Sarzamin

Page 1

САРЗАМИН ЯНВАР - МАРТ | 2018 | WWW.ZAMIN.TJ

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


2

Сарзамин | июл-август | 2017


ДАР ИН ШУМОРА

4-5

Муассисаи нашриявии маҷаллаи «САРЗАМИН» Сармуҳаррир: Сатторзода Гулчеҳра Маннон

Натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

10-11

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Такмили қонун: мусоҳиба бо Умариён Раҳмон Фақерзода

Муассис: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайати мушовара: Қурбон Ҳакимзода Холзода Бобишо Алимардон Азимзода Азизмамад Каримзода Давлатзода Садриддин Хол Абдуллозода Зикриё Умариён Раҳмон Фақерзода

24-25

Ҳайати эҷодӣ: Моҳсафари Яҳёзод Манзар Раҳимов Раҳими Карим Зоҳир Олимӣ

40-41

Заур Дахте Муродзода Нақиб

26-27

Суҳбат бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода Наврӯзи

КИШОВАРЗОН Собиқаи таърихии НАВРӮЗ

50-51

Суроға: ш.Душанбе, н.И.Сомонӣ, кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ-50 Тел: (992 37) 227-80-56 E-mail: sarzamin2015@mail.ru Дар матбааи ҶДММ «Полиграф Групп» ба табъ расидааст.

22-23

Симои миллат, васеъшавии шаҳри Душанбе

Тарроҳ: Суҳайлӣ Собиров Суратгир:

6-7

Иштирок дар тантанаҳои идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт

Проблема ва рушди соҳаи ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матонати

58-59

42-43

ЗАН

54-55

Гиёҳҳои шифобахши ТОҶИКИСТОН

Сайри ОЛАМ: Даҳ шаҳри зеботарини дунё

62-63


4 | ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ

Натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

П

резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди тамоми маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дорад. Барои марҳила ба марҳила боло бурдани муносибатҳои ҳар ду давлат ба сатҳи сифатан нав асос ва заминаи боэътимод фароҳам меорад”, таъкид кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

САРЗАМИН | январ-март | 2018

Сарони ду давлат дар аснои мулоқот ба доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда, дидгоҳу назари хешро оид ба роҳҳову тариқаи ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ баён сохтанд. Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НОБ-и Роғун баён кард. Ҳамчунин, ташаббуси глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла иқдоми эълон гардидани давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди дастгирии ҷониби Ӯзбекистон қарор гирифт. Қариб ҳамаи масъалаҳои

баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имкон дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд. Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад. Дар ин замина қарори ҷонибҳо оид ба марҳила ба марҳила барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад. Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузанг махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, хоҳад гардид. Дар фарҷоми музокирот маросими баимзорасонии бастаи калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегирифт, сурат гирифт. Сарони ҳар ду давлат Изҳороти муштараки ҷонибҳоро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба имзо расониданд. Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд: -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди “Фарҳод”; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон; -Барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону


ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ | 5 Ӯзбекистон; -Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи транзити боркашонии ҳарбӣ, махсус ва контингенти низоми тавассути ҳудуди давлатҳои тарафҳо; -Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ; -Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм; -Созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ; -Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ; -Протокол оид ба боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи савдои озод аз 10 январи соли 1996; -Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби соддаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; -Протокол байни Хадамоти

гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мубодилаи маълумот, оид ба гузаронидани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ; -Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ; -Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ; -Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон; -Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байни минтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд. president.tj

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


6 | ФАРХУНДАПАЙ

Иштирок дар тантанаҳои идона дар Наврӯзгоҳи пойтахт 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Мавриди зикри хос аст, ки сокинони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо комёбиҳои беназир истиқбол гирифтанд. Танҳо давоми як соли охир пойтахти кишвар бо бунёди иншооти гуногуни маишӣ, маъмурӣ, истиқоматӣ, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳои варзишӣ, азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра симои тоза ба бар кард. Ҳамаи ин пешравиҳо бо ҷонибдории мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва талошҳову тадбирҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба даст омаданд. Дар маҳалли баргузории чорабинии идона - Наврӯзгоҳи пойтахт шумораи зиёди мардум ва меҳмо-

САРЗАМИН | январ-март | 2018

нони хориҷӣ иштирок карданд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ кулли шаҳрвандони мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва меҳмононро ба муносибати иди фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфтанд. Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки мардум бо шукронаи соҳибихтиёриву соҳибватанӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар оянда низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлатамон, ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, рӯзгори боз

ҳам осудаи ҳар як оилаи Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди милливу ватандорӣ саъю талош хоҳанд кард. Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи сокинони пойтахтро ба ифтихори Наврӯз ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо тандурустиву сарбаландӣ, иқболи нек ва рӯзгори пурфайз орзу карданд. Тантанаҳои наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмуҳтавои консертии устодони санъат ва ҳунармандон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт. president.tj


ФАРХУНДАПАЙ | 7

БАЗМИ ГУЛ ДАР ЧАМАНИ НАВРӮЗ АСТ, ФАСЛИ ҒУЛ-ҒУЛФИКАНИ НАВРӮЗ АСТ, ҲАМА ҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ, ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


8 | РӮЗИ МОДАР Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст, Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст. Агарчӣ аз занон пайғамбаре нест, Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Манзалати ЗАН

7- уми марти соли ҷорӣ, дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомади бошукӯҳ таъкид гардид, ки зани тоҷик, ки дар ҳамешаи таърих мазҳари покӣ, рамзи пойдорӣ ва истеҳкомбахши бунёди хонавода буд, имрӯз ҳам саъй мекунад, ки ин рисолати таърихиро бар дӯш гирад. Дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки фарҳанги қадимаи иззати зан-модарро соҳиб нагашта бошад. Бузургии зан–модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ

САРЗАМИН | январ-март | 2018

чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу бум тарбия намоянд. Дар рафти ҷамъомад роҳбарияти Кумита тамоми занонеро, ки дар ин ниҳод баробари мардон садоқатмандона хизмат намуда, барои пешрафти соҳа устуворона гом мебардоранд, бо туҳфаҳои идона ҳавасманд гардониданд. Зан-Модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз ибтидо рисолати ба дунё овардани фарзанд ва дар ниҳоди ӯ ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, одоб, муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию меҳнатдӯстиро бедор мекунад. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, ӯро поктарин зоти офаранда дар рӯи замин эътироф намудаанд. Ба хотири боз ҳам хотирмон доир гаштани чорабинии идона Хунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшоҳи Шодӣ бо суруду таронаҳои дилпазир хотири занону бонувонро шод гардонид.


ПАЁМИ НАВРӮЗ | 9

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ Ҳамватанон ва ҳамкорони гиромӣ, Шуморо бо фарорасии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонишуда, иди баҳору зебоӣ, баҳоре, ки паёмадаш Наврӯз ва танҳо рӯзи фирӯз аст, самимона табрик менамоям. Наврӯз рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ, гармӣ ба сардӣ ва тарғибгарӣ ваҳдату ҳамдилии сокинони сайёра аст. Омили аслии пояндагӣ ва мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин ҷашн аз оғози пайдоиш то ба имрӯз бо вуҷуди умри кӯҳан доштанаш ба қалби хурду бузург хуррамию бедорӣ ва тозаҷавонӣ меорад. Он чӣ дар зеҳн ва амалу кирдори мардум дар арафаи ин ҷашн ба вуҷуд меояд, танҳо шодӣ асту сурур, озодагӣ асту созандагӣ. Мо аз он ифтихор дорем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳнамоии Пешвои миллат волотарин суннатҳои ҷашни Наврӯз чун дар аҳди

Қурбон Ҳакимзода Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳ Ҷамшеду Куруши Кабир, Хусрави Парвизу Исмоили Сомонӣ бо навои Борбаду шеъри Рӯдакӣ аз нав эҳё гашт ва мазмуну шукӯҳи тозатаре пайдо кард. Таманнои онро дорем, ки оташе, ки ба ифтихори Наврӯз аз замони Зардушт то ба имрӯз фурӯзон аст, чун рамзи ҷовидонии ҳаёт ва офтоби ҷаҳонафрӯз доимо шӯълаафшон бошад ва ба диёри маҳбуби мо – Тоҷикистон, нури бахту саодат бипошад. Фасли эҳё шудану бедории табиат, ҷашни тозакорию эҷоду эъҷоз муборак бошад! январ-март | 2018 | САРЗАМИН


10 | ГУЛБОНГИ НАВРӮЗ

Таҷлили Наврӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Т

аҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тамоми анъанаву расму суннатҳои некаш хотирмону диданӣ буд. Аснои табрикоти наврӯзӣ Раиси Кумитаи давлатӣ Ҳакимзода Қурбон қайд намуд, ки воқеан Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона-дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ ва инсондӯстиву хайрхоҳӣ дар баробари ин ҳама шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табииро тарғиб мекунад. Боиси ифтихор ва сарбаландии бузург аст, ки бо омаСАРЗАМИН | январ-март | 2018

дани баҳори сабздоман соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи дилафрӯзро ҳамчун рамзи нурфишонии хуршед, шукуфоии табиат, пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, нерӯи некӣ бар бадӣ, фарорасии айёми киштукори марди деҳқон, бедории тамоми мавҷудоти олам бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн мегирем. Бо кӯшишу талоши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории дигар давлатҳои Ховари миёна қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Дар ин маҳфили идона дувоздаҳ шаҳру ноҳия, ки беҳтарин хони наврӯзӣ, беҳтарин суруди халқӣ, таоми миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либоси миллиро пешниҳоди иштирокчиён ва аъзои ҳакамон гардонида буданд, бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Базми наврӯзии кормандони Кумитаи давлатиро ҳунармандони боистеъдоду овозадори кишвар Парда Қосим, Ҷовидон Нозимов, Сарвиноз Юсуфӣ, Муслима Қодирова, Сироҷиддини Фозил ва Убайдуллои Каромат бо суруду таронаҳои наврӯзӣ шукӯҳу шаҳомати идона бахшиданд.


ГУЛБОНГИ НАВРӮЗ | 11

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


12 | ПАЙКИ ШОДӢ

ШУКӮҲУ ТАРАБИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки маҳз дар рӯзҳои САРЗАМИН | январ-март | 2018

фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои мардуми Панҷакент ёдовар шуда, ҳамаи онро аз баракати ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ арзёбӣ карданд. Изҳори умед намуданд, ки минбаъд низ мардуми шаҳри Панҷакент бо кору пайкори

созанда барои шукуфоии диёри хеш ва болоравии нуфузи кишвар дар арсаи олам ҷаҳду талош меварзанд. Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи иштирокчиёни базми наврӯзро бо ҷашни бошукӯҳи баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфтанд. Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори баҳору наврӯзи хуҷастапай бо иштироки устодони санъати тоҷик, ҳунармандону санъаткорони вилоят ва шаҳри Панҷакент ва бо барномаи театрикунонидашудаи тараннумгари фарҳанги наврӯзи аҷам хеле бошукӯҳ ва хотирмон баргузор гардид. president.tj


ПАЙКИ ШОДӢ | 13

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


14 | ИРОДАИ ЗАН

Модар - сарчашмаи зиндаги-

Ёдгорӣ Муқаддас мудири Бахши арзёбии замин ва пардохтҳо

М

Насриддинова Карима сармутахассиси Бахши таъминоти ҳуқуқӣ

одаронро нерӯи сарнавиштсози зиндагӣ дар замин гуфтаанд, ки бешакку шубҳа бо ин андеша мувофиқ набудан ғайриимкон хоҳад буд. Қисмати ояндаи атфол ва насли бузургсол низ, маҳз аз тарбияти босифати занон - модарон вобастагӣ дорад. Агар имрӯз модарон пайваста дар андешаи ояндаи дурахшон, рӯзгори хушу босаодат ва соҳибилм гаштани фарзандонашон бошанд, пас метавон дилпурона гуфт, ки аз ин фарзандони соҳибилму бомаърифат ҷамъияти хубу соҳибфарҳанге метавон бунёд кард. Ҷомеаи фарҳангӣ бошад, дар навбати худ ҳамчун оинаи дурахшоне имкон дорад бо нури муҷаллои беназир, ҳар миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намояд. Зан- модари қавииродаи тоҷик на танҳо пайи тарбияи фарзандон мебошад, балки бо тафаккури созанда ва ақлу хиради худ дар тамоми соҳаҳои мамлакати соҳибистиқлоламон саҳм мегузорад. Зани тоҷик имрӯз табиб, омӯзгор, ҳуқуқшинос, олима, заминсоз, шоира, ҳунарманд, варзишгар, муҳандис, ронанда ва сиёсатши-

САРЗАМИН | январ-март | 2018

Маҳбуба Ғайратзода раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода

Модарон пайвандгари наслҳову замонҳо, имрӯзу фардои ҷамъият ва ҳусни зеботарин саҳифаи китоби зиндагӣ ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон носу рӯзноманигор аст ва агар ба тамоми соҳаҳои дар кишварамон амалкунанда назар дӯзем, он ҷо занони фаъолеро пайдо намудан имконпазир аст, ки саҳми назарраси худро дар рушди бемайлони соҳа мегузоранд. Истиқлолият ба занони хушбахт ва хуштолеи Тоҷикистон имрӯз шароитҳои мусоиди кору зиндагиро фароҳам овардааст, занони диловари тоҷик ҳатто берун аз марзҳои кишварамон бо фаъолияти худ тавонистаанд номи Ватану меҳанро баланд бардоранд. Модари тоҷик дар тамоми гӯшаву канори манотиқи дунё зиндагӣ ва фаъолият дорад, аммо тоҷик будан ва дар Тоҷикистони офтобрӯяву биҳиштӣ ба дунё


ИРОДАИ ЗАН | 15

Сафармо Худойназарова раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон

Мухбира Қобилзода раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Бӯстон

омадани худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозад. Чунки мусаллам гаштааст, ки ягон шароити олитарину беҳтарин ва ҳеҷ диёру сарзамини зеботарини рӯи олам Ватани нозанину зебои моро иваз карда наметавонад. Ва ин муҳаббат ба хоку диёрро қабл аз ҳама модарону хоҳаронамон эҳсос кардаанду пайваста мекунанд. Аз ин рӯ агар нафаре аз занони мо имрӯз ҳатто берун аз марз ҳам меҳнат мекунад, он фақат ба хотири Тоҷикистони азиз асту халос. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шумораи чашмраси занони ҳалолкору заҳматкаш фаъолият менамоянд. Аз рӯи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 январи соли 2018, 42 нафар хизматчиёнро занону духтарон ташкил дода, аз ин шумора ҳафт нафар зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа менамоянд. Ин занон набзи замину хокро бараъло эҳсос менамоянд ва дар ин самти фаъолияти интихобнамудаашон софдилона ва хеле шаффоф корро пеш мебаранд. Ин занони коршинос хуб медонанд, ки хок ё замин чӣ қудратеро доро мебошад. Эшон мафҳуми модар-заминро ба таври возеҳу рӯшан дарк намудаанд ва хуб огаҳӣ доранд, ки ин муқаддасот- яъне замин заминаи асосии дороии рӯзгори инсон

Гулчеҳра Бозорова сардори Шуъбаи умумии Кумитаи давлатӣ

маҳсуб меёбад, он моликияти истисноии давлат аст ва ба он хиёнат намудан, хиёнат ба диёру ватан мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки зиндагии бонувони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замин зич тавъам аст, чунки онҳо ҳаёти касбии худро ба ҳамин пеша мансуб донистаанд. Дар кори роҳбарӣ низ ҳамеша ростқавливу қавиирода буданро сармашқи кори худ қарор додаанд. Ҳамеша бар кормандони тобеи худ низ дар ҳамин роҳу самти фаъолият кор карданро талқин менамоянд. Дар баробари мутахассиси хуб ва коршиноси намоён будан, занону бонувони Кумитаи давлатӣ дар хонаводаи худ ҳар кадом зан ва модари хуб ҳастанд ва дар баробари анҷом додани корҳои тахассусӣ пеш аз ҳама кадбону ва модар буданашонро фаромӯш намекунанд. Пайи тарбияи фарзандонашон ҳамеша камари ҳиммат мебанданд, то аз эшон дар оянда мутахассисони хуби ватансоз ба воя расад. Мо бошем, ба ин бонувони нексиришту поквиҷдон дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагонӣ барори кор таманно намуда, хоҳишманди муваффақият ва барори касбии эшон ҳастем. Баҳори нозанин ва пур аз ҷашну сурури Ватани азиз муборак, бонувони азиз! январ-март | 2018 | САРЗАМИН


16 | БАХШИДА БА СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Озмуни «Акси беҳтарин» Маҷаллаи «Сарзамин» ба хотири саҳм гузоштан дар муаррифии маконҳои сайёҳии Тоҷикистон ва таблиғи зебоиҳои Ватан бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Акси беҳтарин»-ро эълон мекунад. Дар ин озмун рассомон, аксбардорони касбию ҳавасмандон метавонанд бо пешниҳоди беҳтарин манзараи мавзеъҳои нотакрори сайёҳии диёр иштирок намоянд. Озмун моҳи декабри соли 2018 ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаҳои молиявии зерин қадрдонӣ карда мешаванд: • Барои ҷои якум 5 ҳазор сомонӣ • Барои ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ • Барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ. То давраи ҷамъбасти озмун хоҳишмандон метавонанд расм ва аксҳоро ба суроғаи электронии маҷалла sarzamin2015@mail.ru ирсол намоянд.

САРЗАМИН | январ-март | 2018


ХАРИТАСОЗӢ | 17

Тел: (+992 37) 233-43-95 E-mail: map.factory.tj@mail.ru www.mapfactory.tj

Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ»

Корхонаи воҳиди давлатии «Фабрикаи харитасозӣ» дар Тоҷикистон аввалин ташкилоте мебошад, ки дар соҳаи таҳия ва нашри харитаҳои махсус ва истифодабарии умум фаъолияти назаррас дорад. Вазифаи асосии аввалин корхонаи харитасозии ҷумҳуриявӣ ин таъмини эҳтиёҷоти тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо бо харитаҳои топографӣ, маъмурӣ, таълимӣ, сайёҳӣ ва соҳавии гуногунмиқёс мебошад. Мутахассисони корхона дар муддати кӯтоҳ зиёда аз 60 номгӯйи харитаҳои гуногунсоҳаро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо сифати баланд истеҳсол ва пешниҳоди мизоҷон гардонидаанд. Корхонаи мазкур метавонад барои тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо харитаҳои босифати гуногунмиқёсро таҳия ва дастрас намояд. Маҳсулоти ин корхона ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгуй аст. Дар корхона технологияи муосири компютерии вобаста ба тартибдиҳӣ ва нашри харитаҳо ҷорӣ карда шуда, дар қатори харитаҳои анъанавӣ истеҳсоли харитаҳои рақамии навигатсионӣ ва сохтани модели рақамии релефи маҳал ба роҳ монда шудааст. Истифодаи маълумоти хазинаи харитавӣ ва технологияи пешқадами харитасозӣ ба мутахассисони корхона имкон медиҳад, ки таъҷилан маълумоти соҳавӣ ва заруриро дастрас намуда, бо инъикоси ҳаматарафаи соҳаҳо барои тамоми самтҳои иқтисодиёт маҳсулоти хушсифат омода намоянд.

Хусанов Хусейн Шарифович,

директори корхона

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


18 | НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ

САРЗАМИНИ ОФТОБӢ

Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Раиси вилояти Хатлон

Н

аврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, зиндагии тоза, рӯзи шодӣ, адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Наврӯз ҷаҳонро ба беҳтар зистан даъват мекунад. Дилҳо, андешаҳо ва дастҳо метавонанд дар ин рӯз ба ҷониби якдигар майл кунанд, накӯиро пеш бигиранд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизамон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо кард. Боиси ифтихори мо - миллати тоҷик аст, ки бевосита бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни бузург байналмилалӣ гашт. Мо-тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва ҷашни покию зебоӣ ва баҳору эҳё бисту ҳафт сол аст, ки дар марҳилаи нави таърихи худ, яъне дар шароити истиқлоли давлатӣ, дар даврони созандагиву бунёдкориҳо ва рушди устувор таҷлил менамоем. САРЗАМИН | январ-март | 2018

Халқҳо ва мамлакатҳои ҷаҳон дар заминаи расму ойинҳои наврӯзӣ роҳи сулҳу ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоиштаро пеш гирифта, муносибатҳои дӯстонаву мусолиматомезро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшанд. Чи хеле кӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят, Ватан будааст». Аз ин ҷост, ки дар ягон давру замон ҳеҷ як идеология, ҷаҳонбинӣ, дину мазҳаб, сиёсат ва неруи ҳукмрон натавонист монеае дар баргузории ҷашни Наврӯз

эҷод карда, мардумро аз ҷашнгирии он манъ намояд. Яке аз суннатҳои бисёр неку шоистаи Наврӯз он аст, ки одамон ба истиқболи ин ҷашни фархунда на танҳо макони зисту ашёи рӯзгор ва сарулибоси хешро нав ё тозаву озода мегардонанд, балки қалбу ботини худро аз кинаву адоват ва хушунату бадбинӣ пок месозанд, ҳамдигарро бо чеҳраи кушоду оғӯши пурмеҳр истиқбол мегиранд. Бузургони илму адаби мо ҳамин дӯстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ, хештаншиносӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро ҳамеша васфу ситоиш кардаанд. Мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон-Наврӯзро таҷлил менамоем. Сарбаланду хонаобод бошед!


НАВРӮЗИ ҶАҲОНАФРӮЗ | 19

ПАЁМИ ДӮСТИИ НАВРӮЗ Ҳ

узури муборак ва хуҷастаи Иди байналмилалии Наврӯзро бо накӯтарин таманниёт ба кулли ҳамватанони азиз муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо иқболу саодат, комгориву муваффақият орзу менамоям. Сокинони шарафманди вилояти Суғд чун дигар ҳамватанон шукргузорӣ аз он менамоянд, ки бо иқдоми наҷиб ва шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди миллӣ ва аҷдодии мо – Наврӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои соҳибфарҳанг ва тамаддунпеша бо шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷаҳонӣ гардидани ин ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ ташаббусҳои Сарвари давлатамон ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад. Имрӯз ин ҷашни бостониву фархундаро аҳли сайёра ҳамчун нишонаи эҳёи табиат, рамзи сулҳу дӯстӣ, вусъати ободкориву созандагӣ ва робитаҳои неки байни халқу миллатҳои гуногуни дунё истиқбол мегиранд.

Таҷлили ин ҷашн дар соле, ки бо иқдоми Пешвои миллат ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, шукӯҳи онро боз ҳам бештар мегардонад, зеро Наврӯзи Аҷам беҳтарин падидаҳои фарҳанги аҷдодии моро дар худ ҳифз намудааст. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросими густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд”. Дар арафаи Наврӯзи имсола бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба фаъолият шурӯъ кардани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва аз ҷониби сарони ду кишвари ба ҳам дӯст ба имзо расидани бастаи муҳими санадҳои дуҷониба, ки аксари

Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, барои таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ байни халқҳои дӯсту бародар ангезаи тоза бахшид. Боварии комил дорам, ки имсол аз ҳарсола бештар шукӯҳу шаҳомати Наврӯз бо падидаҳои нодири фарҳангиву ҳунарии худ ҷилвагар хоҳад шуд. Бигузор ин ҷашни аҷдодӣ ба хонадони ҳар як сокини кишвар файзу баракат, дастархони пур аз нозу неъмат ва нусрату пирӯзии бештар биёрад.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


20 | ШОГУН БАҲОР МУБОРАК!

Наврӯз дар Бадахшон

Шодихони Ҷамшед, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Баҳор - фасли зебоиҳост, фасли меҳрубониҳову изҳори таманнову табрик гуфтанҳост. Наврӯз - оғози бедории табиат, эҳёшавии олами сабз ва зуҳури равшани нури хуршед аст. Табиист, ки зодагони диёри хуршед, ки исмаш Тоҷикистон аст, ҳама дилшиносу соҳибзавқ, бохираду ҳушманд ва зебоипарастанд. Наврӯзи зебои ҷаҳонӣ, ки бо фасли шукуфтанҳо тавъам омадааст, қалби тамоми мардуми ҷаҳонро бо кулли шукӯҳу шаҳомат ва ороишу салобати баҳориаш тасхир намудааст. Наврӯз яке аз ҷашнҳои шукӯҳмандтарини қавмҳои Ориёӣ алалхусус мардуми форсизабон маҳсуб меёбад. Наврӯз мутобиқ ба солшумории шамсӣ 21-22 март, дар луғатномаҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустини САРЗАМИН | январ-март | 2018

аввали сол, яъне рӯзе, ки соли нав аз он оғоз мегардад омадааст. Одатан мо Наврӯзро ҳамчун рамзи фарорасии баҳору эҳёи табиат, оғози айёми кишту кор ҷашн гирифта, бояд дар зеҳнҳои худ хеле қавӣ ҷой бидиҳем, ки ҷанбаи фалсафии Наврӯз аз ҳикмати муборизаи қувваҳои некӣ бар бадӣ, рӯшанӣ бар торикӣ, зебоӣ бар зиштӣ, сафедӣ бар сиёҳӣ, шодӣ бар ғаму андӯҳ ва ғайра иборат мебошад. Наврӯз аз шумури тамоми ҷашнҳои гузаштаи ниёгонамон барои мардуми мо азизу мукаррамтар аст. Дар Бадахшон низ Наврӯз бо расму ойинҳои аҷиб ва ба тарзи хоса ҷашн гирифта мешавад. Олими рус К.А.Иностранцев дар ёддоштҳои худ қайд менамояд, ки миёни форсизабонон «чавгонбозӣ» ё «гӯйбозӣ», ки бо асп иҷро мешуд, хело маъмул буд. Ин бозӣ ҳанӯз дар замони Сосониён хеле машҳур буда, дар тӯли асрҳои миёна дар баъзе аз манотики Шарқ ҷойгоҳи махсусро миёни мардум касб намудааст. Аммо дар ибтидои саддаи ХХ ин бозӣ танҳо дар минтақаҳои кӯҳии шимоли Ҳиндустон ва дар Бадахшон боқӣ мондааст. Аз рӯи маводҳои ҷамъовардаи мардумшинос Е.М.Пещерева дар даҳанаи дарёи Язғулом як ҷойи ҳамвори махсусе барои

бозии чавгон вуҷуд доштааст, ки дар ин минтақа онро гӯйбозӣ меномидаанд. Дар Дарвоз низ “чавгонбозӣ” ва “бузкашӣ” ба қайд гирифта шудааст. Дар Бадахшон инчунин дар рӯзи ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои зиёди варзишӣ гузаронида мешавад. Дар бештари деҳаҳои Шуғнону Роштқалъа, Рӯшону Бартанг ва Ишкошиму Вахони Бадахшони Тоҷикистон ва Бадахшони Афғонистон расме пойбарҷо буд, ки мувофиқи он дар аввали таҷлили ҷашни Наврӯз ҳангоми поку тоза кардани хонаву ҳавлӣ ва асбобҳои рӯзғор аз ғуруби офтоб то ба тулӯи он ба хона даромадани одамони ғайр мамнуъ буд ё кишшӣ барқарор мешуд. Дар бархе аз маҳалҳо аз хешони наздик шахсеро кишшишикан таъйин мекарданд, ки ин шахс некқадам ё ки шогунӣ маҳсуб меёфт. Дар баъзе аз ноҳияҳои Бадахшон дар рӯзҳои арафаи иди Наврӯз дар кӯчаҳо найнавозе пайдо мегашт, ки бо садои форами най омад- омади Наврӯзро хабар медод. Садои най бо садои бедоршавии табиат ва шукуфтани гулу дарахтон тавъам аст. Барои мардум ин ойини қадимӣ хеле писанд аст. Оташпарак низ яке аз ойинҳои қадимии Наврӯз ба шумор меравад ва то ҳол дар минтақаи Ёгеди Бадахшон боқӣ монда-


ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! | 21 аст. Аз болои оташ ҷаҳидан ва таманно намудан ки: «Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ» одати қадимии ин мардум ба шумор меравад. Маросими дигар дар Бадахшон бо номи “Хидир айём” ёдоварӣ мешавад, ки маънои фалсафии он “Ҷашни бузург” мебошад. Дар хонаҳо деворҳоро тоза карда, тирезаву сақфҳо ва фаршҳоро мешӯянд. Баъдан гиёҳи муқаддас- «страхм»-ро дуд меандозанд, сутунҳову кунҷҳои девораҳо бо гарди орд

нақш гузошта мешавад, ки ин рамзи покӣ ва ғановат маҳсуб меёбад. Ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ дар Бадахшон бо тарзи махсус қабул гаштааст. Бачаҳо дар ин рӯз дарҳол ба манзил ворид нашуда, як кунҷи рӯймолро дошта кунҷи дигари онро дохили хона месозанд ва ҳамзамон шеърҳои баҳорӣ мехонанд. Соҳибхона бошад дар ҷавоб ба дохили кунҷи партофташудаи рӯймол зиёфат мебандад. Ойини бо «Хидир айём» табрик гуфтанро на танҳо бачаҳо, балки калонсолон низ ба анҷом мерасонанд, ки бо мақ-

сади иҷрои ин расм ба шифти хона мебароянд. Онҳо идонаи худро тавассути равзана-тирезаи болоӣ, ки дар хонаҳои бадахшонӣ сохта мешавад, талаб

менамоянд. Дар рӯзи Наврӯз аз пешниҳоди ғизо даст кашидан куллан ғайриимкон аст. Дар рӯзи ҷашни Наврӯз дар Бадахшон болои хони густурда чандин намуд ғизоҳои хушлаззати идонаеро дидан мумкин аст, ки ҳар кадоми он бо дастони ҳунарманди бонувони бадахшӣ омода гаштааст. Наврӯз - ин ҷашни зебоиҳост, аз ин рӯ тамоми духтарону бонувон ва мардумони равшандили бадахшонӣ беҳтарину зеботарин пироҳанҳои худро дар ин рӯз ба бар намуда, тоқиҳои миллии хуштарҳу маҳаллии худро ба сар меандозанд ва ҳамдигарро: «Шогун баҳор муборак!»,- гуфта, хушҳолӣ менамоянд.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


22 | МУСОҲИБА

ТАКМИЛИ қонун Оғози соли 2018 дар баробари чанд санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» тағйиру иловаҳо ворид гардид. Вобаста ба муқаррарот ва моҳияти тағйиру иловаҳои ба ин қонун воридшуда хабарнигори маҷаллаи «Сарзамин» бо Умариён Раҳмон Фақерзода, директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст, ки фишурдаи онро манзури хонандагон мегардонем. Дар аввал мехостем, ки барои хонандагони маҷаллаи «Сарзамин» муҳтаво ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»-ро шарҳ медодед? Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ ба онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф ва ҳимояи давлатӣ тибқи Қонуни мазкур бақайдгирифтаи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқулро муқаррар менамояд. Дар ин қонун мафҳумҳои асосии зерин, аз ҷумла молу мулки ғайриманқул - қитъаҳои замин, ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмони нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу САРЗАМИН | январ-март | 2018

мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам дорад, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст, шомиланд. Объектҳои сохтмонии нотамом - объекти сохтмонаш мавқуфгузошта, ки барои ба вуҷуд омадани он ҳамчун бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, вале нотамом мебошад, бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудааст. Дар заминаи ин қонун ба шаҳрвандон ва субектҳои хоҷагидорӣ шиносономаи техникӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ ва амалҳои дигари вобаста ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул амалӣ карда мешавад. Мақсади таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»-ро, ки ахиран қабул ва мавриди амал қарор гирифт, Шумо ҳамчун роҳбари мақоми ваколатдори соҳа дар кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Бо мақсади боз ҳам сода намудани расмиёти бақайдгирӣ ва аз миён бурдани ҳуҷҷатгузориҳои такрорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» таҳия гардид, ки дар он баъзе тағийроту иловаҳо ворид карда шудааст. Тағйирот дар ин қонун барои боз ҳам сода намудани расмиёти бақайдгирӣ ва ба талаботи имлои забони тоҷикӣ мутобиқ намудани он ворид гардидааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои ка-


МУСОҲИБА | 23 дастрии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамояд. Инчунин тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатиро берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ тасдиқ менамояд. Шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашударо қонуни мазкур тасдиқ менамояд. Зери истилоҳи «Шиносномаи техникӣ» кадом масъала матраҳ аст ва ин ҳуҷҷат бо чӣ мақсад таҳия мешавад? Шиносномаи техникӣ аз ҷумлаи ҳуҷҷати техникии муҳим дар самти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ин маҳфумро чунин шарҳ додааст: шиносномаи техникӣ – ҳуҷҷати техникие, ки дар натиҷаи барӯйхатгирии техникӣ ва (ё) санҷиши ҳолати воқеии молу мулки ғайриманқул тартиб дода шуда, маълумот дар бораи масоҳат ва дигар тавсифҳои он, рақами кадастрӣ, рақами барӯйхатгирӣ, суроға (ҷойгиршавӣ) ва маълумоти дигарро дар бораи молу мулки ғайриманқул дар бар мегирад. Бинову иншоот, корхонаву ташкилот ва сохтмони нотамом дар қитъаҳои замин, бояд шиносномаи техникӣ дошта бошад. Шарҳи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда – ҳуҷҷате, ки пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул муқаррар менамояд аз ҷумлаи тағйироти дигар дар ин қонун ба ҳисоб меравад. Дар асоси тағйиру иловаҳои дигари қонуни мазкур шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобги-

Умариён Раҳмон Фақерзода, директори КВД «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» рии иттилооти додашударо муқаррароти ин қонун тасдиқ менамояд. Тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро маълум менамояд. Пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он аз ҷумлаи вазифаҳои дигари мақоми ваколатдори соҳа Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳисоб меравад. Мегуфтед, ки кадом шаклҳои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягона мавҷуд аст? Шаклҳои зерини пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он муқаррар карда шудааст. Иттилоот оид ба таърихи объекти молу мулки ғайриманқул, иттилоот дар бораи ҳуқуқ ба объекти молу мулки ғайриманқули ба шахсони

алоҳида таалуқдошта, иттилоот дар бораи молу мулки ғайриманқули соҳибҳуқуқи фавтида, иттилооти махсус, иттилоот аз харитаи кадастрӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ барои тасдиқи нотариалии аҳдҳо, нусхаи тасдиқ кардашудаи ҳуҷҷатҳо аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он шаклҳои муқарраргардидаи пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он дониста мешавад. Дар маҷмуъ талаботи банду моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» баҳри фаъолияти самароноки кормандони соҳа ва таъмини хизматрасониҳои баландсифат ба сокинону субектҳои хоҷагидорӣ равона гардидааст. Ташаккур барои суҳбат!

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


24 | ПОЙТАХТ Пойтахти ҳар мамлакат симои давлат ба шумор меравад. Ҳавасмандӣ ва талоши сокинон ба хотири маскун будан дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе зиёд аст. Зеро давоми солҳои охир бо татбиқи нақшачорабиниҳои ободонии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанеб шароити беҳтари кору фаъолият ва истиқомат дар пойтахт фароҳам шудааст. Вобаста ба афзоиш ёфтани аҳолӣ дар пойтахт зарурат пеш меояд, ки масоҳати он зиёд карда шуда, дар ин замина шароит барои зиндагии арзанда фароҳам оварда шавад. Мутобиқи Кодекси шаҳрсозӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд, ки тибқи он Нақшаи генералии тарҳрезишудаи шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Афзоиши шумораи лоиҳавии аҳолӣ дар марҳилаи аввал ба 936 ҳазор нафар ва дар муҳлати ҳисобӣ то соли 2040 ба 1 милиону 176 ҳазор нафар мерасад. Тибқи маълумот васеъшавии асосии ҳудудиву маъмурии шаҳри Душанбе бо ҷануб, қисман шимолу ғарб дар назар дошта шудааст. Агар дар ҳоли ҳозир ҳудуди сохтмонии шаҳр ба 12, 7 ҳазор гектар баробар бошад, пас то соли 2025 ба 18 ҳазор ва то соли 2040 ба 25 ҳазор гектар расонида мешавад.

САРЗАМИН | январ-март | 2018

СИМОИ МИЛЛАТ Дар асоси Нақшаи генералии шаҳр ва Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дар 3 марҳила қитъаҳои замин ба пойтахт ворид карда мешаванд. Дар марҳилаи аввал то соли 2025 масоҳати 5300 гектар замин ворид мешавад, ки он ҳудуди шаҳри Душанберо ба 18 ҳазор гектар мерасонад. Дар марҳилаи дуюм бошад 7 ҳазор гектар замин иловатан дохил карда мешавад, ки то соли 2040 ҳудуди шаҳр ба 25 ҳазор гектар мерасад. Баъдан боз 5 ҳазор гектари дигар аз ноҳияи Варзоб дохил мешавад, ки дар натиҷа масоҳати сохтмонии пойтахт ба 30 ҳазор гектар мерасад. Дар асоси Нақшаи генералӣ бунёди биноҳои 10 ошёна ва аз он баланд дар қисмати ҷанубии шаҳр, минтақаи пайвастшавии дарёи Душанбе бо дарёҳои Кофарниҳон ва Элок ба нақша гирифта шудааст. Зеро қишри замин дар ин мавзеъ мустаҳкам будааст. Тибқи Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб вазифадор гардидаанд, ки бунёди сохтмонҳои асосӣ ва шинонидани дарахтони бисёрсоларо дар заминҳои ҳамчун ҳудуди дурнамои рушди шаҳри Душанбе муайянгардида пешгирӣ намоянд.

Айни замон 1111 гектар замин аз ҳисоби заминҳои ҷамоатҳои деҳоти Чоряккорон, Сарикиштӣ, деҳоти Россия, Чортеппа ва Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида шудааст. Масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар мақомоти дахлдор тамоми чораҳои пешгирикунандаро меандешанд, ки дар ин заминҳо сохтмонҳои ғайриқонунӣ бартараф ва пешгирӣ гарданд. Сокинони пойтахт аксаран оид ба ҷудо кардани қитъаи замин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи идораи замини шаҳр муроҷиат менамоянд. Аризаҳое, ки то соли 2010 пешниҳод шудаанд, аз ҷониби сохтори масъул қабул гардидааст, ки шумораи онҳо 25 465 ададро ташкил медиҳад. Ба иттилои роҳбарияти Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе, қитъаи замине, ки имкони барои сокинон пешниҳод намудан мавҷуд аст, хеле маҳдуд будааст. Бо ин вуҷуд дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе барои сокинони эҳтиёҷманд қисман заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда мешавад. Бо сабаби онки ин минтақа дорои релефи ноҳамвор мебошад, бо истифодаи маблағҳои буҷетӣ сохторҳои дахлдори шаҳрӣ барои тахту ҳамвор намудани он ва таъмини инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳ, хатҳои барқу алоқа, низоми обу корезӣ ҳоло тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Тибқи маълумоти сохторҳои дахлдор то моҳи октябри соли 2017 1353


ПОЙТАХТ | 25 нафар сокини пойтахт аз минтақаи Ховарон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гашта, дар оянда боз 914 нафари дигар бо қитъаи замин таъмин мешаванд. Азхудкунии заминҳо мувофиқи талабобти воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар ҳудуди пойтахт аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то соли 2040 марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. Тибқи талабот бояд то соли 2025 дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, мавзеъҳои гирду атрофи он, омодакунии муҳандисии ҳудуд ва инчунин барқарорсозии шабакаҳову иншооти коммуникатсионии маҳал амалӣ карда шавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сохторҳои марбутаи шаҳрӣ талош доранд, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва заминҳое, ки аз ҳудуди ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб ба пойтахт ворид карда мешаванд, масъалаи эҳтиёҷоти сокинони шаҳр ба манзил ва қитъаҳои замини наздиҳавлигиро ҳаллу фасл намоянд. Бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард, истгоҳҳои муосири нақлиётӣ, пойгоҳҳои обтаъминкунӣ ва воситаҳои дигари хизматрасонӣ, беҳдошти фаъолияти нақлиёти ҷамъиятиро дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат шаҳрдории Душанбе амалӣ намуда истодааст. Нақшаи генеаралӣ бунёди иншооти варзишию солимгардониро низ

дар шаҳраку маҳаллаҳо пешбинӣ намудааст. Бо мақсади татбиқи ин нишондод аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мамлакат корҳои назаррас амалӣ гардидааст. Мавриди зикр аст, ки дар асоси иқдомоти созандаи шаҳрдорӣ давоми соли 2017 дар пойтахт дар баробари биноҳои истиқомативу маъмурӣ, ҳамзамон 70 майдончаи муосири варзишӣ бунёд ва 48 гулгашт азнавсозӣ гардид, ки симои пойтахтро боз ҳам зебову назаррабо гардонидаанд. Ин тадбир анҷоми кор набуда, дар ин самт роҳбарияти шаҳр нақшаҳои навро рӯйи даст гирифтааст. Давоми соли 2018 низ бунёди иншооти варзишию истироҳатӣ ва фароғатӣ бовусъат идома дорад. Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани зиёда аз 100 адад майдончаҳои муосири варзишӣ ва солимгардонӣ, бо фароҳамии шароити хуби истироҳату фароғат барои сокинон дар соли 2018 ба нақша гирифта шудааст. Масъулини Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳр истифодаи ҳар қитъа замини ҳудуди пойтахт аз рӯйи таъинотро ҷоннок намуда, талош доранд, ки заминҳои шаҳр пурра аз рӯйи таъинот ва дар доираи татбиқи Нақшаи генералӣ истифода гардад. Бо мақсади муайян намудани сарҳади лоиҳавии шаҳри Душанбе дар асоси Нақшаи генералӣ

Маҳмадсафо Раҷабализода, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ва сохторҳои дигари марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ фаъолият доранд. Дар ин замина сарҳади лоиҳавии шаҳр ва тарҳи заминҳое, ки дар марҳилаи аввал ба шаҳри Душанбе шомил мегарданд муайян шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома дорад. Зеро ҳоло дар қитъаҳое, ки ҳамчун заминҳои дурнамои рушди шаҳр муайян шудааст, иншооти гуногун бунёд шудааст. Вале дар доираи татбиқи Нақшаи генералӣ онҳо бояд аз рӯйи таъинот истифода шаванд. Дар маҷмуъ барои васеъ намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе корҳо идома доранд. Раҳими Карим

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


26 | ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Суҳбати сармуҳаррири маҷаллаи «Сарзамин» Гулчеҳра Сатторзода бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Ширин Шодӣ

Соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд. Эълон гардидани ин сол ба рушди соҳа чӣ замина мегузорад? Воқеан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бесабаб нест, зеро сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад. Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои беҳтарин шароит барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар баробари ин, оромию осудагӣ, амнияту пойдорӣ ва ваҳдату истиқлолияти давлатӣ, мавҷудияти роҳҳои замонавӣ ва инфрасохтори мусоид барои рушди ин соҳа созгор мебошад. Аз дигар ҷониб табиати нотакрор, манзараҳои зебову назаррабо, куҳҳои осмонбус, чашмаҳои мусаффо, олами набототу ҳайвонот, расму ойинҳои мардумӣ макони беҳтарин барои сайру саёҳат буда, САРЗАМИН | январ-март | 2018

бешак бо ҳамин рангорангии хеш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Оё аз ҷониби Кумита барномаву нақшаҳои махсус (яъне дар доираи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ») таҳия гардидаанд-агар ҳа кадом паҳлуҳоро дар бар мегиранд ва амалишавии онҳо дар кадом сатҳ қарор дорад? Дар партави нуктаҳои Паёми Пешвои миллат бо назардошти фикру андешаҳои кормандони ширкатҳои сайёҳӣ ва коршиносони соҳа бо фарогирии сатҳи милливу байналмилалӣ, такмилу устувор намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, омодасозии кадрҳо ва пурра намудани омори бахши сайёҳӣ Нақшаи чорабиниҳои мукаммал таҳия гардид, ки Нақшаи мазкур ва рамзи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат тасдиқ гардиданд. Дар ин сол ҷаласаи навбатии Шӯрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ, Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва бори нахуст Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон - сарзамини сайёҳӣ” бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Симпозиум ва Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ”, фестивалҳои фарҳангиву сайёҳии “Марҳамат ба Хатлон!”, “Суғди Бостон”, “Марҳамат ба водии Рашт!”, “Боми ҷаҳон”, “Таомҳои миллӣ”, иштироки мутахассисони Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ дар як қатор намоишгоҳҳои

байналмилалии сайёҳӣ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд. Чаро маҳз соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ? Пайвастагии ин дуро шарҳ медодед? Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба ҳам пайвастагӣ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ барои муаррифӣ ҳамчун армуғон нигаронида шудааст. Бинобар ин, бо роҳандозӣ намудани имтиёзи мазкур арзиши аслии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ паст карда шуда, қобилияти рақобатпазирии он устувор мегардад. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ҳарчи бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шуда, ҳунармандон даромаднокии худро хубтар намоянд. Бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳии кишвар ва рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ рӯзҳои 21-24 декабри соли 2017 дар толори Нигористони (галереяи) санъати муосири Тоҷикистон воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти армуғонии ҳунармандон таҳти унвони “Тоҷикистон-ҷаҳони саёҳат” баргузор карда шуд, ки дар қатори ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, инчунин ҳунармандони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти худ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ як қатор озмунҳо, аз ҷумла маҳсулот ва армуғонҳои беҳтарин барои сайёҳон, таҳияи нақшаҳои беҳтарини тиҷоратӣ ва мақолаи беҳтарин дар бораи соҳаи сайёҳӣ, ширкати беҳтарини сайёҳӣ муайян гарди-


САРЗАМИНИ БЕНАЗИР | 27 да, ғолибон бо туҳфаҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин Кумита тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузарҳо ё фурӯшгоҳҳои доимоамалкунандаи маҳсулоти дастии ҳунармандон, гузарҳои таомҳои миллӣ ва дигар армуғонҳоро барои сайёҳон ифтитоҳ намояд. Чанде қабл портали махсуси соҳа ба фаъолият оғоз намуд ва дар бинои асосии Кумита Маркази иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар бораи имкониятҳои портал ва марказ маълумот медодед ва аз нигоҳи Шумо манфиати он дар рушди соҳа чӣ гуна аст? Бо мақсади муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии мамлакат аз ҷониби Кумита портали миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода шуд ва минбаъд он ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ ва чинӣ низ тарҷума мешавад. Портал ба Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод шуда, тавассути он ба 158 давлати узви пайваста ва 509 ассотсиатсияву созмони байналмилалии узви вобастаи он муаррифӣ гашт ва ба ин васила бори нахуст соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ворид шуд. Имкониятҳои сайёҳии зиёда аз 24 ширкати сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаву ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар портали миллии сайёҳӣ ҷой дода шудаанд. Хоҳишмандон барои хизматрасониҳои сайёҳӣ метавонанд аз ҳар гӯшаи дунё фармоиш диҳанд. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин «Маркази иттилоотии сайёҳӣ»-ро ифтитоҳ намудааст, ки он бо таҷҳизоти муосири иттилоотӣ, аз қабили телевизорҳои плазмавӣ, планшетҳо ва ноутбукҳо таҷҳизонида шуда, дорои маводи иттилоотии сайёҳӣ ва армуғонҳо барои сайёҳон мебошад. Аз эълон гаштани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ се моҳ сипарӣ шуд. Оё дар ин

давра хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар мамлакат муайян гардидаанд? Бо мақсади муаррифӣ ва таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ кормандони Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак, Шаҳринав, Файзобод, Рашт, Айнӣ, Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафеддараи ноҳияи Варзоб, мавзеъҳои Ромиту Канаски шаҳри Ваҳдат боздид намуданд. Дар натиҷа беш аз 20 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия гардид. Тибқи назарсанҷии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун кишвари амнтарини ҷаҳон ва дорои имконияти бузурги сайёҳӣ эътироф гардидааст. Ин натиҷагирӣ дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат чӣ замина мегузорад? Тоҷикистон кишвари маҳбуб ва ҷолиби диққати дӯстдорони сайру саёҳати ҷаҳониён гашта, дар замони соҳибистиқлолӣ дар минтақа мувофиқи иттилои шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст: - Маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон кард; - шабакаи иҷтимоии “Глоб Спотс” (“Globe Spots”) Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додааст; - нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic” шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуд; - маҷаллаи Топ – 100, куҳҳои Помирро ба руйхати мавзеъҳои ҷолиб дохил намуд; - Нашрияи “The Independent” пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанберо ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф намуд; - аз рӯи таҳлилҳои омори расмии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки сайёҳии он дар ҳоли рушд қарор дорад;

- Маҷаллаи сайёҳии бритонии “Wanderlust” Тоҷикистонро аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводид аз ҷумла, навъи сайёҳӣ дар руйхати панҷ кишвари пешсафи ҷаҳон дар мавқеи чорум ҷой додааст; - Тоҷикистон дар раддабандии Ташкилоти байналмилалии «British Backpacker Society» аз рӯи имкониятҳои саёҳати саргузаштӣ ва пиёдагардӣ ба даҳгонаи аввали кишварҳои беҳтарини ҷаҳон шомил шуда, мавқеи 7-умро ишғол намуд. - Департаменти давлатии ШМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст. Бояд қайд кард, ки дар манбаъҳои гуногуни иттилоотии сатҳи ҷаҳонӣ мусбат муаррифӣ шудани имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, дар оянда барои ташрифи гурӯҳҳои нави сайёҳӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард. Мавриди зикр аст, ки татбиқи як қатор ислоҳоти амалишудаистода дар бахши сайёҳӣ, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардиданд, аз ҷумла ҷорӣ намудани тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 11 кишвари ҷаҳон, дар тули панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳидаи давлатӣ дар бахши сайёҳӣ, татбиқи Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият доданд, ки боздиди сайёҳон дар соли 2017, 24,9% зиёд гардид. Ҷуғрофияи ташрифоти сайёҳони хориҷӣ низ ба ҷумҳурӣ васеъ гашта, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 146 давлат дар соли 2017 расид. Татбиқи самараноки тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати муаррифии шоистаи кишвар, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардидани асъори хориҷӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат заминаи мусоид фароҳам меорад. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


28 | ТАНЗИМИ ЗАМИН

Асосҳои ҳуқуқии таъсис ва ташаккули мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳои вобаста ба замин А.Ш.Азимзода

“Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҷиҳати баромадан аз буҳрони иқти-

содӣ зарурати гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин ба миён омад. Пеш аз ҳама барои амалӣ намудани вазифаҳои мазкур заминаи ҳуқуқӣ бунёд намудан зарур буд. Аввалин қонунҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ муносибатҳои заминистифодабариро тағйир доданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» [1] ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» [2] буданд, ки 5 марти соли 1992 қабул гардиданд. Бо қабули қонунҳои мазкур марҳилаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти замин, ки ба ҳам зич алоқаманд буданд, оғоз гардида, шаклҳои мухталифи заминистифодабарӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Б

аъдан бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) [3], Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (КЗ ҶТ) (13 декабри соли 1996) [4] ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ислоҳоти замин суръати тоза бахшида шуд. Агарчӣ тибқи талаботи м.12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ шаклҳои мухталифи моликият иҷозат дода шуда бошад ҳам, аммо асоси конститутсионии муносибат ба замин ин моликияти истисноии давлат будани замин мебошад (м.13 Конститутсияи ҶТ), ки меъёри мазкур инчунин дар КЗ ҶТ (м.2) ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (КГ ҶТ) (м.239) [5] мустаҳкам карда шудааст. Меъёрҳои ҳуқуқи замин дар КЗ ҶТ ҳамчун қонуни асосии замин ҷамъ оварда шуда, дар асос ва ҷиҳати иҷрои онҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуданд. Яке аз чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар пешрафти фаъолияти заминсозии ҷумҳурӣ нақши муҳимро бозид, ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1996 №522 «Дар бораи таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ» мебошад. Тибқи талаботи Фармони мазкур сохтори ташкилоту корхонаҳои

САРЗАМИН | январ-март | 2018

кишоварзӣ таҷдид шуда, дар заминаи онҳо асосан хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карда шуданд. Ҳамзамон тибқи Фармони зикргардида мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин (Кумитаи заминсозӣ ва захираҳои замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) таъсис дода шуд. Дар як фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора шудани таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ ва таъсиси мақомоти заминсозии ҷумҳурӣ ин гувоҳӣ он аст, ки дар ҳамон марҳила мақомоти заминсозии ҷумҳурӣ маҳз барои ислоҳоти замин нигаронида шуда буд. Баъдан соли 2001 Кумитаи заминсозӣ ва захираҳои замини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12 соли 2006 №613 дар заминаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Агарчӣ вазъи ҳуқуқии мақомоти заминсозӣ нисбатан паст карда шуда бошад ҳам, аввалин маротиба

мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ якҷо карда шуд, ки ин қадаме ба пеш буд, зеро корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ мазмунан ба ҳамдигар алоқаманданд ва бештар як раванди пайдарҳамии томро ифода менамоянд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.05 соли 2010 №225 сатҳи мақомоти заминсозӣ ва геодезӣ баланд бардошта шуда, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва соли 2013 ҳамчун Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд. Агарчӣ дар дар даврони Истиқлолияти давлатии кишвар дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуда, бошанд ҳам, ба ин нигоҳ накарда, мақомоти заминсозӣ ҳамчун яке аз ҷузъи Ҳукумати ҶТ новобаста аз тағйирёбии вазъи ҳуқуқии он, ҳамчун субъекти мустақили сохтор устувор монд. Бо якҷояшавии мақомоти заминсозӣ ва мақомоти геодезӣ (соли 2006) як сохтори мукаммали идоракунии заминсозӣ ва геодезӣ дар ҷумҳурӣ ташкил карда шуд. Инчунин дар сохтори мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории


ТАНЗИМИ ЗАМИН | 29 муносибатҳои вобаста ба замин таъсис додани Корхонаи воҳиди давлати «Бақайдгирии молумулки ғайриманқул» бо корхонаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳуқуқии мақомот боз ҳам баланд гардид. Боиси зикр аст, ки чунин сохтор мислаш қариб дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ дида намешавад, зеро тамоми функсияҳои идоракунии давлатии замин амсоли корҳои заминсозӣ, гузаронидани кадастри давлатии замин, мониторинги замин, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, инчунин сиёсати идоракунӣ ва амалӣ намудани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, корҳои геодезӣ ва харитасозӣ зери сохтори як мақомот - Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ мебошанд. Дар Федаратсияи Россия Хадамоти давлатии бақайдгирии давлатӣ, кадастр ва харитасозӣ (дар тобеияти Вазорати рушди иқтисод), ки тибқи Фармони Президенти ФР аз 25.12 соли 2008 №1847 таъсис дода шудааст, вазифаҳои ташкили системаи ягонаи кадастри давлатии баҳисобгирии молу мулки ғайриманқул, бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул ва аҳдҳо бо он, инчунин зерсохтори маълумоти маконии ФР амалӣ менамояд. Дар навбати худ масъалаҳои идоракунӣ ва батанзимдарории ҳуқуқии заминҳои кишоварзӣ ба зиммаи Вазорати кишоварзии ФР вогузор карда шудааст[6]. Ё худ дар Ҷумҳурии Қирғизистон мақомоти бақайдгирӣ аз заминсозӣ ва геодезӣ ҷудо мебошад, ки чунин ҳолат дар дигар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ мушоҳида карда мешавад. Боиси тазаккур аст, ки мақомоти заминсозии ҷумҳурӣ дар давоми фаъолияти худ корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла таҷдиди сохтори ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаи «Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин», ки мақомот агентии иҷроияи он буд, гузаронида шуда, дар қаламрави ҷумҳурӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис дода шуданд. Бо кӯмаки молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин ба миқдори зиёда аз 120 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ таъсис дода шуданд. Хоҷагиҳои деҳқонии зикргардида ройгон ташкил карда шуданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар мебошад. Ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияи муосир дар самти гузаронидани корҳои заминсозӣ, кадастри давлатии замин, геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул корҳои зерин амалӣ карда шудааст. Аз ҷумла ба қаламрави

ҷумҳурӣ таҷҳизотҳои ҳозиразамони геодезӣ ва фотограмметрӣ ворид карда шуданд, ки онҳо имконият медиҳанд, мақомот функсияҳои худро дар асоси технологияи ҳозиразамон амалӣ намояд. Тури геодезии радифии WGS-84 (системаи координатаи ғайримахфӣ) сохта шуда, бо истифода аз он аксҳои кайҳонӣ дар масоҳати зиёда аз сеяки қаламрави ҷумҳурӣ коркард карда шуда, харитаҳои рақамӣ тайёр карда шуданд. Дар 7 минтақаи ҷумҳурӣ шабакаҳои доимоамалкунандаи GPS таъсис дода шуданд, ки амсолаш дар дигар давлатҳои пасошӯравӣ мушоҳида карда намешавад ва истифодаи онҳо имкон медиҳад, ки маблағ ва вақт сарфа карда шаванд. Сиёсати муносибат ба истифодабарии замин, гузаронидани корҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа (асосан лоиҳаҳо), ки мутааллиқ ба идоракунии давлатӣ мебошанд, ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибат вобаста ба замин вогузор карда шудааст. Барои самаранок ба роҳ мондани функсияҳои давлатии мақомот, мақомоти маҳаллии он ва корхонаҳои зерсохтори он заминаи ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Вобаста ба фаъолияти мақомот ва батанзимдарории муносибатҳои заминистифодабарӣ қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба соҳа қабул гардиданд, аммо дар баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ихтилофот ва норасоиҳои ҳуқуқӣ то ҳол боқӣ монданд. Дар қонуни асосии замин – Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон (КЗ ҶТ) номукаммалии ҳуқуқӣ ҷой дорад. Масалан, тибқи тағйироту иловаҳое, ки 1 августи соли 2012 ба КЗ ҶТ ворид гардидааст, китъаи замин объекти муносибатҳои гражданӣ дониста шудааст, аммо аз қабули қонуни мазкур зиёда аз 5 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, санади зерқонунӣ оид ба механизми амалӣ намудани он қабул карда нашудааст. Яъне то ҳол тағйироти воридгардида амалӣ нагардидааст ва меъёри зикргардида ҳамчун характери меъёри декларативиро гирифтааст. Дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ низ камбудиҳо ҷой доранд. Гарчанде Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» 15 марти соли 2016 маротибаи чорум дар таҳрири нав қабул карда шуда бошад ҳам, вале ҳоло ҳам норасоӣ ва ихтилофоти ҳуқуқӣ махсусан дар қисми ҳуқуқи замин боқӣ мондааст. Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.11 соли 2007 №570 «Қоидаҳои тартиби гузаронидани қитъаҳои замин аз як гурӯҳ ба дигар гурӯҳ» қабул карда шудааст, аммо меъёрҳои он танҳо ба як гурӯҳи замин, гурӯҳи заминҳои таъиноти

кишоварзӣ нигаронида шудаанд. Ба ҳамин монанд дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки меъёрҳои ҳуқуқи замин ҷой доранд, камбудиҳо мушоҳида карда мешаванд. Барои рушди соҳа ва самаранок фаъолият намудани мақомоти ваколатдори ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии он чораҳои зеринро амалӣ намудан зарур аст: - қабул намудани Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав; - бинобар гум кардани моҳияти худ бекор намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» аз 5 03 соли 1992; - зери таҷдиди назар қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» аз 8.12 соли 2003; -ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 15.03 соли 2016 дар қисми меъёри ҳуқуқи замин; - баррасии тартиби аз як гурӯх ба дигар гурӯҳ гузаронидани қитъаҳои замин дар таҳрири нав ; - ҷорӣ намудани технологияи муосир зимни гузаронидани корҳои заминсозӣ, кадастри давлатии замин, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, геодезӣ ва харитасозӣ ҳамчун самти афзалиятноки соҳа; - таҳия ва қабули Консепсияи Зерсохтори маълумоти маконии миллӣ (ИПД). Адабиётҳо 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти замин» аз 5.03.1992 // Ахбори Шӯрои Олии ҶТ, 1992, №10, м.139. 2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» аз 5.03.1992 // Ахбори Шӯрои Олии ҶТ, 1992, №8, м.112. 3. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.11.1994. 4. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2006// Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ,1996, №23, м.381. 5. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон.қ.1. аз 30.06.1999// Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ, 1999, №6. 6. Ҳуқуқи замин. Бо савол ва ҷавоб. Зери таҳрири С.А.Боголюбов. М.2016. С.104106. 7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» 15 марти соли 2016// Махзани мутамаркази иттилоотии ҳуқуқии «Адлия» Вазорати адлияи ҶТ. www.adlia.tj

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


30 | ҶАШНИ ҶАМШЕДӢ

Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» Шаҳбозов Шаҳбоз, директор

Ҳавопаймои бесарнишини senseFlyeBeePlus Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» яке аз зерсохторҳои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо истифодаи таҷҳизоти муосир ва барномаҳои гуногуни компютерӣ ба дастовардҳои назарраси соҳавӣ, аз ҷумла истеҳсол ва таҳияи харитаҳои рақамии ҷавобгӯй ба талаботи ҷаҳони муосир ноил гаштааст. Қурбонзода Фотеҳ, Коркарди маводҳои аксбардории кайҳонӣ, тайёр насармуҳандис мудани ортофотопланҳои рақамӣ, усули нави азрамзбарорӣ, тайёр намудани харитаҳои рақамӣ, такмил додани тури радифии геодезӣ дар системаи умумиҷаҳонии WGS-84 ва дигар барномаҳои махсус, фаъолияти назаррас дорад. Дар ҳамин замина ва боло бурдани сатҳи дониши кормандон ва мутобиқ сохтани фаъолият ба стандартҳои байналмилалӣ институт бо шарикони хориҷӣ низ фаъолияти густурдаро ба роҳ мондааст. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо ва талоши мутахассисон буд, ки лоиҳаи омоданамудаи Институти лоиҳакашию тадқиқотии «Фазо» дар озмунҳои байналмилалие, ки соли 2010 дар шаҳри Москва, соли 2012 дар шаҳри Вашингтон ва соли 2015 дар Париж баргузор гардиданд ғолибият ба даст оварда, обрӯю эътибори соҳаи мазкурро дар миқёси ҷаҳон ба таври мусбат муаррифӣ намуданд.

САРЗАМИН | январ-март | 2018

Тел: (+992 37) 2334377, 2334378 E-mail: info@fazo.tj www.fazo.tj


МУНОСИБАТИ ОҚИЛОНА | 31

Кафолати истифодаи замин

Абдулҳафиз Одиназода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Ҳакимҷон Ҳабибов, муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон

Ҷӯрахон Муҳаммадаминзода Сафар Раҳимов, раиси Кумитаи идораи муовини раиси замини ноҳияи Дӯстӣ Кумитаи идораи замини

Ҷамшед Саидов, муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Вахш

Масъулину кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, вазифаҳои оинномавӣ ва нишондодҳои барномавии Паёми солонаи Пешвои миллат фаъолияти марбути бахши заминсозиро дар маҳал ба роҳ мондаанд. Ҳамзамон дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои вилояти Хатлон масъулин корҳои назоративу санҷиширо роҳандозӣ намудаанд. Истифодаи самараноки ҳар қитъаи

вилояти Хатлон

замин, назорати аз рӯйи таъинот истифода намудани заминҳои ҳудуди вилояти Хатлон, пешгирии қонуншиканӣ дар соҳа, бунёди боғу токзори нав, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, пешгирии шӯршавию ботолқшавии заминҳо аз ҷумлаи фаъолияти ҳамарӯзаи кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва мақомоти он дар ноҳияҳои вилоят мебошад. Бо ин мақсад гурӯҳҳои махсуси корӣ дар вилоят фаъолияти пайвастаю муназзамро ба роҳ мондаанд. Ҳамин аст, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта масоҳати заминҳои бекорхобида камтар гардида, ба ин восита дар доираи самараноку оқилона истифода намудани ҳар қитъа замин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд гардидааст. Дар асоси нақшачорабиниҳо давоми 3 соли оянда бояд дар қаламрави кишвар заминҳои холимонда пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шавад. Дар ин самт кормандони кумитаҳои идораи замини ноҳияҳои вилоят тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, нақша доранд, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкориро мустаҳкам намоянд.

Зеро дар шароити деҳоти кишвар истифодаи самараноку оқилонаи замин манбаи асоси даромади сокинон мебошад. Ҳамин аст, ки сол то сол маданияти истифодабарии замин дар деҳоти вилоят хеле беҳтар гардида, аз як қитъа дар 1 сол хоҷагидорону кишоварзон то 2-3 ҳосил ба даст меоранд. Таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои сокинони ниёзманд дар доиари қарорҳои марбутаи раисони ноҳияҳо аз бахшҳои дигари фаъолияти кормандони кумитаҳои идораи замин ба ҳисоб меравад. Дар ин самт низ корҳо дар ҳудуди вилоят дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва қонуншиканиҳо миёни кормандон пайваста корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. То ки дар самти тақсимоти замини корами обӣ ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Дар маҷмуъ фаъолияти мутахассисони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон ва ноҳияҳои он дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷоми босамари корҳои соҳавӣ нигаронида шудааст. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


32 | ИСЛОҲОТИ ЗАМИН

САРЗАМИН | январ-март | 2018

Рассом: Ваҳҳобзода Меҳроҷ, хонандаи синфи 11, Гимназияи «Сафина»-и ноҳияи Б.Ғафуров


БАДАХШОН | 33

САРЗАМИНИ КАМЗАМИН Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93 фисади онро кӯҳсор ва ҳамагӣ 7 дарсади онро заминҳои ҳамвору водӣ ташкил медиҳад, истифодаи самараноки ҳар қитъа замин аз хоҷагидорону масъулини соҳа ва шаҳрвандони кишвар маданияти баланди истифодабарии заминро тақозо менамояд. Чунин тадбир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бояд бо масъулияти дучанд анҷом дода шавад. Зеро ин минтақаи кишвар кӯҳистон буда, заминҳои киштшавандаву барои таъиноти кишоварзӣ пешбинӣ гардида хеле каму маҳдуд аст. Аз ин рӯ роҳбарияту кормандони Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талош менамоянд, ки барои дар доираи таъинот истифода гардидани ҳар қитъа замини зархези диёр имкониятҳои мавҷударо васеъ

истифода намоянд. «Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо ҷалби соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба роҳ мондани усулҳои интенсивии истеҳсолоти кишоварзӣ, пурра ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои боир, махсусан, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин чораҷӯӣ намоянд» омадааст дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикист муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар. Бо ин мақсад дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мақомоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар маҳал тадбирҳои иловагиро

Диловар Насруллобеков, раиси Кумитаи идораи замини ВМКБ амалӣ намуда, талош доранд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дигари дахлдор барои оқилона истифода намудани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, кушодани майдони заминҳои нав тавассути обёрӣ ва тадбирҳои дигари агротехникиву гидротехникӣ, инчунин бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳо баҳри иҷрои вазифагузориҳои Паёми солонаи Пешови миллат мусоидат намоянд. Таъмини соҳибмулкон бо Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, омодасозии парвандаҳои заминсозӣ, ҳуҷҷатгузории қитъаи замин дар иншооти гуногунтаъиноти вилоят аз вазифаҳои дигари кормандони Кумитаи идораи замини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он мебошад. Дар ин бахши фаъолият низ бо эҳсоси масъулияти ба зимадоша мутахассисон корҳоро роҳандозӣ намудаанд. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


34 | СОҲИБМАҚОМ

Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст Каримзода Раъно Бобо Соли 1988 Мудири шуъбаи қабули Иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон; Солҳои 1990 - 1991, Ҳуқуқшиноси Иттифоқҳои касабаи вилояти Қурғонтеппа; Соли 1993 - инструктори Шуъбаи ҳуқуқи Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилояти Қурғонтеппа; Солҳои 1993 - 1999, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати вилояти Хатлон; Солҳои 1999 -2000, муовини аввали Раиси Ҳукумати шаҳри Кӯлоб; Солҳои 2000 -2005, раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон; Солҳои 2005 – 2010, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Аз феврали соли 2013, сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 24 августи соли 2017 ба номбурда рутбаи мушовири давлатии адлия, дараҷаи 3 дода шудааст. Каримзода Раъно Бобо, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Аз овони наврасӣ орзӯи ҳуқуқшинос шуданро дар дил мепарварид. Баъд аз чанд соли хатми Донишгоҳ ва фаъолияти назаррас дар сохторҳои гуногуни кишвар, оғози солҳои 1990-ум ӯро ба вазифаи раиси Кумитаи занҳои вилояти Хатлон, таъйин карданд. Раъно Каримзода ҳамон айёми ҷавониҳо низ бо чаққониву кордониаш ҳамаро ба ҳайрат меовард. Ҳамагон хеле хушҳол буданд, ки ин зани ҷавону зебо ва коршиносу хушмуомила сарварии занони як вилоятро бар дӯш гирифтааст. Тамоми занҳо ӯро дӯст медоштанду эҳтиромашро ба ҷо меоварданд. Ӯ бо ҳама самимӣ буд. Раъно Каримзода ҳини суҳбат бо мо гуфт, ки аз рӯзи аввали мустақилона ба кор шуруъ кардананам як мафҳуми хеле муҳиму пурмаъно дар зеҳнам чарх мезад, ки ин вожаи масъулият буд. Дар иҷрои тамоми кору вазифаҳо дар назди худ ҳадаф мегузоштам, ки бояд аз уҳдаи масъулияти бар дӯшам боргашта сарбаландона бароям, чунки ба ман бовар карда онро вогузор намуда буданд. Ва мехоҳам қайд намоям, ки дар ҳама САРЗАМИН | январ-март | 2018

ҳолат идеали роҳнамоям ҳамчун зан, устод Низорамоҳ Зарипова буданд. Мехостам ба он кас монанд бошаму мушкилнописанд шавам. Ҳамеша дар ҳалли тамоми масоил истодагарӣ менамудам, то замони бартараф гаштани пурраи ҳар як мушкилӣ. Барои ҷавонони имрӯза низ доштани ҳамин гуна идеалҳоро хеле зарур мешуморам. Дар танҳоӣ ва худхоҳона амал намудан инсонро ба қуллаҳои муваффақият намерасонад. Аввали солҳои ба вазифа таъйин гаштанам, ки ба давраи барои Тоҷикистони азиз душвор тавъам омада буд, бо ба вуҷуд омадани мушкилиҳои сиёсӣ ва нобасомониҳо дар кишвар қисми бештари мардум ба ҳар ҷониби берун аз марз фирор мекарданд. Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он замони пуршӯру шар, бо мақсади ба ҳамватанонамон фаҳмонидани вазъ суҳбатҳо доир намудан, дар ҳамон гуна ҳолати хатарзо якчанд маротиба бо ҳамроҳии гурӯҳи занҳои фаъоли Тоҷикистон ба минтақаҳои ҳамсарҳад сафар карда

будем. Кӯшиш менамудем, ки мардум баргарданду дар сарзамини падарии худашон пайи ободии хонаву дар ва Ватани азиз бошанд. Ҳамон замон фақат масъулияти баланди доштаамонро эҳсос менамудему тамом, зан ё мард будан дигар фаромӯшамон шуда буд. Рисолати инсониву фардӣ ҷойгузини ҳама гуна эҳсосҳои дигар гашта буд. - Вақте ки бо тавсия ва фармони Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳайси раиси ноҳияи Муъминобод таъйин гаштам, як ҳарфи он кас пайваста дар гӯшам садо медод ва маро як нерӯи беҳадду андоза мебахшид. Он кас гуфта буданд, ки: “Боварӣ дорам, метавонӣ аз уҳдаи кор бароӣ, аз пайи иҷрои вазифа шав ва нишон деҳ, ки занони тоҷик дар иҷрои бештари кору вазифаҳои ҷиддӣ чи қудрате доранд.” Ва тули чандин соли фаъолияти кориям, ҳар гоҳ, ки каме хастагиро эҳсос мекардам, ин гуфтаҳо ҳамон ҳолат дар гӯшам садо медоданду нерӯи тоза вуҷудамро фаро мегирифт, гӯё қоматам рост мешуд ва боз аз паи иҷрои кор мешудам. Бале, гоҳо нерӯ ва қудрати як сухани шахсиятҳои маъруф метавонад инсонҳоро то ба охири марра бо сарбаландӣ расонад. Он айёме, ки Раъно Каримзода ба вазифаи раиси ноҳияи Муъминобод таъйин гашта буд, барояш давраи санҷишҳои бузург маҳсуб меёфт. Ҳалли тамоми масоили мавҷударо дар ноҳия мардум акнун аз ӯ умедвор буданд. Барои бартараф намудани тамоми мушкилот дари ӯро мекӯфтанд. Барои як зани ҷавони дар шаҳр бавоярасидаву тарбиягирифта, дар шароити кӯҳистон кор кардан хеле душвор менамуд. Аммо ӯ аз уҳдаи ин кор ҳам ба хубӣ мебаромад. Муъминобод барояш давраи мисли фӯлод обутобёбӣ ва мактаби бузурги таҷрибаи роҳбарӣ гашт. Дар шароити кӯҳистон ӯ нахустин маротиба дар заминҳои лалмӣ парвариш намудани тухмии картошкаро ба роҳ монд.


СОҲИБМАҚОМ | 35 Зан- модар муҳимтарин шахс дар сарнавишти инсон маҳсуб меёбад. Ӯ ба мо ҳаёт мебахшад ва на танҳо дар айёми кӯдакӣ, балки тамоми умр моро ғамхорӣ менамояд. Вақте ки модари худро ба пуррагӣ мешиносӣ, мехоҳӣ ба ҳама хушҳолӣ ато намоӣ, ғамхориҳои шаборӯзии ӯро эҳсос карда, худ низ бар наздикон ва дигарон накӯкориҳои беандозае ҳадя намудан, ба ҳама хурсандӣ тӯҳфа кардан ва дунёро зебу зиннати беназире ато сохтан мехоҳӣ. Ин мафҳум тавъам гардидааст ба маъноҳое чун муҳаббат, зебоӣ, ғамхорӣ, меҳрубонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, хушҳолӣ ва ғайраву ҳоказоҳои дигар. Феҳристи накӯкориҳо ва диловариҳои модарро метавон то ба беохир идома дод.... Дар он талу теппаҳое, ки ба чарогоҳи чорвои мардум табдил гашта буданду солҳои дароз аз онҳо фоидаи дигаре ба даст намеомад. Кишт ва парвариши картошка дар он айём дар заминҳои наздиҳавлигӣ низ бештар ба роҳ монда мешуд. Ҳамсуҳбати мо то ҳанӯз ҳам дар ҳофизаи худ ҷо додааст, ки он замон дар ноҳияи номбурда чи қадар сар чорвои калони шохдору майда буду чи қадар шумораи мурғу чанд адад дарахти тут ва ғайраву ҳоказоҳо. Тамоми ин шумораҳоро бо далелу рақамҳои аниқ, бе истифодаи коғазу дафтар ба ёд меовард. Мо ҳоло аз пешниҳоди он далелу арқом худдорӣ мекунем, вале ҳини суҳбат бо ӯ бори дигар қоил гаштем, ки воқеан ҳам Раъно Каримзода- ин зани чашмикордон дар умқи тамоми масъалаҳои шаҳру ноҳияҳои фаъолиятнамудааш фурӯ рафта, то ба ҳанӯз ҳам ҳар шабу рӯзи он айёми барояш хеле муҳимро дар хотир дорад. Аслан бештари занони соҳибвазифаро барои рушди кору фаъолият муттако ва нерӯдиҳанда аҳли хонаводаашон мешаванд. Агар оилаи зан осуда бошад, кор ҳам бобарор мегардад Аммо дар ҳамин давраҳои пурхурӯши кору ташвишҳои беандозаи касбӣ, ҳамсари меҳрубон ва муттакои қалби Раъно Каримзода аз олам даргузашт. Дигар ҳам масъулияти касбӣ ва ҳам тарбияи фарзандон бар дӯши худи ӯ монда буду тамом. Фарзандакони наврас бошанд фақат таваҷҷуҳи хоса ва меҳрубонии модарро мехостанд. Аммо қаҳрамони мо худ иқрор мешавад, ки барои ӯ дар мадди аввал ҳама вақт

иҷрои вазифаҳои муҳими роҳбариву ҷамъиятӣ меистод. - Ростӣ намедонам, тамоми вазифаҳои модаронаву ҳам падаронаро барои фарзандонам иҷро карда тавонистам ё на. Чунки вақти холӣ бароям хеле кам буд, дар муҳити хонавода ҳам доим фикри вазифаҳои касбии дар наздам гузошташударо мекардам, аммо кӯшиш мекардам, ки ҳама корҳои аз дастам меомадаро барои азизонам иҷро намоям. Барои ман муҳим он буд, ки фарзандонам сиҳату саломат ва таҳсилдидаву соҳибкасб бошанд, шукр мегӯям, ки ба ин мақсади модаронаи худ имрӯз расидаам. - Мегӯяд ҳамсуҳбати мо Раъно Каримзода. Агар аз даврони вакили мардумӣ дар Парлумони кишвар будани қаҳрамонамон (солҳои 2005-2010) муфассал қисса кунем, сухан ба дарозо мекашад, вале ногуфта намонад, ки дар ин давра ҳам ӯро зиёд миёни мардум медиданд: - Бо интихобкунандагонам зуд зуд вохӯриҳо доир менамудем, ба масъалаҳои мухталифи рӯзгорашон пайваста ошно мегаштам ва аз муваффақиятҳояшон руҳбаланд мегаштам, вакил дар ҳама ҳолат намояндаи мардум аст ва инро ҳеҷ гоҳ бояд фаромӯш накунад. Имрӯз Генерал-Майёри Адлия- Каримзода Раъно, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси сардори Раёсати бақайдгирии давлатии ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ содиқона фаъолият дорад. Бо доштани таҷрибаи сиёсиву ҷамъиятии худ шогирдони зиёдеро

низ тарбия менамояд. Ӯ андеша дорад, ки мутахассисони собиқадор бояд таҷрибаи андӯхта ва донишҳои азхуднамудаашонро ҳамеша ба ҷавонон омӯзанд. Агар дар рӯзгори хонаводагӣ идомадиҳандаи номи ҳар як инсон фарзандони ӯ бошанд, дар пешаи интихобкарда ё касб маҳз шогирдон давомдиҳандаи пайкор ва зиндадорандаи номи ӯ ҳастанд. - Аз бархе мутахассисоне, ки нозукиҳои касби худро ба ҷавонон намеомӯзанд, дар ҳайрат меафтам. Дониш ё таҷриба бояд мондагор бошад, онро мо ҳуқуқ надорем, бо худ ҷое бубарем. Замоне мо ба пирӣ мерасем, аммо илм ва ихтисос ҳеҷ гоҳ пир намешавад. Он бояд дар зеҳни дигарон пойдор монад. Аз ин хотир, бояд маҳсули тафаккури солими хешро ба зеҳни дигарон интиқол бидиҳем. - Мегӯяд, Каримзода Раъно. Қаҳрамони мо инчунин дилбастаи каломи бадеъ ва шефтаи осори ниёгон аст, гоҳе ки зеҳнаш бастаи илҳом мегардад ба васфи Тоҷикистони азизу зебоиҳои он, ки бо чашми қалб мебинаду бо набзи ҷон эҳсос менамояд, шеър мегӯяд. Кӯшиш дорад, имсол маҷмӯаи ашъорашро ба табъ расонад. Мо бошем дар ин ҷодаи пуршараф барояш барору комёбӣ хоста таманно мекунем, ки ҳамеша бо ифтихори беандозаву ҳисси баланди ватандӯстӣ вассофи шарафманди ин сарзамин бошанд. Моҳсафар Яҳёзод январ-март | 2018 | САРЗАМИН


36 | ҶАШНИ САДА

Суҳбати рӯ ба рӯ Ба андешаи бостоншиносону таърихнигорон, калимаи Сада аз рақами 100 гирифта шуда, 100 рӯз мондан ба Наврӯзро ифода мекунад. Аз он, ки дар гузашта аҷдодони мо рӯзу шабро дар алоҳидагӣ ҳисоб мекарданд, дар ҳоли ҳозир он ба 50 шабу 50 рӯз мондан то ҷашни Наврӯз баробар меояд. Ин адешаро Абӯрайҳони Берунӣ дар асараш «Ат-тафҳим» тасдиқ кардааст. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осорул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистон (-и бузург)-ро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. Мегуфтед, ки зарурат аз таҷлили ин ҷашни бостонӣ дар чист ва ин ҷашнро гузаштагони мо ба чӣ хотир таҷлил менамуданд? Маҳз Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳёи расму анъанаҳои миллӣ, ки солҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, ба худшиносӣ ва омӯзиши таъриху фарҳанги бою ғании миллати тоҷик мусоидат менамоянд, инчунин ба шинохти бештар аз миллати тамаддунсоз мавриди амал қарор гирифтааст. Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониҳои худ аз фарҳанги кӯҳани миллати тоҷик ёдовар мешаванд ва сокинонро ба эҳтиромгузорӣ ба расму оинҳои миллӣ ва дур будан аз фарҳанги бегона таблиғ менамоянд. Ҷашни Сада низ, ки яке аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод, махсусан тоҷикон аст, ки аҳолиро ба худшиносию арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ талқин менамояд. Аҳамияти таҷлили ин ҷашнро таърихнигорону бостоншиносон хеле ҳам дақиқу равшан дар асарҳои худ баён доштаанд. Намунаашонро низ қабл аз оғози суҳбат шумо қайд кардед. Вале ба андешаи ман ин ҷашн як навъ муборизаи некӣ бар бадӣ, ғолибияти нур бар зулмот аст. Чун дар рӯзи ҷашни Сада рӯзҳо ба сӯи гармӣ майл намуда, табиат ба рустану шукуфтан оғоз мекунад. Чун Сада мужда аз Наврӯз САРЗАМИН | январ-март | 2018

мерасонад назди ниёгони мо бо суннату анъанаҳояш ҷойгоҳи хосе дошт. Аз ҷумла яке аз суннатҳои ин ҷашн афрӯхтани оташ дар шаби баргузории ин ҷашн аст, ки нишон аз рӯ ба гармӣ овардани табиат аст. Мехостам дар хусуси расму оинҳои хоси ин ҷашн рушанӣ андозед? Аз таҳлилҳо чунин бармеояд, ки ҷашни Сада аксаран дар қаламрави шоҳони ориёӣ шабҳангом сурат гирифта, дар ҳар манзилу кӯю кӯча бо ҷамъомади ҷавонон, суҳбати мардони рӯзгордида, бо нишоту шодмонӣ баргузор мегардид. Муҳимтарин нишони он оташафрӯзӣ ва равшан гардондани зулмати шаб арзёбӣ карда мешавад. Аз нуктаҳои боло пайдост, ки ҷашни мазкур наздик шудани фасли баҳор ва омода шудан ба коркарди замин барои киштукор, ҳамчунин мужда ва огоҳӣ аз сипарӣ шудани зимистону сармо ва фаро расидани Наврӯз башорат медиҳад. Бинобар ин мардум дар ҷашни Сада дар маҳалҳои махсус гулхан меафрӯхтанд. Тибқи иттилои маъхазҳои таърихӣ, дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид. Аслан Ҷашни Сада ба монанди ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ робита доранд. Ба ҳамин тартиб, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ асос мегирад аз кашфиёте, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеаи башарӣ аст,

Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба илмҳои кишоварзӣ ва ғайра. Дар ин хусус чи назар доред? Бале тавре иброз доштед Ҷашни Сада сирф ҷашни миллӣ буда, ба ҳеч қавму дин иртибот надорад. Тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буданд, асосан бо меҳнату заҳмати хеш маводи ғизоӣ ба даст меоварданд. Аз ин рӯ аввалин тарғибкунандагони ин иди аҷдодӣ онҳо мебошанд. Баъди ҷашни иди Меҳргон ва ҷамъоварӣ намудани маҳсули кори яксола кишоварзон дар фасли тирамоҳ, бо гузаштани 90-100 рӯз боз ба корҳои саҳроӣ камар мебанданд. Аз ин лиҳоз иди Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзист. Ба маънои дигар, афрӯхтани оташ дар маҳал ва дар гирди он рақсу бозӣ намудан маънои онро дошт, ки баъди сардиву карахтии фасли зимистон, мебояд боз ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯй овард. Аз рӯйи иттилои гоҳшуморҳо, ҷашни Сада ба муносибати «аз хонаи зимистониаш убур намудани хуршед» ва ба баҳор майл кардани он ҷашн гирифта мешудааст. Аҷдодони мо солро ба ду бахш тақсим мекарданд: тобистони ҳафтмоҳа ва зимистони панҷмоҳа. Таҷлили ин ҷашн низ аҳамияти тақвимӣ дошта, рӯ ба гармӣ ниҳодани табиат ва омодагӣ ба кишту кори баҳориро шаҳодат медиҳад. Суҳбаторо Зоҳир Олимӣ


АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲО | 37

Заминҳои ташналаб сероб мегарданд Ҷамшед Умарзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Дар минтақаи Қизилӣ соли 1994 ва Сексарӣ соли 1982 пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳои обрасон барои обёрии ин мавзеъҳо ба истифода дода шуда буданд. 20 соли охир бо сабаби корношоям гаштани пойгоҳҳои обкашӣ ин заминҳо бо об таъмин намешуданд. Ҳамагӣ барои барқароркунии пойгоҳҳои обкашӣ ва каналҳои обрасонии минтақаи Қизилӣ 17352,2 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла барои барқароркунии каналҳои обрасонӣ 5277,2 ҳазор сомонӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ 12075 ҳазор сомонӣ маблағ лозим аст. Дар ҳолати пурра ба анҷом

расонидани корҳои ба нақшагирифташуда дар мавзеи Қизилӣ таъминоти оби полезии кишоварзони шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич беҳтар мегардад. Аз ҷумла дар шаҳри Истаравшан аз рӯи баҳисобгирии давлатии замин майдони умумии 5929, 9 гектар аз он 3299, 8 гектар корами обӣ мавҷуд буда, ҳолати обрасонӣ зиёда аз 1721 гектар беҳтар шуда, 716 гектар заминҳои фонди махсус ва 563 гектар заминҳои захираи давлатии ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд ва имконияти азхуд намудани 800 гектар заминҳо аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир пайдо мегардад. Дар ноҳияи Деваштич бошад, аз рӯи баҳисобгирии давлатии замин майдони умумии 3247 гектар, аз он 1176 гектар замини корами обӣ мавҷуд

буда, ҳолати обрасонии 1176 гектар беҳтар шуда ва имконияти азхуд намудани 200 гектар заминҳо аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир пайдо мегардад. Дар маҷмуъ дар мавзеи мазкур ҳолати обрасонии зиёда аз 2897 гектар беҳтар шуда, 716 гектар заминҳои фонди махсус ва 563 гектар заминҳои захираи давлатӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд. Бо обёрӣ намудани ин миқдор замин имконияти азхуд намудани 1000 гектар заминҳо аз ҳисоби замини корами лалмӣ, чарогоҳ ва боир пайдо мегардад. Дар маҷмуъ ҳолати обёрии 4000 гектар замин хуб гардида, зиёда аз 20 000 сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


38 | АЗХУДКУНИИ ЗАМИНҲО

МАҚСАДИ НАҶИБ

Назаралӣ Холов, сардори Раёсати баҳисобгирӣ, банақшагирӣ ва маблағгузории корҳо Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони мамлакат, барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои корами обӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии онҳо аз ҷониби Кумитаи давлатӣ ба Вазорати молия мактуб ва сметаи даромад ва хароҷот САРЗАМИН | январ-март | 2018

аз ҳисоби воридоти маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ барои мувофиқа пешниҳод карда шуда буд. Маблағҳои мазкур барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод, Б. Ғафуров, Ванҷ, Шуғнон, Файзобод, Ховалинг, Темурмалик ва Фархор ҷудо гардид. Бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои болозикр 2 800,0 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, бо ин маблағ бояд ҳолати мелиоративии 600 гектар замин беҳтар гардад. Аз тарафи Кумитаи давлатӣ вобаста ба иҷрои корҳо дар ин самт дар моҳи ноябри соли 2017 дархости тендерӣ пешниҳод карда шуд. Тибқи қарордод ва Протоколи ҷаласаи комиссияи тендерӣ барои иҷрои корҳо вобаста ба беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағи 677 086 сомонӣ пардохт шуда, 112 857 сомонӣ сарфаи маблағ ба буҷет ва 59 733 сомонӣ барои тайёр кардани харитаи электронӣ (тибқи

супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) пардохт гардид, ки айни ҳол корҳо дар ноҳияҳои ба нақша гирифташуда идома доранд. Дар соли 2018 тибқи қарордод ва протоколи ҷаласаи комиссияи тендерӣ бояд маблағи боқимонда аз рӯи санади корҳои иҷрошуда ба маблағи 1 251 789 сомонӣ ба суратҳисоби пудратчиён пардохт карда шавад. Ҳамзамон, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳисоб барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳу Темурмалик низ маблағи муайян равона карда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулот зиёд, бозорҳои истеъмолӣ фаровон ва сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гарданд.


МАСЪУЛИЯТШИНОС | 39

Беҳтарин заминсоз

Ташрифзода Мунаввар Саттор, аз июли соли 2016 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб кор мекунад. Соли 1987 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном хатм кардааст. Баъди паси сар гаштани муддате ва фаъолияти пурсамар дар сохторҳои мухталифи кишвар, солҳои 2002-2007 дар вазифаи сардори шуъбаи иттилоот ва корҳои аналитикии Кумитаи давлатии заминсозӣ кор кардааст. Солҳои 2007 то 2010 ӯ дар вазифаи сардори шуъбаи мониторинги Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҶТ фаъолият намудааст ва солҳои 2010 то 2016 раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ҳамадонӣ буд.

Замони нооромиҳои Ватан касе дар фикри кишт, истеҳсол ва истифодаи замин набуд. Зеро боварӣ надошт, ки самари донаи киштнамудаашро ҷамъоварӣ карда метавонад. Касе бовар кардан намехост, ки минбаъд дар заминҳои бекорхобида гандум кошта, онро орд намуда, ризқу рӯзии худу фарзандонро дарёфт кардан зарур меояд. Барои заминсоз назорат ва ба расмият даровардани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодаи замин хеле душвор буд. Бештари қисмати заминҳо бошанд, аз сабаби солҳои тӯлонӣ истифода набурдан, ба шӯразору дашту биёбон табдил ёфта буданд. Соли 1995 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 50 ҳазор гектар ва соли 1997 25 ҳазор гектар замин барои истеҳсоли маводи ғизоӣ ба аҳолии деҳот ҷудо карда шуд, ки мардумро аз гуруснагӣ наҷот бахшид. Зеро Сарвари хирадманди давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он айём ба хубӣ эҳсос намуда буданд, ки ягона роҳи наҷот-ин иртиботи қавии мардум бо замин аст. Корҳои фаҳмондадиҳиро бошад, миёни аҳолӣ бояд нозирони замин ба роҳ мемонданд. Фақат иродаи қавии роҳбар ва сабру матонати мардум тавонист, ки зиндагиро ба рабту низоми муайян дарорад. Зеро ягона сарчашмаи рӯзгузаронӣ дар шароити деҳот истифодаи босамари ҳар қитъа замин буд. Қаҳрамони мо дар он айём ҳамнафас ва маслиҳатгари мардуми деҳот буд ва зина ба зина дар соҳаи интихобнамудаи хеш боло мерафт, зеро аз истеҳсолот таҷрибаи хеле бой андӯхта буд. Соли 2002 ӯро сардори шуъбаи иттилоот ва корҳои аналитикии Кумитаи давлатии заминсозии ҶТ таъйин намуданд. Барои ба танзим даровардани муносибатҳои заминсозӣ ва

амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣПешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳа ва ба роҳ мондани ҳамаҷонибаи корҳои зарӯрӣ пайваста заҳмат мекашиданд. Ташрифзода Мунаввар Саттор ҳоло ҳам дар соҳа хеле дилсӯзона ва поквиҷдонона фаъолият дорад. Дар тули собиқи корӣ яке аз заминсозони намунавии соҳа ба шумор меравад ва сазовори чандин Ифтихорномаву Раҳматномаҳои роҳбарияти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштааст. Номбурда бо муваффақиятҳои то ба имрӯз ноилгашта қаноатманд нашуда, дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва огоҳии ҳуқуқии аҳолии минтақа ҳамеша саҳмгузор бошад. Қаҳрамони мо андеша дорад, ки имрӯз бояд мардумро аз роҳи даст доштан дар корҳои ғайриқонунии хариду фурӯши замин боздошт ва пеши роҳи ин гуна амалҳои номатлуб, аз қабили ғасби худсарона ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва саривақт ошкору бартараф гарданд. Мо вазифадорем, ки байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, маърифати ҳуқуқии заминистифодабарандагонро баландтар намоем, мегӯяд қаҳрамони мо Мунаввар Ташрифзода. Ба андешаи ин шахси масъулиятшинос кормандони соҳа бояд назоратро хеле ҷиддӣ ба роҳ монанд, то ин ки ҳар як қитъа замин аз рӯи таъйинот ва самараноку оқилона истифода шавад. Ҳамсуҳбати мо меафзояд, ки мутаассифона имрӯз ҳам дар соҳаи заминсозӣ норасоии мутахассисони ботаҷрибаю соҳибкасб мушоҳида мегардад. Бо ин шахси масъулиятшинос суҳбати сарироҳие доштем, аммо паҳлуҳои нокушодаи зиндагиномаи ӯ беканор аст. Дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ ба қаҳрамони хеш барор мехоҳем. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


40 | НАҚШИ ЗИНДАГИСОЗ

Зафар Мирзоён, Мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Наврӯзи кишоварзон

Тоҷикон тамаддуни кишоварзӣ ва рустоие доранд, ки обишхӯри замонаҳои дури фаротаърихӣ мебошад. Ҳамон гуна ки дар нахусткитоби ҷаҳониён «Авасто» ва «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ ба равшанӣ метавон дарёфт, нахустин деҳқонону деҳнишинон ва кишоварзону кишткунандагони гандум тоҷикон – эронитаборон буданд. Аз ин ҷост, ки ҷашнҳои бузургтарини тоҷикони бостон ба намоди такрори замон, бозомадани фаслҳои табиат, боззоии замин, гардишу тобиши офтоб, зиндашавии дубораи гиёҳу рустаниҳо пайваста мебошанд. Ҷашни Сада ба нерӯмандии офтоб, ҷашни Меҳргон ба баробарии тирамоҳии шабу рӯз, ҷамъоварии самари кишти замин ва ҷашни Наврӯз ба баробарии баҳории шабу рӯз, гиромидошти обҳои зинда ва кишти замин, пайвастагиҳо доранд. Ниёкони мо дар боварҳои хеш барои газанд нарасидан ба офтоб, дур кардани хушксоливу барангехтани боридани борон, хушк нагаштани сарчашмаҳову рӯдборҳо, боровар будани замин, талаф нагаштани чорво, ниёишҳо, маросимҳо ва ойинҳои хирадмандонаеро бахшидаанд. Он маросимҳову ойинҳо бар пояи донишҳои зистшиносӣ, мардумшиносӣ, кайҳоншиносӣ – астрономӣ ва вижагиҳои фаслисолӣ устувор буданд. Аз ҷумла барои рӯёндану самар гирифтан аз гиёҳону дарахтони зиндагибахш, ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ, ба вижа офтобро омӯхта, гоҳшуморӣ (тақвим) тартиб додаанд. Ҳаким Умари Хайём навиштааст, ки «Ҷамшед ба муносибати бозомадани хуршед ба бурҷи Ҳамал, Наврӯзро ҷашн гирифт. Сабаб ниҳодани Наврӯз он будааст, ки офтобро ду давр буда: яке он ки ҳар 365 шабонарӯз ба аввал дақиқаи Ҳамал бозомад ва ба ҳамон рӯз, ки рафта буд, бад – ин дақиқа натавонад бозомадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯз дарёфт (онро) Наврӯз ном ниҳод ва ҷашну ойин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад – ӯ иқтидо (пайравӣ) карданд.» (Умари Хайём «Наврӯзнома») Ниёкони мо ин ҷашнҳоро ба замони фармонравоии шоҳони худ САРЗАМИН | январ-март | 2018

вобаста медонистанд; ҷашни Сада ба замонҳои шоҳии Ҳушанг ва Фаридун, ҷашни Меҳргон ба замони подшоҳии Фаридун ва ҷашни Наврӯз ба замони бар тахт нишастани Ҷамшед. Дар «Шоҳнома» и Ҳаким Фирдавсӣ мехонем, ки Ҷамшедро паямбар донистаанд, бад – он хотир ки ӯ бар одамон кишоварзӣ омӯзонд, водошт то аз пашму қасабу катону абрешиму хаз (мӯина) либосдӯзӣ намоянд, девҳоро бифармоянд, ки аз обу гил хишт бисозанд ва аз сангу гаҷ девор бунёд кунанд. Бо омӯхтани донишҳои ҳандасӣ аз санги хоро гуҳар ва аз кӯҳ оҳан берун кашанд ва онро нарм сохта, афзори кору ҷанг таҳия намоянд. Наврӯз бо баробаршавии шабу рӯз, оғози зинда шудани Замин ва фасли киштукор аст. Бахши зиёди замони ҷашнгирии Наврӯз дархӯри он силсила маросимҳое мебошад, ки ба киштварзӣ, аз ҷумла сабзонидани гандум ва дигар зироатҳои донагӣ (лубиёгӣ – ҳубубот) пайвастагӣ доранд. Ончуноне ки ҳама медонем, дар ҷашнгирии Наврӯз сабзондани гандум дар як коса, суннати маъмулии тамоми кишварҳои ҳавзаи Наврӯз буда, сабзии гандумро, нишонаи эҳтиром ба табиат ва растанӣ гуморидаанд. Дар ойини Зардушт омадааст, ки «ҳар кас ки гандум мекорад, ростӣ

меафшонад. Заҳматҳое, ки деҳқон барои рӯёндани гандум мекашад, ибодат шумурда мешавад». Барои тоҷикони бостон кишоварзӣ бад – он сон шуғли гаронмояву муқаддас будааст, ки «Кишоварз» ном ниҳодани фарзанди худро ифтихор медонистаанд. Чуноне ки номи писари Зартушт, Истуастр, будааст, ба маънии «Парварандаи киштзор». Ва ҳамин аст, ки тоҷиконро гандум ва дар ниҳоят нон дорои арзиши моддиву маънавии зиёде аст; нонро касе зери по намегузорад, бо номи нон савганд мехӯранд, нонро дар дидаҳо мемоланд, ки ин ҳама арҷгузории таърихии тоҷикон мебошад. Дар Наврӯз, ки рӯзи рӯйиданҳои замин аст, дидани гиёҳҳои ҷаву гандуми шодобу сабз, хуҷаста дониста мешавад. Ойини дигари Наврӯз, фолбиние мебошад, аз роҳи сабзонидани 12 навъи зироатҳои донагӣ, пешбинӣ кардани он навъе аз онҳо, ки дар ин сол хуб рӯида, ҳосили фаровон ба бор меоварад. Дар замони подшоҳии Ҷамшед расме роиҷ гардидааст, ки бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз, дар пеши кохи шоҳаншаҳ 12 сутун аз хишти хом барпо мекарданд, ки бар яке гандум, ба дигаре ҷав, ба дигаронаш шолӣ (биринҷ), нахуд, лубиё, арзан, ҷуворимака, наск, боқило, мош, кунҷид,


НАҚШИ ЗИНДАГИСОЗ | 41 зағер мекоштанд ва онҳоро то ба охири фарвардин (даҳаи нахустини апрел), нигоҳ медоштанд. Ба боварии онҳо кадоме аз он ғаллаҳо боровартару хуррамтар бошанд, ҳосилаш фаровон хоҳад буд. (Баргирифта аз «Ал маҳосин ва ал – издод», с. 243, дар «Луғатномаи Деҳхудо») Дар замони Сосониён низ, 25 шабонарӯз пеш аз Навруз ин ойинро риоя мекарданд. Яъне ҳамон навъи ғалладонаи шодобу сабз рӯида ва моил ба хушабандӣ дошта, ки аз пурбор будан гувоҳӣ медиҳад, бештар кошта мешудааст. Доноён санҷише (ҳамчун лабораторияҳои имрӯзин) мегузаронданд, ки дона бар асари баҳраёбӣ аз хоку ҳавову борон ва офтобу нури моҳ, дар даруни худ ба болидану нашъунамо кардан мепардозад ва нерӯҳои аз замину осмон ба сӯяш сарозер гаштаро ба худ ҷазб карда, дар муҳити фаъоли хеш, донаҳои фаровону зоянда ба бор меоварад. Таърихнигори барҷастаи тоҷик Наршахӣ ҷашнгирии наврӯзиро дар яке аз деҳоти Бухоро тасвир карда, дар бораи Наврӯзи Кишоварзон чунин ёдовар шудааст: «… ва ин деҳаро ҳар понздаҳ рӯз бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва 21 – ум рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи Кишоварзон гӯянд ва кишоварзони Бухоро аз он ҳисоб нигоҳ доранд ва бар он эътибор кунанд ва Наврӯзи муғон баъд аз ба панҷ рӯз бошад.» (Наршахӣ, «Таърихи Бухоро») Аз ин ки ҳарими ҳарами Авасто, аз ҷумла Хуросон (Тӯсу Балху Бухоро, Хоразму Хуталону Бадахшон), яъне қаламрави ҳавзаи Наврӯз, дар камарбанди иқлими субтропикии (нимхушки) Замин ҷойгир шудааст, об барои киштварзӣ дар ин ҷо аз аҳамияти хос бархурдор аст. Дар ин ҷо боясти ба таъкид ифтихор дошт ки хиради беҳамтои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки хиради азалӣ буда, реша дар андешаҳои зиндагисози нобиғаҳои таърихии ориёиҳо дорад, таваҷҷуҳи мардумони саросари сайёраро ба гиромидошту нигаҳбонии обҳои пок ҷалб намудааст. Ва ин биниши хирадмандона дархӯри рамзҳое мебошад ва яке аз онҳо ин аст, ки дар сарзамини обҳои пок, ме-

росдорони кишоварзӣ, Тоҷикистони азиз, тайи рӯзҳои наврӯзӣ, Форуми (нишасти) пуршукӯҳи байналмилалӣ, зери сарпарастии Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид, унвонии «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», доир гардид. Дар Авасто дар бахши Ниёиши «Оби зиндагӣ» ҷилваҳои гуногуни гардиши об дар табиат тавсиф шудааст ва обро ба гунаи гардиши хун, дар сохтмони ҳамаи мавҷудоти зинда донистааст. Замин танҳо дар рутубат (намӣ) ба унвони мояи зиндагисоз, аз хок (замин) камтар намебошад ва хок дар якҷоягӣ бо об (рутубат) аст, ки борвар гашта, самар медиҳад. Об аст, ки дар шакл гирифтану ҷавона задан ва шукуфтани донаҳо (тухмҳо) нақши зиндагисоз дорад. Об ва зарурияти бориш дар ойинҳои наврӯзӣ шоистаи гиромидошти вижа будааст, зеро дар тамоми ин расмҳо боварҳое ҷой дорад, ки барои соли нав борону оби басанда, ки мояи ободонӣ аст, орзӯ кардан муҳим мебошад. Расм будааст, ки ҳангоми сапедадами Наврӯз, мардум аз хоб бармехостанд ва худро шустушӯ мекарданд ва гоҳе бо пошидани оби равон худро поку босафо намуда, аз дафъи балову офатҳо хешро эмин мегумориданд. Рӯзи нуздаҳуми Наврӯз, ба унвони «Рӯзи обҳои зинда» ва ё «Обрезагон» маросиме вобаста ба обу обпошӣ ва орзӯи бориши борон ҷой доштааст. Сабаби пайдоиши ин расм дар он будааст, ки замоне муддатҳо борон наборида киштаҳо рӯ ба хушкӣ ниҳодаанд ва чун якбора бориши сахт ба амал меомадааст, мардум бо пошидани об ба ҳамдигар, боридани боронро гиромӣ медоштанд. Дар

миёни мардуми тоҷик, ба вижа мардумони водиҳои Кӯлоб, Дарвоз, Ғарм, Ванҷ ҷашни обпоширо «Ашагулон» гӯянд, ки гумон аст ин вожа ва ин маросим аз замонаҳои дури ривоҷ доштани маросими «Рӯзи обҳои зинда», ба ёдгор мондааст. Гузаштагони дури мо барои маҳв сохтани «Деви хушкӣ», бо номи Апауша, аз роҳи обпошӣ кардан ба сару сурати он, «Фариштаи борон» ро овоз медоданд ва бо баровардани бонги шодмонӣ ва рақс, шикасти аҳримани хушкиро ба миён меоварданд. Дар гузашта ба он бовар буданд, ки боридани борон дар шаби Наврӯз, фоли нек дорад. Дар ин бора Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст: Наврӯз рахт дидам, хуш ашк биборидам, Наврӯзу чунин борон, борида муборак бод! Ҳамчунон дар гоҳшумории ҷашни Наврӯз, рӯзи вижаеро ба унвони «Наврӯзи рӯдҳо», ба гиромидошт ва нигаҳбонии сарчашмаҳои об мебахшиданд. Мардум дар ин рӯз ҷӯйборҳову рӯдҳо ва наҳрҳову корезҳову чашмаҳоро лойрӯбиву поксозӣ мекарданд. Дар ин бора Абӯрайҳони Берунӣ менависад: «Дар Фарвардин, расм бар ин буда, ки бар сари обҳои равон мерафтанд ва атр дар об мерехтанд, то дарахтон пуршукуфа (пурмуғҷа) ва наҳрҳо пуроб шаванд.» (Абӯрайҳони Берунӣ «Осор – ул – боқия») Ва дар поён орзӯ мекунем, ки рӯҳи аҳуроии Наврӯз ва накҳати баҳории он ба сони иксири ҷавонӣ дилҳои ҳама мардуми Тоҷикистон ва меҳмонони гиромиашро гармиву рӯшноӣ бахшида, дар ин ҷашни хуҷаста ҳама ожангҳо ва кинаҳоро тоза карда, ба ростӣ тозаву сабз гардонад! январ-март | 2018 | САРЗАМИН


42 | НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

-

Навруз, Собикаи таърихи то ба имрузНаврӯз бузургтарин ҷашни мо аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз аст ва ҳамчунин намоёнтарин ҷашнҳои баҳории ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Наврӯз ин ҷашни бузурги табиӣ аз оғози баҳор дарак медиҳад. Ривоятҳои таърихӣ дар пайдоиши Наврӯз батафсил нақл шудааст. Абӯрайҳони Берунӣ чанд далеле овардааст, ки намоёнтарини он нисбати Наврӯз аст ба Ҷамшед, ки ҳаким Фирдавсӣ муҷиби ривоҷу шӯҳрати он гаштааст. Муаррихони исломӣ низ дар ин бора ва далелу ангезаҳои зиёде гуфтаанд. Наврӯзҳои маъруфе, ки дар истилоҳ машҳур шуд, иборат аст аз «Наврӯзи муътазодӣ», «Наврӯзи яздӣ», «Наврӯзи ҷалолӣ» ва «Наврӯзи хоразмшоҳӣ». Ҳамаи онҳо баёнгари онанд, ки Наврӯз аз ду ваҷҳ, яке ҷашн ва шодиву суннатҳо ва дигаре ҳисобу шумори рӯзу моҳ ва сол аҳамият доштанд. Аз лиҳози суннатҳо ва эътиқодоту бузургдошт ҳеҷ ҷашне чӣ динию чӣ миллӣ ба ин появу моя дар таърихи мо вуҷуд надорад. Бо мутолиаи осори ниёгон ба ангезаҳои бисёр дар бораи барномаи ҷашни Наврӯз бармехӯрем, ки ҷанбаи достонӣ доранд. Муҳимтарин далел ва шояд ангезаи ростини ин ҷашн бар он поя устувор аст, ки оғози сол мебошад ва оғози баҳор. Ба назар мерасад, ки эрониёни шимолӣ, ки дину оини зардуштӣ низ доштанд оғози солро ба эътидоли рабеъӣ ва ё қарор гирифтани бурҷи Ҳамал дар Офтоб шурӯъ карда, онро ҷашн мегирифтанд. Аммо эрониёни ҷанубӣ оғози солро бо ибтидои фасли сард ва зимистони панҷмоҳа баргузор мекарданд. Наврӯз, ҷашн аст, бузургтарин ҷашни миллӣ, ки оғози солро дар бар мегирад. Зимистон ва марги САРЗАМИН | январ-март | 2018

табиатро дар охирин рӯзҳои зимистон ба маросими суг мепардохтанд ва рӯзи оғози баҳорро, ки табиат таҷдиди ҳаёт мекард, ҷашн мегирифтанд. Дар чунин рӯзҳо ба ёдбуди арвоҳи даргузаштагон маросим барпо мекарданд, ки эрониён ҳанӯз чунин расмеро мондагор доранд ва шабу рӯзи ҷумъаи охири солро ба ёдбуди арвоҳи даргузаштагон ба зиёрати қабр рафта, ба хайроту одоби назр мепардозанд. Яке аз оинҳои Наврӯзӣ сабз кардани донаҳои гандум мебошад. Бавижа занон рӯзи сездаҳуми Наврӯз дастҷамъона ба беруни шаҳр рафта, он сабзаро ба об меандохтанд. Оинҳои обпошӣ дар ҷашнҳои соли нав амале буд, ки бад-он васила мехостанд талаби борони фаровон кунанд. Маълум мешавад, ки ҷашни Наврӯз фақат як рӯз набудааст. Панҷ рӯзи нахсустин Наврӯзи омм буда, ки шоҳон бори омм медоданд ва додхоҳӣ менишастанд ва ҳадяҳо аз сӯи мардум пешкаш мешуд. Он гоҳ рӯзи шашум вижаи шоҳаншоҳону бузургон буд. Абӯрайҳони Берунӣ ишора мекунад, ки моҳи фарвардин саросар ба баргузории маросими ид мегузашт ва моҳро ба шаш бахши панҷрӯза тақсим мекарданд, ки ҳар панҷрӯза хосе яке аз табақоти шашгонаи мардум буд. Ӯ дар «Осор-ул-боқия» дар зимни баҳо аз Наврӯзи бузург овардааст: «Чун Ҷам даргузашт, подшоҳон ҳама рӯзҳои ин моҳро ҷашн гирифтанд ва ин ҷашнҳоро шаш бахш намуданд. Панҷ рӯзи нахустро ба подшоҳон ихтисос доданд. Панҷаи дувумро ба ашрофу панҷаи сеюмро ба хадам (ходимон) ва коркунони подшоҳон ва чаҳорумро барои тӯдаи мардум ва панҷаи шашумро барои барзгарон».


НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ | 43 Оғози маросими ҷашни Наврӯз дар дарбор бо дарёфтани пайки хуҷаста шурӯъ мешуд. Ин маросим ҷанбаи тому тамоми тамсилӣ дошт ва ҷиҳати он бо марҳилаи иҷро дармеомад, ки соле пурбаракату бо шодмониву сулҳ ва оромиш дар пай бошад. Дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯз мардум дастархони идона меороянд ва ба рӯи он «ҳафт син» мегузоранд. Муаррихон ва нависандагони пешин андешаҳои худро оид ба хони наврӯзӣ ва «ҳафт син» нақл кардаанд ва ин суфраро аз замони Ҷамшед медонанд. Чун Ҷамшед бар Аҳриман, ки роҳи хайру баракату бориш ва дамидани гиёҳҳоро баста буд, пирӯз шуд ва дубора ин хайру баракот ва неъмату фаровонӣ шурӯъ шуд. Мардум он рӯзро «Рӯзи нав» гуфтанд ва аз роҳи табаррук дар зарфе

ҷав (гандум) коштанд ва ин расм пойдор бимонд. Ва дар ҳафт зарф ҳафт навъ аз ғалларо кошта сабз мекарданд ва аз равишу нумӯи ин ғаллаҳо хубиву бадии маҳсул ва кишту корро дар соли меомада фол мезаданд. Ин қадимтарин ва машҳуртарин ишора аст ба суфраи рӯзи Наврӯзӣ, ки дар он аз адади ҳафт ёдоварӣ мешавад. Яке аз унсурҳои асосии ҷашнгирии Наврӯз-ин мири наврӯзист. Мири Наврӯзӣ иборат буд аз подшоҳе ё амире, ё ҳакиме муваққатӣ, ки пеш дар Эрон расм буд. Дар айёми иди Наврӯз бо мақсади хушнудӣ ва шодмонии мардум ӯро ба тахт менишонданд ва пас аз гузаштани рӯзҳои ҷашнӣ салтанати ӯ низ ба поён мерасид ва ин ҳукмронии вай мазҳака ва ҳаҷвомез будааст

-

Навруз-- дар кишвархои хамсоя Эрон

Дар Эрон Наврӯз 13-рӯз идома меёбад. Соли нави шамсӣ аз ҳамон рӯз оғоз меёбад. Аз рӯи расму оин идонаи кормандони ташкилоту идораҳоро пули қоғазии нав медиҳанд. Дар рӯзи охирини ҷашн мардум ба саҳро баромада дар он ҷо соли навро пешвоз мегиранд. Чунин мешуморанд, ки ҳар касе, ки соли навро дар саҳро пешвоз мегирад тамоми сол ӯро бахту саодат ҳамроҳӣ мекунад. Давоми 13 рӯзи таҷлил аз Наврӯз панҷ рӯзи аввалашро ба зиёрати пайвандон ва ёру дӯстон мебахшанд. Нӯҳ рӯзи дигар Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи 13-ум Сездаҳбадар ном дорад.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


44 | НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ

Афгонистон Дар Афғонистон ҷашнгирии Наврӯз хеле боҳашамат мегузарад. Мувофиқи анъана пойтахти шимолии Афғонистон-шаҳри Мазори Шариф ба «пойтахт»-и ҷашнгирии Наврӯз табдил меёбад. Мардум аз «ҳафт син» ва «ҳафт шин» дастархон меороянд. Дар ҷашни Наврӯз дар Афғонистон фестивалҳои рақс, мусобиқаҳои варзишӣ ва ба ҳаво сар додани бодбаракҳо амалӣ мегарданд. Дар ин рӯз ҳазорон афғон дар назди масҷиди Корти Сахӣ ҷамъ мешаванд то, ки барафроштани ливои муқаддас-ҷандаро бубинанд. Ҳамчунин дар шаҳри Балхи Афғонистон, ки шаҳри бостонӣ маҳсуб мешавад Наврӯзро 40 рӯз ҷашн мегиранд. Ҷашни мазкур дар Балх бо номи «Гули сурх» низ машҳур аст.

Казокистон , ,

Дар Қазоқистон ҳӯроки Наврӯзии анъанавӣ ин «Наурыз коже»-хӯроки иборат аз ҳафт маҳсулот мебошад. Мувофиқи ривоятҳо дар ин рӯз агар аз ин хӯрок ба серӣ хӯрӣ он гоҳ тамоми солро бо серию пурӣ паси сар мекунӣ. Тарзҳои омода намудани «Наурыз коже» хеле зиёданд. Ҳар як кадбону тарзи махсуси худро дорад. Ин хӯрокро ҳамчун шурбо ё шӯрбои сабзавотӣ тайёр намудан мумкин аст. Ин хӯрок ҳатман бо ҷурғот ё, ки дуғ омехта мегардад. Наврӯз дар Қазоқистон 22-юми март таҷлил мегардад. Ба идгоҳ мардум бо либосҳои миллӣ мераванд. Аз рӯи расму оин суманакро дар ҳафт зарфи сафед ба ҷашнгирандагон пешкаш мекунанд.

САРЗАМИН | январ-март | 2018


НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ | 45

, Озарбойчон

Дар Озарбойҷон ҷашнгирии Наврӯз чор ҳафта пеш аз 21-уми март шурӯъ мешавад. Пеш аз «Ахыр чершенбе»-охирин чоршанбеи пеш аз Наврӯз оташ афрӯхта аз болояш меҷаҳанд. Оина ва тухм маводи ҳатмии дастархони озариҳо ба шумор мераванд. Озариҳо тухмро болои оина мегузоранд, агар тухм ба тарафе ғелад нишонаи он аст, ки соли нав даромадааст. Дар Озарбойҷон Наврӯзро се рӯз, аз 20 ум то 23-юми март ҷашн мегиранд. Оростани дастурхони наврӯзӣ ҳатмист.

Синзиян-Уйгури - Чумхурии , , Мардумии Чин

Дар вилояти Синзиян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин дар рӯзи Наврӯз аз болои об (дарё) меҷаҳанд ва ақида доранд, ки гуноҳи онҳо ба об мерезад. Дар рӯзи ҷашн духтарон то зону ба об даромада сурудхонон аз хӯҷаини об хоҳиш мекунанд, ки дар ин сол ба онҳо домоди хуберо диҳад.

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Дар аксари ин кишварҳо Наврӯз ба сифати ҷашни расмӣ ва миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ид карда мешавад. Ҳамин тавр Наврӯз дар Афғонистон 21, ум, дар Эрон аз 20-ум то 23-юм, Озарбойҷон аз 20-ум то 23-юм, Қазоқиистон аз 21-ум то 24-ум, Туркманистон аз 20-ум то 23-юм Қирғизистон ва Курдистон 21-ум, Албания аз 20-ум то 23-юм Косово 21-уми март ҷашн гирифта шуда, рӯзҳои истироҳат эълон шудаанд. Айни замон Наврӯз ба таври расмӣ рӯзи 21-уми март, ҳамчун саршавии соли нав, мувофиқи тақвими шамсӣ дар Эрон ва Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Албания, Қирғизистон, Македония, Қазоқистон бошад ҳамчун ҷашни давлатӣ қайд карда мешавад. Ҳамчун иди миллӣ Наврӯз 21-уми март дар Доғистон, Тотористон, Бошқирдистон инчунин дар ноҳияи мухтори Синзиян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, Курдистони Ироқ ва ва чанд ноҳияи Ҳиндустон ҷашн гирифта мешавад. 30-юми сентябри соли 2009 дар қатори 76 мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ бо дастгирии 24 давлати иштирокдор ба рӯйхати мероси ғайримоддии инсонияти ЮНЕСКО Наврӯз низ дохил гардид. 19-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи умумии СММ қатънома қабул гардид, ки мувофиқи он «Рӯзи умумиҷаҳонии Наврӯз» эълон гардид. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


46 | АМНИЯТИ ҒИЗОӢ

МАСЪУЛИЯТ ДАР ИҶРОИ ВАЗИФА Ҷунайдулло Файзалиев, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ аз калонтарин ноҳияҳои мамлакат ба ҳисоб рафта, бо сабаби дар атрофи шаҳри Душанбе ҷойгир будани он ва шумораи зиёди аҳолӣ талабот ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ зиёд аст. Аз ҷониби дигар қисмате аз заминҳои деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба ҳудуди пойтахт ворид гардида, дар марҳилаҳои минбаъд низ ин тадбир идома меёбад. Чунин шароит дар самти назорати истифодаи ҳар қитъа замин дар ҳудуди ноҳия масъулияти роҳбарияту кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакиро бештар намудааст. Аз бахшҳои асосии фаъолияти кормандони ин сохтор пешгирии бунёди худсаронаи манзилҳои истиқоматӣ ва шинонидани ниҳолҳои бисёрсола дар ҳудуди заминҳои дурнамои рушди шаҳри Душанбе пешбинишуда мебошад. Чунин заминҳо бояд бо мақсади САРЗАМИН | январ-март | 2018

бунёди биноҳои истиқоматӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда нашавад. Ҳамагуна қарор дар ин самт ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин назорат пурзур шудааст. Ҳамкории Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ бо Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе ба хотири муайянсозии сарҳади лоиҳавии пойтахт ва пешгирии ғасби худсаронаи замин дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, то ки қонуншиканиҳо саривақт бартараф

карда шавад. Маданияти баланди истифодаи замин аз ҷониби саҳмдорон дар ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шудааст. Зеро фаровониву арзонии бозорҳои пойтахт аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ин ноҳия вобаста аст. Рӯёнидани ду се ҳосил аз як қитъа замин ба маънои томаш дар хоҷагиҳои деҳқонӣ амалӣ карда мешавад. Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи


БАҚАЙДГИРӢ | 47 Рӯдакӣ баҳри амалӣ намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ фаъолият менамояд. Самти асосии фаъолияти корхона пеш аз ҳама таъмини шаҳрвандон бо шаҳодатномаву шиносномаҳои техникӣ ва бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мебошад. Соли 2017 ба Шуъбаи бақайдгирии КДФ “Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ 7068 ариза ва дархост аз ҷониби шаҳрвандон, ташкилоту идора ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ ва ба қайди давлатӣ гирифтани шартномаи гарав ворид гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки талаботи сокинон ба хизматрасонии корхона рӯз то рӯз меафзояд. Давоми соли 2017 кормандони Шуъбаи бақайдгирии корхона 3162 сертификати ҳуқуқи истифодаи заминро омода намудаанд. Аз ин шумора 2726 адад заминҳои наздиҳавлигӣ, 256 адад хоҷагии деҳқонӣ, 170 адад корхона ва иншоотҳо, 6 адад хоҷагии ёрирасони шахсӣ ва 2022 адад шаҳодатномаи бақайдгирӣ, 2107 адад иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, 173 адад шартномаи гарав, 319 адад иттилоот дар бораи соҳибҳуқуқони фавтида ба қайд гирифта

шуда, ба шаҳрвандон дастрас шудааст. Кормандони Шуъбаи заминсозии корхона зиёда аз 3916 адад парвандаи заминсозиро таҳия намудаанд, ки аз онҳо 3450 адад заминҳои наздиҳавлигӣ, 305 адад заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, 263 адад барои сохтмон ва 8 адад хоҷагиҳои ёрирасонро дар бар мегирад. Айни замон дар Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ155 нафар фаъолият доранд. Бо инобати талаботи замони муосир ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ мутахассисони ин коргоҳ бо истифода аз барномаҳои компютерӣ, ба монанди “ARCGIS” ( АР- ГИС) “ Archi CAD”( Архикад) 14,16,17, 19 ва дастгоҳҳои замонавӣ корҳоро бо сифати хуб ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд. Роҳандозии барномаи Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ имкон додааст, ки ҳоло назорати истифодаи заминҳо ва иншооти ғайриманқул ба таври автоматӣ таъмин гардидааст. Тавассути ин барнома ҷараёни азхудкунии заминҳо, истифо-

Туйчӣ Эргашзода, директори КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Рӯдакӣ даи он аз рӯи таъинот назорат карда мешавад. Дар асоси татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҳоло қисмате аз заминҳои ҳудуди ноҳия мувофиқи нақшаи дурнамои рушди шаҳр ба ҳудуди пойтахт ворид гардидаанд. Дар ин самт ҳамкорӣ бо корхонаҳои марбутаи шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардида истодааст. Давоми соли 2017 аз Бойгонии корхона ба Бойгонии шаҳри Душанбе зиёда аз 1037 адад шиносномаҳои техникӣ ва парвандаҳои заминсозӣ интиқол дода шудааст. Дар ин самт байни Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Корхонаи давлатии фаръии “ Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе ҳамкориҳои дуҷониба тақвият ёфтааст. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


48 | ТАҒЙИРУ ИЛОВА

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Юсуфҷон Ғафурӣ, директори намояндагии КВД «БММҒ» дар вилояти Суғд

Самиҷон Назиров, муовини директори КДФ «БММҒ» дар шаҳри Исфара

Раванди бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар қонунӣ намудани ҳуҷҷатҳои вобаста ба замин ва амволи ғайриманқул муҳим аст. Ин аст, ки дар самти такмили қонунгузорӣ дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Мувофиқи тағйироти охирине, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми январи соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷкистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ворид гашт, раванди бақайдгирӣ сода гардонида шуд. Имрўзҳо барои шарҳу тавзеҳи тағйирот ба қонуни мазкур САРЗАМИН | январ-март | 2018

Абдуфаттоҳ Азимов, бақайдгиранда

аз ҷониби масъулини Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат семинарҳои омўзишӣ гузаронида мешавад. Чунин семинарҳои омўзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҷараён гирифт. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби мутахассисон ба кормандони бахшҳои бақайдгирӣ тағйироти мавҷударо дар қонуни мазкур фаҳмонида, раванди соддашудаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро шарҳ доданд. Тавре гуфта шуд, дар натиҷаи татбиқи тағйироти воридгардида, муҳлати раванди бақайдгирӣ, ки пеш 10 рўзаҳо тўл мекашид имрўз аз 7 то 3 рўз коҳиш дода шуд. Ҳамзамон шахси корафтода ҳуҷҷатҳои зиёдро дар идораҳои гуногун тасдиқ накарда, балкӣ бо пешниҳоди ин ҳуҷҷатҳо ба як идора метавонад бо гирифтани «Шаҳодатнома дар бораи бақайд-

Фаррух Раҳимов, мутахассис

гирии давлатӣ» мушкилашро ҳал намояд. Ҳамчунин дар доираи ин тағйирот роҳандозии «Равзанаи ягона» низ дар назар дошта шудааст, ки бо татбиқи ин нишондод дар оянда ба нафроне, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳои бақайдгирии давлатиашонро қонунӣ намоянд, осонӣ пеш меорад ва ин раванд оддию шаффоф ҷараён мегирад. Мақсад аз ворид намудани тағйирот осону шаффоф намудани бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул арзёбӣ гардида, ҳамчунин масъулияти бақайдгирандаи давлатиро бештар мекунад. Чун ки минбаъд ҳуқуқи бақайдгирии давлатиро маҳз ҳамон нафаре, ки ба ин вазифа таъйин мешавад ба уҳда мегирад ва нуқсони мавҷударо дар ҳуҷҷати тасдиқунанда низ маҳз ҳамон шахс ба уҳда дорад. Ин омил боиси коҳиш додани амалҳои коррупсионӣ дар самти бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул мегардад.


ПАЖӮҲИШ | 49

ТАШХИСИ ХОК ВА РАСТАНӢ ДАР МАЙДОНИ БОҒУ ТОКЗОР Раҷабов Амирҷон – магистранти ДПДТТХ ба номи ак. М. Осимӣ

Дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор, фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда мешавад. Ҳоло дар вилояти Суғд майдони умумии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ 1018926 гектарро ташкил дода, шумораи хоҷагиҳо бошад ба 65079 адад расидааст. Боғоти вилоят дар майдони 475550 гектар ва токзор 9966 гектар доман густурдааст. Ба инобат нагирифтани таркиби химиявии хоки минтақа аз ҷониби хоҷагидорон яке аз мушкилоти асосии соҳа маҳсуб меёбад. Ин амал боиси нодуруст тартиб додани низоми нуриандозӣ ва талафёбии нуриҳо шуда, ба паст гардидани ҳосил оварда мерасонад. Солҳои охир дар аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ бе муайян намудани таркиби хок, тавсияи олимон ва мутахассисон ба майдонҳои кишоварзӣ, ба таври таваккалӣ нуриҳои гуногунро ворид намуда истодаанд, ки ин амал ба манфиат нест. Гузаронидани ташхиси хок барои пешгӯӣ намудани ғизодиҳии боғу токзор, сарфакоркона истифода бурдани нуриҳо, пешгӯи намудани ҳосилнокӣ ва зарурати ғизодиҳии иловагӣ имконият медиҳад.Ташхиси ғизодиҳии растанӣ ба намунаҳои хокӣ ва растанигӣ тақсим мешавад. Ташхиси химиявии хок –омили

бисёр муҳим барои сарфакорона истифода намудани нурӣ мебошад. Дар гузашта ин масъаларо танҳо ташхисгоҳҳои агрохимиявии махсус, ки дар иншоотҳои азим насб гардидаанд, иҷро мекарданд. Ҳоло истифодаи таҷҳизоти хурдаҳаҷм, ки моддаҳои ғизоии таркиби хокро дар муддати кӯтоҳ муайян менамояд, паҳн шудааст. Муайян кардани талаботи растанӣ ба нурӣ ва самаранок истифода бурдани он имкон медиҳад, ки хароҷотҳои иловагӣ пешгирӣ гардида, истифодаи барзиёди нурӣ ва беҳдошти муҳити атроф ба танзим дароварда шавад. Дар самаранокии ғизодиҳии растанӣ микроэлементҳо аҳамияти махсус доранд. Норасоии микроэлементҳо ба вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо мусоидат намуда, устуворнокии растаниҳоро ба хушкӣ, ҳарорати пасту баланд ва касалиҳо таъмин менамояд. Барои рўёнидани ҳосили баланд бо нишондиҳандаҳои сифатан хуб ғизодиҳии иловагӣ лозим аст, ки он дар асоси ташхиси ғизодиҳии растанӣ бояд амалӣ шавад. Ташхиси ғизодиҳии растанӣ - дар навбати худ ташхиси шифоҳӣ, химиявӣ ва функсионалиро дар бар мегирад. Ташхиси шифоҳӣ аз ҳама усули оддитарин аст, вале барои бомуваффақият истифода намудани он таҷрибаи калони амалӣ бояд дошт. Зеро дар аксари маврид нишонаҳои берунии вайроншавии ғизодиҳии растанӣ дер муайяан мешавад, ки он метавонад сабаби талафёбии ҳосил ва паст шудани сифати маҳсулот гардад.Ташхиси химиявӣ - ба муайян кардани таркиби химиявии

растанӣ дар ҳамон лаҳза имконият медиҳад, вале натиҷаи баъзе элементи ғизоӣ барои афзоиши растанӣ захира мешавад. Усули ташхиси функсионалӣ дар давоми тақрибан як соат, муайян кардани талаботи растанӣ ба 14 макро ва микроэлементҳои ғизоӣ имконият дода, ворид намудани ғизои иловагиро ба реша ва ғайри решаҳо тавсия медиҳад. Якчанд асбобҳои ченкунии саҳроӣ ва комплексӣ (дар намуди кейсҳои алюминӣ)ба агрономҳо барои гузаронидани ченкунии бевосита дар шароити саҳроӣ ва сари вақт ворид кардани тасҳеҳҳои мувофиқ, барои оптималӣ гардонидани меъёри ғизо бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо имконият медиҳад. Ҳамин тавр, таҷҳизотҳои ташхиси экспреси хокӣ ва растанигӣ воситаҳои камҳаҷм ва сабук буда, барои дар муддати кўтоҳ гузаронидани ташхиси химиявӣ имконият медиҳад ва дар ин замина назорати ҳолати хок саривақт таъмин карда шуда, ба рушд ва афзоиши растанӣ бояд таъҷилан таъсир расонида шавад.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


50 | БОҒДОРӢ

ПРОБЛЕМА ВА ЗАРУРИЯТИ РУШДИ СОҲАИ СИТРУСПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН Гулов С. М. профессор Рустаниҳои ситрусӣ гурӯҳи калони дарахтони мевадори ҳамешасзбзро ташкил дода, ба ҷинси ситрус (Citrus) мансубанд, ки мутааллиқ ба зероилаи норинҷиҳо (Aurantioideae) ва оилаи судобиҳо (Rutaceae) мебошанд. Рустаниҳои ситрусӣ намудҳои хеле бисёр доранд, вале дар ҷумҳурии мо фақат лиму, камубеш афлесун, норанҷ ва грейп-фрут парвариш карда мешавад. Рустаниҳои ситрусӣ нисбат ба дигар меваҷоти субтропикӣ гармипарвар мебошанд. Барои рушду инкишофи онҳо ҳам дар давраи сабзиш ва ҳам дар давраи карахтӣ гармӣ лозим аст. Бинобар ҳамин, баромади ин рустаниҳоро аз Ҳиндустон меҳисобанд. Дар навоҳии қисми ҷанубии Тоҷикистон баҳор барвақт фаро расида, тобистонаш нисбатан бардавом, офтобӣ ва гарм буда, борон қариб ки намеборад. Тирамоҳ камабр, бебориш ва гарм аст, вале баъзе солҳо моҳи ноябр хунук шуданаш мумкин. Зимистон нарм, камбарф, гоҳо хеле хунук мешавад. Чунин хунукиҳо ба хурмо, анор, анҷир барин меваҳои субтропикӣ зиён мерасонад. Вахш водии иқлимаш гарм буда, сардии аввал ба охирҳои октябр – аввалҳои ноябр рост меоянд. Сармои охири баҳорӣ, одатан, дар даҳаи сеюми моҳи март, гоҳо аввали апрел рух медиҳанд. Бинобар ин дар пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ ба назар САРЗАМИН | январ-март | 2018

гирифтани хусусиятҳои хар як минтақа аҳамияти калон дорад. Бо ин мақсад моро зарур аст, соҳаҳои фавқулинтенсивии кишоварзиро ривоҷ диҳем, яъне ҳамон соҳаҳоеро, ки аз ҳар гектари он даромади хуб ва зиёд ба даст меояд, инкишоф бояд дод. Дар шароити имрӯза яке аз чунин соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ ин ситруспарварӣ мебошад. Меваҳои ситрусӣ дар баробари хуштаъму гуворо буданашон, дар таркибашон бисёр моддаҳои органикӣ доранд, ки барои саломатии инсон хеле зарур аст. Дар бораи хосиятҳои шифобахшии лимӯ, ки сарчашмаи витамини «С» мебошад, бисёрҳо навиштаанд. Ҳамчунин ҷавҳари лимӯ ва намакҳои маъдании онро мавриди

тахқиқ карор додаанд. Маҳз бо ҳамин мева табобат кардани бемориҳои захми рӯда, гулӯдард, гулӯзиндонак, зардпарвин, хуншорӣ, фишори баланди хун ва ғайраҳо айни муддаост. Лимӯ хосияти зуд ба ҳам овардани захм ва пайванди устухонҳоро дорад. Дар таркиби меваҳои ситрусӣ ба миқдори зиёд фитонсидҳо мавҷуданд, ки бактерияҳои зарароварро маҳв месозанд. Аз меваҳои ситрусӣ дар саноати хӯрокворӣ низ истифода мебаранд. Нӯшоба, ширавор, мураббо, шарбатҳои гуногун, маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол мекунанд. Халқи тоҷик дар қаламрави ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна яке аз аввалинҳо шуда, ба зироату кишоварзӣ машғул шудааст. Соҳаи боғ-


БОҒДОРӢ | 51 дорӣ шуғли асосии тоҷикон аст, ки ба вучуд овардани анвои гуногуни меваҷот далел ба ин гуфтаҳост. Мо идомаи корҳои боғдории ниёгони хешро ҳоло дар парвариши растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандак рӯёндани онҳо мебинем, ки солҳои 30-юми асри гузашта олимони тоҷик ба он асос гузоштаанд. Баъдтар ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ ривоҷ ёфт. Мутаассифона, ҳаҷми истеҳсоли меваҳои ситрусӣ дар ҷумҳурӣ хеле кам аст. Бинобар он, мо бояд истеҳсоли ин гуна меваҳоро дар минтақаҳои кишоварзии ватанамон беҳтар ба роҳ монем. Аз ҷониби дигар ин имкон медиҳад, ки неруи захиравии заминҳо ва қитъаҳои кишоварзӣ самаранок истифода гардад. Дар ин ҷода низ метавон боз ба парвариши меваҳои ситрусӣ такя кард. Дар барномаи нави рушди боғдорӣ барои солҳои 2016-2020 бояд дар манотиқи ҷумҳурӣ 207 гектар гармхонаҳо барои парвариши рас т а н иҳ ои с и тр у с ӣ б унёд ка рд а ш а в а д . Б ар ои р и во ҷи с ит ру с п а рв а р ӣ з амини зиёд лозим нест. Ин имконият медиҳад, ки соҳаи ситруспарварӣ дар ҷумҳури тараққӣ дода шавад. Заминҳои кишоварзии ҷумҳурӣ асосан барои пахтакорӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ҷумҳурии мо талу теппаҳо зиёд буда, онҳо барои боғдорӣ ва парвариши меваҳои тухмдор мувофиқанд. Дар ин гуна мавзеъҳо метавон парвариши меваҳои субтропикиро ба роҳ монд. Масалан, водии Вахш, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Ҳисор ва ҳатто ВМКБ (ноҳияи Дарвоз) барои амали гаштани ин корҳои муҳим хеле мувофиқ мебошанд. Дар водии Вахш қариб 200 ҳазор гектар замини талу теппаҳоро метавон барои истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (хурмо, анор, бодом,анҷир) кор фармуд ва дар байни онҳо ҷои намоёнро ситруспарварӣ ишғол намояд. Ситруспарварӣ, хусусан парвариши лимӯ имкон медиҳад, ки нисбат ба пахтакорӣ дарома-

ди бештар ба даст оварда шавад. Мувофиқи маълумоти тадқиқотҳои пажӯҳишгоҳҳои иқтисодии кишвар парвариши лимӯ нисбат ба парвариши пахтаи миёнанах самаранок буда, аз ҳар як гектар зиёда аз 40-50 маротиба бештар даромад меорад. Аз тарафи дигар мо метавонем бо ин роҳ иқтисодиёти кишоварзии водиҳоро, алалхусус водиҳои шароиташон барои боғдории субтропикӣ мувофиқро баланд бардорем. Лимӯпарварӣ нисбат ба пахтакорӣ 4-6 маротиба меҳнати зиёдро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз дар он ноҳияҳое, ки қувваи корӣ зиёд аст, ривоҷ додани ситруспарварӣ айни муддаост. Ситруспарварӣ маблағи зиёдро талаб кунад ҳам, соҳаи сердаромад аст ва ин имкон медиҳад, ки хароҷотҳо дар муддати кӯтоҳ пушонида шаванд ва боқӣ даромади соф ба даст меояд. Имкон дорад, ки аз қитъаи ками замин ҳамон қадар даромад ба даст оварда шавад, ки аз пахтазорҳои беканор гирифтан мумкин аст. Бо ин мақсад метавон ҳамагӣ 6-7 ҳазор гектар замини бекорхобидаро ҷудо намуд.

Дуруст ба роҳ мондани лимӯпарварӣ имкон медиҳад, ки нафақат талаботи аҳолӣ ба ин меваи серғизо таъмин карда шавад, балки он ҳамчун меваи талаботи зиёддошта ба хориҷи кишвар низ содирот карда шавад. Барои рушд ва самаранокии соҳаи ситруспарварӣ ҳалли чунин проблемма дар мадди аввал аст: - ба роҳ мондани технологияи инноватсионии парвариши растаниҳои ситрусӣ дар шароити Тоҷикистон - мутобиқгардонии намудҳои гуногуни растаниҳои ситрусӣ - татбиқи дастовардҳои илмии пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ - омӯзиши таҷрибаи сохти нави гармхонаҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ барои парвариши растаниҳои ситрусӣ - ба роҳ мондани усулҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растаниҳои ситрусӣ - аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва содиротӣ баҳо додани самаранокии соҳаи ситруспарварӣ - қабули барномаи давлатии рушди соҳаи ситруспарварӣ дар Тоҷикистон.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


52 | БАҚАЙДГИРӢ

ХИЗМАТРАСОНИИ БОСИФАТ

Қобил Тутиев, сармутахассиси КДФ «БММҒ» дар шаҳри Леваканд

Зафар Мусулмонов, сардори Шуъбаи бақайдгирӣ

Дар 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сохторҳои зертобеи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» фаъолият менамоянд. Ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасониҳои баландсифат ва таъмини самаранокии кору фаъолият дар соҳаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар ин корхонаҳо кадрҳои ҷавону болаёқат барои кор ҷалб шудаанд, ки айни замон бо дасту дили пок корҳои марбути соҳаро пеш мебаранд. Тадбири мазкур ва роҳандозии низоми дурусти кор аз ҷониби масъулин имкон додааст, ки ҳоло дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти ин соҳа дар сатҳи зарурӣ амалӣ карда шавад. Роҳбарият ва кормандони Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри баланд бардоштани хизматрасонӣ барои сокинон ва субъектҳои дигари хоҷагидорӣ пайваста тадбирҳои саривақтиву судмандро амалӣ менамоянд. Ҷиҳати бо муроҷиаткунандагон хушмуомила будан ва дар доираи талаботи санадҳои САРЗАМИН | январ-март | 2018

Файзалӣ Исмоилов, муовини директори КДФ «БММҒ» дар ноҳияи Вахш

меъёрии ҳуқуқӣ баҷо овардани бақайдгирии молу мулки ғайриманқул корҳои фаҳмондадиҳиву дастурдиҳӣ аз ҷониби роҳбарият мунтазам гузаронида мешавад. Зеро кормандони ин соҳа бо аҳолӣ пайваста сари кор дошта, ниёзи онҳоро қонеъ менамоянд. Иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, шаҳодатнома, шиносномаи техникӣ ва фаъолияти дигари соҳаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро мутахассисони соҳа дар доираи фаъолияти худ ҳамарўза амалӣ менамоянд. Мувофиқи муқаррароти мавҷуда хизматрасонии соҳа бо пардохти маблағи муайян ба буҷет анҷом дода мешавад. Сокинон бояд маблағи хизматрасониро дар намояндагӣ ё нуқтаҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳо пардохт намоянд ва бақайдгирандагон дар асоси расиди пешниҳодшуда ба сокинон шиносномаҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро омода намоянд. Ба хотири дар ин самт ба вуҷуд наомадани амалҳои коррупсионӣ ва аз меъёри муайяннамудаи қонунгузорӣ зиёд ситонидани ҳаққи хизматрасонӣ миёни кормандон

Рустам Зоиров, директори намояндагии КВД «БММҒ» дар вилояти Хатлон

корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронида мешавад. Тадбири мазкур дар доираи иҷроиши нақшачорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» анҷом дода мешавад. Корҳои назоратӣ аз ҷониби роҳбарияти Корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ин самт пурзўр гардидааст. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои дар пешгузоштаи худ кормандони соҳа бояд ҳамагуна хизматрасониҳои марбути бақайдгирии молу мулки ғайриманқулро бо дасту дили пок анҷом дода, барои пешравии ин бахши муҳим саҳм гузоранд. Мутахассисони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ҳам дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ва ҳам дар навоҳии Бохтари вилояти Хатлон баҳри беҳтар гардонидани фаъолияти хеш омӯзиши ҳамаҷонибаи қонунҳои амалкунанда ва усулҳои мусоири хизматрасониро вазифаи асосии худ дониста, ба дархости шаҳрвандон, дархости аз мақомоти гуногун воридгашта ва муроҷиати шаҳрвандон саривақт ҷавобҳои мушаххас мегардонанд.


САРЗАМИНИ ОБҲОИ МУСАФФО | 53

Тӯли 2 даҳсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи вобаста ба обро дар чорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад ва дар ҳалли мушкилоти норасоии об ҳамчун ташаббускор муаррифӣ гаштааст. Ва инак бо назардошти муҳим будани масъалаи об дар олам ва беҳдошти дастрасии одамон ба об пешниҳоди нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор 2018-2028” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” калимаи об чунин шарҳ ёфтааст; Об моеи шаффофи берангест, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши кимиёвии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст”. Об яке аз 4 унсури муҳими табиат буда, сабаби ҳастии кулли мавҷудоти олам аст. Мо мардуми Тоҷикистон аз он хушбахтем, ки дар саргаҳи оби равон зиндагӣ менамоем. Ватани мо дорои чандин ҳазор пирях, кӯлҳои гуногунҳаҷм ва даҳҳо ҳазор чашмаҳои шифобахшу маъданӣ аст, ки аз қаъри кӯҳҳои сарбафалакашида фаввора мезананду на танҳо мардуми кишварамонро, балки сарзамини мардуми ба мо дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Оре, Тоҷикистони азизи мо дорои ҳамин гуна неъмати худовандист, ки бояд мо ин сарвати бебаҳоро тамиз нигаҳ дорем, зеро ба гуфти Сарвари кишварамон “Арзиши об аз нафту газ ва анвои дигари сӯзишворию захираҳои энергетикӣ болотар аст”. Мавзӯи об дар адабиёти классикӣ ва муосир ҷой ва мақеи вижаро бархурдор аст, оғоз аз устод Рӯдакӣ то шоирони имрӯз обро ба сифати волотарин ва муҳимтарин омили ҳаётӣ васф намудаанд. Дар ин маврид Асадии Тӯсӣ

фармудаанд:

Зи ҷӯе, ки хурдӣ кафе оби пок, Нашояд фикандан дар ӯ сангу хок.

Устод Мирзо Турсунзода дар шеъри “Оби Душанбе” гуфтааст;

Аз кӯҳи баланд аст равон оби Душанбе, Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе. Ҳарчанд, ки ҷорист ба сад асру замонҳо, Бо ёди Ватан монда ҷавон оби Душанбе.

Гарчанде Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ аст, вале дар аксари кишварҳои ҷаҳон норасоӣ ба оби нушокӣ эҳсос мешавад. Ҳамин аст, ки пайваста бо ташаббус ва пешниҳоди Пешвои миллат ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ мегардад. Хушбахтона доир ба пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 декабри соли 2016 қатъномаи эълони даҳсолаи нав қабул гардид. Бояд гуфт, ки “Об ва рушди устувор” омиле ҳастанд, ки барои тараққӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи кишварҳо заминаи асосиро ба вуҷуд меоваранд, аз ин лиҳоз 170 кишвари

ОБ ҲАСТУ ҲАЁТ ПОЙДОР АСТ..

дунё пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба Эълони Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” истиқбол намуданд. Ин эътирофи ҷаҳонӣ моро муваззаф менамояд, ки ҳар чи бештар сари масъалаи об пурмасъулият бошем. Фаромӯш набояд кард, ки тозагии об гарави саломатист. Мо мардуми Тоҷикистон ин ҳама саъю кӯшиши Сарвари кишварамонро арҷ гузошта, ҳикмати халқии “Об асту ҳаёт аст”-ро фаромӯш намекунем. Сарчашмаи оби нӯшокии минтақаи Осиёи Марказӣ оби дарёҳои Тоҷикистон аст. Дарёҳои бузурги кишвари мо чун Сиру Панҷ, Вахшу Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳону Ғунд, ки аз доманаи кӯҳҳои осмонбӯси диёрамон ҷорӣ мешаванд, Тоҷикистони азиз унвони ҷаннати рӯи заминро гирифтааст. Махфират Раҳмихудоева, омӯзгор январ-март | 2018 | САРЗАМИН


Н

М

ЗА

ат он ат и

54 | САДОҚАТ

Зани тоҷик дар ҳама давру замон мақому мартабаи шоистаро дар зиндагӣ доро буд. Зеро мардумони мо аз азал нисбати зан-модар эҳтироми хосаро қоиланд. Ин фариштаи меҳр дар замин қобилияти офарандагиро дорад. Мавқею мартабаи занон дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон бамаротиб боло рафтааст. Ҳамин аст, ки ҳоло дар ҳамаи бахшҳо занон ҳамчун роҳбар фаъолияти хуби меҳнатиро пеш мебаранд, ки дар ин миён шумораи занони роҳбар дар соҳаи кишоварзӣ мавқеи аввалро касб намудааст. Бино ба маълумоти мавҷуда ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омори хоҷагиҳои деҳқоние, ки онҳоро бонувони чашмикордону ботаҷриба роҳбарӣ менамоянд, зиёда аз 20500 ададро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар хоҷагиҳои деҳқоние, ки занон сарваранд натиҷаҳои истеҳсолӣ дар аксари маврид назаррас аст. Аз шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқоние, ки занон роҳбарӣ менамоянд, 12 500 адади он ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон рост меояд. Ҳоло дар шароити деҳоти ҷумҳурӣ дар саҳро аксаСАРЗАМИН | январ-март | 2018

ран занон фаъолият намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, саҳм

мегузоранд. Хоҷагиҳои деҳқоние, ки зери роҳбарии занон фаъолият доранд, аксаран серсоҳа буда, боғдориву токпарварӣ, зироаткорӣ ва пахтакорӣ соҳаҳои асосии хоҷагидории онҳо маҳсуб меёбад.


САДОҚАТ | 55 Бо фаъолияти пурсамари меҳнатӣ занон ҳамасола кишту истеҳсоли маҳсулоти серталаби кишоварзиро ба роҳ монда, ба ин васила талош доранд, ки фаровонию арзонӣ дар бозорҳои мамлакат таъмин гардад. Раъно Назирова, сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз хурдӣ нисбат ба замин ва кору фаъолият дар он дилгармии зиёд дошт. Давоми умри пурбаракати худ дар шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ кор кардааст. Ба гуфтае дар кӯраи гарми кори замин сахт обу тоб ёфт. Бо рушд ёфтани шаклҳои муосири хоҷагидорӣ ин бонуи соҳибтаҷриба дар ҳудуди шаҳри Бохтар хоҷагии деҳқониро таъсис дода, фаъолияти меҳнатиро дар он ба ҳайси сарвар идома дод. Хоҷагии деҳқонии «Дурахш» дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар аз сермаҳсултарин ташкилоти кишоварзии вилоят ба ҳисоб меравад, ки роҳбариашро зан ба уҳда дорад. Соли 2017 барои Раъно Назирова ҳамчун сарвари хоҷагии деҳқонӣ ва саҳмдоронаш соли пурбарор буд. Зеро аз майдони пахтазори хоҷагӣ, ки ҳамагӣ 2,5 ҳазор гектарро дар бар мегирад, саҳмдорон аз ҳар гектар 50 сентнерӣ ҳосил рӯёниданд. Масоҳати умумии боғоти хоҷагии деҳқонии «Дурахш» 5 гектарро ташкил медиҳад. Зардолу, олу, шафтолу, гелос шумораи ками меваҳоеанд, ки дар ин хоҷагӣ мавҷуд аст. Саҳмдорони хоҷагӣ заминро оқилонаю самаранок истифода намуда, дар заминҳои байни боғот низ бо риояи қоидаҳои агротехникӣ зироатҳои гуногуни кишоварзиро кишт менамоянд. Кишоварзони ин хоҷагӣ бо маданияти баланди заминистифодабарӣ байни дигар хоҷагиҳо намунаи ибратанд. Фаъолияти Раъно Назирова танҳо бо кишоварзӣ маҳдуд нест, ҳамзамон ин зани чашми кордон муассиси ширкати сохтмоние аст, ки он ба бунёди биноҳои баландошёна машғул аст. Бо ин

«Шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд. Бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шудааст. Дар ин асос тайи се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст». Эмомалӣ Раҳмон роҳ агар норасоии манзил дар ҳудуди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон то ҷое коҳиш ёбад, аз нигоҳи дигар қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва раванди корҳои ободонӣ баҳри зебоии кӯчаву хиёбони шаҳр мусоидат менамояд. Занони фаъолу муваффақ дар бахшҳои дигари соҳибкорӣ низ хеле зиёданд, ки аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат пайваста дастгирӣ меёбанд.Нишонаи равшани ин гуфтаҳо грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон маҳсуб меёбад. Бо мақсади саҳми занон дар рушди иқтисодиёти кишвар ва фаъолияти онҳо дар соҳибкорӣ 80 лоиҳаҳои беҳтарин бо назардошти мақсаднокиашон гирандаи гранти Президентӣ мебошанд. Ҳаҷми умумии маблағҳои грантӣ аз соли 2006 то соли 2017 - 14 млн. 300,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Танҳо соли 2017 – 2 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нишондод далели сол ба сол афзудани шумораи занон ба ҷалби соҳибкорӣ ва ҷудо гаштани маблағҳои грантӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи маблағҳои грантӣ соҳибкорӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ миёни бонувон рушд кардааст. Мусаллам аст, ки аз даврони қадим бо ин гуна кору фаъолият ба монанди тиҷорату соҳибкорӣ фақат мардон машғул мешуданд, чунки хусусияти ин пеша аслан ба хислатҳои мардона наздикӣ дошт, як каме дуруштӣ ва ҳатто баъзе

маврид андак дағалӣ ва ғайраҳо. Имрӯз ҳам мардон ва ҳам бонувони тоҷик хуб дарк намудаанд, ки дар самти рушди соҳибкорӣ ва ба анҷом расонидани корҳо дар ин самт занон низ муваффақанд. Соҳибкорӣ ё тиҷорат барои занон аз рӯи гуфтаи пажӯҳишгарон ин пеш аз ҳама хусусияти ҳадафнокӣ дорад. Барои мисол занон он намуди соҳибкориеро интихоб менамоянд, ки барояшон шавқовар аст. Бештари маврид онҳо марказҳои зебоӣ, мағозаҳои ороишот ва ғайраро боз менамоянд. Бо мурури солҳо ва гузашти вақт занони мо исбот намуданд, ки воқеан ҳам онҳо ба ҳама кор қодир ҳастанд ва ҳатто мураккабтарин шакли соҳибкориро низ метавонанд ба роҳ монанд. Акнун сафи занҳои соҳибкор хеле афзудааст ва суоле ба миён меояд, ки чаро муносибат бо занони соҳибкор боэътимодноктар аст, нисбат ба мардон? Чаро дар ин самт боварӣ нисбат ба занон бештар гардидааст ва дараҷаи эътимодият дар самтҳои мухталифи соҳибкорӣ нисбат ба занон меафзояд? Ҷавоби мушаххасу мусаллам ин аст, ки онҳо қабл аз ҳама модар ва зан ҳастанд. Қалби меҳрубон ва нарми модарону занон ҳеҷ гоҳ ба дурӯғу фиреб ва найрангу ҳила одат накардааст. Шаффофкориву ростқавлӣ бештару пештар занону модаронро ба марраи муваффақиятҳо расонидааст. Пас, таманно мекунем, ки бигузор сафи бонувони соҳибкори тоҷик рӯз ба рӯз биафзояд. январ-март | 2018 | САРЗАМИН


56 | ИСТИФОДАИ ЗАМИН

САРВАТИ КӮҲИСТОН Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон кишвари камзамин аст вале асоси иқтисодашро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад. Ин аст, ки дар робита ба ин масъала аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва ниҳодҳои марбута тадбирҳои лозимӣ мавриди амал қарор дода мешаванд. Дар ноҳияи Нуробод, ки яке аз ноҳияҳои аграрии мамлакат мебошад истифодаи замин самаранок ба роҳ монда шудааст. Вализода Манзаршоҳ, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Нуробод Дар самти самарабахш ва мақсаднок истифода кардани замин, ки боиси боло рафтани иқтидори истеҳсолӣ дар бахши кишоварзии мамлакат мегардад, масъулин чораҳои заруриро амалӣ менамоянд. Ҷиҳати самаранок истифода кардани заминҳо дар доираи ислоҳоти соҳа ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳконӣ дар ноҳия тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида, Кумитаи идораи замин дар самти қонунигардонии истифодаи замин, мақсаднок истифода кардани майдонҳои кишт ва пешгирӣ аз ҳолатҳои дур мондани заминҳо аз кишт ва ғайримақсаднок истифода шудани заминҳои корам талош ба харҷ медиҳад. Бояд таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон ба ҳисоб рафта, бе дарки амиқи моҳияти истифоСАРЗАМИН | январ-март | 2018

даи замин ва таъмини самаранокии он ҳалли масъалаи афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар ғайриимкон мебошад. Кумитаи идораи замини ноҳияи Нуробод дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакатро, ки дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар самти истифодаи мақсадноки замин таъкид дошта буданд ба роҳ монда, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда заминҳои талу тепа ва солҳо бекормондаро ба гардиши кишоварзӣ дароварда, боғҳои намунавӣ бунёд менамоянд ва дар онҳо ниҳолҳои дарахтонеро мешинонанд, ки меваашон ба содирот нигаронида шуда бошад. Меваҳои лазизи Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ харидорони зиёд дорад, аз ин рӯ имрӯзҳо талоши хоҷагидорон баҳри зиёд намудани майдони боғот ва ба ин васила ба гарди-

Мирзошоҳрух Қамаров, муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Нуробод ши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои бекорхобидаву санглох бо маром ҷараён дорад.


ТАДБИРИ НЕК | 57

ФАЪОЛИЯТИ САМАРАБАХШ Дар натиҷаи азму талошҳои мунтазами Ҳукумати мамлакат ва тадриҷан амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ҷиҳати рушди соҳаи саноат ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар замони истиқлолият ба як маркази бузурги саноатӣ табдил ёфт. Махсусан, солҳои охир ба фаъолият оғоз кардани чандин корхонаҳои азими истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳияро бамаротиб баланд бардоштанд. Бо таваҷҷуҳ ба рушди саноат, бахусус истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаи саноативу сохтмонӣ дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар ноҳияи Ёвон шумораи зиёди корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Айни замон сементу гаҷкартони истеҳсоли корхонаҳои ноҳияи Ёвон дар дохил ва хориҷи кишвар талаботи зиёд дорад.

Насриддинзода Муқим, раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон Дар баробари рушди бахши саноат, таваҷҷуҳ ба соҳаи кишоварзӣ низ зиёд буда, тадриҷан хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон бо татбиқи усулҳои наву таҷрибашуда кишту истеҳсоли зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд. Омори пешниҳодшуда нишон медиҳад, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия 4433 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони умумии 55870 гектар мавҷуд буда, хоҷагидорону саҳмдорон маҳсулоти гуногуни кишоварзиро истеҳсол менамоянд. Аз майдони умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 1636 гектарашро заминҳои обӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон 1 хоҷагии таълимиву таҷрибавӣ, 61 хоҷагии ёрирасони ташкилоту идораҳо ва 251 шаклҳои дигари хоҷагидорӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон амал менамоянд. Кормандони Кумитаи идораи

замини ноҳия ба хотири самарноку оқилона ва дар доираи таъиноти мавҷуда истифода гардидани ҳар қитъа замин тадбирҳои мусоидаткунандаро амалӣ менамоянд. Чун дигар ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Ёвон низ талабот ба замини наздиҳавлигӣ бештар аст. Дар доиари имконияти мавҷуда аз ҷониби масъулини соҳа эҳтиёҷоти мардум қонеъ гардонида мешавад. Дар асоси Қарори марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, 412,60 гектар ҳамчун заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст, ки то ба ҳол 390,15 гектари он ба 5477 оила тақсим шудааст, ки ба 95 фоизи иҷрои он баробар мебошад. Роҳбарият ва кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи замин пайваста корҳои назоративу санҷиширо ба роҳ мемонанд. Сохтори дигари маҳаллии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” мебошад. Бақайдгирии иншооти гуногуни саноативу иқтисодӣ, субъектҳои соҳибкорӣ, хонаҳои истиқоматии сокинон, иншооти сохтмонии нотамом ва дар маҷмӯъ амалӣ намудани фаъолияти марбутаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқулро мутахассисони соҳа ба роҳ мемонанд. Дар самти таъмини сокинону соҳибмулкон бо шиносномаҳои техникӣ, ворид намудани тағйирот ба шиносномаҳои мавҷуда, таҳияи

Шарифзода Исмоил, директори КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ёвон парвандаҳои заминсозӣ барои омода намудани шаҳодатномаҳо, иқтибос аз китоби бақайдгирӣ, таъмини хизматрасониҳои баландсифат ва дар ин замина амалӣ намудани сиёсати ягонаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул дар ноҳия масъулини Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Ёвон пайваста тадбирҳои заруриро дар амал пиёда месозанд. Дар шароити кунунӣ аз кормандони соҳа тақозо мешавад, ки барои барўйхатгирии техникии молу молу мулки ғайриманқул тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, ҳамаи иншоотро саривақт ба қайди давлатӣ гиранд.

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


58 | ТАБИАТИ ЭҲСОНКОР

Гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: “Нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд».

чашм агар дар ибтидо бошад, даво созад. Ва агар ҳамон обро ба гӯш чаконанд, рими равонро аз он манъ месозад ва намегузорад, ки дар он обила барояд. Самари татумро дар об ҷӯшонида он обро бардавом бирезанд, намегузорад, ки ҷоҳои латхӯрда ва зарбхурда варам кунад. Барои беихтиёр равон шудани пешоб, сустӣ ва нотавон шудани узвҳо даво мешавад, узвҳои дохили шикамро қувват мебахшад. Шилми онро чун сурма ба чашм бимоланд, чашмро тез мекунад ва бемориҳои пилкро шифо мебахшад. Агар болои захм бипошанд, ҷароҳат ва захмҳоро хушк сохта, ба ҳам мечаспонад.

ТАТУМ Татум Татум самари буттаест, ба андозаи наск паҳнтар. Таъми мевааш турш аст. Ҳамаи қисмҳои дарахти он дар тиб истифода мешавад. Ин гиёҳ ду навъ аст: саҳроӣ ва кӯҳӣ. Миҷози саҳроии он дар дараҷаи дуввум сард ва хушк аст. Сардӣ дар баргаш назар ба тухми он камтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: самари онро бихӯранд, қабзият биоварад, дар ҳама ҷоҳои бадан моддаҳои ба узв рехташавандаро рад мекунад, меъда ва рӯдаҳоро қувват мебахшад ба онҳо рехта шудани сафроро манъ менамояд, иллати қайкунӣ ва беҳузур шудани дилро бартараф мекунад. Рафтани САРЗАМИН | январ-март | 2018

дарун, хун қай кардан, бисер пешоб карданро ба низом меорад. Меваи онро куфта бо оби хунук биошоманд, рафтани хунро манъ менамояд ва ба касе, ки хӯрок дар меъдаи ӯ намонаду зиёд қай мекунад, шифо мебахшад. Инро бо зардаи тухми мурғ ва кашнизи хушк бихӯранд, исҳоли хунинро манъ мекунад. Миқдори як бор хӯрдани он дар як рӯз 17,5 грамм аст. Ба дандон бимоланд, милки дандонро мустаҳкам месозад. Инчунин дарди дандони кирмхӯрдаро таскин мебахшад. Самари татумро аз гарди рӯяш пок карда, баъд дар об тар намоянд, он обро дар чашм бигузоранд, дарди

Зуф Зуф ду навъ мебошад. Якеро баргаш камбару дароз, аз миёни баргҳояш пояи борике мебарояд, ки дар сари он поя тухм мебандад. Навъи дигар баргвасеъ ва шакли он дароз нест. Агар банди барг ё худи баргашро аз банд ҷудо кунанд, тораҳои риштамонанд аз онҳо зоҳир мегардад. Ҳар ду нави зуф хусусиятҳои давогӣ дорад. Хислатҳои шифобахшии он: Ҳар қисми зуфро бихӯранд, хун қай карданро манъ кунад, барои иллати саръ даво мебахшад. Обашро нимгарм карда дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро, ки аз гармӣ бошад, таскин бахшад. Решаашро дар об ҷӯшонида, он обро ба даҳон гардонанд ё баргашро бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Бемориҳои даҳонро низ


ТАБИАТИ ЭҲСОНКОР | 59 ЗУФ

шифо мебахшад, ҳатто доначаҳои дар он дамидаро, ки бадтарин иллати даҳан аст, нест мекунад. Тухмашро бихӯранд, хунравиро аз дарун манъ кунад. Наскро якҷоя бо барги он пухта бихӯранд, дамкӯтаҳиро шифо бахшад. Усораи онро биошоманд, барои иллати диқ, сил, хун қай кардан, захми шуш, дамкӯтаҳӣ аз фишори баланди хун ва саръ даво мебахшад. Хӯрдани усораи он ҷигар, сипурз ва гурдаи гарммиҷозро қавӣ мегардонад. Инчунин гиреҳи ин узвҳоро мекушояд, шиддати ташнагӣ ва вайронии ҳазми таомро бартараф месозад. Реша, барг ё тухми онро бихӯранд, гиреҳи ҷигаргурда ва хиччакро мекушояд. Илова бар ин, барои захми рӯдаҳо дармон мебошад ва хуни бавосирро мебандад. Решаашро бо намак кӯфта гузошта банданд, заҳри саги девонагазидаро дафъ мекунад. Барг ва решаи зуфро кӯфта банданд, захмҳоро аз рим пок месозад, ҷароҳатҳои ҷуқуррафта, сӯхтагии оташ, решҳои хӯрандаро шифо мебахшад. Миқдори як бор нӯшидан аз оби барги он, дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст. Миқдори як бор хӯрдан аз тухми он дар як рӯз то 10,5 грамм аст.

ва монанди фулус ғафс аст, гулаш дар ғилофи сабз, баъд калон шуда мисли ғунча мешукуфад, дар миёни гулаш мисли мӯй торҳое дорад. Самараш ба мисли тарбузчаи сабз, вале дар ҳаҷм ба мисли зардолуи миёна аст. Баъди пухта расидан, чун пахта мешукуфад, мағзаш сурхранг, тухмаш зард аст, таъмаш каме ширин ва ба талхӣ моил мебошад, агар онро бихоянд, пӯсти даҳонро андак мекашад. Мевааш расидатар шавад, тундиаш камтар ва шириниаш зиёда мегардад. Пусти решааш ғафс ва сафед аст. Таъми тамоми қисмҳои кавар талх мебошад. Қуввати решаи кавар барои давогӣ аз дигар қисмҳояш бештар аст. Он дар заминҳои сахт, санглох, харобаҳо ва даштҳо мерӯяд. Миҷозаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, барои одамони миҷози сард ва тардошта, инчунин барои касоне, ки миҷози муътадил доранд, бисёр фоидаовар мебошад. Хислатҳои шифобахшии он: ҷӯшонидаи онро бихуранд, гиреҳи рагҳо ва дар ҷойҳои дигари бадан бударо мекушояд; узвҳоро аз модаҳои нодаркор пок мекунад, балғам ва моддаи савдоро аз дохили бадан ҷудо

менамояд. Барои бемориҳои аз хунукӣ пайдогашта, ки вобаста ба майна бошанд, монанди: фалаҷ, карахтӣ, дарди пайвандҳо, ирқунассо (радикулит), ниқрис (подагра) нафъ мебахшад. Ҳар як қисми каварро кӯфта банданд, мушакҳои аз кор мондаро ислоҳ ва сиҳат мекунад. Агар пӯсти меваашро бихоянд, рутубати майнаро кашида берун мекунад ва дарди дандонро таскин медиҳад. Оби барг, пӯст, самар ва решаи тари онро нимгарм дар гӯш чакконанд, кирми даруни онро, ки ҳамеша дарди гӯш меоварад, мекушад. Хоҳ самар, хоҳ дигар қисмхои каварро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал омехта карда, биошоманд, балғамҳои гуногуни узвҳои даруни синаро таҳлил медиҳад ва аз бадан хориҷ мекунад. Агар самари инро дар намак парварда, бихӯранд, иллати дамкӯтаҳиро шифо мебахшад. Кирмҳои меъда ва рӯдаҳоро мекушад, пешобро равон мекунад. Беҳтарин давое мебошад барои сипурз ва агар ба он мурчи куфтагӣ пошида бихӯранд, гиреҳҳои ҷигари хунукмиҷозро бикушояд. Ҳар як қисми ин гиёҳро бихӯранд ё гузошта банданд, бар зидди аксари заҳрҳо тарёк мегардад.

КАВАР

Кавар Растаниест, ки хор дорад, шохҳояш ба рӯи замин паҳн мешаванд.Баргаш сабзи гирдашакл январ-март | 2018 | САРЗАМИН


60 | БОҒДОРӢ

ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ БОҒУТОКПАРВАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Масъалаи рушди боғутокпарварӣ вазифаи муҳимтарини назария ва амалияи муносибатҳои бозоргонӣ буда, дар ояндаи наздик омили таъмини амнияти озуқавории мамлакат хоҳад шуд. Аз ин рӯ, таъмини солонаи аҳолии ҷумҳурӣ бо мева вазифаи муҳимтарини иқтисоди миллӣ ва самти нави илми агроиқтисодӣ маҳсуб мешавад. Аммо меваю ангур ба бозор вобаста ба мавсими сол танҳо дар шароити ба роҳ мондани системаи нигоҳдории тӯлонӣ дар шакли тару тоза ва консервашуда имконпазир нест. Ҷой ва нақши боғдорӣ дар мамлакат бо он муайян карда мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ба ҳиссаи ин соҳа наздики 5% маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ва камтар аз чоряки ҳиссаи бозори маҳсулоти озуқавории кишвар рост меояд. Қабл аз ҳама сиёсати захиравӣ ба таъмини максималии амнияти озуқаворӣ равона карда шудааст. Дар шароити бозоргонӣ рушди ояндаи он мутлақо ба омилҳои интенсивию инноватсионӣ алоқаманд аст, чунки захираҳо ба таври кофӣ бузург аст, аз ин рӯ ҷустуҷӯйи соҳаи ивазкунанда барои суръати баланди инкишофи кишоварзӣ, бахусус дар соҳаи боғдорӣ ва токпарварӣ такя мекунад, чунки қисмати бештари захираи заминҳо ҳанӯз ҳам истифода нашудаанд. Имрӯз аз масоҳати умумии боғоти дарахтони бисёрсола, ки 750 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, фақат 23,8% он мавриди истифода қарор гирифта истодаасту халос. Ҳаҷми имконоти захираҳои боғдорӣ ва токпарварӣ он қадар зиёд аст, ки ҳатто ба ҳисоби мо дар дурнамо истифодаи 330 ҳазор га заминҳои нисбатан самаранок пешниҳод шуда истодааст. Дар ҳоли ҳозир дар ин соҳаи муҳими иқтисодиёт ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 130933 муассисаи калон, миёна ва хурди хоҷагидорӣ машғул мебошанд, ки аз онҳо 183 хоҷагии давлатӣ,42 ассосатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, 86 ададаш хоҷагиҳои коллективии деҳқонӣ, 49 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 5914 САРЗАМИН | январ-март | 2018

кооперативҳои кишоварзӣ, 687 хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ дар назди муассиса ва ташкилотҳо, 123379 хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ соли 2015 21021,9 млн сомониро ташкил дод, ки аз он 14532,8 млн сомониаш маҳсулоти растанипарварӣ мебошад. Дар корхонаҳои махсусгардонидашудаи кишоварзӣ, деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ заминаҳои нисбатан ояндадори стратегӣ барои баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои ангурпарварӣ, боғдорӣ мушаххас гардонида шудааст, чунки сарфи назар аз ягонагии талабот ба ҳамаи унсурҳое, ки онро ташкил медиҳанд, ангурпарварӣ, боғдории дарахтони меваашон донакдор ва тухмидор, меваҳои субтропикӣ ва ситрусӣ дорои фарқияти калон дар принсип ва бархӯрд мебошанд, ки характери ташкили истеҳсолот ва интихоби вақт барои оғози суръати баланди рушди ҳар кадом ба мақсад мувофиқ аст. Дар айни ҳол, хусусиятҳои дохилисоҳавӣ бояд ба вазифаҳои инкишофи соҳа аз қабили :таъмини талаботи бозори озуқаворӣ ва афзоиши ҳаҷми умумии истеҳсолоти дохилиҷумҳуриявӣ, тақвияти таъсири боғдорӣ ва ангурпарварӣ ба тезонидани суръат ва ба таври назаррас беҳтар кардани нишондиҳандаҳои амалкарди истеҳсолоти иқтисодиёти кишоварзӣ зич алоқаманданд. Инкишофи ҳамзамони ангурпарварӣ дар ҳамаи минтақаҳо бояд асоси мустаҳками пояи моддию техникиро барои табдил додани Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои нисбатан бузурги таҳвилдиҳандаи беҳтарин навъҳои ангур ва кишмишро гузошта, масъалаҳои дар барномаи озуқавории мавҷударо таъмин менамоянд. Дар боғдории дарахтони меваашон донакдор табдилёбӣ ва бозсозии боғот дар ноҳияҳои маъмулии он ба мақсади таъмини имконоти гузариш дар онҳо ба истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, инчунин ба таври назаррас афзоиш ёфтани масоҳати заминҳо аз ҳисоби захираҳои замин пеш омадааст.


БОҒДОРӢ | 61 Дар айни ҳол бо бартарии ҷойгиркунии боғоти нави интенсивии дарахтони меваашон донакдор бо навъҳои бисёр дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, бахусус бо шинондани шафтолу, гелос ва олуи сиёҳ такя мекунанд. Инкишофи боғдории дарахтони меваашон тухмидор (себ, нок) барои Тоҷикистонӣ кӯҳӣ дорои аҳамияти махсус мебошад. Дараҷаи нисбатан зиёди омодагии технологии боғдории дарахтони меваашон тухмидор барои амалӣ намудани методҳои интенсивии истеҳсолот ҳосилнокиро 2-3 маротиба баланд мебардорад. Ин имкон медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоиро дар ноҳияҳои кӯҳистон ҳалу фасл намоем. Ҳарчанд себ ва нок дар истеҳсолот васеъ паҳн шуда бошанд ҳам, инкишофи боғоти дарахтони меваашон тухмидор дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба маззаи хуштаъми нотакрор доштанашон, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ парвариш карда мешаванд, дар дурнамо талаботи зиёдтарро дар берун аз ҷумҳурӣ эҷод мекунанд ва хосияти нисбатан тӯлонӣ нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақл доранд. Дар муқоиса бо дигар анвои меваҳо, боварии шарикиро бо истеъмолкунанда ба вуҷуд меоранд. Истифода кардани захираҳои зикршуда, натанҳо бо масоҳати бузурги ҷойгиршавии дарахтони меваашон тухмдор муайян карда мешавад, балки водиҳои гарм бо истеҳсоли пастсифати себ ва авлавияти парвариши меваҳои субтропикӣ дар онҳо имкони ташкили боғдории дарахтони меваашон

тухмдори саноатиро ғайри имкон мегардонад. Дар ин робита, амалӣ кардани имконоти максималии афзоиши ҳамаи минтақаҳои истеҳсоли маҳсулоти дарахтони меваашон тухмидор ба манифиатҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мувофиқат мекунад. Дар сурати инкишофи боғдории дарахтони меваашон тухмидор бо дарназардошти содироти мевагиҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда метавонад 700 ҳазор тонна мева ба хориҷи мамлакат содирот намояд.

Назрулло Амиров

январ-март | 2018 | САРЗАМИН


62 | САЙРИ ОЛАМ

Даҳ шаҳри зеботарини дунё Шаҳрҳои зеботарини дунё, таърихи бойи гузаштаву имрӯзаро бо санъати баланди меъморӣ, фарҳангӣ ва аз ҳама муҳимаш бо маданияти шаҳрдорӣ ба оламиён муаррифӣ менамоянд. Миёни 10 шаҳри зеботарини дунё, ки дар соли 2017 эътироф гаштаанд, бо аксарияти овозҳо аз ҷониби сайёҳону меҳмонон, дар ҷойи аввал шаҳри Руми Итолиё интихоб шудааст. Баъди Рум шаҳрҳои Венетсия, Лондон, Барселона, Прага, Хонгконг, Париж, Рио де Жанейро, Бангкок ва Киотои Ҷопон қарор гирифтаанд.

РУМ

Дар ин шаҳр на кам аз се рӯз иқомат кардан мебояд, то ин ки мавзеъҳои таърихиву фарҳангии онро ба таври кофӣ тамошо кунед. Дар Рум шумо ҳамаи он чизеро, ки ба фарҳанги анъанавии итолиёвӣ марбут аст, метавонед бубинед ва аз он баҳра баред. Боду ҳаво дар ин шаҳри итолиёвӣ бештари сол барои гаштугузори пиёдагардӣ мусоид буда, вақти беҳтар барои сайёҳат фасли баҳор тавсия дода мешавад.

ВЕНЕТСИЯ

Венетсияро бо зебогии қасрҳо ва хонаҳои аз миёни об сабзидаистодааш, бо ягон шаҳри дунё қиёс кардан мумкин нест. Ин шаҳр дар ҳақиқат зебову дилорост. Чиро дар ин шаҳри зебои рӯи об дидан лозим аст? 1. Майдони Сан-Марко-бошукӯҳтарин майдон ва калисои ҳайратангез 2. Пиёдагардӣ ва ё шино аз болои Гранд-Канал. Ин канали асосӣ ва бузурги венетсиягӣ аст. 3. Истеъмоли моҳӣ ва ё қаҳва дар тарабхонаи венетсиягӣ, бо садои мусиқии зиндаи тарабафзо. Шуморо дар ин шаҳр мавзеъҳои дилкашу фазои мусоиди сайёҳӣ интизор аст.

Ин шаҳр макони боғҳои истироҳатии хеле аҷибу зебо ва ҳайратангез аст, ки тамошои он касро ба олами наве ворид месозад. Чунин шаҳри аврупоии сабзу мунавварро чун Лондон ба гумон аст, ки дар рӯи замин вохӯред. Осорхонаи Бритониё, Метрои Лондон, Осорхонаю пули Тавр, кучаи Байкер-стрит ва хонаи қаҳрамони детективӣ Шерлок Холмс инчунин кӯчаи Оксфорд, ки яке аз кӯчаҳои марказии шаҳр ба шумор меравад, хеле диданиву нотакроранд. САРЗАМИН | январ-март | 2018

ЛОНДОН


САЙРИ ОЛАМ | 63 Новобаста аз оне, ки аҳолии араб дар ин шаҳр рӯз аз рӯз меафзояд (Шумораи арабхо дар Порис алакай ба 2млн. нафар расидааст) пойтахти Фаронса дар даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини дунё ҳамоно ҷойи худро устувор медорад. Дар ин ҷо, манораи Эйфел ва Операи зарандудро тамошо кардан ба кас диди тозаву кайфияти хосе мебахшад. Ба рӯйхати беҳтарин ҷойҳои диққатҷалбкунанда ҳамчунин, осорхонаи Лувр, ки дорои коллексияи нодири санъати ҷаҳонист дохил мешавад. Танҳо дар ин ҷо шумо метавонед, бо асари маъруфи санъати рассомии Мона Лиза аз наздик ошно шавед. Ибодатгоҳи чомеъи Модархудои Париж, ки ҳамеша даромади озод дорад бо тарҳи қадимаву нигораҳои зарринаш ёдгории таърихии ин шаҳр аст. Аз кӯчабоғу гулгаштҳои зебо, қаҳвахонаҳои сарироҳӣ, ки ҳамеша интизори меҳмон аст, ҳамчунин аз назди Донишгоҳи асосии таълимии Сорбон Шумо бетаваҷҷуҳ гузашта наметавонед.

БАРСЕЛОНА

ПАРИЖ

Барселона дар ҳақиқат аз шаҳрҳои зеботарини Испания ба шумор меравад. Ин шаҳри равшану офтобӣ дар соҳили баҳри Миёназамин воқеъ аст. Калисои Саграда, маркази шаҳр ва маҳаллаи Готҳо, осорхонаи миллии санъати Каталония дар доманаи кӯҳи Монжуик, кучабоғи Ла Рамбла ҳамшабеҳи кӯчабоғи Арбати Маскав, Боғи Гуэля, ки боғи афсонавии бо меъмории ландшафти Гаудӣ омода шудааст, дар роҳравҳои ин шаҳр бештар рассосмону навозандагони маҳаллӣ ва хориҷиро вохӯрдан мумкин аст.

Шаҳри зеботарини дунё, ки дар соҳили хушманзараи уқёнуси Атлантика ҷойгир аст, Рио де Жанейро ҳисобида шудааст. Барои тамошои ин шаҳр ва мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи он миллионҳо нафар сайёҳон бо майлу рағбати хос меоянд. Дар ин шаҳр яке аз муъҷизаҳои олам Хайкали Исои Масеҳ, ки дар баландии кӯҳпора қомат афрохтааст, аз тамоми гушаву канори шаҳр мушоҳида мешавад. Фазои хеле хуби лаби баҳр, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхона ва тарабхонаҳои ороставу бонизом, ки ҳамарӯза танҳо мизоҷонашон сайёҳону меҳмонони берунаанд, бо камоли майл, аз субҳ то шом дарҳои кушода доранд.

РИО ДЕ ЖАНЕЙРО

январ-март | 2018 | САРЗАМИН



Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.