САРЗАМИН
ИЮЛ - СЕНТЯБР | 2018 | WWW.ZAMIN.TJ
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ватан бар ҷалолу ба шонат қасам, Ба покии рӯди равонат қасам. Ба кӯҳу ба дашту ба домони ту, Ба мурғи баландошёнат қасам. Ки ҷону танамро фидоят кунам, Ҳама ҳастиямро ба поят кунам.
Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН»
Муассис: Сармуҳаррир: Кумитаи давлатии идораи замин Сатторзода Гулчеҳра ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маннон
Ҳайати мушовара: Маҳмадтоир Зокирзода Қурбон Ҳакимзода Бобишо Холзода Азизмамад Каримзода Умариён Раҳмон Фақерзода
МУНДАРИҶА
34
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
ОБУНА 2019 Нархи солонаи обуна: 188 сомонӣ Суратҳисоби маҷалла: С/ҳ 10117972800011101000 С/к 20402972316264 КИБ 350101626 РМА 020046634 БДА ҶТ «Амонатбонк»
8-9
Ҷаҳон донад, ки мо
ҲАМСОЯ ҳастем!
13
Иҷлосияи 40-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии замин раиси навбатии худро муайян намуд
28-29
МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ
ТОҶИКИСТОН Ҳайати эҷодӣ: Моҳсафари Яҳёзод Манзар Раҳимов Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ
Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгир: Заур Дахте Муродзода Нақиб
60-61
Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме… Суроға: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru
Дар матбааи ҶДММ «Полиграф Групп» ба табъ расидааст.
4 | ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ
САРЗАМИН | апрел-июн | 2018
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ | 5
ТОҶИКИСТОН 1991-2018 Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид. Эмомалӣ Раҳмон
2018 | апрел-июн | САРЗАМИН
6 | ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Эмомалӣ Раҳмон - эҳёгари Роғун Таҷдид ва эҳёи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи тасмимгириҳои сарнавиштсозе буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолияти давлатӣ бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба ҳусни ихлосу иродати мардуми Тоҷикистон ба он иқдом намуданд. Ин ҳам дар ҳоле буд, ки давлати абарқудрати Шӯравӣ бо иқтидори бузурги иқтисодии хеш ин сохтмони оламшумулро шуруъ карда, нотамом монда буд.
И
бтикор дар эҳёи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сароғози корномаи нави Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки дар таърихи даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар фосилаи садсолаҳо ва дар ҷуғрофиёи азим муҳаррики рӯшноӣ ва пешрафтҳои бузурги иқтисодӣ хоҳад гашт. Ин тасмими Пешвои миллат барҳақ ҳамчун тасмими сиёсатмадори хирадманду дурандеш ва мусаллат дар тору пуди умури давлатдорӣ истиқбол гардид, ки дар бунёди иқтисодиёти мамлакат заминаҳои таҳаввули инқилобиро фароҳам оварад. Азму иродаи Сарвари давлат буд, ки майдони сохтмони “Роғун” ба корзори ҳақиқӣ ва мазраи нангу номуси ватандории мардуми тоҷик табдил ёфт. Мушкилоти асосӣ нарасидани мутахассисони нерӯгоҳсоз ва техникаю таҷҳизоти корӣ дар навбати аввал аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли худро пайдо кард. Техникаҳои пуриқтидори корӣ ба Тоҷикистон оварда шуданд ва мушкилоти дастрас намудани чархаҳои нерӯгоҳ низ, ки дар хориҷи кишвар омода карда мешаванд, бартараф гардид. Умуман дар давоми корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо сохтмончиён буданд ва ҳар мушкилоту монеаи мавҷударо бартараф месохтанд. Ҳар ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сохтмон дилгармии коргарони ин нерӯгоҳи азимро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар мегардонид. Ба таъкиди коршиносони байналмилалӣ ибтикори Сарвари давлати Тоҷикистон дар эҳёи НБО “Роғун” паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад, ки нафақат САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин намуда, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархӯрдор менамояд. НБО «Роғун» иншооти азимест, ки сохтмони он ҳанӯз солҳои 1930 ба нақша гирифта шуда буд. Аммо танҳо соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1972 бунёдаш оғоз шуд. Лоиҳаи НБО «Роғун» аз ҷониби мутахассисони Институти Осиёимиёнагии лоиҳакашии «Гидропроект» омода гардида, баъди баррасии коршиносони Пажӯҳишгоҳи «Гидропроект»-и шаҳри Москва бо қарори Совети ИҶШС аз 27-уми ноябри соли 1980 тасдиқ гардидааст. То соли 1991, 40 фоизи корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта буд. Толорҳои бузурги чархаҳо ва трансформаторҳо низ, ки дар зери замин, дар қалби кӯҳ ҷойгиранд, ба ҳадди 70-80 фоизӣ мутаносибан омода гардида буданд. Баландии сарбанд ба 40 метр расида буд. Аммо пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бунёди ин сохтмон қатъ шуд. Моҳи июни соли 1993 дар натиҷаи як обхезии шадид сарбанди нотамоми нерӯгоҳ шӯста шуд ва аксари иншооти қариб омодагардидаи зеризаминӣ, аз ҷумла толори чархаҳо ва толори трансформаторҳо аз лой ва сангу шағал пур шуд. Бунёди ин иншоот барои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ тақдирсоз гардид. Қаҳрамонии бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари эҳё ва ҳифзи Ватани аҷдодӣ оғоз ва анҷом додани сохтмони ин Кохи муҳташами нур мебошад, ки барои давлату миллат аҳамияти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дорад. Мардуми Тоҷикистон аз оғози дубораи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» умед-
вориҳои зиёд доштанд ва нурафшонӣ аз шуълаи умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бештар гардид. Дар идомаи азму талошҳои созанда соли 2007-ум бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмдории ягонаи давлату Ҳукумат Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” таъсис дода шуд. Чун нақшаи бо қувваи худӣ сохтани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пеш гирифта шуд, бо назардошти аҳамияти ин иншооти тақдирсоз он барои бархе аз коршиносон тааҷҷубовар буд. Дар воқеъ мушкил аст. Хусусан барои давлате, ки тозаистиқлол асту нав ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудааст, шуруъ кардан ба сохтмоне, ки хароҷоти бунёдаш аз даромади буҷет ба маротиб зиёд буд. Вале қудрату тавоноӣ дар дасти мардум аст, мардуме, ки атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои миллат муттаҳид ва якдилу якмаром мебошанд. Дар замони басо душвор ва бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ Сарвари давлат мардуми кишварро бовар кунониданд, ки “Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод! Роғун – ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!” Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар силсилаи нерӯгоҳҳои рӯди Вахш аз боло нӯҳум буда, 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Нерӯгоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраи сохтмон доиман таъкид мекарданд, ки “ҳар як шахси масъул – аз роҳбарони
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ | 7 иншоот ва ширкатҳои лоиҳакашиву пудратӣ то мутахассисону коргарон бояд бо ҳисси баланди масъулият дар назди халқи тоҷик хизмат намоянд ва дар хотир дошта бошанд, ки иштирок дар амалӣ намудани чунин лоиҳаи муҳиму тақдирсози миллат шарафу ифтихори бузург мебошад.” Бо таваҷҷуҳ ба ин Сарвари давлат ҳамеша ба азму иродаи сохтмончиёни Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳо ҳидоят менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми июни соли 2016 ҷаласаи Комиссияи тендерҳои байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» аз миёни 40 ширкати ватанӣ ва ширкатҳои хориҷии 17 давлати ҷаҳон ширкати «Салини Импреҷило»-ро ғолиби тендери байналмилалӣ оид ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” эълон намуд ва 1-уми июли соли 2016 Созишномаи усулии ҳамкорӣ байни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва Ширкати «Салини Импреҷило»- и Италия (Salini Impregilо) ба имзо расид. Сароғози корнамоиҳои нурофарин. Дигар кардани маҷрои дарёи Вахш. Рӯдхонае, ки дар он иншооти барқи обии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон-Нерӯгоҳи Роғун бунёд мегардад. Расидан ба ин рӯзи нек, ки тамоми сокинони Тоҷикистон солҳо интизор буданд, санаи 29-уми октябри соли 2016 амалӣ гашт ва дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Дар ин рӯзи таърихӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон худ савори булдозери пуриқтидор бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро дигар карда, ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки чанд сол пеш Пешвои миллат бунёди онро ҳаёту мамоти мардуми Тоҷикистон арзёбӣ карданд, ҳусни оғоз бахшиданд. Мардуми Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастани ин рӯйдодро рӯзи равшаниву нур ва бунёди пойдевори асосӣ барои расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистон арзёбӣ карда, амалӣ шудани ин корро ба кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рабт доданд, ки дар воқеъ бунёдгузори асосии ин кохи нурофарин мебошанд. Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ-Нерӯгоҳи барқи обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзи таърихӣ таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад. Имрӯз майдони сохтмони ин иншооти барои Тоҷикистон муҳим ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба
ғояи миллии мо табдил ёфт. Дар ин иншооти гидроэнергетикии мамлакат давоми 24 соат ҳар шабонарӯз лаҳзае кор қатъ нагардида, диловарони сохтмони нерӯгоҳи “Роғун бо азму иродаи қавӣ шоҳкорӣ меофаранд. Дар як давраи мураккаб сохта шудани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва бо ҷойи кор таъмин намудани зиёда аз 20 ҳазор сокини мамлакат, ин корнамоии дигару беамсоли Пешвои миллат аст, ки андешаи доимии ободии Ватан ва зиндагии мардумро доранд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳ як ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад ва орзуву ормони ин миллати ҷабри таърих кашида ҷомаи амал мепӯшад. Дар давоми солҳои сохтмони нерӯгоҳ дар кишварамон шумораи зарурии коргарони соҳибкасбу баландихтисос ва мутахассисони нақбкану пармагар, кафшергару васлгар, умуман бунёдкорони нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба камол расиданд. Яъне Пешвои миллат ба мардум ҳам нурро арзонӣ ато намуданд ва ҳам дар тарбияи мутахассисон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ муваффақ шуданд. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ҳама қитъаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии ин иншоот беш аз 3 ҳазор мошину механизм истифода шуда, корзори Роғун шабонарӯзӣ аст. Дар воқеъ НБО “Роғун” манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад, дар рӯдҳои нурофари кишвар нерӯгоҳҳои нави барқ бунёд мешаванд, захираҳои азими энергетикӣ ва азму талоши созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди ин иншооти азим мардуми тоҷик саодати зиёд мебинад. Абдуваҳҳоби Абдусаттор 2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
8 | ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ
Ҷаҳон донад, ки мо ҳамсоя ҳастем!
М
уносиботи ду кишвари ҳамҷавор- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, беш аз пеш таҳким меёбанд. Ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаҳои қобили таваҷҷуҳ, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сатҳу сифати навро касб намуд, барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ заминаи воқеиро ба вуҷуд овард. Ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад. Эҳсоси олии дӯстӣ, бародарӣ ва дастгирии якдигар асосҳои таърихии муносибатҳои байни халқҳои мо мебошанд, ки тӯли асрҳо аз насл ба насл интиқол ёфтаанд. Яъне халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану ҳаммонанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлӯи ҳам зиндагӣ кардаанд. Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки 17-18 августи соли 2018 сурат гирифт, ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ бахшид. Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд. Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст. Президенти мамлакат аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл бояд соҳаҳои тиҷоратии ду кишвар диверсификатсия карда шавад. Барои беҳтар намудани шароити фаъолияти
сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст. “Иштироки фаъолонаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорон дар ҳудуди ду давлат мусбат ва саривақтӣ аст”, - таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин замина, изҳори эътимод карда шуд, ки намоишгоҳи “Истеҳсоли Тоҷикистон” ва Форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ сурат гирифт, ба густаришу тавсеаи робитаҳои тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, инчунин равобити фарҳангӣ ва гуманитариро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон дар рафти мулоқот ҷонибҳо мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал ворид месозанд, муҳокима карданд.
ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ | 9 Таваҷҷуҳи махсус ба вазъияти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсоя зоҳир карда шуд. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти вусъати минбаъдаи кушишҳои ҳамаҷонибаи рушди комили ҳамкории минтақавӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаро таъкид намуданд. Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ карда шуд. Айни замон асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро зиёда аз 150 созишнома ва аҳднома ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд. Санадҳои дуҷониба самтҳои муҳими ҳамкориро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои байнидавлатӣ ва байниҳукуматӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод ва ғайра заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд. Дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз 26 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳимтарини он Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Вохӯриҳои дуҷониба, ки пайваста дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба мусоидат менамоянд. Хусусан, баргузории ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва масъалаҳои сарҳадӣ гувоҳи он аст, ки раванди муносибатҳои ҳарду мамлакат тамоюли густаришёбандаро ба худ касб менамояд. Аз ҷумла, зимни ҷаласаҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва инчунин ҷалби васеи доираҳои соҳибкорӣ ва саноатии ду кишвар ба раванди тавсеаи муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он санадҳои марбута ба имзо расидаанд. Коршиносони масоили иқтисодӣ мегӯянд, дар натиҷаи ҳамкориҳои
судманд давоми шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду баробар афзуд. Танҳо дар доираи форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории ҷонибҳо, ки моҳи марти соли 2018 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон доир гардид, ҳабдаҳ санади ҳамкорӣ ба маблағи умумии зиёда аз шашсад миллион доллари америкоӣ ба имзо расида буд. Имрӯз қисме аз онҳо, аз ҷумла оид ба ҳамкорӣ дар самти интиқоли нерӯи барқу газ ва дар бахши молиявии ҷонибҳо дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор доранд. Ҳамзамон бо фароҳам овардани шароити мусоид барои рафту омади озоди шаҳрвандон шумораи сафарҳои мутақобила ба таври назаррас зиёд гардид. Дар давоми шаш моҳи аввали соли 2018 бо мақсадҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро беш аз як миллион нафар шаҳрвандони кишварҳои мо ва дигар кишварҳо гузаштаанд. Ҷониби Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар роҳи фароз дар шакли сифатан нави муносибатҳои дуҷониба мунтазам ба пеш равад. Ҳамзамон соли 2017 баъд аз 25 сол миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд парвози мустақим тавассути ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд. Инчунин ташрифи ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба давлатҳои ҳамдигар бозгӯи тақвияти равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон аст. Ҳамкориҳои фарҳангии ду давлат низ ҳамчун рукни асосии рушди неруи
зеҳнии ҷомеа густариш пайдо намуд. Соли 2017 бо мақсади густариши дӯстию рафоқат миёни миллатҳо рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Қобили таъкид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо инҷониб сиёсати «дарҳои боз»-ро пеш гирифтааст, ки дар ин замина муносибат бо кишварҳои хориҷӣ беш аз пеш густариш меёбад. Ҳадафи асосии ин сиёсати созанда таъсиси бозори иқтисодии муосир, рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда маҳсуб меёбад. Коршиносон мегӯянд, сиёсати «дарҳои боз» чун меҳвари аслии муносибатҳои давлати мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмин намудани иштироки густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Таърих ва сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ, барои принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳкурсии мустаҳкам гузоштаанд. Ин ҳамкориҳо дар оянда низ таҳким ёфта, ба манфиати иқтисодии давлатҳо ва мардумони ҳар ду кишвари дӯсту ҳамсоя-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон истифода хоҳанд шуд. “Тоҷикистон ва Ӯзбекистон халқларининг биродарлик ришталари мустаҳкам ва абадий бӯлсин!”
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
10 | ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
Иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт 9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Дар чорабинии идона шумораи зиёди сокинони пойтахт ва меҳмонони хориҷӣ иштирок намуданд. Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар шаҳри Душанбе бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ,
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омадааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон бистуҳафтумин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар даврони
с оҳибистиқл олӣ хурду буз у р г и к и ш в а р б а р о и тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори хушҳолӣ карданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон - шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудааст. Изҳори итминон карда шуд, ки сокинони пойтахт минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро вусъати бештар мебахшанд ва шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд. Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд. Тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар буд, хушу хотирмон идома ёфт. president.tj
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ | 11
Дар замони соҳибистиқлолӣ низоми истифодабарии замин дигар гашт Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳувияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад. Тоҷикистон дар 27-умин солгарди Истиқлолияти худ бо оромишу осудагӣ ва пешрафту созандагӣ ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешасабз якдилона талош меварзанд. Дар тӯли 27 сол кишвари мо таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Мавқеи ҷуғрофии кишвари мо талаб менамояд, ки ба истифодаи самараноку оқилонаи замин таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад, зеро замин дар мамлакати мо омили муҳими амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ буда, ҳамзамон манбаи асосии таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротии мамлакат ва муҳимтар аз ҳама, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад. Замин, сарчашмаи ҳаёт ва бақои зиндагӣ маҳсуб шуда, восита ва моликияти истисноии
давлат ба шумор меравад. Ҳукумати мамлакат ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият бо қабули санадҳои зарурӣ ба ислоҳоти соҳаи аграрӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин оғоз карда, низоми истифодаи заминро ба ниёзҳои истифодабарандаи он мутобиқ гардонид. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастрас гардонидани замин ба деҳқонон, инчунин мутобиқ кардани истифодаи он ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва як қатор стратегияву барномаҳо қабул карда шуданд. То имрӯз дар кишвар дар маҷмуъ 183 ҳазору 723 адад хоҷагии дехқонӣ таъсис дода шудааст, ки шумораи саҳмдорони онҳо қариб 784 ҳазору 640 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон қабул гардидани Кодекси нави замин барои ҳалли баҳсҳои марбут ба замин тибқи тартиби судӣ мусоидат намуда, таъсиси механизми ҳакамиро ҳамчун усули алтернативӣ бо мақсади ҳалли муноқишаҳои вобаста ба замин таъмин намуд. Дар натиҷа механизмҳои бозаргонии истифодаи замин инкишоф ёфта, тартиби конститутсионии ҳуқуқи бемуҳлат, муҳлатнок ва истифодаи якумраи меросии қитъаи замин муқаррар карда шуд. Аз соли 1991 то инҷониб ба зиёда аз 1млн 200 ҳазор оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, 650 ҳазору 077 нафар бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин
гардиданд. Ин тадбирҳои ғамхоронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки имрўз дар миқёси мамлакат шаҳраку деҳаҳои хушсохти замонавӣ бунёд гардиданд. Сиёсати дарҳои кушод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам намуд, ки кормандони соҳа дар самти геодезия, кадастр, харитасозӣ, мушоҳидаи фосилавии замин бо истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти муосир як қатор корҳои назаррасро ба роҳ монанд, ки онҳо барои рушди соҳаи маорифи кишвар, соҳаи сайёҳӣ, сохтмон ва ғайра бо мақсади таъмини харитаҳои муосири таълимӣ, сайёҳӣ, табиӣ, сиёсӣ ва сохтмони роҳҳо, нақбҳо, нерўгоҳҳои барқӣ ва ғайра самаранок истифода мешаванд. Дар ин замина бо як қатор кишварҳои хориҷӣ аз ҷумла бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея ва дигар созмонҳои байналмилалӣ шартномаҳои ҳамкорӣ бо мақсади табодули таҷриба ба имзо расонида шуд. Бо арзи сипос ва эҳтироми беандоза ҳамаи Шуморо, ки барои назорат ва истифодаи мақсадноки ҳар қитъа замини зархези Ватан шабу рӯз заҳмат мекашед, бо ҷашни 27умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегўям ва таманно мекунам, ки ба бахти мову Шумо шоҳсутуни ҳастии ин миллату давлат то абад пойдор бошад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
12 | ҚАДРШИНОСӢ
Барои фаъолияти назаррасу арзанда
30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Дар баробари намояндагони дигар бахшҳо бо таваҷҷуҳ ба САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
фаъолияти кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикитсон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Абдуҳафиз Одиназода Медали “Хизмати шоиста” супориданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мукофотҳои давлатии Ӯзбекистон сарфароз гардонид. Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари намояндагони соҳаҳои дигар бо ордени «Дустлик» («Дӯстӣ») Ифтихор Ҷӯраев — сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодезӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА | 13
Иҷлосияи 40-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии замин раиси навбатии худро муайян намуд Иҷлосияро маърӯзаи табрикотӣ ва ифтитоҳии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Агыбай Самагулов ҳусни оғоз бахшид. Дар рафти иҷлосия барои корҳои фаъолона ва саҳми намоён гузоштан дар рушди ҳамкориҳои тарафайн, дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдушукур Абдуллоев, муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия, сардори Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия - Виктория Абрамченко, сардори шуъбаи рушди ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалии Раёсати корҳо ва хариди давлатии Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия - Олга Вороненко бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ИДМ сарфароз гардонида шуданд. Аъзои Шӯрои байнидавлатӣ рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшуда, чорабиниҳо оид ба амалисозии Лоиҳаи пилотӣ доир ба маълумотҳои маконӣ ва вазифаҳои татбиқшуда дар доираи Гурӯҳи корӣ оид ба низоми моҳворавӣ ва фосилавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар рафти иҷлосия масъалаҳо оид ба актуаликунонии бюлетени Электронии тағйироти номҳои ҷуғрофии давлатҳои аъзои ИДМ, натиҷаи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи «Луғати вожаҳои замонавӣ дар соҳаи геодезия,
харитасозӣ, низоми иттилоотӣ, ҷуғрофӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин» дида баромада шуд. Инчунин натиҷаи корҳои ташкили бунёдии ИДМ ва Донишгоҳи давлатии геодезия ва харитасозии Москва (аз он ҷумла, дар самти истифодабарии технологияҳои фосилавӣ барои баланд бардоштани тахассус ва аз нав омодасозии мутахассисон - иштирокчиёни давлатҳои ИДМ) ва фаъолияти Гурӯҳи корӣ дар самти идораи иттилоотӣ, ҷуғрофӣ - маконӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Санаи 16 - уми август, ки кори иҷлосия идома меёфт, аз ҷониби сардори Хадамоти федералии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозии Федератсияи Россия - Виктория Абрамченко пешниҳод гардид, ки омодасозии низоми мутахассисони касбӣ дар заминаи макотиби олии Федератсияи Россия амалӣ карда шавад. Зеро шумораи чунин макотиби таълимии соҳавӣ он қадар зиёд нест ва чунин муссисаҳои таълимии бунёдӣ бештар дар миқёси Россия фаъолият менамоянд. Масъалаи калидии дигар, ин ҷудо намудани квотаҳо барои омӯзиш мебошад. Иштирок-
Аз 14 то 16 августи соли 2018 дар шаҳри Тошканд иҷлосияи 40-уми Шӯрои байнидавлатии давлатҳои ИДМ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин баргузор гардид. чиён қайд намуданд, ки синни миёнаи харитасозон ва геодезистон 50-солро ташкил менамояд ва норасоии мутахассисон дар соҳа ба назар мерасад. Зикр шуд, ки ҳамкории тарафайн оид ба таҳияи меъёрҳои фаъолият, рушди назарраси симметрӣ ва банизомдарории хизматрасонии соҳавиро дар самти геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатҳои ИДМ таъмин менамояд. Аъзои Шӯрои байнидавлатӣ, оид ба шароитҳои беҳтарини инноватсионӣ дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми мушоҳидаи фосилавии замин ва масоили мухталифи муҳими соҳа миёни худ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин ба вазифаи Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ ва мушоҳидаи фосилавии замин, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода барои муҳлати навбатӣ интихоб гардид. Қарор қабул карда шуд, ки иҷлосияи навбатии Шӯрои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва низоми фосилавии замин соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. «Сарзамин»
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
14 | ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ Бо баргузории ҷамъомади тантанавӣ кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар баробари дигар корхонаву ташкилот аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шоиставу бошукӯҳ истиқбол намуданд. Зимни баромади раиси Кумитаи давлатӣ Қурбон Ҳакимзода зикр шуд, ки Истиқлолият аз ҷумлаи арзишмандтарин дастовардҳои миллати соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳисоб меравад, ки он озодиву ободӣ ва шароити арзандаи кору фаъолиятро барои сокинони шарафманди кишвар фароҳам намуд. Дар чорабинии тантанавӣ муовини Сарвазири мамлакат Зокирзода Маҳмадтоир Зоир иштирок намуда, Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа расонид. Дар идомаи чорабинӣ бо қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 46 нафар кормандони фаъол барои хизматҳои бисёрсолаву арзанда дар пешрафти соҳа ва бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорнома супорида шуд. Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Парда Қосим ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шуҳрат Сайнаков, ки саропо васфи Тоҷикистону дастовардҳои даврони Истиқлолият буд, ба шаҳомати тантанаҳои идона шукӯҳи тоза бахшид.
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ | 15
«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди тоҷик аст, ки набзи давлату миллатро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад». Эмомалӣ Раҳмон
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
16 | БОИГАРИҲОИ МИЛЛӢ
ИСТЕҲСОЛИ Корхонаи алюминийи тоҷик шиносномаи саноати Тоҷикистон аст. Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» соли гузашта дар маҷмуъ 103 ҳазору 354 тонна алюминий истеҳсол намудааст. Аз ин шумора 98 ҳазору 540 тоннааш ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст. Корхонаҳои ватаниеро, ки ба коркарди ин навъи маҳсулот машғуланд, ширкат бо 4 ҳазору 814 тонна ашёи хом таъмин намуд. Соли ҷорӣ фаъолияти ин корхона назаррас буда, танҳо дар 8 моҳ 65 ҳазору 400 тонна алюминий истеҳсол намудааст, ки аз ин 3 ҳазору 98 тонна ба корхонаҳои ватанӣ пешниҳод ва 60 тоннааш ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот карда шуд. Дар маҷмӯъ соли ҷорӣ ба хориҷи мамлакат 60 ҳазору 727 тонна алюминий содирот гардидааст.
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
БОИГАРИҲОИ МИЛЛӢ | 17
ТОҶИКИСТОН Имсол майдони кишти пахта дар миқёси ҷумҳурӣ ба 184 ҳазору 506 гектар расонида шуд. Кишоварзони мамлакат мақсад доранд, ки имсол истеҳсоли ин дурри гаронбаҳоро ба 400 ҳазор тонна расонанд. Соли гузашта аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ дар баробари таъмини корхонаҳои ватанӣ ҳамчунин содироти 75 ҳазору 926 тонна нахи пахта ба роҳ монда шуд. Маблағи воридгардида аз ҳисоби содироти ин ашёи хом 121 миллиону 26 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
18 | МАРОМИ МО
ОБОДКОРИҲО
ДАР КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН Аз соли 2000 то инҷониб дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, заминсозӣ ва кадастри замин, корҳои топографӣ – геодезӣ ва харитасозӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷетӣ ба андозаи 4 млн. 582 ҳазору 826 сомонӣ иҷро ва маблағгузорӣ карда шудааст Бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби фаъолият барои кормандони Кумитаи идораи замин ва КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯшон Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои корхонаҳои давлатии фаръӣ ва саҳмгузории кормандон дар ҳаҷми 340 ҳазор сомонӣ бинои маъмуриро дар ноҳия бо пуррагӣ азнавсозӣ намуд. Дар маросими кушодашавии бинои мазкур муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси Кумитаи давлатӣ Қурбон Ҳакимзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон иштирок ва суханронӣ намуданд. Раиси Кумитаи давлатӣ дар баромади худ қайд намуд, ки дар ду соли охир бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муҳайё намудани шароити кору фаъолияти кормандон аз тарафи Кумитаи давлатӣ ва сохторҳои он дар шаҳри Хоруғ аз ҳисоби маблағҳои суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръӣ бинои маъмурӣ ба маблағи 640 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд, ки дар бинои мазкур, Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Кумитаи идораи замини шаҳри Хоруғ, САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
МАРОМИ МО | 19 намояндагии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар вилоят ва Корхонаи воҳиди давлатии аэрогеодезии Бадахшон ҷойгир карда шуданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷиҳати азхудкунии заминҳо, бунёди боғҳо дар манотиқи дурдасти кӯҳистони мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Рӯшони ВМКБ Кумитаи давлатӣ вазифадор шудааст, ки барои обёрӣ намудан ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, дар ин замина бунёди боғҳоро ба анҷом расонида, як қисми дигари корҳоро ба воситаи ҳашар иҷро намояд. Бо мақсади азхудкунии заминҳои нав дар майдони 22 гектар, дар ноҳияи Ванҷ бо гузаронидани хати обрасон аз масофаи 1600 метр ба маблағи 216,3 ҳазор сомонӣ, обёрӣ намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ноҳияи Шуғнон, дар майдони 30 гектар бунёди боғ бо гузаронидани хати обрасон аз масофаи 1800 метр ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст, ки дар натиҷа 52 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешавад. Ҳамзамон барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо бо роҳи тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияи Рӯшон дар майдони 200 гектар ба маблағи 127,2 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои аз пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ воридгардида равона шуда, корҳо дар ин мавзеъ идома дорад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
20 | ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТБАХШ
СОҲИБЭҲТИРОМӢ
камоли хирад ва соҳибкасбист…
Қубодов Мастибек аз соли 2015 то инҷониб дар вазифаи сардори Раёсати баҳисобгириии давлатии заминҳои таъйиноти кишоварзии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Номбурда ҳанӯз аз соли 1979 ҳамчун корманди Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз» дар шаҳри Душанбе оғози кор намуда буд. Бар ивази хизматҳои софдилонаву дар сатҳи баланди касбӣ иҷронамудааш бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Точикистон сарфароз гардонида шудааст. Агар шумораи солҳо ва хизматҳои шоёни ӯро бозшуморӣ намоем, ин феҳрист хеле тулонӣ мешавад, аз ин сабаб ҳам иктифо хоҳем кард бо далелҳое, ки ҳамкасбону ҳампешагон оид ба кору фаъолияти Мастибек Қубодов қисса менамоянд. САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ФАЪОЛИЯТИ ИБРАТБАХШ | 21 Қубодов Мастибекро ҳанӯз аз соли 1980, ки дар Институти лоиҳакашии «Тоҷикзаминсоз» кор мекард, мешиносам. Ӯ яке аз фаъолтарин кормандони соҳаи заминсозӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Номбурдаро ҳамчун мутахассиси болаёқату кордон ва дурандеш ҳамагон мешиносанду эҳтиром менамоянд. Маҳз кордонӣ ва салиқаи хуби кории ӯ буд, ки ҳанӯз аз овони ҷавонӣ тавассути ғайрату талошҳои шаборӯзӣ байни роҳбарону коргарон мавқеи устувор пайдо намуд ва зина ба зина ба мартабаҳои баланди соҳа расида, аз вазифаи муҳандиси соҳаи заминсозии Институти «Тоҷикзаминсоз» то ба сардори Сарраёсати кадастри давлатии замини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Мастибек Қубодов хислатҳои хуби инсонии бениҳоят зиёд дорад, ки бисёриҳо мехоҳанд ба ӯ монанд бошанд ва аз ӯ шеваи кор омӯзанд. Мастибек дар ҳама ҳолат намунаи ибрат аст. Дониши баланду иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ, чолокию кордониаш то имрӯз дар соҳаи заминсозӣ барои насли ҷавон намунаи кору пайкор гаштааст.
Қаҳҳоров Акрам муовини якуми директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»
Аз соли 2002 то имрӯз мо якҷоя кор мекунем. Устод Қубодов аз ҳамон давраҳо маро хамчун шогирд қабул намуданд, шахси хеле хоксор ҳастанд. Ҳар рӯз моро на танҳо аз рафти кору бор, балки аз вазъи хонаводагӣ низ авҳолпурсӣ менамоянд. Намехоҳам бигӯям, ки фақат бо шогирдони худашон муносибати олӣ доранд, он кас бо тамоми ҳамкоронамон хушмуомила ва меҳрубон ҳастанд. Аммо дар талабот нисбат ба иҷрои масъалаҳои корӣ хеле сахтгиранд, чунки ин сахтгирии устод бар манфиати кор аст. Мавриде ҳаст, ки бо шогирдон мисли дӯсту рафиқ ҳастанд, ҷойи дигар ҳамчун роҳбар хеле ҷиддӣ. Аз аввал мо дар шуъба ҳамагӣ панҷ нафар фаъолият доштем ва мисли рафиқ будем, ҳолатҳое мешуд, ки то соати 12-и шаб кор мекардему хастагиро ҳис наменамудем. Ҳар чизе ки аз худ кардаам, ҳамаро аз устод омӯхтам, донишкада фақат назарияи касбро ба мо омӯзонд, устод барои мо шогирдон як донишгоҳи таҷриба шуданд. Салимҷон Эшонқулов, сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии давлатии заминҳои шаҳру шаҳракҳои Саррраёсати кадастри давлатии замин
Мастибек Қубодовро ҳамчун мутахассиси варзида ва коршинос аз овони донишҷӯиям мешинохтам. Бо амри сарнавишт аз соли 2010 ҳамкор шудем ва он кас маро ба шогирдӣ гирифтанд. Дар оғози фаъолият, ҷиддият ва серталабии устод маро ҳамчун шогирди камтаҷриба ва акнун корро оғоз намуда аз мушкилоти бамиёномада то андозае меҳаросонд. Аммо мисле ки дар танӯри таҷрибаҳои устод монанди фӯлод гудохта шудам. Барои ҳама ин пухтану андӯхтанҳо аз устоди азизу гиромиам, Мастибек Қубодов миннатпазирам. Дар ин якчанд соли ҳамкорӣ эҳсос мекунам, ки таҷриба ва малакаи касбиам бо шарофати устодам хеле боло рафтааст. Устоди мо ҷавонон, Қубодов Мастибек соҳиби қалби бузург мебошанд. Шукр мекунам, ки бо чунин инсони хирадманду наҷиб рӯбарӯ шудам ва имрӯз бо эшон дар як коргоҳи бонуфуз пайи кору фаъолият ҳастем.
Зоир Қурбонов, сармутахассиси Раёсати баҳисобгирии давлатии заминҳои таъйиноти кишоварзии Сарраёсати кадастри давлатии замин
Ман бо Мастибек Қубодов аз соли 2001 ошно ҳастам, номбурда шахсе мебошанд, ки хислатҳои меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ, чашмикордонӣ ва ташаббускориаш ӯро байни кормандони соҳаи заминсозӣ ва дигар вазорату идораҳо маълуму машҳур гардонидааст. Ин аст, ки ҳамагон номи устодро бо як эҳтироми хоса ба забон мегиранд. Барои ман Қубодов Мастибек дар соҳаи заминсозӣ аввалин устод ба ҳисоб мераванд. Ҳар гоҳе ки дар иҷрои вазифаҳои бар зимаам гузошташуда мушкилӣ мекашидам наздашон мерафтам, як хислати наҷибашон он аст, ки хеле серкор ҳам бошанд, вақте ки вориди утоқашон мешавӣ ҳама корро як тараф гузошта аввал туро гӯш карда маслиҳат медиҳанд, баъдан аз паси кору бори худашон мегарданд. Ман бо ифтихори зиёд худро шогирди ин марди наҷиб, мутахассиси беназири соҳаи заминсозии Тоҷикистон шуморида, як умр аз таҷрибаи аз он кас андӯхта дар кору фаъолиятам истифода мебарам. Муқаддас Ёдгорӣ, мудири Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
22 | СОЗАНДАГӢ
Ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ Баракати даврони соҳибистиқлолӣ буд, ки Тоҷикистон рӯ ба тараққӣ ниҳода, дар соҳаҳои гуногун тадбирҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими инфрасохтор тақвият ёфт. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат омодагиҳо ба солгарди 30-юми Истиқлолияти давлатӣ ҷараён доранд, ки дар пайи худ созандагӣ ва бунёдкориро ба мужда меоранд. Дар баробари дигар вазорату кумита ва ташкилоту идораҳои давлатӣ Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ низ дар самти беҳсозии фаъолияти кумитаҳои идораи замин ва дигар корхонаҳои зерсохтораш дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат биноҳои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурии кору хизматрасониро бунёд менамояд. Аз ҷумла имрӯзҳо корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Истаравшан, Гулистон, Конибодом, Панҷакент, Ҳисор ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Сипитамен, Зафаробод, Кушониён, Қубодиён, Шамсиддини Шоҳин, Рашт, Рӯдакӣ ва ғайра ба роҳ монда шудаанд, ки дар солҳои минбаъда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, имконияти
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
СОЗАНДАГӢ | 23
мусоиди кору фаъолиятро барои кормандон фароҳам месозад. Ин тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни умумимиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ анҷом дода шуда, саҳм гузоштан дар обод намудани гӯшае аз Ватани соҳибистиқлол арзёбӣ мегардад. Корҳои сохтмонӣ дар биноҳои наву замонавӣ барои кормандони Кумитаи идораи замин дар шаҳрҳои Хуҷанд, Турсунзода ва ноҳияҳои Данғара, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Ҷаббор Расулов, ва Деваштич бо суръат идома дорад. Махсусан дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Деваштич ин тадбир дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. Бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ агар аз як ҷониб сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад, аз ҷониби дигар бо намои зебои худ биноҳои нав ба ин шаҳру ноҳияҳо зебоии дигар зам менамоянд. Дар ҳамин замина Кумитаи давлатӣ дар ободонии шаҳри Душанбе низ саҳм гузошта, дар шаҳракаи 82-юми пойтахт як майдончаи варзишӣ бозии кӯдакон ва истроҳатгоҳ барои калонсолонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Ҳамчунин дар ободии гулгашти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ саҳм гузошт. Ин макон айни ҳол ба ҷои дӯстдошта ва истироҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфта, дар ободиву зебоии Душанбешаҳр мусоидат намудааст.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
24 | ДАСТОВАРД
ТАҚВИЯТИ СОҲА Фотеҳ Қурбонзода, сармуҳандис
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
Дастовардҳои илмиву техникӣ маҳз баъд аз соҳибистиқлолии кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омаданд. Институти лоиҳакашию тадқиқотии “Фазо” низ, дар ин муддат бо зеҳният ва кордонии мутахассисони соҳа, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш истифодаи таҷҳизоти мукамалли муосирро ба роҳ монд. Ба кор бурдани чунин таҷҳизот дар шароити кунунӣ , ки талаби замон аст, дақиқият ва амиқии нақшаву лоиҳаҳоро таъмин намуда, барои саривақт анҷом додани фаъоли-
ДАСТОВАРД | 25
яти босамар имкони хуб фароҳам меорад. Кормандони Институт таҷҳизоти муосири соҳавӣ, аз қабили тахеометр, GPS ва ҳавопаймои бесарнишинро дар ҳолатҳои зарурӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Системаи GPS имкон медиҳад, ки қариб аз тамоми ҷаҳон ва дар ҳама гуна вазъи боду ҳаво замин ва объектҳои он шаффоф муайян карда шавад. Коркарди маводҳои аксбардории кайҳонӣ, тайёр намудани ортофотопланҳои рақамӣ, усули нави азрамзбарорӣ, тайёр намудани харитаҳои рақамӣ, такмил додани тури радифии геодезӣ дар системаи умумиҷаҳонии WGS-84 аз дастовардҳои назарраси кормандони ин пажӯҳишгоҳи бонуфуз дарак медиҳад. Дар ҳамин замина боло бурдани сатҳи дониши кормандон ва мутобиқ сохтани фаъолият ба стандартҳои байналмилалӣ институт бо шарикони хориҷӣ низ фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст.
Тел: (+992 37) 2334377, 2334378 E-mail: info@fazo.tj www.fazo.tj
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
26 | РАВЗАНАИ ЯГОНА
Амалишавии Барномаи электронии «САБТ» Пешрафти илму техника, ихтирои воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, технологияи муосир ва истифодаи он дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ самаранокии истеҳсолот ва сифати хизматрасониҳоро бамаротиб беҳтар намудааст. Дар ин замина раванди хизматрасонӣ марҳила ба марҳила дар намояндагиҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдигирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тавассути барномаҳои электронӣ роҳандозӣ гардидааст. Вобаста ба татбиқи ин ҳадафи муҳиму саривақтӣ бо муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдигирии молу мулки ғайриманқул» Сафол Шарифзода суҳбат намудем.
Сафол Шарифзода, муовини директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» Дар оғоз мехостем каме дар бораи Барномаи «САБТ» (Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули Тоҷикистон) маълумот диҳед. Барномаи электронии «САБТ» барои осон, сода, шаффоф ва дар муддати кӯтоҳ иҷро намудани корҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул аз ҷониби мутахассисони ватанӣ таҳия ва мавриди истифода қарор дода шуд. Барномаи мазкур аз ду қисм САБТ-ТЕСТ барои омӯзиши кормандон ва САБТ, ки тавассути он дар асл раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба гунаи электронӣ анҷом дода мешавад, иборат аст. Татбиқи ин барнома дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар кадом сатҳ қарор дорад? Барномаи электронии «САБТ» дар 56 корхонаи соҳавии шаҳру ноҳияҳои мамлакат насб гардидааст. Айни замон 39 корхона, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 15 корхона, Суғд 17 ва шаҳри Душанбеву ноҳияҳои тобеи марказ 7 корхона САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
пурра раванди бақайдгириро тавассути ин барнома ба роҳ мондаанд. Дар 17 корхонаи дигар бошад мутахассисон бо барномаҳои омӯзишӣ фаъолият доранд ва дар назар аст, ки то охири сол раванди бақайдгирӣ пурра тавассути барномаи электронӣ амалӣ карда шавад. Ҳамчун ҳамоҳангсози ин барнома бартариҳои онро чигуна арзёбӣ менамоед? Пеш аз ҳама раванди амалҳои бақайдгирӣ содаву шаффоф сурат мегирад. Инчунин дар муддати кӯтоҳ ҳуҷҷатҳои дахлдор омода карда мешавад. Барои мисол тавассути низоми анъанавӣ барои омодасозии шиносномаи техникӣ дар раванди муқаррарӣ дар асоси қонунгузории соҳа 7-рӯз пешбинӣ шудааст ва дар шакли фаврӣ бошад бо пардохти 40 фоиз маблағи иловагӣ он дар муддати 2 рӯз омода мешавад. Фаъолият бо Барномаи электронии «САБТ» бошад имкон медиҳад, ки ин муҳлат то ба 16 соати корӣ поён оварда шавад. Ҳамзамон фаъолияти бахши бойгонӣ низ бамаротиб осону сода гардидааст ва тавассути имкониятҳои барнома дастёбӣ ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар кӯтоҳтарин фурсат сурат мегирад. Санҷиш ва тафтиши корҳои иҷрошуда дар корхонаҳои маҳаллӣ аз ҷониби роҳбарияти корхона низ тавассути барнома амалӣ мешавад. Бартарияти дигари барнома дар он аст, ки он аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ таҳия шудааст ва мукаммалнамоии барнома то ҳол идома дорад ва пешниҳоди ҷолибу самаранок баҳри беҳтар гардидани низоми бақайдгирӣ тавассути ин барнома аз ҷониби муштариён ба инобат гирифта мешавад. Барнома бо истифодаи вебтехнология сохта шудааст ва дорои як сервери марказӣ мебошад,
ки он дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон насб гардидааст ва ҳамаи навгонию ислоҳот тавассути он амалӣ мешавад ва корхонаҳои маҳаллӣ дар як вақт имкон пайдо менамоянд, ки аз он истифода намоянд. Барнома бо маблағгузории бевоситаи корхонаҳо, яъне бе ҷалби сармояву маблағҳои кишварҳои хориҷӣ татбиқ гардида истодааст. Кадом мушкилоту монеа дар роҳи амалисозии пурраи барнома дар миқёси кишвар ба мушоҳида мерасад? Мушкилоти куллӣ дар ин самт мавҷуд нест. Танҳо бо инобати дастрасии маҳдуд ба интернет дар бархе манотиқи дурдасти кишвар ҳоло ин барнома насб нашудааст. Аз ҷумла дар 7 корхонаи шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд барнома васл нашудааст. Вале барои гузаронидани хати баландсуръати интернет, ки набудани он татбиқи барномаро ғайриимкон менамояд, кор идома дорад. Мо талош дорем, ки ҳарчӣ зудтар дар ин шаҳру ноҳияҳо низ Барнома электронии «САБТ» насбу татбиқ гардад. Раҳими Карим
РАВЗАНАИ ЯГОНА | 27
Қадами устувор Оғози фаъолият бо Барномаи электронии “САБТ” падидаи тоза дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мебошад. Қадамҳои аввалин дар ин самт дар КДФ “БММҒ” дар шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Бобоҷон Гулов, сардори Раёсати бақайдгирии КДФ «БММҒ» дар шаҳри Душанбе
Соли 2018 бо дастгирии КВД “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар корхона шабакаи дохилӣ гузаронида шуд. Сервери корхона таҳия ва ба сервери марказӣ пайваст гардид. Инчунин дар ҷараёни омодагӣ барои гузариш ба раванди электронии хизматрасонӣ ба ҳамаи компютерҳои кории бақайдгирандагон Барномаи электронии “САБТ” насб гардида, бақайдгирандагон кору
фаъолиятро бо ин барнома аз худ намуданд. Шуруъ аз 16 майи соли 2018 корхона пурра ба шакли электронии кору хизматрасонӣ гузашт. Давоми як моҳ камбудиву норасоиҳо дар самти бақайдигирӣ тавассути барномаи электронӣ ҷой дошт. Вале тадриҷан нуқсону камбудиҳои барнома бартараф гардида, бақайдгирандагон пурра раванди электронии кори соҳаро омўхтанд. Барномаи электронии “САБТ” дар муқоиса бо барномаҳое, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Беларус истифода мебаранд, бартариҳои зиёд дорад. Ба гунаи мисол ин барнома тавассути вебтехнология таҳия шудааст ва ин имконият медиҳад, ки аз дилхоҳ телефон ва ё компютер дар кадом минтақае набошад, тавассути интернет мутахассисон кори худро пеш баранд. Инчунин ҳамаи корбарон дар як маврид аз як сервер истифода менамоянд ва ҳамаи маълумот дар
сервери марказӣ сабт карда мешавад. Ин барнома яке аз пешрафтатарин системаи умумиҷаҳонӣ ҳисобида мешавад ва шумораи ками давлатҳо дар ҷаҳон тавассути чунин барнома фаъолият менамоянд. Яке аз масъалаҳои хеле ҷиддӣ, ки барои оғози кор дар барномаи «САБТ» ногузир буд, ба шакли электронӣ гузаронидани асноду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ ба ҳисоб мерафт. Мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 60 фисади ҳуҷҷатҳои бойгониро ба барномаи электронӣ дохил намоем. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе наздики як миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд ва шумораи зиёди корхонаву муассисаҳо мавҷуданд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии онҳо бояд ба барнома ворид карда шавад. Дар ин самт аз ҷониби мутахассисон кор идома дорад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
28 | АНГУРПАРВАРӢ
ТОҶИКИСТОН
ВАТАНИ МЕВАҲОИ ШАҲДБОР Майдони умумии токзор дар ҷумҳурӣ 37 ҳазору 775 гектарро ташкил медиҳад, ки 33 ҳазору 111 гектараш боғҳои ҳосилдиҳанда мебошанд. Истеҳсоли ангур соли гузашта 228 ҳазору 303 тоннаро ташкил дод, ки 19 ҳазору 650 тоннааш ба кишварҳои хориҷ содирот гардид. Дар шаҳри Турсунзода майдони токзор ба 3 ҳазору 119 гектар расонида шуддаст. Ба хотири фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва содироти он ангурпарварони соҳибтаҷриба бо истифода аз усулҳои пешрафтаи агротехникӣ метавонанд аз 1 гектар токзор то 60 тонна ангури босифати ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир истеҳсол намоянд.
Камол Мадумаров ангурпарвари машҳур САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
АНГУРПАРВАРӢ | 29
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
30 | ХОКШИНОСӢ
Баҳои замин Яке аз омилҳои асосӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ, ин анҷоми корҳои баҳои замин ва амал намудан аз рӯйи нишондодҳои он мебошад. Агар ҳар як заминистифодабаранда аз рӯи маводи хокшиносӣ ва баҳодиҳӣ кишти маҳсулоти кишоварзиро ба роҳ монад, ҳосилнокии зироат баланд мегардад.
Фозилов Саидмахсум, сардори Экспедитсияи хокшиносӣ ва баҳои замини ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз»
К
орҳои баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳои замин» ва мувофиқи «Дастури услубӣ оид ба баҳои сифатии хок ва баҳои иқтисодии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иҷро карда мешавад. Мувофиқи моддаи 7 қонун «Дар бораи баҳои замин», гузаронидани баҳои кадастрии давлатии замин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад. Гузаронидани корҳои баҳодиҳии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи супориши Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи экспедитсияи хокшиносӣ ва баҳои замини ИДЛЗ «Тоҷикзаминсоз» вогузор карда шудааст, ки ин ягона муассисаи давлатӣ оид ба баҳодиҳии замин дар қаламрави ҷумҳурӣ мебошад. Экспедитсия дар давоми 14 соли фаъолияташ корҳои баҳои заминро дар 18 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сомон расонидааст. Ба ҳолати 1-январи соли 2018 корҳои гузаронидашуда дар самти баҳодиҳии замин ба 30 фоиз баробар мебошад. Яке аз сабабҳои ба миён омадаСАРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ни иҷрои корҳои баҳодиҳии замин дар он аст, ки нархи пардохти андози замин дар ҳудуди шаҳру ноҳия аз ҳамаи заминистифодабарандагон, қатъи назар аз гуногунии ҳосилхезии хокашон, аз рӯи меъёри якхела ситонида мешавад, яъне хоҷагие, ки хокаш дорои ҳосилхезии баланд ва хоҷагие, ки хокаш дорои ҳосилхезии паст аст, андози якхела месупоранд. Мақсади асосии гузаронидани корҳои баҳои замин дар заминҳои таъиноти кишоварзӣ ин асосан муайян намудани нархи меъёри замин бо мақсади андозбандии воқеӣ, пардохти иҷора, муҳайё намудани шароит барои сарфакорона истифода бурдани замин аз рӯи сифатнокии хок, хусусиятҳои технологии замин, самаранокии хароҷот, минтақаи ҷойгиршавии он, шароити табиӣ иқлимӣ ва таъминоти замин бо об мебошад. Корҳои баҳои замин аз се марҳила иборат мебошад: 1. Баҳои сифати хок 2. Тавсифоти замин 3. Баҳои иқтисодии замин • Баҳои сифати хок Баҳои сифати хок нишон медиҳад, ки то кадом дараҷа як хок аз хоки дигар аз рӯи ҳосилхезӣ фарқ дорад. Умуман, ҳамаи хусусиятҳои хок вобаста ба нишондиҳандаҳои шӯрнокӣ, гаҷнокӣ, таркиби механикии хок, чуқурии обҳои зеризаминӣ ва ғайраҳо баҳогузорӣ карда шуда, натиҷаи он бо балл ифода мегардад. Натиҷаҳои баҳои сифати хок барои муайян намудани баҳои иқтисодии замин ва тафриқаи андозситонӣ ҳангоми заминистифодабарӣ, ҳамчун асоси илмӣ хизмат мекунад. • Тавсифоти замин Мақсади асосии гузаронидани корҳои тавсифоти замин ин муайян намудани коэффисиентҳои техно-
логии заминҳои киштшаванда аз рӯи нишондиҳандаҳои технологии хусусияти хок, релефи маҳал, шакли майдонҳо, синфҳо аз рӯи буридашавӣ бо монеаҳо, аз рӯи нишебии заминҳо, таркиби механикии хок, баландии ҷойгиршавии замин аз сатҳи баҳр мебошад. Аз рӯи ин коэффисиентҳои технологии замин хароҷотҳои баҳодиҳии замин барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ муайян карда шуда, баъдан барои муайян намудани нархи замин ва меъёри андози ягона ва андози замин истифода бурда мешавад. • Баҳои иқтисодии замин Корҳои баҳои иқтисодии замин имконият медиҳад, ки меъёрҳои воқеии арзиши замин муайян гардида, андози замин вобаста ба сифат ва арзиши замин ҳисоб карда шавад. Мақсади асосии гузаронидани корҳои баҳои иқтисодии замин ин: -муайян намудани андозаи меъёри андози замин ва тафриқаи он; -муайян намудани андозаи пардохти иҷораи қитъаҳои замини моликияти давлатӣ ва коммуналӣ; -муайян намудани зарари расонидашуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ; -муайян намудани нархи пардохти замин барои ҳар як қитъаи замин; -кор карда баромадани нишондиҳандаҳо ва механизмҳои иқтисодии оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати замин; -таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ ва мақсадҳои дигар. Дуруст истифодабарии маводи баҳои замин дар соҳаи кишоварзӣ барои ҳавасмандкунии заминистифодабарандагон оид ба истифодаи оқилонаю самараноки замин, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши муҳимро мебозад. Раҳими Карим
АСОСИ ПЕШРАВӢ | 31
Ҳифзи ҳуқуқи саҳмдорон ва риояи талаботи қонун Истифодаи самаранок ва оқилонаи замин яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки истофодаи оқилонаву самараноки замин метавонад дастурхони аҳолии кишварро ғанӣ гардонад. Хабарнигори маҷалла оид ба истифодаи самараноки замин, дастовард ва мушкилоти мавҷуда дар соҳа бо раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод, Лашкар Сафарзода суҳбат доир намуд. - Кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Кумита корҳои зиёдеро оид ба муносибатҳои вобаста ба замин, риояи талаботи қонунгузорӣ, ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои заминистифодабарӣ ва кадастри давлатии замин ба иҷро расонида истодааст. Аз соли 2009 то соли 2017 «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин барои маҳалли аҳолинишин», дар қаламрави ноҳия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 558 аз 01.04. с. 2011 ва № 241, майдони 485,51 гектар замин барои маҳалли аҳолинишин ҷудо гардидааст, ки 331, 51 гектари он ба эҳтиёҷмандон тақсим гардида, майдони 154 гектар бо сабаби дар ҳолати садамавӣ ва мавзеъҳои номувофиқ карор доштан, барои иваз гардидан ба дигар қитъаҳои замин дар шакли мавод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст. - Оё дар ин муддат далелҳои қонуншиканӣ ошкор карда шудааст ва барои пешгирии он аз ҷониби мутахассисони Кумита кадом чораҳо андешида мешавад? 50 адад ҳодисаҳои қонунвайронкунии замин ошкор карда шудаанд, ки нисбати онҳо барои ислоҳи камбудиҳо мутобиқи моддаҳои 141, 148, 155, ва 161-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии
маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 адад мактубу дастурҳо, 38 адад протокол ва 38 адад қарорҳои ҷаримабандӣ ба маблағи 21450 сомонӣ тартиб дода шудааст, ки дар натиҷаи ин 10100 сомонӣ ба суратҳисоб ворид гардидааст. Инчунин ба Прокуратура ва Суди ноҳия мавод барои додани баҳои ҳуқуқӣ ирсол карда шудааст. Ҳолати нигаронкунанда он буд, ки қисми зиёди заминҳои фонди захиравиро баъзе аз роҳбарони хоҷагиҳо хариду фурўш менамудаанд, ё ки ҳабси амвол намуда, баъдан хоҷагии деҳқонӣ ташкил медоданд. Дар давраи фаъолият пеши роҳи чунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ низ гирифта шуда, масъалаи мазкур таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Барои қонеъ гардонидани талаботи саҳмдорон чи корҳо амалӣ шуда истодаанд? Оё тақсимоти замин ба саҳмдорон имрўз одилона ва мувофиқи талаботи қонун ба роҳ монда шудааст? - Барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» тамоми хоҷагиҳои таҳти таҷдид ва ислоҳот қарор дода шуда, азнавташкилдиҳии хоҷагиҳои калонҳаҷми деҳқонӣ идома дорад. То ин давра 3459 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият дошта, дар давоми соли ҷорӣ зиёда аз 77 хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфта, бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардида истодаанд. Аммо ҳанўз ҳам дар маҳалҳо баъзе мушкилот ҷой дорад. Масалан, дар асоси қарори раиси ноҳия аз 26 ноябри соли 2014,
№ 891 ба шаҳрванд Ғуломов С., барои ташкили Хоҷагии деҳқонии «Сиддиқзода» 662 гектар замин ҷудо шудааст, ки дар он талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)» ба инобат гирифта нашудааст. Тибқи меъёри саҳми замин, ки дар давраи таҷдид муайян шудааст, ба ҳар як саҳмдор 110 гектарӣ муайян гардидааст, вале таҳлилҳо нишон дод, ки аз 10 нафар саҳмдори Хоҷагии деҳқонии «Сиддиқзода» то имрўз ҳамагӣ 4 - нафарашон кору фаъолият доранду халос. Аз ин рў қисми зиёди қитъаҳои замин дар асоси қарори раиси ноҳия тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳисоби фонди махсуси ноҳия гирифта шуд. Баҳри татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 - 2020» бо мақсади барқарорсозии 215 гектар заминҳои корами обӣ нақша- чорабинӣ ва лоиҳаи корӣ тартиб дода шудааст. Аз ҷониби Кумита ва КДФ «БММҒ» 5 - гектар замини корами лалмӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд ва соли ҷорӣ дар майдони 2,50 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид. Инчунин аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар майдони 306 гектар боғу токзор бунёд карда шудааст. Айни замон бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тамоми кормандони соҳа кўшиш ба харҷ дода истодаанд.
М. Яҳёзод 2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
32 | ЧОРВОДОРӢ
САРВАТИ БЕБАҲО нерӯгоҳи барқи обии «НОРАК»
суратгир: Заур Дахте САРЗАМИН | апрел-июн | 2018
ЧОРВОДОРӢ | 33
2018 | апрел-июн | САРЗАМИН
34 | МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар даврони соҳибистиқлолӣ бори дигар аз сиёсати созанда ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад, ки дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил гардид.
С
айёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифгари фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат қарор дорад. Агар ба манфиатҳои иқтисодии соҳа назар кунем, қисми зиёди даромадҳо бо асъори хориҷӣ ба даст оварда мешаванд, ки барои устувор нигоҳ доштани тавозуни пардохти давлат мусоидат мекунад; - Ба ҳисоби миёна аз ҳар 1 доллари сарфшуда дар бахши сайёҳӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти ватанӣ мемонад. Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст, ки мо аз манфиатҳои соҳаи сайёҳӣ то ҳадди ниҳоӣ бархурдор шавем. Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Бадахшон, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ, шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат боиси ифтихор аст. Бо мақсади баромадан ба бозорҳои нави ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон, имсол ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳрҳои Токио, Лос-Анҷелос, Париж, Сеул, Куала-Лумпур, Берлин, Риёз,Ҷидда, Москва, Остона ва дигар шаҳрҳо иштироки фаъол намуда, як қатор намоишгоҳҳо, конфронсҳо, инфотур барои васоити ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардид. Моҳи марти соли ҷорӣ имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои сайёҳии “ITB-Берлин”-и Олмон, “Интурмаркет” ва МИТТ Федератсияи Россия ба таври шоиста муаррифӣ карда шуда, баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, Намоишгоҳи байнамилалии сайёҳии табобатӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баҳри тарғибу ташвиқи имкониятҳои соҳаи сайёҳии кишвар таъсири мусбӣ расонида истодаанд. Ҳоло аксари ширкатҳои сайёҳӣ аз содироти сайёҳон ба хориҷи кишвар, бештар ба воридоти онҳо ва сайёҳии дохилӣ машғул шуда, зиёда аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ
ба минтақаҳои гуногуни мамлакат роҳандозӣ карда шуданд. Ҳамзамон дар заминаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ марҳилаи аввали Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо фарогирии автомашинаҳои сабукрав ба фаъолият оғоз намуд. Озод гардидани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар хона ва фурӯши онҳо аз андоз тадбири ниҳоят муҳим буда, имконият медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гардад. Дар доираи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар маҷмуъ 425 чорабинии сайёҳӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо фарогирии зиёда аз 755613 нафар шаҳрвандону меҳмонон баргузор гардид. Тавре аз таҳлилҳои оморӣ бармеояд, шумораи ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон рӯз аз рӯз зиёд гардида, тибқи маълумоти оморӣ аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба кишвар воридгардида, ки 950 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, 527 711 нафарашон ба ҳайси сайёҳ ташриф овардаанд. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 358 916 нафар ё ба андозаи 212,6 фоиз зиёд мебошад. Рушди сайёҳӣ, таъмини инфрасохтори зарурӣ ва таъсиси хатсайрҳои нави сайёҳӣ самараи шаҳдбори Истиқлолияти комили кишвари маҳбубамон ба ҳисоб меравад. Сатторзода Гулчеҳра
МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ | 35
Озмуни «Акси беҳтарин» Маҷаллаи «Сарзамин» ба хотири саҳм гузоштан дар муаррифии маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва таблиғи зебоиҳои Ватан бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» озмуни «Акси беҳтарин»-ро эълон мекунад. Дар ин озмун рассомон, аксбардорони касбию ҳавасмандон метавонанд бо пешниҳоди беҳтарин манзараи мавзеъҳои нотакрори сайёҳии диёр иштирок намоянд. Озмун моҳи декабри соли 2018 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои молиявии зерин қадрдонӣ карда мешаванд: • Барои ҷои якум 5 ҳазор сомонӣ • Барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ • Барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ. То давраи ҷамъбасти озмун хоҳишмандон метавонанд расм ва аксҳоро ба суроғаи электронии маҷалла sarzamin2015@mail.ru ирсол намоянд.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
36 | ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Истиқлоли мо, ки сарбаландии мост халалнопазир мебошад.
Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
Д
ар фарҳангҳо омадааст, ки вожаи «истиқлол» баргирифта аз забони арабӣ ба маънии «баланд баромадан» мебошад. Дар «Фарҳанги Муъин» мехонем, ки «истиқлол худмухтор будан, идораи кишвар бо ихтиёр ва озодӣ, бидуни мудохилаи кишварҳои бегона аст». Доштани давлати мустақил, яъне идораи кишвар бо ихтиёр ва озодӣ барои миллати тоҷик дар нисбат ба дигар миллатҳои ҷаҳон арзишҳои вижае дорад, ки ба буду набуд ва ҳасту нести ояндаи ин мардум баставу пайваста мебошад. Миллате, ки дар ҳазорсолаҳои инсонсозии одамон нақши равшан дошта, яке аз пешгомони офариниши илму фарҳанги ҷаҳонӣ буд, новобаста бар бохтҳои ҳазорсолаи худ, 27 сол пеш ҷасурона рӯи по воистода, аз истиқлоли худ дарак дод. Ба ин васила аз вобастагӣ ба Шарқу Ғарб раҳоӣ ёфт ва дар арсаи байналмилалӣ ба дифоъ аз ҳуқуқи хеш пардохт. Гаҳе шунида мешавад, ки Тоҷикистон истиқлоли давлатиашро ройгон ба даст овардааст. Чунин пиндор ниҳоят иштибоҳбарангез буда, ҷонибдоронаш касоне мебошанд, ки аз зеҳни таҳлилӣ ва саргузашти ҳазорсолаҳои тоҷикон огоҳии боиста надоранд. Борҳо гуфтаем ва боз хоҳем гуфт, ки миллати тоҷик дар сайри чандҳазорсолаи пешинаи худ аз оташҳои маргбори зиндагӣ гузашта, осебҳои сахттаринеро аз сар гузаронидааст. Дар натиҷа марзҳои бешумори худро аз даст додааст, дар ҷое номашро аз байн бурдаанд, таърихашро дигарон аз худ донистаанд, ба забонаш дигаргуниҳо ворид сохта, хостанд онро САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
аз байн бибаранд, вале ин мардуми ҷонсахт бо ҳама носозгориҳои таърих бурдборӣ карда, то рӯзгори имрӯза, ки соҳиби давлати мустақил мебошад, расидааст. Таърихнигорон саргузашти давлатдорӣ ва бедавлатиҳои тоҷиконро бад - ин тартиб фасл кардаанд: •Замони (давраи) - бостон (куҳантарин) - фаротаърихӣ •Замони (давраи) авастоӣ •Замони (давраи) куҳан (қадим), ки аз шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ (550 - 330 пеш аз мелод) оғоз ёфта, дар замони Сосониён (651 мелодӣ) ба поён мерасад. •Сипас замони забти сарзамини аждодони мо бо дасти арабҳо, бо баҳонаи густариши ислом оғоз меёбад. (Замони чирамандии халифаҳои Уммавӣ - солҳои 661 - 750 ва халифаҳои аббосӣ - солҳои 758 - 1258). Арабҳо аз роҳи боварҳои динӣ хостанд забон ва ҳувияти миллии тоҷиктаборонро, ҳамон гуна ки дар кишварҳои Миср, Сурия, Лубнон ва соири мулкҳои ишғолкардаашон, аз байн бурда буданд, низ бибаранд, аммо бар ин ҳадафи хеш натавонистанд комёб гарданд. Ҳатто дар ин миён сулолаҳои тоҷиктабор рӯи по бархоста, дар суст шудани хилофати араб нақши чашмгиреро ба анҷом расонданд. Бармакиҳо солҳои 705 - 807, Тоҳириҳо солҳои 821 - 873, Саффориҳо солҳои 873 - 1003 нишон доданд, ки соҳибони ин мулк киҳоянд ва онҳо фарҳанги худро бо фарҳанги бегонагон иваз нахоҳанд кард. Гузашта аз ин дар Бухоро ватанхоҳи бузург Исмоили Сомонӣ парчами миллиро бардошта, истиқлоли давлати тоҷиконро хонд. Хилофа-
ти Бағдод чун пай бурд ваҳдати тоҷиконро шикаста наметавонад, аз дохили кишвар туркони Халлухиро бо сарварии Маҳмуди Сабуктегин ва туркони ҳамсояи Бухоро - карахониҳоро бар зидди сомониён барангезонд. Бояд дар нигар дошт, ки тоҷикон барои ба даст овардани давлатдории миллии худ аз талошу кӯшишҳои пайгирона даст накашида буданд. Пас аз чирамандии ғазнавиҳову қарахониҳо ва ҳатто дар замони қатлҳои хунини Чингиз, давлатҳои Ғуриён - солҳои 1148 - 1215 ва Куртҳои Ҳирот - солҳои 1245 1381, дар паҳнаи Хуросон ва Осиёи Марказӣ ҳукуматронӣ доштанд. Аммо ҷангҳо ва чирамандии паёпаи сулолаҳои гуногуни туркӣ, чун салҷуқиҳо, темуриҳо, шайбониҳо, аштархониҳо, манғитиҳо, ҳамчунон ҷудоандозиҳо байни тоҷикони Хуросону Вароруд ва шиддати мазҳабгароии шиаву суннӣ, боис шуд, ки зимоми давлатдорӣ аз дасти тоҷикон гусаста шавад. Пас аз он, ки Осиёи Марказӣ ба салтанати Русия ҳамроҳ шуд ва соли 1917 Инқилоби Октябр рух дод, соли 1924 тоҷиконро дар маҳдудаи Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ва сипас бо пофишориҳои сарсупурдагони миллат, соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравӣ дар дохили Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ ҳамчун миллат донистанд. Албатта дар дарозои 68 соли шомили давлати пурзӯри Иттиҳоди Шӯравӣ будан, Тоҷикистони мо пешравиҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиеро ба даст овард. Мардумони беш аз панҷсад сол зери зимоми хонҳои боҳам дар ситези бодиягард қарор дошта, ки аз ободсозиву фарҳангсо-
ИФТИХОРИ МИЛЛӢ | 37 лорӣ ва донишпарастӣ бозмонда буданд, ба обёрии заминҳои кишт, роҳкушоӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, омӯзиши илмҳои замон, рушди фарҳангу адабиёт пардохтанд. Бо вуҷуди он ҳама дастовардҳо, тоҷикон ҳанӯз аз истиқлоли пурраи давлатӣ бархурдор набуданд. Ормонҳои умумишӯравӣ, ки бар пояи коммунизм ва густариши хостҳои давлатдории сотсиалистӣ дар саросари ҷаҳон устувор буд, арзишҳои хештаншиносии миллиро рӯ ба завол меовард ва рӯз аз рӯз дар рушду ривоҷи забони миллӣ, омӯзиши таърихи миллат, истифодаи дурусти захираҳои табиӣ ва мардумӣ костагиҳо ба чашм мехӯрданд. Рӯзи 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор ва Изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадвин гардид. Ин рӯзро тоҷикони андешаманд пеш аз ҳама барои он гиромиву хуҷаста медонанд, ки акнун миллати садсолаҳо зери юғи ҳамлаварон буда, бо номи худ давлаташро боззоӣ мекунад, ки он нигаҳбонии ҳувияти миллӣ, забони миллӣ, марзу бум, сарватҳои табиию мардумӣ ва соири арзишҳои миллии худро ба душ хоҳад гирифт. Аммо пас аз дарёфти истиқлоли давлатӣ низ сарнавишт ба миллати тоҷик модарандар будани худро идома дод. Тоҷикон бар ивази хушнудиҳо ва бозёбии асли хеш, бунёди рукнҳои давлатдорӣ, ба монанди сохторҳои идориву парлумонӣ, артиши миллӣ ва марзбонӣ, гардиши пули миллӣ, бо кишварҳои дуру наздик барпо намудани муносибатҳои дипломативу тиҷоратӣ ва ҷорӣ кардани садҳо усулҳои миллии омӯзишу парвариш, киштварзиву тавлидоти саноатӣ, бо дасисаҳои ифротгароёни кӯрандеши динӣ, зархаридони бо номи ҳизб бархоста ва дигар унсурҳои бехирад, силоҳ ба даст гирифта, ба рехтани хуни ҳамватанони хеш пардохтанд. Дар он рӯзгоре, ки ҷумҳуриҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машғули тақсими силоҳу муҳимоти низомии Артиши Шӯравӣ буданд, тоҷикон дар муқобили ҳамдигар сангар гирифта буданд. Дингароёни на танҳо аз сиёсати давлатдорӣ ва ҳадафҳои
нерӯҳои иртиҷоии байналмилалӣ бехабар, балки ноогоҳ аз решаҳои дини ислом, зери чатри ислом мардумони оддиро фиребида, зомини кушта шуданашон гардиданд. Ҳамин тавр истиқлоли ба даст омада ба сони садсолаҳои сипаришуда, бо дасти тудаи фурӯхташудагони кишварҳои бегона, рӯ ба ғарқшавӣ дар хуни наберагони ҳамон Сосониҳо, Бармакиҳо, Тоҳириҳо, Саффориҳо, Сомониҳо ниҳода буд. Ва боз ҳам бори дигар раҳми худо ба ин миллати офарандаи андешаи нек омад, ки ҷавонмардеро бо номи пуршарафи Эмомалӣ Раҳмон рӯҳияи шикастнопазиру устувор бахшид, то бори сангини раҳонидани мардумро ба душ гирифта, пули валангоршудаи истиқлолро бозсозӣ намояд ва ба ин васила миллати парокандаи гиребонгири ҳамдигарро ба худнигарӣ ва ҳамдигаршиносӣ водорад. Мо дар боло пешинаи таърихии давлатдории тоҷиконро пеши рӯ овардем, аммо бинобар норасоии фурсат, аз баёни иллатҳои пароканда гаштани он давлатҳо худдорӣ намудем. Боясти ба таъкид ишора кард, ки сабабҳои шикасти он давлатҳо ғолибан аз боварҳои динӣ ва зудбовариҳои гузаштагонамон кор гирифтани бадхоҳону душманон будааст. Чуноне ки ходимони масҷидҳо, ки аксаран ҷосусони Бағдод буданд, ҳамлаи Чингизхонро ба Вароруд ғазаби худо эълон карда, муқовимати мардумро зидди онҳо нораво шуморида буданд ва паёмади ин кӯрандешии ифротиёни ватанфурӯш ба фоҷеаи таърихии аз сари мардумон сохтани даҳҳо калламанораҳо анҷом ёфт. Ҳамон гуна ки давлати Ғуриҳо, бинобар носозгориҳои байнихудӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда дар оғози асри XII бо дасти Хоразмшоҳиён шикаст хӯрданд. Бад - ин тартиб дар натиҷаи ҷангҳои байнихудии тоҷикони сулолаи Курти Ҳирот, давлатдорӣ ба нотавонӣ расида, соли 1381 аз ҳамлаи Темурланг торумор гардид. Ҳангоми ин сатрҳоро рӯи коғаз овардан, аз шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» огоҳ шудем, ки гурӯҳҳои ночизе аз Ташкилоти Экстремистӣ Террористии ҲНИ, кадом як
«Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва дигар кӯрандешони ватанфурӯш тасмим гирифтаанд, дар пойтахти кишвари Лаҳистон - Варшава гирд омада, нақшаи ноором сохтани кишвари зебои моро тартиб диҳанд. Онҳо бо «гиряҳои шашқатори худ» мехоҳанд худро дар назди ҷомеаи аврупоӣ бегуноҳони исломи демократӣ намоёнда, ҷиноятҳои содир кардаашонро пинҳон созанд. Дархӯри рамзи сиёҳест ин давутозҳои душманони раванди давлатсозии тоҷикон. Дар рӯзҳои гиромидошти 27 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар даҳҳо биноҳои таълимӣ, фарҳангӣ, кӯдакистонҳо, чорбоғҳои сайругашти мардум, роҳҳову кӯчаҳои мумфарш ба истифода дода мешаванд, мамлакат барои кушодашавии чархи нахустини нерӯгоҳи барқи обии Роғун омода мешавад. Ҳама дар пайи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат барои то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари деҳоти кишвар сохтани бунгоҳҳои тиббӣ, таваллудхонаҳо, ҳаммом, кӯчаҳои мумфарш ва бунёди дигар иншооти мавриди ниёзи мардум камари ҳиммат бастаанд, аммо ин бадгуҳарон роҳҳоеро ҷустуҷӯ доранд, то ба осудагии мардум халал ворид кунанд. Мехоҳанд, тоҷикон боз ҳам иштибоҳҳои таърихи давлатдории худро такрор намуда, дар сафи вопасмондагони ҷаҳон қарор гиранд. Аммо ин бехабарони сиёҳандеша, ки кирмҳои бухлу бадкирдорӣ, мағзи сарҳояшонро мехӯранд, ҳаргиз ба ҳадафҳояшон нахоҳанд расид. Инро метавон дар чеҳраҳои кӯдакони либосҳои сафеди оҳарӣ бар тану равон ба сӯйи бинои мактаби қасрмонанд дид. Инро метавон дар рақси духтарони ба тан пироҳанҳои чакану атлас мушоҳида кард. Инро метавон дар варзишгоҳҳои пур аз тамошобин, дар сайругашти ҷуфтҳои ҷавон ва падару модарони бо кӯдакони хушбахти худ дар тамошои чаманистону гулистонҳои пойтахт ва маркази ноҳияҳо дид. Истиқлоли мо, сарбаландии мо бебаргашт аст! 2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
38 | БАҚАЙДГИРӢ
Фаъолияти бонизом Мутахассисони Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунгузории соҳа ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Туйчӣ Эргашзода, директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ Кормандону мутахассисон давоми 8 моҳи соли 2018 назаррас фаъолият намуда, нақшачорабинӣ ва дастуру супоришҳои аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардидаро саривақт иҷро менамоянд. Хизматрасониҳо ба таври электронӣ бо истифодаи имкониятҳои Барномаи электронии «САБТ» ба роҳ монда шудааст. Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ якумин корхонаест, ки корро бо ин барнома оғоз намудааст. Давоми 8 моҳи соли 2018 мутахассисони шуъбаи бақайдгирии корхона 2729 шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ оид САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ба бақайдгирии қитъаи заминро омода карда, кормандони шуъбаи техникии корхона 7928 адад шиносномаҳои техникиро таҳия намудаанд. Дар бойгонии корхона 83143 адад шиносномаи техникӣ ва парвандаҳои заминсозӣ маҳфузанд. Аз ин шумора 18200 адад ба барнома электронии бойгонӣ гузаронида шудааст ва кор дар ин самт идома дорад. Хизматрасонӣ тавассути Барномаи электронии «САБТ» ба роҳ монда шудааст ва ин имкон дод, ки сифати хизматрасониҳо бамаротиб осон гардида, дар муддати кӯтоҳ шиносномаҳои техникӣ омода карда мешаванд. Инчунин омилҳои мусоидаткунанда ба амалҳои коррупсионӣ низ аз байн рафт. Барои фаъолияти бонизом шароити зарурӣ дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ фароҳам шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва барномаҳои компютерии соҳавӣ пурра насбу васл гардидааст. Ин тадбир имкон
додааст, ки хизматрасонӣ дар тамоми шуъбаҳои корхона мувофиқи талаботи мавҷуда таъмин гардидааст. Таъмини шароити зарурӣ барои кормандон ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии мутахасси-
Умед Ҳакимов, сардори Шуъбаи бақайдгирии КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Рӯдакӣ сони фаъол аз ҳадафҳои муҳими роҳбарияти Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Рӯдакӣ ба шумор меравад. Дар доираи даромади молиявии корхона ҳамасола музди меҳнат зиёд карда мешавад.
НАЗОРАТ | 39
Чаро заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд? Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 9615 гектар, аз он обӣ 8139 гектарро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта ҳамагӣ 928 гектар, аз он обӣ 684 гектар кам мебошад. Аз он ҷумла: -бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 845 гектар; -аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 3032 гектар; -дар натиҷаи селоб зер кардан 871 гектар; -нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 42 гектар; -набудани об барои обёрӣ 2319 гектар; -сохтмонҳои ғайриқонунӣ 781 гектар; -корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 1725 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар ВМКБ 192 гектар корами обӣ, вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар обӣ, вилояти Суғд 3248 гектар, аз он 3119 гектар обӣ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1522 гектар, аз он 965 гектар обиро ташкил медиҳад. Аз майдони умумии заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда майдони 3032 гектар ё 37% бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо ва 2319 гектар ё 29% бо сабаби набудани об барои обёрӣ истифода нашудаанд. Майдони 871 гектар (11%) заминҳои корам дар натиҷаи селҳо шуста нобуд шудаанд. Дар майдони 856 гектар (11%) заминҳо сохтмонҳо бунёд гардида, дар мувозина ҳамчун заминҳои корам боқӣ мондаанд. Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар вилояти Хатлон 4653 гектар, аз он 3863 гектар обӣ ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта 719 гектар, аз он обӣ 587 гектар кам мебошанд. Аз ҷумла: - бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 621 гектар; -аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 1181 гектар; -дар натиҷаи селоб зер кардан759 гектар; -набудани об барои обёрӣ 1206
гектар; -корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 844 гектар. Тазаккур бояд дод, ки нисбат ба соли гузашта заминҳои шӯру ботлоқшуда 55 гектар ва заминҳои бо сабаби ташкили ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ холимонда 2287 гектар кам шудааст. Вале дар баробари ин, соли равон майдони заминҳои бо сабабҳои аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 607 гектар, дар натиҷаи селоб зер кардан 217 гектар, набудани об барои обёрӣ 1050 гектар, ҷамъ майдони заминҳои холимонда 1678 гектар зиёд шудаанд. Агар аз тарафи заминистифодабарандагон ва ниҳодҳои дахлдор чораҳои саривақтӣ андешида мешуд, майдони заминҳои холимондаро дар вилоят аз 5149 гектари соли гузашта то ба 677 гектар расонидан мумкин буд. Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар вилояти Суғд соли равон 3248 гектар, аз он 3119 гектар обиро ташкил дод, ки нисбати соли гузашта 546 гектар, аз он обӣ 392 гектар кам мебошад. Аз ҷумла: - бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 189 гектар; -аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 1659 гектар; -дар натиҷаи селоб зер кардан 65 гектар; -набудани об барои обёрӣ 958 гектар; -ташкили корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 377 гектар. Агар дар вилоят майдони заминҳои холимонда нисбат ба соли гузашта бо сабабҳои дар натиҷаи селоб зер кардан 29 гектар, набудани об барои обёрӣ 792 гектар, ташкили корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 277 гектар, ҷамъ 1098 гектар кам шуда бошад, пас бо сабабҳои шӯру ботлоқшавӣ 78 гектар (Ашт 50 га, Б.Ғафуров 15 га, зафаробод 13 га) ва аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 301 гектар, ҷамъ 379 гектар зиёд шудаанд. Соли равон дар вилоят ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани
заминҳои бо сабабҳои корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, майдони 549 гектар, аз ҷумла 288 гектар заминҳои корами обӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар НТҶ соли равон 1522 гектар, аз он 965 гектар обиро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 145 гектар, аз он обӣ 103 гектар зиёд мебошад. Аз ҷумла: - бо сабабҳои шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 22 гектар; -аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 96 гектар; -дар натиҷаи селоб зер кардан 39 гектар; -набудани об барои обёрӣ 155 гектар; -сохтмонҳои ғайриқонунӣ 706 гектар; -ташкили корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 504 гектар. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 46/72 гектар Сангвор 20 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Дар баробари ин дар шаҳри Ҳисор соли равон 171 гектар, аз он 7 гектар обӣ заминҳои корам аз гардиш берун мондаанд. Тамоми нишондиҳандаҳои дигар, аз қабили аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо 76 гектар (н. Нуробод), шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ 17 гектар (н.Рашт), дар натиҷаи селоб зер кардан 39 гектар (н. Рашт), набудани об барои обёрӣ 115 гектар (н.Рӯдакӣ), сохтмонҳои ғайриқонунӣ 6 гектар, ҷамъ дар майдони умумии 253 гектар заминҳои холимонда зиёд шудаанд. Агар аз тарафи заминистифодабарандагон ва ниҳодҳои дахлдор чораҳои саривақтӣ андешида мешуд, майдони заминҳои холимондаро дар ҷумҳурӣ аз 10543 гектари соли 2017 то ба 3518 гектар расонидан мумкин буд.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
40 | ДАР ДОИРАИ ҚОНУН
Вазъи имрӯзаи ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ Мутобиқи моддаи 42 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо ин намудҳои замин бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ дода мешаванд, ҷуброн карда мешаванд. Дар қисми дуюми моддаи мазкур тартиби ҳисобкунии андозаи маблағи талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш чунин муқаррар шудааст: «Ҳангоми ҳисобкунии талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш меъёрҳои арзиши азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати заминҳои мавҷуда бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи на камтар аз маҳсулоти пеш аз пастшавии сифати ин қитъаҳо истеҳсолшуда истифода мешаванд». Заминҳои таъиноти кишоварзӣ вобаста аз оне, ки манбаи асосии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ба шумор мераванд мутобиқи моддаи 3 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи аввали фонди ягонаи давлатии замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба заминҳои таъиноти кишоварзӣ мутобиқи моддаи 64 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҳои корам, дарахтони бисёрсола, заминҳои партов, заминҳои алафдарав ва чарогоҳҳо, заминҳое, ки дар онҳо роҳҳои дохилихоҷагӣ, коммуникатсияҳо, обанборҳо, иншоотҳои гидротехникӣ ва биною иморатҳо воқеъ буда ва дигар заминҳои ғайрикишоварзии дар дохили гурӯҳи мазкури заминҳо ҷойгиршуда дохил мешаванд. Тартиби ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, №641 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби ҷуброни зарари заминистифодабаранда ва ё истифодабарандаи дигар ҳуқуқҳои бақайдгирифташудаи вобаста ба САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
замин ва талаф вобаста ба гирифтани қитъаи заминҳо аз гардиш» муқаррар карда шудааст. Тибқи банди 20 қарори мазкур талафи истеҳсолоти кишоварзӣ бо мақсади азхудкунии замини нав ба ивази замини гирифташудаи истеҳсолоти кишоварзӣ, инчунин таъминоти зарурии дараҷаи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо барои сохтмон ва дигар эҳтиёҷот замин дода мешавад, ҷуброн карда мешавад. Ҳангоми барои истифодаи бемӯҳлат гирифтани заминҳои таъиноти кишоварзӣ талафи истеҳсолоти он дар ҳаҷми пурра ва дар вақти истифодаи мӯҳлатнок бо шарти барқароркунӣ ва беҳдошти замини вайроншудаи эҳтиёҷоти кишоварзӣ ҷуброн карда мешавад. Дар асоси банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои моддаи 42 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҷуброни талаф вобаста ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»» аз 14 октябри соли 2014, № 629 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ дода шудаанд, вазифадор шудаанд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин маблағи муқарраргардидаи ҷуброни талафро вобаста ба баровардани заминҳо аз гардиши кишоварзӣ пардохт намоянд. Аз соли 2000 то инҷониб 276 адад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гирифтан ва додани заминҳои таъиноти кишоварзӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Хусрав Мирраҷабов, мудири Бахши таъминоти ҳуқуқӣ қабул карда шудааст. Маблағи умумии талафи истеҳсолоти кишоварзӣ 93 145 624,49 сомониро ташкил медиҳад, аз он 24 987 309, 57 сомониаш бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ озод карда шудааст. Аз соли 2000 то инҷониб ба суратҳисоби махсуси буҷети ҷумҳуриявӣ 28 837 469,26 сомони маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ пардохт карда шудааст. Маблағи пардохтнашудаи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ дар ҳоли ҳозир 38 910 474,7 сомониро ташкил медиҳад, ки қарздорони талафи истеҳсолоти кишоварзӣ бо сабабҳои гуногун аз пардохти он саркашӣ карда истодаанд. Айни замон бо даъвои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати 31 қарздороне, ки маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзиро пардохт накардаанд, аз ҷониби судҳои иқтисодии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалномаҳои судӣ ба маблағи умумии 32 286 595 сомонӣ қонеъ карда шудааст. Аз ин маблағ то ба ҳол аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 334 815, 51 сомонӣ рӯёнида шудааст. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пардохти ҷуброни талафи истеҳсолоти кишоварзӣ аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқие, ки қитъаҳои замин ба онҳо дода шудааст, тамоми чораҳои қонуниро андешида истодааст.
ТАЪМИНИ САРСАБЗӢ | 41
ОБОДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ МАРОМИ МОСТ Исфара – яке аз минтақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи кишоварзиаш пешрафта, ҳамзамон яке аз шаҳрҳои куҳанбунёду бостонӣ, табиатан зебо ва хушманзари Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Исфара Соли 1990 дар шаҳри Исфара ҳамагӣ 17 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт. Дар замони истиқлолият 37 корхонаҳои нави хурду калони хусусӣ сохта шудаанд ва шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолӣ ҳоло ба 54 адад расидааст. Аз ин теъдод 47 корхона фаъолияти истеҳсолӣ доранд. Соли 2018 коргоҳи коркард ва банду басти меваи хушк дар заминаи ҶДММ «Субҳи Ватан» ва коргоҳи истеҳсоли оҳак дар ҶДММ «Унистром» ба истифода дода шуд, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолии шаҳр бештар гардид. Тибқи нақша соли ҷорӣ 8 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Аз ин ҳисоб ва истифодаи иқтидорҳои мавҷуда суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ на кам аз 20-30% афзун хоҳад гашт. Азнавсозии ҳудуди даромадгоҳи шаҳр мутобиқ ба талаботи меъмории муосир ва фарҳанги шаҳрдорӣ ва бунёди иншооти «Қабул ва гусели меҳмонон» бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор омад. Ҳаҷми умумии корҳои бунёдӣ ва ободонии иншоот наздик ба 1 миллион сомониро ташкил дод, ки
бо дастгирии ҷомеаҳои меҳнатӣ ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид. Корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон низ идома дорад, ки он аз се ошёна иборат мебошад. Тозакориҳои дигари мо ин аст, ки шуруъ аз ҷашни Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мо таҷлили ҷашнҳои бузурги миллию давлатиро на чун пештар дар толори Қасри фарҳанги шаҳр, балки дар яке аз мавзеъҳои ноободи шаҳр ташкилу баргузор менамоем. Ҳамин зайл, Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ дар яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Навобод, Рӯзи Модар дар гардишгоҳи маҳаллаи Баҳор баргузор гардиданд. Бо ҳамин баҳона, мо воситаю имконоти мавҷударо барои таъмиру ободонии иншоотҳо ва кабудизору гулкории ҳудуди идгоҳҳо равона кардем. Шаҳри Исфара барои рушди сайёҳӣ низ мувофиқ аст ва бо истифодаи мавзеъҳои сайёҳии он ҳамарӯза шумораи зиёди ҷаҳонгардон ба ин шаҳр меоянд. 109 ёдгориву обидаҳои таърихии мавҷуда, аз ҷумла 10 ёдгории аҳамияти байналхалқидошта ва 40
ёдгории аҳамияти ҷумҳуриявидошта, ки ба бостонӣ будани ин шаҳр далолат мекунанд, бешак таваҷҷуҳи дилхоҳ сайёҳи ватанию хориҷиро ба худ ҷалб менамоянд. Дар доираи амалҳои созандагию ободкорӣ дар Осоишгоҳи маъруфи “Зумрад”, бунёди меҳмонхонаи наву ҳозиразамон, ки аз таҳхона ва 9 ошёна иборат аст, инчунин сохтмони маркази муосири ташхисӣ идома дорад. Мутаассифона, дар маҷмӯъ ҳанӯз дар ҳудуди шаҳру деҳот инфрасохтори зарурии хизматрасонии сайёҳӣ мавҷуд нест ва моро зарур аст, ки оянда дар ин самт тадбирҷӯию мусоидат намоем. Аз ин хотир, мо тасмим гирифтаем, ки ҳамзамон бо бунёди меҳмонхонаҳо, қаҳвахонаю тарабхонаҳои ҳозиразамон, дар мавзеъҳои таърихӣ ва хушманзари деҳаҳои Воруху Чоркӯҳ ва Сурх, инчунин дар ду соҳили дарёи Исфара барои сайёҳон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд намоем. Ҳамчунон мо омода ҳастем, ки ҳама гуна иқдомоти бунёдкоронаро, ки ба рушди соҳаи туризм дар Исфара мусоидат хоҳад кард, ҳамаҷониба дастгирӣ намоем.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
42 | БАҚАЙДГИРӢ
ХИЗМАТИ
СОФДИЛОНА Ба хотири мақсаднок истифода гардидани заминҳои корами обӣ ва лалмӣ инчунин роҳ надодан ба фурӯшу ба таври ғайриқонунӣ истифода намудани замин, ки моликияти истисноии давлат ба ҳисоб меравад Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Бохтар тадбирҳои заруриро анҷом дода, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар ин самт як қатор чорабиниҳоро амалӣ намудааст.
Субҳон Камолов, директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Бохтар
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
Натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳо буд, ки нақшаи даромад, ки 556 ҳазору 715 сомонӣ аст ба миқдори 694 ҳазору 204 сомонӣ яъне ба андозаи 125 фоиз иҷрои гардид. Фоидаи софи корхона, ки дар натиҷаи амалиётҳои бақайдгирии давлатӣ ба даст омадаанд, мебоист 54 ҳазору 854 сомонӣ мебуд вале он бо ба миқдори 142 ҳазору 606 сомонӣ иҷро гардид, ки баробар ба 259
БАҚАЙДГИРӢ | 43 фоизи нақша аст. Корхона ҳамчунин пардохтҳои андозро низ ба миқдори 176 ҳазору 593 сомонӣ иҷро намуд. Масъалаи баррасии ҳуҷҷатҳои воридотӣ, муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва кор бо асноди зарурӣ дар корхона тибқи талабот ба роҳ монда шуда, доим зери назорати роҳбарияти корхона аст. Давоми ҳафт моҳи соли равон ба шӯъбаи бақайдгирӣ 1885 ариза, ба шуъбаи за-
Музаффар Талбаков, сармутахассиси КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Бохтар
минсозӣ 357, ба маъмурияти корхона 435, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 66 ва 15 аризаи шифоҳӣ ворид гардидааст. Ҳамин тавр дар ин муддат 182 шиносномаи техникӣ тартиб дода шуда, 337 парвандаи танзими замин, 196 гирифтан ва ё иваз намудани Сертификати ҳуқуқи замин, 794 Шаҳодатномаи бақайдгирӣ, 764 тағйироти ҷорӣ, 131 ҳолати ба гарав мондани молу мулки ғайриманқул ва 58 ҳолати додани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатӣ оид ба қабули мерос анҷом дода шудааст. Ҳамчунин дар ин муддат ҷиҳати такмили ихтисос ва боло бурдани малакаи кории мутахассисони корхона ҷиҳати амалӣ намудани Қоидаҳои нави тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқул 5 семинар гузаронида шуд. Ҷиҳати боз ҳам осон намудани фаъолияти бақайдгирӣ
тавассути технологияи нав корхона ба Барномаи электронии “Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар Тоҷикистон” (САБТ) гузашт, ки аз санаи 21августи соли 2018 инҷониб мутахассисон тавассути ин барнома фаъолиятро ба роҳ мондаанд. Тадбири мазкур дар самти боз ҳам беҳтар гардидани хизматрасониҳои бақайдгирии давлатӣ ба аҳолӣ мусоидати фаъол менамояд. Зоҳир Олимӣ
Суҳроб Шарифов, сардори Шуъбаи бақайдгирии КДФ «БММҒ» дар шаҳри Бохтар
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
44 | ОБОДИИ ДИЁР
ЗАМИНКУШОӢ
Бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ, таъмини фаровонии маҳсулоти агросаноатӣ дар бозорҳои ноҳияву вилоят мутахассисони Кумитаи идораи замини ноҳияи Зафаробод мудом талош менамоянд, ки бо татбиқи нақшачорабиниҳо ва коркарди агротехникиву мелиоративӣ заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шавад.
Илҳомзода Хуршед, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Зафаробод Ба хотири расидан ба ин ҳадаф дар ҳудуди ноҳия тадбирҳои мусоидаткунанда дар амал пиёда гардидааст. Зеро танҳо давоми 1 соли охир дар ҷамоату деҳоти ноҳия 311 гектар заминҳои холимонда ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Масъулин талош менамоянд, ки тадбирҳои заруриро саривақт амалӣ намоянду холимонии заминҳои кишоварзиро
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
пешгирӣ кунанд. Давоми солҳои охир дар ҷамоатҳои деҳоти Равшан ва Ҷомӣ бо сабаби норасоии қувваи корӣ қисме аз заминҳои ҳосилхез берун аз истеҳсолоти кишоварзӣ монданд. Зеро заминҳои ин мавзеъ аз маҳалли аҳолинишин дуртар ҷойгир мебошад ва сокинон на ҳамеша имкони кишту истеҳсоли зироати кишоварзиро пайдо мекунанд. Яке аз тадбирҳои мувофиқ барои бартарафсозии ин мушкилот бунёди шаҳраку маҳаллҳои аҳолинишин дар ин қисмати ноҳия мебошад. Бо ин мақсад мо нақша дорем, ки наздик ба 415 гектар замини ҷамоатҳои деҳоти Равшан ва Ҷомиро ба эҳтиёҷмандон ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим намоем. Кор дар ин самт идома дорад. Дар ин сурат ҳам ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаваду ҳам замин дубора ба истеҳсолот ворид мегардад, зеро дар гузашта аз ин мавзеъ деҳқонон ҳосили фаровон ба даст меоварданд. Дар сурати амалӣ гардидани ин нақша барои мутахассисо-
Тоҳир Қурбонов, директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Зафаробод ни Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Зафаробод низ манбаи зиёди корӣ ба миён меояд. Зеро қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва иншооти бунёдшавандаю манзилҳои истиқоматӣ бояд бо шиносномаи техникӣ таъмин карда шавад. Барои таъмини хизматрасонӣ ба сокинон ва субъектҳои хоҷагидориву соҳибкорӣ дар Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Зафаробод шароити зарурӣ фароҳам шудааст. Утоқҳои корӣ таъмир гардида, дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насбу васл шудааст ва мутахассисон имкон доранд, ки бо истифодаи он кори соҳаро дар ноҳия пеш баранд.
АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲО | 45
ТАДБИРИ НЕК Дар шароити камзаминии ҷумҳурӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои солҳои сол аз истеҳсолот берунмонда ногузир аст. Ба хотири истифодаи самараноку оқилонаи замин зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои талафи истеҳсолоти кишоварзӣ барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва бунёди боғҳои
нав дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои кориашон ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Вазорати кишоварзӣ дастур медиҳанд, ки барои беҳ намудани ҳолати обёрӣ ва дар истифодаи
кишоварзӣ қарор додани заминҳои ташналаб чораҳои қатъӣ андешанд. Бо ин мақсад Кумитаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои болозикр 2 800,0 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд, ки бо ин ҳолати мелиоративии 707 гектар замин беҳтар мегардад. Истифодаи маблағҳои мазкур барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Б. Ғафуров, Ванҷ, Шуғнон, Файзобод, Ховалинг, Темурмалик ва Фархор амалӣ гардида истодаанд.
МАЪЛУМОТ оид ба маблағгузорӣ ва иҷрои корҳо ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои пардохти талафи истеҳсолоти кишоварзӣ дар солҳои 2017-2018
№ р/т
мавзеи иҷрои корҳо
пудратчии корҳо
маблағи пешниҳодшуда тибқи дархост
маблағи ҷудошуда тибқи қарордод ва протокол
сарфаи маблағ (ба буҷет)
маблағгузорӣ шуд, сомонӣ пешпардохт карда шуд
пардохт аз рӯи иҷрои кор
ҳамагӣ, сомонӣ
маблағи боқимонда аз рӯи қарордод
обёрӣ карда мешавад, га
1
ш.Конбидом
ҶСК ДСМ-42 (ПМК)
502800
473564
29236
94712,8
365837,85
460550,7 13013,35
45
2
н.Зафаробод
ҶДММ «Аршан и К»
268000
253059
14941
50611,8
202275,75
252887,6 171,45
35
3
н.Фархор
ҶСК «Об сохтмон»
840600
796053
44547
159210,6
636842,4
796053
350
4
н.Ванҷ
ҶДММ «Аршан и К»
216335
203615
12720
40723
127085
167808
5
н.Шуғнон
ҶДММ «Тоҷикон-XXI»
200000
188587
11413
75434,8
113152,2
188587
30
6
н.Файзобод
ҶДММ «Ифтихор хизматрасон»
14000
14000
14000
30
7
н.Ховалинг
ҶДММ «Соҳил К»
252000
238320
13680
47664
162055
209719
8
н.Зафаробод
ҶДММ «Аршан и К»
130000
120781
9219
24156
96625
120781
9
КВДА Душанбе Сарҳадот
59733
59733
59733
59733
10
ш.Панҷакент
ҶДММ Планета БАФ»
282000
267772
14228
53554,4
11
н.Рушон
ҶДММ «Шериддин»
127200
120548
6652
24109,6
2892668
2736032
156636
584177
ҷамъ:
14000
1763606
35807
20
28601
150
53554,4
214217,6
47
24109,6
96438,4
2347783
388248,8
707
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
46 | ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ
ОСОИШГОҲИ ЗУМРАД
Осоишгоҳи «Зумрад» дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд ҷойгир шуда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вароруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зеботарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои нотакрор, ҳавои софу беғубор, меваҳои шаҳдрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст. Зумрад аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳуриамон ба шумор рафта, аз хобгоҳҳои замонавӣ ва котеҷҳо (барои 500 ҷой), биноҳои табобатӣ, қасри «Шифокорон» барои 300 ҷойи нишаст бо китобхона, толори рақс, чойхонаи пурнақшу нигор, осорхонаи «Тибби тоҷик», ошхона барои табобатгирандагон, қаҳвахона, озмоишгоҳи саририву биокимиёвӣ, шуъбаи дандонпизишкӣ иборат мебошанд. Инчунин табибони сатҳи тахассусиашон хеле баланд дар осоишгоҳ фаъолият доранд. Таҷҳизоту имкониятҳои осоишгоҳ: ҳуҷраҳои ренгенӣ; ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ; фитованнаҳо, обшифоиҳои намакдор; шуъбаи обшифоиҳо (душ, шарко, болораванда, даврӣ); масҳи зериобӣ; кашиши зериобии сутунмуҳра; ҳуҷраҳои масҳшифоӣ; ҳуҷраи муоинаи андаруни меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта; ҳуҷраи бемориҳои асаб, сӯзаншифоӣ; шуъбаи муми кӯҳӣ; ҳуҷраи нафтшифоӣ; ҳуҷраҳои дандонпизишкӣ; ҳуҷраи ташхиси бемориҳои мардона; ҳуҷраи ташхиси бемориҳои занона; толори варзишӣ ва ғайра;
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Исфара, кӯчаи Собитова 200 Тел: +992 93 568 33 33 +992 92 807 07 05 +992 98 880 10 05 E-mail: info@zumrad.tj САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ | 47
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
48 | МАСЪУЛИЯТ
ЧЕНАКИ КИШТИ ПАХТА ВА КАРТОШКА Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи банди 66 Нақшаи кории Кумитаи давлатӣ дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ченаки назоратии майдони кишти пахта, картошка ва заминҳои корами аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро гузаронид. Дар натиҷа муайян карда шуд, ки соли равон дар ҷумҳурӣ дар майдони 184506 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (187500 гектар) 2994 гектар ва нисбати маълумоти оморӣ (186142 гектар) 1636 гектар кам мебошад.
Мирзо Назар, сардори Сарраёсати кадастри давлатии замин Аз майдони умумӣ 561 гектари он дар заминҳои партов, 1317 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 297 гектар дар дигар заминҳо, ҷамъ дар майдони 2176 гектар кишт карда шудааст. Албатта ин майдон ба зироатҳои дигар, аз ҷумла ғалладонагиҳо банд карда шуда, месазад, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва соҳаи чорводорӣ бо хӯрока аз ҳисоби ин заминҳо, ки аллакай ҳосили онҳо ҷамъоварӣ шудааст ё шуда истодааст, майдони кишти такрорӣ зиёд карда шавад. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли равон дар майдони 6496 гектар, аз ҷумла дар вилояти Суғд 1864 гектар, вилояти Хатлон 2090 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2542 гектар нисбат ба дурнамо кам кишт гузаронида шудааст. Дар сурати иҷро гардидани нақшаи кишт аз тарафи тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдони кишти пахта бояд ба 191002 гектар расонида мешуд. Дар вилояти Суғд дар майдони 57350 гектар пахта кишт карда шудааст, ки нисбат ба дурнамо (57000 гектар) 350 гектар зиёд ва нисбат ба маълумоти оморӣ (57371 гектар) 21 гектар кам
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
мебошад. Аз онҳо майдони 85 гектар дар заминҳои партов, 1105 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 40 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 29 гектар дар дигар заминҳо, ҷамъ дар майдони 1259 гектар дар дигар намуди заминҳо кишт гузаронида шудааст. Дар вилояти Хатлон соли равон дар майдони 121197 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (122000 гектар) 803 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (122404 гектар) 1207 гектар кам мебошад. Аз онҳо 476 гектар дар заминҳои партов, 170 гектар дар байни қаторҳои боғҳо, 40 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 220 гектар дар дигар заминҳо, ҷамъ дар майдони 960 гектар дар дигар намуди заминҳо кишти пахта ба роҳ монда шудааст. Дар НТҶ дар майдони 5959 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (8500 гектар) 2541 гектар ва нисбат ба ҳисоботи оморӣ (6367 гектар) 408 гектар кам мебошад. Аз онҳо 42 гектар дар байни қатори боғҳо ва 48 гектар дар дигар заминҳо кишт гузаронида шудааст. Вазъияти ташвишовар дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори тобеи ҷумҳурӣ ҷой дорад, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ 451 гектар, Ҳисор 558 гектар,Турсунзода 722 гектар ва шаҳри Ваҳдат 811 гектар, ҷамъ дар майдони 2542 гектар нисбат ба дурнамо кишти пахтаро кам намудаанд. Картошка дар ҷумҳурӣ дар майдони 31172 гектар кишт гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (33490 гектар) 2318 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ 1381 гектар кам мебошад. Аз майдони умумӣ 741 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 707 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 145 гектар дар дигар заминҳо, маҷмуъан дар майдони 1593 гектар дар дигар намуди заминҳо (ғайрикорам) кишти картошка гузаронида шудааст. Дар ВМКБ ҳамагӣ дар майдони 1899 гектар кишти картошка гузаронида шуда-
аст, ки нисбат ба дурнамо (3000 гектар) 1101 гектар кам буда, 63 %-и нақшаро ташкил медиҳад. Ҳиссаи картошка дар майдони заминҳои корами обӣ дар вилоят ҳамагӣ 23%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд бошад, дар майдони 13781 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (14550 гектар) 769 гектар кам аст. Аз ин 13166 гектар дар заминҳои корам, 69 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 474 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 72 гектар дар дигар заминҳо кишт карда шудааст. Дар вилояти Хатлон дар майдони 6397 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо (6800 гектар) 403 гектар ва нисбат ба маълумоти оморӣ (6625 гектар) 228 гектар кам мебошад. Аз ин 50 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 57 гектар дар байни қатори боғҳо ва 62 гектар дар дигар заминҳо, ҷамъ дар майдони 169 гектар кишт гузаронида шудааст. Дар НТҶ дар майдони 9095 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбати дурнамо (9140 гектар) ва ҳисоботи оморӣ 45 гектар кам мебошад. Аз онҳо 622 гектар дар заминҳои чарогоҳ, 176 гектар дар байни қаторҳои боғҳо ва 11 гектар дар дигар заминҳо, ҷамъ дар майдони 809 гектар дар дигар намуди заминҳо (ғайрикорам) кишт карда шудааст. Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар майдони 223 гектар, ноҳияи Рӯдакӣ 25 гектар ва шаҳри Роғун 92 гектар, ҷамъ дар майдони 340 гектар нисбати дурнамо кам кишт намудаанд. Хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат нисбати дурнамо 227 гектар кам картошка кишт намудааст, вале кишти картошка дар КВД «Хоҷагии ёрирасони Канаск» давом дорад. Ҳамагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони 2817 гектар, аз ҷумла 1101 гектар дар ВМКБ, 932 гектар дар вилояти Суғд, 444 гектар дар вилояти Хатлон ва 340 гектар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбат ба дурнамо кам кишти картошка гузаронида шудааст.
ФАЙЗИ ЗАМИН | 49
ДИЁРИ ЗАРНИСОР Истифодаи босамари замин ва ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партову санглох ва талу теппаҳо ба он боис мегардад, ки дар баробари иҷро шудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату мамлакат инчунин ба боло бурдани иқтидори содиротии кишвар замина гузорем. Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Кумитаи идораи замини ноҳия дар самти назорати истифодаи мақсадноки замин тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дар ин муддат 277 ҳолати ғайриқонунӣ истифода шудани заминро ошкор намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Вахш 15 ҳазору 670 гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, 6 ҳазору 483 адад хоҷагиҳои деҳкониву инфиродӣ аз ин заминҳо самаранок истифода менамоянд. Соли ҷорӣ бо мақсади ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партов ва солҳо бекорхобида низ чораҳои амалӣ андешида шуда, 31 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд.
Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боло бурдани соҳаи иқтисодиёти мамлакат рушди соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дорад. Имсол бо сабаби нарасидани об ва кор накардани шабакаҳои обрасон наздики 100 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монд. Бо андешидани чораҳои зарурӣ умед дорем, ки соли оянда мушкилоти ҷойдошта ҳалли худро пайдо менамояд. Хоҷагидорон бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият мекӯшанд то ҳар як қитъа замин мақсаднок истифода гардида, бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин бошад. Бо шарофтаи соҳибистиқлолӣ
Амиршозода Аҳлиддин, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш имрӯз замин дар дасти деҳқон қарор гирифт ва истифодаи мақсадноки он аз тарафи мутахассисон пайваста назорат карда мешавад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
50 | ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН
БАРАКАТИ ИСТИҚЛОЛ Дар баробари бахшҳои дигар мутахассисони Кумитаи идораи замин дар якҷоягӣ бо кишоварзони шаҳру деҳоти Исфара бо меҳнати софдилонаю самаранок баҳри рушду пешрафти ин шаҳри саноатӣ саҳм мегузоранд. Марзи маъмурии шаҳр 83 ҳазору 594 гектар мебошад. Дар натиҷаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои ҷамоавӣ дар ҳудуди шаҳри Исфара 13 618 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил гардидааст. Сахиулло Саидаминзода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Исфара Дар ин замина саҳмдорон соҳиби аслии замин гардида, бо дилгармии зиёд аз пайи кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд. Деҳқонон аз он қаноатманданд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар шароити озодонаи кору фаъолият дар замин барои онҳо фароҳам шуд ва имкон доранд, ки зироати серталаби бозорро истеҳсолу ба фурӯш бароранд. Кормандони Кумитаи идораи замини шаҳр дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар баробари корҳои нақшавӣ, барои назорати истифодаи самараноки ҳар қитъа замин, пешгирии ғасби худсаронаи он ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида пайваста тадбирҳои мусоидаткунандаро амалӣ менамоянд. Натиҷа ҳамин аст, ки дар даврони солҳои соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон наздики 2 000 гектар замин бо анҷоми тадбирҳои гидротехникиву заминсозӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид шудааст. Барои ноил гардидан ба ин дастовард саҳми кормандони Кумитаи идораи замини шаҳри Исфара назаррас аст. Ин тадбир ҳамзамон барои бештар гардидани иқтидори содиротии шаҳр мусоидат САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
намудааст. Зеро дар боғҳои бунёдшуда аксаран меваҳои содиротӣ парвариш карда мешавад. Исфара аз қадимулайём чун макони меваҳои шаҳдбор шӯҳратёр гаштааст ва мардумаш ба боғу токпарварӣ меҳру муҳаббати беандоза доранд. Аз ин ҷост, ки баҳори соли равон низ боғдорони мо аз ҳисоби заминҳои талу теппа 116 гектар боғи нави дарахтони мевадиҳанда бунёд ва 170 гектар боғҳои пири бесамарро аз нав барқарор карданд Масоҳати умумии боғоти шаҳру деҳоти Исфара ба 10 ҳазору 170 гектар доман паҳн кардааст, ки
беш аз 90 фоизи онро зардолузор ташкил медиҳад. Дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара қариб 70 навъи зардолу ва зиёда аз 25 намуд меваҳои дигари хуштаъм парвариш карда мешавад. Инчунин корхонаҳои саноатии коркард низ фаъоланд ва меваи хушк бастабандӣ карда мешавад, ки он маҳсулоти асосии содиротии шаҳр аст. Бо баракати Истиқлолияти давлатии кишвар ҳоло дар ин шаҳри бостонии мамлакат истифодабарандагони замин кору фаъолияти бонизоми худро ба роҳ мондаанд ва шукрона аз он доранд, ки зери ливои бахту саодат хушиқболона ба сар мебаранд.
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН | 51
ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ 27 сол аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ислоҳотгар ва дар ҳоли рушду ташаббускор дар ҳалли мушкилоти сайёра шинохта шудааст. низ боло бардоранд. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соҳаи мазкур ба таври назаррас рушд намуда, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ замин ба соҳиби аслии худ расида, деҳқонон бо дилгармӣ меҳнат намуда, ҳам рӯзгори худро обод месозанду ҳам дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳм мегузоранд. Дар ин ноҳия 16 ҳазору 162 гектар замини корами обӣ, мавҷуд аст. Дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои бузург айни ҳол Муҳаббатзода Маҳмадшариф, майдони дар болозикргардидаи раиси Кумитаи идораи заминҳои обӣ ба 3 ҳазору 313 замини ноҳияи Ҷалолиддини хоҷагии деҳқонӣ тақсим шудааст Балхӣ ва хоҷагидорон бо шукргузорӣ аз Дар ин муддат бо талошу даст- даврони соҳибистиқлолӣ ва фазои орому осудаи ватан, ки натиҷаи гириҳо ва татбиқи барномаҳои муИстиқлолияти давлатӣ мебошад каммалу стратегии рушди Ҳукумаба меҳнати созанда машғуланд. ти мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон Майдони кишти пахтаро, ки марҳила ба марҳила ба ҳадафҳои гузошташуда, ки пешрафти иқтисоди миллӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва такмили инфрасохтори гуногуни хизматрасонию маиширо дар бар мегирад, ноил мегардад. Вилояти Хатлон, ки калонтарин вилояти мамлакат маҳсуб меёбад, асосан кишоварзӣ буда, хоҷагидорон дар самаранок истифода шудани замин ва таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ нақши муҳим доранд. Таъсиси хоҷагиҳои инфиродӣ ва деҳқонӣ ба он боис шуд, ки замин самаранок истифода гардида, деҳқонон баробари таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ҳамчунин сатҳи зиндагии худро
аз зироатҳои аслии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад, соли ҷорӣ хоҷагидорони ноҳия ба 9 ҳазору 700 гектар расониданд. Бо татбиқи тадбирҳои агротехникӣ ва ҷалби таҷрибаи пешқадам имрӯз дар пахтазорҳои ноҳия нашъунамо хуб буда, аз ҳосили баланд дарак медиҳад. Агар пахтаро хоҷагидорон бо мақсади боло бурдани иқтисоди миллӣ кишту парвариш намоянд ҳамчунин дар қисме аз заминҳо кишти ғалладонагӣ ва сабзавоти гуногун гузаронида шудааст, ки бозори истеъмолиро бо сабзавоти мавриди ниёз таъмин менамоянд. Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талоши хоҷагидорони ноҳия, инчунин татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки дар баробари зиёд шудани майдони кишту боғот ҳамчунин сатҳи зиндагии хоҷагидорон боло равад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
52 | ТАВСИЯ
Маликаи гулбог-садбарг -
Ин дӯстдоштатарин гули ҷаҳониро қариб ки ҳамагон парвариш кардан мехоҳанд. Баъзе нафарон ҳатто дар тубакҳои кӯчаки назди тирезаҳои хонаҳои баландошёнаи худ садбарг парвариш менамоянд. Хусусияти беҳтарини гули садбарг дар он аст, ки ӯ на танҳо бо зебоии худ ҳамагонро мафтун месозад, балки бӯи муаттараш қалби садҳо дилдодагону дӯстдорони зебоиро ба худ ҷалб намудааст. Садбаргҳои садрангу гуногун имрӯзҳо боғчаҳои ҳаҷман хурду бузург ва гулгаштҳову майдончаҳои истироҳатии шаҳрамонро хеле оро додаанд. Баъзеҳо мехоҳанд як гулгаштеро созмон диҳанд, ки фақат аз як намуди садбарг тартиб дода шуда бошад. Баъзеи дигар мехоҳанд дар гулбоғашон намудҳои гуногуни ин гули муъҷизавӣ рӯида атрафшонӣ кунад. Хеле ҳолати нигаронкунанда аст, агар садбарги бо сад ҳавасу орзу шинондаи мо гулҳои зебо бор наорад ва пажмурдаву беҷозиба гардад. Шояд ханӯз бештари одамон намедонанд,
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ки гулбуттаҳо низ мисли мо одамон бемор мешаванд. Онҳо низ нигоҳубини махсус ва доруву дармонро талабгоранд. Фаромӯш набояд кард, ки садбаргҳо ҳангоми парвариш ва нашъунамояшон саҳву хаторо дӯст намедоранд. Якчанд хатоҳое мавҷуданд, ки ҳангоми гулпарварӣ боғбонҳои камтаҷриба ва гоҳо собиқадор низ ба он роҳ медиҳанд. Садбаргро ҳар куҷое, ки рост омад шинондан ғайримумкин аст. Ба хотири дастрас намудани ғунчаҳои босифати садбарг ва мувофиқи табъи дил шинонидани ниҳоли он, аввал донистан лозим аст, ки ин шоҳгули боғҳо худро дар кадом қитъаи замин роҳат эҳсос менамояд. Бе назардошти хусусиятҳои вижаи садбарг, умедвор шудан ба шукуфоии ғайримуқаррарӣ ва дарозумрии гулбуттаҳои он ғайриимкон аст. Бояд ба назар гирифт, ки садбаргҳо равшаниро дӯст медоранд. Равшанӣ барои қувватбахшии буттаҳои садбарг, шумораи гулғунчаҳо ва устувории гулбутта бар зидди бемориҳои замбурӯғӣ нерӯ мебахшад. Ҳар қадар равшанӣ зиёд бошад, ҳамон қадр садбарг худро хуб ҳис менамояд. Ҳамзамон баъзе аз намудҳои садбарг соядӯстдор ҳам мебошанд. Садбаргҳои гармидӯстдор низ мавҷуданд, ҳангоми норасоии гармӣ моддахои ғизоӣ таъсирбахшии худро ба гулбуттаҳо камтар мекунанд. Аз ин хотир, садбаргро аз сардиҳо
бояд ҳифз намуд. Садбаргҳо хоки сернамро дӯст намедоранд. Муддати дуру дароз дар хоки пурнам будан, решаҳои онро ба нестӣ мерасонад. Сабаб, норасоии кислород маҳсуб меёбад. Дар фасли зимистон замини нам ях мебандад ва гулҳоро метавонад сармо зада несту нобуд созад. Садбарг хоки муътадилро қабул дорад. Ин шоҳгул худро дар зери сояи дарахтон хеле нороҳат ҳис мекунад, дар ин ҳол аз садбарг гулғунчаҳои зебову муаттарро интизор набошед. Дарахтон аз гулбуттаи садбарг ғизо ва намиро ҷаббида мегирад. Гуфтан мумкин, ки садбарг ин маликаи гулҳост ва онро ҷое шинонидан муҳим аст, ки офтобӣ бошад ва аз бодҳои сард ҳифз карда шавад. Қаламчаи тобистонаи садбарг барои нигоҳубини он хеле муҳим аст. Бештари боғбонҳо ҳангоми қаламча гулҳои пажмурдаро аз навдаву хадраҳо намегиранд. Ин амал нодуруст аст, чунки табиатан гулбутта вазифаи шукуфтани худро анҷомшуда эҳсос менамояду аз шукуфтан мемонад ва барои зимистон тайёрӣ мебинад, коре кардан лозим ки гул бештару зиёдтар шукуфад. Аз ин сабаб гулҳои пажмурдашавандаро қабл аз пажмурда шудан буридан лозим аст. Хадраҳои беғунчаро бояд беаҳамият нагузорем. Гоҳо фикр мекунем, ки гулбутта худаш медонад, аз куҷо-
ТАВСИЯ | 53
яш шукуфад. Ин андеша тамоман нодуруст аст. Агар хадраҳои дарози бегулро дуруст қаламча занем, он ҳам пур аз мӯғчаҳои зебои шукуфон мегардад. Садбарг бояд то решаҳои охиринаш намиро ҳис намояд. Обмонии сатҳӣ агар ҳаррӯза ҳам бошад, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аз ҳама беҳтар атрофи гулбутта чуқурии даврагӣ канда баъд об рехтан баманфиат аст. Дар гармии рӯз садбаргро об додан нашояд, ин корро бегоҳирӯзӣ кардан лозим аст. Аз қубури резинӣ ба шакли борон об додани садбарг мумкин нест, на бегоҳирӯзӣ ва на дар гарми рӯз. Ҳангоми ин гуна обпошӣ гулбаргҳо барои бемориҳои замбурӯғӣ «дарича» мегарданд. Дар аввали тирамоҳ обдиҳиро кам кардан лозим аст. Маълумоти дигарро оид ба нигоҳубини зеботарин гули дунё- садбарг метавонед аз шумораҳои дигари маҷаллаи мо дарёбед … М. Яҳёзод 2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
54 | ХАРИТАСОЗӢ
Алоқа: Тел: (+ 992 37) 233-43-95 E- mail: mep.factory.tj@mail.ru www.mepfactori.tj
Истеҳсоли харитаҳои гуногунмиқёс
Нахуст ташкилотест, ки дар соҳаи таҳия ва нашри харитаҳои махсуси барои истифодабарии умум дар Тоҷикистон фаъолияти назаррас дорад. Корхонаи харитасозии ҷумҳуриявӣ, таъмини эҳтиёҷоти тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳоро бо 60 номгӯи харитаҳои топографӣ, маъмурӣ, таълимӣ, сайёҳӣ ва соҳавии гуногунмиқёс бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва бо стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ба роҳ мемонад, инчунин истеҳсоли харитаҳои рақамии навигатсионӣ ва сохтани модели рақамии релефи маҳалро амалӣ месозад. Аз маҳсулоти босифат ва замонавии Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» истифода баред, имкониятҳои соҳавию тахассусии худро вусъат бахшед ва ба ин тариқ дар рушди ватанамон- Тоҷикистон саҳм гузоред!
САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ХАРИТАСОЗӢ | 55
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
56 | ПОЙТАХТ
МАСИРИ БУНЁДКОРӢ Маҷмааи рамзи «Истиқлол ва озодӣ» яке аз иншооти бузурги бунёдшаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад. Ин маҷмаа дар маркази шаҳр сохта мешавад. Барои кӯчонидани иншооти зери он ва омодасозии асноди зарурӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ кор идома дорад. карда шуданд. Аз тарафи 5 нафар соҳибмулк ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда пешниҳод нагардидааст. Айни ҳол корҳои заминсозӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ҷои сохтмони маҷмааи рамзи «Истиқлол ва озодӣ» аз ҷониби му-
Толиб Мирзораҳим, директори КДФ «БММҒ» дар шаҳри Душанбе Маҷмааи рамзи «Истиқлол ва озодӣ» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад. Дар ин замина қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ба эҳтиёҷоти давлатию ҷамъиятӣ гирифтани қитъаҳои замини зери бинову иншоотҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суман», нуқтаҳои савдо, иншооти истиқомативу ғайриистиқоматӣ ва гирду атрофи он, воқеъ дар қисми кӯчаҳои С.Носир. Б.Раҳимзода, Ойгул, Л.Толстой, Ф.Шаҳобов, С.Раҷаб, Аҳрорӣ ва қисми хиёбони Рудакӣ» дар масоҳати 29 гектар ба тавсиб расидааст. Баҳри иҷрои қарори мазкур аз тарафи мақомоти дахлдор гурӯҳи корӣ ташкил гардида, дар маҳал бо шаҳрвандон ва соҳибмулкон вохӯрӣ гузаронида шудааст. Инчунин ҷиҳати пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба 264 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ огоҳиномаҳо дода шуд. Дар натиҷа 259 нафар ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда пешниҳод намудаанд. Ин ҳуҷҷатҳо дар асоси шартнома барои омода кардани шиносномаи техникӣ, ба КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Душанбе ирсол САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
тахассисони Кумитаи идораи замини шаҳр ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и шаҳри Душанбе ба итмом расидааст. Аз тарафи мақомоти дахлдор корҳои нархгузории иншоотҳо ва сохтмону манзилҳои истиқоматии бартарафшаванда идома дорад.
РУШДИ СОҲА | 57
Шароити муосир
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми шарафманди тоҷик охири садаи 20 насиб гардид. Вале мутаассифона ин дастоварди бузург барои миллати мо ба осонӣ даст надод. Дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии ин миллати куҳантамаддун Тоҷикистон дар муддати хеле кӯтоҳи таърихӣ ба роҳи рушд қадам ниҳод. Дар баробари дигар соҳаҳо бахши кишоварзии мамлакат низ рушд намуда, дар натиҷаи истифодаи мақсадноки замин ва гирифтани ҳосили баланд амнияти озуқавории мамлакат низ таъмин карда мешавад. Даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ як қатор ислоҳот ворид гардид, ки ин омил боиси руш-
ди соҳа гардид. 65 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба заҳматкашони вилояти Хатлон дахл дорад. Дар маҷмуъ заминҳои корами вилоят 330 ҳазор гектар, аз он корами обӣ 230 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Имрӯз шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 67 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки саҳмдоронашон бо истифода аз обу ҳавои мусоид соле аз як
замин ду то се маротиба ҳосил ба даст меоранд. Имсол дар вилоят аз ҳисоби заминҳои холимонда, партов, чарогоҳ ва дигар намуди заминҳои холимонда 2492,62 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Кумитаи идораи замини вилоят дар якҷоягӣ бо Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати се сол марҳила ба марҳила тамоми заминҳои холимондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид намоянд. Дар Кумитаи идораи замини вилоят барои мутахассисони ҷавони соҳа шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Кормандони соҳа бо истифода аз таҷҳизоти муосири соҳавӣ истифода намуда, тамоми хизматрасониҳоро бо сифати баланд ба роҳ монанд. Зоҳир Олимӣ
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
58 | РУШДИ СОҲА Себи Ванҷ
САРЗАМИН | апрел-июн | 2018
САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ | 59
Меҳнати софдилона Баҳри истифодаи ҳар қитъа замини дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон, ки нисбатан камзаминанд, бояд пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шавад. Кишоварзони ноҳияи Спитамени вилояти Суғд низ бо меҳнати софдилонаю содиқона аз ҳар қитъа замини зархези диёр ҳосили дилхоҳ мерӯёнанд. Масоҳати умумии заминҳое, ки саҳмдорон ва корхонаҳои кишоварзӣ истифода менамоянд, зиёда аз 38 ҳазор гектарро дар бар гирифтааст. Маъмур Султонӣ, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен Қисми зиёди аҳолии қобили меҳнати ноҳия дар замин кору фаъолият менамоянд ва манбаи асосии даромади онҳо низ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аст. Дар миқёси ноҳия 1342 адад хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки масоҳати умумии замини онҳо 24617 гектарро ташкил медиҳад. Заминҳои захираи давлатии ноҳияи Спитамени вилояти Суғд 1648 гектар мебошад. Дар баробари саҳмдорону хоҷагидорон ва масъулини корхонаҳои кишоварзӣ, инчунин
кормандони Кумитаи идораи замини ноҳия низ нақшачорабиниҳои мукаммал тартиб дода, барои истифодаи самараноки заминҳои ҳудуди ноҳия саҳм мегузоранд. Дар ин баробар баҳри ба истеҳсолоти кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида пайваста чораҷӯӣ карда мешавад. Ҳамин аст, ки сол то сол масоҳати заминҳои кораму ҳосилхези ҳудуди ҷамоату деҳоти ноҳияи Спитамен зиёд мегардад. Дар ин баробар бо равона гардидани маблағҳои зарурӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия беҳтарнамоии
ҳолати мелиоративии заминҳо ҷараён дорад. Дар маҷмуъ масъулину заминистифодабарандагон дар ин ноҳияи аграрии мамлакат талош бар он доранд, ки ҳар қитъа заминро самараноку оқилона истифода намоянду ҳосили дилхоҳ рӯёнанд. Кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамен ҳамчунин баҳри пешгирии ғасби худсаронаи замин мунтазам чораҷӯӣ менамоянд. Зеро ҳар қитъа замин бояд аз рӯйи таъиноти пешбинигардида истифода шавад.
2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
60 | САЙРИ ОЛАМ
Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме… Сафар намудану дунё дидан беҳтарин амал барои инсон маҳсуб меёбад. Хусусан сафар ба минтақаҳои зебову дилкаши дунё ҳар нафарро метавонад, роҳнамоӣ кунад ба олами афсонавию нотакрор.Одамон зимни тамошои табиати афсункору аз ҷиҳати зебоӣ беназир дарк хоҳанд кард, ки бузургӣ ва қудрати табиат бо офаринишҳои азалии худ воқеан ҳам беҳамто ва хеле мутаҳайиркунанда мебошад.
МАДАГАСКАР Мадагаскар – ҷумҳурии ҷазиравӣ буда, пойтахташ Антанариву ба шумор меравад. Пас аз ба тамошобинон пешниҳод гаштани филми тасвирии “Мадагаскар” ин ҷазира бо тасвирҳои зебо, сурудҳои дилчасп ва ҳикмати аҷиби худ боз ҳам бештар дар қалби миллионҳо кӯдакон ҷойгузин шуд ва хеле машҳур гардид. Аммо ҷаззобияти ин ҷазира на танҳо ҳамчун як афсона, балки чун як олами аҷибу беназир, ки фақат дар Мадагаскар вуҷуд дорад, тасвир ёфтааст. Ҷазираи асосии Ҷумҳурии Мадагаскар дар уқёнуси Ҳинд, аз тарафи соҳили ҷанубии Африқо ҷойгир шудааст. Он аз рӯи бузургӣ дар ҷаҳон ҷои чорумро ишғол менамояд. Мадагаскар аз минтақаи Мозамбик ҷудо карда шудааст. Масоҳати ин кишвар 587 ҳазор километри мураббаъ аст, аҳолиаш қариб 23 миллионро ташкил медиҳад, ки тақрибан 5 миллион нафари он дар пойтахт зиндагӣ мекунанд. Пас аз ҷудо шудани қитъаи Гондвана (тақрибан 90 сол пеш) аз Ҳиндустон ҷудо шуд. Ин ба ҷазира шаҳомати беназиреро эҳдо менамояд. 90 фоизи ҳайвоноти дунё маҳз дар Мадагаскар зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди ин, аз сабаби босуръат афзудани аҳолӣ, олами ҳайвоноти он зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дорад.
БАРБАДОС САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
САЙРИ ОЛАМ | 61 Дар шарқи баҳри Кариб ҷазираи беназир - Барбадос мавҷуд аст, ки дар ин ҷо шумо метавонед бо дӯстони наздик, оила ва фарзандонатон омада истироҳат кунед. Дар тӯли як сол ба ин ҷо зиёда аз 500 ҳазор сайёҳ барои истироҳат меоянд. Бо табиати зебо ва ҷараёни дарёҳои мусаффо дар дили ҳазорҳо сайёҳон ҷо шудааст. Мутахассисон Барбадосро яке аз қаҳрамонҳои офтобӣ дар системаи ҷазираҳои Кариб меноманд. Беҳтарин вақт барои сафар намудан ба ин қисмати дунё, моҳи декабр то июл мебошад, чунки дар ин давра ҳаво салқин ва барои истироҳат хеле мусоид аст.
МАВРИКИЙ Ҳар шахсе ба ин гӯшаи биҳиштӣ сафар кардааст, медонад ки Маврикий яке аз зеботарин ҷазираҳои дунё маҳсуб меёбад. Боғҳои қадимӣ, иқлими нарм, табиати комилан бехатар ва сокинони меҳмоннавоз! Ҷазираи Маврикий 8-умин муъҷизаи рўи олам ҳисобида мешавад. Таърихи ин ҷазира аз садаи 16 оғоз меёбад. Дар он асно пойтахташ Порт Луис эълон шуда буд. Ҷазира аз ҷониби Португалия кашф шуда, аз ҷониби Нидерландия тасарруф гаштааст. Қаблан аҳолии он аз 300 нафар камтар буд, ҳанўз дар ҳамон айём аввалин ниҳолҳои гиёҳи коснӣ, ки то ҳол ин ҷо парвариш карда мешаванд, месабзиданд. Дар асри 18-и мелодӣ Фаронса онро забт кард, ки аҳолиашро барои бунёди роҳҳо, киштзор ва чоҳҳо истифода мебурд. Ҳоло аҳолии Маврикий тақрибан ҳазор нафар аст, ки 800 нафарашон ҳамчун хизматкор аз Африқо оварда шудаанд. Мардуми ҷазира қаблан бо забони фаронсавӣ ҳарф мезаданд. Қисса мекунанд, ки ҷазираи мазкур дар натиҷаи хуруҷи вулқон пайдо шудааст, аммо ҳоло ин ҷо ягон вулқони фаъол вуҷуд надорад. Дар хушкӣ ва обҳои ҷазира ягон намуди ҳайвоноти хатарнок ҳаёт ба сар намебарад, бинобар ин, барои истироҳат бо худ ҳамроҳ гирифтани фарзандон комилан бехатар аст.
ПУЕРТО-РИКО Пуэрто-Рико – ҷумҳурии ҷазиравӣ буда, дар маркази Баҳри Кабир ҷойгир мебошад. Он диққати сайёҳонро бо табиати хеле зебо ва сатҳи баланди хизматрасонӣ ҷалб намудааст. Ин кишвар дар ҳудуди ИМА қарор дорад, аммо аҳолиаш бо забони испанӣ гуфтугӯ мекунанд. Забони испанӣ дар тамоми мақомотҳои давлатӣ истифода бурда мешавад, бо вуҷуди ин забони англисӣ барои таҳсил ва омӯзиш ҳатмӣ аст. Пуэрто-Рико ҷазираест, ки дар ҳар ваҷаби он нишонаи бараълои ҳаёт вуҷуд дорад. Обҳои шаффофи пуршиддат ва ҷангалҳо бо гуногунрангии флора ва фаунаи худ мардумро дар ҳайрат мегузоранд. Ҳамин тариқ, дар ин ҷо зиёда аз 240 намуди растаниҳо, 17 намуди паррандагон, 40 намуди амфибиён ва ғайра мавҷуданд. Бузургмеҳр 2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
62 | ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ
Муъҷизаҳои рӯи замин 1. Кӯли доғдор дар Канада. Кӯли доғдор аз замонҳои кадим барои қавми таҳҷоии ин маҳал муқаддас ҳисобида мешуд. Ва сабабаш ҳам маълум аст. Зеро тобистон як қисмати ин кӯл бухор мешавад ва бо ин сабаб ҷо - ҷо доғҳои минералии рангоранг пайдо мегарданд, ки аз болои онҳо роҳ гаштан мумкин аст. Дар ин кӯл миқдори аз ҳама бештари минералҳои гуногуни рӯи замин мавҷуданд.
2. Шӯрзамини Салар-де-Уюни дар Боливия ҷойгир аст. Ин аз ҳама калонтарин “зарфи намакдор”дар рўи замин аст. Вақте қабати тунуки об дар болои кўли хушкшуда ҷамъ мешавад, онро аз ҳама калонтарин оинаи табиӣ дар рӯи олам ҳисобидан мумкин аст.
3. Кӯли Натрон, Танзания. Агар ҷойҳои аҷиби дунёро дидан мехоҳед, ин мудҳиштарин мавзеъ барои тамошост. Ҳайвонҳое, ки ин ҷо мефавтанд ба воситаи таъсири маъдани калсий ба муҷассама табдил меёбанд. Мавҷудияти ҳаҷми зиёди биокарбонати натрий кафолат медиҳад, ки ҳама организмҳои дар ин кўл фавтида мумиёӣ шаванд.
4. Роҳи фаршшудаи азимҷусса дар Ирландияи шимолӣ. Шашсад миллион сол пеш вулқони фавворазанандае аз қаъри замин миқдори зиёди рухоми сиёҳро (базалт ) тавлид кард, ки баъдан он сахт шуда дар ҳаҷм камтар гашт. Дар ин мавзеъ аз тарафи ЮНЕСКО наздики 37 000 сутунҳои бисёркунҷа ба ҳисоб гирифта шудаанд, ки аз нуқтаи назари ҳандасавӣ фавқулодда мебошанд. Тибқи ривоятҳои маҳаллӣ онҳоро қаҳрамони маъруфи Фин Макул барои мубориза бо азимҷуссае бо номи Голл сохтааст. САРЗАМИН | июл-сентябр | 2018
ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ | 63 Замин қадиму аҷиб аст. Гоҳо дасти инсон ба табиат расида, муъҷиза меофарад. Ва гоҳо табиат дар мусобиқа бо инсон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар натиҷаи ин мусобиқот инсону замин муъҷизаҳои дидание меофаранд. Барои шумо мавзеҳои ғайриоддиеро, ки дар рӯи Замин мавҷуданд пешниҳод менамоем.
5. Кӯли Сабз дар Австрия. Дар баландии 776 метр дар кӯҳҳои Алп мавзеи хеле зебое мавҷуд аст, ки дар марказаш кӯли начандон калон ҷойгир аст. Дар моҳи апрел ҷараёни аз ҳад зиёди об, ки бо нишебии кӯҳ поён мефарояд, тамоми дараро бо оби тоза пур месозад. Ва аз қаъри кӯл нимкату пулҳои хурд, дарахтону буттаҳо, ки панаҳ шудаанд, намоён боқӣ мемонанд. Дар натиҷа боғи обӣбо чуқурии аз 2 то 20 метр ба вуҷуд меояд.
6. Нақби муҳаббат. Украина. Дар яке аз қисматҳои саноатии роҳи оҳани назди маҳаллаи украинӣ Клеван нақби сабзе мавчуд аст. Он аслан аз дарахту буттагулҳои бофташуда ба вуҷуд омадааст. Ба назар он гуна менамояд, ки гӯё онро барои ороиши саҳнавии афсонаи зебое сохта бошанд. Чунин андешае ҳам миёни мардум мавҷуд аст, ки агар ду дилдода аз ин нақби гулзор гузаранд ва дар дил орзуе дошта бошанд, он ба зудӣ ҷомаи амал мепўшад.
7. Кӯли Хиллиер, Австралияи ҷанубӣ. Ин кӯли олиҷаноб танҳо соли 1802 падидор гаштааст. Ранги гулобии он тамоми сол нигоҳ дошта мешавад. Аз рӯи назарияи олимон чунин ҳолат аз сабаби баланд будани намак дар таркиби об бо ҳамроҳии обсабзҳои намакдори Дуналиелла ва бактерияҳои гулобии Галобактерия вобастагӣ дорад.
8. Ҷазираи гурбаҳо дар Ҷопон. Ҳазле мавҷуд аст, ки дар ҳақиқат дунёро гурбаҳо ҳукмронӣ мекунанд. Чи илоҷ, дар ҳар як ҳазле нимҳазле мавҷуд аст. Як ҷазира дар дасти гурбаҳост. Чунин ҳолатро дар қисмати соҳили шарқии Ҷопон мушоҳида карда метавонед. Дар ин ҷазираи хурд, ки Тасиро ном дорад, ҳамагӣ наздики 100 нафар одам ва гурбаҳои хеле зиёд зиндагӣ мекунанд. Бо сабаби он ки аҳолии маҳаллӣ ба истеҳсоли абрешим машғуланд ва мушҳо душмани аввалиндараҷа дар ин кор ба шумор мераванд, нигоҳдории гурбаҳо ба манфиати онҳост. Дар ин ҷазира ҳатто маъбади гурбаҳо мавҷуд аст. Сарчашма : https://basetop.ru 2018 | июл-сентябр | САРЗАМИН
Sarez lake photo: Bakhriddin Isamutdinov