Javonon №9 (9331), 28.02.2014 (2)

Page 1

Шишаи номуси олам дар баѓал дорем мо

№9 (9331),

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

1

27 феврали соли 2014

сиёсати ҷаҳон

«Баҳор»-и арабӣ дар фасли зимистон ба Украина расид. Инқилоби рангаи тарроҳон «бишкуфт» ва аз хуни рехтаи мардуми маҳаллӣ тобиши лолагун касб кард. Аламовараш ҳамин аст, ки ин ҷонҳои бохта раҳми касеро нахоҳанд овард, ҷуз наздикони онҳо. Нерӯҳои манфиатдоре, ки бо бозиҳои сиёсии мақсаднок мардумро то ҳудуди ҷабҳаҳои муқобил ва резиши хуни ҳамдигар овардаанд, аз муваффақиятҳо рӯҳбаланд гаштаву пайи тақвияти пирӯзиашон вазифатақсимкунӣ доранд. Тибқи таъбири «ғолиб ҳамеша ҳақ аст» амал карда, дар ҳама гуноҳҳои будаву набуда ҳукумати Януковичро гунаҳкор медонанд. Мағлубшудаҳо бошанд, пайи созмон додани нерӯҳои хеш ва мусаллаҳ кардани онҳо талош ба харҷ медиҳанд.

мулоқот

саҳифаи 7

“ИМА нисбат ба “САSА-1000” некбин аст”

Дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини якуми ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Ричард Ҳоугленд як силсила мавзуоти марбут ба равобити миёни Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ричард Ҳоугленд ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҷонибҳо дар баробари муҳокимаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, инчунин, як зумра масоили минтақавиро низ баррасӣ карданд. “Амрико ба татбиқи лоиҳаи “САSА-1000” назари нек дорад ва умедворем, ки ин лоиҳа ба манфиати кишварҳои минтақа амалӣ хоҳад шуд”, - иброз доштааст Ричард Ҳоугленд.

тасмим

Таваҷҷуҳ ба боғи дорои шаршараю фаввора Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе 24 феврал зимни ҷаласаи шаҳрдорӣ ба масъалаи омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дахл карда, хостори ифтитоҳи расмии бархе аз иншооти анҷомёфта шудааст. Раиси шаҳр, махсусан, ба Боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати наздики 12 гектар паҳн шуда, дарахтони нодир, шаршара ва фаввораҳои муҳташам дорад, таваҷҷуҳ кардааст.

иқтисод

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз

Сатҳи таварруми пасттарин дар Тоҷикистон Соли гузашта дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сатҳи таварруми нисбатан пасттар дар Украина, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра нархҳои истеъмолӣ ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ дар Украина ҳамагӣ ба андозаи 0,5%, Озарбойҷон – 2,4% ва Тоҷикистон – 3,7% боло рафтаанд. Соли гузашта сатҳи таваррум дар Русия 6,1%, Белорус – 15,3%, Арманистон – 5,5% ва Молдова – 5,2%ро ташкил додааст.

Шумо ҳастии моед, хонандагон! Обуна ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” тамоми сол идома меёбад. Нархи обуна аз тариқи идораи рӯзнома: - Барои як сол - 55 сомонӣ - Барои шаш моҳ – 27,5 сомонӣ - Барои се моҳ – 13,75 сомонӣ мебошад. Ин арзиш бо назардошти бурда расондан ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, Шумо ба воситаи шӯъбаҳои алоқаи шаҳру ноҳияҳо метавонед обуна шавед. Суратҳисоби бонкии рӯзнома: р/с №20202972500232101000, кор/с 20402972316254, ИНН 030000301, МФО 350101626 - Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”. Индекси обуна 68857.

e-mail: javonontj@mail.ru

обуна-2014


«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

2

таъиноти кадрӣ

ҷашн

Шодиков муовини раиси Кумитаи ҷавонон... 21 феврали соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат онҳоро ба пайваста баланд бардоштани савияи донишу малакаи корӣ, забономӯзӣ, аз худ намудани илму техникаи муосир ва таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба вазифаҳои масъули давлатӣ пешбарӣ кардани занону духтарони бомаърифату болаёқат ҳидоят намуд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Руслан Шодиков муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин шуд. Ӯ дар ин вазифа Лочин Файзуллоевро иваз кард, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин гардид. Қисми зиёди кадрҳои ба вазифаҳои баланд таъингардида ҷавонон ва занону духтарони болаёқат аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба тозагӣ таъиншударо бори дигар табрик гуфта, ба хизмати содиқонаю софдилона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Олимони мо

Доктори илми ду соҳа

e-mail: javonontj@mail.ru

Ҳар як халқу сарзаминро шахсони барӯмандаш шуҳратёр мекунанд. Ба наздикӣ хушхабаре шунидем, ки олими шинохтаи тоҷик, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои биологӣ Ғуломқодир Бобиев бо қарори Шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи давлатии тиббии Москва ба номи И. М. Сеченов сазовори унвони доктори илмҳои фармасевтӣ гардид. Ғуломқодир Бобиев ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ дар соҳаи синтези лептидҳо ба комёбӣ ноил гардида, баъди хатми ДМТ Маркази илмии кардиологии Академияи Иттиҳоди Шӯравӣ баҳри аз худ намудани усулҳои ҷадиди илми тиб фаъолияти густурда ба роҳ мондааст. Доруҳои таҳиякардаи ин олими шинохта, аз қабили «Тимогар», «Тимотсин», ки дилептид мебошанд, дар сурати халалдор шудани низоми масуният онро ба эътидол оварда, ҷисмро қувват мебахшанд. Бо ин роҳ устувории организмро ба бемориҳои гуногун баланд намуда, дар пешгирии пиршавии бармаҳал саҳми арзанда мегузоранд. Тӯли зиёда аз чор соле, ки доруҳои мазкур мавриди истифода қарор гирифтанд, табибони муҳаққиқ дар беморон таъсири манфӣ мушоҳида накардаанд. Маълум аст, ки аксари бемориҳо зимни сустшавии масуният хуруҷ мекунанд. Яъне, замоне ки организм худаш ба муқобили таъсири беруна (ҳамлаи микроорганизмҳо) муқовимат карда наметавонад, беморӣ сар мезанад. Дар сурати пурқувват будани масуният беморӣ «мағлуб» мешавад. Аз ин рӯ, бо ёрии иммуномодуляторҳо системаи масуният тақвият меёбаду маҳв кардани барангезандаҳои беморӣ осонтар мегардад. Имрӯз табибон доруҳои «Тимогар», «Тимотсин» ва «Тимофер»-ро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Яман истифода мебаранд. Истеҳсоли доруҳои мазкур дар корхонаи «Тиб барои Шумо» ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар Идораи патентии ҷумҳурӣ 8 патенти кашфиёти Ғуломқодир Бобиев ба қайд гирифта шудааст. Номбурда дорандаи медали «Созмони бай-

налмилалии моликияти интеллектуалӣ» (соли 2000) мебошад.

С. НАҶМИДДИНЗОДА, “ҶТ”

Қадрдонии афсарону сарбозон Ҳафтаи гузашта бахшида ба 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Маркази фарҳангии ҷавонон “Ориёно” чорабинии идона доир гардид. Дар он сарбозону афсарони Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, донишҷӯёни Донишкадаи ҳарбӣ ва ҷавонони фаъоли мамлакат ширкат варзиданд. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавсумахон Муинова зимни суханронӣ сарбозону афсаронро барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят намуд. Мавсуф аз дастовардҳои ҷавонони мамлакат ёдовар гардида, онро боиси ифтихори ҳар як фарди баномуси кишвар арзёбӣ кард: “Вақте як ҷавони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори ҷои намоён мегардад, ҳатман, Парчами ҷумҳурӣ барафрохта, Суруди милӣ садо медиҳад, ки боиси ифтихор аст. Дар сурати дар як гӯшаи кишвар нооромӣ шудан тамоми мардуми мамлакат аз он дар ташвиш мешаванд. Вақте дар як кунҷи он ободӣ мешавад, тамоми мардум аз он истиқбол мекунанд”. Зикр гардид, ки рӯз ба рӯз дар сафи Қувваҳои муссалаҳи кишвар сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, бештар мегардад. Барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон. Ҳадафи қабули ин барнома баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни наврасону ҷавонони кишвар аст. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки нигоҳи ҷавонони имрӯза нисбат ба солҳои қаблӣ тағйир ёфтааст: “Имрӯз ҷавонони мо зиракии сиёсӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доранд. Вақте дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷавонони тоҷик дар хизматанд, мо модарони тоҷик шабона осудаҳолона хоб меравем. Зеро хотири мо ҷамъ аст, ки марзу буми кишвари азизи моро ҷавонон, фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон ҳимоя мекунанд”. Дар фарҷоми суханронӣ Мавсума Муинова тамоми аскарону афсаронро барои омӯзиши забонҳои гуногуни хориҷӣ даъват намуда, илова кард, ки давраи адои хизмати ҳарбиро бамаврид истифода намоянд. Дар охир як қатор сарбозону афсарон бо туҳфаю сипоснома қадрдонӣ шуданд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


3

ҷавонон ва ҷомеа

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

Ҷавонони Фархор соҳиби Маркази фарҳангӣ гардиданд Дар арафаи 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор Маркази фарҳангии ҷавонон дари худро боз кард. 22 феврали соли равон дар маросими кушодашавии Маркази фарҳангии ҷавонон намояндагони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фархор ва намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

- Тоҷикистони азизи мо имрӯз дар оғози марҳилаи рушди устувор қарор дорад ва мо бо назардошти зарурати имкониятҳои худ бояд нақшаҳои созандаю бунёдкории ватанамонро зина ба зина тарҳрезӣ намоем, - гуфт А. Маннонзода. - Албатта, дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тақозои замон аст, зеро равандҳои ҷаҳонишавии бозори ҷаҳонӣ, интелектуалӣ ва меҳнат дар назди мутахас-

таъкид доштанд, ки дар ҷавоб ба ҳамаи ин ғамхориҳо онҳо бояд бештар илмҳои наву замонавиро аз бар намоянд. Дар баробари ин донандаи хуби забонҳои хориҷӣ бошанд. Гуфта шуд, ки баҳри дастгирӣ ва ҳавасмандии хонандагони болаёқати макотиби миёна ҳам аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ва ҳам аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатпеша стипедияҳои гуногун таъсис ёфтаанд, ки ҳар сари моҳ ба хонандагон дода мешаванд. Дар маросими кушодашавии Маркази фарҳангии ҷавонон ба 5 нафар хонандаи болаёқат аз ҷониби раиси ноҳия Раъно Мирзоева стипендия тақдим гардид. Қобили зикр аст, ки Маркази фарҳангии ҷавонон дар шаҳраки Фархор дар як гӯшаи хеле зебо таъсис ёфтааст, ки ҷавонон метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Қабл аз кушодашавии марказ дар Боғи фарҳангии ноҳия дастовардҳои ҷавонон ба маъраз гузошта шуд.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”

Ҷавонони саодатманди ноҳияи Фархор, ки имрӯз масъулият бар дӯш доранд

Суроғи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз донишҷӯён Бо мақсади пайдо намудани огаҳии бештар аз ҳаёту фаъолияти донишҷӯён, қадршиносии донишҷӯёни фаъол ва ба кор ҷалб намудани онҳо дар зодгоҳашон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳти сарварии раиси ноҳия Абдусамад Манонзода бо донишҷӯёне, ки аз ин ноҳия дар донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд 22 феврал дар толори Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон “Ориёно” мулоқот доир намуд. сисони оянда талаботи ҷиддӣ пеш мегузорад. Замони имрӯза замони дастовардҳои бузурги техника ва кашфиёти нав ба нави ақли инсонӣ мебошад, ки роҳ ба сӯйи он маҳз аз донишкадаю донишгоҳ ибтидо меги-

рад. - Ман итмонони комил дорам, ки ҳар яки шумо баъди хатми донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба зодгоҳи худ бармегардед ва он таҷрибаю малакае, ки дар вақти таҳсил омӯхтед, ба нафъи

мардум ва миллати хеш сарф мекунед. Хушбахтона, имрӯз ҷавонони мо муаррифгари кишвар дар арсаи байналмилалӣ гаштаанд. Онҳо аз тамоми соҳаҳо дар мусобиқаю озмун ва олимпиадаҳо ширкат ме-

варзанд, Парчами Тоҷикистони азизро боло мебардоранд, - зикр кард Мавсумахон Муинова, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ. Пас аз ҳамоиш донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии тиббӣ Мафтуна Олимзода бо хушҳолӣ чунин гуфт: “Мо хеле шод ҳастем, ки раиси ноҳия вақти худро дареғ надошта, ба мулоқоти мо - донишҷӯён омаданд. Қавл медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, ба ноҳияи худ баргашта, содиқона хизмат карда, номбардори ватани хеш мешавем”. Дар хотима, бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба донишҷӯён кӯмакҳои моддӣ расонида шуд. Ба иттилои Олимҷон Зоҳидов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чунин мулоқот 18 феврал дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 300 нафар донишҷӯ низ баргузор гардид.

Ҳасан АЗИЗОВ, Суратгир Т. ФОЗИЛОВ, “ҶТ”

e-mail: javonontj@mail.ru

Раъно Мирзоева, раиси ноҳия дар маросими кушодашавии марказ таъкид дошт, ки давоми як соли охир симои зоҳирии ноҳия ба кулли тағйир ёфтааст. Зеро дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома дошта, то имрӯз як қатор иншооти ниҳоят муҳим ба истифода дода шуданд. Дар баробари ин, ҷиҳати дастгирии ҷавонон як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд, ки Маркази фарҳангии ҷавонон аз қабили онҳо мебошад. Шоҳзод Раҳимов, намояндаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон иқдоми мақомоти маҳалиро ҷиҳати кушодани маркази ҷавонон фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ ҷавонони ноҳия ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Дар идома таъкид гардид, ки иқдоми мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонону наврасон бетафовут набуда, пайваста баҳри дастгирии онҳо талош меварзад. Иштирокчиён зимни маросими кушодашавии марказ ба ҷавонон


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

4

МУЛОҚОТ

САХОВАТ

Дил ба даст овар, ки ҳаҷи акбар аст… Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкор Ҷамшед Исматов дар арафаи рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ хатнасури 10 нафар кӯдаки имконияташон маҳдуд баргузор гардид.

Зи ҳифзи Ватан ҷӯш дорад дилам... Ҳифзи Ватан, дастовардҳои истиқлолият ва сулҳу осоиш вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст. Ин вазифаҳои муҳимро вақте сарбаландона иҷро карда метавонем, ки ба моҳияти истиқлол, арзишҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд сарфаҳм равем ва бо воситаи чунин дарки воқеӣ ба таҳаввулоти мафкуравии гиромидошти ин меъёрҳо, ки омили аслии мавҷудияти ҷомеаи мутамаддин ва ободии рӯзгори ҳар фард аст, муваффақ гардем. Дар ин замина шарти муҳимтар он аст, ки эҳсоси соҳибватан буданро дар худ парвариш диҳем ва дар ақлу идроки худ расидан ба қадри неъмати бебаҳои ватандориро мароми зиндагии хеш созем. Беҳтарин ифодаи шукргузорӣ аз соҳибватан будан ва расидан ба қадри истиқлолият ва давлати соҳибихтиёр ватандӯстӣ аст. Равшантарин изҳори ватандӯстӣ хизмат кардан ба Ватан мебошад. Бо ҳамин мақсадҳои нек, Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Сарпрокуратураи ҳарбӣ, Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадор ва Ташкилоти ҷамъиятии собиқадорон ва нафақахӯрони Қӯшунҳои сарҳадӣ нақшаи чорабиниҳои муштаракро ба

ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва 20–солагии Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳия ва ба тасвиб расонид, ки тибқи он як қатор вохӯриву мулоқоти намояндагони мақомоти мазкур миёни афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми муқаддасоти Ватан дар тинати ҷавонаскарон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо ва фавти хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Мулоқоти қаблии намояндагони мақомоти зикргардида дар қисмҳои ҳарбии гарнизони Хатлон сурат гирифт. Масъулин аз қисми ҳарбии 2720, воқеъ дар ноҳияи Шаҳритус дидан намуда, бо ҳайати шахсӣ сӯҳбат намуданд. Сипас, дар қисмҳои ҳарбии 2628 (шаҳри Қӯрғонтеппа), 2610, 2630 (ноҳияи Панҷ), 2133 (ноҳияи Ҳамадонӣ) ва 2931 (ноҳияи Шӯробод) бо афсарону сарбозон мулоқот доир шуд. Дар рафти мулоқот намояндаи Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, полковник Зикрулло Сияров оид ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ ва фавти хизматчиёни ҳарбӣ дар соли сипаригардида маълумоти мухтасар дода, бори дигар хизматчиёни ҳарбиро огоҳ сохт, ки бо ҳамдигар муттаҳид бошанду ба ҳар гуна ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷинояткориҳо даст назананд, зеро оқибати ҳар як амали номатлуб ва ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ оварда мерасонад. Намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Бозорбой Орифов ҷавонаскаронро ба меҳанпарастиву хештаншиносӣ, дӯст доштани Ватану эҳтироми рамзҳои давлатӣ, қадр намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани

маҳбуб ва бузургдошти симоҳои барҷастаи миллати тоҷик, роҳ надодан ба ҳар гуна ҷинояткориву қонунвайронкунӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву корҳои муассири илмӣ, аз худ намудани техникаву технологияҳои муосир, тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон ва тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва инкишофи тарбияи ҷисмонӣ даъват намуда, бо мақсади ҷалби аскарон ба варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷониби кумита ба ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ маркази мусиқӣ ва лавозимоти варзишӣ, аз қабили сетка ва тӯби волейбол, тӯбҳои футболу баскетбол тақдим шуд. Узви Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадор Назаралӣ Қадамов аз ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши худ қиссаҳои ҷолиб намуд, ки барои насли ояндасози кишвар шоёни ибрат ва боиси сарфарозист. Зеро ҳар як нафари бонангу номус, ки худро ватандору худшинос меҳисобад, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки баҳри ҳифз ва дифои марзу буми кишвари азиз, хоки поки сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошад. Сармуҳаррири рӯзномаи «Марзбони Ватан» Абдусаттори Гулаҳмад дар ҳар баромади хеш аз шоирони классику муосири форсу тоҷик намунаҳои барҷастаи назмиро мисол оварда, дар ниҳоди ҷавонон ҳисси меҳанпарастиву меҳнатдӯстӣ, инсони комил шудану ахлоқи ҳамида доштан, ба қадри ҳамдигар расидану қарзи фарзандии худро иҷро намуданро бедор кард. Дар назар аст, ки ин гуна вохӯриҳо дар вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ моҳҳои оянда баргузор гарданд.

Б. ОРИФ, корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ин ташаббус ба хотири татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пуштибонӣ аз аҳолии ниёзманд гирифта шуд. Тавре аз хадамоти матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов иттилоъ доданд, чунин корҳои хайрхоҳона дар арафаи таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ пайваста баргузор мешаванд. Натиҷаи анҷоми иқдомоти хайрхоҳона аст, ки давоми соли 2013 дар шаҳри Чкалов тӯйи беш аз 75 нафар кӯдак аз оилаҳои ниёзманд ва тӯйи арӯсӣ 2 ҷуфт ба таври хайриявӣ баргузор гардиданд.

ҷашн

Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ Дар арафаи рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ бо ибтикори Ҳизби халқии демократии вилояти Суғд дар қисмҳои низомии гарнизони вилоят рӯзи дарҳои кушод доир шуд. Тавре аз хадамоти матбуотии ҲХДТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ асосан хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии вилоят ва ҷавонони синну соли даъват ширкат варзиданд. Он бо ҳадафи тарбияи ватандӯстии ҷавонон доир гашт. Дар давоми баргузории рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ аз ҷониби ташаббускорон барномаҳои идона бо ширкати ҳунармандони маъруфи

вилоят пешкаш гардид. Дар баробари ин, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар арафаи рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ оилаҳои сарбозон ва афсаронеро, ки дар барқарории сохти конститутсионии мамлакат ҷон бохтаанд, аёдат намуда, аз ҳисоби хазинаи ҳизб ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ расонид.

Меҳрдод НУРАЛИЗОДА, шаҳри Хуҷанд

Қувваозмоии ҷавонони Роғун бо сарбозон 22 феврал ба ифтихори 21-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар қисми низомии 051058, воқеъ дар шаҳри Роғун чорабинии варзишӣ-ҳарбии «Муҳофизи Ватан» барпо гашт. Дар он ҷавонон аз муассисаҳои таълимии шаҳр, коллеҷҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сарбозони қисми ҳарбӣ аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, бандкашӣ ва волейбол қувваозмоӣ намуданд. Инчунин, бо мақсади ташвиқу тарғиби соҳаи варзиш миёни ҷавонон 23 феврал дар ҷамоати деҳоти Сичароғ чорабинии варзишӣ аз рӯи намуди аспдавонӣ ва пойгаи равон баргузор гардид, ки дар он ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Нуробод ва Тавилдара иштирок намуда, беҳтаринҳо бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар ин бора Д. Абдуназарова, корманди Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Роғун иттилоъ дод.


пайи корҳои дигар шуданд. Кормандони агентӣ натиҷаи корҳои анҷомдодаи таъмиру тармими мактаб, аз ҷониби ҶДММ «Туроб»-ро мавриди санҷиш қаро доданд. Хостанд дақиқ намоянд, ки оё ҷамъияти мазкур корҳои таъмиру тармимро мувофиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамуда, бекаму кост ба сомон расондааст ё баръакс? Ҳуҷҷати хароҷоти молиявии таъмири мактаб, санади иҷрои корҳои анҷомдодашуда, музди меҳнат, арзиши масолеҳи бинокорӣ, ҳаҷми кор, хулоса, ҳаматарфа мавриди санҷиш қарор ёфт. Аз натиҷаи тафтиш аён гардид, ки сарвари ҷамъияти мазкур Қаландар Ятимов ба изофанависӣ роҳ дода, маблағи зиёд, 34510 сомониро ба ҷайб задааст. Ҳамин тавр, Қ. Ятимов бо чунин амали номатлуб ба буҷаи давлат зарари калони молиявӣ мерасонад. Нисбат ба сарвари ҶДММ «Туроб» Қаландар Ятимов дар шуъбаи

Академия улуми кишвар ба ҳайси мудир ифои вазифа намудааст. Н. Миниқулов аз ваколатҳои хизматии хеш истифода бурда, солҳои 2011-2013 маблағҳоеро, ки барои таъмиру тармими расадхонаҳои пашӯҳишгоҳ, ки дар навоҳии Данғара ва Ҳисор воқеъ мебошанд, бо роҳи тасарруф аз худ намудааст. Вай ба андозаи 108432,8 сомонӣ маблағро дар хазинаи пажӯҳишгоҳ ба даромад нагирифта, аз худ мекунад. Ҳоло дафтари аъмоли ин «олим»-ро кормандони Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе варақгардон доранд. Умед аст Н. Миниқулов ҷазои сазовор гирифта, кирдори ӯ барои ашхосе мисли худаш сабақ гардад. Сабақи талх. Шояд, пеш аз он ки ба моликияти ҷамъиятӣ дасти тамаъ дароз намоянд, андеша кунанд. Андешаи он ки оқибат ба чӣ анҷом хоҳад ёфт. Дар ҷамъияти мо ҳоло ҳам нафарони

Обрӯ аз даст рафт, аз дасти нафс… Тамаъҷӯии бинокор, олиму омӯзгор ва доғ дар хилъати сафеди духтур Санҷишу тафтишҳои пайваста гузарондаи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ дар манотиқи гуногуни кишвар тасдиқи гуфтаҳои болост. Аз ваколату вазифаҳои хидматӣ истифода бурда, афроди зиёд бо ҳар роҳу восита мекӯшанд молу маблағҳои давлатиро аз худ намоянд. Ҳеҷ парвое надоранд, ки молу маблағҳо аз они ҷамъият маҳсуб ёфта, бо заҳмати ҳар як узви он гирд оварда мешаванд. Ба мисолҳо рӯ оварда, мебинем, ки афроди тангназар ва тамаъҷӯй, баҳри манфиати шахсии хеш аз ҳеҷ чиз рӯ намегардонанд. Ҳамаро пушти по мезананд. Ҳатто қонуну тартиботи мавҷударо. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 66-и ноҳияи Синои пойтахт ба таъмиру тармим ниёз дошт. Баҳри анҷоми корҳои сохтмонӣ дар мактаби мазкур, озмун сурат гирифт. Дар рафти озмун ҶДММ «Туроб», ки Қаландар Ятимов сарвараш маҳсуб меёфт, ғолиб дониста шуд. Қаландар Ятимов бинокоронро ба мактаб оварда, ба корҳои таъмир оғоз намуд. Ин вазъ маъмурияти мактабро шод кард. Онҳо умед доштанд, дар ҳуҷраҳои тозатаъмир оғози соли нави хониш бо шогирдон машғулият мегузаронанд. Ба суратҳисоби ҷамъияти мазкур 69 ҳазору 51 сомонӣ маблағ гузаронда шуд. Бинокорон таҳти сарварии Қаландар Ятимов дасту остин барзада, ба кор пардохтанд. Ба қавле, дар муҳлати муайян корҳои таъмиру тармим ба сомон расид. Ба устодон хушхабар ҳам расонданд, ки мактаб ба оғози таълим омода аст. Аз ҷониби омӯзорон ба бинокорон, хусусан, сарвари эшон Қ. Ятимов минатдории зиёд баён гардид. Соли нави хониш оғоз ёфту мактабиён ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Бинокорон маблағҳои барояшон ҷудошударо ба ҷайб зада,

тафтишотии Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе бо аломатҳои ҷиноӣ парванда кушода, тафтиши пешакӣ гузаронда шуд. Илми тоҷик имрӯз ба дастгириҳои ҳарчи бештар ниёз дорад. Маҳз ба хотири пешрафти илм Ҳукумати кишвар ҳар сол маблағҳои зиёд ҷудо намуда, барои

зудбовар хеле зиёданд. Маҳз зудбоварии эшон аст, ки ба доми ҳар гуна фиребгарону қаллобон афтода, пасон чун мурғи посӯхта ба ҳар кӯю дар сар мехалонанд. Кӯмак меҷӯянд. Шаҳрвандон С. Барфиева ва М. Нуралиева аз ҷумлаи нафароне мебошанд, ки аз зудбоварии онҳо истифода намуда, маблағҳои эшонро бо роҳи

ноил шудан ба комёбиҳо заминаи мусоид муҳайё месозад, то таҳқиқот мунтазам ҷараён ёфта, олимон ба кашфиёт муваффақ гарданд. Дар хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла, истеҳсолот шаклу усулҳои нави коркарди ҳар гуна ашё ва тайёр намудани маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шавад. Мутаассифона, имрӯз ба илми тоҷик ҳам нафароне сар халондаанд, ки ба номи олим иснод меоранд. Насриддин Миниқулов аз зумраи чунин ашхос аст. Вай дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи

фиреб аз худ намудаанд. Раъно Ойматова, мудири кабинети корҳои тарбиявии Донишкадаи такмили ихтисоси вилояти Хатлон орзую ҳаваси дарёфти пули бедарди миёнро ба сар дошт. Иттифоқо дар кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа бо С. Барфиева ва М. Нуралиева вомехӯрад. Ҳар ду ният доштанд, хешовандонашонро ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дохил намоянд. Аз чикора будани Раъно Ойматова огоҳ гардида, дар ин хусус аз вай кӯмак мепурсанд. Р. Ойматова, ки дар сар ҳаваси дарёф-

ти пули муфтро дошт, аз шодӣ қариб ба рақс медарояд. Вале сир ошкор накарда, ба худ қиёфаи ҷиддӣ мегирад. Ваъда медиҳад, ки мушкили ҳар дуро осон хоҳад кард. Вале бо ивази пул. Ҳамин тавр, дар ду маврид аз эшон 1600 доллари амрикоӣ маблағ меситонад. Баъди гирифтани маблағ ваъдаҳои додаашро дарҳол фаромӯш месозад. С. Барфиева ва М. Нуралиева чунин рафтори ӯро дида, музтару ҳайрон мемонанд. Танҳо дахолати кормандони агентӣ ба бепарвоии Р. Ойматова халал расонд. Имрӯз бисёр табибонро вохӯрдан мумкин аст, ки савганди хӯрдаашонро бобати софидилонаю поквиҷдонона ба ҷо овардани ҳифзи саломатии мардум фаромӯш, ба тамаъкорию ришваситонӣ даст зада, доғ дар хилъати сафед мегузоранд. Ба утоқи кории Алишер Исломов, директори Маркази мубориза бар зиди бемориҳои сили шаҳри Ваҳдат боре шаҳрванд А. Бобоева ворид мегардад. А. Бобоева бинобар вазъи нохуби саломатӣ нафақаи маъюбӣ мегирифт. Духтур А. Исломов аз вай талаб мекунад, ки барои муайян намудани вазъи саломатиаш дубора аз ташхиси тиббӣ гузарад. Натиҷаи ташхиси шаҳрванд А. Бобоеваро аз назар гузаронда, духтур хулосаи дурӯғ мебарорад. Ба бемор мегӯяд, ки бо сабаби беҳ гаштани вазъи саломатӣ нафақаашро қатъ месозад. Ҳарчанд ки чунин ваколатро ӯ надошт. А. Бобоева аз духтур хоҳиш мекунад, ки аз ин амал даст кашад. Зеро нафақа ягона воситаи рӯзгузаронии ӯст. Духтур чунин пайти муносибро интизор буд. Дарҳол ба бемор шарт пешниҳод месозад. Мувофиқи шарти духтур бемор А. Бобоева мебоист ба ӯ 600 сомонӣ маблағ диҳад, пасон нафақааш дароз карда мешавад. А. Бобоева бо худ 1500 рубли русӣ ва 100 сомонӣ маблағ дошт. Ҳамаашро бароварда, ба духтур медиҳад. Танҳо дахолати кормандони агентӣ боис гардид, ба чунин тамаъҷӯиҳои духтур хотима бахшида шавад. Хулоса, оид

ба ришваситонию тамаъҷӯӣ мисолҳо зиёданд. Аммо бо ин иктифо карда, бовар дорем барои нафарони дар сар чунин андеша дошта, ин мисолҳо дарси ибрат хоҳанд шуд. Зеро бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад.

Бахтиёр ЮСУФОВ, сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҷумҳурӣ, Толибшоҳи ДАВЛАТ, «ҶТ»

e-mail: javonontj@mail.ru

Мавзӯи меҳнати ҳалол, тамаъ наҷӯстан дар эҷоди адибони классики форсу тоҷик мақоми махсусро гирифтааст. Дар ин ҷода осори адибони пешинаамон дар адабиёти умумиҷаҳонӣ, шояд яке аз мақомҳои аввалро сазовор бошад. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза нафарони зиёде ёфт мешаванд, ки аз осори адибонамон дар ин бора, умуман ғофиланд ё гуфтаҳои эшонро сарфи назар мекунанд. Пайи ҳаваси дунё ва нафси саркаш давида, оқибати амали хешро ҳеҷ андеша намекунанд, ки ба чӣ оварда мерасонад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

5

РИШВАСИТОНӢ ВА ОҚИБАТИ НОГУВОРИ ОН


«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

6

экология

Таваҷҷуҳ ба мавзӯи тағйирёбии иқлим Қариб 8 дарсади масоҳати Тоҷикистонро пиряхҳо ишғол кардаанд. Чанд соли охир бо сабаби гарм омадани ҳаво пиряхҳо босуръат об мешаванд. Обшавии босуръати пиряхҳо ба камшавии оби дарёҳо боис шуда, ба фаъолияти нерӯгоҳҳои обӣ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳукумати ҷумҳурӣ проблемаи тағйирёбии иқлимро яке аз масоили глобалии ҳазорсолаи кунунӣ мешуморад. Суханронии Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми тағйирёбии иқлим дар Женева (Швейтсария) ва Конфронси 15-уми ҷонибдорони Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Копенгаген (Дания) исботи гуфтаҳои болост. Ҳафтаи гузашта зимни як нишасти матбуотӣ Мушовири сафорати Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Питер Микула иброз дошт, ки Тоҷикистон ба кишварҳои иқтисодашон

начандон рушдёфта шомил аст. Ин кишвари кӯҳистонӣ ба баҳр роҳи баромад надошта, ҳар гуна тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва озуқаворӣ таъсир мерасонад. Моҳи ноябри соли гузашта дар шаҳри Варшава (Полша) Конфронси 19-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим доир гардид. Дар он кишварҳои мутараққӣ уҳдадор шуданд, ки то соли 2020 ҳамасола 100 миллиард доллар барои кӯмак ба кишварҳои рӯ ба инкишоф

баҳри гузаронидани чорабиниҳо оид ба мутобиқшавӣ ва паст кардани хавфи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ҷудо намоянд. Бо ин мақсад Фонди мутобиқшавӣ ва Фонди сабзи иқлим таъсис ёфт, ки ба наздикӣ фаъолиятро оғоз хоҳанд кард. Ба гуфтаи мушовири Институти СММ оид ба тайёр кардани мутахассисон ва таҳқиқот Наталия Странадко ба Тоҷикистон ҳамчун кишвари пилотӣ 70 миллион доллар ба сифати грант ва 25 миллион доллар ҳамчун қарзи имтиёз-

нок дода мешавад. - Тағйирёбии иқлимро на ҳамчун мушкилоти алоҳида бояд ҳисобид, он таъсири худро ба тамоми бахшҳои иқтисодиёт хоҳад расонд, - гуфт Наталия Странадко. Аз ин рӯ, дар ҳалли ин мушкилот бояд тамоми идораю вазоратҳо, пажуҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳо ширкат варзида, баҳри кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим чораҳо андешанд. Сардори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои аз лиҳози экологӣ тозатарин ба ҳисоб меравад. Зеро 98 дарсади энергияи мамлакат тавассути нерӯгоҳҳои обӣ тавлид мешавад. Новобаста аз ин Тоҷикистон аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим бо сабаби партовҳои кишварҳои мутараққӣ зиён мебинад. То ин дам ду ҳисоботи миллӣ оид ба чораҳои мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар мамлакат омода шудааст. Ҳисоботи сеюм алҳол таҳия шуда, то охири соли равон муаррифӣ хоҳад гашт.

С. САЙФИДДИН, “ҶТ”

ИЛМ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

Истифодаи энергияи шамол Дар рӯи замин потенсиали солонаи шамол ниҳоят калон мебошад. Он аз ҳамаи энергияи оби дарёҳои дар ҷаҳон вуҷуддошта 100 маротиба зиёд буда, иқтидораш қариб 3300*10^12кВт/соатро ташкил медиҳад. Аммо аз ин фақат 10-20 дар садаш истифода мешаваду халос.

e-mail: javonontj@mail.ru

Ин намуди нерӯгоҳро дар ҷойҳое месозанд, ки шамоли доимӣ дошта бошанд. Барои кори доимии Нерӯгоҳи барқи шамолӣ ва истеҳсоли энергияи электрикӣ шамол ва сатҳи баландии замин лозим аст. Тибқи ҳисобҳо дар баландии 10 метр

аз сатҳи замин дар 1м^2 сели энергияи шамол 4000 кВт*с/ м^2 – ро ташкил медиҳад. Истифодабарии энергияи шамол дар хоҷагии деҳот барои бо об таъмин намудани чорво дар фермаҳо васеъ истифода мешавад. Дар баъзе минтақаҳои замин потенсиали электрикии энергияи шамол ба энергияи нури офтоб баробар мебошад. Тарзи кори нерӯгоҳҳои шамолӣ хеле оддӣ мебошад. Шамол ба парраҳои чархи шамолӣ таъсир карда, онро тоб медиҳад. Чарх бошад набардеро, ки дар он ротори генератор низ пайваст шудааст, чарх мезанонад. Аммо тавоноии НБШ кам ва кораш аз боду ҳаво вобаста аст. Норасоии дигари ин дастгоҳҳо хеле баланд будани садояшон мебошад, ки барои ин дастгоҳҳои калон шабона хомӯш карда мешаванд. Ба ғайр аз ин нерӯгоҳҳои барқии шамолӣ ба ҳаракати ҳаво ва

ҳатто мавҷҳои радио халал мерасонанд. Истифодаи чархҳои шамолӣ ба кам шудани маҳдуди қувваи вазиши бод меоварад, ки боиси халал ба тоза шудани ҳавои мавзеъҳои саноатӣ гашта, ҳатто ба иқлим таъсир мерасонад. Ҳамчунин, барои истифодаи онҳо, дар муқоиса нисбат ба дастгоҳҳои дигари энергетикӣ, масоҳатҳои хеле калон лозиманд. Тавоноии дастгоҳҳои энергетикии шамолӣ тараққӣ карда, аз тавоноии сели ҳавоӣ, талафҳо, алоқа бо табдили энергияи механикӣ ба электрикӣ (дар редуктор ва генератор), талафи энергияи сели шамол дар ҳолати алоқаи онҳо бо чархи шамол вобастагӣ доранд. Нерӯгоҳи барқии шамолӣ дар вақти кор ба муҳит ягон зарар намерасонад ва барои истифода аз ҷиҳати экологӣ хеле муфид мебошад. Аммо онро

Шавқи калон ба энергияи шамол дар Русия, Ҷопон, Австралия, Дания, Ҳолланд ва дигар мамлакатҳои чаҳон пайдо шуд. Арзиши ба даст овардани бояд дар ҷойҳое сохт, ки ово- энергияи электрикӣ аз НБШ назаш ба аҳолӣ халал нарасонад. зар ба неругоҳи обӣ баланд аст. Дар давраи шӯравӣ пеш Бисёр масоҳати калонро мегиаз саршавии Ҷанги Бузургии рад ва дар баландиҳои 150200 метр аз сатҳи баҳр сохта Ватанӣ чанд намуди дастгоҳҳои шуда, метавонад барои мавҷи барқии шамолӣ сохта буданд. телевизионҳо ва радиоҳо мо- Соли 1931 дар Қрим нерӯгоҳи неа ҳосил кунад. Ба ҳамаи ин барқии шамолӣ бо тавоноии камбудиҳо нигоҳ накарда, дар 100 кВт сохта шуд. Аммо дар Швейтсария қариб 20% энер- вақти ҷанг ин нерӯгоҳ вайрон гияи электрикиро ба воси- шуд. Соли 1938 барои сохтани таи нерӯгоҳи барқии шамолӣ НБШ дар Аи-Петри бо тавоноистеҳсол мекунанд. ИМА соли ии 5 МВт корҳо оғоз ёфт, аммо 2000 қариб 25% энергияи элек- ҷанги хонумонсӯз имконият натрикиро тавассути нерӯгоҳҳои дод, ки сохтмони онро ба анҷом барқии шамолӣ таъмин кар- расонанд. Дар кишвари мо низ дар дааст. Дар Амрико истифодаи энергияи шамол хеле хуб ба ноҳияҳои Файзобод, Хуросон роҳ монда шудааст. Дар ав- ва минтақаҳои шамолдор мевал нерӯгоҳи барқии шамолӣ шавад НБШ сохт. Он нисбат ба бо тавоноии 100-200 кВт, дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ безарар дуюм 200-500 кВт, дар ҳолати хоҳад буд. сеюм 2500-3000 кВт истеҳсол мекунанд. Онҳо кӯшиш доранд, Бахтиёри АБДУҚАҲҲОР, ки нерӯгоҳҳои барқии шамолии донишҷӯи Донишгоҳи тавоноиашон калонтарро сохта техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ба истифода диҳанд.


интихоб гузошта шуд: ё ҳамқадамӣ бо кишварҳои таърихан ҳамқадами пешин, ё бо «дӯстони навин». «Дӯстоне», ки тавре равиши ҳодисаҳо нишон дод, бозиҳои роҳандозинамудаи Януковичро алайҳи худаш истифода бурданд. Кишварҳои хориҷӣ дар иҷрои нақшаи пешгирифтааш дар самти Украина таваҷҷуҳи аслиро ба решаи таърихии ихтилофоти миллӣ миёни сокинони ғарбу шарқи кишвар, эҳсосоти бадбинонаю интиқомҷӯёнаи бозмондагони авлодони миллату меҳанфурӯши бендерӣфашистии қисмати Карпатии Украина равона кард. Пешвоёни мухолифин Ар-

Кишвар дар остонаи ҷанги шаҳрвандӣ, низоми қонунӣ комилан фалаҷ гашта, тамомияти арзии кишвар ва мавҷудияи он ҳамчун давлати ягона зери шубҳа қарор гирифтааст. Ғолибу мағлуб то ҳол дарк накардаанд, ки қурбонии бозиҳои геополитикии абарқудратҳо гаштаанд. То ҳол нафаҳмидаанд, ки кадом оқибатҳои номатлубе онҳоро дар пешанд. Бехабаранд, ки аз «озодӣ»-ю «демократия» шиор партофта, озодию мустақилият, ваҳдату ягонагии давлати миллии худро ҷониби нестӣ бурда истодаанд. Кист гунаҳкор, аз кадом қувваҳо бояд домангир шуд? Кадом омилҳо боиси табаддулоти воқеан давлатӣ ва бо роҳи зӯроварӣ аз байн бурдани ҳукумати қонунӣ гаштанд? Тақсири асосиро дар ҳодисаҳои Украина, пеш аз ҳама, дар рафтору кирдори Президенти ҷумҳурӣ Виктор Янукович бояд ҷуст. Шахсе, ки зимни интихобот мардуми Украина раъйи худро ба ӯ бахшиду ба ҳайси сарвару раҳнамо тақдири ояндаи худу давлатро бо номи ӯ тавъам донист. Акнун ин мардум маҷбур шуд иштибоҳи худро бипазирад. Президенте, ки зимоми қудрат, ниҳодҳои пурқуввати артишу амният, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пояҳои расмию қонуниро барои амалкард дар ихтиёр дошт, буздилона пешорӯи гурӯҳи ҷинояткору мусаллаҳ бо шиорҳои фашистӣ сар фурӯ овард. Аз идораи ҳукумат даст кашида, маркази давлатро тарк кард, дар кунҷаке пинҳон шудаву боз худро президенти қонунӣ мехонад. Ҳаққо, ки: Агар султон нафармояд сиёсат, Занад ҳар нокасе лофи раёсат. Бало барҳам занад рӯи заминро, На давлатро бақо монад на динро. Ҳама медонанд, ки Янукович бо дастгирии дигарон ба қудрат расид. Вале хеле зуд хешро дар арсаи сиёсати геополитикӣ яке аз шахсиятҳои калидӣ пиндошт ва бозии хатарноки худашро оғоз кард. Мехост ҳам лаъл ба даст ораду ҳам ёрро наранҷонад. Аз кӯмакҳои хориҷӣ ком бардораду захираҳои табиии Русияро табъи дилаш истифода барад. Тадриҷан парда аз рӯйи нақшаҳояш бардошта шуд ва назди ӯ талаби қотеъонаи

сений Ятсенюк (қаноти «Баткившина» дар парлумони кишвар), Олег Тягнибок («Свобода»), Виталий Кличко (ҳизби «Удар»), вазири собиқи ВКД Ю. Лутсенко ва олигарх Порошенко ҳама зодагони ҳаминҷоянд. Воридшавии кӯмакҳо ва грантҳои калон маҳз аз вилоятҳои ғарбии Украина оғоз ёфт. Тавре шахсони расмии хориҷӣ

Молотов»-ро ёд медоданд. Президент В. Янукович ҳамаи инро назора мекард, изҳорот медоду онҳоро ба оромӣ даъват мекард. Ҳол он ки тасмим дар дасти худаш буд ва бо як иқдоми ҷуръатмандонаю қатъӣ метавонист илоҷи воқеаро қабл аз вуқӯъ ёбад, болои шарорачае, ки ҳанӯз аланга гирифтанаш ғайриимкон буд, оби сард резад. Вале

дуюми ҷаҳонӣ аз сӯйи миллатчиёни украин, сару либоси ҷангалии карпатӣ, кулоҳҳои мюлерии СС, ки бар зидди халқҳои шӯравӣ истифода мешуданд, инак, моҳи феврали соли 2014, баъди қариб 70 сол дубора эҳё гардиданд. Тахриби ёдгориҳои таърихӣ, ғорату нест кардани осорхонаҳо, сӯхтани биною иншооти ҳизбҳои коммунист, минтақаҳо

ошкоро эълон намуданд, барои «рушди демократияи украинӣ» 5 млрд. доллар сарф шудааст. Вале мақомоти давлатии Украина ба ин масъала диққати хоса зоҳир накарданд ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматиро беназорат монданд. Бо маблағгузории созмонҳои хориҷӣ дар давоми як соли охир 1500 ташкилоти ғайридавлатӣ дар Украина ташкил шуд. Тарҳрезони асосии «инқилобҳои ранга» озодона дар Украина нақшаҳои худро оид ба ташаннуҷи авзоъ ва аз байн бурдани давлати қонунӣ амалӣ мекарданд. Президенту ҳукуматаш

дар ҳасостарин лаҳзаҳо нишону рамзи пояндагии давлат – Президент, дар симои шахсияти беирода ва ноустувор Виктор Янукович, ки акнун мардуми Украина ба ӯ лақаби муносиби «Витя шапкокрад»ро сазовор донист, дарҳам рехт. Ҳатто қувваҳои содиқтарини худ, воҳиди махсуси «Беркут», ягона ниҳодеро, ки то охир ба қасами додаи худ, ҳимояи Президент ва Ҳукумати қонунӣ вафодор монд, ҳама таҳқиру ҳақорат, оташпартоиву тирпаронии снайперҳои тӯдаҳои ҷинояткорро таҳаммул карда, мунтазири фармони Президент буд, дар ҳолати

ва ҳукумат пайғомест аз рафторҳои ғайриинсонии онҳо дар пайравии бобоёнашон. Пойтахти кишвари аврупоие, ки 4,5 миллион аҳолӣ дошт, мардуме, ки дорои иқтисодиёти пурқувват, соҳаи пешрафтаи мошинсозӣ буду ҳавопаймо истеҳсол мекард, дар оташи ҷаҳолат месӯзад. Нерӯи ваҳшӣ, вале ҳамчун ҳайвони сирк ромшудаю идорашавандаи мухолифони Украина, заминаи дахолати хориҷиҳоро дар умури дохилии кишвар барои дарозмуддат фароҳам сохт.

беҳаракат буданд. «Евромайдон» созмон ёфт. Барои гузаронидани тренингҳо ва таъмини дастаҳои мусаллаҳи «Баткившина» зиёда аз 2 миллиону 600 ҳазор доллари ИМА ҷудо шуд. Миллатфурӯшоне чун собиқ президенти Гурҷистон дар иҳотаи чанд дипломату сиёсатмадори аврупоӣ эътирозгаронро барои иқдомоти шадидтару қотеъона талқин мекарданд, гурӯҳи махсуси ҷангиёнро баҳри муқовимати мусаллаҳона бо кормандони мақомоти қудратӣ омода карда, ба онҳо усулҳои ҷанги тан ба тан, рахнасозии сафҳои милиса, тарзи тайёр кардани «коктейли

номуайяниву бехабарӣ гузошта, фирор кард. Оппозитсия тавассути пеш гузоштани хуну замири авлодии фашистӣ ба василаи фарзандону наберагони онҳое, ки солҳои 1941-1945 зиёда аз ду миллион аҳолии иборат аз пирони барҷомонда, занону кӯдакон, сарбозони захмбардоштаро дар Украинаи Шарқӣ ва Белорус қир карданд, дар хонаҳои чӯбин ҷамъ намуда, оташ сар доданд ва ё зинда ба зинда зери хок карданд, чанд амалиёти ваҳмангези сӯзанда, рабояндаю кушанда, ғорати дороии бонку ширкатҳои хусусиро амалӣ кард. Рамзҳои ҷанги

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз Бардоште аз ҳаводиси Украина

(Давомаш дар саҳ. 14)

e-mail: javonontj@mail.ru

«Баҳор»-и арабӣ дар фасли зимистон ба Украина расид. Инқилоби рангаи тарроҳон «бишкуфт» ва аз хуни рехтаи мардуми маҳаллӣ тобиши лолагун касб кард. Аламовараш ҳамин аст, ки ин ҷонҳои бохта раҳми касеро нахоҳанд овард, ҷуз наздикони онҳо. Нерӯҳои манфиатдоре, ки бо бозиҳои сиёсии мақсаднок мардумро то ҳудуди ҷабҳаҳои муқобил ва резиши хуни ҳамдигар овардаанд, аз муваффақиятҳо рӯҳбаланд гаштаву пайи тақвияти пирӯзиашон вазифатақсимкунӣ доранд. Тибқи таъбири «ғолиб ҳамеша ҳақ аст» амал карда, дар ҳама гуноҳҳои будаву набуда ҳукумати Януковичро гунаҳкор медонанд. Мағлубшудаҳо бошанд, пайи созмон додани нерӯҳои хеш ва мусаллаҳ кардани онҳо талош ба харҷ медиҳанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

7

СИЁСАТИ ҶАҲОН


«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

8

одамони сарбаланд (Идома аз шумораи гузашта) Фурсате пас як паҳлавони ҷорӯбқулӣ ҷавонеро, ки дар нигоҳ 16-17 сола менамуд, ба майдон даровард. Рафтори мард ба зудӣ ҳолати майдонро дигар намуд. Ҳар кас фикри хешро мегуфт: -Эй мардак, - ба ӯ рӯй оварда, овоз баланд намуд шахсе. - Охир, ту заррае инсоф дорӣ ё не? Магар намедонӣ, ки Алӣ кӣ ҳасту ин бача кӣ? Боз маъюб нашавад? Хубаш аз фикрат даст каш... - Ҳеҷ гап не, агар ғалтид замин мебардорад, - гуфт мард бо оҳанге, ки он аз нангу номус холӣ набуд. - Майлаш, мо розӣ, лекин ту дар дил аз ин бача ягон боварӣ дорӣ? – пурсид дигаре бесаброна. - Дорам, - бо қаноатмандӣ ҷавоб дод Қувват ва афзуд: - Ин бача панҷоҳ-шаст кило борро бо як дасташ ба болои бордони мошин мепартояд. Дасту панҷааш ҳам дар пурқувватӣ бад нест. Ҳарифони ҳамсолашро бо як даст мезанад. Хубаш, монед гӯштин гирад. Ана, баъд худатон баҳояшро диҳед». Акнун майдоне, ки онро нидоҳо пахш менамуд, якбора хомӯш гардид. Ҳама мунтазири ҳунарнамоии паҳлавон буданд. Ин лаҳза ҳар кас дар сар андешаи худро дошт. Яке ба Алӣ-паҳлавони маъруф чашм медӯхту дигаре ба Саидмуъмини назарногир. Фикру мулоҳизаҳо печида буданд. Кас ба тарафи кӣ баҳо доданро намедонист. Танҳо вақт метавонист ба ҳамааш нуқта гузорад. Ниҳоят, садои ҳуштаки довар баланд гардид. Алӣ-паҳлавон чун ҳарвақта бо нигоҳи ба худ хос даст ба гиребони ҳариф зада, пайти муносиб меҷӯст. Саидмуъмин бо як даст аз остини Алӣ дошта, лаҳзаи ба худ писандро ҷӯё буд. Дар ду даст

Ҳамдиёрон Саидмуъминро рӯи даст гирифта, гирди майдон чарх мезаданд ва бо шодиву кафкӯбӣ ифтихор мекарданд. Дар ҳолате ки Саидмуъмин дар майдон тоб мехӯрд, марди қавипайкару ситорагарме гарму ҷӯшон оғӯшаш гирифт ва бо меҳрубонӣ гуфт: - Офарин, додарам! Ба ростӣ, ҳамаро қоил кардӣ. Бовар кун, майдон зеби ту барин паҳлавон аст, аҷаб зебо афтондӣ. Гумон мекунам, ки дили ҳама об хӯрд. Ва лаҳзае ба рӯяш зеҳн монда пурсид: - Маро шинохтӣ? - Бале, акаи Искандаршоҳ, - гуфт бо табассум Саидмуъмин ва афзуд: - Ба хаёлам дар кишвар шахсе нест, ки Шуморо нашиносад. - Раҳмат, бародарам. Ҳатман наздам биё. Туро зери қанотам мегирам. Боварӣ дорам, ки хеле хуб месабзӣ. Дар олами гӯштин шӯҳрат пайдо мекунӣ... - Меоям, албатта, меоям, - гуфт дар ҷавоб Саидмуъмин аснои хайрухуш. Ва ин лаҳза дар қаъри дилаш шӯълае чун

ва ягона халосиашро дар мағлубият медид. Бисёр паҳлавонони номдор дар майдон аз Искандаршо шикаст хӯрда, умре ӯро фаромӯш намекунанд. Ба Саидмуъмин дар авҷи тирамоҳи заррин даъватнома барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан доданд. Чун дигарон онро хуш қабул намуд. Розӣ буд, ки ҳам хизмати Модар-Ватанро иҷро намояду ҳам бардаму солим ба диёри хеш баргардад. Ба ҳамин хотир, як рӯз пеш аз сафар дар хонадони онҳо хешу табор, дӯстонаш ҷамъ омаданд. Гирди дастархони пур аз нозу неъмат суҳбат мисли қаймоқ шира баст. Ҳар кас аз кору хизмати хеш бо ҳарорат ҳарф мезад. Саидмуъмин хомӯш гӯш мекард. Аз суҳбати гарми онҳо гуё хирмани зар мебардошт. Як марди шӯхтабиату хушбурути деҳа, ки дар маърака ҳузур дошт, ба ӯ бо нигоҳи гарм нигариста пурсид: - Саидмуъмин. - Лаббай. - Ваъда чӣ шуд?

Ҷаҳонпаҳлавон Қиссаи ҳуҷҷатӣ

барқ дурахшид: «Дунёро бин, толеат баландӣ намояд, намепурсанд бачаи кӣ ҳастӣ? Ҳамеша орзу мекардам, ки аз касе нозукиҳои гӯштинро чуқуртар омӯзам. Имрӯз бо хости Худованди бузург маро фурсати муносиб даст дод...» Саидмуъмин дар бораи ин марди маъруф бисёр қиссаҳо медонист ва

- Кадом ваъда? - Охир, гуфта буданд, ки туро аз хизмат озод мекунанд-ку? - Кай? Чӣ хел? Чӣ, бовар намекунед? Охир, ман шоҳиди воқеа будам, - гуфт мард ва афзуд: - Вақте ки дар Восеъ бо Алӣ-

e-mail: javonontj@mail.ru

Аз чап ба рост Камонбардор Шукроев, нахустин раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмуъмин Раҳимов ва Саймаҳмуд Маҳмарасулов, Қаҳрамони ҷаҳон байни собиқадорон оид ба самбо

касе бартарӣ нишон дода натавонист. Қувваҳо якранг буданд. Гӯё онҳо нияти ҳамдигарро хуб мефаҳмиданд. Каме саҳв метавонист якеро ба шикаст дучор созад. Саидмуъмин нохост зарбаи паси пойро хеле моҳирона ва сахту нишонрас истифода бурд. Алӣ аз зарбаи ногаҳонӣ қоматаш хам шуда, чун дарахти азими буридашуда рост ба пушт рафт. Ин лаҳза ба тахтапушт ҳалол афтидани Алӣ-паҳлавон дар тасаввури мардум намеғунҷид. Ҳама бо як овоз «Ҳалол!» - гуфта майдонро ба сар мебардоштанд. Шӯру ғирев атрофро пахш намуд.

ба хизмат даъватат намуданд. Чаро ин хел?! Ё комиссар фиреб дод? -Не, ака, - касе ба миёни гап даромад ва илова кард: - Он вақт дар гӯштин мақсад дигар буд. Ба хотири он ки Саидмуъмин бо Алӣ гӯштин бигирад, комиссар ҳиллаи худро истифода бурд. Ва, ҳине ки ӯ дастболо гардид, чун дигарон Саидмуъмнро оғӯш гирифта гуфтааст: «Ба мо ана, ҳамин хел сарбози ҷасур лозим...» - Ҳамин хел? – хандида пурсид мард. - Ҳа, ана ҳамин хел, - гуфт дар ҷавоб ҳамсуҳбаташ. Ҳамон шом суҳбати ҳамсояҳои қадрдон тӯл кашид. Саидмуъмин чун пештара гӯш мекарду завқ мебурд. Эҳсос мекард, ки хешу табор, дӯстонаш ӯро сидқан дӯст медоранд ва ба ҳунараш баҳои баланд медиҳанд. «Пас, ба қадри чунин иззату меҳрубониҳо бояд расид», - мегуфт дар дил. – Хизмати Модар-Ватан қарз аст. Ман бояд онро бо сари баланд иҷро намоям...»

ҳамеша ифтихор мекард. Мехост миёни мардум мисли ӯ бошад. Искандаршоҳи Раҳматулло яке аз паҳлавонони номии кишвар ба ҳисоб мерафт. Ӯро бо ҳунараш дар майдондорӣ бисёр хуб мешинохтанд. Ҳаводоронаш беҳисоб. Устоди варзиш, Қаҳрамони гӯштини Осиёи Миёна ва Қазоқистон, Қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистон, Қаҳрамони қиссаи даҳонии мардум, мураббии номдор, эҷодгари «ҳалуки искандарӣ», - ҳалуке, ки он ба Искандар-паҳлавон мансуб аст. Вақте ки ҳарифаш дар ҳалуки ӯ меафтод, бо вуҷуди талошҳо роҳи раҳоӣ намеёфт

паҳлавон ҳеҷ кас гӯштин нагирифт, ту далерона ба майдон баромадӣ. Қаду қомататро дида, ҳама ҳайрон монданд. Ба ту бовар надоштанд. Яъне: «Алӣ киву ин бача кӣ?» - гуфта баъзеҳо ба забонхоӣ даромаданд. Он вақт бисёриҳо ба гӯштин гирифтанат розӣ набуданд. Вале нангу номуси ҷорӯбқулиҳо боло хест. Ҳатто комиссари ҳарбии ноҳия А. Кадимов бетоқатона наздат омада, дар ҳузури ҳама: «Саидмуъмин, агар дар гӯштин ғолиб бароӣ, туро аз хизмат озод мекунам» - гуфта буд. Ту ғолиб омадӣ, лекин имрӯз дарак ёфтам, ки боз

Се соли хизмат дар кишвари Озарбойҷон (солҳои 1965-1968) барои Саидмуъмини ҷавон дар роҳи варзиш дунёи навро кушод. Аз қадами нахустин тавонист, ки миёни ҳамхизматон бо одоби неку ҳунари баланд маҳбубият пайдо кунад. Овозааш берун аз қисми ҳарбӣ чун бод паҳн гардид. Варзишгарони қисми ҳарбӣ, ҳатто мураббиён пай бурданд, ки паҳлавони тоҷикро бо чашми кам дидан гуноҳ аст. Пеш аз ҳама, бо ҳунараш метавонад ба қисми ҳарбӣ шӯҳрат бахшад, шӯҳрати бузурги варзишӣ. Саидмуъмин дар баробари адои хизмат нозукиҳои гӯштини тарзи озодро аз бар менамуд. Бо вуҷуди чусту чолоку бартарӣ доштан аз машқ дурӣ намеҷуст. Медонист, ки танҳо тамрини доимӣ метавонад касро ба қуллаи мурод расонад. Аҷоиб он буд, ки ба ғайр аз гӯштин дар намудҳои дигари варзиш низ пешсафиро аз даст намедод. Дар оғоз аз рӯи давидан бо монеаҳо ва партофтани норинҷак қаҳрамони полку дивизия гардид. Баъдтар аз рӯи варзиши сабук рекордсмени дивизия шуд. Аз бахту пирӯзиҳои пай дар пай хушҳол буд. Ҳар лаҳзаи вақтро барои хеш қимат медонист. Нозукиҳои гӯштини озоду самборо низ, ки ба гӯштини тоҷикӣ хеле монандӣ доранд, омӯхт. Ва на танҳо дар дивизия, балки дар округи ҳарбӣ ба ҷойи аввал баромад. Ҳамхизматонаш, ки русу тотор, чечену доғистонӣ, озару украин ва ғайраҳо буданд, бо ӯ ифтихор мекарданду дӯсташ медоштанд. Охир, бо ӯ хизмат кардан барояшон ҳаловат, ранги тару тоза дошт. Саидмуъмин низ ба ҳамаи онҳо меҳри беандоза дошт. Чун бародари азиз муомила намуда, хоксориро барои хеш боло медонист. Мисраҳои зерини шоир мудом шиори зиндагиаш буд: Дона то дар хок н-афтад кай ба боло қад кашад, Қадри одам ҳам баланд аз хоксорӣ мешавад. Суханони пандомӯзи падар низ


шуд. Аммо бо Давид Чиларзе кор ранги дигар гирифт. Ӯ ҳатто чӣ тавр ба тахтапушт ҳалол афтиданашро ҳис накард. Ҳатто чанд лаҳза худро ба даст гирифта натавонист. Гӯё ҳама дар хоб бошад, ба шикаст хӯрданаш бовар надошт. Баъд оҳи сард кашида, ноумед ба ҷояш нишаст.

абдулмуъмин раҳимов, падари саидмуъмин раҳимов

ИҶШС (СССР) буд, ӯро наздаш хонд ва бо нармӣ гуфт: - Саидмуъмин, хизмат ҳам ба поён мерасад. Чашм нарасад, ояндаи хуб дорӣ. Аз машқи доимӣ ҳаргиз даст накаш. Рости гап, ман дар симои ту дар риштаи гӯштини самбо қаҳрамони ҷаҳонро мебинам. Бовар кун, ба ақидаи хеш боварии қатъӣ дорам. Лекин ду рӯз боз як масъала маро ором намегузорад. - Кадом масъала? – пурсид Саидмуъмин. - Ҳамвазнони ту барои дар мусобиқаи навбатӣ дар интихоби ман чандон розӣ нестанд. Онҳо мехоҳанд, ки бори дигар бо ту нерӯи хешро бисанҷанд. Ба ин дархости онҳо чӣ мегӯӣ? - Ҳеҷ гап не, - гуфт ӯ, - модом ки кор чунин аст, пас ман ҳам розӣ. Як бори дигар дар гӯштин ҳамдигарро месанҷем. Он гоҳ гилае дар дил боқӣ намемонад. - Офарин ба ту Саидмуъмин! - гуфт бо хушҳолӣ сармураббӣ ва афзуд: - Бовар кун, ман ба розигиат барвақт боварӣ доштам. Пагоҳ онҳоро ба толор даъват мекунам. Бигзор ҳақ ба ҳақдор расад, то дар дил аламе боқӣ намонад. Агар ту дастболо гардӣ, сарам ба осмон мерасад. Зеро ман ба онҳо пешакӣ гуфтам, ки даъвоятон беҳуда аст. Саидмуъмин паҳлавони асилу пурқувват аст. Хоҳед, нахоҳед, ғолибият насиби ӯст. Рӯзи дигар, се паҳлавоне, ки дар вазни 93 кило барои роҳхат гирифтан дар мусобиқаи навбатӣ ҳақталошӣ менамуданд, ҳозир шуданд. - Акнун мебинем, ки кӣ зӯр асту кӣ нозӯр, - ба онҳо рӯй оварда, гуфт сармураббии даста ва илова кард: - Майдон аз далер аст. Метавонед бори дигар ҳунари хешро нишон диҳед. Нахустин шуда, Андрей Гускови рус ба майдон баромад. Нигоҳаш андаке тез, вале қатъӣ буд. Ӯ дар қувваозмоӣ бо Саидмуъмин ҳамагӣ як дақиқаю бист сония бардошт кард. Саидмуъмин тавонист, ки бо як партофти зебое ғалабаи соф ба даст орад. Элнур Алии озарӣ баъди сахт лат хӯрдан аз майдон берун

аст, - гуфт марди қавипайкаре ба ҳампаҳлӯяш, хизмати аскарӣ ӯро мисли модар хуб парваридааст. Чашм нарасад, ана, Рустами замон. - Ҳа, ин бачамард бе назари Худо нест. Нигоҳ кун, аз чеҳраи гармаш нур меборад, - луқма партофт шарикаш ва лаҳзае пас афзуд: - Худованд бахту

қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо саидмуъмин раҳимов (1975)

- Акнун боз чӣ мехоҳед? - ба онҳо рӯй оварда гуфт сармураббии даста Юрий Захарчук. Ҳама мисли он ки мушти обдоре хӯрда бошанд хомӯш буданд. Онҳо бори дигар дасти Саидмуъминро барои пирӯзӣ бо қаноатмандӣ фишӯрда, аз толор берун шуданд. - Айб шуд, - бо димоғи сӯхта ба рафиқаш рӯй оварда гуфт Элнур. - Мо бояд чунин рафтор намекардем. Охир, зӯр зӯр аст, тан додан даркор. Мо бошем, даъвои беҳуда намудем. Дидаву дониста, сангамонро сабук кардем. Кошки ғалаба мекардем… - Рост мегӯӣ, - гуфт дар ҷавоб дуюмӣ. - Мани аблаҳро чунон бардошта зад, ки нафасам гирифт. Аҷаб боқувват будааст. Чунин тоҷики паҳлавонро акнун мебинам... - Туро намедонам, - гуфт Элнур, лекин ман минбаъд аз шарм ба рӯи сармураббӣ нигоҳ карда наметавонам. Ба хаёлам шармандагӣ аз ин зиёд намешавад… Авҷи баҳори нозанини соли 1968. Баъди поён ёфтани муҳлати хизмати ҳарбӣ Саидмуъмин бо сари баланд ба диёр баргашт. Талу теппа, дашту даман гулпӯш буд. Ба димоғ бӯи мушку анбар мезад. Дил чун чашма ба ҷӯш меомад. Саидмуъмин, ки худ баҳорро бисёр дӯст медошт, дар нигоҳ боз ҳам мешукуфт. Чеҳраи дилкаш, китфони васеъ, қаду қомати баландаш ба рӯяш механдид. Ҳамдиёрон аз қадам ранҷа намудани паҳлавони овозадори хеш хушнуд буданд. - Дар вақту соаташ омадӣ, - бо чеҳраи кушода мегуфтанд ҳамдиёрон. - Ҳоло дар ҳар як гӯшаи диёр Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн мегиранд. Саидмуъмин, дар ҳақиқат, зеби маърака буд. Қаду қомат, дасту панҷаи пуррааш аз паҳлавони ҳақиқӣ буданаш дарак медод. Нигоҳи гармаш касро мафтун менамуд. Ӯ орому ботамкин гирди майдон чарх мезад. - Бин, аҷаб ҷавони зебое шуда-

қувваташ диҳад. Мо низ чун дигарон муштоқи дидори ӯ ҳастем… Он рӯз дар майдон ҳамаи онҳое, ки бо ӯ қувваозмоӣ намуданд, пайи ҳам ба машғлубият дучор шуданд. Пеш аз ҳама, паҳлавони маъруфи мардумӣ Афғон-паҳлавон, ки ҳанӯз пушташ заминро надида буд, шикаст хӯрд. Ӯ дар гӯштин дигар ҳамто надошт. Модар баъди адои хизмати аскарӣ ба қаду қомати зебои писари паҳлавонаш чашм дӯхта аз шодӣ меболид. Ва худ ба худ мегуфт: «Худоё, аз суқи чашми мардум нигоҳаш дор. Худову ростӣ, дар Ҷорӯбқули мо мисли Саидмуъмини ман ҷавонмарди паҳлавонсурату зебо кам аст. Беҳуда нест, ки духтарони қадрас ҳавасашро мехӯранд. Чашм нарасад, аз нигоҳаш сер намешавӣ. Аз рӯзе, ки хона омадааст, номаш дар забони мардум. Хубрӯёни гирду атроф аллакай ошиқи шайдояш ҳастанд. Дина дар лаби чашма, аснои обгирӣ, чунон баҳс шуд, ки гуфтан надорад. Гулдухтарони зебо келини ман шудан мехоҳанд. Яке бо сухан розашро мегӯяду дигаре ошкоро. Намедонам, ки кадомашро барои худ келин кунам. Ба рӯяшон нигоҳ кунӣ, дар хушрӯӣ чашму дилатро мебаранд. Саидмуъмини шӯхи ман парвои дунё надорад. Ҳушу гӯшаш ба гӯштину паҳлавонӣ. Охир, ба ман келину дастёр даркор. Солам ба ҷое расидааст. Вақту соаташ гузашт, дигар чӣ даркор?» Бегоҳӣ, ҳине ки модар аз чашма об мегирифт, Моҳрухсори Шариф, ки дар хушрӯӣ, қаду қомат, чашму абрӯ ҳамто надорад, ба модар дида дӯхта, бо шӯхӣ гуфт: - Холаҷон! - Лаббай, духтари ҷон. - Мегум, ки ҳамин хел об кашида меистӣ? - Охир, чӣ кор кунам? Духтари қадрас надорам, ки дастам гирад. - Э холаи содаме. Намедонам, ки ба ту чӣ гӯям? О ягон моҳпайкарро келин гирӣ намешавад? – ханда дар лаб гуфт Моҳрухсор.

- Рост мегӯӣ, духтари ҷон, - гуфт бо табассум модар ва илова кард: - Гапат ҷон дорад. Ба фикри ту ман бояд киро келин кунам? - Э холаи ширине. Бин, аз сари худам сар карда, то поёни деҳа ҳама духтарони рехтаву дилкаш. Ягон дилкашатро тез келин куну орзуву ҳавас бишкан. Агар дер кунӣ, он вақт аз худат гила кун, холаҷон. - Рост мегӯӣ, духтарам, рост. Лекин Саидмуъмини ман ягон бор дар ин бора даҳон накушодааст. Ақаллан номи туро мегирифт, барои тӯй рӯзро шаб намекардам. - Хайр, як бор аз худаш пурс, ки чӣ мегӯяд? Ва бо табассум боз илова кард: - Суст наё, холаҷон. Агар андаке дер кунӣ, аҷаб не маро шамоли Ҷорӯбқул ҷониби дигар партояд… - Хуб шудааст, духтарам, - гуфт модар, - ту барин духтари хушрӯйро ман дар рӯи замин намеёбам. Ба Худо, ки аз чӯҷаи парӣ кам нестӣ. Аз панҷ панҷаат ҳунар мерезад. Илоҷ мекунам, ки туро аз даст надиҳам. Онҳо шӯхикунон дар гардишгоҳи кӯча аз ҳам ҷудо шуданд. Модар роҳравон худ ба худ меандешид: «Ба қаду қомати духтари мардак хирмани тилло резӣ ҳам меарзад. Ба ҳар хонае, ки афтад, ҳаргиз хору зор намешавад...» Вақти хӯроки шом модар бо шӯхӣ аз Саидмуъмин пурсид: - Бачам, ягон духтари хушрӯи деҳаро таги чашм кардаӣ ё не? - Не, оча, - хандида гуфт Саидмуъмин. - Чӣ хел не? Охир, ман ҳам дар дил орзуву ҳавасҳо дорам. Мехоҳам, ки мисли дигарон келин дошта бошам. Ту бачаи калони хона ҳастӣ. Ё худам келин интихоб кунам? - Ҳоло лозим нест, оча. Ақаллан дар ягон ҷой хонда маълумот гирам. Баъд вақту соаташ омад, худам мегӯям, ки келинатро интихоб намо. - Ба дилакат бачам, боз нагӯӣ, ки очам дар фикри ту нест. - Не, не, очаҷон, - хандида гуфт Саидмуъмин ва бо оҳанги нарм илова кард: - Барои ман ҳоло муҳимтар хондан аст, хондану машқ кардан... Овозаи аз хизмати аскарӣ баргаштани Саидмуъминро шунида, худи Искандаршоҳи Раҳматулло бо чанд тани дигар ба хонаашон омаданд. Ӯ аз қадам ранҷа намудани ин паҳлавони овозадор хушнуд шуда, тозон ба пешвозаш баромад. Онҳо дар саҳни ҳавлӣ ҳамдигарро гарму ҷӯшон оғӯш гирифтанд. Аз табассуми ширини паҳлавон дар нигоҳ гӯё шаҳду шакар мерехт. Дидаҳо ба рӯи ҳамдигар механдиданд. - Чӣ гумон кардӣ, ки фаромӯшат кардам? - ханда дар лаб ҳарф зад паҳлавон. Ман дар гапи худ қатъӣ ҳастам. Ҳар кореро, ки ният кардам, албатта, онро бе ягон каму костӣ иҷро мекунам. Охир, Кӯлоб кайҳо туро интизор аст. Мардум ҳам аз туву Ҷорӯбқули овозадорат умеди калон доранд. - Не, не, устод. Ҳаргиз фаромӯш накардаам, - каме шармида гуфт Саидмуъмин. - Ният доштам, ки ҳафтаи пешомад наздатон равам. Тақдирро бин: гӯё ҳамдигарро мефаҳмида бошем, пеш аз ман Шумо омадед.

Раҳими Рафеъзод, Самариддин АСОЗОДА, «ҶТ» (Давом дорад)

e-mail: javonontj@mail.ru

ҳамеша дар гӯшаш садо медоданд: “ Ба ҳама якранг бош, писарам. Пеш аз ҳама, дар ҳолати гӯштин гирифтан бо ҳарифат хашмгин мабош. Хашмгинӣ душмани инсон аст...» Боре баъди пирӯзӣ дар дивизия оид ба гӯштини самбо сармураббии сахтгираш Юрий Захарчук, ки Устоди варзиши

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

9

одамони сарбаланд


«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

10

РӮЗНОМАИ «ХАЛҚ ОВОЗӢ» 85-СОЛА ШУД

Матбуот ҳамчун воситаи муҳими бархӯрдор намудани мардум аз рӯйдоду воқеаҳо ва ташаккул додани тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми хосаву нақши ҳалкунанда дорад. Вазъи ҷомеаро бо ҳама паҳлӯҳояш инъикос намуда, мушкилу монеаҳоро ошкор ва бартараф месозад. Матбуоти даврии мо дар зарфи беш аз сад соли мавҷудият оинаи ҷомеа ва роҳнамои мардум буд. Ҳамчун воситаи муҳиме миёни ҷомеа ва ҳукумат барои рафъи мушкилиҳову фаъолияти хуби мақомот ва таҳким бахшидани давлатдорию пешравии кишвар мусоидат кард. Дар ҳалқаи адои ин рисолат нақши рӯзномаву ҳафтаномаҳо рӯз то рӯз вусъати тоза мегирад.

баву маълумот то соли 1930 дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳашт рӯзномаи ҷумҳуриявӣ фаъолият мекард ва яке аз онҳо «Халқ овозӣ» буд, ки моҳи феврали соли 1929, баъди таъсисёбии Ҷумҳурии Сотсиали-

Устод Мирзо Турсунзода рӯзномаро «оинаи ҳаёт» ва «майдони тахти қалам» номидааст. Оғози матбуоти тоҷик ё матбуоти миллии мо ҳам

стии Тоҷикистон, дар марҳилаи дуюми матбуоти тоҷик бо номи «Қизил Тоҷикистон» («Тоҷикистони сурх») арзи вуҷуд кард. Дар замони

Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар ин ҷо шаш сол аз мудирии шуъба то сармуҳаррири рӯзнома кор кардаанд. Шодравон Ғафур Ғулом вақти ташриф оварданашон бо табассум «омадам, ки ҷазираи ӯзбекзабонҳои Тоҷикистонро зиёрат кунам», мегуфт.

боб ҷӯшу хурӯши корҳои созандагию бунёдкории ҷумҳуриро дар он солҳо, ки аз кандани каналҳову шодоб намудани заминҳо, сохтани роҳҳои оҳану мошингард ва заводу фабрикаҳо иборат буд, воқеию

рӯзномаи «Халқ овозӣ» буда, қариб панҷоҳ соли ҳаёти хешро ба кори он бахшидааст. Соли 2009 бо устод Улмас Ҷамол суҳбатеро ба ифтихори 80-солагии «Халқ овозӣ» анҷом дода, тавассути рӯзномаи

Сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманнон бо котиби масъули рӯзнома Искандар Маҳмадалиев рӯзномаи нав чопшударо муҳокима мекунанд

Маконе, ки Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст таъсирбахш инъикос кардааст. Ба мактубҳову мақолаҳои вобаста ба масъалаҳои муҳим ва мушкилоти рӯз нашрнамудааш аз ҷониби идораву сохторҳои

«Ҷавонони Тоҷикистон», ки дар майдони матбуот бо фарқи як сол ҳамқадаму ҳамсоли «Халқ овозӣ” мебошад, пешкаши хонандаҳо намудам.

e-mail: javonontj@mail.ru

Сурати тарихӢ. Дар мобайн сармуҳаррири рӯзномаи «Совет Тоҷикистони», нависандаи маъруф ҳоҷӣ Содиқ

рӯзнома аст. Бо нашри аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» сабзид ва марҳила ба марҳила рушду нумӯ карда, самараи дилхоҳ ба бор овард. «Бухорои шариф» як соли пурра ҳам фаъолият накард, вале барои мардум хизмати босазое кард. Ба қавли устод Айнӣ, дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро дар рӯшноии худ ба роҳи саводу маърифат ва бедорию худшиносии миллӣ бурд. Тибқи ман-

рӯзнома кор кардаанд. Шодравон Ғафур Ғулом вақти ташриф оварданашон бо табассум «омадам, ки ҷазираи ӯзбекзабонҳои Тоҷикистонро зиёрат кунам», мегуфт. Улмас Ҷамол соли 1963 ба ин даргоҳ

Шӯравӣ ин рӯзнома миёни хонандагонаш, ки ба 120000 нафар расида буд, таваҷҷуҳу маҳбубияти хоса пайдо кард. Вақте бастаи шумораҳои ин рӯзномаро варақ зада, мехонӣ, саҳми назаррасашро ба сифати як воситаи бонуфузи ахбори омма дар инъикоси рӯйдоду масъалаҳои муҳими солҳо ва тарғибу таҳкими робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ пайдо мекунӣ. Дар оғози фаъолият бо хабару гузориш ва мақолаҳои хондан-

дахлдор посухи баррасиву чораандешӣ ва ҳалли онҳоро гирифтааст. Соли 1979 бо иштироки намояндагони ҳукумати вақт, олимону донишмандон ва ходимони нашрияҳои гуногун 50-солагии рӯзнома дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шуд. Он солҳо сармуҳаррири рӯзнома шодравон Ҳоҷӣ Содиқ ва котиби масъулаш шоир ва рӯзноманигор Улмас Ҷамол буданд. Устод Улмас Ҷамол яке аз соҳибқаламони собиқадори

Ҳангоми суҳбат Улмас Ҷамол аз кору рӯзгори рӯзнома бо меҳру муҳаббати самимӣ қисса карда, «Халқ овозӣ» хонаи дуюми ман аст» гуфта буд. Хотираҳояшро варақ зада, бо ифтихор мегуфт, ки: “… Дар ин даргоҳи зебо ҳатто шахсиятҳои бузург кор кардаанд. Инсонҳои фурӯтану фарҳангӣ ташриф меоварданд. Аз ҷумла, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар ин ҷо шаш сол аз мудирии шуъба то сармуҳаррири

барои кор омадааст ва шояд шарофати қадам ва заҳмати устод ҳам бошад, ки «Халқ овозӣ» дар ин сол бо ордени «Байрақи сурхи меҳнат” қадрдонӣ гардид. Албатта, даргоҳи ҳар як рӯзномаву маҷалла ва дигар васоити ахбори омма як мактаби бузурги тарбияи маънавию ҷаҳонбинӣ ва огаҳию худшиносӣ барои қаламбадаст ва дӯстдори роҳи эҷод аст. Аз ҳар лаҳзаи рӯзгор ва муҳити зебову созгори он меомӯзад, месабзаду месозад, истеъдоду маҳорати касбиаш ташаккул меёбад ва ниҳоят, рӯзноманигору нависанда ё шоиру олим мешавад. Даргоҳи рӯзномаи «Халқ овозӣ» ҳам яке аз чунин мактабҳо буд, ки 85 сол боз теъдоди зиёди қаламкашони ҷавонро чун Улмас Ҷамол дар оғӯши зебои фарҳангиаш парварида, ба камолоту комёбиҳои эҷодӣ расонд. Баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон рӯзнома номашро аз «Совет Тоҷикистонӣ» («Тоҷикистони Советӣ»), ки соли 1955 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта буд, ба «Халқ овозӣ» («Овози халқ») иваз намуд. Ҳоло фаъолияти пурсамари онро гурӯҳи эҷодии пурқувват вусъату идома мебахшад.

Валиҷон БАЁНӢ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ


Барои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ чӣ бояд кард? Чанде пеш субҳгоҳон, ҳангоми ба кор рафтанам, духтараке салом дод. Саломашро алейк гирифтаму роҳамро идома додам. - Нашинохтед, амак? – гуфтани духтарро шунида, истодам. Дурусттар диққат дода, базӯр шинохтам. Ӯ духтари як рафиқам, ҳамсоли писарам буд, ки якуним сол пеш ба шавҳар дода будандаш. Ончунон харобу рангаш зард гаштааст, ки аз синну соли худаш калон менамуд. Сабаби ба чунин ҳол гирифтор шуданашро баъдтар фаҳмидам. Он рафиқам хеле ҳунарманд ва ҳалолкор буд. Зиндагиаш миёнаҳолона мегузашт. Духтарашро як хешашон келин кард. Бо сабаби он ки ҷиҳози духтараш хоксорона буд, хушдоман гӯшу майнаи ӯро хӯрда, ҳамарӯза ҷиҳози кам оварданашро таъна мекард. - Падару модарат ҳеҷ чиз накарданд, ту лоиқи хонаводаи мо набудӣ, – гӯён духтари бечораро ба ҷон овард. Ба назари хушдоман на ҳусну одоби духтар, на меҳнатдӯстии ӯ наменамуд. Ба болои тӯли як сол пичингу киноя задан ва таҳқир кардани келинаш хушдомани золим писарашро амр намуд, ки ҷавоби арӯсашро диҳад. Неши забону фишори рӯҳӣ овардани хушдоману шавҳар ва дар 20-солагӣ аз ҳамсар ҷудо шудан ин духтарро чунин лоғар ва аз зиндагӣ дилсард кард.

Зӯроварӣ танҳо латукӯбро дар бар намегирад. Паст задани шаъну эътибори узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб (шантаж) ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин, дигар амалҳои ба ҳамин монандро зӯроварии рӯҳӣ мегӯянд. Ба гуфтаи рӯҳшиноси собиқадор, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ тифл дар батни модар тамоми ҳолати равонии модарро эҳсос мекунад. Зани ҳомилае, ки дучори фишори равонӣ ва афсурдаҳолӣ мешавад, тифли ӯ низ аз лиҳози равонӣ метавонад бемор гардад. - Ғам, андӯҳ, шунидани дашному таҳқир на танҳо занро афгор месозад, балки ба тифли дар батнбудаи ӯ низ зиён мерасонад, - мегӯяд Саидҷон Нодирӣ. - Аз ин рӯ, вақте шавҳар ва ё хушдоман ба ҳамсару келини худ заҳри забон мезананд, онҳо на танҳо ҳамсару келин, балки фарзанду набераи худро бемор месозанд. Баъзеҳо то ҳол чунин ақида доранд, ки гӯё занонро зери шиканҷа гирифтан тақозои дини мубини ислом бошад. Ин ақида хатост. Тавре имом-хатиби масҷиди ҷомеи ба номи Фатҳуллоҳхони Чустии ноҳияи Шаҳринав Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳ Асроров иброз дошт, Худованд дар “Қуръон” бо занон зисти некӯ ва муомилаи хуш карданро таъкид намудааст.

- Яке аз сабабҳои роҳ додан ба зӯроварӣ ва ҷангу ҷидол дар оила огоҳ набудани ҳамсарон аз ҳуқуқҳои шаръии ҳамдигар мебошад, - мегӯяд Ҳоҷӣ Ҳабибуллоҳ Асроров. - Мавлоно Абдурауфи Сукравӣ дар китоби «Талоқи хонумонсӯз» дар хусуси ҳуқуқи зан бар мард чунин фармудааст: “Мард бояд бо ҳамсараш хушмуомила бошад. Агар аз зан хатое содир шуд, ба мулоиматӣ роҳи ислоҳи онро фармояд. Беҳуда ба занаш бадгумон нашавад. Дар таъминоти иқтисодии зан хасисӣ накунад. Дар баробари ин, ба исрофкорӣ низ роҳ надиҳад. Занро бо сарпаноҳ (манзил)-и хуб таъмин созад. Ба зан иҷозати мулоқот бо волидайн ва хешовандонашро бидиҳад. Суханони маҳрамонае, ки миёни ӯву ҳамсараш мешавад, ба дигарон нагӯяд. Бе зарурат талоқро ба забон нагирад… Бо мақсади пешгирии зӯроварии хонаводагӣ 19 марти соли гузашта дар мамлакат Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул шуд. Барои фаҳмонидани моҳияти қонуни мазкур кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Занони маълумоти олидор» ба 8 мактаби олӣ ва коллеҷҳои кишвар рафта, бо донишҷӯён мулоқот карданд. Тавре раиси ташкилоти мазкур Гулҷаҳон Бобосодиқова иброз дошт, иддае аз ҷавонон моҳияти қонунро дуруст нафаҳмида, чунин ақида доранд, ки он гӯё боиси дар оила паст гаштани

нақши мардон мешуда бошад. Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва одоби муошират ҳоло корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст. Ба гуфтаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Махфират Хидирова, соли гузашта якҷо бо Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Фарҳанги ҳуқуқиву гендерӣ барои имомхатибон» чор суҳбати гирди мизи мудаввар доир гашт. Ҳамчунин, бо мақсади дастрасии бештари занон ба адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон дар 13 шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ марказҳои иттилоотӣ-машваратии ноҳиявӣ таъсис ёфт. Бо кӯшишу дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ”, ТҶ «Академияи муколама» ва Оҷонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ китоби «Сад саволу сад ҷавоб дар бораи зӯроварӣ дар оила» бо теъдоди 3000 нусха ба чоп расида, дастраси шаҳрвандони ҷумҳурӣ гардид. Чопи ин гуна дастурҳо, мақолаву хабарҳо, гузаронидани симпозиум, семинару конфронсҳо, суҳбатҳои гирди мизи мудаввар, баргузории вохӯриву шабҳои саволу ҷавоб ва татбиқи дигар чорабиниҳо ба пешгирии зӯроварӣ дар оила мусоидат хоҳанд кард. - Ҷавонон бояд дар рафъ намудани анъанаҳои шахшуда пешқадам бошанд, мегӯяд Г. Бобосодиқова. – Зане, ки дучори зӯроварии хонаводагӣ гардид, аз куҷо фарзанди солим ба дунё меорад? Аз ин рӯ, бояд оилаи асри 21 солим, хушбахт ва пур аз муҳаббату самимият бошаду дар он зӯроварию дилсиёҳӣ роҳ наёбад.

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

11

МАЪРИФАТИ ОИЛАДОРӢ

С. СУННАТӢ, “ҶТ”

БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ

Тамаддуни халқи мо бо Наврӯз оғоз мегардад, яъне, Наврӯз фарҳанги мардуми мо маҳсуб ёфта, аз давраҳои бостон то имрӯз бо беҳтарин арзишҳои худ ба зиндагии мо рангу таровати хоса мебахшад. Тибқи сарчашмаҳои зиёди таърихӣ, адабӣ ва фарҳангӣ пайдоиши Наврӯз ба замони Ҷамшед марбут буда, панҷуним ҳазор сол инҷониб ҳамчун рӯзи хуҷаста, оғози сол таҷлил мегардад. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст. Аз ин рӯ, Наврӯз барои мардуми мо ҷашни муборак маҳсуб меёбад. Имрӯз ба шарофати истиқлолият Наврӯзро чун ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик бо самимият ва шаҳомати хоса таҷлил мекунем ва рӯҳи озодаи онро дар вуҷуди худ дубора эҳсос менамоем. Ин иди ниёкон давоми таърихи чандҳазорсолаи хеш бурду бохти зиёдеро аз сар гузаронида, ҳамчун рамзи безаволи тамаддуни ориёӣ бо мазмуну муҳтавои зиндагисози худ то имрӯз ҳангоми аз бурҷи Ҳут ба бурҷи Ҳамал ворид шудани оф-

Марҳабо, фасли эҳёи табиат

тоб ва фарорасии рӯзи эътидоли баҳорӣ бо номҳои иди рӯзи нав, оғози сари сол, эҳёи табиат ва бедории замин ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр кард, ки Наврӯз ҳанӯз дар аҳди Курӯши Кабир ва Дорои бузург дар толорҳои бузурги тахти Ҷамшед, бахусус, қасри сафеди “Садсутун” бо иштироки аҳли созу наво ва табақаҳои гуногуни ҷомеа дар сатҳи давлатӣ беш аз як ҳафта таҷлил мегардид. Махсусан, дар аҳди давлатдории Сосониён ва Кӯшониён маросими мардумии Наврӯз, Меҳргон ва Сада то дараҷае шуҳрат ёфтаанд, ки

барои пазироии онҳо дар дарбори салтанат вазири махсусе кордорӣ мекард. Маҳз дар ҳамин давра бо саъю кӯшиши Борбади Марвазӣ ва пайравонаш силсилаи оҳангҳои машҳури «Хусравониёт» падид омаданд, ки баъдтар дар аҳди ислом бо номи «Тариқат-ул-мулукия» машҳур гардида, ба ташаккули созу навои халқу қавмҳои дигар низ таъсири бузург расонид. Ҳарчанд дар тӯли таърих истилогарони аҷнабӣ барои аз байн бурдани ҷашни Наврӯз ва дигар оинҳои қадимаи халқҳои ориёинажод борҳо кӯшидаанд, вале бо ҳидояту пуштибо-

нии фидокоронаи хонадонҳои фарҳангдӯст ва фарзандони донишманду ғаюри халқамон, бахусус, аз тариқи урф фатвои шаръӣ додани фақеҳи бузург Имоми Аъзам ин оин ба тамаддуни ислом ва суннатҳои исломӣ мутобиқ гардида, на танҳо ҳамчун яке аз рукнҳои таркибии фарҳанги мардуми ориёинажод, балки қавму миллатҳои дигар низ шинохта шудааст ва идома пайдо мекунад. Ниёгонамон ба хотири бақои суннатҳои ҷовидонаи худ ҳамеша талош мекарданд ва дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ ба василаи мутобиқ сохтани суннатҳои мардумӣ бо сиёсати зимомдорони замон ба онҳо умри дубора мебахшиданд. Тавассути чунин тадбирҳо аҷнабиёни истилогар маҷбур гардиданд расму суннатҳои қадимаи аҷдоди моро дар доираи одоби мусулмонӣ ҷой дода, ҳатто истиқболи расмии Наврӯзро бо номи «Оини Ҷамшед» рухсат диҳанд. Ба ҳамин тартиб, расму оини кӯҳани Наврӯз тадриҷан ба яке аз сарҳалқаҳои пайванди тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни ислом мубаддал гардида, дар тӯли ҳазорсолаҳо бо ҳифзи асолату ҳувияти аслиаш ташаккулу таҳаҷввул ёфт ва то ба имрӯз дар ҳудудҳои паҳновари Оси-

ёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Покистон, Ироқ ва минтақаву кишварҳои дигар ҷашн гирифта мешавад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ бузургдошти оини Наврӯз дар кишвари мо низ вусъати тоза гирифта, дар сатҳи давлатӣ истиқбол гирифтани он арҷгузории миллати тоҷикро ба ҳифзи симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, пойдории рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ, орзуву омоли наҷиби созандагӣ ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ ифода месозад. Яъне, Наврӯз дар роҳи дарози тайкардаи худ аз саҳнаҳои пурҳангомаи таърих гузашта, имрӯз то ба асри инқилобҳои илмию техникӣ ва муъҷизаҳои кайҳонии замони мо расидааст ва барои наслҳои имрӯза асолату ҳувияти миллӣ, ормонҳои волои созандагиву бунёдкорӣ ва башардӯстиро талқин менамояд, орзуву ормонҳои хуҷаставу зиндагисози гузашта, имрӯза ва ояндаро бо ҳам пайванд месозад ва дар оғози корҳои бузургу ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ба мардуми кишвар рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Ю. САФАРАЛИЕВ, корманди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

e-mail: javonontj@mail.ru

Имрӯзҳо дар кишвари хуршедии мо ба истиқболи соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи Аҷам омодагӣ мегиранд.


«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

12

ҷаласа

футбол

Дастури Сарвазир оид ба рушди варзиш 21 феврал дар ҳузури Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор гардид. Дар он рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи шӯро аз моҳи ноябри соли 2011, масоили маблағгузории соҳаи варзиш дар мамлакат, ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ, омодагӣ ва иштироки варзишгарони кишвар дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар солҳои 2014-2016, ҳамчунин, тайёрӣ ба баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба таэкван-до (ИТФ) байни наврасон дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре таъкид гардид, роҳбарияти Ҳукумати мамлакат ба масоили рушди варзиш таваҷҷуҳи рӯзафзун зоҳир намуда, барои варзишгарон давра ба давра шароити зарурии машқу тамрин фароҳам оварда мешавад. Вобаста ба ин, аъзои шӯро ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор гардиданд, ки иҷрои ҳатмии дастуру

супоришҳои Сарвари давлатро, ки дар мулоқот бо варзишгарони мамлакат баён гардиданд, сари вақт таъмин намоянд. Қоҳир Расулзода оид ба оммавӣ гардонидани варзиш миёни ҷомеа, таъмиру таҷдид ва бунёди иншооти замонавии варзишӣ, тайёрӣ ва иштироки варзишгарон дар Бозиҳои XXXI олимпӣ дар Рио-де-Жанейро (соли 2016), Бозиҳои дуюми олимпӣ байни наврасон дар Нанкин (соли 2014) ва Бозиҳои варзиши Осиё дар Инчхон (соли 2014) ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамчунин, барои иҷрои Барномаи рушди футбол барои солҳои 2012-2014 ва оммавӣ гардонидани ин намуди варзиш, Барномаи рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

олимпиада-2014

Олимпиада бо ғалабаи Русия анҷом ёфт Ягона варзишгари кишвар Алишев Қудратов, ки дар Олимпиадаи зимистона дар шаҳри Сочии Русия Тоҷикистонро намояндагӣ кард, 22 феврал дар мусобиқаи лижаронӣ дар кӯҳ ширкат кард, вале то марра расида натавонист. Алишер Қудратов дар қатори 39 лижарони дигар дар даври аввал то марра расида натавониста, аз идомаи минбаъдаи мусобиқа маҳрум шудаанд. Дар ин мусобиқа миёни 117 лижарон танҳо ба 77 нафар муяссар шуд, ки то марра расанд. Дар натиҷа, дастаи Русия ҳам аз рӯи шумори медалҳо ва ҳам аз рӯи медалҳои тилло рекорди нав гузошта, дар ҳайати даставӣ мақоми аввалро соҳиб гардид. Варзишгарони рус ба гирифтани 33 медал – 13 медали тилло, 11 медали нуқра ва 9 медали биринҷӣ ноил гардиданд. Дастаи олимпии Норвегия бо 26 медал – 11 тилло, 5 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷои дуюм қарор гирифт. Мақоми сеюмро дастаи Канада бо ба даст овардани 25 медал – 10 тилло, 10 нуқра, 5 биринҷӣ соҳиб шуд. Дар умум, 26 кишвар соҳиби медалҳои олимпӣ шуданд. Варзишгарони 21 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Шоми 23 феврал Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Сочии Русия бо як маросими пуршукӯҳ

Мубориза барои Ҷоми ФФТ оғоз шуд Бозиҳои даври муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз шуданд. Ин бозиҳо дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон доир гашта, дудастаӣ аз Суғду Хатлон ва чор даста аз Душанбе ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар минтақаи Душанбе дар гуруҳи “А” дастаи “РегарТадАЗ” бо тими КМВА “Помир” вохӯрда, бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 40 Акбар Бобо-

муродов зад. Дар бозии дигари гуруҳи “А” тими “Истиқлол” ба дарвозаи дастаи ҷавонони мамлакат 12 голи беҷавоб зад. 6 голро легионери бразилӣ Ҷосимара Насименто ба ҳадаф расонд. Дилшод Восиев се гол ва Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Хуршед Маҳмудов якголӣ заданд.

футболи хурд

Рақибони Тоҷикистон муайян шуданд Ҷадвали бозиҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё2014 оид ба футболи хурд, ки аз 30 апрел то 10 май дар шаҳри Хошимини Ветнам доир мегардад, тасдиқ шуд.

ба поён расид. Парчами олимпӣ дар ин маросим ба шаҳрдори Пёнчанги Кореяи Ҷанубӣ - мако-

ни Олимпиадаи зимистонаи оянда супурда шуд.

Тими футболи хурди кишвар таҳти роҳбарии сармураббӣ Дамир Камолиддинов дар бозии нахустинаш 30 апрел бо дастаи Кувайт вомехӯрад. Дар даври дуюм, 2 май, рақиби дастаи Тоҷикистон мизбони бозиҳо тими Ветнам хоҳад буд. Дар даври охир, ки 4 май доир мегардад, шогирдони Дамир Камолиддинов бо тими Ироқ бозӣ мекунанд. Гурӯҳҳои даври ниҳоии Чемпионати Осиё-2014 оид ба футболи хурд ба ин тартиб муайян шуданд: Гурӯҳи «А»: Ветнам, Кувайт, ТОҶИКИСТОН, Ироқ. Гурӯҳи «В»: Эрон, Австралия, Чин, Индонезия. Гурӯҳи «С»: Тайланд, Ливан, Тайбэйи Чин, Малайзия. Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ.

e-mail: javonontj@mail.ru

тирпаронӣ

Мусобиқа миёни мақомоти қудратӣ 20 феврали соли равон бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи мамлакат миёни мақомоти қудратии мамлакат мусобиқаи тирпаронӣ доир гардид. Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсумахон Муинова суханронӣ кард. Номбурда сарбозонро ба мусносибати 21-солагии таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, таъкид дошт, ки мақсад аз баргузор намудани чунин мусобиқаҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифти-

хори миллӣ миёни афсарону сарбозон мебошад. Дар мусобиқа афсарону сарбозони 6 қисми низомӣ иборат аз 6-нафарӣ миёни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, ҷои аввал насиби сарбозони дастаи Гвардияи миллӣ гардид. Ҷои дуюмро дастаҳои Вазорати мудофиа ва Қӯшунҳои дохилӣ ишғол намуданд. Дастаҳои Сарраёсати

Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Бригадаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ бо ба даст овардани миқдори нисбатан ками холҳо соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Иброҳим Мирзоев, мудири бахши тарбияи ватанпарастии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ яке аз ҳадафҳои доир намудани чунин мусобиқаро ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ арзёбӣ намуд.

- Тамоми мусобиқаҳое, ки имрӯз миёни ҳам хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳам насли ҷавон доир мегарданд, бе ягон худситоӣ сатҳу сифати иштироки ҷавонон дар онҳо зиёд гардида истодааст. Бояд қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷалби ихтиёрии онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, зимни мусобиқаҳое, ки мо доир менамоем, хонандагони макотиби миёна ва ҳам ҷавононе, ки фардо ба сафи Қувваҳои Муссалаҳ ҷалб мегарданд, иштироки фаъолона мекунанд, - гуфт И. Мирзоев.

Наврӯз ҚУРБОНОВ, “ҶТ”


“Ҷоми сипос” ба шаҳрдори Сочӣ Анатолий Пахомов, шаҳрдори Сочӣ аз Томас Бах, Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ “Ҷоми сипос” барои сабурии сокинони шаҳр дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, ки аз 7 то 23 феврал баргузор шуд, дарёфт кардааст. Бино ба иттилои “ИТАР-ТАСС” дар ҷом навишта шудааст, ки “Ба сокинони Сочӣ бо нишони эҳтиром аз Кумитаи олимпӣ”. Пахомов гуфтааст, ки Томас Бах аз ӯ хоҳиш намуд, ки барои сабру таҳаммул ба тамоми бошандагони Сочӣ миннатдорияшро бирасонад. Олимпиадаи Сочӣ нахустин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Русия буд. Соли 1980 СССР Бозиҳои тобистонаи олимпиро мизбонӣ кард.

Қуръапартоии ЕВРО-2016 доир шуд 23 феврал дар шаҳри Нитсе маросими қуръапартоии даври интихобии Чемпионати Аврупо-2016 оид ба футбол баргузор шуд.

Клуби “Генк”-и Белгия, ки дар Лигаи Аврупо рақиби “Анжӣ”-и Махачқалъа мебошад, сармураббияш Марио Бенро ба истеъфо фиристодааст. Сомонаи расмии клуб на- ҷавобии “Генк” ва “Анжӣ” дар вишта, ки Бени 50-сола баъди даври 1/16-финалии Лигаи он аз вазифа сабукдӯш шуд, Аврупо шоми имрӯз баргузор ки даста дар мусобиқаи фут- мешавад. Дидори аввал, ки 20 боли Белгия бозии муваффақе феврал баргузор шуд, мусовӣ анҷом надод. Манбаъ гуфтааст, (0:0) анҷом ёфт. исми сармураббии нави бошгоҳ Баъди 27 даври Чемпионаба зудӣ эълон хоҳад шуд. Аммо ти Белгия “Генк” бо 41 хол дар то он вақт дастаро Пер Дене ва ҷадвали мусобиқа дар мақоми Ханс Виссер, ки дар ситоди му- шашум қарор дорад. раббиёни Бен буданд, роҳбарӣ Бен аз соли 2011 дар курсии хоҳанд кард. Гуфтанист, бозии сармураббии “Генк” менишаст.

Мусовии “Рубин” бо “Бетис”

Бошгоҳи “Рубин”-и Қазон дар даври 1/16-финалии Лигаи Аврупо бо тими “Бетис”-и Испания вохӯриашро мусовӣ анҷом дод. Ҳисобро дар дақиқаи сеюм Дидак Вил, ҳимоятгари клуби Испания боз кард. Дар дақиқаи 74-ум нимҳимоятгари “Рубин” Роман Еременко ҳисобро баробар сохт. Бозии ҷавобӣ шоми имрӯз дар Қазон баргузор мешавад.

“Бавария” “Арсенал”-ро шикаст дод

Клуби “Бавария”-и Олмон дар бозии аввали даври 1/8-финалии Лигаи қаҳрамонҳо тими “Арсенал”-и Англияро шикаст дод. Ин дидор дар варзишгоҳи Испания мағлуб шуд. Голи ягоЛондон бо ҳисоби 2:0 анҷом наро Диего Коста, ҳамлагари ёфт. Голҳоро Тони Кроос клуби Испания дар дақиқаи 83 (дақиқаи 54) ва Томас Мюллер вориди дарвозаи ҳариф намуд. Бозиҳои ҷавобии “Бавария”(дақиқаи 88) ба нишон расонданд. Дар бозии дигари Лигаи “Арсенал” ва “Милан”қаҳрамонҳо “Милан”-и Италия “Атлетико” 11 март баргузор бо ҳисоби 0:1 аз “Атлетико”-и мешаванд.

Исроил, Уэлс, Кипр, Андорра; Гурӯҳи “С”: Испания, Украина, Словакия, Белорус, Мақдуния, Люксембург; Гурӯҳи “D”: Олмон, Ирландия, Лаҳистон, Шотландия, Гурҷистон, Гибралтар; Гурӯҳи “E”: Англия, Швейтсария, Словения, Эстония, Литва, Сан-Марино; Гурӯҳи “F”: Юнон, Маҷористон, Руминия, Финляндия, Ирландияи Шимолӣ, Ҷазираҳои Фарер; Гурӯҳи “G”: Русия, Шведсия, Австрия, Черногория, Молдов, Лихтенштейн; Гурӯҳи “H”: Италия, Хорватия, Норвег, Булғористон, Озарбойҷон, Малта; Гурӯҳи “I”: Португал, Дания, Сербия, Арманистон, Албания.

Падарони Флойд ва Роберт ба мувофиқа расиданд Падарони боксчиҳои маъруфи Амрико Флойд Мейуэзер ва Роберт Герреро барои як муштзанӣ бо ҳам ба тавофуқ расидаанд. Дар ин бора сомонаи “TMZ” хабар додааст. Ҳоло санаи ин муштзанӣ эълон нашудааст, аммо Флойд Мейуэзери бузург ва Рубен Герреро ваъда кардаанд, ки он дар зудтарин фурсат баргузор мешавад. Ҳамчунин, ҳоло маълум нест, ки ин муштзанӣ дар чӣ қолабе анҷом мешавад. Моҳи январи соли равон миёни падари Мейуэзер ва падари Герреро дар Лас-Вегас гуфтумоне сар зад. Чанде пештар онҳо дар Лос-Анҷелес бо ҳам рӯбарӯ омада, дар мавриди идомаи ин баҳсҳо дар чорчӯби як рақобати муштзанӣ ба мувофиқа расиданд. Интизор меравад, рақобати Мейуэзери бузург ва Рубен Герреро ба як шоуи сербинанда табдил шавад. “Ин рақобат яке аз беҳтаринҳо хоҳад шуд. Ман бо яке аз беҳтарин боксчиҳо муштзанӣ мекунам”, - гуфтааст Рубен Герреро. Моҳи майи соли 2013 рақобати миёни Флойд Мейуэ-

зери хурдӣ ва Роберт Герреро баргузор шуд. Баъди 12 раунд ҳамаи доварон Мейуэзерро ғолиб донистанд. Мейуэзери бузург дар гузашта муштзани ҳирфаӣ буд. Ӯ 35 маротиба ринг барома-

да, дар 28-тоаш (17 нокаут) дастболо шудааст. Дар шаш рақобат мағлуб гардида, яктоашро мусовӣ кардааст. Рубен Герреро бошад, дар бокси ҳирфаӣ баромад накардааст.

e-mail: javonontj@mail.ru

Роҳбарияти “Генк” Бенро ба истеъфо фиристод

Дар пайи анҷоми даври интихобӣ аз нуҳ гуруҳ дудастаӣ мустақиман ба даври финалии мусобиқа роҳ меёбанд. Ҳамчунин, дастаи беҳтарине, ки ҷои сеюмро ишғол мекунад, ба даври баъдӣ роҳхат мегирад. Ҳашт дастаи боқимонда, ки дар гуруҳҳо ҷои сеюмро мегиранд, барои чор роҳхати Евро-2016 рақобат хоҳанд кард. Даври интихобӣ аз сентябри соли 2014 то ноябри соли 2015 идома мекунад. Чемпионати Аврупо дар 10 шаҳри Фаронса аз 10 июн то 10 июли соли 2016 доир мегардад. Натиҷаи қуръапартоии даври интихобии Евро-2016: Гурӯҳи “А”: Ҳолланд, Ҷумҳурии Чех, Туркия, Латвия, Исландия, Қазоқистон; Гурӯҳи “В”: Босния ва Ҳертсеговина, Белгия,

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

13

варзиши ҷаҳон


«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

14

сиёсати ҷаҳон

Исроил ба Эрон аслиҳа фурӯхт! Ё онҳо на ҳама вақт душман будаанд... Ҳафтаи равон расонаҳои хориҷӣ аслиҳа фурӯхтани Исроилро ба Эрон иттилоъ доданд. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки Исроил аз тариқи Юнон ба Эрон таҷҳизоти тайёраҳои ҳарбии “McDonnell Douglas F-4” фурӯхтааст. Расонаҳои исроилӣ таъкид кардаанд, ки ин аввалин доду гирифти Исроилу Эрон набуда, дар гузашта ҳам ин кишварҳо тиҷорати силоҳ доштаанд. Бино ба навиштаи рӯзномаи «The Telegraph»-и Англия феълан Вазорати корҳои дохилии ИМА дар ин бора парванда кушода, тадқиқот мебарад. Воқеан, тиҷорати аслиҳаи Исроилу Эрон нишон дод, ки душ-

маниву адовати онҳо зоҳирист, дар асл кишварҳо байни ҳам робита дошта, эҳтимол дар бисёр масоили сатҳи ҷаҳонӣ ҳамфикр ҳам бошанд. Расонаҳои юнонӣ навиштаанд, ки Исроил қаблан ду маротиба - моҳи декабри соли 2012 ва апрели соли 2013 низ ба Эрон аслиҳа фурӯхтааст. Интиқоли таҷҳизоти низомӣ аз тариқи шаҳри Бинямина – Гивата Адаи Исроил сурат гирифтааст. Ба иттилои рӯзномаи исроилии «Yediot Ahranot» 10 сол муқаддам низ аз тариқи шаҳри Бинямина – Гивата Ада ба Эрон интиқоли силоҳ сурат гирифта буд. «Аммо он замон бидуни тафтишоти қонунӣ гумонбаронро озод карданд», - менависад рӯзнома. Тибқи нақша мақомдорони исроилӣ гуфтаанд, ки аслиҳаро ба як ширкати юнонии мавсум ба «Tassos Karras SA» мефиристанд, вале ҷониби

Эрон равон будааст. Истихбороти Юнон нақлиёти ҳомили силоҳро ба Эрон нарасида дар қаламравашон боздошт кардаанд. Баъдан маълум шуд, ки ширкати мазкур сохта (тақаллубӣ) буда, барои рупӯш кардани корҳои сиёҳи Исроил дар Юнон сохта шудааст. Таҳлилгарон гуфтаанд, ки маъмурияти Амрико маълумоти аслиҳафурӯшии Исроил

ба Эронро барои он расонаӣ кардаанд, ки ба ин васила мехоҳанд интиқоди Исроилро нисбат ба «Созишномаи муваққатии Ғарб барои силоҳи ҳастаии Эрон» нармтар кунанд. Бояд гуфт, 24 ноябри соли 2013 оид ба барномаи ҳастаии Эрон дар Женева миёни Эрон ва гурӯҳи 5+1 созишномаи муваққатӣ имзо шуд. Коршиносон гуфтанд, ин созишнома

муносиботи 34 сол боз тезутунди Амрикову Эронро нисбатан нарм месозад. Аммо давлати Исроил ҳамчун яке аз мухолифони шадиди ин созишнома онро мавриди интиқод гирифт. Ҳоло мубодилаи аслиҳа байни Исроилу Эрон нишон дод, ки ин ҳама хусумат ва душмании тӯлонӣ, ки ба намо мегузоранд, сохта ва дурӯғ аст! Маврид ба ёдоварист, ки мавқеъгирӣ ё интиқодҳои ҷониби Эрон нисбат ба таҳдидҳои Исроил, ки мегуфт ба Эрон ҳамла мекунад, замони роҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод бештар авҷ дошт. Президенти кунунии Эрон Ҳасан Руҳонӣ сиёсати нисбатан нармро нисбат ба Ғарб, Амрико ва Исроил пеш гирифтааст. Ин ҳам дар ҳолест ки моҳи январи соли ҷорӣ дар Форуми иқтисодии ҷаҳон дар Давос Президенти Исроил Шимон Перес Эронро маркази терроризми имрӯзи дунё эълон карда, гуфта буд, ки он ба ҷангиёни ҳаракати Ҳизбуллоҳ силоҳу муҳимот мефиристад. Ҳарчанд ин нуқтаро Президент Ҳасан Руҳонӣ қабул накарда бошад ҳам...

М. САИД, «ҶТ»

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз

e-mail: javonontj@mail.ru

(Идома аз саҳ. 7) Табиист, ки дар сурати аз байн рафтани эҳтироми байниҳамдигарӣ дар ҷомеа ва зулми як қишри ҷомеа бар дигараш хашмҳо буруз мекунанд, фитнаҳо сар мезананд ва душманию парокандагии миллат ба миён меояд. Осоиштагӣ аз ҷомеа дур мешавад, ваҳдати умум рахна меёбад, сулҳу салоҳ осебпазир мегарданд, сохторҳои таъминкунандаи қонун заиф мегарданд ва нобудӣ ба ояндаи як давлат таҳдид мекунад. Мисолашро дар Украина дидем. Дар Украинае, ки ояндааш норӯшан аст, сокинонаш дар ҷабҳаи муқобили ҳам қарор гирифтаанд ва дасти бегона онҳоро идора дорад. Барои ба эътидол овардани Украина имрӯз як роҳ аст. Пешгирии роҳе, ки соли 1997 миллати тоҷикро ба ифоқа овард ва дар таърих намунаи олии истиқрори сулҳ гардид. Тамоми роҳҳои дигар ба идомаи муноқишаҳо, амиқшавии буҳрон ва аз байн рафтани давлати ягонаи Украина боис хоҳанд шуд. Дар навбати худ, бадбахтии бар сари сокинони Украина омада бояд сабақи омӯзонандае барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ гардад. Имрӯз дигар барои касе пинҳон нест, ки абарқудратҳои пайи тақсимоти нави ҷаҳон машғул аз ҳилаҳои нав ба нави геополитикӣ кор мегиранд ва дар ин самт, пеш аз ҳама, такя ба нерӯю шахсиятҳое мекунанд, ки бо сабабҳои мухталиф аз низоми амалкунанда розӣ нестанд, пушти ақидаҳои барои мардуми худашон бегона мераванд, барои молу сарват омодаанд, ки тамоми арзишҳои миллии худро зери по созанд. Ҳама дар хотир доранд, ки раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров моҳи декабри соли гузашта, як ҳафта дар «Евромайдон»-и Киев қарор дошт. Ро-

битаи наздик бо мухолифини Украина барқарор намуда, таҷрибаи ихтилофандозию моҷароангезӣ меомӯхт. Баробари бозгашт, дар саҳифаҳои интернетӣ ва ВАО эълон кард, ки нишасте меорояд ва мардуми Тоҷикистонро аз ҳақиқати намоишҳои эътирозӣ дар хиёбонҳои Украина огоҳ мекунад. Ӯ мунтазир набуд, ки дар симои чанд зани ҷасур халқи як дафъа воқеаҳои ҳамсонро аз сар гузаронида монеи ҳар гуна иғвоангезиҳои ӯ ва ӯбаринҳо мегарданд. Ин мардумро фиреб додан дигар коре саҳлу содда нест. Аллакай, ҳама қиёсгузориҳоро дар масоили ҳамшабеҳ метавонанд. Ҳама гуна хушунату зӯроварӣ, тахрибкорию оташзаниҳоро дар кӯчаҳои Киев аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор дида, метавон пай бурд, ки чаро тамоми намояндагиҳои ташкилотҳои хориҷии дар Тоҷикистон амалкунанда, ҳизбу ҳаракатҳои ба истилоҳ, мухолиф ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имрӯз ба проблемаи «шиканҷа» рӯ овардаанд ва аз худ пуштибони аҳли ҷиноят метарошанд. Ин формула ҳам барои аксарият кушода аст, ки ҳар як инқилобро «оқилон тарҳрезӣ мекунанду мутаассибҳо амалӣ ва қаллобҳо истифода». Мутаассибтар аз аҳли ҷиноят куҷо метавон пайдо кард? Ҷанбаи дигару асосии масъала он аст, ки имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ дар сайёра бо шаклу шеваҳои мухталиф шиддат меёбад. Дар ин росто давлатдории муосири миллӣ, хештаншиносии миллатҳо ва рӯоварии онҳо ба асли хеш барои қудратҳои манфиатдор монеаи асосӣ гаштаанд. Аз ин хотир, тарҳрезони ҳар гуна инқилобҳои «сабз»-у «сурх»-у «норинҷӣ», «твитерӣ»-ю «фейсбукӣ» ва ғайра зарбаи аввалинро ба кишварҳое зада истодаанд, ки низоми давлатдо-

рии миллӣ доранд. Дар ҳар кишваре вазъиятро ба таври хостаҳои худ баҳо медиҳанду идора мекунанд. Масалан, ғарбиҳо дар Сурия даҳҳо ҳазор нафар мулкии бегуноҳи аз ҷониби террористҳои “Ал-Қоида” кушташударо намебинанд ва онҳоро табиӣ мешуморанд. Сарбозони суриягиро, ки аз марзу бум ва амнияти мардуми хеш ҳимоя мекунанд, ҷинояткор эълон мекунанд. Экстремистҳои яроқбадасти Украинаро «демократҳо» гуфта, муарррифӣ мекунанду куштори кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва табаддулоти давлатиро аз ҷониби гурӯҳҳои неофашистӣ дастгирӣ. Фоҷиаи Киев барои мардуми оддии Украина бо кушта шудани зиёда аз 80 нафар ҷавон ба охир нарасидааст. Зарари аз сӯхтору тахрибкории гурӯҳҳои бендерӣ расидаро ҳоло ҳеҷ кас ҳисоб накардааст. Имрӯз онҳо силоҳ дар даст худро ҳам милиса медонанду ҳам суду ҳам прокурор. Украиниҳои шарқӣ ва русзабононро сари ҳар қадам таъқибу таҳқиру тавҳин мекунанд. Аввалин қароре, ки онҳо қабул карданд, манъи истифодаи забони русӣ буд, дар ҳоле ки аксари аҳолии вилоятҳои шарқии Украинаро русзабонон ташкил медиҳанд. Посух ба ин иқдоми экстремистҳо бардошта шудани байрақи Русия дар марказҳои маъмурии ин вилоятҳо мебошад. Агар муносибат чунин аст, метавон сулҳу оромиро дар қаламрави Украина дар муҳлатҳои наздик интизор шуд? Гумон. Зиндагӣ борҳо исбот кардааст, ки ҳар фардеро дар алоҳидагӣ ва ҳар миллатеро дар маҷмуъ роҳи бо арзишҳо, урфу одатҳо, менталитету ҷаҳонбинии хоси миллӣ муайян гардидааст ва мақоли маъруфе низ ҳаст, ки «он чӣ барои мағрибӣ хушоянд бувад, барои машриқӣ баробар бо марг аст». Ба андешаи банда, имрӯз

бояд насиҳати аллома Иқболи Лоҳурӣ амиқтар аз ҳарвақта дар мағзи мо кора кардаву роҳнамои фардоямон бошад: Ҳамчу оина машав маҳви ҷамоли дигарон, Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон. Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз, Ки паридан натавон бо пару боли дигарон. Бояд дар хотир дошт, ҳар миллатеро ғайр аз фарзандонаш дигар ғамхору ғамгусоре нест. Фарзанди ятиммондаи украинро модари зори ин миллат бо оби чашм ба воя хоҳад расонд. Хонаи аз оташ валангоршудаи ин мардумро фақат худи украинӣ бо сад дарду алам, ашки хунбор ва заҳмати душвор аз нав хоҳад сохт. Фақат чанд нафаре, ки ҳамакнун ба забони модарӣ – украиниашон неву ба лафзи аҷнабӣ ҳарфзании худро намоиш медоданду хушомадгӯии хоҷагонашонро бар ҷой меоварданд, акнун соҳиби мансаб мешаванду гӯё фоида дарёфт мекунанд. Вале аслан онҳоянд гунаҳкори фоҷиаи мардуми украин. Бадтар он аст, ки душмании украинӣ ба украинӣ, захми гузоштаи сангини нобоварӣ миёни фарзандони ин миллат ҳаргиз созгори рушди ин кишвар нахоҳад шуд. Тарроҳони ин фоҷиаи мардумӣ аз дуриҳои дур ин бадбахтиро назора мекунанд ва меболанд, ки нақшаи навбатии худро амалӣ карданд, ба ҳоли мардуми Украина механданду бо «пирӯзӣ»-и навбатӣ якдигарро табрик мегӯянд. Оби дидаи модари фарзандгумкардаи украин ҳаргиз дар қалби дурушту сангини онҳо кора нахоҳад кард ва асаре нахоҳад гузошт, зеро онҳо ба мақсадашон расиданд.

Ҳумоюни КӮҲИСТОНӢ


e-mail: javonontj@mail.ru

«Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

варзиши ақл

15


16 «Ҷавонони Тоҷикистон», №9 (9331), 27 феврали соли 2014

табассуми рассом

фароғат

Лутфи ҷавонӣ

Муассис:

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имтиҳон. Профессор ба донишҷӯдухтар: - Омода нестӣ. Ба ту “ду” мегузорам. Бо чунин чеҳра бояд ба шавҳар бароед, на ин ҷо бихонед. Духтарак ғамгин шуда, аз пеши профессор дур шудан мегирад. Профессор ӯро ҷеғ мезанад: - Исто. Дафтарчаатро биёр, “ду”-ро бо “чор” иваз мекунам, бо чунин пойҳои каҷ туро касе ба занӣ намегирад...

Сармуҳаррир

Самариддин Асоев

Ҳайати эҷодӣ: Умаралии САФАРАЛӢ

***

(котиби масъул),

Донишҷӯ аз ҳамсабақаш мепурсад: - Вақте ба имтиҳон тайёр набошӣ, чӣ бояд кард? - Ман одатан дар чунин ҳолатҳо ғамгин мешавам.

Ноила ВОҲИДОВА

(муовини котиби масъул),

сайфиддин суннатӣ

(муҳаррири шӯъбаи варзиш ва сайёҳӣ),

Толибшоҳи ДАВЛАТ

(муҳаррири шӯъбаи сиёсат ва иттилоот),

Ашрафи афзал (муҳаррири шӯъба),

Наврӯз ҚУРБОНОВ ҳасан азизов (хабарнигорон),

Нуралӣ Нуров (хабарнигор, Суғд),

раҳим рафиев,

(хабарнигор, Хатлон),

Кӯйбек Юсуфбеков, (хабарнигор, ВМКБ)

Рӯзнома таҳти рақами 0120/рз аз 4 феврали соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Рӯзнома аз 5 апрели соли 1930 нашр мешавад. Ба хотири чандандешӣ матолибе низ ба табъ мерасанд, ки хилофи назари ҳайати эҷодист. Дурустии арқому далелҳо бар дӯши муаллифон аст. Ҳангоми таҳияи хабарҳо аз матолиби интернет истифода шудааст. Индекси обуна 68857 Тел: (918) 67-82-13, 238-54-14, 238-51-09, 238-53-03

e-mail: javonontj@mail.ru

***

Ҳафтанома дар чопхонаи МХҲҲФ «Мушфиқӣ» бо теъдоди 7195 нусха ба нашр расид. Нишонӣ: 734018, шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16 ҳисоби бонкӣ: р/с №20202972500 232101000, кор/с 20402972316264 ИНН 030000301, МФО 350101626 Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

АНДАРЗ

Ҳарфи арғувонӣ Ба таълифи яке аз асарҳои машҳур ва муваффақи бадеӣ дар таърих як ҷумлаи кӯтоҳ ва хеле самимӣ сабаб шудааст. Ин ҷумларо як зан гуфт. Зане, ки шавҳарашро сахт дӯст медошт. Бе ягон шарту сабаб ва сидқан. Агар зан он ҷумлаи кӯтоҳу самимиашро намегуфт, имрӯз адабиёти ҷаҳон осори пурғановати нависандаи шаҳири амрикоӣ Натаниел Готорнро шояд дар бағал надошт. ...Натаниел Готорн як бегоҳ дар ҳолати хеле парешон, дилшикаставу ноумед ба хона омад. Дар ҳоле ки аз ғояти шарм ба рӯи ҳамсараш нигариста наметавонист, гуфт: - Аз кор ронданд! Ҳамсараш ин хабарро бо хушнудӣ қабул кард. - Бисёр хуб, акнун метавонӣ китобатро нависӣ. - Ин фикри хуб аст, лекин вақте ман китоб менависам, зиндагиро чӣ гуна пеш мебарем? – пурсид Натаниел ҳайратомез. Вақте нависанда бо ҳайрат менигарист, ҳамсараш ғалладонро кушода, як баста пулро баровард ва пеши шавҳараш гузошт. - Аз барои Худо, бигӯ, ки ин пулҳоро аз куҷо гирифтӣ? - бори дигар ҳайраташ афзуда пурсид Натаниел. - Ман ҳамеша ба маҳорати баландат бовар дорам ва медонам, ки рӯзе шоҳасаре навишта, машҳур хоҳӣ шуд, - иброз медорад зан ва илова

мекунад: - Барои ҳамин аз маоше, ки ҳар моҳ ба ман медодӣ, як миқдорашро нигоҳ медоштам. Ҳоло ин пул барои маишати яксолаамон мерасад. Инро гуфта, зан нигоҳашро ба чашмони шавҳараш дӯхт. Вай дар онҳо шуълаи муваффақияту шуҳратро меҷӯст... Нигоҳҳо ба ҳам бархӯрданд. Аз чашмони зан ду қатра ашк чун донаҳои марворид берун омад. Ҷумлаи кӯтоҳи «Акнун метавонӣ китобатро нависӣ», ки зан басе самимонаву аз сидқи дил гуфт ва ду қатра ашки вай василаи тавлиди як шоҳасари адабиёти ҷаҳонӣ гардид. Баъди чанде шоҳасари Натаниел Готорн таълиф шуд, ки бо номи «Ҳарфи арғувонӣ» маъруф аст.

М. САИД, «ҶТ»

Донишҷӯ ба синфи имтиҳонотӣ даромада, аз даруни сумкааш се шишаи арақро гирифта, болои мизи профессор мегузорад: - Ана, ин шишаҳоро гирифта, ба ман баҳои “се” гузоред. Профессор дасташро сӯи шишаҳо дароз карда: - Ман фақат дутоашро мегирам.

*** Салим дар ақиби автобус нишастааст, ки кондуктор омада, аз ҳар нафар роҳкиро мепурсад. Назди яке меояд, ки ӯ бе ягон гапи зиёдатӣ мегӯяд: “КГБ”. Салим ҳайрон мешавад, ки бо гуфтани 3 ҳарфи алифбо пулаша нагирифт. Мусофир назди дигар мусофир меояд. Инаш мегӯяд “МВД”. Ҳайрати Салим меафзояд, ки инаш ҳам бо се ҳарф пул надод. Кондуктор назди Салим мерасад ва ӯ ҳам бе ягон гапи зиёдатӣ мегӯяд: “АБВГД”.

*** Имтиҳон. Профессор аз донишҷӯ мепурсад: - Агар кибернетика ва математикаро якҷо кунем чӣ мешавад? Донишҷӯ баъди дурудароз фикр кардан: - Кибенематика!

Эълон

Барҳам мехӯрад

ҶДММ «Марс Трэвел» (РЯМ 0110011862, ИНН 010085763) барҳам мехӯрад.

Эътибор надорад

Сертификати гумшудаи ҳуқуқи истифодаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Юлдошев Шералӣ, ки таҳти рақами 0419662 дар Корхонаи давлатии фаръии “Қубодзамин” ба қайд гирифта шудааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи ТШТУ №0403814, ки мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 5-и ноҳияи Рӯдакӣ соли 2011 ба Файзалии Шамсиддин додааст, эътибор надорад. Номаи камоли гумшудаи АТ №767582, ки мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34-и ноҳияи Қубодиён соли 1980 ба Аминов Ҳақбердӣ додааст, эътибор надорад. Шаҳодатномаи ронандагии №0021707, ки ОКТ рақами 46-и ноҳияи Қубодиён соли 1984 ба Раимқулов Унгбой Жумаевич додааст, эътибор надорад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.