SARZAMIN 1-3/2019

Page 1

САРЗАМИН

ЯНВАР - МАРТ | 2019 | WWW.ZAMIN.TJ

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

у ш у

т ф ку

Ф

и л ас

ур ст

в о , х н а

о , х ан


ЧАШМОНИ ГУЛҲО БОЗ ШУД...

Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН»

Муассис: Сармуҳаррир: Кумитаи давлатии идораи замин Сатторзода Гулчеҳра ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маннон

Ҳайати мушовара: Маҳмадтоир Зокирзода Абдуҷаббор Раҳмонзода Ориф Хоҷазода Бобишо Холзода Азизмамад Каримзода Садриддин Давлатзода Зикриё Абдуллозода Умариён Раҳмон Фақерзода


ДАР ИН ШУМОРА: 4-5

6-7

ПАЙКИ НАВРӮЗ Тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Норак

6-7

4-5

38-39

62-63

НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ Тантанаҳои байналмилалӣ ва Соли нави миллӣ

18-19 ИФТИХОР

Кӯҳистони Помир дар номгӯи 100 самти сайёҳӣ

20

ҶАШНВОРА Дастоварди мо

28-29 САЙРИ ОЛАМ Раҳоварди сафар

38-39 САЙЁҲ

Тоҷикистон аз диди сайёҳони хориҷӣ

62-63 МЕЪЁРИ АНДОЗ

Баҳои иқтисодии замин

28-29

60-61 НАВРӮЗГОҲ Боғи фараҳафзо

Ҳайати эҷодӣ: Манзар Раҳимов Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ

Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгир: Заур Дахте Муродзода Нақиб

Суроға: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru

Дар матбааи ҶДММ «Полиграф Групп» ба табъ расидааст.


4 | ПАЙКИ НАВРӮЗ

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон Д

ар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон сафар намуданд. Дар доираи ин сафар Сарвари давлат дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии неругоҳи барқи обии «Норак»» оғоз бахшида, ду иншооти азими саноатӣ - коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ - механикӣ” ва корхонаи “Гидромехсаноат”-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж»-ро мавриди истифода қарор доданд. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав дар Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Заводи таҷрибавӣ- механикӣ” зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи умумии коргарону мутахассисони он ба

САРЗАМИН | январ-март | 2019

беш аз 150 нафар расид. Дар корхонаи “Гидромехсаноат” бошад, 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак бо 250 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки бо амри тақдир бесаробон мондаанд, мулоқот анҷом дода, чун анъанаи аҷдодӣ ба ҳар кадоми онҳо туҳфаҳои идона ва ба миқдори муайян маблағҳои пулӣ тақдим намуданд. Туҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сарулибоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла шиму костюм, курта, ҷӯробу пойафзол, болопӯш, барои духтарон 12 метрӣ матои хушсифати атлас ва шириниҳои гуногун иборат буданд. Дар доираи тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои кишоварзон ва рассомони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор шуд.

Дар намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни ғизоҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда, кишоварзон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла, хушкмеваҳои хуштаъму лазизро, ки дар боғу токзори шаҳру ноҳияҳои вилоят парвариш ва истеҳсол карда мешаванд, ба намоиш гузоштанд. Рассомон бошанд, асарҳоеро ба тамошо гузоштанд, ки манзараҳои зебои кишварро таҷассум мекарданд. Дар ин намоишгоҳ занону бонувони ҳунарманди вилояти Хатлон дар деги ғунҷоишаш 1,5 тонна суманак-хӯроки миллӣ ва зеботарин рамзи асосии Наврӯзро омода намуданд, ки ба меҳмонон муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ гардида, корҳои сохтмонӣ дар меҳмонхонаи замонавӣ ва майдони варзишӣ


ПАЙКИ НАВРӮЗ | 5

дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак оғоз ёфтанд. Пас аз барафрохтани Парчами давлатӣ ва ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ Сарвари давлат дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ба ифтихори таҷлили иди баҳору зебоӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд. Нахуст Пешвои миллат ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони вилоятро бо фарорасии баҳори фархундапай ва Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният намуданд.

Президенти мамлакат, бо қаноатмандӣ таъкид карданд, ки ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат раванди созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, мардуми худогоҳу худшиноси мо, аз ҷумла сокинони шаҳри Норак ба хотири ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашидаанд. Маросими тантанавии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барномаи бошукӯҳи театрикунонидашудаи “Корвони наврӯзӣ” идома дод. Тибқи иттилои дастандаркорони ин

чорабинии муҳташами фарҳангӣ, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд. Дар барномаи зикршудаи фарҳангӣ-оммавӣ анъанаву русуми гуногуни бошандагони гӯшаву канори гуногуни Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд. Таҳиягарони барномаи идонаи наврӯзӣ маҳалли баргузории тадбири фарҳангиро бо рамзҳои хоси ҷашн, расму анъана ва суннатҳои наврӯзӣ оро доданд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


6 | НАВРӮЗ ҶАВОН КАРД БА ДИЛ ПИРУ ҶАВОНРО

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва Соли нави миллӣ дар шаҳри Душанбе

Ҷ

ашни Нарврӯзи байналмилалӣ ва Соли нави миллӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанбе басо шукӯҳманд ва хотирмон таҷлил гардид. Дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи оламафрӯз меҳмонон аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла аз 14 шаҳри олам, ки бо шаҳри Душанбе паймони бародарӣ доранд, ташриф оварданд. Бахшида ба ин иди зебои баҳор кӯчаву хиёбон ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахти мамлакат қабои идона ба бар дошт. Сокинон аз субҳи барвақт бо риояи суннату оинҳои мардумӣ Наврӯзро, ки ҷашни эҳёи табиат ва айёми гулшукуфти он, оғози ниятҳои

САРЗАМИН | январ-март| 2019

ободкорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза мебошад, хушу хурсандона истиқбол гирифтанд. Дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо ташабуси шаҳрдорӣ «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар сатҳи баланд доир гардид. Дар ин чорабинии мутантан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар лаҳзаҳои басо гуворо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинону меҳмонони пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол - шаҳри Душанберо самимона табрик намуда, таъкид доштанд, ки дар шаҳри Душанбе –

пойтахти зебои давлати Тоҷикистон ва хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон таҷлили Наврӯзи бостонӣ сол ба сол шукӯҳу шаҳомати хосса пайдо мекунад. Маросими баргузории яке аз падидаҳои нодири фарҳанги наврӯз, яъне «Корвони наврӯзӣ» намунаи он мебошад.Ба иттилои Пешвои миллат, гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо номи “Корвони наврӯзӣ” маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, то ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад. Макони баргузории “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” бо шиорҳо дар


НАВРӮЗ ҶАВОН КАРД БА ДИЛ ПИРУ ҶАВОНРО | 7

васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд. “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ аз 13 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Рамзи наврӯзӣ”, “Паёмоварони баҳор”, “Омадани баҳор”, “Маросими гулгардонӣ”, “Маросими суманакпазӣ”, “Маросими ҷуфтбаророн”, “Модар рамзи абадият”, “Сайри об” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад. Дар “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар маҷмӯъ зиёда аз 24 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои мухталиф ҳамаи анъанаҳои ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд. Суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои мамлакат ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ таҷассуми худро ёфта буд. “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе бори нахуст ташкил карда шуд ва он басо ҷолибу хотирмон сурат гирифт. Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

як зумра расму оинҳои миллӣ, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд. Ташкили “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе меҳмонони хориҷӣ иштирок карда, ин чорабинии бошукӯҳро тамошо намуда хушҳол гардиданд ва ғизои маънавӣ гирифтанд. Дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани “Корвони шодиёнаи наврӯзӣ” дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба мардум ва меҳмонони ҷамъомада шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат мебошад. Тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ рӯзи дигар дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт идома ёфт. Дар ин чорабинӣ низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Зимни суханронии табрикотии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе бо шукр-

гузорӣ аз сулҳу суботи комил, оини бостонии милливу мардумӣ ва Соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд. Ба андешаи Сарвари давлат таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ хеле густарда ва ба таври шоиста инъикос кардаанд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, покиза намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла пойтахти он мебошад. Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат ва ҳаваскорон идома ёфт, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


8 | ФАРХУНДАПАЙ

Сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон

А

сосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони касбу кори гуногуни вилояти Хатлон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Пазироии Сарвари давлат дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар бисёр шукӯҳманд сурат гирифт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Кўшониён ба фаъолияти бузургтарин корхонаи равғанбаСАРЗАМИН | январ-март | 2019

рорӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони як гектар сохта шудааст, оғози расмӣ бахшида, бо намунаи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, ки дар ин ҷо ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» бо харҷи беш аз 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он коркар-

ди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани растанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора мебошад. Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ба кор оғоз намудани корхонаи мазкур норасоии хӯроки паррандаро низ дар кишвар то андозае бартараф мекунад. Зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад, ба корхонаҳои соҳаи паррандапарварӣ бо нархи нисбатан арзон пешниҳод мешавад. Дар заминаи мавриди баҳра-


ФАРХУНДАПАЙ | 9 бардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи азими саноатӣ 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Мавриди зикр аст, ки айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 512 коргоҳу корхона ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул буда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳмгузоранд. Сарвари давлат дар доираи ин сафари корӣ дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати 3 гектар оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос шуданд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани факултети сиёсат ва идораи давлатии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар ҳамин рӯз ва бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Сипас Президенти мамлакат бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ дар гармхонаи Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" - и ноҳияи Кӯшониён шинос шуда, ҳамчунин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бӯстон-2010"-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" дар ноҳияи Кӯшониён соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис дода шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Гуфта шуд, ки айни замон дар гармхонаҳои ноҳияи Кӯшониён ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ идома дорад ва то ба имрӯз аз ин ноҳия ба миқдори 160 тонна картошка ба бозор бароварда шудааст. Дар гармхонаи дигари Кооперативи тиҷоратии "Беҳбудӣ" асосан лимӯ парвариш меёбад. Соли гузашта хоҷагидорон 2,6 тонна лиму ҷамъоварӣ намудаанд ва дар назар аст, ки

имсол ҳосили он то ба 3 тонна расад. Барои самаранок истифода бурдани замин дар ин гармхонаҳо дар қатори дарахтони лимӯ помидор ва дар ҷӯяки картошка бодиринг шинонида шудааст. Тибқи иттилоъ, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Бӯстон-2010» дар ноҳияи Вахш аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёр доштааш дар 26 гектар пахта кишт мекунад. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар ин ҷамъият аз ҳар гектар замин гирифтани аз 35 то 40 сентнер ҳосил имконпазир аст. Имсол дар заминҳои ҷамъият парвариши навъи пахтаи "Хатлон-2014" ба роҳ монда шудааст. Ҳам дар ноҳияи Кӯшониён ва

ҳам дар ноҳияи Вахш намоиши дастовардҳои меҳнатии сокинон, аз ҷумла кишоварзон ташкил карда шуд, ки Сарвари давлат аз он дидан намуданд. Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхонаҳои ноҳияи Кўшониён баҳои баланд дода, маҳорату малакаи нонпазии кадбонуҳоро дар ноҳияи Вахш хуб арзёбӣ намуданд. Дар ҳамин замина Сарвари давлат ба занону бонувони ноҳияи Вахш барои омӯзонидани нозукиҳои кадбонуӣ ба ҷавондухтарон ва равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


10 | МАСЪУЛИЯТ

Замин сарвати давлат аст Яке аз масоили муҳим ва густардаи сайёра дар асри 21 дар баробари гармшавии иқлим масъалаи коҳишёбии майдони киштзор, аз ҳосил мондани қисми заминҳои корам ва ғайританосуб рушд ёфтани соҳаи чорводорӣ вобаста ба масоҳати чарогоҳҳо ва дигар омили таъсиррасони марбут ба обёрӣ мебошад. Дар кишвари мо, хушбахтона, бо ҳидоят ва дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат дар заминаи Стратегияи миллии рушд, барномаҳои давлатии соҳавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ модули муосир ва самарабахши танзими замин рӯи кор омадааст, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Пеш аз ҳама, дар заминаи таъмини рушди иқтисодӣ-иҷтимоӣ фаъолият дар самти заминистифодабарӣ бо татбиқи технологияи сатҳи ҷаҳонӣ ва дурнамои аз нигоҳи илм басо мукаммал тавъам ва татбиқ карда мешавад. Ҳар иқдоми роҳбари давлат ҷиҳати истифодаи самарбахши замин барои кишоварзон ва аҳолӣ муҳим буда, бунёди инфрасохтори обёрӣ, боғҳо дар саросари мамлакат, гармхонаю сардхонаҳо, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва зиёд намудани ҳаҷми содиротӣ тадобири маҷмӯиест, ки сол то сол истифодабарии заминро беҳтар ва саҳми соҳаи кишоварзиро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёд менамояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии

САРЗАМИН | январ-март | 2019

Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон дар таърихи 26-уми декабри соли 2018 махсус таъкид гардид, ки аз ҳисоби самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо чораҳои қатъӣ ва фаврӣ андешида шаванд. Ҳамчунин аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ зиёд карда шавад. Ин

ҳидоятҳои воло моро бо масъулияти дучанд водор месозад, ки ҳамаи кӯшишу ғайратамонро барои иҷрои босифати ин вазифаҳо равона кунем. Бо ин мақсад дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, вазифаҳо дар сохторҳо мушаххас шудаанд. Пеш аз ҳама бояд назорати истифодабарии замин пурзӯр гардонида шавад. Масъулини Кумитаи давлатӣ ва


МАСЪУЛИЯТ | 11 мақомоти он дар маҳал дар се моҳи охир 4267 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба 3780 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарорҳои ҷаримабандӣ 1 615 415 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид гардид. Ҳамзамон 2884 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бетаъхир бартараф карда шудааст. Зиёд шудани ҳолати ошкоршавии хилофи талаботи қонунгузорӣ, истифода бурдани замин, агар баёнгари ҷоннок намудани назорат бошад ҳам, вале дар ин самт пешбурди корҳои пешгирӣ низ муҳим мебошад. Аз ин рӯ, ҳамкорӣ намудан бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт бартарии зиёд дорад. Зеро хилофи қонун рафтор намудан дер ё зуд подоши худро дорад ва барои истифодабарандаи асили замин ва хоҳишмандони воқеӣ ҷиҳати ташкили хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҳамкорӣ намудан барои азхудкунии заминҳои бекорхобида хеле муҳим мебошад. Бо ин мақсад оянда Кумитаи давлатӣ нақша дорад, ки дар майдонҳои бекорхобида ҷалби аҳолӣ ва соҳибкоронро барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд намояд. Ин васила аз чанд лиҳоз манфиатовар буда, дар ҷумҳурӣ заминҳои бекорхобидаи барои кишт мувофиқ кам нестанд. Аз ин рӯ, нақша дорем, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигар дар ин самт корро бештар намоем. Ҳамчунин барои азхудкунии заминҳо дар Кумитаи давлатӣ тамоми шароит муҳайё буда, дар ин ҷода низ нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст. Бо ин мақсад ҳисоботи Кумитаи давлатӣ дар бораи заминҳои мавҷуда, тақсимоти онҳо аз рӯи гурӯҳҳо ба заминистифодабарандагони ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 январи соли 2019 таҳия гардида, он бо қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 тасдиқ шуд. Тибқи ҳисоботи солонаи замин дар ҷумҳурӣ 14 137 907 гектарро ташкил намуда, ченаки алоҳида аз рӯи 6 гурӯҳ гузаронида шудааст. Ин маълумот барои корбарӣ ва коркарди маҷмуи аҳамияти калон дорад. Барои мисол, аз рӯи натиҷаи ченаки назоратии майдони кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ аз рӯи истифодабарии замин вобаста ба таъмини дурнамои сохтори кишти зироатҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Сангвор мактубҳо фиристода шуданд. Аз рӯи ин ченакҳо маълум карда шуданд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ҳосили 2019

Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишти зироат нисбат ба дурнамо 11 489 ҳазор гектар зиёд мебошад. Вале кишти ғалладонагиҳо дар замини обӣ нисбат ба дурнамо 30 367 гектар, аз он ҷумла обӣ 12 317 гектар зиёд мебошад. Аз ин рақамҳо бармеояд, ки истифодаи самарабахши замин вобаста ба таъиноти кишт риоя нашудааст ва як қисми заминҳои корами обӣ мақсаднок истифода нашудаанд. Дар ин самт мо корҳои амалиро шуруъ карда, вобаста ба натиҷаи ченаки мазкур назоратро пурзӯр менамоем. Илова бар ин, зарур аст, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо майдони боғу токзор, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ мунтазам зиёд карда шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилашонро беҳтар кардаанд. Ин тадобири инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саодати зиндагии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар 70 соли

то замони истиқлолият ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин тақсим шуда буд. Мо бояд азхудкунии заминҳои навро вусъат бахшида, майдони заминҳои корамро зиёд, яъне заминҳои аз гардиши кишоварзӣ хориҷшударо барқарор кунем, то ки бо назардошти афзоиши аҳолӣ талаботи мардумро бо маводи ғизоӣ таъмин карда тавонем. Қабули “Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025”, ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои нав барои ҳалли мушкилоти об дар кишвар ба ҳисоб меравад, басо иқдоми саривақтӣ буда, барои обёрии заминҳои нави корам ва зиёд гардидани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Замин моликияти истисноии давлат буда, истифодаи самарабахши он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар заминаи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сурат мегирад. Мақомоти ваколатдор дар ин самт - Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои вобаста ба заминро дар асоси қонунгузорӣ танзим ва амалӣ намуда, барои фаъолияти самарабхши заминистифодабаранда ва татбиқи кадастри давлатии замин, баҳодиҳӣ ва эътирофи амволи ғайриманқул фаъолиятро ҳамаҷониба пурмаҳсул менамояд. Аз ҷониби дигар, ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сол то сол афзоиш ёфта, яке аз манбаъҳои рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


12 | ГИРОМИДОШТ

МОДАР - ТОҶИ ОФАРИНИШ

Рӯзи Модар

дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахшида ба Рӯзи Модар дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии зебои фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғоз роҳбарияти Кумита бонувонро ба ин рӯз табрик намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки иди модарон баробари оғози эҳёи табиат, фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмӯъ, ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд. САРЗАМИН | январ-март | 2019

Имрӯз теъдоди занони тоҷик, ки барои иҷрои нақши фаъол дар рушди ҷомеа талош мекунанд ва худро ҳамчун олим, заминсоз, муҳандис, низомӣ, сиёсатмадор, ҳуқуқшинос муаррифӣ менамоянд, хеле афзоиш ёфтааст. Роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба фаъолияти занон дар зерсохторҳои Кумитаи давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бобати ҷалби бештари бонувони соҳибтаҷрибаву соҳибкасб ба вазифаҳои роҳбарикунанда

тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад. Ҳамин аст, ки роҳбарии Кумитаи идораи замини 2 шаҳру ноҳияи кишварро бонунвон ба уҳда доранд. Инчунин дар бахшҳои гуногуни Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 нафар бонувон фаъолият мекунанд. Аз натиҷагириҳо бармеояд, ки занон дар иҷрои рисолати хеш хеле масъулиятшиносанд. Бо мақсади арҷгузорӣ ба фаъолияти бонувон, ки имрӯз дар


ГИРОМИДОШТ | 13 баробари мардон кору фаъолият менамоянд, аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи давлатӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки хираду заковат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ бо меҳру муҳаббат таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, боитминон метавон гуфт, ки хизматҳои бонувон дар пешрафти соҳаҳои гуногун хеле зиёд аст. Дар анҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ, ки саропо аз тавсифи модар ва ситоиши зан иборат буд, тақдими ҳозирин гардонида шуд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


14 | ТАНТАНАИ ҶАШН

Таҷлили Наврӯз дар Кумитаи давлатӣ Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарият, кормандони кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд. Зимни табрикот зикр шуд, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо оромишу осудагӣ ва пешрафту созандагияш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешасабз якдилона талош меварзанд. Дар тӯли ин солҳо дар кишвари мо таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксарияти ҷашну идҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд.

САРЗАМИН | январ-март | 2019

Наврӯз низ яке аз ҷунин ҷашнҳои миллист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шукӯҳу ҷалоли тоза касб намуд. Бо назардошти аҳаммияти инсонгароёна ва умумибашарии Наврӯз чанд сол пеш ин ҷашни бостонӣ бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии якчанд кишвари дигар, аз ҷумла мамолики ҳавзаи тамаддуни Наврӯз

бо Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт, ки ин падида, албатта, мояи ифтихори мардуми фарҳангпарвари тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳар сол дар рӯзи ҷашнгирии ин ойини ростини аҷдодӣ хусусиятҳои хоси миллии онро, ки аз ниёгони бузургамон мерос мондаанд, ба ҷаҳониён муаррифӣ


ТАНТАНАИ ҶАШН | 15 менамоянд. Наврӯз дар давоми таърихи беш аз шашҳазорсола ва роҳи пуршебу фарози хеш мазмуни амиқи иҷтимоӣ ва зебоипарастӣ касб намудааст. Дар фалсафаи Наврӯз созандагиву офарандагӣ чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад ва ҳунари кишоварзӣ аз беҳтарин намунаи чунин фаъолият ҳаст. Тадбири идона бо барномаи фарҳангӣ ҳусни анҷом ёфт, ки дар хотири ҳозирин то дер гоҳ нақш хоҳад баст.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


16 | ШОГУН БАҲОР МУБОРАК!

НАВРУЗИ НЕКОИН

Тоҷикистон дарвоқеъ ватани Наврӯз аст. Расму оинҳои хосси ин ҷашни аҷдодӣ маҳз дар Тоҷикистон ба таври комил ва бо ҳама ҷузъиёташ иҷро мегардад. Ин ҷашн дар маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳар навъ пешвоз гирифта мешавад, ки ҳамаи онҳо баёнгари фарорасии Соли нави миллӣ ва бедоршавии табиат, ба кишту кор омода гардидани марди деҳқон мебошад. Наврӯз махсусан дар кӯҳистон бо анҷом додани як силсила чорабиниҳо, аз қабили тоза намудани манзили истиқоматӣ, нав намудани ашёи рӯзгор ва сарулибос, анҷом додани амалҳои неки инсонӣ ва расму оинҳои хос таҷлил карда мешавад. Таҷлили Наврӯз дар Бадахшон ҳарчанд дар назари аввал нисбат ба дигар маҳалҳо фарқкунанда бошад ҳам, вале маҳаки он як аст: истиқбол аз Соли нави миллӣ ва бедоршавии табиат. Дар аксари маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон Наврӯз дар се давр ҷашн гирифта мешуд. Ҳар яке аз ин давраҳо, пеш аз ҳама, муносибати мардумро ба замин, ба корҳои деҳқонӣ бозгӯ мекарданд. Ин рӯзро мардум ба хотири пайки баҳор – берун омадани «тафи замин» қайд мекарданд. Ин ойини суннатӣ ба яке аз ҷашнҳои мубораки мардуми ориёитабор – ҷашни Сада пайванди бевосита дорад. Баъди се ҳафта даври дуюми тақвимӣ ҷашн гирифта мешуд, ки онро дар Рӯшону Бартанг бо номи таоми маросимӣ "Батайём" ва "Боҷайём" ва дар Шуғнону Роштқалъа бо номи "Хирчизӯн" (офтоби сари зону) низ ёд мекунанд. Дар бархе аз навоҳии кӯҳистони Бадахшон Батайём ё Хирчизӯн аз ҷашнҳои асосии наврӯзӣ буда, таҷлии он се рӯз идома меёфтааст.

САРЗАМИН | январ-март | 2019

Ин ид ба даврае рост меояд, ки дар водиҳо «файзи баҳор» – боридани борон сар мешуд. Аз ин ба баъд мардум ба руфтани барфи рӯйи бомҳо сар мекарданд, поку тоза кардани тухмиҳои ғалладона, тармим кардану сохтани юғу сипору позаи он, аз оғилхонаҳо ба сари замини кишт кашонидани пору, барои шудгор омода кардани барзаговҳо бо тамоми ҷиддият иқдом карда мешавад. Ҳатто дар баъзе деҳоти болооби Бартанг ҳанӯз анъанае барқарор аст, ки тибқи он, дар шаби аввали Боҷайём, ҳангоми пухтани ин таоми наврӯзӣ юғу сипорчаҳо сохта, дар рӯ ба рӯйи дари хонаи аҷдодӣ дар қабати поини чорхона ё дар мобайни тирчӯби дуввум меовехтанд. Даври сеюми ҷашн ба фаро расидани моҳи Ҳамал, дар бисёре аз минтақаҳои ин вилоят ба саршавии кишти зироат рост меояд. Бо вуҷуди якрангӣ ва монандӣ бархе аз расму ойинҳои марбути ҷашнгирии Наврӯз дар маҳаллу навоҳии кӯҳистони Бадахшон аксари таомулҳои он вобаста ба муҳити ҷуғрофӣ, шароити таърихии ҳаёти иқтисодӣ, маишию маънавӣ бо баъзе тафовутҳо иҷро мешуданд. Мардуми кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла сокинони деҳаи Ёгед (Дарвоз) дар давоми сол ба Наврӯз омодагӣ мебинанд. Аз тамоми ҳосилоти зироат миқдоре «барои иди Наврӯз» гуф-

та, нигоҳ медоранд ва он анворо рӯзи ҷашн рӯйи дастархон мегузоранд. Ду ҳафта қабл аз ҷашн ба тозаву сафед кардани боғу роғ, ҳавлию биноҳо, оташдону алавгаҳҳо шурӯъ мекунанд. Ҷавонони деҳа барои ҷамъоварии пуш (навъе аз бутта) ба кӯҳдоманҳо мераванд, ки аз он дар шаби аввали Наврӯз гулханҳо фурӯзон мекунанд. Дар Ёгед Наврӯз ҳафт рӯз ҷашн гирифта мешавад. Сурхгузорӣ ё сурхбарорӣ расми дигари бархе аз мардуми кӯҳистони Бадахшон буд, ки то даҳсолаҳои аввали асри 20 дар баъзе аз деҳаҳои Шуғнон ва Ишкошим иҷро мешуд. Марди хона ҳанӯз субҳ надамида, матои сурхранг гирифта, болои бом мебаромад ва онро дар лаби равзан мегузошт. Зан дар ин маврид гӯсфандеро аз оғил оварда, дар наздаш гандум ё ҷав мемонд, бо нияти он ки дар он сол ҳайвоноташон ҳамеша серу пур бошанд ва ҳосили зироатҳо фаровон гардад. Дар баъзе деҳаҳо дар ин маврид дар назди гӯсфанд об, алаф ва ягон навъи ғалладона мегузоштанд ва фол медиданд, ки гӯсфанд ба кадоме аз ин се чиз аввал майл кунад, ҳамон сол он чиз фаровон мешавад. Баъди анҷоми ин амал ва тановули субҳона асбобу анҷоми хонаро берун мебароварданд, дар хона модар ва як духтар монда, ба тоза кардани гарду ғубор ё дудаи хона сар мекарданд.


ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! | 17 Дар деҳаҳои Шуғнону Роштқалъа аз паси модар духтаронаш аз сиёҳии дуд ва чангу гард тоза кардани дохили хона тамоми асбобу анҷом покиза ва таконда мешаванд, мард «махак» дар даст, ки пешакӣ онро аз навдаи зарбед гулбурӣ кардааст, «Бисмилоҳи-р-раҳмони-р-раҳим» ва «Шогун баҳор муборак»-гӯён дохили хона мешаванд ва кадбонуи хона «ба рӯйи шумо муборак» гуфта, ба китфаш гарди орд мепошад. Мард «махак»-ро байни васаҳои тирчӯби пешгаҳи дари хона гузошта, аз таомҳои наврӯзӣ кам-кам мечашад. Пас аз ин тамоми аҳли хонавода вориди хона шуда, дар атрофи дасторхони идона ҷамъ меоянд. Баъди тановули таом пухтани таоми маросимӣ – боҷ шурӯъ мешавад. Каллаву почаи гӯсфандро дар бухордег (маъмулан сафолӣ буд) дар хокистари лахчадор то гулӯгоҳаш гӯр мекунанд. Каллаву поча маҳин-маҳин тамоми шаб меҷӯшад ва наздикиҳои саҳар ба он қадре гандум (дар баъзе ҷойҳо гандуми нимкӯфта) меандозанд. Пичирумч баъди пеш аз тулӯи офоб бо дуову таманниёти хайр ба хона омадани марде (яке аз ҳамсояҳо ва ё аз хешони наздики покназару некқадам) хотима меёбад. Дар рӯзи аввали ҷашни Наврӯз дар Ёгед мардум аз хурд то калон либосҳои наву тозаро ба бар мекунанд ва махсусан духтарон ба нишони фасли баҳор ва рамзи сарсабзию хуррамӣ либоси сабзранг мепӯшанд. Дар чанд ҷои деҳа арғунчакҳо баста, «ҳойравак» мекунанд. Бегоҳи он рӯз расми «ордгирак»-ро ба ҷо меоранд. Духтаре, ки «ордгирак» интихоб мешавад, дар хонааш барои ҳамсолон зиёфат ташкил мекунад. Духтарон дар мавриди ба ҷо овардани «ордгирак» либоси сафед мепӯшанд, ки он рамзи бахти сафедро ифода мекунад. Дар деҳаи Кӯҳи Лаъл (Ишкошим) ва ҳамсоядеҳаҳо ҳамон бегоҳ бо маслиҳати ҳамдеҳагон дар яке аз хонаҳои ашхоси муътабар гирд меоянд. Якҷо зиёфати наврӯзӣ, базму бозӣ, сурудхонӣ ташкил мекунанд. Субҳи барвақт, рӯзи дуввуми ид кадбонуи хона аз хоб хеста, рӯймоли сурх ба сар андохта, сари чашма меравад. Ӯ дар оби чашма дасту рӯй шуста, аз зери об сангрезаҳо ва аз атрофи он майсаҳо чида, ба зарфе меандозад ва дар зарфи дигар оби чашма гирифта, ба хона меояд. Зарфи обро дар

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даҳлез монда, болои бом мебарояд ва номанд. Баъд аз зуҳри ҳамон рӯз дар сангрезаву майсаҳоро аз равзан ба да- аксари маҳалҳои навоҳии кӯҳистони руни хона меандозад. Сангрезаҳо ва Бадахшон барои соати хайр (мавриди майсаҳоро дар поёни иди Наврӯз аз муносиб барои шурӯъ ба кишти зирофарши хона чида, ба ҷое, маъмулан, ат) ҷуфти говро ҳозир карда, ба онҳо ба зери дарахти калони тут ё арча «забонаки гов» (нони махсус барои бурда мерезанд. Ҳар яке аз ин ашёи говҳо) хӯронида, ба шоху гарданашон табиат рамзи бақо, нумӯ ва сарсабзии равған молида, юғу сипор мебанданд рӯзгорро ифода мекунанд. ва марди некниҳоду некқадам, ки Дар аксари навоҳии кӯҳистони дар бархе аз деҳаҳои Рӯшон онро Бадахшон дар рӯзи нахусти ид баъди бункуғай ва дар деҳаи Баҷув дурҷӣ анҷоми поккорӣ ва тамиз кардани мегӯянд, бо дуои халифаи маҳал ё Бохонаҳои аҷдодию асбобҳои рӯзгор ба бои Деҳқон донаҳои навъе аз ғалладопухтани таомҳои наврӯзӣ сар мекунаро ба замин мепошад ва ду-се ҷӯяк нанд ва ин кор дар бархе маҳалҳо то заминро шудгор мекунад. Бо ҳамин субҳи рӯзи дигар идома меёбад. Дар ба кишти зироат шурӯъ мекунанд. рӯзи дуввум мардум расми «СаломДар Вилояти Мухтори Кӯҳисалом»-ро ба ҷо меоранд. Аҳли хонастони Бадахшон то кунун суннату вода бо таомҳои наврӯзӣ ба хонаҳои унсурҳои нодири Наврӯз боқӣ монда, ҳамдигар, махсусан, назди бузургсоонҳо бо шаҳомати дучанд ва шукрлон ва ашхоси муътабари маҳалла гузории сокинон аз фазои орому рафта, бо салому пайғоми наврӯзӣ осудаи кишвар ҳамасола таҷлил эҳтироми онҳоро ба ҷо меоранд. карда мешаванд. Мавриди зикр аст, Дар Рӯшон ва дар баъзе ки ба истиқболи ин ҷашни мондагор, маҳалҳои Шуғнон дар ин рӯз соки рисолати аслиаш ободиву шукукинони деҳа аз хурд то бузург дар фоӣ ва сарсабзии табиату ҷамъият назди ҷойҳои муқаддас – остон ҷамъ аст, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо омада, то бегоҳ Наврӯзро бо хушию талоши сокинони бофарҳангу соҳибхурсандӣ, бо базму бозиҳои гуногуни маърифати вилоят густариш ёфтааст. анъанавӣ қайд мекунанд ва ин рӯзро Ин амал барои боз ҳам рушд ёфтани «Остонбароӣ» мегӯянд. гӯшаву канори мамлакат мусоидат Дар рӯзи сеюм, агар деҳа каменамояд. лон ва аҳолиаш бисёр бошад, аҳли Наврӯзи имсола низ бо шаҳоҳар маҳалла бо хӯроки наврӯзӣ дар мату асолати азалиаш дар ҳудуди Иброҳим, ҳавлии яке аз ашхоси муътабар гирд Вилояти МухториАзим Кӯҳистони Бадахмеоянд, ки ин рӯзро «Боғбароӣ» ме- сарвазири шон таҷлил карда шуд.Тоҷикистон муовини Ҷумҳурии 2019 | январ-март | САРЗАМИН


18 | ИФТИХОР

КӮҲҲОИ ПОМИРИ ТОҶИКИСТОН БА НОМГӮИ 100 САМТИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲИИ ҶАҲОН ШОМИЛ ГАРДИД

Кӯҳҳои сар ба фалаки Бадахшони Тоҷикистон ба рӯйхати «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» шомил шуда, дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором сазовори ҷои сеюм гардид. Бино ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардум ба соҳаи сайёҳӣ дар соли 2019» дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019», ки аз 5 то 10 марти соли 2019 дар шаҳри Берлини Олмон доир шуд, баргузор гардид. Кӯҳҳои Помири Тоҷикистон соли чорум аст, ки барандаи ҷоизаи мазкур мегардад. Эътирофи САРЗАМИН | январ-март | 2019

манзараҳои зебои Помир дар сатҳи байналмилалӣ аз таваҷҷуҳи зиёди сайёҳон ба онҳо гувоҳӣ дода, барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019» ширкатҳои сайёҳии ватанӣ хатсайрҳои гуногун, аз ҷумла дар самтҳои сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва дигар маҷмӯи хизматрасониҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ пешниҳод намуданд. Имсол Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, 30 нафар намоянда аз 21 ширкати сайёҳии Тоҷикистон, 2 нафар аз аҳли фарҳанг ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Олмон таҳти сарпарастии Президен-

ти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ намуданд. Роҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин сафар муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ба уҳда дошт. Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB BERLIN – 2019» ҳамчунин шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон-CTOUR дар робита ба эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории шоми муштарак муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ буд.


ИФТИХОР | 19 некӯаҳволии мардум ба хабарнигорон шарҳ дод. Мавриди зикр аст, ки Иттифоқи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон зиёда 200 нафар узв дошта, дар он хабарнигорони касбӣ, соҳавӣ, блогнависон ва рӯзноманигорони озод шомил мебошанд. Аъзои ин Иттифоқ навгониҳои соҳаи сайёҳии ҷаҳонро ҳамарӯза пайгирӣ ва таҳлил намуда, натиҷаи онро дар рӯзномаву маҷалла, сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабт мекунанд. Роҳбари Иттифоқ Ҳанс-Петер Гаул зимни баромади худ баргузории чунин чорабинии муштаракро муҳим шуморид ва таъкид дошт, ки дар заминаи шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфиятҳои сайёҳии мамлакати мо Макони баргузории шоми муаррифии имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон интихоб гардида буд ва дар он беш аз 50 хабарнигор - аъзои Иттифоқи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон-CTOUR, намояндагони вазорату идораҳо ва ширкатҳои сайёҳии Олмон иштирок намуданд. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо роҷеъ ба нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва тақвият бахшидани инфрасохтори деҳот дар солҳои минбаъда ибрози назар намуда, тасмимҳои роҳбарияти олии мамлакатро ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва сатҳи бештар мегардад. Зимни табодули афкор бо хабарнигорон Соҳибназар Ғайратшо ба саволҳои ҳозирин оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди кишвар, бахсус соҳаи сайёҳӣ посухҳои амиқу дақиқ дод. Хабарнигорон изҳор доштанд, ки дар соли 2019 чандин хабару гузоришҳои таблиғотӣ дар ВАО-и Ҷумҳурии Федеролии Олмон оид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ нашр хоҳад шуд. Сафири Тоҷикистон хабарнигоронро ба инъикоси воқеии рушди бемайлони мамлакат ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт даъват намуд. Гулчеҳра Сатторзода 2019 | январ-март | САРЗАМИН


20 | ҶАШНВОРА

#visittajikistan САРЗАМИН | январ-март | 2019


ГЕОДЕЗИЯ | 21

Tajikistan

Come and discover amazing possibilities... Sarez lake photo by: Bakhriddin Isamutdinov 2019 | январ-март | САРЗАМИН


22 | ҶАШНВОРА

ДАСТОВАРДИ МО Дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба 107-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ масъулон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аҳли қалам ширкат доштанд. Ҳоло аҳаммияти воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар хеле назаррас буда, кормандони

САРЗАМИН | январ-март | 2019

соҳа тавассути инъикоси саривақтии мавзӯъҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, дар огоҳонии мардум ва тарбияи маънавии шаҳрвандон ҳамарӯза талош меварзанд. Дар идомаи чорабинӣ тибқи тартиби баргузории он, беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ бо мукофоту туҳфаҳо, инчунин нишони «Аълочии матбуот» ва «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ шуданд. Аз ҷумла ба ҷоизаи соҳавии иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бахши матбуот се нафар, дар бахши телевизион як нафар қадрдонӣ гардиданд. Дар номинатсияҳои алоҳида, як зумра кормандони ВАО, инчунин оҷонсиҳои иттилоотию марказҳои матбуотӣ бо мукофоти соҳавӣ қадр карда шуданд. Дар бахши Нашрияи сол ҳафтномаи «Омӯзгор», дар бахши дастрастарин мақомоти сол бо расонаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Радиои сол - Радиои Фарҳанг, Телевизиони сол - МД «Телевизиони кӯдакону наврасон - Баҳористон», Маҷаллаи соҳавии сол-маҷаллаи Кумитаи давлатии

идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сарзамин», Маркази матбуотии сол-Маркази матбуотии КҲФ ва мудофиаи граждании назди ҲҶТ, Агентии давлатии сол-АМИТ "Ховар", Нашриёти сол-Корхонаи табъу нашри «Шарқи Озод», Сармуҳаррири сол Шарифи Ҳамдампур ва журналисти сол-шодравон Холмаҳмади Мавлон эътироф карда шуданд. Таърихи таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи аввалин рӯзномаи тоҷикӣ-«Бухорои шариф» дар соли 1912 бастагӣ дошта, имсол аз он рӯз 107 сол пур гардид. Он замон барои таъсис ва ҷолибу пурмуҳтаво рӯи чоп овардани рӯзномаву маҷаллаҳо равшанфикрони миллат, аз қабили устодон Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ ва дигарон заҳмати зиёд кашидаанд. Имрӯз бошад, кору пайкори асосгузорони матбуоти тоҷикро ворисони онҳо-кормандони васоити ахбори муосир идома медиҳанд.


ГЕОДЕЗИЯ | 23

Робитаҳои байналмилалӣ

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам омад, ки дар ҳама бахшҳо кишвари мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин замина имконияту иқтидори корхонаҳои соҳавӣ муаррифӣ гардад. Ҳамзамон ҳамкориҳои дуҷониба бо созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ густариш ёфтаанд.

Дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва дигар созмону ташкилоти ҷаҳонӣ шўроҳои соҳавӣ фаъоланд, ки баҳри ҳамкориҳои мутақобила ва фаъолияти якҷоя таъсис дода шудаанд. «Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаҳои фосилавии Замин» яке аз чунин сохтори фароминтақавӣ ба ҳисоб меравад. Аз аввали таъсисёбии созмони мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқ ба он шомил гардида, самтҳои геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Заминро дар баробари дигар давлатҳои узви ин сохтор пеш

бурда истодааст. Шӯрои мазкур баҳри тақвият додани ҳамкориҳо ва ҳамоҳанг намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии давлатҳои узв, ҷаласаҳои худро бо навбат дар ҳудуди ҳар як давлати аъзо таъин ва давлати таъингардида, дар давоми сол раисии онро ба зимма гирифта, ҷаласаро мегузаронад. Ҷаласаи 39-уми "Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин", ки дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия аз 17 то 19 сентябри соли 2017 баргузор гардида буд, Ҷумҳурии Ӯзбекистонро барои гузаронидани ҷалассаи 40-уми Шӯро мутасаддӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамраиси он таъин намуд. Дар доираи баргузории ҷаласаи 40-уми "Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин", ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон санаҳои

15-18 августи соли 2018 баргузор гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2019 раисиро қабул намуд. Чорабинии мазкур дар соли 2019 баргузор мегардад. Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҷаласаи 41-уми "Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин", Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳо таҳия намудааст. Баргузории ин чорабинӣ 17-19 сентябри соли 2019 ба нақша гирифта шудааст ва ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани он корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Баргузории ин ҷаласа дар кишвар имкон фароҳам меорад, ки малакаву маҳорати мутахассисони тоҷик дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардад. Дар ин замина табодули таҷриба низ таъмин мегардад. Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои охир дар заминаи таваҷҷуҳ ба фаъолияти соҳа, мутахассисони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


24 | ТАДБИРИ САМАРАБАХШ

Амнияти ғизоӣ

Замин моликияти истисноии давлат буда, самаранок истифода шудан ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов яке аз ҳадафҳои аслӣ дар самти рушди соҳа ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ маҳсуб меёбанд. Ин аст, ки барои ба гардиши кишоварзӣ баргардондани заминҳои партов, чарогоҳҳо ва талу теппаҳо дар асоси барномаи махсус раванди обёрӣ ва ба замини киштбоб табдил додани майдонҳое, ки солҳо боз имкони кишт кардан дар онҳо вуҷуд надошт, идома дорад. Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар самти самарабахш ва мақсаднок истифода кардани замин, ки боиси боло рафтани иқтидори истеҳсолӣ дар бахши кишоварзии

САРЗАМИН | январ-март | 2019

мамлакат мегардад тадбирҳои амалӣ меандешад. Хатлон аз калонтарин вилоятҳои кишоварзии мамлакат маҳсуб ёфта, дар ин бахши имкониятҳои васеъ дорад. Ин аст, ки сол то сол майдони заминҳои кишт васеъ гардида, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва таҷрибаи пешқадам ҳосили зироату сабзавот ва меваҷоту полезӣ ба маротиб зиёд мешавад. Дар вилояти Хатлон айни ҳол хоҷагиҳои деҳқонии серсоҳа фаъолият намуда, заминҳои дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода мекунанд. Ҷиҳати пурсамар истифода кардани заминҳо дар доираи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳконӣ дар ноҳияи Данғара тадбирҳои судманд

роҳандозӣ гардида, Кумитаи идораи замин дар самти қонунигардонии истифодаи замин, мақсаднок истифода кардани майдонҳои кишт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои дур мондани заминҳо аз кишт ва ғайримақсаднок истифода шудани заминҳои корам низ талош ба харҷ медиҳад. Азхудкунии заминҳои партов низ дар асоси нақша-чорабиниҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Танҳо давоми се моҳи аввали соли 2019 дар вилоят майдони 20 ҳазору 292 гектар замини партов ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 18 ҳазору 485 гектарашро замини обӣ ташкил медиҳад. Айни ҳол барои ба гардиши кишоварзӣ баргардондани ин заминҳо қарорҳои мушаххас баромада, дар ҳамаи шаҳру


ТАДБИРИ САМАРАБАХШ | 25 ноҳияҳо мавриди баррасӣ ва татбиқ қарор доранд. Давоми семоҳаи аввал дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо майдони 395,69 гектар замини партов ба боғзор табдил дода шуд. Фаъолият дар ин самт идома дошта, ин раванд марҳала ба марҳала анҷом дода мешавад. Даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ як қатор ислоҳот ворид гардид, ки ин омил боиси рушди соҳа шуд. Таъсиси хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқонӣ ба он боис шуд, ки замин самаранок истифода гардида, деҳқонон баробари таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, ҳамчунин сатҳи зиндагии худро низ боло бардоранд. Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талоши хоҷагидорони ноҳия, инчунин татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки дар баробари зиёд шудани майдони кишту боғот ҳамчунин сатҳи зиндагии хоҷагидорон боло равад. Имрӯз истеҳсолкунандагони маводи ғизоӣ, махсусан маҳсулоти кишоварзӣ яъне саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ талош менамоянд, ки бо истифодаи самараноки замин ва таҷрибаи пешқадам дар афзун намудани ҳосили зиороатҳои гуногун саҳм гузошта, бозори истеъмолиро ғанӣ гардонанд. Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, ки вазифааш дуруст ба роҳ мондани кадастри давлатӣ ва назорати истифодаи самараноку оқилонаи замин мебошад барои

муайян намудани миқдори заминҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо, инчунин дар кадом ҳолату вазъ қарор доштани онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамоянд. Истифодаи босамари замин ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партову санглох ва талу теппаҳо ба он боис мегардад, ки дар баробари иҷро шудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат замина гузорад. Ҳамчунин дар ин давра аз тарафи нозирони давлатии истифода ва ҳифзи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 1953 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро дар майдони 1836,25 гектар ошкор намуда, барои дар маҳал бартараф намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин 1953 адад дастурҳо, 1576 адад протоколу қарорҳо дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба маблағи 614115 сомонӣ ҷарима баста шуда, ба суратҳисоби махсуси Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо 549895 сомонӣ ворид шудааст, ки 89 фоизро ташкил медиҳад. Кишти зироатҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зери назорати доимӣ қарор дорад. Ба ҳолати 15 марти соли 2019 дар миқёси вилоят дар майдони 156370,0 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт шудааст. Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои партов майдони умумии 8065,06 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида

Абдулҳафиз Одиназода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон шудааст. Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ҷиҳати беҳтар намудани назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, истифодаи самараноку оқилона ва ҳисоботи замин дар ҳудуди вилоят тамоми чораҳоро меандешад. Бояд таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб рафта, бе дарки амиқи моҳияти истифодаи замин ва таъмини самаранокии он ҳалли масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ба ғизо ғайриимкон мебошад. 2019 | январ-март | САРЗАМИН


26 | МАСЪУЛИЯТ

Созандагӣ ба истиқболи

ИСТИҚЛОЛ

Ҷамшед Умарзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд

Б

о мақсади пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои холимонда ва партов (боир) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нақшаҳои мукаммал ҷорӣ гардидааст ва марҳала ба марҳала заминҳои холимонда ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қудрати аз худ кардани онҳоро доранд, вобаста карда мешаванд. Кумитаи идораи замини вилоят ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» корҳои муайянро ба сомон расониданд. Тибқи мувозинаи замини вилоят ба ҳолати 1 январи САРЗАМИН | январ-март | 2019

Ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи замин дар мамлакат пайваста тадбирҳои ҳадафноку самарабахш андешида шуда, ба ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир мегардад. Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола сохторҳои вобаста, хоса Кумитаҳои идораи замин дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз тарафи Кумитаи идораи замини вилояти Суғд майдони 193 гектар, аз ҷумла 188 гектар заминҳои корами обӣ ва 5,5 гектар корами лалмӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст, ки ин омил дар амалишавии ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи устувор мегузорад.

соли 2019 шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 67 ҳазору 571 ададро ташкил медод ва дар 3 моҳи аввали соли 2019 боз 281 адад хоҷагии нав ташкил шуд. Раванди азнавташкилдиҳии хоҷагиҳо тибқи низоми муайян ва дар асоси талаботи муқарраргардида идома дорад. Беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии замин аз уҳдадории дигари Кумитаи идораи замини вилоят ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Ҳисси масъулият ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо аз ҷониби масъулони соҳа боис гашт, ки то охири моҳи феврали соли ҷорӣ ҳолати мелиоративии 418 гектар замин беҳтар карда шуд ва ин нишондод 7,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Маблағи сарфшуда барои анҷоми чунин корҳо

ба 370 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст. Ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои ниёзманд низ дар вилояти Суғд дар асоси низоми муайян ва тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҷараён дорад. Дар заминаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёди 5 ҳазору 402 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла 4 ҳазору 742 гектар зардолубоғ ба нақша гирифта шудааст. Танҳо дар соли 2019 дар ҳудуди хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоят 252 гектар боғу токзори нав бунёд карда хоҳад шуд.


МАСЪУЛИЯТ | 27 Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд аз тарафи корхонаҳои давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” 3715 адад заминистифодабарандагон, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ 545 адад дар майдони 3986,211 гектар, хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ (бунёди боғ) 18 адад дар майдони 7,5067 гектар, дигар намудҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ 103 адад дар майдони 1024,4 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 2554 адад дар майдони 238,24 гектар, зери сохтмон ва дигар эҳтиёҷот 495 адад дар майдони 240,7147 гектар бо шаҳодатнома (сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) таъмин гардидаанд. Аз ҷониби Кумитаи идораи замини вилояти Суғд дар баробари анҷоми корҳои базиммадошта, аз ҷумла ҷорӣ намудани

роҳҳои нави истифодаи самараноку оқилонаи замин, барқарорсозию ба гардиши кишоварӣ даровардани заминҳои холимонда ва дар ин замина ташкили хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, ҷамъиятӣ ва ёрирасон, инчунин ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сохтмон ва пешгирии қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин, ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити корӣ барои мутахассисони соҳа пайваста тадбирҳои муайяну мушаххас анҷом дода мешавад. Ин аст, ки бо маблағгузории КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар кўчаи Грибоедови шаҳри Хуҷанд бунёди бинои маъмурии Кумитаи идораи замини вилоят бомаром идома дорад. Бинои мазкур аз 5 ошёна иборат буда, он дорои утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ ва иншооти

ёрирасон мебошад. Утоқҳои корӣ ва ёрирасони бинои нав бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад ва дар заминаи бунёди он барои кормандони соҳа шароити мукаммали корӣ фароҳам оварда мешавад. Барои бунёди бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замини вилояти Суғд беш аз 1 милиону 260 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар иншооти мазкур беш аз 80 фоизи корҳо иҷро гардидаанд. Мувофиқи нақша сохтмони бино то моҳи сентябри соли 2019 ба анҷом расида, он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Намуди зоҳирии бинои нав ба тарҳу усули муосир ва бо истифодаи унсурҳои миллӣ оро дода мешавад, ки он ба ҳусни шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам хоҳад намуд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


28 | САЙРИ ОЛАМ

Раҳоварди сафар

Дар биёбони Ҳиҷоз, ки боди серунаш ҳамеша дар гардиш аст, бӯи гулу гиёҳи шукуфонаш ва дурахши шабнам аз нурҳои хуршед барои сокинонаш дигар афсона нест. Балки меъёру маҳаки баланди маҳорати гулпарварию ҷалби сайёҳон аз кишварҳои хориҷӣ шудааст. Дар ибтидои моҳи январ ҳароратсанҷ дар яке аз Боғҳои гулҳо рақами 34-ро нишон гирифта буд. Аҷабо, дар тобистон ин рақам каму зиёд то 60 дараҷа хоҳад шуд. Вале кас аз нигору ғурур ва сурури олами гулҳо ҳеҷ напиндорад, ки дар ҳарорати баланд низ ин чамани гулҳо дар шукуфоӣ ба рақс меоянд. Сокинони шаҳри Дубай,хоса роҳбалади сайёҳон дар бораи тарзи бунёд, парвариш ва шукуфтани гулҳо бо як ифтихор суҳбат карда, ҳамзамон иқрор мешуданд, ки ҳама кӯшиш ба он равона шудааст, ки ҳолати табиӣ дар ин муҳит созгор шавад. Ҳарчанд аз инноватсия ба таври васеъ истифода бурда мешавад, то сокинону сайёҳон дар чашми регзорон гулистонро бубинанд, вале табиат худ дигар аст. Бале, роҳбалад боҳарорат сухан мегуфт ва маълум, ки дониши кофӣ САРЗАМИН | январ-март | 2019

дорад. Вале ишораи он ки чаманзори табиӣ реша ба қаъри замин дорад ва пайдост, ки дубора неш занад, алами ниҳоии як фарди араб буд. Ин лаҳза табиати Тоҷикистони азиз пеши назар омад. Дар дилхоҳ мавзеи Тоҷикистон, алалхусус кӯҳистон агар сафари кас иттифоқ афтад, чашм кандан аз манзараи табиат барои кас душвор мегардад, барои тасвираш сад ранг камӣ хоҳад кард, насими маҷрои руду дарё зуд-зуд ба машом бӯи гулу растании шифобахшро меорад. Боз дар

сари ҳар қадам паррандаи хушхоне нағмасароӣ дорад. "Тоҷикистони биҳиштосо" беихтиёр садо кардам ва ифтихор кардам, ки сокини чунин як мулки зебои ҷаҳон ҳастам. Сайёҳати мо дар Боғи гулҳо дар шаҳри Дубай чанд соат давом кард, вақти ман дар зери таассуроти хуши тоҷикистонӣ буданам сипарӣ гардид. Вале суоли дигаре маро ором намегузошт. Дар се фасл баҳору тобистон ва қисман тирамоҳ гулҳо дар табиати кишвари мо шукуфоӣ доранд ва дар фасли зимистон низ парвариши


САЙРИ ОЛАМ | 29

онҳо ба роҳ монда шудааст. Вале бо кадом тарзу усули хосса, шукуфоии гулҳоро дар сардиҳои зимистон дар ҳолати табиӣ ба роҳ мондан мумкин аст.Зеро бунёди чунин боғҳо дар фаслҳои дигар хосса дар айёми дай ба муҳаббати якдигарии одамон боз меҳри бештаре зам менамуд. Охир, рӯҳи инсон ҳамеша ба муҳаббат ниёз дорад. Ин боғи гулҳо дар шаҳри Дубай яке аз маконҳои серодам ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 1800 намуди гулҳо парвариш меёбад. Шумораи бинандааш низ миллионҳо нафар аст. Гулҳо бо усули обёрии қатрагӣ ноаён парвариш ёфта, вобаста ба ҳарорати ҳаво ва фаслҳо коркард мешаванд. Решаи ин гулҳо ҳама чизро дар шакли моеъ ҷаббида мегиранд ва мутахассисон ин равандро ҳамеша мушоҳида ва назорат мекунанд. Масоҳати чамани гулҳо 6,7 гектарро ташкил намуда, беш аз 40 миллион гул дар ин боғ парвариш меёбад. Идомаи суханони роҳбалад дар гӯшам садо медиҳад,

-Дар ҳарорати 60 дараҷа гармӣ низ ин гулҳо хамин хел ҷаззобу шукуфонанд. Беҳуда «дасти одамизодро гул» нагуфтаанд. Барои завқу ҷалби сайёҳон мутахассисони ин шаҳр чунин боғҳоро бунёд кардаанд ва боз

афсӯси табиати дилорои табииро доштанд. Дар ҳар сурат маҳорату санъати гулпарварӣ дар шаҳри Дубай ба кас таассуроти хуш мебахшад. Гулчеҳра Сатторзода

2019 | январ-март | САРЗАМИН


30 | БУНЁДКОРӢ

Шаҳри нурофарон

Ҳурматзода Фатҳулло, раиси шаҳри Норак

САРЗАМИН | январ-март | 2019

Фасли баҳор дар шаҳри Норак накҳати гуворое дорад. Дар софию таровати руди Вахш тарҳи шаҳри муосири нурофарон аз дур ҳам ба чашм намудор аст. Дар кӯчаю хиёбон, гулгашту фаввораҳои зебояш набзи бомароми ҳаёт, саодати зиндагии мардум ва эҳсоси фазои тинҷу оромии кишварро таҷаллӣ медорад. Дар паҳнои ин шаҳри машҳур силсилаи корхонаҳои саноатӣ ва майдони боғоту киштзор ҷойгир аст, ки ба шаҳр ҳусни дигар зам менамояд.


БУНЁДКОРӢ | 31 Барои мо, сокинони ин шаҳр ифтихори бузург аст, ки имсол таҷлилии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд бо иштироки роҳбарияти мамлакат ва меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногуни олам басо пуршукӯҳ баргузор гардид. Ин рӯҳбаландӣ моро водор менамояд, ки барои баланд бардоштани нишондодҳои истеҳсолӣ дучанд меҳнат кунем. Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар шаҳри Норак як силсила иншооти иҷтимоӣ, маорифу тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Дар ин замина барои бо ҷойи кор таъмин намудани беш аз 1000 нафар сокинони шаҳр дар назар дошта шудааст. Барои амалӣ гардонидани лоиҳаи иншооти таъиноти гуногун, пеш аз ҳама, зиёд намудани манбаъҳои буҷаи шаҳр муҳим буда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ҳадафи асосӣ мебошад. НБО-и Норак, Бойғозӣ, ҶСП "Заводи таҷрибавӣ-механикӣ", ҶСП»Корхонаи маснуоти оҳану қир», ҶСП «Заводи таҷрибавӣ-таъмири механикӣ», ҶДММ «Сангрези Чашма», ҶДММ «Мавлак» ва Муассисаи давлатии «Обҳои нушокӣ ва корезӣ» соли гузашта нақшаҳои истеҳсолиро то 239 фоиз иҷро намуданд. Кишоварзӣ низ дар афзун гардидани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр саҳми муносиб дошта, ҳиссаи он дар як соли охир ба 66,4 миллион сомонӣ расонида шудааст. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1840 тонна ғалладона, 2644,3 тонна сабзавот, 2437 тонна меваҷот, 651 тонна полезӣ, 690 тонна ангур, 1439,5 тонна шир, 21,6 тонна асал ва қариб 1 миллион дона

тухм истеҳсол шудааст. Дар баробари рушди картошкапарварӣ соҳаи боғдорӣ низ барои мардуми шаҳр манфиатовар аст. Мардуми кишвар ба таъми лазизи анори Норак баҳои баланд дода, дар бозорҳои ҷумҳурӣ харидорони зиёд дорад. Аз ин рӯ, боғдорон ба зиёд намудани масоҳати анорзор ва дигар дарахтони мевадиҳанда ҳавасманд буда, ҳамасола то 20 гектар ҳудуди боғоти шаҳр зиёд карда мешавад. Дар як соли охир зиёд аз 30 иншоот дар шаҳри Норак аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ва соҳибкорон сохта ба истифо-

да дода шуданд. Айни замон дар шаҳр сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна, корхонаҳои истеҳсолӣ ва таҷдиду навсозии гулгашту кӯчаҳои шаҳр бомаром идома дорад.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


32 | БАҚАЙДГИРӢ

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД Масъулини Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмини сокинон ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо шиносномаи техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари марбути бақайдгирии молу мулки ғайриманқул фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Шуъбаи бақайдгирии корхона дар доираи пешбарии фаъолияти ҳамарӯзаи худ бақайдгирии қитъаи замин ва додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, бақайдгирии биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, додани Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, пешниҳоди иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, додани иттилоот дар бораи молу мулки ғайриманқули соҳибҳуқуқи фавтида, бақайдгирии шартномаи гарав (ипотека)-ро амалӣ намудааст. Маблағи хизматрасонии воридгардида давоми моҳи январ ва феврали соли 2019 82813 сомониро ташкил медиҳад. Ба шуъбаи умумии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров давоми 2 моҳи соли 2019 629 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардидааст. Баррасии ариза оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои

суратгир: Заур Дахте

САРЗАМИН | январ-март | 2019

ташкили хоҷагии деҳқонӣ, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон, оид ба вобаста намудани китъаи замини наздиҳавлигӣ ва гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, оид ба ташкили боғи интенсивӣ, тартиб додани нақшаи имконияти тақсимот ва шиносномаи

техникии алоҳида, тартиб додани нусхаи дуюми шиносномаи техникӣ аз ҷумлаи фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони шуъба ба ҳисоб меравад. Мутахассисони шуъбаи барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии


БАҚАЙДГИРӢ | 33 молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин давра 179 адад мактубу аризаро барои тартиб додани шиносномаи техникии асосӣ, 319 адад оид ба тартиб додани шиносномаи техникии ҷорӣ, 498 адад муроҷиат оид ба тартибдиҳии шиносномаҳои техникӣ ва инчунин 11 адад муроҷиат оид ба гирифтани хулосаро баррасӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ намудаанд. Аз ин ҳисоб ба суратҳисоби корхона 399306 сомонӣ ворид карда шудааст. Мутахассисони шуъба дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа талош доранд, ки ҳар мактубу аризаи воридшуда, дар муҳлатҳои муайянгардида баррасӣ ва эҳтиёҷоти муроҷиаткунандагон қонеъ гардонида шавад. Корҳои заминсозӣ ва барасмиятдарории қитъаҳои гуногунтаъиноти он низ аз бахшҳои асосии фаъолияти Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад. Масъулини шуъбаи заминсозии корхона давоми 2 моҳи аввали соли 2019 402 адад муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ, оид ба вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, оид ба вобаста намудани қитъаи замини иншооташ харидашуда, оид ба иваз намудани мақсади истифодаи қитъаи замин, оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон бо мақсадҳои гуногун, оид ба иваз намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қабул ва баррасӣ намудаанд. Мутахассисони шуъбаи заминсозии корхона дар моҳи январ ва феврали соли 2019 барои тартиб додани парвандаҳои заминсозӣ фаъолияти назаррасро ба роҳ монда, ба суратҳисоби корхона дар натиҷаи роҳандозии хизматрасониҳо 244000,0 сомонӣ ворид намудаанд, ки аз он ба маблағи 132768,74 сомонӣ корҳо пурра баанҷом расонида шудааст, ки баробар ба 111 % -и иҷрои нақша мебошад. Дар ин давра тибқи тартиби муқарраргардида 136 адад парвандаҳои заминсозӣ тартиб дода шуда,

Набихон Охунзода, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гузаронидани ташхис ва гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайгирии давлатӣ ба шуъбаи бақайдгирии корхона пешниҳод карда шудааст. Бо зиёд гардидани аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкориву хоҷагидорӣ дар ҳудуди ноҳия талабот ба фаъолияти мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ афзудааст. Аз ин рӯ роҳбарият ва мутахассисони корхона

дар доираи иҷрои талаботи қонунгузории соҳа ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам талош доранд, ки хизматрасониро дар сатҳу сифати баланд таъмин намоянд. Барои расидан ба ин мақсад гузариш ба тарзи электронии фаъолият тавассути барномаи САБТ замина муҳайё намудааст. Мутахассисони корхона аз курсҳои бозомӯзӣ гузашта, хизматрасониро ба таври электронӣ ба роҳ мондаанд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


34 | БОҒҲОИ МУОСИР

Гулов Саидалӣ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор

Б

оғдорӣ шуғли қадимаи миллати тоҷик буда, мардум дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ боғҳои меваҳои хушмаззадоштаро бунёд кардаанд. Мувофиқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ меъёри солонаи мевагиҳо барои як одам бо иловаи меваҳои хушк ва коркардшуда бояд 100-120 кг-ро ташкил намояд. Вобаста ба ин вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи боғдорӣ баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда ва беҳтар намудани сифати он мебошад. Иқлим, релйеф, хок ва дигар омилҳои табиати кишвар имкон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар соҳаи боғпарварӣ дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ мавқеи аввалро дошта бошад. Таърихи анъанаҳои боғдорӣ мардуми Тоҷикистонро водор месозад, ки ба рушди соҳаи боғпарварӣ аҳамияти калон диҳад. Тоҷикистон вобаста ба иқлими гуногун доштанаш аз ҷануб то шимол, аз ғарб то шарқ метавонад аз аввали баҳор то охири тирамоҳ мардуми ҷумҳуриро бо меваҳои тару тоза таъмин намояд. Аз ин рӯ, олимони соҳаи боғдорӣ дар натиҷаи тадқиқотҳои стратегии худ Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои ояндадори соҳаи боғдорӣ муаррифӣ намудаанд. Боғу токпарварӣ дар кишоварзии ҷумҳурӣ нақши зарурӣ мебозад, САРЗАМИН | январ-март | 2019

Боғпарварии Тоҷикистон: ҳолати имрӯза ва роҳҳои рушди самаранок

чунки меваю ангур ва маҳсулоти он, аз як тараф, барои фаровон гардонидани дастархони аҳолӣ зарур бошад, аз тарафи дигар, чун маҳсулоти содиротӣ нуфузи калон доранд. Ба рушди соҳа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 августи соли 2009 дар бораи бунёди 46 901 га боғу токзори нав таккони ҷиддӣ дод, ки дар давоми солҳои 2010-2014 зиёда аз 54 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд. Дар барномаи навбатии рушди боғу токпарварӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2020 бунёди 20153 гектар боғ ба нақша гирифта шудааст, ки 502 гектари он боғҳои интенсивӣ (пурсамар) мебошад. Дар даҳсолаи охир дар давлатҳои пешрафтаи дунё технологияи бунёди боғҳои интенсивӣ амалӣ гардид. Бо ин усул дар ҳар як гектар аз 2,0 то 3,5 ҳазор бех ниҳол ҷойгир карда мешавад ва ҳосилнокии ҳар гектари чунин боғҳо аз 300 то 700 сентнерро ташкил медиҳад. Бунёди чунин боғҳо сермасраф буда, барои як гектар тақрибан 120-150 ҳазор сомонӣ сарф мегардад ва ин хароҷот дар солҳои чорум-панҷуми ҳосилбандӣ бозгашт мешавад. Афзалияти ин боғҳо дар паст будани қади дарахтон, тез ба ҳосил даромадан, ҳосилнокии баланди онҳо мебошад, ки барои гузаронидани корҳои агротехникӣ мувофиқ буда, сарфи ҳароҷотро барои ҷамъоварии

ҳосил кам намуда, самаранокии онҳоро хеле баланд мебардорад ва сифати меваи онҳо беҳтар аст. Ҳосилнокии чунин боғҳо аз як гектар нисбат ба боғҳои мавҷуди ҷумҳурӣ 8-10 маротиба баланд аст. Дар ҳолати истифодаи обёрии қатрагӣ сарфи об чандин маротиба кам мегардад. Ҳоло мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ 158940 гектар боғ, 38106 гектар токзор мавҷуд аст, ки аз он 103493 ва 33258 гектарашон боровар мебошанд. Масоҳати умумии боғҳо дар ҷумҳурӣ 197046 гектарро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ боғҳои мавҷудаи имрӯза асосан боғҳои экстенсивӣ мебошанд, ки масоҳати умумии онҳо 196546 гектар буда, аз он 136751 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад. Истеҳсоли мева дар ҷуҳурӣ 447934 тонна ва ангур 241901 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ мутаносибан ба 52,9 ва 72,7 с/га мерасад, ки нисбат ба ҳосилнокии имконпазирӣ хеле паст мебошад. Истеҳсоли мева дар ҷумҳурӣ ҳар сол мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва соли 2018 689835 тоннаро ташкил намуд. Барои қонеъ гардонидани талаботи истеъмолии мардум мувофиқи меъёри физиологӣ 200-250 грамм мева дар як рӯз муқаррар гардидааст ва барои таъмини амнияти хӯроквории мамлакат ҳар сол бо назардошти содирот ба хориҷи кишвар, наздик 1 млн тонна лозим аст.


БОҒҲОИ МУОСИР | 35 Дар ҷумҳурӣ боғҳои интенсивӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва таъмини бозорҳои дохилии мамлакат бо меваи аз нуқтаи назари экологӣ тозаю хушлаззат бунёд карда мешавад. Дар боғзор навъҳо ва ҷинсҳои дарахтон бо назардошти истеҳсоли тару тоза, нигоҳдорӣ ва коркарди онҳо ҷойгир карда мешаванд. Ҷамъоварии ҳосили он низ аз охири тобистон оғоз ёфта, тирамоҳ анҷом меёбад. Имрӯз дар ҷуҳурӣ боғҳои интенсивии себ, нок, гелос, олу, зардолу ва шафтолу бунёд карда шуданд, ки вобаста ба мувофиқати хоку иқлим дар минтақаҳои гуногуни боғдорӣ ҷойгир шуданд. Татқиқотҳо нишон доданд, ки яке аз сабабхои асосии ҳосили баланди ҳарсола додани боғҳои интенсивӣ, ин дар давраи нашъунамои дарахтони қадкутоҳ кам сарф шудани энергия дар раванди мубодилаи моддаҳо ва ҳаракати онҳо ба узвҳои онҳо мебошад, хусусан ҳаракати ангиштобҳо аз барг ба реша ва баръакс моддаҳои ғизоию об аз система реша ба барг мебошад. Камсарфии энергияи мазкур, яке аз омилҳои иловагӣ барои

ҳосилдиҳии мунтазам ва баланд бардоштани маҳсулнокии дарахтони қадкутоҳ мебошад. Аз ин рӯ, ҳосилбандии қисми поёни шакли дарахтони қадкӯтоҳ 2-4 маротиба нисбат ба қабати болои дарахтон зиёд мебошад, ки 80%-и ҳосилбандии онҳо дар баландии 1,5-2,0 м танаи дарахтон ҷойгир аст. Барои бунёди боғҳои интенсивӣ пеш аз ҳама, ниҳолҳои дар тагпайвандҳои қадкӯтоҳ пайванд кардашуда лозим аст, ки имрӯз бо тавсияи олимони соҳа дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии ҷумҳурӣ парвариши онҳо ба роҳ монда шудааст ва дар солхои наздик, ҷумҳурӣ метавонад бе ворид намудан аз хориҷи кишвар, соҳаи боғпарварии интенсивии кишварро бо ниҳолҳои ватании ба шароити хоку иқлими маҳал мутобиқшуда таъмин намояд. Гузаштан ба ин шакли боғдорӣ имконият медиҳад, ки даҳҳо ҳазор гектар замини обӣ барои кишти дигар зироатҳо истифода бурда шавад. Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 500 гектар боғҳои

интенсивӣ мавҷуд аст. Дар асоси «Барномаҳои гуногуни давлатии рушди кишоварзии Тоҷикистон» дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» - и ноҳияи Хуросон, хоҷагии деҳқонии «Нурмаҳмад», хоҷагии ниҳолпарварии «Искич», муасиссаи кишоварзии «Ситабрагро»-и шаҳри Ҳисор, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Б. Ғафуров, Данғара, Ховалинг, Ёвон, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом, ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, Муъминобод ва Шамсиддин Шоҳин боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудааст. Дар майдонҳои номбаршуда 21 навъи себ ва 10 навъи нок, 14 навъи гелос, 8 навъи зардолу, 4 навъи олу дар тагпайвандхои қадкутоҳ зери омӯзиш қарор дорад. Ҳисоботи пешакӣ нишон медиҳад, ки дар ҳолати гузаштан ба технологияи нави бунёди боғҳо, истеҳсоли мева зиёд мегардад ва иқтидори содиротии кишвар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гашта, аҳолии ҷумҳурӣ бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин мегардад.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


36 | НАВБАҲОРИ ОЛАМАФРӮЗ ОМАДАСТ

ШУКӮҲИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҷашни Наврӯзи Аҷамро бо ифтитоҳи як зумра иншооти барои хоҷагии халқ муҳим ва баргузории барномаи бошукӯҳи идона дар маркази ноҳия таҷлил намуданд. Дар ин рӯз дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Даҳана бунгоҳи нави тиббӣ мавриди

САРЗАМИН | январ-март | 2019

истифода қарор дода шуд. Иншооти соҳаи тандурустӣ бо саҳми фаъолонаи сокинони деҳот сохта шуда, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Минбаъд аз хизматрасонии бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Заркамари ноҳияи

Ёвон метавонанд зиёда аз 1500 нафар аҳолӣ истифода намоянд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар деҳаи ба номи Алишер Навоии Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти нав маркази хизматрасонӣ ва ду майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ифтитоҳи чунин иншооти замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинон дар назди манзили истиқоматӣ аз хизматрасониҳои муосир дар ин самт баҳравар гарданд. Ҳамзамон наврасону ҷавонон метавонанд дар шароити мувофиқ ба варзиш машғул шаванд. Мавриди истифода қарор гирифтани ду майдончаи варзишӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯз имкон фароҳам хоҳад овард, ки ҳамагон дар шароити муосир ба намудҳои гуногуни варзиш машғул ва оянда варзишгарони болаёқат ба камол расанд. Боғи марказии ноҳия бошад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тавре гуфта шуд солиёни зиёд боғи фароғатии ноҳия ба навсозӣ ниёз дошт. Дар доираи таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқло-


НАВБАҲОРИ ОЛАМАФРӮЗ ОМАДАСТ | 37 лияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорон навсозии ин иншооти хизматрасонӣ оғоз гардид. Дар рӯзи таҷлили Наврӯз сокинону меҳмонони ноҳия тавонистанд аз хизматрасонии ин боғи фарҳангӣ бо хушҳолӣ истифода намоянд. Ҳоло Боғи марказии ноҳияи Ёвон дорои алвонҷкурсии баландпоя, чархофалаки гуногун, пойгаи автомобилронии барқӣ, фаввора, дӯконҳои замонавӣ барои омодакунии хӯрокҳои милливу тезтайёр, тавақуфгоҳи мошинҳои сабукрав, дарахтони ороишӣ, майдончаи хурди варзишӣ ва дигар иншооти барои фароғат зарурӣ мебошад. Иҷрои суннатҳои аҷдодӣ ба ҳифзу тарғиби бештари таъриху тамаддун асос мегузорад. Дар ҳамин замина дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Ёвон зимни намоиш таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод гардид. Сипас дар майдони марказии ноҳия ба муносибати ҷашни Наврӯз бо иштироки аҳли фарҳангу сокинони ноҳия барномаи ҳунарӣ манзури ҳозирин гардонида шуд. Ҳисси баланди хештаншиносӣ ва эҳёву зебошавии табиат ҳар як нафарро ба базмгоҳи асосии Наврӯз овард. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон аз дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар эҳё ва баланд шудани мақоми Наврӯз ёдовар шуда, ҳифзи арзишҳои миллиро барои ҳар як нафар муҳим донистанд. Ҳунармандони ноҳия аз эҳёи табиат, дамидани сабза ва шукуфоии гулҳо ба илҳом омада, суруду таронаҳои ифодакунандаи васфи баҳору Наврӯзро манзур намуданд. Бо назардошти он, ки таърихи Наврӯз аз қарнҳо маншаъ гирифта, ба миллати тамаддунофари тоҷик мансуб аст, имрӯз ҳар як сокини ноҳияи Ёвон арҷгузорӣ ва таҷлили онро чун идомадиҳандагони тамаддуни башарии гузаштагони хеш зарур медонанд. Омодагии сатҳи баланд имкон фароҳам овард, ки дар ноҳияи Ёвон ҷашни Наврӯзи Аҷам муассиру хотирмон таҷлил карда шавад. 2019 | январ-март | САРЗАМИН


38 | САЙЁҲ Қалъаи Ҳисор

Тоҷикистон аз диди сайёҳони хориҷӣ @robertmichaelpoole

Robert Michael Poole суратгири шабакаҳои CNN, BBC, NatGeo

Дарёи Искандаркул САРЗАМИН | январ-март | 2019

Роҳи Искандаркул


ГЕОДЕЗИЯ | 39 Искандаркул

2018 | октябр-декабр | САРЗАМИН


40 | НАКУНОМ

Рузгори ибратбахш Замоне ӯ худро шинохт, ки дар пешорӯяш қуллаҳои сарбафалаки кӯҳистон намудор буд. Ӯро на салобату шаҳомати қуллаҳои бовиқори водии Зарафшон мафтуни худ сохтанд, балки як порча замини қумзору шӯраи ҳотаи падар фикрашро доимо мағшуш месохт. Ӯ пайвастаю мудом баъди он ки ба дарки оламу одам сарфаҳм мерафтагӣ шуд, донистан мехост, ки чӣ асроре дар хоки ин диёр нуҳуфтааст ва ба сабзиши ҳар растаниву гиёҳе, ки дар кӯҳистон мерӯид, бо нигоҳи амиқу кунҷковона дида медӯхт.

Бобо Сангинов Шояд ҳамин буд, ки ӯ дар оянда аз як тифли кӯчак то ба аввалин селексионери тоҷик оид ба парвариши пахта дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистӣ расида, мактаберо созмон дод, ки то имрӯз бо дастовардҳои боарзишу шоёни таҳсин фаъолият дорад. Миёни ин сатрҳо мо симои академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Федератсияи Россия, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Ҷоизаи ба номи академик Н.И.Вавилов ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология Бобо Сангиновро ҷӯёем. Ин олими тавонои тоҷик умри пурбаракати худро сарфи рушди соҳаи кишоварзӣ, бахусус пахтакорӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ихтирои навъҳои наву серҳосили он намудааст. Пажӯҳишу тадқиқот ва анҷоми корҳои илмӣ-саҳроӣ дар муассисаҳои гуногуни Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва пойгоҳҳои илмӣ-истеҳсолию таҷрибавии он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби академик Бобо Сангинов натиҷаҳои назаррас ба бор

САРЗАМИН | январ-март | 2019

овардаанд. Натиҷа ҳамин шуд, ки ин олими заҳматкаш навъҳои серҳосили пешпазаку ба касалиҳо тобовар ва дорои сифати баланди пахтаи маҳиннаху миёнанах, ба монанди 5595-В, 6465-В, 6249-В, 8386-В, 8375-В, 8404-В, 6815-В, 8385-В,8408-В, 8418-В,2928-В,2379-В ва 2407-В-ро ихтироъ намояд. Дар умум зиёда аз 30 навъи пахтаи серҳосилу ба бемориҳо тобовар ва дорои сифати баланд марбути номи ӯ мебошанд. Навъҳои офаридаи олими ҷаҳоншумул Бобо Сангинов ҳар яке барои селексияи пахта аҳаммияти калон доранд. Пешниҳодҳои илмии ӯ дар муассисаҳои селексионию пахтакории давлатҳои хориҷӣ низ имрӯз мавриди истифода қарор доранд. Роҳи тайнамудааш дар соҳаи илм ҳамвору бемонеа набуд. Ӯ душвориҳоро бо сари баланд ва нерӯи шикастнопазир паси сар намуда, ҳамвора талош менамуд, ки соҳа ба пешравӣ дастёб гардида, дар заминаи он рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат таъмин гардад. Давоми фаъолияти доманадору ибратбахши худ олим тавонистааст, ки аз натиҷаи тадқиқоту пажӯҳиш ва корҳои амалии анҷомдода беш аз 250 асари илмӣ рӯйи нашр оварда, ба муаллифии 20 кашфиёту ихтироот соҳиб гардад. Ҳар як асари таълифнамудаи ӯ барои омӯзиши мутахассисони соҳа заруру манфиатовар аст. Дар баробари анҷом додани корҳои илмиву истеҳсолӣ ҳамзамон Бобо Сангинов мактаби хоссаи тарбияи олимони риштаи кишоварзиро созмон додааст, ки услуби махсуси фаъолиятро дорост. 68 нафар тавассу-

ти ин мактаб зери роҳбарии бевоситаи олим ба касби унвону дараҷаҳои илмӣ шарафёб гардидаанд. 23 нафар доктори илм ва 45 нафар дар риштаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, ҳоло дар пешравии бахши аграрии мамлакат ҳиссаи арзандаи худро ҳамчун шогирдони муваффақи олим гузошта истодаанд. Ташаккул ва рушди илмиву истеҳсолии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон низ ба номи Бобо Сангинов пайвасти ногусастанӣ дорад. Зеро ин олими пухтакор аввалин президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Қобилияти ташкилотчигӣ, огоҳии амиқ аз мушкилоту дастоварди соҳа ва содиқ будан ба касбу масъулияти баланд дар мудирияти ин муассисаи бонуфузи илмии кишвар боис гардид, ки ӯ давоми 12 сол сарварии онро бо сари баланд ва натиҷаҳои чашмраси илмиву амалӣ ба зимма гирад. Ҳамагуна муассисаву ташкилот дар солҳои аввали таъсисёбӣ норасоиву камбудӣ ва мушкилоти зиёди идориву техникӣ ва кадриву хоҷагидорӣ дорад. Ҷаҳонбинии фарох, некбиниву покизакорӣ ва бо масъулияти баланд пеш бурдани корҳои роҳбарӣ ба ин олими тавонони тоҷик имкон дод, ки фаъолияти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро якҷо бо кормандони он дар сатҳи зарурӣ пеш бурда, онро тадриҷан давоми солҳои роҳбариаш ба як муассисаи пешқадами илмии соҳаи кишоварзӣ табдил диҳад. Маркази ҷумҳуриявии механиконии кишоварзӣ, марказҳои илмӣ дар


НАКУНОМ | 41 вилоятҳои Суғду Хатлон, муассисаи таҷрибавии кишоварзии Помир, пойгоҳи таҷрибавии кишоварзии Панҷакент ва шуъбаю озмоишгоҳҳои асосии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки сохторҳои калидии он ба ҳисоб мераванд, маҳз дар давраи роҳбарии Бобо Сангинов таъсис ёфтаанд, ки дар натиҷа мукаммалии тадқиқоти олимон ва гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ имконпазир гардидааст ва дар ин замина татбиқи назария дар истеҳсолот ҷорӣ гардид. Зимни омода намудани матлаб бо чанде аз ҳамкорону ҳамкасбони қаҳрамони мақолаи худ ҳамсуҳбат шудем ва хостем ба ин васила дар офаридани чеҳраи илмии академик Бобо Сангинов аз таассуроти онҳо истифода намоем. «Ӯ на танҳо ҳамчун селексионер ва олими варзида, балки чун ташкилотчии моҳир дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар маъруф буд. Дар муддати 25 соли вазифаи директори Стансияи таҷрибавии кишоварзии Вахш (ҳоло филиали Институти зироаткории АИКТ)-ро ба уҳда доштанаш дар рушди илми бахши пахтапарварӣ ва татбиқи натиҷаи тадқиқотҳо дар истеҳсолот саҳми арзанда гузошт»-иброз медорад Давлат Комилзода, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Паҳлуи дигари фаъолияти акдемик Бобо Сангинов муаррифии шоиста аз илму ихтироъкории тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Мунтазам давоми фаъолияти худ дар сохторҳои гуногуни илмиву пажӯҳишии мамлакат бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар ҳамоишу симпозиумҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат намуда, аз рушди илми кишоварзӣ дар

мамлакат, дастоварду ихтирои тоҷикон ва саҳми онҳо дар пешбурди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ маълумот медод. Гоҳо дар чунин ҳамоишҳо бо олимони кишварҳои дигар вориди баҳсу мунозира гардида, ҳамеша бо арқому далел гуфтаҳои худро исбот менамуд. Ҳамин аст, ки дар доираҳои илмӣ, бахусус миёни пажӯҳишгарону ихтироъкорони муассисаҳои илмии кишоварзии як қатор мамлакатҳои олам маълуму машҳур ҳамчун як тоҷики ватандӯсту меҳанпараст буд. Бо медали тилло қадрдонӣ гардидани хизматҳои академик Бобо Сангинов дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус барои равнақу инкишофи пахтакорӣ аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ ва Ташкилоти байналмилалии ИКАРДА намунаи равшани исботи гуфтаҳои болост. Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Федератсияи Россия Бобо Сангинов танҳо бо ихтирои навъҳои дар шароиту иқлими ноҳияҳои Тоҷикистон мувофиқбудаи пахта фаъолияти илмии худро маҳдуд накардааст. Давоми фаъолияти илмиву истеҳсолии худ ӯ навъҳои гуногуни зироати хӯроки чорво, аз ҷумла юнучқаи В-233, В-300 ва В-416, ҷави В-116, В-128, ҷувории В-10, В-129, берсими Хатлон-3 ва дигар зироатҳоро ихтироъ намуда, онҳоро мутобиқи шароити кишвар минтақабоб гардонидааст, ки ҳоло дар навоҳии гуногуни мамлакат ба таври васеъ кишт карда мешаванд. Зеро ӯ дар ин самт низ дасти боло доштаасту фаъолияташ намунаи ибрати дигарон гардидааст. Аз суҳбат бо дӯстону ҳамкорон ва ҳамкасбону пайвандони Бобо Сангинов

ва мутолиаи нигоштаҳое чанд доир ба фаъолияти илмиву роҳбарии ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои дохиливу ҳам хориҷӣ пай бурдем, ки дар воқеъ ин олими поквиҷдону дӯстдори ҳар каф хоки диёр то охирин лаҳзаи ҳаёти худ барои рушди илми тоҷик, беҳ гардидани сатҳи зиндагии мардум, зиёд шудани даромаднокии аҳолӣ аз руйи кишту истеҳсоли маҳсулоти босифату ҷавобгӯи талаботи замон фикр кардаву онро то охирин имкон дар амал татбиқ намудааст. Подош ҳамин аст, ки ҳоло аҳли илм, бахусус олимони риштаи иқтисодиёту кишоварзӣ аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. «Ҳаёт ва фаъолияти академик Бобо Сангинов, бешубҳа, намунаи ибрат буда, хотираи неки ин инсони шарифу заҳматкаш ҳамеша байни олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ боқӣ хоҳад монд», - андеша дорад Нуралӣ Асозода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Ин марди накуному хирадпеша ва олими номвару хушноми тоҷик, натанҳо аввалин селексионери тоҷик дар соҳаи пахтакорӣ, балки асосгузори тадқиқоти илмӣ дар риштаи кишоварзӣ мебошад. Зеро айни замон дар аксари муассисаҳои илмии ин соҳа дастпарварони мактаби ӯ кору фаъолият доранд ва бо ифтихору сарбаландӣ дар пайроҳаи илмиву роҳбарии академик Бобо Сангинов роҳпаймоӣ намуда, барои рушди илми тоҷик саҳм мегузоранд. Ба таъбири Саъдии бузург: Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз, Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд. Раҳими Карим

2019 | январ-март | САРЗАМИН


42 | НАЗАРЕ БА ТАЪРИХ

, Навруз Сад пахлуи Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ

Дар «Авасто» аз вожаи Наврӯз кор гирифта нашудааст, вале дар «Фарвадин яшт» сабт аст, ки рӯзи нахустини Фарвадин фурӯҳарҳо (фариштаҳо) аз осмон фуруд омада, дар ин гуҳанбор ба хушнудии одамон ҳамроҳ мешаванд. Ҳар гоҳ мо дар мавриди пайдоишу пешинаи дури ҷашнҳоямон андешаронӣ мекунем, мебоядамон сайре дар он замонаҳои дур дошта бошем ва бидонем, ки шароити зиндагӣ, шеваи будубоши 8000 солагонамон чӣ гуна будааст. Чунончӣ, зистгоҳи онҳо дар куҷо қарор дошта, боду ҳаво, фаслҳои сол ва гоҳшумориашон ба сони имрӯз будааст ё хайр? Хуршед дар он замонаҳо чун имрӯз нур мебахшид ё дар ин 366 рӯзи сол, абрҳои сиёҳу гирдбодҳои сард офтобро пӯшонида, ба дилҳо гумон меовард, ки яхбандиҳои пурдавому дилбазан карона надошта, Аҳримани сиёҳу сард намегузорад Хуршед гармиву рӯшноиро бозоварад. Ба пиндори иддае аз ховаршиносон, зистгоҳи ориёиҳо то кӯчбандиҳои нахустин (великая миграция) дар минтақаи ниҳоят сард ҷой дошта, онҳо як солро ба ду бахш фасл карда буданд: 6 моҳи гармо ва 6 моҳи сармо.Бориши барф он сон зиёд будааст, ки мардумон гаҳе субҳ тавони кушодани дари хонаро надошта, аз тариқи равзанаи бом баромада, барои кушодани даромадгоҳ чанд вақте барфрӯбӣ мекарданд. Барои аз чашма об овардан, марСАРЗАМИН | январ-март | 2019

Наврӯз ба рӯзгори ҳазорсолагони пешинаи мо чунон пайвастагиҳо доштааст, ки ҳама мардум - чӣ шоҳу чӣ деҳқон, чӣ пешавару чӣ бозаргон, чӣ солхӯрдаву чӣ ҷавон ба пешвозаш тадбирҳо меандешиданд ва аз гомҳои хуҷастааш орзуи беҳрӯзгориҳо доштанд. Пешинаи Наврӯз дар сарчашмаҳои олимонаи тоҷикону эронитаборон 8000 - сола дониста шудааст ва бархе таърихдонону адабпажӯҳон аз ёдкарди ин шумораи баланд дар дил нобовариҳое парварда, онро «5000 сол пеш», «6000 сол пеш» ва монанди он шуморидаанд. Аммо ин ки умри Наврӯз реша дар оғози саргузашти тоҷикону эронитаборон дорад, нахуст дар китоби бузурги мо «Авасто» ва дигар дар китоби «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ равшан баён шудааст. Он чи дар «Осор-ул-боқия»-и Абӯрайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома» - и Умари Хайём ва дигар китобҳо мехонем, ғолибан такя ба гумонҳову тахминҳои дигарон дорад.

дону занон роҳ меруфтанд, роҳро «пай мекарданд» (яъне дасти ҳам гирифта барфҳоро пойкӯбӣ мекарданд.) Дар охирҳои зимистон ҳама захираҳо ба поён мерасид: хӯроки то ҷашни Меҳргон захиракарда, ҳезуму дигар сӯзишворӣ тамом мешуд, хӯроки чорво, аз коҳи хушку алафи хушк ба охир расида, чорво лоғар мешуд, муриши чорво авҷ мегирифт. Роҳҳои бозаргонӣ баста шуда, аз деҳае ба деҳаи дигар аз рустое то ба шаҳр рафтан номумкин мегашт. Падарону модарони мо барфҳои «одамкуш» - ро ба ёд меоварданд, ки дар роҳҳои байни деҳоти кӯҳнишин ва шаҳр, пас аз об шудани барф ҷасадҳои зиёди одамонеро пайдо мекарданд, ки дар масири роҳ зери бориши босуръати барф монда мемурданд. Дар он замон ягона умеди гузаштагонамон ба моҳи фарвадин расидан буд, ки онро Наврӯз ва бо меҳр Наврӯзи дилафрӯз, Наврӯзи хуҷастапайк (яъне хабари хушоваранда), Наврӯзи оламафрӯз, Наврӯзи хуҷастафол, Наврӯзи гулафшон, Наврӯзи ҷаҳоноро номида буданд. Чун гулҳои навбаҳорӣ аз хок сар берун мекард, бачаҳо маросими

«гулгардонӣ» - ро иҷро мекарданд. Ҳар гоҳ бачаҳо дастагули сияҳгӯшро ба сӯйи соҳибони хона дароз мекарданд, онҳо дастагулро ба дидаҳо молида мегуфтанд: «Сад шукр, ки ба баҳор расидем. Худо моро то баҳори дигар бирасонад!» Ин гуфтаҳо ишора ба душвориҳои зимистонгузаронӣ дорад. Пас аз садсолаҳо ниёкони ориёии мо ба чанд самт кӯч баста, зистгоҳҳоеро писандиданд, ки нури офтоб ба таври басанда ба пайкарашон, ба заминҳояшон гармиву рӯшноӣ мебахшид. Дар он заминҳои писандида деҳгонӣ кашф карда, ба киштварзӣ пардохтанд. Ва Варорӯдро - сарзамини рӯдбори зиндагибахши Омӯ ва Сирро ниёкони ҳушманди мо зистгоҳ пазируфтанд. Ва аз ин ки киштварзӣ мояи асосии зиндагии онҳо буд ва чун киштварзӣ ба гардиши офтоб пайвастагиҳои ногусастанӣ дошт, тоҷикон гоҳшуморие офариданд бар пояи гардиши офтоб, кутоҳиву дарозии шабу рӯз. Он рӯз, ки офтоб ба бурҷи баланди кайҳонии худ расида баробарии шабу рӯз ба миён омад, он рӯзро «Наврӯз» номиданд. Дар ин ҷо бояд аз шоҳ Ҷамшед


НАЗАРЕ БА ТАЪРИХ | 43 ёдовар шуд, зеро бар тахт нишастан ва тобиши нури офтоб бар пешонии ӯ, ки дар рӯзи нахустини фарвадин сурат гирифта буд, Наврӯз хонда шуд. Ҳамин аст, ки ҷашни Наврӯзро ҷамшедӣ номидаанд. Гумон меравад, касе аз бузургони дигари адабиётамон воқеъияти ҷашнгирии Наврӯзро чун Ҳаким Фирдавсӣ наздик ба яқин насурудааст. Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» - и ҷовидонии худро бар асоси китоби «Худойнома» офаридааст ва гуфтаҳои он бузургвор дар мавриди нисбат додани Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед, аз қадимӣ будани достон гувоҳӣ медиҳад. Ҳаким Фирдавсӣ мефармояд: Ҷамшедро бад-он хотир паямбар донистаанд, ки ӯ ба мардумон кишоварзӣ омӯзонд, водошт то аз пашму қасабу катону абрешиму хаз либосдӯзӣ намоянд, девҳоро бифармоянд (девҳо, яъне одамони ваҳшӣ), ки аз обу гил хишт бисозанд ва аз сангу гаҷ девор бунёд кунанд. Донишҳои ҳандасӣ омӯхта, аз санги хоро гуҳар ва аз кӯҳ оҳан берун кашанд ва онро нарм сохта, олати кору набард таҳия намоянд, атру бӯйҳои хуш бароварда, пизишкиву дармони дардмандонро пайдо кунанд, киштӣ сохта, аз кишвар ба кишваре гузар кунанд ва монанди он. Ончуноне Ҳаким Фирдавсӣ фармудааст: Чу хуршеди тобон миёни ҳаво, Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво. Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй, Аз он бар шуда фарраи бахти ӯй. Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд, Мар он рӯзро рӯзи нав хонданд. Ба Наврӯз навшоҳи гетифурӯз, Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз. Бузургон ба шодӣ биёростанд, Маю ҷому ромишгарон хостанд. Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор, Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.

Таърихнигори барҷастаи тоҷик Наршахӣ ҷашнгирии наврӯзиро дар яке аз деҳоти Бухоро тасвир карда, дар бораи Наврӯзи Кишоварзон чунин ёдовар шудааст: «… ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯз бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва 21 – ум рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи Кишоварзон гӯянд ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисоб нигоҳ доранд ва

бар он эътибор кунанд». (Наршахӣ, «Таърихи Бухоро») Шоиста ба гуфтан аст, ки Наврӯз дар дарозои ҳазорсолаҳо сад паҳлу ва шояд беш аз он ба худ афзудааст, аммо чун мо дар ин фурсат дар бозгуфтани ҳама паҳлуҳои хуҷастаи он маҷол надорем, ҷуз аз пайвастагиҳояш ба ойини кишоварзӣ, сухане пиромуни ҷойгоҳи варзиш низ дар ҷашнгирии Наврӯз пеши дидори хонандагони гаронмоя мегузорем. Варзиш ба маросиму ойинҳои наврӯзӣ он қадар пайвастааст, ки мо, тоҷикон, ба хаёламон роҳ дода наметавонем, ки ин ҷашни зебои аз ҳазорсолаҳо то имрӯз омадаро бе тамошои мусобиқаҳои варзишӣ гузаронем. Ба пешвози Наврӯз аз замонаҳои дури таърихӣ на танҳо деҳқонон, хунёгарон, шоҳону шоирон, балки варзишгарон омодагӣ медиданд. Парасторони варзишҳои аспсаворӣ, ба монанди чавгонбозон, асптозон, дар дарозои мавсими сармо аспҳои худро парваронда, то Наврӯз, ба истилоҳи мардумӣ, аспҳои маст гаштаашонро хунук мекарданд, орову торо медоданд ва рӯзҳои наврӯзӣ шиҳаи аспони ба мусобиқа омодагашта дар майдонҳо танинандоз мешуд. Ҷолиб аст, ки дар адабиёти куҳани мо истилоҳе ба гунаи «Гулрезони паҳлавонон» ба чашм мехӯрад, ки он ба мусобиқаҳои гӯштӣ пайвастагӣ дорад. Истилоҳи "Гулрезон" ба он ишора доштааст,

ки ҳар сол ба Наврӯз дар майдончаи мусобиқаҳои гуштӣ рӯймолеро мегустурданд ба хотири саҳмгузории тарафдорони ин ё он паҳлавон дар дастгирии ниёзмандон. Яъне ҷамъоварии хайрияи маблағе барои дастгирии нотавонон. «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ дар мавриди расму ойинҳои паҳлавонӣ гуфторҳои зиёде дорад ва яке аз хислатҳои чашмгири паҳлавонон, ёрӣ расондан ба нотавонон ва дигаре пос доштани нангу номус мебошад. Майдони гуштигирӣ арсаи на танҳо намоёндани зӯриву ҳунармандии паҳлавон мебошад, балки майдони ба намоиш гузоштани хислату манишу ахлоқи парварондаи ҷавонмардӣ низ мебошад. Дар «Шоҳнома», вақте ки Баҳром, писари Гударз аз набард бармегардад, мебинад, ки тозиёна (қамчинаш) дар корзор афтодааст. Ӯ ба майдони набард бармегардад, аммо сари роҳ Гев бо ӯ вохӯрда мегӯяд, ки бародар барои як тозиёна ба размгоҳ нарав, ки хатари марг аст, ӯ тозиёнаи дастатиллоии аз шоҳ подош гирифтаашро ба ӯ мебахшад. Аммо Баҳром мегӯяд, ки ин нангро бардошта наметавонад, зеро дастаи тозиёна бо номи ӯ тазйин шудааст... Бигзор дар чеҳраҳои шумо гулҳои наврӯзӣ шукуфон бошанд ва Тоҷикистони муқаддаси мо ҳамеша сарзамини хушнудиҳо, боровариҳо, пирӯзиҳо ва ориёимардону ориёизанони бонангу номус бошад! 2019 | январ-март | САРЗАМИН


44 | НАЗОРАТ

Дар доираи қонун Масъулини Сарраёсати назорати давлатии замин дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2019 корҳои муайянеро ба сомон расонидаанд. Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ва мақомоти он дар маҳал 4267 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин ошкор карда шуда, нисбат ба 3780 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст ва ба маблағи 1 615 415 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ таҳия гардидааст. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ 244 мавод ба прокуратура, 42 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба суд ирсол карда шуда, 2884 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шудааст. Ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар муқоиса ба семоҳаи аввали соли 2018 433 ҳолат зиёд мебошад. Тартиби парвандаҳои маъмурӣ 493 адад зиёд будааст. Тибқи нақшаи корӣ аз ҷониби мутахассисони Сарраёсати назорати давлатии замин корҳои назорати риояи қонунгузории замин дар ноҳияи Дӯстӣ гузаронида шуда, ин раванд дар шаҳри Ваҳдат идома дорад. Дар асоси мушоҳидаи аксҳои кайҳонӣ бо истифодаи барномаи интернетӣ (Googl) вобаста ба бунёди сохтмонҳо дар 2 ҷамоати деҳоти ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон тадбирҳои назоратӣ гузаронида шудааст. Дар шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи корҳои назоратӣ 96 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, нисбат ба 94 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст ва ба маблағи 59 440 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардидааст. 5 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф шудааст. Дар ноҳияи Хуросон дар натиҷаи корҳои назоратӣ 27 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин САРЗАМИН | январ-март | 2019

ошкор карда шуд. Нисбат ба 21 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 14 905 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, 9 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф гардидааст. Бартарафкунии қонуншикании замин ба шаҳру ноҳияҳои Ҳисор 20,0 гектар, Варзоб 2,70 гектар, Рўдакӣ 9,45 гектар ва шаҳри Душанбе 1,01 гектар рост меояд. Бартарафкунӣ дар ин самт идома дорад. Инчунин дар бахши назорати истифодаи замини чарогоҳҳо, соҳили дарёву канори обанборҳо ва муассисаҳои хизматрасониву иҷтимоӣ низ аз ҷониби мутахассисони Сарраёсат тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати аз рӯйи таъинот истифода шуданашон амалӣ гардидааст. Дар Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар се моҳи соли 2019, 1953 ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба 1576 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ба маблағи 614 115 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ низ татбиқ гардидааст. Кумитаи идораи замини вилояти

Дилшод Назурзода, сардори Сарраёсати назорати давлатии замин Cуғд дар семоҳаи соли 2019 1363 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, нисбат ба 1358 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 570 810 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ татбиқ шудааст. Масъулини Кумитаҳои идораи замини вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар се моҳи соли 2019 68 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, ба маблағи 18 700 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намудаанд. Дар Кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин давра 614 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст. Нисбат ба 546 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 248 925 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ татбиқ гардидааст. Кормандони Сарраёсат баҳри истифодаи самаранок ва мақсадноки замин, пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ менамоянд.


ТАТБИҚИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ | 45

Самараи фаъолият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон» дар баробари баррасии масоили муҳимми кишвар ва гузоштани вазифаҳои мушаххас ба сохтори гуногун, ҳамчунин ташаккули мизони хизматрасонӣ, тавсеаи он ва татбиқи технологияи муосирро дар ин раванд муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин замина, дар асоси нақшаи чорабиниҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», дар КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайримнақул»-и шаҳри Турсунзода нақшаи чорабиниҳои идоравӣ тартиб дода шуд, ки он аз 18 банд иборат мебошад. Саҳм доштан дар ташаккули ҳуқуқии ҷомеа ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон яке аз бандҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, бо мақсади фарогирии аҳолӣ барои таҳия намудани шиносномаҳои техникӣ, парвандаҳои заминсозӣ, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва муҳлати хизматрасониҳо 16 нафар мутахассиси корхона барои корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии 9 ҷамоати деҳот ва шаҳри Турсунзода сафарбар гардиданд, ки то охири сол идома меёбад. Дар корхона муҳлати баррасии саривақтии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба роҳ монда шудааст. Рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта муҳлати

Баҳодур Абдуллозода, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Турсунзода баррасии ариза ва дархостҳо гузаронида шуда, барномаи махсуси электронӣ насб гардидаст, ки ин равандро бевосита назорат мекунад. Таҷрибаи мазкур нишон дод, ки татбиқи технологии коргузорӣ барои баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар натиҷа муроҷиати шаҳрвандон зиёд гардида, дар асоси ариза ва дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо назардошти парвандаҳои соли 2019 496 адад парвандаҳои заминсозӣ омода гардида, 270 парванда аз ташхис гузаронида шуданд. Ҳамчунин кормандони шуъбаи барӯйхатгирии техникии корхона дар асоси дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 433 шиносномаи техникӣ

тартиб доданд, ки ба 266 адад шиносномаи техникӣ тағйироти ҷорӣ ворид карда шудааст. Аз ҷониби мутахассисони шуъбаҳои корхона истифодаи васеи харитаҳои кадастрии рақамӣ, барномаи САБТ, ARGIS, Архикад ва «Бойгонии электронӣ» ба роҳ монда шудааст, ки барои таҳияи ҳуҷҷатҳои техникӣ муҳим мебошад. Ҳамзамон 41.235 парвандаи бойгонӣ, 30.265 шиносномаи техникӣ ва 10.970 адад парвандаи заминсозӣ бо сифати баланд нусхабардорӣ карда шудаанд. Бо назардошти зиёд гардидани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ 20 адад техникии муосир, компютер принтер, сканер, ноотбук ва дастгоҳи муқовабандӣ дастрас гардид. 2019 | январ-март | САРЗАМИН


46 | БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ

Пойгоҳи таълим, илм ва ҳунари кишоварзӣ

Амонулло Салимзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Донишгоҳ дар тӯли 88 соли фаъолияташ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфта, барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 52061 нафар мутахассисони баландпоя тайёр намудааст. Дар донишгоҳ 6 нафар академик ва 7 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, 46 доктори илм, 57 профессор, 126 нафар номзади илм ва 233 омӯзгори беунвон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Донишгоҳ барои муваффақиятҳои шоён дар таъмини сифат ва афзалият сазовори ҷоизаи тиллоии “Эраи сифат”-и ташкилоти байналмилалии B.I.D. дар соли 2003 гардид ва моҳи марти соли 2017 аз тарафи Ассамблеяи тиҷоратии Аврупо – Кумитаи байналмилалии Суқрот (Оксфорд, Британияи Кабир) донишгоҳ бо ҷоизаи байналмилалии “Донишгоҳи беҳтарини сол” мукофотонида шуд. Соли 2017 барои саҳми арзанда дар самти ихтироъкорӣ ва навоварӣ донишгоҳ бо Нишони фахрии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ду нафар олими шинохтаи дониш-

САРЗАМИН | январ-март | 2019

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур яке аз куҳантарин муассисаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли равон аз таъсиси он 88 сол пур мешавад. Донишгоҳи мазкур таърихи пуршараф дошта, соли 1931 дар заминаи факултети хоҷагии қишлоқи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, Донишкадаи осиёимиёнагии меваю сабзавот (ДОММС) дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуда, 7 августи соли 1944 ба пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Сталинобод (ҳозира ш. Душанбе) кӯчонида шуд. Аз 10 августи соли 1992 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд ва 20 октябри соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 110 - солагии фарзанди фарзонаи миллат Шириншоҳ Шоҳтемур Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи ин шахсияти бузург гузошта шуд.

гоҳ аз рӯйи фаъолияти ихтироотиашон ба гирифтани медали тиллоии Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ, 9 олими ҷавони донишгоҳ ба гирифтани Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Исмоили Сомонӣ ва як олими шинохта бо Ҷоизаи ба номи академик Павловский Е.Н. мушарраф гардонида шудаанд. Айни замон дар донишгоҳ 9 факултет - агрономӣ, агробизнес, баҳисобгирӣ ва молия, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, гидромелиоративӣ, зооинженерӣ, иқтисодӣ, механиконии кишоварзӣ, тибби ветеринарӣ фаъолият менамоянд, ки онҳо дорои 49 кафедра (38 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) мебошанд. Дар донишгоҳ дар баробари гурӯҳҳои буҷавӣ гурӯҳҳои шартномавӣ низ амал мекунанд. Дар факултетҳои баҳисобгирию молия, иқтисодӣ ва агробизнес танҳо гурӯҳҳои шартномавӣ амал менамоянд, ки ихтисосҳои равияи иқтисодиро дар бар мегиранд. Вобаста

ба интихоби довталабон дар дигар ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ баробари гурӯҳҳои ройгон гурӯҳҳои шартномавӣ низ мавҷуданд. Маблағи таҳсил нисбати дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастрас буда, дар 1 сол аз 2750 то 6 000 ҳазор сомониро вобаста ба ихтисосҳо ташкил медиҳад. Ҳоло ихтисосҳои донишгоҳ ба 46 адад расида, аз рӯйи сохтори бисёрзинагӣ тайёр кардани кадрҳо ҷорӣ гардидааст. Ба донишгоҳ барои 46 ихтисоси бакалавр, 35 ихтисоси магистр, 11 ихтисоси аспирантура, 27 ихтисоси доктор PhD, 13 ихтисоси докторантура, 18 курси кутоҳмуддати омӯзишӣ ва 2 курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ (такмили ихтисоси устодону кормандон ва кадрҳои КАС) иҷозат дода шудааст. Донишҷӯён дар кафедраи ҳарбӣ маҳорати низомӣ омӯхта, илова ба ихтисос касби муҳофизи Ватан-афсари эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мешаванд.


ДАРГОҲИ МАЪРИФАТ | 47 Айни замон ба таълиму тарбия 9360 донишҷӯ аз рӯйи 46 ихтисос ҷалб карда шудаанд, ки аз ин 7207 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 2153 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Таълими донишҷӯён аз рӯйи 45 барномаи бакалавр, 1 барномаи мутахассис, 35 барномаи магистр, 27 барномаи доктор аз рӯйи ихтисоси PhD ба роҳ монда шудааст. Магистратура дуюмин зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Дар шуъбаи магистратураи донишгоҳ равияҳои биологӣ, иқтисодӣ ва муҳандисӣ амал мекунанд. Донишгоҳ ҳуқуқи қабули магистронро аз рӯйи 35 ихтисос ва докторантони ихтисоси PhD-ро аз рӯйи 27 ихтисос дорад. Айни ҳол дар донишгоҳ 35 нафар донишҷӯ ва магистрони хориҷӣ таҳсил менамоянд. Бо мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстӣ бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ҷалби бештари шаҳрвандони ин мамлакат дар назар аст. Донишгоҳ ҳоло бо 130 донишгоҳу донишкадаҳои 23 давлати дунё созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Тибқи созишномаҳои басташудаи тарафайн ва тавассути амалисозии лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмӣ омӯзгорони донишгоҳ дар мамлакатҳои қитъаҳои Аврупою Осиё сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, такмили ихтисос кардаанд. Дар соли 2018 аз рӯйи 18 лоиҳа бо ташкилотҳои байналмилалии ERASMUS, ERASMUS+, USAID, CAFT, JICA, UniNet, DAAD, FAO, TICA, IFFAD, CASIA, TOSCA, IASTANA, LOGO, РОСИС, PRAXX, GETEC-SOLUTION

донишгоҳ шартномаҳои ҳамкориро дар бахшҳои мухталиф аз қабили табодули донишҷӯён, таҳсил дар зинаҳои магистратураву аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодон, ташкил намудани ихтисосҳои нав дар зинаҳои магистратура ва бакалавриат, коромӯзии омӯзгоронро дорад. Дар асоси ҳамкориҳо дар соли 2018 устодони донишгоҳ дар маҷаллаю рӯзномаҳои давлатҳои Олмон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, ҶХХ ва Ӯзбекистон 76 мақолаи илмӣ ба чоп расониданд. Дар соли 2018 бо назардошти натиҷаҳои корҳои илмӣ 2 нафар олими варзидаи донишгоҳ узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии ФР интихоб шуданд. Дар озмуни ҷумҳурияви “Навоварии беҳтарин” ду олими ҷавон барои ихтирои мошини муштараки хурдҷусса дар коркарди байниқаторҳои боғҳои интенсивӣ бо дипломи дараҷаи 2 ва Ифтихорнома қадр карда шуданд. Олимони донишгоҳ соҳиби 3 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) шуданд. Соли 2018 олимони донишгоҳ 17 китоби дарсӣ, 160 дастури методӣ, 6 монография, 10 тавсиянома, 650 мақолаи илмӣ ба чоп расонданд. Дар назди донишгоҳ 2 Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи 4 равия фаъолият мекарданд, ки то ин дам дар онҳо 13 нафар рисолаи номзадӣ ва 3 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд. Инчунин дар соли 2018 1 нафар рисолаи докторӣ ва 3 нафар рисолаи номзадиро дар шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя карданд. Барои мустаҳкам намудани пойгоҳи таълимии донишгоҳ 4 озмоишгоҳи нави замонавии таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Хобгоҳи муҳассилини хориҷӣ ва хобгоҳи духтарон дар биноҳои алоҳида ҷойгир буда, биноҳои хобгоҳҳои дигар ба факултетҳо вобаста карда шудаанд. Дар хобгоҳҳои донишҷӯён зиёда аз 1000 нафар донишҷӯён зиндагӣ менамоянд. Раёсати донишгоҳ мақсаду вазифаҳои хоҷагии таълимиву таҷрибавии шаҳри Ҳисор ва ХТТ “Ёвон-1”-и ноҳияи Ёвон чун унсури сохторӣ дар раванди таълим ба назар гирифта, барои

боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори пойгоҳию истеҳсолии онҳо доимо тадбирҳои судманд меандешад. Дар хоҷагиҳо раванди интизоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва татбиқи натиҷаи онҳо ба роҳ монда шудааст. Тадбирҳои андешидаи садорати факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати таъминоти хатмкунандагон бо ҷойи кор дар ин давра имкон дод, ки 596 хатмкунандаро дар ҳудуди 100% бо дархост таъмин намоянд. Дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи тақсимоти хатмкунандагон бо ҷойи кор ташкил намуда, тибқи роҳхат ба ҷойи кор фиристодани тамоми хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии донишгоҳро таъмин менамоянд. То имрӯз 26 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ баъди хатм дар зинаи магистратура, 5 нафар дар аспирантура таҳсил карда, 7 нафари онҳо баъди хатм дар донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор ба кор монданд ва 4 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ягона муассисаи олии касбии кишоварзӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳамзамон барои ихтисосҳои самтҳои иқтисодию техникӣ мутахассис омода менамояд. Рамзи донишгоҳ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 103 мебошад. Ба донишгоҳ довталабон аз рӯйи гурӯҳҳои ихтисосҳои (кластерҳои) 1-табиӣ ва техникӣ, 2-иқтисод ва география ва 5-тиб, биология ва варзиш қабул карда мешаванд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


48 | ТАДБИРИ НЕК

Майдони боғҳо васеъ мегардад

Зафарбек Давлатзода, раиси шаҳри Конибодом Шаҳри Конибодом дар истеҳсолу содироти зардолу дар шакли тару тоза ва хушк мавқеи муҳим дорад. Айни замон майдони умумии боғу токзори мавҷуда 11 500 гектар-

САРЗАМИН | январ-март | 2019

Мутобиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» васеъ намудани майдони боғу токзор асосан аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакўҳҳо сурат мегирад. Соли 2019 дар вилояти Суғд дар майдони 370 гектар боғу токзор бунёд ёфта, 735 гектар боғҳои куҳна барқарор карда мешаванд. Айни замон дар вилояти Суғд майдони умумии боғу токзор 60 ҳазору 810 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 40 ҳазору 491 гектараш ба ҳосил расидааст. ро ташкил намуда, 7 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда ба шумор меравад. Риояи агротехникаи парвариш ва меҳнати пайваста аз муваффақияти аслии кишоварзони шаҳри Конибодом ба

шумор меравад. Кишоварзони шаҳр дар доираи тақвияти ҳамкориҳо бо мутахассисони дигар кишварҳо, талош доранд майдони намунавии боғҳоро васеъ намоянд. Бо ин мақсад асосан


ТАДБИРИ НЕК | 49 заминҳои бекорхобида аз худ карда мешавад. Соли 2019 дар шаҳр дар майдони 120 гектар боғ бунёд карда шуд, ки аз ин 8 гектарашро чормағзи амрикоӣ ташкил медиҳад. Дар доираи ҳадафҳо ҷиҳати истифодаи самараноки замин дар шаҳри Конибодом дар байни қатори боғҳо ҳамзамон кишти пахта, ғалладона ва сабзавот ба роҳ монда шудааст. Кишоварзони вилояти Суғд ҳамзамон дар доираи нақша-чорабиниҳо боғҳои куҳнаро бо шинонидани ниҳоли дарахтони меваҳояшон содиротӣ барқарор менамоянд. Натиҷаи татбиқи босамари барномаҳои соҳавӣ дар доираи яке аз ҳадафҳои аслии Ҳуку-

мати Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ истеҳсолу содироти меваҷотро дар вилояти Суғд ба маротиб афзоиш дод. Аксари шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои боғу токпарварӣ мусоид буда, кишоварзон дар ин самт таваҷҷуҳи хоса доранд. Ин аст, ки ҳамасола майдони боғоти вилоят васеъ мегардад. Дар ин замина истеҳсоли мева зиёд ва талаботи бозори истеъмолӣ низ бо маҳсулоти худӣ таъмин мегардад. Ба ин васила сокинон соҳиби ҷойи кор гардида, фоидаи хуби иқтисодӣ ба даст меоранд. Татбиқи даҳҳо барномаҳои давлатӣ дар самти боғу токпар-

варӣ имкон фароҳам овард, ки рушди соҳа таъмин карда шавад. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар бахши кишоварзӣ аз рӯйи имконияти мавҷуда майдони боғот васеъ мегардад. Давоми солҳои охир дар баробари боғҳои анъанавӣ бо усулҳои муосир ва таҷрибаҳои пешқадами соҳа низ дар вилоят масоҳати боғот зиёд гардидааст, ки самарнокиашон зиёд аст. Барои бо ин роҳ афзун намудани масоҳати боғу токзор таваҷҷуҳ бештар шудааст.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


50 | ЭҲСОНИ ДАСТОНИ ШИФОБАХШ

ХИЛЪАТИ СУБХИ , САФО Чархи фалак ҳамаро яксон наофаридааст. Ба яке диди зебо, сухани дилписанд, ҳунари воло, истеъдоди нотакрор, чеҳраи дилкаш ва симои писандида ато карда. Вобаста ба он дарку тафаккуру фаросати худододааш Офаридгор ӯро пайи сомони рисолате халқ кардаву ҳидоят бар он намудааст. То дар гирудорҳои зиндагӣ ва тангнои рӯзгори гузарон ҳар кадом дастгиру мададгори якдигар буда, барои хушнудиҳои рӯзгор дар паҳлуи ҳам бошанд. Аз он рӯзе, ки Холиқи замину осмон инсониятро халқ кард, бар дӯши ӯ кашидани бори сангини зиндагиро низ вогузор намуд. То ҳамеша бо мадади якдигар, бо кору пайкори солеҳ, барои ҷомеа хидмате карда тавонанд. Чун нек бингарем, ба хубӣ дарк менамоем, ки ҷавҳари ИНСОН дар ҳамин хушгуфторӣ, хушкирдорӣ, ростиву беолоишӣ ва бидуни тамаъу риё хизмат кардан баҳри ИНСОН будааст.

А

з ин ҷост, ки нуктабинона гуфтаанд: «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд». Яъне якеро омӯзгор, дигареро ҳакиму наҷҷору муҳандису шоиру ромишгару деҳқону ронанда ва саввумиро кайҳонаварду духтуру файласуф… Инсоне, ки инҷо мехоҳам дар борааш чанд сухан бигӯям, ҷарроҳи варзида, номзади илми тибб, шахсияти нотакрор Шодибой Амонов мебошанд, ки зиёда аз 45 соли ҳаёти худро барои хидмати мардуми кишвари азиз паси сар кардаанд. Яъне ба маънои дигараш агар бигӯем, дар тӯли ин 45 соли фаъолият зиёда аз 9000 касро ҷарроҳӣ намуда, барояшон умри сиҳатӣ бахшидааст. Ва дар ин 45 соли дар пешаи пизишкӣ паси сар кардаашон дар дафтари аъмоли худ басо некиҳоро сабт карда, дари меҳру садоқатро барои инсонҳои комил кушодаанд. Ин шахсияти комил ва мутахассиси накуном дар синни 71 солагӣ бо ҳамон салобати хоксорӣ, сиришти поки касбӣ, наҷобати инсонгароӣ ва саршори ҳамдами ранҷурон ҳаётро САРЗАМИН | январ-март | 2019

падруд гуфтанд. Ҳамеша дар пайи омӯзиш ва заҳмат қарор доштанд. Заҳмату бедорхобиҳои шодравон Шодибой Амонов басо боровар буда, ин наҷибулхислат зиёда аз 60 шогирди баркамол ба воя расониданд, ки ҳар кадом дар ҷодаи худ обрӯманду соҳибэҳтиром гардидаанд. Чун дар навори дидагонатон он лаҳзаеро, ки мардуми умедвор бо ҳазору як умед ба сӯи табибон баҳри аз беморӣ раҳонидани ин ё он хешовандонашон ба гардиш меоваред, ба хуби дарк менамоед, ки баъди шифоёбӣ ва ё анҷоми бобарори ҷарроҳӣ чи гуна онҳо дар ҳаққи табибон дуои хайре мекунанду замирашонро як хушнудии фараҳбахше фаро мегирад. Ва ҳамон лаҳза мебинед, ки дар мардумаки чашмони табиб дурахше ҳувайдо мегардад, ки он қаноатмандӣ аз рисолати касбӣ мебошад. Ва ӯ ҳамон замон дарк менамояд, ки дилеро шод гардонидан, ашкеро аз дидагон боз доштан, табассумеро дар лабон коштан, умедеро дар дил зинда доштан чӣ арзише доштааст. Яъне заҳмати кашидаи табиб, ки чанд лаҳза бо марг дастбагиребон буду бар он ғолиб омада, беморро аз чанголи дур кард, бо ҳамон сипосгузориву чеҳраҳои шодӣ соҳибони бемор бартараф

гардида, вуҷудаш лаболаб аз фараҳу шодмонӣ мегардад. Табибон хилъати субҳи сафоянд, Ба чашми одамон нуру зиёянд. Бубахшанд то шифо ҳар иллати мо, Ба дида омада, бар дил дароянд. Чунин хислату рафторро ман дар симои акои Шодибой - як нафар марди шариф, ки дар саросари ҷумҳурӣ дар қалби мардум маъво гирифтаанд, дарёфта будам, ки дар солиёни дастандаркор буданашон ба хонаводаҳо умеду шодмонӣ мебахшиданд. Бо ҳамон донишу фазлашон, бо ҳамон дили дардошнояшон, бо ҳамон рисолате, ки дар назди худ доранд. Эшон бо ҳамон табассуми ҳамешагӣ ва симои басо дилкашу лаҳни зебои гуфтор дар қалби ҳамагон лона гузоштаанд. Лонаи меҳру садоқат ва хайру сахоро. Дар деҳаҳои ҳамҷавори Дарғу Каздон ҳар фарди худшиносу худогоҳ чун номи ин некмарди фозилро бишнавад, беихтиёр мегӯяд: -акои Шодибой инсони асил ва марди комил буданд. Оре, Шодибой Амонов аз қабили он нафаронеанд, ки ҳамеша бо дилу нияти нек даст ба кор доштаву баҳри мардуми кишвар содиқона хизмат намудаанд. Ин марди сарбаланду бовиқору некному некбахт бо


ЭҲСОНИ ДАСТОНИ ШИФОБАХШ | 51 ҳамон қомати болову чеҳраи дилкашу табассуми малеҳ тавонистаанд, ки дилҳоро ба тасхир оваранд. Шодибой Амонов шахсияти пурмаҳсул, инсони дурандеш, некбину некандеш ва дидадарою кордон буда, дар ҳама ҳолатҳо саломатии инсонро аз ҳамаи дороиҳо болотар мегузоштанд. Ин шахс тавассути донишу малакаи худ, азизи мардум ва дардошно гардидаанд. Шодибой Нодирович ва Нарзулло Қурбонович дар солҳои 70-80-и асри гузашта, барои насли навраси он солҳои водии Зарафшон ва махсусан деҳаҳои Дарғу Каздон ду чеҳраи басо шинохта ва намунаи ибрат буданд. Чун номи неку кирдори накуи ин ду тан дар миёни мардуми водӣ дар пизишкӣ шуҳратёр гардида буд, сифати кору хислати ҳамидаашон дар дили ҷавонони он солҳо шӯълаеро барафрӯхта буд, то дунболи ин роҳкушоёни нахустин қадам ба ҷодаи пизишкӣ биниҳанд. Чунин иқболу шараф на ҳар касро даст медиҳад, ки мардум ба василаи пешаи ӯ ва ҷиҳати эҳтирому садоқат ба вай касби ӯро пеша намуда, саъй дар ин самт намояд. Дар деҳаҳои Дарғу Каздон, ҳар ҷо ки сухан дар бораи духтурон мерафту он ҷо аз Шодибой ва Нарзулло ёдовар мешуданд, дар дили ҷавонони соҳибақл шуълае аланга мегирифту ҷиддан ба омӯзиш машғул мешуданд. Ҳамин садоқату меҳрпошии ин ду нафар дар дили ҷавонон кора кард, ки имрӯз шумораи духтурони ин деҳаҳо батадриҷ афзудааст. Ва аксари онҳо аз мактаби ин ду раҳкушои аввалин баҳрае бардоштаанд. Имрӯз аксари шогирдони ин ду табиби варзида, доктору номзадҳои илми тиб буда, барои мардуми кишвар ва дар хориҷи он иҷрои вазифа доранд. Ба мисли Муҳаммадшариф Аюбов, Ёрмаҳмад Саидов, Абдураззоқ Азизов, Абдурасул Расулов, шодравон Бобоҷон Ғафуров, Мирзошариф Бобоев, Мурод Муродов, Абдуҷаббор Ғафуров, Бобоназар Назаров, Муллоқурбон Холов, Азиз Азизов, Устонадир Қурбонов, Мирзокалон Ғафуров, Шодибой Азизов, Фарҳод Каримов, шодравон Рӯзибой Авезов, Фатҳулло Боқиев ва даҳҳо нафари дигарро метавон ном гирифт.

Инсони комил будан, замоне зуҳур мегардад, ки кас аз хештан даргузашта, барои манфиати умум бо дили поку нияти нек амалеро ба сомон расонад. Бо ғаму дарди дигарон шарик бошаду дар маҷрои зиндагии пурталотум мададгору дастгирӣ дармондагон гардад. Шодибой Амонов маҳз чунин инсонест, ки дар тӯли умри бобаракоти худ бисёр гармиву сардиҳои рӯзгорро паси сар карда, аз он гирдобҳои пурпечутоб бо сари баланд ворастаанд. Ин фард, бо ҳамон хислатҳои ҳамидаи инсонгарӣ, ки зикрашон дар боло рафт, байни мардуми водӣ ва саросари кишвар эҳтиром доштанд. Ин марди хирад донандаи хуби таъриху фарҳанги тоҷик буданд. Инсоне буданд, ки бо каломи дилнишин ва волояшон зуд ба дилҳо роҳ меёфтанд. Марди ботамкин, дидадаро ва пухтакор. Шояд

аз ҳамин лиҳоз бошад, ки мардуми деҳаи Дарғ ин мардро барои ҷамоати дар шаҳри Душанбе будаашон ҳамчун саркор баргузидаву сазовор дониста буданд. Ҳамзамон бояд, бигӯям, ки ҳамдеҳагон бо як ифтихор оилаи акои Шодибойро оилаи олимон меноманд. Зеро дар ин оила 5 нафар номзади илм буда, ду нафарашон барои кори докторӣ ҷаҳд доранд. Ва чӣ тавре, ки аёнамон мегардад, дар ҳамаи ин дастовардҳо саҳми худи Шодибой Амонов, ҳамчун намунаи ибрат басо назаррас будааст. Ин ҷо кас дар меёбад, ки Шодибой Амонов на танҳо ҳамчун як табиби варзида, балки ҳамчун як марди роҳкушо, як марди соҳибфарҳанг ва падари басо мушфиқу ғамхору мураббии хушсалиқа, бо ин ҳама сифатҳо дар қалбҳои дӯстон маскан гирифтаанд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


52 | АЗ НЕК БОҒ

БОГИ МИЛЛИИ "ВАХДАТ" , Таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва натиҷаи татбиқи барномаҳои соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки истеҳсоли меваҷот ба маротиб афзоиш ёбад ва дар баробари қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ содироти он низ ба роҳ монда шавад.

САРЗАМИН | январ-март | 2019


АЗ НЕК БОҒ | 53 “Боғи миллии Ваҳдат” яке аз калонтарин боғҳои вилояти Суғд ба шумор меравад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастури роҳбарияти олии мамлакат бунёд шудааст. Дар ин чамани гулҳои шукуфо 346 гектарашро зардолу, 48 гектар шафтолу, 44 гектар себ ва дигар намуди дарахтони мевадиҳандаи меваашон содиротӣ ташкил медиҳад. “Боғи миллии Ваҳдат” имкон фароҳам овардааст, ки содироти намунаҳои беҳтарини меваҷот аз ҳисоби ин боғ мунтазам афзоиш ёбад. Зардолу, олу, себ, шафтолу ва гелос номгӯи меваҷоти содиротии “Боғи миллии Ваҳдат” ба шумор меравад. Соли 2019 низ дар доираи «Барномаи рушди соҳаи

боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20162020» майдони боғ васеъ карда мешавад. Марҳила ба марҳила дар ҳудуди ин шоҳбоғ ниҳоли дарахтони серҳосилу ба шароиту иқлими кишвар мутобиқ зиёд гардида, аз ин ҳисоб самаранокии майдони боғ низ афзоиш меёбад. Дар ҳудуди боғ дар масоҳати 0,9 гектар ду гармхона бо тарҳи муосир барои парвариши помидору бодиринг низ фаъол аст. Ҳамчунин бо ғунҷоиши то 300 тонна маҳсулот сардхона бунёд шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои мазкур имкон фароҳам овардааст, ки ба таври маҷмӯӣ боғдорӣ дар ин ҷои хушбоду ҳавои соҳили рости дарёи Сир рушд ёбад.

Баргузории чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳриявӣ ва вилоятӣ дар "Боғи миллии Ваҳдат" баёнгари он аст, ки ин қаламрави сарву бӯстон завқбахшу саршори илҳоми аҳли адабу фарҳанг ва илм мебошад. Таҷлили ҷашни миллии "Наврӯз" , ки ду сол пеш ба вуқуъ пайваста буд, дар баробари басо зебою шукӯҳманд ва фараҳбахш буданаш боз барои тарғибу муаррифии чунин иқдомоти пурарзиш аҳамияти калон дорад. Агар кас дар чор фасли сол ба манзари ин шоҳбоғ нигарад, дар нигоҳи завқҳо ба мусавварае, ки мусавираш табиат аст, хаёлан суҳбат менамояд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


54 | РӮЗИ МОДАР

Дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рӯ, башарият ҳамеша аз ӯ сипосгузор аст. Эмомалӣ Раҳмон

Махбуба Ғайратзода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода

Мухбира Қобилзода, муовини якуми раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд

Муқаддас Ёдгорӣ, мудири Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

Самимият, меҳру муҳаббат, эҳтирому эътиқод, боварӣ, дӯстиву рафоқат, таҳаммул ва созандагиву бунёдкорӣ, дар маҷмуъ ҳама хислатҳои наҷиби инсониро дар ҷомеа Модар устувор нигоҳ медорад. Вожаи модар барои аҳли ҷомеа басо арзишманд ва азизу муътабар аст. Исботи ин таъмин будани баробарҳуқуқии зану мард дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад. Ифтихорманду сарфароз аз он ҳастем, ки бо эҳсоси масъулиятшиносӣ, кӯшишу талошҳои пайвастаи бонувони арҷманд ва таҳти сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мавқеъ ва манзалати зан - модари тоҷик дар арсаи байналмилал ҳамчун олиму донишманд ва созандаву бунёдкор эътироф гардидааст. Имрӯз қудрати Модари тоҷик тавони ҳамаи инро дорад ва мо аз сарбаландиву саодатмандии модарону хоҳарони гиромӣ ифтихор дорем. Дарвоқеъ, зан - модари тоҷик арзандаи олитарин васфу ситоиш ва қадршиносиву эҳтиром аст. Агарчӣ шоирони олам вобаста ба мақом, манзалат, заҳмату машаққат ва ҷонбозиҳои модар дар самти бунёди ҷомеаи солим хеле зиёд дурри маънӣ суфтаанд, вале ҳамоно кам аст. Чун мегӯянд: Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд, Аминҷон Азимов Як байт ҳам наарзад андар санои модар. САРЗАМИН | январ-март | 2019


НАВРӮЗИ ХУШПАЙ | 55

Фарҳанги мондагор Рустам Мирзоев, директори КДФ "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул" дар шаҳри Бӯстон Шукӯҳу ҷалол, шаҳомату зебоӣ, фараҳу шодӣ, нишоту хуррамӣ ва таровату дилпазирӣ дар ҳама гӯшаву канори кишвар ва базмгоҳу макони тантанаҳои идонаи ҷашни оламшумули Наврӯз дар танин аст. Зеро дар кишвари маҳбуби мо ба ин ҷашни аҷдодӣ ва Соли нави миллӣ мардумонаш эҳтироми хосаро қоиланд. Рисолати Наврӯз, ки ваҳдату ҳамгироӣ ва оғози фасли гармиву сабзиши табиат аст, ба пиндору гуфтору рафтори мо басо мувофиқ ва гӯиё ки баргирифта аз асолати мо, тоҷикон, аст. Ва ин андеша низ созгор омада, ки «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст». Ҷашнҳои суннатии мо, тоҷикон, аз ҷумла Садаву Наврӯз ва Меҳргон аз ибтидо ба иҷтимои башарӣ рабт мегиранд ва ба

табиату замин вобастагии ногусастанӣ доранд. Аз гузаштаи дури таърих миёни тоҷикон Наврӯз бо шаҳомату салобат ва анъанаҳои некаш дар ҳар минтақа бо унсурҳои хосаш таҷлил карда мешуд. Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин ҷашни куҳан бо ҷилваи тозаву шукӯҳи дучанд миёни мардум эҳё гардид ва ба мақоми азаливу табии худ баргашт. Дар ин радиф бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашн аз ҷониби ташкилоти фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО пазируфта шуд ва шуҳрати ҷаҳониро ба худ касб кард. Ҳамасола 21 март ҷашни

байналмилалии Наврӯз дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад, ки бешак, боиси ифтихору сарфарозии мардуми кишвари мо аст. Наврӯзу баҳор ба ҳам ду вожаи тавъам буда, ҳамасола аз хурд то бузурги кишвар омад-омади онҳоро интизор мешаванд. Зеро Наврӯз рамзи пирӯзии гармӣ ба сардӣ, некӣ ба бадӣ, равшанӣ ба зулмот ва оғози бедоршавии табиат аст. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ҳамрадифи фасли сабзишу рӯиш, яъне баҳор медонанд. Омода намудани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла суманак, оростани хони пурнозу неъмт бо риояи ҳафтсину ҳафтшин, паёмрасонӣ аз баҳор тавассути маликаи наврӯзӣ, гулгардонӣ, тамизкории хонаву дар ва ташкили мусобиқаи гӯштин миёни ҷавонон аз суннатҳои мондагору деринаи ҷашни Наврӯз ба ҳисоб меравад. Дар манотиқи мо низ ҳоло ба риояи ин суннатҳои накуву хоса ҷашни Наврӯз истиқбол карда мешавад. Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо худ нишоту шодӣ ва некрӯзиву хушбахтиро армӯғон меорад ва яке аз омилҳои мондагориву бақои ҷовидона касб намудани ин ҷашни аҷдодӣ низ маҳз дар ҳамин нуқта асос мегирад. Бо ҳама латофату назокат ва хушиву некрӯзиҳояш ҷашни Наврӯз ба диёри мо нуру сафо ва покиву зебоӣ меорад ва мо сокинон бо оростани анҷуману маҳфилҳои гуногун васфи онро мекунем, ки басо рамзист. 2019 | январ-март | САРЗАМИН


56 | САЙРИ ДИЁР

Тоҷикобод диёри кӯҳҳои осмонбус ва обҳои мусаффо

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди деҳот давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Дар ин муддат дар деҳоти кишвар дар асоси барномаҳои мушаххаси давлатӣ ва ҷалби шахсони саховатпешаву соҳибкорони бонангу номус инфрасохтори мукаммал дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бунёду навсозӣ карда мешаванд. Эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки давоми се соли оянда татбиқ карда мешавад дар самти амалисозии тадбирҳои созанда ва такмили инфрасохтори деҳот, бунёди корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ, фароҳам сохтани шароити мусоиди хизматраосниҳои иҷтимоӣ ва сайёӣ, инчунин эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ки дар баробари муаррифии таърихи қадимаи миллати тоҷик ҳамчунин боиси бо ҷои кор таъмин шудани аҳолӣ ва беҳсозии некӯаҳволии аҳолӣ мегардад. Дар ноҳияи Тоҷикобод низ, ки худ зодаи солҳои соҳибистиқлолӣ аст, таваҷҷуҳ ба ҳамаи самтҳо равона

САРЗАМИН | январ-март | 2019

гардидааст то сатҳи зиндагии аҳолӣ дар деҳоти ин ноҳияи кӯҳистон беҳтар шавад. Дар баробари ин ба соҳаи сайёҳӣ низ диққати махсус дода мешавад. Кӯҳҳои сарбафалак, манзараҳои зебои кӯҳистон, албатта диққати ҳар як сайёҳро ба худ ҷалб менамоянд. Аз ин рӯ, рушди сайёҳӣ дар ноҳия метавонад боиси рушди иқтисодиёт гардад. Табиати пурнакҳати ноҳия ба дилҳо фараҳ бахшида, насими гулафшонаш рӯҳро болида медорад. Кӯҳу барзанаш сабзпӯш асту пурфайз, ҳар пораи сангашу ҳар ваҷаб заминаш зархез асту ҳуснофарин. Бемуболиға, ин мавзеъ диёрест биҳиштосо ва неъматофарин. Ноҳияи Тоҷикобод аз тарафи шарқу шимол бо ноҳияи Лахш, аз тарафи ғарбу шимол бо ноҳияи Рашт ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Сангвор ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии ноҳия 73,4 км2 буда, маркази ноҳия аз шаҳри Душанбе дар масофаи 240- км дур мавқеъ гирифтааст. Ноҳия ҳамчунин мавзеъҳои таъ-

рихӣ низ дорад. Тавре аз ҷониби баъзе олимону сайёҳони гузаштаву имрӯзаи кишварҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳони хитоӣ, арабу форс ёд шудааст, водии Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод дар гузаштаи дур дорои таъриху фарҳанг, алифбову адабиёт будааст. Дар ҳазораи аввали пеш аз солшуморӣ як шохаи Роҳи бузурги абрешим ба воситаи водии Рашт ва Олой гузашта, дунёи шарқу ғарбро ба ҳам мепайвастааст. Харобиҳои Қалъаи Лаби Об дар ҷамоати Қалъаи Лаби Об далели онанд, ки дар ин ноҳия санъати меъмориву шаҳрсозӣ ҳанӯз дар даврони қадим инкишоф ёфта буд. 7 – уми августи соли 1936 ноҳияи Қалъаи Лаби Об ташкил гардид, ки он вақтҳо марказаш деҳаи имрӯзаи Қалъаи Лаби Об ба шумор мерафт. Июли соли 1949 ноҳияи Қалъаи Лаби Об ба номи Тоҷикобод табдили ном карда, марказаш аз деҳаи Қалъаи Лаби Об ба маркази имрӯза кучонида шуд. Тоҷикободиҳо аз он ифтихорманданд, ки номи ноҳия соли 1949 бо пешниҳоди котиби якуми ҳамондавраи Ҳизби Комунистии Тоҷикистон, қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Fафуров гузошта шудааст. Январи соли 1963 ноҳияи Тоҷикобод барҳам дода шуда, то соли 1965 Тоҷикобод дар тобеияти ноҳияи Лахш ва аз соли 1965 то соли 1991 дар тобеияти ноҳияи Ғарм (Рашт) қарор дошт. 26 – уми феврали соли 1991 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Тоҷикобод аз нав ташкил ёфта, иҷлосияи якуми ташкилии ноҳия 23юми июли ҳамон сол ҳукумати ноҳияро таъсис дод. Дарёи Сурхоб маркази ноҳияро дар масофаи 47км убур намуда, аз пиряхҳо 10 дарёча вориди он мегардад. Дарёчаи Оби ширин, Оби сафед, Зарнисор, Нӯшор, Файзбор, Фатҳобод, Деҳдиҳӣ, Одилобод, Сабзазор ва Мазори боло аз пиряхҳо сарчашма мегиранд. Дар ҳудуди ноҳия растаниҳои даштӣ, бешадаштӣ ва кӯҳӣ мерӯянд,


САЙРИ ДИЁР | 57 ки аксари онҳо хусусияти табобатӣ доранд. Дар баландиҳои 1500-2000 метр набототи даштӣ – ҳар гуна гиёҳҳо, аксаран гандумак, ковил, типчак, чатргулҳо, лӯбиёиҳо, шибоғ, талха, тхач, зардгиёҳ ва сипанди кӯҳӣ мерӯяд. Олами ҳайвоноти ҳудуди ноҳия ғанӣ аст. Дар қисми шарқиву ҷанубии ноҳия хирс, хук, гург, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, қашқалдоқ, дала, дар баландкӯҳҳо бошад, бузу гӯсфанди ваҳшӣ, суғур, бабр ба сар мебаранд. Олами паррандагони ин диёр ҳам рангин мебошад. Аз ин рӯ, рушд додани сайёҳии экологӣ ва саргузаштӣ дар ноҳия ба манфиати кор аст. Бо назардошти он ки дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод 8 ёдгории таърихии ғайриманқул ва як осорхона бо 410 адад ёдгориҳои таърихӣ дар назди шуъбаи фарҳанги ноҳия мавҷуд мебошад, тақвияти сайёҳии таърихӣ низ имконпазир аст. Яке аз ин ёдгориҳои таърихӣ Қалъаи Лаби Об, воқеъ дар ҷамоати Қалъаи Лаби Об аст, ки таърихи қадима дошта, дар натиҷаи заминларзаи мудҳиши соли 1949 вайрон гардида буд. Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳолати азнавсозӣ қарор дорад.

Ноҳия барои рушди соҳаи туризм, махсусан туризми экологӣ ва кӯҳию варзишӣ хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, обу ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд. Ба истифода дода шудани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - сарҳади Қирғизистон ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар ноҳияи Тоҷикобод мавзеъҳои нодир кам нестанд. Дараҳои хушманзари Нӯшор, Ғанишоб, Сафедоб, Лангари Шоҳ ва даҳҳои дигар бо манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рӯду кӯлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавозаш шуҳратёб гардида, ҳамасола теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд. Яке аз кӯҳҳои баландтарини қаторкӯҳҳои Пётри I воқеъ дар ҷамоати Ширинчашма 24 километр дур аз маркази ноҳия ҷойгир шудааст, ки маконе хубе барои кӯҳнавардӣ мебошад. Бояд зикр намуд, ки аз маркази ноҳия то домани қуллаи мазкур роҳи мошингард мавҷуд мебошад. Сайёҳон метавонанд бо нақлиёт ва дучарха ба назди ин қулла раванд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи туризм дар ноҳияи Тоҷикобод низ рушд ёфта истодааст. Дар ин замина 26 сентябри соли 2016 дар маркази ноҳия зимни сафари худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки дорои 85 ҷои хоб мебошад, ифтитоҳ карданд. Дар ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо назардошти мавҷудияти ҷойҳои таърихӣ, руду чашмаҳои шифобахш ва манзараҳои зебо, махсусан дар фасли зимистон ҷиҳати ташкил намудани варзиши лижаронӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам аст. Аз қадим ҳунармандӣ дар ноҳияи Тоҷикобод рушд намуда, имрӯз низ ҳунармандони ноҳия ҳунарҳои ниёгони гузаштаамонро, аз қабили оҳангарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гавҳоратарошӣ, сандуқсозӣ, кулолгарӣ, намадмолӣ, дару тирезасозӣ, наққошӣ, гулдузӣ эҳё ва ривоҷ дода истодаанд. Кадбонуҳои Тоҷикобод дар нонпазӣ ҳам хеле ҳунарманданд. Гирдача ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз нонҳои навоҳии дигари Тоҷикистон тафовут дорад ва калонҳаҷму бомазза мебошанд. Зоҳир Эшонов

2019 | январ-март | САРЗАМИН


58 | РОҲҲОИ ОБОД Себи Ванҷ

Аз Девдара ба Гулдара

Гулҳои канори роҳ басо нозуку хиромон алвонҷ мехӯранд. Вазиши ноаёни шамол аз суръати ҳаракати беисти мошинҳо ҳосил шавад, балки як пайғоми сарироҳиест, ки бо итобу печутоб чамани қатори гулҳо ронандагону мусофирони роҳро «салом» гӯянд. Ин шаху сангҳои азамат дар ин лаҳзаҳо виқору салобатро як сӯ гузошта, табассум менамуданд. Ин лабханд дар худ маънои «оҳи сабук»-ро дорад. Дар гузашти солҳо бо илати роҳи хатарноку басо ҳавлангез будан, ки бо ном пайраҳа буд, ягона роҳ дар фасли зимистону соли сербарфу рӯзҳои боронӣ байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Кӯлоб, аниқтараш кишвар бо ин минтақа буд. Дар он пайраҳа дар рӯзи равшан ҳаракат кардан маънои бо марги яқин ба марг рӯ ба рӯ шуданро дошт. Сокинони ноҳияи Дарвоз бо сад алам он ҳудуди пайраҳаро, ки то 30 киллометр дарозӣ дошт, «Ҷон ба лаб», «Камарбанд», «Таёқпарто», «Пайраҳаи оҳувон» ва «Девдара» гуфта, ин мисраъҳои Бедилро ҳамеша бо дард месароиданд. Як қадам роҳ аст, Бедил аз ту то домони хок, Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош. Барои пайваст намудани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кишвар дар чор фасли сол мушкили асосӣ набудани роҳи доимӣ буд. Ин масъала борҳо то дар сатҳи Москва баррасӣ гардида буд, вале ҳамаи он бентаиҷа монд. Бори аввал қитъаи роҳи мошингарди Кӯлоб ва Қалъаихумбро дар соҳили рости дарёи Панҷ соли 1947 Институти лоиҳакашӣ, воқеъ дар шаҳри Тибилисии Гурҷистон омода карда буд ва роҳсози собиқадор Аҳмадҷон Исмоилов он солҳоро чунин ба ёд меорад: -Ба ҷавонии ман нигоҳ накарда, маро роҳбалади гурҷиҳои лоиҳакаш таъин намуданд. Ҳатто роҳ гаштан дар он роҳи морпечи хавфнок душвор буд. Мабодо ба поён нигоҳ кунӣ, дилатро воҳима зер мекард. Гӯё касро чун оҳанрабо кафкҳои дарё ба худ мекашид. Ин лоиҳа аз ноҳияи Шӯробод то ноҳияи Калъаихумбро дар бар гирифта, арзиши тарҳ 180 млн рубли ҳамон давра баҳогузорӣ гардид. Вале бо сабаби хеле мушкил будану арзиши баланд доштани сохтмон ин кор мавқуф

САРЗАМИН | январ-март | 2019

гузошта шуд. Бори дуюм соли 1967 Институти лоиҳакашии Тоҷикистон дубора лоиҳа омода намуд, ки сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Калъаихумб ва Нулвандро дар фосилаи 187 километр пешбинӣ намуд, ки арзиши хеле гарон дошт. Зеро дар ин тарҳ бояд геологу таркишгар, муҳандису роҳсозон, аниқтараш даҳҳо ташкилоту идораҳои сохтмонию роҳсозӣ ҷалб мешуданд ва дар доираҳои илмӣ ин лоиҳа ба таври комил қабул нагардид. Зеро дар ин ҷо сохтани роҳ кори осон набуда, балки силсилаи иншооти мураккаби муҳандисӣ бояд бунёд карда мешуд ва лоиҳа ба ин талабот ҷавобгӯй набуда, маблағи ниҳоят гаронро талаб менамуд. Роҳсозони собиқадор имрӯз бо як ифтихор мегӯянд, ки вақте ки Тоҷикистони соҳибистиқлол мегӯем,

пеши назари мо, пеш аз ҳама, иродаи бузурги роҳбарияти олии мамлакат, номуси ватандорӣ, ҷоннисорӣ барои кишвари воҳиду ягона меояд. Ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ба кор сар кардан Пешвои миллат борҳо таъкид намуда буданд, ки бояд роҳҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ дар чор фасли сол кушода бошанд ва мардум бемалол рафтуомад кунад ва як сабаби рушд накардани иқтисодиёт низ ҳамин аст. Махсусан, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 6 моҳ роҳ баста аст. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, аввалин коре, ки мо бояд анҷом диҳем, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аст. Воқеан ҳам, дар солҳои барои кишвар душвортарин, соли 1996 бо иқдоми Пешвои миллат сохтмони роҳи


РОҲҲОИ ОБОД | 59 мошингарди Шӯробод-Дарвоз шуруъ гардид. Дар он солҳо сафарбарии техникаю таҷҳизот ва дарёфту ҷудо намудани маблағ кори ниҳоят вазнин буд. Боз сохтмон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид, ки бо воситаи ағбаи Хобуработ интиқоли техникаю таҷҳизот, сузишворӣ ва роҳсозон кори осон набуд. Ба болои ҳамаи ин ҷумҳурӣ дар шароити ниҳоят вазнин қарор дошт. Вале бо азми қатъии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳ шуруъ гардид. Даҳҳо техникаи пуриқтидор, садҳо роҳсозу муҳандис, геологу лоиҳакаш ва пармагару тарқишгар ҷони худро дар хатар гузошта, барои ояндаи неки ватан корро оғоз намуданд. Дар ин давра беш аз 20 маротиба лоиҳа тағйир ёфта, тарҳи нав омода гардид. Пеш аз ҳама, шахҳои ниҳоят сахту мустаҳкам дар масири ҳазорҳо метр бурида шуда, роҳи нав бунёд мегардид. Мавзеи Девдара дар ин масир яке аз мушкилтарин китъа ба ҳисоб мерафт. Зеро пайраҳаи собиқ аз баландии чандин шахҳои азамат мегузашт ва ҳар ҷо аз дарахати арча бо такя додан ба санг роҳ карда буданд ва садсолаҳо боз мавриди истифода қарор дошт, ки даҳҳо мусофири пиру ҷавон, тоҷиру сайёҳро ба ҳалокат расонида буд. Собиқадори геологияи тоҷик Зуур Ёров мегӯяд, ки фитрати бузурги роҳбари давлат буд, ки дар ҳамон солҳои душвор сохтмони ин роҳ шуруъ гардид ва барои эҳёи «Шоҳроҳи абрешим» нафақат асос гузошта шуд, балки барои пайвасти транзитии Осиё ва Аврупо шароити комилро ба вуҷуд овард. Ниёгони мо қаблан то муаррифӣ гардидани «Роҳи абрешим» ин масирро ҳамчун «Роҳи Нифрит» маъмул гардонида буданд, ки маъдани гудохта аз конҳо бо чӣ азобу уқубат ба бозорҳои ҷаҳон бурда мешуд. Вале мушкилоти роҳ дар тӯли ҳазорсолаҳо боқӣ монда буд. Пешрафти коммуникатсия дар кишвар назир надорад ва тибқи нақшаҳо дар ин самт дигаргуниҳои азими дигар дар пешанд. Аксари роҳсозон он шабу рӯзро ба ёд оварда, бо эҳсос мегӯянд, ки ҳатто барои ҳаракати техника шароит набуд. Дар ҷарии бетаги 200 - метрӣ дарё, аз боло лағзиши кӯҳпораҳо. Вале метр ба метр кор пеш мерафт. Барои корҳои таркишгарӣ дар баландии шахи Девдара аввал геологҳо сафарбар гардида буданд Онҳо бо як мушкилӣ чун кӯҳнавард ба мавзеи даркорӣ техникаю таҷҳизотро беосеб расонида, дар панҷ ҷой чоҳҳои тақрибан 60 метрӣ парма карданд. Рӯзи таркиш ҳам фаро расид. Акнун барои сохтмони роҳ то андозае шароит фароҳам омад ва вақту фурсатро ғанимат дониста, роҳсозон суръати корро дучанд намуданд. Ҳамин тариқ, баландии қаблии

пайраҳа дар Девдара аз 80 то 110 метр, дар «Камарбанд» аз 38 то 15 метр паст фуроварда шуд ва рӯзи пайвасти доимии минтақаи Помир ба мамлакат наздик мегардид. Зимни кушодашавии ин роҳи таърихӣ барои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, иброз доштанд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз баракати соҳибистиқлолӣ ва якдигарфаҳмии мардуми кишвар аст ва сохтмони ин роҳ то Қулма идома меёбад. Дар оянда бошад, барои таҷдиду навсозии он барои стандарти ҷаҳонӣ кӯшиш менамоем. Оғози ин созандагиҳо барои ҳама муборак бошад. Дар идома гуфта буданд, ки Девдараро ба Гулдара табдил медиҳем. Муйсафеди нуронӣ Бобои Ҷамол, ки суҳбату суханрониашро баъдан сокинони кишвар аз тариқи воситаҳои ахбори омма борҳо шунидаю дидаанд, сухан гуфта аз ҷумла иброз намуда буданд. -Мани муйсафед шоҳиди бевоситаи ҳамаи ин созандагиҳо мебошам. Давлати Шуравӣ бо ҳамин қадар иқтидору азамат чандин бор ба корҳои сохтмонӣ оғоз кардаву вале мушкилоти табииро ба назар гирифта, корро мавқуф мегузошт. Харҷи роҳсозӣ низ кам набуд. Вале ман акнун фаҳмидам, ки барои сохтани чунин шоҳроҳ ва дигар сохтмонҳо, ки дар ҷумҳурӣ оғоз ёфта истодаанд, пеш аз ҳама, дасту дили тоза ва нияти нек доштан даркор будааст, ки чунин шахсияти таърихӣ Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар рӯзи кушодашавӣ корвони пурбори маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, доруворӣ ва китобу таҷҳизот, ки сарвари давлат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оварда буданд, аввалин шуда, аз ин роҳ гузаштанд. Мардум ашки шодӣ мерехтанд, роҳсозон бо либоси корӣ ҳама ба рақс даромаданд. Ин лаҳзаҳои самимӣ ҳеҷ гоҳ аз пеши назари шоҳидони ин рӯйдоди таърихӣ зудуда нахоҳад шуд. Охир, мушкилоти

садсолаҳо дар ду сол ҳал гардид. Қариб ду ҳафта корвони мошинҳо аз ду тараф, беист ҳаракат доштанд. Ба қавле дар ин роҳ ҷойи сӯзанпартоӣ набуд. Мардум ташнаи дидори якдигар, рафтуомаду ҳамкорӣ буданд, ки ин рисолатро ин роҳ ба дӯш гирифта буд. Баъди чанде дар ин шоҳроҳ корвонҳои пурбори соҳибкорон аз тамоми кишвар ба рафтуой сар карданд. Беҳуда ин роҳро «роҳи ваҳдату якдилӣ» нагуфтаанд. Пешвои миллат дар баробари дигар корҳои муҳим барои миллату давлат он ваъдаи ба роҳсозон ва мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон додаи худро фаромӯш накарда буданд. Ибтидои солҳои 2005 бо харҷи 12 миллион доллар қитъаи «Шоҳон-Зиғар» дар масофаи 38 километр бо сохтани 6 пули аз лиҳози муҳандисию геологӣ басо мураккаб пурра таҷдид ва ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шуд, ки мавзеи Гулдара низ шумули он аст. Имрӯз ҳаракати мошинҳо дар ин ҷодаҳои росту ҳамвор ба кас таассуроти хуш бахшад ва агар кас диққат кунад, мошину одамони сойири кишварҳои оламро мебинад, ки маҳз барои сайёҳату ҳаракат ин роҳро интихоб кардаанд. Дар маҷмуъ, барои сохтмону таҷдиди Шоҳроҳи Кӯлоб - Дарвоз - Хоруғ миллардҳо сомонӣ масраф гардидааст. Ҳамаи ин тадбирҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саодати зиндагии мардум, баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо амалӣ гардонидааст.

Беҳуда нест, ки ниёгони мо ҳамеша таъкид медоштанд, ки дар сохтани иморату хона ва боғу наҳр аввал дилу нияти пок лозим аст. Бобои Ҷамол аз ноҳияи Дарвоз бо ёдоварӣ аз панди пирон зимни ифтитоҳи роҳи мошингарди Шӯрообод-Дарвоз гуфта буданд, ки «Ин ҳама ободию пешрафтҳои Тоҷикситони азиз аз ниятҳои неки Ҷаноби Олӣ мебошад».

Муҳаммадраҷаби Ҳанафия

2019 | январ-март | САРЗАМИН


60 | НАВРӮЗГОҲ

, Боги фарахафзо

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри дилбанди тоҷикони ҷаҳон рӯз то рӯз зебо мегардад. Коху кӯшкҳои муҳташам бо намои меъмории миллӣ, боғҳои фарҳангу-фароғатӣ, тарҳҳои муосири варзишӣ ва гулгаштҳои зебо ба ин шаҳри дилоро ҳусни дучанд зам намуданд. Ин намоди Душанбеи муосир ба ҳар сокини шаҳр фароғат бахшида, ба лабони тифлакон, ки ояндаи ин сарзамин ҳастанд, табассум зам менамояд. Яке аз чунин макони дилнишин боғи “Наврӯзгоҳ” аст, ки ҷашнҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар онҷо таҷлил мешавад ва гулгаштҳои зебояш макони сайру гашти сокинону меҳмонони Душанбе гаштааст. Ҳар нафаре аз ин макони зебои пойтахт дидан намояд, ба андеша фурӯ меравад, ки ин боғи бо шакли муосир омода гашта, ҷавон аст. Бале, чунин аст, вале “Наврӯзгоҳ” таърих дорад. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ лоиҳаи сохтмони Наврӯзгоҳ оғоз шуда буд. 26 – уми августи соли 1970 бо қарори Комитети иҷроияи Совети

САРЗАМИН | январ-март | 2019

депутатҳои меҳнаткашони шаҳри Душанбе дар масоҳати 35,7 гектар замин барои бунёди ипподром ва боғу гулгаштҳои он ҷудо карда шуд. Тибқи лоиҳа мӯҳлати анҷоми сохтмон 2 солро ташкил медод. Мутаасифона , лоиҳа ҷавобгуйи завқу талабот набуда, факат як майдончаи назарногири аспдавониро дарбар мегирифт. Вале бунёди як маҷмааи варзишӣ ногузир буд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар амалӣ гардид. Сохтмони ”Наврӯзгоҳ” соли 2012 оғоз ёфт. Дар боғ дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳан-

да, чанор, сарвиноз, санавбар, сидраи ҳимолоӣ, скумпия, сафедор, каталпа, заранги сафед, туя, кипарис, магнолия, бирючина, нандино, камелия, калина, самшит, юкка, дрок, барбарис, сирени аризонӣ, ёси сихӣ, арча, фарк, тирак, сарви аризонӣ, зардолу, ангур, тути маҷнун, чормағз, анор, себ, олуча, шафтолу, биҳӣ, нок, гелос, хурмо шинонида шудааст, ки нашъунамояш як шукӯҳи ин макони дилпазир мебошад. Инчунин 611 адад дарахтон аз сойири Баҳри Миёназамин, 530 адад белгиявӣ ва 3200 адад маҳаллӣ шинонида шудааст.


НАВРӮЗГОҲ | 61 Соҳибистиқлолии ватан тавъам ба созандагию бунёдкорӣ таҷассуми рӯшани ободию пешрафт дар ҳама гӯшаи кишвар мебошад. Пешвои миллат 19 марти соли 2014 “Боғи Наврӯзгоҳ”-ро дар масоҳати 46 ҳазор метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин рӯз, дар хотираи мардум нақш баст. Дар ин сана, ҷашни байналмилалии Наврӯз басо бошукӯҳ таҷлил гардид ва ин иншооти навбунёдро “Наврӯзгоҳ” ном гузоштанд. Масоҳати умумии боғи Наврӯзгоҳ 14,1 гектар, сабзазор 6,9, роҳравак ва майдончаҳо 4,4, унсури меъмории гранитпӯшшуда 3,1 ва масоҳати умумии девор ва зинаҳои гранитпӯшшуда 1378 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дарахтони зебою нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад. Гулу буттаҳои шинонида сосна 1233 бех, туя 419, каштан 112, чинор 140, дроки исландӣ 55 , можовелник 428 ва ҳамин тавр, скумлия, слива систен, Груша гантиклер, бунафша, сарви аризонӣ 42, слива, себи “стрит парад”, себи “шубар”, брючина, липа, кедр, клен красн, слива канзан, айваи японӣ, колина ва санҷид ва дар маҷмӯъ 9 641 бехро ташкил медиҳад. Фақат дарахтони ороишии нодири кедр,

туя ва шамшод беш аз 1000 бех буда, бо рангу таровати хосаи худ ба сайркунандагон як таассуроти нек мебахшад. Масоҳати гулҳои бисёрсола бошад, 2100 ва гулҳои мавсимӣ 674 метри муррабаъ мебошад. Ҳамин тариқ, боғи “Наврӯзгоҳ”ниҳолу растаниҳои нодири зиёд дорад. Воқеан ҳам, ин боғи фараҳафзо дар ин ҳудуди дилпазираш фарогири табиати нотакрор ва олами бойи растаниҳои Тоҷикистон мебошад. Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи бошукӯҳу боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст. Шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 20 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳ бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд. Масоҳати шаршара аз 5506,5 метри мураббаъ иборат буда, масоҳати фаввораи марказӣ 725,5, фаввораи музайян аз 2 то 231,9 ва фаввораи қади роҳ аз 17 то 858, 7 метри мураббаъро ташкил медиҳанд. Тахти Ҷамшед аз осори қадимаи боқимонда аз даврони Ҳахоманишиён, ки таърихи зиёда аз 2500 солро дорад, аз муҳимтарин ёдгориҳои ҷовидонаи таъриху фарҳанги тоҷикон аст. Шакли дарвозаи онро дар даромадгоҳи боғ хеле ҳунармандона сохтаанд. Наврӯз дар ҳама давр бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд, барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он майдону тахтҳо

месохтанд. Аз ин сабаб “Наврӯзгоҳ” ном гирифтани ипподром аз ҷониби сарвари давлат бесабаб нест. Дар боғи Наврӯзгоҳ , ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст. Масоҳати майдончаи кӯдакона, роҳраваки лабиринт ва утоқи оҳан – бетонӣ аз 6050 метри мураббаъ иборат буда, шумораи курсиҳо барои истироҳаткунандагон 224 ададро ташкил медиҳад. Дар гӯшаҳои гуногуни боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин як тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи яхмос барои 40 нафар, ошхона ва чойхонаи хуштарҳи муосиру миллӣ бунёд ёфтаанд. Имрӯз ҳар сокини кишвар бо ифтихор мегуяд, ки ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди миллати точик мебошад. Боғи Наврӯзгоҳ боз як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардидааст ва дарахтони зиёди ороишию ҳамешасабз, ки ҳамзамон ба саломатии инсон фоида дошта, боиси болидахотирию руҳбаландии сокинону меҳмонон мегардад, аз завқи баланди мардум чунин оростаю пироста шуданд.

2019 | январ-март | САРЗАМИН


62 | МЕЪЁРИ АНДОЗ

Баҳои иқтисодии замин Истифодаи мақсадноки замин ҳамон вақт манфиатовар мешавад, ки агар заминҳо мувофиқи таъйиноти худашон истифода карда шаванд. Аз ин рӯз анҷом додани корҳои баҳодиҳии заминҳо дар мамалкат тибқи нақшаи мукаммал ва марҳала ба марҳала анҷом дода мешавад. Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун соҳаи муҳим барои иқтисоди миллӣ диққати махсус дода шуда, дар самти такмили қонунгузории соҳа тадбирҳои амалӣ анҷом дода шудааст. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариши иқтисодиёти бозоргонӣ қарор дорад ва ин гузариш аз корхонаҳо баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, мукаммалгардонии механизми низоми соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла заминистифодабарандагони онро тақозо менамояд, талош барои муайян намудани баҳои замин ва мутобиқ ба он истифода намудани қитъаҳои замин муҳим дониста мешавад. Яке аз омилҳои асосие, ки ба ин механизм таъсир мерасонад, баҳои замин мебошад. Корҳои баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Дар ин муддат заминҳои таъйиноти кишоварзии як қатор шаҳру ноҳияҳои мамалкат аз ташхиси баҳои замин гузашта, сифати хок, ҳосилхезии он ва ба кадом навъи зироат ва ё сабзавот мутобиқ будани он муайян карда мешавад. Иҷрои корҳои таҳқиқотии калонҳаҷми хок аз давраи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сар шуда, то имрӯз ду давраи он пурра иҷро гардида, ҳоло даври сеюми он идома дорад. Маводи таҳқиқоти калонмиқёси хок барои ба танзим даровардани баҳисобгирии давлатӣ ва баҳои заминҳо, сохтани харитаҳои ҷамъбастии хоки заминҳо мусоидат менамояд. Мақсадҳои асосии корҳои таҳқиқоти калонмиқёси хок самаранок ва оқилона истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзӣ, ҳифз намудани хок аз бодхӯрдашавӣ, об ва шамол, ҷобаҷогузории дурусти зироатҳо ва киштгардон, дуруст истифодабарии нуриҳо вобаста аз шароити хок САРЗАМИН | январ-март | 2019

ва хусусиятҳои агротехникӣ, беҳтар гардонидани ҳолати алафзорҳо ва чарогоҳҳо ва баҳои сифатии хок ва баҳои иқтисодии заминҳо мебошад, ки анҷоми ин амалҳо барои ҳосилхез намудани замин, коҳиши зарар аз истифодаи ғайримақсадноки он инчунин муайян намудани баҳои воқеии замини кишоварзие, ки зери бинои истиқоматӣ аст ва ё, дар он корхоане ва ё иншооте сохта шудааст. Яке аз сабабҳои ба миён омадани иҷрои корҳои баҳодиҳии замин дар он аст, ки нархи пардохти замин ва андози замин дар ҳудуди шаҳру ноҳия аз ҳамаи заминистифодабарандагон, қатъи назар аз гуногунии ҳосилхезии хокашон, аз рӯи меъёри якхела ситонида мешавад, яъне хоҷагие, ки хокаш дорои ҳосилхезии баланд ва хоҷагие, ки хокаш дорои ҳосилхезии паст аст, андози якхела месупоранд. Мақсади асосии гузаронидани корҳои баҳои замин дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ин асосан муайян намудани нархи меъёри замин бо мақсади андозбандии воқеӣ, пардохти иҷора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин аз рӯи сифатнокии хок, хусусиятҳои технологии замин, самаранокии хароҷотҳо, минтақаи ҷойгиршавии он, шароитҳои табиӣ - иқлимӣ ва таъминоти замин бо об мебошад. Корҳои баҳои замин дар се марҳила, аз ҷумла баҳои сифати хок, тавсифоти замин ва баҳои иқтисодии замин иборат мебошад. Мақсади асосии баҳои сифатии хок, муайян намудани баҳои муқоисавии сифати хокҳои гуногун аз рӯи дараҷаи ҳосилхезии табии, самаранокӣ ва қобилияти истеҳсолии онҳо бо

баллҳо мебошад. Яъне баҳои сифатии хок нишон медиҳад, ки то кадом дараҷа як хок аз хоки дигар аз рӯи ҳосилхезӣ беҳтар аст. Мақсади асосии гузаронидани корҳои тавсифии замин муайян намудани коэффисиентҳои технологии заминҳои киштшаванда аз рӯи нишондиҳандаҳои технологии хусусияти хок, релйефи маҳал, шакли майдонҳо, синфҳо аз рӯи буридашави бо монеаҳо, аз рӯи тезии синфҳои нишебии заминҳо, таркиби механикии хок, баландии ҷойгиршавии замин аз сатҳи баҳр мебошад. Аз рӯи ин коэффисиентҳои технологии замин хароҷоти баҳодиҳии замин барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ муайян карда шуда, баъдан барои муайян намудани нархи замин ва меъёри андози ягона ва андози замин истифода бурда мешавад. Коэффисиенти технологии умумии тавсифоти қитъаи замин ҳар қадар, ки баланд бошад, хароҷоти истеҳсолӣ зиёд шуда, даромаднокии замин, андоз ва нархи замин паст мешавад, баръакс ҳангоми паст будани коэффисиенти тавсифоти қитъаи замин, хароҷот кам шуда, даромаднокӣ афзуда, нархи пардохти замин зиёд мешавад. Корҳои баҳои иқтисодии замин имконият медиҳад, ки меъёрҳои воқеии арзиши замин муайян гардида, андози замин вобаста ба сифат ва арзиши замин тафриқа ва ҳисоб карда шавад. Чунин корҳо тақсимоти одилонаи андози заминро байни заминистифодабарандагон роҳандозӣ менамояд. Мутахассисон ҳангоми муайян намудани баҳои замин бештар диққат


МЕЪЁРИ АНДОЗ | 63 медиҳанд ба муайян намудани андозаи меъёри андози замин ва тафриқаи он, муайян намудани андозаи пардохти иҷораи қитъаҳои замини моликияти давлатӣ ва коммуналӣ, муайян намудани зарари расонидашуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, муайян намудани нархи пардохти замин барои ҳар як қитъаи замин, кор карда баромадани нишондиҳандаҳо ва механизмҳои иқтисодии оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати замин ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ. Ҳамчунин фарқи боҷи давлатӣ, талафи истеҳсоли кишоварзӣ, ба гаравгузории замин, муайян намудани саҳми маблағгузорӣ ва муайян намудани баҳои замин ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва ё муфлисшавии хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ низ дар ҳамин замина муайян карда мешавад. Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» корхонаи зерсохтори Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави

Ҷумҳури ягона корхонаи давлатие мебошад, ки ба гузаронидани корҳои баҳои заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои ҳамаи заминистифодабарандагон, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва ғайра машғул аст. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки ҳолати воқеии заминҳои кишоварзӣ арзёбӣ гардидаанд, имконият медиҳад, ки чораҳои пешгирикунандаи он муайян ва таҳлил гардад. Барҳам додани шӯрии қабати хок тавассути обшӯйкунии заминҳо дарозмуддат буда, назорати доимии ҳолати замин ва системаи заҳбуру заҳкашҳоро талаб мекунад. Ҳамчунин пешгирӣ аз эрозияи замин низ дар ин самт муҳим аст. Дар натиҷаи бетаннаффусу бе меъёр ва ғайриоқилона истифода бурдани чарогоҳ решаи алафҳо вайрон шуда, боиси шусташавию дигар намуди эрозияи хок ва камғизо гаштани он мешавад. Дар заминҳое, ки чорво чаронида мешавад, мақсади асосӣ ба он

бояд нигаронида шавад, ки бухоршавии намӣ пешгирӣ гардаду самараноктар истифода шавад, эрозияшавии хок пешгирӣ карда шавад, тарзи пешқадами коркарди замини алафзорҳо ҷорӣ карда шуда, истифодаи беҳтари нуриҳои минералӣ дар асоси тавсияҳои асосноки илмӣ бо таҷҳизотҳои каммасрафи замонавӣ татбиқ гардад. Мубориза ба эрозия дар пуштакӯҳҳо аз сабаби набудани дарахтон мушкилтар мегардад. Барои пешгирии эрозияшавӣ (шусташавӣ)-и хок, муҳим аст, ки шинонидани дарахтону буттаҳо ба роҳ монда шавад. Чарогоҳҳоро бояд, бо усули қитъавӣ истифода бурд, барои он, ки баъзе қитъаҳо як ё ду сол аз истифода гирифта шаванд, то алафзорашонро барқарор намоянд. Анҷоми тадбирҳои мазкур имкон фароҳам меорад, ки ҳосилхезии заминҳо баланд бардошта шуда, таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамалкат ба ҳисоб меравад, таъмин карда шавад.

2019 | январ-март | САРЗАМИН



Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.