Javonon №6 (9328), 6.02.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

№6 (9328),

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

1

6 феврали соли 2014

ОЛИМПИАДАИ ЗИМИСТОНА-2014

Ҳадяи раиси шаҳри Душанбе ба занҳои кӯчарӯб

АЛИШЕР ҚУДРАТОВ

Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ 7-23 феврал дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешаванд. Дар он ширкати беш аз 2600 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо дар 7 риштаи варзиш (биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ), ки боз навъҳои худро доранд, мубориза мебаранд.

ДАСТГИРӢ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе супориш додааст, ба занҳои кӯчарӯб, ки дар ҳавои сард ба тоза кардани ҷодаҳо машғуланд, кӯмаки якдафъаина ба маблағи 1000 сомонӣ дода шавад.

ИҚТИСОД

Ифтитоҳи гузаргоҳи гумрукӣ дар МОИ «Панҷ» Дар минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Панҷ» гузаргоҳи нави гумрукӣ ба истифода дода шуд, ки дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир воқеъ аст. Акнун МОИ «Панҷ» расман дорои гузаргоҳи гумрукӣ гардида, айни замон дар он 9 ширкат сабти ном шудаву корҳои бунёдӣ дар онҳо идома доранд.

РУШДИ ТУРИЗМ

Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон - 2014» 4-8 март дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи модар Намоишгоҳ-ярмаркаи 16-уми байналмилалии тӯҳфаю сайёҳии «Тоҷикистон-2014» доир мегардад. Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид изҳори умедворӣ намуд, ки ташкили намоишҳо ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ, бастани қарордодҳои судманд ва рушди соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.

КИТОБИ НАВ

Тоҷикистонро дар Сочӣ Алишер намояндагӣ мекунад

«Таърихи Рӯшон» ба нашр расид Аз тариқи нашриёти «Илм» китоби «Таърихи Рӯшон» чоп шуд. Он аз се қисмат иборат буда, аз таърих, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми ноҳияи Рӯшон нақл мекунад. Муаллифи китоб, журналист, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон Мамадалӣ Бахтиёров мебошад.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

ОБУНА-2014


АДЛИЯ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

2

МОЛИЯ

Маблағи ҷоизаҳо меафзоянд 3 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ вазири молия Абдусалом Қурбонов гуфт, соли 2014 маблағи ҷоизаҳои давлатӣ афзоиш меёбад.

Намояндагони васоити ахбори омма пурсиданд, ки дар маҳбасхонаҳои кишвар чӣ қадар маҳбус нигоҳ доштаю чӣ қадар ҳукми якумрӣ гирифтаанд ва оё вазир аз ин муассисот дидан мекунад? - Ҳоло дар маҳбасхонаҳои кишвар беш аз даҳ ҳазор нафар маҳбус нигоҳ дошта мешаванд, ки аз ин шумор 320 нафар хориҷианд. Зиёда аз панҷоҳ нафар ҳукми абад гирифтаанд, - посух дод вазир. – Азбаски ин муассисаҳо тобеи вазорати мо маҳсуб меёбанд, аз рӯйи вазифа сари чанд вақт аз маҳбасхонаҳо дидан мекунам. Вазъи маҳбасхонаҳо чандон бад нест.

Абдусалом Қурбонов вобаста ба ин мавзӯъ дар посух ба суоли хабарнигорон таъкид дошт: “Афзалиятҳое, ки ҳар сол дар буҷети давлатӣ пешниҳод мешаванд, сол аз сол тамоюли зиёдшавиро доранд. Барои ин соли 2014 низ ҳама намуд, яъне, барои мукофоти давлатӣ ва дигар чорабиниҳо дар сатҳи афзоиш ба нақша гирифта шудааст”. Дар идома Абдусалом Қурбонов гуфт, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 9,3 млрд. сомонӣ ворид гардид. Буҷети ҷумҳуриявӣ 100,2 фоиз, буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба 103,0 фоиз ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 92,0 фоизи нақшаро ташкил додааст. Абдусалом Қурбонов, ҳамчунин, таъкид дошт, ки дар ин давра барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 5418,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла, маориф – 2009,0, тандурустӣ – 780,0, ҳифзи иҷтимоӣ – 2217,1, фарҳанг ва варзиш – 412,5 ва ба соҳаи иқтисодиёт 2412,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла, кишоварзӣ – 233,8, энергетика – 1148,8, нақлиёт ва коммуникатсия – 903,0, саноат ва сохтмон – 90,6 ва барои дигар соҳаҳои иқтисод 35,6 млн. сомонӣ равона шудааст. Вазири молия дар нишаст ба масъалаи қарзи хориҷии кишвар низ дахл намуда, изҳор дошт, ки то 1 январи соли 2013 маблағи умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ 2 161,5 млрд. доллари амрикоиро ташкил дода, ба 25,4 фоизи ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Аз ҷумла, қарзи бевоситаи давлатӣ, ки Ҳукумати кишвар хизматрасонӣ менамояд, 1955,2 млрд. доллари амрикоиро ташкил дода, ба 23,0 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Нигаронӣ аз ҷалби наврасон ба машқҳои шарқӣ Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ҳоло як қисм шаҳрвандони кишвар баҳри беҳдошти рӯзгор рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Хусусан, ба Русия. Дар ғурбат эшонро мушкилоти зиёд домангир аст. Яке аз онҳо сабти ному насаб бо шакли тоҷикӣ дар шиносномаҳост, ки маъмулан «ев»-у «ов» ва «евич»-у «ович»-и шакли русӣ сарфи назар мегардад. Ин ҳолат барои полисҳои рус чун аз таги нохун чирк ҷӯстан як баҳонаи тайёр аст. Ин мушкилот аксар шаҳрвандони моро водор намудааст ҳини ба диёр баргаштан шакли русии ному насабро дубора барқарор намоянд. - Ин ҳолат набояд боиси ташвишу изтироби шаҳрвандони тоҷик бошад, - гуфт вазири адлия Р. Менглиев. – Чунки ҳар миллат сабти ному насаби ба худ хос дорад. Агар шаҳрвандони мо ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷират дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар рӯ оранд, фикр мекунам, масъала ҳалли мусбат меёбад.

Бархе аз рӯзноманигорон аз он нигаронӣ карданд, ки ҳоло дар кишвар мактабҳое сабти ном шуда, наврасону ҷавононро фарогири омӯзиши машқҳои бисёрҳарбаи шарқӣ намудаанд. Наврасон машқҳои ҷангиро омӯхта, пасон, дар муҳокимаю муноқишаҳои гуруҳӣ ширкат ва аз ин усулҳои ҷангӣ истифода бурда, боиси ҷароҳатҳои вазнин бардоштан ва ҳатто сабаби ҳалокати одамон мегарданд. - Ҳоло дар кишвар 40 адад чунин мактабҳо сабти ном шудааст, - гуфт вазири адлия. – Рости гап, доир ба фаъолияти онҳо он қадар маълумоти дуруст надорем. Лекин мекӯшем камбудиҳо бартараф гарданд.

ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН

Нарасидани тракторҳо ва мушкилоти роҳи оҳан

e-mail: javonontj@mail.ru

Корхонаи «Тоҷикагролизинг» аз соли 2007 дар асоси қарори Ҳукумати кишвар ба фаъолияият оғоз намуда, бобати бо техникаи кишоварзӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳмгузор аст. - Вақте ки корхонаи мо таъсис ёфту ба фаъолият оғоз намудем, дар хазинаи оинномавии он ба андозаи 2,3 миллион доллари амрикоӣ маблағ вуҷуд дошт, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ сарвари корхонаи «Тоҷикагролизинг» С. Хайриддинов. - Имрӯз бошад, корхона дар ихтиёри хеш 7,3 миллион доллар маблағ дорад. Тамоми хароҷот, аз ҷумла, хароҷоти ғайриистеҳсолӣ аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидории корхона анҷом меёбад. Тавре сарвари корхона зикр намуд, ҳоло дар 33 шаҳру навоҳии кишвар «Агролизинг» марказ ташкил намуда, аз мавсими шудгори замин то давраи ҳосилғундорӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва деҳқонон кӯмак ва хизматҳои гуногун расонда, бобати афзун намудани маҳсулоти кишоварзии дохилӣ, торафт ба по хестани хоҷагиҳои деҳқонӣ саҳми босазо дорад. Соли гузашта корхона 101 трактор, 2 комбайни ғалладарав, 21 испор, 106 таҷҳизоти гуногун харидорӣ намуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас гардонид. Ҳамчунин, 5 картошкашинонак,

5 култиватори картошка ва 5 картошкаканак дастрас шуда, рӯзҳои наздик мавриди истифодаи кишоварзони ноҳияи Рашт қарор хоҳад гирифт. - Ҳоло ба корхона барои дастрас намудани техникаи гуногуни кишоварзӣ 260 ариза ворид гардидааст, - зикр намуд С. Хайриддинов. – Дар ҷумҳурӣ

зиёда аз 75 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст, ки ба техника эҳтиёҷи зиёд доранд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, бо ташкилоту муассисаҳои хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, қарзҳои имтиёзнок ва бебозгашт, кӯмакҳои башардӯстона вохӯрию мулоқот анҷом додем. Аз ҷумла, ду маротиба бо Аген-

тии байналмилалии ҳамкориҳои давлати Ҷопон «JICA» ҳамкорӣ намуда, 172 техника ва 169 таҷҳизот дастрас ва ба хоҷагиҳои деҳқонии кишвар тақсим намудем. Ҳоло кишоварзони ҷумҳурӣ ба 10 ҳазор трактори гуногун, 216 техникаи махсус барои коркарди боғҳо ва дигар техникаю таҷҳизот ниёз доранд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, роҳбарияти корхона саъй дорад, ҷиҳати дастрасии техника ва дигар таҷҳизот ҳамкориро бо ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла, хориҷиён вусъат дода, ҳарчи бештар маблағро соҳиб ва кишоварзонро бо техника таъмин намояд. Аммо баҳри кори мувафффақонаи корхона як қатор мушкилот ҷой доранд, ки рафъи онҳо ҳатмист. Аз ҷумла, дурии роҳи оҳан аз анборҳои корхона ва нарасидани кадрҳои соҳибихтисос бобати таъмири техникаву таҷҳизоти гуногунтамғаи муосир. - Умед аст, камбудиҳои ҷойдошта бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Ҳукумати ҷумҳурӣ рафъ ёфта, ҷиҳати бо техникаи муосир боз ҳам хубтар таъмин намудани кишоварзони кишвар саҳми босазо хоҳем гузошт, - гуфт дар поёни нишаст сарвари корхонаи «Тоҷикагролизинг» С. Хайриддинов.

Т. ДАВЛАТ, «ҶТ»


3

КОММУНИКАТСИЯ

Гардиши савдои хориҷӣ афзуд Раиси Бонки миллии мамлакат Абдуҷаббор Ширинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли гузашта ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 40,5 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ 5000,6 сомонӣ ё 1014 доллари ИМА рост меояд. Рушди воқеии ММД соли гузашта нисбат ба соли 2012 7,4 дарсадро ташкил дод.

Сохтмони роҳи Душанбе-Данғара дар ҳоли анҷомёбист ташкилотҳои қарзӣ ва шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба аввали сол 202 адад зиёд мебошад. Тибқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» (Doing bizness) баҳодиҳии имконияти дастрасӣ ба қарз рейтинги Тоҷикистон дар соҳаи низоми молиявӣ 23 зина баланд гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳими низоми бонкӣ мебошад. Соли гузашта тибқи тартиби муқарраршудаи қонунгузории Федератсияи Русия Бонки миллии Тоҷикистон ва СК “Бонки Эсхата” узви комилҳуқуқи Биржаи байнибонкии асъори шаҳри Москва гардиданд. Ҳамчунин, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли 2012 50 дарсад зиёд гардида, 4,7 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 898,9 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 41,6 дарсад зиёд мебошад.

Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Душанбе-Данғара яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

С. САЙФИДДИН, «ҶТ»

- Соли 2013 Консерваторияи миллӣ 10-сола шуд. Дар ин муддат ин муассисаро 340 нафар хатм намуданд, ки дар театрҳо, таълимгоҳҳои мусиқӣ ва санъат, ансамблҳои ҳунарӣ ва пажӯҳишгоҳҳо кору фаъолият мекунанд, - зикр кард Фароғат Азизӣ, ректори Консерваторияи миллӣ зимни нишасти матбуотие, ки 3 феврал баргузор шуд.

РОҲИ ОҲАН

Сабукиҳо ба тоҷирон дар Роҳи оҳан Амонуллои Ҳукуматулло, собиқ директори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки дар давоми соли 2013 ҳаҷми боркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан 6 миллиону 735 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 1 миллиону 670 ҳазор тонна ва нисбат ба соли 2009 7 миллиону 811 ҳазор тонна кам мебошад. - Соли гузашта роҳи оҳан 3 тепловози нави маневрии истеҳсоли корхонаи мошинсозии Брянск, 2 қатора-ресторан ва 150 қатораи нави боркаш харидорӣ намуда, дар корхонаҳо 35 қатораи боркаш ва 50 қатораи мусофирбар аз таъмири асосӣ бароварда шуд, - гуфт А. Ҳукуматулло. Номбурда афзуд, ки “Роҳи оҳани Тоҷикистон” муттасил барои тоҷирону соҳибкорону кишоварзони ватанӣ шароити хуби боркашонӣ муҳайё карда, барои содироти маҳсулоти зудвайроншавандаи кишоварзӣ тавассути Роҳи оҳан мунтазам сабукиҳо пешниҳод мекунад.

Ҳасан АЗИЗОВ, “ҶТ”

- Ин шоҳроҳи байналмилалӣ буда, вилояти Хатлонро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъдан бо шоҳроҳи Қароқуми Ҷумҳурии Халқии Хитой мепайванданд, - гуфт Мухтор Неъматов, директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо зимни нишасти матбуотие, ки 29 январ баргузор гардид. Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки мақсад аз татбиқи лоиҳа мусоидат намудан дар рушду нумуи иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки лоиҳаи таҷдиди қисмати аввали роҳи нақлиётгарди ДушанбеҚулма, қитъаи Душанбе –Данғара ба се марҳила ҷудо шудааст ва айни замон корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи сеюм бо суръат пеш меравад. Арзиши нархномавӣ мувофиқи санадҳои тасдиқшудаи лоиҳавию нархномаи иншооти баанҷомрасида дар се марҳила 220 миллиону

843 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, яке аз сабабҳои асосии пеш аз муҳлат валангору корношоям шудани роҳи Душанбе-Чанак ва дигар роҳҳои ҷумҳурӣ гузаштани мошинҳои гаронвазн аз болои онҳо мебошад. - Роҳҳои сохташудаи ҷумҳурӣ барои 40 тонна вазн дар назар гирифта шудааст, яъне, нақлиёте, ки бояд аз болои ин роҳҳо гузарад, бораш набояд аз 40 тонна зиёд бошад, аммо аз соли 2006 ба бозори нақлиёти автомобилгарди кишвар мошинҳое ворид шуданд, ки бо бор то 100 тонна вазн доранд. Барои ҳамин, ин роҳҳо тез-тез корношоям мешаванд, - гуфт Қодир Саидов, директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи мошингарди Душанбе-Чанак”.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

САНЪАТ

Проблемаҳои ҳалталаби консерватория зиёданд Фароғат Азизӣ афзуд, ки: «Дар пеш вазифаҳои хеле бузург оид ба бардоштани сифати таълим ва илм истодаанд. Баҳри иҷрои чунин ҳадафҳо мо бояд ба нуктаҳои зерин аҳамияти хоса диҳем: бардоштани саводи тахассусӣ, забондонӣ, донишу малакаи технологияи компютерӣ, таҳия намудани санади асосии рафтору одоби тарбияи донишҷӯён, ворид намудани шаклҳои нави сабақомӯзӣ, ворид намудани системаҳои нави таълимӣ, таъмин намудани шароит баҳри амалӣ гардондани потенсиали эҷодии донишҷӯён ва илмӣ-эҷодии муаллимон, таъсиси факултаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ барои омӯзгорони мактабҳои мусиқӣ, таъсиси лабораторияи илмӣ-

истеҳсолии созҳои мусиқӣ, фаъол гардондани курсҳои тайёрӣ барои ҷалби довталабон. - Проблемаҳои ҳалталаби консерватория зиёданд, аз ҷумла, тарбия намудани ҷурсозон аз ҳисоби ҷавонон, таъмини созҳои аврупоиасос барои ҷараёни таълим, ба лабараторияи илмӣ-истеҳсолӣ ҷалб намудани устоҳои созтарош, таҳияи китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, ба ҳайати донишҷӯёни консерватория ҷалб намудани ҷавонони болаёқати минтақаҳои кишвар ва афзалият додан ба интихоби ятимону бепарасторон, - изҳор намуд Фароғат Азизӣ.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

- Соли гузашта коҳишёбии нархи орди навъи якум (11,7%), ки нақши он дар сабади истеъмолӣ аз ҳама зиёд (14,7%) аст, бевосита ба пастравии нисбии сатҳи таварруми маҳсулоти хӯрокворӣ мусоидат намуд, - гуфт Абдуҷаббор Ширинов. – Гардиши савдои хориҷӣ соли сипаришуда 5,3 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 29% зиёд аст. Дар ин давра ҳаҷми содирот 14,4% коҳиш ёфта, ба 1,2 миллиард доллар расид. Воридот 9,1% афзуда, 4,1 миллиард долларро ташкил дод. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилотбуда ба 4,5 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки аз он 28,7 миллион сомониашро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд. Соли гузашта 2,0 миллиард сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 850,5 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1426 нуқтаи мубодилаи асъори

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

ИҚТИСОД


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

4

ОБУ ҲАВО

Пешгӯӣ дуруст баромад Даҳаи охири моҳи январи соли равон директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ Маҳмад Сафаров тавассути шабакаҳои телевизионӣ иттилоъ дод, ки аз 1 то 5 феврали соли равон ба ҷумҳурӣ ҳавои сарди арктикӣ ворид шуда, барф меборад. Воқеан, 1 феврал барфи шадид борида, ҳаво 3-15 дараҷа сард шуд. Ҳарчанд як ҳафта пешакӣ сард омадани ҳаво пешгӯӣ шуда бошад ҳам, рӯзи душанбе (3 феврал) дар пойтахт ба ҷои кор расидан мушкил буд. Зеро роҳҳо пур аз барф буданду нақлиёти ҷамъиятӣ хеле кам ҳаракат мекард. Тайи 35 дақиқае, ки мо дар назди истгоҳи маҳаллаи Қарияи Боло қарор доштем, ҳамагӣ як автобуси рақами 8 гузашт, ки хеле сермусофир буд. Аксар микроавтобусҳои хатсайри мазкур то Фурӯшгоҳи марказӣ мерафтанд. Ниҳоят, дар яке аз микроавтобусҳо ҷой ёфта, то Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе рафтам. Ронандаҳои таксӣ камчинии нақлиётро дида, нархро ба осмон бардоштанд. Чунончи, ронандаҳои мошинҳои сабукрави Ҳисор-Душанбе, ки ҳар рӯз аз ҳар як мусофир 5 сомонӣ мегирифтанд, 3 феврал нархро то 10 сомонӣ бардоштанд. Ташаккур ба ронандаҳои «Газел», ки чун дигар рӯзҳо бо 3 сомонӣ мусофиронро ба манзил расониданд. Роҳкирои самти Фархору Кӯлоб низ дар ин рӯз то 60-80 сомонӣ боло рафт. Дар шаҳри Душанбе бошад, дар самти микроавтобуси 8 «таксиҳои 3-сомонӣ» аз мусофирон 5-сомонӣ меситониданд. Агар роҳ сари вақт аз барф тоза шуда, нақлиёти ҷамъиятӣ (автобусу троллейбусҳо) бештар ба хатсайр мебаромаданд, ҳам мусофирон азоб намекашиданду ҳам ронандагон нақшаи рӯзонаашонро бинобар зиёд будани мусофирон иҷро мекарданд. Ба умеди «ҶДМ»-ҳои бешафоат набояд шуд. Зеро ин ҷамъиятҳои мусофиркашоние, ки дар хатсайрҳо ҳастанд, дар ихтиёрашон микроавтобус ё автобус надоранд. Ронандагон хоҳанд ба хатсайр мебароянд, нахоҳанд дар хонаи гарм мешинанд. Зеро табиист, ки дар чунин ҳавои сарду сербориш онҳо худро дар азоб мондан намехоҳанд. Аз ин рӯ, умеди мо мусофирон муассисаҳои нигоҳубини роҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ асту халос. Бинобар ин, аз масъулони соҳаи нақлиёти

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

ЭНЕРГЕТИКА

Истихроҷи ангишт зиёд гашт

e-mail: javonontj@mail.ru

Соли сипаришуда истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ 515 475 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 103 ҳазор тонна зиёд аст. Дар муқоиса бо соли 1991 истеҳсоли ангишт 205,8 ҳазор тонна афзуд. Ба гуфтаи вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов соли 2013 дар мамлакат боз 8 адад НБО-и хурд бо иқтидори 1816 КВТ сохта шуда, лоиҳакашӣ ва сохтмони 10 адади дигар оғоз гардид. Дар маҷмуъ, шумораи умумии нерӯгоҳҳои хурд ба 310 адад ва иқтидори лоиҳавиашон ба 28245 КВТ расонида шуд. Соли 2013 дар дегхонаи «шарқӣ» васл ва санҷиши таҷҳизоти хати истеҳсоли «Синтезгаз» ба анҷом расонида шуда, 15 декабри соли сипаришуда дегхона ба фаъолият шуруъ намуд. Иқтидори он имрӯз ба 9 ГКАЛ/соат расидааст. Ҳаҷми воқеии талафоти технологии

пойтахт хоҳиш мекунем, ки дар чунин рӯзҳои сард кормандони масъули тозакунии роҳ ва ронандагони нақлиётро аз ҷиҳати молиявӣ ҳавасманд созанд, то ба мусофирони сершумор мушкилӣ пеш наояд. Тибқи маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ шабонарӯзи наздик дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилоятҳои Хатлону Суғд шабона 15-17 дараҷа ва ҳатто то 20 дараҷа сардшавии ҳаво дар назар аст. Рӯзона сардии ҳаво 5-10 дараҷаро ташкил хоҳад дод. 6 феврал бинобар дохилшавии ҳавои сард боиси боридани барф дар қисми зиёди ҷумҳурӣ мегардад. Дар қисмати ҷанубии қаторкуҳҳои Ҳисор, аз ноҳияи Варзоб то Шаҳристон бо сабаби расидани ғафсии барф то 2 метр хавфи тармафароӣ зиёд аст. Ҳавои ниҳоят сард боиси яхбандӣ дар шоҳроҳҳо мегардад. Дар қисми зиёди ҷумҳурӣ фуромадани туман дар назар аст. Ҳамчунин, дар ин давра бинобар сард омадани ҳаво камшавии оби дарёҳо дар назар аст. Кандашавии хатҳои интиқоли барқ ва аз кор баромадани трансформаторҳо низ аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, сокинони кишварро зарур аст, ки ба исрофу талафи барқ роҳ надода, аз таҷҳизоти каммасрафи барқӣ истифода намоянд. Сарфаю сариштакорӣ пеши соатҳои зиёд бебарқ монданро пешгирӣ мекунад.

нерӯи барқ дар соли ҳисоботӣ 14,9% ё 2 миллиарду 525 миллион КВТ соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012 0,5% ва ё 92,3 миллион КВТ соат зиёд мебошад. - Сохтмони НБО-и «Себзор» бо иқтидори лоиҳавии 10 МВТ ва истеҳсоли 60 млн. КВТ соат нерӯи барқ дар як сол дар ноҳияи Рошқалъа ба нақша гирифта шудааст, - афзуд Усмоналӣ Усмонов. - Асосноккунии пешакии техникию иқтисодии он омода шудааст ва барои дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ ҶСК «Помир-энерҷӣ» бо Фонди Оғохон кор мебарад. Соли гузашта дар чоҳи ҷустуҷӯии №1 майдони Сариқамиш (ноҳияи

Шаҳринав) 887 метр корҳои пармакунӣ ба анҷом расонида шуда, чуқурии чоҳ ба 6450 метр расид. Алҳол дар чоҳи мазкур корҳои таҳқиқоти геофизикӣ ва озмоиши қабатҳои маҳсулдор давом дорад. Инчунин, корҳои пармакунӣ дар чоҳи №16-и майдони «Маҳрам» ба 4810 метр расонида шуда, айни замон корҳои омӯзиши қабатҳои маҳсулдор идома дорад. Имрӯз қарзи умумии корхонаҳо ва ташкилотҳои соҳаи об аз истифодаи нерӯи барқ бо назардошти қарзи солҳои гузашта 229,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”


Барои исботи ин гуфтаи худ кофист, ки назаре ба ҳаводиси кишварҳои Ховари Миёна намоем, агар ду инқилоби кишвари ҳамсоя – Қирғизистон сарфи назар шавад. Либия яке аз кишварҳои дорои захоири тиллои сиёҳ ва бою пешрафтае буд, ки дар он шароити зиндагии мардум аз кишварҳои аврупоӣ ҳеҷ тафовуте надошт. Ҷавонони Либия дар беҳтарин донишгоҳҳо таҳсил менамуданд. Мардум аксаран ба мисли дигар миллатҳо аз чизе танқисӣ намекашиданд. Зеро дар давраи ҳукмронии Муаммар Қаззофӣ хостаҳои онҳо бароварда шуд. Ба назари коршиносони аврупоӣ ягона камбудие, ки дар ин кишвар ба назар мерасид, дуру дароз ҳукмронӣ намудани Муаммар Қаззофӣ буд. Аммо оё воқеан сабаби инқилобҳои сархӯр, ки бо номи “баҳори араб” машҳуранд, метавонист дуру дароз роҳбарӣ намудани як нафар бошад? Дар замони муосир ва асри ХХI, ки ҳама ҷо сухан аз демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон меравад, шояд бештар аз 3 ва ё 4 даҳсола зимоми қудратро ба даст гирифтани як нафар қобили қабул набошад ва он ҳам дар мамлакате, ки сохти давлатдорӣ меросӣ ва ё шоҳигарӣ нест. Аммо, агар ба таҳқиқ назар афканем, пушти парда бозиҳои дигаре низ мавҷуданд. Гарчанде Муаммар Қаззофӣ бештар аз 3 даҳсола зимоми қудратро ба даст гирифта буд, аммо тавонист дар ин муддат давлатро ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил диҳад ва шароити зиндагии мардумро бамаротиб боло бардорад. Аксари мардуми ин кишвар аз сатҳи зиндагии худ қонеъ буданд ва аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти он ҷонибдорӣ менамуданд. Аммо болои ҳамаи ин дар ин кишвар таркиши иҷтимоӣ ба вуқуъ омад ва кишварро барои чанд соли дигар ба қафо бурд. Дар пушти инқилобҳои дар ин қора ба вуқуъпайваста манофеи кишварҳои хориҷӣ ниҳон буд. Онҳо барои ҳимояи манфиатҳои худ аз усулҳои гуногуни пардапӯшона хеле устокорона истифода намуда, мардумро ба кӯчаҳо бароварданд. Замоне ки мардум ба кӯчаҳо мерехтанд, Қаззофӣ ҳеҷ фикр намекард, ки чунин давлати пурқудрат варшикаста мегардад. Аз ҷониби дигар, мардуми башӯромада ҳеҷ тасаввур карда наметавонистанд, ки пас аз ин инқилобҳо ояндаи онҳоро чӣ мунтазир аст. Танҳо ба бозиҳо дода шуда буданд ва мақсад аз ба кӯча рехтанҳои худро озодӣ ва ояндаи дурахшони кишварашон маънидод менамуданд. Аммо пас аз он ки роҳбарияти олии кишварро ба қатл ра-

сонданду аз бозиҳои пасипардагӣ огоҳ шуданд, аллакай дер шуда буд. Зеро ягона камбудии Қазофӣ он буд, ки намехост дастнигари Ғарб бошад ва пайваста сиёсати мамолики Ғарбро зери тозиёнаи танқид қарор медод. Қаззофӣ дар баробари он ки зимоми қудратро солҳои дароз ба даст гирифта, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, назири СММ кишварҳои ғарбро бо ҳар иттиҳом “айбдор” менамуд. Суханрониҳое, ки ӯ мекард, ба кишварҳои Ғарб писанд намеомад. Зеро он ҷо манофеи ин кишварҳо зери по мешуд. Ин ба он оварда расонд, ки Қаззофӣ бо дасти мардуми худаш ба қатл расонда шуд. Ҳодисаи дигари ба ин монанд тазоҳуроти густарда дар Мисри араб буд. Инқилоби “баҳори араб” дар ин кишвари пешрафта низ аз рӯи ҳамон сенария - “дуру дароз” роҳбарӣ намудани як нафар сар зад. Мардуми ин

тақрибан ҳар ҳафта дар ин кишвар таркишу нооромиҳо рӯй медиҳанд. Пас аз инқилобҳои дуру дароз дар Ховари Миёна навбат ба давлати Сурия расид. Аммо ин навбат тазоҳуротгарон натавонистанд ба осонӣ Башор Асад – роҳбари ин кишварро аз сари қудрат дур созанд. Зеро ин ҷо нуктаи ниҳоии бархӯрди манофеи абарқудратҳост. Ҳодисаи дар Сурия бавуқуъпайваста мубориза ва бозиҳои пасипардагии абарқудратҳоро ба намоиш гузошт. Дигар дар мавриди Сурия кишварҳои абарқудрат назири Амрико, Русияву Чин, Эрон ва мамлакатҳои Ғарб ошкоро аз манфиатҳои худ дифоъ менамоянд. Ин аст, ки то имрӯз мухолифон натавонистанд режими Башор Асадро сарнагун намоянд. Зимни даргириҳои дар Сурия бавуқуъомада ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳои дигар

шуморид. Ин буд, ки дар давоми як моҳ сафи эътирозгарон аз сад ба ҳазорҳо афзоиш ёфта, имрӯз сартосари Украинаро фаро гирифтааст. Инқилобу тазоҳурот дар ин кишвар аз як мушкили ҷузъӣ сар зад. Дар рӯзҳое, ки шумораи ками тазоҳургарон ба кӯчаҳо мерехтанд, шояд касе фикр намекард, ки баъди як моҳ сафи онҳо ба маротиб боло меравад. Гарчанде дар ҳодисаҳои як моҳи охир дар Украина рӯйдода касе ошокоро гуфта наметавонад, ки Русия бо кишварҳои ғарбӣ баҳри манофеи худ талошу мубориза мебарад. Аммо аз мавқеъгирии онҳо дар қиболи ҳодисаҳои рӯйдода метавон дарк намуд, ки миёни абарқудратҳо муборизаи пардапӯшона оғоз гардидааст. Ин шабу рӯз мардуми Украина дар ду ҷабҳа қарор гирифта, қисме хостори Русия ва қисмати дигар орзу ва талаби ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупоро доранд. Таҳлили ҳаводиси дар ин кишвар рӯйдода

Инқилоб - бархӯрди манофеи абарқудратҳо?

кишвар ба кӯчаҳо рехта, норозигии худро нисбат ба ҳукумати Ҳусни Муборак баён доштанд. Ба назар мерасад, ки дар ин инқилобҳо нахуст мардум бо мушкилиҳои ҷузъӣ ба майдон баромада, ниҳоят, хостори истеъфои Президент ва ҳукумати кишвар мегарданд. Дар рӯзҳои аввали тазоҳурот кишварҳои гуногуни абарқудрат аз тазоҳуротгарон дар Миср ҷонибдорӣ намуда, аз дастгирии Ҳусни Муборак канорагирӣ менамуданд. Кор то ҷое расид, ки бо кӯмаку дастгирии онҳо ҳизби “Бародарони мусулмон” бо роҳбарии Муҳаммад Мурсӣ ба сари қудрат омаданд. Аммо аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Муҳаммад Мурсӣ мавқеи он бо кишварҳои Ғарб мувофиқ наомад. Ҳамин тавр, натавонист бештар аз як сол зимоми қудратро дар дасти худ нигоҳ дорад. Дар ниҳоят, ҳизби ӯро мамнӯъ эълон намуда, худашро ба маҳкама кашиданд. Акнун

муҳоҷиру дар ба дар гаштаанд. Ин дар ҳоле ки дар ин кишвар сатҳи зиндагии мардум ба маротиб боло буд. Ҳамакнун, ба назар чунин мерасад, ки кишварҳои абарқудрат аз ҳалли баҳсҳои дохилии Сурия дида, бештар дар фикри манофеи худ мебошанд. Аммо ҷабри ҳамаи инро мардуми осоишта мекашад, ки замоне зиндагии шоистаеро соҳиб буд. Акнун навбати Украина? Пас аз он ки моҳи ноябр Президенти Украина Виктор Янукович аз имзои созишномаи ҳамгироии кишвараш бо Аврупо худдорӣ намуд, садҳо нафар ба кӯчаҳо баромада, норозигӣ баён доштанд. Мухолифон дар рӯзҳои аввал танҳо хостори он буданд, ки Украина ҳамкории бештарро бо кишварҳои аврупоӣ ба роҳ монад. Аммо дар қиболи ин Президенти Украина қаробати ҳамкории кишварашро бо Русия зичтар намуда, онро афзал ме-

шаҳодат аз он медиҳанд, ки Русия ба ҳиҷ ваҷҳ хостори аз даст додани Украина нест. Аммо мардуми башӯромада инро қабул надоранд ва рӯз ба рӯз дар назди Президент Янукович шартҳои нав ба навро мегузоранд. Бо гузашти вақт талаби асосии онҳо - имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Аврупо ба гӯшаи фаромушӣ рафта, бештар мавқеи ба сари қудрат омадани онҳо ба мушоҳида мерасад. Ҷиддӣ нагирифтани талаби онҳо дар рӯзҳои нахустини намоишҳои эътирозӣ ба он оварда расонд, ки имрӯз ба назари президенти собиқи ин кишвар Леонид Кучма кишвар дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад. Ба хотири паст гардидани шиддати эътирозҳо сарвазири Украина Микола Азаров аз мақоми худ истеъфо дод, аммо дер шуд. Ҳамакнун, эътирозгарон қисме аз биноҳои идораи давлатиро ишғол намуда, истеъфои президентро талаб доранд. Дигар мавҷи ин эътирозҳоро на президент ва на парлумони Украина гирифта наметавонанд. Зеро ҳодисаҳои чанд рӯзи охир рӯйдода ҳокӣ аз онанд, ки вазъият дар дасти онҳо нест ва аз дигар ҷо идора мешавад. Эътирозгарон ҳамеша дар мавқеи худ устувор қарор дошта, дигар бо президент Янукович майли кор кардан надоранд. Ин буд, ки аз мақомҳои баланд, назири сарвазирии кишвар чашм пӯшиданд. Зеро дигар яқин медонанд, ки ба ҳадафи ниҳоии худ наздик мешаванд ва ба ҳеҷ ваҷҳ пешниҳоди президенти кунунӣ Виктор Януковичро қабул надоранд. Дар сурате, ки вазъ чунин аст, ояндаи ин кишвар пешгӯинашанванда боқӣ мемонад. Аммо як чиз равшан аст, ки ба созиш омадану мардуми Украинаро ба хонаҳои худ баргардондан ба иродаи кишварҳои абарқудрат вобаста аст. Зеро дар тазоҳуроти давомдори Украина низ манофеи абарқудратҳо ниҳон аст. Пас, суоли матраҳ ҳоло ин аст, ки кадоме аз ин кишварҳо аз манофеи худ чашм мепӯшад?

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар шароите ки абарқудратҳои ҷаҳон баҳри ба роҳ андохтани нақшаву ниятҳои худ аз тамоми роҳҳо кор мегиранд, бо эҳсоси мардум бозӣ кардан корест хатарнок. Зеро нақшаву ниятҳои худро кишварҳои абарқудрат ба воситаи мардуми маҳаллӣ пиёда месозанд. Ҳаводиси тайи як соли охир дар қораҳои гуногуни олам ба вуқуъ пайваста ҳокӣ аз он мебошанд, ки дар сурати мувофиқ наомадани манофеи абарқудратҳо инқилобҳои рангаю таҳмилӣ аз ҷониби онҳо дар кишварҳои алоҳида ташкил мешаванд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

5

СИЁСАТИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

6

МАОРИФ

ВМКБ: 4 хонанда – узви пайвастаи АХИ Соли сипаришуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия кушода шуда, бахшҳои он дар 6 ноҳия таъсис ёфтанд. Сардори Раёсати маорифи вилоят Ғарибшо Ғарибшоев зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки раванди компютеркунонии мактабҳо идома дошта, айни ҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 2270 компютер, 400 принтер, 4 адад доскаи электронӣ ва 241 синфхонаи компютерӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар 372 муассисаи таълимии вилоят 38871 хонанда таълиму тарбия мегиранд, ки ба онҳо 5522 омӯзгор сабақ меомӯзонанд. Дар 16 интернати наздимактабии вилоят 706 нафар, аз ҷумла, дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон 261 хонанда таҳсил мекунанд. Моҳи апрели соли гузашта конференсияи илмӣ-таҳқиқотии мактаббачагон доир шуда, дар он 305 толибилми макотиби шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат намуданд.

МАОРИФ

Ҷашни 20-солагии ДДХ хотирмон буд - Яке аз саҳифаҳои хотирмони соли сипаришуда барои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ҷашнгирии ботантанаи 20-солагии донишгоҳ ва баргузории конфронси илмии байналмилалӣ ба ин муносибат буд, - иброз намуд зимни нишасти матбуотӣ Имомёрбек Қаландарбеков, ректори донишгоҳ.

Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол, ДДХ дорои 8 факултет ва 21 кафедра буда, аз рӯи 39 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 16 ихти-

e-mail: javonontj@mail.ru

ҶАВОНОН ВА ҶОМЕА

сос дар шуъбаи ғоибона мутахассисони дорои маълумоти олиро тайёр мекунад. Ҳамчунин, ду соли охир дар донишгоҳ шуъбаи магистратура аз рӯйи 14 ихтисос фаъолият менамояд. Айни ҳол дар ДДХ 4 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 2 ҳазорашро духтарон ташкил медиҳанд. Аз тариқи Квотаи президентӣ 244 нафар таҳсил доранд, ки 151 нафараш духтаранд. Соли сипаришуда бо кӯмаки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ як синфхонаи нави компютерӣ ва матбааи хурд ташкил гардид. Бо кӯмаки Ширкати «Помирэнерҷӣ» як синфхона аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар он озмоишгоҳи фанҳои муҳандисӣ ҷой дода шуд.

Матолиби ин саҳифаро хабарнигори махсуси рӯзнома дар ВМКБ Кӯйбек ШАРИФЗОДА омодаи чоп кард

Кормандони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ кори дипломии 18 хонандаро актуалӣ ҳисобида, баҳои баланд доданд. Аз онҳо 4 нафар ба унвони Узви пайваста ва 14 нафар Узви вобастаи Академияи хурди илмҳо мушарраф гардиданд. Соли гузашта дар Олимпиади ҷумҳуриявӣ 68 хонанда ширкат варзиданд, ки аз онҳо 27 нафарашон дониши хуб нишон дода, соҳиби ҷойҳои аввал гардиданд. Сардори Раёсати маориф ва илми вилоят Ғ. Ғарибшоев, ҳамчунин, зикр кард, ки соли гузашта аз 2504 хатмкунандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 1743 нафар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва 321 нафар ба мактабҳои олии хориҷ дохил гардиданд. Тобистони соли гузашта беш аз 5600 кӯдаку наврас ба таътили тобистона фаро гирифта шуда, бо ин мақсад 141 шартнома баста шуд.

МУҲОҶИРАТ

Раванди муҳоҷират зери назорат аст Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли сипаришуда баҳри ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон, мусоидат намудан ба касбомӯзии муҳоҷирон, пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар ҳудуди вилоят як қатор корҳоро анҷом дод. Ба иттилои сардори раёсат Пӯлод Зеваршоев дар давраи ҳисоботӣ 26 маротиба амалиёт дар самти будубоши муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, пешгирӣ ва ошкоркунии муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ гузаронда шуд. Дар рафти амалиёт 34 ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор шуд, ки нисбат ба соли 2012 27 ҳолат зиёд мебошад. Аз ҷумла, 21 шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой, 8 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 5 шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ба маблағи беш аз 28 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Варзиш ва сайёҳӣ рушд меёбанд Соли 2013 Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 24 озмун бо иштироки 7200 нафар ва 15 барномаи интелектуалиро бо иштироки 525 нафар доир намуд, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ сардори раёсат Руслан Шодиков. Вай зикр намуд, ки дар ин муддат ба рушди соҳаҳои варзиш ва сайёҳӣ диққати ҷиддӣ дода шуд. Ин боиси он гардид, ки иштироки варзишгарон дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ нисбат ба солҳои гузашта бамаротиб афзуд. Айни ҳол дар вилоят 413 иншооти варзишӣ-солимгардонӣ, аз ҷумла, 49 толори варзишӣ, 4 варзишгоҳ барои якуним ҳазор ҷойи нишаст, 3 қасри варзишӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшон ва 305 иншооти дигари варзишӣ вуҷуд доранд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон 80 майдончаи наздимактабӣ ва 90 майдонча дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар вилоят 10 мактаби варзишӣ бо фарогирии 3070 варзишгар, 189 мураббӣ фаъолият доранд. Варзишгарони вилоят аз мусобиқоти байналмилалӣ 28 медал, аз ҷумла, 11 медали тилло ва аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 168 медал, аз ҷумла, 20 медали тилло оварданд, ки нисбат ба соли 2012 49 медал зиёд мебошад. Дар ин давра ба рушди сайёҳӣ низ диққати зарурӣ дода шуд. Алҳол дар ҳудуди вилоят 19 ширкати туристӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҳисоби ин ширкатҳо бо дастгирии МСДСП-и Хазинаи Оғохон Ассотсиатсияи сайёҳон бо номи «Пекта» ташкил ёфт, ки 21 аъзо дорад. Соли гузашта зиёда аз 1031 сайёҳ вориди вилоят гардидаанд. Бо дастгирии МСДСП-и Хазинаи Оғохон дар аксарияти ноҳияҳои вилоят меҳмонхонаи хурд (Ҳомстей) барои қабули сайёҳон ташкил шудаанд. Дар ин ҷойҳо сайёҳон метавонанд маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро харида, ҳамзамон, бо тарзи тайёр намудани онҳо аз наздик шинос шаванд. Дар шаҳри Хоруғ баҳри ҷоннок намудани инфрасохтори соҳаи туризм аз тарафи сектори хусусӣ чораҳои амалӣ андешида шуда, 11 меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор доранд. Соли сипаришуда 35 сайёҳи дохилию хориҷӣ аз мамнӯъгоҳи давлатии “Зоркул” дидан намуданд. Парки миллии Тоҷикистон дар ВМКБ тавассути шартнома бо 5 ширкати туристии вилоят ҳамкорӣ намуда, соли гузашта 120 сайёҳро қабул ва ба ба буҷет 1200 сомонӣ ворид намудааст.


7

ОЛИМПИАДАИ ЗИМИСТОНА-2014

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

Тоҷикистонро дар Сочӣ Алишер намояндагӣ мекунад

Дар Олимпиадаи Сочӣ аз мамлакат танҳо як варзишгар – Алишер Қудратов дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом ширкат мекунад. Дар ин бора ба радиои “Озодӣ” Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки роҳбари ҳайати варзишии кишвар мебошад, аз Сочӣ хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ дар маросими барафрохтани Парчами миллии Тоҷикистон, ки 5 феврал дар Деҳаи олимпӣ дар “Роза Хутор” баргузор мешавад, ҳайати варзишии ҷумҳурии мо таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, ки ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, ширкат мекунанд. Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ, ки 7 феврал баргузор мешавад, ширкати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар мебошад, дар назар аст. - Лижаронҳои мо Андрей Дригин меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочӣ дар навъҳои слалом-гигант ва слалом, Алишер Қудратов бошад, дар навъи слалом ба ҷо оварда буданд. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхат ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба варзишгари Тоҷикистон дар ҷаласае, ки бо ҳузури намояндагони се ҷониб Федератсияи байналмилалии лижаронӣ,

Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Олимпиадаи Сочӣ барпо гардид, гирифта шуд. Мо ҳарчанд кӯшиш кардем, ки ҳар ду роҳхат бигиранд, вале бар асоси қоидаҳои мавҷуда дар як намуд – лижаронии кӯҳӣ танҳо як роҳхат дода шуд. Мо Алишер Қудратовро пешбарӣ кардем ва ӯ, инчунин, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мешавад. Алишер дар мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом 22 феврал рақобат мекунад, - гуфтааст М. Абдуллоев. Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ 7-23 феврал дар шаҳри Сочии Русия баргузор мешаванд. Дар он ширкати беш аз 2600 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Онҳо барои 98 маҷмӯи медалҳо дар 7 риштаи варзиш (биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ), ки боз навъҳои худро доранд, мубориза мебаранд. Алишер Қудратов 11 январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоб ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш – Сафеддара, ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ базаи лижаронӣ мавҷуд аст, там-

рин мекунад. Ӯ дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочӣ-2014 иҷро кард.

ФУТБОЛ. ҶОМИ ИТТИҲОД-2014

Украина барандаи Ҷоми Иттиҳод шуд

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супергигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15умро гирифтааст.

ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Украина (U-21) ғолиби мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 гардид. Қирғизистон – 1:1, пеналтӣ 4:2. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовӣ (2-2) анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1:4) ва Молдова (1:2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1:1). Абдурасул Раҳмонов, нимҳимоятгари тими мунтахаби ҷавонони кишвар бо 4 гол дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа баъди Роман Муртазоев (Қазоқистон, 5 гол) ва Руслан Болов (Русия, 5 гол) ҷойи сеюмро соҳиб шуд.

“Равшан” ба Ҷоми КФО роҳ ёфт 2 феврали соли равон Қаҳрамони дукаратаи мамлакат оид ба футбол, дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Металург”-и шаҳри Турсунзода дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО бар тими “Ал-Ярмук”-и Яман бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Акнун дастаи “Равшан” дар даври гурӯҳӣ бо клубҳои Урдун, Умон ва Лубнон вомехӯрад. Таври маълум аз рӯзҳои аввали моҳи феврал дар ҷумҳурӣ барфи шадид борид. Бо вуҷуд, ин бозӣ баргузор шуд. Субҳи рӯзи якшанбе техникаҳо майдонро аз барф тоза карданд. Бозӣ як соат дер шуруъ шуд. Қисмати аввали бозӣ бе гол хотима ёфт. Голҳои “Равшан”-ро Нуъмон Ҳакимов (дақиқаи 80, аз зарбаи ёздаҳметра) ва легионери ганагӣ Соломон Течӣ (85) заданд. Дар даври гуруҳӣ, квартети “А” Қаҳрамони Тоҷикистон бо дастаҳои “Сувайк” ё “Саҳам”-и Умон, “Зат Рас”-и Урдун ва “Сафо”-и Лубнон рақобат мекунад. Бозии аввалини “Равшан” 25 феврал дар Умон доир мегардад. Дар даври дуюм Қаҳрамони дукаратаи мамлакат дар майдони худ тими “Сафо”-ро қабул хоҳад кард.

e-mail: javonontj@mail.ru

Футболбозони ҷавони Украина дар бозии ниҳоӣ, ки 2 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бар дастаи Русия бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Голҳоро Пучковский, Вакуленко, Мемешев, ва Тотовитский заданд. Натоиҷи бозиҳои охирини Ҷоми Иттиҳод-2014: Финал. Русия – Украина – 0:4. Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Беларус – Эстония – 2:0. Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Қазоқистон – СанктПетербург – 3:0. Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Латвия – Литва – 0:1. Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Молдова – Москва – 1:2. Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Тоҷикистон –


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

8

СИЁСАТИ ҶАҲОН

Нооромиву бесуботие, ки тайи як соли охир доираҳои сиёсии Туркияро ба коми худ кашидааст, ба ҷомеаи тоҷикистонӣ чандон бегона нест. Зеро ҳаводиси ин кишвар дар шабакаҳои телевизионӣ ва матбуоти даврии мо каму беш тафсир меёбанд. Ҳоло вазъияти Туркия дар расонаҳои олам бо номи «Амалиёт алайҳи фасод ва ришваситонӣ» машҳур аст ва то кунун ҳалли дурусти худро пайдо накарда. Алалхусус, дар ин амалиёт дар радифи мақомдорони фасодзадаи туркӣ, зикр гардидани номи Бобак Занҷонӣ, ки барои Тоҷикистон низ бегона нест, аҳамияти хоса касб кардааст. Ришвахӯрӣ ва фасод Моҳи декабри соли 2013 барои Туркия, бахусус, барои ҳукумати Сарвазир Эрдуғон хеле сарду шадид хотима ёфт. 17 декабри соли гузашта дар шаҳрҳои Истанбул ва Анқара аз ҷониби сохторҳои амниятӣ як қатор амалиёт зидди ришваситонӣ ва фасод роҳандозӣ шуд. Натиҷаи он ҳизби ҳоким ва ҳам худи Сарвазири Туркияро ниҳоят нороҳат кард. 52 нафар бо шумули мансабдорон, тоҷирон, раиси Бонки давлатии Туркия ва умуман, хешу пайвандон ва наздикони вазирони ҳоло ба истеъфорафта боздошт шуданд. Дар миёни боздоштшудагон тоҷири эронии шаҳрванди Туркия Ризо Зарроб (Сарроф), ҳамчунин, фарзанди собиқ вазири корҳои дохилии Туркия Бариш Гӯлер, фарзанди собиқ вазири иқтисод Солеҳ Каан Чағлаён, фарзанди собиқ вазири ҳифзи муҳити зист ва шаҳрсозӣ Абдуллоҳ Байрақдор, ки баъдан ба озодӣ баромад ва раиси Бонки давлатии «Halkbank» Сулаймон Аслан зери назорат монданд. Шахсони мазкур бо ҷурми ришвахӯрӣ ва ришвадиҳӣ, пулшӯӣ, қочоқи тилло ва фасоди молӣ муттаҳам дониста мешаванд. Ин бесуботии Туркия ҳукумати Эрдуғонро дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳам дар худи кишвараш дар ҳолати ногувор гузоштааст. Вазъият дар ин кишвар торафт бад мешаваду беҳтар не. Ба иттилои расонаҳои Туркияву ҷаҳон аз манзили раиси Бонки давлатии Туркия - «Halkbank» Сулаймон Аслан дар қуттиҳои пойафзол 4,5 миллион доллар пайдо кардаанд. Гумон меравад, Сулаймон Аслан бо истифода аз мақомаш дар ҳамкорӣ бо Ризо Зарроб пулҳои аз фурӯши нафти Эрон бадастомадаро, сарфи назар аз таҳримҳои Ғарб, аз тариқи Бонки давлатии «Halkbank» тасфия (пулшӯӣ) намудааст. Ба ин минвол фарзандони вазирони пешин ва дигар ашхоси боздоштшуда низ бо Ризо Зарроб ҳамкорӣ карда, бо истифода аз мақоми падаронашон даст ба фасоду ришвахӯрӣ задаанд. Мебоист тазаккур дод, ки маҳз ҳамон рӯзҳо алангаи амалиёти зидди фасод дар Туркия дар симои Бобак Занҷонӣ ба марзи Тоҷикистон низ ҷаҳид. Дар расонаҳои Туркия дар радифи Ризо Зарроб аз Бобак Занҷонӣ низ ном бурда мешавад. Эҳтимол меравад, аслан, «моҳии калон»-е, ки ҳамон шабу рӯз дар Анталия буду бояд зимни вохӯриаш бо Ризо Зарроб ӯ ҳам дастгир мешуд, Бобак Занҷонист. Ҳамин тавр, дар натиҷаи ин бесарусомониҳои аъзои ҳукумати Эрдуғон 10 вазир ба истеъфо рафт. Дар ин асно аҳзоби мухолиф Сарвазир Эрдуғонро айб-

иштирок доштанд, иваз шуд ва ё баъзеҳо тамоман аз вазифа озод гардиданд. Ҳатто вазифа ва ҷойи кори баъзе аз кормандони амният муддати як ҳафта то 2-3 маротиба иваз мешуд. Ҳамчунин, таъини беш аз 300 судяи минтақавӣ ва маҳаллӣ ба вуқуъ пайваст. Ба мисли ин, дар як қатор вазоратҳо низ нисбат ба ашхоси аз сиёсати имрӯза пешгирифтаи ҳукумат норизо аз кор озодкуниҳо сурат гирифт. Дар шабакаи давлатии Туркия «TRT» низ ҳудуди 100 масъули бахшҳои хабарӣ ва маъмурият аз кор ронда ва ё фаъолияташон маҳдуд шуд. Бояд қайд намуд, ки чунин аз кор озодкуниҳову таъинот то имрӯз идома доранд. Коршиносон гуфтаанд, чунин иқдомоти ҳукумати Тайиб Эрдуғон зарбаест ба амният, нуфузу истиқрори сиёсиву иқтисодии Туркия. Аллакай, дар худи Ҳизби адолат ва рушд ҳамчун нишони эътироз ба истеъфоравиҳо оғоз шудаанд. Аввалин шуда шахсони бонуфузи ҳизби мазкур, чун собиқ футболбози машҳури тими миллии Туркия Ҳакан Шукур ва собиқ вазири фарҳанг ва сайёҳӣ Эртуғрул Гюнай ба истеъфо рафтаанд. Ҳакан Шу-

Туркия: Занҷонӣ-

дори асосии ҳамаи ин беназмиҳо хонда, ба истеъфо рафтанашро қотеъона талаб доранд. Маврид ба қайд аст, ки амалиёти зидди фасод ва ришваситоние, ки сохторҳои амниятии Туркия ба ҷой оварданд, натиҷаи назорату таҳқиқоти якунимсолаи онҳо буд. Яъне, ин сохтор аз ҷой доштани коррупсия дар сатҳи олии ҳукумат огоҳ буда, дер боз онро назорату пайгирӣ мекардааст. Зимнан, гуфта мешавад, беш аз 100 миллиард евро пули сиёҳи Эрон бо роҳҳои гуногун тасфия ва ё шуста шудаанд. Аммо Раҷаб Тайиб Эрдуғон тамоми ин даъвоҳоро беасос хонда, ҷурми мазкурро рад мекунад ва ҳолати баамаломадаро бозии қувваҳои хориҷӣ ва душманони дохилии давлати Туркия медонад. Яъне, дар миён ҷинояте ҳаст, вале баъзеҳо (Эрдуғон ва командаи ӯ) кӯшиш ба харҷ медиҳанд, онро ба дӯши каси дигар вогузор кунанд. Натиҷаи бесарусомониҳои ҳукумат Ҳизби адолат ва рушд таҳти раёсати сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз соли 2003 дар Туркия ҳокимияташро идома медиҳад. Ҳаводиси аз моҳи декабр то ҳол идомадошта, бешубҳа, зарбае ҳам ба нуфузи ҳукумати кунунӣ ва ҳам ба нуфузи худи Эрдуғон аст. Атрофиёни Эрдуғон тайи даҳ сол барои ташаккули «нуфузи» кунунии Сарвазир заҳмат кашида, шахсияти ӯро на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун лидери олами ислом муаррифӣ кардаанд. Ба ҳадде, ки дар Лубнон, Миср ва Либия зимни баргузории митингҳои бошукӯҳ Эрдуғон маҳорати суханварияшро нишон дода, аз ҷониби сиёсатшиносон баҳои баланд ҳам гирифт. Сиёсатшиносон суханрониҳои Эрдуғонро васф карда, гуфтаанд, ки ӯ дар он майдонҳо на ҳамчун як сиёсатмадори хориҷӣ, балки дар Қоҳира ҳамчун сиёсатмадори мисрӣ, дар Троблус мисли як сиёсатмадори Либиё ва дар Байрут чун сиёсатмадори лубнонӣ сухан меронд. Илова бар ин, пуштибонии Эрдуғон аз Фаластин дар Давос, ки бар зидди Исроил баромад кард, шуҳрат ва нуфузашро дар миёни олами араб ва олами ислом боз ҳам қавитар сохт. Ҳамин тавр, Туркия бо сардории

ҳукумати Эрдуғон тайи чанд соли охир бо қадамҳои устувор ва сиёсати пешгирифтааш таваҷҷуҳ ва эҳтироми оламиёнро ҷалб мекард. Аммо аз чӣ сабаб вақтҳои охир роҳи пешгирифтаи сиёсии ҳукумат бо сардории Эрдуғон, қариб ки куллан иваз шуда, ба як лидери диктатор ва ҷангҷӯй табдил меёбад. Дар расоноҳои туркӣ хабарҳои фишор овардани ҳукумати Эрдуғон ба тоҷирон, иқдомҳои муфлискунии бонкҳо, таҳти идора гирифтани ВАО ва шабакаи интернет, бо силоҳ таъмин намудани мухолифини ҳукумати Сурия ва гуруҳи террористии “Қоида”, луқмапартоиҳои Сарвазир ба сафирони хориҷӣ, хусусан, сафири Амрико хеле васеъ матраҳ шудаанд. Бешубҳа, яке аз дастовардҳои назарраси ҳукумати Эрдуғон тайи чанд соли охир ба даст овардани истиқрори иқтисодии кишвараш аст. Кафили чунин суботи иқтисодӣ, албатта, аз як ҷиҳат, сифати роҳбарии худи Эрдуғон аст, ки истиқрори сиёсиро дар Туркия тавонист барпо намояд. Аммо амалиёти зидди фасод ва ришваситонӣ нишон доданд, ки ҳукумати кунунӣ то ҳол натавонистааст кафили амну адолати ҳақиқӣ бошад. Баръакс, дар ҳоли ҳозир ҳукумати Эрдуғон кишварро ба бесуботии сиёсӣ ва иқтисодӣ расонидааст. Амалиёти зидди фасод ва ришваситоние, ки моҳи декабри соли 2013 аз ҷониби мақомоти амниятии Туркия ба роҳ монда шуд, танҳо мавҷи аввалини қатъи бесару сомониҳо дар кишвар буд. Дар он рӯзҳо интизор мерафт, ки мавҷи дуюми он бояд ба вуқуъ пайвандад ва дар натиҷаи он беш аз 30 нафари дигар боздошт шаванд. Дар байни боздоштшавандаҳо номи фарзанди Сарвазир Эрдуғон - Билол Эрдуғон ва ашхоси дигари воломақом ва наздикони худи Эрдуғон ҳам будаанд. Аммо додситони Туркия талаби пулисро рад карда, барои дастгир шудани онҳо фармон намебарорад. Вагарна Билол Эрдуғон мебоист 2 январи соли ҷорӣ ба ҳайси гумонбар дар фасоди молӣ ва ришваситонӣ боздошт мешуд. Илова бар ин, то имрӯз вазифа ва ҷойи кори беш аз 6000 корманди пулис, ки дар амалиёти зидди фасод ва ришваситонӣ

кур баъди ба истеъфо рафтанаш дар мусоҳибае бо хабарнигорон гуфтааст, ки ҳоло беш аз 100 нафар дар Ҳизби адолат ва рушд омодаанд, истеъфои худро эълон дошта, аз ҳизб бароянд, ки ин метавонад ба вазъи бе ин ҳам ноустувори давлат зарбаи шадиде занад. Аз ин рӯ, ҳоло ҳам дар ҳизб адои хизмати Ватан мекунанд. Нашрияи «Taraf», яке аз рӯзномаҳои бонуфузи туркӣ натиҷаи бесарусомониҳои бепоёнро чунин қайд мекунад: «Феълан Туркия барои сармоягузорони хориҷӣ ҳамчун кафили истқрори иқтисодӣ буда наметавонад. Туркияи имрӯза бо сардории ҳукумати Эрдуғон на ба ҳайси як ҷазираи истиқрори иқтисодӣ, балки чун макони сафедкунии пули сиёҳ, ё «ҷаннати пулшӯӣ» шинохта мешавад. Ҳолати мазкур бо амалиёти охирин ва дар натиҷа аз тариқи ҳуҷҷату санадҳои ба даст овардашуда исбот шудааст». Бозиҳои пасипардагӣ Вақте соли 2003 дар Туркия Ҳизби адолат ва рушд бо сарварии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба сари қудрат омад, бисёриҳо аз он андеша карданд, ки акнун Туркия аз сохтори дунявии давлатдорӣ ба сохтори шаръӣ-исломӣ хоҳад гузашт. Зеро ҳизби Эрдуғон бо майли бештар доштанаш ба арзишҳои динӣ маълум буд. Бояд иқрор шуд, ки дар ибтидо чунин гароиш самара низ ба бор овард. Чун вақте ҷомеаи ҷаҳонӣ бар асари буҳрони иқтисодӣ зарарҳои зиёд мекашид, истиқрори иқтисодии Туркия баръакс беҳтар мегашт ва аз буҳрон бо осеби камтар баромад. Ин дастовард ба мутадайин будани ҳукумат рабт дода мешуд. Зимнан, рӯзҳои охир дар сомонаи иҷтимоии “facebook” чунин як нуқта мавриди баҳс қарор гирифт, ки гӯё онро Эрдуғон соли 1999, қабл аз омаданаш ба сари қудрат, гуфта бошад: «Агар рӯзе бишнавед, ки Эрдуғон сарвати зиёде ҷамъоварӣ кардааст, пас, бидонед, ки ӯ даст ба ҳаром задааст!» Манзур аз овардани суханҳои мазкур ба Эрдуғон тааллуқ доштан ё надоштани он нест. Балки услуби давлатдории солҳои аввали ҳукумати Эрдуғон воқеан дар чаҳорчӯбаи ҳамин суханҳо сурат мегирифт. Интихоботи уму-


карда, мушкилиҳои дар рӯ ба рӯяш бударо кӯшиш мекунад, бо бозиҳои аҷамии худ бартараф намояд. Эрон пардапӯшона таҳрими СММ-ро дар Туркия тавассути «Halkbank», дар Тоҷикистон тавассути Бонки миллӣ, дар Малайзия тавассути «First Islamic Bank», ки соҳибаш худи Бобак Занҷонӣ аст, рахна кардааст». Ҳамчунин, нашрия доир ба қазияи Бобак Занҷонӣ аз сухани шореҳи эронӣ чунин овардааст: «Занҷонӣ таҳрими иқтисодии алайҳи Эронро дар Малайзия, ки симои хушбинии Ислом аст, низ рахна задааст. Баъид аст, ки ин қазия дар Малайзия низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад». Чунин ба назар мерасад, ки олами шиа талоши олуда сохтани симои исломи сунниро, дар кишварҳое чун Тоҷикистон, Туркия ва Малайзия бо даст доштан дар корҳои фасод ва ришваситонӣ дорад. Дуруст аст, ки ҳар давлат барои ҷамъи маълумот ва аз душманон пайваста як қадам дар пеш истодан, аз роҳҳои гуногуни истихборотиву ҷосусӣ истифода мебарад. Эрон низ дар давлате ҳамчун Туркия, ки аксари аҳолиро суннимазҳабон ташкил медиҳанд ва дар минтақа нуфу-

дар фасоду ришваситонӣ барои хариди замин ва кӯмакрасонии ӯро ба баъзе гурруҳои террористӣ то ҳол шарҳ надодааст. Ҳамчунин, аз куҷо пайдо шудани 4,5 млн. доллари амрикоӣ дар дохили қуттии пойафзол низ то ҳол беҷавоб мондааст. Фарзандони мақомдорон ва худи онҳо низ дар ин гирдоби фасод олудаанд, аммо то ҳол на ҳукумати Туркия ва на додситонии ин кишвар ба ин масъала равшание наандохтааст. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки маркази ин гирдоби фасоду ришваситонӣ дар атрофи як эроние мечархад, ки он гумонбарҳо низ чун парвона дар атрофи ӯ давр мезаданд. Ҳамаи иддао бо далелҳои савтӣ, наворӣ ва ҳуҷҷатҳои дахлдор исбот ёфтаанд. Аҷиб ин аст, ки дар рафти амалиёти зидди фасод ва ришваситонии 17 декабри Туркия маълум гашт, Ташкилоти истихборотии миллии Туркия доир ба бесарусомониҳои Ризо Зарроб ва собиқ вазирон 8 моҳ пештар аз амалиёти мазкур ба Сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон хабар дода, ӯро огоҳонидааст. Ин ҳуҷҷатро то ҳол на Ташкилоти истихборотӣ ва на худи Сарвазир инкор накардаанд. Шояд сухани Эрдуғон, ки дар паси пардаи ин бозӣ дасти қувваҳои аҷнабӣ мавҷуд аст, то ҷое ҷон ҳам дошта бошад. Аммо ин аҷнабиҳо киянд? Маълум аст, ки нооромиҳои олами араб, чун Сурияву Миср ба фоидаи кишварҳои Ғарб ва кишварҳои минтақа чун Эрону Исроил аст. Бар замми ин, иваз шудани сисёсати Эрон бо сардории Рӯҳонӣ тасодуфӣ нест. Эҳтимол ин қадами навбатӣ барои муассиртар кардани нуфузи худ дар минтақа аст. Эрон талоши дар нақши асосӣ бозӣ карданро дорад ва табиист, ҳар рақиберо чун Туркия мехоҳад аз саҳна берун кунад. Тавре ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», дар матлабе бо унвони «Занҷонӣ бозичаи Эрон аст?» аз забони доктор Алӣ Ризо Ғафурӣ овардааст: «Аз давраи Ҳумайнӣ то имрӯз ҳадафи асосии Эрон пешвои ҷаҳони Ислом ва соҳиби мамолики форсизабон (Афғонистон, Тоҷикистон), роҳбари ҷаҳони шиа (Ироқ, Лубнон, Сурия, Озарбойҷон, Баҳрайн, Қувайт) ва лидери иқтисодии минтақа шудан буд. Бо ин бозии бофтаи наваш ба сӯи аҳдофи пешгирифтааш бо суръат ҳаракат

зи боризеро соҳиб аст, аз чанд аср ба ин сӯ аз ин ҷода истифода мебарад. Ҳатто соли гузашта ду нафар занеро аз дохили ҳукумати Эрдуғон, ки онҳо аз ашхоси наздики ҳукумати кунунӣ маҳсуб меёфтанд, бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Эрон дастгир карда буданд. Ҳамчунин, бояд қайд кард, ки хонумони мазкур аз давраи таъсиси Ҳизби адолат ва рушди Эрдуғон бо он ҳамраҳанд. Илова бар ин, соли 2013 расонаҳои туркиро хабари истифодабарии давлати Исроил аз агентҳои эронӣ алайҳи Туркия такон дода буд. Пас, эҳтимол назарияи Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар бораи «дасти душмани аҷнабӣ» асос дошта бошад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки Эрдуғон он душманро дар замин неву дар ҳаво мекобад. Чунин душманон метавонанд дар кабинаи ҳукумат парвариш ёфта, аз паси парда ба гӯши Сарвазир луқмапартоӣ кунанд. Чунин ҳолат метавонад пояи курсии Сарвазирро заиф гардонда, ӯро аз майдони сиёсат афтонад. Воқеаҳои охири соли гузашта ва натиҷаи сафари Эрдуғон ба Брюссел гувоҳ бар он аст, ки ҳоло вазъият ба фоидаи ӯ нест ва дар ояндаи наздик низ нахоҳад буд. Ҳамчунин, дар ин байн, эҳтимол як бозии васеътаре роҳандозӣ шуда бошад, ки аз болои Эрдуғон ва ҳукуматаш сурат мегирад. Чӣ тавре болотар қайд гардид, аксарият нуфуз ва шахсияти Раҷаб Тайиб Эрдуғонро дар олами исломи суннӣ қабул дорад. Ӯ имрӯз ҳамчун пешвои мусалмонони ҷабрдида ва намунаи адолату ҷасорат миёни мусалмонон қабул шудааст. Дар рафти яке аз сафарҳои охирини ӯ, ки ба Покистон сурат гирифт, аз гулбаргпартоиҳову тазоҳуроти мардумӣ маълум шуд, ки чӣ андоза олами ислом ӯро қабул ва дӯст медорад. Барои сиёҳ кардани номи ислом, хусусан, мазҳаби аҳли суннат, давлати мутадайинеро чун Туркия ва пешвои он Эрдуғонро интихоб карда, бозии фитнаангезро роҳандозӣ кардан бамаврид аст. Сенарияҳои ба ин монанд қарнҳо боз рӯи саҳна оварда мешаванд. Аксари террористонро доим дар симои мусалмонон нишон дода, онҳоро аз аҳли суннат мепиндоранд. Аммо муҳим ин аст, ки оё Эрдуғон ва ҳукуматаш аз ин

бозиҳо бохабар аст ё не?!

сти холӣ» баргаштаанд.

Сафари расмии Эрдуғон ба Эрон 29 январи соли равон Тайиб Эрдуғон ҳамроҳи ҳайати кабинаи вазирон ва баъзе аз мақомдорони кишвараш бо сафари расмӣ дар Эрон ҳузур дошт. Дар рафти сафар як қатор санадҳои расмӣ, хусусан, дар соҳаи энергетика ба имзо расиданд. Сафари дурӯзаи ҳайати Туркия бо якчанд хусусият расонаҳои туркиро бо ҳам омехт. Аввалан, вохӯрии Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Оятуллоҳ Хоманаӣ танҳо таҳти як байрақ - байрақи Эрон баргузор гардид. Ҳол он ки дар вохӯриҳои сатҳи дипломатӣ, ҳатман байрақи ду ҷониб афрохта мешаванд. Дуюм, Эрдуғон зимни суханронӣ меҳру муҳаббати гарм доштанашро ба сарзамини Эрон изҳор намуда, чунин гуфт: «Имрӯз таклифи бародарамон Ҷаҳонгириро пас аз 2 сол пазируфта, худро дар хонаи дуюмамон эҳсос мекунем ва барои меҳмондориатон миннатдорем». Сеюм, акси вохӯрии расмии ҳайати Туркия бо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар шабакаи интернет нашр гардид, ки дар он ҳайати туркӣ назди рӯҳонии эронӣ ду даст пеши

Эътирози ҷомеаи шаҳрвандӣ Ҳоло Эрдуғон муътақид аст, ки алайҳи ҳукуматаш як амалиёти байналмилалие ба роҳ монда шудааст ва баъзе гуруҳу ҷамоатҳои дохилӣ ходимони онҳоянд. Аммо ӯ доир ба фасодкориву ришваситониҳои атрофиёну пайвандонаш чизе намегӯяд. Ҳолати кунунии ҳукумати Эрдуғонро яке аз рӯзномаҳои Туркия чунин шарҳ додааст: «Ҳоло Эрдуғон вазъияти кунуниро бо баҳонаи амалиёти байналмилалӣ алайҳи ҳукумат ва шахсияташ ислоҳ кардан мехоҳад. Эҳтимол бо ин ҳамлааш мардуми оммиро фиреб дода тавонад. Аммо зиёиён, сармоягузорон ва нозирони байналмилалиро фиреб додан мумкин нест». Тундравӣ ва аз минбари сиёсӣ овоз баланд кардани Эрдуғон ҳоло ба нафъи ӯ нест. Аксари мардуми Туркия, аллакай, аз ин ҳолат хеле дилозурда шудаанд. Қишри мухталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ рӯз то рӯз алайҳи фасод ва ришваситонии мақомдорон дар Туркия эътирозҳояшонро ҳам аз тариқи радиову шабакаҳои телевизионӣ ва ҳам аз тариқи

сабабгори нооромиҳо? ¶

Барои сиёҳ кардани номи ислом, хусусан, мазҳаби аҳли суннат, давлати мутадайинеро чун Туркия ва пешвои он Эрдуғонро интихоб карда, бозии фитнаангезро роҳандозӣ кардан бамаврид аст. Сенарияҳои ба ин монанд қарнҳо боз рӯи саҳна оварда мешаванд. Аксари террористонро доим дар симои мусалмонон нишон дода, онҳоро аз аҳли суннат мепиндоранд.

бар гирифта, дар як ҳолати заиф ва мутеъ нишон дода шудаанд. Чаҳорум, нофаҳмӣ ҳангоми ба имзо расидани санад аз ҷониби вазири иқтисод Ниҳат Зейбекчӣ бо ҳамтои эрониаш сар зад. Азбаски санади мазкур танҳо бо хатти форсӣ навишта шуда буду Ниҳат Зейбекчӣ ин хатро намедонист, дар аввал нахост имзо гузорад. Аммо бо ишораи Сарвазир Эрдуғон вазир Зейбекчӣ онро ба имзо расонид. Панҷум ин, ки бинобар санади имзошуда Туркия барои ҳар 1000 метри кубии газ ба Эрон 490 доллари амрикоӣ пардохт бояд кунад. Ҳол он ки ҳамон миқдор газро метавонист аз Озарбойҷон бо арзиши 45 доллар харидорӣ кунад. Илова бар ин, Эрдуғон 21 январ ҳангоми баромадаш дар Брюссел аз шиканҷаву ҳодисаҳои даҳшатовари ҳукумати Башор Асад изҳори нигаронӣ карда буд, аммо дар сафари расмиаш ба Эрон доир ба ин масъала чизе нагуфт. Ҳол он ки Эрон яке аз шарикони наздики ҳукумати Башор Асад маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ба қавли таҳлилгарони сиёсӣ вазъи мазкур ба нафъи Туркия набуда, ҳайати ҳукумати Эрдуғон аз Эрон бо «да-

рӯзномаҳо изҳор медоранд. Дар навбати худ, Сарвазир Эрдуғон ҳар касеро, ки бо ӯ ҳамраъй ва ҳамсаф нест, аз минбари баланд душман ва хоини миллату давлат мехонад. Аксарият иваз шудани мақом ва ҷойи кори беш аз 6000 пулисро бо шубҳа нигариста, ба таҳқиқ кӯшиши рӯпӯш карда шудани масъалаи мазкурро бовар доранд. Абдуллоҳ Гул, Президенти Туркия нисбат ба воқеаҳои фасоду ришваситонӣ изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст: «Ҳеҷ сохтор ва мақомдоре набояд садди роҳи таҳқиқу тадқиқоти амалиёт алайҳи фасод ва ришваситонӣ шавад. Қазияи мазкур бояд бо роҳҳои демократӣ ҳалли худро пайдо кунад». Бино ба пурсиши гузаронидаи муассисаи мустақили стратегӣ-таҳқиқотии «MetroPOLL», 70%-и мардуми Туркия ба ҳақиқат доштани фасоду ришваситонии мақомдорон бовар доранд. 60%-и мардум иброз доштаанд, ки ҳукумати Эрдуғон кӯшиши рӯпӯш кардани ҳақиқатро доранд. Ҳамчунин, 60%-и дигар бар онанд, ки ҳоло барои садди роҳи таҳқиқоти масаъалаи мазкур шудан, ҳукумати Эрдуғон аз болои қувваҳои амниятӣ ва додситону судяҳо фишор меорад. Ҳамин тавр, беш аз 79%-и ҷомеа авҷ гирифтани фасод ва ришваситониро дар кишвар қабул доранд. Хуллас, аз манзараи кунунии Туркия чунин бармеояд, ки ҳам ҷомеа ва ҳам давлат ба ду гуруҳи ба ҳам зид ҷудо шудаанд. Гуруҳи аввал ҷонибдорони сиёсати ҳукумати Эрдуғон ҳастанд, ки теъдоди зиёди онҳо аъзои Ҳизби адолат ва рушд низ мебошанд. Дуюм гуруҳро аксар шаҳрвандони Туркия ташкил медиҳанд, ки онҳо хоҳони равшан гардидани воқеаҳои кунунӣ буда, ҷонибдори бо роҳи демократӣ ҳал шудани қазияи мазкур ҳастанд. Маълум мегардад, эътимоди мардум ба ҳукумати Эрдуғон чун солҳои қаблӣ он қадар қавӣ нест. Дар сари қудрат мондани ҳукумати ӯро интихоботи моҳи марти соли ҷории Туркия муайян хоҳад кард.

Муродалӣ ҚОСИМҶОНОВ, ҷомеашинос

e-mail: javonontj@mail.ru

мимиллии байни ҳизбҳои сиёсии Туркия, ки соли 2011 сурат гирифт ва ҳукумати Эрдуғон дар он бо касби 49,95% овоз баранда шуд, далели боварии комили аксарияти мардум ба ҳукумат аст ва бешак, шахсияти он замон мутадайини Эрдуғон дар ин ҷо нақши муассир бозидааст. Аммо суханҳои Эрдуғони чанд моҳи пеш аз даъвоҳои Эрдуғони имрӯза дар гуфтору рафтор куллан тафовут доранд. Ҳоло ӯ шахсону гуруҳҳоеро, ки замоне дӯст, бародар ва дар ободии кишвараш ҳамраъй меҳисобид, қувваи рақиб дар давлатдориву ҳукуматдориаш дида, онҳоро душмани №1-и ватанаш меномад. Дар ҳодисаҳои фасоду ришваситонии моҳи декабри соли 2013 маҳз ҳамин гуруҳҳоро айбдор мекунад. Ӯ ҳамон шабу рӯз зимни яке аз баромадҳояш дар нооромиҳои моҳи декабр даст доштани қувваҳои байналмилалиро иддао кард. Бар замми ин, баъзе аз гуруҳҳоро шарики онҳо хонд. Гӯё дар миён ягон айб ва ё ҷурме нест, балки ҳамаи ин бозии қувваҳои аҷнабиест, ки ҳукумати Эрдуғонро аз сари қудрат дур кардан мехоҳанд. Аммо Эрдуғон даст доштани фарзандаш - Билол Эрдуғонро

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

9

СИЁСАТИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

10

САХОВАТ

Ҳар ки ӯро хайр одат мешавад...

Кӯмак ба хонаи кӯдакон Хайру садақот ва таваҷҷуҳ бар ятимону бепарасторон амали неку кори савоб аст. Ин аст, ки нафарони хайрхоҳу саховатманд барои ба даст овардани дуои ятиму барҷомондаҳо талош мекунанд. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи фарҳангии тоҷикӣ-амрикоӣ ба Хонаи кӯдакони рақами 2-и шаҳри Душанбе қолину қандил ва ашёи дигари зарурӣ ёрӣ расонда шуд. Саодат Набиева, сардухтури Хонаи кӯдакон изҳор дошт, ки дар муассисаи мазкур барои сад кат ҷой омода шуда, айни замон 77 кӯдак ба парасторӣ фаро гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, “кӯдакон, пеш аз ҳама, ба навозиш ва меҳри падару модар ниёз доранд. Дар баробари ин, баъзан ба ашёи аввалиндараҷа, чун қолину палос, пардаву рӯйпӯшу катҳои хоб эҳтиёҷ пайдо мешавад. Он чи ки имрӯз ба Хонаи кӯдакони рақами 2 аз ҷониби Ассосиатсияи фарҳангии тоҷикӣ-амрикоӣ тақдим гардид,

кори хеле савоб ва сутуданист. Чаро ки ин ниёзу эҳтиёҷи кӯдаконро бароварда месозад ва барои дастандаркорони ин амали хайр низ беподош нест». Бояд гуфт, Ассосиатсияи фарҳангии тоҷикӣамрикоӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ, фарҳангӣ ва таълимиест, ки моҳи майи соли 2012 аз ҷониби як гуруҳ диаспораи тоҷикон бо мақсади ҳамгироӣ ва муттаҳидсозии ҷамъиятҳои тоҷикӣ ва амрикоӣ дар ИМА таъсис ёфтааст. Тавре Владимир Федоренко, раиси ассосиатсияи мазкур иброз дошт, кӯмак ба ятимону бепарасторон ва нафарони барҷомонда як бахши фаъолияти онҳо мебошад. Ассосиатсия то имрӯз бо мақсади муаррифии фарҳангу таърихи тоҷикон чорабиниву маросими сатҳи баландро доир кардааст, ки дар онҳо сенаторҳои амрикоӣ ва намояндаи расмии Тоҷикистон дар Амрико ба ҳайси меҳмон ширкат доштаанд.

М. САИД, “ҶТ”

Яке аз тоҷирони Афғонистон, собиқ раиси саноати дастии Афғонистон Ҳоҷӣ Ғулом Ҳасани Равшан ба кишвари мо муҳаббати зиёд дорад. Чанд сол пеш ӯ дар Намоиши маҳсулот ва ҳунарҳои мардуми Афғонистон, ки дар “Кохи Борбад” доир гардид, ширкат варзида, соҳиби «Ифтихорнома» шуд. Номбурда шахси саховатманду хайрхоҳ буда, дар шаҳри Кобул аз ҳисоби худаш барои 1000 нафар хонанда мактаб бунёд кардааст. Чанде пеш бо мусоидати раиси ТҶ «Академияи наққошӣ» Раъно Юлдошева Ҳоҷӣ Ғулом Ҳасани Равшан ба 31 тарбиятгирандаи мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе либосу лавозимоти мактабӣ ҳадя намуд. - Мо чанд сол боз бо Ҳоҷӣ Ғулом Ҳасан дар бах-

ши ҳунармандӣ ҳамкорӣ дорем, - гуфт Раъно Юлдошева. - Аз тарафи дигар, ман ҳамчун ҳуқуқшинос чанд маротиба дар мактаб-интернати №1 ба тарбиятгирандагон дар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дарс гуфтаам. Вақте Ҳоҷӣ Ғулом Ҳасан ибрози кӯмак расонидан намуд, ба ӯ гуфтам, ки беҳтарин хайр кӯмак ба тарбиятгирандагони мактабинтернат мебошад. Ҳоҷӣ бо хушнудӣ ин маслиҳатро пазируфт. Ба гуфтаи директори мактаб-интернати №1 Файзалӣ Ғайратов, алҳол дар ин дабистон 558 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Аз онҳо 24 нафарашон ятим мебошанд. Дар арафаи Соли нави мелодӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати мазкур омада, хотири тарбиятгирандагонро бо ҳадяҳо шод намуд. Дар ин ҷо рӯзе ба хонандагон 4 маротиба хӯрок дода мешавад. 355 тарбиятгиранда дар хобгоҳи мактаб-интернат маскунанд. Ҳоло 9 дастпарвари мактаб-интернат дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Он рӯз дили 31 хонандаги мактаб-интернат лабрез аз фараҳ буд. Ҳоҷӣ Ғулом Ҳасани Равшан шодии кӯдаконро дида, изҳор намуд, ки ин кӯмаки аввалину охирини ӯ нахоҳад буд. - Ман, иншооллоҳ, боз ба ин ҷо бо туҳфаҳои навбатӣ меоям, - гуфт Ҳоҷӣ Ғулом Ҳасан.

С. АМИНИЁН, “ҶТ”

БОНГИ ИЗТИРОБ

Ронандаҳои густоху мусофирони бефарҳанг e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳар рӯз дар назди истгоҳи Сирк (аз ду тараф)-и пойтахт шоҳиди зуд-зуд тамбашавии роҳҳо мешавем. Агар сабаби тамбашавӣ аз як тараф зиёд будани нақлиёт бошад, аз тарафи дигар густохии ронандагони микроавтобусу таксиҳо ва бефарҳангии мусофирон аст. Шаҳрдори Душанбе бо риояи талаботи бехатарии мусофирон бо маблағи калон истгоҳҳои замонавӣ сохтааст. Мутаассифона, мусофирон ба ҷои дар истгоҳ нақлиётро интизор шудан, 50-100 метр аз истгоҳ пештар мераванд. Ронандагон низ истгоҳро монда, густохона дар қатори дуюми роҳ мусофиронро савор мекунанд. Зеро дар қатори якум таксиҳо истодаанд. Агар ронандагон аз рӯи қоида дар истгоҳ мусофиронро савор кунанд,

мардум одат карда, танҳо дар истгоҳ нақлиётро интизор мешаванд. Ҳамаи густохии ронандагони микроавтобусу бефарҳангии мусофирон аст, ки аз қафои микроавтобусҳо мошинҳо зиёд қатор истода, бесаброна «сигнал» медиҳанд. Ин боиси ба миён омадани ҳолатҳои садамавӣ ва ихроҷи дуду газҳои заҳрнок мешавад. Хуб мешуд, ки Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе бо доир намудани рейдҳо ин

бенизомиро рафъ карда, ба ронандагони густох огоҳӣ диҳад. Роҳбарони ҷамъиятҳои «кушода»-ю «пӯшида»-и нақлиёти мусофирбарро, ки дар пойтахт хеле зиёданд, зарур аст, ки илова аз «чуталпулӣ» ситонидан ба ронандагон дар бораи одоби муошират ва қоидаи бе зарар расонидан ба дигарон дар канори роҳ нигоҳ доштани нақлиётро таъкид намоянд.

С. АБӮИСМОИЛ


санадҳои муътамади таърихӣ? Тамошогарони бозиҳои сиёсии ҳангомаофар аз фазои тайи чанд соли охир номуътадили Қирғизистон ва ғурури таърихан миллии миллати тоҷик истифода бурда, қарсакзанон ба оташи фиребандаи хашму ғазаби ду бародар равған мерезанд. Дар сурате ки хати сарҳад аз рӯйи ҳудуди марзии соли 1989 асоси ҳуқуқӣ надорад, пас дигар чӣ ҳоҷати иддао аст, ки ҷониби Қирғизистон

метавонад ҳамагуна манфиатҳои марзии худро ҳифзу ҳимоят кунад. 16 майи соли 2008 дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба муҳимияти ҳуҷҷати марзӣ роҳбарони ҳар ду давлат мулоқот карда, имзои созишномаро бобати манъи фаъолияти хоҷагӣ дар хати сарҳад пешниҳод намуданд. Аммо ҷониби Қирғизистон ба саркашӣ ва кашолкориву якравӣ такя карда, оқибати ногувори қазияи

Моҷарои бемаҷро Воқеан, ҳуҷуми иттилоотӣ дар замони тантанаи нави ҷаҳонӣ афзалтар аз ҳама ҳуҷумҳост. Бо ин тарз метавон тафаккури миллӣ, зиракии сиёсии заифиродаву ноустувор ва мавридшиносии нокомилро ғасб кард. Яке аз омилҳои халалдор кардани фазои мусоиди ҷомеаи шаҳрвандӣ аввалан бо ҳамин роҳ оғоз мегардад. Муддати мадидест, ки мавзӯи ҳангомаангези сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳама расонаҳои хабарии дохилу хориҷи кишвар ба суоли рӯз мубаддал гаштааст. Ҷониби Қирғизистон ба санадҳои асосноки таърихӣ беэътиборӣ намуда, бо истифода аз расонаҳои хабарии таъсиргузори ҳангомаофар ба фаъолияти тарғиботӣ машғул шуданд. Ҳудудгузориро дар асоси харитаи солҳои 1924-1927 инкор кардан таърихро инкор намудан аст, ки ин ба ягон қонуни байналхалқӣ мувофиқат намекунад. Ба хотири манфиат шуда, зарфиятҳои таърихии тақдирсозро беэътибор донистан, аз рӯӣ адолати башарӣ набуду нест. Дар замони амлокдорӣ бо роҳи зӯрӣ ғасб кардани як порча замини кишоварзе аз ҷониби шахси қудратманд, тақозои қонунҳои нонавиштаи ҷомеаи бе сару сомон буд, ки дар он айём ҷаҳолат ва беҳокимиятӣ ҳукмфармоӣ мекард. Аммо имрӯз ба он зарфиятҳои номатлуби ҳиҷолатпараст такя кардан камоли бехирадист. Зеро, асри бисту як, асри болоравии шууру тафаккури ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳувияти милливу нангу номуси ватандорӣ на танҳо барои миллати тоҷик, балки барои тамоми миллату халқиятҳои дунё имкон намедиҳад, ки ҳуқуқи манфиатҳои миллӣ аз ҷониби қуввае поймол шавад. Ба як санади асоснок (солҳои 1924-1927) такя накардан, ба санади бебунёди муаллақ (соли 1989) умед бастани ҷониби Қирғизистон ҷуз баҳонае беш нест. Ба он хотир баҳона, ки қувваи дигаре дар ин миён нақши катализатори (ангезанда) маҳлули ҳамбастагиву ҳамдигарфаҳмии ду миллати ба ҳам дӯсту қаринтамаддунро бозида истодааст. Вагарна чи ҳоҷат аст, як мавзӯи кӯчаки ҳалшавандаро ба мушкилоти рӯз табдил додану инкор кардани

Терминали нав имкониятҳоро васеъ мегардонад Директори ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки Терминали нави фурӯдгоҳ 9 сентябри соли равон расман кушода мешавад. Алҳол корҳои сохтмони терминали нав 90 дар сад анҷом дода шудааст. Терминали мазкур дар асоси қарордод миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Фаронса бунёд ёфта, маблағи умумии он 39 миллион евроро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии он 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар як соат ба 500 нафар мусофир хизмат расонида мешавад. Ҳамчунин, тибқи Протоколи ҳамкорӣ Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурӯди автоматикунонидашудаи ҳавопаймоҳо ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурӯди аниқи ҳавопаймоҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маблағи 15-20 миллион доллар грант ҷудо мекунад. Дар назар аст, ки нимаи дуюми соли равон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон Созишнома дар бораи ҷудо шудани грант ба имзо расида, корҳои сохтмонӣ оғоз меёбад. Сохтмони терминали боркашонӣ ва бо таҷҳизоти муосиртарин таҷҳизонида шудани фурӯдгоҳ имконият медиҳад, ки боркашонии ҳавоӣ ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои байналмилалии авиатсионӣ ба ҳамкорӣ ҷалб карда шаванд. Ҳавопаймоҳо мутобиқи талаботи дараҷаи аввал дар нишасту парвоз фурӯди дақиқро ба амал оранд. Рустам Холиқов таъкид намуд, ки ба маданияти муоширату сифати хизматрасонии кормандони муассиса диққати ҷиддӣ дода мешавад. Кормандоне, ки қоидаи рафторро дағалона вайрон мекунанд, баъди ду бор гирифтани огоҳӣ аз вазифа озод хоҳанд шуд. Ҳоло музди миёнаи кормандони фурӯдгоҳ якҷо бо мукофотпулиҳо 2888 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, зимни интихоби кормандон ба дараҷаи забондонӣ, малакаи корӣ, одоби муошират диққати зиёд дода мешавад.

11

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

пофишорӣ мекунад? Ё бо усули ба таъбире, “говзӯрӣ” метавон моли як каси дигарро аз худ кард? Ҳаргиз! Сабақи таърихи миллати тамаддунофари тоҷик дигар ба чунин амалҳои таъкидкунанда бе ягон ваҷҳ роҳ намедиҳад. Аз он ҳуҷумҳои иттилоотии бебунёду беасос чашми Тоҷикистон таҳ намехӯрад. Таҳаммулпазирӣ дар ин росто маънои онро надорад, ки ҷониби Тоҷикистон аз асоснок набудани санади ҳуқуқиву таърихие мелангад. Баръакс, маълумоти дар даст доштаи Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи қонунҳои байналмилалӣ буда, танҳо дар ин қазия роҳи мусолиҳатомези ҳифзи манфиатҳои миллии худро интизор аст, вагарна пойи мо дар рикоби саманди ғурури миллиамон занҷирбанд аст. Миллати тоҷик тӯли таърихи башарият замини 93% куҳсорашро бо роҳнамоии фарзандони барӯманди сиёсиву фарҳангияш Тоҷикистони маҳбуб кард ва ба ҷомеаи ҷаҳон манфиатҳои тамаддунофарашро шиносонду сиёсати дарҳои кушодро маҳаки асосии давлатдории худ қарор дод. Сад дар сад

мазкурро андеша намекунанд. Пас, дар ин замина андешаи дигар домангир аст, ки саҳлангорӣ дар чунин муносибат чӣ маъно дорад? Ҳамон аст, ки ҳамон: вобаста ба баҳонаҳои мазкур амали таъсиррасонии қувваи ғайр ба тафаккури миллии бародарони ҳамсояамон, ки решааш аз рашку ҳасад об мехӯраду пешрафти Тоҷикистони маҳбуб ноҳинҷорашон мекунад. Дигар ҳар гуна тавтеъаву ҳангомаҳое, ки “қаҳрамонон”-и ҷангҳои иттилоотӣ дар сомонаҳои интернетӣ роҳандозӣ мекунанд, маънӣ надоранду тирашон ба ҳадаф намерасад. Зеро ҷониби Тоҷикистон рӯи каф санади тасдиқкунандаи таърихӣ дораду онро мақомоти ваколатдори ИҶШС тасдиқ кардааст. Дар ин росто, мусолиҳакорӣ роҳи беҳтарини ҳалли муноқиша мебошад, вагарна, раванди ин моҷаро маҷро надорад. Замин – замини худамон, ғурур – ғурури тоҷикӣ ва ҳадаф – сулҳу осоиштагӣ.

Давлат САФАР, шоир ва рӯзноманигор

e-mail: javonontj@mail.ru

Муноқишаҳои иттилоотӣ сари як мавзӯи баҳсталабу ҳангомаофар дар сомонаҳои интернетӣ зуҳуроти нав нест. Аз ин имкониятҳои фаровон душманони дохиливу хориҷии ҳар миллат ба таъбире самаранок истифода мебаранд.

ХИЗМАТРАСОНӢ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

ҲАМСОЯДОРӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

12

САЙРЕ БА ТАЪРИХ

Саид Аҳмад Давлаҳмадов, ки чун сайёҳ дар ақсои олам сайр дорад, ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи миллат машғул аст. Куҷое ки сафар намояд, ҳатман он ҷо изи миллати хешро меҷӯяд. Боре аз овони ҷавонӣ ва донишҷӯйӣ ёдовар шуда, нақле кард. Он замон ӯ дар техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Донишкадаи энергетикӣ) таҳсил дошт. Тавре вай гуфт, дар техникум ҳамроҳашон чанд нафар ҷавони бадахшонӣ таҳсил мекарданд. Ба гуфтаи Саид Аҳмад Давлаҳмадов эшон даъво доштанд, ки дар асл онҳо, умуман, тоҷик набуда, пасмондаҳои юнониҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, ки қарнҳои пеш аз милод ҳуҷум кардаанд. Юнониҳое, ки бо сарварии Искандари макдунӣ ин минтақаро забт карда буданд. Ҳангоми донишҷӯӣ куллиёти шоири шодравон Мирсаид Миршакарро варақгардон намуда, баробари ашъор ба навиштаҳои насрии ӯ, аз ҷумла, мақолаҳо назарам афтод. Дар яке аз мақолаҳо, ки доир ба мардуми Бадахшон бахшида буд, чунин мисраъҳо ба чашм расид: Шоҳносири Хусрави банданавоз, Искандариям зи мулки дури Дарвоз... Мазмуни ин мисраъҳо ва андешоти шоир ифодагари ба юнониҳо қаробат доштани мардуми Бадахшонро дошт. Ҳоло ҳам тавассути баъзе расонаҳои хабарӣ ин иддао садо медиҳад. Саид Аҳмад Давлаҳмадов даврони истиқлолият вақти хешро, асосан, сарфи сайру саёҳат ва омӯзиш кардааст. Масъалаи мардуми Бадахшон, ки дар аҳди қадим саққоиҳо ном бурда мешуданд, ӯро ҳеҷ ором намегузошт. Ба ин хотир ки мардуми Бадахшон ҳеҷ монандии зоҳирӣ ба юнониҳо надоранд ва дар забони эшон ягон калимае, ки ба ин миллати аврупоӣ рабте дошта бошад, низ ёфт намегардад. Саид Аҳмад Давлаҳмадов ҳангоми сафарҳо, хусусан, дар Эрон, доир ба қабилаи саққоиҳо зиёд пурсон мешавад. Дар аксар ҷойҳо ин мардумро таърифу тавсиф намуда, таъкид мекарданд, ки дар аҳди шоҳаншоҳони Эрони қадим чун ҷанговарони ҷасур дар муҳорибаҳои зиёд ширкат варзидаанд. Сайёҳ ҷустуҷӯи худро аз шаҳри Астараи Озарбойҷон оғоз намуда, то ба шаҳри Астараи эронӣ мерасад. Чунки маълумоти бадастоварда, саққоӣ, яъне, бадахшониҳои имрӯзро ба мардуми Эрони Шарқӣ нисбат медод. Вале дар ин ҷо ягон из дарёфт намешавад. Пасон ба шаҳри Исфаҳон меояд. Дар Исфаҳон ниҳоят маълумот пайдо мегардад. Мувофиқи маълумоти бадастомада саққоиҳо чун форсҳои кӯҳна ёдоварӣ мешаванд. Вале ватани аслии эшон ҳамоно номуайян мемонад. Ҷустуҷӯҳо ӯро ба тахти Ҷамшед меорад. Дар катибаҳои қадим навиштаҷоте ёфт мегардад, ки аз ширкати ин мардум дар муҳорибаҳои гуногун ва корнамоии онҳо ҳикоят доштанд.

Саққоиҳои кӯҳан: аз Сиистон то Бадахшон Саид Аҳмад Давлаҳмадов сафарро идома дода, ба шаҳри Шероз ва аз он ҷо ба Бандар мерасад. Дар ин шаҳр ӯро хеле хуш пазируфта, се рӯз манъ мекунанд. Тавассути оинаи нилгун дар бораи сафарҳои ӯ намоиш ташкил мешавад. Бо ифтихор ба тамошобинон иттилоъ медиҳанд, ки тоҷике аз кишвари ҳамзабон – Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи қисме аз мардуми миллати хеш – саққоиҳо, яъне, бадахшониҳои имрӯза аст. Билохира ба шаҳри Кирмон – зодгоҳи устод Абулқосим Лоҳутӣ мерасад. Аз ин ҷо нияти сафар ба шаҳри Машҳадро дошт. Вале маълумоте барояш дастрас мегардад, ки ватани аслии форсҳои кӯҳан ё ин ки саққоиҳо Сиистон аст. Пас, ба ин минтақа равон мегардад. Дар шаҳри Зоҳидон, маркази вилоятҳои Сиистону Балуҷистон дар осорхонаи калонтарини эронӣ Забур маълумоти басо нодирро дастрас менамояд. Мувофиқи маълумот, ба қавли олими маъруфи юнонӣ Ҳеродот, саққоиҳо дар асри 6 пеш аз милод, соли 529-517 ҳамроҳи массагетҳо – қабилаҳои ориёӣ, бо сарварии малика Томирис ё Томаредид дар ҷанг ба муқобили шоҳони эронӣ, бо сарварии шоҳ Аморг ширкати фаъолона доштаанд. Мувофиқи маълумоти боз ҳам олимони барҷастаи юнонӣ - Сторобон, Ҳеродот ва Эфор солҳои 405-303 пеш аз милод, замони ҳукмронии малика Заррина саққоиҳо ба авҷи аълои тараққиёт мерасанд. Тавре аз маълумотҳо бармеояд, дар асри 8 пеш аз мелод, ҳанӯз пеш аз шоҳигарии сулолаҳои гуногуни шоҳаншоҳони эронӣ мардуми форсзабони Осиёи Марказӣ дар кишварҳои мағрибӣ ва арабӣ маълуму маъруф будаанд. - Аз Зоҳидон ба шаҳри дуюми ин минтақа – Бирҷа рафта, он ҷо ҳам вобаста ба ин мардум маълумоти хеле муҳим ёфтам, - нақл мекунад сайёҳ Саид Аҳмад Давлаҳмадов. – Дақиқ шуд, ки Сиистон, қисмате аз Хуросони бузург - ватани аслии эшон аст. Онҳо шоҳигарии алоҳида

доштааанд. Вале пас аз ҷанг ҳамроҳ бо массагетҳо, ба муқобили шоҳони форс, дақиқтараш, Кири 2 дигар шоҳигарии саққоиҳо вуҷуд надошт. Ҳамчунин, вобаста ба наздик будан ё набудани ин мардум бо юнониҳо чустуҷӯҳо анҷом додам. Аммо ягон қаробате пайдо нашуд. Баръакс, далелҳое дастрас гардид, ки аз наздикии саққоиҳо аз ҳама бештар бо қабилаҳои форсзабони массагетҳо гувоҳӣ медиҳад. Ҳамчунин, ба қабилаҳои саумрат – осетинҳои имрӯза, каме бо тоҷикони сарикол - эфталитҳо, пасон бо мо, яъне, бохтару суғдиҳо. Тавре Саид Аҳмад Давлаҳмадов мегӯяд, дар асри 2-и пеш аз милод, пас аз фавти Искандари Мақдунӣ давлати юнону бохтарӣ ташкил ёфт. Чун саққоиҳо дигар шоҳаншоҳӣ надоштанд, ба давлати пурқуввати Бохтар муроҷиат намуда, барои таъсиси давлати хеш иҷозат мепурсанд. Ҳамин тавр, давлати саққоиҳо бо номи Парфия якҷо бо қабилаи массагетҳои форзабон, ки ҳоло чун туркман шинохта мешаванд , ташкил ёфт. Пойтахташ шаҳри Нисса, каме дуртар аз Ашқободи имрӯза ҷойгир буд, ки имрӯз ба худ номи Нисоро гирифтааст. Ҳамчунин, шаҳри Исфаҳон муддате пойтахти давлати парфиягиҳо маҳсуб меёфтааст. Дар бораи шаҳри Нисса ривояти дигаре низ мавҷуд аст. Арабҳо ҳини ба Осиёи Марказӣ сар даровардан, ба ин шаҳр ворид мегарданд. Дар шаҳр танҳо занонро вомехӯранд. Мардҳо аз тарс шаҳрро тарк карда буданд. Чун ба муқобилият дучор намешаванд, ба касе кордор нашуда, шаҳрро тарк ва ба он нисо, яъне, зан ном мениҳанд. - Ин ривоят хатост, - мегӯяд Саид Аҳмад Давлаҳмадов. - Чунки шаҳр бо номи Нисса маълум буд, он замон. Шояд бо мурури вақт тағйири ном карда бошад. Давлати Парфияи саққоиҳо то соли 226-и милодӣ арзи ҳастӣ намуд. Баъди ба сари ҳокимият омадани сулолаи сосониҳо Эрон аз дасти парфиягиҳо гирифта шуд. Шоҳони эронӣ саққоиҳоро

ба хиёнаткорӣ айбдор намуданд. Ҳамин тавр, давлати пурқуввати Парфия, ки то ҳудуди Ироқ тӯл дошт, пароканда гардид. Давлати Парфия, аз барои Арманистони ҳозира бо давлати Руми Шарқӣ се маротиба ҷанг кардааст. Баҳри аз нобудшавӣ худро эмин нигоҳ доштан, бархе аз саққоиҳо бо шоҳони эронӣ созиш ёфта, дар Сиистону Балуҷистони имрӯза боқӣ монданд. Қисми бештар гуреза шуда, бо ёрии давлати Бохтар дар Бадахшони ҳозира ҷой гирифтанд. На танҳо дар Бадахшони Тоҷикистон, балки дар Бадахшони Афғонистон, як қисмати Покистону Ҳиндустон саққоиҳо акнун зист доранд. – Дар таърихи ҷаҳонӣ ин қисмате аз мардуми тоҷик бо номҳои зобулӣ, сақӣ, сиистонӣ, сакистонӣ номбар мешаванд, ки имрӯз бадахшонӣ мегӯему Сиистону Зобулистонро аз эшон ҷудо мекунем. Ин хатои маҳз аст, - изҳор намуд сайёҳ Саид Аҳмад Давлаҳмадов. - Ин мардум ҳанӯз дар асри панҷи пеш аз милод худро тоҷик мешумурдаанд. Доир ба забони имрӯзаи мардуми Бадахшон. Бо мурури вақт дар забони онҳо тағйирот рӯй дод. Лекин ҳамагӣ якчанд ҳарф ё овоз дар калимаҳои истеъмолии ин мардум сарфи назар шавад, боқӣ ҳама дарии имрӯза аст. - Ҳоло садоҳое мешунавем, ки мардуми Бадахшон аз Тоҷикистону Афғонистон ҷудо ва як давлати алоҳидаи бадахшониҳо таъсис дода шавад, - бо таассуф нақл кард дар фарҷом сайёҳи тоҷик. - Аён мегардад, ки ин дасисаи душманони миллати тоҷик аст. Боре моро бо ҳам ҷанг андохтанд, хеле қир шудем. Акнун мехоҳанд байнамон ҷудоӣ андозанд. Хоҳиши ман аз ҷавонон, бахусус, ҷавонони саққоиҳои қадим, ки имрӯз бадахшонӣ ном мебарем, ин аст, ки таърихи миллати хешро дуруст ва хуб омӯзанд. Фирефтаи суханҳои «нарму ширин»-и бадхоҳони миллат нашаванд. Тоҷикистон кишварест хеле кӯчак аст. Пас, онро ба қисматҳо ҷудо кардан нашояд.

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»


Сочӣ ба олимпиада омода аст

Томас Бах, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ изҳор доштааст, ки Сочӣ ба баргузории олимпиадаи зимистона омода аст. Бах, ки аз маркази Бозиҳои олимпии 2014 дидан кардааст, аз он чиз бештар ба ваҷд омадааст, ки 80 дар сади варзишгарон аз ҷойхоби худ пиёда то маҳали мусобиқот мераванд.

бо варзишгарон суҳбат кардааст: “Бовар дорем, ки ҳамааш дар сатҳи олӣ мегузарад. Ҳамаи

“Ювентус” дар ҷои аввал аст Клуби “Ювентус” бо ҳисоби 3:1 “Интер”-и Миланро шикаст дод.

Русҳо бо Норвегия бозӣ мекунанд Тими миллии Русия оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Норвегия бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин дидор 31 май дар варзишгоҳи “Уллевол”-и шаҳри Осло доир мегардад. Тими яккачини Норвегия сеюмин дастаест, ки дар чорчӯби омодагиҳо ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2014 бо тими миллии Русия бозӣ мекунад. Қаблан хабар дода шуд, ки 5 март русҳо бо тими мунтахаби Арманистон ва 6 июн бо Тунис ба майдон мебароянд. Дар гузашта дастаҳои мунтахаби Русия ва Норвегия ҳамагӣ

як маротиба бо ҳам қувва озмудаанд. Ин дидор соли 2004 дар Осло баргузор шуда, 3:2 ба нафъи дастаи яккачини Норвегия анҷом ёфт. Аммо тими мунтахаби СССР бо Норвегия ҳашт бозӣ анҷом додааст, ки панҷтои он бо пирӯзии футболбозони шӯравӣ поён ёфта, се дидори дигар мусовӣ шудааст.

Дэйв Кинг – ба “Локомотив” гузашт Дэйв Кинг аз Канада сармураббии нави клуби хоккейи “Локомотив”-и Ярослав интихоб шуд. Дэйв Кинги 66-сола дар ин вазифа Петр Воробёвро, ки 1 феврал бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш ба истеъфо рафт, иваз кард. “Локомотив” баъди 50 бозӣ бо 72 хол дар ҷадвали конфедератсияи шарқии КХЛ дар ҷои ҳаштум қарор дорад. Дэйв Кинг дар мавсими 2005-20006 бошгоҳи “Металлург”-и Магнитогорскро машқ додааст. Ӯ, ҳамчунин, тимҳои ҷавонон ва миллии Канада, дастаи мунтахаби Ҷопон, клубҳои “Калгари Флеймс”, «Монреал Канадиенс”, “Коламбус Блю Ҷекетс” ва “Финикс Койотс”-ро раҳбарӣ кардааст.

“Манчестер Ситӣ” аз “Арсенал” гузашт «Манчестер Ситӣ» дар дидори ахираш «Тотенхэм»-и Лондонро бо ҳисоби 5:1 мағлуб кард. Ҳисобро дар дақиқаи 15 Серхио Агуеро кушод. Дар қисмати дуюм Яя Туре ва Эдин Ҷеко ҳисобро се бар ҳеҷ ба нафъи “Манчестер Ситӣ” карданд. Дар дақиқаи 59, Этен Капуа ҳисобро тағйир дод - 3:1. Аммо дар қисмати охир бозингарони “Манчестер Ситӣ” ба задани ду голи дигар муваффақ шуданд. Бо шарофати ин пирӯзӣ “Манчестер Ситӣ” баъди 23 бозӣ шумори холҳояшро ба 53 расонда, дар ҷадвали мусобиқаи премер-лигаи Англия дар ҷои аввал мақом гирифт. “Арсенал”, ки як хол аз “Манчестер Ситӣ” камтар дорад, зинаи дуюмро муаррифӣ мекунад. “Тотенхэм” бо 43 хол дар ҷои 5-ум аст.

Оскар ҳалок шуд Оскар Гонсалес, боксчии мексикоӣ баъди чанд рӯзи муштзанӣ бо Хесус Галисӣ дар беморхонаи Мехико ба ҳалокат расидааст.

Голи нахустинро Стефан Лихтштайнер аз дастаи “Ювентус” дар дақиқаи 15 ба нишон расонд. Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюм Ҷорҷо Келлинӣ голи дуюми “Ювентус”-ро зад. Дар дақиқаи 55 Артуро Видал тӯби сеюмро вориди дарвозаи “Интер” намуд. Муаллифи голи ягонаи клуби “Милан” Роналду (дақиқаи 72) буд. “Ювентус” бо 59 хол дар садри ҷадвали серияи “А” қарор дорад. Дар ҷои дуюм “Рома” бо 50 хол нишастааст.

Сабаби марги Гонсалеси 23-соларо нашрияи “Deportes Univision” сактаи қалб гуфтааст. Рақобати Гонсалес ва Галисио 1 феврал дар шаҳри Мехико сурат гирифт. Дар раунди 10-ум баъди ба сараш мушт хӯрдан Гонсалес аз ҳуш рафт. Ӯро аз ринг ба беморхона бурданд. Гонсалес 26 маротиба ба ринг баромада, дар 23-тои он (14 нокаут) дастболо ва се бори дигар мағлуб гардидааст.

Арагонес дигар нест Луис Арагонес, сармураббии собиқи тими миллии Испания оид ба футбол 1 феврал дар 75-солагӣ дар беморхонаи Мадрид аз олам даргузашт. Сабаби мирги ӯ хабар дода нашудааст. Карйераи Арагонес соли 1957 аз клуби “Хетафе”-и Испания шуруъ гардидааст. Баъди як сол ба “Реал”-и Мадрид мегузарад. Аввалин дастае, ки Арагонес тамрин додааст, “Атлетико Мадрид” мебошад. Ҳамчунин, вай клубҳои “Барселона” “Севиля” ва “Валенсия”ро раҳбарӣ кардааст. Соли 2004 сармураббии тими миллии Испания шуд ва баъди чор сол даста Қаҳрамони Аврупо гардид.

e-mail: javonontj@mail.ru

Президенти КБО гуфтааст, ки ҳамроҳи ҳамкорони худ аз рустоҳои олимпӣ дидан намуда,

иншооти варзишӣ муосир буда, сифати онҳо олист”. Маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ 7 феврал оғоз шуда, 23 феврал анҷом меёбад. Бозиҳои зимистонаи олимпӣ аз ин пеш на дар Русия ва на дар СССР баргузор нашудааст. Соли 1980 Маскав мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпӣ буд. Тибқи хабарҳо варзишгарони Русия дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочӣ зери таронаи “Нас не догонят”-и гуруҳи “Тату” ба майдон мебароянд. Аммо маълум нест, ки худи овозхонҳои гуруҳ низ дар ин маросим ширкат мекунанд ё на.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

13

ВАРЗИШИ ҶАҲОН


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

14

АДАБИЁТ – Худоё, магар ин хиёнат нест?.. Инро ба забон оварду аз ҳаё ларзид ва гӯё хоки замин шуд. Атрофу акноф ҳама дар назараш хира гашт. Чизеро намедид, аммо нигоҳи сард, беруҳ ва бимангези Гулбойро эҳсос мекард ва ба гӯшаш нидои паст, вале гирои ӯ мерасид: – Зар аст, зар! «Акнун чӣ бояд кард?» Ин фикр ӯро безобита намуд. Чанд лаҳза қабл Кабир Назир, марди шонапаҳну баландболо бо мӯйҳои мошубиринҷи ҷингила шитоб дошт. Ногаҳ чашмаш ба китобҳои ҳошияи гузаргоҳи зери замин афтоду истод. Якбора табъаш хира шуд, дилаш ҳузн гирифт. Мутаҳайир ба ҷониби китобҳо менигарист. Ногаҳон ӯро хоҳише даст дод, ки ҳамаи китобҳоро бихараду ба бачаҳо ҳадя кунад. – Бачаҳо, – ба худ ғурунгид ва дилаш гум зад. Чанд мешуда бошад? Маблағам мерасида бошад? Пурсам, чӣ? Лекин... Ҳоло вай бояд дар нашриёт бошад. Қарордод имзо кунад. Ин барояш бағоят муҳим аст. Агар шаст дар сади маблағро диҳанд, нуран алонур мешавад. Метавонад бештар китоб бихарад. Аммо дилаш намекашад, пояш пеш намеравад. Гӯё тарс дорад. Аз чӣ метарсад? Намедонад, вале оқибати ногувореро эҳсос мекунад. – Аҷаб ҳоле! – китф барҳам кашид Кабир Назир. – Ё тавба! Ниҳоят худро ба даст гирифту қадам бардошт. Ҳамзамон ҳисси ноошное ба дилаш ханҷол зад. – Ё тавба!.. Китобфурӯш марди тақрибан чилчилудусолаи бадқавоқе буд. Китфонаш лоғар, мӯяш парешони шонанадида. Чеҳрааш ба чеҳраи одами майзада монанд. Ба назари Кабир Назир чунин намуд, ки вай парвои китобҳо надорад. Ҳамту – аз бекорӣ кадукорӣ! – рӯзро кӯр мекунад. Ҳузни гароне ба дили Кабир Назир ханҷол кашиду баданаш ба ларза афтод. Ба ӯ чӣ шуд? Аз ҳоли ғариби китобҳо аст ин, ё шамоли ҳақиронаи китобфурӯш?.. Аз ғами ҳар ду аст!.. Ҳо-о, аниқ!.. – Чӣ лозим? Кабир Назир ба либосҳои куҳна ва ҷоҷо доғдори китобфурӯш нигариста, гуфт: – Чаро китобҳоро ба ҳавои кушод баровардед. Охир онҳо нозуканд, тоқати боду нурҳои офтобро надоранд. Ӯ рӯй турш карда, бо овози ҳазин: – Чӣ кор кунам, – гуфт, – аз ноилоҷӣ. Ба мағоза роҳ надиҳанд, дар бозор ҷой набошад. Ин ҷо холӣ, сари роҳ, раҳгузарон бисёр – Ҳа-а, – гуфт ба оҳанги таассуф Кабир Назир. Офтоб паси абр пинҳон шуд. Барқ ханҷар кашиду раъд ғуррид. Ларза ба дилаш афтод. Саросема ба осмон нигарист. – Чӣ, шумо магар аз тундар метарсед? – пурсид китобфурӯш. – Не-е, – гуфт ӯ. – Аз тундар не, аз борон метарсам. – Ийе, чаро? – Охир, борон борад, китобҳо ҳайф мешаванд. – Хавотир нашавед, – бепарво гуфт китобфурӯш. – Бо селофан мепӯшам. – Аз ду сар нам мекашад. Нам аҷали китоб. Китобфурӯш баланд хандид: – Эъ, маълим дилатон танг будааст. Аз «маълим» гуфтанаш ранҷид, вале дарзамон чашмаш ба китоби шинос афтод.

Хубтар зеҳн монд. Ё тавба! Китобаш дар фурӯш! Чӣ хел? Аз куҷо? Китобро ба даст гирифт. Чашмони камнуру беҳоли китобфурӯш барқ заданд. – Завқатон зӯр будааст, маълим... – Маълим не, ақаллан, бародар гӯед. – Хуб шудааст, бародар. Китоби хубро интихоб кардед. Мегӯянд, ки... – Чӣ мегӯянд? – Мегӯянд, ки нависандааш он қадар одами хуб нест, лекин зӯр менависад. Дили Кабир Назир фурӯ рехт. – Кӣ мегӯяд? – Ҳама... – Ҳама?! – Ҳо-о! Лекин мо ба ӯ чӣ кор дорем. Мегӯянд-ку “ба харе бор надорӣ чӣ кор дорӣ?” Ба мо китобаш лозим. Китоб дӯсти беғараз аст. Медонед... – Ҳо-о, китоб дӯсти беғараз аст, – су-

каст. Дилаш фишор хӯрд. Чашмонашро сиёҳӣ зер кард. Сараш сабук гирд гашт. Ҳалқаш хушк шуд магар, ки лабонашро лесид. *

*

*

Гулбой ҳамсинфаш аст. Пас аз хатми мактаби миёна ба хизмати аскарӣ рафт. Дар ҳамон ҷо касби ронандагиро омӯхт. Вале аз паси ин касб нарафт. Ба савдо машғул шуд. Имрӯз зиндагии Гулбой тинҷ, рӯзгораш обод аст. Чӣ хеле ки худаш мегӯяд, соҳиби ҳама чиз аст. Аммо ба китоб қарин нест. Кабир Назир бо умед китобашро ба ӯ туҳфа кард, ки шояд ба китоб дил бандад. Гулбой китобро аз дасти ӯ гирифта гуфт: – Оё медонӣ китоби ту чист? Кабир Назир китф барҳам кашид. – Ана, дидӣ, менависӣ, вале намедонӣ! – гуфт ӯ ва ангушти ишоратиашро боло бардошта афзуд. – Аммо ман медонам! – Аҷиб-ку…

Соядаст

Шералӣ МӮСО

ҳикоя

ханро аз даҳони ӯ гирифт. – Нархаш чанд аст? – Ин китоби олиҷаноб аст. – Медонам, ки китоби олиҷаноб аст, – асабиёна гуфт Кабир Назир. – Нархашро пурсидам. – О-ооо... – пушти сар хорид китобфурӯш. – Арзони хоки сиёҳ. Ҳамагӣ сад сомонӣ. – Чӣ?! – гӯё мот шуд Кабир Назир. Ва ба димоғаш бӯйи борон расид. – Чаро ин қадар қимат? – Нодир-да. – Чӣ хел нодир? – Бо соядасти муаллиф. – Соядаст? – Кабир Назир саросема китобро кушоду чашмаш ба соядаст афтод: «Ба дӯстӣ қадрдонам Гулбой...» – Ааа? – Чӣ шуд? – Ҳиччӣ! – Ҳа-а... – ба худ ғурунгид китобфурӯш. Лаҳзае санг гашт. Қалбаш дар ҳам ши-

– Аҷиб ҳам гап?!. Хуб… ҳоло гӯш фаро бидеҳ. Кабир Назир табассум кард. Гулбой бо тантана нидо зад: – Зар аст, зар! Аз ин суханони ӯ Кабир Назир дар хиҷолат монда, китф барҳам кашид: – Шояд… – Шояд не, аниқ! – гуфт ӯ бо як эътимоди комил ва афзуд. – Расули акрам, ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтааст: «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз, агарчи дар Чин аст». Сад афсӯс, ки мо ба қадри ин суханони бузург намерасем. Он лаҳза қомати Кабир Назир боло шуда, сараш ба осмон расид. Таҳи дил гуфта буд: «Шукр, ки ақлаш даромадааст». Вале он вақт ҳеҷ гумон намекард, ки Гулбой ним нагашта китобашро ба фурӯш мемонад. Ин байт ба хотираш омад: «Аввалин нукта гарчи чуст бувад, Охирин беҳтар аз нахуст бувад». Ҳо-о, бояд «дӯст»-ро хат занаму «аблаҳ» нависам. Ва беихтиёр ба забон овард: – Аблаҳ! Китобфурӯш ҷигот андохт: – Чӣ гуфтед? – Китоби олиҷаноб… *

*

*

Гулбой ким-чӣ хел шод буд, суруд мехонд. Ҷойнамоз дар даст омодаи адои намоз буд. Кабир Назир дар дил гуфт: «Гоҳ нағмаву усул, гоҳ Худову расул»-аш ҳамин будагист?» Ва садо зад: – Гул! Гулбой як қад парида, тоб хӯрда, ба қафо нигарист. Чун Кабир Назирро дид, ҷойнамозро як сӯ ҳаво дода, ба истиқболаш омад. – Эъ, ин тӯӣ?.. – Ҳа, ман, – гуфт Кабир Назир. – Чӣ, нашинохтӣ? – Чӣ хел дӯстамро нашиносам, – гуфт Гулбой. – Биё, биё, рӯзи хуб будааст, боз ба дидори якдигар мушарраф шудем. – Нағз, ки дина мушарраф нашудӣ. – Мешудам, чӣ мешуд?

– Сари қаҳр зада саратро маҷақ мекардам. Гулбой беғамона хандид: – Э-эъ! Барои чӣ? – Барои чӣ? – пурсид Кабир Назир ва китоби дасташро ба ӯ нишон дод. – Ана, барои ин. – Эҳа, китоб-ку?! – Ҳа, китоб. – Эъ, садқаи аҳли фаҳм шавам! – хитоб кард Гулбой, гӯё шод шуд. – Китобро хондӣ? – пурсид Кабир Назир. – Ҳо-о! – нидо зад Гулбой. – Албатта! – Кай? – Шаб. – Дар як шаб, а? – Ҳа, дар як шаб. Ҳама корамро як сӯ гузошта хондам. – Хӯш, чӣ хел? – Зӯр! Рӯи Кабир Назир турш шуд. – Ба Худо зӯр! – Фаҳмидам. – Дидӣ, ман ба қадри китоб мерасам. Кабир Назир мутаҳайир ба чеҳраи вай назар давонда, ҳамчунон ба заҳрханда гуфт: – Ҳо-о, чунон мерасӣ, ки онро накушода, ба фурӯш мондӣ. – Чӣ гуфтӣ? – Чизе шунидӣ. – Китобатро ба фурӯш мондам, гуфтӣ? – Ҳо-о! – Э, не-йе! Кӣ гуфт? – Худи китоб. Гулбой боз беғамона хандид: – Ҳо, лаънати-е! – Чӣ?! – дили Кабир Назир таҳ нишаст. – Кӣ лаънатӣ? – Девори намкаш нашав. Писарама мегӯям. Дирӯз пул талабид, надодам. Китобро бурда додааст-да… – Масхарабозӣ накун, – ҷиддӣ гуфт Кабир Назир. – Кӯдак нестӣ! – Хайр, чӣ гӯям дигар? – Ҳақиқатро гӯй. – Ҳақиқат ин аст, ки китобро пурра хондам. Бисёр маъқул шуд. Гуфтам, дигарҳо ҳам хонанд, баҳра баранд… – Боз дурӯғ мегӯӣ?! – Эъ, гӯш кун! – симои Гулбой ҷиддӣ шуд. – Ту китобро ба ман туҳфа кардӣ? Кардӣ! Пас, он моли кист? Моли ман! Моли ман, ки бошад, хоҳам мефурӯшам, хоҳам ба оташ меандозам. Фаҳмидӣ?! – Ҳо-о! – гуфт Кабир Назир. – Як чизро хуб фаҳмидам. – Чиро? – Пул туро аз одаму одамгарӣ дур кардааст… – Э, гап бисёр шуд… “Гапи бисёр – харро бор”, гуфтаанд. Ниҳоят, Кабир Назир сабру тоқатро аз даст дод: – “Ба харе бор надорӣ, чӣ кор дорӣ...” – Дашном надеҳ?! – Ин матал аст. – Худат хар! – Ана ба ту хар! – гӯён Кабир Назир ба бехи гӯшаш як мушт фуровард. Гулбой «воҳ!» гуфту чун дарахти буридашуда якпаҳлӯ ба замин ғалтид. Гӯё замин ҷунбид. Аз хона ҳамсари Гулбой Хушбӯ баромад. Дар рӯяш осори мушту лагад ҷилва дошту дар чашмонаш ашк. Кабир Назир гумон кард, ки худи ҳозир ӯ доду вой карда, ҳавлиро ба сар мебардорад. Ба ӯ часпида, аз гиребонаш мегирад. Ғайричашмдошт Хушбӯ хурсанд шуд, бо гӯшаи рӯймолаш ашки дидагонашро сутурд. Болои сари шавҳараш омад. Чун ӯро беҳуш дид, шодиаш як бар даҳ афзуд. – Гуфтам-ку Худо мезанад. Сипас, ба Кабир Назир рӯ овард: – Беҳтарин соядаст. Ин рафтори Хушбӯ ғайри мунтазира Кабир Назирро моту мабҳум кард.


Шањри истироњатї дар Русия

Офати табиї

Њимояталабї, Китоби «зораю …» муќадда-

Муќобили лалмї

Максим ..., нависандаи рус

Асбоби Кос- Бањр дар мусиќии ѓарбї та-... Осиё

Як хел захми пўст

Яроќи Калашников …у якуми март Наврўз

Мошини Нависандаи хољагии инглис, муалќишлоќ лифи "Маугли"

Хурмо … аз ансамбли «Гулшан»

Бе он Овозхони Русия футбол ... Сой намешавад

Нафас

Баландии садо

Маза

Сарњадбон

Муаллифи "Духтари оташ"

«... гањвора то гўр дониш биљўй»

Тунду тез, асабонї

Дору барои љароњат

Љумњурї дар Русия, пойтахташ Махачкала

Миллат Асбоби дар Ќафќоз

Канали №1 дар Русия

Шањр-бандари машњури Њиндустон

Аз љинси лўбиё

Гулоб

чўбтарошї

Таоми миллии тоторї

Љангал дар Эрон

Њокими шањр

Азоб, шиканља

... «Новости», расонаи хабарї

Забони сунъї

... Кошевой, "Гвардияи љавон"

«Љануб» ба истилоњи бањрчиён

... Насафї, шоири классик

Тарс, дањшат

Тайёраи љангии русї

Номи ќадимии Амударё

Шайтон

Давлати ќадим дар Африќо

Асбоби мусиќии тории калони секунљашакл

Хариду фурўши мол

Зоти тўтї

Монанд, мисл

Одатшуда, муќаррарї

Парлумони Украина

Атоми заряднок

Алав

Дар мактаб 45 даќ. аст Тарабхонаи хурди эстрададори аврупої

Њадя, бахшиш

Мухтасари воњиди дарозї

Њарфи алифбои ниёгон

«…и кўдакон», маљалла

Њикояи Тургенев дар бораи сагча

Муќобили «динагї»

Онњоро ба мактаб даъват мекунанд

Авлодї, меросї

Ширеш

Ќатори нотањои мусиќї

Тамѓаи хокаи љомашўї

Аломати математикї

Нота Кисабур

Нависанда ё шоир

Тухми моњї (русї)

Рангубори рўи актёр

Ќиблагоњи пайѓамбар (с)

Номи зани Горбачёв

Номи кўдаки рўзи ид таваллудшуда

Эътибор, иззат

Маркази вилоят дар Украина

Шањри ќадимаи арманї

Ранги ялаќќосии пойафзол

Рада, ќатор дар замини кишт

Нидои мухлиси футбол

Хонавода

Пешво, сарвар

Пайвандак Мусиќии замонавии љавонон

Зидди ѓарб

Ќаторкўњ дар Амрикои Љанубї

Пойтахти Канада

Хошок

Доду фарёд

... и ни- Баландтарин коњ, пардаи ањднома овоз

Ситам, зулм

Мошини њарбї

Яке аз шањрњои асосии Туркия

Ноњияи Ѓарм имрўз

«Шарќ» ба истилоњи бањрчиён

... и Сомон

си зардуштиён

Адади номаълум

Мавзеи шоњон дар назди Париж

Актрисаи њиндї

"Нафси бад - ... и љон"

Дарёи љорї аз Чин ба Ќазоќистон

Сарбози Бухоро

Њиссачаи ифодакунандаи њайрат

Никулин -…Моргунов

e-mail: javonontj@mail.ru

Њошим ..., актёр ва режиссёри тољик

"Мантиќ-... тайр"-и Аттор

Њиссачаи розигї

Mg, унсури кимиёвї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №6 (9328), 6 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ МУАССИС:

Азизам, фенро ба ман деҳ!

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

(котиби масъул),

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

***

Сайфиддин СУННАТӢ

Аз хар пурсиданд: - Чаро гӯшҳоят дарозанд? Гуфт: - Ҳар чизи зебо ҳатман як нуқсон дорад.

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Наврӯз ҚУРБОНОВ Ҳасан АЗИЗОВ (хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

*** НИМШУХИВУ НИМҶИДДӢ

Лифт

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек ЮСУФБЕКОВ, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03 Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7195 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Муҳоҷири меҳнатии собиқадорро мепурсанд: - Агар ба ту ду мошини “Мерседес” туҳфа кунем, чӣ кор мекунӣ? Вай зуд ҷавоб медиҳад: - Ҳар дуяшро фурӯхта, Русия коркунӣ меравам. Аз Мушфиқӣ пурсиданд: - Оё мард метавонад хонумеро ду бор ба занӣ гирад? Мушфиқӣ дар ҷавоб: - Кӯр асояшро як бор гум мекунад.

Умаралии САФАРАЛӢ

(муҳаррири шӯъба),

Лутфи ҷавонӣ

***

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

Ашрафи АФЗАЛ

ФАРОҒАТ

Зокирҷон модарашро барои ташхиси тиббӣ ба шаҳр овард. Баъди ташхис коғазҳоро ба табибе нишон дод. Табиб доруву дармон навишт. Зокир дорухатро гирифта, барои пурра боварӣ ҳосил намудан ба беморӣ ва табобати он модарашро дар айвони калону барҳавои шишагин, болои роҳаткурсӣ шинонда, гуфт:

Тасодуфро бинед, ки дар ҳамин лаҳза ҷавондухтаре бо либосҳои варзишӣ дар тан ва бо асобағал ба лифт наздик шуд. Як пояш докапеч буду духтараке ҳамсоли худ ҳамроҳ дошт. Лифт кушода шуду онҳо ворид шуданд. Кампир бо як ҳисси кунҷковӣ ду чашм аз дари лифт намеканд. Лаҳзае пас дар боз шуду ду духтари малламӯйи либоси варзишӣ ба бар хандакунон ҷониби дари баромад рафтанд. Бечора кампир аз забон монд. Ин чӣ гуна дар бошаду чӣ гуна хона? Ин лаҳза аз даромадгоҳи айвон ба дохил мӯйсафеде дар даст асо ва - Очаҷон, шинед, ман коғазҳои ташхисро ба қоматаш хам даромад. Ӯ ҷониби лифт раҳсипор табиби дигаре нишон дода, зуд бармегардам. шуд. Риши сап-сафедаш то миён мерасид. Дари - Хуб, ҷони оча, рав. Худо баракатат диҳад. лифт кушода ва мӯйсафед дохили он шуд. КамМан ҳамин ҷо истироҳат карда мешинам, - гуф- пир бо як ҳаяҷону ҳисси кунҷкобӣ ду дида ба ту модар болои мулоимкурсӣ бароҳат нишаст. дари он дӯхта буд ва анҷомашро интизор. Ӯ ба чор сӯ чашм давонд. Дару деворҳои Зокирҷон ҳам корҳояшро ба анҷом расонда, айвонро лавҳаву суратҳо ва овезаҳо оро медо- ба назди модараш баргашт. Дид модараш ба ӯ данд. Бо завқ ба тамошои онҳо банд шуд. Рӯ ба аҳамият надода, ҷониби лифт менигарад. рӯи ҷои нишасти ӯ лифт ҷойгир буд. Одамони - Ба шумо чӣ шуд, оча? Куҷо менигаред? синну соли гуногун, зану мард, пиру барно ба ҳайратзада пурсид ӯ. ошёнаҳои боло равуо доштанд. Яке пеши таби- Исто, писарам, ҳозир, - гӯён кампир аз бу дигаре аз назди он меомаданду мерафтанд. ҷояш нимхез шуда, чашм аз дари лифт намеМодар ба онҳо нигариста, афсӯс хӯрда, худ ба канд. худ андешид: «Аҷаб, аз нисф зиёди мардум Дари лифт кушода шуду ҷавонмарди 35-40бемор будааст. Бечораҳо дари духтурхонаро сола бо риши сиёҳи қайчизада ва тасбеҳ дар охурча кардаанд. Дар ин дунё ягон кас танду- даст баромад. Кампир инро дида «воҳ» гуфта, русту солим бошад ё не?» ва нигоҳаш ба лифт ба ҷояш нишаст. Зокирҷон хавотир шуда, аз дабархӯрду андешаашро давом дод: «Ин хона чи сти модар гирифта, назди ӯ сари по нишаст ва хел хона бошад? Дараш кушода мешаваду ода- пурсид: ми бисёре медарояд ва ҳамин қадар одами ди- Ҳолатон хуб аст, оча?... гар мебарояд…» - Ҳеҷ чиз не, - ба худ омада гуфт кампир ва Дар ҳамин вақт марди миёнсоли тоссар, ки чуқур-чуқур нафас кашида, илова намуд: шиму костюм ва куртаи сафед дар тан дошт, аз - Ман соз, корҳои хонаро навъе карда ба ғояти фарбеҳӣ базӯр-базӯр нафас кашида, бо сомон мерасонам. Аммо падарат пир шудааст азобе роҳ мегашт, ба назди дари «сеҳрнок» ра- ва корҳои саҳрову хоҷагиро иҷро карданаш сид ва тугмаи онро зер кард. Дар лаҳзае пас мушкил. Чӣ мешавад, ки ӯро ба ин ҷо оваркушода шуд. Ҳеҷ кас набуд. Мард дохили он да, ҳу ба он хонача, - ба тарафи лифт ишора шуд. Дар пӯшида шуд. Андак вақт дар аз сари намуд кампир, - дарорему аз он ҷо ҷавонтар нав кушода шуду ҷавони зебое бо шиму костю- шуда барояд. ми сиёҳ ва куртаи сафед дар тан аз дохили он Зокирҷон сарфаҳми ҳодиса рафта, аз таҳти баромад. Ӯ бардам-бардам қадам зада, ба кӯча дил хандид. Мардуми гирду атроф ҳайрон ба ӯ баромад. Инро дида, кампир гиребонашро до- менигаристанд. Баъди сидқан хандидан, гуфт: шта, зери лаб чизеро такрор ба такрор хондан - Оҳ, очаҷон, дилакат чи мехостааст, оча-а!... гирифт. Дар сари ӯ чӣ гузашт, худ медонаду Худо. О. АШРАФ, “ҶТ”

Харгӯш ба тарабхона даромада, хӯрок фармоиш медиҳад. Вақте хӯрокро меоранд, хеста барои овардани нон меравад. Вақте нонро гирифта оварданд, мебинад, ки хирс дар ҷои ӯ нишаста, хӯрокашро тановул дорад. Хирс ба вай нигоҳ карда мепурсад: - Ягон гап дорӣ? - Не, агар камтар меистодӣ нон меовардам, бо нон мехурдӣ.

*** Мард ва зан барои писарашон хостгорӣ мераванд. Модари арӯс мепурсад: - Писаратон сигор мекашад? Модари домод: - Не, не. Писари мо то маст нашавад, сигорро ба даст намегирад.

*** Дар моҳи рамазон марде сахт ташна монда, зинҳои харашро мегираду ба пушташ гузошта, хам шуда, аз ҷуй об менӯшад. Рафиқаш мепурсад: - Чаро чунин кардӣ? - Касе бинад, фикр кунад, ки хараш об хурда истодааст.

ЭЪЛОН

Эътибор надорад

Дипломи гумшудаи №008403 ва шаҳодатномаи ронандагии №003099, ки литсейи касбӣ-техникии рақами 46-и ноҳияи Қубодиён соли 1997 ба Буронов Эркин Қосимович додааст, эътибор надорад.

Барҳам мехӯрад

Фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Алиматова Лайло Равшановна, ки бо шаҳодатномаи рақами 0050093 дар Нозироти андози ноҳияи Қубодиён аз 30 апрели соли 2013 ба қайд гирифта шудааст, (РЯМ №3230025352) қатъ мегардад.

ҲАМДАРДӢ

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» аз марги бемаҳали сардори шуъбаи посбонони Комплекси табъу нашри «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат ШОҲНАЗАР СОНИЕВ сахт андӯҳгин буда, ба аҳли байти марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.