданд, ки мутаассифона, на ҳамаи падару модар масъулияти худро хуб дарк мекунанд ва ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, ки дар натиҷа, фарзандон даст ба қонунвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мезананд. Масалан, ноболиғ Ҳасан Солиҳов 18 декабри соли 2012 ҳамроҳи С. Расулов бо мақсади дуздӣ
ба бозори “Аҳмад Шариф”-и деҳаи Мискинобод рафта, пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор Ф. Сангов гашта, аз он ҷо таҷҳизоти компютерӣ ва дигар ашёро бо маблағи умумии 886 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Санҷиши ҳолати мазкур муайян намуд, ки ноболиғ Ҳ. Солиҳов дар тарбияи модараш Зубайдова Райҳона Гулмаҳмадовна қарор дорад. Аммо беаҳамиятӣ ва ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо аз ҷониби модараш ба он оварда расонидааст, ки ноболиғ Ҳ. Солиҳов даст ба содир намудани ҷиноят, кирдори барои ҷамъият хавфнок задааст. Барои ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳо нисбат ба Р. Зубайдова бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол шуд. Ё ин ки ноболиғ
Даҳмардазода Маҳмуроди Умаршо ҳамроҳи рафиқаш Афзалшо Сафаралиев 20 январи соли 2013 ба мавзеи Байдара, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Файзобод рафта, ғайриқонунӣ буттаву дарахтонро, ки ба фонди ҷангали Хоҷагии ҷангали ноҳия дохил мешаванд, буридааст. Санҷиши ҳолати мазкур муайян намуд, ки ноболиғ М. Даҳмардазода дар тарбияи падараш Ғаниев Умаршо Даҳмардаевич қарор дошта, беаҳамиятӣ ва ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ аз ҷониби падараш ба он оварда расонидааст, ки фарзанди ноболиғ даст ба содир намудани кирдори барои ҷамъият
хавфнок занад. Ана, ҳамин бемасъулиятиро дар тарбияи писари ноболиғаш ба назар гирифта, нисбат ба У. Ғаниев ва Ҳ. Тошев, падари ноболиғи дигари ин ҳодиса А. Сафаралиев бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба суд фиристода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии падару модарон саҳм доштан дар таълими фарзандон аст. Бояд волидон имкон муҳайё намоянд, ки фарзандон донишҳои муосирро аз бар намуда, оянда соҳиби ихтисоси дилхоҳ гарданд ва дар ҷомеа соҳиби мақому манзалат бошанд. Падару модарон дар доираи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ барои таълими ҳатмии фарзандон масъулияти ҷиддиро бояд бар дӯш дошта бошанд, зеро дар ҷомеаи маданӣ баробари доштани ҳуқуқ, доштани масъулиятро низ фаромӯш
набояд кунанд. Яъне, дар ҷамъият зиндагӣ карда, шахс наметавонад танҳо аз ҳуқуқу озодиҳо истифода барад, баробари ин масъулиятеро ба зима дошта бошад. Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намуд, ки бархе аз падару модарон бо рафтори худ даст ба ҷинояткорӣ задаву бар хилофи манфиатҳои фарзандонашон, монеи идомаи таҳсили онҳо мешаванд. Чунончӣ, сокини деҳаи Ҳаймаҳмадии ҷамоати деҳоти Бӯстон Пиров Сироҷ Хоралиевич тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» уҳдадор буд, ки барои ба таъ-
ФАРҲАНГ лим фаро гирифтани фарзандаш мусоидат намояд. Яъне, чи тавре болотар ишора кардем, дар таҳсили фарзандаш дар муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда, ӯро бо воситаҳои зарурии таълимӣ таъмин намояд. Аммо С. Пиров дидаву дониста фарзанди ноболиғи худ Пиров Ёқуб Сироҷовичро, ки айни ҳол бояд дар синфи 9-ум таҳсил мекард, аз моҳи сентябри соли 2012 аз гирифтани таҳсилоти умумии асосии (нуҳсола) ҳатмӣ дар канор мононда, ӯро барои нигоҳубини чорво сафарбар кардааст. Зимни санҷишҳои прокурорӣ ҳамин ҳолатро ба инобат гирифта, прокурори ноҳия нисбат ба С. Пиров бо аломатҳои моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суди ноҳия ирсол кард. Суди ноҳия бо ҳукми худ нисбат ба С. Пиров ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд. Мутаассифона, чунин падару модарон дидаву дониста барои гирифтани таҳсилоти умумии асосии фарзандонашон монеъ шудаанд. Масъулияти падару модар ду ҷабҳа дорад. Аввало падару модар уҳдадории худро адо намуда, вазифаи хешро оид ба таълиму тарбияи фарзанд дар назди давлат ва ҷомеа иҷро менамоянд. Волидайн барои ба таври зарурӣ ба иҷро расонидани уҳдадориҳои базимадоштаашон бояд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд, то вазифаи падару модарӣ, ҳамчунин, инсонии худро ба анҷом расонанд. Ин масъулияте мебошад, ки азалан ба зимаи ҳар як падару модар гузошта шудааст ва онҳо бояд онро ихтиёран ба иҷро расонанд. Сониян, вақте ки падару модар аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар боби таълиму тарбияи фарзандон саркашӣ менамоянд, ба он оварда мерасонад, ки рафтори фарзандони онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқи дигарон ва тартиботи ҷамъиятӣ мегардад. Барои чунин ашхос лозим меояд, уҳдадориҳои худро дар зери маҷбурияти давлатӣ амалӣ кардаву ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Қонуни мазкур на фақат падару модар ва кормандони мактабу маориф, инчунин, ҳар як фарди ҷомеаро, новобаста аз мансабу вазифа, ҳизбият ва мансубияти динию мазҳабӣ вазифадор мекунад, ки нисбат ба таълиму тарбия масъул бошанд ва дар ин самт бетарафиро ихтиёр накунанд.
К. АБДУРАҲИМОВ, ёрдамчии прокурори ноҳияи Файзобод
Дастури Президент иҷро нагардидааст То ҳанӯз фаъолияти муассисаҳои фарҳангии мамлакат ҷавобгӯи талаботи замон нест. Яке аз мушкилотии асосӣ дар ин самт сатҳи пасти маълумотнокии кормандон мебошад. Масалан, аз 7092 нафар корманди соҳа 46,2 фоизи онҳо, аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 64,2 фоиз, вилояти Суғд 48,3 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 39,5 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30,6 фоизи кормандон бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, - Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотие, ки 27 январ баргузор гардид. Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки ба муассисаҳои фарҳангӣ наомадани хатмкунандагон ва сатҳи пасти донишу маълумоти зарурӣ надоштани кормандони соҳа масъалаҳое, мебошад, ки беҳбудии фавриро тақозо доранд. Мутаассифона, теъдоди хатмкунандагоне, ки хоҳиши дар дигар кишварҳо омӯхтани мусиқию актёрӣ доранд, хеле кам аст. Хоҳишмандони дигар самтҳои таҳсил зиёд аст. Нарасидани бастакорону рижисёрони варзида бошад, бараъло мушоҳида мегардад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ аз фаъолияти худ қаноатманд нестанд, чунки барои пешрафти самтҳои гуногуни фаъолияти соҳа 10 барнома қабул шуда бошад ҳам, аз рафти иҷрояшон назорати қатъӣ набудааст ва дар муҳлатҳои муқараргардида онҳо рӯи кор оварда нашудаанд. Шикояти мардум ба хизматрасониҳои клуб ва китобхонаҳо низ хеле зиёд мебошад. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳо тибқи дастури Сардори давлат боғҳои фарҳангӣ ташкил нагардидаанд. - Ҳамаи ин ва дигар камбудиҳо дар диққати роҳбарият ва тамоми аҳли фарҳанг қарор дошта, вазорат минбаъд баҳри аз байн бурдани мушкилиҳо ва инкишофи фарҳанги миллӣ кӯшиш хоҳад кард, - афзуд Шамсиддин Орумбеков.
Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»
Мария ду зина поён афтод
Диққат, озмун
сия дар даҳгонаи аввали раддабандии мазкур аст. Мария Кириленко дар ҷои 20, Анастасия Павлюченкова дар зинаи 26, Екатерина Макарова дар мақоми 28 ва Светлана Кузнетсова дар ҷои 29-уманд. Дар рейтинги Анҷумани теннисбозони ҳирфаӣ (АТР) Рафаэл Надали испонӣ дар ҷои аввал, Новак Ҷокович аз Себия дар зинаи ду ва Станислас Вавринка аз Швейтсария дар ҷои сеюм қарор доранд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд: Р/Т 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13
Олимпиадаи Сочӣ: амният пурзӯр мегардад
14
Мақомоти Бритониёи Кабир ҳушдор додаанд, ки қабл аз оғози Бозиҳои олимпии Сочӣ ва ё дар ҷараёни баргузории он шояд экстремистҳо ба варзишгарон ё мухлисон ҳамла намоянд, хабар медиҳад бахши русии “Бӣ-Бӣ-Сӣ”.
18
Ба иттилои манбаъ, таҳдиди аслӣ ба олимпиада аз ҷониби гуруҳи ҷудоихоҳи Доку Умаров аст, ки тобистони соли сипаришуда ваъда кард, ин мусобиқаро баҳам мезанад. Бо ин ҳол, тибқи хабарҳои расида, Русия теъдоди кормандони марбут ба таъмини бехатарӣ дар Сочиро ба 37 ҳазор нафар расондааст. Қаблан, расонаҳо хабар доданд, ки аз 7 январ, расо як моҳ қабл аз ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона, дар Сочӣ режими махсуси амниятӣ ҷорӣ шудааст. Бо амри Владимир Путин, Президенти Русия дар атрофи Сочӣ чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешида мешаванд, аз ҷумла, минтақаи
мамнӯе ташкил шудааст, ки ворид шудан ба он ҷо бидуни санади зарурӣ номумкин аст. Ин минтақа аз Карачаево-Черкессия шуруъ шуда, то марзи Абхазистон тул мекашад. Вуруди ҳама гуна нақлиёти дигар манотиқ, ба ҷуз мошинҳои хадамоти фавқулодда ва дорои иҷозатномаи махсус ба Сочӣ манъ шудааст. Барои талоши вуруди ғайриқонунӣ ба шаҳр 3 ҳазор рубл ҷарима муқаррар гардидааст. Ба баъзе аз минтақаҳои махсус фақат баъд аз тафтиши кормандони пулис метавон ворид шуд. Бозиҳои олимпии зимистона дар минтақаи Сочии Русия аз 7 феврал то 21 марти соли 2014 идома хоҳанд кард.
15 16 17
19 20 21 22 23
Аввалин ғалабаи Вавринка бар Надал Станислас Вавринка аз Швейтсария дар Чемпионати кушоди Австралия дастболо шуд. Дар қисмати ниҳойӣ ӯ теннисбози испанӣ Рафаэл Надалро бо ҳисоби 6:3, 6:2, 3:6, 6:3 мағлуб кард. Станислас бори нахуст Рафаэлро шикаст дод. Аз ин пеш 12 маротиба аз ӯ мағлуб шуда буд. Ин аввалин ғалабаи Вавринка дар мусобиқаи бузурги теннис аст. Дастоварди баланди вай роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоии Чемпионати кушоди ИМА дар соли 2013 буд. Бо шарофати пирӯзӣ дар Чемпионати кушоди Австралия Вавринка сеюмин ракеткаи ҷаҳон шуд.
24 25 26 27 28
НОМГӮИ МАНСАБҲО Мудири Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Турсунзода Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Фархор Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт Сармутахассиси Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказӣ Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Истаравшан Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Панҷакент Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Конибодом Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Дарвоз Сармутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Данғара Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Сарбанд Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ғончӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Мастчоҳ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ҳамадонӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Нуробод Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Рӯдакӣ Мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ВМКБ Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Зафаробод Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Қубодиён Мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Носири Хисрав
МАОШИ ВАЗИФАВӢ 854.55 814.05 773.55 773.55 773.55 855 738 738 738 738 702 702 702 702 603 576 576 576 576 576 576 576 576 522 472.50 472.50 472.50 472.50
ТАЛАБОТ АЗ ДОВТАЛАБОН: - таҳсилоти олӣ, собиқаи корӣ (барои мансаби мудир, сармутахассис ва мутахассиси пешбар); - таҳсилоти олӣ, олии нопура ва миёнаи махсус (барои мутахассис); - доштани маълумоти соҳавӣ (варзиш); - донистани забони хориҷӣ ва дониши компютерӣ ба эътибор гирифта мешавад. ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА: - аризаи шахсӣ ба номи раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (анкета); - 2 дона расми 4х6; - тарҷумаи ҳол; - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот; - маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086 УЕ); - нусхаи шиноснома; - нусхаи гувоҳнома дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда ва эъломия аз вазъи мол; - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ); - маълумотнома аз ҷои истиқомат. Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: Индекс: 734003, шаҳри Душанбе, кӯчаи Спортивная-6, (рӯ ба рӯи “Кохи Борбад”). Тел: 236-41-87, 235-10-23 (Бахши кор бо кадрҳо).
e-mail: javonontj@mail.ru
Мария Шарапова, теннисбози рус аз зинаи сеюм ба ҷои панҷуми рейтинги Анҷумани занҳои теннисбоз (WTA) нишастааст. Рейтинги нави WTA 27 январ дар сайти расмии анҷуман нашр шуд. Далели уфти Шарапова ширкати номуваффақи ӯ дар даври 1/8-финалии “Australian Open” будааст, ки аз Доминик Тсибулкова аз Словакия шикаст хӯрд. Мақоми аввали рейтингро Серена Уилямси амрикоӣ ҳифз кардааст. Ҷои дуюмро Виктория Азаренко аз Белорусия соҳиб шудааст. Ли На аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар “Australian Open” дастболо шуд, мақоми сеюмро муаррифӣ мекунад. Агнешка Радванскаяи лаҳистонӣ дар зинаи чор аст. Тсибулкова, ки то финали мусобиқаи кушоди Австралия рафт, ҳоло дар ҷои 13-уми рейтинги WTA нишастааст. Шарапова мисли пешин ягона намояндаи Ру-
13
ЭЪЛОН
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ВАРЗИШИ ХОРИҶӢ
e-mail: javonontj@mail.ru
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
14
ТАҚРИЗ
Ҷавонон, воқеан, машъалбадори илму маориф, фарҳангу маданият, таъриху адабиёти бойи мо ҳастанд. Онҳо нерӯ ва қувваи хеле азиманд, ҳастии миллат ва ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлоланд. Маҳз онҳо имрӯзу фардои Тоҷикистони азизро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ менамоянд ва созандагони ҷомеаи ояндаанд. Ҳамеша ба ҳаёти сиёсии мо пайванданд ва дар ин роҳ барои пешбурди ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ саҳм мегиранд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ зикр карда буд, ки: «Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд». Аз ин ҷо таваҷҷуҳ ба таърихи ҷавонон, нақши онҳо дар ҷомеа, ҳаракат ва иқдомҳои онҳо, ташкилот ва созмонҳои ҷавонон, фаъолият ва густариши сиёсии онҳо, созандагӣ ва нақши онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ хеле назаррас гардидааст. Омӯзиш ва таҳқиқи таърихи ҷавонон ҳануз диққати олимонро барвақт ҷалб карда буд. Силсилатаҳқиқоти олими маъруф, доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар ин самт хеле назаррас буда, арзишҳои баланди илмӣ доранд. Ковишҳо ва ҷустуҷӯи илмии ӯ дар ин самт чил солро фаро мегирад. Агар гӯем, ки тамоми нерӯи зеҳнӣ ва ақлии худро аз овони донишҷӯӣ ба масъалаҳои таҳқиқи фарҳанг ва таърихи ҷавонони тоҷик ҳамчун як нерӯи азими пешбарандаи ҷамъият сарф кардааст, шояд хато нашавад. Аз силсилаи мақолаҳо то китобу монографияҳо, дастур ва брашураҳо маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд. Ӯ бори нахуст дар айёми донишҷӯӣ бо ҳидояти дотсент Ф. Зикриёев (ҳоло доктори илмҳои таърих, профессор) дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон дар мубориза
барои маҳви бесаводӣ (солҳои 1929-1933)» маърӯза намуд ва аз он рӯз дилгармона ба илм машғул гардид. Омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯ ва таҳқиқи мавзӯи комсомол ва таърихи ҷавонон ӯро ба қуллаҳои мурод расонд. Солҳои минбаъда вай пайваста ба тадқиқот машғул гардида, доир ба таърихи ҷавонон ва фарҳанг асарҳо офарида, дар симпозиумҳо, конфронсҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ дар шаҳрҳои Москва, Одесса, Душанбе, Тошканд, СанктПетербург, Бишкек маърӯзаи илмӣ намуда, шарафи илми тоҷикро ҳифз карда, аз тарафи мутахассисон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ баҳои сазоворро соҳиб гардидааст. Ӯ ҷавон буду маърифати баланди илмӣ дошт. Касби худро эҳтиром мекард ва дӯст медошт.
аст, ки дар ин мавзӯи муҳим ва актуалӣ силсилаи асарҳои ҷолиби илмӣ навиштааст. Аз ин ҷо, монографияи навтаълифи ӯ «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» (Душанбе, Ирфон, 2013, 340 с.) нишони ковишҳо ва таҳқиқоти наве дар ин самт аст. Ҳақ ба ҷониби муаллифони сарсухани китоби тозанашри ин олим аст, ки навиштаанд: «Имрӯзҳо доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Машрафович Набиевро аҳли илм ва ҷомеа ҳамчун кашшофи масоили ҷавонон, муҳаққиқи беҳамтои таърихи ҷавонон мешиносанд ва қадр мекунанд. Вай хуб медонад, ки масъалаи тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои муҳими рӯз буда, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ фарҳангии
саҳми боарзиш мегузорад. Таъкид ба ёдоварист, ки маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки тафаккури созанда доранд, метавонанд дирӯзу имрӯз ва фардои ин миллати бузургро пайвандгар бошанд. Ҷавонон дар тамоми давру замон барандаи ақоиди тавонои тамаддунӣ ва илмию адабӣ буданду ҳастанд. Аз ин ҷо, ҷавонони тоҷик пайвандгари наслҳо ва фарҳанги имрӯзу фардои моянд. Ҳамин ва дигар андешаҳои муаррих ва муҳаққиқи донишманди тоҷик, профессор Ваҳҳоб Набиев дар рӯи асари калонҳаҷми худ «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» рехтааст, ки ҳар сатри он аз муҳаббат ба кишвар, муҳаббат ба ҷавонон, ба кору пайкори созандаи онҳо, ба илму дониш, маърифати онҳо, хи-
Ҳамин эҳтиром ба илм буд, ки соли 1986 дар мавзӯи «Комсомоли Тоҷикистон - ёрдамчии фаъолони ҳизби коммунистӣ дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)» рисолаи номзадӣ, соли 1998 дар мавзӯи «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)» рисолаи доктории хешро дифоъ намуд. Силсилаи китобу монографияҳои ӯ «Бо номи дӯстӣ ва бародарӣ: таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)», «Комсомол ва фарҳанг», «Комсомоли Тоҷикистон дар дигаргунсозии маданияти деҳот», «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон», «Самараи ризоият», «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат», «Сайри гули лола: ҷустуҷӯ, бозёфт ва комёбиҳо», «Навниҳолони боғи истиқлол», «Иҷлосияи тақдирсоз ва самтҳои асосии ҳаракати ҷавонони Тоҷикистон», «Сулҳ, ризоият, ваҳдат», «Ҷонфидоиёни Ватан», «Фарҳанг ва ҷавонон», «Ваҳдат - ганҷи ҷовидони миллат», «Нигоҳе ба фарҳанги миллии тоҷикон», «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Посдори фарҳанги миллӣ», «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон» ба табъ расидааст, ки фарогири мавзӯи мубрами рӯз аст. Шояд профессор Ваҳҳоб Набиев ягона муаррихе
Тоҷикистони соҳибистиқлол вобастагӣ дорад». Дар ин самт суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақши созандагӣ ва бунёдкорӣ дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро дарк намоянд. Зеро ин мафҳумҳое мебошанд, ки ҳар як ҷавон дер ё зуд барои фаҳмидани мазмуни он мекӯшанд». Ин гуфтаҳои Президенти мамлакат профессор Ваҳҳоб Набиевро водор намуд, ки дар ин самт силсилаи асарҳои тадқиқотӣ ва китобҳои зиёде эҷод намояд. Дар ҳақиқат, асарҳои ӯ «Мақсадтарбияи истеъдодҳои ҷавон», «Президент Э.Ш. Раҳмонов ва густариши худшиносию ифтихори миллии ҷавонон», «Ҳамкории ҳизбҳою ҳаракатҳои сиёсӣ бо ташкилотҳои ҷавонон», «Саҳми ҷавонони эҷодкор дар рушди фарҳанг ва санъати Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Нақши олимони ҷавон дар рушди илми Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Фарҳанг сафири дӯстӣ ва бародарӣ», «Ҷавонон - мунодиёни сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол» аҳамияти илмӣ-назариявӣ ва амалӣ доранд. Ин ва дигар осори профессор Ваҳҳоб Набиев дар ҷодаи худшиносӣ, худогоҳӣ, тафаккури баланди миллӣ, хештаншиносӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, аз таърих ва ҳувияти миллӣ, барои созандагии насли ҷавон
раду руҳонияти онҳо фароҳам омадааст. Монографияи арзишманди профессор Ваҳҳоб Набиев «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» аз се боб ва фаслҳои зиёде фароҳам омада, бобҳо ва фаслҳо аз нигоҳи мантиқӣ ва мазмуният пуркунандаи ҳамдигаранд. Яъне, ҳамдигарро тақвият мебахшанд. Ба андешаи муҳаққиқ: «Дар бунёди давлати демократию дунявӣ мақоми ҷавонон бағоят бузург аст». Воқеан, дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ҷавонон як қувваи пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ мешаванд ва онҳо нерӯи пуриқтидоранд. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон дод, ки ҷавонон барои муттаҳид намудани ҷомеа, барои ба эътидол овардани авзои иҷтимоию сиёсӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пешбурди хоҷагии халқ, илму маориф, таъриху фарҳанг саҳм доранд ва таҷрибаи кофӣ андӯхтаанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон гуфта буд: «Мо бояд дар замири насли ҷавон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро талқин намоем, то онҳо тавонанд дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намоянд». Дар ин асар таърихи ҷавонони
Таҳқиқгари таърихи ҷавонон
тоҷик бо тамоми паҳлӯҳояш инъикоси худро ёфтаанд. Албатта, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи ҷавонон ва фарҳанги ҷавонони Тоҷикистон на танҳо аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти амалӣ низ дорад. Зеро имрӯз аксари аҳолии ҷумҳурии моро ҷавонон ташкил мекунанд, ки таҳлили илмии самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо, эҷоду кору пайкори онҳо барои имрӯзу фардо хеле зарур аст. Таҳқиқи таърихи ҷавонон ва фарҳанги онҳо барои оянда ба роҳи рост ва ҳисси масъулияти баланди ҷавононро дар ҷомеаи имрӯзаи мо, ки басо ҳассос аст, муайян менамояд. Таҳқиқу таҳлили муаррих, профессор Ваҳҳоб Набиев дар ин самт мақсаднок аст. Мақсади асосӣ тарбия ва ҳидоят ба ободӣ, созандагӣ ва эҳтиром доштани ҳувияти миллӣ, пос доштани таърихи ниёгон, пешбурди илму ирфон, мактабу маориф аз тарафи ҷавонон аст. Дар асари «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» масъалаҳои густариши сиёсати давлатии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар мустаҳкам намудани истиқлолият, ташаккул ва инкишофи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар ободӣ ва пойдории кишвар, мақоми ҷавонон дар инкишофи фарҳанги бадеӣ, ҷавонон тарғибгари сулҳу ваҳдат, варзиш ҳамчун пайвандгари сулҳу дӯстӣ, рушди илму маориф, адабиёт ва санъат, ҳунар ва истеъдод, тарғибу таҳкими сулҳу ваҳдат, робитаҳои дӯстӣ, пешрафти мамлакат, меросбарони таърих ва дигар масъалаҳои мубрам ҳаллу фасли худро ёфта, таҳқиқи ҷидӣ шудааст. Зикр бояд кард, ки марҳилаҳои гуногуни таърихӣ паси сар мешаванд, ҷомеа пеш меравад, муносибат ба сиёсати ҷавонон шакл дигар мекунад, ҷавонон низ пеш мераванд, афкор дигар мекунанд, ақоиду назари хешро нисбат ба Ватан мусбат арзёбӣ мекунанд. Дар раванди ташаккули ҷомеаи демократӣ саҳм мегиранд, кашфиёт мекунанд, илм пеш меравад ва чунин таҳқиқот низ бо шаклу шеваҳои гуногун идома меёбад. Мо боварии комил дорем, ки доктори илми таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев тадқиқҳои хешро роҷеъ ба таърихи ҷавонон ва фарҳанги онҳо идома медиҳад, асарҳои ҷолиби диққат меофарад. Монографияи арзишманди профессор Ваҳҳоб Набиев «Созандагони Тоҷикистони соҳибистиқлол» ки манзури хонандагони азиз мегардад дар ҷодаи худогоҳӣ, худшиносӣ, миллатшиносӣ, поси эҳтироми миллӣ, ифтихори миллӣ, ҳувияти миллии насли ҷавон саҳми бузург ва арзанда хоҳад гузошт.
Аъзамҷон АЗИМОВ, доктори илмҳои филология, профессор
… Капур, ситораи кинои њиндї
Себи …, мева
Пасан- Наќлкунанда, дози гўянда бонкї
…Малахов, барандаи ТВи рус
Абуали …-и Сино
Маводи мухаддир
БоМусобиќаи Тухми ло калонтарини ѓалла
Дар чопхона чоп мешавад
Либоси занонаи русї
Чилику … (бозї бо чўбњо)
«Асос»и нон
тасвир
Моряк, матрос (тољ.)
Муњаммад …, академик
Буддоиён ба чї ибодат мекунанд?
Навъи матбуот
Нўли яроќи оташфишон
Забони Яману Ироќ
Кори хаттии хонандаи мактаб
Максим …, барандаи ТВ-и рус
Домод дар рўзи тўй
Моњи толеънома
Расм, Танњо
Миллати сокини Финландия
… Падуконе, ситораи кинои њиндї
Fe, унсури кимиёвї
Пойтахташ Баѓдод
Ќабати њавои Замин
Тамѓаи автомашинаи немисї
Хониш дар мактаб
Ин алафро бандча карда мефурўшанд
варзишї
Ќанди саќичмонанд
Занбўр њосил мекунад
Мусиќии Баха-84 ва Тимати
Фармон
Панљаи дасти барои задан тайёр Њаракати одам дар об
… Басу, ситораи кинои њиндї
Моњи сол
Тарї Њазор бе ду нол
Санги ангуштарин
Овоз
Моеи сурх барои захмњо
Пулро ба бонк мерасонад
… Делон, актёри машњури фаронсавї
«ИМА» ба русї
«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
15
ВАРЗИШИ АҚЛ
Сарояндаи рус … Пугачёва
Њиссачаи тасдиќї
Љойи дўхтаи либос
Сенбернар, чўпонї ё булдог …и саг
Ќисми риёзї
Пораи кўњ
Ба он латта печонда, фарш мешўянд
Њис
Пули давлат
… Оберой, ситораи кинои њиндї
Махлуќи афсонавї
Шинос
Дод, фарёд
Муќобили «кўњна»
Анзоб, Шар-Шар, Фахробод
Пешоянд
Нам
Ќисми сергўшти пой
Ќишлоќ не Ноњия дар Хатлон
Хирад
Падар (лањљ.)
Захм, љароњат
Асбоби челонгар
Беморї, …и дандон ё сар
Намуди беруна
Асбоби Инкор бурранда
Дар сари арўс Печ, гардиши гирди худ
«... бисуду фурў рехт њар чї дандон буд»
Асбобе, ки тайёрањоро «мебинад»
Панљу Вахш баъди вохўрї
Озуќаи сафар
Баланд не
«Инсў …, онсў …, миёна гўшти барра»
Нотаи чоруми мусиќї
Ќасри амири Бухоро Нињон, пинњон (лањљ.)
Њисса- Нок… њолат чаи дар бокс инкорї
... Собир, шоири тољик
e-mail: javonontj@mail.ru
ЗаминБеларза, обхезї ё фањмї, тўфон нодонї
16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №5 (9327), 30 ЯНВАРИ СОЛИ 2014
ТАБАССУМИ РАССОМ
ФАРОҒАТ
Лутфи ҷавонӣ
МУАССИС:
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мурод барои харидани парашут меравад. Якеро интихоб карда, аз фурӯшанда мепурсад: - Ин парашут ягон нуқс надорад? - Ака, 100 фоиз кафолат медиҳам. Гирифта бар, вақти аз ҳаво паридан, агар кушода нашуд, биёр дигараша медиҳам.
САРМУҲАРРИР
Самариддин АСОЕВ
***
Пиразани 75-сола субҳи барвақт саросема дорухона даромада, ба фурӯшанда мегӯяд: - Ба ман як доруе лозим, ки хурдан баробар ҷон диҳам. Фурӯшанда бо ҳайрат мепурсад: - Тинҷӣ аст, бибӣ? Ин хел доруро чӣ мекунед?
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Умаралии САФАРАЛӢ
(котиби масъул),
Ноила ВОҲИДОВА
(муовини котиби масъул),
Сайфиддин СУННАТӢ
Толибшоҳи ДАВЛАТ
(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),
Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),
Наврӯз ҚУРБОНОВ Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),
Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),
Раҳим РАФИЕВ,
(хабарнигор, Хатлон),
Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)
Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03
e-mail: javonontj@mail.ru
¶
(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),
Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 6849 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Қарз
ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
- Саъдӣ барои харидани мӯзаи чармӣ пулам намерасад, як сомонӣ қарз медодӣ, - бо хиҷолат ба ман муроҷиат кард Ҳабиб. - Як сомонӣ ҳам гап шуд, - гӯён аз ҷайбам як сомонӣ бароварда, ба ӯ дароз кардам. Инро гиру баргардониданашро фаромӯш накун, хандида гуфтам ба ӯ. - Не, фаромӯш намекунам, маошамро, ки гирифтам, дарҳол пулатро бармегардонам, гуфта, Ҳабиб аз ман дур шуд. Маълум буд, ки ӯ шухии маро нафаҳмидааст. Ҳабиб инсони аҷибест. Ӯ одами хеле хуб, вазнину хоксор, босавод, вале аз ҳад зиёд сода мебошад. Мо, як гурӯҳ рафиқони ҳамкор бо ӯ шухӣ мекардем, аммо ӯ ҳамаи суханони моро ҷиддӣ қабул мекард. Ин дафъа низ ман ба ӯ ба таври шухӣ «пуламро баргардон» гуфтам. Аммо ӯ инро ҷиддӣ қабул кард. Аз байн як ҳафта гузашт, ин ҳодиса ба ёдам расид. Хостам шухиямро давом диҳам. Ба Қурбону Маҳмадалӣ гуфтам, ки Ҳабиб аз ман қарздор аст. Агар вақташон бошад, бегоҳӣ бо ман ба хонаи Ҳабиб раванд ва ман дар шоҳидии онҳо аз ӯ пуламро пурсам. Бегоҳӣ ба хонаи Ҳабиб рафтем. Дарро завҷааш кушод. Ҳабибро пурсидем. Занаш гуфт, ки Ҳабиб дар хона аст ва моро ба дарун даъват кард. Ҳабиб баъди бо мо вохурӣ кардан ба занаш хӯрок фармуд ва писари калониашро барои овардани нӯшокиҳо ба мағоза фиристод. Суҳбат тасфид. Ҳангоми дохили пешайвон шудан чашмам ба сатили даҳанпӯшидаи овезон афтид. Маълум буд, ки даруни сатил аз гӯшти бирён пур аст. Инро соҳибхоназанҳо барои рӯзи мабодо, яъне, рӯзҳое, ки ба монанди мо меҳмонони но-
хонда оянд, нигоҳ медоранд. Ман ба Ҳабиб гуфтам, ки хӯрок фармуда, янгаро ташвиш надиҳад. Барои нӯшокӣ ягон хуриш бошад, шуд. Ба ҳамин минвол се шиша арақро холӣ карда, захираи гӯшти бирёни барои рӯзи «мабодо»-и зани Ҳабибро хӯрда, ҳама хона ба хона шудем. Аз боби қарз даҳон накушодам. Баъди ду ҳафтаи дигар ман боз ба Қурбону Маҳмадалӣ гуфтам, ки бо ман ба хонаи Ҳабиб раванд, то ки қарзамро пурсам. Ӯ ҳоло ҳам қарзи маро надодааст. Онҳо розӣ шуданд. Намози шом нашуда, назди дарвозаи Ҳабиб ҷамъ шудем. Соҳибхона моро хуш пазируфта, пайи оростани дастархон шуд. Баъди пайиҳам холӣ шудани шишаҳо сӯҳбати мо тасфид. Хӯрокҳои пухтаи соҳибхоназанро ҳам бо иштиҳо хӯрдем. Шаб нисф шуда буд ва мо тараддуди хонаравӣ карда, ба ҳавлӣ баромадем. Акнун хайрухуш карданӣ будем, ки Қурбон коре кард, ки ҳамаи нақшаҳоро барбод дод. Ман мехостам, ки як бори дигар хонаи Ҳабиб меҳмон шуда, зиёфати олиҷаноби ӯро бихӯрем. Қурбон ба Ҳабиб рӯ оварда: «Гӯш кун Ҳабиб, ту пули қарз гирифтаатро кай ба Саъдӣ бармегардонӣ? О, қарз, ки гирифтӣ, сари вақт баргардон. Одамонро чӣ саргардон мекунӣ?» - гуфту ба девори ҳавлӣ такя зад, то наафтад. Ҳабиб бо шунидани ин суханон аввал лолу ҳайрон ба ман нигаристу баъд ба ситеза гуфт: - Охир, ҳамин маблағи арақҳои харидаи ман аз сад сомонӣ ҳам зиёд шуданд. Ҳамаи хароҷотам барои як сомонӣ қарз гирифтаам аст, магар?...
АШРАФ
***
Салим аз наздикии боғи Рӯдакӣ мегузарад, ки ҳамсояаш рӯи як курсӣ ғамгин нишастааст. Мепурсад, ки чӣ шуд? - Биё наздам шин, нақл мекунам. Салим рафта, дар паҳлӯи ҳамсояаш мешинад. - Хуш, чӣ гап аст? - Курсиро ранг кардаанд, шимам ҷазир шуд. ***
- Шаб раҳматии шавҳарам дар хобам даромад. Дар он дунё зан мегирифтааст, рафта тӯяша вайрон мекунам.
*** Дар мактаб муаллима аз Ҳалим мепурсад: - Ба ту тамошои чӣ хел филмҳо писанд аст? - Филмҳои ҳиндӣ. - Барои чӣ? - Охир, Ҷимира аз задара мекушан, сигареташ аз даҳонаш намеафтад.
***
Салим дар истгоҳ нишаста, бо овози баланд механдад. Аз ӯ мепурсанд: - Барои чӣ механдӣ? - Кондуктори автобуса фиреб додам. -Чӣ хел фиреб? - Пулаша додаму ба автобус савор нашудам.
***
Харро ба тӯй даъват мекунанд. Аммо намеравад. Аз ӯ мепурсанд: - Барои чӣ тӯй нарафтӣ? - Маро барои обкашӣ ҷеғ мезананд.
***
- Духтурҷон, мехоҳам, ки ҳамеша зинда бошам. - Имкон дорад, танҳо дар қалби волидону хешовандон.
***
Духтур ба бемор: - Ман ба ту ду хабар дорам. Як хабари хуш ва як хабари бад. Аз кадомаш сар кунам? - Беҳтараш аз хабари бад. - Мо иштибоҳан пойи сиҳати шуморо буридем. - ??? - Пойи касалатонро бошад, табобат кардан имкон дорад.