«...Бешубња, њизби Худо ѓолиб хоњад буд»,
Ќуръон: сураи Моида, ояти 56
Расидан ба истиќлолияти миллї шурўъ аз даврони бехудої зањмати зиёд доштааст.
НАШРИЯИ
њИЗБИ
НАњЗАТИ
ИСЛОМИИ
ТОљИКИСТОН
№ 37 (807) Панљшанбе, 11 - уми сентябри соли 2014 -и милодї, мутобиќ ба 16 - уми Зулќаъда, соли 1435 - и њиљрии ќамарї
Озодї ва истиќлолият Ин ду мафњум аз љумлаи арзишњои аслиеанд, ки ба мантиќи онњо танњо инсони озода расида метавонад. Њамин аст, ки ин гуна мафњумњо шарњу тафсири хешро не, балки таъвил пайдо карда, онњоро ба љонибе бастагї медонанд. Пас озодї ва истиќлолият ба ном вуљуд доранд ва таќвияти ин мафњумњо тавассути њарфњои болохонадор њадафманд буда наметавонад. Тавре мегўянд, шинохти истиќлолиятро дар матне бояд љуст, ки то куљо расидани озодии тасмимгиранда эњсос шавад, инчунин дар бисёре аз масоили дигар њам, ки ба эњёи њайсияту њувияти миллат ва шакл гирифтани он дар рамузи зиндагї ба таври мустаќим ошкору њувайдо бошад. Бубинед, дар бисёр маврид ба таври ишора њарфу мафњумњое гуфта мешаванд, вале ин ишорањо њаќиќатро ошкор сохта наметавонанд, чунки мушкилоти дохилї ва хориљї имкони ошкор кардани ин гуфтањоро намедињад. Яъне тасмимгирињои мо зоњирї буда, дастнигари дигаронем, то бароямон тасмим бигиранд. Дар чунин шароит мавќеъ ва фазойи мустаќил будан эњсос намешавад ва тасмимгирифтан њам хеле мушкил мегардад. Барои ин гуна корњо бояд фазоро таѓйир дод, вале мутаассифона, гуфторамон «демократї»-сту амал бошад шўравимаоб, њатто дар баъзе њолатњо гоње зўргўёна ва гоње илтиљоомез. Ин тарзи бархурд њељ гоњ мафњуму мантиќи истиќлолиятро шакл дода наметавонад ва њар шањрванди кишвар пояи озодї ва мустаќилиятро дар дарёфти маводи ѓизої ва ором будан мебинаду бас. Бале, иќтисоди устувор ва кишоварзии ба илму техноложї такякарда, фазои матлуби зањмат кашиданњо ва таъмини имконоту шароити бењи зиндагианд заминаи аввалини истиќлолияти як инсон, вале ба њиљ сурат муњољират истиќлолу истиќлолиятро дар фањми љомеъа эљод намекунад. Ба вуљуд омадани нињодњои солими амалкунанда ва аз њама муњим шаклгирифтани фазои њуќуќї, сиёсї ва фарњангии матлуб имкони муносибатњои баробар ва озодро муњайё месозад. Вале дар мо њоло њам мардумро ба таври сунъї ва сохта муттањид карданианд, њатто аз созишномаи сулњ, ки заминасози вањдати миллист, сиёсатсозї кардаву онро арзиши як љониби хос медонанд. Сиёсати истиќлолмаоб ва воќеъиро танњо дар фазои солим шинохтан мумкин мегардад, њоло ин раванд то куљо њаќ аст, шакл пайдо кардани онро њам идеоложики роњандозишудаи элитаи сиёсї муайян мекунад. Мутаассифона, ваќте мисли миллатњои дигар возењу рушан барои истиќлолият мубориза набурдем, њатто талоши лозимеро анљом надодем, омадани он ба Тољикистон, мисли «туњфа» ба назар мерасад ё тасодуфан афтидан болои кишвару миллат бошад. Бубинед, ваќте аз сулњу созиш аз минбарњои баланд суњбат мешавад, аз чї бошад, ки дар мавриди њамдигарбахшиву ваъдањои лафзї ва расмї ишораи хурде њам сурат намегирад, ки ин як гуна беэњтиромиест нисбати мустаќилияти љониби дигар дар раъйи хеш. Њамин аст, ки рафтори гурўње болотар аз ќонунро мемонад ва натанњо хилофи ќонун, балки бар хилофи тамоми арзишњо дар муќобили гурўњи дигар сиёсат меронад, њатто љониберо аз сиёсат дур кардан мехоњад. Хулоса, озодї ва истиќлолро гурўње, ки аз ќабл истиќлолхоњонро дар мањдудият ќарор додан мехосту онро чашми дидан надошт, имрўз моли худ дониста, танњо ба шиъорпартої машѓул асту саногуфтанњо. Ин гуна истиќлолияте, ки аксарияти миллат дар муњољирату дарбадарист, љои ифтихор њам надорад ва набояд истиќлолият барои як гурўњ хизмат кунаду барои аксарият танњо њамчун орзу боќї монад, он њам истиќлолхоњони асл. Њикматуллоњ Сайфуллоњзода
- Њељ неъмате хуштар аз истиќлол нест…, аз даргоњи Худованди Карим хоњони онам, ки кишвар ва мардуми шарафманди онро аз балои вобастагї дар њифз ва паноњи худаш нигоњдор бошад. Худованд душманони озодї ва истиќлоли моро хору забун бигардонад, омин! (Иќтибос аз суханрони устод Сайид Абдуллоњи Нурї)
Адолат хоси подшоњон аст
Огоњї дар муќобила бо љањлу фаќр аст, на бо дину диндорон ё “бињишт”-и ѓарбї ва “дўзах”-и шарќї