Javonon №7 (9329), 13.02.2014

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

№7 (9329),

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

1

13 феврали соли 2014

ОЛИМПИАДА-2014

ФАРҲАНГ

“Оинаи беҷило” дар Эрон соҳиби ҷоиза шуд

“Оинаи беҷило”, филми Носир Саидов, коргардони маъруф ва роҳбари “Тоҷикфилм” дар ҷашнвораи 32юми “Фаҷр”-и Эрон соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд. “Оинаи беҷило”-ро барои сенарияаш “Беҳтарин филмнома” эътироф карданд. 32-юмин Ҷашнвораи блайналмилалии “Фаҷр” аз 30 январ то 6 феврал дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд.

ЭНЕРГЕТИКА

Ташхиси “Роғун” моҳи июн эълон мешавад Лора Так, ноиби раиси Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфтааст, ташхиси фаннию иқтисодии сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” то миёнаҳои соли ҷорӣ ба анҷом хоҳад расид. Ӯ изҳори умед кард, ки натиҷаи ин ташхис ба ҳамаи суолҳои марбут ба “Роғун” посухи қонеъкунанда хоҳад дод.

КОИНОТ

Бурҷи нав кашф шуд Ситорашиносони Амрико як бурҷи дуреро кашф кардаанд, ки номи “Abell 2744_Y1”-ро гирифтааст. Агар кашфи ин бурҷ собит шавад, дар он сурат таърихи коинот 100 миллион соли дигар қадимитар хоҳад шуд. Яъне, ба 650 миллион сол 100 миллион соли дигар илова мешавад.

ТАСМИМ

ОБУНА-2014

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

Масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2014 ва 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахт дар меҳвари ҷаласаи корӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдулллоев, раиси шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарор дошт. Раиси шаҳр ба муовинаш Руқия Қурбонова дастур дод, ки то 1 марти соли равон Консепсияи мушаххаси ҷашни 90-солагии шаҳри Душанберо таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод созад. НУР ТАБАРОВ

e-mail: javonontj@mail.ru

Арзиши медали Бозиҳои олимпӣ 600000 доллар?

Таҳияи Консепсияи 90-солагии Душанбе


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

2

ХИЗМАТРАСОНӢ

«Тоҷикэйр» низоми нави бақайдгириро амалӣ намуд Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикэйр» яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоии мамлакат буда, соли гузашта ҳиссаи он дар баробари мусофиркашонии ҳавопаймоӣ миёни ширкатҳои ватанӣ 34,2 дарсадро ташкил дод. Соли 2013 аз хизматрасониҳои ширкати мазкур 367,8 ҳазор мусофир истифода бурданд.

«Тоҷикаэронавигатсия» ғолиби озмун гардид Яке аз сохторҳои калидии соҳаи авиатсияи граждании мамлакат КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба шумор меравад. Тавре директори генералии он Анвар Махсудов изҳор намуд, аз ҷониби муассисаи мазкур ба 309 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои мухталифи ватаниву хориҷӣ хизмати аэронавигатсионӣ расонида мешавад. Соли сипаришу- кормандон ва таҷрибаомӯзии да пардохтҳои КВД донишҷӯён ба баланд бар«Тоҷикаэронавигатсия» ба доштани таъмини бехатарии буҷети ҷумҳурӣ зиёда аз 15 парвозҳо равона гардидаанд. миллион сомониро ташкил дод, Соли 2013 озмуни сеюми ки нисбат ба соли 2012 13,39% байналмилалии муназзимобештар аст. Порсол муассиса ни давлатҳои аъзои Шӯрои ба 66073 киштии ҳавопаймоӣ ҳамоҳангсозии «Евразия» дар хизмат расонид, ки 7193, яъне, кишвари мо доир гардид. Тими 9,8% нисбат ба соли 2012 кам- КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тар мебошад. дар он ҷойи дуюмро соҳиб Дар муассиса ба таълиму шуд. Дар озмуни «Донистани тарбияи мутахассисон аҳамияти ҳуҷҷатҳои ИКАО» бошад, дастаи зиёд дода мешавад. Соли сипа- КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ришуда 149 нафар мутахассис ғолиб омад. дар курсҳои такмили ихтисос Дар муассиса бо мақсади таълим гирифтанд. тарғиби ҳаёти солим ба рушди Бозомӯзӣ дар заминаи фи- варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир лиали сибирии Донишкадаи аэ- мегардад. Чунончи, соли гузашронавигатсияи шаҳри Красно- та ба муносибати Иди байналярски Русия, Маркази таълимии милалии Наврӯз, Рӯзи авиатсия «АЛМОНД»-и шаҳри Прагаи ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Чехия, таълимгоҳи ҷумҳурӣ мусобиқа оид ба футширкати «Фрекувентис»-и бол, тенниси рӯи миз, шоҳмот шаҳри Вена (Австрия) ва Мар- ва армреслинг доир шуд. кази таълимӣ-авиатсионии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” суС. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ” рат гирифт. Такмили ихтисоси

Соли сипаришуда ҳаҷми интиқоли бор ва почта ба 590,1 тонна расид, ки нисбат ба соли 2012 40 тонна зиёд аст. Тавре сарвари ширкати ҳавонавардии «Тоҷикэйр» Фирӯз Ҳамроев иброз дошт, дар доираи Барномаи навсозии парки ҳавопаймоӣ ҶСК «Тоҷикэйр» соли гузашта се тайёраи ғарбӣяк «Боинг-757-200» ва ду «Боинг 737-400»-ро ба лизинги молиявӣ гирифт. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодабарии ҳавопаймои каммасрафи “Ма-60” бо ширкати афғони «East Yovizon Airlines» ба муҳлати як сол қарордод баста шуд. Дар назар аст, ки ин тайёра дар хатсайри нави Душанбе-Кобул- Исломобод истифода шавад. Соли 2013 ҶСК «Тоҷикэйр» иҷрои парвозҳоро дар хатсайрҳои Душанбе-СамараДушанбе ва Душанбе-БокуДушанбе бо сабаби зараровар буданашон қатъ намуд. Дар ин муддат парвози мунтазами ҳавопаймо ба хатсайри Душанбе-Деҳлӣ ба роҳ монда шуд. Боиси хушнудист, ки хатсайри дохилии Душанбе-Ванҷ баъди чандсола танаффус аз нав эҳё шуд. Минбаъд вобаста ба вазъи боду ҳаво ҳафтае як бор тавассути чархболи «МИ-8» ба самти ноҳияи Ванҷ парвоз сурат мегирад.

Ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон ширкат низоми нави бақайдгирии мусофирон DCS «Астра»-ро ба кор андохт, ки тартиби бақайдгириро осонтар намуда, ба раванди хизматрасонӣ суръат бахшид. Низоми мазкур ба ширкат имкони назорати мустақими раванди бақайдгирии мусофирон ва гусели хатсайрҳоро дар фурӯдгоҳҳо фароҳам меоранд. - Мо тасмим гирифтем, ки

соли ҷорӣ низоми фурӯши чиптаҳои электрониро дар хатсайрҳои дохилӣ низ ҷорӣ намоем, - гуфт Ф. Ҳамроев. ҶСК «Тоҷикэйр» мақсад дорад, ки соли равон бехатарӣ ва мунтазам парвозҳоро таъмин намуда, парки ҳавопаймоиро навсозӣ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофиронро беҳтар созад.

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

САРМОЯГУЗОРӢ

Ҳаҷми сармояи хориҷӣ меафзояд

e-mail: javonontj@mail.ru

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Анвар Наҷмиддинов 5 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ таъкид дошт, ки тибқи маълумоти Агентии омор воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли гузашта 486,8 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст. Аз ин маблағ 277,2 млн. доллари амрикоӣ қарзҳои ҷалбнамудаи корхонаву ташкилотҳо, 209 млн. доллар сармоягузории мустақим ва 0,6 млн. доллар сармоягузории портфелӣ мебошанд. Анвар Наҷмиддинов дар идомаи ҳисоботи худ изҳор дошт, ки тибқи таҳлилҳои оморӣ воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар соли 2013 афзоиш ёфтааст. - Бояд қайд кард, ки воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2013 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 59,7 млн. доллари амрикоӣ ё 40% зиёд гардидааст. Гуфта шуд, ки воридоти сармояи мустақими хориҷӣ, асосан, ба соҳоти саноат, алоқа, хизматрасонии молиявӣ, сохтмон, савдо, омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок ва ғайра равона шудааст. Дар нишаст, ҳамчунин, вобаста

ба масъалаи лоиҳаҳои амалкунанда ибрози назар шуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар кишвар то 1 январи соли 2014 аз 50 лоиҳа – 15 лоиҳаи қарзӣ, 19 лоиҳаи грантӣ ва 16 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант иборат буда, маблағи умумии он 9,96 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Аз ин маблағ 3,99 млрд. сомонии онро грант ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои мазкур, асосан, аз 20 манбаи мабалғгузорӣ сармоягузорӣ карда мешаванд, ки онҳо Бонки рушди Осиё 560,77 млн. доллар, ЭксИмБонки Хитой – 559,61, Бонки умумиҷаҳонӣ – 208,38, Бонки исломии рушд – 120,95, дигар созмонҳои байналмилалӣ – 504,46 ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 133,3 млн. доллари амрикоӣ мебошад. Вобаста ба фарогирии лоиҳаҳо гуфта шуд, ки бештар аз 10 соҳаи гуногуни иқтисодиётро фаро гирифта, дар доираи он азхудкунии маблағҳо дар соли 2013 як миллиарду 207 млн. сомониро ташкил додааст.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


Иқдоми «Сафина»-ро бояд дастгирӣ кард Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои мутташакилонаи экстримистиву террористӣ ва ҳар гуна амалҳои ғайриқонунӣ тақозои давру замон буда, аз ҳар яки мо эҳсоси масъулияти баланди шаҳрвандиро талаб мекунад. Пешгирӣ ва бартараф кардани зуҳуроти номатлуби ҷомеа танҳо кори як мақомоти дахлдор нест ва тафаккури умум бояд дар ҳоли муқобилияти дастҷамъона бошад. Субҳи 10 феврали соли ҷорӣ тавассути шабакаи фарҳангии «ТВ Сафина» барномаи «Шифобахш»-ро тамошо кардам ва нахостам, ки дар муҳокимааш канорагирӣ намоям. Воқеан ҳам, амнияти озуқаворӣ дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистони маҳбуб аз ҳар ҷиҳат ташвишовар буда, аз ҳамаи ташкилоту идораҳои дахлдор ва шаҳрвандони гиромӣ домангири роҳи ҳал мебошад. Имрӯз дар бозорҳои

пойтахт ва шаҳру новоҳии ҷумҳурӣ маҳсулоти кишоварзии консервашуда (маҳсулоти очорӣ), ки фурӯшандагон дар хонаҳои хеш бе талаботи санитариву гигиенӣ, дар зарфҳои номувофиқи пластмасӣ омода кардаанд, ба фурӯш гузошта шудааст. Муҳокимаи қазияи мазкур дар барномаи «Шифобахш» ҳирфавӣ таҳлил гардид. Мутахассисон низ андешаҳои худро изтиробангез баён доштанд, ки ҳоло роҳи ҳал нест. Тавре ки муаллифи барнома иброз дошт, қонуну қарорҳо рӯи коғаз мемонанду масъулияти роҳбарон дар домани андеша. Худ қазоват кунед, ки танҳо дар як бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт чи қадар намояндагони ташкилоту идораҳои дахлдор муваззаф шуданд, то дар ин самт қонунвайронкуниҳо на танҳо бартараф, балки пешгирӣ карда шаванд. Аммо, муаммои ба ҳамаи мову шумо маълум садди роҳи ҳалли қазияи ташвишовар шудааст. Сарчашмаи ҳама намуди бемориҳои меъдаву рӯда аз ҳамин истеъмоли маҳсулоти очорӣ, ба монанди бодирингу помидори шӯр, занҷабилу бақлаҷон ва ғайра мебошад. Дар бозори истеъмолии дигар давлатҳо маҳсулоти хӯрокаи дар хона

тайёршударо ба бозор намебароранд. Ин гуна намуди ғизоӣ танҳо дар муҳити муносиби фабрикаву корхонаҳо тайёр мешаванд. Барномаи «Шифобахш»-и “ТВ Сафина” дар ин самт беҳтарин иқдом буд, ки аз масъулони соҳа масъулияти рӯи коғазӣ не, балки амалиро тақозо мекунад. Иқдоми навбатии “ТВ Сафина”

ИҚТИСОД

ҳамовозиро мехоҳад ва аҳли ҷомеа барои бартараф кардани ин зуҳурот дар ҳамкорӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор бобати ҳалли қазияи мазкур камари ҳиммат бандем.

3 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

ҲАМОВОЗӢ

Давлат САФАР, шоир ва рӯзноманигор АЛОҚА

Содироти пахтаю алюминий кам шуд Соли 2013 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба 40,5 миллиард сомонӣ баробар гардида, рушди воқеии он нисбат ба соли гузашта 7,4 дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содирот ба андозаи 14,4 дарсад кам шуда, ҳаҷми воридот 9,1 дарсад афзуд. Яке аз сабабҳои камшавии ҳаҷми содирот камшавии талабот ба пахтаю алюминий дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. - Бо назардошти паст шудани нархи алюминийи аввалия ва нахи пахта ҳаҷми содироти ин ду маҳсулот нисбат ба соли 2012 кам шуд, - гуфт Неъматулло Бӯриев. – Ҳаҷми содироти хушкмеваю сабзавот андаке зиёд гардид. Дигар маҳсулоти содиротӣ дар ҳаҷми пештара боқӣ монданд. Соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ нисбат ба соли қаблӣ 7,6 дарсад афзуда, ба 16,8 миллиард

сомонӣ баробар шуд. Боиси хушнудист, ки соли сипаришуда дар корхонаҳои саноатии мамлакат ба маблағи умумии 3,9 миллиард сомонӣ мол истеҳсол шуд, ки дар муқоиса бо соли 2012 3,9% зиёд аст. Рушди соҳаи саноат, асосан, аз ҳисоби афзоиши назарраси соҳаи саноати истихроҷ ва ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба соли сипаригардида 43,6%, инчунин, ҳаҷми истеҳсоли молҳо ва хизматрасониҳо дар соҳаҳои истеҳсол ва тақсими нерӯи барқ, газ ва об, ки 5,2% афзоиш ёфтаанд, таъмин шудааст.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

3,8 млн. истифодабарандаи интернет - Соли 2013 истифодабарандагони интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ 3,8 миллион нафарро ташкил доданд. Аз ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 48 нафараш истифодабарандаи интернет мебошанд, - зикр кард Рафиқҷон Шокиров, муовини аввали сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни нашасти матбуотие, ки 7 феврал баргузор гардид. Ба гуфтаи ӯ, даромади умумии корхонаҳои Хадамоти алоқа якҷо бо операторон ва провайдерон соли сипаришуда ба 2 миллиарду 639 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2012 14,9 дар сад зиёд аст. Ҳаҷми хизматрасонии алоқа ба аҳолӣ 1 миллиарду 749 миллиону 100 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар ин давра шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ 10 миллиону 666 ҳазору 725 (аз ҷумла, 6,1 миллион фаъол)-ро ташкил медиҳад. Шумораи алоқаи собит бошад 390 ҳазор ададро ташкил менамояд. Ба ҳар 100 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ 5 дастгоҳи телефони мобилии фаъол рост меояд. Рафиқҷон Шокиров афзуд, ки соли гузашта барои пардохт аз ҳисоби фаъолияти хадамот иҷозатдиҳӣ, сертификаткунонӣ, рақамгузорӣ, ҷарима ва хироҷи иҷозатномадорон ба маблағи 39,1 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид гардидааст. Дар соли 2013 субъектҳои хоҷагидоре, ки барои фаъолият (ширкатҳо ва корхонаҳо) дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатнома доранд, 155 ададро ташкил медиҳанд ва шумораи иҷозатномаҳо 286 адад мебошад.

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Тавре муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ истеҳсоли молҳо 44,3 дарсад, хизматрасонӣ 43,0 дарсад ва андозҳо 12,7 дарсадро ташкил доданд. Бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ бо шарикони рушд алҳол дар мамлакат 50 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 2 милиарду 91,3 миллион доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд. Соли гузашта ҳаҷми муомилаи савдои хориҷии мамлакат ба 5,3 миллиард доллар расид.


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

4

ОЛИМПИАДА-2014

ФУТБОЛ. ҶОМИ КФО

Иштироки Президенти мамлакат дар ифтитоҳи Олимпиадаи Сочӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон 7 феврал дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия иштирок намуд. Дар ин маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 80 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Ин намоиши таассурбахшро беш аз 40 ҳазор бинанда аз варзишгоҳ ва зиёда аз 3 миллиард нафар тавассути телевизион тамошо карданд. Дар таҳияи барнома 12 ҳазор мутахассис ва дар паради варзишгарон 3,5 ҳазор варзишгар ва ҳамроҳони онҳо аз бештар аз 100 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочӣ лижарон Алишер Қудратов намояндагӣ мекунад.

Бозии “Равшан” ва “Сувайк”-ро мутахассисони ироқӣ доварӣ мекунанд

ГӮШТИНИ ТАРЗИ ОЗОД

4 медали наврасон аз Новосибирск Аз 30 январ то 1 феврал дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини тарзи озод миёни наврасон доир шуд. Ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 6 нафар намояндагӣ карда, сазовори 4 зинаи ифтихорӣ шуданд. Неъматулло Ҳаётов дар вазни 26 кило сазовори ҷои аввал гардид. Се каси дигар - Билолиддин Давлатов (вазни 26 кило), Аъзами Шоҳназар (28), Шохрух Саидов (30) барои ҷои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

ФУТБОЛ

Ду ғалабаи “Истиқлол” дар Қайроққум

Вохӯрии тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Сувайк”-и Уммонро дар даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2014 мутахассисони ироқӣ доварӣ хоҳанд кард. Ин қувваозмоиро, ки 25 феврал дар варзишгоҳи “Сиб Стэдиум”-и Маскат баргузор мешавад, Муҳанад Қосим, Наҷоҳ Раҳим Рашид ва Муайяд Муҳаммад Алӣ назорат мекунанд.

7 феврал бо ширкати 6 даста аз Тоҷикистону Қазоқистон мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Осоишгоҳи “Баҳористон” оғоз гардид. Дар рӯзи аввал дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Ду голро Дэвид Мауто, як голро Дилшод Восиев заданд. 10 феврал “Истиқлол” дар бозии дуюмаш тими “ДалеронУротеппа”-и Истаравшанро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Капитани дастаи “Истиқлол” дар ин бозӣ ду гол зад. Ду голи дигари дастаи футболи пойтахтро Ҷаҳонгир Эргашев ва Дэвид Мауто ба ҳадаф расонданд. Як голи “ДалеронУротеппа”-ро Алия Силлӣ зад.

Тақвими бозиҳои гуруҳи “А”-и Ҷоми КФО-2014: Даври 1. 25 феврал. “Сувайк” (Умон) – “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) “Сафо” (Лубнон) – “Зат Рас” (Урдун) Даври 2. 11 март. “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) – “Сафо” (Лубнон) “Зат Рас” (Урдун) – “Сувайк” (Уммон) Даври 3. 18 март. “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) – “Зат Рас” (Урдун) “Сувайк” (Уммон) – “Сафо» (Лубнон) Даври 4. 2 апрел. “Зат Рас” (Урдун) – “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) “Сафо” (Лубнон) – “Сувайк” (Уммон) Даври 5. 9 апрел. “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) – “Сувайк” (Уммон) “Зат Рас” (Урдун) – “Сафо” (Лубнон) Даври 6. 23 апрел. “Сафо” (Лубнон) – “РАВШАН” (ТОҶИКИСТОН) “Сувайк” (Уммон) – “Зат Рас” (Урдун)

e-mail: javonontj@mail.ru

РУШДИ ВАРЗИШ

Баъд аз вохурии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар аз 20 декабри соли 2010 эҳё ва аз нав бунёд намудани иншооти варзишии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир оғоз гардид. Ин сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлатро тамоми мардуми кишвар, бахусус, собиқадорони соҳаи варзиш, соҳибкорон, ҷавонону варзишгарон бо ҳисси баланди миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ дастгирӣ намуданд.

Мубаллиғи варзиш Дар кишвар тайи се соли охир толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои гуногун сохта шуданд. Чунин иқдом ба ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва дастовардҳои назаррас бештар мусоидат мекунад. Яке аз ҷавонмардони асилу ватандӯст, ки солиёни зиёд дар намудҳои варзиши гӯштини миллӣ дар ноҳияи Панҷ ва берун аз он машҳур буд, Маҷид Шоев мебошад. Ӯ 28 августи соли 1973 дар ҷамоати деҳоти Озодагони ноҳияи Панҷ ба дунё омадааст. Аз хурдсолиаш ба варзиш, аз ҷумла, ба гӯштини миллӣ ва бузкашӣ шуғл дошт. Баъд аз машқу тамринҳои пайваста, иштирок дар чорабиниҳои варзишии ноҳия

ва дигар минтақаҳои кишвар ҳамчун паҳлавон соҳиби иззату эҳтиром ва нуфузи беандоза гардид. Дар бештари мусобиқаҳои гӯштини миллӣ ғолиб гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардидааст. Тайи чанд сол аст, ки Маҷид-паҳлавон ба тарбияи аспҳои зоти маҳаллӣ машғул аст. Маҷид роҳбари маҳфили «Пойга ва бузкашӣ»-и ноҳияи Панҷ буда, бо мақсади рушду нумӯи ин намуди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Ин марди асил ният дорад, ки дар ин намуди варзиш низ ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, дар пешрафти варзиши ноҳия саҳм гузорад.


Издивоҷ дар гузашта василаи ба низом даровардани зиндагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона маҳсуб ёфта, бо бунёди оила ҳаёти минбаъдаи инсон тавре ороста мешуд, ки он муҳимтарин арзишҳои ҳаётӣ ва хостаҳои иҷтимоии худро мебаровард. Бадбахтона, дар ҷомеаи имрӯза ин арзиши муқаддас моҳияти худро аз даст додааст. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли сипаришуда 8194 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 586 ҳолат зиёд мебошад. Аммо соли гузашта 7444 никоҳ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2012 352 адад кам мебошад. Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зимни нишасти матбуотӣ аз афзудани теъдоди ҷудошавии оилаҳо изҳори нигаронӣ карда, гуфт: «Сабаби ҷудошавии зиёди оилаҳо сатҳи пасти маърифат, надоштани саводи зарурии

З

иёдшавии талоқ дар ҷумҳурӣ, ба зиёдшавии фоҳишаҳо низ марбут аст. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2013 1641 нафар зану духтари фоҳиша ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 338 нафар бештаранд. ҳуқуқӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад». Таҳлилу таҳқиқот ва назарсанҷии мутахассисон бошад, ҷудошавии оилаҳоро дар омилҳои гуногуни иҷтимоӣ, руҳию равонӣ, ахлоқӣ ва моддию маънавӣ арзёбӣ мекунанд. Маҳбуба Азимова, сухангӯи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳалли ин мушкилот чунин иброз намуд: «Ҳалли ин масъалаҳо дар якборагӣ имкон надорад. Аз ин рӯ, барои пошхӯрии оилаҳо, ки тамоми ҷомеаро ба ташвиш овардааст, бояд Ҳукумати ҷумҳурӣ аҳдномаи никоҳро, ки ба тамоми шаҳрвандон ихтиёрӣ аст, маҷбурӣ кунад, чунки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқи дутарафа ҳимоя карда мешавад.

Дар моддаи 40 Кодекси оилаи ҷумҳурӣ омадааст, ки аҳдномаи никоҳ созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулкӣ ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар давраи заношӯӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. Дар моддаҳои дигари Кодекси оила омадааст, ки аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста шавад. Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста

роии онҳоро ба назар гирифта, ба тӯй розӣ шуданд», - ҳасрат мекунад Фаришта. Гирифтори бемории рӯҳӣ будани ҷавон баъди тӯй ошкор гардид. Тавре Фаришта нақл мекунад, ҷавон шаб аз кӯча омада, бо пойафзоли худ то субҳ болои рахт хоб мекардааст. Ҳатто ба ҳамсараш намегузоштааст, ки пойафзолро аз пояш кашад. «Ман дар зиндагӣ чанд маротиба қаҳр карда, хонаи волидон омадам, вазъиятро ба онҳо фаҳмондам, лек бовар накарданд. Дафъаи охир, маро чунон

шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад. Аҳдномаи никоҳ барои он лозим аст, ки дар кишвари мо баъди ҷудо шудан занҳо, ки соҳиби фарзанд ҳастанд, аз дороии хонаводаашон, яъне, аз манзилу замин маъмулан маҳрум ва ба қатори бахши нодори ҷомеа шомил мешаванд. Барои аз байн бурдани чунин проблемаҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳдномаи никоҳ маҷбурӣ ба роҳ монда шудааст, яъне, ду ҷавоне, ки бо ҳам хонадор мешаванд, аҳдномаи никоҳ мебандад. Агар бесабаб онҳо аз ҳамдигар ҷудо шаванд, товони вазнин месупоранд. - Вазорати маориф бояд мисли солҳои пеш дарси «Маърифати оиладорӣ»-ро дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ кунад. Имрӯзҳо дар мактабҳои мо ин фан ба таври бояду шояд таълим дода намешавад. Чунки дар як-ду соат тамоми нозукиҳои оила ва оиладориро наметавон фаҳмонд, - афзуд Маҳбуба Азимова. Омили дигари ҷудошавии оилаҳои ҷавонро ба бемор будани яке аз навхонадорон нисбат медиҳанд. Масалан, Фаришта ном ҷавондухтар, ки 28 сол дорад, нақл кард, ки чанд сол пеш волидон ӯро бо ҷавоне хонадор карданд. Ҷавон бемории рӯҳӣ доштааст. «Вақте ба хонаи мо волидони ҷавон хостгорӣ омаданд, ман ҷавоби рад додам, аммо волидонам до-

латукӯб кард, ки вақте хонаи волидон омадам, тамоми аъзои баданам захмин гашта буд», - мегӯяд Фаришта. Ҳамагӣ ду моҳ бо ҳам зистанд. Пас аз ҷудошавӣ волидони Фаришта огоҳ гардиданд, ки домодашон гирифтори бемории рӯҳӣ будааст. Дар ҳамин ҳол, зиёдшавии талоқ

Ҳарфи андуҳу ғам

дар ҷумҳурӣ, ба зиёдшавии фоҳишаҳо низ марбут аст. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2013 1641 нафар зану духтари фоҳиша ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 338 нафар бештаранд. Аз ин шумора 41 нафари онҳоро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Барои пешгирии ин зуҳорот тамоми сохторҳои марбута ва аҳли ҷомеа бояд чора андешанд. Махсусан, бобати пешгирии ҷудошавии оилаҳо нақши рӯҳшиносон хеле зарур аст, чунки ин гуна оилаҳо ба маслиҳати чунин ашхос эҳтиёҷ доранд. Дар баробари сабабҳои зиёди афзоиши талоқ дар ҷумҳурӣ, бекорӣ яке аз омилҳои асосист. Дар шароити феълӣ, ки теъдоди зиёди аҳолӣ бекоранд, маризиҳои гуногуни асаб хуруҷ кардааст ва ин бешак, ба тавозуни талоқу никоҳ таъсир расонда, онро ба самти манфӣ боло бурдааст. Проблемаи мазкур имрӯз на танҳо ҷумҳурии мо, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Он характери умумиҷаҳонӣ гирифтааст. Вале умумиҷаҳонӣ шудани ин масъала барои мо набояд мояи тасаллият бошад. Зеро ҳарфи ҷудошавии оилаҳо ҳарфи сард аст, ҳарфи андуҳу ғам. Агар дар ҳалли он таъхир шавад, оқибатҳои ногувор дорад.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

5

ПРОБЛЕМА ВА МУЛОҲИЗА

Ҳасан АЗИЗОВ, «ҶТ»

Писарчаам бемор шуду ӯро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии «Қарияи Боло» бурдам. Назди даромадгоҳи бинои беморхона як нафар ҳамшираи шафқат нишаста, ба ҳамаи одамоне, ки барои ташхису табобат вориди беморхона мешуданд, бо нархи як сомонӣ пайпоқи селофанӣ (бахил) медод, ки барои вориди беморхона шудан аз болои кафш мепӯшиданд.

Тиҷорат дар беморхона Чунин пайпоқи санитариро мо ҳам гирифтему вориди беморхона шудем. Вақте пушти дар мунтазири табиб меистодем, зани хилъати сафедпӯше, (эҳтимол фаррош буд) ҷорӯби пур аз лою ифлосиҳо дар даст вориди беморхона шуд. На ҳамшираи пайпоқфурӯш ва на каси дигар ба ӯ чизе нагуфт. Ҳайрон шудам аз чунин рафтор. Одамони озодаро, ки барои аёдати беморон ба беморхона меоянд, ба

хотири риояи қоидаҳои санитарӣ маҷбур карда, бо нархи 1 сомонӣ пайпоқи селофанӣ мефурӯшанд, то аз пайи онҳо болои фарши беморхона микроб ворид нашавад. Вале фарроши бемористон бо ҷорӯби ифлосу лойолӯд, ки бешак, аз микробу бемориҳо пур аст, вориди бинои бемористон шуду “пишакашро касе пишт” нагуфт. Ҳол он ки бар замми ифлосии ҷорӯбаш кафшҳояш низ тоза набуданд.

Баъд аз дидани манзараи мазкур фикр кардам, ки пайпоқҳои селофаниро дар бемористон на ба хотири риояи қоидаҳои санитарӣ, балки ба хотири тиҷорат ба одамон мефурӯшанд. Дар акси ҳол ба хотири риояи қоидаҳои санитарӣ бояд фаррош ҳам аз болои кафшҳо ва ҷорӯби ифлосаш «бахил» мепӯшид...

Ноила ВОҲИДОВА, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

МУШОҲИДА


НАМОИШ

6 январи соли равон дар қаҳвахонаи “ДеФакто”-и назди Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷамъбасти намоиши аксҳои аксбардори шинохта, собиқ корманди рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” Сафарбек Фозилов доир гардид, ки дар он адибону нависандагон, рӯзноманигорон ва дӯстону пайвандони Сафарбек Фозилов ширкат варзиданд. Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҳфилро оғоз намуда, роҷеъ ба фаъолияти Сафарбек Фозилов чанд сухан гуфт. Ӯ баргузор намудани чунин намоишҳоро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ ба хотири муаррифӣ ва қадрдонӣ намудани собиқадорони журналистика чунин иқдом идома дода мешавад. Бахтиёр Муртазоев, ки солҳои дароз бо Сафарбек Фозилов ошноӣ ва ҳамкорӣ кардааст, чанде аз хотироти худро ба аҳли нишаст баён дошт. Барои ташкил намудани чунин як намоиш ба Сафарбек Фозилов изҳори миннтадорӣ намуда, изҳор дошт, ки баргузор намудани чунин намоиш онҳоро бори дигар ба сайри давраҳои ҷавонӣ бурдааст. Нур Табаров, иштирокчии дигари намоиш ва дӯсту ҳамкори собиқи Сафарбек Фозилов гуфт: “Аслан, ҳунари

Сайре ба қарни гузашта... бошад. Айёмест, ки дигар ҳаргиз такрор намешавад. Аз ҷумла, айёми ҷавонӣ”. Профессор Иброҳим Усмонов акс ва портретҳои мабуоти гузаштаро бо имрӯза қиёс намуда, изҳор дошт, ки фарқияташон аз замин то осмон аст: “Дар портерети даврони шӯравӣ мо нафари меҳнаткашро мебинем, аммо дар портрети имрӯза меҳнат нест. Дар матн ва сурат меҳнатро намебинем”. НУР ТАБАРОВ

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

6

САФАРБЕК ФОЗИЛОВ

пахтакор, кранчӣ, духтур, механизатор, тирпарону муаллимҳо ҳастанд. Ин суратҳо ҳама образи мусбат, образи қаҳрамонии хоҳарону модарони моро нишон медиҳанд, чизе, ки имрӯз қариб ки нест. Ман ба он фикрам, ки акаи

e-mail: javonontj@mail.ru

ИБРОҲИМ УСМОНОВ

БАХТИЁР МУРТАЗОЕВ

намуда, гуфт: “Бо ин қадар меҳрубоние, ки нисбат ба ман доред, ман гумон мекунам 20-сола ҳастам. Имрӯз ман ҳамроҳи шумо, ҳамроҳи бародарон ҳамкорӣ кардам. Роҳату азобро дидем. Бисёр рафиқон гуфтанд, ки биё ҳамин корро бас кун. Лекин ман аз касби аккосӣ дил канда натавонистам”. Дар зимн бояд қайд намуд, ки Сафарбек Фозилов 20 сол дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”) кору фаъолият намуда, аксҳои бардоштаи ӯ борҳо дар расонаҳои дохилию хориҷӣ чоп шудаанд. Гарчан-

журналистӣ такомулоташ бояд ҳамешагӣ бошад. Зеро журналистика коре ҳаст, ки ҳар рӯз бояд дастат дар набзи рӯзгор бошад”. Нур Табаров, ҳамчунин, аз давраҳои ҳамкории хеш бо Сафарбек Фозилов ёдовар гардид: “Ҳар ҷое, ки бо Сафарбек мерафтем, дар ҳошияи материлаҳои мо суратҳояш чоп мешуд”. Дар хулосаи суханронии хеш Нур Табаров илова намуд, ки “дар бораи ҳар як сурати намоишгоҳ метавонем соатҳо гап занему ба ёд оварем. Имрӯз Сафарбек хазинадор аст. Хазинае, ки ӯ дорад, беназир аст. Ёди инсонҳо, акси инсонҳо ме-

Профессор Иброҳим Усмонов дар бастагӣ ба намоиши аксҳои Сафарбек Фозилов хулосаи хешро чунин баён дошт: “Намоиши аксҳои Сафарбек Фозилов як чизи дигарро нишон медиҳад, ки ҷавонии насле, ки имрӯз 60-70 сола шудаанд, ҷавонии меҳнат буд. Меҳнати ҷамъиятӣ, ки аҳамияташ аз ҳар гуна меҳнати дигар баландтар буд. Ба назари ман, ин мардумро бештар ба ҳам наздик мекунад. Мардумро бештар аз бадгӯии дигарон наҷот медиҳад. Бештар эҳтироми мардумро мебардорад. Масалан, дар намоиш сурати говҷӯш,

Сафарбек ҷавонии насли моро барои насли оянда ҳамчун насли меҳнатдӯст, чеҳракӯшо, ҳамдигарро парастанда ва бошараф пешниҳод кардаанд”. Сармуҳаррири “Ҷавонони Тоҷикистон” Самариддин Асоев низ ҷамъбасти намоишгоҳ баромад намуда, аз хидматҳои Сафарбек Фозилов дар матбуоти тоҷик ёдовар гардида, изҳор дошт, ки коллективи нашрия ҳамеша меҳнати кормандон ва собиқадоронро қадр намуда, онҳоро ёд мекунанд. Дар фарҷом Сафарбек Фозилов миннатдории худро ба иштирокдорон баён

де аз оғози фаъолияташ 53 сол пур мешавад, то ҳол дар бойгонии хеш аксҳои ҳаводиси гуногунро ҷамъоварию нигаҳдорӣ менамояд, ки порае аз таърихи миллати моро дар солҳои гуногун мунъакис месозанд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки ба муҳоҷират рӯ овардани мардуми тоҷик замоне оғоз гардид, ки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ рух дод. Мардум барои раҳоии ҷони хеш, хусусан, дар водии Вахш, рӯ ба фирор овард, ба Афғонистон ва як қатор кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз ҷумла, Русия. Гурезаҳо аз Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Нафароне, ки ба Русия ва дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ фирор намуданд, қисме шароити хубро дида, он ҷойро макони зист интихоб ва шаҳрванди ин кишварҳо шуданд. Эшон нафароне буданд, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ замина гузоштанд. Баъдан, бо сабаби бад шудани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ муҳоҷират оғоз ёфт. Дар ибтидо суроғаи фирориёнро шиносҳояшон дарёфта, назди эшон мерафтанд. Маҳз бо кӯмаки онҳо ҷойи кору хоб пайдо намуда, баҳри дарёфти қути лоямут заҳмат мекашиданд. Муҳоҷират батадриҷ шакли оммавӣ гирифт. Пиру барно, марду зан имрӯз ба муҳоҷират рӯ овардааст. Дар кишвар ҳатто ниҳоди махсус барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷират таъсис ёфт. Раванди муҳоҷират баробари беҳдошти рӯзгор, ҳамчунин, омили бадномшавии мардуми тоҷик гардидааст. Баробари мардуми заҳматкаш ҷавонони сабукфикр, ҳатто занон ҳам ба интиқоли маводи мухаддир даст заданд. Ҷӯгиҳои Осиёи Марказӣ, ки асли баромадашон Ҳиндустон аст, аз мусибати ба сари тоҷик омада, яъне, ҷанги шаҳрвандӣ истифода бурданд. Худро тоҷик тарошида, дар кишвари рус даст ба гадоӣ зада, сарват ғундоштанд. Ҳамаи ин боис гашт, ки тоҷик ба нашъаҷаллобию гадоӣ бадном гардад. Ҳоло полиси рус дар симои ҳар як тоҷик нашъаҷаллобро мебинад. Ҳарчанд ки тоҷик заҳмат мекашад, баҳри ободии мулки рус ҳиссаи босазо мегузорад. Илова бар он, гуруҳҳои ҷиноӣ ва миллатгарои рус, ки аз ҷониби ҳукуматдорони ин кишвар дастгирӣ меёбанд, дар қатлу ғорати тоҷик мекӯшанд «намунаи ибрат» бошанд.

Ҳарчанд шарики стратегӣ маҳсуб ёбем ҳам, дар мавриди даркорӣ муҳоҷират аз ҷониби Русия чун фишанг истифода мегардад. Фишанги зӯроварӣ. Муҳоҷират имрӯз ба худ торафт раванди оммавӣ гирифта, баъзе оилаҳо манзили зистро ба ихтиёри наздикону пайвандон ё ҳамсоягон вогузошта, рӯ ба ҳиҷрат меоранд. Муҳоҷират ҳоло аллаи модари тоҷикро тағйир дода, дар фолклори мардуми тоҷик қисмати наве ворид намудааст. Ҳарчанд ки аз ҷониби пажуҳишгарон омӯхта нашудааст. Баъзе волидон фарзандони навраси хешро ба ихтиёри момою бобо вогузошта, бо тифли ширмак озими муҳоҷират мешаванд. Кӯдакон раҳпоӣ ме-

забони русӣ ба феълҳое чун «батрачить», «пахать», «ишачить» (ба маънои анҷоми кори сиёҳу ифлос), «горбиться», «вкалывать», «калымить» наздик аст. Вожаи нави «таджичить» баёнгари шароитест, ки муҳоҷирон ва нафақат муҳоҷирони тоҷик қарор доранд. Фақат ин ки тоҷикҳо дар солҳои 90 қабл аз дигар халқҳои Осиёи Марказӣ аз ҷанг ба Русия паноҳ бурданд ва ба ин далел ин ҳамаро ба номи онҳо рақам мезананд. Аз кишварҳои дигар ҳам дертар омаданд, вале аллакай дар Русия ақидае, ки ҳамаи муҳоҷирон тоҷиканд, шакл гирифта буд. Онҳо бидуни рӯзи истироҳат барои як пули ночиз ва ҳатто бепул заҳмат

меояд. Аз ин ҷост, ки аллаҳои модарони раҳпо тағйир ёфтаю тифлон «Самолёти ҳавоӣ отаҷонма биёрӣ…» мехонанд. Таҳқир аз он ҷиҳат, ки гӯё тоҷик ба ҳама гуна корҳои сиёҳ қодир аст. Ҳатто бо музди кам ҳам. Ба ин ҷумлаи иқтибосӣ диққат диҳед: «Я думаю лучше таджичить в Канаде, чем процветать здесь…» Ин гуна ҷумлаҳо бо истифодаи феъли «таджичить» дар забони русӣ хеле фаровон истифода шуда, аз беҳуқуқӣ ва қадру манзалат надоштани мардуми тоҷик дар ҷомеаи имрӯзаи рус дарак медиҳад. Хуршед ҳамагӣ 16 сол дошт, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ овард. Ҳоло синни ӯ аз 30 гу-

«Тоҷикиш кун…» Иборае, ки ҳоло ба забони русӣ ворид гардида, маънои тамоман манфӣ дорад кунанд ва чунин мехонанд: «Самолёти ҳавоӣ отаҷонма биёрӣ…» Ба «шарофат»-и муҳоҷират ҷудошавии оилаҳо, хусусан, байни ҷавонон хеле афзудаст. Мабодо арӯси ҷавон бо шавҳари дар ғарибӣ будааш, ҳангоми суҳбат шиква намояд, дарҳол аз тариқи телефон ё паёмак (СМС) ҷавоби талоқ мешунавад. Муҳоҷират мавзӯи асосии баъзе ҳофизони тоҷик низ шудааст. Ҳоло сурудҳои зиёд мешунавем, оид ба муҳоҷирати мардону занони тоҷик ва интизории наздикону пайвандон. Муҳоҷират дар гуфтори мардуми кишвари қабулкунандаи муҳоҷирон вожаю гӯишҳоеро чун падидаи нав роиҷ намудааст. Хусусан, дар Русия. Дар гуфтори мардуми рус ҳоло калимае фаровон истифода мегардад: «Таджичить». Радиои «Озодӣ» аз номи Темур Варқӣ, хабарнигори тоҷики муқими Ма-

В

ожаи нави «таджичить» баёнгари шароитест, ки муҳоҷирон ва нафақат муҳоҷирони тоҷик қарор доранд. Фақат ин ки тоҷикҳо дар солҳои 90 қабл аз дигар халқҳои Осиёи Марказӣ аз ҷанг ба Русия паноҳ бурданд ва ба ин далел ин ҳамаро ба номи онҳо рақам мезананд. Аз кишварҳои дигар ҳам дертар омаданд, вале аллакай дар Русия ақидае, ки ҳамаи муҳоҷирон тоҷиканд, шакл гирифта буд. скав, ки ба русӣ шеъру мақола менависад, чунин меорад: «Таджичить» аз нигоҳи маъно дар

мекашанд, ягон ҳимоя ё кафолат надоранд. Осонтарин туъма барои ғуломфурӯшони ҳуққабоз ва корфармоёни фиребгар низ ҳаминҳоянд. Онҳоянд, ки ин-

заштаву шаҳрванди кишвари рус низ шудааст. Пайваста наздикону пайвандонро хабаргирӣ меояд. Вазъи ҳамватанон дар ин мулки бегона ӯро хеле озурда-

шооти Универсиадаи Қазону Олимпиадаи Сочиро сохтанд, садҳо ҳазор бинои осмонбӯс дар саросари Русия меваи заҳмати онҳост. Вале вақти пардохти пул кормандони ОМОН ё ФМС-ро ба сари онҳо оварда, ба кӯча меандозанд ва ихроҷ мекунанд…» Ба назар чунин мерасад, ки ин калима ифодагари ҳам воқеият асту ҳам таҳқир. Таҳқир нисбат ба миллати тоҷик. Воқеият аз он хотир, ки мардуми тоҷик дар муҳоҷират баҳри беҳдошти рӯзгори хеш ба ҳама гуна душвориҳо тоқат мекунад. Заҳмат мекашад, то ин ки аҳли байти дар Ватан мондаашро аз ҳар ҷиҳат ёрӣ расонад. Нафарони зиёд ҳам ёфт мешаванд, ки ба мулки бегона рафта, аҳли байт ба гӯшаи хотири эшон на-

хотир намудааст. «Ягон миллат мисли тоҷик дар Русия беқадр нест. Тоҷикро одам ҳисоб намекунанд. Ҳамроҳи ду-се нафар ҳамватанон бегоҳ дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Екатеринбург сайругашт доштем. Наздамон сабукраве лаҳзае истоду ҷавонони даруни он нишаста аз тиреза сар берун оварда, моро масхаракунон «Джамшуд, Равшан» гуфта, қоҳ-қоҳзанон аз наздамон дур шуданд», - бо алам нақл кард ӯ. Чанд муддат Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати кишвар фаъолият дошт. Ҳоло ин ниҳод ба яке аз сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ табдил дода шудааст. Дар ин ҷо саъй доранд раванди муҳоҷират ба як низо-

ми муайян, ба танзим дароварда шавад. Чунки бисёр ҷавонону наврасон, ҳатто аз паси партаи мактабӣ рӯ ба муҳоҷират меоранд. Бе таҷрибаи рӯзгор, надоштани ягон касб, бе донистани ягон забони хориҷӣ, бахусус, русӣ. Дар ин вазъ ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Баъзе ҳуқуқдонҳо ба низом даровардани раванди муҳоҷиратро нақзи ҳуқуқи инсон мепиндоранд. Ба ақидаи эшон инсон озод аст ва ба куҷое, ки хоҳад бояд озодона рафтуо намояд. Албатта, ин нукта дуруст аст, лек бе тайёрӣ, яъне, надоштани пеша, надонистани забон худро ба мушкилот дучор намудан чандон қобили қабул нест. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҳоло ҳукуматдорони рус мекӯшанд, вуруди муҳоҷиронро ба кишвари хеш ҳар чи бештар коҳиш диҳанд. Монеаҳои зиёд эҷод мекунанд. Ҳатто симкорти телефони мобилии муҳоҷири меҳнатӣ мабодо қарздор бошад, баъди бозгашт ба Ватан вай ҳақ надорад ба муҳлати панҷ сол вориди кишвари рус гардад. Ҳоло дар назди фурӯдгоҳҳо ва хазинаҳои чиптафурӯшӣ муҳоҷирон имкон доранд, пеш аз чипта харидан дақиқ намоянд, ки ҳуқуқи дубора ба ин кишвар сафар намуданро доранд ё не? Бисёр муҳоҷирон аз он шикоят доранд, ки бе ягон

асос вуруди онҳо ба ин кишвар то панҷ сол манъ шудааст. Муҳоҷирати меҳнатӣ як ҷузъи ҳаёти мо гардидааст. Чунки айни замон дар кишвар имкони ҳамаро бо кору фаъолият таъмин намудан нест. Аз ин хотир, ба ҷавонон лозим аст хонда, босавод шаванд, бештар забон донанд ва аз ҳама муҳим соҳибҳунар бошанд. На танҳо ба кишвари сарду номеҳрубони рус, балки кишварҳои Аврупову Амрико сафар намоянд. Марди босаводу соҳибмаълумотро дар ҳеҷ куҷо, дар ягон ҳолат касе таҳқир нахоҳад кард. Тавре имрӯз номи тоҷик дар ҷомеаи рус мояи таҳқир қарор ёфтааст…

Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳоло байни бархе аз ҷавонон калимаҳое чун «девонашай», “харай” ва ғайра фаровон истеъмол мешаванд, ки чандон мазмуни хуб надоранд. Байни мардум бошад, ибораи «Тоҷикиш кун» хеле маъмул аст. Мазмун, бо ҳар роҳу восита кореро бояд саранҷом кард. Ҳатто бо роҳи қонунро сарфи назар кардан. Мутаассифона, ин ибора ба забони русӣ низ ворид шудааст.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

7

ПРОБЛЕМАИ МУҲОҶИРАТ


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

8

ТУРИЗМ

Мо - як гуруҳ кормандони Осорхонаи миллии кишвар бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ёдгориҳои таърихии деҳшаҳри Саразм, Панҷакенти қадим, мақбараи Муҳаммад Башоро, хона-музейи Лоиқ Шералӣ, мақбараи устод Рӯдакӣ ва Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ моҳи сентябри соли гузашта ба шаҳри Панҷакент сафар намудем. Қабл аз ҳама, директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рудакӣ Фотима Рафиева моро ба тамошо даъват кард. Дар ин ҷо ба мо корманди осорхона Матлуба Аминова роҳбаладӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки маҳз бо дастгирии Сарвари давлат соли 2008 бинои ин осорхона дар қатори дигар муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ аз нав таъмиру тармим шуда, чун туҳфаи арзанда ба ифтихори 50-солагии фаъолияти пурсамари осорхона ва 1150-солагии қофиласолори адабиёти классикии форсу тоҷик, Одамушшуаро Рӯдакӣ ба истифода пешкаш гардид. Осорхона дорои 71 ҳазор экспонат буда, аз толорҳои зерин иборат мебошад: Саразм, Панҷакенти қадим, Сомониён, Рудакӣ, мардумшиносӣ, Истиқлолият, канданиҳои фоиданоки водии Зарафшон, табиат. Ҳар як толор мувофиқи номаш аз ҷиҳати илмӣ-бадеӣ бо ёдгориҳои таърихӣ ороста шудааст. Оромгоҳи устод Рӯдакӣ аз маркази шаҳри Панҷакент дар масофаи 60 км. дар деҳаи Панҷрӯд қарор дорад. Деҳаи Панҷрӯд дар мобайни ду кӯҳ ҷойгир аст, ки дар зебоӣ ҳамто надорад. Мамнуъгоҳи устод Рӯдакӣ аз мақбара,

нимпайкара, осорхона, боғи зебо ва меҳмонхонаи барҳаво иборат мебошад. Он дар маркази маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд ҷой гирифтааст. Нимпайкараи устод Рӯдакӣ бошад, дар тарафи муқобили мақбара, аз он тарафи роҳи мошингард ҷой гирифтааст. Маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд масоҳати 3 гектарро дар бар гирифта, зиёда аз 700 экспонат дорад. Ба гуфтаи ходими илмии маҷмааи ҷумҳуриявии таърихию фарҳангии Панҷрӯд Б. Ҷӯраев дар деҳаи Панҷрӯд 3050 нафар зиндагӣ мекунанд. Ҳамзамон, дар рафти суҳбат маълум гашт, ки шумораи сайёҳон солҳои охир кам гардидааст. Сабаби асосии инро Б.

Ҷӯраев дар баста шудани роҳи мошингарди Самарқанд аз тарафи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебинад. Ӯ иброз дошт, ки солҳои пеш, вақте роҳи мошингарди Самарқанд кушода буд, сайёҳони зиёд аз оромгоҳи устод дидан мекарданд, аммо се сол мешавад, ки роҳи мошингарди Самарқанд баста аст. Аз ин рӯ, шумораи сайёҳони хориҷӣ сол то сол кам мешавад. Дар ин ҷо 9 нафар корманди илмию техникӣ фаъолият доранд, ки ҳамарӯза дар пайи ободу зебо нигоҳ доштани ин ҷои муқаддас кушиш ва ғайрати худро дареғ намедоранд. Оромгоҳи Муҳаммади Башоро дар ҷониби шарқии рустои Мазори Шари-

фи ноҳияи Панҷакент воқеъ мебошад. Деҳаи номбурда дар 35 км. канортари шаҳри Панҷакент ҷойгир аст. Дар атрофи мазор ду чашма мавҷуд аст, ки якеро бо номи “Чашмаи Ният” ва дигареро бо номи “Чашмаи Минсоқ” ёд мекунанд. Дар болотари мазор кӯҳи Чилмеҳроб сар афрохтааст. Мувофиқи ривоятҳои мардумӣ дар болои санге аз ин кӯҳ нақши пойи Хоҷа Муҳаммади Башорост. Муҳаммад Башоро соли 167 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 782 мелодӣ дар шаҳри Басра ба дунё омадааст. Кунияти вай Абӯбакр ва насабашро Абдӣ гуфтаанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Муҳаммад Башоро ба бофандагӣ машғул буда, илмро дар зодгоҳаш шаҳри Басра азхуд кардааст.

Саразм роҳбалад

Муҳаммад Башоро аз айёми ҷавонӣ ба ҷамъ овардани марворидҳои гаронбаҳои Расули Акрам (с) пардохтааст. Хоҷа Муҳаммад Башоро яке аз боэътимодтарин ровиёни ҳадис ба ҳисоб меравад. Муҳаммади Башоро дар 85-солагӣ, моҳи раҷаби соли 252 ҳиҷрӣ, баробар ба 866 мелодӣ аз дунё даргузаштааст. Дар кадом айём Муҳаммади Башоро ба деҳаи Мазори Шариф омадааст, мутаассифона, маълумоти дақиқ нест. Аммо аз рӯи гуфтаҳои пиронсолони деҳаи Мазори Шариф, пештар Муҳаммади Башоро тахминан дар 3 километр поёнтари ин мазор, ки бо номи Оби Сарой ёд мешавад, зиндагӣ мекарданд. Ёдгорӣ ва оромгоҳи Муҳаммад Башоро мансуби асрҳои X-XII мебошад ва аз cе қисмат таркиб ёфтааст. Оромгоҳ дорои дахма ва гурҳо мебошад. Соли 1342-и ҳиҷрӣ тарҳи бино ва пештоқро оро додаанд, ки намунаи олии ҳунари кандакорӣ буда, бо ҳуруфи куфӣ, арабӣ ва бофтаҳои ҳандасӣ наққошӣ шудааст. Мутахассисон муайян намудаанд, ки кошиҳои рангини мақбараи Муҳаммад Башоро дар Осиёи Миёна назир надошта, ба шоҳкориҳои ҷаҳонӣ

МАҚБАРАИ РӮДАКӢ

e-mail: javonontj@mail.ru

ФАРҲАНГ

Ҳамарӯза тавассути васоити ахбори омма дар бораи бузургии китоб барнома ва мақолаҳои зиёд нашр мешаванд. Донишмандон дар телевизиону радио баромад карда, зикр менамоянд, ки мутолиаи китоб одамро бузург месозад ва ба мақсад мерасонад. Мутаассифона, ин тарғибот чандон муассир нест ва имрӯз барои мардум, хоса ҷавонон хондани китоб чандон расм нашудааст. Сабаб чист ва роҳи ҳалли масъала кадом аст? Дар робита ба ин мавзӯъ бо сардори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоби Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Сафаров ҳамсуҳбат шудем.

Ҷавононро гунаҳкор - Мегуфтед, ки корхонаи шумо аз кадом ҷониб маблағгузорӣ мешавад? Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китоб худмаблағгузор аст. Ин ё он китобро аксаран худи муаллифон бо маблағҳои худашон чоп мекунанд ва ба коллектори китобҳои ҷумҳурӣ месупоранд. Сипас, бо мо шартнома мебанданд ва мо китобҳои онҳоро дар фурӯш мегузорем. Новобаста аз он ки китобҳо дар кадом нашриёт ба табъ мерасанд, мо рӯйхат намуда, ба шаҳру ноҳияҳо мефиристем. Тибқи хоҳиши муаллифон аз тариқи шартнома нарх мегузоранд ва китобҳоро харидорӣ менамоянд. Ба китобхонаҳои ноҳияҳои дурдаст ҳамкории зич дорем. Хушбахтона, Ҳукумати ҷумҳурӣ

ҳамасола барои чопи китобҳои бадеӣ ба нашриётҳои тобеи Вазорати фарҳанг маблағ ҷудо мекунад. Пас аз нашр тавассути коллектори китобхонаҳои ҷумҳурӣ онро ба хонанда мерасонем ва интиқоли онҳо аз ҷониби Вазорати фарҳанг назорат мешавад. - Сабаби кам гардидани таваҷҷуҳи ҷавононро ба китобхонӣ дар чӣ мебинед? - Ҳикмате ҳаст, ки агар волидайн китобхон бошанд, ҳатман фарзандонашон низ китобхон мешаванд. Муҳити оилавӣ ба наврасону ҷавонон таъсири бештар мерасонад. Агар модар ё падар дар як сол китоберо варақ назананд ва ё як китобро аз мағоза харидорӣ карда, хона наоранд, пас, фарзанд аз куҷо китобхон мешавад? Вақте во-

лидайн китобхон бошанд, дар хона китобҳоро ҳифз кунанд, кӯдак ин амали онҳоро дида, дарк мекунад, ки китоб хондан ба инсон фоидаи калон мерасонад. Мутаассифона, имрӯз мо фақат ҷавононро гунаҳкор мекунем, ки онҳо кам китоб мехонанд. Ин хато аст. Зеро ҷавоне, ки синнаш ба 16-17 расидаву боре китобхонӣ ё рӯзномахонии волидонро надида бошад, аз куҷо дар дилаш шавқи мутолиаи китоб ё рӯзнома пайдо мешавад? Дигар на мактаб ва на донишгоҳ наметавонад шавқи китобхониро дар дили ҷавонон бедор кунад. Агар мо аз наврасӣ дар дили фарзанд меҳру муҳаббати китобхониро ҷо накунем, дар бузургӣ амалӣ сохтани ин иқдом мушкил мешавад.

Дар даврони шӯравӣ дар Тоҷикистон як асар то даҳ ҳазор нусха ба табъ мерасид ва ҳамаи он ба фурӯш мерафт. Имрӯз як китоб 500 нусха чоп мешавад, вале дар анбор хоб асту харидору хонанда намеёбад. Ин ҷо ду омил аст: якум ин ки шароити иқтисодии аксари оилаҳо паст аст, дуюм, мавзӯъ ва мундариҷаи бисёр китобҳо ба талаботи хонандаи имрӯза ҷавобгӯ нест. Хонанда ҳам аз мутолиаи чунин китобҳо даст мекашад. - Ягона фурӯшгоҳи давлатии китобро дар шаҳри Душанбе муштариёнаш хеле кам аст. Аз мушоҳидаҳо маълум гашт, ки дар як рӯз 3-4 нафар ба китобхона даромада, дидан менамоянд ё китоб харидорӣ мекунанд. Ба наза-


ТУРИЗМ

9

мансуб мебошанд. Дар дахмаи оромгоҳ якчанд қабр мавҷуд аст ва ба тартиби ҷойгиршавии онҳо дар хонаҳои гуногун сағонаҳо сохта шудааст. Беҳтарини онҳо ду сағонаи кошикоришуда дар долони байни толор ва сағона дар хонаҳои ҷанубӣ мебошанд. Тахмин меравад, ки дар ин ҷо пайвандони Хоҷа Муҳаммади Башоро дафн гардида бошанд. Дар яке аз ин сағонаҳо духтараке дафн шудааст, ки вай дар ин даргоҳ хизмат мекардааст ва дар 14-солагӣ аз дунё гузаштааст. Дар санги болои кабри ӯ катибае бо ҳуруфи арабӣ навишта шудааст, ки тарҷумаи он чунин аст: Дар таърихи шаҳри Зул-ҳиҷҷа санаи 966

дар он ҷо сару либосҳои устод, аз қабили ҷелак, шалвор, тоқӣ, курта, шиму костюм, расмҳо ва ғайра ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳуҷраи сеюм ҳуҷраи кории устод ба шумор меравад, ки дар он китобу маҷаллаҳои бисёр ва расми волидайни устод мавҷуд аст. Деҳшари Саразм таърихи 5500сола дорад ва соли 2010 ба феҳрасти ёдгориҳои фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст. Ҳангоми ташрифи мо ба ин мавзеъ соат даҳуним буд, мутаассифона, ягон нафар корманди илмии ёдгории деҳшаҳри Саразмро натавонистем пайдо намоем, ки ба мо роҳбаладӣ намояд. Бе роҳбалад мо тамоми деҳшаҳри Саразмро аз назар гу-

Сарви болои ту дар хок дареғ аст, дареғ. Зери хок он гуҳари пок дареғ аст, дареғ, Домани пераҳани умри ту эй ҷони азиз. Шуда чун домани гул чок, дареғ аст, дареғ, Ҷои он буд, ки ҷои ту бувад дар дида. Ин замон ҷои ту дар хок дареғ аст, дареғ, Эй ба сад мартаба покизатар аз оина.

заронидем. Дар қисмате аз Саразм мо бо чор нафар шаҳрванди хориҷӣ вохурдем, ки бо роҳбарии Роналд Безинбал, аз давлатҳои Фаронса ва Финландия ба корҳои бостоншиносӣ машғул буданд. Ёдгории Саразм дар 12 км. қисмати ғарбии шаҳри Панҷакент ҷой гирифтааст. Масоҳати умумии он зиёда аз 100 гектарро ташкил медиҳад. Он аввалин ёдгории мардуми зироаткори Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ёдгорӣ, асосан, хонаҳо аз хишти хом сохта шудаанд. Ҳаёт дар маскангоҳ ба чор давра ҷудо гашта, аз миёнаи ҳазорсолаи IV то милодро дар бар мегирад. Баъд аз шиносоӣ аз ёдгории деҳшаҳри Саразм ба Панҷакенти қадим раҳсипор шудем. Дар Панҷакенти қадим моро директори ин мамнуъгоҳ, номзади илми таърих Исматулло Раҳматуллоев пешвоз гирифт. Иброз дошт, ки бостоншиноси рус Маршак Борис Илич солҳои 1980-2006 дар Панҷакенти қадим корҳои кофтуковиро роҳбарӣ мекард. Соли 2006 вафот кард. Ҷасади ӯро бо розигии ҳамсараш дар канори Панҷакенти қадим ба хок супурданд. Баъди шиносоӣ бо нақшаи Панҷакенти қадими аҳди

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

САРАЗМ

надорад?

Баъди зиёрати мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро мо ба хона-музейи устод Лоиқ Шералӣ, ки дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент аст, равон шудем. Он соли 2001, як сол баъд аз вафоти устод Лоиқ Шералӣ таъсис ёфтааст. Осорхона якошёнагӣ буда, аз айвон ва cе ҳуҷра иборат мебошад. Ҳуҷраи якум ҷои зисти оила ба ҳисоб рафта, ҳатто дар ин хона гаҳвораи чубини даврони кӯдакии устод гузошта шудааст. Ҳуҷраи дуюм меҳмонхона ба ҳисоб меравад, ки

бостон, мо ба тамошои боқимондаҳои Шаҳристон ва Робот машғул гаштем. Роҳбалади мо иброз намуд, ки шаҳр аз ду дарвоза иборат буд: шарқӣ ва ҷанубӣ. Ба мо маълум гардид, ки аввалин маротиба дар шаҳри Панҷакенти қадим кофтуковҳои бостоншиносӣ соли 1946 бо роҳбарии бостоншиноси русиягӣ А. Якубовский оғоз гардидааст. Дар қисмати шарқии Панҷакенти қадим ба пуррагӣ ҳафриёт гузаронида шудааст. Масоҳати Панҷакенти қадим дар асрҳои V-VI 8 гектарро дар бар мегирифт. Дар асрҳои VIIVIII он ба 13,5 гектар расонида шуд. Аз рӯи гуфтаҳои Исматулло Раҳматуллоев, танҳо Робот масоҳати 70 гектарро дарбар мегирифт, ки ҳоло дар ҷои як қисми

он маҳаллаи Деваштич мавҷуд аст. Осорхонаи Панҷакенти қадим дар ҳудуди мамнуъгоҳ воқеъ аст. Дар ҷои осорхонаи имрӯза, солҳои пеш масҷид будааст ва аз соли 1994 онро ба осорхона табдил додаанд. Дар ёдгории Панҷакенти қадим кофтуковҳои бостоншиносӣ то имрӯз идома дорад ва ҳамаи ашёи бозёфтгардида, ки инъикосгари таърихи халқи тоҷик мебошанд, дар осорхона нигоҳ дошта мешаванд.

Хуршед ҲАСАНОВ, сардори шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон

ФАРҲАНГ

ри Шумо инро сабаб чист? - Дар даврони шӯрави як рӯзнома 2-3 тин, аксари китоб аз 15-20 тин то 1 рубл нарх доштанд. Як посбон 80 рубл маош мегирифт, ки бо ин маош 30 китоб харидорӣ карда метавонист. Ҳозир маош кам асту нархи китобҳо гарон. Сабаби гаронии нархи китоб дар он аст, ки мо маҳсулоти китобсозиро бо нархи гарон аз кишварҳои Чин ва Русия ворид месозем. Мисол, нархи як китоби начандон калон аз 10 то 50 сомонӣ арзиш дорад, аз куҷо зӯри падару модар ба харидории он мерасад? То шароити иқтисодии мардум хуб нашавад, мо наметавонем касеро барои китобхарӣ маҷбур намоем. Аз ҷониби дигар, мутолиаи китоб бояд як одати муқаррарии аҳли ҷомеа гардад.

- Барои хонанда чӣ бештар муҳим аст: сифати чоп, мавзӯи китоб ва ё муаллифи он? - Хушбахтона, имрӯз адибону донишмандонеро чун устодон Бозор Собир, Абдулҳамид Самадов, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Низом Қосим, Кароматулло Мирзоев ва дигарон дорем, ки хонандаи зиёд доранд ва ҳамарӯза ба хотири харидории асарҳои онҳо мардуми бисёре меоянд. Афсӯс, ки дар марҳилаи кунунӣ бисёр нафарони дигар ҳам даъвои шоирию нависандагӣ доранд. Чопхонаҳои ғайридавлатӣ ҳам зиёд шуда, ҳар кас метавонад китоб нависаду сарпараст ёфта, ба нашр расонад. Ҳамин гуна китобҳо дар анборҳо солҳои зиёд хоб мекунанду ба фурӯш

намераванд. Зеро аксари он китобҳои худчоп аз лиҳози техникию муҳтаво ва сифаташон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. - Тавре огаҳӣ дорем, дар баъзе ноҳияҳо ва созмонҳо ба китоби тозанашр ниёз доранд, вале онро дарёфт карда наметавонанд... - Бале, аз ҷумла, аксари қисмҳои ҳарбӣ дорои соҳиби китобхона ҳастанду дар он ҷо садҳо ҷавон баъди хатми мактаби миёна дар давоми ду сол хизмати Ватанро адо мекунанд. Агар дар вақтҳои холигии хеш китоб мутолиа намоянд, пас аз адои хизмат, аллакай, китобхон мешаванд. Соҳибони китоб метавонанд чунин ҷойҳо ва ноҳияҳои дурдастро низ бо китоб таъмин кунанд.

Имрӯз аксари макотиби олӣ чопхона доранду олиму номзади илм худашон китоб менависанд, ба нашр мерасонанд ва ба донишҷӯён мефурӯшанд. Замона пеш меравад. Тараққиёти илму техника боиси торафт зиёд гаштани воситаҳои электронӣ шуда, талаботи мардум ҳам ба онҳо бештар мегардад. Аммо чизе ҷойи китобро гирифта наметавонад. Аз замони қадим мардуми тоҷик китоб-

дор буду китобхон ва китобро аз душманон ҳифз намуда, новобаста ба тасаллути аҷнабиён то рӯзгори мо оварда расониданд. Мо бояд ба китоб рӯ оварем, китобро аз вартаи танҳоӣ ва фаромӯшӣ ва беэътиборӣ барорем, то хазинаи маънавии хешро ғанӣ гардонем ва бо аҳли ҷаҳон ҳамқадами замон шавем.

Мусоҳиб Моҳрухсор РАҲИМОВА

e-mail: javonontj@mail.ru

кардан хатост


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

10

ДАСТОВАРД

«Олими сол» муайян гардид Дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз дастовардҳои раванди илм натиҷагирӣ ва ҳамзамон, озмуни «Олими сол» ҷамъбаст гардид. Зикр гардид, ки муваффақтарин дастоварди донишгоҳ ин буд, ки соли гузашта дар шӯроҳои дифои шаҳрҳои Душанбе, Маскав, шӯрои дифои ДДҲБСТ 2 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ дифоъ гардид. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷрои марҳалаи сеюми нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 мебошад. Дар соли 2013 маҷмӯан 131 асари илмӣ ва илмиву методии устодони донишгоҳ, 30 рисолаву монография, 66 китоби дарсӣ ва дастури таълимӣ, 20 маҷмӯаи мақолаҳо, 15 матни асарҳои таҳияшуда дар ҳаҷми умумии 1584,86 ҷузъи чопӣ ба табъ расиданд, ки 38 номгӯй тибқи «Нақшаи нашри асарҳо барои соли 2013» ва 93 асар берун аз нақша, тавассути заҳмати устодон таълиф ва таҳия шудааст. То имрӯз дар донишгоҳ 87 омӯзгор ва донишҷӯ ба корҳои ихтироъ ҷалб гардида, 48 номгӯи ихтироот ба вуҷуд омад, ки 33-тои он ихтирои дотсент М. Шерматов мебошад.

Соли 2013 8 нафар соҳиби ихтироъ гардиданд. Ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов дастовардҳои илмии устодонро дар соли гузашта мусбат арзёбӣ намуда, ҳамзамон, аз он нигаронӣ намуд, ки

АЗ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Масъулиятшинос

e-mail: javonontj@mail.ru

Мактаб - интернати ноҳияи Шаҳринав ба номи устод Мирзо Турсунзода дар ҷумҳурӣ калонтарин муассиса маҳсуб ёфта, 360 нафар ятимро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Соли ҳафтум аст, ки сарварии онро Аълочии маорифи Тоҷикистон, зани ҳалими кордон Мушаррафа Шарифова ба зима дорад. Дар ин боргоҳ 49 омӯзгору мураббӣ, 41 нафар корманди техникӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Мактаб-интернат тозаю озода буда, дар гирду атроф ва роҳравҳои он гулугулбутаҳо шинонда, дарахтони сояафкану мевадиҳанда ба ҳусни он ҳусни тоза мебахшанд. Мушаррафа Шарифова кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад, ки толибилмон дар хондану донишомӯзӣ фаъол бошанд. Барои толибилмон ҳамаи шароит муҳайё буда, онҳо рӯзе се маротиба бо хӯроки гарм ва ҷойи хоб таъминанд. Баробари таълим хонандагон ба бозиҳои варзишии гуногун, аз қабили волейбол, футбол, шашкаю шоҳмот машғул мешаванд. Дар вақтҳои истироҳат ва фароғат рӯзномаю маҷалла, китобҳои бадеӣ мутолиа намуда, донишу ҷаҳонбинии хешро васеъ мекунанд. Дар арафаи Соли нави милодии 2014 Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳар бошандаи мактаб-интернат ба маблағи 600 сомонӣ сару либос, пойафзол, маҳсулоти хӯрока кӯмак расонд. Ҳоло 3 нафар хатмкунандаи мактаб-интернат дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил доранд. Ҳамчунин, 12 нафар дастпарвари мактаб-интернат дар донишкадаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳрҳои Брянск ва Саратови Федератсияи Русия аз рӯи ихтисосҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Бо дастгирии Мушаррафа Шарифова 3 нафар духтар - хатмкунандагони мактаб-интернат аз сабаби надоштани шароит ба шавҳар дода шуданд, ки ҳоло ҳар кадом дорои оилаи мустақил ва соҳиби фарзанд мебошанд. Ин роҳбари ғамхор

на танҳо тарбиятгар, балки ҳамчун маслиҳатчӣ байни сокинони ноҳия ном баровардааст. Бобати вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ғайра суҳбатҳои судманду шавқовар мегузаронад. - Мақсад аз гузарондани суҳбату вохӯриҳо бо мардум ин аст, ки насли наврас дар рӯҳияи худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, накӯкорӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба воя расанд, - нақл кард зимни суҳбат Мушаррафа Шарифова. – Фикр мекунам, гузарондани чунин вохӯриҳо, албатта, натиҷаи нек ба бор хоҳанд овард.

Ҳокими САФАР

то ҳол олимон аз имконоти мавҷудаи захираҳои ақлониву пойгоҳии донишгоҳ пурсамар истифода намебаранд. Озмуни “Олими сол”-и донишгоҳ аз рӯйи илмҳои дақиқ ва ҷомеашиносӣ ҷамъбаст гардид. Ҳамин тавр, ҷойи ав-

вал ба дотсенти кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарории факултети математика Қамариддин Тӯхлиев аз рӯи ихтисоси илмҳои дақиқ (1000 сомонӣ), ду ҷойи аввал дар риштаи илмҳои гуманитарӣ, ки яке ба мудири кафедраи адабиёти классикии факултети филологияи тоҷик Нуралӣ Нуров (1000 сомонӣ), дигаре ба дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети забонҳои шарқ Фахриддин Насриддинов (1000 сомонӣ), ҷойи дуюм ба мудири кафедраи технология ва методикаи таълими факултети физика ва техника Абдулатиф Азизов аз рӯи ихтисоси илмҳои дақиқ (500 сомонӣ), ҷойи дуюм ба декани факултети рассомӣ-графикӣ Озодҷон Исломов аз рӯи ихтисоси илмҳои гуманитарӣ (500 сомонӣ), ҷойи сеюм ба мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат Фотима Очилова аз рӯи ихтисоси илмҳои дақиқ (300 сомонӣ), ҷойи сеюм ба мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, профессор Толиб Ваҳҳобов аз рӯи ихтисоси илмҳои гуманитарӣ (300 сомонӣ) дода шуд.

Маъмури ЮСУФЗОД, мудири шӯъбаи иттилоот ва таҳлили ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

НАХУСТИН ЗАНИ МИЛИТСИОНЕР ДАР МУЛКИ ВАНҶ

Кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ охири соли гузашта сокинони чанд деҳаро дар деҳаи Панҷшанбеобод ҷамъ намуда, оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суҳбат барпо карданд. Дар ин вохӯрӣ шахсони масъули ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев ба сухан баромада, фаъолияти муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро ҳарҷониба таҳлил намуданд.

Либоси хизматӣ зебандаи ӯст Диққати ҳозиронро, махсусан, суханронии духтараки гандумгуни миёнақад, ки бар тан либоси шинами милисагӣ дошт, ҷалб намуд. Ин духтараки ҷавон ва кушодчеҳра нозири калони мизи шиносномадиҳӣ ва раводиди шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ, лейтенанти милиса Гулноз Бачабекова мебошад. Гулноз, махсусан, оид ба вазифаи волидон дар тарбияи фарзандон асноду далелҳои мушаххас овард. Зикр намуд, ки ҳоло баҳри таълиму илмомӯзии наврасону ҷавонон Ҳукумати ҷумҳурӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Ҳар сол даҳҳо мактабу дабистон месозад, маошу имтиёзҳои муаллимонро зиёд, нисбат ба эшон пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Омӯзгорон низ вазифаи хешро бобати таълиму тарбияи хонандагон софдилона иҷро мекунанд. Вале падару модарон вазифаи ҷонии худ - алоқа бо мактаб ва тарбияи фарзандонро чандон хуб ба сомон намерасонанд. Гулноз Бачабекова соли 2006 факултаи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯҳшинос хатм намуда, як сол дар мактаби миёнаи рақами 16-и ноҳияи Ванҷ чун омӯзгор ба хонандагон аз фанҳои ҳуқуқ ва таърих сабақ омӯзонд. Соли 2007 ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ванҷ ба сифати кормандмутахассис ба кор омад. Ӯ нахустин занест,

ки дар ин гӯшаи дурдаст ба ҳайси корманди милиса дар мизи шиносномадиҳӣ кору фаъолият дорад. - Корманди милиса будан, кори душвор, вале пурифтихор аст, - мегӯяд Гулноз Бачабекова. – Аз он ки ин пешаро интихоб намудаам, пушаймон нестам. Муддати фаъолият дар шуъбаи корҳои дохилӣ аз корманди қаторӣ то дараҷаи нозири калон сабзид. Ба Гулноз корманди ботаҷриба сармуфаттиш, майёри милиса Ҳикматулло Зарифов дасти ёрӣ дароз намуда, бо маслиҳату дастгириҳои пайваста дар пешрафти кори ӯ саҳм гузоштааст. Фаъолияти хуби меҳнатӣ ва ҷамъиятии Гулноз Бачабекова борҳо бо раҳматномаҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ ва ШВКД-и ноҳия сарфароз гардидааст. Тавре Гулноз нақл кард, оянда ният дорад, ки ба Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дохил ва донишу маҳорати касбии худро баланд бардошта, ба нафъи халқу Ватан содиқона хизмат намояд.

Мастон САМАДОВ, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и ноҳияи Ванҷ


ОДАМОНИ САРБАЛАНД

Чароғи маърифат

Ҳайвоноти ёбоӣ низ муҳтоҷи ғамхорианд Моҳи феврал аз оғоз сербарфу сард омад. Барои ҳайвоноту парандагони ёбоӣ дар чунин шароит ёфтани ғизо мушкил аст. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз фасли зимистон чораҳои зарурӣ меандешад. Баҳри таъмини ҳайвоноту парандагон бо хӯроки зимистона аз тарафи мутахассисони шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар доманакӯҳҳо ва мавзеъҳои дурдаст ба миқдори 4 тонна ғалладона, 200 бастаи хошок рехта шуд. Кормандони бахш ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Шаҳристон дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон дар кӯҳу теппаҳои минтақа 285 кило картошка, 107 кило ғалладона ва 445 кило хошок рехтанд. Ҳамчунин, аз тарафи мутахассисони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти ноҳияҳои Ғончӣ ва Спитамен дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сарбанд ва Истиқлол, дашти ҳудудҳои хоҷагиҳои Эргашалии Ӯртақӯрғон ва хоҷагии деҳқонии М. Абдураҳмонови ҷамоати деҳоти Муҷун 480 кило ғалладона, 500 кило хошок ва 18 кило намак рехта шуд. Бо ташаббуси Бахши ҳифзи муҳити

зисти шаҳри Конибодом якҷо бо намояндагони Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳри Конибодом ва Исфара дар назди соҳили обанбори Қайроққум, ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҳамробоев, Ғ. Ортиқови шаҳри Конибодом бо мақсади додани маҳсулоти ғизоӣ ба олами ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ дар фасли зимистон 2,5 тонна маҳсулоти хӯрока ба заминҳо ва назди соҳили обанбор пошида шуданд. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ, агар як тараф эмин доштани олами ҳайвонот бошад, аз тарафи дигар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва муносибати одилона нисбат ба мавҷудоти зинда аст. Гузаронидани корҳои биотехникӣ аз тарафи бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Мансур РАҲИМОВ, мутахассиси пешбари шӯъбаи назорати истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Миллате, ки ба илму маориф, дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун аст. Боиси ифтихор аст, ки ҷаҳониён миллати моро, пеш аз ҳама, бо китобу фарҳанг ва маънавиёташ мешиносанд. Маҳз ҳамин асолати деринаи расидан ба илму маориф ва китоб водор месозад, ки дар шароити имрӯза ба масъалаҳои мактабу маориф диққати ҷиддӣ дода, ба сатҳи баланди таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шавем. Дар ҳар давру замон аз шахсиятҳои бузург бояд ёдовар шуд. Маҳз заҳмату талошҳои ин абармардон буд, ки мо то ин мартаба расидем. Дар баробари ин, аз кору фаъолияти онҳо бохабар шуда, то дараҷае ба онҳо кӯмак расонем. Ганҷал Азимов аз зумраи чунин ашхосест, ки тамоми умри хешро дар соҳаи маориф сарф намуда, дар тарбияи насли наврас саҳми босазо гузоштааст. Ӯ соли 1918 дар деҳаи Навободи ноҳияи Шӯрообод таваллуд шуда, таҳсили ибтидоиро дар ҳамин ноҳия мегирад. Сипас, соли 1938 курси муаллимтайёркуниро дар шаҳри Душанбе хатм менамояд. Пас аз хатм ба зодгоҳ баргашта, дар мактаби миёнаи деҳа ба сифати муаллим ба фаъолият мепардозад. Чун он солҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ идома дошт, Ганҷал Азимовро низ соли 1943 ба майдони набард сафарбар менамоянд. Номбурда дар муҳорибаҳои шаҳрҳои Харков, Киев иштирок намуда, ҷоннисориҳо намудааст. Моҳи октябри соли 1943 бори аввал захми вазнин бардошта, дар госпитали ҳарбии шаҳри Харков ва бори дуюм ярадор шуда, дар госпитали Саратов бистарӣ мегардад. Пас аз чанде Ганҷал Азимов саломатии хешро барқарор намуда, барои озод намудани шаҳрҳои Полша ва Литва саҳм мегузорад ва ин маротиба низ захмӣ шуда, дар госпитали шаҳри Горкий бистарӣ мегардад. Пас аз шифо ёфтан, то анҷоми ҷанги хунин баҳри ҳимояи Ватан дар набардҳо ширкат меварзад. Пас аз анҷоми ҷанг ба диёр баргашта, дубора ба кори таълиму тарбияи насли наврас мепардозад. Мавсуф то соли 1964 дар мактаби деҳа адои вазифа намудааст. Аз соли 1964 дар мактаби рақами 13-и ноҳияи Фархор фаъолия-

тро идома медиҳад. Ҳамин тавр, бештари умри ин марди наҷиб сарфи таълиму тарбияи насли наврас гардидааст. Ганҷал Азимов тӯли собиқаи омӯзгорӣ шогирдони зиёд тарбия намудааст. Ҳамчунин, ҷамоатчии фаъол низ маҳсуб меёбад. Номбурда дар корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои сиёсии ноҳия фаъолона иштирок карда, намунаи ибрат мебошад. Сифатҳои нек ва ибратбахши ин пири нексиришт хеле зиёданд. Ба пиронсолии хеш нигоҳ накарда, ҳамоно ин шахси соҳибэҳтиром машғули тарбияи насли наврас аст. Кӯдаконро назди хеш хонда, аз боби ҳурмату эҳтиром нисбат ба калонсолон, омӯхтани илму маърифат ва ҳисси милливу ватандорӣ сӯҳбатҳо мекунад. Оре, дар ҳама давру замон тақдири наслҳои миллат бар зимаи чунин омӯзгорони дилсӯз аст ва аз ин рисолати нек онҳо ифтихор доранд. Ин пири хирад ва чароғи маърифат айни ҳол аз шириниҳои ҳаёт, яъне, набераву аберагони сершумори хеш меболад. Хоҳони он аст, ки дар кишвар доимо тинҷиву амонӣ ҳукмрон бошаду наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд ва аз таърихи миллату фарҳанги хеш ҳар чи бештар огаҳӣ пайдо намоянд.

11 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

Валимад МУРОДОВ, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Фархор

ИҚТИСОДИЁТ

Соҳибкории хурд бозорро ғанӣ мегардонад Соҳибкории хурд бо дастгирии давлат ва бо ёрии ширкатҳои бузург рушду инкишоф ёфта, дар таъмин намудани бозори дохилӣ ба молу маҳсулот саҳми арзанда дорад. Қонеъ намудани аҳолӣ ба молу маҳсулоти ҳаррӯза яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳибкории хурд ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумоти оморӣ соли сипаришуда дар вилояти Суғд 20 корхонаи нав ба қайд гирифта шудааст. Ҳамчунин, дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи марказ чанд корхонаи саноативу хизматрасонӣ ба кор шуруъ карданд. Тибқи таҳлилҳои гузаронидашуда соли гузашта дар Федератсияи Русия қариб 2 миллион соҳибкори хурд ба қайд гирифта шудааст. Шумораи соҳибкорони хурде, ки соли 2013 дар Русия ба қайд гирифта шу-

даанд, нисбат ба соли 2012 9% зиёд мебошад. Дар ИМА шумораи соҳибкорони хурд ба 15 миллион расидааст, ки ин шумора бевосита аз фаъолнок будани сектори хусусии давлат далолат медиҳад. Ба ғайр аз ин, нақши соҳибкории хурд дар давлатҳое чун Англия, Фаронса, Олмон, Чину Ҷопон басе назаррас аст. Ин омили пешбаранда бевосита ба эълон шудани «моратория барои соҳибкорон» вобастагӣ дорад. Дар шароити имрӯза соҳибкории хурд ба даҳҳо миллион нафар имконият медиҳад, ки бо истифода аз қувваи корӣ ва сармояи начандон зиёд фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии худро ба роҳ монанд. Афзалияти соҳибкории хурд аз соҳибкории калон дар он аст, ки соҳибкории хурд бештар ба истеҳсоли

молҳое машғул аст, ки қонеъкунандаи ниёзу эҳтиёҷоти ҳаррӯзаи мардум аст. Аммо соҳибкории калон ба истеҳсоли техника ва технологияҳо, ба монанди сохтани автомобилҳо, киштиҳо, ҳавопаймо, компютерҳо ва ғайраҳо машғул аст, Албатта, агар аз нигоҳи илмӣ назар намоем, пас ба хулосае омадан мумкин аст, ки одамизод бе техника ва технология зиндагӣ карда метавонад, аммо бе молҳои ниёзи аввал наметавон зиндагӣ кард. Лекин дар замони ҳозира фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратии худро бе техника ва технология тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Диловар БЕГМУРОДОВ, донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар шароити кунунӣ ҳар як давлат ба маҳсули меҳнати соҳибкорон эҳтиёҷ дорад. Зеро меҳнати соҳибкор ҳатман ба рушди иқтисодии давлат мусоидат ва таъсир мерасонад. Соҳибкор шахсияти зидди ҷамъият фаъолияткунанда нест. Балки ӯ ба манфиати худ амал намуда, ҳамзамон, талаботи ҷомеаро қонеъ мегардонад. Гап сари соҳибкории хурд меравад. Аз рӯи таъкиди олимони соҳа соҳибкории хурд бо сармояи начандон калон таъсис ёфта, фаъолияти он бо мақсади гирифтани фоида бо роҳи қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба молу маҳсулот равона гардида, шумораи коргаронашон аз 50 нафар бештар мебошад.


e-mail: javonontj@mail.ru

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

12

ОЛИМПИАДА-2014

Арзиши медали Бозиҳои олимпӣ 600000 доллар? Ё ғолибони Бозиҳои XXII зимистонаи олимпиро чӣ мунтазир аст? 7 феврали соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ оғоз гардид, ки то 23 феврал идома меёбанд. Дар бозиҳои мазкур ҳудуди 2800 варзишгар аз мамолики гуногуни олам ширкат варзида, баҳри ба даст овардани медал мубориза мебаранд.

Рӯзҳои аввали мусобиқа тими варзишгарони Норвегия пешсафиро аз даст надода, дар ҷои аввал қарор дошт. Аммо дар рӯзи чоруми бозиҳо тими Канада миқдори медалҳои бадастовардаи худро зиёд намуда, ба зинаи аввал баромад. То анҷоми бозиҳо ҳоло вақти зиёд аст. Аз ин рӯ, наметавон пешгӯӣ намуд, ки тими кадом кишвар аз ҳама медали бештар ба даст оварда, соҳиби ҷои аввал мегардад. Вале як нукта равшан аст, ки давоми як ҳафтаи дигар номи кишварҳо дар ҷадвал бетағйир намонда, бо ба даст овардани медал ҷои худро иваз менамоянд. Зеро дар баробари он ки медал ба даст овардан барои ҳар як варзишгар шарафи бузург ба ҳисоб меравад, ҳамчунин, онҳоро дар кишвар маблағҳои ҳангуфт ва истиқболи гарму самимӣ мунтазир аст. Бисёре аз кишварҳои олам барои ба даст овардани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ ба варзишгарони худ маблағҳои калон ваъда додаанд. Ҷумҳурии Озарбойҷон барои қадрдонӣ намудани варзишгарони худ аз ҳама маблағи зиёдро пешниҳод намудааст. Албатта, дар сурати ба даст овардани медали тилло, нуқра ва ё биринҷӣ варзишгарони озарӣ роҳат метавонанд соҳиби ин маболиғ гарданд. Тибқи иттилое, ки расонаҳо мунташир намуданд, Ҷумҳурии Озарбойҷон барои медалҳои тилло 510000, нуқра - 255000 ва биринҷӣ 130000 доллари амрикоӣ ваъда намудааст. Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар ин бозиҳо 4 варзишгар намояндагӣ менамоянд. Аммо гуфтан хеле мушкил аст, ки варзишгарони озарӣ бо медал бармегарданд. Зеро Озарбойҷон ба мисли дигар кишварҳои пасошӯравӣ дар бозиҳои зимистона чандон

таҷрибаи бою ғанӣ надорад. Кишварҳои дигари қораи Осиё низ аз ҳамсояҳои худ қафо намондаанд. Дар сурати ба даст овардани медал варзишгарони Арманистон - кишвари дигари пасошӯравӣ ва ҳамсояи Озарбойҷонро низ маблағҳои хеле калони пулӣ мунтазир аст. Ин кишвар барои медали тилло 30000, нуқра - 20000 ва биринҷӣ 10000 доллари амрикоӣ ваъда кардааст. Варзишро пешгӯӣ кардан чандон кори осону содда нест. Зеро дар таърихи бозиҳои варзишӣ мавридҳои зиёде ҷой доранд, ки як варзишгари оддӣ дар муқобили варзишгарони касбию таҷрибадор ғолибият ба даст овардааст. Аммо дар мавриди варзишгарони арманӣ ҳамин нуктаро метавон қайд намуд, ки дар бозиҳои гузаштаи зимистонаи олимпӣ медал насибашон нагардида буд. Дар Бозиҳои зимистонаи олимпии гузашта, ки соли 2010 дар шаҳри Ванкувери Канада баргузор гардиданд, варзишгарони ин ду кишвари бо ҳам ҳамсоя – Озарбойҷон ва Арманистон ягон медал ба даст наовардаанд. Ин ҳам дар ҳоле ки дар бозиҳои навбатӣ аз ҳама маболиғи зиёдро барои варзишгарони худ ваъда додаанд. Қазоқистон аз дигар кишварҳое мебошад, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ соҳиби медал гардидааст. Аммо на дар бозиҳои навбатӣ, балки дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2010 дар Канада. Варзишгарони қазоқ дар намуди бозиҳои зимистона то андозае таҷриба ҳам доранд. Зеро иқлими ин кишвар, агар ба мисли Русия аз ҳад зиёд хунук ҳам набошад, аммо имкони рушду инкишофи ин намуди бозиҳои варзишӣ фароҳам аст. Ҷумҳурии Қазоқистон дар бозиҳои зимистонаи гузашта соҳиби як медал гардида буд. Ҳамакнун дар бозиҳои навбатӣ,

агар варзишгарони қазоқ медал ба даст оранд, онҳо метавонанд соҳиби маблағи пулии калон гарданд. Ҷумҳурии Қазоқистон барои медали тилло 250000 ва барои медали нуқра 150000 доллар тақдим менамояд. Барои ҷойҳои 3, 4, 5 ва 6-ум 75000 доллари амрикоӣ пешбинӣ намудааст. Маблағи ҷоизаҳои ду кишвари дигари пасошӯравӣ Белорус ва Украина низ андак нест. Маблағи ҷоизаҳое, ки ин ду кишвар барои варзишгарон пешбинӣ намудаанд, то ба 150000 долларӣ амрикоӣ баробар аст. Варзишгарони Белорус ва Украина дар сурати ғолиб омадан метавонанд соҳиби 150000 доллар гарданд. 75000 доллар барои нуқра ва 50000 доллар барои медали биринҷӣ мукофот хоҳанд гирифт. Варзишгарони Белорус дар бозиҳои қаблӣ дар шаҳри Ванкувери Канада се медал ба даст овардаанд. Аммо варзишгарони украинӣ аз ин бозиҳо бидуни медал баргаштанд. Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ вар-

зишгарони русро, ки мизбони бозиҳо ба ҳисоб мераванд, дар сурати ғоилибият барои медали тилло 113000, нуқра 71000 ва биринҷӣ 42000 доллари амрикоӣ интизор аст. Тими варзишгарони рус дар намуди бозиҳои зимистона таҷрибаи хеле бой доранд. Аммо дар қисмати аввали бозиҳои имсола натавонистанд ҳади ақал дар мақоми сеюм қарор гиранд. Айни ҳол дар руйхат аз рӯи натиҷаи медалҳои бадастоварда дар мақоми 6-ум қарор доранд. Ин дар мавридест, ки варзишгарони рус соли 2010 дар шаҳри Ванкувер 15 медал бо шумули 3 медали тилло ба даст овардаанд. Дар ҳоле ки бозиҳои зимистона хоси кишварҳои ғарбӣ мебошад ва онҳо дар ин намуди бозиҳо таҷрибаи бой доранд, аммо ба фарқ аз кишварҳои осиёӣ давлатҳои аврупоӣ ва Амрико барои варзишгарони худ маблағи камтарро ваъда намудаанд. Амрико, ки аллакай дар бозиҳои имсола соҳиби меда-

ли тилло гардида, дар мақоми 4 қарор дорад, барои медали тилло 25000, нуқра - 15000 ва биринҷӣ 10000 доллар ваъда намудааст. Дар Олмон бошад, Бунёди хусусии “Deutsche Sporthilfe” эълон доштааст, ки дар сурати ғолибияти варзишгарони олмонӣ онҳоро аз 2000 доллар барои ҷои ҳаштум то 20000 доллар барои медали тилло ва ҷойҳои баландтар қадрдонӣ хоҳад кард. То лаҳзае ки матлаб таҳия мешуд, варзишгарони олмонӣ соҳиби ду медали тилло гардида буданд. Давлати Канада, ки ватани бозиҳои зимистонаи олимпӣ шинохта шуда, соли 2010 ин бозиҳоро мизбонӣ намудааст, аз ҳама маблағи бештар барои медали тилло - 9 ҳазор доллар муайян намудааст. Ҳамин тавр, Кумитаи миллии олимпии Канада изҳор доштааст, ки варзишгарони худро дар сурати ба даст овардани медал чунин ҷоизаҳо мунтазир аст: 6800 доллар барои нуқра ва 4500 доллар барои медали биринҷӣ. Дар Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия айни замон варзишгарони 90 кишвари ҷаҳон аз рӯи 7 намуди варзиш - биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ, ки боз навъҳои худро доранд, муборизаро оғоз намуданд. То рӯзи чоруми бозиҳо кишварҳои гуногун соҳиби медал гардида, мавқеи худро дар ҷадвал муайян намуданд. Натиҷаи медалҳои бадастовардаи кишварҳо, то замоне ки матлаб таҳия мешуд, чунин буд: Канада бо 7 медал - 3 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои аввал қарор дошта, ҳамин тавр, Ҳоланд 3 медали тилло, 2 нуқра ва ду биринҷӣ, Норвегия 2 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ, ИМА 2 тилло, 3 биринҷӣ, Олмон 2 тилло, Русия 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ, Австрия 1 тилло, 2 нуқра, Фаронса 1 тилло, 1 биринҷӣ, Лаҳистон, Словакия ва Швейтсария 1 медали тилло, Ҷумҳурии Чех 2 нуқра ва 1 биринҷӣ, Шветсия 2 нуқра, Италия 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, Чин ва Словения 1 нуқраӣ, Финландия 1 нуқра ва 1 биринҷӣ, Британияи Кабир ва Украина 1 биринҷӣ ба даст овардаанд. Тақдими шоҳҷоиза ва қадрдонӣ намудани варзишгарон бо маблағҳои ҳангуфт падидаи нав нест. Дар гузашта низ кишварҳои гуногун ҳангоми ба даст овардани медал ба варзишгарони худ шоҳҷоизаҳои гуногуни моливу моддӣ тақдим намудаанд. Соли 2012 варзишгардухтари тоҷик Мавзуна Чориева ҳангоми ба даст овардани медал аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон бо ҷоизаҳои гуногун, аз қабили мошини сабукрав, хонаи истиқоматӣ ва маблағи пулӣ қадр гардида буд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


Бозӣ доир нагашт: фоҷеа пешгирӣ шуд Бозии тимҳои футболи “Бенфика” ва”Спортинг”-и Португалия бо далели эҳтимоли хатар ба ҷони мухлисон мавқуф гузошта шуд.

Неманя агенти озод мешавад Неманя Видич, ҳимоятгари сербӣ бо анҷоми мавсими ҷорӣ аз “Манчестер Юнайтед” меравад. Тобистони соли 2014 қарордоди Видич бо клуб ба анҷом мерасад ва ӯ агенти озод мешавад. Гуфтааст, ки бо “Манчестер Юнайтед” ҳашт соли беҳтаринро пушти сар кардааст, аммо фикр мекунад, ки бояд ба пеш ҳаракат кунад. Ба қавли Видич вай тасмими ба кадом як клуби дигари Англия гузаштанро надорад. Қаблан гуфта мешуд, ки “Интер”-и Милан ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст. Ҳамчунин, аз “Ювентус”, “Фиорентина” ва “Монако” низ ном бурда мешуд, ки мехоҳанд Неманяро дар ҳайати худ бубинанд. Гуфта ме-

шавад, ҳаққулзаҳмати вай дар “Манчестер Юнайтед” тақрибан 120 ҳазор евро дар як ҳафта будааст. Неманя Видич моҳи июли соли 2004 аз “Спартак”-и Маскав ба “Манчестер Юнайтед” гузашт.

Красножан қазоқҳоро машқ медиҳад

Бонувони футболбози ИМА русҳоро шикаст доданд Тими занонаи Амрико оид ба футбол дар дидори дӯстонае дастаи мунтахаби бонувони Русияро бо ҳисоби 7:0 мағлуб кард. Ҳисобро дар дақиқаи 29 Карли Ллойд кушод. Баъди се дақиқа Хизер О’Рейли голи дуюми амрикоиҳоро зад. Бо гузашти панҷ дақиқаи дигар Ллойд тӯби дуюми худро вориди дарвозаи русҳо кард. Дар қисмати дуюми бозӣ амрикоиҳо

Дар доираи даври 25-уми премер лигаи Англия “Ливерпул” ба дарвозаи ҳарифаш 5 гол зада, дар ин баробар танҳо як тӯб сар дод. Голҳои “Ливерпул”-ро Мартин Шкртел, Раҳим Стерлинг ва Дэниэл Старриҷ ба нишон расонданд. Ягона голи “Арсенал”-ро дар дақиқаи 69 Микел Артета зад. “Ливерпул” баъди ин бозӣ бо 50 хол дар ҷои чоруми ҷадвали мусобиқот қарор гирифт. “Арсенал” бо 55 хол дар мақоми аввал аст, аммо имкон дорад, ки дар ҳамин давр “Манчестер Ситӣ” ё “Челсӣ”, ки 53-холӣ доштаву як бозии анҷомнадода доранд, аз вай пеш гузаранд.

Эберт қарордодашро яктарафа қатъ кард

Дар ин мақом ӯ Мирослав Беранек, мутахассиси Чехро иваз намуд. Красножани 50-сола карйераи худро ба таври ҳирфаӣ аз “Спартак”-и Налчик оғоз кардааст. Декабри соли 2010 “Локомотив”ро раҳбарӣ намуд, аммо моҳи июни соли 2011 сабукдӯш гардид. Моҳи декабри 2011 сармураббии “Анжӣ” таъин шуд, вале таҳти раҳбарии вай клуби Доғистон ягон бозӣ накардааст. Ӯ моҳи феврали 2012 истеъфо дод. Баъдан, Красножан бо “Кубан” ва “Терек” кор карда, солҳои 2011-2012 дар курсии тими дуюми миллии Русия нишаст. Дастаи мунтахаби Қазоқистон дар рейтинги ФИФА дар ҷои 128-ум аст.

Бошгоҳи футболи “Спартак”-и Маскав дар саҳифаи расмии торнамояш навишт, ки Патрик Эберт, нимҳимоятгари олмонӣ ба ҳайати клуб гузаштааст. Эберти 26-сола ба таври яктарафа қарордодаш бо “Валядолид”-и Испанияро бекор намуд ва гуфта мешавад, ин чиз сабаби баҳсҳои судӣ

GFF маоши сармураббиро кам кард Вазири варзиши Гурҷистон аз пардохти ҳаққи хизмати сармураббии тими миллии ин кишвар оид ба футбол ва ёрдамчии ӯ даст кашидааст. наврасон масраф кунанд. Дар ҳамин ҳол, Федератсияи футболи Гурҷистон (GFF) изҳор дошт, маоши сармураббиро аз ҳисоби маблағҳои худаш мепардозад. Гуфта мешавад, норозигии Вазорати варзиш ба бозиҳои тими миллии кишвар дар даври интихобии Чемпионати

ҷаҳон миёни бонувон шуда, соли 2011 дар даври финалӣ аз бозингарони Ҷопон шикаст хӯрданд. Аз моҳи марти соли 2012 тими миллии занонаи ИМА ягон дидорашро набохтааст. Онҳо дар 35 дидор ғалаба карда, шаштои дигарро мусовӣ кардаанд.

“Ливерпул” дарвозаи “Арсенал”-ро голборон кард

Юрий Красножан, ки дар гузашта клубҳои “Локомотив” ва “Анжӣ”-ро тамрин додааст, дар курсии сармураббии тими миллии Қазоқистон нишаст.

Темур Кетсбой ва ёварони ӯ моҳона 124 ҳазор доллар мегиранд, ки қисми зиёди он барои сармураббӣ пешбинӣ шудааст. Вазорати варзиш гуфтааст, ки омодааст, барои як сол ба сармураббӣ 225 ҳазор доллар ҷудо кунад. Маблағи боқимондаро ният доранд ба рушди футбол миёни кӯдакону

ба дарвозаи русҳо боз чор голи беҷавоби дигар заданд. Кристен Пресс, Сидни Леру ва Эбби Уомбак муаллифи ин голҳоянд. Тими занонаи ИМА яке аз нерӯмандтарин тимҳои миллист. Дастаи яккачини бонувони Амрико ду маротиба Қаҳрамони

ҷаҳон-2014 дахл дорад. Тими мунтахаби Гурҷистон аз ҳашт дидор шаштои онро бохта, дар гуруҳаш мақоми панҷумро соҳиб шуд. Кетсбой далели ин нокомиро набудани футболбозони ҳирфаӣ гуфт. Кетсбой аз моҳи ноябри соли 2009 тими миллии Гурҷистонро тамрин медиҳад.

мегардад. Патрик аз соли 2012 дар ҳайати “Валядолид” бозӣ мекард. Аз ин пештар ӯ бозингари “Герту”-и Берлин буд.

e-mail: javonontj@mail.ru

Қабл аз оғози қувваозмоӣ боди шадид боми варзишгоҳи Лисабонро хароб намуд ва шишапораҳо ба замин рехтанд. 15 дақиқа қабл аз шурӯи бозӣ тасмим гирифта шуд, ки одамон аз варзишгоҳ берун бароварда шаванд. Дар мавриди ҷароҳат бардоштани мухлисон ё футболбозон алъон маълумоте дода нашудааст. Марио Фигуиредо, президенти лигаи футболи Португалия ба расонаҳо гуфтааст, ки берун кардани одамон аз фоҷеа ҷилав гирифт. Варзишгоҳи “Estádio da Luz” соли 2003 тармим шуд ва мизбони бозиҳои Чемпионати Аврупо буд. Соли 2013 маҳз дар ҳамин варзишгоҳ бозии финалии Лигаи қаҳрамонҳо баргузор шуд.

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

13

ВАРЗИШИ ҶАҲОН


«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

14

ОДАМОНИ НАҶИБ

Роҳнаварди роҳи илм Мегӯянд, ки илм амсоли кӯҳи пурганҷу бузургест, ки фатҳи қуллаи он аз замони пайдоиши оламу одам ба касе муяссар нагардидааст. Вале роҳнавардони ин қулла дар ҳаёт ҳамеша муваффақ буда, обрӯву эътибори шоистаеро миёни хосу ом ва пиру ҷавон бархӯрдоранд. Зикрулло Раҳимов, проффессори кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки ба синни 70 мерасад, нафаре аз роҳнавардони ин роҳи пуршарафу пурмашаққат аст. Ӯ 15 феврали соли 1944 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Бо вуҷуди корҳои доимии саҳро Зикрулло дар омӯзиши илму дониш таъхир намекард ва ҳатто рӯзе аз мактаб қафо намонда буд. Дар омӯзиши илм азми қатъӣ дошт ва орзуҳои ҷавониаш, ки бебунёду бепоя набуд, соли 1962 донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид. Соли 1964, ҳангоми дар курси дуюм таҳсил кардан, аз Комиссариати ҳарбӣ ба номаш даъватнома омад. Чун тамоми ҷавонони собиқ даврони шӯравӣ ба хизмати ҳарбӣ рафт. Давоми се сол хизмати ҳарбиро дар Ҷумҳурии бародарии Озарбойҷон паси сар кард. Баъд аз хизмат таҳсилро идома дода, соли 1970 донишгоҳро бо ихтисоси муҳосибиқтисодчӣ хатм намуд. Баъди адои тахсил фаъолияти меҳнатиашро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуд. Роҳи илму донишро интихоб кард. Инак, қариб ним аср аст, ки касби пуршарафи омӯзгориро пеша намуда, дар ҷодаи илм ба таҳқиқот машғул аст. Моҳи майи соли 1982 дар Шӯрои диссертатсионии Пажуҳишгоҳи молияи шаҳри Москва дар мавзӯи «Коркарди мошинии

e-mail: javonontj@mail.ru

Дар бораи Икром Қурбонов, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии агросаноатии ҷумҳурӣ кор мекард, зиёд шунида будам. Ӯро ҳамчун роҳбари ташкилотчию ташаббускор, кордону навовар ва ба кадрҳои ҷавон ғамхору меҳрубон ҳамагон эҳтиром мекарданд. Баъди барҳам додани Кумитаи агросаноатӣ 12 декабри соли 1991 дар Кумитаи саноати хӯрокворӣ ва коркарди назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки Икром Иноятович сарварии онро бар зимма доштанд, ҷаласаи нахустин доир гардид. Ҳамчунин, намоиши маҳсулоти корхонаҳои зерсохтори ин ниҳод низ баргузор шуд. Ман ба ҳайси мудири Озмоишгоҳи марказии корхонаи машруботи Душанбе (Ҳоло «Корхонаи машруботбарории Душанбе») дар ин чорабинӣ иштирок доштам. Корхонаи мо дар намоишгоҳи мазкур 7 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла, намунаи нӯшокии нав - ноқеи «Меҳри гиёҳ»-ро пешкаш намуд. Ин нӯшокӣ аз гиёҳҳои шифобахш тайёр мешавад. Икром Қурбонов ҳамроҳи аъ-

ахбори иқтисодӣ дар муҳосиба» рисолаи номзадиашро дифоъ карда, унвони номзади илми иқтисодиро мушарраф гардид. Соли 2003 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ» бомуваффақият ҳимоя кард. Солҳо мудири кафедраи молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Дар давраи мудириаш ҳамаи барномаҳо, нақшаи таълим, васоити таълим ва тамоми ҳуҷҷатгузориҳо ба забони давлатӣ - тоҷикӣ гардонида шуданд, ки яке аз хизматҳои бузурги Зикрулло Раҳимов мебошад. Бо қалами ӯ зиёда аз 100 номгӯи мақолаву дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ тааллуқ доранд. Китобҳои таълифнамудаи устод китоби рӯимизии кормандону мутахассисони соҳаи молияву бонкдорӣ мебошанд. Зери роҳбарии ӯ чанд ҷавони дилбохтаи илми иқтисоду молия рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намудаанд. Шогирдони соҳибзавқу соҳибкасбро, ки имрӯз дар мақомоти гуногуни давлатӣ масъули вазифаҳои давлативу ҷамъиятиянд ва ба устод меҳру ихлос доранд, самараи корҳои неку шоистааш меҳисобад. Зикрулло Раҳимов 70 соли умри пурзаҳматро аз сар гузаронидаву барои миллату Ватан пурарзиштарин хизматҳоро адо намудааст. Мавзӯи татқиқоти ӯ мухталиф буда, тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иқтисодии ҷомеаро фаро мегиранд. Мавсуф назари хеле кунҷковона дошта, оид ба масъалаҳои актуалии ҷомеа дахл намудаю баҳри ҳаллу фасли масоили ҷойдошта пешниҳодҳои муфиду илман асоснокро тавсия додааст. Хусусан, хизматҳои профессор Зикрулло Раҳимов дар тадқиқоти масъалаҳои молиявию бонкдорӣ арзишманд мебошанд. Баланд бардоштани тафаккури иқтисодию молиявии ҷавононро дар баробари дигар омилҳо барои ноил гардидан ба

пешрафти ҷомеа хеле муҳиму арзишманд меҳисобад. Ба қавли устод, бе донишҳои баланди иқтисодӣ бунёди ҷомеи пешрафта ғайриимкон аст. Профессор З. Раҳимов олими сирф академӣ ва назарияпардози хушк нест. Ӯ аз ҷумлаи олимонест, ки назарияи илмиро аз амалия ҷудо намекунад, зеро хуб медонад, ки ҳар назарияи ҷиддии илмӣ танҳо дар сурате аҳамияту арзиш пайдо мекунад, ки дар амалия қобили татбиқ бошад ва ба ҳаллу фасли мушкилоти зиндагии ҷомеа мусоидат намояд. Пӯшида нест, ки дар солҳои нахустини истиқлолият дар мамлакат бесарусомониҳо ва фалокатҳои азим ба вуҷуд омада, бар асари он хисороти зиёде ба иқтисоди кишвар ва зиндагии мардум расид. Ин нобасомониҳо дар ҷомеа ва бӯҳрони ҳамагонӣ ба сари мардум бадбахтиҳои зиёд овард. Бар асари дигаргуниҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, пастравии зиндагии мардум, бекор мондани мутахассисон, фалаҷ гаштани иқтисодиёт, зуҳуроти манфии иқтисодӣ, аз қабили коррупсия боиси ташвишу изтироби шахсиятҳои хирадманду комил ва ватандӯст мисоли профессор Зикрулло Раҳимов гардид. Ана, дар ҳамин айём олими иқтисодшинос Зикрулло Раҳимов бо афкору андеша ва дарки ҳақиқат аз тариқи мақолаҳои илмӣ роҳҳои рушди иқтисод дар шароити муносибатҳои бозориро муфассал баён намудааст. Зикрулло Раҳимов ба шогирдон ҳамеша таъқид менамуд, ки ба анҷом расонидани кори илмӣ заҳмати басо сангину тӯлонист ва ин суханони Бедили бузургворро ҳамеша далел меовард: Гар сухане бо сухане зам кунӣ, Қатрае аз хуни ҷигар кам кунӣ. Профессор Раҳимов дар тарбияи шогирдон ва рушди илми иқтисод дар ҷумҳурӣ басо заҳмат кашида, нури чашм, хуни ҷигар ва нерӯи зиёди қалбашро фидо намуда, бо ин амали нек дар дилу дидаи

мардум, шогирдон ва олимон маъво гузошт. Барои хизматҳои шоистааш соли 2009 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба устод унвони ифтихории «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд. Зиндагии профессор Зикрулло Раҳимов барои насли ҷавони кишвар як мактаби бузурги тарбиявӣ ба ҳисоб меравад. Яқин медонем, ки зиёд одамоне ҳастанд, ки ба сарнавишт ва ҳаёти ин шахсияти хушбахт, ба маънии томаш, ҳаваси сафед доранд. На ба ҳар кас зиндагӣ, бахусус, он агар дар доираи илм бигзарад, чунин сарбаландӣ ва ризоият аз фосилаи умру фаъолият дар ҷомеа насиб мегардонад. Аз ин рӯ, нисбат ба Зикрулло Раҳимов, устоди гиромиамон, самимонаву сидқан мегуем: Зиҳӣ, марди хирад, устоди азиз, 70 соли умри ибратбахш муборак! Бароят умри дарозу пурбаракат, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои минбаъдаро дар кору зиндагӣ орзумандем! Бо эҳтироми зиёд,

Сафаралӣ ГУЛОВ, Шарофиддин СИРОҶОВ, Абдураҳмон ХОНОВ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ

Устод, ҳамкор, маслиҳатгар зои комиссия намоишгоҳро аз назар гузаронида, пешниҳод кард, ки чошнигирӣ аз нӯшокии «Меҳри гиёҳ» оғоз шавад. Маро ҳамчун муаллифи ин нӯшокӣ даъват карда, барои ин ихтироъ самимона табрик намуд. Дар назди ҳозирин бо боварӣ гуфтанд, ки ин нӯшокӣ оянда дар ҷумҳурӣ ва берун аз он муштариёни зиёде пайдо хоҳад кард. - Мо бояд кӯшиш намоем, ки тамоми маҳсулоти кишвари тозаистиқлоламон ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бошанд, – гуфт Икром Иноятович. – Табиати нодиру дилкаш, обҳои софу зулол, ки аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, гиёҳҳои шифобахш, меваҳои лазизи диёрамон ҳаминро тақозо мекунад. Технологҳои кишварамон ин бартариҳоро бояд аз мадди назар дур намонанд. Охири моҳи декабри соли 1994 Икром Иноятович аз вазифаи роҳбари Кумитаи саноати хӯрокворӣ ва коркарди назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба нафақа баромад. Икром Қурбонов дар таъ-

сиси Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, махсусан, факултаи кимиё ва технологияи хӯрокворӣ ҳиссаи босазо дорад. Ӯ солҳои зиёд аст, ки профессори ҳамин донишгоҳ буда, дар таълиму тарбияи донишҷӯён, мутахассисони саноати хӯрокворӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Бо тавсияи профессор Икром Қурбонов ман корро аввал ба сифати маслиҳатгар, сипас, ҳамчун устоди донишгоҳ оғоз кардам. Маслиҳати эшон буд, ки унвонҷӯи донишгоҳ шуда, рисолаи номзади илми техникиро ҳимоя намудам. Ҳоло паҳлӯи устод Икром Қурбонов фаъолият мекунам. Бо роҳнамоию ҳидояти он кас алҳол рисолаи докториамро омода мекунам. Устод ба ҳама шогирдонаш чунин ғамхору дилсӯз мебошад. Ҳамеша аз кору бор, вазъи оилавии шогирдону ҳамкорон пурсон шуда, маслиҳатҳои муфид медиҳад. Икром Иноятович зиёда аз 30 соли умри пурбаракати хешро дар кори роҳбарӣ ба рушди системаи саноати хӯрокворӣ бахшидааст. Шогирдонаш имрӯз низ дар пешрафти саноати хӯрокворӣ ҳиссаи

босазо мегузоранд. Мо ҳама аз чунин устоди кордону сахтгир ва мушфиқу ғамхор ифтихор мекунем. Икром Қурбонов 14 феврал ба синни мубораки 80 мерасад. Ман ҳамчун шогирду ҳамкор ба ин фарзанди содиқи Ватан, олими варзида, марди саропо ҳунар умри дарозу пурбаракат,

тандурустӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам.

Азимҷон ХУШМАТОВ, мудири кафедраи стандартизатсия ва технологияи истеҳсоли маводи хӯроквории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон


Воњиди масофаи тољикї (6-7км)

…Девган, ситораи кинои њиндї

Олими Бемадор, рус нотавон

Наќлиёти дучарха

Бозии рўимизии љопонї

Тифоќ, дўст

Танаффус дар театр

Шањри Жанна Д'Арк дар Фаронса

Тамѓаи кафки ришгирї

Давлати Духтусоњили ри њалќу бањри гўшу Балтик бинї

Њиссачаи ишоратии лањљавї

Расм, таомул

Шакли арабии «минтаќањо»

... Тзедун, роњбари собиќи Чин

Покният

Нўшокии ширини газдор

Шайх ... -раис Бозии рўимизии русї

Тарсанда, бимбаранда

Зулфия …, шоираи тољик

Њарфи алифбои форсї

La, металли сафед

Моддаи кимиёвї

Навъи Мадхури туфангча …, ситораи кинои њиндї Мор аз китоби Р.Киплинг «Маугли»

Киштии инќилобии с. 1917

Навори "... беша Шаргумон докаи мабар, ки му њаё тиббї холист"

... Йорк

Шањрдавлат дар Юнони Ќадим

Побарљо, мустањкам

Пашми нарм

Лойќазори пуроб

Мутеї

Устухонњои љуфти камоншакл

халќї

Варам Маззаи таом

Владимир … Ленин

... Шатунов, саро- «... и яндаи айёр», рус ќањрамони ќиссаи

Додар (лањља) Муќобили «ист!»

Асоси ахлоќ

Поён, зер

...-Анљелес, шањр дар ИМА

Хати мошингард

Муњаббат, мењр

... Бусли, овозхони машњури њинд

Дарё дар Осиёи Миёна

Лўлї

Як Намуди вар- «тор»-и зиши хитої равшанї

Падар (лањљ.)

Тоннел

Эњтиром Дарахти хушќад

Мањсулоти ширии хушк

Шањр Дараља дар дар љазираи Сахалин карате

Тамѓаи автомобили Корея

Тобоварї

Њаргиз

Ќоидањои дурустнависї

Болопўши њайвони саворї

Дўсти Д'Артанян

Хушк

Йошкар..., шањр дар Русия

Бињишт

Асбоб

Кайфу сафо

Манзил доштан

СМИ-и русї ба тољикї

Тими футболи Мадрид, Испания

Касб, њунар

СНГ (тољ.)

Сокини Бухарест Модари Муњаммад (с)

… Круз, актёри Голливуд

Варзиш (русї) Илм дар мактаб

Русї«какой?», тољикї ?

"... ва Абсол", асари А. Љомї

Фарёд

Пули Корея Бародар

Гарон

Дарё дар Ќазоќистон ва Русия

Хом Оњанги мусиќї

Номи њарфи лотинии Z

Асбоби мусиќии тории ќадима

Миллати Расул Ѓамзатов

Асбоб, дастгоњ

Сада

Њис, Душфањм манї

Миллати асосии Русия

Саъю кўшиш

Ваќти вохўрї мегўянд

Мухтасари гектар (100 ар)

Соз, наво

Навъ, гуна

Растании кўњї

Духтари калонї барои хурдињо

... Капур, актрисаи њиндї

e-mail: javonontj@mail.ru

Як наХалќи муди муаммо оддї

«ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

15

ВАРЗИШИ АҚЛ


16 «ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН», №7 (9329), 13 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2014

ТАБАССУМИ РАССОМ

ФАРОҒАТ

Лутфи ҷавонӣ

МУАССИС:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мусофиркаш. Садои афтидани танга ба гӯш мерасад. Ронанда: - Ин тангаи афтида моли ман шуд, - гуфта, мошинро сахттар меронад. Пиразане ба ӯ мегӯяд: - Э, мардак, камтар оҳиста рон, боз аз мошинат наафтам, ки манам моли ту шавам.

САРМУҲАРРИР

Самариддин АСОЕВ

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ:

***

Салими 7-сола ба модараш: - Очаҷон, ту ба ман гуфта будӣ, ки дар автобус бояд ба калонҳо ҷо диҳам... - Бале, гуфта будам. - Имрӯз ба як занак ҷой додам, нашишт. - Баъд чӣ кор кардӣ? - Ҳеҷ, боз дар ҷоям, ба зонуи дадаам шиштам.

Умаралии САФАРАЛӢ

(котиби масъул),

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

Сайфиддин СУННАТӢ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ашрафи АФЗАЛ (муҳаррири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ Ҳасан АЗИЗОВ

***

Падар ба Ҳалим шикоят мекунад: - Барои ба донишгоҳ дохил карданат як гӯсола кушта, чанд касро зиёфат додам, аммо аз имтиҳон афтидӣ. - Агар хасисӣ накарда, гов мекуштед, шояд дохил мешудам.

(хабарнигорон),

Нуралӣ НУРОВ (хабарнигор, Суғд),

Раҳим РАФИЕВ,

(хабарнигор, Хатлон),

*** Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст.

Муаллима ба Салим: - Бародаронат мактабро бо баҳои аъло хатм кардаанд. Барои чӣ ту бад мехонӣ? - Он вақтҳо падарам директор буд. ***

НИМШУХИЮ НИМҶИДДӢ

Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857

e-mail: javonontj@mail.ru

Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7195 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҲИСОБИ БОНКӢ: Р/С №20202972500 232101000, КОР/С 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Мурод, ки дар хасисӣ ном бароварда буд, ба дӯстонаш таъриф кард: - Дина ба меҳмонон қариб панҷ кило бодомро шикаста хӯрондам. Касе пурсид: - Дар хонаат? - Не, дар меҳмонӣ.

Наушник - Мӯсафед, ҳо мусафед, ҳуш дорӣ, ё не? - бори чандум буд, кампир шавҳарашро ҷеғ мезад. - Ба ту мегум, фикрат дар куҷо? - кампир ба асои дасташ такя зада, оҳистаоҳиста ба назди мӯйсафед омада, аз остини ҷелакаш кашид. Мӯйсафед башаст тарафи ӯ гашт ва бо ҳайронӣ нигарист. - Ҳа, занак, тинҷиай? Иқа ба қаҳр дастамро кашидӣ? Боз касал-пасал нашуда бошӣ? - Не, ман-ку созум. Ба ту чӣ шуд? Аз дод задана овозум гирифт. Куҷо иқа нигоҳ дорӣ? гиламандона гуфт кампир. - Занак, ҳу ана у духтарака дидӣ? - мӯйсафед ба духтараки либоси аврупоипӯш, ки болои харак шишта, пойҳояшро болои ҳам гузошта, алвонҷ медоду сақичи даҳонашро чалап-чалап

хоида, худ ба худ гап мезад, ишора намуд. - Ҳе, мусафеди кавда, айба намедонӣ? Ба духтари ҳамсинну соли навасаат нигоҳ мекунӣ? Шарманда… - Ҳа бечора, ҳамсини набераи хурдимон. Лекин нигоҳи маро дигар хел нафаҳм, кампири бекалла. Ин духтарак ба фикрам вайронай ё ягон намуд касали руҳӣ дорад. - О, чиба духтари бечораро туҳмат мекунӣ? Худо бардорад касаливу девонагира, - кампир гиребонашро ғӯнча карда, ба тавбакунӣ даромад. - Нағз нигоҳ кун, кампири кавда. Ин духтараки хушрӯ як соат шуд, ки худ ба худ гап зада, хандида истодаасту бо дастонаш сӯи касе таҳдид ҳам дорад. Кампир ба тарафи духтар гашта, бодиққат ба ӯ нигарист ва баъди чанде: - Валлай, рост мегӯй. Бечора духтараки зебо ҳайф шудааст, - кампир бо афсӯс сар ҷунбонда, ба мӯйсафедаш рӯ овард: - Хайр акнун, бас нигоҳ кардану афсӯс хӯрдан. Ба афсӯс хӯрдани мо ӯ сиҳат нашава. Рафтем ба хона… Пиру кампир роҳ сӯи хонаашон гирифтанду духтарак, ки наушник (гӯшмонак) дар гӯш бо телефони мобилӣ гап мезад, хандакунону ишоракунон ба самти муқобил равон шуд…

О. АШРАФ, “ҶТ”

***

Марде писарашро ба мактаби рассомӣ дохил мекунад. Баъди хатм ба писараш мегӯяд, ки ягон расм кашад. Писараш як қаламро гирифта, варақи сафедро сип-сиёҳ мекунад. Падараш бо тааҷҷуб мепурсад: - Ин чӣ аст? - Падар, ин ҷо зангие дар торикӣ ангиштсанг мекобад. ***

Аз ҳунарманде мепурсанд: - Барои чӣ ҳамеша нақши нобиноро мебозӣ? Гуфт: - Намехоҳам толори холиро бубинам.

ЭЪТИБОР НАДОРАД Номаи камоли гумшудаи №042753, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ноҳияи Қубодиён соли 1995 ба Бӯраков Ҳакимҷон Зардович додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи гумшудаи ТШТ-У0649243, ки мактаби таҳсилоти умумии №10-и ноҳияи Қубодиён соли 2013 ба Қараев Фирӯз Абдуваҳҳобович додааст, эътибор надорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.