«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд»,
Ќуръон: сураи Моида, ояти 56
Нањзат як њизби сиёсии ќонунмењвар аст
НАШРИЯИ
њИЗБИ
НАњЗАТИ
ИСЛОМИИ
ТОљИКИСТОН
№ 33 (803) Панљшанбе, 14 - уми августи соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 18 - уми Шаввол, соли 1435 - и њиљрии ќамарї
Адами бунёдї дар давлатсозї Иддае аз курсинишинон, бахусус доирањои наздик ба элитаи њоким бунёди давлати навинро болои дигарон пайваста миннат мегузоранд, агар касе ба љузъе аз масъалаи бунёдии низоми давлатдорї интиќод не, њатто нороњатї зоњир намояд, мавриди њамлаи ин идда аз «давлатсозон» ќарор мегирад, ки ў гўё зиди давлат бошад. Бале, бањси шакл гирифтан ва нагирифтани давлат дар Тољикистон бањси њамарўзаест, ки дар баробари тањќиру тавњин ва ноадолатињои пайдошаванда аз сўи нињодњои мухталифи давлатї беш аз пеш печидатар мегардад, њатто садоњои эътирозиро низ шоњид мегардем. Ба куштан даст задан дар назди ќасри президент ин худ рамзи эътирозист. Пас ваќте аз ноком будани низоми давлатдорї ва дигаре аз њарфњои манфиро нисбати роњбарии элитаи имрўзаи сиёсї мешунавем, набояд бо њамлаи бемаънї ва бемавќеъи худ гуяндаи ин њарфњоро мањкум намоем ё ба тарзи дигар алайњи ў кор бигирем, балки хунсардона интиќодро бояд гуш дод ва тибќи воќеъиятњо худ ва њамтои худро ислоњ сохт. Давлат асбобест, ки мардум барои осон кардани раванди зиндагї созмон додаанд ва амали онро набояд аз ормону ниёзњои мардум фарќ гузошт. Агар њар таърифе нисбати давлат ироъа шавад, боз њам бармегардад ба амалкарди давлатсозон аз шинохти асораи миллат, ки чи бофтњову чи назокатњои хосеро иќрорем. Агар давлатсозии мо тибќи њамин назокатњо ва ниёзу ормонњои миллї бунёд гузошта шавад ва љузъитарин масоили љомеъа, њатто доди як нафаре мавриди назар ва бархурди матлуби маќомот ќарор бигирад, дар он ваќт бо эњсоси ќалбї мегуянд: Давлат дорему давлатмардони ба номусу дилсўз њам. Зиёд шунида мешавад, ки гўё низоми давлатдории мо тибќи менталитети миллат фаъолияти хешро барномарезї мекунад, аммо менталитети аслии миллат диндорист. Пас фаъолияти давлатмардон дар заминаи афкори иддаи мањдуде шакл ва баръакс анљом мебанд, ки давлат мавриди интиќод ќарор гирифта, амалкардаш хилофи эътиќоди миллат дониста мешавад. Маќолаву матлабњои тањмилии зиёде дар ин маврид тавассути ВАО-и давлатї пахш мегарданд, ки вокунишњоеро ба вуљуд меоранд. Вале давлатмардон ба ин гуна вокунишњо таваљљўњи лозим зоњир намекунад, баръакс аз љониби иддае аз онњо мањкумиятњое садо медињанд, ки бунёдї будани давлатро зери суол ќарор медињад. Дар њоле ки натанњо дар давлати миллї, балки дар тамоми низомњои давлатдорї дину давлат бо њаманд. Инсони мусалмон наметавонад дар утоќи корї бедин бошаду дар берун диндор. Зоњиру ботини мо бояд ягона ва њамагуна тасмимгирињои дохиливу берунї њам ягона бошанд. Мутаасифона иддае аз давлатмардон агар ба зоњири оятњои ќуръонї шиносої пайдо кунанд, њамчун нафари амри маъруфгар худро ќарор медињанд, ки хеле аљиб аст. Бале, њар мусалмоне дар амри маъруф ва нањй аз мункар масъул аст, аммо масъала инљост, ки оё ба дарки њаќиќати фармудањои Худованд расидаем? Ин њамон равандест, ки љомеъаро ба мушкил тела медињад ва мисле, ки барномае руи даст гирифта шудаасту дар заминаи он амри маъруф ва нањй аз мункар хоси нињоди давлатї ќарор гирифта, бениёзии љомеъа ба домулло ва донишмандони воќеъии улуми динї ташвиќ мегардад. Яъне мушкил дар бунёдї будани давлат аст, ки тибќи низомнома шакл мегирад. Њамин аст, ки њамагуна низомњои давлатдориро дар Шарќ шоњаншоњї медонанду дар Аврупо демократї. Агарчи дар њамгуна давлат Ќонунњои асосї вуљуд доранду меъёр дар зоњир ягона, вале боз њам тибќи ангезањои хос ба фармудањои Ќонуни асосї бархурд сурат мегирад. Дар њоле ки тамоми китобњои илмии давлатдорї бо шарњу тавзењи гуфтањои Афлотун тањия шудаанд. Пас давлат њамчун механизм вуљуд дорад, вале ба ботину рисолаташ касе дахл намекунад, айб дар надонистани рисолат нест, дар нахостани он аст.
Њикматуллоњ Сайфуллоњзода
Урдуѓон на танњо марди сухан, балки марди амал аст
«Оби шифо»-и Вањдат
Ошкор созед худро, эй њомиёни «фобрики љавоб»